Кафшҳои бибӣ

Рӯзи ҷаҳонии кӯдак ба ҳамагон муборак бод.
… Солҳо пеш…Духтарчаам Наргис сесола буд. Агарчи ману модараш барои хушию хушҳолии вай аз ҳеҷ чиз дареғ намекардем, аммо дилбастагии хос ба модаркалонаш дошт. Ҳамеша ҳамроҳи ӯ буд. Ҳар ҷо ки бибӣ мерафт, Наргис чу соя ҳамроҳаш.Меҳмонӣ, тую маърака, беморбинӣ, ҳатто таъзия. Бибӣ буду Наргис. Ҳар субҳ, аз хоб бедор мешуд, аввалин коре, ки мекард кафшҳои дами дарро тафтиш кардан буд.Кафшҳои бибиро медиду хаёлаш роҳат мешуд ва сари дастурхон менишаст. Оҳ, агар кафшҳои бибӣ набуданд, қиёмат бапо мекард, доду фарёдаш ба осмон мепечид, касе ва чизе ӯро ором кардан наметавонист.Ё бояд касе ба назди бибӣ мебурдаш, ё ин ки агар бибӣ дар наздикиҳо мебуд, худ меомад…
Як пагоҳӣ барои ба кор рафтан омода мешудам. Садои модарамро(Худо раҳматашон кунад.) шунидам: «Кафшҳои ман куҷо шуданд? Наход саг-маг бурда бошад? Ооо шаб ҳамин ҷо монда будам…» Аввал аҳамият надодам, аммо дидам ҳама кафшҳои модарро ҷустуҷӯ мекунанд.Ҳама ҷо – ҳавлӣ, коҳдон, оғил, пушти хона, рӯи бомро гаштем. Хоҳарам ба хонаи ҳамсоя, ки сагашон таки кати ҳавлии моро истироҳатгоҳи худ карда буд, рафт. Аз кафшҳо ному нишоне набуд.Кофтукоб давом дошт.
Барои ҷузвдонамро гирифтан ба хонаи хоб даромадам. Наргис ҳанӯз хоб буд. Чи хобе! Чи манзарае! Кафшҳои бибӣ дар оғӯшаш, аҷаб зебо, орому роҳат хобида буд…
Солҳо гузаштанд. Модар ба раҳмати Худо рафтанд. Духтарам худ модар аст.Набераи калонӣ дар синфи 10 мехонад.Ба назари ман ин ҳама дирӯз буд…
Рӯзи ҷаҳонии кӯдак муборак бошад!

ҲАМОСАИ МУҲАББАТ

хайр

Арафаи Наврӯзи имсол буд. Хоҳаре, ки фақат дар дунёи маҷозӣ ҳамдигарро мешиносем ва ҳамеша ба навиштаҳои ман таваҷҷуҳ мекунад, бароям паёме фиристод.Паём аз маъмулиҳо набуд.Ибрози эҳтирому иродат, орзуи сиҳатию хонаободӣ, таманнои бахти бедору қалами сабз… ва хоҳише орӣ аз ҳама гуна тамаллуқ. Хоҳише, ки дар ҳарф — ҳарфи вожааш муҳаббату ҳамёрӣ ҷилва мекард. Ин бонуи азиз, ки дар муҳоҷират кор  мекунаду дурӣ аз Ватан ва ранҷи ғурбатро дар ҷисму ҷони худ таҷриба кардааст,  аз писарам Фирдавс ҳарф ба миён оварда исрор кард, ки хоҳишашро рад накунам. Вай  навишта буд:«…мехоҳам барои фарзандони додарам Фирдавс, ки шеърҳояш ба ман хеле ва хеле писандад, туҳфаи наврӯзӣ фиристам ва хоҳиш мекунам рад накунед. Медонам, ки додарам дур аз Ватан аст ва мехоҳам андак ҳам бошад ҷои ӯро дар оилааш сабз кунам…»

Беэътиноӣ мебуд рад кардани ҳамчунин муҳаббат.Туҳфаҳои арзишмандашро ба набераҳоям расондам ва гуфтам инҳо аз холаатон …. ана акси ӯ. Аксро аз телефонам нишон додам.

Албатта набераҳоям ба чизе муҳтоҷ нестанд, аммо шодиашон он лаҳзаҳо интиҳо надошт, як холаи меҳрубон аз дури дурҳо ба фикри онҳо афтодааст, туҳфаи наврӯзӣ додааст.Гуфтам дуо кунед ин хола ва ҳамаи муҳоҷирон сиҳату саломат ба Ватан баргарданд.

Вақте чунин инсонҳои шариф ҳастанд, эҳсос мекунӣ зиндагӣ он қадар ҳам беранг нест…

Худо ҳифзат кунад, хоҳари гулам.

Велосипеди бачагона

 

tri-velosiped

Қиссаи велосипед ё ҳамон сечархаи бачагона, яке аз саҳифаҳои рангину ширин ва фаромушнашудании даврони кудакӣ аст, ки ҳар аз гоҳе нохудогоҳ ба суроғам меояд ва маро ҳар бор дар оғуши дунёи зебои кудакӣ қарор медиҳад…
Шаш сола будам.Дар яке аз рӯзҳои бехабариҳои даврони кудакӣ, дар саҳни ҳавлӣ машғули тамошои китоби “Алифбо” и аппаам будам.(Вай дар синфи якум мехонд).Беш аз ҳар чизи дигаре, тасвири бачаҳое ки савори сечарха бозӣ мекарданд, ба ман писанд буд.Дар олами руъёҳои кудакӣ ғарқ шудам ва худро яке аз он бачаҳои велосипедсавор тасаввур карда, лаззат мебурдам…

— Саид, китобҳоро надаррон ки муаллим аппаатро чанг мекунанд, ин таъкиди модарам(Худо раҳмат кунад!)  манро аз олами хаёлҳо берун  овард.
—  Не, фақат тамошо мекунам, ҷавоб додам ва пурсидам:

—  Додом барои ман аз ин  сечархаҳо мегиранд?
Модарам хеле умедворкунанда гуфтанд,” агар бачаи нағз шавӣ, ҳатман мегиранд”.

Он рӯз бештар аз ҳар вақти дигар аз кор баргаштани падарамро(Худо раҳмат кунад!) мунтазир мондам.Мехостам аз забони худашон шунавам ки бароям сечарха мегиранд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд, гуфтанд ягон рӯз бо ҳам рафта аз бозор мегирем.

То он вақт аз деҳа ба ҷое нарафта будам ва бесаброна “ягон рӯз” ро мунтазир будам ва тез тез аз модарам мепурсидам:” оча, кай ягон рӯз мешавад?”

Модарам мегуфтанд “ҳар вақт додот камкортар шуданд, туро ба бозор мебаранд”…

Ниҳоят он “ягон рӯз” фаро расид. Як бегоҳ падарам гуфтанд:пагоҳ ба район меравем, агар бахтат омад кунад, соҳиби сечарха мешавӣ.

