Мазҳаби ҳанафй — мазҳаби расмии Точикистон

Мазҳаби ҳанафй — мазҳаби расмии Точикистон

Ахиран порлумони Точикистон тарҳи чадиди қонуни озодии вичдон ва созмонҳои диниро ба тасвиб расонд. Бар асоси ин мусаваба мазҳаби ҳанафй мазҳаби расмии ин кишвар эълом шуд.
Қобили зикр аст, қонуни мазкур дар соли 1990 ба тасвиб расида, то кунун шаш бор мавриди тағйиру ислоҳ қарор гирифт, аммо бино ба эътиқоди дастандаркорон ҳар бор масъалаҳои тозае буруз мекарданд. Мирзошоҳрух Асрорй, вазири фарҳанги Точикистон, ки муҳтавои тарҳи чадидро ба намояндагони порлумон ташреҳ мекард, аз чумла гуфт, ин тарҳ комил ва мутобиқ бо ниёзҳои руз аст.
Дар ҳоле ки бархе расонаҳои русй аз тасвиби тарҳи чадиди конуни дин дар Точикистон ба унвони мақоми давлатй додан ба мазҳаби ҳанафй ёд карданд, муаллифони ин тарҳ мегуянд, тасвиб қонун ба маънии расмй шудани мазҳаби ҳанафй нест, балки ин мазҳабро мазҳаби қонуни барои мусалмонони Точикистон эълом мекунад.
Ба эътиқоди таҳлилгарон, яке аз ҳадафҳои аслии тасвиби тарҳи нави қонун, таҳти назорати давлат қарор додани фаъолиятҳои мазҳабй дар Точикистон ва аз ин тариқ пешгирй аз густариши фирқа ва равияҳои мухталиф дар кишвар аст. Бар асоси оморҳои расмй, то имруз беш аз се ҳазор аз шаҳрвандони Точикистон ба динҳои дигар гаравидаанд. Гузашта аз ин фирқа ва равияҳое назири ҳизби таҳрир, салафия, ҳаракати исломии Узбакистон ва ғайра, бо зуҳур ва густариш дар чомеи точик мушкилоти фаровоне барои мардум ва мақомот ба бор овардаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ибтидо мақомот ва сохторҳои давлати Душанбе ба андешаи ин ки густариши фирқаҳои мухталиф боиси заъиф шудани чойгоҳи ҳизби наҳзати исломй — аслитарин рақиби давлат — хоҳад шуд, ин мавзуъро чиддй нагирифтанд, ҳатто дар ин росто мусоидатҳое низ анчом доданд. Аммо гузашти замон нишон дод, ки чунин коре ояндаи суботу оромиш дар Точикистонро ба хатари чиддй ру ба ру хоҳад кард. Аз ин ру бархурд ва руйкардҳо ба ин масъала тағйир карданд. Мамнуъияти фаъолияти фирқаи салафия, ки соли гузашта анчом шуд, аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст. Чумъабой Сангинов, намояндаи порлумон дар ин маврид гуфт, акнун ин қонун ба миссионерҳои мазҳабй ичоза намедиҳад, ки мардумро ба динҳо ва мазҳабҳои мавриди назари худ фаро хонанд.
Аз суи дигар, раёсати чумҳурии Точикистон ба вазорати маорифи ин кишвар дастур дод, ки барномаи омузиши фиқҳи ҳанафро дар мактабҳо таҳия кунад ва ичрои онро таҳти назар гирад. Ба асоси ин дастур дар айни ҳол як кумиссиюни вижа машғули таҳияи ин барнома аст ва интизор меравад то оғози соли таҳсили чадид кори худро такмил кунад. Гуфтан ба маврид аст, ки таълимоти динй дар мактабҳои Точикистон умдатан тавассути омузгорони риштаи таърих сурат мегирад, акнун бар асоси дастуроти чадид фақат хатмкардагони Донишгоҳи исломй ичозаи чунин кореро хоҳанд дошт.
Бояд гуфт, дар таҳия ва табъу нашри китобҳои динй уламои варзида даъват нашудаанд ва бими он меравад, ки ин бор низ ин барнома ва китобҳо бо иштибоҳу нуқсоҳо ба табъ расанд. Дар чунин тадбири муҳим дар ҳошия қарор додани уламои дин ва шахсиятҳои мазҳабии матраҳ, ҳамчунин ҳизби наҳзати исломй, иқдоме тавсиф мешавад, ки давлати Душанбе огоҳона аз он кор гирифтааст.Яъне масъулони точик мехоҳанд нишон диҳанд, ки худ аз уҳдаи ҳамаи умур бармеоянд ва ниёзе ба соирин надоранд. Ба иборати дигар, ин иқдом дар ростои танг кардани доираи фаъолиятҳои ҳизби наҳзати исломй ва дигар шахсиятҳои мазҳабии ба истилоҳ «дигарандеш» сурат гирифтааст. Пешниҳоди Муҳиддин Кабирй, раиси ҳизби наҳзати исломй ва намояндаи порлумон дар мавриди ин ки тарҳи таҳия намудаи ин ҳизб низ ба унвони алтернатив ироа шавад, роҳ ба чое набурд.
Дар мачмуъ, тасвиби тарҳи чадиди қонуни озодии вичдон ва созмонҳои динй, боёнгар аз он аст, ки давлати Душанбе бар он шудааст фаъолиятҳои динии мардумро таҳти контрол гирифта, ин фаъолиятҳоро дар чорчуби майлу иродаи хеш идора кунад.
Тасвиби тарҳи чадиди конуни озодии вичдон ва созмонҳои динй дар ҳоле сурат гирифтааст, ки бар асоси қонуни асосии Точикистон ин кишвар аз нигоҳи сохторй давлати дунявии демократй буда, дин аз давлат чудо аст. Аз ин ру, ин иқдом аз як су боз кардани роҳ барои фаъолиятҳои динии озод дар Точикистон аст ва аз суи дигар тибқи майлу иродаи давлат шакл додани ин фаъолиятҳо ва бастани роҳ ба ҳама таҳаррукоти диниест, ки ба таъбири давлат «барҳамзанандаи суботу оромиш» дар чомеа мебошанд. Чунин руйкарде ҳам истифодаҳои хоричй ва ҳам дохилй ба ҳамроҳ дорад. Давлати Душанбе, ки ахиран ҳамкориҳо бо чаҳони исломро густариш додааст, бо эъломи мазҳаби ҳанафй ба унвони мазҳаби расмй, талоше дар итминони хотир бахшидан ба он даста аз шарикони худ кардааст, ки ҳамеша аз ноҳияи густариши равия ва фирқаҳои тундрав дар Точикистон нигарон буданд. Ҳамзамон бо ин, ин давлатҳоро ба он дилгарм кардааст, ки сарфи назар аз сохтори сиёсии худ (дунявй будан), ҳеч мамнуъияте ба эътиқодоти динии мардум қоил нест. Аз тарафе, ба шарикони ғайриисломии худ низ паём медиҳад, ки фаъолиятҳои динии чомеаро таҳти контрол гирифтааст ва ҳеч шансе барои рақибони исломии худ дар расидан ба қудрат, боқй нагузоштааст. Бо ин вучуд наметавон гуфт, ки дар чунин шароите мақоли «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранчад» ба иқдоми ахири давлати Душанбе низ таалуқ гирад, зеро кишварҳои исломие низ ҳастанд, ки аз бархе аз гуруҳ ва равияҳои мазҳабй дар Точикистон ҳимоят мекунанд.
Чудо аз абъоди мухталиф, эъломи соли 2009 ба унвони соли Имоми Аъзам ва расмият додан ба мазҳаби ҳанафй талошҳоеанд, ки давлатмардони точик дар ростои пур кардани халои идеологй низ анчом додаанд. Ба самар нишастани ин талошҳо дар сурате корсоз хоҳанд буд, ки андешаҳои чониби дигар низ лиҳоз шаванд. Бо таваччуҳ ба ин ҳануз фурсат ҳаст то дастандаркорони вазорати маориф шахсиятҳои мазҳабии бештарро дар таҳияи барнома ва китобҳои динй барои мактабҳо ба кор гиранд ва роҳро барои ҳама гуна суитафоҳум ва норизоятиҳо аз ҳоло масдуд намоянд.

