Туркманистон дар тахаввулоти минтака


Вазорати корхои хорича Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайи гузорише аз беҳбуди равобити Вошингтон бо кишварҳои Осиёи Марказй, ибрози ризоят кард.Дар ин робита зимни таъкид бар ҳушёрии бештар дар қиболи сиёсатҳои тагйирёбандаи Тошканд, ба таври вижа аз тавсаъаи ҳамкориҳо бо Туркманистон кадрдонй шудааст.Дар нишасти мақомоти Вошингтон ва Ашқобод, ки миёнахои моҳи феврал дар пойтахти Туркманистон доир шуд, ду тараф тамоили худро чиҳати тавсаъа ва таъмиқи равобит дар тамомии заминаҳо иброз карданд.Дар ин миён Амрико даъват кард, ки фаъолиятҳо дар чорчуби масоили марбут ба Афғонистон тақвият ёбанд.Ин суханон ба он маъно аст, ки дар айни ҳол ва аз ин ба баъд Туркманистон дар сиёсатҳои Осиёимарказии Амрико аз чойгоҳи вижае бархурдор хоҳад буд.Имзои қарордоди сохти хати лулаи гази ТАПИ дар поёни соли 2010 баёнгар аз он аст, ки Амрико бо мушорикат додани Туркманистон дар тарҳҳои иқтисодии минтақа, ба вижа тарҳҳои энержй, қасд дорад бо истифода аз равишҳои ғайримустақим низ бо Русия ба рақобат бипардозад. Яъне фаъолиятхои Маскавро дар минтақаи суннатии нуфузаш — Осиёи Марказй ба чолиш бикашад.Афзоиши таҳаррукоти дипломатии Амрико дар Ашқобод тайи як соли охир, аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст. Ин таҳаррукот дар моҳи декабри соли 2010, дар пайи бурузи мушкил дар масъалаи таъмини сухти пойгохи «Манас» дар Кирғизистон, беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфтанд.Зеро Туркманистон бузургтарин корхонаи тавлиди сухти ҳавопаймо дар минтақаро дар ихтиёр дорад ва барои Амрико ин кишвар беҳтарин гузина дар ин замина аст.Ба вижа он ки ду тараф дар мавриди хариду фуруши сухти ҳавопаймо барои ниёзҳои Афғонистон дар гузашта низ ҳамкорй доштанд, бо ин тафовут, ки бо таваччуҳ ба асли бетарафии Туркманистон, ин кор ба таври ғайримустақим ва тавассути далолон ичро мешуд.Он замон Маскав дар мавриди афзоиши нуфузи Амрико дар минтақа хеле ҳассос буд, аммо акнун авзоъ тағйир карда ва Русия низ дар тарҳҳои мухталифи Афғонистон шарик шудааст, ки транзити коло ва тачҳизоти Гарб тавассути қаламраваш ба Афғонистон, аз ин чумла аст. Акнун дар Русия ҳеч далеле чиҳати мамониъат аз содироти сухт аз Туркманистон ба Афғонистон вучуд надорад. Дар ҳамин росто қобили зикр аст, ки раиси чумҳури Русия рузи 22 моҳи март бо судури фармоне намояндаи вижаи худ дар Кобулро муаррифи кард.Димитрий Медведев тибқи ин фармон Замир Кобулов, мудири бахши Осиёи вазорати умури хоричаи Русияро ба унвони намояндаи худ дар Афғонистон таъйин кард.Дар фармони мазкур аз чумла омадааст, бо таваччуҳ ба зарурати густариши равобит бо Афғонистон, ки раванди навсозй ва раҳойи аз тероризмро тачриба мекунад, Маскав низ бояд мушорикати бештаре дар таҳаввулоти ин кишвар дошта бошад. Замир Кобулов дар солҳои 2004 — 2009 сафири Русия дар Афғонистон буд ва мутахасиси ботачрибаи вазорати хоричаи Русия дар умури Афғонистон маҳсуб мешавад.Сарпараси ҳайати русй дар конфронси Бон буд ва бо Ҳомид Карзай, раиси чумҳури Афғонистон робитаҳои дустона дорад. Рузи 24 январи соли чории мелодй дар шаҳри Ашқобод музокироти тарафҳои туркман ва амрикойи дар мавзуи тавсаъаи ҳамкориҳои энергетикй баргузор шуд, ки дар он тарҳи интиқоли энержй, аз чумла неруи барқ ба воситаи қаламрави Туркманистон ба Афғонистон баррасй шуд. Бо таваччуҳ ба аҳамияти минтақайии ин тарҳ, интизор меравад, ки маблаги такмили он тавассути ниҳодҳои молии байналмилалй таъмин шавад.Ба эътиқоди бархе аз коршиносон, дар ин музокирот интиқоли маҳсулоти нафтии Туркманистон ба бозори Афғонистон низ баррасй шуда, тарафайн дар ин замина мавозеъи тақрибан ҳамсоне доштанд. Албатта дар ин музокирот дигар масоили марбут ба дурнамои ҳузури низомиёни амрикойи дар Афғонистон низ матраҳ буд ва Амрико бо мушорикат додани Туркманистон дар масоили Афғонистон қасд дорад бархе заминаҳои хуручи неруҳояш аз Афғонистонро низ фароҳам кунад.