Точикистон ва Узбакистон — ду ҳамсоя


Дар шаҳри Хучанд ҳафтаи гузашта мизи гирде баргузор шуд, ки дар он масоили пеши руи вилояти Суғд(шимоли Точикистон) дар бахши экологй мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.

Ин мизи гирд бо ибтикори чанд муассисаи экологй ва пуштибонии дафтари созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Точикистон доир шуд, ки дар он масъулони бахши экологй, коршиносон ва намояндагони расонаҳои дохилию хоричй ҳузур доштанд. Вазъи асафбори муҳити зист дар манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон дар меҳвари суханрониҳо қарор дошт. Ширкаткунандагон дар ин мизи гирд иброз доштанд, ки дар пайи фаъолиятҳои дур аз муқаррароти байналмилалии корхонаҳои саноатии Узбакистон, муҳити зист дар шимоли Точикистон олуда ва ин амр боиси бурузи бемориҳои мухталиф дар миёни аҳолии ин манотиқ, ба вижа кудакон шудааст. Аз чумла таъкид шуд, ки корхонаи маъдани Олмалиқ, корхонаҳои симон ва оҳани Бекобод, ки бо партобҳои ва газҳои мухталиф, муҳитро беш аз меъёрҳои маъмулй олуда кардаанд, зиндагии мардумро дар ноҳияҳои Спитамен ва Масчоҳ бо мушкилоти зиёде ру ба ру кардаанд. Аз чумлаи ин мушкилот, густариши бемориҳои мухталиф, аз чумла амрози саратонй ва тахриби киштзорҳо ва чарогоҳҳо мебошад.
Бино ба гузориши Саидамин Исомаддинов, раиси идораи муҳити зисти устони Суғд авзои экологй дар ноҳияи Спитамен, ки дар наздикии шаҳри саноатии Бекободи Узбакистон қарор дорад, беш аз дигар манотиқи шимоли Точикистон вахим аст.Вай афзуд болиғ бар 47 ҳектор аз заминҳои кишоварзии ин ноҳияи маҳалли дафни партобҳои корхонаҳои Бекобод мебошанд, ки баъд аз фурупошии Шуравй ва марзбандиҳои чадид, аз доираи таваччуҳи масъулон хорич шуда, газҳо ва маводи хаиарноки мухталиф паҳн мекунанд, ки ин раванд ҳамасола бар олудагии муҳити зист меафзояд.Ин дар ҳолест, ки Узбакистон тасмим гирифтааст дар шаҳри Бекобод, дар чавори марзҳои Точикистон як корхонаи чадиди симон бино кунад.
Исомаддинов тазаккур дод, фаъолиятҳои беравияи кони Олмалиқ боиси он шудааст, ки дар ноҳияи Масчоҳ 350 гектор замини кишоварзй олуда бо маводи химиявии мухталиф шуда, дигар қобили истифода намебошанд. Раиси идораи муҳити зисти вилояти Суғд афзуд, партобҳои кони мазкур боиси он шудааст, ки хок ва оби минтақа олуда шуда, чангалҳо ва чарогоҳҳо дар ҳоли инқироз қарор гирифтаанд. Ширкаткунандагон дар мизи гирди Хучанд масъулони Узбакистонро сабабгори аслии вайроншавии муҳити зист дар минтақа унвон карданд ва таъкид намуданд, ки дар ростои ҳаллу фасли масоили экологй боястй мақомоти ду кишвар бо ҳам музокира кунанд. Албатта, ин мизи гирд як навъ иқдоми чавобии Точикистон ба иқдоми ба ин монанди Узбакистон мебошад.