Созмони Шанхай ва ташвишҳои нав

Рузи шанбеи 14 май дар шаҳри Алмато, пойтахти пешини Қазоқистон вазирони хоричаи Созмони ҳамкории Шанхай гирди ҳам чамъ омаданд ва дар бораи дурнамои фаъолиятҳои ин созмони минтақайи баҳсу табодули назар карданд.Аз чумлаи санадҳои муҳими ин нишаст «Тафоҳумнома дар бораи уҳдадории кишварҳои довталаби узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай» буд, ки барои имзои сарони ин созмон омода шуд.

Ҳамоҳангии барномаи нишасти даҳумин солгарди таъсиси Шанхай, ки як моҳи дигар дар Остона, пойтахти Қазоқистон доир хоҳад шуд, аз дигар натоичи муҳими нишасти Алмато буд.Дар кул, дар нишасти мазкур санадҳо вар мавриди нишасти сарон, лоиҳаи баёнияи Остона ба муносибати даҳумин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, тарҳи стротегии зиддитеррористии Созмон барои солҳои 2011-2016, ва стротегияи мубориза бо маводи мухаддир дар солҳои 2011-2016 ба имзо расид. Нишасти Шурои вазирони хоричаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шароите баргузор шуд, ки минтақаи ин созмон зимни он ки саҳнаи таҳаввулоти камсобиқае шуда, обистани руйдодҳои дигаре низ ҳаст. Эъломи хабари марги Бин Лодан тавассути Амрико ва бозтоби ин хабар дар саросари чаҳон, коршиносон, расонаҳои иттилоотй, сиёсатмадорон ва давлатмардонро вориди баҳсҳои мухталифе кардааст. Дар ин миён рақобати қудратҳо, ки эъломи марги Бин Лодан чудо аз ин мавзуъ нест, ҳолу ҳавои мутафовуте ба худ гирифтааст. Иёлоти Муттаҳида Амрико акнун бар он шудааст, ки бо муваффақиятомез чилва додани амалиёти ба истилоҳ зиддитеруристии худ дар Афғонистон, барои афкори умумии дохилй дар кишвари худ, ҳамчунин муттаҳидони аврупоиаш, ин гуна илқо кунад, ки пирузй бар тероризм наздик аст ва он ҳама харочоти Вашингтон дар ин росто, ҳадар нарафтааст.Бо ин кор аслитарин ҳадафи Барак Обама касби имтиёз барои даври дуввуми интихоботи раёсати чумҳур аст, зимни ин ки руҳия додан ба сарбозон ва афсарони ноумед ва хаста аз чангҳои тулонимуддат дар Афғонистон, Ироқ ва акнун дар Либиро низ метавон дар радифи аҳдофи Амрико аз эъломи хабари кушта шудани Бин Лодан, қарор дод.Оғози марҳалаи чадид дар тарҳи амрикойии мубориза бо терроризми байналмилалй, низ паёме аст, ки дар эъломи хабари кушта шудани Бин Лодан тавассути Амрико, ба рафиқон ва рақибони ин кишвар дода шуд. Ин паём қабл аз ҳар минтақаи дигаре, бештар барои қаламрави Шуравии собиқ аҳамият касб кард ва ба қудратҳои ҳозир дар ин маҳдудаи чуғрофиёи ин хабарро иблоғ кард, ки акнун Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш авлавияти фаъолиятҳои худро ба ин минтақа ихтисос хоҳанд дод.Албатта авзои шимоли Африқо ва Ховари Миёна бетаъсир дар тасмими Амрико дар мавриди эъломи хабари кушта шудани Бин Лодан дар марҳалаи кунунй набудааст. Аммо ҳамин мавзуъ боис шуда, ки таҳаррукоти бозигарони аслии саҳнаи Осиёи Марказй ба табри қобили мулоҳиза ташдид шавад.Сафари ҳарчанд аз қабл барномарезй шудаи Осаф Алии Зардорй, раиси чумҳури Покистон ба Маскав ва нишасти Шурои вазирони дифоъи Созмони ҳамкории Шанхай дар Алмато аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.