Тобистон буд ва ҳаво гарм.Субҳи барвақт ҳамроҳи падарам савори автобус ба “Янтоқ”(ҳоло Бустон), маркази район омадем.Ба ҳар мағозае ки мерафтем савол якто буд: “велосипеди бачагона доред?” ва ҷавоб ҳам тақирибан як буд: “не”.Фақат дар як мағоза гуфтанд ки эҳтимолан охири моҳ барояшон меоранд.
Руз аз нисф гузашт.Падарам гуфтанд, “ биё, ягон чи мехурем, баъд ду магазини дигарро, ки каме дуртар аз ин ҷо ҳастанд, хабар мегирем, насибат бошад, меёбем”.

Ба ёдам нест он рӯз чи хуроке хурдем, аммо ба ёд дорам ки баъд аз хурок ҳалво хурда будам.Ҳалвои ширин ва хеле бо лаззат. Аз ошхона берун шудем, ҳаво гарм буд.Падарам дар як даст борхалта, бо дасти дигар аз дасти ман гирифта, роҳи ҳамон мағозаҳоро пеш гирифтанд.Хира хира ба ёд дорам, ки аз як теппа гузаштем ва дар як маҳаллае ба мағозае, ки бештар ба хонаи истиқоматӣ монанд буд даромадем.Ба  саволи падарам фурушанда ҳамон ҷавоби “не” ро дод.

Аз он ҷо берун омадем.Ман хеле бо умед ба падарам нигоҳ мекардам ва ба ин фикр будам, ки падарам ҳатман бароям сечархаи руъёиро меёбанд.Дар тасаввури мани шашсола ин буд ки падарҳо ба ҳар коре қодир ҳастанд ва падарам ҳатман бароям сечарха мегиранд.Ҳамин вақт буд ки падарам гуфтанд, “ба назарам имрӯз толеъ надорӣ”.Пурсидам,” кай толеъ дорам?”.Гуфтанд, “ҳатман ягон рӯзи дигар”.

Боз хеле пиёда роҳ рафтем ва ба як мағозаи дигар расидем.Дар он ҷо ҳам сечарха набуд.(Дар зимн, бо гузаши 30 сол, соли 1991, вақте дар рӯзномаи ноҳиявии “Машъал” кор мекардам, рӯзе дар ҳайати муфаттишони назорати халқӣ ба ин мағоза омадам.Мағозае дар ду километрии маркази ноҳия.Он вақт фаҳмидам, ки 30 соли қабл падарам чи қадр пиёдаравӣ карда буданд.)

Мо он рӯз сечарха наёфтем, аммо лаззати ҷустуҷуи он, меҳрубониҳои падар, рафтан аз як мағоза ба мағозаи дигар, дар хотири мани кудак барои ҳамеша нақш баст.Тасаввурам ин буд ки сечарха дорам ва аксам ҳам дар китобҳо чоп шудааст ва аз ин лаззат мебурдам…

Он вақт на, аммо баъдҳо эҳсос кардам ки он рӯз падарам чи қадр хаста шуда буданд, аммо меҳри падарӣ иҷоза намедод ки ин хастагиро ба рухи ман кашанд.Ёдам ҳаст гуфта буданд: хафа нашав боз ягон рӯзи дигар ба шаҳр барои велосипед меравем.

Чунин сафаре дигар такрор шуд ё нашуд, хотироти чандоне надорам, аммо лаззати сафари аввал дар ёди ман барои ҳамеша боқӣ монд.Акнун, ки даврони кудакӣ фақат гоҳ гоҳе меҳмони хобҳои ман мешавад, бароям дидани кудакони деҳотӣ, ки ҳамроҳи падар ё бобои худ ба шаҳр меоянд, баёдоварандаи ҳамон лаҳзаҳои  беш аз 40 соли гузашта аст.Ба онҳо бо ҳавас нигоҳ мекунам ва дунёашонро тасаввур мекунам.Тасаввур мекунам, ки бегоҳ ба хона баргашта, дидаю надидаҳои худро ба додару хоҳар ва ҷураҳои худ чи гуна бо шавқ нақл мекунанд.Ман ҳам бегоҳи он рӯз ва чандин рузи дигар сафар ба шаҳрро ба ҷураҳоям таърифу тавсиф карда будам ва ин бароям камтар аз лаззати доштани велосипед набуд…

 

Марями мукаддас дар ойинаи санг

DSC09591

 

Дар макони зебое, болотар аз деҳаҳои Деҳҳисор ва Деҳҳавз, Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷое ки дарёи Зарафшон бо оби дар ҳар мавсими сол тағйирёбанда ва соҳилҳои музайян аз гулу гиёҳ ва кӯҳҳои ситабру устувор, порае аз зебоӣ ва шаҳомати худро ба намоиш гузоштааст, мазоре воқеъ аст, ки аз ҷумлаи зиёратгоҳҳои мӯътабари мардуми минтақа маҳсуб мешавад. Аксари мардуми бумӣ ба ин боваранд, ки шахси дар ин мазор дафн шуда Абу Мусои Ашъарӣ, аз ҷумлаи саҳобагони Расули Акрам аст. Аммо сарчашмаҳои таърихӣ  чизи дигар мегӯянд. Маликнеъмати Неъматзод, номзади илмҳои филологӣ бо такя ба китоби “Таърихи Абулхайрхонӣ”и Абдураҳмони Мустаҷир муътақид аст, ки: “Ин мазори яке аз пешвоёни тариқати “Нақшбандӣ” Абулҳасани Харақонӣ аст, ки кунияташ “Абу Мусо” буд. Аз ин ҷост, ки мардуми омӣ ба иштибоҳ ин мазорро марбут ба Абу Мусои Ашъарӣ медонанд.”
Мо дар ин мавзӯъ домани баҳс боз карданӣ нестем, он чи мехоҳем ба хонандаи муҳтарам баён кунем, падидаест, ки дар кӯҳҳои муқобили ин оромгоҳ, соҳили дигари дарёи Зарафшон, шакл гирифтааст ва то солҳои 70-уми асри гузашта касе аз вуҷуди он хабар надошт.
«Шахҳои сафед», ба қисмате аз кӯҳҳои соҳили чапи дарёи Зарафшон гуфта мешавад, ки болотар аз деҳаҳои Деҳҳисор ва Деҳҳавз, Кӯҳистони Мастчоҳ воқеъ шудааст. Барои он «Шахҳои сафед» мегӯянд, ки дар қиёс бо кӯҳҳои атроф ин шахҳо сафеданд. Аммо ин хусусият боиси шӯҳрат гирифтани ин макон нест, балки он чи дар баданаи ин шахҳо рух медиҳад, муҷиб шудааст, ки боздидкунандагони зиёд, хусусан онҳое ки ба таъриху ҷуғрофиёи кишвари азизамон – Тоҷикистон рағбат доранд, аз минтақаҳои мухталиф ба суроғи ин макон оянд:Дар се вақти шабонарӯз — субҳ, зуҳр ва шом дар баданаи шахҳо акси Марями Муқаддас, ки Исои хурдсолро дар бағал дорад, зоҳир мешавад.
Ин манзараи шигифтовар агарчи ҳар рӯз такрор мешуд, аммо зиёраткунандагони мазори “Абу Мусо”, ҳамчунин мардумони бумӣ таваҷҷӯҳе ба он надоштанд, дурустар бигӯем аз он бехабар буданд, то ин ки дар соли 1972 хонуме аз кишвари Голландия ба ин ҷо омад ва парда аз ин асрор бардошт. Мутаассифона, аз ному насаб ва ҳуввияти ин хонум иттилое дар даст нест.Бино ба гуфтаи Мулло Абдулло, шайхи ҳамин мазор, ки аз падари марҳумаш Мулло Қаландар шунидааст, нақл кард: тобистони соли 1972 хонуме омад, ки худро пажуҳишгар аз кишвари Голландия муаррифӣ кард.Вай гуфт дар китобе хондааст, ки дар ин ҷо, дар соҳили чапи болооби дарёи Зарафшон ду шахи сафед аст, ки дар баданаи ин шахҳо дар шабонарӯз се маротиба тасвири Бибӣ Марям ва Исои Масеҳ зоҳир мешавад. Ин хонум чанд рӯз дар ин ҷо буд ва ба мо ин манзараи аҷоибро нишон дод, аммо дар бораи сабабҳо ва ҳикматҳои ин шигифтии табиат чизе нагуфт. Баъд аз ин мо ба баъзе аз онҳое, ки ба зиёрати мазори Абу Мусо меомаданд, ин розро мегуфтем, вале ҷолиб ин аст, ки на ҳама чунин манзараро дида метавонистанд. Мазори Абу Мусо дар соҳили дарё ва хеле ба об наздик буд, мо ба андешаи он ки манзараи “Шахҳои сафед” рӯзе ба зиёратгоҳи масеҳиён табдил шавад ва мазор зери по монад, ҷасади Абу Мусоро ба теппаи баланд, дар ҳамин макони зебо, кучондем.(Албатта дар бораи кӯчондани оромгоҳ аз соҳили дарё ба баландие дуртар аз он, ривояти дигаре низ ҳаст.) Аз он замон наздик ба панҷоҳ сол мегузарад, чандин саёҳатчӣ аз кишварҳои гуногуни Аврупо ба ин ҷо омаданд, агарчи на ҳамаашон мегуфтанд, аммо малум буд, ки ба дидани ин манзараи аҷоиб меомаданд.
Бояд гуфт, акнун вуҷуди ин манзараи шигифангез дар қаламрави Кӯҳистони Мастчоҳ миёни мардум забонзад шудааст ва онҳое ки ба зиёрати оромгоҳи “Абу Мусо” мераванд, аксар талош мекунанд аз тамошои ин манзараи камназир баҳраманд гарданд.
Ахиран тане чанд аз аҳли қалами қаламрави кӯҳистон даст ба иқдом шудаанд, то дар навбати аввал  сари нахе барои муайян кардани шахсияти он хонуми голландӣ пайдо кунанд ва ба сарчашмаи муътамаде дар бораи вуҷуди “шахҳои сафед” бо тасвири Марями муқаддас, дастрасӣ пайдо кунанд.

