Ахмадинажод ба Душанбе меояд

Бар асоси иттилои сафорати Чумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси чумҳури Эрон рузҳои 6-7 январи соли 2010(16-17 даймоҳ) дар чорчуби як сафари расмй, аз Точикистон боздид хоҳад кард.Интизор меравад тайи ин сафар музокирот миёни мақомоти олирутбаи ду кишвар дар масоили иқтисодй, тичорй ва фарҳангию илмй анчом шуда, чанд санади ҳамкорй миёни тарафҳо ба имзо расад. Нигоҳе ба раванди муносибот миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикистон баёнгар аз он аст, ки муносиботи ду кишвар дар бахшҳои сиёсй, иқтисодй,фарҳангй ва тичорй бо пуштивонаи вучуди иштирокоти фаровони фарҳангй, таърихй, динй ва забонй аз замони истиқлоли Точикистон дар 18 соли пеш то кунун, ҳамвора масири пешрафтро паймудааст.
Зикри ин нукта дорои аҳамият аст, ки то ин дам баргузории ҳафт ичлоси кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодй, тичорй, илмй ва фарҳангии Эрон ва Точикистон, имзои беш аз 107 тавофуқнома ва тафоҳумнома сафарҳои мутақобили масъулони ду кишвар ва муҳимтар аз ҳама ҳузури бахши хусусии Эрон дар Точикистон заминаи робитаи барои ду тараф судмандро беш аз пеш тақвият кардааст. Эрон ва Точикистон то қабл аз фурупошии Шуравй равобити бисёр заъифе доштанд ва он ҳам аз тариқи коноли Маскав анчом мешуд.Ҳамин амр боис шуд, ки ду миллат тайи ҳафтоду анд соли режими коммунистй аз ҳам дур буданд.Албатта сиёсатҳои ғарбгароёнаи ражими Паҳлавй низ дигар омили дар ҳошияи сиёсатҳои Эрон қарор гирифтани Точикистон ба унвони танҳо кишвари форсизабон дар қаламрави Иттиҳоди Шуравй буд.Бо касби истиқлоли Точикистон дар соли 1991, Чумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кард.Баъд аз ин равобити мустақими ду кишвари ҳамзабон поягузорй шуд, ки имруз шоҳиди тавсаъа ва таҳкими рузафзуни он ҳастем. Аз вижагиҳои равобити миёни Теҳрон — Душанбе он аст, ки ин равобит бидуни фарозу нишеб ва масоили чонибй будаанд ва ин мар аз хосту иродаи раҳбарони олирутбаи ду тараф, ҳамчунин вучуди эътимоди мутақобил нашъат мегирад. Сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Душанбе дар шароите анчом мешавад, ки ахиран рафту омадҳои мақомоти ду кишвар то ҳадде коҳиш ёфтааст, ки далели он баргузории интихоботи раёсати чумҳурй дар Эрон ва омодагиҳо ба интихоботи порлумонй дар Точикистон будааст. Аз ин ру мавзуоти ниёзманд ба баррасиҳои бештари мақомоти олирутбаи ду тараф кам нестанд.Аз чумла, бо таваччуҳ ба мушкилоти таъмини неруи барқ дар Точикистон, интизор меравад, ки суръат додан ба раванди баҳрабардорй аз неругоҳи барқи обии «Сангтуда 2», ки тавассути мутахассисони эронй дар ҳоли сохт дар Точикистон аст, аз мавзуоти меҳварй дар музокироти Аҳмадинажод ва Раҳмон, раисони чумҳури Эрон ва Точикистон бршад. Албатта, он гуна ки зикр шуд, имзои чанд тарҳ ва санади муҳим, ки робитаҳои ду кишвари ҳамфарҳангро вориди марҳалаи чадиде хоҳанд кард, низ дар назар гирифта шудааст. Бо ин ҳол наметавон гуфт, ки равобит миёни ду кишвари Эрон ва Точикистон бидуни масоили ҳалталаб аст. Бе кор кардани раводид миёни ду кишвари ҳамзабон, ҳамфарҳанг, ҳамтаърих ва ҳамдин аз чумлаи маворидест, ки бояд масъулони ду тараф дар ичрои он чиддияти бештаре нишон диҳанд. Аз суҳбатҳо бо соҳибкорону точирони эронй бармеояд, ки бархе аз онҳо ба далели вучуди ришвахорй дар сохторҳои хукумати Точикистон, аз фаъолият дар ин кишвар дилсард шудаанд. Хамин амр боис шудааст, ки ҳамкориҳои иқтисодй ва тичории дучониба миёни Эрон ва Точикистон пойинтар аз ҳадди зарфият ва имкониятҳои мавчуд дар ду кишвар бошанд. Аз суи дигар мо шоҳиди он ҳастем, ки бозорҳои Точикистон ба тадрич таҳти тасаллути маҳсулоти Чинй қарор мегиранд ва ҳузури колоҳои эронй дар муқоиса ба 8-9 соли қабл дар ҳоли камранг шудан аст. Агар аз як тараф сабаби чунин саҳнае вучуде бархе мушкилот (сахтгириҳои бархе гумрукчиён, ришваситонй, набуди хати мустақими автомобилй ва релй миёни ду кишвар …)бошад, аммо аз суи дигар иллати аслии ин амр он аст, ки дар ибтидои вуруди точирон ва бозаргонони эронй ба Точикистон, бисёр точирони ғайрикасбй(омотур) ибтикори амалро дар даст доштанд. Ин афрод бидуни барномаҳои мушаххас ва фақат барои касби даромади «ҳарчи бештар ва ҳарчй зудтар» даст ба кор шуданд ва натича он буд ба аввалин рақобатҳо, ки хоси иқтисоди бозаргонй аст, тоб наоварданд ва на танҳо худ варшикаст шуданд, балки чойгоҳи маҳсулоти эрониро дар бозорҳои Точикистон тазъиф карданд. Дар бахши фарҳангй , ки зоҳиран муваффақтар аз дигар бахшҳо будааст,ҳануз ҳам чойи як нашрияи муштараки кишаврҳои форсизабон, ки дар се кишвари Эрон, Афғонистон ва Точикистон мунташир шавад, холист. Манофеи ду кишвари Эрон ва Точикистон, ҳамчунин авзои минтақа ва чаҳон эчоб мекунад, ки чиҳати баҳрабардорй аз имконият ва зарфиятҳои мавчуди ду кишвар ва рафъи мавонеи мавчуд дар масири ҳамгаройиҳои ҳарчй бештар, тайи ин сафари раиси Чумҳури Исломии Эрон ба Точикистон асноди стротегй, ки зомини таҳким ва тавсаъаи ҳарчй бештари ҳамкориҳои дучониба дар тамомии заминаҳо бошад, ба имзо бирасад. Барои ин амри начиб хост ва иродаи раҳбарон, масъулон ва миллатҳои ду кишвар дар мизони зарурй вучуд дорад.

