Осиёи Марказй ва бист соли амалкарди Русия

Рузи 25 декабри соли 1991 Михаил Горбачев, аввалин ва охирин раиси чумҳури Иттиҳоди Шуравй ба таври расмй эълом кард, ки аз ин ба баъд давлате бо номи СССР(Иттиҳоди чамоҳири сотсиалистии Шуравй) вучуд надорад.Албатта ин абарқудрат хеле пештар аз ин, рузи 8 декабр фуру пошида буд ва дар ин руз сарони се чумҳурии Русия, Белорус ва Украина бо имзои санаде қарордоди соли 1922 ро, ки сароғози таъсиси Иттиҳоди Шуравй буд, бекор ва таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақилро эълом карда буданд.

Рузи 21 декабри дар Алмаато, пойтахти пешини Қазоқистон сарони ҳашт чумҳурии Арманистон, Озарбойчон, Қазоқистон, Қирғизистон, Точикистон,Туркманистон, Узбакистон ва Молдова дар як нишасте ба паймони сечонибаи Русия, Белорус ва Украина ҳамроҳ шуданд. Каме дертар, дар рузҳои поёнии декабр Гурчистон низ ба ин паймон ҳамроҳ шуд.Ба ҳамин тартиб абарқудрате бо номи Шуравй аз нақшаи чаҳон ғайб зад.Имсол аз ин руйдоди муҳими даҳаи поёнии қарни 20 бист сол сипарй шуд ва тайи ин муддат Русия ҳамвора талош кард, то ба ҳар василаи мумкин нуфуз ва чойгоҳи худ дар ин қаламрави азимро ҳифз кунад, аммо воқеият ин аст, ки Маскав дар расидан ба ин ҳадаф муваффақ набудааст.Ин бемуваффақиятии Русия бо вуруди бозигарони чадид аз ғарбу шарқ ба қаламрави Шуравии собиқ, такмил шудааст.Имруз дар қаламрави абарқудрати собиқ ниҳодҳои мухталифе амал мекунанд, ки умдатан таҳти мудирияти Русия қарор доранд ва ҳама дар ростои ҳифзи ҳамгаройи миёни ба истилоҳ чумҳуриҳои дар гузашта бародар таъсис шудаанд. Аммо фаъолияти ин ниҳодҳо то кунун натавонистааст он интизоротеро ки муассисон дар оғози таъсис доштанд, бароварда кунад.Ин амр сабабҳои мухталифе дорад, ки ба назар мерасад аслитарини он адами барномаи дақиқ ва мунсачими Маскав дар амри тақвияти ҳамгаройи миёни чумҳуриҳои собиқи Шуравй, аст.Аз суи дигар, гузашти 20 сол собит намуд ки аксари давлатмардони Русия ҳануз наҳваи бархурд бо давлатҳои истиқлолёфта аз Шуравиро намедонанд ва мавқеи зургуйии онон акнун гуши шунаво надорад ва бар фосила миёни Маскав ва ин кишварҳо меафзояд, ки дар айни ҳол шоҳиди он ҳастем. Агар амалкарди Русия дар мавриди ҳифзи ҳамгаройи дар қаламрави Шуравии Собиқ мавриди арзёбй қарор гирад, мебинем ки Маскав бидуни ҳеч барнома ё пажуҳише, бар асоси ҳамон меъёрҳои замони комунистй равобит бо чумҳуриҳои ин қаламравро дунбол кардааст.Дар ин миён Маскав ҳеч омодагие барои муқобила бо вуруди рақибон ба маҳдудаи чуғрофиёи Шуравй надошт ва чун худ низ дар гири мушкилоти дохилй буд, натавонист аз ба истилоҳ тачовузи қудратҳои шарқу ғарб ба он чи ки қаламрави суннатии нуфузи худ мегуфт, дифоъ кунад.

Дар моҳи августи соли 2008 вақте ки бар сари баҳси истиқлолияти Осетиёи чанубй, Русия ба Гурчистон ҳамлаи низомй кард, шарикони Маскав дар қаламрави Шуравии собиқ ба фикри бозтаърифи равобити худ бо Русия бар омаданд.Ин амалкарди Маскав собит намуд, ки Русия дар пайи дифоъ аз манофеи худ, ҳатто ба шарикони қадимиаш ҳам гузаште нахоҳад кард.Узбакистон бештар аз дигар кишварҳои пасошуравй дарси равобит бо Кремлро хонд ва он гуна рафтор кард, ки Маскав дар қиболи Тошканд анчом медод.Яъне давлати Тошканд дар равобит бо Русия аз ҳамон масире гом бардошт, ки Маскав мепаймуд:қарордодҳо бо Маскав имзо мекард, аммо бо таваччуҳ ба манофеи худ, барои ичрои он қарордодҳо амал мекард.Хосили чунин рафтор аст, ки имруз Узбакистон камтар вобастагиҳое ба Маскав дорад ва дар ҳамкорй бо Ғарб низ манофеи зиёде касб кардааст.Казияи халабонҳо миёни Русия ва Точикистон охирин намуна аз зургуйии Маскав дар қиболи шарикони худ дар қаламрави Шуравии собиқ буд.Дар ин фароянд амалакарди Русия тасдиқи ин ҳақиқат буд, ки Точикистонро ба унвони давлати соҳибистиқлол қабул надорад.Зеро дар мавриди ба ин монанд, ки шаҳрванди Русия ба чурми нақзи қонун дар Амрико маҳкум шуд, ё дигар шаҳрванди ин кишвар дар Чин маҳкум ба қатл шуд, кучактарин вокунише нишон надод.Дар чун вазъе сиёсатмадорони рус қасд доранд иттиҳоди чадиде бо номи Авруосиё таъсис диҳанд, ки баробарии ҳамаи кишварҳои узвро танзим ва тазмин кунад.Агарчй дар нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Маскав(20 декабри соли 2011) ҳамаи сарони кишварҳои ширкаткунанда ризояти худро дар мавриди таъсиси Иттиҳодияи Авруосиё эълом карданд, аммо бояд мунтазир монд, ки амалкарди онҳо дар қиболи ин паймон чй гуна хоҳад буд.Зеро ончй Русия ба кишварҳо дар чорчуби ин ниҳоди дар ҳоли таъсис ваъда дода, Гарб ба саркардагии Амрико дар ҳоли ичрои он аст.Аз суи дигар имруз кишварҳои минтақа эътимоди даҳ соли қабл бо Русияро надоранд.Ба илова, дар канори давлатҳо, миллатҳо низ ба сиёсатмадорони русй беэътимод шудаанд, зеро ниҳодҳои таҳти сарпарастии Маскав натавонистаанд оддитарин интизороти ин чомеъаҳоро бароварда кунанд.Ба унвони намуна ҳануз яке аз масоили доғ дар равобити Маскав бо кишварҳои Осиёи Марказй — сарнавишти муҳочирони корй, ки Русия бештарини судро аз онҳо мебарад, ҳалнашуда боқй мондааст ва мақомоти Кремл ҳозир нестанд ин равандро дар чорчуби қонунҳо танзим кунанд.Хамчунин неруҳои ислоҳталаби Осиёи Марказй аз бархурди Маскав ба хостаҳои онон дилсард ва ноумед шуданд ва дигар қаламрави Русияро макони амне барои фаъолиятҳои зиддидиктатории ҳокимонашон намедонанд.Тайи солҳои охир Русия дар чорчуби муомилаҳои сиёсй, борҳо мухолифони давлатҳои Осиёи Марказиро ба кишварҳояшон истирдод кардааст.

Гузашти бист сол аз фурупошии Шуравй собит намуд, ки Маскав ҳеч барномае барои ҳамкорй бо кишварҳои қаламрави Шуравй надоштааст ва ҳануз ҳам чунин барномае таҳия нашудааст. Сиёсатмадорони рус умдатан бар пояи авзои мавчуд дар ин ё он кишвар, ки аз тариқи расонаҳо огоҳ мешаванд, ё худ чунин вазъеро шакл медиҳанд, наҳваи равобит бо он кишваррро таъриф мекунанд, амре ки нокомии он ниёз ба санаде надорад.Имруз бархе таҳлилгарони рус иддаъо мекунанд, ки бо аз қудрат рафтани Назарбоев дар Остона ва Каримов дар Тошканд, фурупошии давлатҳо дар Осиёи Марказй оғоз хоҳад шуд.Хамин таҳлилгарон давлатҳои кунунии Осиёи марказиро ҳукумати хонаводаҳо бар миллатҳо медонанд ва мегуянд дар Казоқистон хонавода ва наздикони Назарбоев, дар Узбакистон хонавода ва пайвандони Каримов ва дар Точикистон Раҳмон ва хешу табораш бо ном давлатҳое ташкил кардаанд ва фақат ба фикри сарватчамъкунй мебошанд. Рузи 12 декабр дар Маскав мизи гирде бо ҳузури коршиносони рус баргузор шуд, ки дар он бурду бохтҳои сиёсати Русия дар Осиёи Марказй мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Аксари таҳлилгарон бар ин нукта таъкид доштанд, ки Маскав ҳеч барномае дар мавриди муносибат бо кишварҳои ин минтақаи муҳимро надорад ва бархурди ҳануз комунистгунаи мақомоти Маскав бо давлатҳои соҳибистиқлол чуз сардии равобити ин кишварҳо бо Русия, ҳосиле ба ҳамроҳ надоштааст.Амалкарди Русия дар қаламрави Шуравии собиқ баёнгар аз ин воқеият аст, ки Маскав талош кардааст бе харч ва дар ҳолатҳое бо истифода аз зур ва  фишор, ба хостаҳои худ даст ёбад.Хамин амр, ки мо шоҳиди он дар рафтори Русия дар қиболи Точикистон ва Кирғизистон будем, боиси нокоми сиёсатҳои Маскав дар Осиёи Марказй шудааст.Имруз Амрико бо истифода аз ҳамин заъфи сиёсатгузориҳои Кремл ва бо харочоти ҳангуфте тавонистааст дар Осиёи Марказй нуфуз кунад ва манофеи Русияро ба таври мустақим таҳдид кунад.Дар арсаи байналмиллал низ Русия дар баробари Амрико кам овардааст ва Вошингтан Маскавро ҳаргиз ба унвони абарқудрате қабул надорад. Нотавонии Русия дар нақшофарини дар таҳаввулоти Ховари Миёна далеле бар ҳамин гуфтаҳост.Дар чунин шароите Владимир Путин бо барномарезиҳои густарда қасд дорад ба кохи Кремл бозгардад ва чойгоҳи Русияро дар арсаи чаҳонй эҳё ва бозсозй кунад.Тарҳи эчоди Иттиҳодияи Авруосиё аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.Аммо акнун авзоъ дар минтақа ва чаҳон тағйир кардааст ва  дар Осиёи Марказй низ ба Маскав беэътомодй дар ҳоли ташдид шудан аст.

