Узбакистон ва Точикистон: шарик ё ракиб?

Решаxои ихтилоф
Нигохе ба тарзи бархурд ва руйкарди Узбакистон дар баробари Точикистон, ин акидаро таквият мекунад, ки давлати Тошканд ба хамсояи худ ба унвони як ракиб (агар на душман) дар тамоми заминахо рафтор мекунад.
Бисёре аз коршиносон решахои ин хама сардй дар робитахои ду хамсояро бархоста аз робитахои шахсии ду раиси чумхур медонанд. Гурухи дигар аз таxлилгарон сабаби вазъи xоким дар муносибатxои Тошканд — Душанберо, ки дар нисбати дигар кишварxои минтақа низ ба мушоxида мерасад, xосили қудратталабиxои сарони узбак дар ростои ба даст гирифтани нақши раxбарй дар Осиёи Марказй медонанд.
Воқият он аст, ки дар робитаxои ду кишвари xамсоя «як бому ду xаво» ба мушоxида мерасад: муносибати мақомот руз ба руз ба самти сард шудан пеш меравад, аммо мардуми оддй, пойбанд ба одобу суннатxо, алоқаxои xамсоягиро идома медиxанд.


Коршиканиxои Тошканд

Узбакистон дар нахустин икдоми зиддиточикистонии худ, бо «мутақоид» кардани масъулони ширкати «Русал», ононро аз раванди сохтани неругоxи «Роғун» хорич кард. Сипас тамоми талоши худро ба харч дод ва тавонист Чинро аз ичрои қарордоди имзошуда бо Точикистон, дар мавриди сохтани неругоxxо дар дарёи Зарафшон, боздорад.
Бар асоси бароварди мутахассисон, ин ду иқдоми Тошканд зарбаи «нокдаункунандае» буд ба пайкари иқтисоди дар xоли эxёи Точикистон ва истиқлоли энергетикии ин кишварро барои чанд соли дигар ба қафо андохт. Зарару зиёнxои молии ин амалро бояд ба таври чудогона xисобу китоб кард.
Акнун ба назар мерасад Узбакистон дар пайи ворид кардани зарбаи «нокаутовар» ба Точикистон аст. Карори маълум, Узбакистон тасмим гирифтааст аз тариқи созмонxо ва ниходхои байналмилалй Точикистон ва Кирғизистонро таxти фишор қарор диxад, то аз сохтани неругоxxои азим дар дарёxои ба истилоx «фаромарзй» сарфи назар кунанд.Давлати Тошканд дар ростои расидан ба ин xадаф бо анчоми муомилаxое, Русия, Амрико ва давлатxои таъсиргузори аврупойиро дар чабxаи худ қарор додааст, то Точикистон ва Кирғизистонро таxти фишорxои бештаре қарор диxанд. Аз номаи ахири Роберт Зеллик, раиси Бонки чаxонй ба Ислом Каримов бармеояд, ки дар айни xол дар арсаи дипломатй таxаввулот ба нафъи Узбакистон пеш меравад.

Узбакистон ва Точикистон: xамсоя ё …

Сардй дар робитаxои ду кишвари xамсоя аз ибтидои асри 21 оғоз шуд. Аввалин иқдоми кишвари xамсоя он буд хати сарxад бо Точикистонро, ки дар бисёре аз минтақаxо xануз мушаххас нашуда буд, минагузорй кард ва дар ин бора на фақат назари давлати Душанберо чуё нашуд, балки конвенсиюн ва меъёрхои байналмилалиро зери по гузошт. Хосили ин амал кушта ва захмй шудани даxxо шаxрванди Точикистон (хатто шаxрвандони Узбакистон!) аст, ки xеч робитае ба гуруxxои терористй надоштаанд.
Иқдомxои баъдии Узбакистон дар нисбати Точикистон бештар чанбаи дипломатй ва иқтисодй доштаанд. Дар заминаи дипломатй ин руйкардxо дар ширкат накардан ва ё xузури камранги мақомоти узбак дар нишастxои байналмилалй ва минтақайи ба мизбонии Душанбе хулоса мешуд. Аммо дар чанбаи иқтисодй xар аз гоxе қатъ кардани интиқоли газ ё барқ ба Точикистон аз чумлаи амалкардxои кишвари xамсоя будаанд. Дар ин радиф бояд аз таваққуфxои тулонимуддати борxое, ки ба воситаи қаламрави Узбакистон ба Точикистон транзит мешуданд, низ ёд кард. Бозчуйиxои бамавқа ва бемавқ аз шаxрвандони Точикистон тавассути сарxадбонон, гумрукчиён ва милисаи узбак, аз дигар «коpномаи» кишвари бародар мебошад, ки бар раванди фосила гирифтани ду xамсоя аз якдигар, афзудааст.