Тошкент ва Душанбе дар рохи хамкорихо

Расонахои иттилоотии Точикистон дар бораи сафари намояндагони ширкати «Точиктрансгаз» ба Тошканд ва эхтимоли пойин омадани нархи гази воридотй аз Узбакистон хабару гузоришхои гуногуне мунташир намуданд. Дар голиби маворид ба натичахои ин сафар хушбинона менигаристанд ва тахмин мезаданд, ки кишвари хамсоя бо таваччух ба пойин омадани кимати газ дар бозорхои чахонй, нархи гази содиротй ба Точикистонро барои хар 1000 метри мукааб аз 240 доллари кунунй ба 170 доллар кохиш хохад дод. Аммо хайати точикистонй аз Тошканд бо дастони тихй баргашт.Тарафи узбак хозир нашуд хостахои Душанбе дар мавриди пойин овардани нархи газро бипазирад. Чузъиёти бештаре дар бораи мавзуи музокироти тарафхои узбак ва точик мунташир нашудааст, аммо шак нест, ки масъалаи истифода аз оби рудхонахои фаромарзй бар руи масъалаи содироту воридоти газ соя афкандааст. Карори маълум Тошканд аз талошхои Душанбе дар мавриди такмили неругохи Рогун норохат аст ва бо тамоми тавон дар ин замина монеътарошй мекунад.Аммо Точикистон бо нодида гирифтани мухолифатхои Узбакистон барномахои сохти ин неругохро дунбол мекунад.
Дар тозатарин икдом дар ин замина мачлиси намояндагони шахри Душанбе рузи 6 январи соли 2010-ро рузи хамраъйии сокинони пойтахти Точикистон бо сохтмончиёни Рогун эьлом кард. Дар чунин шароите хам Душабе ва хам Тошканд бар ин умеданд, ки битавонанд химояти кудратхо ва ниходхои байналмилалиро аз мавзеъхоии хеш чалб кунанд. Акнун зохири масъала ин аст, ки кишвархои манфиатдор дар Осиёи Марказй аз мавзеи кадом тараф — Тошканд ё Душанбе — химоят хоханд кард? Посух ба ин пурсиш ба он бармегардад, ки дар айни хол барои ин кудратхо газ бештар судовар аст ё об? Раванди тахаввулот дар Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки дар айни хол кудратхои Гарбу Шарк «газ»ро аз «об» авлотар шумурданд.Гарб барои кохиши вобастагихои газии худ аз Русия, ба манобеи гази Узбакистон ниёз дорад. Русия низ бар он аст, ки Тошкандро аз хар гуна муомилоти газй бо Гарб боз дорад ва ин амр бидуни додани имтиёз ба Тошканд, имконнопазир аст. Албатта дар ин миён Точикистон дастхолй нест ва аз имконият ва зарфиятхои лозим барои чалби таваччух ва химояти кудратхо бархурдор аст, ки мавкеияти мумтози чугрофй, барки арзон, манобеи саршори уран ва … аз ин чумлаанд. Аммо заъфи дастгохи дипломатии Точикистон ахамияти ин зарфиятхоро камранг намудааст. Бо ин хол ба назар мерасад Точикистон тасмим гирифтааст бидуни химоят ва пуштибонихои хоричй барномаи сохти неругохи Рогунро бо истифода аз имкониятхои дохилй, дунбол кунад. Харчанд дар мактаи кунунй ихтилофот миёни Душанбе — Тошканд чиддй гирифта намешавад, аммо аз эхтимол дур нест, ки ин «бигу магухо» боиси низоъхои чиддитаре, хатто икдомхои мусаллахона шаванд. Амре ки то кунун борхо дар Осиёи Миёна шохид будаем. Вокеияти хол ин аст, ки давлатмардони ду кишвари хамсояи Узбакистон ва Точикистон муддатхост дар равобити байнихамдигарй дучори ихтилофи назархои чиддй хастанд.Ин мавзуъ ба вижа дар масъалахои хассосе назири таъйини хати марз,минагузорй дар тули марз,хариду фуруши газ ва интиколи энержии барк бештар машхуд аст. Ало рагми он ки масъулони ду тараф борхо чихати халлу фасли ин масоил даври хам нишастаанд, аммо бо дахолатхои мустаким ва гайри мустаким аз дохил ва хорич, натавонистаанд ба иттифоки назар даст ёбанд. Бидуни шак ихтилоф дар равобити Душанбе — Тошканд дар раванди ичрои барномахои Амрико ва НАТО дар Афгонистон монеи чиддй эчод хохад кард. Дар сурати хамкорй накардан ва ё ихлол дар хамкорихои ин ду кишвар бо Амрико, интикол мавод ва тачхизот барои низомиёни гарбии мустакар дар Афгонистон ба мушкили чиддй ру ба ру хохад шуд. Ин мавзуъ дар шароите, ки Амрико ва НАТО касд доранд нерухои тозанафас ба Афгонистон бифиристанд, бештар ахамият пайдо кардааст. Аз ин ру Вашингтон бо диккати тамом раванди тахаввулоти марбут ба равобит миёни Узбакистон ва Точикистонро тахти назорат дорад. Аз тахаррукоти дипломатии Амрико дар Узбакистон, хамчунин дар Точикистон бармеояд, ки Кохи сафед касд дорад ба таври гайримустаким накши миёнчигарй дар раванди халли ихтилоф миёни Душанбе ва Тошкандро ичро намояд ва хамзамон аз нуфузи Маскав дар муодилоти Осиёи Марказй бикохад.Табиист, чунин икдомоте дур аз диди Кремл нестанд ва Русия бо фаъолтар намудани тахаррукоти дипломатии худ дар Осиёи Марказй, тамоми имконоти мавчудро ба кор гирифтааст, то дар он чи ки «минтакаи суннатии нуфузи Маскав» мегуяд, чойгохи хешро хифз кунад.Сафари ахири Димитрий Медведев, раиси чумхури Русия ба Туркманистон ва боздиди расмии Сегей Лавров, вазири умури хоричаи Русия аз Тошканд дар хамин росто кобили арзёбй аст.Тайи сафари Медведев ба Ашкобод Русия ва Туркманистон дар мавриди аз саргирии содироти газ аз Туркманистон ба Русия дар хачми 30 миллиард метри мукааб, аз мохи январи соли 2010, ба тавофук расиданд. Дар Тошканд низ вазири хоричаи Узбакистон тавонист то хадди зиёде эътимоди Тошкандро ба Маскав таквият кунад ва Ислом Каримовро ба гуфтани ибороти зебои «дарвозахои Узбакистон ба руи Русия хамеша бозанд» водорад. Аммо тачрибаи таърих нишон медихад, ки умед бастан ба кумаки кудратхои хоричй дар дарозмуддат ба зиёни давлатхо ва миллатхо тамом хохад шуд. Аз ин ру аксари тахлилгарон бар ин нукта таъкид доранд, кишвархои Осиёи Марказй бо такя ба усули хамгарои ихтилофхои мавчуд дар равобити фимобайнро рафъ ва рохро барои хар гуна дахолатхои хоричй бибанданд.Тасмими тарафхои узбак ва точик дар мавриди азсаргирии музокирот марбут ба хариду фуруши газ, ки 26 декабр дар назар гирифта шудааст, аз хамин зовия кобили тааммул ва арзёбй аст.