Ин мавзуъ дар шароите ки ахиран замзамаҳое дар мавриди ҳузури доимй дар Афғонистон аз генералҳои амрикои шунида мешавад, бештар аҳамият пайдо кардааст.Рузи 24 март расонаҳои мухталиф гузоришҳое аз ибрози назарҳои мақомоти низомии амрикойи мунташир намуданд, ки дар онҳо омода набудани сохторҳои интизомии афғон чиҳати таъмини амнияти кишвар,таъкид мешуд. Дар ин гузоришҳо ба нақл аз фармонедеҳони амрикойи гуфта шуда, ки ҳузури низомиёни Амрико дар Афғонистон тулонимуддат хоҳад буд ва ин ҳузур дар ҳамоҳангй бо мақомоти Афғонистон танзим хоҳад шуд. Аммо ончй ба нақши Туркманистон дар таҳаввулоти Афғонистон бармегардад он аст, ки Ашқобод ҳамеша бо риояти асли бетарафй, дар низоъҳои кишвари ҳамсоя дахолат накардааст ва дар ҳолатҳои изтирорй қаламрави худро барои ироаи кумакҳои башардустона ба мардуми Афғонистон, дар ихтиёри ниҳодҳои байналмилалй қарор додааст.Дар шароити кунунй, ки нақш ва чойгоҳи Туркманистон дар муодилоти минтақаи беш аз пеш афзоиш ёфтааст, тавсаъаи равобит бо ин кишвар, ба точирон ва бозаргонони афғон ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки равобит худ бо кишварҳои Аврупои чанубй ва бахри Миёназаминро ба таври бесобиқа густариш диҳанд.Ин масир аз ҳар масире ки аз қаламрави Покистон мегузарад, беҳтар аст, зеро дар канори бархурдорй аз субот, ин вижагиро низ доро мебошад, ки Туркманистон бар хилофи Покистон, ҳеч иддаое дар қиболи Афғонистон надорад. Аз дигар нукоти муҳими мушорикати Туркманистон дар тарҳҳои марбут ба Афғонистон он аст, ки бо такмили хати роҳи оҳани Туркманистон — Казоқистон, ки хорич аз қаламрави Узбакистон дар ҳоли сохт аст, ин имкон фароҳам хоҳад омад, ки тронзити коло тавассути вогунҳо аз Афғонистон ба Аврупо ва билъакс, бе таваққуфҳои тулонимуддат дар Узбакистон, сурат хоҳад гирифт.Ин муҳим дар рушди иқтисоди Афғонистон ва дар кул, иқтисоди кишварҳои минтақа, аз аҳамияти волое бархурдор аст.

Барномаҳои Амрико барои Точикистон ва Қирғизистон

Барак Абама, раиси чумҳури Амрико ду кишвари Точикистон ва Қирғизистонро дар авлавияти сармоягузориҳои худ барои соли 2012 қарор додааст. Дар барномаи пешниҳодии давалати Амрико барои сармоягузорй дар Қирғизистон 40,8 миллион доллар дархост ва таъкид шудааст, ки ин маблағ умдатан барои бахшҳои зербинойи ва таҳкими суботу амният дар ин кишвар ҳазина хоҳад шуд. Кумак ба бахши хусусй ва тақвияти фаъолиятҳо дар бахши кишоварзй, аз дигар ҳадафҳои ин сармоягузорй унвон шудааст. Дар барномаи мазкур барои Точикистон дар соли 2012 38,8 миллион доллар тақозо шудааст.Таҳкими амният, ҳалли масоили мавчуд дар бахши беҳдошт ва омузишу парвариш аз чумлаи маҳалли харчи ин сармоягузориҳо унвон шудаанд. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки барномаҳо ва тарҳҳои Амрико дар ростои барқарории суботу амният дар Афғонистон, эчоб мекунад, ки барои таҳкими субот дар Точикистон талошҳои зиёде анчом шавад.Аз ин ру Вошингтан таҳкими марзҳои миёни Точикистон ва Афғонистонро аз чумлаи авлавиятҳо дар ин замина қаламдод кардааст. Дар тарҳи будчаи пешниҳодии давлати Барак Абама барои соли 2012 дар бахши кишварҳои Осиёи Марказй бари Қазоқистон 14,1 миллион, Туркманистон 8 миллион ва Узбакистон 7,6 миллион доллар дархост шудааст.Дар мачмуъ барои панч кишвари ин минтақа дар соли 2012 112,8 миллион доллар дар назар гирифта шудааст, ки 13,6 миллион доллар камтар аз соли 2010 мебошад. Дар кул, нигоҳе ба таҳаррукоти дипломатии Иёлоти муттаҳида Амрико дар Осиёи Марказй ва рафту омадҳои мақомоти амрикойи ба кишварҳои ин минтақа ва билъакс, ҳокй аз ин воқеият аст, ки Кохи сафед бо бознигарй дар сиёсатҳои худ дар садад аст, чойгоҳи худ дар ин минтақаи ҳассосро тақвият кунад. Дар ин миён таваччуҳи вижа ба Қирғизистон ва Точикистон ин паёмро ба ҳамроҳ дорад, ки ин ду кишвар дар маркази рақобат миёни Маскав ва Вошингтан қарор хоҳанд гирифт. Сафари ахири Роза Отунбоева, раиси чумҳури Қирғизистон ба Амрико ва натоичи ин сафар, ҳамчунин пушиши хабарии таҳаввулоти марбут ба ин сафар, ин дидгоҳро тақвият кард, ки Амрико дар сиёсатҳои осиёи марказии худ, руи Бишкек ҳисоби вижае боз кардааст. Барак Абама, раиси чумҳури Амрико дар дидор бо ҳамтои қирғизи худ, аз талошҳои Бишкек дар чиҳати бунёди чомеаи демократй тамчид ва тақдир кард ва қавл дод, ки Вашингтан аз ин талошҳо пуштибонй карда ва мусоидатҳои лозимро анчом хоҳад дод.