Аз Ню Йорк то Андичон

Аз Ню Йорк то Андичон

Аз Ню Йорк то Андичон

Ойинаи руйдод

Ҳодисаҳои пурсару садои Андичон тайи рузҳои охир дар садри ахбори расонаҳои минтақа ва доираҳои коршиносй қарор доштанд. Хусусияти ин ҳодисаҳо он буд, ки барои аввалин бор дар Осиёи Марказй ҳамлаи «маргталабона » сурат гирифт, ки тайи он фарди ҳамлавар худ ва як милисаро ба коми марг супурд ва теъдодеро низ захмй кард.

Дар бораи тарзи вуқуи ҳодисаҳои Андичон , омилони ин ҳодисаҳо, ҳадафҳо ва ангезаҳои онон, ҳамчунин шумори қурбониён хабарҳои ба ҳам зид ба табъ расиданд. Бино ба гузоришҳои аввалия шаби 25 ба 26 май дар истгоҳи бозрасии «Хонобод» дар марзи миёни вилояти Андичони Узбакистон бо вилояти Чалолободи Қирғизистон таркиш ба вуқуъ пайваст. Додситони кулли Узбакистон эълом кард, ки ифротгароён қасд доштанд идораи милисаи маҳаллиро ишғол намоянд.Фарзияе матраҳ шуд, ки шумори афроди мусаллаҳ 5 то 20 нафар буд.

Аз суи дигар гуруҳе бо номи «Мовароуннаҳр», ки худро чузъе аз Чиҳоди исломй муаррифй кард, масъулияти ҳодисаҳои Андичонро бар уҳда гирифт ва эълом кард, ки афроди ин гуруҳ баъди анчоми бомуваффақияти амалиёт, сиҳату солим ба қароргоҳҳои худ бозгаштанд.

Қудратнамойии сохторҳои амниятии узбак

Тибқи маъмул неруҳои амниятй ва интизомй ба таври шитобзада вориди амал шуданд ва бо тақвияти неруҳои милиса, бастани марзҳо бо ҳамсоягон, ташдиди назорат бар рафту омадҳо, сафоройии танку зиреҳпушҳо дар хиёбонҳо, маҳдуд намудани замони шабгардй … давлати Тошканд иқдом ба қудратнамойи кард. Дар идомаи ин тадбирҳо эълом шуд, ки авзоъ дар маҳалли ҳодиса ба ҳолати оддй бозгашта, мақомоти ҳокимияти давлатй авзоро ба таври комил таҳти назорат доранд. Тағйироте дар барномаҳои мақомоти олирутбаи Тошканд рух надод ва Ислом Каримов дар чорчуби як сафари расмй, роҳии Бразилия шуд.

Зуҳури гуруҳи ношинохтаи «Мовароуннаҳр»
 Нуктаи чолиби таваччуҳ дар раванди ҳодисаҳои Андичон зуҳури як гуруҳи исломии ношинохта бо номи «Мовароуннаҳр» буд. Ин гуруҳ худро чузъи Чиҳоди исломй муаррифй кард ва масъулияти ҳодисаҳоро пазируфт. Чунин ценария дар руйдодҳои ба ин монанд дар Осиёи Мраказй, аз чумла дар водии Фарғона ба мушоҳида расидааст. Аз чумлаи чунин мавридҳо, зуҳури гуруҳи «Байъат» дар шимоли Точикистон дар солҳои 90 асри гузашта буд. Бино ба гуфтаи Муҳаммадсаид Чурақулов, раиси дафтари мубориза бо чиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилаи Точикистон, ки 20 апрели соли 2005 дар як нишасти хабарй сухан мегуфт, гуруҳи «Байъат» соли 1991 дар Исфара таъсис шуд ва аз соли 1996 ба таври васеъ фаъолиятҳои худро оғоз кард. Дар Точикистон бархе аз доираҳои коршиносй кори дасти сохторҳои амиаятй будани зуҳури гуруҳи «Байъат» — ро матраҳ намуданд.

Оё ҳодисаҳои Андичон кори дасти СНБ буд?

Гуфтаҳои боло ва баъзе вокунишҳои мақомоти Узбакистон ақидаи коршиносонро дар бораи даст доштани сохторҳои амниятии Узбакистон дар ҳодисаҳои Андичон, бештар тақвият мекунад.Шеваи рафтори хадамоти амниятй дар бисёре аз кишварҳои чаҳон нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо давлатҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ дунболи баҳонатарошй мегарданд ва барои ҳақ баровардани амалкарди худ саҳнасозй мекунанд. Матраҳтарин чунин саҳнасозй дар асри имруз ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Ню Йорк буд, ки дар мавриди он матлабҳои фаровоне ба нашр расидааст. Ин ҳодиса лашкаркашии Амрико ба дунёи исломро оғоз бахшид.Ишғоли Ироқ ва Афғонистон пайомадҳои кунунии ин лашкаркашй мебошанд.

Ғарб ва ҳамла ба кишварҳои исломй

Дар дунёи имруз раванди таҳаввулот баёнгар аз ин воқеият аст, ки қудратҳои чаҳонй, ба вижа ғарбй бо ҳадафҳои муштарак, аммо руйкардҳои мухталиф сафарбар шудаанд то манбаъҳо ва сарватҳои малакатҳои мусалмонро тасарруф кунанд ва бо ҳар роҳи мумкин аз рушд ва пешрафти ин кишварҳо, ҳамчунин густариши ислом пешгирй намоянд. агар чунин нест, чаро барои «нобудии силоҳҳои атомй»(собит шуд, ки чунин силоҳҳое аслан вучуд надоштаанд). Ироқ мавриди ҳамла қарор мегирад, аммо Кореяи Шимолй дар сояи ҳушдорҳои инфиъолй барномаҳои атомии худро пайгирй мекунад? Ба ин пурсиш кореягиҳо худ дар ибтидои ба истилоҳ «муборизаи байналмилалй бо терроризм» посух дода буданд:чун Корея манбаъҳои нафту газ надорад, мавриди ҳеч ҳамлае қарор намегирад.

