Hуфузи иттилоотии Узбакистон дар кишварҳои ҳамсоя

Гузоришҳои мунташира аз Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки Узбакистон дар чорчуби барномаҳои стротегии худ ба истилоҳ «таҳочуми иттилоотй» ба ҳамсоягонро густариш додааст. Бар асоси тахкикоти коршиносони киргиз, давлати Тошканд бо истифода аз адами пушиши иттилоотии манотиқи ҳаммарз тавассути шабакаҳои радио — телевизионии кишварҳои ҳамсоя, бо тақвияти фиристандаҳо амвочи телевизионии шабакаҳои саросарии Узбакистонро ба осонй дар ин манотиқ пахш ва сиёсатҳои худро ба гунае эхсос нашаванда тахмил мекунад.Ин фиристандаҳо ба ҳадде қавй ҳастанд, ки ҳатто пахши барномаҳои телевизионии Точикистон ва Қирғизистонро дар манотиқи марзии ин кишварҳо ба мушкил мувочеҳ кардаанд.Аз ин чост ки мардуми ноҳияҳои ҳаммарз бо Узбакистон новобаста аз майлу иродаи худ барномаҳои телевизионии Узбакистонро тамошо мекунанд.Ин дар ҳолест, ки ду кишвари Точикистон ва Қирғизистон ба далели надоштани имконот, тавони пахши барномаҳои телевизионии худ дар манотиқи дурафтодаро надоранд.Ва хамин мавзуъ боис шудааст, ки кишвари хамсоя вориди амал шавад.
Бар асоси оморҳои замони Шуравй дар Қирғизистон узбакҳо ҳудуди 14 дарсади чамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.Узбакҳои Қирғизистон умдатан дар чануби ин кишвар ва чудо аз дигар манотиқи маскунй зиндагй мекунанд.Риштакуҳҳои Тён Шон, ки ин манотиқро иҳота кардаанд, ба унвони садде дар баробари амвочи телевизионии шабакаҳои Қирғизистон маҳсуб мешаванд.Аз суе узбакҳои Қирғизистон ба далели каммуҳтавойии барномаҳои қирғизй, тамоили чандоне ба шунидан ва дидани барномаҳои радио — телевизионии Қирғизистон надоранд ва ҳамеша барноамҳои Узбакистонро афзалият медиҳанд.Чунин вазъ дар Точикистон низ ба мушоҳида мерасад, ба гунае ки дар бозорҳои шаҳри Хучанд, навору СД-ҳои овозхонони узбак таблиғ мешаванд ва таронаҳои узбакй баландтар аз таронаҳои точикй садо медиҳанд.


Бар асоси оморҳои расмии мунташира, дар Қирғизистон 69 рустои дурафтодаи ин кишвар аз дарёфти барномаҳои телевизионии Бишкек маҳруманд.Мақомоти Бишкек аз он бим доранд, ки Узбакистон бо нуфуз дар фазои иттилоотии навоҳии ҳаммарз, сиёсатҳои худро ба шаҳрвандони Қирғизистон таҳмил ва заминаи султаи худ дар қаламрави ҳамсоягонро фароҳам кунад. Ин масъала дар шароите, ки сохтани неругоҳҳои барқи обй дар рудхонаи Норин муносиботи Бишкек — Тошкандро таҳти шуъо ва ду кишвари ҳамсояро дар муқобили ҳам қарор додааст, бештар аҳамият касб намудааст.Ин эҳтимол тақвият шудааст, ки Узбакистон аз ақалияти узбактабори Қирғизистон дар ростои мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳи Қамбарота истифода кунад, амре ки метавонад водии Фарғонаро ба конуни низоъҳои қавмй дар минтақа табдил кунад.Бо дарки чунин хатаре дар порлумони Қирғизистон масъалаи тачовузи иттилоотии Узбакистон ба манотиқи ҳаммарзи ин кишвар чандин бор мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Дар Қирғизистон ин воқеиятро эътироф мекунанд, ки сифати барномаҳои телевизионии Тошканд беҳтар аз барномаҳои телевизиони Бишкек аст, аз ин ру масъулони қирғиз бар он шудаанд, ки ин нуқсонро рафъ кунанд.Аммо дар мархалаи кунунй давлати Бишкек аз имконот ва зарфиятҳои лозим барои муқобила бо он чи ки «тачовузи иттилоотии Узбакистон» унвон мешавад, бархурдор нест.
Баррасиҳо нишон медиҳанд, барномаҳои телевизиони Узбакистон то чое бар афкори умумии чавомеи манотиқи ҳамчавор таъсир кардаанд,ки имруз кудакони хонаводаҳои узбаки муқими Қирғизистон Исалом Каримовро ба унвони раиси чумҳури худ мешиносанд.Дар соли 2001 Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар гузорише «тачовузи иттилоотии Узбакистон»-ро таҳдиде чиддй ба амнияти миллии кишвар арзёбй ва давлатмардони Бишкекро даъват намуд дар баробари ин таҳдид чораҳои фаврй андешанд.Дар ин гузориш ишора шуда буд, ки надоштани дастрасии аҳолии манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон ба расонаҳои марказй, мардумро дар инзивои иттилоотй қарор додаст ва ин амр арсаро барои расонаҳои фурсатталаби кишвари ҳамсоя боз намудааст.