DSC09595

Истифодаи Ғарб аз ҳаракатҳои бо ном исломӣ

تقرير يكشف التشكيلات والاطراف التي شاركت داعش باحتلال الموصلШӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид дар шароите барномаи пешниҳодии Барак Абама, раиси ҷумҳури Амрико барои муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризмро тасдиқ кард, ки хадамоти ҷосусии ин кишвар аз зуҳури гуруҳи нави террористӣ хабар дод.Ба иттилои расонаҳои амрикойӣ гуруҳи террористие бо номи “Хуросон” вориди амал шудааст, ки душмани рақами 1 Иёлоти Муттаҳида маҳсуб мешавад.Дар ин бора аз ҷумла нашрияи The New York Times  навиштааст, ки гуруҳи “Хуросон” аз шохаҳои қавии “Ал қоида” буда тавассути Муҳсин ал Фазлӣ, ки шаҳрванди Кувейт аст, раҳбарӣ мешавад. Ин манбаъ навиштааст, ал Фазлӣ аз Сурия ба Афғонистон ва сипас ба Эрон омада, таъминии молии амалиёти Ал қоидаро бар уҳда дошт.
Нашрияи The New York Times тазаккур додааст, ки гуруҳи “Хуросон” бештар аз “Давлати исломӣ” барои Амрико ва кишварҳои аврупоӣ хатарнок аст ва ин гуруҳ бо истифода аз он ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба “Давлати исломӣ” ҷалб шудааст, барномаҳои худро ба пеш мебарад.
Нуктае, ки дар ин мавзуъ ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, номи ин гуруҳи тозазуҳур ва маҳалли буду боши раҳбари он аст.Ҳамин масъала ба таври хеле шаффоф ҳадафи хадамоти махсуси Амрико аз паҳн кардани овозаҳо дар бораи ташкили ин гуруҳҳоро ба намоиш мегузорад.Қарори маълум, баъд аз ҳамалоти террористӣ ба бурҷҳои тиҷорати ҷаҳонӣ дар 11 сентябри соли 2001, Амрико бо баҳонаи аз байн бурдани Усома бин Лодан ба Афғонистон ҳамла кард ва тайи беш аз 10 сол садҳо ҳазор нафарро дар ин кишвар куштаву маҷруҳ, шаҳру деҳоти зиёдеро ба хок яксон кард.Дар қолаби ҳамин барнома дар соли 2003 бо баҳонаи нобуд кардани силоҳҳои химиявии Саддом Ҳусейн, ҳамлаи Амрико ба Ироқ сурат гирифт.Ин ишвар низ ба хоку хун кашида шуд, ки аз захмҳои он ҳануз хун мешорад, аммо камтарин нишоне аз силоҳи химиявӣ пайдо нашуд.Дар идомаи ин таҳаррукот соли 2011 барои “наҷоти мардум аз ҷиноятҳои сарҳанг Қаззофӣ”, Либия мавриди ҳамлаи бераҳмонаи Амрико қарор гирифт.Боз ҳам куштаю захмиҳои зиёд ва шаҳру деҳоти хароб “осори” аз худ бақӣ гузоштаи низомиёни Амрико дар ин кишвар буданд.
“Хуросон” пои низомиёни Амрикоро ба Осиёи Миёна низ хоҳад кашид?