Роза Отунбоева низ аз кумакҳои Амрико дар бозгашти субот ба кишвараш тақдир кард.Дар ин дидор ва дигар музокироте, ки раиси чумҳури Қирғизистон бо мақомоти амрикойи дошт, тарафайн дар мавриди баҳрабардорй аз «Манас» ба унвони маркази тронзити коло ва тачҳизоти мавриди ниёзи неруҳои мустақар дар Афғонистон иттифоқи назар доштанд.Аз натичаи музокироте ки раиси чумҳури Қирғизистон бо Роберт Блейк, ёвари вазири хоричаи Амрико дошт, бармеояд, ки дар мавзуи «Манас» ва масоили сохти неругоҳҳо дар Қирғизистон миёни тарафҳо як муомилаи сиёсй — иқтисодй сурат гирифтааст.Дар ин дидор Роберт Блейк талоши Бишкек дар чиҳати касби истиқлолияти энержиро як амре зарурй ва қонунй тавсиф ва ба таври зимнй ишора ба кумакҳои кишвараш дар ин замина кард.Мақомоти амрикойи ташкили системи порлумонй дар Қирғизистонро тачрибае муваффақ дар Осиёи Марказй унвон карданд ва ваъда доданд, ки кумак ва мусоидатҳои лозимро дар ростои таҳким ва тавсаъаи равандҳои демукросй дар ихтиёри давлати Бишкек қарор хоҳанд дод. Дар мачмуъ мақомоти амрикойи ва қирғиз натоичи гуфтугуҳои ду ва чандчонибаро мусбат ва созанда арзёбй карданд ва дар чиҳати тавсаъаи ҳамкориҳо барномаҳоеро низ дар назар гирифтанд.Дар ҳамин ҳол, маҳофили мухталифи минтақайи ва хорич аз он дар мавриди барномаҳои Амрико ва муттаҳидонаш дар мавриди эчоди «Осиёи Марказии бузург», ибрози нигаронй мекунанд. Коршиносони тарафдори ин дидгоҳ бар ин боваранд, ки Ғарб ба саркардагии Амрико қасд дорад бо эчоди ноамниҳо ва ба чолиш кашидани давлатҳои минтақа, тарҳи Осиёи Марказии бузургро ичро бахшад.Албатта ичрои ин тарҳ дар руёруйии шадид бо манофеи Русия ва дигар даъвогарони ҳузур дар ин минтақа хоҳад буд. Аз ин ру ҳар як аз қудратҳо саъй хоҳанд кард, аз гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлатҳои Осиёи Марказй дар ростои аҳдофи худ истифода кунанд ва ҳамин амр боиси ноамн шуданй минтақаи мазкур хоҳад шуд.Ба гумони сиёсатмадорони Кохи сафед ду кишвари Қирғизистон ва Точикистон аз заминаҳои лозим барои амалй шудани тарҳи Осиёи Марказии бузург бархурдоранд.Яъне акнун Амрико бо дарс гирифтан аз таҳаввулоти шимоли Африқо, талош хоҳад кард дар Осиёи Марказй муваффақ амал кунад ва ба руъёи деринаи худ — ихрочи Маскав аз минтақаи суннатии нуфузаш — Осиёи Марказй, даст ёбад. Ба назар мерасад дар Вашингтан ба ин натича расиданд, ки бо ду далел метавонанд дар Қирғизистон ва Точикистон муваффақтар амал кунанд.Аввал, ҳам Бишкек ва ҳам Душанбе дар мақтаи кунунй ба сармоягузориҳои калон дар тарҳҳои азими иқтисодии худ ниёз доранд ва дар ин замина аз Маскав чуз ваъда ва вақткушй чизе надидаанд.Дуввум, ду кишвари Қирғизистон ва Точикистон тавассути Русия таҳқир шуданд, яъне Маскав бо ваъдаи сармоягузориҳои чанд миллирддоларй ба ин кишварҳо, хостаҳои худро ба онон таҳмил кард.Аз суе Русия бо ҳимояти ошкор аз мавзеи Узбакистон дар масоили гидроэнержии Осиёи Марказй, ба ин ду кишвар пушт кард.Натичаҳои сафари раиси чумҳури Қирғизистон ба Амрико аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.Аммо таҳаввулоти ахири Қирғизистон баёнгар аз он аст, ки муомила бар сари Манас метавонад эътилофи ҳоким дар порлумони ин кишварро пароканда кунад.Хамин мавзуъ, яъне дар ихтиёри хонаводаи Боқиев, раиси чумҳури пешини Қирғизистон қарор доштани таъмини сухти Манас, аз чумлаи авомили сарнагунии Боқиев шуд.Инак Отунбоева низ ин вазифаи пурдаромадро дар ихтиёри наздикони худ қарор додааст. Бо чунин руйкарде ояндаи таҳаввулоти Қирғизистон дар дохили ин кишвар рақам мехурад, то дар солунҳои Кохи сафед ё Кремл.Албатта нақшофаринии ин дуро дар раванди руйдодҳои ояндаи Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказй набояд нодида гирифт.

