Бахси об дар Осиёи Марказй

Pузи 14 июн сойти сафорати Точикистон дар Русия таҳти унвони «Захоири обии Точикистон, омили ваҳдат дар Осиёи Марказй» матлаберо ба табъ расонд, ки дар он бо ишора ба вучуди захоири фаровони гидруэнержй дар Точикистон, таъкид шудааст, ки  баҳрабардорй аз ин захоир ба нафъи тамомии кишварҳои минтақа хоҳад буд. Ин матлаб меафзояд, Точикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа, манобеи гидруэнержии мавчуд дар минтақа ва зарфияти рудхонаҳои муштаракро омили муҳим дар чиҳати тавсаъа ва таҳкими ҳамгаройи ва ваҳдат дар минтақа медонад.Дар идомаи мақолаи мазкур, ки тавссути дафтари матбуотии сафорати Точикистон дар Русия мунташир шудааст, тазаккур шудааст, ки ҳеч як аз тарҳҳои гидруэнержии дар ҳоли ичро дар Точикистон, ба зиёни кишварҳои ҳамсоя набуда, дар ин тарҳҳо манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа дар назар гирифта шудааст. Дар мавриди мухолифати бархе кишварҳои минтақа ба тарҳҳои гидруэнержии Точикистон, дар ин мақола омадааст:»Бар хилофи дигар кишварҳои бародари минтақа, Чумҳурии Узбакистон бо бархе далелҳо аз ниятҳои нек ва хайрхоҳонаи Точикистон дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи обии худ, ки ба нафъи миллати бародари узбак ва тамоми минтақаи Осиёи Марказй хоҳад буд, мухолифат мекунад.Қобили зикр аст, ки хушкшавии дарёчаи Арал ба ҳеч вачҳ марбут ба фаъолияти кишварҳои «болооб» набуда, ҳосили истифодаи ғайриистондорд аз манобеии обй тавассути кишварҳои «поёноб», аз чумла Чумҳурии Узбакистон мебошад.Ҳамон гуна ки таҳқиқоти мутахассисон нишон медиҳад, зарфи 50 соли охир Узбакистон дар бахши обёрии заминҳои чадиди кишоварзй, зимни поймол кардани муқаррароти байналмиллалй, аз захираҳои обии минтақа, суиистифода кардааст, ба гунае ки 60 дар сад аз оби масрафшуда тавассути ин кишвар ба тури бебозгашт, ҳадар рафта аст.

Дар бахш дигаре аз ин матлаб омада:мавзеъи Точикистон дар мавриди тавсаъаи ҳамкориҳо дар баҳрабардории судманд аз манобеии обй, чонибдории густурдаи мачомеи байналмилалиро касб кардааст.Бо таваччуиҳ ба ин, такмили неругоҳи Роғун ва баҳрабардорй аз зарфиятҳои ин тарҳи муҳим, ба нафъи мардуми точик ва тамоми миллатҳои минтақаи Осиёи Марказй хоҳад буд.Аммо тамоми талошҳои давлат ва миллати Точикистон дар чиҳати рафъи буҳрони энержй, дар пайи мавозеи ғайридустонаи Узбакистон ҳосиле ба ҳамроҳ надоштаанд, ки чои таассуф аст. Дар шароити барои мардуми точик душвор, мақомоти кишвари ҳамсоя бо беэътинои ба дархостҳои Точикистон дар бораи ҳамкорй дар чиҳати рафъи мушкилоти муштарак, бар чанбаҳои мушкилот дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Точикистон афзудаанд

Бахши дигаре аз мақолаи сафорати Точикистон дар Маскав, ки низ бештар чалби таваччуҳ мекунад, дахолатҳои огоҳонаи Тошканд дар халъи силоҳи давлати Душанбе дар нахустин рузҳои касби истиқлоли ин кишвар аз Шуравии собиқ мебошад.Дар ин робита дар мақолаи мазкур омадааст:»Ин мавзуъ фаромуш нашуданй аст, замоне ки чумҳуриҳои Шуравии собиқ баъд аз фурупошии иттиҳод, тачҳизот ва таъсисоти низомии мавчуд дар қаламрави худро моликияти миллй эълом карданд, фақат Точикистон буд, ки ба «баракати» дустии «хирсонаи» Тошканд, натавонист ин корро анчом диҳад.Агар ин «ҳамсояи нек», манзури мо миллати бародари узбак нест, раванди милликунонии тачҳизот ва таъсисоти низомии боқимонда аз Шуравиро блока намекард, дар солҳои 90 асри гузашта як гуруҳи кучаки тундравҳо ба худ ичоза намедоданд, ки алайҳи давалти Точикистон вориди чанг бишаванд».