Терористон аз Точикистон ба Узбакистон xамла мекунанд

Рузи 8 апрел воxидxои вижаи Хадамоти амниятии Узбакистон (СНБ) ва вазорати дохилаи ин кишвар дар минтақаи Бекобод, дар наздикии марзи Точикистон машқxои низомй баргузор карданд. Бар асоси сенарияе, ки хадамоти амниятии ин кишвар таxия кард, як гуруxи терористон аз қаламрави кишвари бародар (Точикистон) барои гаравгонгирй вориди хоки Узбакистон шуданд… Алабатта натичаи ин тамрин он буд, ки неруxои шучоъи давлати Узбакистон ин терористонро нобуд карданд. Аммо нуктаи чолиб макони баргузории ин машкxо ва маxалли вуруди терористон аст: корхонаи оxани Бекобод xадафе буд,ки «терористон» барои дастёбй ба он аз қаламрави Точикистон ворид шуда буданд. Ба эътиқоди аксари таxлилгарон ин мавзуъ тасодуфй нест, зеро корхонаи мазкур, ки гуфта мешавад баъзе аз таъсисоташ дар қаламрави Точикистон мебошанд, асбоби нигаронй ва ташвиши Тошканд аст. Хамин таxлилгарон вуруди «терористон» ба ин маxаллро як аломати рамзй ва маънидор аз тарафи мақомоти амниятии узбак, таъбир мекунанд.
Аз ин чо баъзе хулосаxо зуxур мекунад, ки оё иқдомxои баъдии Узбакистон дар нисбати Точикистон ва Кирғизистон аз доираи диломатия хорич хохад шуд?

Рушанй дар охири тунел

Дар нишасти ахири Остона, ки бо xузури раисони чумxури Осиёи Марказй ва ба манзури баррасии масъалаxои марбут ба кули Арал баргузор гардид, Ислом Каримов бар хилофи рузномаи нишаст ва таъкидxои Нурсултон Назарбоев, мизбони ин нишаст, масъалаxои гидроэнергетикиро матраx кард, ки боиси эътирози шадиди раиси чумxури Точикистон гардид.
Ин фоли неке нест. Аммо дар зимистони имсол, дар шароите, ки мардуми Точикистон аз сармо ранч мебурданд, масъулони вилояти Суғд дар ростои манфиатxои мардуми xамсоя истеxсоли неруи барқро коxиш доданд, то оби бештаре дар обанбори Қайроққум захира шавад ва кишоварзони узбак дар тобистон ба камбуди об ру ба ру нашаванд. Аз суи дигар давлати Тошканд руз хои 29-30 апрел мизбони нишасти комиссиюни муштараки ду кишвар буд, ки дар он тавофукхои мухиме дар ростои халли мушкилоти ду кишвар хосил шуд.
Пас роxи xал вучуд дорад! Хеч зарурати кашондани пойи бегонагон ба минтақа барои «қозигй» ва «доварй» нест. Ду xамсоя метавонанд ба роxатй ва осонй мушкилоти xамдигарро баррасй ва xаллу фасл кунанд.
Аммо ин нуктаро низ бояд таъкид кард, ки ёрй гирифтан аз кишварxои хоричй ва ниxодxои минтақайи, xар давлатеро вобастаи дигарон хоxад кард ва ин вобастагй дар канори такрори сарнавишти Саакшвилй, заминаи гирифториxои мардуми xамон кишвар ба бегонагонро бештар фароxам хоxад кард.