Точикистон ва Покистон дар тархи CASA-1000

 Рузи 7 март Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар садри як ҳайат аз аъзои ҳукумат, намояндагони порлумон ва точирони Точикистон барои анчоми як сафари расмии чорруза вориди Исломобод пойтахти Покистон шуд.Дар музокироти тарафҳои Покистонй ва Точикистонй тавсаъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодй, тичорй,беҳдошт ва энержй мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Дар поёни ин гуфтугуҳо миёни ду кишвар чаҳор санад ба имзо расид.Эъломияи муштарак, тавофуқномаҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзй, беҳдоштй ва тарбияти баданй санадҳое буданд, ки ба имзои мақомоти Исломобод ва Душанбе расид.Дар дидори Эмомалй Раҳмон ва Осафалии Зардорй раисони чумҳури Точикистон ва Покистон зимни ибрози ризоят аз раванди ру ба рушди ҳамкориҳои дучониба, таъкид шуд, ки ин ҳамкориҳо дур аз интизороти тарафайн ва зарфиятҳои мавчуд дар ду кишвар мебошанд.Бар асоси оморҳои расмй, мубодилоти тичорй миёни Покистон ва Точикистон дар соли 2010 21,6 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл се баробар зиёд аст.Бо ин ҳол масъулони ду кишвар таъкид карданд, ки дар чорчуби ҳадафҳои дучониба боястй сатҳи ин мубодилот беш аз пеш боло бурда шавад.
 Сафари раиси чумҳури Точикистон ба Покистон дар шароите анчом шуд, ки даври дуввуми музокироти мақомоти марзбонии Русия ва Точикистон низ чун даври аввал, бидуни натича ба поён расид.Ин музокирот талошҳои чадиди Маскав дар чиҳати бозгардондани марзбонони худ ба Точикистон арзёбй мешавад ва Русия аз муддатҳо қабл бо фазосозй дар мавриди вахомати авзои амниятй дар марзҳои миёни Точикистон ва Афғонистон, ки ҳосили сарозер шудани шудани гуруҳҳои ифротй аз марзи миёни Покистон ва Афғонистон ба марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказй, ба вижа Точикистон хоҳад буд, ин гуна илқо мекунад, ки бозгашти марзбонони рус як амре ногузир дар ростои таъмини амнияти минтақа аст.
 Ин дар ҳолест, ки мақомоти русй дар сатҳҳои мухталиф ҳар гуна овозаҳо дар мавриди бозгашти марзбонони худ ба Точикистонро инкор кардаанд.Ҳарчанд гуфта мешавад дар музокироти тарафҳои Точикистон ва Покистон масоили марбут ба ҳамкориҳои энержй дар меҳвар қарор дошт, аммо баҳсҳои амниятй низ матраҳ буд. Пушида нест, ки теъдоди қобили мулоҳизае аз мухолифони мусаллаҳи давлатҳои Осиёи Марказй дар манотиқи қабоилии Покистон ба сар мебаранд ва ҳарчанд ин манотиқ ба он гунае ки мебояд, таҳти назорати давлати Исломобод қарор надоранд, аммо равобити сарони қабоил ва фармондеҳони маҳаллй бетаъсир дар фаъолиятҳои чангчуёни кишварҳои Осиёи Маркзй нест. Имруз ин чангчуён умдатан афроди вобаста ба ҳаракати исломии Узбакистон мебошанд ва баъд аз он ки ҳизби наҳзати исломии Точикистон ба ҳукумати Душанбе оштй кард, нақши раҳбарии исломгароёни Осиёи Марказй дар Покистону Афғонистонро фармондеҳони вобаста ба ҳаракати исломии Узбакистон ба уҳда гирифтанд. Аз он муддат теъдоди андаке аз чангчуёни мухолифи давлати Точикистон дар Покистон боқй монданд ва нақши ончуноние дар фаъолиятҳои ба истилоҳ чиҳодй надоштанд. Ба ҳар сурат вучуди ин афрод ва таҳти таъсири фармондеҳони узбак қарор гирифтанашон, сояи ноамниро бар фазои Точикистон мегустаронад, ба вижа дар шароите ки гуфта мешавад бархе фармондеҳони ба истилоҳ чиҳодии узбак афроди хадамоти вижа Тошканд мебошанд, ки ба корҳои чосусй машғуланд, ин мавзуъ бештар чалби таваччуҳ кардааст. Раиси чумҳури Точикистон дар дидори Ашфақ Парвиз Қаянй, раиси ситоди воҳидҳои пиёданизоми артиши Покистон, Аҳмад Шучоъ Пошо, раиси хадамоти иттилоотй ва Раҳмон Малик, вазири кишвари Покистон таъкид кард, ки мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ба иқдомоти муштараки кишварҳои минтақа ниёз дорад ва Точикистон омодааст дар ин замина тамоми ҳамкориҳоро бо сохторҳои марбутаи Покистон ба роҳ монад.Дар ин гуфтугуҳо Эмомалй Раҳмон аз мақомоти Покистон тақозо кард, ки иттилооти заруриро дар мавриди шаҳрвандони Точикистон, ки бо ҳар далеле дар манотиқи мухталифи Покистон ба сар мебаранд, дар ихтиёри ҳамтоёни точики худ қарор диҳанд.Аз ин чо бармеояд, ки давлати Душанбе дар пайи талоши Маскав барои бочгирй аз он чи ки вахомати авзоъ дар оянда таъбир мекунад, ба Покистон сафар кардааст, то дар ҳамкориҳои амниятй бо кишварҳои минтақа илочи воқеъаро қабл аз вуқуъ тадорук бинад. Ин иқдомро метавон як жести сиёсии Душанбе дар қиболи Маскав низ таъбир кард. 
