Афгонистон ва Осиёи Марказй

Ахиран раиси маркази таҳқиқоти роҳбурдии Афғонистон аз пешниҳоди махфиёнаи Амрико ба Толибон парда бардошт, ки бар асоси он агар ин гуруҳ бо таъсиси пойгоҳҳои низомии доимии Амрико мувофиқат кунад, чануби Афғонистон ба Толибон вогузор хоҳад шуд.Ғуломи Челонй таъкид кард, ки пойгоҳҳои низомии доимии Амрико дар Афғонистон боиси идомаи чангу ихтилоф дар ин кишвар ва минтақа хоҳад шуд. Ин пажуҳишгари афғон фош кард, ки сардамдорони низомй ва сиёсии Амрико чанде қабл бо Толибон музокирот доштанд ва бо сарони ин гуруҳ дар мавриди эчоди пойгоҳҳои низомии доимй, вориди муомила шуданд.Аз ин ифшогарй бармеояд, ки Амрико барои таъсиси пойгоҳҳои низомии доимй дар қаламрави Афғонистон, ҳозир аст ҳар гуна баҳоеро пардохт кунад.Ба эътиқоди Ғуломи Челонй бо таъсиси пойгоҳҳои низомии доимй, Амрико талош дорад аз як су омори талафоти низомиёни худ дар ин кишварро коҳиш диҳад ва аз суи дигар аз харочоти беш аз ҳади Пентагон бикоҳад. Ин пажуҳишгар меафзояд ҳадафи дигари Амрико он аст, ки бо таъсиси пойгоҳ, чанги Афғонистонро ба чанги афғонҳо бар зиди афғонҳо табдил диҳад ва бо идора кардани раванди даргириҳо, ҳузури худро дар кишварҳои ҳамчавор низ густариш диҳад.

Ибрози назарҳои раиси маркази таҳқиқоти роҳбурдии Афғонистон тасдиқе дигар бар ин дидгоҳҳо аст, ки Амрико дар паси пардаи мубориза бо Толибон, аҳдофи дигареро дар минтақа дунбол мекунад, ки танг кардани арса барои қудратҳое назири Русия, Чин, Ҳинд, ҳатто кишварҳои Аврупойи аз он чумла аст. Арзёбии мусбати мақомоти амрикойи аз густариши равобит бо кишварҳои Осиёи Марказй дар поёни соли гузаштаи мелодй ва моҳҳои аввали соли чорй аз забони фиристодаҳои сатҳҳои мухталифи Кохи сафед ба минтақа шунида шуд, баёнгар аз ин воқеият аст, ки Амрико дар ҳамкорй бо кишварои минтақа руйкарди мутафовутеро руи даст гирифтааст. Роберт Блейк, ёвари вазири хоричаи Амрико дар сафари моҳи марти худ ба Осиёи Марказй, ки дар нишастҳои дучонибаи Амрико бо ин кишварҳо ширкат кард, тазаккур дод, ки Вошингтан тайи ду-се соли охир тавонист бо ҳамаи ҳукуматҳои Осиёи Марказй равобити дустона ба роҳ монад.Вай афзуд, ҳамаи шарикони мо дар Осиёи Марказй ҳозиранд дар масоили марбут ба Афғонистон ҳамкориҳои густурда дошта бошанд. Бо ин ҳол ин мавзуъро набояд нодида гирифт, ки Амрико дар ҳамкорй бо кишварҳои Осиёи Маркзй, ҳадафҳои роҳбурдии худро дар авлавият қарор дода, аз бисёр масоиле, ки дар даҳаи 90 дар пушиши онҳо ба минтақа ворид шуда буд, чашмпушй кардааст.Аз ин чумла метавон ба амалкарди Вошингтан дар қиболи давлати Тошканд ишора кард, ки ҳамвора мавриди интиқоди ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башар будааст.Дар ин робита Сюзан Эллиот, маовини ёвари вазири хоричаи Амрико дар мусоҳиба бо хабарнигори нашрияи «Коммерсант», чопи Маскав, ибрози назар карда буд.Хонуми Эллиот, ки моҳи гузашта ба Русия сафар карда буд, ба ин пурсиш:»Мо фарқе миёни ҳаводиси Бенғозй ва Андичон намебинем, чаро дар соли 2005 Вашингтон ҳукумати Узбакистонро мучозот накард, ҳатто солҳои охир равобит бо ин кишварро барқарор кард?Миёни Муаммар Қаззофй ва Ислом Каримов чй тафовуте вучуд дорад?», гуфт:»Ман намегуям, ки Амрико ҳаводиси Андичонро фаромуш кардааст, ҳануз бархе таҳримҳои мо алайҳи Узбакистон идома доранд ва мо ҳамеша дар музокирот бо мақомоти узбак ба мавзуъҳои риояти ҳуқуқи башар ва демократй таъкид мекунем».Аммо ҳамон гуна ки шоҳид ҳастем, воқеият чизи дигар аст ва Амрико дар ростои ичрои аҳдофи худ дар Афғонистон ва минтақа, сиёсати мутафовутеро дар нисбати кишварҳои Осиёи Марказй, дунбол мекунад.