Сугнома(Чанд харфе дар ёди Устод Тохири Абдучаббор)

Тохири Абдучаббор. Ин исм дар фазои сиёсю маънавй ва идеологии Точикистони поёни умри императории Шуравй, рамз ва намоди бедории миллии точикон буд. Бо зухури ин ном дар афкори чомеаи точик андешае шакл гирифт, ки нахзати худшиносиро ба вучуд овард ва онро дар масири эчоди вахдат дар миёни тудаи мардум, карор дод.

Тохири Абдучаббор бо таъсиси созмони «Растохез» аввалин сангари мухолифатро дар баробари хокимони комунист устувор кард. Хазорон рушанфикри чуёи хештани хеш дар саросари Точикистон ба сафхои ин созмони мардумй пайвастанд. Дар шахру нохияхои кишвар бахшхои созмони «Растохез» яке паси дигаре ташкил мешуданд ва мардум бо иштиёки зиёд дар нишастхо ва хамоишхои ин созмон хузур ёфта, ба суханони бедоргаронаи аъзои он гуши чон месупорданд.
Тохири Абдучаббор ба минтакахо сафар мекард ва бо суханронихои хидояткунанда раванди худшиносию хакталабиро дар зехнхо ва калбхо рушан мекард.
Мардуми точик садои «микрофони 6»-ро дар порлумон ба хубй дар ёд доранд. Андешахои шахшудаи хокимони вакт бо далелу мантик ба воситаи ин микрофон ва бо садои Тохири Абдучаббор рад ва рохи халли масъалахо баён мешуданд. «Микрофони 6» як навъ рамзи озодии баён, дигарандешй ва озодгуйи буд. Ба иборати дигар, Тохири Абдучаббор нишон дод, дар чомеа андешаи дигаре созандатар аз андешаи хокимон метавонад буда бошад ва дигарандеш будан харгиз ба маънии «душмани халк» будан нест. У сухан мегуфт, бомантиктар ва илмитар аз харфхои хар раисе, аммо харгиз дар сар хаёли раис шуданро намепарварид. Ин хислатест, ки хамагон онро дар шахси Тохири Абдучаббор дидаанд ва ба хубй дарк кардаанд, ки ин родмард харгиз дар сар хавои садорату раёсат надошт…
Имруз дар хамаи ёдворахое, ки дар бораи Тохири Абдучаббор ба табъ расидаанд, аз у ба некй зикр шудааст, яъне бар асоси таомул, мо точикон ба кадри инсонхо дар вакте мерасем, ки кайхо дер шудааст. Дар зиндагй ва замони беморй Тохири Абдучаббор харчанд дар халкаи дустону пайвандон, аммо танхо буд.Вай бо хазорон хасрат он Точикистонеро ки орзу дошт ва барояш талош кард, надида рафт.
Имруз мо бояд аз худ суол кунем:Оё мерасад замоне, ки дар ТОЧИКИСТОН «магзхоро» кадр кунанд?
Рохкоре барои халли ин мушкил:кадрнашносй аз андешамандон ва мутафаккирон, ки хамчунон гиребонгири чомаеи мост, бояд пайдо кард!!!

Узбакистон ба Русия ҳушдор медиҳад?

