Хошияхои конфронси Лондон дар мавриди Афгонистон

 

Конфронси баррасии масоили Афғонистон дар Лондон дар ҳоле ба кори худ поён дод, ки ширкаткунандагон дар мавриди хуручи неруҳои низомии хоричй аз ин кишвар иттифоқи назар доштанд.Ба иборати дигар, дар ин нишаст стротегияи хуруч аз Афғонистон дар меҳвар қарор дошт.Аз суханрониҳо ва арзёбиҳо ба вузуҳ мушаххас буд, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО стротегияи хуруч аз Афғонистон ва вогузории масъулиятҳо ба давлати Кобул зарфи панч соли ояндаро дар дастури кор қарор додаанд. Дар банди 10 эъломияи ниҳойии нишасти Лондон ба ҳукумати Афғонистон суфориш шудааст, ки зарфи се соли оянда дар тамоми манотиқи доғ масъулияти ичрои амалиёти низомиро бар душ гирад ва зарфи панч сол ҳузури физикии неруҳои худ дар ин манотиқро таъмин намояд.

Дар ин робита Кай Эйде, сафири вижаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт:«Мо стротегияи гузарро дунбол мекунем ва ҳам ҳукумати Афғонистон ва ҳам чомеаи байналмилал аз ин ҳадаф чонибдорй мекунанд». Вай афзуд, мо то кунун ба Афғонистон ба унвони «сарзамини ҳеч кас» бархурд мекардем ва тасмимот дар мавриди ин кишвар ҳазорҳо мил хорич аз он гирифта мешуд.Акнун афғонҳо бар онанд, ки сарнавишти худро ба дасти худ рақам зананд. Дар мавриди хуруч аз Афғонистон Барак Обама, раиси чумҳури Амрико гуфта буд, ки мехоҳад хуручи низомиёни амрикойи аз ин кишварро аз тобистони соли 2011 оғоз кунад.Аммо Ҳилларй Клинтон, вазири умури хоричаи Амрико ба ширкаткунандагони конфронси Лондон гуфт, неруҳои афғон аз имсол масъулиятҳои бештареро бар уҳда хоҳанд гирифт ва ин кор ба тартиб аз як вилоят ба вилояти дигар сурат хоҳад гирифт. Дипломатҳои аврупойии ҳозир дар конфронси Лондон дар суханрониҳои худ таъкид бар он доштанд, ки давлати Кобул ибтикори амали бештаре нишон диҳад ва идораи умурро ба даст бигирад. Дар поёни дуввумин конфронси Лондон таҳти унвони «Раҳбарии афғонй,ҳамкории минтақайи ва мушорикати байналмилалй» эъломияи 34 моддайи ба тасвиб расид ва дар он масъулиятҳо ва тааҳудоти ҳукумати Афғонистон ва чомаеи чаҳонй баён шудааст.Дар ин санад талош барои амалй кардани оштии миллй, аз масъулиятҳои муҳими давлати Кобул унвон ва таъкид шудааст, ки чалби намояндагони қавмиятҳо ва гуруҳҳои мухталиф, аз чумла ба истилоҳ толибони миёнарав, бояд дар авлавияти фаъолиятҳои давлат қарор дошта бошад.Дар ин робита Девид Милибанд, вазири хоричаи Инглис гуфт, чомаеи чаҳонй фақат дар соли аввал барои барномаи оштии миллй ё идғоми миллй 140 миллион доллар ихтисос додааст ва боястй ҳукумати Афғонистон аз ин маблағ истифодаи лозим ба амал орад. Вазири хоричаи Инглис таъкид кард, раиси чумҳури Афғонистон дар мавриди ваъдаҳояш дар мавриди маҳори фарҳанги худкомагй ва фасоди идорй боястй бештар кушо бошад. Ҳарчанд ширкаткунандагони дуввумин конфронси Лондон натичаҳои онро муваффақиятомез арзёбй ва таъкид карданд, соири масоили мавриди баҳс дар конфронси Кобул, ки дар ояндаи наздик баргузор хоҳад шуд,мавриди баррасй қарор мегирад, аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ин нишаст чун дигар нишастҳои мушобеҳ таъсири чандоне бар раванди ҳаллу фасли масоили Афғонистон нахоҳад дошт. (Қобили зикр аст, ки конфронси аввали Лондон дар мавриди Афғонистон 31 январ — 1 феврали соли 2006 бо ҳузури намояндагони 70 кишвар ва намояндагони ниҳодҳои мухталифи байналмилалй дар пойтахти Инглис баргузор шуда буд.)