Ҳам дар дидори Медведев ва Зардорй дар Маскав ва ҳам дар нишасти Шанхай дар Алмато, мавзуи пазириши аъзои чадид ба ин созмон матраҳ шуд, ки ҳокй аз вокуниши аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба иқдомоти анчомшуда ва дар ҳоли анчоми Ғарб дар қиболи ин минтақаи стротегй мебошад. Яъне дар ҳоле ки Ғарб сафоройиҳои чадид барои неруҳои худ дар нуқоти мухталифи чаҳонро тадорук мебинад, Русия ва Чин ба унвони рақибони Ғарб низ дар пайи созу корҳои чавобй дар ин росто ҳастанд.Бар асоси гузоришҳои мунташира дар айни ҳол масъалаи узвияти ду кишвари Покистон ва Ҳиндустон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва пазириш Афғонистон ба унвони узви нозир матраҳ аст.Албатта он чй ба Покистон бармегардад, ҳам Русия ва ҳам Чин тақрибан иттифоқи назар доранд, зеро дар айни ҳол Покистон, ки аз Амрико ба шиддат нороҳат аст, метавонад дар сиёсатҳои зиддиамрикойии Маскав ва Пекин нақшофаринй кунад ва пазириши ин кишвар ба Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳадди зиёде чабҳаи Амрико дар Осиёи Марказй ва Чанубиро заъиф хоҳад кард.Дар ин идомаи фароянд ва дар пайи хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон, ба таври ҳатмй бозиҳои дигаре дар ин минтақа шакл хоҳанд гирифт, ки Чин коргардони аслии онҳо хоҳад буд.Албатта, дар ин миён Русия бо тамоми тавон талош дорад аз нуфузи беш аз ҳади Чин пешгирй кунад, аммо воқеъият он аст, ки вақтҳои охир кишварҳои Осиёи Марказй аз сиёсатҳои Русия норозианд ва сарони ин кишварҳо тамоилоти Маскавситезии худро пинҳон намекунанд.Дар ҳамин росто узвияти Ҳиндустон дар Шанхай бештар ба нафъи Русия хоҳад буд, зеро ин ду кишвар ҳануз аз замони Шуравй равобити дустонае бо ҳам доранд. Аз суи дигар пазириши Покистон ба ин созмон ва дар ҳошия қарор додани Деҳлии нав, барои Ҳиндустон ба маънии пушт кардан ба ин кишвар хоҳад буд.Ин нуктаро ҳам дар Пекин ва ҳам дар Маскав ба хубй дарк мекунанд, аз ин ру пазириши ин ду ба Созмони ҳамкории Шанхай кори соддае нахоҳад буд. Ҳиндустон дархости худ барои узвият дар Созмони ҳамкории Шанхайро бо фосилаи андаке баъд аз чунин иқдоми рақиби суннатиаш — Покистон ироа кард.Ба гумони Деҳлии нав, бо дар канори қудратҳое назири Чин ва Русия қарор гирифтани Исломобод, ибтикори амал дар рақобатҳои дучониба аз дасти Ҳиндустон раҳо хоҳад шуд, аз ин ру тасмим ба пайвастан ба ин ниҳоди минтақайи кард.Ҳарчанд Чин ва Русия ба унвони бозигарони аслии Шанхай мухолифати ончунонй ба пайвастани Ҳинд надоранд, аммо мақомоти ин кишвар дар машваратҳо бо аъзои Созмнони мазкур дар пайи чалби ҳимояти онҳо шудаанд. Аз чумла дар дидори раиси чумҳури Узбакистон бо нахуствазири Ҳинд дар Деҳлй (18 майи соли чорй), ин мавзуъ матраҳ шуд. Албатта дигар кишварҳои Осиёй низ талош доранд ба Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шаванд, зеро ин созмон аз зарфиятҳое билқуввае бархурдор аст, ки ба унвони намуна метавон ба зарфиятҳо ва тавоноиҳои Чин дар арсаи илму фановарй, захоири фаровони Русия ва тачрибаҳои ин кишвар дар мудилоти Осиёи Марказй ва манобеи энержии фаровони Қазоқистон ишора кард.Вижагии ин созмон дар танаввуъи фаъолиятҳои он аст, ки ба ҳамаи масоил ва мушкилоти аъзо расидагй мекунад. Бо таваччуҳ ба ин ҳама нишасти Остона дар моҳи июн, ки ба даҳумин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ихтисос хоҳад ёфт, саҳифаҳои тозае дар фаъолиятҳои ин созмон боз хоҳад кард, аз ин ру ин руйдоди муҳим аз ҳоло дар маркази таваччуҳи доираҳои коршиносй ва расонайи қарор гирифтааст.