Биҳишт барои Ғарб, дузах барои Шарқ

Имруз дар ҳоле ки чаҳони Ғарб бо аз миён бардоштани марзҳо ва ташкили пули воҳид, барои худ зиндагии матлуберо ба вучуд овардааст, аммо бо таҳмили мушкилот ва масъалаҳои мухталиф кишварҳои мавриди назари худ дар Шарқ, ба вижа дар чаҳони исломро дар ноамнй ва вобастагй ба қудратҳои ғарбй нигоҳ доштааст. Натичаи ҳамин сиёсат аст,ки имруз аксари ноамнй ва даргириҳо дар кишварҳои исломй иттифоқ меафтад.Дар ин миён кишварҳое, ки аз манбаъҳои энержй ва дигар сарватҳои табии бархурдоранд, бештар аз бақия дар маърази осебҳо ва таҳочумоти қудратҳои мухталиф қарор доранд. Нигоҳ доштани маркази ноамниҳо дар Афғонистон, аз чумла дар ростои дар чорчуби сиёсатҳо ва ҳадафҳои Ғарб қарор додани кишварҳои минтақа, ки аксар дорои манбаъҳои саршори энержй мебошанд, сурат мегирад.

 
Ноамнй дар минтақа — ҳосили рақобати қудратҳо
 Ҳарчанд шумори зиёде аз коршиносон ва таҳлилгарон ҳодисаҳои ахири Андичонро саҳнасозии сохторҳои амниятии узбак барои баҳонаи саркуби мухолифони исломгарои давлати Тошканд таъбир карданд, аммо гуфта мешавад як сари ин нах ҳамчунон дар дасти хадамоти махсуси кишварҳои ғарбй аст ва дар мавридҳои зарурй афроди вобаста ба худро вориди амал мекунанд. Аз ин чо ин эҳтимол қувват мегирад, ки ҳалқаи занчири руйдодҳои Тавилдараи Точикистон ва Андичони Узбакистон аз тариқи каналҳои махсусе ба як ё якчанд марказ пайваст мешавад. Дар чунин мавридҳо афроде, ки барои ичрои амалиёт сафарбар мешаванд, аз коргардонҳои аслй ҳеч иттилое надоранд.Пахши баёнияҳо ва пазируфтани масъулияти амалиёт, аз дигар бахшҳои сенарияи мазкур аст,ки то кунун дар нуқоти мухталифи чаҳон иттифоқ афтодааст. Далелҳо баёнгар аз онанд, ки ин сенария маъмулан дар он қисмат аз кишварҳо истифода мешавад, ки фаъолиятҳои исломй бештар густариш ёфтаанд. Аз ин ру яке аз ҳадафи ба саҳна овардани гуруҳҳои ношинохта, эчоди шикоф дар сафҳои исломхоҳон аст. Шиносойии фаъолон ва барномаҳои созмонҳои мазҳабй аз дигар ҳадафи муаррифии гуруҳҳои ношинохта тавассути хадамоти вижаи кишварҳо унвон мешавад.

Ҳамлаи маргталабонаи Андичон оғози кор аст?

Албатта дар ин миён вучуди гуруҳҳои тундрави исломй дар минтақа ва талоши онон дар вокуниш ба таъқибот аз суи давлатҳоро набояд нодида гирифт.Ба вижа он ки акнун афроди ин гуруҳҳо дар Покистон ва кишварҳои арабй омузиш мебианад ва ба истилоҳ мавриди «шустушуи мағзй» қарор мегранд. Сахтгириҳои давлатҳо дар нисбати ҳаракатҳои исломй, озору шиканчаи боздоштшудагони ин гуруҳҳо ва таҳқири онҳо аз тарафи маъмурони интизомй низ ин гуруҳҳоро ночор ба андешидани чораҳои ниҳойи, ки даст ба ҳамлаҳои худкушй задан аз чумлаи онҳост, кардааст. Ба бовари соҳибназарон ҳамлаи маргталабона дар Андичон охирин ҳамлаи матргталабона дар Осиёи Марказй нахоҳад буд.

Бидуни шаку шубҳа аз чунин шароите хадамоти вижаи кишварҳои фурсатталаб ниҳояти истифодаро ба амал хоҳанд овард.

Манбаъҳои энержй — сабаби нооромиҳо дар Осиёи Марказй

Ба назар чунин мерасад, Осиёи Марказй дар оянда низ шоҳиди чунин нооромиҳо хоҳад буд, зеро дар пайи буҳрони энержй миёни Русия ва Аврупо, кишварҳои аврупойи иқдом барои раҳойи аз вобастагии энержй аз Русия кардаанд ва дар роҳи дастёбй ба ин ҳадаф чашми умед ба манбаъҳои энержии ин минтақа духтаанд. Таҳаррукоти тоза барои такмили тарҳи Набукко аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст. Акнун кишвархои аврупойи барои қабулондани тарҳҳои худ дар мавриди энержй, талош мекунанд бо истифода аз абзорхои гуногун дар давлатҳои минтаҳа нуфуз кунанд. Ин иқдом кишварҳои минтақаро дар маърази хатарҳои бештаре ки ҳосили ҳамон рақобати қудратҳост, қарор хоҳад дод.

Амният — нуқтаи заъфи ҳокимони Осиёи Марказй

Кишварҳои аврупойи дарк кардаанд, ки сарони Осиёи Марказй аз ноҳияи амният бештар осебпазиранд ва ҳамаи ҳокимони ин минтақа андешаи меросй кардани қудратро дар сар мепарваранд. Аз ин ру бо истифода аз гуруҳҳои ифротии таҳти нуфузи хеш, талош хоҳанд кард набзи таҳаввулоти минтақаро дар ихтиёр дошта бошанд. Тачриба нишон додааст, ки эчоди нооромй осонтарин роҳи дар чархаи сиёсатҳои худ қарор додани ҳокимони худкома мебошад. Ин намунаи дигаре аз рақобати қудратҳо аст, ки ҳамакнун дар Осиёи Марказй вориди марҳалаи чадиде шудааст.

 
 

Даъвати чавонон ба артиши милли Точикистон

Вазорати дифои Точикистон дар гузорише, ки ёдовари гузоришҳои замони Шуравии собиқ аст, эълом кард, ки даъвати баҳории чавонон ба артиши ин кишвар қабл аз муҳлати пешбинй шуда ба поён расид. Ҳарчанд қонунҳои чумҳурии Точикистон ичозаи нашри омори даъватшавандагон ба артиш ва теъдоди сарбозони қисмҳои низомиро намедиҳанд, аммо гуфта мешавад дар ин кишвар ҳудуди 600 ҳазор даъват шаванда ба артиш мебошад, ки аз ин теъдод 150 ҳазор нафар аз хидмат дар артиш озоданд ва 100 ҳазор нафар хорич аз киш, дар муҳочирати корй ба сар мебаранд.