Пирузии Чин ва дар бозори энержии Осиёи Марказй

Рузи душанбеи 14 декабр дар Туркманистон маросими пуршукухи ифтитохи хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин баргузор гардид. Бо хузури Ху Чин Тао, раиси чумхури Чин, Нурсултон Назарбоев, раиси чумхури Казокистон, Курбонгулй Бердимухаммадов, раиси чумхури Туркманистон ва Ислом Каримов, раиси чумхури Узбакистон хати лулаи гази Туркманистон — Чин ба фаъолият оғоз кард. Дар ин маросим сарони кишвархои мазкур ибрози итминон карданд, ки ин хати лула ба навъе чодаи кадимии арешимро эхё ва ба хамгаройии харчй бештари кишвархои минтака мусоидат хохад кард.Раисони чумхури Туркманистон ва Узбакистон дар суханони худ дар ин маросим бо эхсосот дар бораи «дурнамои дурахшони» тархи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин орзухои баландпарвозонае намуданд. Аз чумла раиси чумхури Узбакистон ангезахои Маскавгурезии худро пинхон надошт ва таъкид кард, ки ифтитохи тархи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин, накшаи геополитикии минтакаро тағйир дода, имкониятхои тозае барои содироти энержй фарохам хохад кард. Хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин аввалин хати лулаи интиколи энержй аз ин минтака мебошад, ки хорич аз каламрави Русия сурат мегирад. Бидуни шак ин руйдод ба маънии поёни инхисори(монополияи) Маскав бар манбаъхои энержии Осиёи Марказй аст.Аз ин чост ки макомоти минтака аз он ба унвони «муомилаи карн» ном бурданд. Харчанд дар бораи кимати гази содиротй ба Чин иттилои дакике ироа нашудааст, аммо барои Пекин ин нукта мухим аст, ки аз вобастагихои худ ба воридоти энержй тавассути роххои обй, ки хар ташаннуче метавонад боиси катъи онхо гардад, ба таври кобили мулохизае кохиш дихад.

Карордоди сохтани тархи интиколи газ дар масири Туркманистон — Узбакистон — Казокистон — Чин(ТУКЧ) мохи апрели соли 2006 миёни тарафайни дахлдор ба имзо расид.Дар ибтидои соли 2007 амалиёти сохти ин хати лула оғоз шуд ва дар камтар аз 3 сол ба поён расид.Тули ин хат то марзи Чин худуди 1800 километрро ташкил медихад ва дар назар аст тайи соли оянда тавассути он 13 миллиард метри мукааб газ интикол ёбад. Дар сурати такмил пешбинй мешавад, ки соли 2013 аз тарики хати лулаи ТУКЧ 40 миллиард метри мукааб газ аз Осиёи Марказй ба Чин содир шавад. Тарафи чинй муътакид аст, ки сохти хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин хеч таъсире бар манфиъатхои Русия дар ин минтакаи стротегй, надорад.Зеро гази мавриди истифодаи ин лула аз минтакаи «Сомонтепа», дар сохили рости рудхонаи Ому,ки карордоди он миёни тарафаи туркман ва ширкати чинй ба имзо расидааст, истихроч мешавад.Карори маълум, гази содиротии Туркманистон ба Русия аз манбаи «Давлатобод», дар вилояти Марв истихроч мешавад. Албатта ин андешахо баргирифта аз мулохизоти дипломатй ва бо таваччух ба хусни шарикй, ки Пекин ва Маскав дар киболи хам дар муодилоти минтака доранд, мебошанд.Вокеият он аст, ки Чин ба унвони ракиби чидди Русия дар дар бозори энержии Осиёи Марказй вориди амал шудааст ва акнун «Газпром»-и Русия наметавонад хостахои худро ба кишвархои ин минтака тахмил кунад. Русия дар ибтидои сохти хати лулаи гази Осиёи Марказй ба Чин ба андешаи ин ки ин тарх ба навъе коршиканй дар киболи тархи Nabucco хохад буд, ахамияти чандоне ба он надод. Зеро Маскав баъд аз он ки дар соли 2008 хозир шуд гази Осиёи Марказиро бо киматхои аврупои харидорй кунад, мутмаъин буд кишвархои Осиёи Марказй Русияро аз хар кишвари дигар авлотар хоханд шумурд. Аммо амалкарди Русия дар киболи шарикони худ дар Осиёи Марказй, беэътимодии сарони ин кишвархоро ба ваъдахо ва тарххои давлатмардони Кремл афзоиш додаст.Ба вижа, руйкарди Русия дар равобит бо Точикистон, ки содиктарин чумхурй ба Маскав дар Осиёи Марказй махсуб мешавад, сарони ин минтакаро дар нахваи равобит бо Русия беш аз хар замони дигаре эхтиёткор намудааст.Баъд аз фурупошии Шуравй Точикистон охирин кишваре дар махдудаи ин абаркудрат буд, ки аз каламрави «рубл», вохиди пули замони Шуравй, ки дар Русия мавриди истифода буд, хорич шуд.Ин амр миллионхо доллар ба корхонахо ва мардуми Точикистон зиён ворид кард, ки давлати Душанбе хануз кодир ба чуброни он нест.Вучуди пойгоххои низомии русии бидуни харочот барои Маскав дар каламрави Точикистон, аз дигар мавориди садокати Душанбе ба Маскав мебошад. Ба ивази ин хама, Русия на танхо ваъдаи 2 миллиард доллар сармоягузорй ба иктисоди Точикистонро ичро накард, балки бо талаф додани замон, зарару зиёнхои фаровоне ба ин кишвар ворид намуд.Чунин рафтори ба дур аз урфи шарикй ва хамкории Маскав, сарони Осиёи Марказиро ба ин натича расонд, ки ба суханон ё сахехтар бигуем, ба суханбозихои Русия беш аз хад дил хуш накунанд. Ин беэътимодй ба Маскав факат махсуси кишвархои Осиёи Марказй нест, дар мавриди энержй Чин низ «чуби» ваъдахои Русияро хурдааст. Дар соли 2006 миёни Русия ва Чин дар мавриди интиколи гази Русия ба Чин карордод ба имзо расид, аммо тарафи русй хеч тамоиле барои ичрои ин карордод нишон надод. Инак натича он аст, ки дигар Кремл наметавонад Осиёи Марказиро минтакаи суннатии худ тавсиф кунад. Дар мачмуъ ифтитохи хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин намоди дигаре аз нокомихои Русия дар амалй намудани барномахои иктисодии худ дар минтака мебошад.Аз ин ру интизор меравад Димитрий Медведев раиси чумхури Русия, дар сафари рузи 22 декабри худ ба Ишкобод талош хохад кард ин иштибохотро то хадди мумкин ислох кунад.

Япония ва Осиёи Марказй


Ахиран Қурбонқулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон дар чорчуби як сафари расмй ба Япония сафар кард.Ин нахустин сафари як раиси чумҳури Туркманистон ба Токио буд. Дар поёни ин сафар як баёния миёни ду кишвари Япония ва Туркманистон ба имзо расид. Ин санад, ки иборат аз шаш мода аст, густариши ҳамкориҳои Ашқобод ва Токиоро дар заминаҳои сиёсй, иқтисодй, тичорй, фарҳангй ва омузишй пешбинй мекунад. Ҳамчунин дар ин баёния ду тараф бар ҳамкории бештар дар мубориза бо тероризм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳҳои куштори чамъй ва дигар таҳдидҳои минтақаи ва чаҳонй таъкид карданд. Нахуствазири Япония дар дидор бо раиси чумҳури Туркманистон аз ифтитоҳи қарибулвуқуи сафорати кишвараш дар Ашқобод хабар дод ва таъкид кард, ки аз тамоили Туркманистон дар чиҳати густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои тичорй, иқтисодй, энержй ва ҳамлу нақл миёни ду тараф истиқбол мекунад.Юкиё Ҳотуёмо эълом кард, ки Япония дар бозсозии бандари «Туркманбошй» ва дигар тарҳҳои бузурги иқтисодии Туркманистон мушорикати фаъолона хоҳад кард.

