ҲАМОСАИ МУҲАББАТ


хайр

Арафаи Наврӯзи имсол буд. Хоҳаре, ки фақат дар дунёи маҷозӣ ҳамдигарро мешиносем ва ҳамеша ба навиштаҳои ман таваҷҷуҳ мекунад, бароям паёме фиристод.Паём аз маъмулиҳо набуд.Ибрози эҳтирому иродат, орзуи сиҳатию хонаободӣ, таманнои бахти бедору қалами сабз… ва хоҳише орӣ аз ҳама гуна тамаллуқ. Хоҳише, ки дар ҳарф — ҳарфи вожааш муҳаббату ҳамёрӣ ҷилва мекард. Ин бонуи азиз, ки дар муҳоҷират кор  мекунаду дурӣ аз Ватан ва ранҷи ғурбатро дар ҷисму ҷони худ таҷриба кардааст,  аз писарам Фирдавс ҳарф ба миён оварда исрор кард, ки хоҳишашро рад накунам. Вай  навишта буд:«…мехоҳам барои фарзандони додарам Фирдавс, ки шеърҳояш ба ман хеле ва хеле писандад, туҳфаи наврӯзӣ фиристам ва хоҳиш мекунам рад накунед. Медонам, ки додарам дур аз Ватан аст ва мехоҳам андак ҳам бошад ҷои ӯро дар оилааш сабз кунам…»

Беэътиноӣ мебуд рад кардани ҳамчунин муҳаббат.Туҳфаҳои арзишмандашро ба набераҳоям расондам ва гуфтам инҳо аз холаатон …. ана акси ӯ. Аксро аз телефонам нишон додам.

Албатта набераҳоям ба чизе муҳтоҷ нестанд, аммо шодиашон он лаҳзаҳо интиҳо надошт, як холаи меҳрубон аз дури дурҳо ба фикри онҳо афтодааст, туҳфаи наврӯзӣ додааст.Гуфтам дуо кунед ин хола ва ҳамаи муҳоҷирон сиҳату саломат ба Ватан баргарданд.

Вақте чунин инсонҳои шариф ҳастанд, эҳсос мекунӣ зиндагӣ он қадар ҳам беранг нест…

Худо ҳифзат кунад, хоҳари гулам.

Оставьте комментарий