Аз мавзуъоти муҳими нишасти дуввуми Лондон баррасй ва тасвиби тарҳи мусолиҳа бо «толибони миёнарав» буд.Ба ин манзур дар назар гирифта шуд, ки 500 миллион доллар ихтисос дода шавад.Ин маблағ барои чалби он даста аз толибон, ки силоҳи худро канор мегузоранд ва ё ба чузву томҳои артиши миллии Афғонистон пайваст мешаванд, харч хоҳад шуд.Иқдоми мазкур зоҳиран ба ин маъност, ки давлатҳои ғарбй дар набард бо толибон шикаст хурда ва ба ин натича расиданд, қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомй надорад.Аммо ин савол матраҳ аст, ки оё бо чи меъёре метавон толиби тундравро аз толиби миёнарав чудо кард? Оё фақат гуфтани ин ки «ман толиби миёнарав ҳастам» кофист то тараф мавриди эътимод қарор гирад? Ба роҳатй наметавон ба ин пурсишҳо посух дод, зеро чунбиши толибон ба таври сохторй ташаккул наёфтааст ва хуручу вуруд ба бахшҳои он кори душворе нест. Ба илова ба чуз аз теъдоде аз сарони ин чунбиш, дигар аъзо дар ҳеч феҳристе, ки «тундрав» ё «миёнарав» будани онҳоро ташхис диҳад, шомил нестанд.Аз ин ру метавон натича гирифт, ки ҳар толибе метавонад бо муаррифии худ ба унвони «толиби миёнарав» маблағи лозимро дарёфт намояд ва дар мавриди дилхоҳ мучаддадан ба сафи чангчуён бипайвандад. Аз ин нигоҳ, тарҳи мусолиҳа бо «толибони миёнарав» роҳ ба нокучост.Ва мантиқй ба назар намерасад, ки «толибони миёнарав» бо пайвастан ба давлат, дар муқобили «толибони тундрав» биистанд. Бо ин ҳол тарафи дигари ин тарҳ он аст, ки ба заъми қудратҳои ғарбй чунбиши толибон, ки парвардаи сарвисҳои вижаи ҳамин кишварҳои ғарбй аст, дар мақтаи кунунй рисолати худро то ҳадде анчом доданд.Яъне дар ҳашт соли пеш зуҳури ин гуруҳ баҳонае шуд барои лашкаркашии Ғарб ба Афғонистон ва истиқрори неруҳои низомии ин кишварҳо дар чавори рақибони аслиашон — Чин, Эрон ва Русия.Акнун давлатҳои ғарбй ниёз ба замон барои бозсозй ва сафоройии чадиди неруҳояшон дар минтақа доранд, то зимни маҳак задани вокунишҳои рақибони худ ва давлатҳои минтақа, барномаҳои ҳузури дарозмуддати худро тадвин кунанд.Ба назар мерасад Ғарб бо ироаи тарҳи мусолиҳа бо «толибони миёнарав» қасд дорад фаъолияти ин чунбишро дар минтақа густариш диҳад.Яъне бо пароканда кардани неруҳои толибон зимни фароҳам кардани заминаи шикасти ин неруҳо, нооромиҳоро ба Осиёи Марказй мунтақил ва аз ин тариқ ҳузури низомии худро афзоиш ва ҳамзамон хостаҳои худ ба давлатҳои ин минтақаро таҳмил кунанд.Фазосозиҳои Ғарб дар мавриди табдил шудани водии Фарғона ба конуни нооромиҳо аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст. Дар мачмуъ конфронси Лондон собит намуд, ки Ғарб бо такрори иштибоҳи Шуравй, вижагиҳои қавмй ва сиёсии чомеаи Афғонистонро нодида гирифтааст.Аз ин чост, ки соҳибназарон ва шахсиятҳои Афғонистон ба созанда воқеъ гардидани натичаҳои нишасти Лондон ба дидаи шубҳа менигаранд.