Албатта муҳимтарин дастоварди сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Япония тавофуқи ду тараф дар заминаи энержй арзёбй мешавад. Нахустин сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Япония дар шароите сурат гирифт, ки таҳлилгарон аз муддатҳо қабл пешбинй мекарданд, дер ё зуд Япония ба унвони рақиби Русия ва Чин вориди муодилоти Осиёи Марказй хоҳад шуд.Қобили зикр аст, ки Япония ҳануз дар замони Шуравй таваччуҳи вижае ба Осиёи Марказй ба унвони бахши муҳими «Чодаи абрешим» дошт ва бо фурупошии Иттиҳоди Шуравй фаъолиятҳои пажуҳиширо дар ин шоҳроҳ тақвият кард.Акнун дар шароите, ки Чин ва Кореяи чанубй дар канори Русия нуфузи худро дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй ҳамвора густариш медиҳанд, Япония наметавонад назорагари ин раванд бошад. Зеро амнияти Япония ба таври мустақим ё ғайримустақим ба амалкарди ин се кишвар дар минтақа низ марбут аст ва манофеи Токио эчоб мекунад, ки ин кишвар вориди муодилот дар Осиёи Марказй шавад.Дар ин миён мавзуи манобеи фаровони энержии Осиёи Марказй аз аҳамияти вижае бархурдор аст, ки бидуни шаку шубҳа Япония ҳозир нахоҳад буд имкониятҳои хешро дар ин замина нодида гирад.Аз суе таҳлилгарони японй пешниҳод мекунанд, ки бояд Токио аз Созмони ҳамкории Шонгҳой истифода ва барои пайвастан ба ин ниҳоди минтақайи талош кунад.Бо таваччуҳ ба ин ки ду қудрати муҳими атомй — Русия ва Чин узви Созмони ҳамкории Шонгҳой мебошанд, аъзои нозир ё узви доим будани Япония имконияти манёври ин кишварро дар раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй бештар хоҳад кард. Имкониятҳои фаъол шудани дипломатия ва тақаррукоти Токио дар Осиёи Марказй аз чанбаҳои мухталифе имконпазир аст.Аввал ин ки Япония ба унвони шарики Амрико дар минтақа, метавонад дар ҳамсуи бо сиёсатҳои Вошингтон, рақобатеро бо Русия ва Чин дар ин минтақа шакл диҳад.Дар ин росто Токио метавонад дар ичрои барномаҳои хеш дар минтақа ба пуштибонии Амрико умед бандад.Дуввум, бо таваччуҳ ба ин ки кишварҳои Осиёи Марказй, ба вижа кишварҳое, ки аз манобеи саршори энержй бархурдоранд, барои иктишоф ва истихрочи нафту гази худ ба фановариҳои пешрафтаи Япония эҳтиёч доранд. Ҳамин амр тамоили ин кишварҳо ба ҳамкорй бо Япнияро афзоиш додааст, аз ин ру ба таври мустақил ворид шудани Токио ба муодилоти Осиёи Марказй низ аз эҳтимол дур нест.Саввум, дар шароити кунуни минтақа ва чаҳон, ки Осиёи Марказй дар конуни таваччуҳи қудратҳои Шарқу Ғарб қарор гирифтааст, Япония наметавонад аз ин раванд дар канор бимонад ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии ин кишвар эчоб мекунад, ки Токио ба таври фаъолонатаре вориди амал шавад.Ин сиёсатро ҳануз дар соли 2006 Асо Таро, нахуствазири вақти Япония таъйин карда буд.Вай тарҳеро бо номи «Осиёи Мраказй — коридори сулҳ ва субот» ироа карда буд.Бар асоси ин тарҳ сиёсатмадорони япон ба Осиёи Марказй ба унвони долоне ба Афғонистон нигоҳ мекунанд. Бо чунин руйкарде ин дидгоҳ бештар тақвият мешавад, ки Япония дар ҳамсуи бо тарҳи амрикойии «Осиёи Марказии бузург», ки соли 2005 тавассути Вошингтон ироа шуд, вориди муодилоти Осиёи Марказй хоҳад шуд. Албатта чунин раванде дар дарозмуддат ба нафъи Япония нахоҳад буд, аз ин ру ҳифзи манофеи Токио дар минтақа ниёзманди сиёсате мустақил аст, то битавонад эътимоди бештари кишварҳои Осиёи Марказиро чалб ва тамоили ҳарду даста аз кишварҳои мухолиф ва мувофиқи Амрико ва Русияро, ба ҳамкориҳо бо Токио, бештар кунад. Ҳамкориҳои Япония ва Қазоқистон дар тичорати уран, ки аз нимаи дуввуми даҳаи 90 шуруъ шуда,баёнгар аз азми чиддии Токио дар мушорикати фаъолона дар раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй аст. Дар айни ҳол Қазоқистон як чаҳоруми ниёзи Япония бо уранро таъмин мекунад.Ба иборати дигар Япония дар канори Амрико, Чин, ва Кореяи чанубй дар ҳоли табдил шудан ба муҳимтарин харидорони урани Қазоқистон аст.