Сафорати Узбакистон, ба унвони нахустин мақоми расмии давлати Тошканд, вокуниши шадиде нисбат ба мақолаи ҳамтоёни точики худ нишон дод.Намояндагии Узбакистон дар Русия мақолаи дафтари матбуотии сафорати Точикистон дар Маскавро матлаби эҳсосотй арзёбй кард.Қобили зикр аст, барои нахустин бор аз замони имзои созишномаи сулҳ ва ризояти миллй миёни тарафҳои ба ҳам рақиби точик, дар Маскав, дар 14 соли қабл аст ки Душанбе ба таври ошкоро чунин иттиҳомотеро ба Узбакистон ворид мекунад.Рузи 18 июни соли чорй дар сомонаи интернетии сафорати Узбакистон дар Маскав матлабе дар посух ба мақолаи дафтари матбуотии сафорати Точикистон дар Русия, мунташир шуд.Дар ин матлаб тарафи Узбакистон бо эҳсосотй арзёбй кардани мақолаи сафорати Точикистон, онро бе появу асос хондааст ва таъкид кардааст ки фарофиканй ва чустучуи душмани хоричй, як сиёсати шикастхурда дар равобити байналмилал аст.Сафорати Узбакистон ҳамчунин он чиро ки талоши бархе мақомоти точик барои омили чанги шаҳрвандии ин кишвар муаррифй кардани Узбакистон гуфтааст, хилофи сиёсатҳои раиси чумҳури Точикистон, ки хостори густариши равобит миёни ҳамаи кишварҳои Созмони ҳамкории Шонгхой мебошад,арзёбй кард.

Дар мачмуъ дар посухи сафорати Узбакистон ба мақолаи сафорати Точикистон дар Маскав, тамомии далоили ироашуда дар мавриди нақши манфии Узбакистон дар равобити дучониба, рад шудаанд.Ин посух ки иборит аз ҳафт банд мебошад, ба хубй нишон медиҳад, ки Тошканд ба ҳеч вачҳ ҳозир нест ба таври одилона масоили мавчуд дар равобити ду тарафро баррасй кунад, балкй бар талошҳои худ дар чиҳати нодида гирифтани манофеи давлат ва миллати точик идома медиҳад.Аз чумла ин гуфтаи Тошканд, ки Душанбе ҳақ надорад дар бораи тарҳҳои гидруэнержии худ мустақилона иқдом кунад, хорич аз урфи байналмилал ва хилофи ойини ҳамсоягй аст.Ба илова, дар ҳоле Узбакистон аз пайомадҳои зистмуҳитии неругоҳи Роғун сару садо ба роҳ андохтааст, ки худ бо минакории манотиқи куҳистонй дар марзҳо бо Қирғизистон ва Точикистон, амре ки дар пайи он даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳи се кишвари Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистон кушта шуда, садҳо ҳайвони нодири ин манотиқ аз байн рафтааст.Ҳамчунин ҳар таркиш боиси вайрон шудани лояи хок ва осеб дидани гунаҳои гиёҳй шуда, муҳити зисти ин манотиқро дар маърази осебҳои калоне қарор додааст.