Вобастагй + таҳқир= сарафкандагй

Вобастагй + таҳқир= сарафкандагй
Аз чумлаи роҳҳои саодат ва пешрафти миллатҳо, раҳойи аз вобастагй ба дигарон аст, зеро вобаста будан ба дигарон боиси аз даст рафтани фурсатҳо ва ибтикороти созандагй шуда, заминаи абзори дасти бегонагон шуданро фароҳам мекунад. Дар мисоли робитаҳои Точикистон ва Узбакистон ба хубй мушоҳида мешавад, ки Тошканд на бар асоси муқаррароти байналмилалй ва тавофуқҳои баимзорасида миёни ду кишвар, балки бар асоси майлу хостаи худ бо Душанбе рафтор мекунад. Вобастагй дар бахши таъмини неруи барқ, газ, роҳҳо, ҳатто роҳҳои иртиботй аз шимол ба чануби Точикистон, чудо аз мушкилоти фаровоне, ки барои мардуми точик, ба вижа дар солҳои истиқлолият эчод карда, боиси таҳқир ва озору азияти точикистониён тавассути милисаи узбак шудааст. Шояд бо гузашти солҳо битавон зарарҳои моддии амалкарди сохторҳои Узбакистон дар нисбати Точикистонро чуброн кард, аммо он ҳама таҳқир, ки гумрукчиён ва милисаи узбак ба ҳангоми , ба истилоҳ «бозрасй» нисбат ба шҳрвандони кишвари ҳамсояи худ раво мебинанд, то дерҳо ҳамчун доғи нанг қлбҳо ва вичдонҳоро озор хоҳад дод. Ҳар сол мардуми точик ба ин умеданд, ки ин достони талх ба поёни худ наздик мешавад ва ҳар зимистонро ба ин орзу баҳор мекунанд, ки аз вобастагй, аз озор, аз таҳқир ва сарафкандагй раҳо мешаванд. Аммо …