Бисёре аз ниҳодҳо ва шахсиятҳои Русия дар ибрози назарҳои худ дар мавриди муборизаи Амрико алайҳи “Давлати исломӣ” ба ин нукта ишора доштанд, ки ин ҷунбиш ва ҷунбишҳое мисли он парвардаи сервисҳои вижаи Амрико ҳастанд, ки барои даст ёфтани ин кишвар ба ҳадафҳои стротегиаш дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, шакл дода мешаванд.Ҳамин мавзуъ дар “душмани рақами яки Амрико” эълон шудани гуруҳи “Хуросон” низ сидқ пайдо мекунад.Дар ҳоле ки то ин дам ҳама гуруҳҳое, ки Амрико онҳоро “гуруҳҳои исломии ифротӣ” муаррифӣ мекард, исмҳои арабӣ  доштанд, ин бор гуруҳе ба истилоҳ ташкил шудааст, ки номи форсӣ дорад.Хуросон, ки аз нигоҳи ҷуғрофиёӣ дар гузаштаи на чандон дур минтақаи азиме аз Эрон то Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро дар бар мегирифт, имрӯз номи се вилоят дар Эрон аст. Бо номгузории ин гуруҳ чанд ҳадаф дар назар аст:ҳар чи бештар ҷазб кардани ҷавонони ин минтақа ба гуруҳҳои бо ном исломии дар асл террористӣ, дар тарсу ваҳшати бештар нигоҳ доштани ҳакимони минтақа, фароҳам кардани замина барои дахолатҳои низомии Амрико дар минтақа, тақвият кардани ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф дар ин кишварҳо…Дар ин миён Эрон дар дастури кори вижа қарор дорад.
Аз муддатҳо қабл аст, ки Амрико дар бораи эҳтимоли вуқуи нооромиҳо дар водии Фарғона сару садо мекунад, акнун ба назар мерасад, ки ин кор ба уҳдаи “ДОИШ” ва махсусан гуруҳи “Хуросон” вогузор шудааст.Интишори хабарҳо дар бораи ҳузури ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сафҳои артиши “Давлати исломӣ” пешзаминаи ҷазби ин ҷавонон ба чунин артишҳое дар кишварҳои худ мебошад ва зоҳиран рисолати аслии гуруҳи “Хуросон” ҳамин мавзуъ аст.Агарчӣ Осиёи Марказӣ ба мисли Ховари Миёна аз манбаъҳои саршори нафту газ бархурдор нест, аммо то ҳадде ин манбаъҳоро дорад ва як минтақаи стротегӣ дар арсаи рақобати миёни Русияву Чин ва Ғарб ба саркардагии Амрико мебошад.Ҳамин мавзуъ боис шудааст, ки чашмони тамаъҷу аз ҳар су ба ин минтақа духта шудаанд.Дар чунин шароите ин сохторҳои амниятии кишварҳои минтақа ҳастанд, ки барномаҳо мантиқӣ барои муқобила  бо ин таҳдидҳо таҳия кунанд.Аммо савол ин ҷост, ки оё ин сохторҳо тавон ва имконоти лозим барои чунин кори азимеро доранд? Дар шароите, ки сохторҳои амниятии кишварҳои минтақа даргири мушкилоти байнии ҳамдигар ҳастанд, иҷрои ин кор бо монеаи ҷиддӣ ру ба ру мебошад.Ин вазъият ҳамон чизе аст, ки фурсатталабони қудратҳои Шарқу Ғарб мехоҳанд.

“Давлати исломӣ” воситае барои бадном кардани ислом

Раиси ҷумҳури Амрико дар суханронии ахири худ дар нишасти Созмони милали муттаҳид, хадафи мубориза бо терроризмро барқарори сулҳу субот дар ҷаҳон унвон кард.аммо ҷараёни руйдодҳо ҳикоят аз ин дорад, ки ҳамин ба истилоҳ мубориза, заминаи нооромӣ ва низоъҳои бештарро фароҳам кардааст.Расонаҳои Амрико, ки ағлаб тавассути муҷтамаи низомӣ саноатӣ(военно промышленный комплекс) пуштибонии молӣ мешаванд, огоҳона ва ҳадафмандона ба суннӣ ва ё шиъа будани ин ё он гуруҳ таъкид мекунанд, то эҳсосоти мазҳабии мусалмононро барои куштани ҳамдигар бештар таҳрик кунанд.Парчамҳои сиёҳи “доишиҳо”, қатлиоми мардум, сар буридани ғайримусалмонон  ва дигар иқдомоти хилофи ислом, “шоҳкорҳое” ҳастанд, ки аз мактаби хадамоти вижаи Ғарб сарчашма мегиранд.Дар маҷмуъ ҷунбиши “Доиш” барои он ташкил карда шудааст, ки ҷанги миёни мазҳабҳоро дар олами ислом роҳандозӣ кунад, то давлатҳои ғарбӣ беҳтар битавонанд ба ҳадафҳои худ дар кишварҳои исломӣ даст ёбанд.
Имрӯз Амрико ҳамчун жандарми ҷаҳон вориди амал шудааст ва барои он чи ки барқарории суботу оромиш мегӯяд, заминаро барои дахолат дар корҳои ҳар кишваре фароҳам мекунад. Ахиран дар ҳуқуқшиносии байналмилал истилоҳи “таҷовузи башардустона” роиҷ шудааст, ки низ аз тарфандҳои мустамликадории навин аст.
Ҷои нигаронӣ аст,ки иддае аз ҷавонони  соддалавҳ, ҳатто аз кишвари мо, фирефтаи таблиғоти доишиҳо шуда, ба ин гуруҳ пайвастаанд.Аз ҳама нигаронкунанда он аст, ки “Доиш” акси як кудаки ноқис таваллуд шударо мунташир карда, эълон кард, ки ин Даҷҷол аст ва барои наҷот аз ӯ ба гуруҳи мо ҳамроҳ шавед.
Дар чунин вазъе оё давлатҳои минтақа тавони дифоъ аз амнияту суботи кишвар ва шаҳрвандони худро доранд?

Хеле ва хеле мехоҳам, ки ҷавоб ба ин пурсиш мусбат бошад.

 

 

Дилсардии Точикистон аз ниҳодҳои минтақайи

Чанде қабл дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон нишасти вазирони хоричаи кишварҳои узви Паймони амнияти чамъй баргузор гардид. Агарчй дар ин нишаст масъалаи амният дар марзҳои миёни Точикистон бо Афғонистон баррасй шуд, аммо ширкаткунадагон ҳозир нашуданд яке аз масоили доғи минтақа, сардии равобит миёни Тошканд — Душанберо дар дастури кор қарор диҳанд.

Дар нишасти Остона барномаи нишасти сарони кишварҳои узви ин Паймон, ки қарор аст 15 майи соли чорй дар Маскав баргузор шавад, баррасй ва тасвиб шуд.Дафтари матбуотии раёсати чумҳурии Точикистон дар бораи ҳузур ё адами ҳузури Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳур дар нишасти Маскав гуфтааст, ки ҳануз ин масъала ниҳойи нашудааст.Нишасти Маскав аз он чиҳат ки маҳалли гиромидошти ду чашни — 20 солагии имзои созишномаи паймони амнияти чамъй ва 10 солагии таъсиси ин Паймон хоҳад буд, аҳамияти бештаре касб кардааст.Аммо дар Душанбе ва дар дигар кишварҳои узв низ аз фаъолияти ин ниҳоди минтақайи розй нестанд ва ояндаи онро низ чандон рушан арзёбй намекунанд.Зеро даҳ соли фаъолият нишон дод, ки Паймони амнияти чамъй ҳаргиз як ниҳоди фарогири минтақайи набудааст ва тақрибан ҳеч нақше дар ҳалли масоили амниятй ичро накардааст.Нишасти охири Паймони амнияти чамъй дар Остона барои Душанбе аз он чиҳат аҳамият дошт ки интизор мерафт дар он ба мушкилоти ду ҳамсоя — Узбакистон ва Точикистон низ расидагй мешуд.Точикистон бештар ба ин мавзуъ умедвор буд ва дар остонаи нишасти Остона дар ин замина баъзе заминасозиҳо анчом дод. Аз чумла сафорати Точикистон дар Маскав рузи 2 апрел бо пахши баёнияе равобит миёни Тошканд — Душанберо буҳронй тавсиф кард ва ба навъе хостори мудохилаи кишварҳои дигари минтақа барои ҳалли ин мушкил шуд.Рузи 5 апрел Асомаддин Саидов, сафири Точикистон дар Бишкек бо баргузории як нишасти хабарй, амалкарди Узбакистон дар қиболи кишварашро талош дар ростои барҳам задани суботи Точикистон тавсиф кард.