Қобили зикр аст, ки чазби неруҳои тозанафас ба артиши Точикистон ҳар сол ду бор сурат мегирад — баҳор ва тирамоҳ.Ин чорабинй имсол аввали апрел оғоз шуд ва 31 май ба поён расид.
Чумҳурии Точикистон ҳамзамон бо раванди бунёди кишвари соҳибистиқлол, ташкил ва таҳкими артиши миллиро низ пайгирй кард. Ин мавзуъ дар шароите, ки ин кишвар дар солҳои 90 — уми асри гузашта вориди чанги дохилй шуд, бештар аҳамият пайдо кард. Дар он замон неруҳои бархурдор аз қобилияти размй ба ду чабҳа тақсим шуданд: тарафдорони давлат — фронти халқй ва неруҳои мухолифон. Ҳамин масъала боис шуд, ки Точикистон дар муқоиса бо дигар чумҳуриҳои Шуравии собиқ дар Осиёи Марказй, ки артишашон дар заминаи округи низомии Туркистон таъсис шуд, артише фақат аз ҳисоби неруҳои фронти халқй ташкил диҳад. 23 феврали соли 1993 ба унвони рузи таъсиси ин артиш дар тақвими Точикистон сабт шудааст.

Артиши миллии Точикистон дар ибтидои шаклгирии худ ба мушкилоти фаровоне ру ба ру шуд, ки аслитарини он камбуди кадрҳои мутахассис ва тачҳизоти низомй буд. Точикистон ягона кишваре дар қаламрави Шуравй буд, ки ҳеч меросе аз артиши он абарқудрат насибаш нашуд. Аз ин ру метавон гуфт, таъсиси артиши миллй дар Точикистон аз «сифр» шуруъ шуд ва бо кумаки кишварҳои мухталиф имруз артиши Точикистон то ҳадди зиёде ниёзҳои ин кишварро дар ҳимояти аз марзҳо ва таъмини суботу амният бароварда мекунад. Бо ин вучуд дар сафҳои ин артиш ҳануз назму тартиби зарурй ҳоким нест ва озору азияти сарбозон тавассути афсарон ва сарбозони собиқадор ҳамчунон идома дорад. Даст ба худкушй задани бархе аз сарбозон тасдиқе бар ин гуфтаҳост, ки дар ҳолатҳое сарбозон ба таҳқиру ҳақоратҳои доимй тоб наоварда ба ҳар роҳи мумкин ба зиндагии худ поён медиҳанд. Албатта, ахиран чунин ҳодисаҳое хеле кам иттифоқ меафтад, аммо лату куби сарбозон ва фирори сарбозон аз қисмҳои ҳарбй ҳамчунон идома дорад. Натичаи чунин вазъ аст, ки на ҳамаи падару модарон ҳозиранд фарзанди худро ба хидмати сарбозй фиристанд. Бар асоси назарсанчие, ки «АзияПлюс» анчом додааст, ба саволи «Шумо ҳозиред фарзандатонро ба хидмати артиши Точикистон фиристед?», 56,5 дарсад посухи «на» додаанд. 40% аз волидон ризоят додаанд, ки фарзандашон ба хидмати сарбозй чазб шавад, ба шарти он ки дар артиш назму тартиб барқарор бошад. Фақат 4,5 дарсад аз пурсидашудагон артишро «мактаби мардонагй» тавсиф кардаанд.

Натичаҳои ин назарсанчй ойинае аз вазъи кунунии артиши Точикистон аст ва аз ин чост, ки ҳамасола ҳангоми даъвати чавонон ба артиш мушкилоти зиёде ба миён меояд, ки бетамойилии чавонон ба хидмати сарбозйва ҳозир нашудани онҳо ба комиссариатҳои низомй аз асоситарини ин мушкилот аст. Чунин вазъ масъулони давлати Душанберо ночор ба анчоми иқдомоти ғайриқонунй кардааст.Ройичтарини чунин иқдомҳо, ичрои амалиёти ба истилоҳ «облава» дар шаҳру ноҳияҳо мебошад. Дар пайи чунин амалиёте чавонон аз кучаю бозор боздошт ва ба таври мачбурй ба сафи артиш фиристода мешаванд. Дар ҳолатҳое дигар ҳангоми муоинаи тиббй, барои ичрои «план» афроди бемор ба хидмати сарбозй фаро гирифта мешаванд. Ҳатто вучуди беморони сил дар артиши Точикистон гузориш шудааст. Бояд гуфт, ки артиши милли Точикистон техникаи низомй — хавопаймо, чархбол, танк, зирехпуш, туп… дар ҳадди лозим дар ихтиёр надорад. Албатта барои ислоҳи вазъи кунунй талошҳое анчом шудаанд ва барномаҳое низ дар марҳалаи ичро қарор доранд.

Бо таваччуҳ ба ин ки Точикистон низ чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй дар маърази осебҳои зиёди амниятй қарор дорад, бояд артише бархурдор аз тавонмандиҳои лозим дар ихтиёр дошта бошад. Вучуди манбаъи ноамниҳои минтақайи дар Афғонистон, ки марзи 1400 километрй бо Точикистон дорад, аҳамияти ин мавзуъро бештар кардааст.Аз ин ру давлати Душанбе дар ростои тақвияти артиши худ ру ба ҳамкориҳои низомй бо кишварҳои мухталиф, аз чумла .Амрико, Чин, Русия ва Ҳиндустон овардааст. Дар натичаи ин ҳамкориҳо артиши Точикистон то ҳадде бо кадрҳои мутахассис ва тачҳизоти зарурй таъмин шудааст. Аммо маоши кам ва набудани имтиёзҳо барои афсарон шумори хоҳишмандон барои хидмат дар артиши Точикистонро коҳиш додааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз муҳимтаринкишварҳои кумакккунанда ба артишҳои кишварҳои Осиёи Марказй, аз чумла Точикистон аст. Албатта Вошингтон дар ин росто ҳадафҳои худ дар Осиёи Марказиро дунбол мекунад ва метавон гуфт то имруз ба бархе аз ин ҳадафҳо даст ёфтааст. Хуручи марзбонони рус аз марзи миёни Точикистон ва Афғонистон дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.

Коршиносони ғарбй дар арзёбиҳои худ аз вазъи артишҳои кишварҳои Осиёи Марказй, аз нигоҳи тавони размй артиши Точикистонро дар мақоми аввал қарор медиҳанд. Ҳамин коршиносон ин эҳтимолро пешбинй мекунанд, ки дар сурати вуқуи ноамнй имкон дорад бархе аз воҳидҳои ин артиш алайҳи давлати Душанбе сангар бигиранд. Ин идда аз коршиносони ғарбй ба тарзи ташкили артиш миллии Точикистон ишора мекунанд ва норизоятии баъзе аз фармондеҳони даргириҳои собиқро сабаби чунин ҳодисаҳое медонанд.

