Пирузии Ислом Каримов бар Аврупо ва Амрико

Пирузии Ислом Каримов бар Аврупо ва Амрико

Раванди робитаҳо миёни Узбакистон ва чаҳони Ғарб ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки давлати Тошканд дар пасманзари рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб барои нуфуз дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй, тавонистааст моҳирона аз манофеи худ дифоъ кунад.Дар даврони пас аз касби истиқлол, дар солҳои 90 қарни гузашта, Узбакистон бо риояти мулоҳизоти сиёсй ва иқтисодй, фосила бо Маскавро дар ҳадди мутаодил нигоҳ дошт ва ҳамзамон ҳамкориҳои густарда бо кишварҳои мухталифро густариш дод.Аммо дар давраи баъд аз ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 дар Амрико ва лашкаркашии Ғарб ба Афғонистон, фурсати тозае барои Тошканд пеш омад.Мавқеияти фавқулоддаи чуғрофиёи ва бархурдорй аз манобеи фаровони энержй, аҳамият ва чойгоҳи Узбакистонро барои кишварҳои ғарбй, ки неруҳои худро ба Афғонистон ворид карда буданд, ба таври бесобиқае афзоиш дод.Мақомоти узбак бо дарки ин мавзуъ, сиёсати худро тавре таҳия ва тадвин карданд, ки ҳам Шарқ, ҳам Ғарб ва ҳам Русияро дар нисбати манофеашон дар Узбакистон, умедвор нигаҳ доранд.Бо ин вучуд ҳолатҳое буд, ки Тошканд аз Маскав дилсард ва ру ба суи Ғарб овард ва баръакс, гоҳе бо пушт ниҳодан ба Ғарб, ба оғуши Русия бозгашт. Дар ҳамаи ин мавридҳо дипломатияи узбак тавре рафтор кардааст, ки камтарин осеб бар манфиатҳояш ворид шавад.Албатта наҳваи давлатдорй ва режими ҳоким дар Узбакистон мавзуи баҳси чудогона аст, бо ин ҳол дар ба истилоҳ «набарди Тошканд — Ғарб, Тошканд – Маскав» метавон пирузиро ба Узбакистон нисбат дод.

Баъд аз ҳаводиси хунини Андичон дар моҳи майи соли 2005, Ғарб ба андешаи он ки бо таҳти фишор қарор додани Узбакистон осонтар ба хостаҳои худ даст хоҳад ёфт, таҳримҳоеро дар қиболи ин кишвар ба кор гирифт.Аммо ин иқдом беш аз он ки ба зарари Тошканд тамом шавад, ба зарари худи кишварҳои ғарбй тамом шуд. Зеро бо камранг шудани равобити Узбакистон — Ғарб, кишварҳое назири Русия, Чин, Туркия, Кореяи чанубй ва … вориди амал шуданд ва чудо аз мулоҳизоти сиёсй, чои холии кишварҳои аврупойи ва Амрикоро дар Узбакистон пур карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки чаҳор соли пеш Иттиҳодияи Аврупо дар пайи ҳаводиси Андичон таҳримҳое алайҳи давлати Тошканд чорй кард, ки мамнуъияти вуруди 12 мақоми баландпояи узбак ба кишварҳои ин Иттиҳодия ва фуруши силоҳ ба Узбакистон аз он чумла буданд.Аммо қарори маълум, ин таҳримҳо корсоз набуданд ва сарфи назар аз фишорҳои байналмилалй Тошканд ҳозир нашуд дар мавриди куштори моҳи майи соли 2005 Андичон таҳқиқоти мустақил сурат гирад.Иттиҳодияи Аврупо, ҳамчунин Амрико ба ин натича расиданд, ки дар сиёсатҳои хеш дар қиболи давлати Тошканд тачдиди назар кунанд.Ин руйкард баргирифта аз ниёзи мубрами кишварҳои ғарбй аз ҳамкорй бо Узбакистон буд ва ин кишварҳо дарк карданд, ки дар ҳоли аз даст додани фурсатҳо дар Узбакистон ҳастанд.Аз ин ру Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА дар идомаи гузаштҳои худ ба Узбакистон, рузи сешанбеи 27 октябр мамнуъияти фуруши силоҳ ба Тошкандро низ бекор карданд.Ҳарчанд Пиер Морел,намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) дар Осиёи Марказй ҳадаф аз лағви таҳримҳоро фароҳам кардани шароити мусоиди ҳамкорй бо Узбакистон барои ҳалли мушкилоти ин кишвар унвон кард, аммо пушида нест, ки ин Иттиҳодия нокомии худро дар бакоргирии таҳримҳо эҳсос кард. Ин тасмими ИА бо вокуниши шадиди мухолифони давлати Ислом Каримов ру ба ру шуд ва бори дигар барои дигарандешони Узбакистон ин нуктаро собит намуд, кишварҳои ғарбй, ки муддаъйи ҳимоят аз озодиҳои шаҳрвандй ҳастанд, манфиатҳои геополитикй ва геостартегии худро бар манфиатҳои миллатҳо тарчеҳ медиҳанд. Акнун давлатҳои ғарбй бо нодида гирифтани озору азияти зиндониён дар Узбакистон, қонуншиканиҳои мақомоти узбак,таъқибу озори дигарандешон дар ин кишвар ва саркуби ҳама гуна эътирозҳои мардумй тавассути сохторҳои қудратии Тошканд, ҳозир шуданд бо Узбакистон ҳамкорй кунанд, зеро ин заруратро манфиатҳояшон эчоб мекунад. Ҳосили ин сиёсат ноумедии он неруҳое аст, ки ба умеди кумаку пуштибониҳои Ғарб дил хуш мекарданд ва акнун барои ин неруҳо собит шудааст, ки набояд беш аз ин ба умеди ваъдаи ҳимоятҳои Ғарб шуд.Акнун давлати Ислом Каримов хушҳол аз пирузии дипломатии худ бар Ғарб, сиёсатҳои худкомаи худро идома хоҳад дод.