Вобастаги+тахкир=сарафкандаги

Вобастаги+тахкир=сарафкандаги

Роҳи ҳал кучост?
Ҳар аз гоҳе нашрияҳои Точикистон хабарҳои умедворкунандае ба нақл аз масъулони Точикистон дар бораи дар ояндаи наздик ҳал шудани ин ё он мушкили чомеа, мунташир мекунанд. Чунин навидҳое мардуми хушбовари точикро то муддате хушҳол мекунанд, аммо бо гузашти замон ин навидҳо ранг бохта, эътимод ва бовари чомеа ба ваъдаҳои мақомот ва навиштаҳои расонаҳо заъиф мешавад. Чанде қабл дар ин росто расонаҳои Точикистон хабар доданд, ки «Точикистон аз бунбаст раҳо мешавад». Бар пояи ин хабар Эрон, Афгонистон, Точикистон, Казоқистон ва Киргизистон ба ичрои тарҳи муштарак барои роҳи оҳане, ки Остона, пойтахти Казоқистонро бо Бандари Аббоси Эрон пайваст мекунад, оғоз карданд. Нашираҳои Точикистон ба нақли қавл аз Ҳамроҳхон Зарифй, вазири хоричаи Точикистон навиштанд, «ин муҳимтарин дастоварди соли 2008 дар робитаҳои миёни ин панч кишвар ба ҳисоб меравад»
Ичрои тарҳи мазкур ин имконро фароҳам мекунад, ки Точикистон дар масири пайвастан бо чаҳони хорич аз вобастагй ба роҳҳои Узбакистон , озод шавад. Дар масъалаи раҳои аз дигар вобастагиҳо, назири барқ ва газ низ суханҳое гуфта шуданд ва тарҳҳое матраҳ шуданд. Ҳаллу фасли ин ду масъала истиқлолияти энержии Точикистонро таъмин намуда, роҳи пешрафти иқтисод, шукуфойии кишвар ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардумро ҳамвор оҳад кард. Аммо бидуни шак, ҳалли ин масъалаҳо дар шароити кунунии Точикистон кори содда нест: Точикистон сармояи лозим барои ичрои тарҳҳои вобаста ба ин масъалаҳоро дар ихтиёр надорад ва шидидан ниёзманди сармоягузориҳои хоричй мебошад.Сармоягузорони хоричй, аз Русия гирифта то кишварҳои ғарбй ва арабй бо додани ваъдаҳои калон, дунболи фурсат ҳастанд, то бо истифода аз вазъияти Точикистон ба ҳадафҳои аслии хеш осонтар даст ёбанд.Маҳз ҳамин мавзуъ боис шудааст, ки тарҳҳои муҳими иқтисодии Точикистон хеле ба кундй пеш мераванд. Ин кишварҳо ба хубй медонанд, ки ҳар чи бештар давлати Душанберо дар вобастагии худ нигоҳ доранд, ба ҳамон андоза ба ҳадафҳои уд наздик мешаванд. Ба таври намуна метавон ба ваъдаи сармоягузории ду миллиарддоларии Русия дар иқтисоди Точикистон (Владимир Путин, соли 2007) ишора кард. Нигоҳе гузаро ба ин руйдод ба таври возеҳ нишон медиҳад, ҳангоме ки кишварҳои сармоягузор (қудратҳо) эҳсос мекунанд, ҳамкории ин ё он кишвар ба ҳадафҳои геополитикй ва геостротегии онон мехурад, вонамуд мекунанд, ки бо тамоми тавон вориди ҳамкориҳои дучониба шудаанд. Аммо баъдан маълум мешавад, ки ин ҳама саҳнасозй ва худнамойие беш набудааст. Ба иборати дигар, дар замоне ки Узбакистон аз Русия фосила гирифт, Владимир Путин, раиси чумҳури вақти Русия, дар чорчуби он чи ки Маскав «танбеҳи Тошканд» тавсиф мекунад, қарордодҳои азиме бо Точикистон ба имзо расонд ва дар масъалаи чанчолии миёни Душанбе – Тошканд, яъне сохтани неругоҳИ Роғун, аз мавзеи Душанбе ҳимоят кард.Аммо ҳамон гуна ки шоҳид ҳастем, он ҳама ваъдаҳо истифодаи абзорй аз вазъи ҳоким дар минтақа буд.Имруз авзоъ дар минтақа та/йир карда ва Русия низ мавзеи худро тағйир додааст. Натичаҳои музокироти Медведев ва Каримов дар Тошканд тасдиқкунандаи ин гуфтаҳо аст. Амалкарди дигар сармоягузорон низ тақрибан ба ҳамин шакл будааст.
Дар ин миён он чи ба нафъи Точикистон тавсиф мешуд ва мешавад, шиддат гирифтани рақобати қудратҳо ва кишварҳои мухталиф барои сармоягузорй дар иқтисоди Точикистон аст, амре ки то имруз бо далелҳои ошкору ниҳон, давлати Душанбе натавонистааст аз он истифодаи лозимро касб кунад. Баъзе аз коршиносон густариши фасоди молй дар сохторҳои ҳукумати Точикистонро аз чумлаи монеаҳо дар ин замина медонанд ва мегуянд ҳамин падидаи номатлуб боиси дилсардии бисёре аз сармоягузорон дар иқтисоди Точикистон шудааст. Гуруҳе дигар аз таҳлилгарон ба нақши манфии Русия ишора мекунанд, ки дар роҳи мушорикати дигар кишварҳо дар тарҳҳои иқтисодии Точикистон монеътарошй мекунад. Дар ҳарду ҳолат, ин мардум ҳастанд, ки гирифториҳои зиёде насибашон шудааст.