Авзои кунунй ва деринаи Осиёи Марказй, ки дар дарозои таърих пайваста саҳнаи «турктозиҳо» будааст, эчоб мекунад, ки Точикистон як артиши тавоно, бо назм ва муттаҳид дар ихтиёр дошта бошад, то битавонад дар ҳар шароите амният ва тамомияти арзии ин кишварро ҳифз кунад.

«Толибон» ҳушдор медиҳад ё хочагонаш?

Taliban

Ҳафтаи гузашта расонаҳои мухталиф дар бораи ҳушдори гуруҳи Толибон ба Точикистон ва Эрон хабару гузоришҳои зиёде ба табъ расонаданд। Бино ба ин навштаҳо як тан аз масъулони чунбиши Толибон бо номи Муътасим таҳдид кард, ки агар Эрон ва Точикистон дар иқдомоти зиддитолибон, ҳамкорй бо Амрикоро идома диҳанд, товони сангине пардохт хоҳанд кард. Ин мақоми Толибон дар бораи иқдомоти эҳтимолй алайҳи ду кишвари форсизабон ишорае накард, аммо таъкид намуд, аввалин чизе ки Точикистон аз даст хоҳад дод, суботу оромиш аст.
Дар бораи ин ҳушдори гуруҳи Толибон куниш ва вокунишҳо дар сатҳҳои мухталиф тавассути мақомот ва шахсиятҳои мухталиф, гуногун буданд. Нуктаи умумй дар ин ибрози назарҳо он буд, ки ҳушдори гуруҳи Толибон бештар чанбаи таблиғотй дорад ва ин гуруҳ дар ҳадде нест, ки ба кишвари дигаре нуфуз кунад. Бо ин ҳол ҳушдори гуруҳи Толибон аз зовияҳои дигаре қобили арзёбй ва баррасй аст. Аввал: Оё ин ҳушдори Толибон аст ё хочагони онҳо? Қарори маълум гуруҳи Толибон парвардаи дасти хадамоти вижаи кишварҳои ғарбй аст, ки дар миёнаҳои солҳои 90 асри гузашта ба манзури эчоди шикоф дар чабҳаи неруҳои чиҳодии Афғонистон, зуҳур намуд. Албатта яке дигар аз ҳадафҳои ташкили ин гуруҳ аз байн бурдани толибилмоне буд, ки аз исломи ноби муҳаммадй ҳарф мезаданд. Метавон гуфт , ин ҳадаф ба мизони зиёде ичро шуд ва толибони воқейи аз саҳна бардошта шуданд (дар набардҳо кушта шуданд) ва тудаҳои ифротй бо диди асримиёнагии иртичойи ба ислом, вориди ин чунбиш шуданд,ҳамон чизе ки ташкилкунандагони пасипардагии гуруҳи Толибон мехостанд. Акнун Толибон аз як исломи зидди ҳамагуна пешрафт сухан мегуяд.
Бар асоси навиштаи бисёре аз сойтҳои интернетй, чунбиши Толибон фишанг ва василе дар дасти қудратҳои ғарбй аст, ки бар асоси сенарияи онҳо барномаҳои худро пеш мебарад. Аз ин ру ҳушдори ахирро метавон ҳушдори гардонадагони пуштипардагии гуруҳи Толибон (хочагонашон А.Х.) арзёбй кард, амре ки дар чорчуби рақобати қудратҳо шакл мегирад.Яъне, қудратҳои ғарбии ҳомии гуруҳи Толибон, дар ростои муқобила бо рақибони худ дар минтақа, ин гуруҳро вориди амал мекунанд ва кишварҳои мавриди назарро таҳти фишор қарор медиҳанд.
Дуввум: Чаро гурҳи Толибон ду кишвари форсизабонро ҳушдор додааст? Ҳамон гуна ки маълум аст, Чумҳурии Исломии Эрон дар остонаи интихоботи раёсати чумҳурй қарор дорад ва «доғи» ҳамкорй бо Амрико ниҳодан ба раиси чумҳури кунунй бо ҳадафи зери савол бурдани сиёсатҳои давлати Эрон ва дилсард кардани мардум аз ҳузур дар интихобот сурат мегирад. Ин ҳамон ҳадафест, ки давлатҳои ғарбй дар чорчуби сиёсатҳои зиддиэронии худ онро дунбол мекунанд. Дар ин миён Точикистонро низ мавриди ҳушдор қарор додан, як навъ талошест, ки ба манзури пинҳон кардани ҳадафи аслй сурат гирифтааст. Албатта набояд нодида гирифт, ки кишварҳои ғарбй барои тавсаъаи нуфузи низомии худ дар Афғонистон ба густариши доманаи ноамниҳо ниёз доранд ва Точикистон дар сархати чунин барномаҳое қарор дорад. Давлатҳои ғарбй бо судури ноамниҳо ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Осиёи Марказй, таҳкими ҳузури низомии худро асоснок мекунанд ва имкон пайдо хоҳанд кард фаъолиятҳои рақибони аслии худ дар минтақа, яъне Русия, Чин ва Эронро аз наздик таҳти назорат дошта бошанд.
Албатта, дигар далели ба Точикистон ҳушдор додани Толибон (дар асл хочагонашон А.Х.) марзи тулонии ин кишвар бо Афғонистон аст, ки муҳофизат аз баъзе минтақаҳои куҳистонии он, кори осоне нест. Дар ин миён ишораҳои коршиносони ғарбй ба ноамн шудани водии Фарғона дар Осиёи Марказй низ ба ҳамин мавзуъ бармегардад. Хабарҳо дар бораи пайдо шудани афроди мусаллаҳ дар минтақаҳои шарқии Точикистон, аз ҳамин нигоҳ қобили арзёбй аст.
Дар мачмуъ, ҳушдори ахири Толибон дар радифи суханрониҳои видеойии Усома ибни Лодан ва ё Муллоумар ва дигар мақомоти гуруҳҳои дар хидмати давлатҳои ғарбй, аз чумлаи силсила иқдомотест, ки ташкилкунандагон ва гардонандагони ин созмонҳои байналмилай дар чорчуби сиёсатҳои роҳбурдии худ дар марҳалаҳои зарурй аз онҳо истифода мекунанд. Намунаи рушане аз чунин иқдомот ҳамла ба манораҳои сохтмони тичорати чаҳонй дар Ню Йорк дар 11 сентябри соли 2001 буд, ки барои бовар кардан ба тарҳи Алқоида будани он, бояд хеле соддалавҳ буд.
Бо ин ҳол, ҳушдори Толибон дар шароите, ки артиши Покистон ҳамла ба мавзеъҳои ин гуруҳро шиддат бахшидааст, мантиқй ба назар мерасад ва баёнгар аз тарҳи содир кардани ноамниҳо ба минтақаҳои ҳамчавор аст. Ин кор дар ростои бештар мутамойил кардани кишварҳои Осиёи Марказй ба ҳамкориҳо бо давлатҳои ғарбй сурат гирифааст.
Аз суйе, Покистон дар ҳоле ҳамлаҳои худ бар зидди Толибонро шиддат бахшидааст, ки чанде қабл бо намояндагони ин гуруҳ ба тавофуқҳое даст ёфта буд. Дар пасманзари ин таҳаввулот дигар ҳадафи кишварҳои ғарбй мушоҳида мешавад, ки он халъи силоҳи атомии Исломобод аст.