Узбакистон ба таври расмй аз мақомоти Русия хост барои амалй шудани қарордодҳо ва тавофуқҳои ба имзо расида миёни ду кишвар, чиддияти бештаре нишон диҳанд.
Илҳом Неъматов, сафири Узбакистон дар Маскав дар дидоре, ки рузи 3 апрел бо Дмитрий Мезентсов, маовини раиси Шурои Федератсияи Русия дошт, зимни таъкиди ин матлаб, норизоятии кишварашро аз наҳваи ҳамкориҳои Маскав иброз дошт. Сафири Узбакистон аз чумла ёдовар шуд, ки масъалаи танзими муҳочирати корй миёни Русия ва Узбакистон бо вучуди гузашти замони тулонй аз имзои тавофуқнома ва тасдиқи он дар порлумони Узбакистон, ҳалли худро наёфтааст. Вай илова кард, ин санад ҳануз дар Думаи Русия тасвиб нашуда ва тарафи русй барои расидагй ба ин масъала тамоили чандоне аз худ нишон намедиҳад.
Илҳом Неъматов ҳамчунин тазаккур дод, ки ваъдаҳои Русия дар мавриди ҳалли масъалаҳои обии минтақа, бо дар назар гирифтани манфиатҳои Тошканд, ичро нашуда боқй мондаанд. Вай аз он ки Русия бе машварат бо Узбакистон дар мавриди сохтани неругоҳи Қамбарота бо Қирғизистон қарордод имзо кардааст, ибрози нохурсандй кард ва аз мақомоти рус хост маблағҳои барои сохтани ин неругоҳ дар назар гирифтаро барои бозсозии неругоҳи Тухтагул ихтисос диҳад.
Ҳарчанд дафтари матбуотии порлумони Русия баррасии густариши ҳамкориҳои порлумонй миёни Русия ва Узбакистонро аз масъалаҳои меҳварй дар дидори сафири Узбакистон бо маовини раиси Шурои Федератсияи Русия унвон кард, аммо аз лаҳни тарафи узбак ба хубй ошкор мешавад, ки Тошканд аз ин тариқ як навъ ҳушдоре ба Маскав додааст. Зеро, аввал: Узбакистон дар мукоиса бо Қирғизистон ва Точикистон, ки ба умеди ваъдаҳои зиёди Маскав хаёл хуш карда, чуз талафи вақт чизе насибашон нашуд, зарфиятҳои бештаре дар интихоби шарикон дорад; дуввум: амалкарди Русия дар нисбати шарикони хеш ва мизони пойбандии ин кишвар ба ваъдаҳояш беэътимодй ба Кремлро доман задааст; саввум: бо таваччуҳ ба эъломи баста шудани пойгоҳи «Манас» дар Қирғизистон ва стротегияи чадиди Обама дар мавриди Афғонистон, фурсатҳои тозае барои чалби таваччуҳи Ғарб пеши руи Узбакистон қарор гирифтааст; чаҳорум: муомилаи ахир дар 13 октябри соли 2008 миёни Узбакистон ва Иттиҳодияи Аврупо, ки боиси бекор шудани таҳримҳои ин Иттиҳодия нисбат ба Узбакистон ва хуручи Тошканд аз Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё шуд, имкониятҳои манёври бештареро дар ихтиёри Узбакистон қарор додааст, то битавонад дар баробари Маскав муқтадиронатар ҳарф бизанад.
Яке аз нуктаҳои чолиб дар дидори сафири Узбакистон бо маовини раиси Шурои Федератсияи Русия пешниҳоди дипломати узбак рочеъ ба мушорикат додани Чин (аз тариқи таъсиси як мачмаъ) дар корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) буд. Илҳом Неъматов дар ин робита гуфт, ниҳодҳои фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ, монанди Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Паймони амнияти чамъй, ИДМ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар аксари мавридҳо масъалаҳо ва мавзуъҳои нишастҳоро такрор ва ба истилоҳ «дубла» мекунанд, аммо ин нишастҳо натичаҳои матлубе ба ҳамроҳ надоштаанд, аз ин ру ҳузури Чин метавонад аз ин кор пешгирй кунад.
Дмитрий Мезентсов дар ин робита гуфт, тарафи чинй мехоҳад фақат дар нишастҳои СҲШ мушорикат намояд ва тамоили чандоне барои ҳузур дар дигар ниҳодҳои минтақайи надорад.