Коршиносон дар арзёбиҳои худ аз ин иқдоми сафоратҳои Точикистон ва Узбакистон дар Маскав, онро талоши ду тараф барои чалби ҳимоятҳои Маскав тавсиф карданд.Воқеият он аст, ки иқдоми сафорати Точикистон дар Маскав дар мавриди арзёбй аз амалкарди солҳои ахири Узбакистон, ҳаргиз иттифоқй набуда, балкй як амали ҳисобшуда аст.Ин мақола дар шароите мунташир шуд, ки дар шаҳри Душанбе музокироти тарафҳои рус ва точик дар бораи ҳамкориҳои марзй чараён дорад.Дар ин музокирот Маскав саъй дорад чун солҳои қабл бо додани ваъда ва имтиёзоти андак, манофеи худ дар Точикистонро ҳифз ва имтиёзоти зиёде аз давлати Душанбе дар масъалаи истифода аз пойгоҳҳо ва фурудгоҳҳои ин кишвар, касб кунад.Аммо акнун авзоъ тағйир кардааст ва Точикистон дар равобит бо Русия, худро фиребхурда эҳсос мекунад, ба илова ҳимоятҳои ошкори Маскав аз Тошканд дар масоили гидруэнержии Осиёи Марказй, як таҳқири сиёсй барои Точикистон буд.Акнун давлати Душанбе бо эъломи мавозе дар қиболи амалкарди солҳои ахири Узбакистон, ин паёмро ба Русия эълом кард, ки «ё бо мо бош, ё бо Тошканд».Аз суи дигар мақолаи сафорати Точикистон дорои паём барои мачомеи байналмилал низ мебошад, яъне Душанбе ба чомеъаи чаҳонй эълом кард, ки ба амалкард ва иддаъоҳои Узбакистон дар мавриди масоили гидруэнержии Осиёи Марказй, аз зовияи ин масоил бингаранд, то ба худии худ рушан шавад, ки иллати аслии мухолифатҳои Узбакистон ба сохти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон  чист.

Бо ин ҳол ин нукта ғайри қобили инкор аст, ки руёруиҳои матбуотии сафоратҳои Точикистон ва Узбакистон дар Маскав, идомаи чанги лафзй миёни ду кишвари ҳамсоя ҳаст, ки идомаи он ва вогузор кардани ҳаллу фасли он ба тарафҳои саввум ва ё чаҳорум, ба нафъи ҳеч як аз тарафҳо набуда, заминаи вобастагиҳои бештари онон ба қудратҳои бегонаро, фароҳам хоҳад кард.Аз ин ру музокираи ру дар руи мақомоти ду кишвари ҳамсоя, беҳтарин роҳест, ки зимни мусоидат ба ҳаллу фасли масоили фимобайн, раванди ҳамгаройи дар минтақаро тақвият ва суботу оромишро тазмин ва танзим хоҳад кард.