Бо гузашти 10 сол аз замони лашкаркашии Амрико ба Афғонистон, ҳануз Ғарб дар барқарории суботу амният дар ин кишвар, ноком боқй мондааст ва тайи ин муддат доманаи ноамниҳо ҳатто борҳо ба кишварҳои ҳамчавор сироят кардааст.Ба илова, тайи солҳои охир мавчи эътирозоти мардумй аз амалкарди низомиёни ғарбй дар куштори мардуми ғайринизомй дар Афғонистон, ба таври бесобиқае доман задааст. Ҳатто Ҳомид Карзай, раиси чумҳури Афғонистон борҳо куштори мардуми бегуноҳ тавассути низомиёни ғарбиро шадидан маҳкум кардааст.Кишварҳои ғарбии муттаҳиди Амрико, таҳти фишори афкори умумй, мачбур ба эъломи замони хуручи низомиёнашон аз Афғонистон карданд.Амрико низ ба таври расмй эълом кард, аз моҳи июли соли 2011 хуручи низомиёни худ аз Афғонистонро оғоз хоҳад кард.Аз ин ру таҳаррукоти Вошингтон дар чиҳати ичрои барномаҳои марбут ба хуруч аз Афғонистон ташдид шудааст.Дар ҳамин росто ичрои тарҳҳои тронзит дар масири шимол дар маркази фаъолиятҳои мақомоти Кохи сафед қарор гирифтааст.Такмили роҳҳои оҳан, чодаҳо ва фурудгоҳҳо, ки интиқоли коло ва тачҳизоти мавриди ниёзи НАТО дар Афғонистонро таъмин хоҳанд кард, бо суръати ҳарчй бештар идома дорад.Дар чорчуби ин барномаҳо Туркманистон дар чойгоҳи вижае қарор дорад, зеро ба назар мерасад, ки Амрико аз сиёсатбозиҳои Узбакистон хаста шуда, ба мақомоти узбак эътимоди чандоне надоранд.Аз ин ру Вашингтон бо пайваст кардани роҳи оҳани Қазоқистон ба шабакаҳои роҳи оҳани Туркманистон, қасд дорад худро аз вобастагй ба роҳи оҳани Узбакистон озод кунад. Бар асоси барномаҳо, Пентагон дар садад аст 75 дар сад аз колои ғайринизомиро аз тариқи ҳамин масири шимол ба Афғонистон мунтақил кунад. Дар ҳамин росто моҳи январ афсарони амрикойи музокироте бо ширкатҳои борбарй доштанд, ки тайи он масъалаи тезонидани раванди интиқоли коло ба Афғонистон баррасй шуд.Ҳарчанд Амрико бо Узбакистон низ дар ин замина музокирот анчом дод, аммо ҳисоби аслй руйи масирҳои Туркманистон боз шудааст.Паймонкори амрикойии «Maersk Line Ltd» тарҳе бо номи «Масири борбарй аз қаламрави Туркманистон» таҳия карда, ки аз бандари «Рига» дар Болтик, то «Сарҳадобод-Турғундй», дар марзи туркману афғон имтидод дорад.Ин масири алтернотифи бандари «Хайратон» дар марзи узбаку афғон ва «Шерхон-бандар», дар марзи точику афғон аст.Бар асоси баровардҳои мутахассисони амрикойи, масири Туркманистон замон ва ҳазинаи интиқоли коло ва тачҳизот ба Афғонистонро ба андозаи қобили мулоҳизае коҳиш хоҳад дод. Аз суи дигар вучуди иртиботи дарёйи миёни Туркманистон ва Озарбойчон, имкон медиҳад, ки коло ва тачҳизоти мавриди ниёзи Ғарб аз Аврупо ба Афғонистон тайи муддат замони кутоҳ мунтақил шаванд.Дар шароите, ки роҳи оҳани Боку-Тифлис-Карс(Туркия)дар ҳоли такмил аст, аҳамияти Туркманистон барои созмони НАТО беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфтааст.