 Агарчй бархе аз маҳофили коршиносй ва давлатмардон дар Точикистон бар ин бовар буданд, ки ҳадди ақал масъалаи сардй дар равобити Тошканд — Душанбе тазаккур дода хоҳад шуд, аммо гуруҳе аз таҳлилгарон бо ишора ба шеваи амалкарди ниҳодҳои фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ, таъкид бар ин доштанд, ки ин масъала на танҳо баррасй намешавад, ҳатто дар руйхати эҳтимолии масоили қобили баррасй дарч нахоҳад шуд.Нишасти Остона собит намуд, ки дар марҳалаи кунунй барои аъзои Паймони амнияти чамъй, интихоби мавозеъи муштарак нисбат ба фароянди хуручи неруҳои ғарбй аз Афғонистон , он ҳам дар чорчуби манофеи гардонандагони аслии ин ниҳод, муҳимтар аз дигар масъалахо аст.

 Бо таваччуҳ ба он чй гуфта шуд, иттилоияи дафтари матбуотии раёсати чумҳурии Точикистон ҳаргиз як иттилоияи иттифоқй ё маъмулй набуда, гуёи ин раванд аст, ки Точикистон дурнамои ҳузури худ дар ниҳодҳои аз ин қабилро дар ҳоли баррасй аст.Албатта бисёре аз соҳибназарон имкони хуручи Точикистон аз Паймони амнияти чамъй ё дигар ниҳоди таҳти раҳбарии Маскавро хеле заъиф арзёбй мекунанд ва мегуянд, аз он чо ки Русия ва Точикистон ду шарики стратегй маҳсуб мешаванд, Душанбе наметавонад даст ба чунин иқдоме занад. Аз суи дигар, вобастагиҳои зиёди Точикистон, ба вижа дар мархалаи кунунй ба Русия, Точикистонро ночор ба узвият дар ниҳодҳои минтақайи кардааст.Воқеият он аст, ки аслитарин далели хуручи Гурчистон аз ниҳодҳои қаламрави Шуравии собиқ аз як су корношоямии ин ниҳодҳо ва аз суи дигар фақат дар чорчуби манфиатҳои Русия чархидани онҳо будааст.Албатта Гурчистон аз пуштибонии қавии Гарб ба саркардагии Амрико, бархурдор буд ва бо вучуди шикаст дар чанги панчруза(августи соли 2008),тавонист то ҳадде хостаҳои худро бар Маскав таҳмил кунад.Ба илова, Гурчистон тақрибан ҳеч вобастагии иқтисодй ба Русия надорад, дар ҳоле ки Точикистон бо чаҳони ба истилоҳ хоричи дур, фақат аз тариқи қаламрави Русия метавонад робитаи заминй барқарор кунад.Аммо чудо аз баҳси идомаи узвияти Точикистон дар ниҳодҳои минтақайи, фаъолияти ин ниҳодҳо ҳаргиз дар чорчуби ойинномаҳои тасвиб намудаашон набудааст.Хамин мавзуъ боис шуда, ки Узбакистон борҳо узвияти худ дар ин созмонҳоро мутаваққиф кардааст.Ин созмонҳо фақат ба он хотир таъсис шудаанд,ки нуфузи Русияро ҳадди ақал дар зоҳири қазия, дар қаламрави Шуравии собиқ ҳифз кунанд.Яке аз санадхое ки дар нишасти охири Паймони амнияти чамъй ба тасвиб расид, аъзоро вазифадор мекунад, ки ба таъсиси пойгоҳи кишвари саввум дар қаламрави худ ризоят надиҳанд.Яъне ин дақиқан ҳамон чизе ҳаст ки Маскав мехоҳад, зеро дар марҳалаи кунунй Амрико бо тамоми тавон талош дорад, дар Осиёи Марказй, аз чумла дар Точикистон таҳти пушиши «истгоҳи муваққат», таъсисоти низомй эчод кунад.Амрико дар пайи он аст аз вазъияти ҳоким дар равобити Точикистон бо Русия ва Узбакистон, баҳрабардориҳои лозим анчом диҳад.

 Имруз Амрико ба хубй дарк кардааст, ки баъд аз фурупошии Шуравй қаламрави он абарқудрат ба истилоҳ бидуни раҳбар мондааст.Карори маълум дар замони Шуравй идоракунии ин қаламрав дар дасти Русия буд ва тамоми ихтилофот ё масоили миёни чумҳуриҳо, дар Маскав ҳаллу фасл мешуд.Аммо Русия ба унвони меросхори он абарқудрат, натавонист бар ин масъулияти мухими худ амал куад ва фақат манофеи худро, он ҳам на дар ҳадди лозим, дунбол кардааст. ҳосил он аст, ки дар Осиёи Марказй имруз шоҳиди амали ба истилоҳ қонуни зур ҳастем ва кишвари нисбатан бархурдор аз имкониятҳо ва зарфиятҳои Узбакистон, ду ҳамсояи худ — Точикистон ва Кирғизистонро бо ҳар баҳонае таҳти фишор қарор медиҳад.Монеътарошии давлати Тошканд дар масири сохти неругоҳи барқи обии Роғун мучиб шудааст, ки тайи ду се соли охир ба иқтисоди Точикистон садҳо милён доллар зарару зиён ворид шудааст.Тавакқуфи вагонҳо, бастани роҳҳо ва қатъи интиқоли газ мардуми Точикистонро дар остонаи фочеаи инсонй қарор додааст.Ин ҳама дар ҳолест, ки тамоми ниҳодҳои фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ, ки Точикистон аз аъзои фаъоли онҳост, густариш ва таҳкими ҳамгароиҳо ва таъмини суботу амнияти шаҳрвандонро аз авлавияти вазифахои худ эълом кардаанд.Дар ҳамин ҳол Владимир Жарихин, муовини раиси Пажуҳишгоҳи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақили Русия, дар ҳимоят аз амалкарди Маскав мегуяд, муносиботи сарди Тошканду Душанбе, як масъалаи комилан хусусй миёни ду кишвари ҳамсоя аст ва то ҳол ҳеч як аз ин ду кишвар барои рафъи мушкилоташон ба Русия мурочиат накардаанд, то Русия дар ҳали ин масъала миёнчигарй кунад.Аммо воқеият он аст, ки ҳам Русия ва ҳам дигар қудратҳои ғарбй, ки бо шиорҳои мухталифи демократй, таҳкими ҳамгароиҳо ва … вориди Осиёи Марказй шудаанд, дар асл ҳадафҳои стротегии худро дунбол мекунанд.Дар мачмуъ дилсардй ва ноумедии давлати Душанбе аз тарзи фаъолияти ниҳодҳои таҳти рҳбарии Маскав ба тадрич бар фосилаи миёни Маскав ва Душанбе хоҳад афзуд. Аммо вобастагиҳои Точикистон аз Русия, ки ҳузури ҳудуди як миллион коргари точик дар шаҳрҳои мухталифи Русия аз он чумла аст, дар айни ҳол Душанберо дар мадори сиёсатҳои Кремл нигоҳ доштааст. Табиист, ки чунин вазъияте барои ҳамеша боқй нахоҳад монд.