Мушоҳидаҳои чанд соли охир нишон медиҳанд, ки тасмимгириҳои давлати Тошканд ва иқдомоти ин кишвар дар мавриди бархе аз масъалаҳои сиёсатҳои хоричй бе таъсир аз барномаҳо ва тарҳҳои давлатҳои бонуфузи хоричй ва ё ҳамоҳамгиҳои пешакй бо ин давлатҳо набудааст. Ихрочи низомиёни амрикойи аз пойгоҳи ҳавойии Хонобод ва хуручи Тошканд аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё фақат охирин мавридҳо дар ин заминаанд.
Бо таваччуҳ ба ин руйкард метавон тахмин зад, ки тавофуқе нав миёни Пекин ва Тошканд дар мавриди масъалаҳои муҳими Осиёи Марказй ҳосил шудааст, яъне эҳтимол меравад Тошканд бо андешаи ин ки Чин дар оянда қудрати бартари минтақа хоҳад шуд, аз ҳоло талош дорад эътимоди ин кишварро касб кунад ва ҳамин тавр аз пуштибонии Пекин дар расидан ба ҳадафҳои стротегии худ, ки ҳамон ба даст гирифтани нақши раҳбарй дар минтақа аст, бархурдор шавад. Қобили зикр аст, ки Чин ва Узбакистон тачрибаи ҳамсонсозии мавзеъҳои худро доранд: қарори маълум баҳори соли 2008 Узбакистон тавонист Чинро мутақоид кунад то аз сохтани неругоҳ дар дарёи Зарафшон, ки қарордоди он бо Точикистон ба имзо расида буд, даст бикашад.
Аммо ин нукта ғайриқобили инкор аст, ки густариши ҳузури Чин дар Осиёи Марказй фақат ба давлатҳои ин минтақа бар намегардад, балки рақобати қудратҳо ҳаст, ки дар ин замина муассир хоҳад буд. Зеро талошҳои ҳамзамони Русия, Чин, Амрико ва давлатҳои ғарбй барои густариш ва мустаҳкам намудани чойгоҳи худ дар кишварҳои Осиёи Марказй, ин минтақаи стротегиро ба таври бесобиқае ба майдони рақобатҳо табдил додааст. Дар ҳоле ки Русия талош дорад бо имзои тарҳҳои иқтисодй ва ваъдаҳои молй давлатҳои Осиёи Марказиро дар чорчуби сиёсатҳои худ нигоҳ дорад, Амрико ба унвони аслитарин рақиби Маскав музокироти чудогонаро бо мақомоти Тошканд, Ашқобод ва Душанбе пеш мебарад, то ризояти ононро дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомй ба даст биоварад. Дар ҳамин робита сойти EURASIANET бо такя ба як манбаи дипломатй навишт, ИМА дар ҳоли анчоми музокирот бо Туркманистон ва Узбакистон дар мавриди ифтитоҳи пойгоҳҳои худ дар ин кишварҳо мебошад.
Нигоҳе гузаро ба таҳаввулоти Осиёи Марказй баёнгар аз ин воқеият аст, ки бозигарони саҳнаи сиёсии ин минтақа ба иқдомоти худ барои амалй намудани ҳадафҳояшон, афзудаанд. Дар ин миён Узбакистон бо истифода аз роҳҳои мухталиф талош дорад бо мутақоид кардани давлатҳои муддайии ҳузур дар Осиёи Марказй, аввалтар аз ҳама тарҳҳои гидроэнергетикии Қирғизистон ва Точикистонро хунсо кунад. Зеро Тошканд ба хубй медонад, ки сохтани неругоҳи Қамбарота дар Қирғизистон ва неругоҳи Роғун дар Точикистон ба ин ду кишвар имкон хоҳад дод чараёни оби дарёҳои худро танзим кунанд ва дар посух ба иқдомоти Тошканд дар қатъ кардани интиқоли газ ва барқ, вокуниш нишон диҳанд. Танқиди сафири Узбакистон аз Русия дар мавриди бетаваччуҳй ба ҳалли «масъалаҳои обии Узбакистон», аз ҳамин зовия қобили арзёбй ҳаст. Дар мачмуъ ин дидорро метавон пешгуфтор ё муқаддимаи ҳушдоре таъбир кард, ки фосила гирифтани дубораи Узбакистон аз Маскав ва гароиш ба самти Амрико ва Ғарб ва ё ин бор Чин, ҳамчунин хуручи (ва ё таҳдид ба хуручи) Тошканд аз бархе ниҳодҳои минтақайи, метавонад пайомадҳои эҳтимолии он бошанд. Бо ин ҳол пусише, ки матраҳ мешавад ин аст ки: Оё Узбакистон он гуна ки дар ба таъхир андохтани сохтани неругоҳи Роғун таъсир гузошт, хоҳад тавонист Русияро аз сохтани неругоҳҳ дар Қирғизистон боз дорад?!