НАТО ва Осиёи Марказй

Амалкарди паймони НАТО дар Афғонистон, ки нахустин маъмурияти ба истилоҳ сулҳбонии ин паймони низомй аз замони таъсиси он дар соли 1945 мебошад, баёнгар аз ин воқеият аст, империализми байналмилал ба саркардагии Амрико дар пайи фурупошии низоми истеъмории асримиёнагй, бо таъсиси ниҳодҳое аз ин қабил, бар он шуд, ҳокимияти худ бар кишварҳо ва давлатҳоро ҳифз кунад.Таърихи ташкили паймони НАТО ва наҳваи пазириши аъзо ба он, ба хубй ин нуктаро ба исбот расондааст, ки Амрико дар чорчуби барномаҳои роҳбурдии худ, кишварҳои аврупоиро ба ин ниҳод чалб ва дар ростои амалй кардани барномаҳои худ ҳидоят кардааст. Руёруйии дарозмуддати чаҳони сармоя ба саркардагии Амрико алайҳи урдугоҳи сотсиалистй ба саркардагии Шуравии собиқ, баёнгар аз ин воқеият аст, ки Кохи сафед ба унвони иддаогари раҳбари чаҳон, кишварҳои ғарбиро ба ичбор дар чорчуби сиёсатҳои худ қарор додааст. Аввалин иқдом дар ин замина, таъсиси паймони НАТО буд ва бо эчоди пойгоҳҳои низомии Амрико дар ақсо нуқоти Аврупо ва ҳатто чаҳон, сиёсатҳои Вошингтан ба дигар давлатҳо таҳмил мешуд.Ҳарчанд давлатҳои аврупойи бо пайвастан ба НАТО ба истилоҳ таҳти чатри амниятии Амрико қарор гирифтанд, аммо аз дигар су мачбур буданд ҳамеша манофеи сардамдорони Кохи сафедро дар назар гиранд.Пайомадҳои манфии чунин сиёсате ба молиётдиҳандагони аврупойи таҳмил мешуд, ки ҳосили он вуқуъи нооромиҳо дар кишварҳои мухталифи аврупойи дар қарни гузашта буд.Дар чаҳони имруз Амрико шеваҳои дигареро барои тасаллут бар кишварҳо ва давлатҳо мавриди истифода қарор додаст ва роичтарини он таъсиси ниҳод ва созмонҳои мухталифи ба зоҳир байналмилалй аст.Дар ин радиф ҳатто созмонҳои бо нуфузе назири Созмони миллали муттаҳид, Бонки чаҳонй, Сандуқи байналмилалии пул ва даҳҳо ниҳодҳои тахассусй қарор доранд, ки ба унвони василаи пешбурди сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Амрико ва чанд давлати муттаҳид бо у, кор мекунанд. Узвият ба ин ниҳодҳо ва баҳрабардорй аз имтиёзҳои онҳо, вобаста ба мавзеи давлатҳо дар қиболи сиёсатҳои Амрико,Инглис ва сионизми байналмилал мебошад. Даҳҳо мисол ва далоил вучуд дорад, ки баёнгар аз бархурдҳои дугуна дар чорчуби ниҳодҳои ба истилоҳ байналмилалй ва хидматгузории ин ниҳодҳо ба хочагони аслиашон аст.
Бо ин ҳол он чй ба маъмурияти ба истилоҳ сулҳбонии НАТО дар Афғонистон бамегардад, он аст ки ахиран Барак Обама, раиси чумҳури Амрико эълом кард ки маъмурияти Амрико дар Афғонистон дар ҳоли итмом аст ва мо метавонем хуручи низомиён аз инкишварро оғоз кунем.Обама гуфт, аз он чое ки Бин Лодан аз миён бардошта ва Ал-қоида торумор шуда, толибон қодир ба эчоди халал дар суботи Афғонистон нест ва сохторҳои афғонй бояд бештар эҳсоси масъулият кунанд.Дар ин росто, яъне хуручи неруҳои низомии Ғарб аз Афғонистон, дидгоҳҳо мутафовутанд ва аксари таҳлилгарони мустақил ин иқдоми Амрикоро, на хуручи неруҳо аз Афғонистон, балки чоивазкунии онҳо тавсиф мекунанд. Ҳамин таҳлилгарон мегуянд Ғарб ба саркардагии Амрико дар чорчуби муқобила ба тавсаъаталабиҳои Русия ва Чин, ба унвони рақибони Ғарб дар минтақа, қасд дорад теъдоди қобили мулоҳизае аз низомиёнашро дар роҳи хуруч аз Афғонистон, дар кишварҳои Осиёи Марказй мустақар кунад.