Точикистон ва мушкилоти сохтани неругоҳи Роғун

Соли 2010 дар Точикистон тақрибан бо фуруши саҳмияҳои неругоҳи Роғун оғоз шуд. Рузи 6 январ дар саросари ин кишвар саҳмияҳои бузургтарин тарҳи гидроэнергетикй дар маърази фуруш қарор дода шуданд. Дар пайи нокомии давлати Душанбе чиҳати чалби сармоягузорони мавриди эътимод дар хорич аз кишвар, қарор бар ин шуд, ки «тарҳи сарнавиштсоз» бо пули мардум такмил шавад.Бар асоси гузоришҳои мунташира ба маблағи 6 миллиард сомонй, муодили 1,3 миллиард доллар саҳмия ба чоп расидааст, ки то кунун даҳҳо миллион доллар аз ин теъдод ба фуруш рафтааст.Мардуми Точикистон ба таври густурда аз даъвати мақомот истиқбол карданд ва дар саросари манотиқи ин кишвар фуруши саҳмияҳо дар ҳудуди 600 маркази фуруш ба роҳ монда шудааст. Нигоҳе ба таърихчаи неругоҳи Роғун ҳикоят аз он дорад, ки ин тарҳи азими гидроэнергетикй дар замони шуравй оғоз шуд ва дар ҳамон замон низ бархе аз мухолифони худро дошт, ки Гулрухсор Сафиева, шоираи точик ва узви порлумони Шуравии собиқ аз он чумла буд.Аммо сарфи назар аз ин эътирозҳое, ки бо таваччуҳ ба аҳамияти фароминтақайии ин тарҳ роҳ ба чое намебурданд, сохтмони Роғун шуруъ шуд.

Фурупошии Шуравй раванди корҳои сохтмониро дар ин пружа мутаваққиф кард ва фақат дар солҳои 90 қарни гузашта Точикистони соҳибистиқлол дар ростои таъмини ниёзҳои худ ба энержй, иқдом ба такмили неругоҳи Роғун кард.Дар идомаи ин раванд бо ширкати РусАл қарордод ба имзо расид, аммо баъдан дар соли 2007 ба далели коршиканиҳои тарафи русй, Точикистон қарордоди мазкурро бекор кард. Бо ин ҳол ҳануз ҳам дар Душанбе ба ин умед буданд, ки Маскав билохира вориди амал шуда, ин тарҳи муҳимро такмил хоҳад кард.Ҳатто дар соли 2008 масъулони точик қасд доштанд назорати такмили неругоҳи Роғунро ба Русия вогузор кунанд.Русия барои ичрои ин нақш барномаеро ироа кард, ки бар асоси он фақат 25 дарсади саҳмияҳои Роғун ба Точикистон таалуқ мегирифт.Ба тадрич дар Душанбе ин воқеиятро дарк карданд, ки Русия дар ростои мушорикат дар тарҳи Роғун, чуз талафи вақт ва ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мавриди назари хеш,ҳадафи дигаре надорад. Дар сафари моҳи октябри соли 2009 Эмомалй Раҳмон ба Маскав, Душанбе бар ин умед буд, ки битавонад давлатмардони Русияро мутақоид ба сармоягузорй ва бархурди чиддитаре бо тарҳи Роғун кунад.Аммо тайи ин сафар масъалаи Роғун хорич аз меҳвари баҳсҳо буд ва хилофи интизороти масъуломи точик, раиси чумҳури ин кишвар аз Маскав бо дастони тиҳй бозгашт.Баъд аз ин сафар буд, ки давлати Душанбе тасмим гирифт неругоҳи Роғунро бо истифода аз зарфият ва имконоти дохилй такмил намояд.Ба ин манзур дар соли 2009 122,5 миллион доллар ихтисос дода шуд.Имсол низ дар будчаи Точикистон тахсиси 150 миллион доллар барои Роғун дар назар гирифта шудааст. Қобили зикр аст, ки бар асоси тарҳ дар сурати такмил, неругоҳи Роғун қодир ба тавлиди солиёна 13,1 миллиард киловат-соат неруи барқ хоҳад буд. Ин ба маънои бароварда намудани тамоми иёзҳои дохилй ба энержй ва табдил шудани Точикистон ба бузургтарин содиркунандаи неруи барқи арзон дар минтақа хоҳад буд.