Точикистон ва Узбакистон сари мизи музокира мешинанд.

Хабаргузориҳо ба нақл аз Абдулло Юлдошев, маовини аввали вазири корхои хоричаи Точикистон иттилоъ доданд, ки дар рузҳои наздик як ҳайат тахти сарпарастии Муродалй Алимардонов, муовини нахуствазири Точикистон чиҳати ширкат дар нишасти навбатии кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои Точикистон ва Узбакистон ба Тошканд хоҳад рафт.Ин кумиссиюн, ки солҳои охир корномаи чандон чолибе аз худ ироа накардааст, соли гузашта дар Душанбе доир гардида буд.

Рузи чоршанбеи 18 феврали соли 2009 дар пойтахти Точикистон гуруҳе аз мақомоти точик ва узбак даври ҳам чамъ омаданд то масъалаҳои мавчуд дар робитаҳои ду кишварро баррасй ва ҳаллу фасл намоянд. Ин нишаст дар қолаби комиссиюни байнидавлатй баргузор гардид, ки аз замони охирин нишасти он шаш сол гузаштааст. Хамин мавзуъ, яъне тайи 6 сол доир нашудани нишастҳои ин комиссиюн баёнгар аз вазъи робитаҳо миёни Тошканд – Душанбе аст. Албатта, дар ин солҳо мақомоти точик борҳо ба Узбакистон сафар карданд, аммо масъулони узбак тамоили чандоне ба сафар ба Точикистон аз худ нишон надоданд. Дар он айём бисёре аз коршиносон аз нишасти тарафҳои точик ва узбак ба унвони руйдоди таърихй ёд намуда, пешбинй мекараданд, ки баъд аз ин дидор шоҳиди боз шудани гиреҳ дар муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя хоҳем буд. Дар дидори Рустам Азимов, маовини аввали нахуствазири Узбакистон ва раиси ҳайати узбакистонй бо Эмомалй Раҳмон, раиси Чумҳури Точикистон низ ба ин нуктаи муҳим ишора шуд. Аммо фазои музокирот «чандон гарм» набуд. Ҳарчанд беш аз 10 масъала барои баҳсу баррасй пешниҳод шуда буд, вале дар поёни нишаст фақат ду протокол ба имзо расид: яке дар бораи ҳамкориҳои иқтисодй-тичорй, дигаре дар бораи масъалаҳои марзй. Интизор мерафт роҳи ҳалле барои истифода аз манбаъҳои обй ва интиқоли неруи барқ, ки беш аз ҳар масъалаи дигаре дар робитаҳо миёни ду кишвар соя афкандааст, пайдо шавад, аммо ҳаргиз ин тавр нашуд. Инак бо гузашти беш аз як сол аз замони дуввумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Точикистон ва Узбакистон, тарафҳо бар он шудаанд севумин нишасти ин кумиссиюнро доир кунанд, то шояд битавонанд робитаҳои байнихамдигарро вориди мачрои матлубтаре бинамоянд. Аммо бо таваччуҳ ба вазъи кунунии равобит миёни ду ҳамсоя, ки гузашти як сол масъала ва мушкилоти наве бар он афзудааст, аз эхтимол дур ба назар мерасад, ки тарафҳо битавонанд дар як нишасти гиреҳи ин масоилро ба осонй боз кунанд. Аз чумлаи ин мушкилот азми Точикистон ба такмили неругоҳи Роғун ба унвони зомини истиқлолияти энержии ин кишвар ва мухолифатҳои сарсахтонаи Узбакистон ба ин тарҳ мебошад. Давлати Тошакнд дар қолаби як стротегияи аз қабл танзим шуда, дар чандин нишасту ҳамоишҳои байналмилалй масъалаи сохтани ду неругоҳи Камбарота дар Кирғизистон ва Роғун дар Точикистонро ба унвони таҳдид ба муҳити зисти минтақа матраҳ ва то чое муваффақ ба фазосозй дар ин замина низ шуд. Бо вучуд ин, давлати Душанбе аз аввалхои соли чории мелодй неругоҳи Роғунро тарҳи миллй эълом кард ва саҳмияҳои онро ба фуруш баровард.Аввалин вокуниши Узбакистон ба ин иқдом тавақкуфи вагонҳои дорои сузишворй, масолеҳи сохтмонй ва тачҳизот барои неругоҳҳои Точикистон дар қаламрави худ буд.Бар асоси оморҳои мақомоти точик, беш аз ду моҳ аст, ки ҳудуди 2 ҳазор вагони Точикистон бидуни ҳеч далеле дар қаламрави Узбакистон мутавақиф шудаанд ва зиёнхои бархоста аз ин амалкарди кишвари ҳамсоя 10 миллион доллар ба будчаи Точикистон баровард шудааст. Дар ин маврид Амонуллоҳ Хукуматуллоҳ, раиси муассисаи роҳи оҳани Точикистон дар як нишасти хабарй иттилоъ дод. Вай гуфт Узбакистон вайроншавии роҳи оҳан дар бархе манотиқро иллати тавқифи вагонҳои Точикистон эълом кард, аммо ҳозир нашуд ба мо ичоза диҳад, ки ин минтақаҳои осебдидаро таъмир кунем. Ҳукуматуллоҳ афзуд: тавақуфи вагонҳои мо бештар ангезаҳои сиёсй доранд, зеро аз ҳамон масир ҳамаруза қаторҳои мусофирбарй аз Русия ва Қазоқистон ба Точикистон меоянд.