Роғун: мухолифон ва мувофиқон.Кй пируз мешавад?

Рузи 19 моҳи майи соли чорй дар шаҳри Олмотй, пойтахти пешини Қазоқистон тайи нишасте натоичи бозрасиҳои Бонки чаҳонй дар мавриди тарҳи неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди баррасй қарор хоҳад гирифт.Дар ин нишаст намояндагони ниҳодҳои мухталифи кишварҳои минтақа ва созмонҳои марбутаи байналмилалй дар мавриди таҳқиқоти коршиносони Бонки чаҳонй росеъ ба таъсироти зистмуҳитии тарҳи «Роғун» ва хатароти эҳтимолии бархоста аз сохти ин неругоҳ, табодули назар хоҳанд кард.Коршиносони мустақил, ки Бонки чаҳонй аз онон чиҳати анчоми ин таҳқиқот истифода кардааст, натоичи пажуҳишҳои худро дар мавриди тарҳи неругоҳи мазкур ва вижагиҳои фаннию муҳандисии он, ироа мекунанд ва мутахассисон назарот ва дидгоҳҳои худро баён хоҳанд кард. Дар остонаи нишасти Олмотй Бонки чаҳонй аз чомеаи мадании кишварҳои Осиёи Миёна хост, натичаҳои санчиши тарҳи Роғунро баррасй кунанд.Бо тавччуҳ ба ҳассосияти бархоста аз тарҳи «Роғун» дар миёни кишварҳои минтақа, Бонки чаҳонй қасд дорад бо ироаи кумакҳои худ дар заминаҳои фаннй, иқтисодй ва зистмуҳитй, мавозеи кишварҳои Осиёи Марказиро дар мавриди ин тарҳ ба ҳам наздик ва аз эчоди ихтилоф бикоҳад.Албатта мақомоти ин бонк дар ройзаниҳои чудогона бо ҳар як аз кишварҳои минтақа, мавзеъҳои ононро дар ин робита чуё шуданд.Узбакистон ба унвони сарсахттарин мухолифи сохти неругоҳи «Роғун», ба Бонки чаҳонй гуфт, тарҳи мазкур бар хилофи муқаррароти байналмилалй таҳия шуда, маҳалли сохти он аслан барои чунин коре мунисоб нест. Мақомоти узбак таъкид карданд, муҳандисони точик ба қадри кофй тачриба надоранд, ки чунин тарҳеро мудирият кунанд ва дар сурати фалокат наметавонанд аз авоқиби он пешгирй кунанд. Мақомоти Туркманистон дар музокирот бо намояндагони Бонки чаҳонй, дар мавриди тарҳи » Роғун » гуфтаанд, Точикистон ҳақ дорад дар ростои ниёзҳои иқтисоди худ аз манобеи обй истифода кунад, вале мақомоти Душанбе бояд уҳдадор шаванд, ки дар сурати такмили ин неругоҳ мачрои об ба кишварҳои ҳамсоя коҳиш нахоҳад ёфт.Танҳо мухолифати Туркманистон дар мавриди тарҳи «Роғун» он аст, ки ин тарҳ барои танзими чараёни об дар минтақа пешбинй шуда буд ва ҳоло чаро аз он барои тавлиди неруи барқ истифода мекунанд.Қазоқистон дар мавриди «Роғун » мухолифати чандоне нишон надодааст. Мақомоти ин кишвар ба намояндагони Бонки чаҳонй гуфтаанд, тарҳҳое назири «Қамбарота» дар Қирғизистон ва » Роғун » дар Точикистон марбут ба ҳамаи кишварҳои минтақа ҳастанд ва Остона омодааст ба шабакаҳои барқи Точикистон ва Қирғизистон бипайвандад.Дар ин миён Афғонистон зимни тарафдории комил аз тарҳи «Роғун», ба намояндагони Бонки чаҳонй гуфтааст, ин як зарурати бархоста аз ниёзҳои иқтисодии минтақа аст.