Дар мачмуъ баъд аз ин дар мавриди поймолкунии ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказй, фақат шоҳиди баёнияҳои ба истилоҳ ташрифотии Ғарб хоҳем буд, ки ҳеч таъсире дар амалкарди сарони тақрибан «модомулумри» ин минтақа нахоҳанд дошт.Аммо бояд ин нуктаро дар назар дошт, ки ниёзи Аврупо, дар мачмуъ Ғарб ба кишварҳое назири Узбакистон муваққатй аст ва бо гузашти замон — ҳалли масоили энержй, поёни ноамниҳо дар минтақа ва коҳиши шиддати рақобати қудратҳо, Узбакистон аҳамият ва чойгоҳи кунунии худро барои чаҳони Ғарб аз даст хоҳад дод ва ғарбиҳо руйкарди дигаре дар қиболи Тошканд ва дигар кишварҳои Осиёи Марказй дар пеш хоҳанд гирифт.

Воқеият ин аст, ки барои Ғарб дар шароити кунунии минтақа режимҳои худкома бештар муфиданд, зеро ба андешаи Ғарб, ҳамкорй бо ин режимҳо харочоти камтаре ба ҳамроҳ дорад ва ин режимҳо барои бақои худ ҳозир ба ҳамагуна муомилаи сиёсй ҳастанд. Чунин руйкарде чойгоҳ ва нуфузи Ғарбро дар чомеаҳои Осиёи Марказй беш аз пеш заъифу камранг карда аст.

Руи хам рафта бояд зикр кард, ки дар муомилаи каблии ИА ва Узбакистон, давлати Тошканд узвияти худ дар Иттиходияи иктисодии Авруосиёро мутаваккиф кард, аз ин ру ин савол матрах аст, ки ин бор Тошканд чи икдоме дар ростои «маскавситезй» анчом хохад дод?!

Дар хошияи сафари раиси чумхури Точикистон ба Маскав

Интизороти тарафҳо

Сафари раиси чумҳури Точикистон ба Маскав дар равобити дипломатй миёни ду кишвар камназир буд.Зеро аз ин сафар Точикистон ва Русия интизороти худро доштанд.Дар ҳоле ки Душанбе талош мекард иштибоҳоти қаблиро, ки дипломатияи точик дар тадвини тавофуқномаҳо бо Маскав муртакиб шуда буд, чуброн кунад, тарафи русй бо барномарезии ин сафар ният дошт вонамуд созад, ки Точикистон барои Кремл кишваре боаҳамият дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй аст.
Дар чунин шароите бахти тарафҳо дар дастёбй ба ҳадафҳои хеш яксон набуд.Агар рақобати қудратҳо ва талоши Амрико, Аврупо ва Чинро барои нуфузи бештар дар Осиёи Марказй ба унвони барги барандаи Душанбе тавсиф кунем, пас вучуди болиғ бар як миллион муҳочири кории точик дар Русия ва вобастагиҳои иқтисодии Точикистон аз Русия, мавридҳое буданд, ки ба нафъи Маскав кор мекараданд.

Музокирот ва масъалагузориҳо

Ҳарчанд дар бораи масъалаҳои мавриди баррасй дар гуфтугуҳо миёни тарафҳои точик ва рус аз қабл ибрози назарҳое сурат гирифта буд, аммо тақвияти ҳамкориҳои иқтисодй дар меҳвар қарор дошт.Он чи коршиносон пешбинй мекарданд, яъне мушаххас намудани мақоми пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон ва бознигарй дар қарордодҳои марбут ба ҳамкориҳои низомй, ҳамчунин таъйини тарзи мушорикати Русия дар такмили неругоҳи «Роғун», тақрибан баррасй нашуд.Ба эътиқоди тарафи русй ҳеч зарурате дар ин замина вучуд надошт:қарордоди низомй ба муддати 10 сол (2004-2014) имзо шудааст ва консорсиюми сохти «Роғун», ки Русия ҳозир аст дар он мушорикат намояд, ҳануз шакл нагирифтааст.
Дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодй, раиси чумҳури Русия иттилоъ дод, ки муқаррароти чадидеро дар мавриди муҳочирати хоричиён чорй хоҳад кард, ки имкони ҳузури қонунии шаҳрвандони Точикистон дар қаламрави Русияро замонат хоҳанд кард.
Ба эътиқоди ағлаби коршиносон ин изҳороти раиси чумҳури Русия бештар чанбаи ташрифотй дошт, ки солҳои ахир дар дидору гуфтугуҳои Душанбе — Маскав ба як падидаи маъмулй табдил шудааст.Маскав чунин ваъдаҳоеро борҳо додааст, аммо вазъияти муҳочирони кории Точикистон дар Русия ҳеч тағйире накардааст.

