Осиёи Марказй дар гирдоби рақобати қудратҳо

Омодагиҳо ба интихоботи раёсати чумҳурии Амрико дар ҳоле оғоз шудааст, ки довталабон барои ширкат дар ин интихобот дар чорчуби тарҳи яккатозии Амрико бар чаҳон, тақвияти ҳузур дар Осиёи Марказиро матраҳ мекунанд ва аз ин мавзуъ ба унвони аслитарин бахш дар сиёсати хорчии худ ёд мекунанд.Аз чумла Митту Ромнй(Mitt Romney), номзади чумҳурихоҳон дар яке охирин суханрониҳои худ таъкид кард, ки дар сурати тасадди пусти раёсати чумҳурй Осиёи Марказиро аз сиёсатҳо ва иқдомоти худхоҳонаи Русия озод хоҳад кард.

Вай бо ишора ба аҳамияти Осиёи Марказй барои Амрико гуфт, тақвияти ҳамкориҳо аз чумла дар бахши низомй, ки кумакҳои низомй, омузиши кодрҳои ҳирфаи барои артишҳои миллй, тачҳизи сохторҳои низомй ва … шомили он хоҳад буд, имкон хоҳад дод, ки ҳузури Русия дар минтақа заъиф ва камранг шавад.Ин суханон дар ҳоле садо медиҳанд, ки Барак Абама, раиси чумҳур ва дигар мақомоти амрикойи борҳо таъкид кардаанд, ки ҳаргиз қасди боқй мондан дар Осиёи Марказиро надоранд.Аз ин ру ин ибрози назарҳо парда аз руи тарҳҳои геостротегии Амрико, бармедорад ва тадиқи он аст, ки тарҳи «Осиёи Марказии Бузург» тарҳе ба истилоҳ ташрифотй набуда, балкй бахше аз сиёсати тавсаъаталбонаи Амрико хоҳад буд ва хуручи низомиёни амрикойи аз Афғонистон ба навъе оғози амалй шудани ин тарҳ хоҳад буд. Изҳороти Ромнй дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия низ бар он шудааст чойгоҳи худ дар Осиёи Марказиро эҳё кунад ва Владимир Путин ба унвони барномаҳои қабл аз интихоботии худ, бахше аз тарҳҳои Маскав дар мавриди Осиёи Марказиро эълом кард.Владимир Путин бо эъломи таъсиси Иттиҳодияи Авруосиё ин паёмро барақибони Маскав иблоғ кард, ки Русия ба таври чиддй аз ҳақи худ дар муъодилоти байналмилалй дифоъ хоҳад кард.Аммо ибрози назарҳои мақомоти амрикойи дар мавриди муқобила бо Русия дар Осиёи Марказй, дар пасманзари истиқрори сомонаи мушакии Амрико дар Аврупойи шарқй чиддитар аз эъломияҳои мақомоти русй ба назар мерасад.
Дар поёни ҳазораи дуввум бисёре аз назарияпардозони амрикойи пешбинй мекарданд, ки қарни 21 қарни Амрико хоҳад буд ва Вашингтон идоракунии чаҳонро ба даст хоҳад гирифт.Чорч Фридман ва Мередит Фридман аз чумлаи назарияпардозони амрикойи ҳастанд, ки мутмаъинанд дар қарни 21 калиди ҳамаи чангҳо ва дар кул ояндаи башарият дар дасти Амрико хоҳад буд.Тарҳи «Осиёи Миёнаи Бузург» дар соли 2001 ба вучуд омад ва моҳияти аслии он ташкили иттиҳоди чадиди кишварҳои Осиёи Марказй, Афғонистон ва Осиёи чанубй бидуни мушорикати Русия ва Чин аст.Ичрои ин тарҳ имкон хоҳад дод, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико на фақат кишварҳои Осиёи Марказиро аз оғуши Русия ва Чин раҳо кунад, балкй ба таври қатъй дар минтақа мустақар шуда, Осиёи Марказиро ба қаймумияти худ табдил диҳад.Фредерик Старр, раиси институти Осиёи Марказй ва Қафқози вазорати хоричаи Амрико, аввалин касе буд, ки тарҳи «Осиёи Марказии Бузург» ро ифшо ва аҳдофи Кохи сафед дар ин заминаро ташреҳ кард.Дар соли 2005 Кандализа Райс, вазири умури хоричаи вақти Амрико бо судури фармоне масъулияти иртибот бо панч кишвари Осиёи Марказиро аз дафтари умури кишварҳои Аврупо ва Авруосиё ба дафтари умури кишварҳои Осиёи Чанубй вогузор кард.Ин иқдом байнгар аз таваччуҳи вижаи Вашингтон ба минтақаи Осиёи Марказй аст, ки имруз шоҳиди афзоиши бештари он ҳастем. Кандализа Райс дар бораи аҳамияти Осиёи Марказй ва Чанубй гуфта буд, ин минтақа конуни буҳрон ва нооромиҳо не, балки маҳалли фурсатҳои тоза аст.Вай дар тавчеҳи суханони худ гуфта буд, боястй дар қадами аввал фасоди молй, мазоҳири ноамнй, ифротгаройи мазҳабй ва миллй, қочоқи маводи мухаддир, бесуботии ичтимоъй ва ихтилофот миёни Ҳинду Покистон аз байн бардошта шавад.Тарҳи «Осиёи Марказии Бузург» чойгоҳи вижа е дар сиёсати хоричии Амрико дорад ва дар навбати аввал ин тарҳ пешбинй мекунад, ки Покистон ва Ҳинд ба унвони шарикон ва муттаҳидони Амрико дар минтақа, аз ноҳияи энержй таъмин бошанд ва равобити гарми Вошингтан бо Исломобод ва Деҳлии нав барқарор бимонад.Дар ин росто иқдомоти зиёде анчом шудаанд, аммо натоичи ончуноние ба ҳамроҳ надоштанд ва Кохи сафед бо сармоягузориҳои калон ва ваъдаҳои кумакҳои молй ба кишварҳои Осиёи Марказй, талош дорад ризояти ононро барои мушорикат дар тарҳҳои худ, касб кунад.Ба ақидаи тарроҳони амрикойи муҳаррики аслии таҳаққуқи барномаҳои Амрико дар минтақа Казоқистон, Кирғизистон,Точикистон, Ҳиндустон ва Покистон хоҳанд буд ва ин тарҳ ба солҳо талош ва сармоягузориҳои калон ниёз дорад, то битавон дасти Русия ва Чинро аз Осиёи Марказй барои ҳамеша кутоҳ кард.