Дар айни ҳол Точикистон солиёна ба ҳудуди 4 миллиард киловат-соат камбуди неруи барқ ру ба ру аст ва ин масъала дар фасли зимистон бештар аҳамият касб мекунад.Албатта тайи солҳои охир дар натичаи сохтани неругоҳҳои барқи обии кучак,ҳамчунин мавриди баҳрабардорй қарор гирифтани неругоҳи Сангтуда-1, камбуди неруи барқ ду баробар коҳиш ёфтааст. Ало рағми ин, дар поёни соли 2009, дар пайи хуручи Узбакистон аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй, масъалаи таъмини неруи барқ дар Точикистон бо мушкилоти чадиде ру ба ру шуд.Баъди ин иқдоми Узбакистон, Точикистон натавонист барқи харидорй шуда аз Туркманистонро ворид кунад.Чунин вазъе масъулони точикро мачбур ба замонбандии интиқоли неруи барқ дар кишвар намуд, ба гунае ки ҳатто дар бархе манотиқи вилояти Хатлон мардум дар шабонаруз фақат 4-5 соат бо неруи барқ таъмин мешуданд.Дар ин замина авзоъ ба ҳадде муташаннич шуд, ки дар давраи аз 30 октябр то 5 ноябри соли 2009 аксари рустоҳои ин вилоят ба таври комил аз неруи барқ маҳрум шуданд. Масъалаи сохтани неругоҳи Роғун ин рузҳо ба гунае дар Точикистон доғ шудааст, ки ҳатто ба мизони қобили таваччуҳе интихоботи порлумонии 28 февралро таҳти шуъо қарор додааст.Шабакаҳои радио-телевизиони ин кишвар бо пахши барномаҳои вижа, мардумро ба мушорикати фаъол дар хариду фуруши саҳмияҳои неругоҳи Роғун даъват мекунанд.Созмону идора,корхона ва ниҳодҳои мухталиф бо сармоягузорй дар ин тарҳ, талош доранд як навъ имтиёз касб кунанд.Аммо мавзуе ки боиси бархе нигарониҳо шудааст, сарнавишти саҳмияҳои неругоҳи Сангтуда аст, ки бо дар ихтиёри Русия қарор гирифтани тарҳи ин неругоҳ ва табдил шудан ба Сангтуда-1, ба фаромушй супурда шудааст.Бо ин вучуд давлати Душанбе дар шахси раиси чумҳур, ки ташаббускори аслии тарҳи мушорикат додани мардум дар сохтани неругоҳи Роғун аст, тамоми талоши худро ба харч додааст, то мардумро ба мушорикати фаъолтар дар ин тарҳ мутақоид намояд.Ҳатто дар ҳолатҳое дар лаҳни суханрониҳои раиси чумҳур оҳанги таҳдид шунида мешавад.Аз чумла Эмомалй Раҳмон ахиран дар дидор бо соҳибкорон ва точирони точик таъкид кард, ки дар сурати худдории точирон аз интиқоли сармояҳояшон ба Точикистон, доройиҳои онон мавриди бозрасй қарор хоҳад гирифт.Раиси чумҳури Точикистон ҳамчунин ба раисони бонкҳо ҳушдор дод, ки дар сурати камфаъолиятии онон, мучаввизи ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳои хоричй дар Точикистонро содир хоҳад кард ва дар чунин сурате бонкҳои дохилй тайи 3-4 моҳ варшикаст хоҳанд шуд. Дар робита ба фуруши саҳмияҳо ҳатто гузоришҳое дар бораи мачбур кардани донишомузон ба хариди саҳмияҳо тавассути устодон,мунташир шуд, аммо баъдан масъулон ин хабарҳоро такзиб карданд. Дар мачмуъ дар дохили Точикистон бо шуру шавқи хосе хариду фуруши саҳмияҳо идома дорад.Аммо дар хорич аз кишвар иқдомҳое дар ҳоли шаклгирианд, ки баёнгар аз ба мушкил мувочеҳ шудани раванди сохтани неругоҳи Роғун мебошанд. Қарори маълум Русия дар тарҳи неругоҳи Роғун нақш ва чойгоҳи вижае дорад ва мавзеъгириҳои ин кишвар метавонад бар раванди фаъолиятҳои марбут ба такмили Роғун таъсиргузор бошад.