Дар аваҳоли моҳи декабри соли чорй дар шаҳри Бони Олмон конфронси байналмилалй баргузор мегардад, ки дар он масоили марбут ба Афғонистон мавриди баҳсу баррасй қарор хоҳад гирифт. Дар ин конфронс ки бо ширкати мақомоти давлатй ва коршиносону намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалй доир мешавад, натоичи конфронси Истонбул низ ба баҳс гирифта хоҳад шуд.Албатта сарони бисёре аз кишварҳои ғарбй, ҳамчунин раиси чумҳури Амрико натоичи конфронси Истамбулро мусбат арзёбй карданд.Ин конфронс рузи 2 ноябри соли чорй дар шаҳри Истонбули Туркия баргузор шуд, ки дар он ҳайатҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва кишварҳои ғарбй, аз чумла Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Арабистони Саудй, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Точикистон, Туркманистон ва Амрико, ҳамчунин намояндагон аз НАТО, Иттиҳодияи Аврупо ва СММ ҳузур доштанд.Абдулло Гул, раиси чумҳури Туркия дар маросими ифтитоҳияи ин конфронс таъкид кард, ки барқарори суботу амният дар Афғонистон ба ҳамфикрию ҳамандешии кишварҳои минтақа вобаста аст ва ин мавзуъ бояд дар маркази таваччуҳ қарор гирад. Ҳомид Карзай, раиси чумҳури Афғонистон дар суханронии худ бо ишора ба идомаи даргириҳо дар манотиқи мухталифи Афғонистон, таъкид кард имруз аслитарин таҳдид ба суботу амнияти Афғонистон вучуди гуруҳҳои террористй дар ин кишвар аст.Вай аз сарони гуруҳи толибон даъват кард, ки бо пайвастан ба раванди сулҳ, аслиҳаи худро замин бигзоранд ва ҳаргуна робита бо Ал- қоида ва дигар гуруҳҳои террористиро қатъ кунанд. Зулмай Расул, вазири корҳои хоричаи Афғонистон дар тақвияти суханони Карзай гуфт, эътимоди байниҳамдигарии кишварҳо як омили таъсиргузор барои бозгашти субот ба Афғонистон мебошад.Дар ҳамин робита Вилям Бёрнс, муовини вазири умури хоричии Амрико, зимни қадрдонй аз изҳороти мақомоти Кобул ва намояндагони дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, онро чун “нахустин изҳороти возеҳу рушани пуштибонии кишварҳои минтақа аз Афғонистон” арзёбӣ кард. Ба гуфтаи у, бархе аз кишварҳои минтақа ба чои ҳамкорй ва ҳалли мушкилот, аз ҳама чораҳо кор мегирифтанд то авзоъ дар Афғонистон ҳарчй бештар печида ва нооромтар шавад.Ба назар мерасад, ин суханони мақоми амрикойи як ишора ба Покистон буд, Кобул ва Вашингтан Исломободро борҳо ба ҳамдастй бо толибон ва пуштибонй аз душманони давлати Кобул, мутаҳҳам кардаанд. Албатта дар Истонбул давлати Туркия талош кард ду ҳамсояро ба ҳам оштй диҳад ва дар ҳамин чорчуб як руз қабл аз конфронси Истонбул сарони Покистон ва Афғонистон бо ҳам мулоқот карданд, ки дар поёни он қарордодҳои ҳамкорй миёни ду тараф дар бахшҳои амниятй ва иқтисодй ба имзо расид.Ҳамзамон бо ин нишаст мақомоти баландпояи низомй ва раҳбарони хадамоти амниятии ду тараф бо миёнчигарии ҳамтоёни турки худ, сари мизи гуфтугу нишастанд.Муҳимтарин тавофуқе ки миёни Исломобод ва Кобул ҳосил шуд он аст, ки ду тараф тасмим гирифтанд ба таври муштарак cабаби терори Бурҳониддин Рабонй, раиси чумҳури пешини Афғонистонро таҳқиқ кунанд. Ширкаткунандагон дар нишасти Истонбул аз ташаббуси Точикистон дар мавриди мизбонии конфронси ҳамкориҳои минтақайи бо Афғонистон дар таърихи 26 — 27 марти соли 2012 истиқбол карданд. Дар нишасти Истонбул тасмим гирифта шуд, ки чомеаи чаҳонй бар кумакҳои худ дар чиҳати беҳбуди вазъи беҳдошт, мубориза бо густариши маводи мухаддир, ифротгаройии исломй, тундравй ва тероризм, биафзояд.Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хоричаи Туркия таъкид кард «нокомии чомеаи байналмилал дар Афғонистон пайомадҳои асафбор барои тамомии чаҳон дар пай хоҳад дошт».