Назарияпардозони тарҳи «Осиёи Марказии Бузург» дар ибтидои тадвини ин тарҳ дар мавриди мухолифон низ ибрози назарҳое карда буданд ва ба ақидаи онон аслитарин мухолиф ва рақиби тарҳи мазкур Созмони ҳамкории Шонгҳой хоҳад буд.Ин созмон ки дар айни ҳол қалби Осиёро дар ихтиёр дорад, дар садад аст бо чазби Ҳинд, Покистон ва Эрон мавқеъи худ дар минтақаро комилан таҳким кунад.Баъд аз он ки Русия дар мавриди таҳаррукоти ахири Амрико дар Осиёи Марказй вокуниш нишон дод, инак Чин низ дар ин замина вокуниш нишон дод.Ахиран аъзои раёсати ҳизби комунисти Чин дар ибрози назарҳои чудогона Амрикоро омили аслии бесуботй дар ҳавзаи Осиё ва уқёнуси Ором хонданд.Дар ин ибрози назарҳо омадааст, Барак Абама, раиси чумҳури Амрико вақте дар бораи зарурати таҳкими ҳузури низомии Иёлоти муттаҳида дар Осиё сухан гуфт, на фақат Эрон, балкй Чинро мадди назар дошт.Таҳлилгарони ширкати FXClearing дар мақолае, ки интишороти ҳизби камунисти Чин мунташир кард, навиштанд, агарчй мақомоти амрикойи ба каррот гуфтаанд, ки ҳузури низомии Вошингтан алайҳи Чин нахоҳад буд, аммо таҳкими ҳузури низомии Амрико дар Осиё ва уқёнуси Ором, ки аз соли 2009 суръати бештаре касб кард, қабл аз ҳама алайҳи Пекин равона шудааст.Агарчи масъулони интишороти ҳизби комунисти Чин гуфтаанд дидгоҳи муаллифони мақола назари шахсии онҳост, аммо ин мавзуъ пушида нест, ки Чин ба таври чиддй таҳаррукоти низомии Амрико дар минтақаро дунбол мекунад ва густариши ҳузури низомии Вошингтан дар минтақаро ба нафъи худ намедонад.
Нигарониҳо аз густариши ҳузури низомии Амрико дар минтақа дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки бархе маҳофил дар Русия ин иқдоми Пентагонро дар чорчуби барномаҳои зиддиэронии Кохи сафед арзёбй мекунанд ва мегуянд Амрико қасд дорад ҳалқаи муҳосираи Чумҳури Исломиро тангтар кунад.Ин маҳофил бо ишора ба ихтисоси 120 миллиард доллар барои барномаҳои низомии Афғонистон, таъкид мекунанд кишварҳои Осиёи Марказй барои касби ҳарчй бештари саҳми худ, талош мекунанд ҳамкорй бо Амрикоро густариш диҳанд.Коршиносони рус мегуянд ҳар як аз кишварҳои Осиёи Марказй, ба вижа Узбакистон ва Точикистон аз Русия дилсард шудаанд ва ба ин умеданд, ки бо кумаки Амрико битавонанд барномаҳои худ дар минтақаро таҳаққуқ бахшанд.Амрико бахши аъзами силоҳ ва тачҳизоти низомии худро ки аз Афғонистон хорич мекунад, ба Узбакистон ва бахшеро ба Точикистон хоҳад дод.Ба бовари коршиносони рус ниёзе ки Точикистон дар мархалаи кунунй ба Амрико дорад, дар пуштибонии Бонки чаҳонй аз тарҳи сохти неругоҳи Роғун хулоса мешавад ва азэхтимол дур ба назр мерасад, ки давлати Раҳмон шонси кунуниро нодида гирад.Хамчунин дигар кишварҳои Осиёи Марказй заъфҳое доранд, ки Амрико дар ҳоли баҳрабардорй аз онҳо мебошад. Аз ин ҳама таҳаввулот бармеояд, ки Осиёи Марказй дар мархалаи кунунй ба конунй сиёсатбозиҳои геополитикй табдил шудааст ва ин амр баргирифта аз набудани иттиҳод ва ҳамбастагй миёни кишварҳои минтақа аст ва то замоне ки ихтилоф миёни ин кишварҳо боқй ҳаст, онҳо ҳамчунон абзори дасти қудратҳо боқй хоҳанд монд.