Тамос бо ман


комментариев 13

  1. Салому дуруди фаровон ба Аъзами Хучиста аз шахри Бишкек! Умедворам, бо хамаи ахли хонаводаатон саломату бардам хастед ва корхоятон низ, иншооллох, хуб аст. Ман дар Бишкек хастам ва шояд огах хастед, ки дар Озодй кор мекунам. Янгаатон , писари хурдиам ва як набераам бо ман дар Бишкеканд. Писарам Бахтовар баъди хатми коллеч дар Тошканд ба Бишкек омад ва дар бахши арабии донишгохи милли ин чо тахсил мекунад. Писари бузургам Фаридун бахши журнализми байналмилалии донишгохи Тошкандро хатм кард. Ду фарзанд дорад. Се духтар низ дорам. Хуллас, панч фарзанду хашт набераи дигарам дар шахри Тошканду Фаргонаву дехаам-Хушёр ба сар мебаранд.
    Ба шумо ва ахли хонаводаву пайвандонатон тани сихату хотири чамъ мехохам.
    Бо эхтиром Мирасрор

    • Салом Мирасрори азиз!
      Аз номаи шумо хушхол шудам.Мо хам кайхо Бобо шудем ва шукри Худо сохиби наберачахо хастем.
      Шефи собики мо барои бакоргирии писари шумо талош карда буд, аммо ин талошхоро бо худ бурд.Вай ба кори дигар- — мудири бахши Осиёи Марказии хабаргузории «Форс» — гузашт. Дар Душанбе дафтар мезанад ва ба зуди ба Бишкек меравад, ки дидор бо шуморо низ дар барнома дорад.
      Саломат бошед!

  2. Салому дуруди фаровон ба Аъзами Хучиста аз шахри Бишкек! Умедворам, бо хамаи ахли хонаводаатон саломату бардам хастед ва корхоятон низ, иншооллох, хуб аст. Ман дар Бишкек хастам ва шояд огах хастед, ки дар Озодй кор мекунам. Янгаатон , писари хурдиам ва як набераам бо ман дар Бишкеканд. Писарам Бахтовар баъди хатми коллеч дар Тошканд ба Бишкек омад ва дар бахши арабии донишгохи милли ин чо тахсил мекунад. Писари бузургам Фаридун бахши журнализми байналмилалии донишгохи Тошкандро хатм кард. Ду фарзанд дорад. Се духтар низ дорам. Хуллас, панч фарзанду хашт набераи дигарам дар шахри Тошканду Фаргонаву дехаам-Хушёр ба сар мебаранд.
    Ба шумо ва ахли хонаводаву пайвандонатон тани сихату хотири чамъ мехохам.
    Бо эхтиром Мирасрор

  3. Дуруд, аъзами гиромй.
    Агар дар Эрон ба сар мебаред, лутфан, ба ман хабар дихед.
    sadaf00@mai.ru

    (Ин навиштаам барои нашр дар торнамо нест.
    Нишонии электруниятонро ба ман маълум кунед.

  4. Аъзам, ман номаатонро интизорам.
    Бо дуруд,
    Мунаввар.

  5. Аз номаи чавобии шумо ман низ хушхол шудам. Па

  6. Аз номаи чавобии шумо ман низ хушхол шудам. Пай бурдам, ки саломату бардамед ва хамаи корхоятон хуб аст . Ман 11 сол мешавад, ки ба Душанбе нарафтаам ва аз холи баъзе дустони дигари мо бехабарам. Худо кунад, ки тин.у амон бошанд.
    Ба ахли хонавода ва дустон саломи маро низ расонед.
    Бо сипоси каблй дусти шумо Мирасрор

    • Мирасрори азиз, хушхолам, ки боз мехмони ман шудед.
      Мо хар соле як бор ба Душанбе саре мезанем, рохи гузар. На хамаро дидан метавонам, аммо то чое медонам, хама дустон солиму хубанд. Умед дорам,ки шумо хам хуб бошед ва хамдигарро бинем.Дар Хучанд чанд бор бо Бобочон Икром шиштем, зикри хайри шумо хам буд.
      Ба ахли хонавода салом расонед.