Қарори маълум, давлати Тошканд бо таъсиси кумитаи экологй дар порлумони худ, бар он шуд, ки хисороти зистмуҳитии корхонаи алюмини Точикистонро ба ниҳодҳои байналмилалй муаррифй ва аз давлати Душанбе чуброн дарёфт намояд. Ҳамин кумита дар мавриди он чи ки хатароти зистмуҳитии неругоҳи Роғун унвон кард, гузорише таҳия ва дар расонаҳои мухталиф мунташир кард. Ба баёни дигар алайҳи корхонаи алюмини Точикистон ва неругоҳи Роғун дар минтақа ва берун аз он фазосозй намуд. Дар ҳамин росто дар манотиқи ҳаммарз бо Точикистон намоишҳои эътирозии донишчуёни узбак, аз чумла дар шаҳри Термиз баргузор шуд. Ин масоил равобити ду кишвари ҳамсояро ба чолиш кашид.Узбакистон алайҳи Точикистон ба истилоҳ «чанги релсй» эълом ва вогонҳои дорои коло барои Точикистонро дар қаламрави худ мутавққиф намуд.Ин иқдом аз баҳори имсол шуруъ шуд ва бино ба бароварди мутахассисони точик ба иқтисоди Точикистон миллиардҳо доллар хисорот ворид намуд.Баъд аз он ки музокироти мақомоти ду тараф барои ҳалли ин мушкил натичае ба бор наовард, Душанбе барои кумак ба ниҳодҳои мухталифи байналмилалй мурочиа кард, аммо боз ҳам бидуни натича.Ниҳоят, ахиран порлумони Точикистон тасмим гирифт, ки санадҳои зарурй дар мавриди муҳосираи иқтисодии Узбакистон таҳия ва ба додгоҳҳои байналмилалй пешниҳрд кунад.Аммо вазорати хоричаи Узбакистон бо интишори баёнияе таъхир дар ҳаракати қаторҳои Точикистонро «тарофик» дар роҳи оҳан, ки дар пайи афзоиши интиқоли коло ва муҳиммоти марбут ба неруҳои эътилоф ба Афғонистон ба миён омадааст, унвон кард. Бо ин ҳол тарафи Точикистон мегуяд, ҳамаи иқдомоти Узбакистон алайҳи ин кишвар чанбаи сиёсй доранд ва Тошканд намехоҳад Точикистон пешрафт кунад.Дар ин миён матбуоти ду кишвар бо нашри матолиб алайҳи кишварҳои якдигар, дар пайи барангехтани афкори умумии чомеъаҳои худ баромаданд.Ин иқдомот то чое пеш рафт, ки раиси чумҳури Узбакистон тарҳи сохти неругоҳи Роғунро «тарҳи аҳмақона» унвон кард.
Инак набарди лафзии ду кишвари ҳамсоя ба марҳалае расида, ки ҳар кадом дар сададанд, бо мурочеъа ба ниҳодҳои байналмилалй, пирузи ин набард бошанд.Аммо тачрибаи чаҳонй собит кардааст, ки ниҳодҳои байналмилалй ва кишварҳои ба истилоҳ «ҳомии демократия ва адолат», дар расидагй ба чунин масоил, ҳеч гоҳ мунсифона амал накардаанд ва дар чорчуби манфиатҳои роҳбурдии худ, маншаъи ихтилоф миёни кишварҳоро ҳифз кардаанд, то дар замони муносиб аз он кор гиранд. Вучуди буҳрони беш аз 20-солаи Қарабоғи куҳй, мисоли кучаке дар ин замина аст.Бо таваччуҳ ба ин, беҳтарин роҳ он аст, ду кишвари ҳамсоя, ки мардумонашон садсолаҳо дар канори ҳам зиста, дорои муштаракоти фаровоне мебошанд, гирди мизи музокирот биншинанд ва бидуни дахолати тарафи саввум масоили марбут ба равобити байни ҳамдигарро ҳаллу фасл намоянд. Дар ин росто санаде, ки 17 ноябри соли 1994 миёни Точикистон ва Узбакистон дар мавриди беҳбуди вазъи экологй дар манотиқи марзии ду кишвар ба имзо расид, метавонад заминаи хубе бошад

То кай миллати точикро таҳқир ва туҳмат мекунанд?