Қазоқистон ва имтиҳоне ғайримунтазира

Рузи 16 декабр, дар рузи бистумин солгарди истиқлоли Қазоқистон шаҳри Жанаозени ин кишвар ба майдони даргириҳо миёни нафтчиёни муиътариз ва неруҳои интизомй табдил шуд.Бар асоси гузоришҳо теъдоди кушташудагон дар ин беназмиҳо аз 11 нафар то 70 нафар эълом шудааст.Холмуҳаммад Қосимов, вазири кишвари Қазоқистон дар охорин мусоҳибаи худ(18 декабр) шумори кушташудагонро 11 нафар ва захмиёнро 80 нафар эълом кард ва тазаккур дод, 70 тани дигар боздошт шуданд.Вай афзуд дар миёни захмиҳо 6 тан аз неруҳои пулис низ ҳастанд.Ин дар ҳолест, ки Айнур Курманов, раҳбари ҳаракати сотсиалистии Қазоқистон дар суҳбат бо хабарнигорон теъдоди куштаҳоро 70 тан эълом ва гуфтааст 3 маъмури пулис низ кушта шуданд.Ин мухолифи давлати Остона теъдоди захмиҳоро 500 нафар эълом ва таъкид кардааст, сохторҳои интизомии Қазоқистон барои фаъолони ин эътирозот парвандаҳои чинойи ифтитоҳ кардаанд. Дар ҳоле ки гузоришҳои бархе расонаҳо аз густариши нооромиҳо ба дигар шаҳрҳо аз мунташир шудааст, вазири кишвари Қазоқистон дар як мусоҳибаи телевизионй иброз дошт ки ба беназмиҳо поён дода шуда, шаҳр таҳти назорати комили мақомоти давлатй қарор дорад ва зиндагии одди ба шаҳр боз гаштааст.Ин мақоми қазоқ афзуд омили аслии нооромиҳо коргарони барканоршуда буданд, ки юниформҳои қирмиз бо навиштачоти «Казмунайгоз» пушида буданд. Асхат Доулбоев, додситони кулли Қазоқистон дар мавриди омилони беназмиҳо гуфт, ба издиҳоме ки барои тачлил аз 20 умин солгарди касби истиқлоли кишвар дар майдон гирди ҳам омада буданд, гуруҳи арозилу авбош ҳамла карданд ва иқдом ба зарбу лати мардум карданд. Додситон афзуд, ин афрод ба ҳушдорҳои пулис дар мавриди мутаваққиф кардани беназмиҳо таваччуҳ накарданд ва автобус, меҳмонхона ва дигар идороти давлатиро ба оташ кашиданд ки пулис мачбур ба бархурди чиддитар бо ин афрод шуд. Дар шароите ки дар бораи омилони ошубҳои ахири шаҳри Жанаозен ва теъдоди осебдидагони ин ҳаводис ахбори зидду нақиз мунташир мешавад, бархе сойтҳои интернетии мустақил ва нимарасмй аз даст доштани «хоричиён» дар ин беназмиҳо парда бардоштанд.Бар асоси матолиби ин манобеъ қабл аз вуқуъи нооромиҳо афроди хоричй, ки гуфта мешавад аз сафорати Амрико дар Остона, пойтахти Қазоқистон буданд, ба ин шаҳр омаданд ва бо муътаризон музокироте анчом доданд.Албатта дар мавриди он ки ин афрод амрикойи буданд ё хайр, дидгоҳҳо мутафовутанд, аммо нуктаи иштирокашон он аст, ки ин афрод бо англисй возеҳ ҳарф мезаданд ва суҳбатҳои тулоние бо коркунони норозй доштанд.Дигар мавзуе ки дар матолиби ин сойтҳо чалби таваччуҳ мекунад, он аст, ки оғозгари беназмиҳо на муътаризон, балки гуруҳҳои мусаллаҳе буданд, ки ҳувияташон мушаххас нест.Ҳамин манобеъ мегуянд, руйдодҳои ахири Қазоқистон сенориёи Амрико ба манзури аз саҳанаи сиёсй дур кардани Назарбоев аст ва ин як тамринест, ки хадамоти вижаи Амрико бо нусхабардории бархе маворид аз таҳаввулоти ахири кишварҳои арабй, онро ба озмоиш гузоштаанд.Дар идомаи ҳамин дидгоҳ ба даст доштани Туркия низ дар ин сенариё ишора мешавад.Мақомоти расмии қазоқ дар ин минтақа низ даст доштани коркунони муътариз дар беназмиҳоро қотеъона рад ва таъкид карданд, дар рузи чашни истиқлол як чанги воқей ба вуқуъ пайваст ва дар муқобили неруҳои интизомй чангиёни касбй қад алам карданд.Сохторҳои марбутаи қазоқ дар мавриди ин ки чангиёни омузишдида аз кучо вориди ин шаҳр шудаанд, мегуянд ин минтақа аз чануб бо Узбакистон ҳаммарз аст ва чуз аз қаламрави ин кишвар, маҳали дигаре барои вуруди ниманизомиён вучуд надорад. Бо таваччуҳ ба ин ки чанде қабл вазири хоричаи Амрико дар Тошканд буд ва раиси чумҳури Узбакистон аз Иттиҳоди Авруосиё, ки мубтакири аввалияи он Нурсултон Нзарбоев аст, шадидан интиқод карда буд, гузоришоте ба ёд меоянд, ки бархе сойтҳои маҳаллй дар шаҳри Жанаозен мунташир карданд.Пушида нест, ки ҳамсуйии Қазоқистон бо Русия дар тақвияти ҳамгароиҳои минтақайи ва кутоҳ кардани дасти хоричиён , ба вижа Амрико аз дахолат дар муодилоти минтақайи хушоянди Вашингтон нест ва Тошканд низ аз нақши раҳбарии Остона дар Осиёи Марказй нороҳат аст. Бо ин ҳол нигоҳе ба воқеиятҳои чомеаи Қазоқистон баёнгар аз ин аст ки дар ин кишвари сарватманди Осиёи Марказй низ мушкили аслй ҳамон ҳокимияти тулонии як нафар бар кишвар аст.Нурсултон Назарбоев, ки аз замони касби истиқлоли Қазоқистон раҳбарии ин кишварро бар уҳда дорад, тақрибан аз ҳамон масире рафтааст, ки дигар ҳокимони ба истилоҳ модом ул умри Осиёи Марказй, рафатаанд.Яъне ҳар бор бо баргузории ҳамапурсй, ё ворид кардани тағйир дар қонуни интихобот, замони раёсати худро тамдид кардааст, бо ин тафовут ки чунин амалкради у камтар бо мухолифатҳои дохилй мувочеҳ будааст.Инак ба назар мерасад, ки таҳти таъсири таҳаввулоти байналмилалй ва албатта таҳрики бархе доираҳо, норозиёни ин кишвар низ даст ба иқдом шудаанд.Он чи ба норизоятии коркунони бахши нафт бармегадад он аст ки омили аслй касби даромадҳои ҳосил аз фуруши нафт аст.Агарчи дар Қазоқистон низоми мутамаркази идораи кишвар ҳоким аст, аммо дар маҳаллҳо ҳамзамон бо волии вилоятҳо, ки раиси чумҳур таъин мекунад, афроди сарватманд низ дар умури идорй нуфуз доранд.Дар ҳоле ки волиён меоянду мераванд, аммо афроди сарватманди маҳаллҳо боқй мемонанд ва таъсири онҳо дар маҳалҳо бештар аз таъсири волиҳое аст ки барои як давраҳои 3-5 сола мансуб мешаванд.Дар Жанаозен ҳамин омил дар шаклгирии эътирозҳо то ҳадди зиёде таъсиргузор буд, албатта дастҳое низ дар таҳрики афрод ба хушунатҳо даст нақш доштанд. Агарчй бо фармони раиси чумҳури Қазоқистон дар Жанаозен то 5 январ вазъи фавқулодда эълом шуда, аммо хабарҳои расида баёнгар аз идомаи эътирозоти коркунони нафт дар ин минтақа аз Қазоқистон аст.Барои баррасии ҳаводиси ахир кумиссиюни вижа ба шумули адибони саршинос ва шахсиятҳои ҳизбй таъсис шуда, рузи 21 декабр ба маҳалли ҳаводис рафт.Дигар нуктаи чолиб дар ҳаводиси ахири Қазоқистон он аст, ки ҳамзамон бо баргузории нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Маскав, ин нооромиҳо ташдид шуд.Ҳарчанд Остона аз чумлаи кишварҳои фаъол дар ниҳодҳои минтақайи маҳсуб мешавад, аммо гуфта мешавад ин нооромиҳо як навъ ҳушдоре буд ба сарони саркаши минтақа, ки ҳеч тамойиле барои узвият дар Паймони амнияти чамъй надоштанд.Имзои ҳамаи асноди Паймони мазкур тавассути раиси чумҳури Узбакистон дар Маскав(20 декабр) аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.