Ин мақоми точик иброз дошт, ки дигар баҳонаи Узбакистон дар манъ кардани вагонҳои Точикистон камбуди локомотив буд, аммо роҳи оҳани Узбакистон пешниҳоди моро дар мавриди истифода аз лукумотивҳои Точикистон напазируфт. Албатта вокунишҳои Тошканд ба иқдоми Точикистон дар мавриди такмили неругоҳи Роғун фақат дар манъ кардани вагонҳо хулоса нашуда, то барпойии тазоҳурот бар зидди фаъолияти корхонаи алюмини точик-аслитарин корхонаи саноатии Точикистон пеш рафт. Аҳолии навоҳии вилояти Сурхондарёи Узбакистон авохири моҳи март ва аввалхои моҳи апрел бо даъвати чунбиши экологии Узбакистон тазоҳурот барпо ва иддао намуданд, ки гарду ғубори корхонаи алюмини точик омили афзоиши бемориҳои мухталиф дар ин устон шудааст.Тазоҳуркунандагони узбак ҳатто барои мудати тулонй масири ҳаракати қатори Душанбе — Конибодом(аз марказ ба шимоли Точикистон)ро бастанд. Албатта давлати Душанбе низ барои руёруйи ба мухолифатҳои Тошканд дар мавриди сохтани неругоҳи Рогун, иқдомҳое анчом дод.Аз чумла дар порлумони Точикистон кумиссиюни экологй таъсис шуд, ки вазифаи аслии он ҳифозат аз иддаоҳои зистмуҳитии кишварҳои ҳамсоя алайҳи тарҳҳои иқтисодии Точикистон унвон шудааст. Дар ин миён вуруди коршиносони Бонки чаҳонй ба маҳалли сохтани неругоҳи Рогун чиҳати фароҳам кардани шароити бозрасии ин тарҳ, ба навъе бартарии Тошкандро дар муборизоти дипломатй алайҳи тарҳҳои энергетикии Точикистон нишон медихад. Зеро Душанбе чунин амреро ба шарти бозрасии тарзи истифодаи об дар Узбакистон карда буд, аммо коршиносони байналмилалй иқдомро аз Точикистон шуруъ кардаанд, ки ин амр баёнгар аз пирузии дипломатияи узбак мебошад. Хамин тавр саввумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Точикистон ва Узбакистон дар шароити начандон матлубе барои ду кишвари ҳамсоя, баргузор мешавад.Бисёре аз коршиносон дар таҳлилҳои худ аз шакли робитаҳо миёни Точикистон ва Узбакистон, сардии ба вучудомадаро бархоста аз талошҳои Ислом Каримов барои табдил шудан ба «раҳбари минтақа» медонанд. Ҳамин коршиносон мегуянд, Тошканд дар ростои таҳмили хостаҳои худ ба ҳамсоягон, дар бисёре аз мавридҳо манфиатҳои Точикистонро нодида гирифтааст. Давлати Душанбе, ки дар солҳои чанги дохилй ногузир ба пазириши бархе аз дидгоҳҳои Тошканд буд, бо бозгашти суботу амният ба Точикистон, ба тадрич бар он шуд, ки сиёсатҳои мустақил ва дар чорчуби манфиатҳои миллй ва давлатиро дунбол кунад. Ҳарчанд ин сиёсатҳо дар ҳеч марҳалае алайҳи Тошканд набудаанд, аммо доираҳое дар Узбакистон аз он бим доштан (ва доранд), ки коҳиш ва дар ниҳоят рафъи вобастагиҳои Точикистон аз Узбакистон, метавонад ба ҳадафҳои стротегии Тошканд дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй латма ворид кунад. Чонибдорони ин дидигоҳ таъкид мекунанд, ки талоши Узбакистон барои дар вобастагй нигоҳ доштани Точикистон ва Қирғизистон баргирифта аз стротегияи давлатмардони ин кишвар дар ростои таҳмили сиёсатҳо ва хостаҳои худ ба ҳамсоягон аст. Бо вучуди ин ҳама мушклот, азми Душанбе ва Тошканд чиҳати баргузории саввумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматй, баёнгар аз ин аст, ду ҳамсоя ба тадрич ба дарки ин воқеият мерасанд, ки худ метавонанд беҳтар аз ҳар миёнчии дигаре ба мушкилот дар равобит расидагй ва роҳи ҳалҳое барои он пайдо кунанд.Ин амри начиб аз як су дасти қудратҳои фурсатталабро чиҳати мудохила дар умури минтақа кутоҳ ва аз суи дигар заминаҳои ҳамгароиҳои бештарро дар миёни кишвархои минтака фароҳам хоҳад кард.

Афгонистон ва талоши Аврупо барои хуруч аз ин кишвар


Давлати Барак Обама дар ҳоле тасмим ба афзоиши теъдоди неруҳои низомии худ дар Афғонистон гирифт, ки муттаҳидони аврупойии Кохи сафед дар пайи фишорҳои афкори умумй, бар он шудаанд, ки низомиёни худро аз ин кишвари чангзада ихроч кунанд.Дар ин маврид ахиран давлати Голландия эълом кард, ки то поёни соли 2010 низомиёни мустақар дар Афғонистонро ба ватан боз хоҳад гардонд.Албатта ин тасмими нахуствазири Голландия вокунишҳои шадидеро дар дохили ҳукумати ин кишвар ба ҳамроҳ дошт, бо ин ҳол хуручи низомиёни ҳоландй аз Афғонистон амре ичтинобнопазир аст.Гуфтанй аст аз ибтидои соли 2006 то поёни соли 2009 21 сарбози ҳоландй дар устони Урузгони Афғонистон кушта ва 56 нафари дигар захмй шуданд.Дар соли 2009 теъдоди низомиёни Голландия дар Афғонистон 2 ҳазор нафарро ташкил медод, аммо дар моҳҳои аввали соли 2010 ин теъдод ба 1850 нафар коҳиш ёфт.

Бидуни шак хуручи низомиёни Голландия аз Афғонистон зарбаи сангине ба барноамҳои Амрико ворид хоҳад кард, зеро Голландия аз чумлаи муттаҳидони содиқи Вашингтан маҳсуб мешавад. Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо бознигарй дар сиёсатҳои осиёимиёнайии худ, ҳачми кумакҳо ба кишварҳои ин минтақаро то ҳадде коҳиш додааст.Аз чумла дар ин маврид гуфта мешавад, ки дар соли ояндаи милодй ҳачми кумакҳо ба Осиёи Марказй тақрибан бидуни тағйир боқй хоҳад монд, аммо Точикистон ва Қирғизистон дар муқоиса ба солҳои қабл кумакҳои камтаре дарёфт хоҳанд намуд.Аз чумла дар соли 2011 Қирғизистон 40,3 миллион доллар кумак дарёфт хоҳад кард, ки ин рақам ҳудуди 6 миллион доллар камтар аз соли қабл аст.Хачми кумакҳо ба Точикистон низ дар соли 2011 аз 42,5 миллион доллар ба 41,5 миллион доллар коҳиш хоҳанд ёфт. Мақомоти амрикойи тайи солҳо ҳузури худ дар Осиёи Марказй ба хубй дарёфтанд, ки давлатҳои тозаистиқлоли ин минтақа дар руёруйи бо бисёре аз чолишҳо, аз чумла ифротгаройи, тероризм, қочоқи маводи мухаддир ва инсон, ҳамчунин фасоди молй ва ришвахорй, аз тавонийиҳои лозим бархурдор нестанд.Аз ин ру Кохи сафед, ки ичрои барнома ва аҳдофи худ дар Афғонистонро дар гарави субот дар Осиёи Марказй ва равобити хуб бо кишварҳои он мебинад, талош кардааст бо ҳар як аз давлатҳои ин минтақаи стротегй равобити хуб ва дустона дошта бошад.Тамоми кумакҳо ва ҳамкориҳои Вошингтон ва давлатҳои Осиёи Марказй дар ҳамин росто сурат гирифтаанд ва хоҳанд гирифт. Бо таваччуҳ ба ин, кумакҳои Амрико ба Точикистон ва Қирғизистон дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳкими амният, мубориза бо ноамниҳо дар марзҳо ва … истифода хоҳад шуд.