Таҳаввулоти рузҳои чории Қирғизистон баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки дар марҳалаи кунунй ин кишвари Осиёи Марказй ба унвони саҳнаи руёруйиҳои қудратҳои Шарқу Ғарб барои озмудан имконият ва тавони хеш дар ростои ба даст овардани раҳбарии минтақа ва чаҳон интихоб шудааст.

Бино ба навиштаи Дэниел Гринфилд, ки сайти интернетии centrasia.ru мунташир кардааст, тағйири қудрат дар Бишкек бо дахолати мустақими Маскав сурат гирифт ва акнун русҳо бо истифода аз ҳамон шеваи ҳамешагии худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои қавмй, дар пайи он ҳастанд, ки фурсатро фароҳам кунанд ва дар нақши ягона начотдиҳандаи мардуми мазлуми минтақа, тачовузи навбатии худ ба ин қаламравро шакл диҳанд.
Аз навиштаҳои ин муаллиф бармеояд, ки дар ин росто имрузҳо хадамоти вижаи Русия бо интишори матолиб дар расонаҳои таҳти нуфузи худ ва бо истифода аз хабарнигорони муздур, саъй бар он дорад, ки дар водии Фарғона чангро миёни узбакҳо, қирғизҳо ва точикҳо ба роҳ андозад.Нашри ахбори бе банду бор дар расона ва вебсойтҳои мухталиф дар бораи мушорикати шаҳрвандони Точикистон дар куштори аҳолии вилоятҳои Чалолобод ва Уш дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Нахустин хабар дар мавриди мушорикати точикҳо дар куштори мардум дар вилояти Уш тавассути Қувват Байболов, маовини аввали вазири амнияти миллии Қирғизистон мунташир шуд.Ин масъули қирғиз эълом намуд, ки хонаводаи Боқиев аз ҳисоби шаҳрвандони Точикистон гуруҳҳои вижа созмон додаанд ва ба манзури муташаннич кардани авзоъ мардуми бедифоъро мекушанд. Ҳарчанд Байболов иддао кардааст, ки ба истинод ба эътирофоти афроди боздоштшуда ин ҳарфҳоро мегуяд, аммо исме аз шаҳрвандони Точикистон, ки даст ба куштор задаанд, набурдааст.Албатта рузи 16 июн ин масъули қирғиз ин суханонро такзиб кард ва дар мусоҳиба бо радиои Озодй таъкид кард, ки бо хабаргузории ИТАР ТАСС дар ин маврид ҳеч гуна мусоҳибае анчом надодааст.
Сайти интернетии fergana.ru низ бидуни зикри исме, аз шаҳрвандони Точикистон ва ба истинод ба як тамоси телефонй, ки маълум нест пушти хат кй буда, иддао кардааст, точикон ба сифати тирандоз(снайпер) мардумро мекуштанд.Ин сойт навиштааст, бешаз 10 тан аз ин тирандозон кушта шуданд ва часадҳои онон дар бемористони Уш нигаҳдорй мешавад.Аммо на аксе ва на исме аз ин афрод чоп накардааст. Аркадий Дубнов, шореҳи рузномаи «Время новостей» низ дар суҳбат ба радиои «Эхо Москви» гуфт:» ман бо тамоми масъулият иброз медорам, дар ин бондҳо афроде ширкат доштанд, ки дар чанги шаҳрвандии Точикистон аз тарафи чабҳаи халқй ё мухолифони точик чангида буданд». Ин хабарнигор дар идома гуфтааст:»шаҳрвандони Точикистон аз Русия ба Қирғизистон фиристода шуданд ва сафорати Точикистон дар Маскав низ дар ин кор шарик аст».