Қазоқистон ва имтиҳоне ғайримунтазира

Рузи 16 декабр, дар рузи бистумин солгарди истиқлоли Қазоқистон шаҳри Жанаозени ин кишвар ба майдони даргириҳо миёни нафтчиёни муиътариз ва неруҳои интизомй табдил шуд.Бар асоси гузоришҳо теъдоди кушташудагон дар ин беназмиҳо аз 11 нафар то 70 нафар эълом шудааст.Холмуҳаммад Қосимов, вазири кишвари Қазоқистон дар охорин мусоҳибаи худ(18 декабр) шумори кушташудагонро 11 нафар ва захмиёнро 80 нафар эълом кард ва тазаккур дод, 70 тани дигар боздошт шуданд.Вай афзуд дар миёни захмиҳо 6 тан аз неруҳои пулис низ ҳастанд.Ин дар ҳолест, ки Айнур Курманов, раҳбари ҳаракати сотсиалистии Қазоқистон дар суҳбат бо хабарнигорон теъдоди куштаҳоро 70 тан эълом ва гуфтааст 3 маъмури пулис низ кушта шуданд.Ин мухолифи давлати Остона теъдоди захмиҳоро 500 нафар эълом ва таъкид кардааст, сохторҳои интизомии Қазоқистон барои фаъолони ин эътирозот парвандаҳои чинойи ифтитоҳ кардаанд. Дар ҳоле ки гузоришҳои бархе расонаҳо аз густариши нооромиҳо ба дигар шаҳрҳо аз мунташир шудааст, вазири кишвари Қазоқистон дар як мусоҳибаи телевизионй иброз дошт ки ба беназмиҳо поён дода шуда, шаҳр таҳти назорати комили мақомоти давлатй қарор дорад ва зиндагии одди ба шаҳр боз гаштааст.Ин мақоми қазоқ афзуд омили аслии нооромиҳо коргарони барканоршуда буданд, ки юниформҳои қирмиз бо навиштачоти «Казмунайгоз» пушида буданд. Асхат Доулбоев, додситони кулли Қазоқистон дар мавриди омилони беназмиҳо гуфт, ба издиҳоме ки барои тачлил аз 20 умин солгарди касби истиқлоли кишвар дар майдон гирди ҳам омада буданд, гуруҳи арозилу авбош ҳамла карданд ва иқдом ба зарбу лати мардум карданд. Додситон афзуд, ин афрод ба ҳушдорҳои пулис дар мавриди мутаваққиф кардани беназмиҳо таваччуҳ накарданд ва автобус, меҳмонхона ва дигар идороти давлатиро ба оташ кашиданд ки пулис мачбур ба бархурди чиддитар бо ин афрод шуд. Дар шароите ки дар бораи омилони ошубҳои ахири шаҳри Жанаозен ва теъдоди осебдидагони ин ҳаводис ахбори зидду нақиз мунташир мешавад, бархе сойтҳои интернетии мустақил ва нимарасмй аз даст доштани «хоричиён» дар ин беназмиҳо парда бардоштанд.Бар асоси матолиби ин манобеъ қабл аз вуқуъи нооромиҳо афроди хоричй, ки гуфта мешавад аз сафорати Амрико дар Остона, пойтахти Қазоқистон буданд, ба ин шаҳр омаданд ва бо муътаризон музокироте анчом доданд.Албатта дар мавриди он ки ин афрод амрикойи буданд ё хайр, дидгоҳҳо мутафовутанд, аммо нуктаи иштирокашон он аст, ки ин афрод бо англисй возеҳ ҳарф мезаданд ва суҳбатҳои тулоние бо коркунони норозй доштанд.Дигар мавзуе ки дар матолиби ин сойтҳо чалби таваччуҳ мекунад, он аст, ки оғозгари беназмиҳо на муътаризон, балки гуруҳҳои мусаллаҳе буданд, ки ҳувияташон мушаххас нест.Ҳамин манобеъ мегуянд, руйдодҳои ахири Қазоқистон сенориёи Амрико ба манзури аз саҳанаи сиёсй дур кардани Назарбоев аст ва ин як тамринест, ки хадамоти вижаи Амрико бо нусхабардории бархе маворид аз таҳаввулоти ахири кишварҳои арабй, онро ба озмоиш гузоштаанд.Дар идомаи ҳамин дидгоҳ ба даст доштани Туркия низ дар ин сенариё ишора мешавад.Мақомоти расмии қазоқ дар ин минтақа низ даст доштани коркунони муътариз дар беназмиҳоро қотеъона рад ва таъкид карданд, дар рузи чашни истиқлол як чанги воқей ба вуқуъ пайваст ва дар муқобили неруҳои интизомй чангиёни касбй қад алам карданд.Сохторҳои марбутаи қазоқ дар мавриди ин ки чангиёни омузишдида аз кучо вориди ин шаҳр шудаанд, мегуянд ин минтақа аз чануб бо Узбакистон ҳаммарз аст ва чуз аз қаламрави ин кишвар, маҳали дигаре барои вуруди ниманизомиён вучуд надорад. Бо таваччуҳ ба ин ки чанде қабл вазири хоричаи Амрико дар Тошканд буд ва раиси чумҳури Узбакистон аз Иттиҳоди Авруосиё, ки мубтакири аввалияи он Нурсултон Нзарбоев аст, шадидан интиқод карда буд, гузоришоте ба ёд меоянд, ки бархе сойтҳои маҳаллй дар шаҳри Жанаозен мунташир карданд.Пушида нест, ки ҳамсуйии Қазоқистон бо Русия дар тақвияти ҳамгароиҳои минтақайи ва кутоҳ кардани дасти хоричиён , ба вижа Амрико аз дахолат дар муодилоти минтақайи хушоянди Вашингтон нест ва Тошканд низ аз нақши раҳбарии Остона дар Осиёи Марказй нороҳат аст. Бо ин ҳол нигоҳе ба воқеиятҳои чомеаи Қазоқистон баёнгар аз ин аст ки дар ин кишвари сарватманди Осиёи Марказй низ мушкили аслй ҳамон ҳокимияти тулонии як нафар бар кишвар аст.Нурсултон Назарбоев, ки аз замони касби истиқлоли Қазоқистон раҳбарии ин кишварро бар уҳда дорад, тақрибан аз ҳамон масире рафтааст, ки дигар ҳокимони ба истилоҳ модом ул умри Осиёи Марказй, рафатаанд.Яъне ҳар бор бо баргузории ҳамапурсй, ё ворид кардани тағйир дар қонуни интихобот, замони раёсати худро тамдид кардааст, бо ин тафовут ки чунин амалкради у камтар бо мухолифатҳои дохилй мувочеҳ будааст.Инак ба назар мерасад, ки таҳти таъсири таҳаввулоти байналмилалй ва албатта таҳрики бархе доираҳо, норозиёни ин кишвар низ даст ба иқдом шудаанд.Он чи ба норизоятии коркунони бахши нафт бармегадад он аст ки омили аслй касби даромадҳои ҳосил аз фуруши нафт аст.Агарчи дар Қазоқистон низоми мутамаркази идораи кишвар ҳоким аст, аммо дар маҳаллҳо ҳамзамон бо волии вилоятҳо, ки раиси чумҳур таъин мекунад, афроди сарватманд низ дар умури идорй нуфуз доранд.Дар ҳоле ки волиён меоянду мераванд, аммо афроди сарватманди маҳаллҳо боқй мемонанд ва таъсири онҳо дар маҳалҳо бештар аз таъсири волиҳое аст ки барои як давраҳои 3-5 сола мансуб мешаванд.Дар Жанаозен ҳамин омил дар шаклгирии эътирозҳо то ҳадди зиёде таъсиргузор буд, албатта дастҳое низ дар таҳрики афрод ба хушунатҳо даст нақш доштанд. Агарчй бо фармони раиси чумҳури Қазоқистон дар Жанаозен то 5 январ вазъи фавқулодда эълом шуда, аммо хабарҳои расида баёнгар аз идомаи эътирозоти коркунони нафт дар ин минтақа аз Қазоқистон аст.Барои баррасии ҳаводиси ахир кумиссиюни вижа ба шумули адибони саршинос ва шахсиятҳои ҳизбй таъсис шуда, рузи 21 декабр ба маҳалли ҳаводис рафт.Дигар нуктаи чолиб дар ҳаводиси ахири Қазоқистон он аст, ки ҳамзамон бо баргузории нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Маскав, ин нооромиҳо ташдид шуд.Ҳарчанд Остона аз чумлаи кишварҳои фаъол дар ниҳодҳои минтақайи маҳсуб мешавад, аммо гуфта мешавад ин нооромиҳо як навъ ҳушдоре буд ба сарони саркаши минтақа, ки ҳеч тамойиле барои узвият дар Паймони амнияти чамъй надоштанд.Имзои ҳамаи асноди Паймони мазкур тавассути раиси чумҳури Узбакистон дар Маскав(20 декабр) аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.