Бо таваччуҳ ба он чй баён шуд, метавон натича гирифт, ки хуручи Амрико аз Афғонистон бештар шабеҳи ивазкунии макони буду боши низомиёни ин кишвар дар минтақа аст.Амрико тайи як муомилаи пинҳонй бо Толибон, зимни ҳифзи манбаъи ноамниҳо дар минтақа, қасд дорад ҳузури низомии худро асоснок кунад ва идоракунии таҳаввулоти минтақаро ба даст гирад.Ин идоракунй қабл аз ҳама ҳаққи истифода аз манобеи энержиро таъмин хоҳад кард, ки Осиёи Марказиро ба майдони зурозмойии қудратҳои Шарқ ва Ғарб табдил кардааст.Вокунишҳои Русия ва Чин, ба унвони рақибони Ғарб, амалест, ки дар сарнавишти барномаҳои Амрико бетаъсир нахоҳад буд.

Амрико ва нигохе ба Точикистон


Рузи 12 апрел дар шаҳри Душанбе даври саввуми машваратҳои байниҳукуматии Точикистон ва Амрико баргузор гардид, ки дар он ҳайати амрикои тахти сарпарастии Роберт Блейк, ёвари вазири умури хоричаи ин кишвар ҳузур дошт.Машваратҳои сиёсй бо кишварҳои Осиёи Марказй, барномаест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайи солҳои охир дар чорчуби стротегияи ҳузури худ дар минтақа таҳия ва тадвин кардааст.

Моҳи феврали соли 2010 нахустин даври ин ройзаниҳо бо Точикистон, дар Вашингтон баргузор гардид ва дар тирамохи гузашта Роберт Блейк ба манзури баррасии натоичи даври аввал, ба Душанбе омад ва бо мақомоти точик дидору гуфтугуҳо анчом дод. Ин бор низ ин мақоми баландпояи амрикойи дар чорчуби ҳузур дар нишасти дучонибаи Точикистон — Амрико, бо масъулони давлати Душанбе дидор ва гуфтугуҳо анчом дод.Вай баъд аз музокира бо Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар суҳбат бо хабарнигорон, раванди ҳамкориҳо миёни Душанбе — Вашингтонро мусбат арзёбй кард ва тазаккур дод, ки сармоягузорони кишвараш омодаанд дар бахшҳои муҳими иқтисодии Точикистон, аз чумла дар тарҳҳои гидруэнергетикии ин кишвар сармоягузорй кунанд.