Ин ҳама гузоришҳо баёнгар аз он аст, дар шароити кунунй неруҳое дар водии Фарғона вориди амал шудаанд, ки дар ин минтақаи ҳассос чанги қавмиро созмон диҳанд ва ба ҳадафҳои нопки худ даст ёбанд.Аммо бояд эътироф кард, ки ин низоъҳоро шояд битавон ба осонй роҳандозй кард, вале раванди он дигар дар ихтиёри созмондиҳандагон нахоҳад буд.
Дар миёни неруҳое, ки низоъи қавмиро дар Қирғизистон заминасозй мекунанд, Аркадий Дубнов бештар аз бақия фаъол аст.Аз навишатҳои ин хабарногор бармеояд, ки огоҳона ва бар асоси барномарезии дарозмуддат дар ростои афрухтани оташи чанг миёни миллатҳои ҳамсояи узбак ва точик, ҳамчунин узбак ва қирғиз фаъолият мекунад.Албатта барои ироаи омору рақамҳои дақиқ дар ин замина, бояд навиштаҳои уро мурур кард, аммо ниёзе ба ин нест, чунки мардуми минтақа ба шеваи нигариш ва нигориши Дубнов ва ҳамкешони у ошноанд. Бо ин вучуд фақат ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд, Дубнов навишта буд, ки Ислом Каримов бо раиси чумҳури Точикистон мулоқоти ру дар ру нахоҳад дошт ва фақат дар нишастҳои умумй бо Раҳмон дидор хоҳад кард.Вай ҳамон гуна, ки дар мавриди ҳузури точикон дар кушторҳои Қирғизистон гуфта буд: «ман бо тамоми масъулият иброз медорам»…, дар ин бора низ бо ҳамон ба истилоҳ масъулият хабарсозй ва агар дурустар бигуем, фазосозй карда буд.
Ҳадафи Дубнов он буд, ки қабл аз вуруди раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой, фазои сард дар равобити Тошканд — Душанберо сардтар чилва диҳад.Аммо ҳамон гуна ки сойтҳои расмии ҳам Узбакистон ва ҳам Точикистон хабар доданд, Ислом Каримов ва Эмомалй Раҳмон дар дидори як ба як бисёре аз масоили мавчуд дар равобити ду кишварро баррасй карданд ва ба тавофуқҳое низ даст ёфтанд.Ичозаи ҳаракати наздик ба ду ҳазор вагони Точикистон, аз чумлаи ҳосили ин дидор буд.
Ба назар мерасад роҳандозии таблиғоти зиддиточикй дар Қирғизистон бе робита ба тазоҳуроти точикони муқими ин кишвар дар баробари сафорати Узбакистон дар Бишкек набошад.Дар он тазоҳурот ки 27 майи соли чорй баргузор шуд, як гуруҳ аз точикони муқими Қирғизистон аз масъулони узбак талаб намуданд, ки ба муҳосираи иқтисодии Точикистон поён диҳад.
Мушохидахо нишон медиханд, ки хадафи хар гуна тахқир ва тухматхо қарор гирифтани точикон аз бехимоятии онон сарчашма мегирад.Харчанд ахиран вазорати корхои хоричии Точикистон дар баробари суханони тахкиромези Жириновский вокуниши сахт нишон дод, аммо чунин иқдомот кам анчом шуда, то охир пайгирй нашудаанд. Ин бор афроде мисли Дубнов хатарноктар аз хамеша даст ба кор шудаанд, то миллати точикро ба куштан диханд. Ин икдом метавонад хазорон точикро дар қаламрави шуравии собик ба куштан дихад ва бе муболига тахдиди чиддиест ба тамомияти арзии Точикистон. Аз ин ру сохторхои дахлдори Точикистон боястй чиддитар ва котеъонатар аз хамеша вокуниш нишон диханд ва ин фитнаангезихоро дар нутфа саркуб кунанд, то миллати точик битавонад масири сулху созандагиро бо эътимоду боварии бештар идома дихад.