Имруз ин воқеият ғайри қобили инкор аст, ки Точикистон бидуни сохтани неругоҳи Роғун наметавонад истиқлолияти энергетикии худро касб кунад. Аммо ин масъала беш аз дигар масъалаҳо ба як абзори сиёсй барои сармоягузорони хоричй, қабл аз ҳама ва беш аз ҳама Русия, табдил шудааст. Ахиран ҳамин масъала боис шуд, ки робитаҳо миёни Маскав — Душанбе ба таври бесобиқа ба сардй гаройид. Расонаҳои фурсатталаб то чое ки метавонистанд дар атрофи ин мавзуъ фазосозй намуданд. Нуктаи муҳим дар ин раванд он буд, ки дар такмили неругоҳи Роғун наметавон ба умеди ёриҳои дигарон буд: танҳо роҳи ичрои ин тарҳи миллй истифода аз имконот ва зарфиятҳои бумй аст. Аммо то замоне ки ин имконот ва зарфиятҳо ба таври лозим муҳаё шаванд, боястй сохтани неругоҳҳои хурд ва миёнаро густариш дод, зеро бо гузашти ҳар сол, фурсатҳои тиллойи аз даст мераванд.
Тайи солҳои ахир Точикистон дар ростои коҳиши вобастагиҳои худ аз кишварҳои ҳамсоя, фаъолият дар ниҳодҳои минтақаиро тақвият намуд ва бар ин умед буд, ки аз тариқи ИДМ, созмони ҳамкориҳои Шонгхой, чомеаи иқтисодии Авруосиё, паймони амнияти чамъи ва дигар созмонҳои минтақайи битавонад мушкилоти мавчуд бо бархе аз ҳамсоягонро ҳаллу фасл кунад. Аммо ба далели аз коройии лозим бархурдор набудани ин ниҳодҳо, мушкилоти Точикистон нафақат ҳал нашуданд, балки дар ҳолатҳое бештар низ шуданд. Русия ки ҳамвора талош кардааст ба воситаи ин ниҳодҳо нуфузи худ дар қаламрави Шуравии собиқро ҳифз кунад, бо пеш гирифтани сиёсатҳои печида ва дар ҳолатҳое номушаххас, заминаи дилсардй ва хуручи бархе кишварҳо аз ин созмонҳоро фароҳам кард. Дар ин миён Точикистон беш аз ҳар кишвари дигаре ба Маскав содиқ будааст, вале дар ивази ин чуз бозиҳои сиёсй ва дипломатй, камтар чизе насибаш шудааст. Хати сурхи ин раванд мавзеъгирии ахири Медведев дар Тошканд буд, ки оби сард ба деги ангезаҳои Точикистон фуру рехт.
Аз наҳваи робитаҳо миёни Русия баъзан чунин бармеояд, ки Маскав аз манзари қудрат бархурд мекунад ва Душанбе дар акасари ҳолатҳо дар вазъиаыти кишвари вобаста қарор дорад. Бо ин ҳол саволи матраҳ ин аст, ки «Оё Точикистон воқеан вобастагиҳои амиқ аз Маскав дорад? ва «Оё Маскав нуқоти заъфу қуввати Душанберо комилан дар ихтиёр дорад, ки Точикистон нигарони истифода аз ин нуқот тавассути Русия ҳаст?» Ин саволҳо дар рузҳое, ки масъалаи «ҳузур» ё «ҳузур наёфтани» Имомалй Раҳмон дар нишастҳои Маскав дар садри ахбори расонаҳои минтақайи қарор гирифт, бештар чалби таваччуҳ карданд.
Имруз барои давлатмардони точик собит шуда, ки наметавон ба ҳалли мушкилоти хеш аз тариқи ниҳодҳои минтақайи ба таври лозим даст ёфт. Ваъдаҳои кишварҳои ёрирасон низ бо шартҳое ва ҳадафҳое будааст. Ҳамкориҳои дучониба низ на ҳамеша ба майлу хости Душанбе будаанд ва дар ин замина бояд дидгоҳҳои бархе кишварҳо дар назар гирифта шаванд. Бо ин вучуд мебинем ҳамкориҳои дучониба бештар ба суди Точикистон будаанд. Дар ин робита метавон ба ҳамкориҳои созанда бо Чумҳурии Исломии Ирон, Чин ва бархе дигар кишварҳо ишора кард, ки умдатан хорич аз ниҳодҳои минтақайи сурат гирифта, натичаҳои матлубе низ доштаанд.
Аммо баргардем ба вобастагиҳои имруз, ки давлат ва миллати Точикистон тачриба мекунанд. Бархе аз доираҳо, ба вижа расонаҳои вобаста ба сохторҳои Узбакистон, сафари ахири Имомалй Раҳмон ба Маскавро аз ҳамин зовия арзёбй карданд. Воқеан, бо каме таъхир анчом шудани ин сафар, парда аз гушаҳое аз сиёсатҳои теъдоде аз расонаҳо ва доираҳои коршиносй, ки дар ҳар замина нобарорй ва шикасти Точикистонро орзу доранд, бардошт.
Бо таваччуҳ ба он чи баён шуд, имруз ин зарурат пеш омадааст, ки давлати Точикистон барномаи миллии раҳойи аз вобастагиҳоро таҳия ва тасвиб кунад. Ин барнома бояд мушаххас кунад, ки зарфи 2-3 соли оянда миллат аз вобастагии иртиботй ва энержй начот ёбад. Хатто чо дорад, ки дар ин робита ситоди махсусе аз ҳисоби мутахассисони варзида ташкил шавад.
Миллати точик ин ҳақ ва шоистагиро дорад, ки дар сарзамини хеш зиндагии шарофатмандонае дошта бошад.

