Хамкорихои кишвархои форсизабон дар Афгонистон

Баъд аз он ки дар пайи ҳодисахои табии ва вахомати авзои инсонй дар вилояти Хатлон, ҳаракати вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон аз сар гирифта шуд, дар Точикистон ин интизор доман зад, ки аз ин ба баъд ду кишвари ҳамсоя дар масири ҳамгароиҳои бештар кадам хоҳанд бардошт.

Умедро дар ин замина паёми Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Ислом Каримов, ҳамтои узбакаш тақвият кард.Раиси чумҳури Точикистон аз мақомоти Тошканд, ки бо таъмир ва бозсозии роҳи оҳан шароитро барои ҳаракати вагонҳои Точикисатон фароҳам карданд, кадрдонй кард.Аммо хурсандии точикистониҳо дер давом накард ва тарафи Узбакистон рузи 22 май аз нав ҳаракати вагонҳои дорои махсулоти мухталиф барои Точикистонро мутаваққиф кард. Ин бор низ мақомоти узбак нуксонхои техникй ё фанниро сабаби ин амр тавсиф карданд.Зафар Раҳимчонов,консули сафорати Узбакистон дар Душанбе дар мавриди сабабхои тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави кишвараш гуфт: ширкати роҳи оҳани Узбакистон аз имконноти кофй барои таъмири роҳи оҳан дар масири Термиз — Амузангро, ки вагонҳои Точикистон аз он гузар мекунанд, надорад. Чунин иддаои тарафи узбак дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ширкати роҳи оҳани Точикистон эъломи омодагй кардааст то ин қисмат аз роҳи оҳанро, ки 11 километро ташкил медиҳад, тармим кунад.Аммо роҳи оҳани Узбакистон ба ҳеч вачҳ ҳозир нашудааст чунин пешниҳоди ҳамтоёни точики худро қабул кунад.Натича он аст, ки аз моҳи март то кунун беш аз ду ҳазор вагони Точикистон дар қаламрави Узбакистон мутавакқиф шудаанд.
Узбакистон дар дигар иқдоми хилофи урфи байналмилал ва ухдадорихои худ, бо тағйири масири ҳаракати вагонҳо, пешниҳод кардааст, ки 600 вагон аз масири Кудуқлй ба Точикистон ворид шаванд.Вале, бино ба гуфтаи консули узбак дар Душанбе, тарафи Точикистон ба ин пешниҳоди Узбакистон посухе надодааст.Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегуянд, тағйири масири ҳаракати вагонҳо тавассути кишвари саввум, ки аз қаламраваш ба унвони рохи тронзитй истифода мешавад, хилофи меъёрхо ва муқаррароти байналмилалй аст. Точикистон дар чорчуби талошҳои дипломатй барои ҳалли мушкили тавакқуфи вагонҳо дар қаламрави Узбакистон, ба ниҳодҳои муътабари байналмилалй, аз чумла Созмони милали муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мурочиа кард.Аммо то ҳол ҳеч иқдоме аз тарафи ин созмонҳо сурат нагирифтааст.
Дар пайи идомаи тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ки иддае аз коршиносон онро муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон тавсиф мекунанд, дар доираҳои коршиносй ва ҳукуматии Точикистон ба тадрич ба ин натича расидаанд, ки ягона роҳи бурунрафт аз чунин вазъи ногувор поён додан ба вобастагиҳои иртиботй бо ҳамсояе назири Узбакистон аст. Яъне бояд ба таври чиддй ба фикри сохтани хати роҳи оҳани нав аз қаламрави кишвари дуст ва ҳамзабони Афғонистон буд. Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Точикистон дар як мусоҳибаи матбуотй иброз дошт, ки Точикистон аз зарфият ва имконоти лозим бархурдор аст, то аз тариқи қаламрави Афғонистон ба роҳи оҳани Туркманистон ва аз ин тариқ ба Кафқоз ва Русия пайваст шавад.Ин мавзуъ ба таври чиддй дар дидори Манучеҳри Мутаккй, вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон бо мақомоти олирутбаи точик дар шаҳри Душанбе баррасй ва тавофуқҳои аввалия ҳосил шуд. Дар марҳалаи аввал мутахассисони ду кишвари Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикситон минтақаи сохти роҳи оҳан тавассути Афғонистонро аз нигоҳи фаннй ва муаҳндисй мавриди баррасй ва таҳқиқ қарор хоҳанд дод. Манучеҳри Муттакй, вазири умури хоричаи Эрон гуфт, ки ин тарҳ дар оянда Эронро ба Қирғизистон, Афғонистон ва Чин пайваст ва дар густариши муносиботи Точикистон бо кишварҳои минтақа ва рушди иқтисодй мусоидат хоҳад кард. Муттакӣ афзуд: дар сурате, ки роҳи оҳани Точикистон — Афғонистон — Эрон сохта шавад, ин мушкили манъ кардани вагонҳои Точикистон аз байн хоҳад рафт. Вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки бояд ҳарчй зудтар ин мавзуъ дар нишасти сарони се кишвари форсизабон баррасй ва иқдомоти созанда андешида шавад.
Албатта сохтани роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон мавзуи чадиде нест ва дар ин кишвари чангзада барои аввалин бор дар миёнахои соли 2008 бо ташаббуси Эрон нахустин хати роҳи оҳан бо тули 60 километр сохта шуд.Узбакистон низ дар ин масъала мушорикати фаъол дорад ва бар он шудааст, ки хатхои иртиботй, аз чумла роҳи оҳан дар Афғонистонро ба инҳисори хеш дароварад. Дар ҳамин росто хати роҳи оҳан аз бандари Хайратон то Мазори Шариф ба тули 75 километр тавассути ширкати роҳи оҳани Узбакистон сохта шуд.Карор аст ин тарҳ то поёни соли 2010 такмил шавад.Дар моҳи ноябри соли 2008 дар Боку (пойтахти чумҳурии Озарбойчон)миёни Бонки рушди Осиё ва Узбакистон тафоҳумнома дар мавриди сохти роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф-Хирот ба имзо расид. Албатта қабл аз ин, 17-18 июни соли 2003 дар чорчуби сафари расмии Ислом Каримов ба Чумҳурии Исломии Эрон миёни се кишвари Эрон, Узбакистон ва Афғонистон тавофуқнома дар мавриди ташкили коридори тронзитии фароминтақайи ба имзо расида буд.Аммо ба тадрич Тошканд дар чорчуби хадафхои дарозмуддати худ дар Афғонистон, ҳамкориҳо бо Эронро камранг ва бо дигар бозигарони минтақа вориди муомила шуд.Дар ин росто пуштибонй ва кумакҳои Амрико ба Узбакистон, ки он замон шарики стротегии Вошингтон дар минтақа маҳсуб мешуд, нақши муҳим ва ҳалкунанда дошт. Манофеи Амрико тақозо мекард, ки Афғонистонро бо шабакаи пешрафтаи иртиботии Узбакистон пайваст кунад.Узбакистон низ талош дошт аз тариқи Мазорти Шариф, Шибирғон, Ҳирот ва Қандаҳор ба бандарҳои байналмилалии Эрон ва Покистон пайваст шавад. Дар он замон Узбакистон дар ҳамкорй бо ширкатҳои амрикои санадхои фаннй-иқтисодии ин тарҳро таҳия кард.Аммо баъд аз ҳодисахои Андичон (майи соли 2005)равобити Тошкан-Вашингтон сард шуд ва ин тарҳ ба ҳолати муаллақ даромад.Бо ин ҳол Узбакистон тамоили худ ба сохтани роҳи оҳан дар Афғонистонро ҳамчунон ҳифз кард ва тачҳизоти мавриди ниёзро бо эътибори(кредити) 156 миллион долларии бонки чопонй таҳия кард. Узбакистон бо амалй кардани тарҳои муҳими иқтисодй дар шимол ва дигар манотиқи Афғонистон қабл аз ҳама ҳадафхои сиёсии худро дунбол мекунад.Таъмини амният дар марзҳо бо Афғонистон аз чумлаи ин аҳдоф аст.Дар канори ин Узбакистон қасд дорад бо таҳти контрули худ гирифтани роҳҳои тронзитии Афғонистон, аз як су ин манбаи пурдаромадро дар ихтиёр дошта бошад, аз суи дигар фишанге барои овардани фишор ба дигар кишварҳои минтақаро дошта бошад.Муҳимтар аз ин ҳама давлати Тошканд бо густариши нуфузи иқтисодии худ дар Афғонистон қасд дорад шимоли ин кишварро, ки як пойгоҳи суннатй барои раҳбарони чиҳодии узбактабор будааст, дар маҳдудаи нуфузи хеш нигаҳ дорад.Аз ин чост, ки мехоҳад дар ичрои ҳар тарҳе дар Афғонистон, аз ду кишвари ҳамзабон бо Афғонистон, яъне Точикистон ва Эрон пешй гирад.Ин хамон хадафест, ки давлати Ислом Каримов дар ростои монеътарошй дар рохи вахдат ва хамгаройии се кишвари форсизабон дунбол мекунад. Дар ҳамин росто Тошканд фаъолияти чиддй дар сохтани чодаҳои автомобилй дар Афғонистон (Ҳирот — Қандаҳор) ва хатхои интиқоли барқ дорад. Аз чумла 9 майи соли 2009 хати интиқоли барқи Сурхон-Хайратон-Пули Хумрй-Кобул бо ташаббуси мутахассисони узбак мавриди баҳрабардорй қарор гирифт. Дар шароити кунунй, ҳарчанд Тошканд ва Вашингтон равобити чандон хубе надоранд, аммо Амрико аз иқдомоти Узбакистон дар чиҳати сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон пуштибонй мекунад.Зеро мушорикати Узбакистон дар ин тарҳҳо боиси харочоти кам хоҳад шуд ва ба Амрико имкон медиҳад, ки ба фикри дигар мушкилоти Афғонистон бошад.
Дар ҳамин ҳол Кобул аз наҳваи ҳаракати вагонҳояш тавассути қаламрави Узбакистон хушҳол нест, зеро Тошканд борҳо бо ҳар баҳонае ҳаракати вагонҳо ба самти Афғонистонро мутавакқиф кардааст.Аз ин ру раҳбарони давлати Кобул ба ин андешаанд, ки роҳҳои иртиботии худро ба Казоқистон васл кунанд. Дар ин миён дигар бозигарони минтақа, назири Чин,Чопон, Хинд ва Покистон низ барномаҳое дар мавриди Афғонистон доранд.Аз чумла Чопон эълом кард, ки як миллиард доллар барои сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон ихтисос хоҳад дод. Дар чунин шароите ташаббуси се кишвари форсизабони Точикистон, Эрон ва Афғонистон барои ҳалли мушкилоти иқтисодии ҳамдигар, бештар ба нафъи кишварҳо ва миллатхои минтақа аст. Зеро муштаракоти мавчуд дар ин се кишвар, назири забон, таърих, дин ва фарҳанг имкон фароҳам мекунад, ки Душанбе, Теҳрон ва Кобул бе дахолати кишварҳои судчу ва фурсатталаб ба мушкилоти худ расидагй кунанд.Аммо таъхир дар ичрои тарҳҳо метавонад ба осонй ин фурсатро аз ин се кишвар бигирад, ки то кунун дар бархе заминаҳо шоҳиди он ҳастем.