Дар поёни соли 2009, дар замони тасмими Обама дар мавриди фиристодани 30 ҳазор неруи кумакй ба Афғонистон, ба таври ғайри мустақим ба чомеи чаҳонй ин гуна илқо шуд, ки низомиёни Ғарб ҳоло ҳолоҳо дар ин минтақа ҳузур хоҳанд дошт.Аммо қабл аз ин, дар ҳамоиши Шурои ҳамкории НАТО тобистони ҳамон сол, ки барои аввалин бор дар қаламрави Шуравии собиқ(дар Қазоқистон) баргузор шуд, маълум гардиди ки ин созмони низомй қасди тавсаъа ба самти Шарқро ба таври чиддй дунбол мекунад.Дар ҳамон сол ва то кунун шоҳиди густариши равобит миёни кишварҳои Осиёи Марказй ва НАТО ҳастем.Ин равобит дар чорчуби барномаи НАТО бо номи «Мушорикат барои сулҳ» суръати бештаре ба худ гирифт.Ҳарчанд узвияти кишварҳои минтақа дар Паймони амнияти чамъй ба онон ичозаи беш аз ҳад тавсаъа бахшидани ҳамкориҳо бо дигар ниҳоди низомй, ба вижа НАТОро намедиҳад, аммо ин кишварҳо дар пушиши равобити чанд самтй, амалкарди худ дар қиболи НАТОро асоснок кардаанд.Аз суи дигар, ҳамчаворй бо Афғонистон ва вучуди ноамниҳо дар ин кишвар, давалатҳои Осиёи Марказиро ночор ба ҳамкориҳои бештар бо НАТО кардааст, албатта аз ин ҳамкориҳо суди иқтисодй низ бурдаанд.
Аз суи дигар давлатҳои Осиёи Марказй ин ҳақиқати талхро дарк кардаанд, ки дар чаҳони имруз бисёре аз иқдомоти байналмилалй марбут ба Амрико ва муттаҳидони аврупойии Кохи сафед дар НАТО аст. Ин воқеият сарони Осиёи Марказиро сарфи назар аз ҳассосиятҳои Маскав ба ин мавзуъ, ба самти равобити бештар бо Амрико ва НАТО тарғиб кардааст.Ба вижа дар маҳалаи кунунй,ки дар пайи «инқилобҳои арабй» мавзуи таъмини амният ва ҳифзи ҳокимият ба аслитарин нигаронии сарони модомулумри ин минтақа табдил шудааст, ҳамкориҳои низомй бо НАТО як зарурати ичтинобнопазир барои давлатҳои Осиёи Марказй маҳсуб мешавад.Баргузории тамринҳои низомии муштараки ин давлатҳо бо давлатҳои узви НАТО, аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.
Аз таҳаввулоте дар ин росто бармеояд, ки дар марҳалаи кунунй кишварҳои Осиёи Марказй ҳифзи амнияту субот дар минтақаро дар гарави ҳамкорй бо НАТО ва Амрико мебинанд.Русия дар ростои дастёбй ба аҳдофи кутоҳмуддати худ ва бо истифода аз ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои минтақа, машғули бочгирй аз давлатҳои ба гумони худ саркаш баромадааст.Ин мавзуъ дар равобити Маскав-Бишкек ва Маскав-Душанбе дида мешавад, амре ки боиси афзоиши ангезаҳои маскавситезй дар минтақа шудааст.Дар пасманзари ин сиёсат, Паймони амнияти чамъй ва Созмони ҳамкории Шонгҳой барои кишварҳои Осиёи Марказй коройии худро аз даст додаанд ва ин амр зимни камранг кардани тамоилоти ҳамгаройи дар минтақа, дар ҳолатҳое давлатҳоро дар муқобили ҳам қарор додааст.Амалкарди Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон моҳи декабри соли 2010 дар Маскав, ки муқобили мушорикати кишвараш дар барномаҳои сулҳбонии Паймони амнияти чамъй, раъй дод, тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Тасмими раҳбарии НАТО дар мавриди интиқоли ситоди ин созмон дар Осиёи Марказй аз Қазоқистон ба Қирғизистон, ки 19 майи соли чорй гирифта шуд ва дар порлумони Қирғизистон низ ба тасвиб расид, баёнгар аз он аст, ки НАТО барои водии Фарғона барномаи вижаеро тадорук дидааст.Қирғизистон интизор дорад, ки ҳамкорй бо НАТО ва истиқрори низомиёни ин созмон дар қаламраваш, аз ҳамлаҳои эҳтимолии Узбакистон ба манотиқи марзии ин кишвар пешгирй хоҳад кард.Аммо раҳбарии НАТО дар шарҳи иқдоми ахири худ дар мавриди ҳузури фаъолона дар ин кишварро баргирифта аз эҳтимоли вуқуъи низоъҳои қавмй дар ин минтақа медонанд.