Афғонистон: дардҳо ва ормонҳо

Aхмадшохи Масъуд

Aхмадшохи Масъуд

Афғонистон дар шароите ба интихоботи раёсати чумҳурй омода мешавад, ки ин кишвар баъд аз як фосилаи замонии кутоҳи бархоста аз интихоботи раёсати чумҳурии Амрико ва буҳрони молии чаҳонй, аз нав дар маркази таваччуҳи созмонҳои байналмилалй ва қудратҳои чаҳонй қарор гирифта аст. Ба иборати дигар, мусобиқа барои тасаллут бар қаламрави Афғонистон миёни қудратҳои Шарқу Ғарб ва доираҳои байналмилалй вориди марҳалае дигар аз силсиламарҳилаҳои худ шудааст.
Баъд аз талоши номуваффақи Англия дар ибтидои асри 20 барои тасарруфи Афғонистон, ин сарзамин барои як муддати нисбатан тулонй ба ҳоли худ гузошта шуд. Бо ин ҳол мушаххас буд, ки мавқеияти чуғрофиёи, захираҳои таббии ва зарфиятҳои мавчуд, дер ё зуд Афғонистонро ба саҳнаи рақобатҳо табдил хоҳад дод. Зеро ба гуфтаи Аллома Иқбол, Афғонистон кишварест, ки «дар кушоди у кушоди Осиёст».
Дар поёни солҳои 70-уми асри гузашта Иттиҳоди Шуравй дар ростои густариши қаламрави урдугоҳи сотсиалистй ба Осиёи чанубу ғарбй ва наздикии бештар ба марзҳои Чин, ки дар он даврон аслитарин душмани Маскав ба ҳисоб мерафт, ҳамчунин замонасозй барои вуруд ба Хиндустон, Покистон ва… ба Афғонистон ҳамла кард. Хузури 10-сола дар Афғомистон аз як су ба ихтилофот миёни урдугоҳи сотсилаистй ва капиталистй доман зад ва аз суи дигар заминаи фурупошии Шуравй ва урдугоҳи сотсилистиро фароҳам кард.
Воқеият он аст, ки тайи 30 соли ахир харитаи сиёсии чаҳон ва сохтори сиёсии бисёре аз кишварҳо дастхуши тағйиру таҳаввули бузурге шуд: чй басо кишварҳо аз нақшаи сиёсии чаҳн барчида шуданд ва чй басо давлатҳое арзи ҳастй намуданд, ки таърих номашонро дар ёд надорад… Дар ин миён Афғонистон ҳамвора майдони чангу хунрезиҳо буд, чангу хунрезиҳое, ки барои ин марзу бум нохоста аз майлу иродаи мардуми он, таҳмил шуд.Натича он аст, имруз дар Афғонистон гуруҳ, ҳизб ва созмонҳои мухталифе фаъолият мекунанд, ки вобастаи ин ё он қудрат ва ё ниҳоди байналмилалй мебошанд. Яъне Афғонистон чорроҳи бархурди манофеи қуратҳои чаҳонй аст, ки ҳар кадом дар чорчуби ҳадафҳо ва стротегияҳои худ барои (ва ба чои)мардуми ин кишвар тасмимгирй мекунанд.Ин амр решаи аслии идомаи чангу хунрезй дар Афғонистон аст. Баргузории конфронс ва ҳамоишҳои зиёди байналмилалй зоҳиран гуёи ин амр аст, ки давлатҳои масъул дар пайи сару сомон додан ба авзои асафбори мардуми Афғонистон ва расидагй ба мушкилоти ин кишвар ҳастанд. Барномаи нави раиси чумҳури Амрико дар мавриди Афғонистон, баргузории конфронси вижаи Афғонистон о ташаббуси Созмони ҳамкориҳои Шонгхой ва ичлоси байналмилалии Гаага бо номи «Ояндаи Афғонистон» фақат охирин мавридҳо аз рафтори намоишии қуратҳо дар нисбати Афғонистон аст.