Точикистон дар пайи солҳо умедвор шудан ба ваъдаҳои Маскав дар мавриди сохтани ин тарҳ, ногузир ба гирифтани мавзеи кунунии худ шуд.Вақте ки моҳи январи соли 2009 Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия тайи сафари худ ба Тошканд эълом кард, дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй аз манофеи Узбакистон ҳимоят хоҳад кард,дар Душанбе ба ин натича расиданд, ки дигар наметавон ба ваъдаҳои Русия дил хуш кард. Бо ин вучуд Русия ҳаргиз ҳозир нест аз мушорикат дар тарҳи Роғун канорагирй кунад.Ба вижа дар пайи тасвиби тарҳи САSА-1000 дар порлумони Точикистон, ки интиқоли неруи барқи Осиёи Миёна ба Осиёи Чанубиро тазмин хоҳад кард, Русия ба унвони мудаъийи таҳти тасарруфи худ қарор додани манобеи энержии минтақа,талош хоҳад кард аз саҳми бештаре дар ин тарҳ бархурдор шавад.Аз ин ру ин интизор чой дорад, ки сарфи назар аз мавзеъгириҳои кунунии Маскав дар қиболи масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй, давлатмардони рус бар асоси суннати рафоқаташон,ки дар тули таърих ҳамеша манофеи худро аз манфиати шарикон бартар шумурдаанд, метавонанд ба Тошканд пушт гардонда, мучаддадан ру ба суи Душанбе оваранд.Аммо дар Точикистон ин дарси русҳоро хондаанд. Масъалаи дигари марбут ба сохтани неругоҳи Роғун, мухолифатҳои сарсахтонаи Узбакистон мебошад, ки ба эътиқоди соҳибназарони точик дар ростои қудратталабиҳои Ислом Каримов сурат мегирад. Бархе аз коршиносон пешбинй мекунанд, ки идомаи ихтилофҳо миёни ду кишвари ҳамсоя бар сари неругоҳи Роғун метавонад ба руёруиҳои чиддитаре табдил шавад. Ба вижа дар шароите, ки дар порлумони чадиди Узбакистон як фарксиюни 15 нафараи экологй таъсис шудааст, ин дидгоҳ тақвият шудааст, ки кишвари ҳамсоя масъалаи сохтани неругоҳи Роғунро ба таври чиддй пайгирй хоҳад кард.

Тасвиби тарxи СASA -1000 дар порлумони Точикистон


Ахиран порлумони Точикистон тавофуқнома миёни ин кишвар, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистонро дар мавриди сохти хати интиқоли барқ бо номи СASA -1000-ро тасвиб кард. Бар асоси ин тавофуқнома неруи барқи изофии Точикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон интиқол хоҳад ёфт.Бонки чаҳонй, бонки рушди Осиё ва ожонси рушди байналмилалии Амрико чиҳати сармоягузорй дар ин тарҳ эъломи омодагй кардаанд. Гуфтанй аст тарҳи СASA -1000 бо таваччуҳ ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон тадвин шуда, дар сурати такмил ниёзи ду кишвари Афғонистон ва Покистон ба энержиро бароварда хоҳад кард.Бар асоси баровардҳои коршиносй дар оянда ниёзи солиёнаи Покистон ба неруи барқ 8% афзоиш ёфта, бо истиқрори суботу амният дар Афғонистон, ин кишвар низ ба масрафкунандаи умдаи энержии Точикистон ва Қирғизистон табдил хоҳад шуд. Санадҳои марбут ба тарҳи CASA-1000 моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон ба имзои масъулони кишварҳои Точикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон расид.