Русия ва инкилобхои эхтимолии оянда дар Осиёи Марказй

Русия ва инкилобхои эхтимолии оянда дар Осиёи Марказй

Нигоҳе ба руйдодҳои маҳдудаи Шуравии собиқ тайи як-ду соли охир, баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар мубориза чиҳати нуфуз ва таҳкими чойгоҳи худ, Русия ба тадрич аз кишварҳои ғарбй пешй гирифтааст. Дар даврони баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй, ки боиси ташкили 15 давлати мустақил дар қаламрави ин императории як замон муқтадир шуд, қудратҳои ғарбй тамоми талоши худро ба харч доданд, то кишварҳои тозаистиқлолро таҳти нуфузи худ дароваранд.

Он замон, ки Русия гирифтори мушкилоти дохилии худ буд, натавонист аз таъаррузи Ғарб ба маҳдудаи ба истилоҳ «суннатии нуфузаш» пешгирй кунад.Натича он буд, ки қудратҳои ғарбй дар пушиши барномаҳои мухталифи башардустона ва кумакҳои иқтисодй, дар манотиқи Шуравии собиқ — аз Қафқоз то Осиёи Марказй барои худ чои по боз намуданд.Баьди ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 дар Ню Йорк, ки фароҳм оварии шароит барои нуфузи Ғарб дар манотиқи ҳамчавор бо Русия аз чумлаи аҳдофи тарроҳони он буд, кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико то таъсиси пойгоҳҳои низомй дар қаламравии Шуравии собиқ пеш рафтанд. Ҳарчанд Русия ин ҳама таҳаввулотро таҳти назар дошт ва идомаи чунин раванде манофеи стротегиашро латмадор мекард, аммо тавони ончунонии муқобила дар баробари онро надошт ва фақат бо вокунишҳои лафзй иктифо мекард. Чунин вазъияте Ғарбро дар амалй кардани аҳдофаш дар кишварҳои перомуни Русия часуртар ва густохтар менамуд. Акнун қудратҳои ғарбй ва дар садри онҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар он шуданд, ки бо роҳандозии ба истилоҳ инқилобҳои рангй дар чумҳуриҳои тазаистиқлоли Шуравй, давлатҳои дастнишондаи худро руи кор оранд. Дар ин росто Украина аввалин интихоб буд, ки ҳамроҳ бо муваффақият буд. Дар соли 2005 Виктор Юшенко, номзади тахти химояти Вошингтон дар Киев сари кудрат омад. Сипас дар пайи дахолатҳои Ғарб давлати ғарбгаро дар Тифлис руйи кор омад.Навбат ба Осиёи Марказй шуд ва ин амр дар Қирғизистон, ки дар Осиёи Марказй ба чазираи демократия маъруф буд, расид.Амрико тавонист бо ваъдаҳои молй Қурмонбек Боқиев, раиси чумҳури Қирғизистонро, ки бо пуштибонии неруҳои демократй руйи кор омад, ба худ наздик ва аз Русия то ҳадде дур кунад. Ин кишвар аз нигоҳи чуғрофиёи барои Амрико дорои аҳамият аст, зеро пойгоҳи «Манас» беҳтарин масир чиҳати пуштибонй аз неруҳои НАТО дар Афғонистон маҳсуб мешавад. Русия дар ибтидои ҳазораи саввум, дар пайи сиёсатҳои Владимир Путин, то ҳадди зиёде тавон ва чойгоҳи худ дар арсаи байналмилалро эҳё кард ва бар он шуд, ки аз манофеи худ қотеъонатар дифоъ кунад.Нахустин қудратнамойии Маскав дар муқобили Ғарб дар поёни соли 2005 сурат гирифт:Узбакистон бо дахолатҳои Кремл дастури ихрочи низомиёни амрикойи аз пойгоҳи Хонободро содир кард.Он замон, баъд аз тирборони тазоҳуроти мардум дар Андичон (майи соли 2005)давлати Ислом Каримов мавриди маҳкумиятҳои шадиди Ғарб ба саркардагии Амрико қарор гирифт. Маскав аз ин фурсат ниҳояти истифодаро намуд ва бо ҳимоят аз мавзеъи Тошканд, Узбакистонро зери чатри амниятии худ гирифт.Каримов ба ивази ин лутф, дастури баста шудани пойгоҳи низомии Амрико дар кишварашро содир кард.Баьд аз ин Амрико дар пайи интиқом аз Русия шуд ва Саакашвилй, раиси чумҳури Гурчистонро ба чанг алайҳи Русия таҳрик кард(моҳи августи соли 2007).Аммо Маскав ончунон чавоби кубандае ба Тифлис дод, ки Амрико ҳаргиз интизорашро надошт ва натавонист, дурустар бигуем чуръат накард ба Гурчистон дар он чанги панчруза кумак кунад. Инак ҳаводиси Қирғизистон тасдиқи ин дидгоҳанд, ки Русия ба таври чиддй масъалаи таҳким ва тавсаъаи нуфузи худ дар Осиёи Марказиро дар садри сиёсатҳояш қарор додааст.Ҳарчанд давлати Маскав эълом кард, ки ҳеч дахолате дар руйдодҳои Қирғизистон надошт, аммо далелҳо баёнгар аз он аст, ки сарнагунии Боқиев аз қабл бо Кремл ҳамоҳанг шуда буд.Қарори маълум бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда миёни Маскав — Бишкек, Боқиев уҳдадор шуда буд, ки ба ивази сармоягузории ду миллиарддоларии Русия дар иқтисоди Қирғизистон(дар қолаби кумак), пойгоҳи низомии Амрико – «Манас»ро таътил кунад. Аммо пас аз дарёфти 400 миллион доллар аз ин кумакҳо, давлати Боқиев дар пайи тавофуқ бо Амрико, ки ичорабаҳои пойгоҳи «Манас»ро се баробар афзоиш дод, бо тағйири мақоми пойгоҳи «Манас» ба маркази тронзити колоҳо, фаъолияти ин пойгоҳи амрикоиро тамдид кард.Ин иқдоми Боқиев хашми мақомоти Русия, ба вижа Владимир Путин, нахуствазири ин кишварро барангехт.Фарчоми ин раванд ҳамон тағйири қудрат дар Бишкек аст, ки шоҳидаш ҳастем. Сарнагунии хеле осон ва бидуни вокунишҳои чаҳонии Қурмонбек Боқиев барои сарони кишварҳои Осиёи Марказй ин ҳақиқатро ёдрас кард, ки акнун на Амрико ва Ғарб, балки ин Русия аст, ки инқилобҳо ё шояд табаддулотҳоро дар қаламрави Шуравии собиқ, ба вижа Осиёи Марказй, идора мекунад.Ин амр сарони худкомаи Осиёи Марказиро, ки ҳифзи қудрат ва меросй кардани он, аслитарин ташвишашон маҳсуб мешавад, ба таври чиддй нигарон кард.Ин раҳбарон акнун дарк карданд, ки сарнавишташон ба тарзи равобит бо Маскав бастагии зиёде дорад.Сафари шитобзадаи Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Маскав дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Ба маҳзи вуқуъи ҳаводиси Қирғизистон Тошканд марзҳои худ бо ин кишварро баст ва васоити ахбори узбак ҳеч хабаре дар бораи сарнагунии Боқиев, умуман руйдодҳои Қирғизистон мунташир накарданд. Дар Туркманистон, дигар давлати худкомаи Осиёи Марказй низ муҳосираи иттилоотй дар қиболи ҳаводиси Қирғизистон ба кор гирифта шуд. Точикистон низ марзҳои худ бо Қирғизистонро тақвият кард ва бо ибрози таассуф аз руйдодҳои кишвари ҳамсоя иктифо кард. Қазоқистон ба унвони раиси даврайии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо нисбатан қотеътар ибрози мавзеъ кард ва аз давлати муваққатии Бишкек даъват кард, ки чиҳати аз байн бурдани фақр тадобири чиддй биандешад. Дар ин миён вокуниши Ислом Каримов ба тағйири қудрат дар Қирғизистон,беш аз ҳар чизи дигаре чалби тавччуҳ кард.Раиси чумҳури Узбакистон дар сафари дурузаи худ ба Маскав (19-20 апрел), таъкид кард, ки Русия кафили суботу амният дар Осиёи Марказй аст.Вай гуфт:»Узбакистон Русияро шарики боэътимод ва озмудашуда медонад ва бар он аст, ки Русия омили аслии таъмини суботу амният дар чаҳон, ба вижа дар Осиёи Марказй аст». Арзёбии коршиносони русй аз ин суханони раиси чумҳури Узбакистон такрори ҳамон дидгоҳҳои қаблй буд: яъне Ислом Каримов ҳар гоҳ ки хатари чиддиро эҳсос кард, ба оғуши Маскав шитофта аст, зеро ба хубй медонад, ки Русия қодир ба ҳимоят аз у ҳаст.Чунин амалкарди Ислом Каримов дар вокуниш ба ҳодисаҳои Кирғизистон, муаййиди он аст, ки раиси чумҳури Узбакистон дар мавриди даст доштани Маскав дар ҳаводиси кишвари ҳамсоя ҳеч тардиде надорад. Аз суи дигар, дар Маскав ба хубй медонанд, ки Ислом Каримов ҳаргиз мавриди эътимод нест ва аз рақобати қудратҳо дар Осиёи Марказй ниҳояти истифодаро мекунад.Аммо дар айни ҳол тарси Каримов аз мувочеҳ шудан бо сарнавишти Боқиев барги барандаест дар дасти Кремл, то битавонад Ислом Каримови ба ҳарос афтодаро, ки инфичорҳои Тошканд (апрели соли 2004) ҳануз дар гушаш садо медиҳанд, таҳти мусиқии худ бирақсонад. Имомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон, ки низ солҳои ахир дар чорчуби он чи сиёсати чандсамтй тавсиф мешавад, то ҳадди зиёде аз Маскав фосила гирифта буд, дар паёми солонаи худ ба порлумони кишвараш (24 апрел)Русияро мисли солҳои қабл шарики стротегй унвон кард. Ин ҳама иттифоқот баёнгар аз он аст, ки феълан Русия пирузи майдони рақобат дар Осиёи Марказй аст ва сарони Осиёи Марказй акнун нақши Маскавро дар сарнавишташон чиддй хоҳанд гирифт.Аммо ин воқеиятро низ набояд инкор кард, ки Русия ҳаргиз ба нафъи худ намебинад, ки барномаҳои Гарб дар Афғонистон нотамом боқй бимонанд.Хуручи зудҳангоми низомиёни ғарбй аз Афғонистон ба он маънй хоҳад буд, ки нооромиҳо ба кишварҳои ҳамсоя, яъне он чи маҳдудаи суннатии нуфузи Маскав таъбир мешавад, нуфуз хоҳанд кард.Аз ин ру ҳануз  бозии қудратҳо дар Осиёи Марказй идома дорад.

Защищено: Каримов дар Маскав

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Осиёи Марказй ва мушкилоти марзй миёни кишварҳо

Дар шароите, ки дар Афғонистон барномаҳои Ғарб ба саркардагии Амрико ба бунбаст ру ба ру шудаанд, Осиёи Марказй ба унвони минтақаи стротегй барои Ғарб беш аз ҳар замони дигаре аҳамият касб кардааст. Кишварҳои Осиёи Марказй, ки марзҳои тулонй бо Афғонистон доранд, бо мавзеъгириҳои худ, дар дурнамои барномаҳои Ғарб дар Афғонистон ба таври қобили мулоҳиза таъсиргузор шудаанд. Аз суи дигар, қудратҳои Ғарб ва Шарқ дар чорчуби рақобатҳои худ барои соҳиб шудан ба манобеи саршори энержии Осиёи Марказй, кишварҳои ин минтақаро дар чорроҳаи интихобҳои душвор қарор додаанд. Ба иборати дигар дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон, интихоби шарикон барои кишварҳои Осиёи Марказй кори соддае нест ва ин амр дар баробари фоидаҳои муваққатии худ, барои ҳар як аз ин кишварҳо зарару зиёнҳоеро дар пай хоҳад дошт. Воқеият ин аст,ки бо касби истиқлоли худ аз Иттиҳоди Шуравй дар аввалҳои солҳои 90 қарни гузашта, давлатҳои Осиёи Марказй дар сиёсатҳои хоричии худ аз истиқлоли амали чандоне бархурдор набудаанд ва дар ин замина ҳамеша манофеи ин ё он қудрати фароминтақайиро дар назар мегирифтанд.Таъсиргузорй дар сиёсатҳои давлатҳои Осиёи Марказй тавассути қудратҳои мухталиф ё аз тариқи додани кумакҳои молй ва ё ба коргирии фишор ва таҳдид будааст. Дар чунин шароите вучуди ихтилофот миёни кишварҳои Осиёи Марказй беҳтарин абзоре будааст, ки қудратҳои судчу бо истифода аз он, ҳалафҳои худро осонтар дунбол кардаанд. Аз чумлаи ин ихтилофот масъалаҳои марзй миёни ин кишварҳо аст.

Авзоъ дар равобити бйниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй дар солҳои 90 қарни гузаштаи милодй, дар пайи афзоиши тамоилоти қишрҳои камдаромади чомеа ба чунбишҳои тундрави исломй дар Узбакистон, ба таври бесобиқае мутташаннич шуд.Давлати Тошканд дар талош барои ҳифзи контрули авзоъ, фишор ва сиёсатҳои хафақон дар чомеаро ташдид кард.Натича он буд, ки мухолифони Узбакистон бо ҳар роҳи мумкин по ба фирор аз кишвар ниҳоданд ва дар қаламрави Афғонистон ба манзури руёруйи бо давлати Ислом Каримов, дастаҳои мусаллаҳ ташкил доданд. Дар соли 1999, дар пайи инфичорҳое ки қалби Узбакистон, шаҳри Тошкандро ларзонд ва талоши чангчуёни ҳаракати исломии Узбакистон барои нуфуз ба қаламрави ин кишвар аз тариқи хоки Қирғизистон, авзоъ дар водии Фарғона ва дар мачмуъ дар Осиёи Марказй буғранч ва печида шуд.Маҳз дар ҳамон марҳала буд, ки мушкили марз дар миёни кишварҳои Осиёи Марказй ба миён омад.Албатта заминаи ин мушкил ҳануз дар замони Шуравй ва дар пайи марзбандиҳои беадолатона, аммо огоҳонаи сарони вақти комунист, фароҳам шуда буд.Фақат кофист ёдовар шавем, ки дар қаламрави Қирғизистон се маҳдудаи узбакнишини марбут ба Узбакистон ва дар қаламрави Узбакистон ҳафт маҳдудаи қирғизнишин мавчуд аст.Дар ин замина авзоъ дар дарраи Фарғона беш аз ҳар мантақаи дигар осебпазир аст.
Мушкили марзй миёни Узбакистон ва Точикистон низ вучуд дорад.Дар вилояти Суғди Точикистон, дар рустои Равот, ноҳияи Конибодом чанд маҳдудаи узбакнишин мавчуд аст, ки ба унвони маншаъи ихтилофоти оянда арзёбй мешаванд. Ин масъала ахиран дар пайи он ки марзбонони узбак бо симхор ин русторо ба ду бахш тақсим ва кишоварзонро аз дастрасй ба киштзорҳояшон маҳрум карданд, печидатар шудааст. Мушкилоти марзй миёни Точикистон ва Қирғизистон дар рустои Ворух низ вучуд дорад.Бо ин ҳол мушкили чиддй дар масоили марзй миёни Узбакистон аз як тараф ва Қирғизистону Точикистон аз тарафи дигар мебошад.Ин мавзуъ ба вижа дар водии Фарғона, ки аз нигоҳи мавқеъияти чуғрофиёи ва манобеи табии барои ҳар кадом аз кишварҳои минтақа дорои аҳамият аст,печидатар мебошад. Дар ин миён Узбакистон дар ростои ҳалли масъалаҳои марзй ва ба манзури он чи таъмини амнияти марзҳои худ унвон кард, дар як иқдоми берун аз урфи дипломатй ва то чое таҳқиромез дар нисбати ҳамсоягони хеш,марзҳоро бе огаҳии пешакй минкорй намуд ва аз оғози соли 2000 ба таври якчониба барои шаҳрвандони Қирғизистон ва Точикистон режими раводид чорй кард. Мавчи аввали ихтилофот дар масоили марзй миёни чумҳуриҳои Осиёи Марказй дар соли 2000, замоне ки Узбакистон, ба манзури он чи тақвияти марзҳои хеш унвон кард, даст ба минкории марзҳо зад, оғоз шуд.Мавчи дуввум ва нисбатан шадиди ин ихтилофот дар солҳои 2005 — 2006, дар пайи саркуби эътирозоти мардумй дар Андичон (майи соли 2005), ки боиси фирори паноҳандагони узбак ба қаламрави Қирғизистон шуд, ба вуқуъ пайваст.Хамон замон буд, ки Тошканд иддао кард, Бишкек дар омузиши террористони узбак даст дорад. Чунин мавзеъгирй равобити ду кишвари ҳамсояро ба таври бесобиқае тираву тор намуд.Албатта, ихтилофоти марзй миёни Узбакистон ва Қазоқистон низ вучуд доштанд ва доранд.Аз чумла дар ноҳияи Мактаарали устони Қазоқистони чанубй ҳануз минтақаи мавриди баҳс миёни ду кишвар вучуд дорад.Аммо дар пайи сафари Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон ба Тошканд (соли 2006), робитаҳои ду тараф ба ҳолати оддй дар омад.Дар ҳамин дидор буд, ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби суханбозиҳои ҳамешагии худ, ҳамтои қазоқи худро дусти самимй хитоб кард.Аммо ин ҳақиқат барои касе пушида нест, ки Каримов дар роҳи табдил шудан ба раҳбари Осиёи Марказй, Нурсултон Назрбоевро монеи аслй медонад.
Дар мачмуъ масоили марбут ба марзҳо ба унвони як манбаъи низоъҳои эҳтимолй, ҳамчунон ояндаи робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳолае аз ибҳом қарор дода, суботу амнияти шиканандаи ин митақаро беш аз ҳар замони дигаре осебпазир намудааст. Ҳамин масъала дар шароите, ки кишварҳои ғарбии ишғолгари Афғонистон дар ростои заъиф кардани чойгоҳи Русия, ба унвони рақиби аслии худ, талош доранд нооромиҳои Афғонистонро ба Осиёи Марказй мунтақил кунанд, бештар аҳамият пайдо кардааст.Ҳарчанд беҳтарин роҳи ҳалли мушкилоти байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй ба ибтикори амали худи ин кишварҳо вобаста аст, аммо сиёсатҳои қудратталабонаи Ислом Каримов аз як су ва рақобат миёни Каримов ва Назарбоев барои касби нақши раҳбарй дар минтақа , аз суи дигар чунин фурсатеро камранг намуда, заминаи дахолати бегонагон дар корҳои давлатҳои Осиёи Марказиро фароҳам кардаанд. Амре ки ҳеч пайомади мусбат на барои мардумони ин минтақа ва на барои давлатҳои он ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.

Идомаи бахсхо миёни Точикистон ва Узбакистон


Нигоҳе ба раванди таҳаввулот дар Осиёи Марказй, ба вижа шебу фароз дар равобити ду ҳамсоя — Точикистон ва Узбакистон, баёнгар аз он аст, ки ин минтақаи стротегй ба таври бесобиқае ба конуни буҳронҳо табдил шудааст.Ихтилофи назар ва мавзеъҳои мухталифи кишварҳои Осиёи Маракзй дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи обй, ононро ба самти табдил шудан ба рақибони сарсахт ҳаракат медиҳад.Дар пайи номаи эътирозй ва таҳдидҳои нахуствазири Узбакистон ба Оқил Оқилов — ҳамтои точикаш, акнун теъдоде аз донишчуёни узбак вориди амал шудаанд, то дар баробари ҳамсояи худ қудратнамои кунанд.Бар асоси гузоришҳои манобеи узбак, ҳудуди як ҳазор нафар донишчуён дар донишгоҳи Тирмиз, шаҳри ҳаммарз бо Точикистон тачаммуъ намуда, алайҳи корхонаи алюмини точик эътироз карданд.Ин афрод муддаъй шуданд, ки корхонаи алюмини точик ба муҳити зист таъсири ногувор гузошта, боиси паҳншавии бемориҳои мухталиф дар миёни аҳолии навоҳии Сариосиё, Узун ва Деҳнав дар вилояти Сурхондарё, Узбакистон шудааст.Эътирозкунандагон тасмим гирифтанд дар ин маврид ба созмонҳои марбутаи байналмилалй шикоят хоҳанд кард.

Ин эътироз дар рузе сурат гирифт, ки корхонаи алюмини точик 35-умин солгарди таъсиси худро тачлил мекард ва чунбиши экологии Узбакистон иқдоми худро барномарезишуда анчом дод, то битавонад чалби тавччуҳ ва ҳимояти ниҳодҳои байналмилалиро касб кунад.Иқдоми зиддиточикистонй дар кишвари ҳамсоя дар ҳоле шакл гирифт, ки аз муддатҳо қабл беш аз як ҳазор вагон колоҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон тавқиф шудаанд.Мақомоти узбак иллати ин тавқифро ҳачми беш аз андозаи ҳамлу нақл аз тариқи роҳи оҳани ин кишвар унвон кардаанд.Бино ба гуфтаи ин мақомот интиқоли коло ва тачҳизоти кишварҳои аврупойи ба Афғонистон боис шудааст, ки убури вагонҳои Точикистон ба кундй сурат мегирад.Аммо мақомоти Душанбе ин иддаоҳоро рад карда амалкарди масъулони узбакро иқдоми сиёсй унвон карданд, ки дар ростои дар инзиво қарор додани Точикистон анчом мешавад.Дар ин маврид вазорати умури хоричаи Точикистон бо фарохонии сафири Узбакистон маротиби эътирози худро ба у баён намуд.Аз суи дигар, Оқил Оқилов, нахуствазири Точикистон, ки чиҳати суханронй дар Созмони миллали муттаҳид ба Ню Йорк рафта буд, дар нишасти хабарй,аз амалкарди Тошканд интиқод кард.Нахуствазири Точикистон иброз дошт, ки тайи ду моҳи ахир Узбакистон бо ҳар баҳонае аз ҳаракати вагонҳо ба самти Точикистон пешгирй мекунад ва ин амр масъалаи таъмини аҳолй, корхона ва ҳатто ҳавопаймоҳо бо энержй ва сухтро ба мушкили чиддй мувочеҳ кардааст. Оқил Оқилов таъкид кард, ки беш аз 70 дарсади чамъияти Точикистон дар манотиқи рустои ба сар мебаранд ва камбуди сузишворй қабл аз ҳама ба онон осебҳои чиддй ворид мекунад.Вай ёдовар шуд, ки қаблан мақомоти узбак сабаби тавқифи вагонҳои Точикистонро осеб дидани роҳи оҳани ин кишвар дар пайи боронҳо унвон карданд, аммо баррасиҳои мо нишон дод, ки ҳеч осебе ба роҳи оҳани ин кишвар нарасида буд.Нахуствазири Точикистон иқдомҳои берун аз урфи дипломатии Тошкандро вокуниши Узбакистон дар қиболи барномаҳои гидроэнергетикии Душанбе, ба вижа такмили неругоҳи Роғун тавсиф кард.
Нахуствазири Точикистон дар нишасти хабарии худ дар Амрико бо ишора ба ин ки 60 дарсад аз манобеи обии Осиёи Марказй дар қаламрави Точикистон шакл мегирад,сохтани неругоҳҳои барқи обиро танҳо роҳи ҳаллу фасли масъалаи энержй дар ин кишвар унвон кард, ки ҳатто Афғонистонро аз буҳрони энержй раҳо хоҳад кард.Оқил Оқилов афзуд, Тошканд баҳона пеш меорад, ки сохти неругоҳи Роғун танзими об дар минтақаро ба ҳам зада, Узбакистонро ба камбуди об дар бахши кишоварзй мувочеҳ мекунад, аммо чунин иддао ҳеч асоси мантиқй ва илмй надорад.
Нахуствазири Точикистон дар посух ба ин пурсиш, ки оё СММ метавонад масоили об дар Осиёи Марказиро ҳаллу фасл кунад, гуфт,албатта чунин коре имконпазир аст ва СММ бо истифода аз чойгоҳи худ метавонад ин мавзуъро баррасй ва одилона ҳаллу фасл намояд.
Ҳамин тавр иахтилофи назар миёни ду кишвари Узбакистон ва Точикистон дар холе ташдид шудааст, ки ҳарду тараф ба пуштибонии кишварҳои ғарбй ва ниҳодҳои байналмилалй аз мавозеи худ, умед бастаанд.Ба эътиқоди бархе коршиносон, дар ин замина шонси Узбакистон бештар аст, зеро ин кишвар дар айни ҳол ба далели бархурдорй аз манобеи нафту газ ва ҳамкории густурда бо кишварҳои ғарбй дар масоили Афғонистон, мавриди ҳимояти бештари қудратҳои ғарбй қарор дорад. Ҳимояти сафири Олмон дар Душанбе аз мавзеи Тошканд дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии Осиёи Марказй тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост.Карори маълум Олмон дар шаҳр Термизи Узбакистон неруҳои худро мустақар кардааст ва метавонад аз фурудгоҳи ин шаҳр барои ичрои барномаҳои худ дар Афғонистон истифода кунад.Тачрибаи Амрико, ки дар пайи интиқод аз амалкарди мақомоти узбак дар саркуби тазоҳуркунандагони Андичон дар соли 2005, мачбур ба ихрочи низомиёнаш аз пойгоҳи Хонобод шуд, ин дарсро барои тамоми кишварҳои ғарбй дод, ки ҳузури неруҳояшон дар Узбакистон машрут ба тарафдории бечуну чаро аз сиёсатҳои давлати Тошканд ва ё ҳадди ақал дахолат накардан дар умури дохилии ин кишвар, ба вижа дар масоиле назири демократия ва озодиҳои шаҳрвандй мебошад.Мавзеъгириии сафири Олмон дар қиболи масъалаҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй низ аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.
Аз суи дигар Сергей Иванов, маовини нахуствазири Русия, ки ахиран ба Тошканд сафар карда буд, иброз дошт, ки кишвараш дар масъалаҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй аз мавзеи Узбакистон ҳимоят мекунад.Вай гуфт, эҳдоси неругоҳҳо дар ин минтақа бояд бо ризояти тамоми кишварҳо сурат гирад.Кабл аз ин, дар моҳи январи соли 2009 Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия тайи сафари худ ба Узбакистон, таъкид кард, ки бе ризояти ҳамаи кишварҳо, набояд ҳеч неругоҳе дар кишварҳои минтақа эҳдос шавад.Сергей Лавров, вазири хоричаи Русия низ моҳи декабри соли 2009 дар сафаре, ки ба Узбакистон дошт, аз мавзеи ин кишвар дар эҳдоси неругоҳҳои обй дар Осиёи Марказй ҳимоят кард.Аммо Игор Шувалов, маовини аввали нахуствазири Русия, ки моҳи марти соли 2010 ба Душанбе сафар карда буд, мавзеи нисбатан муътадилтаре дошт ва гуфт ниёзҳои Точикистон ва Қирғизистон ба неруи барқ бояд таьмин карда шавад.Бо ин ҳол ин мақоми русй низ мавзеи Русияро,ки лиҳози манофеи ҳамаи кишварҳо дар баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии минтақа унвон кард, тазаккур дод.
Кишварҳои Осиёи Марказй,ки мардумонашон аз муштаракоти фаровоне бархурдоранд, дар пайи сафоройиҳои чадиди давлатҳои ин минтақа, дар ҳолатҳое дар муқобили ҳам қарор гирифтаанд.Дар шароити кунунй ин мавзуъ беш аз ҳар кишвари дигаре дар робитаҳои Узбакистон ва Точикистон ба мушоҳида мерасад.Номаи таҳдидомези нахуствазири узбак ба ҳамтои точики худ,тазоҳуроти донишчуён дар Термиз алайҳи корхонаи алюмини точик ва интиқоди намояндагони порлумони Узбакистон аз сиёсатҳои зистмуҳитии Точикистон ҳокй аз он аст, ки ду ҳамсоя дар масири табдил шудан ба ду рақиби сарсахт пеш мераванд.Чунин шароите фурсати муносибе барои кишварҳои фароминтақайи фароҳам кардааст, то роҳаттар дар умури дохилии кишварҳои минтақа дахолат кунанд ва аҳдофи хешро, ки ба ҳеч вачҳ ба манфиати мардумони Осиёи Марказй нест, дунбол кунанд.

Қазоқистон аз тарҳҳои энержии Қирғизистон ва Точикистон ҳимоят кард

Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон эълом карданд, ки дар ояндаи наздик имкони муттаҳид кардани системи энержии худро мавриди баррасй қарор хоҳанд дод.Дар ин бора Абдулатиф Аҳмадов, сафири Қазоқистон дар Душанбе хабар дод.Сафири Қазоқистон ҳамчунин дар мавриди чанд тарҳи муштараки се кишвар гуфт, Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон дар пайи таъсиси низоми чадиди энержии муштарак ва роҳҳои иртиботии чадид аз Қазоқистон ба Точикистон тавассути Қирғизистон мебошанд. Вай афзуд, барои таъсиси низоми чадиди энержй бояд хати чадиди интиқоли барқ аз шаҳри Уш (Кирғизистон) то шаҳри Хучанд (Точикистон) сохта шавад.

Абдулатиф Аҳмадов ибрози умедворй кард, ки аз фаъолият бозмондаи системи воҳиди энержии Осиёи Мракзй як зуҳуротй муваққатй аст ва мо тамоми талоши худро ба харч хоҳем дод, то ин систем бо ҳузури кишварҳои манфиатдор мучаддадан фаъолияти худро аз сар гирад.
Қарори маълум аз аввали декабри соли 2009 ва дар пайи хуручи Узбакистон аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказй, фаъолияти ин систем халалдор шуд. Дар пайи ин руйдоди номатлуб, ба ҳар як аз кишварҳои минтақа ба мизони мухталиф зарару зиёнҳо ворид шуд, ки дар фаъолиятҳои иқтисодиашон бетаъсир набуд.
Системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй дар замони Шуравй таъсис шуд, ки ба унвони меконизми воҳид ва мутмаъин фаъолиятҳои энержии ҳамаи кишварҳои минтақаро таъмин менамуд. Ин систем имкон медод, ки мубодилоти энержй миёни кишварҳои минтақа танзим ва аз ҳар гуна мушкилй дар таъмини энержй пешгирй шавад.Ба илова аз тариқи ҳамин систем ба таври утумотй танзими тақсими об миёни кишварҳои Осиёи Марказй сурат мегирифт. Дар давраи Шуравй системи барқи кишварҳои Осиёи Марказй ба бисёре дигар аз чанбаҳои зиндагии мардуми ин минтақа таъсир дошт ва ниёзмандиҳои ҳар як аз чумҳуриҳои ин минтақа тавассути ҳамсоягони он бартараф мешуд. Аз он чо ки дар он давра ин чумҳуриҳо чузъи як кишвари воҳид маҳсуб мешуданд, ихтилофоти онҳо бо марказияти Маскав ҳаллу фасл мегардид ва имконе барои ташдид ва табдил ба буҳрон намеёфт.Ин вазъият пас аз фурупошии Шуравй ва тақсими мероси он ба кишварҳои мухталифи ин минтақа, тағйир кард ва талоши онҳо барои касби истиқлол дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа истифода аз манобеи энержии минтақа, сабаби бурузи ихтилофот дар равобити байни ин кишварҳо шуд. Дар ин миён баҳрамандии бархе кишварҳои ин минтақа аз манобеи нафту гоз, аз чумла Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ниёзи Точикистону Қирғизистон ба ин манобеъ ва дар муқобил, қарор гирифтани ин ду кишвар дар болооби рудхонаҳои чорй дар Осиёи Марказй ва ниёзи кишварҳои пойиноб ба ин манобеъ,сабаби печидатар шудани ҳарчй бештари мавзуи энержй дар ин минтақа шуд. Нигоҳе ба қобилиятҳои ин кишварҳо низ нишон медиҳад, ки тавони тавлиди барқ дар ин минтақа ба наҳви мутафовуте тақсим шудааст.Точикистон ва Қирғизистон ба унвони кишварҳои болодасти рудхонаҳои Осиёи Марказй, ки 80 дарсади манобеи обиро дар ихтиёр доранд, бо сохти таъсисоте дар масири ин обҳо, иқдом ба тавлиди барқ аз тариқи неругоҳҳои обй мекунанд. Кишварҳои пойиноб мухолифи чунин иқдоме ҳастанд.
Ва аммо он чи ба системи воҳиди энержии Осиёи Марказй бармегардад, бояд ба ин нукта ишора кард, ки ҳудуди 80 дарсади барқи ин минтақа аз тариқи ин систем таъмин мешуд ва хуручи ҳар як аз кишварҳо, ба вижа кишварҳои аслии таъминкунандаи барқ ва тронзити ин систем, аз чумла Узбакистон ва Қазоқистон ба маънии поёни ҳаёти ин систем буд, иттифоқе ки минтақа шоҳиди он аст.Акнун Қазоқистон, ки тамоилоти ҳамгаройии бештар дар минтақаро аз худ нишон додааст, саъй дорад занчирҳои аз ҳам гусастаи ин системро, ҳарчанд дар шакли номукаммал, мучаддадан пайваст кунад. Ин иқдоми Остона хилофи он талошҳоест, ки Тошканд дар минтақа анчом медиҳад.Яъне дар ҳоле ки Узбакистон бо қудратнамойи дар қиболи ду кишвари Қирғизистон ва Точикистон, ҳамвора саъй кардааст хостаҳои худ дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказиро ба ин ду кишвар таҳмил кунад, Қазоқистон талош кардааст, ки зимни рафъи суитафоҳумот, мавзеъҳои кишварҳои минтақаро ба ҳам наздик ва ҳамгароиро тавсаъа ва таҳким бахшад.Ин талошҳои Остона дар шароите, ки Қазоқистон раёсати даврайии Иттиҳодияи Аврупоро уҳдадор шудааст, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият доранд. Зеро Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказй аҳдофи худро дорад ва моил нест, ки авзоъ дар ин минтақа печида бошад.Аз суи дигар, Узбакистон тамоми фаъолиятҳои худ дар равобит ба кишварҳои ҳамчаворро дар ростои касби нақши кишвари бартар шакл додааст. Ба иборати дигар, Тошканд саъй дорад, ҳамон гуна ки дар замони Шуравй буд, ҳарфи аввалу охирро дар Осиёи Марказй бигуяд ва барои дигар кишварҳо, ба истилоҳ таъйини таклиф намояд. Аммо Остона мухолифи сарсахти ин худхоҳиҳои Тошканд аст ва ҳеч вачҳ намехоҳад аз дидгоҳҳои Узбакистон пайравй кунад.Баръакси он чи ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби худхоҳиҳои худ дунбол мекунад, Нурсултон Назрбоев, раиси чумҳури Қазоқистон талош дорад кишварҳои минтақа ҳамкориҳои бештаре бо ҳам дошта бошанд ва ҳар мушкилеро дар чорчуби ниҳодҳои минтақайи ҳаллу фасл кунанд.
Дар ҳоле ки баҳсҳо бар сари сохти неругоҳи Роғун дар Осиёи Марказй доғ шудаанд, Роберт О. Блейк, муовини вазорати умури хоричаи Амрико оид ба Осиёи Марказй ва Чанубй, гуфтааст, Амрико ба барномаҳои Точикистон дар мавриди таъмини амнияти энержй эҳтиром қоил аст ва талошҳои ҳукумати Точикистонро чиҳати таъмини аҳолй, корхонаҳо ва ниҳодҳо бо манбаъи собити энержй дастгирй мекунад.Ин мақоми амрикойи аз Точикистон даъват кардааст, ки ба ҳангоми сохтани тарҳҳои энержии обие чун Роғун, назари ҳамсоягонашро низ ба ҳисоб бигирад. Роберт Блейк гуфтааст, ҳамзамон бо такмили неругоҳи Роғун, Точикистон масъалаи сохти неругоҳҳои кучакро низ дар назар дошта бошад.
Ҳамчунин Александр Яковлев, намояндаи тичоратии Русия дар Точикистон иброз дошт, ширкатҳои азими кишвараш ҳузури худро дар тарҳҳои бузурги сармоягузории Точикистон, аз чумла ниругоҳи Роғун тавсеа медиҳанд. Дар иртибот ба ҳамин мавзуъ раҳбари Сандуқи байналмилалии пул дар Точикистон дар дидор бо Эмомалй Раҳмон, дар баробари изҳори эҳтиром ва пуштибонй аз мавқеи Душанбе чиҳати такмили неругоҳи Роғун таъкид кардааст, ки ҳукумати Точикистон бояд ба фикри тарбияи мутахассисони баландпояи касбй дар бахши энержй бошад. Ва аммо кушиши Остона барои ҳамгаройии бештар дар Осиёи Марказй идомаи ҳамон талошҳоест, ки Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон тайи солҳои ахир анчом медиҳад.Қарори маьлум, дар ҳамин росто дар оғози ҳазораи саввум Нурсултон Назрбоев пешниҳод кард, ки ниҳоди минтақайи бо номи Иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказй таъсис шавад, аммо ин пешниҳод дар пайи мухолифати шадиди Тошканд амалй нашуд. Амре ки ҳосили рақобатҳо миёни ду кишвари Узбакистон ва Қазоқистон барои касби нақши раҳбарй дар минтақа таъбир мешавад.Акнун ба назар мерасад Остона аз раҳгузари расидагй ба мушкилоти кишварҳои ҳамсоя, мехоҳад зимни маҳори монеътарошиҳои Тошканд, барномаҳои роҳбурдии худ дар Осиёи Марказиро дунбол кунад. Дар айни ҳол ин иқдоми Қазоқистон мавриди истиқболи аксари кишварҳои Осиёи Марказй воқеъ гардидааст.

Сафари Ҳолбрук ба Точикистон ва Узбакистон


Бар асоси гузоришоте, ки расонаҳои мухталиф мунташир намуданд, Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон, ҳафтаи оянда ба Душанбе ва Тошканд сафар хоҳад кард.Ин мақоми амрикойи қарор аст бо масъулони Точикистон ва Узбакистон масоили марбут ба равобити фимобайн ва авзои Афғонистонро мавриди баҳсу баррасй қарор диҳад.


Сафари фиристодаи вижаи Амрико ба ду кишвари Осиёи Марказй дар шароите анчом мешавад, ки як ҳайати олирутбаи мақомоти точик, ки дар садри он Ҳамрохон Зарифй, вазири корҳои хоричаи ин кишвар қарор дорад, дар Амрико ба сар мебарад ва то имруз дидору гуфтугуҳои зиёде миёни намояндагони ду кишвари Точикистон ва Амрико баргузор шудааст. Бино ба гуфтаи манобеи вазорати корҳои хоричаи Точикистон, дар ин дидорҳо дурнамои ҳамкориҳои стротегии ду тараф,аз чумла дар қиболи масоили Афғонистон дар меҳвар қарор доштааст.Аз он ру сафари Ҳолбрук ба Душанберо метавон дар ростои идомаи ҳамин ройзаниҳо арзёбй кард. Ин дар ҳолест, ки бархе расонаҳо қабл аз сафари ҳайати Точикистон ба Вашингтон авзои сиёсй — иқтисодии минтақа, ичрои тарҳҳои гидроэнергетикй ва ҳамлу нақлро аз аслитарин масъалаҳои мавриди баҳс дар музокироти мақомоти Душанбе — Вашигтон баршумурданд. Ҳамрохон Зарифй дар бораи барномаи сафари худ ба Амрико гуфта буд, қасд дорад тарҳи сохти хати роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон(Мазори шариф) — Точикистон ва хати лулаи газ дар ҳамин масир, ҳамчунин тезонидани равнди сохти хати интиқоли барқи Қирғизистон – Точикистон — Афғонистон — Покистон бо номи САSА-1000-ро ба тарафи амрикои пешниҳод кунад.Вай ҳамчунин иттилоъ дода буд, ки баҳрабардорй аз манобеи оби минтақа, сохтани неругоҳи Роғун, замонати ҳуқуқии фаъолияти ширкатҳо ва сармоягузориҳои Амрико дар Точикистон аз дигар масоиле ҳастанд, ки бо мақомоти амрикои баррасй хоҳанд шуд.
Аммо он чи ба сафари Ричард Ҳолбрук ба Узбакистон бармегардад, таваччуҳи вижаи Амрико ба ин кишвар ба унвони шарики аслй дар амалй шудани барномаҳои Ғарб дар Афғонистон мебошад. Ҳарчанд Узбакистон дар конфронси Лондон, ки ба баррасии масоили Афғонистон ихтисос дошт, ширкат накард, аммо фосила гирифтани ин кишвар аз Маскав ва наздикшавии он ба Амрико як ҳақиқатест, ки маҳофили мухталиф ба он ишора мекунанд. Чанде қабл, рузи 28 январ, ҳамзамон бо ифтитоҳи канфронси Лондон, Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон санадеро таҳти унвони «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» имзо кард. Имзои ин санад тасодуфй набуд, балкй ҳосили сафари моҳи октябри соли 2009 Роберт Блейк, ёвари вазири хоричаи Амрико ба Тошканд ва ройзаниҳои мақомоти ду тараф дар 17-18 декабри ҳамон сол дар Вашингтон буд. Ин санад иборат аз 40 маврид масоили аз чумла марбут ба бахши дифоъ ва амният мебошад ва боздиди ҳайати вижаи вазоратхонаҳои умури хорича ва дифоъи Амрико барои ташхиси ниёзҳои артиши Узбакистон ба силоҳ ва муҳиммот ва интиқоли ин тачҳизот ба Узбакистон дар чорчуби барномаи «Сармоягузории хоричии низомй»ро пешбинй мекунад.Омузиши кадрҳои низомй ва афсарони артиши Узбакистон дар муассисаҳои пешрафтаи Амрико аз дигар бахшҳои санади мазкур мебошад.Бахши аъзами санади «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» ба ҳамкориҳои ду тараф дар Афғонистон ихтисос дорад.Афзоиши тронзити коло ба Афғонистон тавассути қаламрави Узбакистон ва дар ин росто ичрои тарҳи роҳи оҳани Хайратон — Мазори шариф низ шомили ҳамин бахш мебошад.
Табиист, ки бо наздик шудан ба Вашингтон, Душанбе ва Тошканд ба фосилаи худ бо Маскав хоҳанд афзуд.Нуктаи муштарак дар ин иқдоми ду кишвари ҳамсоя он аст, талош доранд ҳар он чиро ки аз Маскав ба даст наоварданд, аз Вашингтон ба даст биоваранд.Дар ин миён Узбакистон интизороти бештаре аз наздикшавй бо Амрико дорад ва иқдомоти Маскавситезии он мавриди таваччуҳ ва истиқболи бештари Вашингтон қарор дорад. Қарори маълум Узбакистон танҳои кишвари узви Паймони амнияти чамъй аст, ки ба таъсиси неруҳои вокуниши сареъ таҳти фармондеҳии Русия, мухолифат кард. Ҳамчунин Тошканд иқдоми Маскав барои таъсиси пойгоҳи чадиди низомй дар Қирғизистонро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Аз суи дигар Узбакистон дар марз бо ҳамсоягони худ ҳамеша низоъҳои мухталифро саҳнасозй мекунад.Чунин иқдомоти Тошканд ба нафъи Вашингтон аст, ки дар садад аст нуфузи геополитикии худ дар минтақаро тавсаъа бахшад ва бадеҳист хилофи манофеи Русия аст. Бар асоси санади ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико пешбинй мешавад, ки артиши Узбакистон ба тадрич бо силоҳ ва муҳимоти амрикои мучаҳҳаз хоҳад шуд.Ин ба он маънист, ки дар ояндаи наздик Маскав бозори таслиҳоти худ дар Узбакистонро аз даст хоҳад дод.
Равобит ва ҳамкориҳо миёни Амрико ва Узбакистон дар соли 2005, баъд аз он ки давлати Чорч Буш иқдоми Тошканд дар саркуб ва қатлиоми тазоҳуркунандагон дар Андичонро мавриди интиқодҳои шадид қарор дод, ба сардй гароид.21 ноябри ҳамон сол бо дастури Тошканд пойгоҳи низомии Амрико дар Хонобод таътил шуд. Бо руи кор омадани Барак Обама Вашингтон ва Тошканд бар он шуданд, ки дар равобити худ бознигарй кунанд, амре ки авзои минтақа заминаҳои онро фароҳам намуд.
Ҳамакнун ба назар мерасад, ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд бар ин умеданд, ки Вашингтон дар масъалаи чанчолбарангези истифода аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи марказй аз манофеи онҳо дифоъ хоҳад кард. Дар ин замина Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба таври расмй эълом кард, ки аз манофеи Узбакистон дифоъ мекунад. Аммо имзои қарордод миёни Русия ва Қирғизистон дар мавриди сохтани неругоҳи Қамбарота, эътимоди Тошкандро ба садоқати Маскав ба таври камсобиқа коҳиш дод.Точикистон низ пас аз амалй нашудани ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларии Русия дар иқтисоди ин кишвар, дигар ба ваъдаҳои Маскав эътимоде надорад. Ба иборати дигар дар айни ҳол шароит ба нафъи Амрико пеш меравад. Аммо набояд нодида гирифт, ки Маскав ҳаргиз ҳозир нахоҳад шуд кишвари дигаре, ба вижа Амрико дар он чи ки минтақаи суннатии нуфузи худ медонад, чойи по пайдо кунад. Аз ин ру минтақаи Осиёи Марказй обистани иқдомоти чавобии Кремл аст, ки дар ояндаи на чандон дур шоҳиди натичаҳои он хоҳем буд.

Ғарб дар ботлоқи Афғонистон


Рузи якшанбеи 7 феврал дар конфронси амниятии Мюнхен раиси чумҳурии Афғонистон, ки дар бораи мушкилоти амниятии кишвараш сухан мегуфт, хабар дод, ки дар ростои тақвияти артиши миллй дар назар дорад хидмати сарбозиро барои ҳамаи шаҳрвандони афғон ҳатмй намояд. Ҳомиди Карзай бо ишора ба ин ки бояд ба тадрич умури амниятии кишвар ба неруҳои бумй вогузор шавад, таъкид кард, ки уҳдадории низомии шаҳрвандон имкон хоҳад дод, камбуди неру дар сохторҳои артиш рафъ шавад.