Пойгоҳи низомии Русия ва низомиёни рус дар Точикистон

Бар асоси қарордоди соли 2004, ки ба имзои Владимир Путин, раиси чумҳури вақти Русия ва Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон расида буд, пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон вучуд хоҳад дошт.
Фалсафаи таъсиси ин пойгоҳ, ҳамон гуна ки дар ҳуччатҳои марбута зикр шудааст, таъмини суботу амният дар Точикистон ва минтақа буда, тарафи русй уҳдадор шудааст, ки дар сурати таҳдид ба ҳукумати Точикистон, дар таъмини амнияти ин кишвар мусоидат хоҳад кард.Аммо имруз авзои минтақа тағйир кардааст ва дар баробари афзоиши таҳдидҳо, теъдоди кумаккунандагон ба амният низ афзудааст.Акнун кишварҳои аврупойи, Амрико, Чин, ҳатто Ҳиндустону Покистон вориди чархаи ҳамкориҳои низомй бо Точикистон шуда, имконияти интихоби шариконро барои Душанбе фароҳам намудаанд.Чунин вазъе ба ҳеч вачҳ ба нафъи Русия нест. Аз ин ру ҳарчанд Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия таъкид кард бознигарй дар қарордодҳои низомии байни Маскав — Душанбе ҳадди ақал то соли 2014 ғайриимкон хоҳад буд, аммо Русия ба хубй медонад, ки Точикистон барои касби даромад ҳамкориҳо бо кишварҳои ғарбиро густариш хоҳад дод. Дар шароите, ки Амрико эълом кардааст нируҳои вижаи худро барои мубориза бо зуҳуроти ноамниҳо дар Осиёи Марказй, дар кишварҳои ин минтақа чойгир хоҳад кард, нигарониҳои Маскав аз сарнавишти пойгоҳаш баъд аз поёни қарордод (соли 2014) беш аз ҳар замони дигаре афзудааст. Ба иборати дигар, дар Маскав ба хубй дарк кардаанд, ки Душанберо дигар наметавон бо ваъдаҳои пуч қонеъ кард, аз ин ру бархе фишангҳои фишорро руи даст гирифтаанд.

Манбаъҳои обй нуқоти заъф ё қувват?

Дар шароити кунунй Точикистон шадидан ба неруи барқ ниёз дорад ва дастёбй ба ин ҳадаф танҳо бо сохтани неругоҳҳои обй имконпазир аст. Дар ибтидо Русия эъломи омодагй кард, ки дар такмили неругоҳи Роғун мушорикат хоҳад кард.Ин ваъда ҳамзамон бо ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларй ба иқтисоди Точикистон дода шуд, ки то имруз ғайр аз талафи вақт ҳосили дигаре барои Точикистон надошт.Ба назар мерасад Русия фақат барои дар чорчуби сиёсатҳои хеш нигоҳ доштани давлати Душанбе даст ба чунин иқдоме зад.Сафари раиси чумҳури ин кишвар дар январи имсол ба Тошканд ва ваъдаи Маскав дар бораи ҳимояти Кремл аз манофеи Узбакистон дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй, пасипардаи сиёсатҳои Маскавро дар қиболи Душанбе ифшо кард.Яъне собит шуд, ки Русия дунболи ҳадафҳо ва манофеи бузургтаре дар Осиёи Марказй ҳаст, ба иборати дигар Маскав манобеи газу нафти Узбакистонро аз манобеи обии Точикистон бартар шумурд ва Душанберо ба ҳошияи сиёсатҳои хеш ронд.Дар ростои чунин иқдоме Маскав руи он ҳисоб кардааст, ки Точикистони маҳрум аз роҳҳои иртиботии мустақим ба чаҳони хорич, чорае чуз тан додан ба хостаҳои Русия надорад.Аз ин ру ҳарчанд Русия эълом кардааст, ки дар такмили неругоҳи «Роғун» ширкат хоҳад кард, аммо ба таври ҳатм манофеи Узбакистонро дар назар хоҳад гирифт. Зеро дар Маскав бар ин боваранд, ки Узбакистон дар интиқоли гази Осиёи Марказй ба Аврупо аз нақш ва чойгоҳи муҳиме бархурдор аст. Дар чунин шароите Точикистон дарк кардааст, ки Русия барояш аҳамият ва чойгоҳе, ки дар шаъни як давлати мустақил бошад, қоил нест.