Қарори маълум яке аз баҳонаҳои вуруди низомиёни бегона ба хоки Афғонистон кумак ба мардуми ин сарзамин дар ҳалли мушкиоте назири раҳойи аз ақибмондагй, муқобила бо унсурҳои иртичойи… ва дар ниҳоят мубориза бо терроризми байналмилалй буд. Қудратҳои султачу имруз дар Афғонистон бо он неруҳое мечанганд, ки худ дируз онҳоро ба вучуд оварданд. Гуруҳи Ал-қоида ва чунбиши Толибон сохтаи хадамоти махсуси кишварҳои довталаби нуфуз дар Афғонистонанд. Нигоҳе сатҳй ба шаклгирии гуруҳи Толибон дар Афғонистон ба таври возеҳ нишон медиҳад. ки хадамоти вижаи кишварҳои ғарбй бо мусоидати ҳамтоёни покистонии худ ба манзури латмадор кардани Ислом ва таҳти назорати худ гирифтани чараёнҳои исломй дар минтақа, ин чунбишро ба вучуд оварданд.
Толибон дар оғози вуруди худ ба саҳнаи Афғонистон чеҳраи матлубе аз исломи ноби муҳаммадй муаррифй карданд, амре ки ба хеч вачҳ ба нафъи гардонандагони ин тарҳ набуд. Аз ин ру бо дахолати мушовирони ғарбй чунбиши Толибон чеҳра иваз кард ва ба як неруи вопасгаро ва иртичойи табдил шуд. Акнун пайравони ин чуниш бо бакоргирии шеваҳои асримиёнагй, ҳама гуна илм ва пешрафтро инкор мекарданд ва дар ҳоле ки бо мусалсал (автомат) ва дигар силоҳҳои пешрафта алайҳи мухолифони хеш мечангиданд, истифода аз мисвокро ҳамчун нишони тачаммулгаройи ва ғарбзадагй ҳаром медонистанд. Бо гузашти беш аз 10 сол аз оғози чунбиши Толибон, ин гуруҳ ба куллй тағйири чеҳра ва маром намуда, акнун дар сафҳои худ на «толибон», яъне талабагон ва донишчуён, балки унсурҳои вобаста ба гуруҳ, ниҳод ва кишварҳои мухталифро чой додааст. Албатта танҳо гуруҳи Толибон нест, ки омили ташаннучи авзоъ дар Афғонистон тавсиф мешавад, балки бисёр гуруҳ, ҳизб ва ҳаракатҳои дигаре низ ҳастанд, ки бо сенарияи ҳомиёни хоричии худ фаъолият мекунанд ва ҳадафҳои хилофи ормонҳои миллии мардуми Афғонистонро дунбол мекунанд.
Баргузории нишасти Маскав дар 27 март ва конфронси Гаага дар 31 март барои баррасии авзои Афғонистон ва кумак ба мардуми зачркашидаи ин кишвар, дар асл чилваҳои дигаре аз рақобати қудратҳо барои султа бар манотиқи мавриди назар дар чаҳон аст. Русия ва Чин талош доранд аз тариқи Созмони ҳамкории Шонгхой дар раванди таҳаввулоти Афғонистон мушорикат ёбанд ва таҳаррукоти рақибони худ – Амрико, кишварҳои ғарбй ва НАТО-ро аз наздик таҳти назорат дошта бошанд. Аз суи дигар тарҳи Барак Обама бо номи «Стротегияи Афғонистон» дар асл идомаи ҳамон сиёсатҳоест, ки Ғарб ба саркардагии Амрико барои тасаллут бар манбаъҳо ва сарватҳои кишварҳои мухталифи чаҳон, пайгирй мекунанд.