  Ҳамкориҳои энержй ва мушорикати Покистон дар тарҳҳои гидроэнержии Точикистон аслитарин мавзуи музокирот миёни мақомоти аршади Исломобод ва Душанбе буд.Дар ин робита манофеи ду кишвар ба ҳам гиреҳ хурдааст: ниёзи мубрами иқтисоди Покистон ба неруи барқи арзони Точикистон ва эҳтиёчи Точикистон ба сармоягузории хоричй барои такмили тарҳҳои худ, ду кишварро дар масири тавсаъаи равобит қарор додааст.Қобили зикр аст, ки ҳануз дар авоили даҳаи 90 қарни гузашта Исломобод барои сармоягузории 500 миллион долларй дар тарҳи Роғун эъломи омодагй карда буд, аммо вуқуи чанги дохилй дар Точикистон Исломободро аз ичрои ин амр мунсариф намуд.Бо имзои тарҳи «САSA-1000» дар соли 2006 барои Покистон фурсати тозае дар чиҳати мушорикат дар тарҳҳои гидроэнержии Точикистон фароҳам омад.Бар асоси ин неруи барқи Осиёи Марказй(Точикистон ва Қирғизистон) ба Осиёи Чанубй интиқол дода хоҳад шуд.Бино ба муҳосиботи ширкати конодойии «Лимбверер» харочоти ин тарҳ 700 миллион долларро ташкил медиҳад.
  Тарҳи «САSA-1000» дар шароите ки гуфта мешавад Иттиҳодияи Аврупо барномаи стротегии бозсозии Афғонистонро таҳия карда ва интизор меравад бо оғози хуручи НАТО аз Афғонистон, марҳалаи ичрои он шуруъ шавад, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият касб кардааст.Эъломи омодагии Русия барои сармоягузории 500 миллиондолларй дар ин тарҳ, баёнгар аз ташдиди рақобат миёни довталабони ҳузур дар бозори энержии Осиёи Марказй мебошад.Тавофуқоти ба даст омада миёни Душанбе ва Исломобод дар мавриди Тарҳи «САSA-1000» дар ҳоле ки хабарҳои мухталиф аз талошҳои ошкору пинҳони Тошканд барои аз бозори энержии Осиёи Чанубй маҳрум кардани Точикистон мунташир мешавад,гуёи он аст ки Душанбе ба таври чиддй имконият ва зарфиятҳои худро ру намудааст, то аз манофеи минтақайи ва байналмилалии хеш дифоъ кунад.Кишварҳои аврупойи низ дар ниҳоят дарк карданд, ки фақат бо иқдомоти низомй наметавонанд ба аҳдоф худ дар Афғонистон даст ёбанд, аз ин ру иқдом ба авлавиятбандии тарҳҳои иқтисодй кардаанд ва бидуни мушорикати фаъоли Бишкек ва Душанбе ичрои ин тарҳҳо имконнопазир хоҳад буд.Ба вижа чунончй ду неругоҳи Қамбарота ва Роғун сохта нашаванд ва неруи барқи арзон дар ихтиёри Афғонистону Покистон қарор дода нашавад, шикасти Ғарб ва НАТО дар Афғонистон дар ҳамаи заминаҳо, ичтинобнопазир хоҳад буд. Сафари Эмомалй Раҳмон ба Покистон нишон медиҳад, давлати Душанбе аз ваъдаҳои сармоягузории кишварҳои арабй, ки се соли қабл дода буданд, ноумед шуд ва барои чалби сармоя суроғи кишваре рафт, ки манфиатҳои зиёде дар минтақа, аз чумла дар Точикистон дорад

Осиёи Марказй ва инкилобхои арабй(Дуввум)


Дар мавриди таъсири инқилобҳои кишварҳои арабии шимоли Африқо ба дигар кишварҳо, аз чумла кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, таҳлил ва пешбиниҳо мухталифанд.Ахиран дар ҳамин замина рузномаи «Файнэншл таймс» таҳти унвони «Интизор намеравад, ки хезиши арабй ба кишварҳои Шуравии собиқ таъсир бирасонад», матлабе бо қалами Нейл Баклй мунташир намуд, ки дар он мизони осебпазирии кишварҳои пасошуравй ба риштаи таҳлил даромадааст.Муаллиф навиштааст, дар аксари кишварҳои Шуравии собиқ демократияи воқеъи ҳеч вақт вучуд надошт.Дар идома аз иқдоми Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон дар лағви ҳамапурсии тамдиди замони раёсати чумҳуриаш то соли 2020 ба унвони чархиши азим ёд шуда, ки метавонад аз вуқуъи эътирозҳо пешгирй кунад. Дар ин матлаби таҳлилй эҳтимоли сирояти руйдодҳои кишварҳои арабй ба қаламрави Шуравии собиқ рад шуда, ҳамзамон таъкид мешавад, ки мардумони ин қаламрав дар ояндаҳои наздик иқдом ба «инқилобҳои рангй» хоҳанд кард.