….Ва аммо баъд

Сарфи назар аз натичаҳо ва пайомадҳо, сафари роҳбарияти Точикистон ба Маскав ин нуктаро собит намуд, ки Душанбе нақш ва чойгоҳи хеш дар минтақаро ба хубй дарк кардааст.Дар ҳоле ки довталабони ҳузури фаъолтар дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ичтимойи, сиёсй, иқтисодй, низомй ва фарҳангии ин кишвар афзудаанд, ба Маскав ру овард, то барномаҳои шарики стротегии худро бори дигар маҳак занад.Ин нукта мусаллам аст, ки Точикистон дигар ба умеди ваъдаҳои Русия нахоҳад шуд ва бо тавсаъаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Шарқу Ғарб, иқдом ба ҳалли масъалаҳои ичтимойи ва иқтисодии хеш хоҳад кард.
Ин нукта ғайри қобили инкор аст, ки афзоиши сафархои мақомоти аврупойи ва амрикойи ба Осиёи Марказй, аз чумла Точикистон, нишони ғамхории ин кишварҳо нисбат ба мардумон ва ё давлатхои минтақа нест, балки авзои минтақа ва чахон қудратхои ғарбиро мухточи хамкорихои кишвархои Осиёи Марказй кардааст. Акнун қудратхои ғарбй дар ростои амалй кардани стротегияхои худ дар минтака, ру ба кишвархои Осиёи Марказй овардаанд, то бо истифода аз сардии робитахои ин кишвархо бо Маскав, ба хадафхои хеш осонтар даст ёбанд. Хамин мавзуъ аз чумла боиси он шудааст, ки гарбихо дар руйкарди худ бо кишвархои ин минтака бознигарй кунанд ва хамаи конуншиканихои макомоти ин кишвархо дар риояти озодихои шахрвандиро нодида гиранд. Икдоми Иттиходияи Аврупо дар заминаи бекор кардани тахримхои таслихотии Узбакистон факат бахше аз ин руйкард аст. Чунин вазъе имкониятҳои тозаеро барои кишварҳои Осиёи Марказй фароҳам кардааст, то он чиро, ки аз Русия интизор доштанд ва доранд, тавассути кишвархои ғарбй ба он даст ёбанд.
Агар Русия дар руйкарди хеш бо Точикистон тачдиди назар накунад, ба тадрич чойгоҳ ва нуфузи худро дар ин кишвар аз даст хоҳад дод. Дар идомаи ин раванд ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Точикистон таҳти савол қарор хоҳад гирифт.