Музокироти Точикистон ва Узбакистон.

Музокироти Точикистон ва Узбакистон

Рузи чоршанбеи 18 феврал дар шаҳри Душанбе гуруҳе аз мақомоти Точикистон ва Узбакистон даври ҳам чамъ омаданд то масъалаҳои мавчуд дар робитаҳои ду кишварро баррасй ва ҳаллу фасл намоянд. Ин нишаст дар қолаби комиссиюни байнидавлатй баргузор гардид, ки аз замони охирин нишасти он шаш сол гузаштааст. Хамин мавзуъ, яъне тайи 6 сол доир нашудани нишастҳои ин комиссиюн баёнгар аз вазъи робитаҳо миёни Тошканд — Душанбе аст. Албатта, дар ин солҳо мақомоти точик борҳо ба Узбакистон сафар карданд, аммо масъулони узбак тамоили чандоне ба сафар ба Точикистон аз худ нишон надоданд.
Бисёре аз коршиносон аз нишасти тарафҳои точик ва узбак ба унвони руйдоди таърихй ёд намуда, пешбинй мекараданд, ки баъд аз ин дидор шоҳиди боз шудани гиреҳ дар муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя хоҳем буд. Дар дидори Рустам Азимов, маовини аввали сарвазири Узбакистон ва раиси ҳайати узбакистонй бо Эмомалй Раҳмон, раиси Чумҳури Точикистон низ ба ин нуктаи муҳим ишора шуд. Аммо ҳамон гуна, ки аз далелҳо бармеояд, фазои музокирот «чандон гарм» набуд. Ҳарчанд беш аз 10 масъала барои баҳсу баррасй пешниҳод шуда буд, вале дар поёни нишаст фақат ду протокол ба имзо расид: яке дар бораи ҳамкориҳои иқтисодй-тичорй, дигаре дар бораи масъалаҳои марзй. Интизор мерафт роҳи ҳалле барои истифода аз манбаъҳои обй ва интиқоли неруи барқ, ки беш аз ҳар масъалаи дигаре дар робитаҳо миёни ду кишвар соя афкандааст, пайдо шавад, аммо ҳаргиз ин тавр нашуд.
Аз раванди музокирот, ки тамоми руз идома дошт, ба хубй эҳсос мешуд, Точикистон ба унвони мизбон тамоили бештаре ба ҳаллу фасли масъалаҳо дошт, дар ҳоле ки ҳайати узбакистонй бештар масъалагузорй мекард, то ироаи роҳи ҳалли масъала.
Аз чумлаи дастовардҳои нишасти комиссиюни байниҳукуматии Точикистон ва Узбакистон, эъломи ризояти Тошканд дар мавриди тронзити барқи Туркманистон ба Точикистон, мувофиқат дар бораи интиқоли об аз обанбори Қайроққум ба Узбакистон ва то 97% ҳал шудани масъалаи марзй миёни ду кишвар буд.
Қобили зикр аст, ки оғози қарни 21 робитаҳо миёни ду кишвари ҳамсояро дастхуши тағйиру таҳаввули зиёде кард, ки ба ҳеч вачҳ наметавон онро мусолиматомез тавсиф кард. Аз соли 2000 Тошканд ба таври якчониба барои шаҳрвандони Точикистон системаи раводид чорй намуд ва аз баҳори соли баъд марз бо Точикистонро минакорй кард. Ба илова беш аз 16 сол аст, ки миёни ду кишвар робитаи ҳавойи вучуд надорад. Сардии робитаҳо миёни Тошканд — Душанбе то чое пеш рафт, ки ҳатто Каримов ва Раҳмон дар баъзе аз ҳамоишҳои минтақайи бо ҳам сухан намегуфтанд…
Бисёре аз коршиносон дар таҳлилҳои худ аз шакли робитаҳо миёни Точикистон ва Узбакистон, сардии ба вучудомадаро бархоста аз талошҳои Ислом Каримов барои табдил шудан ба «раҳбари минтақа» медонанд. Ҳамин коршиносон мегуянд, Тошканд дар ростои таҳмили хостаҳои худ ба ҳамсоягон, дар бисёре аз мавридҳо манфиатҳои Точикистонро нодида гирифтааст. Давлати Душанбе, ки дар солҳои чанги дохилй ногузир ба пазириши бархе аз дидгоҳҳои Тошканд буд, бо бозгашти суботу амният ба Точикистон, ба тадрич бар он шуд, ки сиёсатҳои мустақил ва дар чорчуби манфиатҳои миллй ва давлатиро дунбол кунад. Ҳарчанд ин сиёсатҳо дар ҳеч марҳалае алайҳи Тошканд набудаанд, аммо доираҳое дар Узбакистон аз он бим доштан (ва доранд), ки коҳиш ва дар ниҳоят рафъи вобастагиҳои Точикистон аз Узбакистон, метавонад ба ҳадафҳои стротегии Тошканд дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй латма ворид кунад. Чонибдорони ин дидигоҳ таъкид мекунанд, ки талоши Узбакистон барои дар вобастагй нигоҳ доштани Точикистон ва Қирғизистон баргирифта аз стротегияи давлатмардони ин кишвар дар ростои таҳмили сиёсатҳо ва хостаҳои худ ба ҳамсоягон аст.
Дуввумин нишасти комиссиуни байниҳукуматии Точикистон ва Узбакистон дар ҳоле ба кори худ поён дод, ки натичаҳои он аз қабл пешбинй мешуд. Табиист, ки дар як нишасти якруза пайдо кардани роҳи ҳал барои масъалаҳое, ки зарфи 9 — 10 сол шакл гирифтаанд, кори соддае набуд. Аз ин ру ҳаллу фасли ниҳойии ин масъалаҳо ба машваратҳои бештаре ниёз дорад. Аммо тарзи мушорикати тарафи узбакистонй дар комиссиюни мушатарк, ки сарпечй аз суҳбат бо хабарнигорон аз чумлаи ҳошияҳои он буд, ин ақидаро тақвият мекунад, ки ба дарозо кашидани ҳалли масъалаҳои мавчуд дар робитаҳои ду кишаври ҳамсоя, ибтикори амалро ба қудратҳои фурсатталаб хоҳад дод, то битавонанд бо истифода аз фишнагҳои мавчуд шикоф миёни кишварҳоро бештар намуда, ҳадафҳои султачуёнаи худро ба осонй пай гиранд. Тачрибаи кишварҳо дар минтақаҳои мухталифи чаҳон дарсҳои талхеро аз ин найранг бар чой гузоштааст. Аммо мушкили чиддй он аст, сарони давлатҳои Осиёи Марказй, ки идомаи ҳукумат ва бақои ҳокимият, ҳамчунин меросй кардани қудрат аслитарин ҳадафи онон ба ҳисоб меравад, ин хатарро ба тавре, ки мебояд эҳсос намекунанд.