Дар ҳамин замина теъдоде аз коршиносон бар ин боваранд, ки кишварҳои арабй ва Шуравии собиқ қобили қиёс бо ҳам нестанд.Дар кишварҳои арабй бо гузашти 50-60 сол баъд аз касби истиқлол аз истикбори Ғарб, мардум аз ваъдаҳои «зиндагии беҳтар» хаста шуданд ва давлатҳои ин кишварҳо ҳамчунон таҳти сайтараи Ғарб боқй монданд. Амре ки наслҳои имрузии ин кишварҳо ҳаргиз онро қабул надоранд. Аммо дар кишварҳои Осиёи Марказй авзоъ фарқ мекунад ва ҳануз мардум ба он гунае ки мебояд, аз давлатмардон ба истилоҳ хаста нашудаанд.Аз суи дигар дар кишварҳои Осиёи Марказй чомеаи шаҳрвандй дар ҳадди лозим шакл нагирифтааст ва ин кишварҳо чун чаҳони араб қаробати чандоне бо арзишҳои аврупойи надоранд. Ҳамин коршиносон эъзоми неруи кор аз кишварҳои ин минтақа ба дигар кишварҳоро омиле корсоз дар ростои чилавгирй аз ҳар гуна эътирозот дар марҳалаи кунунй тавсиф мекунанд.
Дар ҳамин робита рузномаи «Независимая газета», чопи Маскав бо дарчи мақолае ин гуна илқо кардааст, сирояти таҳаввулоти шимоли Африқо аз чумла ба Осиёи Марказй як амре ичтинобнопазир аст ва ин кишварҳои минтақа ҳастанд, ки бо иқдомоти худ метавонанд замони онро тағйир диҳанд. Қирғизистон ва Точикистон ба унвони ду кишваре зикр шудаанд, ки аз ин манзар осебпазиртар аз бақия ҳастанд ва иқдомоти Роза Отунбоева ва Эмомалй Раҳмон, раисони чумҳури ин ду кишвар дар ташдиди контрули фаъолиятҳои динии мардум, талоше дар заминаи пешгирй аз ҳаргуна нооромиҳои эҳтимолй арзёбй шудааст.Аммо Эгон Бар, соҳибназари олмонй муътақид аст, нооромиҳои Осиёи Марказй дар дарраи Фарғона ва тавассути ҳаракати исломии Узбакистон оғоз хоҳанд шуд ва ин Узбакистон аст, ки майдони таҳаввулоти шабеҳи кишварҳои арабй хоҳад шуд.Ин таҳлилгар бо ишора ба вучуди мушкилоти фаровони ичтимоъй ва иқтисодй дар водии Фарғона мегуяд, дар айни ҳол давлатҳо бо истифода аз зур тавонистаанд, «чини нооромиҳоро» дар дохили куза нигаҳ доранд, аммо дер ё зуд ин ба истилоҳ «чин» аз куза раҳо хоҳад шуд.
Наҳваи пушиши хабарии таҳаввулоти шимоли Африқо ва таҳаррукоти қудратҳои Шарқу Ғарб дар Осиёи Марказй ҳокй аз ин воқеъият аст, ки минтақа обистани руйдодҳое танишзо дар оаяндаи начандон дур аст. Аз як су, ташдиди фишори Амрико ба ҳукумати Карзай дар Афғонистон барои музокира ва канор омадан бо ба истилоҳ толибони миёнарав ва ҳамзамон бо ин, талоши Вошингтон дар чиҳати таъсиси пойгоҳҳои доимй дар Афғонистон, аз суи дигар барномаҳои стротегии Ғарб ба манзури ҳузури тулонимуддат дар Осиёи Марказй ва тавсаъаи ҳамкориҳои низомй бо ҳамаи кишварҳои ин минтақа, дорои ин паём аст, ки Осиёи Маркази дар мақтаи кунунй дар меҳвари аҳдофи Ғарб қарор гирифтааст.Ифшогариҳое ки ба сойти Викилекс нисбат дода мешаванд ва ишора ба афзудани ҳассосиятҳои Амрико аз ҳузури рузафзуни Маскав дар Осиёи Марказй доранд, баёнгар аз ин нукта ҳастанд, ки аз ин ба баъд Амрико ба унвони рақиби тамомаёри Русия дар ин минтақаи ҳасос хоҳад буд.Химояти сенати Амрико аз тарҳи неругоҳи Роғун ва барномаҳо барои тавсаъаи роҳҳои иртиботй дар Осиёи Марказй, ки ҳадафи аслии он бозсозй ва такмили хатҳои роҳи оҳан ва интиқоли неруи барқ дар Қирғизистон ва Точикистон мебошад, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки Амрико вориди амал шудааст, то он чиро ки Русия фақат дар ҳадди ваъда ба Точикистону Қирғизистон дод, чомаи амал пушонад.