Точикистон ваТуркманистон: марҳалаи чадиди ҳамкориҳо

Дар поёни сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Ашқобод чаҳор санади ҳамкорй миёни Точикистон ва Туркманистон ба имзо расид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати чумҳури Точикистон ёддошти тафоҳум, протоколи ҳамкорй миёни вазоратхонаҳои хоричии ду кишвар, тавофуқномаи байниҳукуматй дар мавриди кумиссиюни ҳамкориҳо дар бахшҳои тичорй-иқтисодй ва илмй-фаннй ва варзиш асноде буданд, ки Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ва Эмомалй Раҳмон раисони чумҳури ду кишвар ба онҳо имзо гузоштанд.
Дар нишасти хабарии муштарак Эмомалй Раҳмон аз чумла таъкид кард, ки кишвараш ба тавсаъаи равобит бо Туркманистон аҳамияти зиёде қоил аст ва наздикии мавзеъҳои ду кишвар дар бисёре аз масоили минтақайи ба байналмилалй, заминаи муносибе барои тақвияти ҳамгаройи ва равобити чандчониба дар минтақа фароҳам карадааст.
Қурбонгулй Бердимуҳаммадов низ хотирнишон кард, ки равобит миёни ду кишвар бар асоси эътимоди мутақобил ва ҳусни ҳамчаворй устувор аст.
Қобили зикр аст, ки сафари дурузаи раиси чумҳури Точикистон ба Туркманистон рузи чумъаи 9 октябр оғоз шуд.Дар ин сафар Эмомалй Раҳмонро Эркин Раҳматуллоев, мушовири раси чумҳур дар умури байналмилал,Хамроҳхон Зарифй, вазири умури хорича, Сафаралй Начмиддинов, вазири доройи, Гул Шералй, вазири энержй ва саноат, Маликшо Неъматов,раиси кумитаи чавонон, туризм ва варзиш, Санъат Раҳимов,раиси ширкати «Барқи точик» ва дигар мақомоти расмй ҳамроҳй карданд.
Нигоҳе ба таърихчаи на чандон дури равобит миёни Душанбе — Ашқобод баъд аз фурупошии Шуравй ва касби истиқлол, баёнгар аз он аст, ки ду кишвар тақрибан ҳеч масъалае баҳсбарангез дар муносиботи байни ҳам надоштаанд.Туркманистон бо эъломи бетарафй дар даврони раёсати чумҳурии Сафармурод Ниёзов, зимни напайвастан ва ё мушорикати камранг дар ниҳодҳои минтақайии пасошуравй, равобит бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба дур аз ҳар гуна таниш ва ихтилоф ҳифз кард.Фақат дар соли 2002, дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Туркманбошй, мақомоти Ашқобод Тошкандро дар даст доштан ба ин қазия мутаҳҳам карданд, ки дар пайи ин равобит миёни Туркманистон ва Узбакистон то ҳадди қобили мулоҳизае ба сардй гаройид. Бо руйи кор омадани Қурбонгулй Бердимуҳаммадов дар соли 2007 давлати Ашқобод сиёсатҳои бозтареро дар пеш гирифт, ки мушорикати фаъолтар дар созмону ниҳодҳои минтақайи ва фароминтақайи ва тавсаъаи равобит бо кишварҳои минтақа, ҳамчунин ҳузури муассиртар дар муъодилоти минтақайи, аз чумлаи натоичи ин сиёсат будаанд. Акнун Ашқобод бо саҳм гирифтан дар тарҳҳои бузурги минтақайи ва фароминтақайи, ба маркази рафтуомадҳои мақомоти кишварҳо ва қудратҳои мухталиф табдил шуд, ки дари имтиёзгириҳои бештареро ба руи Туркманистон боз кардааст. Бархурдорй аз манобеи саршори нафту газ аз дигар мавориде аст, ки чойгоҳи Туркманистонро дар сиёсатгузориҳои қудратҳои Шарқу Ғарб беш аз ҳар замони дигаре бо аҳамият намудааст.Ба вижа дар шароите, ки буҳрони энержй миёни Украина ва Русия дар зимистони гузашта кишварҳои аврупойиро ба камбуди шадиди энержй мувочеҳ кард ва ин кишварҳо дар пайи касби манобеи чадиди таъмини энержй бар омаданд,бар нақши Туркманистон ба унвони манбаъи чойгузин, афзуда шуд.
Ва аммо он чи ба Точикистон бармегардад, Туркманистон дар даврони чанги дохилии Точикистон дар солҳои 1992 — 1997 аз чумлаи кишварҳое буд, ки ба истиқболи паноҳандагони точик омад ва то чое имконоти ин кишвар эчоб мекард, шаҳрвандони Точикистонро макон дод ва ононро таҳти ҳимоят гирифт. Гузашта аз ин Ашқобод дар 3-24 ноябри соли 1995, 28 январ — 8 феврали соли 1996, 8-21 ноябри соли 1996 мизбони панчумин даври навбатии музокироти сулҳ миёни тарафҳои рақиби точик буд ва дипломатҳои туркман ниҳояти талошҳои худро ба харч доданд, то сулҳро ҳарчи зудтар ба сарзамини точикон бозгардонад. Натичаи ҳамин талошҳо буд, ки дар ин давр аз музокироти сулҳ, мавзеъҳои тарафҳои точик бештар ба ҳам наздик шуд ва фосила то имзои созишномаи ниҳойии сулҳ то ҳадди қобили мулоҳизае кутоҳтар шуд.
Дар даврони буҳрони энержй, ки дар поёни солҳои 90 қарни гузашта чомеаи Точикистонро фаро гирифт, давлати Ашқобод бо интиқоли барқ ба Точикистон, талош кард аз мушкилоти мардуми точик дар фасли сармо бикоҳад. Аз чумла дар зимстони гузашта Туркманистон 1миллиарду 200млн.киловат неруи барқ ба Точикистон содир кард.
Бар асоси гузориши кумитаи омори Точикистон тайи моҳҳои январ-августи соли чорй мубодилоти тичорй миёни ду кишвар 48,7 миллион долларро ташкил дод. Точикистон ба Туркманистон умдатан маводи ғизойи, оҳан ва тачҳизоти оҳанй содир намуда, аз ин кишвар маҳсулоти нафту химия ва масолеҳи сохтмонй ворид мекунад.Бо ин вучуд ин ду кишвар аз зарфиятҳои фаровоне бархурдоранд, ки баҳрабардорй аз онҳо ба нафъи тарафайн ва дигар кишварҳои минтақа хоҳад буд.
Сафари Эмомалй Раҳмон ба Ашқобод, ки ки боиси хузур наёфтани вай дар нишасти сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Молдова шуд, баёнгар аз аҳамияти волои Туркманистон дар сиёсатҳои давлати Душанбе аст.Ҳамсонй ва наздикии мавозеъҳои ду кишвар дар масоили баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ин умедро дар зеҳни давлатмардони Душанбе тақвият кардааст, ки бо истифода аз пуштибонии Ашқобод, битавонанд тарҳҳои гидроэнергетикии худро амалй кунанд.Ба вижа он ки пешниҳоди ахири Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аз кишварҳои минтақа чиҳати пардохти чубронпулй ба Точикистон ба ивази истифода аз оби рудхонаҳои ин кишвар,бар аҳамият ва чойгоҳи Ашқобод дар сиёсатҳои Душанбе афзудааст. Аммо набуди марзи мушатарак миёни ду кишвар монеи чиддй дар густариши ҳамкориҳои фимобайн мебошад,хоса он ки коршиканиҳои Тошканд дар тронзити барқи Туркманистон ба Точикистон(дар зимистони гузашта)ин ҳақиқатро собит намуд, ки бояд ду тараф дар пайи масирҳои хорич аз қаламрави Узбакистон бошанд. Аз ин ру ду тараф саъй доранд дар қолаби барномаҳои роҳбурдй, бо эчоди масир аз тариқи Афғонистон ва Қирғизистон, ин мушкилро рафъ намоянд. Дар ин миён Точикистон умедвор аст бо истифода аз чойгоҳи Туркманистон дар арсаи байналмилал битавоанд бо бо пуштибонихои Ашкобод, аз монетарошихои Узбакистон дар масири барноамахои гидроэнергетикии худ бикохад ва ин барномахоро дунбол кунад.