Ба ҳар сурат, баргузории дуввумин нишасти комиссиюни байниҳукуматии Точикистон ва Узбакистон бори дигар ба тарафайн ёдовар шуд, ки роҳ барои рафъи мушкилот ва бархе суитафоҳумҳо вучуд дорад Ҳарчанд ин роҳ печида ва ноҳамвор аст, аммо метавон бо гузаштҳои мутақобил онро паймуд. Шаке вучуд надорад, ки Душанбе наметавонад ҳамвора дар нақши «гузашткунанда», ҳамон гуна, ки Тошканд интизор дорад, боқй бимонад. Сафарҳои ахири раиси чумҳури Точикистон ба кишварҳои аврупойи ин ақидаро бештар тақвият кардааст.

Медведев ва Рахмон: аз музокирот то мохигирй

Сафари рузи сешанбеи 24 феврали Эмомалй Рахмон, раиси чумхури Точикистон ба Маскав, аз нигохи банду басти дипломатй яке аз душвортарин сафархо дар таърихи раёсати чумхури окои Рахмон буд. Зеро раиси чумхури Точикистон ин бор дар шароите ба дидори хамтои руси худ мерафт, ки дар таърихи 17 солаи равобит бо Русия барои аввалин бор норизоятии худ аз сиёсатхои Маскавро баён намуда буд.
Карори маълум дар пайи мавзеъгирии ахири Медведев дар Тошканд, ки ба эътикоди Душанбе химояти ошкори Маскав аз манофеи Узбакистон ва нодида гирифтани манфиатхои Точикистон буд, вазорати хоричаи Точикстон маротиби эътирози худро ба сафорати Русия дар Душанбе баён намуд. Ба илова Эмомалй Рахмон ба мулокоти Медведев (2 феврал дар Маскав) хозир нашуд. Дар он рузхо бисёре аз доирахои расонайи ва коршиносй аз эхтимоли уручи Точикистон аз ниходхои минтакайи сухан ба миён оварданд ва пешбинй мекрданд, ки Душанбе ру ба суйи Гарб хохад овард. Аммо харгиз ин тавр нашудва бо як ё ду руз таъхир раиси чухури Точикистон ба Маскав дафар намуд ва дар нишастхои Иттиходияи Авруосиё ва Паймони амияти чамъй ширкат кард. Дар дидори кутохе, ки миёни Медведев ва Рахмон дар хилоли ин нишастхо баргузор шуд, раиси чумхури Русия аз хамтои точики худ даъват кард дар фурсати муносиб ба Маскав сафар кунад.
Фазои хоким дар махалли мулокото окоён Медведев ва Рахмон — хузури теъдоди ками хабарнигорон дар Завидово — баёнгар аз гайримаъмулй будани ин дидор буд.
Бар пояи навиштахои расонахои русй, дар махалли дустдоштаи хокимони вакти Шуравй хамрох бо Рахмон ба мохигирй пардохтани Медведев, ба ин маънй буд, ки Маскав барои рахбари Душанбе ахамият ва эхтироми вижае коил аст. Бо ин хол аз хамон огози музокирот, ки Дмитрий Медведев баъд аз саломуалейк хитоб ба хамтои худ аз ин дидор ба унвони саври дуввуми омодагихо ба мулокоти расмй ёд кард, мушаххас буд, ки дар нихоят тасмимоти чиддие дар ин дидор гирифта нахохад шуд. Аз лахни суханронии раиси чумхури Русия бармеомад, ки Маскав омодааст тамоми масъалахои марбут ба хамкорихои ду кишварро мавриди баррасй карор дихад.
Музокироти Медведев ва Рахмон пушти дархои баста анчом шуд, аз ин ру аз чузъиёти он гузорише дарёфт нашудааст. Дафтари матбуотии раёсати чумхурии Русия дар поёни руз зимни мусбат арзёбй кардани натичаи гуфтугухо, иброз дошт, ки дар бисёре азмасъалахои баррасй шуда, тавофукхои мавриди кабули ду тараф хосил шуд. Ин манбаъ афзуд, тарафайн тасмим гирифтанд, ки гуфтугу дар мавриди тарххои гидроэнергетикиро идома хоханд дод.
Вокеият он аст, ки тайи 2-3 соли охир робитахо миёни Точикистон ва Русия аз раванди маъмулй хорич шуда, ба сардй гароида аст. Аз тарзи бархурд ва рафтори Русия бо Точикистон бармеояд, ки гуё Маскав ба хадафхои мавриди назари худ дар ин кишвар даст ёфта, тамоили чандоне ба ичрои карордодхои имзошуда бо давлати Душанбе надорад. Ба иборати дигар, чунин коре ахамияти худро барои Русия бохтааст. Боло бурдани макоми лашкари Русия ба пойгохи низомй, ба ивази бахшидани карзхои Точикистон, вогузории пойгохи родории “Окно” ба Русия аз чумлаи ин хадафхои Русия унвон мешаванд. Дар он замон карордодхои калоне миёни ду кишвар ба имзо расид ва Русия ваъдаи сармоягузории 2 миллиард долларй дар иктисоди Точикистон ва такмили ниругохи Рогунро дод. Хамон гуна ки медонем, ин ваъдахо харгиз амалй ншуданд.
Коршиносони рус дар ин замина давлати Душанберо мукассир медонанд ва мегуянд ихрочи марзбонони рус аз марзи миёни Точикистон ва Афгонистон ва бекор кардани карордод бо ширкати “Рус Ал” икдомхое буданд, ки харгиз хушоянди Кремл набуданд.
Албатта дар робита ба ин ду мавзуъ гуфта мешавад, ки Точикистон дар чорчуби манфиатхои миллии худ амал намудааст,аммо маълум мешавад, ки доирахое дар Маскав интизороти дигареро дунбол мекардаанд

