Чанде қабл расонаҳои мухталифи иттилоотй, аз чумла сойти «Fergana.ru » хабару гузоришҳое дар мавриди омодагиҳо барои ба додгоҳ муаррифй намудани Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба иттиҳоми чиноят алайҳи башарият, мунташир намуданд. Дар ин матолиб гуфта шудааст фарде бо номи Марк Рупперт, ки дар Шветсария ба сар мебарад, чунбише бо номи «Against Karimov » (Алайҳи Каримов) таъсис намудааст.Ин чунбиш, ки расонаи худро дорад, баёнияе хитоб ба мардуми Узбакистон чоп намудааст, ки дар он аз чумла омадааст:Даҳҳаи дуввум аз замони оғози сиёсати фишор ва чиноят алайҳи мардум тавассути сохторҳои ҳукумати Узбакистон ба саркардагии Ислом Каримов, дар ҳоли итмом аст.Солиёни мадидест, ки фишору таҳдиди михолифони сиёсатҳои ҳукумат ва саркубу куштори шоҳидони руйдодҳои Андичон идома дорад.Фишору таъқиби рузноманигорон, фаъолони ҳуқуқи башар, дар мачмуъ ҳамаи дигарандешон, ки кучактарин мухолифатро ба амалкарди мақомот аз худ нишон медиҳанд, ҳамвора чанбаҳои густурдатаре касб мекунад…
Марк Рупперт ҳадаф аз таъсиси чунбиши « Against Karimov »-ро кумак ба мардум чиҳати раҳойи аз Ислом Каримов ва дору дастаи чинояткори у унвон кардааст.Шиори ин чунбиш «Золим бояд сарнагун шавад!» мебошад.Бар асоси матолиби сойти мазкур, фаъолони ин чунбиш қасд доранд бо таҳияи санадҳои лозим, ки иборат аз чиноёти Ислом Каримов алайҳи мардуми Узбакистон мебошанд, раиси чумҳури Узбакистонро ба додгоҳҳои марбутаи байналмилалй муаррифй кунанд.Гуфта мешавад, то имруз болиғ бар 300 шикоят аз афроди мухталиф, шаҳрвандони чабрдидаи Узбакистон, ки дар кишварҳои мухталифи чаҳон дар табъид ба сар мебаранд,ба ин чунбиш ироа шудааст.
Фаъолони чунбиши «Against Karimov» бо ишора ба сенариёи боздошти Пинoчет, диктатори Чилй,(Пинчет дар соли 1998 барои анчоми амали чарроҳй ба Лондон омад ва бар асоси дархости додситонии Испаниё барои қатлиоми мардуми бегуноҳ, боздошт шуд), бар ин боваранд, ки бо истифода аз «додгоҳҳои мутамаддини» аврупойи битавонанд Ислом Каримовро ба пойи курсии муҳокима бикашонанд. Ин дар ҳолест, ки коршиносон имконияти муваффақияти ин чунбишро дар боздошт ва мучозоти Ислом Каримов бисёр заъиф арзёбй мекунанд, зеро Узбакистон узви конвенсиюни аврупойии дифоъ аз ҳуқуқи башар нест ва дар ин замина ҳеч уҳдадорие надорад.Бо ин ҳол, тибқи муқаррароти байналмилалй, чунончй Шурои амнияти Созмони милали муттаҳид ба Додгоҳи байналмилалии чинои дархости боздошт пешниҳод намояд, чунин коре қобили ичро аст.
Аммо воқият он аст, ки дар шароити кунунии чаҳон ва минтақа аз эҳтимол дур ба назар мерасад, ки кишварҳои ғарбй ба дархости мухолифони узбак чавоби мусбат бидиҳанд. Зеро дар айни ҳол кишварҳои ғарбй дар ростои ичрои барномаҳои роҳбурдии хеш ба таври бесобиқае ба ҳамкорй ва мусоидатҳои Узбакистон ниёз доранд.Аввал ин ки бе ҳамкории давлати Тошканд ичрои барномаҳои НАТО дар Афғонистон ба мушкил мувочеҳ мешаванд.Дуввум, дар шароите, ки Иттиҳодияи Аврупо дунболи манобеи чойгузин барои раҳойи аз вобастагии газии ба Русия, мегардад, манобеи гози Узбакистон аз чумлаи гузинаҳо дар ин заминаанд.Саввум, фосила гирифтани Ғарб аз Узбакистон боиси густариши нуфузи қудратҳои рақиби Ғарб, назири Чин ва Русия дар Узбакистон хоҳад шуд ва дар дарозмуддат давлатҳои ғарбиро аз манобеи саршори ин кишвар бенасиб хоҳад кард.Дар мачмуъ ниёзи Ғарб ба Узбакистон ҳарфи худро мегуяд ва паллаи тарозуро ба нафъи Тошканд вазнин кардааст.
Бо вучуди ин ҳама бояд гуфт дар айни ҳол Узбакистон дар марҳалаи ҳассосе қарор дорад ва раванди омодагиҳо барои интихоботи мачлиси суфлои порлумони ин кишвар дар чараён аст. Қишри ҳоким бо тамоми тавон талош дорад мавқеи худро ҳамчунон ҳифз кунад ва кучактарин мачоле барои мухолифатҳо, ҳатто мухолифатҳои лафзй боқй нагузорад.Аз суи дигар Ислом Каримов дар ростои таҳкими чойгоҳи худ дар саҳнаи сиёсии Узбакистон, ки меросй кардани қудратро барояш тазмин кунад, ба пуштибониҳо дар дохилу хорич ниёз дорад. Аз ин ру давлати Тошканд низ заъфҳое дорад, ки имтиёзоте дар ихтиёри шарикони ғарбию шарқиаш қарор додаанд.
Зуҳури чунбиши «Against Karimov» ба худии худ гуёи ин воқеият аст, ки сарфи назар аз сиёсатҳои саркуб ва хафақон, дар Узбакистон мухолифат ҳамчунон зинда аст.Шояд талоши ин чунбиш дар ба додгоҳ кашидани раиси чумҳури Узбакистон номуваффақ боқй бимонад, аммо ин воқеиятро барои чаҳониён гушзад хоҳад кард, ки «Ғарби мутамаддин» ҳимоят аз озодиҳои шаҳрвандиро шиоре барои дастёбй ба ҳадафҳои иқтисодию сиёсии худ қарор додааст.Албатта бо фишорҳои Ғарб (муомилаҳои Ғарб)дар Узбакистон бархе таҳаввулот шакл гирифт, аммо ин таҳаввулот ҳеч таъсире дар амалкарди ҳокимони худкомаи узбак накардаанд.Аз суи дигар чунбиши мазкур то ҳадде хоби сарони худкомаи Осиёи Марказиро, ки бо қонунҳои нонавишта худро ҳокимони модомулумр эълом кардаанд,парешон хоҳад кард.
Filed under: Сиёсат, USA, Uzbekistan, West | Leave a comment »