Точикистон дар бозиҳои минтақайӣ

Ахиран нашрияи «World Politics Review» хабар дод, ки чанде қабл теъдоде аз низомиён ва чархболҳои Ҳиндустон дар фурудгоҳи «Айнй» мустақар шуданд.Ба навишати ин манбаъ воҳиди неруҳои ҳавойии Ҳиндустон ва чанд чархболи низомии ин кишвар дар ҳамоҳангй бо Русия ба таври пинҳонй дар ин фурудгоҳ мустақар шудаанд.Саурав Ҷҳа, як мақоми Ҳиндустонй ки иртиботи мустақим ба бозсозии фурудгоҳи «Айнй» дошта, ба нашрияи мазкур гуфтааст, дар айни ҳол дар ин фурудгоҳ воҳиди неруи ҳавойии Ҳиндустон, чандин чархболи низомии Ми-17 ва ҷетҳои чангии русй, ки иҷора гирифта шудаанд, мустақар мебошанд.Ба гуфтаи ин мақоми Ҳиндустонй чанд муддатест, ки фурудгоҳи «Айнй» мавриди истифодаи муштараки Русия ва Ҳиндустон аст.Саурав Ҷҳа ба «World Politics Review» иллати пинҳонкорй дар истифода аз фурудгоҳи «Айнй»ро пешгирй аз эчоди ҳассосиятҳои Чин ва Покистон унвон кардааст.
Мақоми Ҳиндустонӣ ба нашрияи «World Politics Review» гуфтааст, Ҳиндустон барои бозсозй ва такмили фурудгоҳи «Айнй» 70 миллион доллар харч карда, аз чумла хати парвоз ва бурчи муроқибат ба стандардҳои байналмилал мутобиқ шудаанд ва ҳамаи ин ба манзури ҳидояти ҳавопаймоҳои чанганда анчом шудааст.Ин мақом афзуд, аз дигар иллати пинҳонкорй дар амри баҳрабардорй аз фурудгоҳи «Айнй» ҳамин мавзуъ, яъне зарфияти болои он низ мебошад ва аз ин чост ки давлати Душанбе ҳануз вазъият ва мақоми ин фурудгоҳро ба таври расмй эълом накардааст.Бартарии фурудгоҳи «Айнй» он аст, ки Ҳиндустон аз ин чо ба роҳатй тамомии шимоли Афғонистон, шимоли Покистон ва ғарби Чинро таҳти назорати худ қарор хоҳад дод.Точикистон ба манзури пешгири аз таҳрики эҳсосоти Покистон ва Чин, саъй кардааст дахл доштани худ дар фаъолиятҳои низомии Ҳиндустон дар фурудгоҳи «Айнй»ро пинҳон кунад. Бо ин ҳол дар вазорати дифои Точикистон вучуди ҳаргуна тачҳизоти хоричй дар фурудгоҳи «Айнй»ро рад карданд ва гуфтанд чархбол ва ҳавопаймоҳои мавчуд дар ин фурудгоҳ мутаалиқ ба неруҳои мусаллаҳи Точикистон мебошанд.
Нигоҳе ба амалкарди Деҳлии нав дар Осиёи Марказй, ба вижа дар 2-3 соли охир нишон медиҳад, ки Ҳиндустон алоқаи зиёде ба фурудгоҳи «Айнй» дар Точикистон дорад.Ин мавзуъ моҳи октябри соли чорй тайи сафари Энтонй, вазири дифои Ҳиндустон ба Душанбе бештар рушан шуд.Дар рузҳои ин сафар нашрияи «Press Trust of India» хабар дода буд, ки машварат миёни се кишвари Точикистон, Ҳиндустон ва Русия дар мавриди баҳрабардории муштарак аз фурудгоҳи «Айнй», ки баъд аз хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон аҳамияти стротегии бештаре касб хоҳад кард, ҳамчунон идома дорад.Баъдан вазири дифои Ҳиндустон эътироф кард, ки тайи панч мулоқот бо Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия масъалаи баҳрабардорй аз фурудгоҳи «Айнй» баррасй шуд, аммо дар посух ба ин пурсиш ки Ҳиндустонустон дар баҳрабардорй аз ин фурудгоҳ мушорикат дорад ё на, гуфт, фурудгоҳи «Айнй» дар навъи худ дар минтақа беназир аст.Кобили зикр аст, ки вазири дифои Ҳиндустон 8 октябри соли чорй, дар роҳи сафар ба Маскав дар Душанбе таваққуф кард ва дар сентябри соли 2009 дар таҳаввуле тақрибан ба ин монанд, раиси чумҳури ин кишвар баъд аз дидор бо раиси чумҳури Русия ба Душанбе омад ва музокироте бо ҳамтои точики худ анчом дод.Ҳарчанд гуфта шуд, ки дар музокирот миёни раисони чумҳур се кишавр ҳамкориҳои иқтисодй, ба вижа ҳамкориҳои энержй дар меҳвар қарор дошт, аммо ҳамон замон буд, ки масъалаи истифода аз фурудгоҳи «Айнй» бештар матраҳ шуд. Ин дар ҳоле буд, ки фурудгоҳи мазкур дар ҳоли навсозй тавассути Ҳиндустон буд ва теъдоде аз афсарони артиши миллии Точикистон дар курсҳои омузишй дар Ҳиндустон ба сар мебурданд.Агарчй музокироти занчирайи миёни Точикистон — Ҳиндустон — Русия дар ҳамкориҳои низомй чараён дорад, аммо манофеи тарафҳо дар ин замина на ҳамеша ҳамсонанд.Он ба Русия ва Ҳиндустон бармегардад он аст, ки Деҳлии нав аз даврони Шуравй шарики муҳими Маскав ва муттаҳиди у дар минтақа буд ва 60 дар сад аз ниёзи худ бо силоҳ ва муҳиммоти низомиро аз Шуравй ворид мекард.Агарчй солҳои охир ҳамкориҳои низомии Ҳиндустон бо Амрико ва Исроил густариш ёфта, аммо ду тараф ҳамчунон дар мавриди бисёре аз масоили минтақайи иштироки назар доранд.Хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон, сардии равобит миёни Вашингтон — Исломобод ва Исломобод — Кобул, ин фурсатро барои Ҳиндустон ва Русия фароҳам кардааст, то дар чиҳати амалӣ шудани барномаҳои минтақайии худ, бештар талош кунанд.Дар ин фароянд эҳтимоми давлати Кобул ба тавсаъаи ҳамкориҳо бо Ҳиндустон ба манзури тақвияти чабҳаи зиддипокистонй, Маскавро ба ибтикори амалҳои чадид тарғиб кардааст.Акнун ду кишвар дар ростои бароварда намудани ниёзҳои аввалияи Афғонистон, ки дар бахши иқтисод неруи барқ ва дар бахши амният барқарории суботу оромиш дар ин кишвар мебошад, ҳамкориҳои худро густариш хоҳанд дод ва дар ин миён мушорикати Точикистон пураҳамият тавсиф мешавад. Русия қасд дорад дар фароянди тавсаъаи ҳамкориҳо бо Ҳиндустон ба унвони иқтисоди навзуҳур, аз як су пеши роҳи нуфузи беш аз ҳадди Чин дар бозорҳои Осиёи Марказро бигирад ва аз суи дигар аз ҳамин раҳгузор монеъи тавсаъаталабиҳои Амрико бишавад.Агарчй дар марҳалаи кунунй равобити Вашингтон бо Исломобод ба таври бесобиқае сард шуда, Амрико мачбур шудааст пойгоҳи «Шамсй» дар Покистонро тарк кунад, аммо бо таваччуҳ ба пайвандҳои ду кишвар дар бисёре аз муъодилоти байналмилай, ҳамчунон шарокати Амрико-Покистон ба қуввати худ боқист ва дар баробари таҳдидҳои муштарак бар манофеъашон, ба роҳатй дар як чабҳа қарор хоҳанд гирифт. Аз ин ру Маскав бо наздик шудан ба Деҳлии нав, дар пайи кам асар кардани нақши Исломобод-Вашингтон дар муъодилоти минтақайи баромадааст ва ҳимояти ахири Русия аз узвияти доимии Ҳиндустон дар Шурои амнияти Созмони милал низ аз ҳамин манзар қобили тааммул аст.
Коршиносони ғарбй дар таҳлилҳои худ дар мавриди ҳузури Деҳлии нав дар Осиёи Марказй, ин ҳузурро камранг ва бидуни оянда арзёбй кардаанд.Аз чумла Марлен Ларюэл (Marlene Laruelle) ва Себастян Пейруз(Sebastien Peyrouse), муҳаққиқони фаронсавии муқими Амрико мегуянд Ҳиндустон аз заъифтарин чойгоҳ дар Осиёи Марказй бархурдор аст ва иллаташ он аст, ки давлатҳои ин минтақа ба далели кишвари демократй будани Ҳиндустон аз тавсаъаи ҳамкориҳо бо он бим доранд, аз суи дигар Деҳлии нав ба унвони давлати демократй ҳеч маҳбубияте дар фазои оппозитсионии ин минтақа касб накардааст.Аммо таҳлилҳо дур аз воқеиятҳои мавчуд дар ин замина ҳастанд ва Ҳиндустон дар Осиёи Марказй ҳадафҳои стротегиро дунбол мекунад.Аз чумлаи ин ҳадафҳо беасар кардани нақши Покистон дар таҳаввулоти Афғонистон аст, ки ҳам Афғонистон, ҳам Русия ва ҳам кишварҳои минтақа, ба вижа Точикистон онро дунбол мекунанд.Ин мавзуъ дар шароите, ки ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказй дар тарҳи амрикойии бо номи «шабакаи шимолй» ҳассосиятҳои Исломободро барангехта, ҳатто толибон ва дигар гуруҳҳои зиддиамрикойии фаъол дар қаламрави Покистон давлатҳои Осиёи Марказиро таҳдид ба вокуниш кардаанд, бештар аҳамият пайдо кардааст. Аз дигар нуктаи муҳим дар мавриди аҳамияти Осиёи Марказй барои Ҳиндустон он аст, ки дар вазорати хоричаи ин кишвар бахши вижае ба Осиёи Марказй ва Қафқоз ихтисос дода шудааст, ки дар он коршиносон ва мутахассисони варзида таҳаввулоти ин манотиқро мураттаб таҳти назорат қарор доранд.
Ҳиндустон дар чорчуби ду тарҳи азими CASA-1000 ва ТАPI дар садад аст энержии мавриди ниёзи худро аз Осиёи Марказй ворид ва раванди рушдро да иқтисоди худ ҳифз кунад.Дар ин миён тарҳи CASA-1000 иртиботи мустақим бо сохти неругоҳи Роғун дорад ва ҳимояти Деҳлии нав аз ин тарҳи муҳими иқтисодии Точикистон метавонад муҳаррики тавсаъа дар дигар бахши барои Ҳиндустон муҳим — бахши ҳастайи бошад.Қарори маълум неругоҳҳои ҳастайии фаъол дар Ҳиндустон ниёзи фаровон ба уран доранд ва воридоти ин мавод аз Аврупо натавонистааст, ниёзҳои ин неругоҳҳоро бартараф кунад, аз ин ру моҳи июли соли 2009 Ҳиндустон ба таври расмй ба кишварҳои Осиёи Марказй мурочиат кард, ки урани табии худро ба ин кишвар содир кунанд.Ин мавзуъ бо таваччуҳ ба бархурдории Точикистон аз манобеи саршори уран, метавонад ду кишварро бештар ба ҳам наздик кунад.Бо ин ҳол истиқрори низомиёни Ҳиндустон дар фурудгоҳи «Айнй»ро дар шароите ки ин мавзуъ аз ҳассосияти болои байналмилалй бархурдор аст, метавон як муваффақияти Душанбе дар таомул бо бозигарони минтақа тавсиф кард, ки аз як су то ҳадде пинҳон мондааст ва аз суи дигар оқибати манфие низ ба ҳамроҳ надоштааст(ҳадди ақал дар марҳалаи кунунй).

Афғонистон ва Осиёи Марказй

Дар аваҳоли моҳи декабри соли чорй дар шаҳри Бони Олмон конфронси байналмилалй баргузор мегардад, ки дар он масоили марбут ба Афғонистон мавриди баҳсу баррасй қарор хоҳад гирифт. Дар ин конфронс ки бо ширкати мақомоти давлатй ва коршиносону намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалй доир мешавад, натоичи конфронси Истонбул низ ба баҳс гирифта хоҳад шуд.Албатта сарони бисёре аз кишварҳои ғарбй, ҳамчунин раиси чумҳури Амрико натоичи конфронси Истамбулро мусбат арзёбй карданд.Ин конфронс рузи 2 ноябри соли чорй дар шаҳри Истонбули Туркия баргузор шуд, ки дар он ҳайатҳои кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва кишварҳои ғарбй, аз чумла Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Арабистони Саудй, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Точикистон, Туркманистон ва Амрико, ҳамчунин намояндагон аз НАТО, Иттиҳодияи Аврупо ва СММ ҳузур доштанд.Абдулло Гул, раиси чумҳури Туркия дар маросими ифтитоҳияи ин конфронс таъкид кард, ки барқарори суботу амният дар Афғонистон ба ҳамфикрию ҳамандешии кишварҳои минтақа вобаста аст ва ин мавзуъ бояд дар маркази таваччуҳ қарор гирад. Ҳомид Карзай, раиси чумҳури Афғонистон дар суханронии худ бо ишора ба идомаи даргириҳо дар манотиқи мухталифи Афғонистон, таъкид кард имруз аслитарин таҳдид ба суботу амнияти Афғонистон вучуди гуруҳҳои террористй дар ин кишвар аст.Вай аз сарони гуруҳи толибон даъват кард, ки бо пайвастан ба раванди сулҳ, аслиҳаи худро замин бигзоранд ва ҳаргуна робита бо Ал- қоида ва дигар гуруҳҳои террористиро қатъ кунанд. Зулмай Расул, вазири корҳои хоричаи Афғонистон дар тақвияти суханони Карзай гуфт, эътимоди байниҳамдигарии кишварҳо як омили таъсиргузор барои бозгашти субот ба Афғонистон мебошад.Дар ҳамин робита Вилям Бёрнс, муовини вазири умури хоричии Амрико, зимни қадрдонй аз изҳороти мақомоти Кобул ва намояндагони дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, онро чун “нахустин изҳороти возеҳу рушани пуштибонии кишварҳои минтақа аз Афғонистон” арзёбӣ кард. Ба гуфтаи у, бархе аз кишварҳои минтақа ба чои ҳамкорй ва ҳалли мушкилот, аз ҳама чораҳо кор мегирифтанд то авзоъ дар Афғонистон ҳарчй бештар печида ва нооромтар шавад.Ба назар мерасад, ин суханони мақоми амрикойи як ишора ба Покистон буд, Кобул ва Вашингтан Исломободро борҳо ба ҳамдастй бо толибон ва пуштибонй аз душманони давлати Кобул, мутаҳҳам кардаанд. Албатта дар Истонбул давлати Туркия талош кард ду ҳамсояро ба ҳам оштй диҳад ва дар ҳамин чорчуб як руз қабл аз конфронси Истонбул сарони Покистон ва Афғонистон бо ҳам мулоқот карданд, ки дар поёни он қарордодҳои ҳамкорй миёни ду тараф дар бахшҳои амниятй ва иқтисодй ба имзо расид.Ҳамзамон бо ин нишаст мақомоти баландпояи низомй ва раҳбарони хадамоти амниятии ду тараф бо миёнчигарии ҳамтоёни турки худ, сари мизи гуфтугу нишастанд.Муҳимтарин тавофуқе ки миёни Исломобод ва Кобул ҳосил шуд он аст, ки ду тараф тасмим гирифтанд ба таври муштарак cабаби терори Бурҳониддин Рабонй, раиси чумҳури пешини Афғонистонро таҳқиқ кунанд. Ширкаткунандагон дар нишасти Истонбул аз ташаббуси Точикистон дар мавриди мизбонии конфронси ҳамкориҳои минтақайи бо Афғонистон дар таърихи 26 — 27 марти соли 2012 истиқбол карданд. Дар нишасти Истонбул тасмим гирифта шуд, ки чомеаи чаҳонй бар кумакҳои худ дар чиҳати беҳбуди вазъи беҳдошт, мубориза бо густариши маводи мухаддир, ифротгаройии исломй, тундравй ва тероризм, биафзояд.Аҳмад Довудуғлу, вазири умури хоричаи Туркия таъкид кард «нокомии чомеаи байналмилал дар Афғонистон пайомадҳои асафбор барои тамомии чаҳон дар пай хоҳад дошт».

 То имруз дар сатҳҳои мухталиф чандин конфронс ва нишастҳои байналмилай дар мавриди ҳаллу фасли қазияи Афғонстон дар кишварҳои мухталиф баргузор шуда, ки дар асл кумаки чандоне ба давлат ва миллати Афғонистон накардаанд.Воқеият ин аст, ки бо вуруди бегонагон ба сарзамини Афғонистон, на танҳо кумаке ба мардумони ин марзу бум нашуда, балкй бар мушкилоти онҳо афзудааст.Аз чумлаи мушкилоти аслй, тақсими чомеаи афғон ба аксарияту ақалиятҳои қавмй аст, ки огоҳона ва дар ростои заминасозии низоъҳо, аз тарафи қудратҳои тачовузгар дар ин кишвар ичро шуд.Нахустин иқдом дар ин замина аз тарафи комунистони шуравй сурат гирифт, ки бо ташкили мадраса, рузнома ва маҳдудаҳои чуғрофй барои қавмиятҳое ки худро то он замон ба унвони шаҳрванди Афғонистон мешинохтанд, ба истилоҳ табартқсиме дар қаламрави воҳид эчод карданд.Фурупошии Шуравй, ташкили давлатҳои миллй дар ҳамсягии Афғонистон, аққалиятҳои қавмии ин кишварро барои худшиносй бештар ташвиқ кард.Лашаркашии Ғарб ба саркардагии Амрико боиси он шуд, ки ақалиятҳои қавмии Афғонистон мавриди суиистифодаҳои бештаре қарор гиранд.Қудратҳои ғарбй бо нуфуз ба фармондеҳон ва шахсиятҳои матраҳи қавмҳои мухталифи Афғонистон, талош карданд манфиатҳои онҳоро дар муқобили ҳам қарор диҳанд, то аз ин тариқ осонтар ба хостаҳои худ дар ин сарзамин ва умуман минтақа, даст ёбанд.Дар канори ин, чумҳуриҳои Осиёи Марказй низ бо таҳким ва тавсаъаи равобит бо ҳаммавъаон ва ҳамтаборони худ дар Афғонистон, бар раванди вогаройи дар ин кишвар афзудаанд, аз ин ру наметавон ба осонй ба иттиҳод, инсичом ва ваҳдати миллй дар Афғонистон даст ёфт.Бо вучуди ин ҳама бозигарони кучаку бузурги саҳнаи Афғонистон дар ростои ҳадафҳои хеш раванди таҳаввулоти ин кишварро ба самтҳои мухталиф ҳаракат медиҳанд, ки дигар омили ҳал нашудани қазияи ин кишвар мебошад.Аз чумла, Амрико дар чорчуби тарҳҳои мухталиф саъй дорад кишварҳои минтақа ва қудратҳои ҳозир дар Афғонистонро вориди барномаҳои худ кунад. Тарҳи роҳи чадиди абрешим аз охирин иқдомҳои Амрико дар ин замина аст, ки дар чорчуби нақшаи Ховари миёнаи бузург барои кишварҳои минтақа таҳмил шудааст. Ҳарчанд Вашингтон барои ин тарҳ маблағҳои ҳангуфте дар назар гирифта, қасд дорад модели худро барои ояндаи Афғонистон ироа кунад, аммо пазириши ин тарҳ тавассути кишварҳои минтақа яксон набудааст, ба гунае ки Покистон ба унвони муттаҳиди суннатии Амрико дар минтақа, ба ин тарҳ мухолифати шадид нишон додааст. Зеро Исломобод дар нисбати Афғонистон барнома ва тарҳҳои фарқкунанда бо Амрикоро дунбол мекунад. Ҳамин тавр дигар кишварҳои ғарбии ҳозир дар Афғонистон низ ҳaдaфи худро доранд.Дар ин миён Русия, Чин, Ҳинд ва ҳамсоягони Афғонистон дар Осиёи Марказй низ барномаҳои худро доранд, ки ҳар кадом аз вижагиҳои ба худ бархурдоранд ва ағлаб дар муқобили ҳам қарор мегиранд. Дар нишасти Истонбул кишварҳои таъсиргузор дар муодилоти Афғонистон саъй карданд модели худро барои ояндаи ин кишвар ба дигарҳо таҳмил кунанд.Нуктаи чолиб ин буд, ки Русия ин бор чиддитар аз замонҳои қабл вориди қазияи Афғонистон шуд ва роҳҳои мутафовутеро барои ҳалли масоили Афғонистон матраҳ кард.Баргузории конфронс дар Туркия баёнгар аз ин воқеият аст, ки Анкаро низ ба таври чиддитаре ба масоили вобаста ба Афғонистон хоҳад пардохт.Ҳамчунин рушан шуд, ки Ғарб ба таври чиддй камранг кардани ҳузури Маскав дар минтақаро руи даст гирифтааст, амре ки вокунишҳои бамисли Русияро дар пай дошт.Бо таваччуҳ ба ин ҳама интизор меравад, ки нишасти Бон дар моҳи декабри соли чорй, ба  мавзеъҳои ғайрифаъоли қудратҳои ҳозир дар Афғонистон то ҳадди зиёде хотима хоҳад дод. Ба иборати дигар, бо ворид шудани таҳаввулоти Афғонистон ба марҳалаи ҳассоси худ,  талоши қудратҳо барои таҳмили хостаҳои худ ба дигарон шадидтар шуда, авзои минтақаро низ таҳти таъсири худ қарор хоҳад дод

Точикистон ва Русия : имтиҳоне дар гузари замон

Сарнавишти ду халабон, ки яке шаҳрванди Эстония ва дигаре шаҳрванди Русия ҳастанд, равобит миёни Русия ва Точикистонро ба таври бесобиқае ба чолиш кашидааст, ба гунае ки ин мавзуи комилан ҳуқуқй чанбаҳои сиёсй касб карда, аз толори муҳокима, ба вазорату идороти ду кишвар нуфуз кардааст.