Нооромихои идорашаванда барои Осиёи Марказй

Як мутахассиси аршад дар умури кишварҳои Авруосиё дар охирин таҳлили худ дар мавриди ояндаи суботу амният дар Осиё Марказй, таъкид кард, тавассути кишварҳои ғарбй раванди «афғонй» кардани авзоъ дар ин минтақа дар тамомии чанбаҳо чараён дорад. «Юрий Шевцов», раиси маракзи масоили ҳамгаройии Авруосиё(Минск), бо ишора ба вуқуъи ҳамзамони нооромиҳо дар Қирғизистон ва Точикистон дар соли 2010, гуфт ин руйдодҳо тасдиқи қотеъона бар ин мавзуъ аст, ки суботу амнияти ин минтақа ҳаргиз пойдор нест ва шикананда аст.Вай афзуд, тавассути неруҳо ва гуруҳҳои вижа барномаи ба Осиёи Марказй мунтақил намудани нооромиҳои Афғонистон дар ҳоли пайгирй аст ва дар ин замина тамриноте низ сурат гирифтааст.Чанде қабл дар робита ба ин мавзуъ Ҳайдар Чамол, раиси кумитаи исломии Русия, дар мусоҳиба бо сайти «Правда.ру» иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барномаи вижаеро барои муташаннич кардани авзои Осиёи Марказй руйи даст гирифтааст.Ҳайдар Чамол баъд аз ҳушдори Амрико ба шаҳрвандонаш дар мавриди худдорй аз сафар ба Узбакистон, дар моҳи марти соли чорй, гуфта буд:»ин ҳушдор тасдиқе дигаре бар он аст ки Амрико таҳаввулоти вижаеро барои Осиёи Марказй барномарезй кардааст.Ба баёни дигар, интизор меравад дар авоили пойиз «хиёбонҳои арабй» ба манотиқи аз нигоҳи Амрико муҳими ҳамчавор бо Русия, Эрон, Чин ва Афғонистону Покистон, интиқол дода шаванд. Дар ин фароянд нафт, газ ва уран чандон муҳим нест, ҳадафи Амрико ба роҳ андохтани «нооромиҳои ҳидоятшаванда» аст.

Дигар коршиносон низ дар таҳлилҳои худ, авзоъ дар Осиёи Маркзиро печида арзёбй мекунанд ва бар ин боваранд, ки ояндаи суботу амнияти ин минтақа бештар ба аҳдоф ва барномарезии бозигарони фароминтақайи вобаста аст, то ба сиёсат ва амалкарди давлатҳои минтақа. Яъне дар айни ҳол кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон, назири Узбакистон, Точикистон ва Қирғизистон талош доранд аз вуруди ҳар гуна гуруҳҳои тундрав ва чангиёни ифротй ба қаламравашон пешгирй кунанд ва дар ин кор неруҳои НАТО ва Амрико низ ба онон кумак мекунанд.Аммо бо расидани фурсатҳои дар назар гирифта шуда, кумакҳои Ғарб дар ин замина қатъ мешаванд ва ин гуруҳҳо бо ҳидояти ниҳодҳои махсуси ғарбй даст ба иқдом хоҳанд шуд.Аз суи дигар вучуди ихтилоф миёни кишварҳои Осиёи Марказй, аз чумла дар масоили марзй ва баҳрабардорй аз манобеи гидруэнержй, ба унвони муҳаррик, метавонад ин кишварҳоро ба истифодаи абзорй аз гуруҳҳои тундрав, ташвиқ кунад.Ин эҳтимол чой дорад, ки кишварҳои минтақа дар ростои дастёбй ба ҳадафҳои худ, гуруҳҳои тундрави мустақар дар имтидоди марзҳои Афғонистонро алайҳи кишвари дигар, ки бо он ихтилоф доранд, таҳрик кунанд.

Нигоҳе ба авзои чаҳон, идомаи буҳрони молии чаҳонй, ташдиди мавчи тазоҳурот дар кишварҳои шимоли Африқо ва Ховари Миёна, авзоъи печида дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ин дидгоҳро тақвият мекунад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тадрич он чиро ки нақши раҳбарии чаҳон таъбир мекунад, дар ҳоли аз даст додан аст. Бо таваччуҳ ба ин, коршиносон пешбинй мекунанд, ки Вашингтон ниёз ба нооромиҳои ҳидоятшаванда дорад, то бо роҳандозии чангу хунрезиҳо, худро ба унвони начотдиҳандаи давлатҳо вориди амал кунад.Эъломи хабари марги Бин Лодан ва дар пайи он интишори хабари кушта шудани Мулло Умар ва дар ниҳоят ба таври шубҳанок кушта шудани маршал Муҳаммаддовуди Довуд, аз пайравону ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд, ба худии худ расонандаи ин паём аст, ки минтақа обистани таҳаввулоти мутафовуте аст. Таҳаррукоти қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказй баёнгар аз он аст и таҳаввулоти ояндаи минтақа бе таъсир аз рақобати дар ҳоли ташдиди ин қудратҳо нест. Ба баёни дигар Амрико, кишварҳои аврупойи ва Русия, ки аҳдофи баландмуддатеро дар ин чо дунбол мекунанд, дар ростои монеътарошй дар масири барномаҳои ҳамдигар, кишварҳои минтақаро ба суи таҳаввулоти нохоста тела медиҳанд.Агарчй дар зоҳир ҳар як аз ин қудратҳо дастёбй ба ҳадафҳои худ дар Осиёи Марказиро вобаста ба вучуди суботу амнияти пойдор тавсиф мекунанд, аммо вуқуи нооромй ва даргир кардани давлатҳо ба масоили амниятй, аҳраме будааст, ки тасаллути қудратҳо бар давлатҳоро осонтар шакл додааст.

