Велосипеди бачагона


 

tri-velosiped

Қиссаи велосипед ё ҳамон сечархаи бачагона, яке аз саҳифаҳои рангину ширин ва фаромушнашудании даврони кудакӣ аст, ки ҳар аз гоҳе нохудогоҳ ба суроғам меояд ва маро ҳар бор дар оғуши дунёи зебои кудакӣ қарор медиҳад…
Шаш сола будам.Дар яке аз рӯзҳои бехабариҳои даврони кудакӣ, дар саҳни ҳавлӣ машғули тамошои китоби “Алифбо” и аппаам будам.(Вай дар синфи якум мехонд).Беш аз ҳар чизи дигаре, тасвири бачаҳое ки савори сечарха бозӣ мекарданд, ба ман писанд буд.Дар олами руъёҳои кудакӣ ғарқ шудам ва худро яке аз он бачаҳои велосипедсавор тасаввур карда, лаззат мебурдам…

— Саид, китобҳоро надаррон ки муаллим аппаатро чанг мекунанд, ин таъкиди модарам(Худо раҳмат кунад!)  манро аз олами хаёлҳо берун  овард.
—  Не, фақат тамошо мекунам, ҷавоб додам ва пурсидам:

—  Додом барои ман аз ин  сечархаҳо мегиранд?
Модарам хеле умедворкунанда гуфтанд,” агар бачаи нағз шавӣ, ҳатман мегиранд”.

Он рӯз бештар аз ҳар вақти дигар аз кор баргаштани падарамро(Худо раҳмат кунад!) мунтазир мондам.Мехостам аз забони худашон шунавам ки бароям сечарха мегиранд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд, гуфтанд ягон рӯз бо ҳам рафта аз бозор мегирем.

То он вақт аз деҳа ба ҷое нарафта будам ва бесаброна “ягон рӯз” ро мунтазир будам ва тез тез аз модарам мепурсидам:” оча, кай ягон рӯз мешавад?”

Модарам мегуфтанд “ҳар вақт додот камкортар шуданд, туро ба бозор мебаранд”…

Ниҳоят он “ягон рӯз” фаро расид. Як бегоҳ падарам гуфтанд:пагоҳ ба район меравем, агар бахтат омад кунад, соҳиби сечарха мешавӣ.

Тобистон буд ва ҳаво гарм.Субҳи барвақт ҳамроҳи падарам савори автобус ба “Янтоқ”(ҳоло Бустон), маркази район омадем.Ба ҳар мағозае ки мерафтем савол якто буд: “велосипеди бачагона доред?” ва ҷавоб ҳам тақирибан як буд: “не”.Фақат дар як мағоза гуфтанд ки эҳтимолан охири моҳ барояшон меоранд.
Руз аз нисф гузашт.Падарам гуфтанд, “ биё, ягон чи мехурем, баъд ду магазини дигарро, ки каме дуртар аз ин ҷо ҳастанд, хабар мегирем, насибат бошад, меёбем”.

Ба ёдам нест он рӯз чи хуроке хурдем, аммо ба ёд дорам ки баъд аз хурок ҳалво хурда будам.Ҳалвои ширин ва хеле бо лаззат. Аз ошхона берун шудем, ҳаво гарм буд.Падарам дар як даст борхалта, бо дасти дигар аз дасти ман гирифта, роҳи ҳамон мағозаҳоро пеш гирифтанд.Хира хира ба ёд дорам, ки аз як теппа гузаштем ва дар як маҳаллае ба мағозае, ки бештар ба хонаи истиқоматӣ монанд буд даромадем.Ба  саволи падарам фурушанда ҳамон ҷавоби “не” ро дод.

Аз он ҷо берун омадем.Ман хеле бо умед ба падарам нигоҳ мекардам ва ба ин фикр будам, ки падарам ҳатман бароям сечархаи руъёиро меёбанд.Дар тасаввури мани шашсола ин буд ки падарҳо ба ҳар коре қодир ҳастанд ва падарам ҳатман бароям сечарха мегиранд.Ҳамин вақт буд ки падарам гуфтанд, “ба назарам имрӯз толеъ надорӣ”.Пурсидам,” кай толеъ дорам?”.Гуфтанд, “ҳатман ягон рӯзи дигар”.

Боз хеле пиёда роҳ рафтем ва ба як мағозаи дигар расидем.Дар он ҷо ҳам сечарха набуд.(Дар зимн, бо гузаши 30 сол, соли 1991, вақте дар рӯзномаи ноҳиявии “Машъал” кор мекардам, рӯзе дар ҳайати муфаттишони назорати халқӣ ба ин мағоза омадам.Мағозае дар ду километрии маркази ноҳия.Он вақт фаҳмидам, ки 30 соли қабл падарам чи қадр пиёдаравӣ карда буданд.)

Мо он рӯз сечарха наёфтем, аммо лаззати ҷустуҷуи он, меҳрубониҳои падар, рафтан аз як мағоза ба мағозаи дигар, дар хотири мани кудак барои ҳамеша нақш баст.Тасаввурам ин буд ки сечарха дорам ва аксам ҳам дар китобҳо чоп шудааст ва аз ин лаззат мебурдам…

Он вақт на, аммо баъдҳо эҳсос кардам ки он рӯз падарам чи қадр хаста шуда буданд, аммо меҳри падарӣ иҷоза намедод ки ин хастагиро ба рухи ман кашанд.Ёдам ҳаст гуфта буданд: хафа нашав боз ягон рӯзи дигар ба шаҳр барои велосипед меравем.

Чунин сафаре дигар такрор шуд ё нашуд, хотироти чандоне надорам, аммо лаззати сафари аввал дар ёди ман барои ҳамеша боқӣ монд.Акнун, ки даврони кудакӣ фақат гоҳ гоҳе меҳмони хобҳои ман мешавад, бароям дидани кудакони деҳотӣ, ки ҳамроҳи падар ё бобои худ ба шаҳр меоянд, баёдоварандаи ҳамон лаҳзаҳои  беш аз 40 соли гузашта аст.Ба онҳо бо ҳавас нигоҳ мекунам ва дунёашонро тасаввур мекунам.Тасаввур мекунам, ки бегоҳ ба хона баргашта, дидаю надидаҳои худро ба додару хоҳар ва ҷураҳои худ чи гуна бо шавқ нақл мекунанд.Ман ҳам бегоҳи он рӯз ва чандин рузи дигар сафар ба шаҳрро ба ҷураҳоям таърифу тавсиф карда будам ва ин бароям камтар аз лаззати доштани велосипед набуд…

 

Оставьте комментарий