Марями мукаддас дар ойинаи санг


DSC09591

 

Дар макони зебое, болотар аз деҳаҳои Деҳҳисор ва Деҳҳавз, Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷое ки дарёи Зарафшон бо оби дар ҳар мавсими сол тағйирёбанда ва соҳилҳои музайян аз гулу гиёҳ ва кӯҳҳои ситабру устувор, порае аз зебоӣ ва шаҳомати худро ба намоиш гузоштааст, мазоре воқеъ аст, ки аз ҷумлаи зиёратгоҳҳои мӯътабари мардуми минтақа маҳсуб мешавад. Аксари мардуми бумӣ ба ин боваранд, ки шахси дар ин мазор дафн шуда Абу Мусои Ашъарӣ, аз ҷумлаи саҳобагони Расули Акрам аст. Аммо сарчашмаҳои таърихӣ  чизи дигар мегӯянд. Маликнеъмати Неъматзод, номзади илмҳои филологӣ бо такя ба китоби “Таърихи Абулхайрхонӣ”и Абдураҳмони Мустаҷир муътақид аст, ки: “Ин мазори яке аз пешвоёни тариқати “Нақшбандӣ” Абулҳасани Харақонӣ аст, ки кунияташ “Абу Мусо” буд. Аз ин ҷост, ки мардуми омӣ ба иштибоҳ ин мазорро марбут ба Абу Мусои Ашъарӣ медонанд.”
Мо дар ин мавзӯъ домани баҳс боз карданӣ нестем, он чи мехоҳем ба хонандаи муҳтарам баён кунем, падидаест, ки дар кӯҳҳои муқобили ин оромгоҳ, соҳили дигари дарёи Зарафшон, шакл гирифтааст ва то солҳои 70-уми асри гузашта касе аз вуҷуди он хабар надошт.
«Шахҳои сафед», ба қисмате аз кӯҳҳои соҳили чапи дарёи Зарафшон гуфта мешавад, ки болотар аз деҳаҳои Деҳҳисор ва Деҳҳавз, Кӯҳистони Мастчоҳ воқеъ шудааст. Барои он «Шахҳои сафед» мегӯянд, ки дар қиёс бо кӯҳҳои атроф ин шахҳо сафеданд. Аммо ин хусусият боиси шӯҳрат гирифтани ин макон нест, балки он чи дар баданаи ин шахҳо рух медиҳад, муҷиб шудааст, ки боздидкунандагони зиёд, хусусан онҳое ки ба таъриху ҷуғрофиёи кишвари азизамон – Тоҷикистон рағбат доранд, аз минтақаҳои мухталиф ба суроғи ин макон оянд:Дар се вақти шабонарӯз — субҳ, зуҳр ва шом дар баданаи шахҳо акси Марями Муқаддас, ки Исои хурдсолро дар бағал дорад, зоҳир мешавад.
Ин манзараи шигифтовар агарчи ҳар рӯз такрор мешуд, аммо зиёраткунандагони мазори “Абу Мусо”, ҳамчунин мардумони бумӣ таваҷҷӯҳе ба он надоштанд, дурустар бигӯем аз он бехабар буданд, то ин ки дар соли 1972 хонуме аз кишвари Голландия ба ин ҷо омад ва парда аз ин асрор бардошт. Мутаассифона, аз ному насаб ва ҳуввияти ин хонум иттилое дар даст нест.Бино ба гуфтаи Мулло Абдулло, шайхи ҳамин мазор, ки аз падари марҳумаш Мулло Қаландар шунидааст, нақл кард: тобистони соли 1972 хонуме омад, ки худро пажуҳишгар аз кишвари Голландия муаррифӣ кард.Вай гуфт дар китобе хондааст, ки дар ин ҷо, дар соҳили чапи болооби дарёи Зарафшон ду шахи сафед аст, ки дар баданаи ин шахҳо дар шабонарӯз се маротиба тасвири Бибӣ Марям ва Исои Масеҳ зоҳир мешавад. Ин хонум чанд рӯз дар ин ҷо буд ва ба мо ин манзараи аҷоибро нишон дод, аммо дар бораи сабабҳо ва ҳикматҳои ин шигифтии табиат чизе нагуфт. Баъд аз ин мо ба баъзе аз онҳое, ки ба зиёрати мазори Абу Мусо меомаданд, ин розро мегуфтем, вале ҷолиб ин аст, ки на ҳама чунин манзараро дида метавонистанд. Мазори Абу Мусо дар соҳили дарё ва хеле ба об наздик буд, мо ба андешаи он ки манзараи “Шахҳои сафед” рӯзе ба зиёратгоҳи масеҳиён табдил шавад ва мазор зери по монад, ҷасади Абу Мусоро ба теппаи баланд, дар ҳамин макони зебо, кучондем.(Албатта дар бораи кӯчондани оромгоҳ аз соҳили дарё ба баландие дуртар аз он, ривояти дигаре низ ҳаст.) Аз он замон наздик ба панҷоҳ сол мегузарад, чандин саёҳатчӣ аз кишварҳои гуногуни Аврупо ба ин ҷо омаданд, агарчи на ҳамаашон мегуфтанд, аммо малум буд, ки ба дидани ин манзараи аҷоиб меомаданд.
Бояд гуфт, акнун вуҷуди ин манзараи шигифангез дар қаламрави Кӯҳистони Мастчоҳ миёни мардум забонзад шудааст ва онҳое ки ба зиёрати оромгоҳи “Абу Мусо” мераванд, аксар талош мекунанд аз тамошои ин манзараи камназир баҳраманд гарданд.
Ахиран тане чанд аз аҳли қалами қаламрави кӯҳистон даст ба иқдом шудаанд, то дар навбати аввал  сари нахе барои муайян кардани шахсияти он хонуми голландӣ пайдо кунанд ва ба сарчашмаи муътамаде дар бораи вуҷуди “шахҳои сафед” бо тасвири Марями муқаддас, дастрасӣ пайдо кунанд.

DSC09595

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: