Сафари раиси чумҳури Точикистон ба Кобул

Раиси чумҳури Точикистон дар садри як ҳайати олирутбаи давлатй ба Афғонистон сафар ва бо мақомоти аршади ин кишвар дидору гуфтугуҳо анчом дод.Ҳарчанд дафтари раёсати чумҳури Точикистон боздиди Эмомалй Раҳмон аз Кобулро як сафари расмй эълом кард, аммо ин сафар ғайримунтазира ва бидуни иттилоъои қаблй сурат гирифт.Хамроҳхон Зарифй, вазири умури хорича, Шералй Гул, вазири энержй ва саноеъ, Олим Бобоев, вазири ҳамлу нақл аз чумлаи ҳамроҳони раиси чумҳури Точикистон дар ин сафар буданд.
Дар поёни дидори мақомоти ду тараф, панч санади ҳамкорй дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид.Ҳамчунин раисони чумҳури ду кишвар ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расонданд.Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар конфронси матбуотии муштарак бо ҳамтои афғони худ бо ишора ба захоири фаровони гидруэнергетикй дар кишвараш, ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши энержиро дорои аҳамият тавсиф ва таъкид кард, боясти роҳкорҳои муносиб барои тавсаъаи беш аз пеши ҳамкориҳо дар ин бахш пеш гирифта шавад.Раҳмон афзуд, сохти хатҳои интиқоли барқ аз Точикистон ба Афғонистон ва Покистон ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки кишварҳои минтақа бо неруи барқи арзон таъмин шаванд ва ҳамгаройи дар минтақа бештар амалй шавад.Раиси чумҳури Точикистон ҳамкориҳои амниятии ду кишвари дустро дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон пураҳамият арзёбй кард ва гуфт: «Мо ҳамкории наздик ва доимии сохторҳои амниятй, марзй ва низомии ду кишварро амри зарурй медонем.Тақвияти марзи муштараки мо ба тули тақрибан 1400 километр ба унвони марзи дустиву ҳамкорй, барои амният ва суботи ҳам кишвари шумо ва ҳам кишвари мо аҳамияти ҳаётй дорад…Амният ва суботи шумову мо мафҳуми тавъам аст ва чудонашаванда.»
Имзои санадҳои чадид миёни Кобул ва Душанбе баёнгар аз азми чидди сарон ва масъулони ду кишвар чиҳати тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо мебошад, аммо ин амр ниёзманди суботу амнияти пойдор дар Афғонистон ва масъулиятшиносии мақомоти ҳарду кишвар мебошад. Равобити Точикистон ва Афғонистон ба унвони ду ҳамсоя реша дар аъмоқи таърих дорад, аммо дар марзбандиҳои чадид ин ду кишвар дар поёни қарни 20 ва ба дунболи касби истиқлоли Точикистон аз Шуравии собиқ, равобити худро бар асоси муқаррароти чадид ба роҳ монданд. Дар соли 2001 ва дар пайи суқути давлати толибон дар Кобул равобити ду кишвари ҳамзабон вориди марҳалаи чадиде шуд ва дар ҳамин сол Точикистон сафорати худро дар Кобул ифтитоҳ кард.Аз ин ба баъд ҳамкориҳои Душанбе — Кобул бо касби чанбаҳои густурдатаре, бахшҳои мухталиф, аз чумла, тичорат, сармоягузорй, кишоварзй, ҳамлу нақл, омузиш, фарҳанг ва … фаро гирифт.Бо ин ҳол ба ду далели аслй: адами амният дар Афғонистон ва заъфи иқтисоди Точикистон — ин ҳамкориҳо ҳеч вақт дар ҳадди интизорот ва тавақуъоти мардумони ду кишвар набудааст.Аммо сарфи назар аз ин Точикистон, ки дорои муштаракоти фаровоне бо Афғонистон аст, дар бозгашти суботу оромиш ба ин кишвар аз ҳеч талоше дареғ накардааст. Ба навбати худ Кобул дар замони чанги таҳмилии шаҳрвандй дар Точикистон (солҳои 1992-1997), зимни пазиройи аз даҳҳо ҳазор паноҳандаи точик, тамоми тавони худро ба кор гирифт, то тарафҳои рақиби точикро ба якдигар оштй диҳад ва сулҳро ба сарзамини Точикистон бозгардонад. Аввалин тавофуқи давлат ва мухолифони точик дар Хустдеҳи Афғонистон дар соли 1996, аз чумлаи маворидест, ки масъулони афғон дар ростои поён додан ба даргириҳо дар Точикистон, анчом доданд. Дар замони ишғоли Афғонистон тавассути низомиёни кишварҳои ғарбй ба баҳонаи мубориза ба терроризми байналмилалй, Точикистон дар ҳадди тавони худ дар чиҳати таваққуфи низоъҳо дар хоки Афғонистон ва фароҳам намудани заминаи хуручи неруҳои бегона аз ин кишвар, иқдомҳо анчом додааст.
Бо ин ҳол сафари Эмомалй Раҳмон ба Афғонистон баъди панч соли сафари қаблии вай анчом шудааст, аммо тайи ин муддат Ҳомид Карзай, раиси чумҳури Афғонистон ва дигар мақомоти аршади давлати Кобул борҳо ба Душанбе сафар кардаанд.Мақомоти радаҳои мухталифи точик низ диду боздидҳое аз Афғонистон доштанд, ки тайи онҳо санадҳои зиёде дар чиҳати тавсаъаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар ба имзо расидааст.Ҳарчанд имзои санадҳо дар бахшҳои иқтисодй аслитарин дастовардҳои сафари раиси чумҳури Точикистон ба Кобул маҳсуб мешавад, аммо замони анчоми ин сафар, ки бо вуқуъи нооромиҳо дар шарқи Точикистон ва овозаҳо дар мавриди убури чангчуёни ифротй аз хоки Афғонистон ба қаламрави Точикистон ҳамзамон будааст, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки нигарониҳои амниятй муҳаррики сафари Раҳмон ба Кобул будаанд. Қарори маълум дар даргириҳои ахири неруҳои низомии Точикистон бо афроди мусаллаҳ дар дарраи Рашт, даҳҳо нафар аз низомиёни омузишдидаи артиш кушта ва ду болгарди низомй мунҳадим шуд. Ин шикаст барои низомиёни артиши Точикистон ғайриқобили пешбинй буд.Албатта рузҳои ахир иттилооте дар бораи кушта шудани теъдоди зиёде аз афроди мусаллаҳ дар дарраи Рашт ва бозгашти суботу амният ба ин минтақа мунташир шуд, бо ин вучуд давлати Душанбе аз он бим дорад, ки убури чангчуён аз Афғонистон боиси тақвияти чабҳаи ниманизомиёне гардад, ки дар манотиқи душворгузари дараи Рашт паноҳ бурдаанд.Аз ин ру руи ин масъала бо тарафи афғони тавофуқ шуд, ки дар ҳифозат аз марзҳои муштарак бештар ҳамкорй намоянд. Барқарории суботу амният дар Афғонистон ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки ҳамкориҳо миёни се кишвари форсизабон дар ҳамаи заминаҳо густариш ёфта, дасти бегонагон аз дахолат дар умури давлатҳои минтақа кутоҳ гардад.Дар ҳамин росто таъкиди Теҳрон бар хуручи низомиёни фароминтақайи аз хоки Афғонистон ва вогузории тамоми умур ба афғонҳо бештар аҳамият пайдо кардааст.Сафари раиси чумҳури Точикистон низ талоше дар ҳамин чиҳат аст, то аз ин тариқ ва бо кумаку пуштибониҳои Чумҳурии Исломии Эрон битавонад аз бунбасти нақлиётй, ки Узбакистон барояш эчод кардааст, раҳойи ёбад.

Каримов ва Медведев дар Ашкобод

Рузҳои 18-20 октябр Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дуввумин сафари худ тайи даҳ моҳи ахир ба Туркманистонро анчом дод.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт. Ва аз ин чо маълум буд, ки масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.

Ҳарчанд содироти гози Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъхои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, дар шароити кунунй барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро(Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб(Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Дар ин масъала агарчй Ашқобод ва Остона мавзеъхои чандон сахтгиронае дар қиболи барномаҳои гидроэнергетикии Кирғизистон ва Точикистон надоранд, аммо Тошканд ва шахси Ислом Каримов бо бузургнамойии ин мавзуъ дар пайи он аст, ки аз ҳар фурсате барои маҳкум кардани тарҳҳои сохтани неругоҳҳо дар Кирғизистон ва Точикистон, истифода кунад.Аммо масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Ба баёни дигар Узбакистон дар ҳоле ба пуштибониҳои Маскав аз мавзеъхои кишварҳои поёноби рудхонаҳои Осиёи Марказй умед бастааст, ки дар масъалаи содироти гази Туркманистон, рақиби Маскав маҳсуб мешавад. Аз суе Тошканд бо сиёсатҳои дугонаи худ дар бисёре аз масоили минтақаи стротегии Осиёи Марказй, аз муддатҳо қабл эътимоди бозигарони ин минтақаро аз даст додааст.Аммо қудратҳои шарқу ғарб бо огоҳии комил аз бозиҳои сиёсии Узбакистон, ба вижа раиси чумҳури ин кишвар, талош доранд аз давлати Тошканд ба унвони аҳрам дар рохи расидан ба аҳдофи хеш, кор гиранд.
Ва аммо пушиши хабарии сафари ахири Ислом Каримов ба Туркманистон, ки тибқи маъмул дар расонаҳои расмии ду кишвар ҳамроҳ бо чумлабозиҳо ва умумигуйиҳо буд, баёнгар аз он аст, ки ду раиси чумҳур ба ҳам дуст шуданд.Ин руйдод аз он чҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки дар даҳ моҳи ахир барои дуввумин бор ба Туркманистон сафар кунад. Дар ҳамин ҳол, сафари раиси чумҳури Русия ба Туркманистон бо фосилаи чанд руз баъд аз сафари раиси чумҳури Узбакистон ба ин кишвар, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки дар мархалаи кунунй мавозеъ ва чойгоҳи Ишқобод дар муодилоти Осиёи Марказй аҳамияти бештаре касб кардааст.Дар соли 2009, баъд аз он ки хати лулаи интиқоли гази Туркманистон ба Русия дучори осебдидагй шуд ва ширкати «Газпром» хариди гази Туркманистонро қатъ кард, нуфузи Русия дар Туркманистон ба шиддат коҳиш ёфт.Дар канори ин, буҳрони иқтисодй мучиб шуд, ки гази туркман ба рақиби гази русй дар чиҳати вуруд ба бозорҳои Аврупо табдил шавад.Хамзамон бо ин, баъд аз он ки «Газпром» хариди гази туркманро аз 50 миллиард метри мукаъаб ба 12 миллиард метри мукааб коҳиш дод,Пекин вориди амал шуд ва бо ифтитоҳи хати лула, барои аввалин бор гази Туркманистонро вориди бозори Чин кард. Русия дар робита ба ин масъала вокунише нишон надод, зеро мутолиботи бозори Чин ба газро бештар аз инҳо арзёбй мекунад.
Аммо масъалае, ки мучиботи нигаронии Маскавро фароҳам кардааст, мушорикати Ашқобод дар тарҳи Набуко мебошад, тарҳе ки бар асоси он гази Осиёи Марказй бо давр задани қаламрави Русия, ба Аврупо интиқол дода хоҳад шуд.Ин тарҳ бе мушорикати тарафи туркман, муваффақияте ба ҳамроҳ хахоҳад дошт.Албатта ҳануз Ашқобод ба таври расмй ба ин тарҳ ҳамроҳ нашудааст, аммо музокирот ва ройзаниҳо чараён доранд.
Дар дидори ҳайатҳои русй ва туркман ҳамчунин масъалаи мушорикати Русия дар тарҳи ТАPI — сохти хати лулаи гози Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳинд, баррасй шуд. Ҳамзамон бо ин тарафи русй иттилоъ дод ки ширкати барқи Русия дар назар дорад хати интиқоли неруи барқ тавассути қаламрави Туркманистон ба Ирон, Афғонистон ва Покистон эҳдос намояд ва ҳозир аст Ашқободро дар ин тарҳ мушорикат диҳад. Бо нигоҳе ба натоичи сафари раисони чумҳури ду кишвари Узбакистон ва Русия ба Ашқобод, метавон ба ин натича расид, ки рақобати кишварҳои минтақа ва қудратҳои фароминтақайи барои нуфуз бар манобеи энержии Осиёи Марказй вориди марҳалаи чадиде шудааст.Дар чорчуби ин рақобат Қирғизистон ва Точикистон дар як чабҳаи муштарак дар муқобили Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон қарор гирифтаанд.Чунин вазъе боис шудааст то қудратҳои фароминтақаи барои истифодаи абзорй аз давлатҳои ин минтақаи стротегй барои дастёбй ба аҳдофи хеш, бар таҳаррукоти дипломатй биафзоянд.

Мизони эътимоди Русия ба кишварҳои Осиёи Марказй


Рафту омадҳои беш аз маъмули мақомоти кишварҳои ғарбй ба Осиёи Марказй ва Чанубй аз як су ва баргузории нишастҳои мухталифи ниҳодҳои таҳти нуфузи Русияи фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ аз суи дигар, баёнгар аз ин воқеъият аст, ки ин минтақа дар чанбаъҳои густурдае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Фуру рафтани Ғарб дар ботлоқи Афғонистон, ки дар бархе ҳолатҳо ёдовари сарнавишти Шуравии собиқ аст, авзои минтақаро ба гунае печида намудааст, ки ҳар иқдоме тавассути бозигарони саҳна метавонад сарнавиштсоз воқеъ шавад.Бо таваччуҳ ба ин, ҳарчанд эълом нашудааст, аммо Ғарб ба фикри он чи ки «хуручи шарофатмандона аз минтақа» унвон мекунад, афтодааст.

Дар ин росто кишварҳои ғарбй тамоми талоши худро ба кор гирифтаанд, то ақибнишиниашон аз Афғонистон на шикаст, балки вогузории идораи корҳо ба масъулон ва мардуми Афғонистон тавсиф шавад.
Дар ин миён Русия, ки аз шикасти Ғарб дар Афғонистон бим дорад, зеро ҳама буҳронҳои мавчуд дар Афғонистон ба марзҳои чанубии ин кишвар нуфуз хоҳанд кард, барномаеро руи даст гирифтааст, ки аз фурсати кунунй амалй кардани ҳадафҳои худ дар минтақа, кор гирад.
Таҳаррукоти Маскав дар баргузории нишастҳои чорчониба бо Афғонистон, Покистон ва Точикистон баёнгар аз он аст, ки Русия дар пайи тадвини системи чадиди равобит дар минтақа бар омадааст.Баргузории нишастҳои чорчонибаи сарони Русия, Покистон, Точикистон ва Афғонистон моҳи июли соли 2009 дар Душанбе ва августи соли 2010 дар Сочй, ки бо ибтикори Маскав сурат гирифт, собит намуд, кохи Кремл дар идомаи сиёсатҳои роҳбурдии худ, ки иваз кардани шарикон дар марҳалаҳои ҳассос аз чумлаи шигардҳои он аст, бар он шудааст муносиботи худ бо ҳар як аз ин кишварҳоро бар асоси иақозои манофеи худ шакл диҳад. Нуктаи чолиби таваччуҳ дар ин фароянд, руйкарди чадиди Маскав ба Исломобод аст.Тайи болиғ бар ним қарни гузашта, Ҳиндустон аслитарин шарик ва муттаҳиди Маскав дар муодилоти минтақа буд ва Кремл дар сиёсатҳои худ ҳамеша манфиатҳои Деҳлии навро дар назар мегирифт. Ба иборате, равобити Русия ва Покистон аз зовияи манофеи Ҳиндустон тарроҳй ва ичро мешуд. Аммо ҳамакнун дар пайи вориди чархаи сиёсатҳои Амрико шудани Ҳиндустон, ки дар замони Чорч Буш оғоз шуд, миёни Маскав ва Деҳлии нав фосила эчод шуд ва дар ҳолатҳое манофеи ду кишвар дар муқобили ҳам қарор гирифт.Аз ин ру Русия Покистонро ба худ чалб кард, то нақши фаъолтаре дар муодилоти минтақа дошта бошад.Вуқуъи сел дар Покистон ва ниёзи ин кишвар ба кумакҳои башардустона, беҳтарин шароит барои чомаи амал пушидани ҳадафҳои Русия буд ва Маскав ин фурсатро аз даст надод.Дар нишасти чаҳорчонибаи Сочй (августи 2010)ироаи кумакҳои фаврй ба селзадагони Покистон, дар меҳвари гуфтугуҳо қарор дошт.Аз суи дигар, ба бунбаст расидани барномаҳои Ғарб дар Афғонистон ва афзоиши ҳисси амрикоситезй дар миёни мардуми ин кишвар, фурсатеро эчод кард, ки Русия битавонад ба нақшофаринй дар раванди таҳаввулоти Афғонистон бипардозад. Ҳамин мавзуъ мақомоти точикро, ки ҳамвора мавзеи худро дар қиболи Русия ва Ғарб тағйир медиҳанд, то ҳадде мутақоид кард, ки ҳамчунон бозигари аслй дар минтақа Маскав аст.
Бо ин ҳол наметавон гуфт, ки Русия ин бор шарикони худро барои як муддати тулонитаре интихоб кардааст, зеро иқдоми Маскав дар таъсиси фармондеҳии фаврй — стротегй таҳти унвони «Марказ» дар Екатеринбург (чануб шарқи Русия)баёнгар аз он аст, ки Русия ҳамчунон аз марзҳои чанубии худ эҳсоси хатар мекунад.Фармондеҳии «Марказ», ки аз тобистони имсол ба таври расмй оғоз ба кор кард, аз чумла иборат аз 6 пойгоҳи ҳавойи, 6 гурдони мушакй мебошад, ки беш аз 160 ҳавопаймо, чет ва чархбол доранд.Тачҳизоти мутаалиқ ба фармондеҳии мазкур дар навъи худ охирин дастовардҳои фании муҳандисони низомии рус мебошанд.Ба эътиқоди низомиёни Русия фармондеҳии фаврй — стротегии «Марказ», кумак-захираи Паймони амнияти чамъй мебошад.Зеро дар Маскав бар ин боваранд, ки авзоъ дар Осиёи Марказй наметавонанд мавриди эътимод бошад ва суботу оромиши ин минтақа ҳамчунон шикананда боқй мондааст. Маҳофили низомии русй ба давлатҳои Бишкек ва Душанбе чандон эътимоде надоранд ва бар ин боваранд, ки Қирғизистон ва Точикистон давлатҳое мебошанд, ки ҳануз комил нашудаанд ва дар сиёсатҳои низомии Русия чойгоҳи ончунонй надоранд ва танҳо арзиши ин ду кишвар дар он аст, ки лашкари 201 дар Точикистон ва пойгоҳи ҳавойи дар «Кант» (Қирғизистон), ки низ мутаалиқ ба фармондеҳии фаврй — стротегиии «Марказ» мебошанд, мустақар аст.Дар ин росто Туркманистон низ хорич аз муҳосиботи Русия аст ва сиёсати бетарафии ин кишвар ҳаргиз дар чорчуби манофеи Маскав набудааст.
Қазоқистон ягона кишваре дар минтақа мебошад, ки бо Русия марзи муштарак дорад ва Маскав барои равобит бо ин кишвар аҳамияти вижае қоил аст.Аз нигоҳи низомй неруҳои низомии Қазоқистон пурзуртар аз неруҳои фармондеҳии фаврй — истротежики «Марказ» мебошанд ва аз омодагии волои низомй бархурдоранд. Дар Осиёи Марказй Қазоқистон танҳо кишвари мавриди эътимоди Маскав дар масоили сиёсй ва низомй мебошад. Аммо Узбакистон дар муодилоти сиёсй — низомии Русия тақрибан чойгоҳе надорад, зеро ҳозир нест дар тарҳҳои низомии Маскав дар минтақа мушорикат кунад. Аз суи дигар Тошканд ба масъалаи истиқрори теъдоди маҳдуди низомиёни русй дар чануби Қирғизистон, бархурди душманона дорад. Ва аммо аз нигоҳи низомиёни Русия он чй ба равобити байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй бармегардад, он аст, ки равобит миёни Қазоқистон ва Узбакистон сард аст. Қирғизистон ва Точикистон аз ҳамсояи ғарбии худ (Узбакистон) ба таври чиддй дар ҳаросанд.Узбакистон бо Туркманистон низ ихтилофҳое дорад. Дар як чамъбандии гузаро метавон гуфт, ки фармондеҳии фаврй — стротегии «Марказ» амре бархоста аз нигарониҳои Русия аз ниҳияи суботу амният дар Осиёи Марказй мебошад.Бар асоси баровардҳои коршиносони низомии Русия, адами муваффақияти Ғарб дар Афғонистон мучиб хоҳад шуд, ки ифротгароён ба Осиёи Марказй нуфуз хоҳанд кард.Ба бовари коршиносони низомии рус дар чунин ҳолат водии Фарғона бештар аз дигар манотиқ осебпазир аст ва сар задани кучактарин низои қавмй дар ин чо, Осиёи Марказиро ба чаҳаннам табдил хоҳад дод, ки нахустин пайомади он суқути давлатҳои Тошканд, Душнабе ва Бишкек хоҳад буд.
Бо чунин андешаҳое фармондеҳии «Марказ» таъсис шудааст, то дар мавриди зарурй битавонад аз марзҳои чанубии Русия дифоъ кунад.Таъсиси ин фармондеҳй ба он маъно аст ки аз ин ба баъд Русия дар равобит бо давлатҳои Осиёи Марказй иқдомҳои чиддитаре ичро хоҳад кард. Аммо набояд нодида гирифт, ки амалкарди дигар бозигарони минтақа метавонад дар сиёсатҳои осиёимарказии Кремл таъсиргузор бошад.

Осиёи Марказй ва бухрони об

Рузи 19 октябр дар Остона, пойтахти Қазоқистон нишасте дар мавзуи таъмини амнияти таъсисоти гидруэнергетикй дар Чумҳури Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин нишаст Бу Либерт, мушовири кумиссиюни аврупойии Созмони милали муттаҳид дар умури зистмуҳитй ва маскан иброз дошт, ки дар шароити кунунии чаҳон ва минтақа, боястй дар Осиёи Марказй қонун дар бораи амнияти таъсисоти гидруэнергетикй ба тасвиб расад.Вай таъкид кард, дар кишварҳои Осиёи Марказй қонунҳои марбут ба амнияти таъсисоти гидруэнергетикй ба таври лозим такмил нашудаанд ва ин мавзуъ мучиби нигаронй аст.

Мушовири Созмони милал ҳамчунин гуфт, дар Аврупои Ғарбй ва Русия чунин қонунҳо амал мекунанд, аммо дар Осиёи Марказй фақат дар Чумҳурии Узбакистон қонуни амнияти таъсисоти гидруэнергетикй ба тасвиб расидааст.
Бу Либерт бо ишора ба зарурати таъмини амнияти садҳо ва обанборҳо дар Осиёи Марказй, ёдовар шуд, ки муқаррароти вижае дар ҳоли тадвин аст, ки интизор меравад моҳи майи соли ояндаи мелодй такмил хоҳад шуд. Мушовири кумиссиюни аврупойии Созмони милал афзуд, ин санад метавонад мабнои қонунҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказй дар мавриди таъмини амнияти таъсисоти гидруэнергетикй бошад.Оқои Либерт тазаккур дод, ки баҳори соли 2011 дар шаҳри Алмато ичлоси минтақайи дар мавриди ҳамкорй чиҳати таъмини амияти таъсисоти гидруэнергетикй баргузор хоҳад шуд.
Нишасти амнияти таъсисоти гидруэнергетикй дар Қазоқистон дар шароите баргузор шудааст, ки масъалаи об шудани бо суръати пиряхҳо дар Осиёи Марказй хатари буҳрони об дар ин минтақаро беш аз ҳар замони дигаре афзоиш додааст.Ин масъала дар Қирғизистон беш аз дигар кишварҳо қобили мушоҳида аст ва таҳқиқоти анчомшуда дар ин кишвар нишон дод, ки сол ба сол ҳачми пиряхҳо, ки манбаъи аслии таъмини оби рудхонаҳои ин кишвар мебошанд, коҳиш меёбад. Бар асоси гузориши Институи масоили гидруэнергетикии фарҳангистони улуми Қирғизистон, дар давраи аз соли 1970 то соли 2000 ҳачми пиряхҳои ин кишвар 20 дар сад коҳиш ёфтааст.Ин гузориш меафзояд дар айни ҳол суръати об шудани гиряхҳо дар муқоиса ба соли 1950 се баробар афзоиш пайдо кардааст ва идомаи ин раванд мучиб хоҳад шуд, ки дар миёнаҳои қарни 21 бахши аъзами ин гиряхҳо аз байн хоҳад рафт. Бар пояи пешбиниҳои коршиносон, то поёни қарни 21 аз гиряхҳои мавчуд дар Қирғизистон фақат 10 дар сад аз онҳо боқй хоҳад монд ва бо таваччуҳ ба он ки асоси тавлиди барқ, неругоҳҳои обй ба ҳисоб меоянд, тавлиди неруи барқ низ ба ҳамин андоза коҳиш хоҳад ёфт. Бидуни муболиға чунин вазъе Осиёи Марказиро ба маркази буҳронҳо табдил хоҳад кард, зеро масъалаи об ва истифода аз рудхонаҳои муштарак, аз ҳам акнун дар равобити байни кишварҳои ин минтақа соя афканда, манофеи давлатҳоро дар муқобили ҳам қарор додааст.Ин ихтилоф беш аз дигар кишварҳо дар равобити Точикистон ва Узбакистон ба мушоҳида мерасад, ба гунае ки Тошканд дар чорчуби мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон, ба вижа неругоҳи Роғун, ҳаракати вагонҳои Точикистон аз қаламрави худро мутаваққиф кардааст.Бар асоси гузориши мақомоти роҳи оҳани Точикистон, аз баҳори имсол то кунун, болиғ бар як ҳазор вагони дорои маҳсулоти гуногун барои Точикистон, бо иддаоҳои бе асос, дар қаламрави Узбакистон мутаваққиф карда шудаанд. Узбакистон муддаъи аст, ки собтани неругоҳи Роғун дар Точикистон, мучиби коҳиши чараёни об ба Узбакистон ва ба миён омадани мушкилот дар бахши кишоварзии ин кишвар хоҳад шуд. Аммо тарафи Точикистон муътақид аст, ки анбор шудани об дар садди Роғун, ба рушди бахши кишоварзии Узбакистон, ба вижа амалй шудани барномаи ин кишвар дар мавриди густариши киштзорҳои пахта, мусоидат хоҳад кард ва ҳамаи иддаоҳои Тошканд дар мавриди пайомадҳои манфии соҳтани неругоҳҳо дар Точикистон,чанбаи сиёсй доранд.
Албатта, мухолифатҳои Узбакистон ба сохтани неругоҳҳо фақат ба неругоҳи Роғун дар Точикистон хулоса намешавад, балкй давлати Тошканд аз сохти неругоҳҳои Қамбарота — 1 ва Қамбарота — 2 дар Қирғизистон низ нохурсанд аст. Дар чунин шароите мутахассисони қирғиз мегуянд, сохтани ин ду неругоҳ наметавонад буҳрони энержй дар кишварро ҳал кунад, зеро бо коҳиши оби рудхонаҳо, ки ҳосили афзоиши гармо дар руи замин ва аз байн рафтани бахши аъзами пиряхҳо хоҳад буд, неругоҳҳои обй аз фаъолият боз хоҳанд монд.Ба эътиқоди мутахассисони Бишкек, давлати чадиди Қирғизистон боястй аз ҳоло ба фикри манобеи чадиди энержй бошад. Чунин масъалае ба Точикистон низ бармегардад, зеро ду кишвари Точикистон ва Қирғизистон манобеи аслии об дар Осиёи Марказиро дар ихтиёр доранд ва барномаи сохтани неругоҳҳо, ки Душанбе ва Бишкек руи даст гирифтаанд, боиси ташаннуч дар равобити онон бо кишварҳои поёноб, ба вижа Узбакистон шудааст.Зеро бо сохтани неругоҳҳо, кишварҳои болооб имкон пайдо хоҳанд кард чараёни обро контрул кунанд, амре ки онро Тошканд мухолиф бо манофеи худ тавсифй мекунад ва тамоми тавони худро ба кор гиирфтааст, то аз ичрои тарҳҳои гидруэнергетикии Точикистон ва Қирғизистон пешгирй кунад.
Бо таваччуҳ ба хатари буҳрони об дар минтақа, мутахассисони фарҳангистони улуми Қирғизистон пешниҳод мекунад, ки аз ҳоло бояд ба фикри манобеи алтернотифии энержй буд, то зимни пешгирй аз ҳар гуна таниш бо кишварҳои минтақа, заминаи рушди иқтисоди кишвар барои наслҳои оянда фароҳам шавад.Ин мавзуъ барои дигар кишварҳои Осиёи Марказй, аз чумла барои Точикистон низ дорои аҳамият аст. Аз ин ру шароит эчоб мекунад кишварҳои минтақа ба таври муштарак аз ҳоло ба фикри пешгирй аз ҳар гуна ихтилоф дар масъалаи истифода аз манобеи гидруэнергетикй бошанд, то зимни фароҳам намудани заминаҳои ҳамгаройи, дасти қудратҳои хоричиро аз дахолат дар умури минтақа кутоҳ кунанд. Дар ин миён на бояд ин нуктаро нодида гирифт, ки сохтани неругоҳҳо,аз чумла неругоҳи Роғун, ки бино ба бароварди мутахассисони Бонки чаҳонй, аз аҳамияти фароминтақайи бархурдор аст,як амре зарурй аст.Ин мавзуъ дар баробари таъмини мардуми кишварҳои минтақа бо неруи барқи арзон, хатари камобиро ба микдори хеле зиёд коҳиш хоҳад дод.Аз ин ру мухолифатҳои Узбакистон ба сохтани обанборҳо дар Точикистон ва Қирғизистон, иқдомест, ки зарару зиёни он ҳатто наслҳои ояндаро низ таҳдид мекунад.Бино бар ин, агар имруз пеши роҳи худсариҳои сарони бархе кишварҳо гирифта нашавад, фардо дер хоҳад шуд.

Фурудгохи Айнй ва муборизоти дипломатй

Ҳамрохон Зарифй, вазири корҳои хоричаи Точикистон дар як нишасти хабарй дар шаҳри Душанбе гуфт, миёни Русия ва Точикистон дар мавриди тарзи баҳрабардории Маскав аз фурудгоҳи низомии «Айнй», музокирот чараён доранд.Дар ин нишасти хабарй, ки рузи 18 октябр доир гардид, вазири корҳои хоричаи Точикистон ба манзури он чй ворид накардани халал ба раванди музокирот унвон кард, аз ироаи тафсилот дар ин замина худдорй намуд.

Албатта то ин дам хабару гузоришҳои мухталифе дар мавриди сарнавишти фурудгоҳи «Айнй» тавассути расонаҳои мухталиф мунташир шуда буд ва нуктаи муштарак дар ин иттилоот он буд, ки сухан аз эҳтимоли вогузории фурудгоҳи мазкур ба Русия мерафт. Зеро Русия беш аз ҳар қудрати дигаре дар Осиёи Марказй, аз чумла дар Точикистон нуфуз дорад ва дар сиёсатгузориҳои давлатҳои ин минтақа ба ҳар навъе манфиатҳои Кремл дар назар гирифта мешуд. Дар ин миён хабарҳое низ дар мавриди музокирот миёни Точикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳиндустон дар мавриди истифода аз фурудгоҳи «Айнй» мунташир шуда буд.
Фурудгоҳи низомии «Айнй» дар замони Шуравй дар ғарбй пойтахти Точикистон сохта шуда буд.Баъди касби истиқлоли Точикистон ин фурудгоҳ чандон мавриди истифода қарор надошт ва бисёре аз бахшҳои он ғайрифаъол шуда буданд. Рузи 3 сентябри соли чорй баъд аз анчоми умури таъмиру бозсозй тавассути мутахассисони ҳйндй, ин фурудгоҳ дубора ба таври расмй мавриди баҳрабардорй қарор гирифт.Акнун аз фурудгоҳи мазкур тамомии анвоъи ҳавопаймоҳои низомй ва борбарй бидуни истисно, метавонанд истифода кунанд ва ин як имтиёзи ин фурудгоҳ аст. Фурудгоҳи «Айнй» мутаалиқ ба вазорати дифоъи Точикистон мебошад.Он чй ба таъмиру бозсозии фурудгоҳи «Айнй» тавассути мутахассисони ҳиндй бармегардад он аст, ки Деҳлй ин иқдомро дар идомаи рақобатҳои низомии худ бо рақиби суннатиаш — Покистон, анчом дод.Покистон тайи солҳои охир дар бахши ҳамкориҳои низомй бо Точикистон пешрафтҳое касб кард ва Ҳиндустон низ даст ба иқдом шуд ва қарордодоҳое дар чиҳати тавсаъаи ҳамкориҳои низомй бо Точикистон имзо намуд. Тармиму бозсозй ва тачҳизонидани фурудгоҳи низомии «Айнй» аз чумлаи бахшҳои ҳамкориҳои низомй миёни Душанбе ва Деҳлии нав мебошад.
Дар соли 2009, дар замоне ки ҳануз корҳои таъмиру бозсозии фурудгоҳи «Айнй» идома дошт, Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия дар нишасти матбуотй дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт:дар сурати оғози баҳрабардории мучаддад, ба эҳтимоли қавй аз фурудгоҳи «Айнй» Точикистон ва Русия ба таври муштарак истифода хоҳанд кард. Аммо бо гузашти беш аз як моҳ аз оғози фаъолияти фурудгоҳи Айнй, ҳануз ҳеч ҳавопаймои русй дар он мушоҳида нашудааст.
Масъалаи марбут ба баҳрабардорй аз фурудгоҳи «Айнй» дар сатҳи олй миёни Маскав ва Душанбе тобистони гузашта дар Сочй, миёни Димитрий Медведев ва Эмомалй Раҳмон, райисони чумҳури ду кишвар мавриди баррасй қарор гирифт.Ҳарчанд ҳеч тафсилоте дар бораи тавофуқи тарафҳо дар ин замина мунташир нашуд, аммо маълум буд, ки масъала ба баррасиҳои бештар тавассути коршиносони ду тараф вогузор шуд. Баъд аз оғози ба истилоҳ чанг алайҳи терроризм тавассути кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико дар Афғонистон, аҳамияти фурудгоҳи «Айнй» беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфт. Аммо Русия беш аз ҳар кишвари дигаре ниёз ба ин фурудгоҳ пайдо кард, то битавонад ҳузури низомии худ дар минтақаро бештару беҳтар тасбит кунад. Ин ниёз ба вижа дар пайи тағйир дар қарордодҳои низомй миёни Русия ва Точикистон, ки бар асоси он ҳавопаймоҳои низомии Русия аз фурудгоҳи Душанбе ба фурудгоҳи «Кант» дар Қирғизистон мунтақил шуданд, ошкортар шуд. Дар айни ҳол дар фурудгоҳи Душанбе неруҳои ҳавойии Фаронса чойгир ҳастанд ва ҳавопаймоҳои низомй ва борбарии Амрико ва Олмон барои сухтгирй ва идомаи парвоз ба Афғонистон, аз ин фурудгоҳ истифода мекунанд.
Масъалаи баҳрабардорй аз фурудгоҳи «Айнй» миёни Русия ва Точикистон дар ҳоле мавриди баррасй қарор дорад, ки бино бар пояи иттилоъи бархе аз сойтҳои интернетй, Саидмуъмин Ятимов, раиси кумитаи амнияти миллии Точикистон рузи 14 октябр ба таври ғайримунтазира ба Маскав сафар ва бо мақомоти русй гуфтугуҳое анчом додааст.Дар ин музокирот авзоъи амниятй дар шарқи Точикистон дар меҳвар қарор доштааст, аммо табии аст, ки масъалаи фурудгоҳи «Айнй» низ матраҳ шудааст. Зеро Русия мехоҳад дар чорчуби муқаррароти Паймони амнияти чамъй аз ин фурудгоҳ ба таври ройгон истифода кунад ва ҳавопаймоҳои чангии худро дар ҳамин фурудгоҳ мустақар кунад. Русия дар айни ҳол барои пойгоҳи низомии худ дар Душанбе ва воҳидҳои низомии воқеъ дар вилояти Хатлон ҳеч маблағе ба Точикистон пардохт намекунад. Аммо акнун Точикистон мехоҳад барои истифода аз фурудгоҳи «Айнй» ичорабаҳо дарёфт кунад. Душанбе ва Маскав дар шароите масъалаи баҳрабардорй аз фурудгоҳи «Айнй»ро мавриди баррасй қарор додаанд, ки барои дастёбй ба аҳдофи хеш ҳар кадом нуқоти заъф ва қувватҳое дар ихтиёр доранд.Маскав қабл аз ҳама мехоҳад аз нооромиҳои шарқи Точикистон ба унвони аҳрами фишор бар давлати Душанбе, кор гирад ва масъаларо ба нафъи худ ҳал ва ҳаққи истифодаи ройгон аз фурудгоҳи «Айнй»ро касб кунад.Дар ин миён дигар барги барандаи Русия таваққуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон аст.
Точикистон низ ба хубй медонад, ки хоҳишмандони истифода аз фурудгоҳи Айнй кам нестанд ва ин фурудгоҳ дар айни ҳол барои Русия аз чй арзише бархурдор аст. Ба илова, барои Душанбе рушан аст, ки Маскав мехоҳад ба ҳар қимате ки шуда, дар масъалаи фурудгоҳи «Айнй» бар рақибони ғарбии худ пируз ояд. Бо ин ҳол дастёбй ба ҳадафҳои хеш барои ҳар як аз тарафҳо, ниёз ба дипломатияи қавй дорад.Он чй дар ин робита ба тарафи Точикистон бармегардад он аст, ки дипломатияи Душанбе то кунун дар набарди сиёсй бо Русия корномаи шоистае надоштааст ва қариб дар ҳама маворид тарафи гузашткунанда будааст.

Талошхои тозаи Маскав дар Осиёи Марказй


Дар шаҳри Маскав раҳбарон ва масъулони аршади ниҳодҳои фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ гирди ҳам чамъ омаданд, то барномаҳои худ дар шароити чадиди минтақа ва чаҳонро тадвин кунанд.Ин дар навъи худ нахустин ҳамоише буд, ки дар он раҳбарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё, созмони ҳамкориҳои Шонҳой ва Паймони амнияти чамъи ба баҳсу баррасии масоили муҳим пардохтанд.Таҳкими суботу амният дар қаламрави ин ниҳодҳо дар меҳвари нишасти Маскав қарор дошт ва ин нахустин маврид аз силсила чаласоте буд, ки барои 2-3 моҳи оянда дар назар гирифта шудааст.Кремл аз ин тариқ бар он шудааст, ки зимни таҳкими ҳамгаройи дар маҳдудаи Шуравии собиқ, нуфузи худ бар аъзои ин ниҳодҳоро тавсаъа ва таҳким бахшад.
Ширкаткунандагон дар нишасти Маскав дар поёни музокироти хеш баёнияе пахш намуданд, ки дар он аз чумла бар тавсаъа ва таҳкими ҳамкориҳо дар ростои ҳифзи суботу амният ва боло бурдани чойгоҳи байналмилалии ниҳодҳои фаъол дар қаламравии Шуравии собиқ таъкид шудааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, ба манзури мубодилаи иттилоот, ҳамкориҳои коршиносон ва мушорикат дар нишастҳои ҳар як аз ин чаҳор ниҳод, кумитаҳои вижа таъсис мешаванд, ки маовинони дабирони кул узви онҳо хоҳанд буд.
Дар баёнияи мазкур ҳамчунин таъкид шудааст, ки Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Паймони амнияти чамъи, Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё ва Созмони ҳамкориҳои Шонгхой дар чиҳати мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир барномаҳои худро ҳамоҳанг намуда, тамоми талоши худро барои аз байн бурдани ин падидаҳои шум ба харч хоҳанд дод.Албатта пушида нест, ки дар пайи руйдодҳои ахири Қирғизистон ва ташаннучи авзоъ дар шарқи Точикистон, мавзуи мубориза бо терроризм дар авлавияти фаъолиятҳои ниҳодҳои мазкур қарор гирифтааст. Николай Бордюжа, дабири кулли Паймони амнияти чамъи дар ин робита гуфт, бояд аз ҳамаи имконот ва зарфиятҳо чиҳати пешгирй аз густариши ноамниҳо дар Осиёи Марказй истифода кард.Анатолий Ноговитсин, маовини раиси ситоди муштараки Паймони амнияти чамъи бо ишора ба заминаҳои вуқуъи даргириҳои қавмй ва мазҳабй дар Осиёи Марказй, аз буҳрони амниятии Қирғизистон ба унвони ҳушдор ёд кард ва даъват намуд ин масъала бояд ба таври чиддй мавриди баррасй қарор гирад.
Баргузории тамринҳои низомии ягонҳои кишварҳои узви Паймони амнияти чамъй дар 25 октябр, ки аз чумлаи тавофуқоти нишасти Маскав буд, баргирифта аз ҳамин нигарониҳоест, ки масъулони ниҳодҳои мазкур аз ноҳияи амният эҳсос мекунанд.Дар назар аст дар ин размоиш низомиёни кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Точикистон ва Белорус ширкат кунанд, ки дар мачмуъ 1700 низомй ва 270 ҳавопаймо, болгард ва мошинҳои размиро дар бар хоҳанд гирифт.
Нишасти Маскав ҳамоише дар навъи худ мунҳасир ба фард буд, зеро то кунун масъулони аршади чаҳор ниҳоди фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ бо чунин чиддияте даври ҳам нанишаста буданд.Ҳарчанд гуфта мешавад ин нишаст бархоста аз авзои минтақа ва чаҳон, ба вижа таҳаввулоти ахир дар Осиёи Марказй буд, аммо ин нукта низ ғайри қобили инкор аст, ки бо фаъол шудани бозигарони Осиёи Марказй чиҳати таҳкими ва густариши нуфузи худ дар ин минтақаи стротегй, Русия бар он шудааст, ки дар баробари ин таҳаррукот қад алам кунад ва аз тариқи ниҳодҳои вобаста ба худ, сарони чумҳуриҳои Шуравии собиқро ба ҳамкориҳо бо худ мутамоил кунад.Дар ин миён масъалаи Узбакистон дар меҳвари сиёсатҳои Маскав қарор дорад, зеро Маскав ба ҳеч вачҳ аз наздикии беш аз ҳади Тошканд ва Вашингтон хушҳол нест. Ба вижа баъд аз он ки дар моҳи феврали соли чорй Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон мусаввабаи шумора 1258 ҳукумати Узбакистон дар мавриди тавсаъаи ҳамкориҳои дучониба бо Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро имзо кард, сарони Кремл бар он шуданд, ки дар мавриди амалкарди давлати Тошканд бештар эҳтиёткор бошанд.Бар асоси ин мусавваба, ки иборат аз 40 банд мебошад,аз чумла густариши ҳамкориҳои низомй дар назар гирифта шуда ва раҳойи аз вобастагиҳои низомй ба Русия, меҳвари ин ҳамкориҳо унвон шудааст. Бо таваччуҳ ба ин ҳама, Русия қасд дорад бо баргузории нишастҳо, гирдиҳамойиҳо ва тамринҳои мухталиф Тошкандро низ барои ҳузур дар ниҳодҳои вобаста ба худ, тарғиб кунад.Дар ин миён муваффақ шудан ба мушорикатҳои фаъоли Тошканд дар Паймони амнияти чамъи аз авлавияти сиёсатҳои Маскав дар марҳалаи кунунй мебошад.Зеро Русия бар ин бовар аст, ки аз ин тариқ метавонад аз тавсаъаи равобити низомй миёни Тошканд — Вошингтан осонтар ва ғайри қобили эҳсос пешгирй кунад.Аммо давлати феълии Тошканд ҳаргиз ҳозир нест дар ниҳодҳои вобаста ба Русия, умуман дар ҳар ниҳоди минтақайи мушорикати фаъол дошта бошад. Зеро табиати Узбакистон ин аст, ки намехоҳад дар баробари он чи ки «ҳамсояҳои заъиф» мегуяд, уҳдадорй ва масъулиятҳое дошта бошад.
Бо ин ҳол Русия талош хоҳад кард Узбакистонро аз наздикии беш аз ҳад бо кишварҳои ғарбй, ба вижа Амрико боздорад. Чунончй Ислом Каримов ба бозиҳои дусуяи худ бо Шарқу Ғарб идома диҳад, ин эҳтимол чой дорад, ки дар ояндаи на чандон дур шоҳиди таҳаррукоти чадиди мухолифони узбак бошем.Ин таҳаррукот метавонанд ҳатто низомй бошанд ва суботу амнияти Узбакистонро ҳадаф қарор диҳанд. Зеро қудратҳои Шарқу Ғарб ба хубй дарк кардаанд, ки субот ва бақои ҳокимият аслитарин ташвиши сарони худкомаи Осиёи Марказй мебошад ва дар ин миён Узбакистон мустасно нест

Защищено: Маскав ва Тошканд ва накшбозй дар Осиёи Марказй

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Дар ҳошияи гузориши муҳаққиқони амрикойи

Маркази мутолеоти байналмилалй ва стротегии Вашингтон таҳти унвони «Аз дарраи Фарғона то Вазиристони чанубй» гузоришеро мунташир намуд, ки дар он дидгоҳи муҳаққиқони амрикойи дар мавриди дурнамои амният дар ин минтақа ироа шудааст.Бар пояи ин гузориш муҳаққиқони амрикойи муътақиданд, ки дар пайи фишори давлатҳои Осиёи Марказй, гуруҳҳои чиҳодии ин кишварҳо ба Афғонистон фирор намуда, фаъолиятҳои худро идома медиҳанд.Ҳамин гузориш меафзояд, ҳатто баъд аз суқути режими Толибон дар Афғонистон, ин гуруҳҳо ҳамчунон фаъол боқй мондаанд. Муҳаққиқони амрикойи дурнамои амният дар кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон, аз чумла Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистонро печида пешбинй мекунанд ва бар ин боваранд, ки бидуни кумаки Иёлоти муттаҳидаи Амрико ин кишварҳо нахоҳанд тавонист суботу амнияти пойдорро дар марзҳо ва дохили қаламрави худ таъмин кунанд.

Гузориши маркази мутелеоти истротежики Вашингтон пешниҳод мекунад, ки бояд сиёсати Амрико дар мавриди Афғонистону Покистон тавсеъа ёфта, давлатҳои дарраи Фарғонаро низ дар бар гирад. Зеро масири қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави се кишвари ин дарра гузар мекунад ва ин минтақа ба киштзорҳои хашхош дар Афғонистон наздик аст ва дар айни ҳол чангиён аз Покистон ба самти ин минтақаи стротегй дар ҳаракат мебошанд.Бино ба омори ироашуда дар гузориши мазкур, теъдоди чангиёни кишварҳои Осиёи Марказй, ки дар Покистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд, ҳудуди 1500 нафарро ташкил медиҳад.

Ин барои нахустин бор нест, ки қудратҳои ғарбй, ба вижа Амрико, аз тариқи марказҳои таҳқиқотй печида шудани авзоъ дар кишварҳои Осиёи Марказиро пешгуйи ва аз ин тариқ сояи таҳдидро бар давлатҳои ин минтақа ба навъе таҳмил мекунанд.Вижагии гузориши ахири маркази мутелеоти стротегии Вашингтон он аст, ки ин бор ба таври мушаххас аз водии Фарғона ба унвони маркази нооромиҳои оянда дар Осиёи Марказй ёд шудааст.Ҳамин мавзуъ ақидаро дар мавриди талош қудратҳои шарқу ғарб барои тавсаъа ва таҳкими нуфуз ва чойгоҳи худ дар ин минтақа беш аз ҳар замони дигаре тақвият кардааст.Ба иборати дигар, имруз водии Фарғона майдони аслии рақобат миёни қудратҳои Шарқ ва Ғарб маҳсуб мешавад.Ташдиди ин рақобат бо руйдодҳои Қирғизистон дар баҳори соли гузашта, вориди марҳалаи тозае шуда, акнун бо вуқуи нооромиҳои пароканда дар Точикистон , дар ҳоли табдил шудан ба як нуқтаи доғи чадид дар минтақа мебошад.

Дар ҳоле ки оғози нооромиҳо дар Точикистон, давлатмардони ин кишварро ба як буҳрони амниятй мувочеҳ кардааст ва дар афкори умумй як навъ беэътимодй ба давлати Душанберо доман задааст, муҳаққиқони амрикойи ҳадафи аслии чангиёни мустақар дар Афғонистон ва Покистонро, ки бахши умдаи онҳоро аъзои ҳаракати исломии Узбакистон ташкил медиҳад, давлати Ислом Каримов талақй мекунанд. Бо таваччуҳ ба тачрибаи чунин гузоришҳо ва ба занни мақомоти Кохи сафед, «нигаронии Вашингтон аз вуқуъи нооромиҳо дар Узбакистон», метавон натича гирифт, ки дар марҳалаи кунунй аҳдофи Вашингтон дар Осиёи Марказй, бештар марбут ба ҳузури ин кишвар дар қаламрави Узбакистон аст.Ба баёни дигар, дар айни замон Узбакистон меҳвари хадафхои дарозмуддати Амрико дар Осиёи Марказй маҳсуб мешавад, аз ин ру Кохи сафед бо ҳар роҳи мумкин талош дорад худро ба давлати Тошканд наздик кунад. Қарори маьлум, амният ва бақои қудрат аслитарин нигаронй ва ташвиши Каримов ва дигар ҳамтоёни вай маҳсуб мешавад ва қудратҳои аз ин нуқтаи заъф хеле устодона кор гирифтаанд.

Хамин фазосозиҳои Вашингтон буд, ки Ислом Каримов дар моҳи феврияи соли чорй карори раками 1258 — барномаи таҳкими ҳамкориҳои дучонибаи Узбакистон ва Амрикоро имзо кард. Ин барнома аз чумла дарбаргирандаи ҳамкориҳои низомй мебошад, ки бар асоси он Амрико дар амри тачҳизондани артиши Узбакистон бо таслиҳоти чадид ва омузиши афсарони узбак кумак хоҳад намуд .Ҳамкориҳои Тошканд — Вашингтон дар Афғонистон, аз бахшҳои аслии санади мазкур мебошад, ки дар чорчуби он ду тараф дар интиқоли тачҳизот ва коло барои неруҳои низомии кишварҳои ғарбии вокеъ дар манотиқи мухталифи Афғонистон, ҳамкорй мекунанд. Ин бахш аз ҳамкориҳои ду тараф дар ҳоле ки интиқоли коло ва тачҳизот аз тариқи қаламрави Покистон ба мушкил ру ба ру шуд, бештар аҳамият пайдо кард. Узбакистон бо истифода аз фурсат вориди бозиҳои сиёсии маъмулии худ шуд ва бо фосила гирифтан аз Маскав, равобит бо Вошингтанро тавсаъа дод. Бо ин кор Тошканд тавонист бо истифода аз пуштибониҳои Амрико ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодй дар қаламрави Афғонистонро бар уҳда бигирад. Сохтани роҳи оҳани Хайратон — Мазори Шариф ва интиқоли барқ ба Афғонистон аз ҳамин чумлаанд.Дар ин миён, ҳамон гуна ки бархе манобеъ гузориш доданд, Амрико ба Ислом Каримов ин ваъдаро додааст, ки бар асоси хостаи Тошканд, аз вогузор кардани макомҳои калидй ба намояндагони миллати точик дар Афғонистон, пешгирй хоҳад кард. Ба эътиқоди ағлаби соҳибназарон ин мавзуъ бархоста аз сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Ислом Каримов дар минтақа мебошад, зеро вай аз таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои форсизабон бим дорад ва намехоҳд, ки ин ҳамкориҳо мучиби раҳойии Точикистон аз вобастагиҳои энергетикй ва иртиботии Узбакистон шаванд. Бо ин руйкард, метавон гуфт, гузориши маркази мутолеоти стротегии Вашингтон, як навъ муаррифии барномаҳои ҳузури ояндаи Амрико дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй мебошад.