Ҳамзамон бо ин, Амрико бо ташдиди таҳаррукоти худ дар Ховари Миёна ба манзури ба даст гирифтани мудирияти чунбишҳои мардумй дар кишварҳои арабии шимоли Африқо, бар он шудааст то ба давлатҳои Осиёи Марказй ин гуна илқо кунад, ки калиди ҳалли масоили муҳими байналмилалй дар Кохи сафед аст, на Кремл.Яъне ин ҳама як навъ бочгирии ғайримустақим аст, ки Ғарб дар ростои дастёбй ба аҳдофи худ, дар дастури кор қарор додааст.Ба баёни дигар, Ғарб мехоҳад ҳамзамон бо радди ҳар гуна иддао дар дахл доштан дар таҳаввулоти кишварҳои арабй, ин дидгоҳро дар ақсо нуқоти чаҳон таҳмил кунад, ки хезиши чаҳони араб чизе чуз барномарезиҳои муқаддамотии Ғарб ба манзури таъвизи давлатҳои шимоли Африқо набудааст.Ба андешаи ричоли сиёсии Ғарб, чунин шигард муассиртарин роҳ дар чиҳати таҳти сайтараи худ нигоҳ доштани сарони худкома ва ташнаи қудрати Осиёи Марказй мебошад.Албатта дар ин миён набояд барномаҳои изойи ва вокунишҳои Маскавро дар ростои ҳифзи чойгоҳи худ дар Осиёи Марказй, нодида гирифт.Аз ин ру агарчй коршиносон эҳтимоли вуқуъи ҳаводисе назири кишварҳои арабй дар Осиёи Марказиро баъид арзёбй мекунанд, аммо фақат як чараққа кофист то муътаризон дар хиёбонҳо ва майдонҳои кишварҳои ин минтақ ҳад алам кунанд.Бархурди манофеи қудратҳои Шарқу Ғарб дар мавриди зарурати будани субот дар Осиёи Марказй ва ё баръакс, доман задани ноамниҳо дар чиҳати дастёбй ба барномаҳои худ, ин минтақаро беш аз ҳар замони дигаре дар маърази осебҳои мухталиф қарор додааст.

Осиёи Марказй ва инкилобхои арабй(Аввал)


Таҳаввулоти кишварҳои арабй, ки аз онҳо ба унвони хезиши исломй ё бедории исломй ва низ инқилобҳои исломй ёд мешавад, имруза дигар руйдодҳои чаҳонро таҳти шуъо қарор дода, дар садри ахбори расонаҳо ва маҳофили коршиносй қарор гирифтаанд.Нуктаи чолиби таваччуҳ он аст, ки дар баробари он чи гуфта шуд, ин руйдодҳоро шакли дигаре аз рақобати қудратҳо дар ростои дифоъ аз манофеи худ, арзёбй мекунанд.Пайравони ин дидгоҳ бар ин боваранд, ки ба чолиш кашидани давлатҳои худкомаи арабй барномаест, ки аз қабл тарроҳй ва сенориёи он берун аз қаламрави Африқо таҳия шудааст. Яъне қудратҳои чаҳонй дар чорчуби стротегии худ, ки тасаллут бар манобеи табии кишварҳо аз авлавиятҳои он маҳсуб мешавад, бар он шудаанд, то бо тағйири давлатҳо ва руйи кор овардани муҳраҳои чадид, ҳокимияти худро номаълумтар бар давлатҳо таҳмил кунанд.Ба баёни дигар беш аз ҳад сарватманд шудани доираҳои маҳдуди мақомот дар кишварҳои арабй, ба вижа кишварҳои бархурдор аз манобеи саршори нафту газ, зимни афзоиши эҳсосоти зидди ҳокимон, чавомеъи ин кишварҳоро дар муқобили Ғарб ба унвонии ҳомии ин ҳокимон қарор хоҳад дод. Аз ин ру ба назар мерасад, таърихи истифодаи бархе хонадони ҳоким дар чаҳони араб ба поён расида, гардонандагони пасипардайии таҳаввулоти ахири Африқои шимолй бар он шудаанд, бо руйи кор овардани афрод ва давлатҳои чадид, тасаллути худро дар ин қораи ғанй тамдид кунанд.Албатта дар ин миён талоши исломхоҳии мардумони ин кишварҳоро, ки нашъат гирифта аз инқилоби исломии Эрон аст, набояд нодида гирифт.
Дар ин миён дигар масъалае ки низ чалби таваччуҳ мекунад, баҳрабардорй аз руйдодҳои кишварҳои арабй дар манотиқи мухталифи чаҳон, аз чумла дар Осиёи Марказй аст. Бархе кишварҳо бо мамнуулпахш кардани таҳаввулоти кишварҳои арабй дар расонаҳои худ, талош доранд аз ба истилоҳ сирояти ин инқилобҳо ба кишвари худ пешгирй кунанд. Аз суи дигар, бархе маҳофил бо бузургнамойии хатароти бурузи чунин руйдодҳое дар ин минтақаи стротегй, дар пайи касби имтиёз аз давлатҳо баромадаанд.Дар ҳамин росто ду қудрати муддайии раҳбарии Осиёи Марказй — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Федератсиюни Русия ҳар кадом бо наҳваи мутафовут вориди амал шудаанд, то роҳҳои чадиди чалби давлатҳои ин минтақа ба сиёсатҳои худро чомаи амал пушонанд. Агар Русия аз роҳҳои классикй, яъне додани ваъдаҳои молй ва мушорикат дар тарҳҳои муҳими иқтисоди кишварҳо, ҳамчунин бархе таҳдидҳои амниятйиро дар дастури кор қарор додааст, аммо Амрико бо тадвини стротегияи чадид ба гумони худ, бар он шудааст руйкарди мантиқитаре дар ҳамкорй бо кишварҳои Осиёи Марказй дошта бошад. Ин стротегй бар асоси гузориши гуруҳи таҳқиқот дар мавриди Осиёи Марказй, ки дар садри он Ричард Эрмитаж, маовини собиқи вазорати хоричаи Амрико қарор дошт, таҳия шуд.