Ибрози назарҳои мақомоти сатҳҳои мухталифи ду кишвар ва чанги иттилоотй миёни расонаҳои ду тараф, ки ҳамаруза бар густураи он меафзояд, баёнгар аз ин воқеият аст, ки ҳам Маскав ва ҳам Душанбе дар вазъияти чандон матлубе қарор надоранд.Ҳарчанд ахиран сухан аз талошҳо барои ҳалли мусолиматомези ин қазия ба миён меояд, аммо пайомадҳои он ҳамчунон нигаронкунанда арзёбй мешаванд.Дар ҳоле ки мақомоти точик ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа дар мавриди ду халабонро амре дар чорчуби меъёрҳои байналмилалй арзёбй мекунанд, дар Маскав таъкид бар ин доранд, ки ин ҳукм хорич аз меъёрҳои роич дар урфи байналмилал аст. Моҳи марти соли чорй ду ҳавопаймои русии мутаалиқ ба ширкати Rolkan, ки аз Афғонистон ба ҳарими ҳавойии Точикистон ворид шуда буданд, дар фурудгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба замин нишастанд ва халабонҳои онҳо шаҳрвандони Русия ва Эстония тавассути кормандони интизомии фурудгоҳ боздошт шуданд.Дар бораи ин руйдод ба чуз чанд хабари кутоҳ, гузоришоти дигаре мунташир нашуд ва расонаҳои иттилоотй ва маҳофили коршиносй камтар таваччуҳе ба он доштанд.Дар доираҳои сиёсии ду кишвар низ дар ин маврид изҳори назарҳои чиддй сурат нагирифта буд. Моҳи гузашта(охири моҳи октябр)додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа баррасии парвандаи марбут ба ду халабонро анчом дод ва бар асоси ҳукми суд онҳо ба ҳаштуним солй аз озодй маҳрум шуданд.Баъд аз эъломи ин ҳукм мочаро оғоз шуд ва дар як муддати кутоҳ чанбаҳои густурдае дар расонаҳои иттилоъотй ва маҳофили сиёсии Русия касб кард.Шахсиятҳои сиёсии русй ин ҳукмро золимона тавсиф ва бо забони таҳдид тақозо карданд, ки додгоҳи Точикистон дар иртибот ба ин мавзуъ тачдиди назар кунад.Вазорати умури хоричаи Русия бо пахши баёния таъкид кард, ки «ҳукми додгоҳи Точикистон ҳаргиз дар чорчуби равобити стротегии Русия ва Точикистон нест ва ин иқдом робитаҳои ду кишварро ба таври чиддй латмадор хоҳад кард».Вазорати умури хоричаи Русия иллати вокуниши дерҳангом ба ин қазияро баргирифта аз мулоҳизоти ҳуқуқй баён кард, ки ҳадаф аз он пайгирии мавзуъ аз тариқи қонунй буда, то ин ки вачҳаи ҳеч як аз тарафҳо осеб набинад.Бо ин ҳол манобеъи вазорати хоричаи Русия эътироф карданд, ки дар моҳи май, яьне бо гузашти ду моҳ аз асорати халабонҳо, аз ин қазия огоҳ шуданд. Аммо чудо аз замон ва наҳваи огоҳ шудан аз қазияи халабонҳо, ҳамаи мақомоти аршади Маскав дар қиболи ин мавзуъи сирф ҳуқуқй, мавзеъгирй карданд ва тамомии онон бидуни истисно аз лаҳни таҳқиру таҳдид кор гирифтанд.Сегей Лавров, вазири хоричаи ин кишвар дар тамоси телефонй бо Ҳамроҳхон Зарифй, ҳамтои точики худ гуфт, «ҳукми додгоҳи Точикистон кишварашро ошуфта кардааст.»Димитрий Рогозин, сафири Русия дар созмони Антлантики шимолй(НАТО) таъкид кард, ки чун дигар шаҳрвандони Русия аз ҳукми додгоҳи Точикистон ба хашм омадааст.Ин мақоми русй бештар аз дигарҳо аз таҳқир ва таҳдид кор гирифт ва тазаккур дод, чунин амале чунончй дар Амрико иттифоқ меафтод , қобили қабул буд, чун Амрико ҳам мисли Русия як қудрати чаҳонй аст.Аммо вақте кишваре чун Точикистон, ки дар тамоми заминаҳо вобаста ба Русия аст, даст ба чун амале мезанад, чойи таачуб аст.Рогозин таъкид кард, мо бояд дар ҳалли ин қазия ба нафъи ду халабон, бе ниҳоят сифту сахт бошем. Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия, рузи 14 ноябр дар охирин мавзеъгирии худ дар қиболи парвандаи халабонҳо, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ҳавзаи Осиё ва Уқёнусия дар Ҳонолулу сухан мегуфт, бори дигар таъкид кард, «агар паёми мо дар мавриди бознигарй ба ин парванда аз тарафи Точикистон шунида нашавад, ин мавзуъ бетаъсир бар равобити ду кишвар нахоҳад буд».Раиси чумҳури Русия таҳдид кард дар қиболи Точикистон иқдомоти ғайриқмутақорун дар пеш хоҳад шуд.Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе, бо раиси чумҳури Точикистон дидор кард ва хостори ҳаллу фасли ҳарчй зудтари қазияи ду халабон шуд.Владимир Жириновский, маовини раиси Думаи Русия бо ирсоли нома ба Анатолий Сердюков,вазири дифоъи ин кишвар, дархост кардааст, ки бо истифода аз неруҳои вижаи ин вазоратхона, халабонҳо аз асорат озод карда шаванд.Жириновский, ки як шаҳрванди яҳудитабори Русия аст, бо ишора ба амалкарди Исроил дар қиболи арабҳо, таъкид кард, бояд Русия Точикистонро ҳамон гуна ки Исроил Лубнонро «уту» кард, адаб кунад.Валентина Матвиенко, раиси шурои федератсиюни Русия иброз дошт, чунончй Русия ва Точикистон ба тафоҳум нарасанд, Маскав дар қиболи давлати Душанбе таҳримҳои шадидери ба кор хоҳад гирифт. Валерий Шянкин, узви Кумитаи равобити байналмилалии Шурои федератсияи Русия гуфт, кишвараш бояд аз тамоми иқдомоти сахтгирона алайҳи Точикистон кор бигирад, то ҳавонавардонро раҳо кунад. Вай пешниҳод кард, ки «бояд вуруди муҳочирони кории точик ба Русия маҳдуд карда шавад.» Михайил Капура, муовини раиси кумитаи ҳуқуқ ва додгоҳи Шурои федератсияи Русия низ аз давлати кишварашро хостааст, ба Точикистон «посухи сазоворе» диҳад, зеро ба гуфтаи у «Русия кишваре нест, ки кафши худро бо он пок кунед». Албатта матбуоти фурсатталаби русй беш аз ҳар замони дигаре матолиби зиддиточикй мунташир ва талош карданд аз ин фурсат дар ростои сиёҳ кардани вачҳаи точикон дар Русия кор гиранд.Миллигароёни русй низ бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Точикистон дар Маскав, бар зидди точикон ва Точикистон шиор доданд.Хадамоти муҳочирати Русия бидуни эълом иқдом ба ихрочи муҳочирони кории точик аз шаҳрҳои мухталифи ин кишвар кард ва дар як муддати кутоҳ садҳо муҳочири корй аз Русия ихроч шуданд, ки ин раванд ҳамчунон идома дорад.Албатта ин иқдоми зидди меъёрҳои байналмилалии Маскав вокунишҳои ниҳодҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башарро дар пай дошт ва ин ниҳодҳо бо маҳкум кардани озору тавҳини муҳочирони кории точик тавассути сохторҳои русй, дархост карданд ин амали хорич аз урфи байналмилал мутаваққиф шавад. Дар ин миён мавзуе ки бештар чалби таваччуҳ мекунад, суханони як мақоми вазорати хоричаи Русия аст, ки ошкоро аз дахолати эҳтимолии низомй дар ҳалли ин қазия сухан ба миён овард.Ин мақоми Русия ки аз зикри номаш худдорй кардааст, таҳдид кард, «ҳануз ки лашкари 201 вориди амал нашуда, Точикистон ба хостаҳои Русия тан дардиҳад». Аз суе Абдумачид Достиев, сафири Точикистон дар Маскав, ба вазорати хоричаи Русия фаро хонда шуда ва маротиби норизоятии Русия аз ҳукми додгоҳи ду халабон ба вай ироа шуд. Аз сафири Точикистон дархост шуд, ки зимни иблоғи ин паём ба Душанбе, расидагй ба ин мавзуъро суръат бахшад.Дар ҳамин ҳол идораи амнияти миллии вилояти Хатлон бо ироаи далелҳо ва санадҳои зарурй, аз полиси байналмилал — Интерпол тақозо кард, ки Сергей Полуянов, раиси ширкати » Rolkan Investmens Ltd «ро боздошт ва дар ихтиёри Точикистон қарор диҳад. Аммо Маскав эълом кард ки ба ҳеч вачҳ раиси ин ширкатро дар ихтиёри Точикистон қарор нахоҳад дод. Вокунишҳои Русия дар қиболи қазияи ду халабон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Маскав давлати Душанберо ҳамчун як давлати мустақил қабул надорад ва амалкарди додгоҳи Қурғонтеппаро ба унвон таҳқир нисбат ба худ таъбир кард.Қаблан Русия дар қиболи ҳаводиси ба ин монанд хомушй ихтиёр карда буд, аз чумла соли гузашта додгоҳи Узбакистон сарҳанги рус Юрий Корепановро бо чосусй муттаҳам ва зиндонӣ кард.Маскав кучактарин эътирозе накард.Чанде қабл Амрико Виктор Бут, шаҳрванди Русияро, ки мутаҳҳам ба қочоқи аслиҳа буд, дар Бонкук боздошт ва дар Амрико мучозот кард, Маскав боз ҳам хомуш буд.Акнун дар мавриди ин ки Русия дар Точикистон фақат дунболи манофеи худ мегардад, ҳеч шаке боқй намондааст.Ба назар мерасад Маскав бо баҳона қарор додани қазияи халабонҳо дар пайи он аст ки ба хостаҳои стротегии худ дар Точикистон даст ёбад. Ин мавзуъ, яъне амалкарди чанд рузи ахири Русия дар қиболи Точикистон зимни ин ки беэътимодй ба Маскавро дар Осиёи Марказй доман зад, тамомии барномаҳои Владимир Путин дар мавриди эчоди Иттиҳоди Авруосиёро низ зери савол бурд.

Қирғизистон баъд аз интихобот

Дар интихоботи раёсати чумҳури Қирғизистон, ки рузи якшанбеи 30 октябр баргузор гардид, Алмосбек Отамбоев бо касби 64,54 дар сади овозҳо пируз шуд.Дар ин интихобот 16 номзад ба рақобат пардохтанд,ки ҳеч як аз онҳо натавонист рақобати ончунонй бо Отамбоев нишон диҳад ва Тошиев ба унвони нафари дуввум ва Мадумаров ба унвони нафари саввуми интихоботи мазкур тавонистанд каме бештар аз 14 дар сади раъйи интихобкунандагонро ба даст биоваранд.Бино ба гузориши кумиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон 51,72 дарсад аз онҳое ки ҳаққи ширкат дар интихобот доштанд, дар назди сандуқҳои  раъйдиҳй ҳозир шуданд ва ба номзади мавриди назари худ раъй доданд

  Дар остонаи интихобот тамомии талошҳо ба харч дода шуд, то аз ҳар гуна фазосозиҳо ва таблиғоти муғризона алайҳи номзадҳои ширкаткунанда дар интихоботи раёсати чумҳурй, пешгирй шавад, ҳамчунин дар ҳимоят аз ин ё он номзад зиёдаравй ба амал ояд.Дар ҳамин росто пахши барномаҳои шабакаҳои телевизиунии Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо дар қаламрави Қирғизистон қатъ шуд.Раис чумҳури Қирғизистон бо пахши баёнияе аз ҳама қишрҳои чомеъа даъват кард, ки дар ростои истиқрори чомеъаи демократй ва ҳифзи суботу амният дар кишвар, номзади шоистаро интихоб ва ба у раъй диҳанд. Роза Отунбоева дар баёнияи худ бо ишора ба руйдодҳои моҳи апрели соли 2010, аз мардум даъват кард, ки ба дур аз ҳама гароишоти қавмй ва гуруҳй ва дар ростои ояндаи кишвари демократй дар интихобот ширкат кунанд.

 Аксари коршиносон дар таҳлилҳои худ дар бораи пай омадҳои пирузии ин ё он номзад дар интихоботи раёсати чумҳурии Қирғизистон, руйи ин нукта ишора мекарданд, ки бо таваччуҳ ба рақобати шадид миёни шимол ва чануб, пирузии ҳар як аз ин чабҳа, чабҳаи дигарро дар муқобили у қарор хоҳад дод.Бархе аз ин таҳлилгарон аз талошҳои нухбагони сиёсии чануб дар чиҳати бозгардондани Қурмонбек Боқиев ба қудрат, ба унвони аслитарин маврид дар интихобот ёд мекарданд.Ҳарчанд ҳимоятҳои ошкору ниҳони Роза Отунбоева, раиси чумҳури муваққати Қирғизистон аз Алмосбек Отамбоев, то ҳадди зиёде натоичи интихоботро аз қабл рақам зада буд, аммо пешбинй мешуд, ки интихобот ба даври дуввум кашида хоҳад шуд.

 Ин воқеъият ғайри қобили инкор аст, ки руйдодҳои сиёсии чанд соли охири Кирғизистон дар меҳвари рақобати шимол ва чануби ин кишвар шакл мегиранд.Дар ин интихобот дар ҳоле ки шимол барои пирузии Алмосбек Отамбоев, ягона номзади худ сафарбар шуда буд, чануб бо муаррифии Адахон Мадумаров,мақоми ҳукуматй дар замони Боқиев ва Қамчибек Тошиев,раиси фраксиюни «Ота Журт» дар порлумон, талош кард нокомиҳои қаблиро чуброн кунад.Яке аз далоили пирузии Атамбоев, мушорикати фаъоли шимолиҳо дар интихобот буд ва ин амр дар пайи таблиғоти густурда дар мавриди ин ки чанубиҳо қасд доранд бо пирузй дар интихобот, Боқиевро дубора руйи кор оранд, муяссар гардид.Албатта дигар омил, ки низ ба нафъи шимолиҳо кор кард, тақсими раъйи чанубиҳо миёни ду номзад буд.Аз суи дигар суханони Роза Отунбоева, ки дар арафаи интихобот гуфта буд, ин интихобот охирин шонси Боқиевҳо барои бозгашт ба қудрат аст, неруҳои норозй аз давлати қаблиро ба суи Отамбоев чалб кард.Бо таваччуҳ ба ин нукта, метавон дарк кард, ки чомеъаи қирғиз то чй андоза аз ҳукумати худсаронаи хонаводаи Боқиевҳо норозй будааст.Раиси чумҳури амалкунадаи Қирғизистон баъд аз он ки ду номзади чануб — Тошиев ва Мадумаров ошкоро эълом карданд, ки дар сурати пирузй дар интихобот гунаҳкорони ҳаводиси моҳи апрели соли 2010ро муаррифй ва мучозот хоҳанд кард, дар пасманзари сарнавишти Юлия Тимошенко, ба таври чиддй ба ҳимоят аз Алмосбек Отамбоев пардохт.Зеро дар шароити кунунии Қирғизистон ҳар гуна иқдоми интиқомчуёна, на танҳо суботи кишварро барои як давраи тулонй ба ҳам хоҳад зад, балки тамомияти арзии Қирғизистонро ба унвони кишваре воҳид ва соҳибистиқлол таҳти савол қарор хоҳад дод.Роза Отунбоева дар ичрои ин вазифа ба унвони фарди қотеъ зуҳур кард.

 Интихоботи раёсати чумҳури Қирғизистон аз вижагии ба худ хос дар Осиёи Марказй бархурдор аст, ҳузури наёфтани раиси чумҳури амалкунада дар ин интихобот, руйдодест, ки то кунун ҳеч як аз сарони Осиёи Марказй ҳозир ба ичрои он нашудааст.Аз суи дигар, мардум дар шароите раиси чумҳурро интихоб карданд, ки низоми сиёсии Қирғизистон порлумонй аст, ва порлумон нақши калидй дар идораи давлат дорад.Бо ин ҳол пешбинй мешавад, ки пирузии Отамбоев сиёсатҳои давлати Бишкекро ба самти тавсаъаи ҳамкориҳо бо русия пеш мебарад, зеро гуфта мешавад Алмосбек Отамбоев як сиёсатмадори русгаро ҳаст ва ҳамгаройи бо Маскавро авлавияти сиёсатҳои худ медонад.Аммо Қирғизистон тайи чанд соли охир собит кардааст, ки сиёсати чансамтиро дунбол мекунад ва қасд дорад бо ҳамаи кишварҳои шарқу ғарб дар ростои манофеи миллй ҳамкорй дошта бошад.Масъалаи муҳим ҳифзи суботу оромй дар кишвар аст, ки аслитарин нигаронии Отамбоев ва тими у дар моҳҳои аввали касби қудрат хоҳад буд.Ҳарчанд кумиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон дар аввалин гузоришҳои худ гуфт, эътирозҳои ончунонй аз суи довталабон ва интихобкунандагон матраҳ нашуда, аммо рақибони аслии Отамбоев- Адахон Мадумаров ва Қамчибек Тошиев эълом карданд, ки натоичи интихоботро нахоҳанд пазируфт.Дар посух ба ин эътирозот Алмосбек Отамбоев дар як нишасти хабарй дар Бишкек таъкид кард,»ман мехоҳам, ки аз ин баъд мо дар Қирғизистон, ҳамчун дар Аврупо, ба музокира одат кунем. Дар оянда бояд ҳама масъалаҳо аз тариқи сулҳ ва  созиш ҳаллу фасл шаванд, то ки дигар дар кишвар мо инқилоб нашавад ва дар давлати мо сулҳу субот барқарор шавад». Аммо набояд нодида гирифт, ки дар чомеъаи қирғиз мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказй бархе заминаҳо барои вуқуъи хушунатҳо вучуд дорад. Аз ин чумла метвон ба фақр, фасоди молй, бекорй, бархе масоили ақалиятҳои қавмй ва масоили марзй бо ҳамсоягон ишора кард, ки метавонанд ба унвони баҳона дар ихтиёри фурсатталабон қарор гиранд. Дар идомаи ҳамин мавзуъ интихоботи раёсати чумҳурй заминаҳои наверо фароҳам овардааст, ки аслитарини он норизоятии Тошиев ва Мадумаров, ба унвони рақибони аслии Отамбоев ва бархе таҳаррукоти чонибдорони онҳо дар чануби кишвар, маҳсуб мешавад.Албатта нозрони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо вучуди бархе норасоиҳо, аз чумла феҳристи ноқис интихобкунандагонро тазаккур додаанд, аммо даъвати тарафи пируз ба музокира ин дидгоҳро тақвият кардааст, ки дар марҳалаи кунунй суботи Қирғизистон камтар таҳдид мешавад.Бо ин ҳол авомили хоричии фурсатталаб ва рақобати қудратҳо дар ин кишварро набояд нодида гирифт, ки метавонанд ихтилофҳоро ба мардуми қирғиз таҳмил кунанд.Акнун савол ин аст ки оё ин бор низ «чазираи демократия» намунаи ибрати чадид аз демократияро ба Осиёи Марказй пешниҳод хоҳад кард ё на?

Амрико дар соярушани барномаҳои нави Русия

 Вазири умури хоричаи Амрико дар шароите ба Осиёи Марказй сафар кард, ки Русия бо руи даст гирифтани тарҳи нав, ба таври чиддитар беш аз ҳар замони дигаре масъалаи эҳёи чойгоҳ ва нуфузи худ дар ин минтақаи стротегиро оғоз кардааст.Ин тарҳи Маскав тавассути давлатмардони рус дар бахшҳои сиёсй, иқтисодй ва низомй ба таври ҳамзамон пайгирй мешавад.Дар ҳоле ки Владимир Путин, нахуствазири кунунй ва ба эҳтимоли қавй, раиси чумҳури ояндаи Русия бо эъломи тарҳи эчоди Иттиҳоди чадид бо номи Иттиҳоди Авруосиё, ташкили созмони наверо дар қаламрави Шуравии собиқ, ки бино ба таъбири у «рушд ва хушбахтии» ҳамаи кишварҳоро таъмин хоҳад кард, дунбол мекунад, ричоли низомии рус низ бо ташдиди фаъолиятҳо азми худро бар тақвияти ҳамкориҳои низомй миёни кишварҳои пасошуравй, чазм кардаанд. Аз ин ру Ҳиларй Клинтон дар маъмурияте душвор ва марҳалаи барои кишвараш душвортар аз ин,талош кард кишварҳои минтақаро ба ҳамкориҳои бештар бо Амрико, чалб кунад.Ин сафар аз он чиҳат чолиби таваччуҳ аст, ки Иёлоти муттаҳидаи Амрико ҳамзамон бо чолишҳои хоричй, дар дохил низ бо мушкилоти камсобиқае дасту панча нарм мекунад.

 Ҳилларй Клинтон аз Кобул вориди Душанбе шуд.Дар пойтахти Афғонистон, дар музокироти аз қабл эъломнашуда бо Ҳомид Карзай, раиси чумҳури Афғонистон дурнамои равобити дучонибаро баррасй кард.Аммо аслитарин мавзуъе ки вазири хоричаи Амрикоро ба се кишвари Афғонистон, Точикистон ва Узбакистон овардааст, хуручи низомиёни амрикойи ва НАТО аз Афғонистон ва сарнавишти қудрат дар Кобул мебошад.Ҳарчанд дар дидор бо раиси чумҳури Афғонистон Ҳилларй Клинтон таъкид кард, ки кишвараш нисбат ба толибон аз сиёсати «Чанг, музокира ва созандагй» кор хоҳад гирифт, аммо сардии робитаҳо бо Исломобод Вашингтонро мачбур кардааст чойгузини Покистонро дар Осиёи Марказй чустсчу кунад.Ин чо рушан аст, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар чанг бо толибон ва умуман тероризм тарафи мағлуб маҳсуб мешаванд ва бо вучуди кушта шудани Бин Лодан, созмони Ал-қоида ва чунбиши толибон ҳамчунон вучуд доранд ва ҳатто дар бархе мавридҳо қавитар аз гузашта шудаанд.Боз кардани дари музокира бо толибон тавассути давлати Кобул ва Амрико ба ин маъно аст, ки ғарб аз роҳи низомй натавонист ва нахоҳад тавонист бар ин ҳаракатҳои сохтаи дасти худ, пируз шавад.Албатта дар сиёсатҳои стротегии Кохи сафед на Ал-қоида ва на толибон ҳануз ба таври комил рисолати худро анчом надодаанд; аввал ин ки ҳадафи аслии лашкаркашй ба Афғонистон, таъмини ҳузури низомии Амрико дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй аст, ки дар айни ҳол дар ибтидои роҳ қарор дорад; дуввум, нобудкунй ва ё ҳадди ақал таҳти назорат гирифтани барномаҳо ва имконоти ҳастайии Исломобод, дигар ҳадафи вуруди Амрико ба минтақа аст, ки низ хеле печида шудааст. Ин масъала дар шароите ки равобит миёни Исломобод-Вашингтон беш аз ҳар замони дигаре сард шуда, бештар аҳамият касб кардааст ва Амрико бо фаъол нигоҳ доштани чунбиши толибон қасд дорад ҳадофҳои худ дар қиболи Покистонро аз роҳҳои низомй ва сиёсати тарсу ваҳшат амалй кунад; саввум, фароҳам кардани заминаи фурупошии Федератсиюни Русия аз дигар барномаҳои Кохи сафед дар минтақа тавсиф мешавад.Ба назар мерасад Амрико бар он шудааст, бо истифода аз қаламрави кишварҳои Осиёи Марказй(Қазоқистон)нооромиҳо ва наҳзатҳои чудоихоҳиро ба Русия (Қафқози чанубй)интиқол диҳад, то Русияро аз ичрои тарҳҳои байналмилалй то ҳадде мунҳариф кунад; чаҳорум ва дар идомаи ҳамин раванд ҳаракатҳои чудоихоҳй ва фаъолиятҳои тундравонро дар манотиқи мусалмоннишини Чин(Синзиён)тақвият ва тавсаъа бахшад.