Албатта зимни баррасии ин мавзуъ бо раиси чумҳури Точикистон, Роберт Блейк таъкид кард, ки мушорикати сармоягузорони амрикойи дар тарҳҳои иқтисодии Точикистон, ниёзманди рафъи мушкилот дар бахши андоз аст. Мақоми амрикойи яке аз далоили камранг будани ҳузури сармоягузорони кишвараш дар Точикистонро вучуди бархе ноҳамоҳангиҳо дар хадамоти молиётй ва набудани замонатҳои лозим дар чиҳати фаъолияти бахши хусусии кишвараш баршумурд. Бо ин ҳол, эъломи омодагии Амрико барои сармоягузорй дар тарҳҳои муҳими иқтисоди Точикистон, ки тарҳҳои гидроэнергетикй дар авлавияти он қарор доранд, баёнгар аз тағйири руйкарди Вашингтон дар хамкорй бо Точикистон аст. Албатта зимни баррасии ин мавзуъ бо раиси чумҳури Точикистон, Роберт Блейк таъкид кард, ки вучуди бархе монеъахо дар қавонини молиётии Точикистон ва набудани замонатҳои лозим дар чиҳати сармоягузорй дар иқтисоди ин кишвар, бахши хусусии Амрикоро аз фаъолият дар Точикистон дур нигоҳ доштааст.Вай афзуд, чунончй ислоҳот дар бахши иқтисоди Точикистон амалй шавад, сармоягузорони амрикойи ҳузури пурранге хоҳанд дошт. Бо ин ҳол тасмими Амрико дар чиҳати ҳузури фаъолтар дар тарҳҳои иқтисодии Точикистон аз чанд зовия қобили арзёбй аст.Аввал ин ки талоши Амрико барои ҳузури бештар дар арсаҳои мухталифи ҳаёти кишвари Точикистон, чудо аз рақобати Вашингтон бо Маскав дар чҳати нуфуз дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй нест, зеро ин мавзуъ дар пайи то ҳадде ниҳойи шудани масъалаи хуручи низомиёни Гарб аз Афғонистон, бештар аҳамият касб кардааст.Акнун Амрико бар он шудааст бо ворид шудани аз роҳҳои иқтисодй ва кумак ба ҳалли мушкилоти иқтисодии Точикистон, ҳадафхои худро дар маинтақа дунбол кунад. Баррасии тарҳи «Каса-1000» дар дидори Блейк ва Раҳмон дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Дуввум, Амрико дар пайи нокомй дар тарҳи роҳандозии инқилобҳои рангй дар қаламрави Шуравии собиқ, бо тағйир дар сиёсатҳои худ, зимни чашмпушй аз амалкарди масъулони Точикистон дар риоят накардани ҳуқуқи башар ва меъёрҳои демократй, акнун ин мавзуъҳоро фақат барои зоҳири қазия матраҳ мекунад, то аз як су мухолифон ва мунтақидони давлати Душанберо беш аз ҳад аз худ дур накунад ва аз суи дигар аҳраме барои фишор ба Душанбе дар ихтиёр дошта бошад.Аз ин чост, ки дар остонаи сафари Роберт Блейк ба Точикистон вазорати хоричаи Амрико гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар чаҳонро мунташир намуд, ки 27 сафҳаи ин санад ба Точикистон ихтисос дошт.Дар ин гузориш аз чумла гуфта шудааст, ки Раҳмон ва тарафдоронаш, ки ҳама намояндагони як минтақа аз Точикистон мебошанд, ҳаёти сиёсии кишварро таҳти назорат доранд.Тазаккур шудааст, ки ҳарчанд бар асоси қонуни асосй бисёрҳизбй амал мекунад, аммо дар интихоботи гузаштаи порлумон ҳизби раиси чумҳур яккатозй кард.Дар гузориши мазкур ҳамчунин аз густариши фасоди молй, маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандй ва фаъолиятҳои мазҳабй интиқод шудааст. Аммо ҳамон гуна ки ишора шуд, ин маворид бештар чанбаи ташрифотй доранд.
Алорағми ин ҳама, нигоҳе ба ҳайати амрикойии ширкаткунанда дар нишасти Душанбе, ки муташаккил аз намояндагони аршади вазоратҳои хорича ва дифоъ ва ожонси рушди байналмилали Иёлоти муттаҳидаи Амрико буд, дарки ин мавзуъ душвор нест, ки дар чорчуби ҳамкориҳои чадиди Амрико — Точикистон масоили низомй дар авлавият қарор доранд. Зеро Амрико бо дарс гирифтан аз шикасти Шуравии собиқ дар Афғонистон, тасмим гирифтааст ҳузури дарозмуддате дар Осиёи Марказй дошта бошад.Ин ҳузур бо чанд ҳадаф дар ҳоли тарроҳй ва ичро аст:таъсиргузорй бар таҳаввулоти Афғонистон ва Покистон ва дар ихтиёр доштани имконоти тоза барои назорат бар таҳаррукоти Чин дар минтақа.Генеролҳои амрикойи бар ин боваранд, ки барои дастёбй ба ин аҳдоф қаламрави Точикистон аз беҳтарин имконот ва зарфиятҳо бархурдор аст, ба вижа дар шароите ки фурудгоҳи низомии «Айнй» ҳануз ба истилоҳ молики худро пайдо накардааст ва Амрико ҳар аз гоҳе масъалаи истифода аз ин фурудгоҳҳро матраҳ мекунад, аҳамияти ин мавзуъ беш аз ҳар замони дигаре бар мало шудааст.
Карори маълум баъд аз он ки Амрико дар талош барои пуштибонй аз неруҳои демократии Узбакистон ноком шуд ва фурсатҳои зиёдеро дар ин кишвар аз даст дод, тасмим гирифт дар Осиёи Марказй ба дунболи баркарории меъёрҳои демократй набошад.Дар ҳамин росто буд, ки бо Курмонбек Боқиев, раиси чумҳури вақти Кирғизистон бар сари истифода аз пойгоҳи низомй вориди муомила шуд.Бар асоси ин муомила Амрико ҳозир шуд бобати истифода аз пойгоҳи низомй дар Кирғизистон солона ба чои 17 миллион доллар, 160 миллион доллар пардохт намояд.Хамчунин масъалаи ифтитоҳи пойгоҳи дуввум дар Кирғизистон бо сарони Бишкек ҳал шуд. Аммо табаддулоти давлатй дар апрели соли 2010 авзоъро ба нафъи Русия тағйир дод.Акнун дар шароите ки Точикистон ба тадрич ба муттаҳиди Амрико табдил шудааст, Амрико бар он шудааст аз қаламрави ин кишвар дар чиҳати барномаҳои тронзитии худ ба Афғонистон, ниҳояти истифодаро намояд. Дар ҳамин чорчуб бо кумаки молии Амрико чандин пули кучаку бузург бар руи рудхонаи Панч миёни Точикистон ва Афғонистон сохта шуд. Аз суи дигар дар тарҳи будчаи Амрико барои соли 2012 Точикистон дар феҳристи кишварҳои созгор барои сармоягузориҳои калон зикр шудааст ва ин тсдике дигар бар ин дидгоҳ аст, ки Вошингтан ҳисоби вижае барои ҳамкориҳо бо Точикистон боз кардааст.Бино ба гуфтаи Роберт Блейк, Амрико то имруз дар ҳачми як миллиард доллар дар Точикистон сармоягузорй кардааст.Чои шакку шубха нест, ки ин ҳама сармоягузориҳо ҳарчанд дар бахшҳои иқтисод, вале аҳдофи сиёсй доранд, аҳдофе ки рақобати қудратҳо таъсири мустақим бар раванди амалй шавии онҳо дорад.Аз ин ру барои давлати Душанбе фурсати дигаре пеш омадааст, ки мизони садоқати ҳар як аз кишварҳои муддаъйии кумак ба пешрафт ва рушди Точикистонро, маҳак занад.

Гарб ва Узбакистон


Таҳаввулоти ахири кишварҳои арабй ва мавзеъгирии давлатҳои ғарбй дар қиболи ин таҳаввулот, бори дигар чеҳраи воқеъйии Ғарбро барои чомеъаи чаҳонй бармало кард.Албатта дар мавриди авомили тахриккунандаи чунбишҳои мардумй дар шимоли Африқо дидгоҳҳо мухталифанд, аммо он чи бештар чалби таваччуҳ карда, куниш ва вокуниши давлатхои ғарбй дар қиболи ин чунбишҳо будааст.Дар ибтидои ин таҳаввулот, дар ҳоле ки давлатҳои ғарбй бо тамоми тавон талош карданд аз Ҳуснй Муборак, раиси чумҳури Миср дифоъ кунанд, ба ҳамон андоза ва ҳатто бештар аз он саъй доранд Муъаммар Қаззофй, раиси чумҳури Либиро сарнагун кунанд. Аз суи дигар, бо фиристодани неруҳои низомй ба Баҳрайн, бар он шудаанд аз ҳокимони худкомаи ин кишвар низ дифоъ кунанд. Оё чунин руйкарде аз кучо маншаъ мегирад? Чаро дар як кишвар чунбиши мардумй ба унвони инқилоб арзёбй мешавад ва ин инқилоб мавриди ҳимоятҳои ҳамачонибаи Ғарб қарор мегирад, дар кишвари дигар инқилобиюн тудаи чинояткору авбош муаррифй ва мавриди саркуби ҳамон ғарбиҳо воқеъ мешаванд? Посухи ин пурсишҳо кори душворе нест ва ин амр аз хуйи тавсаъаталабона ва судчуёнаи истеъмори чаҳонй маншаъ мегирад.Яъне бо таваччуҳ ба ин ки дар чаҳони имруз сиёсати истеъмории асримиёнагй роҳ ба чое намебарад, аз ин ру кишварҳои ғарбй истеъморро дар шаклхои дигаре идома бахшиданианд.Аз намунаҳои роичи ин истеъмор, руйи кор овардани афроди вобаста дар кишварҳои мавриди назар мебошад.Ҳар вақт эҳсос шуд, ки сарони ин ё он давлат аз истиқлоли амал кор мегиранд, ба истилоҳ ҳомиёни ҳуқуқи башар ва демократия вориди амал мешаванд ва заминаи инқилобҳои мардумй, ки дар асл ҳамон табаддулотҳои байналмилалй астро фароҳам мекунанд. Борҳо шоҳид будаем, дар чунин шароите давлатҳое ки на ба мардум, балкй ба қудратҳои ғарбй иттико мекарданд, чй гуна тавассути ҳамин ҳомиёни худ ба осонй сарнагун ва ҳатто катл шуданд.Сарнавиши талхи Саддом Ҳусейн фақат як мисоли кучаке дар ин замина аст. Чунин амалкарди Ғарб фақат дар шимоли Африқо хулоса намешавад, имруз мо ин сенариёро дар ақсо нуқоти чаҳон мушоҳида мекунем.Аз чумла дар Осиёи Марказй, дар шароите ки ҳамаруза бар рақобати қудратҳо чиҳати нуфуз ва тақвияти чойгоҳи худ меафзояд, ба вузуҳ дида мешавад ки давлатҳои ин минтақа таҳти ҳимоят, ё баръакс таҳти фишори давлатҳои Ғарб қарор гирифтаанд. Бархурди дугона ба масоиле назири ҳуқуқи башар ва демукратия, ки ғарбиҳо дар муносибат бо давлатҳои Осиёи Марказй аз он кор мегиранд, ин ҳақиқтро ба намоиш гузошта аст, ки истикбори чаҳонй ҳаргиз шарикони стротегй надошта, балки хадафхои стротегй дорад, ки бино бар такозои ин аҳдоф, шарикони худро интихоб ё тарк мекунад. Замзамаҳо дар бораи тағйири руйкарди давлатҳои ғарбй дар қиболи амалкарди Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон, тасдике бар ин гуфтаҳост.То ин дам Ғарб дар мавриди сиёсатҳои давлати Тошканд дар саркуби дигарандешон, мунтақидони давлат, фаъолони мазҳабй ва мухолифони сиёсй, ё хомушй ихтиёр кардааст ва ё бо додани тазаккурҳои шифоҳй иктифо намудааст.Аммо акнун дар маҳофили ғарбй ҳар аз гоҳе ибрози назарҳои интиқодй дар мавриди амалкарди Ислом Каримов,қотеъонатар аз ҳар замони дигаре шунида мешаванд.