Дар чорчуби ин тавофуқнома қарор аст миёни ин кишварҳо хати интиқоли неруи барқ сохта шавад.Тарҳи мазкур бахше аз барномаи минтақайии тичорати энержй миёни Осиёи Марказй ва Осиёи Чанубй(CASAREM) аст ва маблағи такмили он ҳудуди 680 миллион доллар баровард шудааст. Русия барои мушорикат дар ин тарҳ эъломи омодагй намудааст ва қасд дорад неруи барқи неругоҳи Сангтуда-1 ро ки дар Точикистон ба дасти мутахассисони русй ва сармоягузории ин кишвар сохта шудааст, ба хорич аз минтақа содир кунад.Маскав, ки мехоҳад тамоми манобеи энержии минтақаи Осиёи Марказиро таҳти тасарруфи хеш нигоҳ дорад, ба ҳеч вачҳ намехоҳад аз бозори пурдаромади неруи барқ бебаҳра монад, аз ин ру дар ин росто барномаҳоеро руи даст гирифтааст.Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбии тарафи қазия тамоили чандоне ба мушорикати Русия дар ин тарҳ надоранд,зеро аз он бим доранд, ки Маскав ба гунае ки дар Ғарб аз энержй ба унвони аҳрами фишор бар кишварҳои аврупойи истифода кард, коршиканиҳое дар Осиёи Марказй низ анчом диҳад.Аз суи дигар Амрико, ки аз чумлаи сармоягузорон дар ин тарҳ мебошад, талош дорад бо истифода аз фурсат, аз нуфузи Русия дар минтақа бикоҳад ва ҳамзамон чойгоҳи худ дар ин минтақаи муҳимро тасбит кунад.Амрико дар пайи он аст вонамуд кунад, ки барои рушди иқтисоди Афғонистон талош мекунад, аммо дар асл мехоҳад бо ворид шудан ба тарҳҳои энержии минтақа, арсаро барои Русия маҳдуд кунад.Ин намоди дигаре аз рақобати қудратҳост, ки дар айни ҳол чанбаҳои густардатаре касб намуда, бар аҳамияти кишварҳои минтақа афзудааст. Бояд гуфт Исломобод ҳануз дар солҳои 90 қарни гузаштаи милодй барои мушорикат дар тарҳи неругоҳи Роғун эъломи омодагй намуда буд. Аммо авзои нобасомони Точикистон, ки ҳосили чанги таҳмилии 5 сола буд, пеши роҳи амалй шудани ин ҳадафро гирифт.Аз суи дигар ба назар намерасад, ки мушорикати Исломобод дар тарҳи неругоҳи Роғун бидуни таваччуҳ ба дидгоҳи Маскав сурат гирад.Зеро Маскав ба унвони мубтакири аслии тарҳи Роғун ҳозир нест бо мушорикат додани дигар кишварҳо, саҳми худро дар бозори энержии Осиёи Марказй коҳиш диҳад ва ҳамзамон бо ин заминаи густариши нуфузи рақибони худро фароҳам намояд.Бо ин вучуд дар нишасти чаҳорчонибаи Точикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе доир гардид, бархе тавофуқоти аввалия дар заминаи мушорикати Покистон дар тарҳи Роғун ҳосил шуд, аммо ҳануз масъалаҳои чиддие дар ин робита вучуд дорад. Тарҳи CASA-1000 дар сурати такмил бештар ба нафъи Афғонистон ва Покистон, ки дар айни ҳол шарикони Амрико маҳсуб мешаванд, хоҳад буд.Аммо ҳамзамон бо ин, ҳассосиятҳоро аз тарафи Ҳиндустон ба вучуд хоҳад овард, зеро Покистон ба унвони рақиби суннатии Деҳлии нав бо дастёбй ба неруи барқи арзони Осиёи Миёна, заминаҳои бештареро дар чиҳати тавсаъаи иқтисодй фароҳам хоҳад кард.Дар ин миён Чин низ бетафовут нахоҳад буд.Яъне ичрои тарҳи CASA-1000 монеаҳои чиддие дар сари роҳ дорад ва дар ин миён адами суботу амният дар Афғонистон аз умдатарин мавонеъ маҳсуб мешавад. Тасвиби тарҳи CASA-1000 дар порлумони Точикистонро метавон иқдоме тозае дар ростои рафъи мавонеъ дар раванди такмили неругоҳи Роғун арзёбй кард.Ҳарчанд кишварҳое назири Узбакистон бо тамоми тавон барои пешгирй аз сохти неругоҳи Роғун талош мекунад,аммо танҳо роҳ барои Точикистон дар ростои таъмини истиқлолияти энержй, сохтани ин неругоҳ аст.Аз ин ру дар оянда шоҳиди вокунишҳо ва аксуламалҳои Тошканд дар ин робита хоҳем буд.