Авруосиё ва замзамахои пули вохид


Дар шароите, ки бухрони молии чахонй фарогир шуда, рушди иктисодиро дар бисёре аз кишвархои чахон тахти шуъо карор додааст, кишвархои узви Иттиходияи иктисодии Авруосиё дар пайи таъсиси вохиди пули муштарак дар каламрави ин Иттиходия хастанд.Ба эътикоди бархе аз коршиносон ва сохибназарон пешбинй мешавад, ки зарфи 15 соли оянда арзи вохид дар ин созмони минтакайи чойгузини доллари амрикойи шавад.Хамин коршиносон мегуянд, бухрони молии чахонй собит кард, ки доллар наметавонад арзи мутмаъине барои кишвархо бошад, ба вижа дар пайи ташкили пули вохиди Иттиходияи Аврупо, чойгохи доллар дар арсаи чахонй бештар мутазалзил шуд. Албатта, пешниходи таъсиси пули вохид дар каламрави Шуравии собик аз муддатхо кабл матрах аст ва дар ин замина Казокистон борхо тарххои мухталифе ироа намудааст.Нурсултон Назарбоев, раиси чумхури Казокистон дар нишастхои минтакавй бо ишора ба ахамияти арзи вохид дар равандхои хамгаройи ва дар ростои эчоди сабукй дар муомилоти тичорй миёни кишвархо, зарурати ташкили пули вохидро ба миён гузошта буд.Аммо дар мавриди он ки пули чадид чи гуна бошад, хануз тархи мушаххасе ироа нашудаааст.Бо ин вучуд хадсу гумонхо бар онанд, ки рубли русй асоси таъсиси пули вохид дар каламрави Иттиходияи иктисодии Авруосиё бошад. Дар мулокоти мохи ноябри гузаштаи макомоти вазоратхонахои хоричии Русия ва Казокистон дар Маскав таъкид шуд, ки Иттиходияи гумрукии Русия, Казокистон ва Белорус метавонад заминасози таъсиси фазои вохиди иктисодй дар минтака бошад. Дар ин мулокот таъкид шуд, ки доллар дигар наметавонад зомини амнияти манобеи молии кишвархо бошад, зеро ин арз акнун ракибони худро дорад ва вобастагии иктисоди кишвархо факат ба доллар дар дарозмуддат ба зиёни ин кишвархо тамом хохад шуд. Бо таваччух ба равандхои иктисодие, ки дар минтака ва чахон дар холи шаклгирианд, пешбинй мешавад, ки зарфи 10-15 соли оянда арзи чадиде чойгузини доллар дар муомилоти миёни кишвархои каламрави Шуравии собик шавад. Ба эхтимоли кавй ин тахаввул факат ба ин минтака барнамегардад ва дигар кишвархои чахон низ ба тадрич дар сандукии арзии хеш арзи чадидеро чойгузини доллар хоханд кард. Карори маълум чунин пешниходе аз чумла дар нишасти мохи ноябри Созмони конфронси исломй дар Истонбули Туркия низ матрах шуд. Гурухе аз сохибназарон бар ин боваранд, ки дар оянда шохиди чандин арзи муштарак дар манотки мухталифи чахон хохем буд.Зеро бухрони молии чахонй осебпазирии як арзро дар химоят аз захирахои арзии кишвархо ба намоиш гузошт. Гузашта аз ин бо далелхои фаровони иктисодй, ки ахиран омилхои сиёсй низ ба онхо гирех хурдаанд, дигар доллар наметавонад ба унвони пули вохид мавриди эътимоди кишвархо дар муомилоти тичорй ва иктисодй бошад.Аз суи дигар зухури «евро» ба унвони пули вохиди Иттиходияи Аврупо собит намуд, ки доллар низ ракобатпазир аст ва дигар арзхо низ метавонанд чойгузини он бошанд.Бо таваччух ба ин, тахлилгарони умури иктисод пешбинй мекунанд, ки дар ояндае на чандон дур ин эхтимол вучуд дорад, ки кишвархои Осиёи чанубй «юан»-и Чинро ба унвони пули вохид дар муомилоти хеш, бипазиранд.Хамчунин ин интизор низ вучуд дорад, ки «динор» дар Ховари миёна накши пули вохидро ба даст бигирад. Яъне пешбинй мешавад, ки дар манотики мухталифи чахон бо таваччух ба чойгох ва тавони иктисодии ин ё он кишвар пулхои вохиди гуногуне зухур кунанд. Бо чунин руйкарде ин дидгох таквият мешавад, ки дар каламрави Иттиходи давлатхои мустакил(ИДМ) «рубл»-и русй чойгузини доллар шавад. Дар шароити кунуни чахон, ки ракобати кудратхо барои тасарруфи манбаъхои энержй дар минтакахои мухталифи чахон ташдид шудааст,сиёсатгузорихои кудратхо аз тарики барномахо ва тархои молй ахамияти бештаре касб кардааст. Дар чунин шароите «арзи собит» метавонад мухаррики чунин сиёсатхо бошад.Аммо таъсиси пули вохид дар хар минтакае аз чахон, шароит ва завобити худро дорад. Дар ин росто аз чумла вазъи иктисоди кишвархо накши мухим дорад ва зухури «евро» тасдики ин гуфтахост. Дар каламрави Иттиходи давлатхои мустакил иктисоди кишвархо дар сатххои мухталифе карор дорад, аз ин ру таъсиси пули вохид дар айни хол дур аз имкон аст. Бо вучуди ин иддеяи таъсиси пули вохид дар минтакаи пасошуравй хамчунон дар махофили мухталиф мавриди баррасй аст.Хатто бархе аз коршиносон пешбинй мекунанд, Созмони хамкорихои Шогхой низ метавонад сохиби пули вохиди худ шавад. Дар чунин шароите Русия ба унвони кишвари таъсиргузор дар муодилоти минтакайи, ибтикори амалро ба даст хохад гирифт, то бо хорич кардани доллар аз чархаи муомилот дар каламрави ИДМ, дар канори дигар ахдоф, хадафи калидии худ, яъне танг кардани нуфузи Амрико дар минтакаро амалй намояд. Албатта чунин икдом хатто дар ин минтака мухолифони худро дорад, аммо ба эхтимоли кавй Маскав хохад тавонист ин мухолифатхоро аз байн бибарад ва дидгоххои худро дар ин замина ба дигарон, ба истилох тахмил кунад. Иттиходияи иктисодии Авруосиё дар соли 2000 ташкил шуд.Кишвархои Белорус, Русия, Казокистон, Киргизистон, Точикистон ва Узбакистон аъзои он ва Арманистон, Молдова ва Украина узви нозир мебошанд

Матбуоти Русия точиконро тахкир мекунанд.