Тибқи оморҳои чанд соли қабл дар Точикистон ҳудуди як миллион нафар узбак зиндагй мекунад, ки бахши умдаи онҳо дар шимоли кишвар, дар устони Суғд, ҳамчунин дар навоҳии ҳамчавори чануб, назири Шаҳритус, Кубодиён ва Турсунзода мустақар ҳастанд.Баъд аз касби истиқлоли Точикистон ва оғози чанги таҳмилии шаҳрвандй, теъдоди қобили таваччуҳе аз узбактаборони Точикистон ба Узбакистон муҳочират карданд.Аммо аксари ин муҳочирон таҳти фишори мақомоти маҳаллии узбак ба Точикистон боз гаштанд.Бархе аз доираҳои коршиносии Гарб ин иқдоми Узбакистонро дар ростои аҳдофи стротегии давлати Тошканд дар минтақа арзёбй карданд, ки тавсаъаи нуфуз ва чойгоҳи забону фарҳанги узбакй аз он чумла аст.Хануз дар замони Шуравй заъфи барномаҳои радио — телевизионии Душанбе дар таҳти пушиш қарор додани манотиқи дурафтодаи кишвар машҳуд буд ва фақат 80 дарсади қаламрави Точикистон аз дарёфти амвочи радио ва ба вижа телевизиони марказй бархурдор буд.Имруз низ ин вазъ беҳбуди чандоне пайдо накардааст ва манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон умдатан барномаҳои телевизионии Тошкандро тамошо мекунанд.Агар аз як су тасвирҳои ношаффофи барномаҳои телевизиони марказ омили ин амр тавсиф шавад, аз суи дигар сифатии пойини барномаҳои телевизионҳои маҳаллй ва марказии точик шаҳрвандони узбак ва ҳатто ғайриузбаки ин кишварро ба тамошои барномаҳои телевизиони Тошканд ташвиқ кардааст.Назарсанчиҳои ичмолй баёнгар аз он аст, ки филмҳои дублашуда ва барномаҳои пурмуҳтавои телевизиони Узбакистон, ба вижа барои кудакон ва чавонон омилони аслии чалби таваччуҳи мардум ба ин шабакаҳо ҳастанд.
Нуктаи чолиб дар масъалаи тамошои барномаҳои телевизионй он аст, ки ҳам дар Қирғизистон ва ҳам Точикистон узбактаборони ин кишварҳо ба он гунае ки мебояд, худро шаҳрвандони ин кишварҳо эҳсос намекунанд ва як дилбастагии ниҳоние ба Узбакистон ба унвони ватани аслиашон доранд. Дар пойтахти Точикистон, дар аксари фурушгоҳҳое, ки соҳибонашон узбак ҳастанд ба таври ғайримустақим ва ғайри қобили эҳсос метавон ба ин вокеият пай бурд ва узбактаборони муқими Душанбе тамоили чандоне ба иттилорасонии васоити ахбори Точикистон надоранд, ниёзи худ дар ин заминаро тавассути моҳвора ва бо тамошои барномаҳои шабакаҳои туркй ва узбакй бароварда мекунанд.Чунин вазъе дар Қирғизистон низ ба мушоҳида мерасад.
Барномаҳои телевизиони Узбакистон дар шароите ба фазои иттилоотии Қирғизистон ва Точикистон соя афкандаанд, ки бино ба арзёбиҳои ниҳодҳои байналмилалй, васоити ахбори умум дар Узбакистон таҳти назорати шадиди давлат буда, кучактарин интиқод ва эътироз дар нутфа саркуб мешавад.Аз арзёбиҳои анчомшуда бармеояд, ки хадамоти махсуси давлати Тошканд дар як барномарезии дарозмуддат тасаллут бар фазои иттилоотии минтақаро дар дастури кор қарор додааст, то аз ин тариқ роҳаттар ба хостаҳои худ даст ёбад ва иттилорасониро ба гунае ки манфиатҳои Узбакистон тақозо мекунад, ба роҳ монад. Дар ҳамин робита як манбаи наздик ба сохторҳои амниятии Точикистон, ки аз зикри номаш худдорй кард, иброз дошт,теъдоди қобили мулоҳиза аз афроде, ки ба иттиҳоми узвият дар ҳаракати исломии Узбакистон дар Қирғизистон ва Точикистон боздошт шудаанд, бо сохторҳои амниятии Узбакистон хамкорй доранд.
Бо таваччуҳ бапай омадҳои ногувори нуфузи иттилоотии кишвари ҳамсоя давлати Бишкек аксуламалҳое нишон дода, барноами муқобила бо ин падидаро руи даст гирифтааст. Аммо дар Точикистон зоҳиран ба ин мавзуъ аҳамияти чандоне намедиҳанд.Албатта расонаҳои ин кишвар борҳо дар ин замина ҳушдорҳое додаанд, вале вокунишҳои ончуноние дар қиболи ин ҳушдорҳо ба амал наомадааст