Медведев ва Рахмон: аз музокирот то мохигирй

Медведев ва Рахмон: аз музокирот то мохигирй

Бархе аз сохибназараон дар остонаи сафари Эмомалй Рахмон ба Маскав, авзоъро ба нафъи Точикистон арзёбй мекараднд ва мегуфтанд раиси чумхур метавонад бо истифода аз ракобат миёни Русия ва Амрико имтиёзоти бештареро аз Маскав касб кунад (назири Киргизистон).
Амал накардани Русия ба карордодхо ва ваъдахояш дар нисбати Точикистон ин хакро ба Душанбе медихад, ки барои халли мушкилоти хеш ва бароварда намудани ниёзхояш роххои дигареро чустучу кунад. Дар Маскав низ ба ин вокеият эътироф доранд. аммо ба назар мерасад Дмитрий Медведев бар он шудааст, ки бархе иштибохоти Владимир Путинро ислох кунад. Вуруди амрикоихо ва умуман Гарб ба минтакаи стротегии Осиёи Марказй, ки бо чароги сабзи Путин сурат гирифт, аз нигохи рахбарони имрузи Маскав ба нафъи Русия нест. Аз ин ру Медведев талош хохад кард бо хар рохи мумкин хузури амрикоихо дар ин минтакаро махдуд ва заминаи ихрочи ононро фарохам кунад. Бо таваччух ба он ки вактхои охир рафту омади макомоти баландпояи Вашингтон ба Душанбе зиёд шудааст, Русия низ чойгохи дар сиёсатхои худ барои Точикистон боз намудааст ва моил нест миёни Маскав — Душанбе фосила эчод гардад. Ин албатта, фурсати хубе барои Точикистон аст. Дар Маскав ба хубй дарк карданд, ки Точикистон дар пайи гирифтани сиёсати чандсамтй, хамкорихо бо кишвархои мухталифро густариш додааст ва ин раванд дар ростои кохиши вобастагихо факат ба як кишвар хамчунон идома дорад. Аз суе, дар канори Амрико, Гарб ва кишвархои исломй Чин низ хузури худ дар Точикистонро пурранг намудааст. Яъне идомаи дилсардй аз Маскав наздикии Точикистонбаин кишвархоро бештар хохад кард. Ба иборати дигар,ахамияти Точикистон дар сиёсатхои геополитикии Русия ба куввати худ бокй аст. Аммо бим аз он меравад, ки дар тасмимгирихои Душанбе дар мавриди масъалахои хассос,эхсосот бар мантик чира шавад ва бархе макомоти точик манфиатхои шахсй ва гурухии худро аз манфиатхои миллй боло гузоранд.

Кули Сарез 100-сола мешавад!

Кули Сарез 100-сола мешавад

Кули Сарез 100-сола мешавад

Рузи 18 феврали соли 1911 дар яке аз дехахои вилояти Бадахшони Точикистон заминларзае ба кудрати 9 дарачаи рихтер ба вукуъ пайваст, ки ба асари он мачрои дарёчаи кухй баста шуд. дар махалли ходисае дехае бо номи Сарез комилан аз байн рафт ва аз хамон лахза куле бо номи “Сарез” шаклгирии худро огоз кард.