Суханони раиси чумхури Точикистон дар дидори чамъе аз намояндагони расонахои иттилоотии ин кишвар, бозтоби густурдае дар доирахои расонаи ва хабарй Русия пайдо кард.Эмомалй Рахмон дар ин мулокот, ки рузи 8 декабр баргузор шуд, аз чумла аз амалкарди хамтои узбаки худ интикод ва бино ба навиштаи нашрияхои русй, зимнан ишора намуд, ки ба Ислом Каримов дар яке аз руёруихои лафзй таъкид кардааст, ки Самарканду Бухороро бозпас мегирем. Ин суханони раиси чумхури Точикистон фурсти муносибе шуданд барои доман задан ба суитаблигот ва таъсиргузорй бар равобити кишвархои хамсоя, хамчунин тахкиру тавхини миллати точик ва шахси раиси чумхури ин кишвар. Банда харгиз касди вакили мудофеъ шудан барои шахси Эмомалй Рахмонро надорам. Барои ин кор ниходхои конунй фаъолият мекунанд. Аммо матлаби сойти интернетии Сегодня. ру маро ба навиштани ин сатрхо водошт. Дар ин макола, ки «Рахмон в поход собрался» унвон дорад, рафтори раиси чумхури Точикистон накухиш ва аз Маскав дархост шудааст барои сари чояш шинондани Рахмон вориди амал шавад ва аз картаи мухочирони корй истифода кунад. Муаллифи ин макола дар арзёбии худ ба ин натича мерасад, ки ин амалкарди раиси чумхури Точикистон бо тахрики Амрико сурат гирифтааст ва амрикоихо бо додани пул ба Рахмон ва ё умеди табдил шудани вай ба шахсияти таърихй, уро ба ин кор водоштаанд. Нуктае, ки дар ин чо чалби тавччух мекунад, истифодаи муаллифи макола аз вожаи «бахшиш» аст. Ин вожа дар Афгонистон ба маънии «тухфа», «подош» истифода мешавад. Аз ин чо бармеояд, ки муаллиф эхтимолан аз хабарчинхои даврони шуравй дар Афгонистон бошад ва фаромуш кардааст, ки вожаи «бахшиш» дар фарханги точикон корбурди тамоман дигаре дорад. Гузашта аз ин нависандаи маколаи мазкур аз истилохи «афгоникардани» авзои минтака сухан гуфтааст, ки тахкире ошкор ба мардуми шарифи Афгонистон аст. Дар ин макола зохиран аз он ибрози нигаронй шудааст, ки суханони раиси чумхури Точикистон механизми ташаннучи авзоъро дар минтака фаъол кард. Аммо худи муаллифи макола аз ин тарик мохирона донаи нифоку тафрикаи байникавмиро пошидааст. Вай бо ёдоварй аз огози сохтани неругохи Рогун, таваккуфи амалиёти сохт дар ин тархро ба «геноциди русхо ва русзабонон» дар Точикистон вобаста мекунад ва ба таъбири худ бесалохиятии мардуми бумиро ёдрас мешавад. Муаллифи маколаи Сегодня. ру (Павел Аристархов) ба мавзуъ ба гунае пардохтааст, ки гуё Точикистон яке аз музофотхои Федератсияи Русия аст. Вай менависад: «ангезахои империягии Рахмон, ки бо пулхои амрикойи тахрик дода шудаанд, метавонанд гарон тамом шаванд, аз ин ру рахбари точикро бояд фавран дар чояш шинонд». Ин чо хамзамон ин пурсиш матрах мешавад, дар сурате ки мавзуи бахс байни Точикистон ва Узбакистон аст, чаро ин нашрияи русй бо тамоми тавон ба химоят аз Узбакистон бархостааст? Зикри ин нукта ба маврид аст, ки мавзуи Самарканд ва Бухоро, ду шахри таърихии точикон, доги нангине дар таърихи муосири Осиёи Миёна аст.Имруз барои хамаи сохибони акл чун рузи рушан маълум аст, ки ин ду гахвораи фархангу тамаддуни точикон бо чи найрангу дасисахое ба Узбакистон фурухта шуданд. Агар дар чахони мутамаддини (цивилизованном мире)имруз зарае адолат бошад, бояд Самарканду Бухоро ба сохибони аслиашон баргардонда шаванд. Шояд бо гузашти замон ва бо руи кор омадани инсоне одил дар кишвари хамсоя, ин мавзуъ бо роххои дипломатй халли худро ёбад ва ин як амре ногузир аст. Зеро захирахои нафту газ, ки имруз картаи бурднок дар дасти Тошканд хастанд ва мазх ба хамин хотир кудратхо бо поймол кардани конунхои адолат, аз манфиатхои Тошканд пуштибонй мекунанд, абадй нестанд. Аммо имруз хеч кас дар Точикистон хозир нест(хамон гуна ки Сегодня.ру илко мекунад), ба ин хотир ба кишвари хамсоя юриш кунад. Бархе дигар расонахои русй низ такрибан бо чунин руйкард ба ин мавзуъ пардохтаанд. Албатта ин макомоти расмии точик хастанд, ки боястй дар ин робита эъломи мавзеъ намоянд, аммо бардошти мугризонаи бархе ба истилох рузноманигорон аз фурсат, мавзуест ки ба суботу оромиш дар минтака бармегардад. Дар ин робита зикри дидгоххои Александр Рар, коршиноси аврупойии масоили Иттиходи давлатхои мустакил ба маврид аст, ки мегуяд, дар шароити кунунй вогаройи ба нафъи хеч як аз кишвархои минтака нест. Ин коршиноси олмонй муътакид аст, ки ба танхои хеч як аз кишвархои Осиёи Марказй кодир ба халли масоили пеши ру нестанд. Бо ин вучуд, доирахое дар минтака ва берун аз он вориди амал шудаанд, ки дар Осиёи Миёна нооромихоро созмондихй кунанд.Барои ин доирахо дар чони хам афкандани ду кишвари хамсоя аслитарин хадаф аст, то аз ин тарик хамон сиёсати санчидашудаи «тафрика андозу хукумат кун»-ро дунбол кунанд ва обро гил намуда мохй гиранд. Аз ин ру ин миллатхои минтака хастанд, ки бо хунсо кардани чунин барномахо, бояд суботу амниятро дар хонаи худ хифз кунанд.