Ҳарчанд тарҳи » Роғун » як тарҳи минтақайи ва як масъалаи сирф иқтисодй аст, аммо Узбакистон бо мухолифатҳои шадиди худ, ин мавзуро на танҳо байналмилалй кард, балкй ба он рангу буйи сиёсй дод ва ба аҳрами фишор ба кишвари ҳамсояи худ табдил дод.Давлати Тошканд бо таъсиси «Гуруҳи экологй» дар порлумони худ, чабҳаи бузурги муборизаи иттилоотй алайҳи тарҳи «Роғун»-ро ба роҳ монд ва бояд гуфт дар ибтидои ин раванд то ҳадде муваффақ ҳам шуд.Аммо ба тадрич чомеаи чаҳонй ва ниҳодҳои дахлдор эҳсос карданд, ки ҳама иддаоҳои Узбакистон сиёсй ва дар ростои хусумат ба Точикистон анчом мешаванд.Аз ин ру дар арсаи муборизоти иттилоотй акнун баранда Точикистон буд ва мутахассисон ва коршиносони ин кишвар бо интишори матолиби мувассақ ва мавриди эътимод, собит карданд, ки тарҳи «Роғун» чуз манфиат чизи дигаре барои минтақа ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Натича он шуд, ки кишварҳои мухталиф ва созмонҳои байналмилалй бо тағйири мавозеъ, аз сохти неругоҳи «Роғун» чонибдорй карданд. Гузориши ахири Кумитаи равобити байналмилали Сенати Амрико, посухи Бонки чаҳонй ба экологҳои узбак ва баёнияи Строун Стивенсон, намояндаи порлумони Аврупо тасдиқе дар ҳамин замина аст.Нуктаи муҳим он буд, ки намояндаи порлумони Аврупо аз кишварҳои Ғарб даъват кард, ки аз талошҳои Точикистон дар баҳрабардорй аз захоири оби Осиёи Марказй ва тарҳи неругоҳи «Роғун», ки метавонад омили пешрафти иқтисоди минтақа шавад, пуштибонй кунанд.
Яке аз далоили ҳимоятҳои Ғарб ва дигар ниҳодҳои байналмилалй аз мавзеи Узбакистон дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй он аст, ки Узбакистон дар барномаҳои минтақайии Ғарб нақши боризтаре дар муқоиса бо Точикистон дорад.Ин нақш дар пайи вахомати авзои маотиқи қабоилии Покистон, ки маҳалли тронзити коло ва тачҳизоти Ғарб ба Афғонистон буд, аҳамияти бештаре пайдо кард. Аммо ахиран ба назар мерасад, ки мавзеи калавандаи раиси чумҳури Узбакистон дар ҳамкорй ва ҳамкорй накардан бо шарикони худ, кишварҳои ғарбиро бар он доштааст, ки дар пайи чустучуи роҳҳои чадиди интиқоли колои худ ба Афғонистон хорич аз қаламрави Узбакистон бишаванд.
Дар ҳамин росто тарҳои пайвастани роҳи оҳани Қазоқистон ба шабакаи роҳи оҳани Туркманистон дар ҳоли ичро аст, ки аз тариқи он вагонҳои марбут ба Ғарб аз Русия ба Қазоқистон ва аз он чо ба Туркманистон ва сипас тавассути мошинҳо ба Афғонистон мунтақил хоҳанд шуд.Ин тарҳ аҳамияти Узбакистонро ба таври қобили мулоҳизае дар барномаҳои Ғарб коҳиш дод ва ғарбиҳо дар бархе масоил чун қабл аз Узбакистон ҳимоят намекунанд.Аз суи дигар ичрои бархе барномаҳои ғарбиҳо дар Афғонистон, бе мушорикати Точикистон ва такмили тарҳҳои гидроэнергетикии ин кишвар имконнопазир аст. Яъне ҳимоятҳои Ғарб аз мавзеи Точикистон дар баҳрабардорй аз манбаъҳои обии минтақа, на аз руи дилсузии ғарбиҳо, балкй бештар дар ростои аҳдофи худи онҳост.