  7. Салом ба сомона ҳамин сомонаи мароҳам линк медодед хеле хуб мешуд http://www.rustamtj.wordpress.com пешаки ташаккур!

  8. Durud bar akoi azizamon Azam Khujasta!
    Az inki moro bo navishtahoi nobi khud mustafiz megardoned az shumo khele siposguzorem va baroyaton dar in joda muvaffaqiyatho khohonem. Hazrati oli agar imkoniyat doshta boshed somonahoi bandaro ham link medoded.

    http://qurontj.blogveb.com
    http://islomtj.blogfa.com

    Muvaffaq boshed!!!

  9. Салом, дӯсти азиз Аъзами Хуҷаста!

    Муддатест пайваста аз торнигори Шумо дидан мекунем ва матолиби онро бо шавқи зиёд мехонему гоҳе сари онҳо баҳс мекунем. Хеле хуб аст, ки Шумо бо ҳузур ва фаъолияти хеш олами блоги тоҷикӣ ва ба ин васила фазои иттилоотиро дар шабакаи ҷаҳони интернет рангин мекунед. Дар ин ҷода бароятон устуворӣ ва комёбиҳо орзумандем.

    Агар огаҳӣ доред, хуб, вагарна бо ин нома ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонем, ки дар торнамои Радиои Озодӣ гӯшаи “Блогистон” таъсис шудааст, ки беҳтарин матолиби блогнависонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ мунташир карда, дар муаррифии ин блогҳо ва афзоиши теъдоди хонандагони онҳо саҳм мегирад.

    Ҳоло мехоҳем, Шуморо ба ширкат дар кори ин гӯшаи торнамои Озодӣ ҷалб намоем. Хоҳиши мо ин аст, ки агар имкон доред, ҳар моҳ яке аз навиштаҳои худро ҳамроҳ бо акси дилхоҳи хеш ва линки блоги худ ба гӯшаи “Блогистон”-и Озодӣ бифиристед. Мо матлаби Шуморо нашр мекунем.
    Ҳамчунин метавонем дар ҳамкорӣ Шуморо ба таҳияи видео-блогҳо даъват кунем, ки вақт ва нерӯи камтаре мегиранд. Агар компютери Шумо дурбин дорад, метавонем бо ҳам дар тамос шавем ва видео-блоги Шуморо мустақиман забту дар Блогистони Озодӣ пахш кунем.

    Шумо аз ҷумлаи пешгомони фанновариҳои нави иттилоотӣ ҳастед. Биёед бо ҳам ин пешсафиро идома диҳем ва блогосфераи тоҷикро ба сатҳи болотаре бардошта, ба доираҳои фарохтар муаррифӣ кунем.

    Бо дуруд ва эҳтиром
    Соҷидаи Мирзо,
    мудири Бахши Тоҷикии
    Радиои Озодӣ

    • Хамкасби гиромй, хонуми Сочидаи Мирзо салом!

      Аз таваччух ва лутфи Шумо сипосгузорам.Фикр мекунам мо хама як хадаф дорем:иттиллорасонй ва сахмгирй дар бедорй ва рушаншавии мардум, то аз ин тарик сахме дар рушду пешрафти миллат ва кишвари худ гирифта бошем.Ошкоро мегуям, ки дар ин росто радиои Озодй дар айни хол пешгом аст ва тавонистааст калбхои миллионхо нафарро дар Точикистон ва хорич аз он тасхир кунад.Шахсан хамеша ба чахони мачозии Озоди сар мезанам ва аз хосили калами хамкасбонам лаззат мебарам.
      Ман нихояти талошро мекунам, ки ба даъвати Шумо амал кунам.

      Барои Шумо ва хамаи дастандаркорони Озоди барори кор мехохам.

      Саломат бошед!

Оставьте комментарий