Истикболи Точикистон аз пешниходи раиси чумхури Туркманистон ва чойгохи Русия дар ин масъала.

s47541930Раиси чумҳури Туркманистон аз Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизситон даъват кард, ки чиҳати ҳифзи чараёни об аз рудхонаҳои Точикистон ба қаламравашон, ба таври муштарак ба давлати Душанбе чубронпулй пардохт намоянд.
Қурбонгулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон, ки дар як нишасти хабарй ба пурсишҳои хабарнигорон посух мегуфт, дар ин замина афзуд, кишварҳои «поёноб» вазифадоранд зарару зиёнҳои бархоста аз туғёни рудхонаҳоро ба Точикистон пардохт намоянд ва ба ин кишвар дар ҳалли масоли энержй кумак ва мусоидат намоянд.Қурбонгулй Бердимуҳаммадов таъкид кард, Точикистон, ки аслитарин таъминкунандаи оби бахши кишоварзй дар минтақа маҳсуб мешавад, ба камбуди шадиди энержй ру ба ру аст ва танҳо роҳи ҳалли ин мавзуъро дар сохти неругоҳҳои барқи обй мебинад.Вай афзуд ин иқдом метавонад ба чараёни об ба дигар кишварҳо таъсири манфй расонад ва бахши кишоварзии кишварҳои «поёноб»-ро то ҳадде ба камбуди шадиди об мувочеҳ кунад ва ин мавзуъ метавонад дар равобити кишварҳои Осиёи Марказй соя афканад ва минтақаро дастхуши ҳаводисе ғайриқобили пешбинй кунад.

Бо таваччуҳ ба ин, раиси чумҳури Туркманистон аз кишварҳои минтақа даъват кард, ки ба таври муштарак ба Точикистон кумак кунанд, то битавонад масоили гидроэнергетикии худро ҳал намояд ва аз ин тариқ хатари буҳрони об дар минтақа бартараф шавад.

Раиси чумҳури Туркманистон дар шароите давлатҳои минтақаро ба расидагй ба мушкилоти гидроэнергетикии Точикистон даъват кардааст, ки бино ба бароварди коршиносон тайи 5-10 соли оянда таъмини бархе аз манотиқи замин бо энержй ба масъалаи чиддй табдил хоҳад шуд.

Мақомоти Точикистон аз пешниҳоди раиси чумҳури Туркманистон истиқбол карданд.Давлат Назрй, сухангуи вазорати хоричаи Точикистон зимни тамчид аз мавзеи Қурбонгулй Бердимуҳаммадов, онро иқдоме мантиқй тавсиф кард.Профессор Холназар Муҳаббатов муътақид аст, ки агар чораҳо ва тадбирҳои судманд андешида нашаванд, дар оянадае на чандон дур минтақа бо буҳрони шадиди об мувочеҳ хоҳад шуд.Вай мегуяд, идомаи ихтилофот миёни кишварҳо фақат боиси печидагии бештари масъалаи об хоҳад шуд.

Аммо воқеият ин аст, ки масъалаи истифода аз рудхонаҳои фаромарзй дар Осиёи Марказй бо ангеза ва ғаразҳои сиёсии кишварҳо гиреҳ хурда, дар ҳолатҳое ба аҳрами фишор низ табдил шудааст.Дар ҳамин замина Константин Симонов, мудири бунёди амнияти энержии раёсати чумҳурии Русия мегуяд: ҳар аз гоҳе қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон ба Точикистон ва Қирғизистон низ ба масъалаи об бастагй дорад ва Тошканд аз ин тариқ мехоҳад қудратнамойи кунад ва ду кишвари «боло об» — Точикистон ва Қирғизистонро мутақоид кунад, ки тарҳҳои гидроэнергетикии худро дар чорчуби манофеи Узбакистон таҳия ва ичро кунанд.Вай меафзояд, 18 млн. долларй, ки Душанбе ва Бишкек бобати гази масрафй напардохтаанд, чизе нест, ки онро ба рухи равобити байни кишварҳо кашид.