То имруз дар сатҳҳои мухталиф чандин конфронс ва нишастҳои байналмилай дар мавриди ҳаллу фасли қазияи Афғонстон дар кишварҳои мухталиф баргузор шуда, ки дар асл кумаки чандоне ба давлат ва миллати Афғонистон накардаанд.Воқеият ин аст, ки бо вуруди бегонагон ба сарзамини Афғонистон, на танҳо кумаке ба мардумони ин марзу бум нашуда, балкй бар мушкилоти онҳо афзудааст.Аз чумлаи мушкилоти аслй, тақсими чомеаи афғон ба аксарияту ақалиятҳои қавмй аст, ки огоҳона ва дар ростои заминасозии низоъҳо, аз тарафи қудратҳои тачовузгар дар ин кишвар ичро шуд.Нахустин иқдом дар ин замина аз тарафи комунистони шуравй сурат гирифт, ки бо ташкили мадраса, рузнома ва маҳдудаҳои чуғрофй барои қавмиятҳое ки худро то он замон ба унвони шаҳрванди Афғонистон мешинохтанд, ба истилоҳ табартқсиме дар қаламрави воҳид эчод карданд.Фурупошии Шуравй, ташкили давлатҳои миллй дар ҳамсягии Афғонистон, аққалиятҳои қавмии ин кишварро барои худшиносй бештар ташвиқ кард.Лашаркашии Ғарб ба саркардагии Амрико боиси он шуд, ки ақалиятҳои қавмии Афғонистон мавриди суиистифодаҳои бештаре қарор гиранд.Қудратҳои ғарбй бо нуфуз ба фармондеҳон ва шахсиятҳои матраҳи қавмҳои мухталифи Афғонистон, талош карданд манфиатҳои онҳоро дар муқобили ҳам қарор диҳанд, то аз ин тариқ осонтар ба хостаҳои худ дар ин сарзамин ва умуман минтақа, даст ёбанд.Дар канори ин, чумҳуриҳои Осиёи Марказй низ бо таҳким ва тавсаъаи равобит бо ҳаммавъаон ва ҳамтаборони худ дар Афғонистон, бар раванди вогаройи дар ин кишвар афзудаанд, аз ин ру наметавон ба осонй ба иттиҳод, инсичом ва ваҳдати миллй дар Афғонистон даст ёфт.Бо вучуди ин ҳама бозигарони кучаку бузурги саҳнаи Афғонистон дар ростои ҳадафҳои хеш раванди таҳаввулоти ин кишварро ба самтҳои мухталиф ҳаракат медиҳанд, ки дигар омили ҳал нашудани қазияи ин кишвар мебошад.Аз чумла, Амрико дар чорчуби тарҳҳои мухталиф саъй дорад кишварҳои минтақа ва қудратҳои ҳозир дар Афғонистонро вориди барномаҳои худ кунад. Тарҳи роҳи чадиди абрешим аз охирин иқдомҳои Амрико дар ин замина аст, ки дар чорчуби нақшаи Ховари миёнаи бузург барои кишварҳои минтақа таҳмил шудааст. Ҳарчанд Вашингтон барои ин тарҳ маблағҳои ҳангуфте дар назар гирифта, қасд дорад модели худро барои ояндаи Афғонистон ироа кунад, аммо пазириши ин тарҳ тавассути кишварҳои минтақа яксон набудааст, ба гунае ки Покистон ба унвони муттаҳиди суннатии Амрико дар минтақа, ба ин тарҳ мухолифати шадид нишон додааст. Зеро Исломобод дар нисбати Афғонистон барнома ва тарҳҳои фарқкунанда бо Амрикоро дунбол мекунад. Ҳамин тавр дигар кишварҳои ғарбии ҳозир дар Афғонистон низ ҳaдaфи худро доранд.Дар ин миён Русия, Чин, Ҳинд ва ҳамсоягони Афғонистон дар Осиёи Марказй низ барномаҳои худро доранд, ки ҳар кадом аз вижагиҳои ба худ бархурдоранд ва ағлаб дар муқобили ҳам қарор мегиранд. Дар нишасти Истонбул кишварҳои таъсиргузор дар муодилоти Афғонистон саъй карданд модели худро барои ояндаи ин кишвар ба дигарҳо таҳмил кунанд.Нуктаи чолиб ин буд, ки Русия ин бор чиддитар аз замонҳои қабл вориди қазияи Афғонистон шуд ва роҳҳои мутафовутеро барои ҳалли масоили Афғонистон матраҳ кард.Баргузории конфронс дар Туркия баёнгар аз ин воқеият аст, ки Анкаро низ ба таври чиддитаре ба масоили вобаста ба Афғонистон хоҳад пардохт.Ҳамчунин рушан шуд, ки Ғарб ба таври чиддй камранг кардани ҳузури Маскав дар минтақаро руи даст гирифтааст, амре ки вокунишҳои бамисли Русияро дар пай дошт.Бо таваччуҳ ба ин ҳама интизор меравад, ки нишасти Бон дар моҳи декабри соли чорй, ба мавзеъҳои ғайрифаъоли қудратҳои ҳозир дар Афғонистон то ҳадди зиёде хотима хоҳад дод. Ба иборати дигар, бо ворид шудани таҳаввулоти Афғонистон ба марҳалаи ҳассоси худ, талоши қудратҳо барои таҳмили хостаҳои худ ба дигарон шадидтар шуда, авзои минтақаро низ таҳти таъсири худ қарор хоҳад дод
Filed under: Uncategorized | Leave a comment »