Узбакистон ва фраксиюни экологй дар порлумон

Узбакистон дар ҳоле ба интихоботи порлумонии 27 декабр омода мешавад, ки дар порлумони ояндаи ин кишвар 15 курсй барои «Ҳаракати экологии Узбакистон» дар назар гирифта шудааст.Яъне сарфи назар аз натоичи интихобот, 15 намоянда аз наҳзати мазкур вориди порлумони ин кишвар хоҳанд шуд. Дар шарҳи ин мавзуъ гуфта шудааст, ки «бо таваччуҳ ба аҳамияти мавзуи ҳифзи муҳити зист, саломати чомеа ва масоиле, ки ба манофеи кишвар ва тамоми мардум бармегарданд» фраксиюни экологии порлумони оянда фаъолиятҳои худро анчом хоҳад дод.
Ин иқдоми давлати Тошканд баёнгар аз азми чиддии Узбакистон дар пайгирй ва аммо агар саҳеҳтар бигуем, дар руёруйи бо сохтани неругоҳҳои барқи обй дар Қирғизистон ва Точикистон мебошад.Қарори маълум ахиран мақомоти узбак дар сатҳҳои мухталиф иддао мекунанд, ки сохти неругоҳҳои барқи обй дар болооби рудхонаҳо, яъне дар Қирғизистон ва Точикистон таҳдиде чиддй ба муҳити зист ва амнияти минтақа маҳсуб мешавад.Ин таҳаррукот дар шароите, ки Қирғизистон ва Точикистон бо тарроҳй ва ба марҳалаи ичро гузоштани барномаҳои миллй, сохтани неругоҳҳои азими барқи обиро дунбол мекунанд, беш аз ҳар замони дигаре шиддат гирифтааст. Ба вижа тайи ду соли ахир, мақомоти Узбакистон бо истифода аз нишастҳои мухталифи минтақайи ва чаҳонй, бар он шудаанд, кишварҳои дахлдор ва ниҳодҳои марбутаро мутақоид намоянд, ки сохтани неругоҳҳои «Қамбар ота» ва «Роғун» дар Қирғизистон ва Точикистон хилофи муқаррароти байналмилал буда, минтақаро дар маърази таҳдидҳои ғайриқобили пешбинй қарор медиҳанд. Дар ҳамин росто Тошканд то ин дам тавонистааст дар ду тарҳи муҳими Точикистон монеъ эчод кунад: Чинро аз сохтани неругоҳҳо дар рудхонаи Зарафшон ва ширкати «РусАл»-ро аз такмили неругоҳи «Роғун» мунсариф кард. Дар мавриди неругоҳи «Қамбар ота» низ фазосозиҳое анчом дод, ки то ҳадде дар барномаҳои такмили ин неругоҳ монеъ эчод кард. Охирин маврид аз иқдоми Узбакистон дар ростои монеътарошй дар раванди сохтани неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон, суханронии Владимир Норов, вазири корҳои хоричаи ин кишвар дар нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Афина — пойтахти Юнон 2 декабри соли чории милодй буд. Дар ин нишаст вазири корҳои хоричаи Узбакистон иддао кард, ки таҳдидҳои амниятй фақат терористон ва ё маводи мухаддир нест, балки таҳдидҳои экологй низ метавонанд суботу амнияти минтақаро халалдор кунанд. Вай иддао кард, ки дар қаламрави Созмони амният ва ҳамкории Аврупо таҳдидоти экологй ҳамасола дар ҳоли афзоиш ҳастанд.Ин мақоми узбак бо ишора ба фалокат дар неругоҳи Саяно Шушенски Русия (17 августи соли чорй) таъкид кард, ки такрори чунин ҳодиса дар неругоҳҳои Қирғизистон ва Точикистон дур аз эҳтимол нест.
Давлати Тошканд бо таъсиси фраксиюни экологй дар порлумон, чандин ҳадафро дунбол мекунад. Аввал ин ки чабҳаи мубориза бо тарҳҳои гидроэнергетикии ду кишвари ҳамсояро тақвият ва бо пешниҳоди қарорҳои порлумонй ба ниҳодҳои байналмилалй, қонунмандии иқдомоти худро дар он чи ки ҳифзи муҳити зист тавсиф мекунад, бештар асоснок кунад. Дуввум, гардонандагони сиёсатҳои Узбакистон бар ин боваранд, ки бо фаъол кардани фраксиюни экологй дар порлумон, нишондиҳандаи коройии мачлиси худро боло баранд ва ҳамзамон ин паёмро ба мардум илқо кунанд, ки намояндагони мардумй аз батни чомеа буда, бар манофеи умум меандешанд.Саввум, бо доғ кардани масъалаҳои экологй, зеҳни мардумро машғул дорад ва афкори умумиро дар дохили кишвар ва хорич аз он аз масоили муҳиме назири риояти меъёрҳои демократй ва озодиҳои шаҳрвандй, ки Тошкандро ҳамеша дар маърази интиқодҳои шадид қарор додааст, дур кунад. Ва чаҳорум ин ки бо ҳар роҳи мумкин дастёбии ду кишвари ҳамсоя ба истиқлолияти энержиро ба таъхир андозад.
Гуфтан ба маврид аст, ки «Ҳаракати экологии Узбакистон» тобистони соли 2008 дар авчи ироаи тарҳҳои гидроэнергетикй дар Қирғизистон ва Точикистон таъсис шуд. Раиси ин ҳаракат Бурй Алихонов, раиси собиқи кумитаи ҳифозати табиат, мебошад.Бино ба гузориши кумиссиюни марказии интихоботи Узбакистон «Ҳаракати экологии Узбакистон» ҳамроҳ бо аҳзоби халқй-демократй,миллй-демократй,сотсиал-демократии «Адолат» ва ҳизби либерал-демократ ичозатномаи ширкат дар интихоботи порлумонии 27 декабрро дарёфт карданд.Аммо мухолифони аслии давлати Ислом Каримов ҳизбҳои «Эрк» ва «Бирлик», ки умдатан дар хорич аз кишвар фаъолият мекунанд ҳақи ширкат дар ин интихоботро надоранд.Зеро тибқи конуни интихоботи Узбакистон, яке аз шартҳои ҳузур дар рақобатҳои интихоботй он аст, ки афрод бояд на камтар аз 5 соли охир дар қаламрави ин кишвар кор ва зиндагй карда бошанд.То ин дам 517 нафар номзад сабти ном шудааст, ки 135 нафар аз ҳизби либерал-демократ, 134 нафар аз ҳизби халқй-демократй, 125 нафар аз ҳизби миллй-демократй ва 123 нафар аз ҳизби сотсиал-демократ мебошанд. Бо таваччуҳ ба ин ки ҳамаи ҳизбҳои ҳозир дар интихобот аз сиёсатҳои давлат пайравй мекунанд, Тошканд бидуни ҳеч ташвиш ба интихобот меравад.
Иқдоми Узбакистон дар таъсиси фраксиюни экологй дар порлумон, вокунишҳоеро дар минтақа дар пай дошт.Аз чумла дар Точикистон ҳизби сотсиал-демократй эълом кард, ки дар қиболи иддаоҳои Узбакистон ҳимояти ҳуқуқии тарҳи сохтани неругоҳи «Роғун»-ро бар уҳда хоҳад гирифт.Раҳматулло Зоиров, раиси ин ҳизб рузи 8 декабр гуфт, ҳизби сотсиал-демократй, ки дар сафҳои худ теъдоди қобили таваччуҳе аз ҳуқуқшиносони зубдаро гирд овардааст, ин тавоноиро дорад, ки дар арсаҳои байналмилалй дар муқобили иддаоҳои Узбакистон биистад ва аз тарҳи неругоҳи «Роғун» ҳимояти қонунй ба амал оварад.
Давлати Точикистон ҳануз дар қиболи пешниҳоди ҳизби сотсиал-демократ вокунише нишон надодааст, аммо ин таҳаввул баёнгар аз он аст, ки дар Осиёи Марказй чанги дипломатй бар сари мавзуи баҳрабардорй аз манобеи обй дар ҳоли густариш аст.