Дар ҳоле ки ҳануз натоичи таҳқиқоти Бонки чаҳонй эълом нашудааст, гуруҳи экологии узбак ин бонкро дар мавриди он чй «бозичаи дасти Точикистон» шудааст мегуяд, мутаҳҳам мекунад.Вазорати умури хоричаи Узбакистон рузи 11 май баёнияи ин гуруҳро мунташир намуд, ки дар он ҳушдорҳои такрории мақомоти узбак дар мавриди ба истилоҳ оқибатҳои зистмуҳитии сохти неругоҳи «Роғун» дарч шудаанд. Коршиносони узбак иддао мекунанд, дар сурати коҳиши чараёни об, Узбакистон солиёна 4 миллиард доллар ва дар пайи вайроншавии муҳити зист, 146 милион доллар зарару зиён хоҳад дид.Ин баёния дорои ҳамон иддаоҳои қаблии давлати Тошканд аст, ки ахиран тавассути мақомоти аршади кишварҳои мухталиф ва ниҳодҳои байналмилалй, қотеъона рад шудаанд. Аз чумла Яков Бляшко, узви Иттиҳодияи байналмилалии гидроэнержй дар тозатарин ибрози назари худ гуфт, тарҳи неругоҳи «Роғун» дар замони шуравй ва тавассути мутахассисони ботачриба таҳия шуда, аз ҳар нигоҳе мавриди эътимод ва дар муқобили зилзила муқовим аст. Аксари коршиносони мустақил ва соҳибназарон бар ин боваранд, ки тамоми иддаоҳои Узбакистон дар бораи хатароти зистмуҳитии неругоҳҳои «Қамбарота» дар Қирғизистон ва «Роғун» дар Точикистон, ангезаҳои сиёсй дошта дар ростои мухолифат бо рушду пешрафти кишварҳои ҳамсоя анчом шудаанд.Аз суи дигар Иттиҳодияи Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмилалй барои ояндаи Афғонистон барномаҳое таҳия кардаанд, ки иртиботи мустақим бо такмили неругоҳҳо дар Точикистон доранд.Ҳамчунин Русия, ки талош дорад бозари энержии Осиёи Марказй ва Чанубиро таҳти тасаллут дошта бошад, моил аст тарҳи неругоҳи «Роғун» такмил шавад.Бо таваччуҳ ба ин, интизор меравад сарфи назар аз мухолифатҳои Тошканд, ки пояҳои заъифи илмй доранд, Точикистон бо кумак ва пуштибонии ниҳодҳои молии байналмилалй муваффақ ба ичрои ин тарҳи барои иқтисоди минтақа муҳим,бишавад.

Киргизистон дар гирдоби ходисаҳо

Рузи чумъаи 29 апрели соли чорй Кенешбек Дуйшибоев, раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки дар порлумони ин кишвар сухан мегуфт, аз таъсиси ҳизби чадид тавассути шаҳрвандони ин кишвар дар қаламрави Афғонистон хабар дод.Кенешбек Дуйшибоев афзуд, бар асоси иттилооти ба даст омада аз манобеи боэътимод, чанде қабл гуруҳе аз шаҳрвандони узбактабори Қирғизистон, ки дар пайи ҳодисҳои июни соли гузашта ба Афғонистон фирор карда буданд, ҳизби чунбиши исломии Қирғизистонро таъсис карданд.Вай таъкид кард, дар айни ҳол ҳудуди 400 нафар аз ин афрод дар урдугоҳҳои вижа омузишҳои низомй мегиранд ва барои бозгашт ба Қирғизистон омода мешаванд.Бино ба гуфтаи ин мақоми аршади амниятии қирғиз ҳадафи аслии ин ҳизб тақсим кардани кишвари соҳибистиқлоли Қирғизистон мебошад.