Сарнавишти тарҳи Nabucco

nabucco

Рузи 8 майи соли равон дар ҳамоиши «Коридори чануб — роҳи абрешими чадид», ки дар шаҳри Прага баргузор шуд, масъалаи такмили тарҳи Nabucco мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт. Тарҳи мазкур ба манзури интиқоли энержй (газ) аз Осиёи Марказй ва Шарқи Наздик ба бозорҳои Иттиҳодияи Аврупо таҳия шуда аст, аммо дар ҳамоиши Прага Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон ба ёддошти тафоҳуми сиёсй дар мавриди ин тарҳ имзо накарданд. Дар ёддошти тафоҳуми мазкур таъкид шуда, тарафҳои дахлдор, ки ҳозиранд дар тарҳи хати лулаи Nabucco мушорикат кунанд, тамоми талошҳои худро чиҳати таҳияи қарордоди байни ҳукуматии тарҳи мазкур, ки боястй то моҳи июн ба имзо бирасад, ба харч хоҳанд дод. Лозим ба ёдоварист, ки арзиши тарҳи Nabucco 7,3 миллиард доллар баровард шуда, қодир ба интиқоли солона 20 — 30 миллиард метри мукааб газ аз Осиёи Марказй ва Озарбойчон, хорич аз қаламрави Русия ба Аврупо аз тариқи Туркия — Булғористон — Руминия — Мачористон — Австрия хоҳад буд. Бино ба барномарезиҳои анчомшуда сохти ин хати лула от соли 2013 ба поён расида, интиқоли газ ба Аврупо аз соли 2014 оғоз хоҳад шуд.
Ба эътиқоди масъулони кумиссиюни Аврупо тарҳи Nabucco бо интиқоли газ аз Осиёи Марказй ва Шарқи наздик ба бозорҳои аврупойи, амнияти энергетикии Иттиҳодияи Аврупоро таъмин хоҳад кард. Ин мавзуъ барои кишварҳои аврупойи аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи ихтилоф бо Русия ва қатъ шудани содироти гази Русия ба Аврупо, мардуми «қитъаи сабз» дар фасли зимистони гузшта бо камбуди шадиди энержй ру ба ру шуданд. Ин амр эътимод ба Русияро ба таври камсобиқа коҳиш дод ва кишварҳои аврупойи ногузир дар пайи чустучуйи манбаъҳои нав баромаданд.
Дар ибтидои соли 2009 , дар замоне, ки ихтилофи газй миёни Русия ва Украина боиси қатъ шудани интиқоли гази Русия ба кишварҳои ИА гардид, музокирот дар мавриди тарҳи Nabucco бештар аҳамият касб кард. Аммо дар Русия дар мавриди муваффақияти ин тарҳ чандон хушбин нестанд, зеро ҳануз масири он ба таври дақиқ мушаххас нашудааст. То ин дам раисони чумҳури Озарбойчон, Гурчистон ва Туркия, ҳамчунин намояндагони Миср ба тарҳи Nabucco имзо кардаанд. Ҳарчанд раиси чумҳури Туркманистон ҳамчун ҳамтоёни қаоқ ва узбаки худ ба тарҳи мазкур имзо накардааст, аммо гуфта мешавад қаламрави ин кишвар «долони аслй»и интиқоли энержии Осиёи Марказй ба Аврупо хоҳад буд. Бо таваччуҳ ба сиёсатҳои Қурмонбек Боқиев, раиси чумҳури Туркманистон, ин кишвар талош хоҳад кард равобити худ бо ИА-ро густариш диҳад.
Аз суи дигар дар оянда низ шоҳиди диду боздидҳои мақомоти олирутбаи аврупойи аз Ашқобод хоҳем буд, зеро дар ростои амалй шудани тарҳи Nabucco ИА руи Туркманистон ҳисоби вижае боз кардааст. Ниёз ба сармоягузориҳои калон низ давлати Туркманистонро мутамоил ба густарсихи робитаҳо бо кишварҳои аврупойи намудааст. Имзои қарордодҳои тичорй миёни Туркманистон ва ИА, ки ахиран сурат гирифт, баёнгар аз азми Ашқобод барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои аврупойи дар бахши газ аст, зеро газ ягона маҳсулоти дархури тичорат бо Аврупо ба ҳисоб меравад.
Мақомоти Ашқобод ба таври зимнй эълом карданд, ки ҳозиранд гази худро ба ҳар кишваре, ки пули бештар пардохт кунад, бифрушанд ва дар Аврупо ва Чин аҳамияти ин мавзуъро дарк кардаанд. Аммо тарафи русй ин мавзуъро чиддй нагирифтааст. Маскав ба ин умед аст, ки битавонад бо истифода аз бархе фишангҳо назорати «чараёни газ»и Осиёи Марказиро дар ихтиёр гирад. ин руйкард шояд дар мавриди Узбакистон сидқ дошта бошадм зеро давлати Тошакнд дар марҳалаи кунунй ба ҳимоятҳои Маскав ниёз дорад. Ин ҳимоятҳо зомини ичрои барномаҳои гидроэнергетикии Узбакистон дар Осиёи Марказй мебошанд ва Тошканд метавонад аз ин тариқ аз сохтани неругоҳҳои барқи обй дар Точикистон ва Қирғизистон пешгирй намуда, зимни «таъмини об ба бахши кишоварзии худ», ин ду ҳамсояро дар вобастагй ба манбаъҳои энержии худ нигоҳ дорад. Муомилаи «газу об», ки дар моҳҳои гузшта дар чараёни сафари Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Тошканд, миёни Русия ва Узбакистон анчом шуд,аз ҳамин зовия қобили баррасй аст. Бар асоси ин тавофуқ Узбакистон гази худро фақат ба Русия хоҳад фурухт ва Русия низ уҳдадор шуд аз манфиатҳои Тошканд дар масъалаҳои баҳрабардорй аз захираҳои оби Осиёи Марказй ҳимоят хоҳад кард.
Аммо дар мавриди Туркманистон авзоъ фарқ мекунад ва давлати Ашқобод фурсатҳои бештаре барои манёвр дар ихтиёр дорад. Албатта ҳануз Туркманистон зербино ва тачҳизоти пешрафта ба чузъ хати қубурҳои Русия дар ихтиёр надорад, то битавонад гази худро ба Аврупо содир кунад. Аммо талоши ИА барои «раҳойи аз вобастагйҳои газй аз Русия», метавонад ин мушкилотро рафъ кунад. Ҳарчанд ИА аз чумлаи танкидкунандагони кишварҳои Осиёи Марказй дар заминаи риоят накардани меъёрҳои демократй ва ҳуқуқи башар ба ҳисоб меравад, вале ниёзи кишварҳои аврупойи ба энержй, ин мавзуъро ба ҳошия рондааст. Мавзуе, ки тасдиқе дигар бар муносибати дусуяи Ғарб ба масъалаҳо мебошад. Дар ин миён тарҳи Nabucco ин руйкардро бештар бармало кардааст