Дар нишасти Маскав аъзои Шанхай талош карданд дар мавриди масъалаҳои Афғонистон мавзеи ягона интихоб кунанд. Дар ичлоси байналмилалии Гаага таъкид шуд, ки кишварҳои дахлдор барои барқарории суботу амният ва бозсозии Афғонистон фаъолонатар иқдом намоянд ва неру ва сармояи лозим барои ҳалли мушкилоти ин кишвар ихтисос диҳанд. Ин икдомхо бештар дар ростои манфиатхои кудратхо дар назар гирифта шудааст, то манфиатхои мардуми Афғонистон.
Ин нукта мусаллам аст, ки нишастҳои Маскав ва Гаага барои расидагии намоишй ба мушкилоти Афғонистон охирин тадбир дар ин замина нахоҳад буд, зеро тарзи ба истилоҳ «муборизаи байналмилалй бо терроризм» баёнгар аст, ҳоло ҳолоҳо Ал-қоида, Толибон ва дигар омилони ноамниҳо дар Афғонистонро реша дар об хоҳад буд.Фалсафаи ҳузури неруҳои ғарбй дар Афғонистон маҳз ба фаъолияти ҳамин омилони ноамниҳо бармегардад, аз ин ру манфиатҳои ин қудратҳо эчоб мекунад, ки ин баҳона ба қуввати худ боқй бошад. Ин баҳона дар канори таъмини ҳузури неруҳои ғарбй дар Афғонистон, ин имконро фароҳам мекунад, ки дигар кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон низ аз тариқи фазосозй дар бораи таҳдидҳои амниятй, таҳти контроли қудратҳои ғарбй қарор дошта бошанд.
Бо ин руйкард метавон гуфт, ки таъмини суботу амнияти Афғонистон ва умуман минтақа на бо ҳузури густурдаи неруҳои фароминтақайи амалй хоҳад шуд, балки ин амр замоне амалй мешавад, ки кишварҳо ва ниҳодҳои фароминтақайи аз пуштибонй ва кумак ба гуруҳҳои тундрав дар Афғонистон даст бардоранд, дар корҳои дохилии кишварҳо дахолат накунанд ва андешаи «баробарии миллатҳо ва зиндагии мусолиматомезро» чойгузини андешаи «тасаллут бар чаҳон» дар зеҳнҳои худ намоянд. Аммо бо тарзи зиндагие, ки кишварҳои ғарбй барои худ сохтаанд, оё чунин коре имконпазир ҳаст?!
Моҳи август раиси чумҳури чадид дар Афғонистон руйи кор хоҳад омад. Оё ин раиси чумҳур ин бор дастнишондаи чй неруҳое хоҳад буд? Аз ҳоло талошҳо барои пешй гирифтан дар ин мусобиқаи эъломнашуда миёни бозигарони саҳнаи Афғонистон оғоз шудааст.Аммо мардуми ин сарзамин ҳамчунон дар орзуи раиси чумҳуре бархурдор аз истиқлоли амал хоҳанд буд…