Барномахои низомии Русия дар Осиёи Марказй

Дар пайи лашкаркашии Ғарб ба Афғонистон ва ташдиди нооромиҳо дар минтақа, кишварҳои Осиёи Марказй нохоста аз майлу иродаи худ вориди бозии қудратҳои Шарқу Ғарб барои нуфуз дар ин минтақаи стротегй шуданд.Ин кишварҳо бо танаввуъ бахшидан дар дастаи шарикони худ, ба тадрич чойгоҳи Русияро ба унвони ба истилоҳ танҳо молики минтақа тазъиф намуданд.Дар ибтидои ин раванд, ки бидуни шак бо чароғи сабзи Кремл оғоз шуд, Маскав бо гирифтани мавзеи инфиолй назорагари ин раванд буд.
Дар Кохи Кремл бар ин бовар буданд, ки ҳалқаҳои иртиботии бозмонда аз замони Шуравй ба кишварҳои Осиёи Марказй ичоза нахоҳад дод, ки фосилаи худ бо Маскавро афзоиш диҳанд ва Маскав дар ҳар замони лозим метавонад ин кишварҳоро вориди чархаи сиёсатҳои худ кунад. Оғози чанги дохилй дар Точикистон (1992-1997), раванд ва поёни он то ҳадде ин интизороти Маскавро бароварда намуд. Русия бо истифода аз нуқоти заъфу қуввати тарафҳои мутахосими точик тавонист то ҳадди зиёде сулҳи точиконро мутобиқи майлу иродаи хеш рақам занад. Аз нооромиҳои Узбакистон ва Қирғизистон низ дар ростои аҳдофи роҳбурдии хеш кор гирифт ва Ислом Каримови «маскавгурез»-ро борҳо ба зери чатри амниятии худ боз гардонд. Ҳамчунин фосилаи давлати Бишкекро бо Маскавро коҳиш дод. Ҳамин муваффақиятҳо дар бахши низомй — амниятй мучиб шуд, Маскав бар он шавад, ки бо таҳкими ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказй, давлатҳои ин минтақаро дар чорчуби сиёсатҳои хеш ва дур аз дахолатҳои кишварҳои ғарбй нигоҳ дорад. Маскав мутмаъин буд,ки аз раҳгузари низомй — амниятй мешавад осонтар ба аҳдофи худ дар минтақа даст ёфт. Пойгоҳи низомии Русия дар «Кант»(Қирғизистон), озмоишгоҳи аждарҳо(мушакҳои зидди киштй) ва талош барои таъсиси пойгоҳи дигаре дар ин кишвар дар ҳамин росто қобили арзёбй аст. Албатта дар айни ҳол Русия дар қламрави Точикистон 4 пружаи низомй (дар Душанбе, Кулоб ва Қурғонтеппе, ҳамчунин афсарони эъзомй ба воҳидҳои марзбонии Точикистон)дорад. Ба илова Маскав қасд дорад пойгоҳи ҳавойии худро дар фурудгоҳи «Айнй» дар ин чумҳурй таъсис диҳад. Дар Қазоқистон низ 4 таъсисоти низомии Русия (дар наздикии дарёчаи Балхаш, Саришогон, Эмба ва «Байконур») мустақар мебошанд. Ба назар мерасад ин ҳама ҳузури қудратманди низомй барои таҳти контрол доштани фаъолиятҳои давлатҳои минтақа бо чаҳони хорич, шакл дода шудааст, ки баргирифта аз шеваи тафаккури даврони Шуравй аст. Гузашти замон нишон дод, ки Маскав дар сиёсатҳои Осиёимиёнагии худ муваффақ набудааст. Зеро гирифтани мавозеи дусуя дар қиболи масоили муҳими минтақайи, назири баҳрабардорй аз манобеии гидроэнергетикй, эътиқоди давлатҳои Осиёи Марказиро ба садоқати Кремл ба таври бесобаиқае коҳиш дод.