Андичон баъд аз чахор сол

Андичон баъд аз чахор сол

Андичон баъд аз чахор сол

Чаҳор соли пеш дар рузҳои 12-13 майи соли 2005 баъд аз он ки додгоҳи шаҳри Андичон 23 тан аз точирони маҳаллиро ба иттиҳоми робита бо гуруҳҳои тундрав ва ҳамкорй бо Акрам Юлдошев (раҳбари чараёни «Акрамия») маҳкум ва равонаи зиндон кард, мардум дар дифоъ аз ин афрод ба хиёбонҳо рехтанд. Шаби 12 ба 13 май афроди мусаллаҳ ба зиндони маҳаллй ҳамла намуда ҳудуди 1600 нафарро озод карданд. Сипас ин афрод бинои ҳукумати вилоятро низ ишғол карданд. Рузи 13 май неруҳои мусаллаҳи Узбакистон вориди амал шуданд ва тазоҳуркунандагонро ба рагбори оташ бастанд…
Бино ба гуфтаи мақомоти расмй дар ин даргириҳо 30 нафар кушта шуданд, аммо манбаъҳои мустақил шумори кушташудагонро беш аз 300 нафар эълом карданд.Баъдан ин рақам то 800 нафар афзоиш ёфт.

Ба3д аз ин ҳодисаҳо давлатҳои ғарбй зимни маҳкум кардани амалкарди давлати Тошканд, дархост намуданд, ки ин руйдод тавассути коршиносони мустақил мавриди таҳқиқ қарор гирад. Аммо Тошканд бо маҳкум кардани чунин дархостҳое, онро дахолат дар корҳои дохилии худ арзёбй кард. 23 ноябри соли 2005 Иттиҳодияи Аврупо ва Конгресси Амрико алайҳи мақомоти узбак таҳримҳо чорй карданд.

Дар он айём мавзеъгирии давлатҳо нисбат ба руйдодҳои Андичон гуногун буд. Қудратҳои Шарқу Ғарб ниҳояти талошро намуданд, то аз ин фурсат барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ кор гиранд. Чин бо ҳимоят аз мавзеъҳои Тошканд, бар тамоилоти Узбакистон барои густариши робитаҳо бо Пекин афзуд. Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар аввалин сафари хоричии худ баъд аз ҳодисаҳои Андичон ба Чин сафар кард ва рузи 25 май дар Пекин миёни ду кишвар қарордоди дустй ва ҳамкорй ба имзо расид.

Русия низ бо истифода аз сардии робитаҳо миёни Узбакистон ва Ғарб дар пайи таҳкими чойгоҳи хеш дар ин кишвар баромад. Дар пайи ҳимоятҳои Маскав аз мавзеъҳои мақомоти Тошканд дар арсаи байналмилал, Узбакистон дар иқдодмоти чавобй хуручи худро аз созмони ГУУАМ (ки як ниҳоди зиддирусй тавсиф мешавад)ро эълом кард. Аз суйе рузи 16 август соли 2006 дар Сочй узвияти Узбакистон дар Паймони амнияти чамъй дубора барқарор шуд.
Дар ин миён кишварҳои ғарбй ва ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар пайваста талош карданд то имкони анчоми таҳқиқоти мустақил аз руйдодҳои Андичонро касб кунанд, аммо то кунун ин талошҳо натичае ба ҳамроҳ надоштааст. Бар асоси гузориши созмони «Мемориал» (Маскав) баъд аз ҳодисаҳои Андичон 357 нафар, аз чумла 40 хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башар ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодисаҳо муҳокима ва мучозот шуданд.

Дар чаҳорумин солрузи ҳодисаҳои Андичон паноҳандагони узбаки муқими Шведсия бо тачаммуъ дар муқобили бинои порлумони ин кишвар дар Стокголм, ёди қурбониёни ин рузро гиромй доштанд. Дар ин гирдиҳамойи 50 нафар ширкат доштанд ва барои аввалин бор паноҳандагони узбаки шоҳиди куштори мардуми Андичон низ дар чамъи тазоҳуркунандагон ҳузур доштанд. Ширкаткунандагон тақозо карданд, ки дар мавриди руйдодҳои Андичон таҳқиқоти байналмилай анчом гирад. «Аврупо, диктаторро мутаваққиф кун!», «Озодй ба зиндониёни сиёсй!», «Мо Андичонро фаромуш нахоҳем кард!», аз чумлаи шиорҳое буданд, ки тазоҳуркунандагон дар даст доштанд. Гирдиҳамомадагон аз он ибрози нигаронй карданд, ки Иттиҳодияи Аврупо бо нодида гирифтани чиноятҳои зиддибашарии мақомоти Тошканд, дар пайи густариши робитаҳо бо Узбакистон баромадааст.

Хонуми Елин Ийонсон, рузноманигори шведсиягй дар китоби худ таҳти унвони «Маҳорати пинҳон кардани қатлиомҳо», ки то ин дам ягона китоб дар бораи ҳодисаҳои Андичон аст, тазаккур додааст, ки руйдодҳои Андичон барои чаҳониён бештар аз он ки фаромушшуда бошанд, ношинохтаанд.