Албатта ин ибтикори раиси чумҳури Афғонистон баргирафта аз авзои дохилии ин кишвар аст, ки тайи чаҳор даҳсола бо чангу хунрезй ҳамроҳ будааст. Аммо шароити кунунии Афғонистон ичрои чунин иқдомеро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст, зеро беэътимоди мардум ба давлати Кобул ва нотавонии ин давлат дар таъмини амнияти шаҳрвандон боис шудааст, ки шаҳрвандони Афғонистон камтарин мушорикатро дар барномаҳои давлат дошта бошанд. Ҳарчанд қабл аз нишасти Мюнхен дар канфронси Ландан барномаҳое дар ростои тақвияти давлати марказии Кобул дар назар гирифта шуд, аммо меконизми ичрои ин барномаҳо, ки такрори нишастҳои номуваффақи қаблй аст,умеди амалй шудани ин барномаҳоро беш аз ҳар замони дигаре заъиф кардааст.
Аз суи дигар Ғарб дар расидагй ба мушкилоти Афғонистон, ё саҳеҳтар бигуем, барои раҳои аз ботлоқи Афғонистон дучори сардаргумй аст ва дар ҳоле, ки Амрико талош дорад ҳузури низомии худ ва муттаҳидонашро дар он кишвар тақвият кунад, масъалаи пуштибонй аз неруҳо бо мушкилоти фаровоне мувочеҳ шудааст. Қарори маълум, дар пайи ташаннучи авзоъ дар Покистон, ки масири аслии интиқоли тачҳизоти зарурй барои неруҳои ғарбии мустақар дар Афғонистон буд, давлатҳои ғарбй ба саркардагии Амрико ру ба кишварҳои ҳамчавор дар Осиёи Марказй оварданд, то амалиёти пуштибонй аз неруҳои худ дар манотиқи мухталифи Афғонистонро анчом диҳанд. Кишварҳои Осиёи Марказй, ки ба таври суннатй дар вобастагиҳои мушаххасе аз Русия қарор доранд, ҳарчанд ҳозир ба ҳамкорй шудаанд, аммо ба бовари ғарбиҳо ин раванд метавонад ҳар лаҳза халалдор шавад.Яъне ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказй дар бисёр ҳолатҳое ба наҳваи равобит миёни Амрико ва Русия бармегардад, амре ки эътимоди Ғарб ба садоқати кишварҳои ин минтақаро заъиф кардааст. Ба вижа ҳузури наёфтани Узбакистон дар конфронси Ландан кишварҳои ғарбиро ба ин натича расонд, ки ба фикри масирҳои чойгузини таронзити тачҳизоти мавриди ниёз ба Афғонистон бошанд. Дар ҳамин росто гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавзуи таронзити коло ва муҳимоти пуштибонй аз неруҳои низомии ғарбии мустақар дар Афғонистон аз тариқи Чинро дар дастури баррасй қарор додааст. Мақомоти амрикойи эҳтимоли истифода аз бандарҳои Русия дар Шарқи дурро низ дар чорчуби ҳамин барнома қарор додаанд. Албатта Вошингтон ба масъалаи мушорикат додани Чин дар масоили Афғонистон эҳтиёткорона амал мекунад, зеро Чинро аз рақибони сарсахти худ дар минтақа медонад.Мақомоти амрикои эътироф кардаанд, ки бо вучуди ҳамкориҳои Тошканд дар чиҳати интиқоли коло ва муҳимот ба Афғонистон, бюрократияи мавчуд дар сохторҳои ин кишвар , ҳамчунин ришвахорй ва худхоҳии масъулон узбак онҳоро хаста кардааст. Коршиносон ва мутахассисони амрикойи мегуянд, дар роҳ ба Афғонистон мушкил сари мавзуи расидан ба Осиёи Марказй нест, балки мушкили аслй гузаштан аз қаламрави Узбакистон аст.

Мақомоти узбак дар мавриди мушорикат накарданашон дар нишасти Лондон ҳеч гуна ибрози назаре накарданд, аммо бо таваччуҳ ба амалкарди Узбакистон дар қиболи масоили Афғонистон, ин андеша тақвият мешавад, ки ин иқдоми Тошканд дар ростои бочхоҳиҳои навбатии Узбакистон аз кишварҳои дахлдор дар масоили Афғонистон сурат гирифтааст. Аммо воқеият ин аст, ки дар шароити кунунии Осиёи Марказй, ки тақрибан ҳамаи кишварҳо талош доранд аз мушорикат дар барномаҳои ғарбии марбут ба Афғонистон суд бибаранд, шанси Узбакистон дар ин замин чандон зиёд нест. Аз суе, гуфта мешавад, ки нодида гирифта шудани пешниҳоди Ислом Каримов дар мавриди тачдиди фаъолияти гуруҳи ҳамсоягони Афғонистон бо номи гуруҳи 6+2 (Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон,Чин, Покистон, Туркманистон, Русия, Амрико),иллати ҳузур наёфтани намояндаи Узбакистон дар конфронси Лондон мебошад. Аммо бо таваччуҳ ба ин ки ҳамзамон бо баргузории нишасти Лондон (28 январ)дар яке аз сойтҳои интернетии марбут ба ҳукумати Узбакистон иттилоия дар мавриди қарори Ислом Каримов таҳти унвони «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» ба табъ расид, чунин бармеояд, ки адами ҳузури намояндаи Узбакистон дар конфронси Лондон як худнамойии дигар аз тарафи раиси чумҳури Узбакистон буд. Асли қазия он аст, ки давлати Тошканд ба ҳамкориҳо бо Ғарб дар чорчуби масоили Афғонистон аҳамияти зиёде қоил аст.Зеро ин ҳамкориҳо ба Тошакнд имкон медиҳанд, ки стротегияи нуфузи худ дар шимоли Афғонистонро осонтар пайгирй кунад.Додани ичозатномаи сохти роҳи оҳан аз бандари Хайратон то Мазори Шариф ба Узбакистон, натичаи ҳамин ҳамкориҳои ин кишвар бо Амрико будааст.

Аз баррасии масоили Афғонистон ва наҳваи расидагии кишварҳои ғарбй ба ин масъалаҳо бармеояд, ки аслитарин ҳадафи ишғоли ин кишвар на кумак ба мардуми Афғонистон, балки аз байн бурдани рақибони худ дар минтақа ва тасарруфи манобеъ ва сарватҳои бештар мебошад. Гузоришҳои мақомоти расмии давлати Кобул дар мавриди истифода аз кумакҳои башардустона ва сармоягузориҳои кишварҳои ғарбй дар Афғонистон баёнгар аз он аст, ки бахши аъзами ин кумакҳо барои ба истилоҳ умури ташрифотии ниҳодҳои байналмилалии воқеъ дар Афғонистон харч мешавад. Ин умури ташрифотй иборит аст аз ичораи дафтарҳо, хариди мошинҳои люкс, маъмуриятҳои заруру нозарур ва ҳуқуқи кормандони ин ниҳодҳо. Дар ин маврид ҳатто дар порлумони Афғонистон борҳо баҳсҳо матраҳ шудаанд.Ҳамин масъала боис шудааст, ки мардуми Афғонистон ва нухбагони сиёсию фарҳангии ин кишвар ба натоичи конфронсҳое назири канфронси Лондон ба дидаи шак ва шубҳа нигаранд.Ба илова, тарҳи чадиди Ғарб дар мавриди музокира бо толибони муътадил ва чудо кардани 500 миллион доллар ба ин манзур, ин ақидаро тақвият кардааст, ки чанг бо толибон баҳонае барои ишғоли Афғонистон тавассути Ғарб будааст ва акнун бо мушорикат додани гуруҳе аз толибон дар корҳои идоракунии Афғонистон, Ғарб қасад дорад зимни эчоди нифоқ дар сафҳои ин гуруҳи иртичойи, заминаи сирояти нооромиҳо ба кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистонро фароҳам намуда, барномаҳои роҳбурдии худ дар ростои ғорати миллатҳоро дунбол кунад.
Аммо он чй ба барномаи давлати Карзай дар заминаи ҳатмй эълом кардани хидмат дар артиш барои чавонони ин кишвар бармегардад, дар чорчуби барномаест, ки тибқи он то соли 2011 теъдоди неруҳои артиши Афғонистон ба 171 ҳазор ва пулиси ин кишвар ба 134 ҳазор афзозоиш хоҳад ёфт. Бо ин ҳол беэътимодии мардуми Афғонистон ба давлати ин кишвар, ичрои ин барномаро ба амре ғайриқобили ичро табдил кардааст, ки ҳосили он фирори бештари мардуми ин кишвар ба хорич хоҳад буд. Амре ки хонаводаҳои афғон дар ростои ҳифзи чони фарзандони худ анчом хоҳанд дод. Зеро барои аксари кулли мардуми Афғонистон маълум нест, ки дар кишварашон ин ҳама чангу куштор ба хотири кй ва чй ҳаст?