Албатта пайдоиши гуруҳҳои мусаллаҳи шаҳрвандони узбактабори Қирғизистон дар кишвари ҳамсоя, хабари чадиде нест ва Роза Отунбоева, раиси чумҳури ин кишвар 1 феврали соли чорй дар дидор бо мардуми устонҳои чануби Қирғизистон гуфта буд, ки болиғ бар 200 нафар аз шаҳрвандони вилоятҳои чанубии ин кишвар дар урдугоҳҳои Афғонистон машғули омузишҳои низомй ҳастанд.
Бо ин ҳол аз манобеи дигаре хабари таъсиси ҳизби чунбиши исломии Қирғизистон тасдиқ ва ё рад нашудааст, танҳо чизе ки чалби таваччуиҳ мекунад, замони эъломи ин хабар аст, ки чанд руз қабл аз эъломи гузориши кумиссиюни байналмилалй дар мавриди ҳаводиси моҳи июни соли гузаштаи ин кишвар мебошад. Дар гузориши ин кумиссиюн аз чумла таъкид шуда, ки дар даргириҳои низомии моҳи июни гузашта аносир ва авомили миллигаро ҳузур надошта, иқдомоти нажодпарастонае низ сурат нагирифтааст.
Аммо дар мавриди ояндаи амният дар Қирғизистон раиси кумитаи амнияти миллии ин кишвар, дар ҳузури намояндагони миллат, чанд авомили вайронгарро баршумурд.Кенешбек Дуйшибоев ҳал нашуда боқй мондани масъалаи хати марз бо ҳамсоягонро ба унвони аввалин омили баҳамзанандаи амният муаррифй кард.Вай аз он чй «тачовузи хомуш»-и бархе ҳамсояҳо ба манзури ҳалли масоили баҳсбарангез тавсиф кард, ба унвони омили дуввуми таҳдид ба суботу амният ёдовар шуд.Раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баҳсҳои доимй миёни манотиқи ҳаммарз бо ҳамсоягон дар мавриди баҳрабардорй аз оби рудхонаҳои муштаракро омили севвуми таҳдид ба амният ном бурд.Убури масири қочоқи маводи мухаддир, инсон ва ашёи бостонй аз қаламрави Қирғизистон омили чаҳоруми таҳдид ба суботу амнияти Қирғизистон тавассути раиси кумитаи амнияти миллй муаррифй шуд.Кенешбек Дуйшибоев бо ишора ба даргириҳои ахир дар шарқи Точикистон, тазаккур дод, ки ба эҳтимоли зиёд такрори чунин ҳаводис пешбинй мешавад. Вай афзуд тачаммуъи гуруҳҳои ифротй дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказй тасдиқе дигар ба ин дидгоҳ аст, ки нооромиҳо ба минтақа сироят хоҳанд кард. Нигарониҳои мақомоти қирғиз дар мавриди сирояти нооромиҳо аз хорич ба ин кишвар, фақат ба суханрониҳои раиси кумитаи амнияти миллй ва ё ҳушдори раиси чумҳури ин кишвар хулоса намешавад, муддатҳо қабл рузномаҳои ба истилоҳ мустақили Узбакистон ҳушдор дода буданд, ки чунончй ҳуқуқи узбакҳои муқими Қирғизистон нодида гирифта шавад, Тошканд ба таври чиддй вориди амал хоҳад шуд.Бархе аз ҳафтаномаҳои узбак ҳатто иқдомоти низомиро дар ин замина истисно накарда буданд.Баъд аз ҳаводиси моҳи июни соли гузаштаи мелодй дар вилояти Уш, ки мунчар ба кушта шудани теъдоди зиёде аз шаҳрвандони қирғиз, аз чумла узбактаборони ин кишвар шуд, давлати Тошканд бо тамоми тавон талош кард ин ҳаводис мавриди баррасиҳои байналмилалй қарор гирад.Мақомоти аршади узбак интизор доштанд, ки ин кумиссюн мавриди табъизи нажодй қарор гирифтани ақаллияти узбак дар ин ҳаводисро ба исбот хоҳад расонд ва барои Узбакистон роҳ дар чиҳати дахолатҳои мустақим дар умури давлати Бишкек ҳамвор хоҳад шуд.Аммо қарори маълум, ин интизор бароварда нашуд.Дар ин миён, ҳамон гуна аз гузоришоти сохторҳои амниятии қирғиз бармеояд, хадамоти вижаи Узбакистон дар пайи тақвияти фаъолиятҳои чосусй шуд, то заминаи вуқуъи нооромиҳо дар Қирғизистонро фароҳам кунад.