 Авзоъи кунунии Осиёи Марказй дар пайи вуқуъи ихтилофот миёни кишварҳои ҳамчавор муташаннич шудааст, ба гунае ки бархе маҳофили коршиносй аз вуқуъи низоъҳои қавмй дар ин минтақа сухан ба миён овардаанд.Аз як су тақрибан ҳамаи кишварҳо бо ҳам ихтилофоти марзй доранд, аз суи дигар баҳси баҳрабардорй аз манобеъи гидруэнержй ин кишварҳоро ба ду даста(кишварҳои *болооб* ва *пойиноб*и рудхонаҳо) тақсим карда, онҳоро ба навъе дар сангарҳои муқобили ҳам қарор додааст.Аз суи дигар, наздикшавии интихоботи раёсати чумҳурй дар Қирғизистон ва талоши маҳофил ва қудратҳои мухталиф барои руйи кор овардани фарди мавриди назари худ, суботу амнияти ин кишварро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.Ҳамзамон бо ин ҳама, исрори Точикистон ба сохтани неругоҳи Роғун ва мухолифатҳои сарсахтонаи Узбакистон ба ин иқдом, ду кишвари ҳамсояро ба рақибон, ҳатто душманони якдигар табдил кардааст.Чунин вазъе ба нафъи ҳеч як аз кишварҳо таъбир намешавад, аммо барои қудратҳои фурсатталаб беҳтарин шароит дар ростои амалй кардани аҳдофи тавсаъаталабона арзёбй мешавад.Зеро «тафриқа афкан ва ҳукумат кун» сиёсати озмудашудаест, ки дар дарозои таърих ҳамеша ба унвони силоҳи қавй дар ихтиёри қудратҳо будааст. Яъне Амрико огоҳона вориди амал шудааст, то «обро гил намуда, моҳй сайд кунад».Дар суҳбатҳое, ки Ҳилларй Клинтон баъд аз дидор бо мақомоти точик дар Душанбе бо хабарнигорон дошт, ба гунае суҳбат кард, ки Амрико дар масоили минтақайи, аз чумла баҳси баҳрабардорй аз манобеъи гидруэнержй, аз мавозеъи Душанбе ҳимоят мекунад.Вай дар ин робита гуфт:ҳукумати Точикистон бояд ба гуфтаҳои Бонки чаҳонй дар мавриди Роғун таваччуҳ кунад, ҳарчанд набояд хулосаҳои Бонки чаҳонй ҳарфи охир бошанд.Клинтон афзуд,»дар минтақа мухолифони ин тарҳ ҳастанд, аммо на бояд аз онҳо нороҳат шуд, балкй бояд он кореро анчом дод, ки ба маслиҳати кишвар аст».Аммо ин воқеъият ғайриқобили инкор аст, ки дар марҳалаи кунунй Узбакистон бештар аз ҳар кишвари дигари минтақа барои Амрико аҳамият дорад ва Вошингтан ба ҳеч вачҳ ҳозир нест ин кишварро аз худ норозй кунад.Аз ин ру суханони Клинтон жести дипломотие беш тавсиф намешаванд.Тамоси телефонии Барак Абама бо Ислом Каримов, ки дар остонаи сафари мақомоти амрикойи ба Тошканд сурат гирифт, тасде бар ҳамин гуфтаҳо аст.

 Ҳар кадом аз мақомоти амрикойи дар сафар ба минтақа барои зоҳири қазия ҳамеша ба масоили вазъи ҳуқуқи башар, фаъолиятҳои мазҳабй, озодии баён, фаъолияти расонаҳо ва … дахл мекунанд, то вонамуд кунанд, ки ҳадафи Амрико барқарории демократия ва озодиҳои шаҳрвандй дар кишварҳо аст.Ин бор низ дар Душанбе ин мавзуъ матраҳ шуд ва вазири хоричаи Амрико дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, «мо бо раиси чумҳур дар мавриди озодии баён ва озодиҳои мазҳабй суҳбат кардем…. ибодат аз ҳаққи аввалияи ҳар шахс дар ҳар давр ва дар ҳар чой аст».Вай афзуд, «мо дар мавриди маҳдудиятҳои озодии баён нигарон ҳастем ва ба зарурати озодии баён таъкид мекунем».Бар асоси барномаи эълом шуда Клинтон дар Тошканд низ бо тане чанд аз фаъолони ҳуқуқи башари узбак дар маҳали сафорати Амрико дар пойтахти Узбакистон дидори кутоҳмуддате дошт ва як навъ дилгармие ба онҳо дод.Аммо масъалаи аслй, чалби ризояти сарони ин кишварҳо ба ҳамкориҳои бештар бо Амрикост, зеро дар марҳалаи хуручи низомиёни амрикойи ва НАТО аз Афғонистон, Амрико саъй дорад дар ду кишвари Точикистон ва Узбакистон он чй ки «таъсисоти муваққатии низомй» мегуяд, эчод кунад.Зеро тайи даҳ соли амалиёти чангй Амрико анвоъи силоҳу муҳиммот ба Афғонистон ворид кард, ки интиқоли онҳо ба маконҳои аввалия, ҳам харочоти ҳангуфте ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва ҳам мушкилоти зиёдеро эчод хоҳад кард.Аз суи дигар ба назар мерасад бар асоси стротегияи осиёимарказии Амрико, ин тачҳизот ҳануз корбурдҳои мухталифе хоҳанд дошт.Қобили зикр аст, ки дар робита ба Осиёи Марказй ҳануз моҳи январи соли 2002 Лин Паско,маъовини вазири умури хоричаи Амрико дар умури Аврупо ва Авруосиё тайи гузорише бар зарурати таваччуҳи амиқи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба ин минтақа таъкид карда буд.

 Вазири хоричаи Амрико дар ду кишвари Точикистон ва Узбакистон бо таваччуҳ ба зарфиятҳои ин кишварҳо ва нақши онҳо дар ичрои тарҳҳои Амрико, ба истилоҳ монёврҳои сиёсй анчом дод.Масъалае ки Тошкандро бештар ба ҳамкорй бо Амрико ташвиқ хоҳад кард, аз як су чашмпушии Вошингтан ба малкарди давлати Тошканд дар саркуби ҳамагуна дигарандешй ва аз суи дигар додани ҳаққи назорати роҳи оҳани Афғонистон ба Узбакистон аст.Масъалаи дуввум султаи Узбакистон дар роҳҳои оҳани минтақаро таъмин мекунад, ки аслитарин хостаи Тошканд дар марҳалаи кунунй маҳсуб мешавад.Зеро Тошканд аз ин тариқ метавонад талошҳои ду кишвари Точикистон ва Қирғизистонро дар заминаи раҳойи аз вобастагиҳо ба роҳи оҳани Узбакистонро хунсо кунад.Бо ин ҳол набояд нодида гирифт, ки Русия акнун ба таври чиддй дар баробари тарҳҳои Амрико дар Осиёи Марказй қад алам кардааст ва чунончй Тошканд дар муомилаҳои чадид бо Амрико, манфиатҳои Маскавро дар назар нагирад, бо мушкилоти чиддие мувочеҳ хоҳад шуд. Бо таваччуҳ ба ин, вазири хоричаи Амрико дар ростои коҳиши ҳассосиятҳои Маскав аз ҳамкориҳои Амрико бо кишварҳои минтақа, дар мавриди равобити Точикистон бо Русия гуфт,»шумо муштаракоти фаровоне бо Русия доред ва барномаҳое барои оянда доред.Аммо Иёлоти муттаҳида низ талош ба ҳамкорй, ба бозорҳои озод , ба густариши демократия дар минтақа дорад».Дар идомаи ин суханон Ҳилларй Клинтон аз кумакҳои Русия ба НАТО дар масоили Афғонистон, қадрдонй кард ва гуфт, Русия дар ҳалли ихтилофоти Афғонистон нақши мусбат дорад.Сарфи назар аз ин ҳама чои шак нест, ки сафари вазири хоричаи Амрико вокунишҳо ва иқдомоти чавобии Маскавро дар пай хоҳад дошт.Ба вижа ин ки Русия бо тамоми тавон талош дорад Узбакистонро ба таври фаъолтаре ба ниҳодҳои минтақайи чалб кунад.

  Албатта замони сафари вазири хоричаи Амрико баргирифта аз ниёзҳои ин кишвар ба ҳамкориҳои бештари кишварҳои Осиёи Марказй дар ичрои тарҳи хуручи низомиёни амрикойи аз Афғонистон мебошад. Аммо ҳамзамон бо ин, маҳак задани мизони эътимоди давлатҳои Осиёи Марказй ба даъватҳои Маскав дар мавриди тақвияти ҳамгаройиҳо, мавзуъест, ки хонуми Клинтон дар лобалои музокироти худ бо сарони минтақа онро мадди назар дошт.Зеро тайи чанд соли охир ба далели номушаххасии сиёсатҳои Маскав дар қиболи Осиёи Марказй, эътимоди мақомоти ин кишварҳо ба Русия беш аз ҳар замони дигаре коҳиш ёфтааст.Дар ин миён суханони Ислом Каримов (13 июли соли 2009)дар дидори Вилём Бернс, маъовини вазири хоричаи Амрико, ки зимни маҳкум кардани «чоҳталабиҳои импературонаи» Русия гуфта буд, мо ба Русия эътимод надорем, бештар аҳамият пайдо кардааст. Санадҳои марбут ба ин мавзеъгириҳои раиси чумҳури Узбакистонро сафорати Амрико дар Тошканд ифшо кард, ки бидуни шак мавриди таваччуҳи хоси Кремл қарор гирифтааст.Бо таваччуҳ ба ин ҳама, мизони муваффақияти вазири хоричаи Амрико ба минтақаро метавон дар тарзи вокунишҳои Русия чустучу кард, ки эҳтимолан то чанд рузи дигар шоҳиди он хоҳем буд.