Таърхи нуфузи Амрико бар манотиқ ва кишварҳо баёнгар аз ин воқеъият аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар дарозои таърих аз чангу нооромиҳо ҳадафмандона баҳрабардорй кардааст. Аз чумла, чангҳои чаҳонии аввал ва дуввум дар ҳоле ки дигар давлатҳоро заъифу нотавон карданд, рушду пешрафти Амрикоро фароҳам оварданд.Мучтамаи низомй-санъатии ҳоким дар Амрико ҳамеша аз чангҳо суди калон бурдааст, зеро ин амр боиси равнақи бозори фуруши аслиҳа шуда, миллиардҳо доллар ба хазинаи Вошингтан сарозер кардааст.Ин сиёсат дар дунёи имруз низ тавассути сарони Кохи сафед дунбол мешавад.Дар шароити имруз Амрико қасд дорад бо созмондиҳии нооромиҳо дар Осиёи Марказй, зимни фалач намудани тарҳҳои иқтисодии ду рақиби аслии худ, яъне Чин ва Русия, заминаи ҳузури дарозмуддати худро фароҳам кунад.Дар ҳамин росто дар нооромиҳои ахири Қирғизистон ва Точикистон, бар асоси гузоришоти бархе манобеъ, низомиёни амрикойи ба таври мустақим ва ғайри мустақим ҳузур доштанд ва дар хунсо намудани гуруҳҳои тундрав, ба ин кишварҳо кумак карданд.Алабатта созмондиҳии бесуботиҳои идорашаванда шояд барои як давраи кутоҳмуддат корсоз бошад, аммо тачриба, аз чумла дар кишварҳои арабй, нишон медиҳад, ки ба дарозо кашидани ин раванд, авзоъро аз дасти созмондиҳандагон хорич хоҳад кард. Аз ин ру ба назар чунин мерасад, ки Ғарб аз ин тариқ талош хоҳад кард, зимни даргир кардани Русия ба масоили амниятй, ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказиро поярезй кунад ва раванди хуручи низомиёнаш аз Афғонистонро ба кучонидани ин неруҳо аз ин кишвар ба Осиёи Марказй, табдил диҳад.Дар шароите, ки равобити Русия бо кишварҳои Осиёи Марказй гармй ва самимияти қаблии худро то ҳадди зиёде аз даст додааст,Амрико дар пайи наздик шудани ҳарчй бештар бо ин кишварҳо баромадааст.Таҳаррукоти тозаи мухолифони давлатҳои Осиёи Марказй ва дубора дар маркази таваччуҳи ниҳодҳо ва кишварҳои ғарбй қарор гирифтани фаъолияти ин мухолифон, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки сарони Осиёи Марказй дар остонаи бочгириҳои тоза аз суи Ғарб қарор доранд.Нуктаи чолиби таваччуҳ дар ин росто он аст, ки Ғарб дар садад аст бо истифода аз ихтилофоти мавчуд дар миёни кишварҳои минтақа, онҳоро дар муқобили ҳам қарор диҳад.Ин мавзуъ бештар ба се кишвари Қирғизистон, Точикистон ва Узбакистон бармегардад, ки масъалаи баҳрабардорй аз манобеи гидруэнержй дар равобити онон соя афкандааст. Дар ҳамин росто кишварҳои ғарбй бо баргузории тамриноти низомй ба таври чудогона бо ин кишварҳо, мизони тавонойии неруҳои низомии ононро дар хунсо кардани нооромиҳои эҳтимолй маҳак задаанд.