Ин мавзуъ тайи сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Бруссел дар ибтидои соли чорй бештар рушан шуд. Баъд аз ин сафар Каримов ба ин натича расид ки Ғарб ба Узбакистон ба унвони танҳо гузина дар чиҳати интиқоли коло ва тачҳизот ба Афғонистон, ҳоло ҳолоҳо ниёз дорад, аз ин ру бо қотеъият дастури қатъи фаъолияти созмони дидабони ҳуқуқи башар — Human Rights Watch-ро содир кард.Ин ниҳоди амрикойи нақши муҳиме дар таҳияи аснод ва хуччатхо дар мавриди амалкарди хилофи қонуни мақомоти узбак дар руйдодҳои Андичон(майи соли 2005)ичро кард ва Каримов дунболи фурсати муносиб мегашт, то фаъолияти онро дар кишвараш мутаваққиф кунад.Ба гумони раиси чумҳури Узбакистон дар айни ҳол чунин шароите фароҳам омадааст.Аммо раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй баёнгар аз фароянди чадиде дар ин минтақа аст, фароянде ки ҳаргиз ба нафъи Ислом Каримови по ба син гузошта, арзёбй намешавад.Аз ибрози назарҳои мақомоти ғарбй дар мавриди амалкарди Каримов дар нишастҳо ва маҳофили мухталиф бармеояд, ки Гарб аз мавзеъхои тагйирёбандаи раиси чумҳури Узбакистон ва бозиҳои сиёсии вай хаста шуда, дигар ҳеч эътимоде ба сарони Тошканд надорад. Афзоиши қимати тронзити коло ва тачҳизоти Ғарб ба Афғонистон, ки баъд аз сафари Каримов ба Аврупо чорй шуд, охирин ҳушдоре ба Ғарб буд, ки бояд дар пайи роҳҳои олтернотиф бошад. Аз ин чост ки тарҳи ба хам васл кардани роҳи оҳани Туркманистон ба Қазоқистон, ки хорич аз қаламрави Узбакистон ба Афғонистон пайваст хоҳад шуд, дар дастури кори ниҳодҳои ғарбй қарор гирифтааст. Бо такмили ин масир коридори шимол бо давр задани қаламрави Узбакистон ба Афғонистон пайванд хоҳад шуд ва ин амр боиси он хоҳад шуд, ки дигар Гарб дар масоили марбут ба Афғонистон, ниёзи ончунонй ба қаламрави Узбакистон надошта бошад. Яъне ин ба он маъност, ки дигар раиси чумҳури Узбакистон наметавонад мисли қабл, дар масъалаи тронзити коло ба Афғонистон, аз Ғарб бочгирй кунад.Албатта масъалаи рақобат миёни қудратҳо, ҳамчунон ба қуввати худ боқй хоҳад буд, ки дар ин миён Узбакистон низ истисно нест, фақат бо ин тафовут ки ин рақобат метавонад ба баҳои бақо ё суқути давлати Тошканд тамом шавад.Хамин мавзуъ, яъне камранг шудани нақши Узбакистон дар таҳаввулоти Афғонистон сабаб шудааст, ки мақомоти ғарбй бо истифода аз ҳар фурсате масъалаи бархурди чиддй бо сиёсатҳои зиддидемократии Ислом Каримовро матраҳ мекунанд. Ба вижа баъд аз он ки давлати Тошканд дар 23 моҳи март дастури қатъи фаъолияти дафтари Human Rights Watch-ро содир кард, дархостҳо дар мавриди бархурди чиддй бо сиёсатҳои зиддидемукросии Тошканд беш аз ҳар замони дигаре доман задаанд.
Аз раванди таҳаввулот бармеояд, ки барои қудратҳои ғарбй он гуна ки худи онҳо тавсиф мекунанд, таърихи истифодаи бархе ҳокимони Осиёи Марказй низ ба поён расидааст ва дар пайи барномарезй барои иваз кардани муҳраҳо дар ҳай ати ҳокимаи давлатҳои ин минтақа баромадаанд.Ба иборати дигар, ин интизор чой дорад, ки дар ояндае на чандон дур шоҳиди таҳаввулоте назири шимоли Африқо дар Осиёи Марказй низ бошем.