Точикистон дар бозиҳои минтақайӣ

Ахиран нашрияи «World Politics Review» хабар дод, ки чанде қабл теъдоде аз низомиён ва чархболҳои Ҳиндустон дар фурудгоҳи «Айнй» мустақар шуданд.Ба навишати ин манбаъ воҳиди неруҳои ҳавойии Ҳиндустон ва чанд чархболи низомии ин кишвар дар ҳамоҳангй бо Русия ба таври пинҳонй дар ин фурудгоҳ мустақар шудаанд.Саурав Ҷҳа, як мақоми Ҳиндустонй ки иртиботи мустақим ба бозсозии фурудгоҳи «Айнй» дошта, ба нашрияи мазкур гуфтааст, дар айни ҳол дар ин фурудгоҳ воҳиди неруи ҳавойии Ҳиндустон, чандин чархболи низомии Ми-17 ва ҷетҳои чангии русй, ки иҷора гирифта шудаанд, мустақар мебошанд.Ба гуфтаи ин мақоми Ҳиндустонй чанд муддатест, ки фурудгоҳи «Айнй» мавриди истифодаи муштараки Русия ва Ҳиндустон аст.Саурав Ҷҳа ба «World Politics Review» иллати пинҳонкорй дар истифода аз фурудгоҳи «Айнй»ро пешгирй аз эчоди ҳассосиятҳои Чин ва Покистон унвон кардааст.
Мақоми Ҳиндустонӣ ба нашрияи «World Politics Review» гуфтааст, Ҳиндустон барои бозсозй ва такмили фурудгоҳи «Айнй» 70 миллион доллар харч карда, аз чумла хати парвоз ва бурчи муроқибат ба стандардҳои байналмилал мутобиқ шудаанд ва ҳамаи ин ба манзури ҳидояти ҳавопаймоҳои чанганда анчом шудааст.Ин мақом афзуд, аз дигар иллати пинҳонкорй дар амри баҳрабардорй аз фурудгоҳи «Айнй» ҳамин мавзуъ, яъне зарфияти болои он низ мебошад ва аз ин чост ки давлати Душанбе ҳануз вазъият ва мақоми ин фурудгоҳро ба таври расмй эълом накардааст.Бартарии фурудгоҳи «Айнй» он аст, ки Ҳиндустон аз ин чо ба роҳатй тамомии шимоли Афғонистон, шимоли Покистон ва ғарби Чинро таҳти назорати худ қарор хоҳад дод.Точикистон ба манзури пешгири аз таҳрики эҳсосоти Покистон ва Чин, саъй кардааст дахл доштани худ дар фаъолиятҳои низомии Ҳиндустон дар фурудгоҳи «Айнй»ро пинҳон кунад. Бо ин ҳол дар вазорати дифои Точикистон вучуди ҳаргуна тачҳизоти хоричй дар фурудгоҳи «Айнй»ро рад карданд ва гуфтанд чархбол ва ҳавопаймоҳои мавчуд дар ин фурудгоҳ мутаалиқ ба неруҳои мусаллаҳи Точикистон мебошанд.
Нигоҳе ба амалкарди Деҳлии нав дар Осиёи Марказй, ба вижа дар 2-3 соли охир нишон медиҳад, ки Ҳиндустон алоқаи зиёде ба фурудгоҳи «Айнй» дар Точикистон дорад.Ин мавзуъ моҳи октябри соли чорй тайи сафари Энтонй, вазири дифои Ҳиндустон ба Душанбе бештар рушан шуд.Дар рузҳои ин сафар нашрияи «Press Trust of India» хабар дода буд, ки машварат миёни се кишвари Точикистон, Ҳиндустон ва Русия дар мавриди баҳрабардории муштарак аз фурудгоҳи «Айнй», ки баъд аз хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон аҳамияти стротегии бештаре касб хоҳад кард, ҳамчунон идома дорад.Баъдан вазири дифои Ҳиндустон эътироф кард, ки тайи панч мулоқот бо Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия масъалаи баҳрабардорй аз фурудгоҳи «Айнй» баррасй шуд, аммо дар посух ба ин пурсиш ки Ҳиндустонустон дар баҳрабардорй аз ин фурудгоҳ мушорикат дорад ё на, гуфт, фурудгоҳи «Айнй» дар навъи худ дар минтақа беназир аст.Кобили зикр аст, ки вазири дифои Ҳиндустон 8 октябри соли чорй, дар роҳи сафар ба Маскав дар Душанбе таваққуф кард ва дар сентябри соли 2009 дар таҳаввуле тақрибан ба ин монанд, раиси чумҳури ин кишвар баъд аз дидор бо раиси чумҳури Русия ба Душанбе омад ва музокироте бо ҳамтои точики худ анчом дод.Ҳарчанд гуфта шуд, ки дар музокирот миёни раисони чумҳур се кишавр ҳамкориҳои иқтисодй, ба вижа ҳамкориҳои энержй дар меҳвар қарор дошт, аммо ҳамон замон буд, ки масъалаи истифода аз фурудгоҳи «Айнй» бештар матраҳ шуд. Ин дар ҳоле буд, ки фурудгоҳи мазкур дар ҳоли навсозй тавассути Ҳиндустон буд ва теъдоде аз афсарони артиши миллии Точикистон дар курсҳои омузишй дар Ҳиндустон ба сар мебурданд.Агарчй музокироти занчирайи миёни Точикистон — Ҳиндустон — Русия дар ҳамкориҳои низомй чараён дорад, аммо манофеи тарафҳо дар ин замина на ҳамеша ҳамсонанд.Он ба Русия ва Ҳиндустон бармегардад он аст, ки Деҳлии нав аз даврони Шуравй шарики муҳими Маскав ва муттаҳиди у дар минтақа буд ва 60 дар сад аз ниёзи худ бо силоҳ ва муҳиммоти низомиро аз Шуравй ворид мекард.Агарчй солҳои охир ҳамкориҳои низомии Ҳиндустон бо Амрико ва Исроил густариш ёфта, аммо ду тараф ҳамчунон дар мавриди бисёре аз масоили минтақайи иштироки назар доранд.Хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон, сардии равобит миёни Вашингтон — Исломобод ва Исломобод — Кобул, ин фурсатро барои Ҳиндустон ва Русия фароҳам кардааст, то дар чиҳати амалӣ шудани барномаҳои минтақайии худ, бештар талош кунанд.Дар ин фароянд эҳтимоми давлати Кобул ба тавсаъаи ҳамкориҳо бо Ҳиндустон ба манзури тақвияти чабҳаи зиддипокистонй, Маскавро ба ибтикори амалҳои чадид тарғиб кардааст.Акнун ду кишвар дар ростои бароварда намудани ниёзҳои аввалияи Афғонистон, ки дар бахши иқтисод неруи барқ ва дар бахши амният барқарории суботу оромиш дар ин кишвар мебошад, ҳамкориҳои худро густариш хоҳанд дод ва дар ин миён мушорикати Точикистон пураҳамият тавсиф мешавад. Русия қасд дорад дар фароянди тавсаъаи ҳамкориҳо бо Ҳиндустон ба унвони иқтисоди навзуҳур, аз як су пеши роҳи нуфузи беш аз ҳадди Чин дар бозорҳои Осиёи Марказро бигирад ва аз суи дигар аз ҳамин раҳгузор монеъи тавсаъаталабиҳои Амрико бишавад.Агарчй дар марҳалаи кунунй равобити Вашингтон бо Исломобод ба таври бесобиқае сард шуда, Амрико мачбур шудааст пойгоҳи «Шамсй» дар Покистонро тарк кунад, аммо бо таваччуҳ ба пайвандҳои ду кишвар дар бисёре аз муъодилоти байналмилай, ҳамчунон шарокати Амрико-Покистон ба қуввати худ боқист ва дар баробари таҳдидҳои муштарак бар манофеъашон, ба роҳатй дар як чабҳа қарор хоҳанд гирифт. Аз ин ру Маскав бо наздик шудан ба Деҳлии нав, дар пайи кам асар кардани нақши Исломобод-Вашингтон дар муъодилоти минтақайи баромадааст ва ҳимояти ахири Русия аз узвияти доимии Ҳиндустон дар Шурои амнияти Созмони милал низ аз ҳамин манзар қобили тааммул аст.
Коршиносони ғарбй дар таҳлилҳои худ дар мавриди ҳузури Деҳлии нав дар Осиёи Марказй, ин ҳузурро камранг ва бидуни оянда арзёбй кардаанд.Аз чумла Марлен Ларюэл (Marlene Laruelle) ва Себастян Пейруз(Sebastien Peyrouse), муҳаққиқони фаронсавии муқими Амрико мегуянд Ҳиндустон аз заъифтарин чойгоҳ дар Осиёи Марказй бархурдор аст ва иллаташ он аст, ки давлатҳои ин минтақа ба далели кишвари демократй будани Ҳиндустон аз тавсаъаи ҳамкориҳо бо он бим доранд, аз суи дигар Деҳлии нав ба унвони давлати демократй ҳеч маҳбубияте дар фазои оппозитсионии ин минтақа касб накардааст.Аммо таҳлилҳо дур аз воқеиятҳои мавчуд дар ин замина ҳастанд ва Ҳиндустон дар Осиёи Марказй ҳадафҳои стротегиро дунбол мекунад.Аз чумлаи ин ҳадафҳо беасар кардани нақши Покистон дар таҳаввулоти Афғонистон аст, ки ҳам Афғонистон, ҳам Русия ва ҳам кишварҳои минтақа, ба вижа Точикистон онро дунбол мекунанд.Ин мавзуъ дар шароите, ки ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказй дар тарҳи амрикойии бо номи «шабакаи шимолй» ҳассосиятҳои Исломободро барангехта, ҳатто толибон ва дигар гуруҳҳои зиддиамрикойии фаъол дар қаламрави Покистон давлатҳои Осиёи Марказиро таҳдид ба вокуниш кардаанд, бештар аҳамият пайдо кардааст. Аз дигар нуктаи муҳим дар мавриди аҳамияти Осиёи Марказй барои Ҳиндустон он аст, ки дар вазорати хоричаи ин кишвар бахши вижае ба Осиёи Марказй ва Қафқоз ихтисос дода шудааст, ки дар он коршиносон ва мутахассисони варзида таҳаввулоти ин манотиқро мураттаб таҳти назорат қарор доранд.
Ҳиндустон дар чорчуби ду тарҳи азими CASA-1000 ва ТАPI дар садад аст энержии мавриди ниёзи худро аз Осиёи Марказй ворид ва раванди рушдро да иқтисоди худ ҳифз кунад.Дар ин миён тарҳи CASA-1000 иртиботи мустақим бо сохти неругоҳи Роғун дорад ва ҳимояти Деҳлии нав аз ин тарҳи муҳими иқтисодии Точикистон метавонад муҳаррики тавсаъа дар дигар бахши барои Ҳиндустон муҳим — бахши ҳастайи бошад.Қарори маълум неругоҳҳои ҳастайии фаъол дар Ҳиндустон ниёзи фаровон ба уран доранд ва воридоти ин мавод аз Аврупо натавонистааст, ниёзҳои ин неругоҳҳоро бартараф кунад, аз ин ру моҳи июли соли 2009 Ҳиндустон ба таври расмй ба кишварҳои Осиёи Марказй мурочиат кард, ки урани табии худро ба ин кишвар содир кунанд.Ин мавзуъ бо таваччуҳ ба бархурдории Точикистон аз манобеи саршори уран, метавонад ду кишварро бештар ба ҳам наздик кунад.Бо ин ҳол истиқрори низомиёни Ҳиндустон дар фурудгоҳи «Айнй»ро дар шароите ки ин мавзуъ аз ҳассосияти болои байналмилалй бархурдор аст, метавон як муваффақияти Душанбе дар таомул бо бозигарони минтақа тавсиф кард, ки аз як су то ҳадде пинҳон мондааст ва аз суи дигар оқибати манфие низ ба ҳамроҳ надоштааст(ҳадди ақал дар марҳалаи кунунй).