Дар айни хол, яъне бо гузашти 98 сол аз ташкили обанбори табии, тули кул ба бештар аз 70 километр ва чукурии он ба 500 метр расидааст. Хачми оби чамъшуда 17 млрд. метри кубй баровард шудааст. Ин кул дар баландии 3 хазор метр аз сатхи оби бахр чойгир шудааст.

Кули Сарез аз замони пайдоиш дар маркази таваччухи ниходхои зистмухитии Точикистон ва минтака карор дошт. Хануз дар солхои 70-уми асри гузашта мутахассисони Шуравй дар пайи тахкикоти зиёд ба ин натича расиданд, агар чорахои зарурй андешида нашавад, дар дарозмуддат чмаъ шудани беш аз хадди об боиси вайрон шудани садди табии ва сарозер шудани обу сангу гил хохад шуд, амре ки чони 6 млн. аз ахолии Осиёи Марказиро дар маърази хатар карор хохад дод.

Баъд аз касби истиклол, масъулони точик талош намуданд бо пешниход кардани ракаму далелхо хатари кули Сарезро муаррифй ва барои пешгирй аз фочеахои экологй ва инсонй талошхое ба харч доданд. Аз чумла дар охирхои соли 1997 дар шахри Душанбе конфронси байналмилалие баргузор гардид, ки дар он масъалахои вобаста ба кули Сарез мавриди бахсу баррасй карор гирифт. Дар ин конфронс пешниход шуд, ки дар сурати бахрабардорй, кули Сарез 40 то 50 млн. ахолиро бо оби солими ошомиданй таъмин хохад кард.

Дар соли 2000 хукуматхои Точикистон, Киргизистон ва Узбакистон аз чомеаи чахонй даъват карданд, ки барои аз байн бурдани хатароти кули Сарез мусоидатхои лозимро анчом диханд. Дар хамон сол тахти сарпарастии Бонки чахонй тархе бо номи “Кули Сарез:барномаи кохиши хатар” тасвиб ба мархалаи ичро гузошта шуд.

Дар таърихи 3 ноябри соли 2007 раиси чумхурии Точикистон аз созмонхои байналмилалии молй такозо кард, ки барои тахияи барномаи истифода аз оби кули Сарез кумак кунанд. Дар ин пешниход гуфта мешуд, ки бо ичрои чунин барнома 40 млн. ахолии минтака бо оби ошомиданй таъмин ва хатархои эхтимолй рафъ хоханд шуд.

28 майи соли 2008 дар шахри Бишкек дар хамоише бо хузури вазирони об аз кишвархои Точикистон, Туркия, Туркманистон, Казокистон, Озарбойчон ва Киргизистон бори дигар масъалаи кумак ба тархи бахрабардорй аз оби кули Сарез матрах шуд.

Ба иловаи ин хама, бисёре аз кишвархо ва ниходхои байналмилалй дар ростои мусоидат ба халли масъалахои кули Сарез кумакхои милй ва фаннй расондаанд, ки Шветсария дар садри ин руйхат карор дорад.

Хатароти эхтимолии бархоста аз кули Сарез дар холе матрах мешавад, ки ба эътикоди гурухе аз мутахассисон, ин мавзуъ як василаи судчуйи барои бархе аз сохторхо ва макомот дар кишвархои минтака табдил шудааст. Аз чумла, Юрий Казаков, мутахассиси заминшиносй, ки солхои зиёде дар минтакаи Сарез кор кардааст, ба хамин нукта ишора мекунад ва мегуяд, бисёре аз матолиби чопшуда дар бораи масъалахои Сарез на касбй, балкй эхсосотй таълиф шудаанд. Вай зимни тасдик кардани хатароти эхтимолии кули Сарез, бо таассуф мегуяд, тахкикот дар мавриди кули Сарез ба таври комил анчом нашудааст.

Аз суе, Леонид Папирин, мудири собики гурухи тахкикотй дар Бадахшон мегуяд, хар вакт ки пажухишхо комил шуданд, метавон муайян кард, ки барои рафъи хатарот чи корхое анчом дод. Ин мутахассис муътакид аст, ки сохтани неругохи барк дар ин минтака, хам хатархои эхтимолиро аз байн мебарад ва хам дар кутохмуддат тамоми харочотро чуброн хохад кард.

Тахкикот нишон медихад, ки хамасола сатхи оби кули Сарез 20 см. афзоиш меёбад ва аз соли 1967 то соли 2001 сатхи об дар ин кул 4,8 метр боло рафтааст. Ба андешаи мутахассисон чамъшавии беш аз андозаи об метавонад садди Усойро, ки дар пайи заминларза ба вучуд омад, вайрон кунад. Аз суи дигар, бар асоси пажухишхои анчомшуда, дар минтакаи Бадахшон хар 100 сол як заминларзаи шадид ба амал меояд. Аз ин ру ин эхтимол низ вучуд дорад, ки кули Сарез баъд аз 100-солагй дар соли 2011, дар пайи як зилзила аз байн хохад рафт. Аммо, агар ба истилох “таваллуди” кули Сарез боиси аз байн рафатани як деха гардида бошад, пас ин эхтимол чой дорад, ки “марги” он боиси нобудии даххо шахру деха дар Точикистон, Узбакистон, Афгонистон, Туркманистон ва Киргизистон хохад шуд.

Хамин фарзия эчоб мекунад, ки барномахои рафъи хатароти кули Сарез ба таври чиддй пайгирй шаванд ва ба иборате, “илочи вокеа кабл аз вукуъ” сурат гирад.