Маскав ва хобҳои императрий

Дар моҳҳои охир мақомоти олирутбаи рус ба истифода аз трибунҳои мухталиф эълом карданд, ки аз соли чадиди мелодй азми худро барои ташкили иттиҳоди воқеъйии кишварҳои пасошуравй, чазм хоҳанд кард.Дар ин робита мақомоти низомии Русия бо баҳрабардорй аз фазои ҳосил аз оғози раванди хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон, саъй карданд ин гуна илқо кунанд, ки таъсиси ниҳоди низомии қавй ва фаъол, танҳо роҳи дифоъ аз суботу амнияти кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон аст.Аммо он чй бештар чалби таваччуҳ кард ва дар конуни таҳлилу баррасиҳо қарор гирифт, эъломи нахуствазири Русия дар мавриди таъсиси Иттиҳоди Авруосиё дар қаламрави Шуравии собиқ буд. Бидуни шак ин ибрози назарҳо баргирифта аз фазои мавчуд дар қаламравест, ки онро Русия «минтақаи суннатии нуфузи Маскав» медонад. Таҳаррукоти чадид Амрико дар Осиёи Марказй ва ифшогариҳои сафорати Амрико дар Тошканд дар мавриди тасмими қатъии Ислом Каримов дар мавриди шарикии чиддй бо Амрико дар масоили ин минтақаи стротегй, давлатмардони Русияро бар он доштааст, ки дар пайи ҳифзи манофеи худ дар минтақа иқдомоти чиддитаре интихоб намоянд.Амрико дар шароите ки хуручи неруҳои худ ва муттаҳидонаш аз Афғонистонро оғоз ва дар ростои ичрои ин ҳадаф аз роҳҳои мухталифе кишварҳои Осиёи Марказиро вориди тарҳҳои худ кардааст, хоставу нохоста аз нақш ва чойгоҳи Маскав дар муъодилоти минтақаи стротегии Осиёи Марказй, костааст.Ҳамзамон бо ин, наздикшавии беш аз ҳади Узбакистон бо Амрико ин хатарро ба вучуд оварда, ки дар сурати накардани вокунишҳои ба мисл аз тарафи Маскав, дигар кишварҳои минтақа аз Узбакистон пайравй хоҳанд кард.Ҳамин омилҳо боис шуда, ки Русия даст ба иқдом шавад ва мақомоти ин кишвар дар сатҳҳои мухталиф эълом карданд ниҳодҳои фаъол дар қаламрави Шуравии собиқро чони тоза хоҳанд дамид. Аз чумла Валдимир Путин, нахуствазири ин кишвар дар суҳбат бо рузномаи «Известия» таъкид кард ба зудй тарҳи таърихии таъсиси иттиҳоди Авруосиёро руи даст хоҳад гирифт.Путин дар ин мусоҳиба Иттиҳоди гумрукии Русия, Белорус ва Қазоқистонро ҳастаи иттиҳоди чадид кишварҳои Авруосиё унвон кард. Владимир Путин дар шарҳи иқдоми худ ва итминон ба тавфиқ дар ин тарҳ гуфтааст,барои шаклгирии Иттиҳодияи Аврупо ҳадди ақал 40 сол зарур шуд ва иттиҳоди гумрукии мо дар оғози роҳ аст.Муаллифи мақолаи «Известия» дар ташреҳи суханони Путин навиштааст:»монеъаҳои марзй барои муҳочирони корй аз байн рафта, ин муҳочирон маҳалли кор ва таҳсили худро худ интихоб хоҳанд кард ва озодиҳое эъмол хоҳад шуд, ки ҳатто дар замони Шуравй вучуд надошт…».Нахуствазири Русия дар идома таъкид кардааст, ки дарвозаи Иттиҳоди Авруосиё барои ҳамаи кишварҳои довталаб боз хоҳад буд ва ин ҳаргиз рақиби Иттиҳоди давлатҳои мустақил набуда, балки бо он ҳамкорй хоҳад кард. Дарк кардан душвор нест, ки тарҳи мазкур барномаи қабл аз интихоботй ва даврони раёсати чумҳурии Путин аст, ки баргирифта аз авзои кунунии кишварҳои пасошуравй, ба вижа талоши онҳо дар чиҳати афзудан бар фосилаҳо бо Русия аст. Бо таваччуҳ ба ин ки дар чаҳони имруз иқтисод ҳарфи аввалро мезанад ва бисёре аз қудратҳо аҳдофи худро аз тариқи тарҳҳои иқтисодй ва сармоягузорй дар бахшҳои муҳими иқтисоди кишварҳои мавриди назар, дунбол мекунанд, нахуствазири кунунй ва эҳтимолан раиси чумҳури ояндаи Русия, қасд дорад бо тақвияти Иттиҳоди гумрукй ва додани бархе имтиёз ба кишварҳои аз нигоҳи иқтисодй заъиф, чойгоҳ ва нуфузи худ дар қаламрави Шуравии собиқро эҳё кунад.Иттиҳоди гумрукй, ки дар моҳи октябри соли 2007 тавассури Русия, Белорус ва Қазоқистон таъсис шуд, то ин дам натавонистааст интизороти таъсисдиҳандагонро бароварда кунад, бо ин ҳол Точикистон ва Қирғизистон номзадҳо барои узвият ҳастанд. Албатта дар ин миён ричоли низомии Русия низ дар ростои эҳёи ҳокимияти худ дар қаламрави Шуравии собиқ ибрози назарҳое намуданд.Дар ҳамин робита Николай Макаров, раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Русия дар як нишасти хабарй дар Маскав зимни ҳушдор аз такрори «баҳори арабй» дар кишварҳои Шуравии собиқ, ба вижа дар Осиёи Марказй, бар зарурати таҳкими ҳамкориҳои низомй таъкид кард.Ин мақоми низомии Русия тазаккур дод, масоили монанд ба кишварҳои арабй, дар кишварҳои Осиёи Марказй вучуд дорад ва Русия бояд омодаи ҳамагуна ҳаводиси ғайримунтазира бошад.Ин ибрози назар дар шароите сурат гирифт, ки бо оғози хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон фазосозиҳо дар мавриди вахомати авзоъ дар кишварҳои ҳамчавор, беш аз ҳар замони дигаре ташдид шудааст. Чунин талошҳои Маскав дар шароите сурат мегиранд, ки Федератсиюни Русия алорағми иқдомоти зиёд, ҳатто низомй, натавонистааст инсичом ва ҳамгароиро дар дохили худ шакл диҳад. Аз суи дигар ин тарҳ шадидан бо мухолифатҳои дохилй ва хоричй ру ба ру хоҳад шуд. Бо ин ҳол Маскав бо иқдомоти ҳамзамони сиёсй ва низомй бар он шудааст, ки дар муқобили таҳаррукоти чадиди Амрико дар Осиёи Марказй ба таври чиддитаре биистад.Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон дар чорчуби он чй «сиёсатҳои чандсамтй» мегуянд, равобит бо кишварҳои Шарқу Ғарбро густариш додаанд, амре ки ҳаргиз хушоянди русҳо набудааст. Дар мавриди иттиҳоди чадид, сухангуи нахуствазири Русия гуфт, «иттиҳоди мазкур бо тазмини истиқлолияти сиёсии давлатҳои узв таъсис меёбад, аммо фаъолиятҳо дар бахши иқтисод бояд аз як марказ мудирият шаванд».Ин манбаъ афзуд, Маскав мехоҳад Иттиҳоди Авруосиё пули воҳид ва Бонки марказй дошта бошад.Албатта ин иқдоми чадиди Маскав идомаи ҳамон талошҳоест, ки тайи 20 сол баъд аз фурупошии Шуравй дар шаклҳои мухталифе дар чиҳати ҳифз ва таҳкими чойгоҳи Русия дар қаламрави он императорй сурат гирфтаанд.Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Паймони амнияти чамъи, Чомеъаи иқтисодии Авруосиё, Созмнои ҳамкории Шонгҳой ва Иттиҳоди гумрукй, ҳеч кадом то кунун натавонистаанд ба як ниҳоди фаъоли минтақаъи ва муассир дар муъодилоти байналмилалй табдил шаванд.Ба баёни дигар ба истиснои Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки тавонист бархе масоили марзии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказиро ҳал кунад, дигар ниҳодҳо ҳаргиз ба муроди таъсисдиҳандагон набуданд ва Русия натавонист тавассути ин ниҳодҳо пеши роҳи нуфузи кишварҳои мухталиф, ба вижа қудратҳои Шарқу Ғарб ба қаламрави Шуравии собиқро бигирад. Аз суи дигар талоши Маскав барои таъсиси сохтори воҳиди мудирияти давлат бо Белорус ҳудуди 20 сол аст, ки ҳеч самарае ба ҳамроҳ надошта, ҳатто ду тараф чандин бор дар чабҳаҳои мухталифи иқтисодй дар муқобили ҳам қарор гирифтанд.Аз суи дигар Украина ҳеч тамоиле барои мушорикат дар ниҳодҳои таҳти нуфузи Русия надорад.Дар ин миён дар Осиёи Марказй, ба унвони ҳастаи тарҳҳои Маскав дар чиҳати эҳёи нуфузи худ, низ чанд дастагй вучуд дорад ва кишварҳои ин минтақа дар масоили марзй, баҳрабардорй аз манобеи гидруэнергетикй ва ҳуқуқи ақаллиятҳо ихтилофоти чиддие бо ҳам доранд. Русия дар ростои дифоъ аз манофеъи хеш, аз ин ихтилофот баҳарабардориҳои манфиатчуёна кардааст ва ҳамин амр боис шуда, ки чойгоҳи ин кишвар дар минтақа, ба вижа Осиёи Марказй заъиф шавад.Зеро аз як су мавзеъгириҳои Русия мунсифона набудаанд, аз суи дигар Ғарб бо қарор гирифтан дар сангари муқобил, ин мавзеъгириҳоро камтаъсир кардааст.Ба мувозоти ин бо ифтитоҳи «шабакаи шимол» Амрико тавонистааст аз нақши Русия дар Осиёи Марказй то ҳадде бикоҳад.Бо ин ҳама, талошҳои чадиди давлатмардони Маскав дар мавриди бозофаринии нақш ва чойгоҳи Русия дар қаламрави Шуравии собиқ ин паёмро ба ҳамроҳ дорад ки бо руйи кор оамадани Владимир Путин дар Русия, минтақа саҳнаи бозиҳои чадиди сиёсй хоҳад шуд.