Узбакистон ба набарди дипломатй дар Дания омода мешавад

Дар шароите, ки Остона талош дорад бо баргузории нишастҳои ру дар ру ба мушкилоти минтақайи расидагй ва чиҳати ҳаллу фасли масоили мавчуд дар равобити байни кишварҳои Осиёи Марказй роҳкорҳое пайдо кунад, Тошканд бо гирифтани мавзеи «кишвари бартар» дар пайи он аст масоили минтақайиро ба арсаҳои байналмилалй кашонад ва ин масоилро ба нафъи худ ва нодида гирифтани манофеи дигарон ҳал намояд.Суханони Владимир Норов, вазири корҳои хоричаи Узбакистон дар ҳафтдаҳумин нишасти Шурои вазирони хоричаи кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Афина (пойтахти Юнон)аз ҳамин зовия қобили баррасй ва арзёбй аст.Вазири корҳои хоричаи Узбакистон гуфт, кишвараш барои анчоми баррасиҳои байналмилалии тарҳҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ҳамчунон исрор хоҳад кард.Вай афзуд, фақат баъд аз арзёбиҳои коршиносй таҳти сарпарастии Созмони миллали мутаҳид сохтани неругоҳҳои барқи обй дар ин минтақа имконпазир хоҳад буд.
Мақоми узбак таъкид кард: «Имруз таҳдидоти экологй дар нуқоти мухталифи қаламрави Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба мушоҳида мерасад.Ин таҳдидот на фақат дар тағйири обу ҳаво хулоса мешавад, балкй ба вуқуъи ҳодисаҳои ғайри қобили пешбинй низ бармегардад. Аз ин ру сохтани неругоҳҳои бузург метавонад тавозуни экологиро дар минтақа ба ҳам бизанад».
Тазаккур додан ба маврид аст, ки мақомоти Тошканд баъд аз ҳодиса дар неругоҳи Саяно-Шушенски Русия (17 августи соли чорй), ки мучиби вайрон шудани садди ин неругоҳи азим шуд, сару садоҳоро дар мавриди такрори чунин ҳодисаҳое дар Қирғизистон ва Точикистон беш аз ҳар замони дигаре зиёд карданд. Албатта, ин нукта ғайриқобили инкор аст, ки дахолатҳои Узбакистон дар тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон ва Қирғизистон тайи солҳои охир ба ҳукми одати маъмулй дар сиёсатҳои давлатмардони Тошканд дар омадааст. Дар ҳамин росто ахиран Сергей Жигарёв, мудири ширкати саҳомии «Гидропроект»-и Узбакистон муддайи шуд, ки бар асоси тарҳҳои 20 соли қабл сохтани неругоҳҳо чинояти соддалавҳона аст.Вай мегуяд тарҳи сохти неругоҳи «Роғун» дар соли 1978 таҳия шудааст ва посухгуи меъёрҳои имруз нест.Ин масъули узбак дар мавриди тарҳи неругоҳи «Қамбарота» дар Қирғизистон низ иддао кард, ки тарҳи ин неругоҳ таҳти шиори «зудтар ва арзонтар» таҳия шуда,мавриди эътимод нест.
Имрузҳо низ дар остонаи баргузории нишасти Копенгаген, ки ба баррасии тағироти обуҳавойи дар чаҳон ихтисос дорад, дипломатияи узбак бо овозапароканй дар мавриди он чи оқибатҳои номатлуб ва фочеъабори зистмуҳитии сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон мегуяд, дар пайи чалби назари чомеаҳои байналмилалй ва ниҳодҳои марбута ба мавзеъҳои Тошканд аст. Дар ин робита вазири хоричаи Узбакистон аз минбари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо гуфт, сохтани неругоҳҳои барқи обй дар доманакуҳҳои Помир ва Тёншон, ки манотиқи зилзилахез маҳсуб мешаванд, оқибатҳои фочеаборе барои минтақа ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Чудо аз ин, мақомоти узбак дар сатҳҳои мухталиф тамоми талошҳои худро ба кор гирифтаанд, то бо ҳар роҳи мумкин монеъ аз сохтани неругоҳҳои барқи обй дар Точикистон ва Қирғизистон шаванд. Дар ин замина то ин дам Тошканд то ҳадде муваффақ будааст. Аз чумла тавонист ширкати РусАл-ро аз мушорикат дар сохтани неругоҳи Роғун мунсариф кунад ва ичрои қарордоди Чин бо Точикистон дар мавриди сохтани неругоҳҳо дар рудхонаи Зарафшонро ба ҳолати муаллақ дароварад.
Аммо акнун ба назар мерасад Узбакистон ба таври чиддй бар он шудааст аз фурсати пеш омада, яъне нишасти зистмуҳитй дар Дания, ниҳояти истифодаро кунад ва созмонҳои марбутаи байналмилалиро мутақоид кунад, ки сохтани неругоҳҳои Роғун ва Қамбарота чизе чуз фочеъа ба ҳамроҳ нахоҳанд дошт.Бо ин ҳол саволе ки матраҳ мешавад ин аст, ки Узбакистон бо чунин руйкард чи ҳадафҳоеро дунбол мекунад? Таҳлилгарон дар посух ба ин пурсиш муътақиданд, ин сиёсат баргирифта аз ангезаҳои қудратталабии Тошканд дар минтақа аст ва бо тарҳи чунин иддаоҳо дар пайи он аст набзи фаъолиятҳо дар бахшҳои ҳассос дар Осиёи Марказиро ба даст бигирад. Аз суе Тошканд аз он бим дорад, ки ду кишвари ҳамсоя ба истиқлолияти энержй мушарраф шуда, аз вобастагй ба газу барқи узбак раҳо хоҳанд шуд. Ва саввум, бо сохтани обанборҳо имкони танзими оби рудхонаҳо фароҳам шуда, ҳамсоягон низ метавонанд дар қиболи амалкарди Тошканд — қатъи чараёни газ ё барқ — вокуниш нишон диҳанд.
Дар чунин шароите Бишкек ва Душанбе бо нодида гирифтани вокунишҳои Тошканд, тарҳҳои муҳими гидроэнергетикии худро дунбол мекунанд. Дар Душанбе Роғун тарҳи миллй эълом шуда, раиси чумҳури Точикистон аз мардуми кишвараш даъват кард, ки барои такмили ин тарҳ бо харидани саҳмияҳо фаъолона мушорикат кунанд.Қирғизистон низ бо анчоми инфичорҳои бузург такмили садди Қамбаротаро идома медиҳад ва аз Русия дархост кард, ки сармояи ваъда додааш барои ин неругоҳро дар ихтиёри Бишкек қарор диҳад.
Ба ҳамин тартиб, Узбакистон дар шароите ба набарди дипломатй бо ҳамсоягони худ аз тариқи минбари нишасти Копенгаген омода мешавад, ки бархе расонаҳои интернетй аз барномаҳои қудратталабонаи ин кишвар дар Осиёи Марказй сухан мегуянд.Аз чумла гуфта мешавад, ки давлати Тошканд барои тақвияти артиши худ ба қавитарин артиш дар минтақа, барномаи вижаеро руи даст гирифтааст. Ислом Каримов, раиси чумхури Узбакистон дар 17-умин солгарди таъсис артиши Узбакистон (январи 2009) бори дигар бар ин масъала таъкид кард. Ин барнома ҳузури Узбакистон дар созмонҳои минтақайиро чандон созгор бо манофеи ин кишвар намедонад, зеро ҳар узвият вазифа ва масъулиятҳоеро ба ҳамроҳ дорад. Узбакистон бар он аст, ки равобит бо ҳамсоягонро ба таври дучониба танзим кунад, на аз тариқи ниҳодҳои минтақайи, ки умдатан таҳти нуфузи Русия ё Чин ҳастанд.
Пушида нест, ки ҳадафи аслии Тошканд таҳти савол қарор додани тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон ва Қирғизистон аст ва ҳадди ақали хостаҳояш он аст, ки садҳо дар ин ду кишвар тибқи майлу иродаи Тошканд сохта шаванд.Ба илова, давлати Узбакистон бо анчоми бозрасиҳои байналмилалии неругоҳҳои фаъол дар ин ду кишвар, мехоҳад фаъолияти ин неругоҳҳоро низ маҳдуд кунад.
Воқеият он аст, ки имруз масъалаи истифода аз рудхонаҳои муштарак дар робитаҳои байнихамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй соя афканда, ононро дар сангарҳои муқобили ҳам қарор додааст. Албатта дар ин қазия нақши кишварҳои фароминтақайи кам набудааст. Аз чумла Русия аз як тараф мегуяд дар масъалаи баҳрабардорй аз манбаъҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй, аз манфиатҳои Тошканд ҳимоят хоҳад кард, аз суи дигар барои мушорикат дар сохтани неругоҳҳо дар Қиргизистон ва Точикистон эъломи омодагй мекунад. Ин амр боис шудааст, ки беэътимодй ба Маскав дар миёни сарони Осиёи Марказй беш аз пеш афзоиш ёбад. Бокй мондани маркази низомиёни амрикойи дар Қиргизистон таҳти пушиши «маркази боркашонии тронзитй» ва ручуи Точикистон ба сармоягузориҳои мухталиф барои такмили неругоҳи Роғун, аз ҳамин зивия қобили тааммул ва андеша аст.
Акнун ин пурсиш матраҳ мешавад, ки агар Душанбе ва Бишкек бо нодида гирифтани вокунишҳои Тошканд, барномаҳои сохтани неругоҳҳои барқи обиро дунбол кунанд,оё Узбакистон даст ба иқдомҳои дигаре хоҳад зад? Ин савол дар ҳоле, ки бино ба навиштаи сойти интернетии REGNUM, Узбакистон ҳатто бе анчоми бозрасиҳои байналмилалй низ ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистон мухолифат хоҳад кард, бештар аҳамият пайдо кардааст.