Русия дар замони раёсати Владимир Путин ба таври фаъол вориди масоили энержй дар Точикистон шуд ва миёни ду кишвар қарордодҳо дар мавриди сохти неругоҳи Роғун ба имзо расид. Аммо Димитрий Медведев дар сафар ба Узбакистон ошкоро эълом кард, ки дар масъалаи сохтани Роғун ва умуман баҳрабардорй аз оби рудхонаҳои фаромарзй, аз манофеи Тошканд ҳимоят хоҳад кард.Каме баъдтар аз ин бо тағйири мавзеъ, Русия вориди раванди сохти неругоҳи Қамбарота, ки мавзуи ихтилоф дар равобити Тошканд — Бишкек аст, шуд. Натича он аст, ки фосила миёни Русия ва давлатҳои Осиёи Марказй беш аз ҳар замони дигаре афзуда, чойгоҳи Маскав дар ин минтақаи стротегй дар ҳоли заъиф шудан аст. Дар ҳоле ки Маскав саргарми таъсиси пойгоҳҳои низомй, ё ба иборати дигар «пойгоҳбозй» дар Осиёи Марказй будааст, рақибони Русия бо фаъол шудан дар бахшҳои иқтисодй, ки ниёзи аслии кишварҳои Осиёи Марказй дар марҳалаи кунунй дар меҳвари он мечархад,ҳузури худро пуррангтар намуда, дар мавориде арсаро барои Русия танг намудаанд. Имруз Чин бо фаъол шудан дар шабакаҳои роҳсозй ва энержии Точикистон ва сармоягузориҳои калон дар тарҳҳои иқтисодии ин кишвар, зимни касби эътимоди раҳбарони Душанбе, дар ин бахшҳо аз Русия пешй гирифтааст.Дар Қирғизистон ва Узбакистон низ шоҳиди чунин саҳнаҳое ҳастем. Албатта, бахши энержии минтақа зоҳиран ҳамчунон дар инҳисори Маскав қарор дорад ва ширкати «Газпром» дар ҳоли пайгирии барномаҳои чиддй дар ин замина аст.Аммо ҳамзамон дар бахши иктишоф ва истихрочи нафту гази Осиёи Марказй дигар ширкатҳо аз кишварҳои мухталиф низ фаъоланд ва ҳар муваффақияти онҳо метавонад ба унвони нокомии «Газпром» арзёбй шавад. Русия саргарми таҳкими ҳузури низомии худ дар минтақа, уҳдадориҳояш дар қиболи шариконашро, ки қарордодҳои дучониба ва узвият дар ниҳодҳои минтақайи, рақам зада буданд, фаромуш кард. Ҳамин амр боис шудааст, ки Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ниҳоде ки Маскав онро ба навъе чойгузини Шуравии собиқ карданй буд, тақрибан дар маърази фурупошй қарор гирифтааст. Паймони амнияти чамъй низ он гуна ки Димитрий Медведев гуфта буд, то кунун натавонистааст ба унвони рақибе дар баробари НАТО қад алам кунад. Ангезаҳои низомигарии Русия дар ҳолатҳое мучиби ихтилоф дар равобити кишварҳои минтақа низ шудааст. Аз чумла талоши Маскав барои таъсиси пойгоҳи дуввум дар Қирғизистон, эътирозоти шадиди Узбакистонро дар пай дошт ва ин масъала ҳамчунон ба унвони омили бесуботй дар минтақа боқй аст. Дар шароити кунунй, ки фазосозиҳо дар мавриди сирояти нооромиҳо аз Афғонистон ба Осиёи Марказй беш аз ҳар замони дигаре ташдид шудааст, давлатҳои ин минтақа ба ҳузури низомии қудратҳо ба унвони зомини амнияту субот менигаранд.Аммо воқеият он аст, ки чунин ҳузуре омили аслии бесуботиҳо дар минтақа хоҳад буд ва авзои Афғонистон далеле бар ҳамин гуфтаҳост.