Дар ин робита то имруз матолиби муталифе дар сойтҳои интернетй мунташир шудаанд, аммо суханронии раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар порлумони ин кишвар (29 апрел)нахустин мавриде буд, ки як мақоми аршад ангушти иттиҳомро ба узбакҳо ишора рафт.Дар ҳамин робита суханони Виталий Волков, коршиноси олмонй, ки аз манобеи узбак нақли қавл карда, бештар чалби таваччуҳ мекунад, гуфта: дар сурати такрори ҳаводиси моҳи июни соли 2010, Узбакистон дар дифоъ аз ҳамқавмони худ дар қаламрави Қирғизистон, қотеъонатар амал хоҳад кард, ҳатто мудохилаи низомй истисно нест.Албатта дар замони руйдодҳои устони Уш (10 июни соли 2010), вақте ки дар Узбакистон нишасти сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой чараён дошт, Ислом Каримов дар мавзеъгирй дар қиболи он ҳаводис гуфта буд: ин кори дохилии давлати Бишкек аст.Ҳамин нукта баъдан дар вокуниши Паймони амнияти чамъй дар қиболи он ҳаводис, мунъакис шуд.Аммо баъд аз руйдодҳои Либй ва судури ичозатномаи Созмони милали муттаҳид дар мавриди мудохилаи низомй дар таҳаввулоти ин кишвар, намунаи ибратсозие дар ин замина сурат гирифтааст ва замзамаҳои мақомоти Тошканд дар бораи эҳтимоли дахолатҳои низомй дар кишварҳои ҳамсояро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард.
Дар бори дурнамои амният дар Қирғизистон як коршиноси муқими Бишкек, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, хадамоти амниятии Бишкек далелҳои боэътимоде дар даст доранд,ки бархе кишварҳои ба истилоҳ ҳамсоя бо ҳамкории хадамоти вижаи кишварҳои ғарбй дар пайи дар муқобили ҳам қарор додани ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Қирғизистон ҳастанд. Қабл аз ин дигар манобеъ низ аз ҳамкории гуруҳҳои ба истилоҳ исломй бо хадамоти вижаи ин кишварҳо дар чиҳати ноамн кардани бархе манотиқи Осиёи Марказй парда бардошта буданд.Ахиран расонаҳои иттилоотии Қирғизистон ва Точикистон хабарҳое дар бораи муздури хадамоти вижаи яке аз кишварҳои минтақа будани бархе аз аъзои боздоштшудаи ҳизби таҳрир ва ҳаракати исломии Узбакистон, мунташир карданд.Аз ибрози назари мақомоти ҳизби Наҳзати исломии Точикистон низ бармеояд, ки ҳануз дар даҳаи 90 қарни гузашта авомили хадамоти амниятии Узбакистон ба суфуфи ҳаракати исломии Узбакистон нуфуз карда буданд.Дар шароити кунунй мақомоти Бишкек аз он бим доранд, ки бархе неруҳои хоричй бо истифода аз фурсат, доманаи ноамниҳоро мучаддадан ба ин кишвар бикашанд.Аз ин ру бо баргузории манёврҳо бар он шудаанд, ки зариби дифоъии кишварро афзоиш диҳанд ва ҳамзамон бо иттилорасониҳо, нишон бидиҳанд, ки авзоъро ба таври комил таҳти назорат доранд.