Рузи 13 майи соли 2009 дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон фаъолони ҳуқуқи башар бо барпойии митинг дар муқобили сафорати Узбакистон ёду хотираи қурбониёни руйдодҳои Андичонро гиромй доштанд. Аммо дар Тошканд хадамоти махсуси Узбакистон аз баргузории гирдиҳамойии фаъолони ҳуқуқи башар пешгирй карданд. Соати 10 рузи 13 май дар назди мучасамаи «Мардонагй» — маҳалли баргузории ин гирдиҳамойи, дар замоне, ки аввалин нафар ҳозир шуд ва шиори дар дасташ бударо намоиш дод, маъмурони амниятии узбак ба у ҳамла карданд ва дастонашро баста ба тарафи номаълум бурданд. Дар ин руз ба воситаи мошинҳо атрофи мучассамаи мазкур баста шуда буд.

Руйкарди чомаеи чаҳонй, махсусан кишварҳои даъвогари демократия ва дифоъ аз ҳуқуқи башар, дар нисбати ҳодисаҳои Андичон, баёнгар аз ин воқеият аст, ки чаҳони Ғарб ба саркардагии Амрико, имруз сарнавишти миллатҳоро ба бозй гирифтааст ва бо истифодаҳои абзорй аз масъалаҳое назири «ҳуқуқи башар», «демократия», «озодии баён» ва … ҳадафҳои султачуёнаи худро пеш мебаранд. Муомилаи сиёсие, ки 13 октябри соли 2008 дар Люксембург миёни Узбакистон ва ИА сурат гирифт ва тайи он аксари таҳримҳои ин Иттиҳодия нисбат ба Узбакистон бекор шуданд, намунаи рушане аз чунин амалкарди Ғарб мебошад.

Дар шароити имруз низ бо таваччуҳ ба ниёзи Ғарб ба Узбакистон, интизор намеравад, ки масъалаи қатлиоми тазоҳуркунандагони Андичон масъалае муҳим барои «ҳомиёни демократия» ба ҳисоб равад. Зеро сарнавишти Саддом Ҳусейн ба хубй нишон медиҳад, ки Гарб дар фурсатҳои барои худ зарурй масъалаҳоро матраҳ мекунад ва афродеро, ки ба андешаи Ғарб «замони истифодаашон гузаштааст», аз саҳна мебардоранд.Вақте ки ҳадафҳои Ғарб эчоб мекард, аз Саддом Ҳусейн пуштибонй намуд ва замоне, ки Саддом истифодае барои Ғарб надошт, уро ба дор кашиданд.

Бо таваччуҳ ба рафтори Ғарб, масъалаи руйдодҳои Андичон ҳамчунон руи мизи дипломатияи ғарбиҳо боқй хоҳад буд, ба вижа ки Андичон дар водии Фарғона воқеъ аст ва коршиносону сиёсатмадорони Ғарб барои ин минтақа аз Осиёи Марказй ояндаи печидаеро пешбинй мекунанд.

Далолатҳо ва дахолатҳо.


Баъд аз эъломи бонки чаҳонй дар мавриди мусоидат ба ҳалли масъалаҳои мавчуд дар робитаҳои ду ҳамсоякишвари Точикистон ва Узбакистон ва ба ҳам наздик кардани дидгоҳҳои ин ду кишвар дар заминаи баҳрабардорй аз манбаъҳои обии минтақа, инак ниҳоде бо номи Маншури ё Хартияи энергетика низ остин барзадааст, то дар ин робита миёнчигарй кунад.
Андре Мернийе — дабири кулли Маншури байналмилалии энергетика ин матлабро баъд аз дидор ва гуфтугу бо Эмомалй Раҳмон — раиси чумҳури Точикистон баён кард. Вай як навъ ибрози хушбинй намуд, ки дар Тошканд ва Душанбе барои рафъи суйитафоҳумҳо иродаи сиёсй вучуд дорад. Дабири кулли Маншури энергетика тазаккур дод, ки дар чараёни мушкилоти бахши энергетикаи минтақа қарор дорад, ниёзи кишварҳо ба неруи барқро дарк мекунад ва муътақид аст, ки масъалаҳои мавчуд роҳи ҳалли худро доранд.
Андре Мернийе баъди баррасии мавзуъ ва гуфтугузорҳо бо мақомоти точик, роҳии Тошканд шуд, то бо масъулони узбак низ музокироте дошта бошад. Ин ҳама дар ҳолест, ки чанд руз ҳабл Ислом Каримов — раиси чумҳури Узбакистон дар Казоқистон таъкид карда буд: кишварҳои минтақа бояд мушкилоти мавчудро бидуни дахолати дигарон, худ ҳаллу фасл кунанд. Чаноби Каримов, ки бо тағйири мавзеъҳо ва дидгоҳҳояш чандон боиси ҳайрату шигифтй намешавад, пештар аз ин гуфтаҳо таъкид карда буд,ки барои сохтани неругоҳи Роғун бояд баррасиҳои байналмилалй анчом гирад. Давлатмардони Тошканд ба ин умеданд, ки ниҳодҳои байналмилалй аз мавзеъҳои Узбакистон ба унвони «кишвари муҳими минтақа» дар баробари Точикистон ва Кирғизистон ҳимоят хоҳанд кард. Аммо Душанбе ва Бишкек ошкоро эълом намуданд, ки сарфи назар аз натичаҳои ҳаргуна баррасиҳои «байналмилалй», барномаҳои гидроэнергетикии худро идома хоҳанд дод.
Аммо…
Созмону ниҳодҳои байналмилалй бар асоси ойинномаҳои худ ва дар зоҳир сохторҳое бетараф, мунсиф ва боадолате ҳастанд, ки ба масъалаҳо дар чорчуби ҳадафҳои ҳамаи тарафҳо ва риояти адолату меъёрҳои демократй расидагй мекунанд. Аммо, ҳасрато, ҳайфо (!!!), ин ҳарфҳо фақат орзуҳое ҳастанд, ки барои ба онҳо бовар кардан бояд хеле соддалавҳ буд.
Дар дунёи мутамаддини имруз ниҳодҳо ва созмонҳои ба истилоҳ «байналмилалй» ба гунае тарроҳй ва ташкил шудаанд, ки пеш бурдани ҳадафҳои мушаххаси гуруҳҳо ва кишварҳо дар меҳвари фаъолиятҳояшон қарор дорад. Ин созмонҳо бо ташкил намудани замина, роҳро барои дахолат дар корҳои кишварҳо ва минтақаҳо фароҳам мекунанд. Кофист фақат ишорае кутоҳ ба таърихчаи ташкили гуруҳи Толибон ва Ал-коида дошта бошем, ки имруз қудратҳои ғарбй барои расидан ба ҳадафҳояшон аз ин созмонҳое, ки худ ташкил намудаанд, чи тавр моҳирона истифода мекунанд…
Мепурсед, «ин чй вобастагй ба Маншури энергетикй дорад?»
Андре Мернийе дар суҳбатҳое, ки баъд аз дидор бо масъулони точик дошт ба таври зимнй ишораи чолибе кард: «Сармоягузорй дар кишварҳое анчом мешавад, ки аз суботи сиёсй бархурдор бошанд, агар суботи сиёсй набошад, ҳеч гуна сармоягузорй анчом нахоҳад шуд». «Суботи сиёсй». Ин «субот»-ро кй мушаххас хоҳад кард ва чй таърифе аз «суботи сиёсй» дар назар гирифта хоҳад шуд?
Оре, ин суханон дорои паёмҳои зиёданд, яъне агар шумо хилофи хостаҳои мо амал кунед, аз сармоягузориҳои хоричй ва кумакҳои башардустона маҳрум хоҳед шуд!
Бо чунин вазъ, оё салоҳи кор он нест, ки кишварҳои ҳамсоя худ иқдом ба ҳалли масъалаҳои баҳсталаб кунанд ва роҳро барои дахолатҳои бегонагон дар корҳо ва сиёсатҳояшон, бибанданд?
Тачрибаи таърих нишон медиҳад, ки созмонҳои фурсатталаб бо доман задан ба ихтилоф миёни кишварҳо ва далолати давлатҳо ба пайравй аз ин ё он сиёсат, заминаи нуфузи худ дар минтақаҳои мавриди назарро фароҳам мекунанд. Аз ин нигоҳ Осиёи Миёна як минтақаи стротегй аст!