Ин санад таъкид мекунад, ки боястй Амрико бо ҳар як аз кишварҳои Осиёи Марказй ҳамкориҳои танготанге ба роҳ монад.Ин барнома дорои нукоти мухталифе ҳаст, аммо ба таври куллй ҳафт аслро барои сиёсатгузориҳои Амрико дар Осиёи Марказй пешниҳод мекунад.Аввал, боястй дар маркази сиёсатҳои Амрико дар Осиёи Марказй давлатҳои ин минтақа қарор дошта бошанд, на Русия, Чин, Ирон ва ё дигар кишварҳои ҳамчавор. Бар пояи ин асл, тақозо мешавад, сиёсатмадорони амрикойи ба гунае рафтор кунанд, ки Осиёи Марказй на майдони рақобати Амрико бо Русия ва дигар кишварҳост, балки маҳалли ҳамкориҳо бар асли баробарй аст. Зеро дар акси ҳол кишварҳо ва мардуми ин минтақа эҳсоси таҳқир хоҳанд кард.Амрико ба гунае амал кунад, ки сиёсатҳои худро мутобиқи манофеи Осиёи Марказй ва барои беҳбуди равобит бо Русия дунбол мекунад.Дуввум, сиёсати Амрико на бояд соддалавҳона бошад.Кишварҳои ҳамсоя ҳаргиз намехоҳанд Амрико дар Осиёи Марказй пойгоҳ дошта бошад ва аз манобеи саршори энержии ин минтақа баҳраманд шавад.Амрико бояд манофеи кишварҳои минтақа дар ҳамкорй бо дигар кишварҳоро эҳтиром кунад.Бояд як доираи мушаххасе барои манофеи муштараки Амрико ва дигар қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказй вучуд дошта бошад. Саввум, руи он имконоте бояд ҳисоб боз кард, ки фақат Амрико метавонад барои кишварҳо, шаҳрвандон ва тичорати Осиёи Марказй фароҳам созад.Забони инглисй, фановариҳои пешрафтаи амрикойи, маҳоратҳои тичорй ва умронй, тачҳизоти низомй, ҳамчунин тавонойии билқувва дар мушорикат додани кишварҳои Осиёи Марказй ба муассисаҳо муҳими молй ва бозорҳои байналмилалй, аз чумлаи бартариҳои Амрико бар дигар қудратҳо мебошанд.Аз чумлаи заъфи Амрико он аст, ки бо гузашти 20 сол аз касби истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказй, ҳеч як аз раисони чумҳури Амрико ба ин минтақа сафар накардааст.Чаҳорум , Бояд дар ҳамкории танготанг бо шарикони байналмилалй, нуқоти қуввати Амрикоро тақвият кард.Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд дар Осиёи Маркзй ҳамкорй бо шарикони худ назири Олмон, Инглис, Иттиҳодияи Аврупо ва Туркияро тавсаъа диҳад.Амрико бо вонамуд кардани ин ки дар ин минтақа бо Япония, Кореяи Чанубй ва Ҳинд ҳамкорй мекунад, бурд хоҳад кард. Панчум, бо манзури тақвияти нуқоти қуввати Амрико, ҳамкорй бо бахши хусусй тавсаъа ёбад.Ҳамкорй бо бахши хусусии Қазоқистон намунаи ибрати хубе дар ин замина аст.Шашум, дар мазар гирифтани мутолиботи стротегияи минтақайи.Барои тазмини ояндаи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказй, бояд системи роҳҳои оҳан, чодаҳо, хатҳои интиқоли неруи барқ, фурудгоҳҳо ва лулаҳои интиқоли нафту газ навсозй ва бозсозй шаванд. Ҳафтум, дар Осиёи Марказй сиёсати чандчанбайи ва чандманзура ба кор гирифта шавад.Амрико бояд аз сиёсати чандманзура кор гирад ва набояд барои бахши беҳдошт, амният, ҳуқуқи инсон сиёсатҳои чудогона дунбол шаванд.Барои ҳамаи бахшҳо сиёсати муштарак дар назар гирифта шавад.
Аз ин руйкарди Амрико бармеояд, ки аз ин ба баъд Осиёи Марказй саҳнаи таҳаввулоти мутафовуте дар заминаи рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб чиҳати тасаллут бар ин минтақа хоҳад буд.Албатта иқдомоти дигар бозигарон дар Осиёи Марказй, аз чумла, Русия, Чин, Иттиҳодияи Аврупо ва …ро набояд нодида гирифт, амре ки бетаъсир дар таҳаввулоти минтақаи мазкур нахоҳад буд. Дар марҳалаи кунунй ва бо таваччуҳ ба чунбишҳои мардумй дар кишварҳои арабй, мавзуъе ки бештар мавриди таваччуҳи сарони кишварҳо ва маҳофили расонайи ва коршиносии Осиёи Марказй қарор дорад, сирояти таҳаввулоти шимоли Африқо ба ин минтақа аст. Аз матолиби мунташира дар расонаҳои чаҳон бармеояд, ки бозигарони ҳозир дар Осиёи Марказй бар он шудаанд, аз ин мавзуъ дар чорчуби аҳдоф ва манофеи худ кор гиранд. Бо интишори таҳлилу гузоришҳо ҳар як аз ин неруҳо саъй доранд бо эчоди сояи тарсу ваҳшат дар кишварҳои мавриди назари худ, раванди таҳаввулотро таҳти назорат гиранд.Аз ин чост ки бархе Точикистонро ба унвони кишвари осебпазир дар ин замина муаррифй мекунанд ва бархе дигар Узбакистонро.