Дигар коршиносон низ бар ин боваранд, ки идомаи ихтилоф бар сари истифода аз рудхонаҳои фаромарзй зимни ба буҳрон кашидани равобити кишварҳои минтақа, фурсати тозаеро дар ихтиёри қудратҳои мудайии нуфуз дар Осиёи Мраказй медиҳад, то бо дахолат дар умури дохилии кишварҳои ин минтақа, раванди таҳаввулотро тибқи майлу иродаи хеш пеш бибаранд. Аз ин ру пешниҳоди раиси чумҳури Туркманистон он иқдомест, ки дар ростои ҳалли масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй корсоз воқеъ хоҳад шуд.Аммо ин мавзуъ боясти бо ибтикори амали кишварҳои минтақа сурат гирад, зеро ҳар гунаи иқдоми миёнчигарона метавонад ҳамроҳ бо мавзеъгириҳои судчуёна бошад. Амре ки боиси боз ҳам печидатар шудани масъала хоҳад шуд.Дар ин росто бархе доираҳои расонайи аз миёнчигарии Маскав дар ҳалли баҳси об миёни кишварҳои Осиёи Марказй сухан ба миён овардаанд. Аммо руйкарди Русия ба ин мавзуъ тайи солҳои охир нишон медиҳад, ки ин кишвар ҳамеша дар чорчуби аҳдофи геостратегй ва геополитикии худ ба ин масъала бархурд кардааст. Кремл бо таваччуҳ ба авзои минтақа мавзеъ гирифта, гоҳе аз Душанбе чонибдорй намудааст ва гоҳе аз Тошканд.Ин мавзеъгириҳои «калавандаи» Маскав дар аксари мавридҳо ба зиёни Душанбе тамом шудаанд.Ҳатто ба назар чунин мерасад, ки Русия дар ташдиди ихтилофот миёни кишварҳои Осиёи Марказй нақш дорад ва бо доман задан ба ин ихтилофот роҳро барои дастёбй ба аҳдофи роҳбурдии худ ҳамвортар мекунад.Бо ин ҳол амалкарди Русия тайи солҳои баъд аз фурупошии Шуравй баёнгар аз он аст, ки Маскав дар қиболи кишварҳои ин минтақа сиёсати мушаххасе надорад ва ҳамин амр боис шудааст, ки тамоили кишварҳои Осиёи Марказй ба тавсаъаи равобит бо дигар кишварҳои Ғарбу Шарқ беш аз ҳар замони дигаре афзоиш пайдо кунад.
Ҳануз кишварҳои минтақа дар қиболи пешниҳоди раиси чумҳури Туркманистон вокунише аз худ нишон надодаанд, аммо ин мавзуъ метавонад ба унвони барги баранда дар хидмати дипломатияи Душанбе бошад, зеро танҳо роҳи раҳойии Точикистон аз буҳрони энержй, баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикй мебошад.Гузашта аз ин, мақомоти точик қабл аз ин борҳо дар мавриди мушорикати молии кишварҳои «поёноб» дар рафъи хисороти бархоста аз туғёни рудхонаҳо дархостҳо ироа намудаанд. Дархостҳое, ки ҳеч гоҳ мавриди таваччуҳи кишварҳои «поёноб», ки масрафкунандагони аслии оби рудхонаҳои Точикистон мебошанд, воқеъ нашудаанд.