Пул дихед ва рох равед!

Масъулони Точикистон эълом карданд, ки баъд аз пурра ба истифода додан, ҳаракати мошинхо ба воситаи шоҳроҳи «Душанбе — Бустон — Чаноқ» пулакй хоҳад шуд. Бар асоси гуфатаи ин масъулон, рузи 9 сентябри соли равон, дар солрузи истиқлолияти Точикистон маросими ба истифода додани шоҳроҳи мазкур баргузор хоҳад шуд.

Чои муболиға нест, ки тарҳи мазкур, аз чумлаи тарҳҳои миллии Точикистон аст, ки дорои аҳамияти вижаи стротегй мебошад. Ин роҳ ягона роҳи пайванди заминии марказ ва шимоли Точикистон аст, дар солҳои касби истиқлол ва марзбандиҳои чадид дар қаламрави Шуравии собиқ, аҳамияти бештаре касб кард.Дар рузҳои турктозиҳои гуруҳи муздурони Худойбердиев (ноябри соли1997) бори дигар маълум шуд, ки ин шоҳроҳ дар таъмини таомияти арзй ва амнияти сарзамини Точикистон низ нақши муҳиме бар уҳда дорад. Аз ин чост, ки давлатмардони точик сарфи назар аз тамоми мушкилот, иқдом ба бозсозй ва навсозии шоҳроҳи мазкур намуданд. Ба манзури таъмини рафту омади воситаҳои нақлия дар тамоми фаслҳои сол тунели «Анзоб», ки бозмондаи даврони Шуравй буд, бо кумаки мутахассисони эронй сохта шуд. Аз суи дигар, қарордоди сохтани тунели «Шаҳристон» бо Хитой баста шуд, ки дар айни ҳол дар марҳалаҳои ниҳойи қарор дорад.

Баҳрабардорй аз шоҳрохи «Душанбе — Бустон — Чаноқ» аз чиҳатҳои мухталиф, аз чумла сиёсй, амниятй, иқтисодй, иичтимойи, фарҳангй … дорои аҳамияти фаровон буда, дар канори ваҳдати чуғрофиёи, ваҳдатро дар дигар заминаҳо низ барои чомари точик ба армуғон хоҳад овард. Дар шароити Точикистон, ки 93% қаламравашро куҳҳо ташкил медиҳанд, шоҳроҳи Душанбе — Бустон — Чаноқ сарвати бебаҳои миллй ба ҳисоб меравад ва ин сарват мутаалиқ ба ҳамаи мардуми Точикистон аст. Бидуни шак ба марҳалаи баҳрабардорй расидани ин тарҳ орзуи деринаи милёнҳо нафар аз шаҳрвандони ин кишвар аст, то битавонанд аз як гуша ба гушаи дигари Ватани азизи хеш бе кашидани бори миннати ҳамсояи бадсоя, рафту омад кунанд. Албатта, теъдоде аз ҳамватанон ин орзуро бо худ ба хок бурданд ва то ҳануз часади баъзе аз онҳо аз зери тармаву куҳҳои фурурехта пайдо нашудааст.

… Ва ин шоҳроҳ, ин тарҳи миллй, ин чодаи стротегй … пулакй мешавад.

Зоҳиран ин ҳарфи тозае нест, зеро ин роҳ тақрибан ҳамзамон бо касби истиқлоли Точикстон пулакй шуда буд. Мусофирони ин роҳ ва ронандагони таксиҳо охири солҳои асри 20-ро ба хубй дар ёд доранд: аз Душанбе то Хучанд

25-30 посгоҳи гумрукй ва милиса амал мекард, ки аксари онҳо ғайриқонунй ва фақат ба хотири гирифтани пул фаъолият мекарданд. Бо барқарории суботу оромиш ба кишвар, ҳамаи посгоҳҳои ғайриқонунй барчида шуданд, аммо… Бале, аммо пул гирифтани милисаи роҳ аз ронандагон ҳамчунон идома дорад. Хатто баъзе милисаҳои фурсатталаб худсарона дар канори роҳ истода (ба хусус аз Шаҳристон то Истаравшан) аз ронандагон «ҳақ-ул роҳ» мегиранд. Дар вилояти Суғд ронандагони «душанбегй» бештар дар маърази чунин беинсофиҳо қарор доранд ва дар Душанбе ронандагони «шимолй».

Акнун ин пурсиш матраҳ аст, ки бо пулакй шудани шоҳроҳ, пул гирифтани (ё шояд пул додан ба) нозирони роҳ аз байн хоҳад рафт? Ё ин ки ин «доля» ба қуввати худ боқй хоҳад монд?