Туркзабонон муттаҳид мешаванд, форсизабонон…


Мачлиси намояндагони Точикистон дар нишасти ахири худ бо ду раъйи мухолиф ва 57 раъйи мувофиқ лоиҳаи Қонуни забони давлатиро, ки аз суи раиси чумҳур таҳия ва пешниҳод шуда буд, ба тасвиб расонд.Бо ин кор яке дигар аз «шоҳкорҳои» намояндагони мардумй шакл гирифт ва он ин буд, ки аз лоиҳаи қонун вожаи «форсй» бардошта шуд. Яъне забони давлатии Точикистон забони точикй (на мисли лоиҳаи пешин «форсии точикй») эълом шуд.
Ҳамин масъала дар бист соли пеш низ боиси баҳсу баррасиҳои зиёд шуда буд ва он замон намояндагон ба ҳарфи донишмандон гуш фаро доданд ва пазируфтанд, ки «забони точикй» «забони форсии точикй» таъбир шавад. Аммо ин бор ин ҳарф, ин ҳақиқати таърихй гуши шунавое надошт.Хақиқате, ки ниёз ба исбот надорад ва ҳамин мучассамаи Исмоили Сонмонй, ки мо онро ба унвони поягузори нахустин давлати ТОЧИКОН пазируфтаем, далели ғайри қобили инкор будани ин мавзуъ аст. Дар давлати нахустини точикон, ки беш аз ҳазор соли қабл арзи ҳастй намуда буд, забони давлатй форсй буда на точикй!Мо бо барчидани вожаи «форсй» аз қонуни забони давлатй, худ бо дасти худ теша бар решаи гузаштаи таърихи худ задем ва худро аз ниёкон бибридем.
Нигоҳе ба саҳифаҳои таърихи гузашта ба хубй нишон медиҳад, ки қавми точик ҳамеша «форсигу» буд, яъне ба номи «забони точикй» дар ҳеч маъхазу сарчашмае чизе зикр нашудааст.Ва ин фақат махсуси мо точикон, ки як миллати ориёинажод ҳастем, нест. Чи басо халқу миллатҳое ҳастанд, ки забонашон баргирифта аз номи миллаташон нест: миллат амрикойи — забон англисй, миллат бразилй — забон португалй, миллат аргентинй — забон испанй ва … Мо меросхори фарҳангу тамаддуни форсй ҳастем ва бо гирифтани вожаи «форсй» аз Конуни забони давлатй, худро аз ин мероси ғанй маҳрум мекунем. Ҳануз ҳам дар миёни мардуми куҳистон иборати «фалонй (манзур одаме аз ягон маҳалли Точикистон) форсигу» ҳаст ё «форсигу буд» корбурд дорад, ки як далели таърихии форситабор ва форсизабон будани миллати мо ҳаст.
Дар ҳоле, ки талошҳо барои ваҳдати ҳарчй бештари се кишвари форсизабони Точикистон, Афғонистон ва Эрон ба таври бесобиқае дар сатҳҳои мухталиф шиддат гирифтааст, мо худро аз ин доира берун мекашем.Ва он ҳам дар ҳоле, ки забони точикй як шохаи забони форсй аст, ба гунае, ки форсии дарй, форсии эронй (ё теҳронй) ва форсии точикй таъбир мешавад.Ба назар мерасад, ҳануз ҳам иддае дар радаҳои болои ҳукумати Точикистон аз идеологияи комунистй, ки аз чумлаи ҳадафҳояш буридани пайвандҳо миёни Точикистон ва Эрону Афгонистон буд, раҳо нашудаанд ва ҳануз ҳам аз наздикй бо ин ду кишвари форсизабон бим доранд.Ин идеология бо тамоми тавон дар пайи содда ва омиёна кардани забони форсии точикй дар Точикистон бар омад, то «собит» кунад, ки «забони точикй» ҳеч умумияте бо дарию форсй надорад.Коммунистон дар ин амр муваффақ ҳам шуданд ва ин нукта, ки дар замони тачовузи Шуравй ба Афғонистон, аз Кремл ба Душанбе занг зада барои чалби тарчумон ба Афгонистон мепурсанд:«у вас еще остались таджики, которые хорошо владеют родным языком?», тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост.
Гузашта аз ин, форсизудойи дар порлумони Точикистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки дақиқан дар ҳамин руз дар Нахчувони Озарбойчон сарон ва намояндагони кишварҳои туркзабон даври ҳам чамъ меоянд, то таъсиси иттиҳоди кишварҳои туркзабонро суръат бахшанд.Дар ин нишаст туркзабонҳо дар минтақаи чудошуда аз Арманистон ба баҳсу гуфтугу нишастанд, то аз ин тарқ бештар бар моҳият ва зарурати иттиҳод таъкид карда бошанд. Идеяи иттиҳоде назири Шурои Аврупо ва Лигаи давлатҳои арабй меҳвари аслии суханрониҳо дар нишасти Нахчувон буд.Ин талошҳо дар шароите сурат мегиранд, ки бархе кишварҳои туркзабон ихтилофоти чиддие бо ҳам доранд ва робитаҳои Қирғизистон ва Узбакистон фақат гушае аз ин ихтилофот аст. Мачмаи порлумонии кишварҳои туркзабон, ки дар гузаштаи на чандон дур дар Боку ташкил шуд,имруз дар пайи он аст, ки роҳи ҳалле барои ихтилофи дидгоҳҳо ва мевзеъҳои кишварҳои туркзабон пайдо кунад.
Точикистон дар муҳосираи кишварҳои туркзабон воқеъ аст ва суханони яке аз сарони ин кишварҳо ки ошкоро эълом карда, «Точикистон дар роҳи ташкили иттиҳоди давлатҳои туркзабон мисли як устухоне дар гулу ҳаст», ҳушдоре ба сарони точик аст, ки ба таври чиддй ба фикри мавчудияти ояндаи кишвари худ бошанд.
Албатта, Точикистон кишвари мустақил ва соҳибистиқлол аст ва забони давлатии худро бояд дошта бошад, аммо инкори ҳақиқтҳои таърихй роҳ ба чое нахоҳад бурд.
Мо бо забони модарии худ ифтихор мекунем, ҳамон гуна, ки Муъмин Қаноъат , шоири машҳури точик мегуяд:
Форсй гуйи, дарй гуйи варо,
Ҳарчй мегуйи, бигу
Бекарон бахрест гавхар бехисоб
Харчи мечуйи бичу.

Лек бахри ман забони модарист
Хамчу шири модар аст
Бахри у ташбехи дигар нест, нест
Чунки мехри модар аст.

Сарфи назар аз он ки дар тасвиби конуни забон дар холатхое ангезахои сиёсй боло гирифтаанд, вучуди чунин конунеро ба фоли нек мегирем, то дар хифзу густариши забони форсии точикй муассир вокеъ шавад. Аммо аминам рузи ислохи иштибохот фаро хохад расид.