Албатта барои пушиши аҳдофи аслии Амрико дар ироаи кумакҳо ба кишварҳои Осиёи Марказй, Кохи сафед таъкид кардааст, ки барои ислоҳи вазъ дар бахшҳои таъмини амнияти ғизои, беҳдошт, омузишу парвариш, истифода аз манобеи об ва домдорй барои Точикистонва Қирғизистон кумакҳоеро дар назар гирифтааст. Дар барномаи кумакҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказй, ҳачми ин кумакҳо ба Узбакистон ва Қазоқистон бидуни тағйир боқй мондааст, аммо дар мавриди Туркманистом ҳачми ин кумакҳо аз 12,5 миллиондоллар ба 10 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Бар асоси ин барномаи Амрико, ироаи кумакҳо ба кишварҳои Қафқоз низ идома хоҳад ёфт, ба гунае ки ҳачми ин кумакҳо ба Арманистон ва Озарбойчон бетағйир боқй монда, аммо барои Гурчистон( ба иловаи кумакҳои миллиард долларй, ки Вашингтон баъд аз чанги Русия — Гурчистон дар соли 2008 ба Тифлис дар назар гирифт) бо 10 миллион афзоиш, ҳачми кумакҳо дар соли ояндаи мелодй ба 68,7 миллион доллар хоҳад расид. Аз асноди мунташира рочеъ ба ироаи кумакҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказй бармеояд, ки дар муқоиса ба давлати Чорч Буш, ки давлатҳои Осиёи Марказиро «давлатҳои дар ҳоли гузар ба демократия» таъбир мекард, давлати Обама ин давлатҳоро «давлатҳои нокоромад» медонад ва дар ироаи кумак ба онҳо вижагиҳоеро мадди назар хоҳад дошт. Муруре ба амалкарди Вашингтон дар қиболи давлатҳои Осиёи Марказй ин ақидаро тақвият мекунад, ки давлати Барак Обама барномаҳои дақиқе дар қиболи ин минтақа надорад ва сиёсатҳояш дар аксари маворид марҳалай будаанд.Тағйири мавозеи Вошингтан дар мавриди пойгоҳҳои низомиаш дар Қирғизистон ва Узбакистон, тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Қарори маълум, Кохи сафед ахиран эълом кард, ки дар пайи ифтитоҳи пойгоҳи дуввуми низомй дар Қирғизистон мебошад. Бар асоси гузоришҳои мунташира, қарор аст ин пойгоҳ дар устони Боткан, дар чануби Қирғизистон эчод шавад.Сафорати Амрико дар Бишкек эълом кард ин пружа ба зудй оғоз ба кор хоҳад кард. Ин иқдом баёнгар аз талоши Амрико барои густариши ҳузури низомии худ дар кишварҳои Осиёи Марказй аст, то битавонад фаъолиятҳои амниятиро дар ин минтақаи ҳассос таҳти контрол дошта бошад. Аз суе беэътимодии Амрико ба давлати Узбакистон, Вашингтонро бар он водоштааст, ки аз таъсиси пойгоҳи низомй дар ин кишвар сарфи назар намуда, ин барномаро дар қаламрави Қирғизистон дунбол кунад.Бидуни тардид, ин иқдоми Амрико хилофи майлу иродаи Тошканд аст ва метавонад дар робитаҳои Вашингтон — Тошканд асар гузорад. Вашингтон дар расидан ба аҳдофи худ дар Афғон чандон муваффақ набудааст. Ҳарчанд лашкаркашй ба Афғонистон таҳти шиори мубориза бо терроизм сурат гирифт, аммо бо гузашти наздик ба 10 сол аз замони тачовузи Ғарб ба саркардагии Амрико ба Афғонистон, на Бен Лодан дастгир шуд ва на аз шиддати ҳамалоти Ал-Қоида ва Толибон коста шуд. Тайи ин муддат ҳазорон нафар аз ғайринизомиёни афғон дар пайи ҳамалоти ноҳамоҳанги неруҳои ба истилоҳ посдори сулҳ кушта ва даҳҳо шаҳру русто ба харобазор табдил шуданд.Ба вижа ҳамалоти ҳавойии НАТО қурбониёни зиёде дар миёни ғайринизомиён доштаанд, амре ки эътирозоти мақомот ва мардуми Афғонистонро ба ҳамроҳ доштааст. Аммо ин эътирозот ҳеч гоҳ роҳ ба чое набурдаанд. Аз суе тайи ин муддат, яъне аз соли 2001 то моҳи феврали соли 2010 як ҳазор неруи низомии амрикойи, 264 англисй ва 140 конодойи дар Афғонистон чони худро аз даст додаанд. Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ муваффақияте ба ҳамроҳ надоштааст. Бар асоси гузоришоти Созмони миллали муттаҳид тайи солҳои ахир тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ба ин сурат будаст:соли 2001 — 185 тон, соли 2002 — 3400 тон,соли 2003 — 3600 тон, соли 2004 — 4200 тон, соли 2005 — 4100 тон, соли 2007 — 8200 тон ва соли 2008 — 7700 тон.Оморҳо нишон медиҳад, ки баъд аз суқути ҳукумати Толибон дар Афғонистон, тавлиди маводи мухаддир аз 185 тон ба 7700 тон дар замони ишғоли ин кишвар твасути Ғарб, афзоиш ёфт. Дар мачмуъ ояндаи Афғонистон дар ҳолае аз ибҳом қарор гирифтааст ва эъломи Ҳолланд дар мавриди хуручи неруҳояш аз Афғонистон таъйиди ин ақида аст, ки Амрико ва Ғарбро сарнавиште мушобеҳи сарнавишти Иттиҳоди Шуравй дар Афғонистон пеши ру қарор дорад.Кишварҳои аврупойи бо мушорикат дар ишғоли Афғонистон , чойгоҳи худ дар чаҳони исломро аз даст доданд ва акнун дар пайи онанд ки бо фарохонии неруҳои худ аз ин кишвари чангзада, ин вазъро то ҳадди имкон ислоҳ намоянд.

Мушкилоти хамгаройи дар Осиёи Марказй


Дар шароите, ки Осиёи Марказй ба далелҳои мухталиф ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст ва кишварҳои ин минтақа дар сари дуроҳаи интихоби шарикони хеш қарор гирифтаанд, гуруҳе аз коршиносон бо ишора ба собиқаи равобит миёни ин кишварҳо ва Русия, интихоби Русияро ба унвони шарики муътамад дар ҳамаи заминаҳо, ба нафъи тамоми мардумони Осиёи Марказй арзёбй мекунанд.Ин даста аз коршиносон бо истинод ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба унвони вориси Иттиҳоди Шуравй, муътақиданд, раванди рушди иқтисодй ва таҳкими истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказй бештар ба меъёрҳо ва муқаррароти Федератсияи Русия ҳамхонй дорад, то муделҳои нашинохтаи Ғарб. Зеро системаи иқтисодии ин кишварҳо сарфи назар аз талошҳои раҳбарон ва масъулон, ҳамчунон вобастагиҳое аз иқтисоди Русия дорад, ин ҳосили мавчудияти беш аз 200 солаи ин минтақа дар қаламрави геополитикии Маскав мебошад. Маркази пажуҳишҳои институи байналмилали таҳқиқоти стритегии « Veсtor » воқеъ дар Маскав, дар таҳқиқоти ахиран анчомдодаи худ ба ҳамин мавзуъ таъкид карда, зуҳури давлатҳои мустақил дар Осиёи Марказиро ҳосили сиёсатҳои дустонаи Русия дар қиболи ин кишварҳо тавсиф кардааст.

Фурупошии Иттиҳоди Шуравй дар даҳҳаи 90 қарни гузашта, ҳамзамон бо ташкили кишварҳои мустақил дар Осиёи Мрказй, масоил ва мушкилотеро низ барои мардумони ин минтақа ба армуғон овард.Аслитарини ин мушкилот гусастани занчири равобити иқтисодй буд, ки ҳамчунон чойгузини муносибе пайдо накардааст.Бо ин ҳол сиёсатҳои маскавситезии бархе аз раҳбарони Осиёи Марказй, ки бархоста аз руйкарди комунистии Кремл ба ин кишварҳо тайи даврони Шуравй, ҳамчунин бими сарони ин кишварҳо аз гирифтории мучаддад ба Маскав мебошад, монеи чиддй дар роҳи наздикии дубора ба Русия қаламдод мешавад. Таҳқиқоти маркази «Veсtor» дар шароите мунташир шудааст, ки давлатҳои Осиёи Марказй тайи наздик ба ду даҳа мавчудияти мустақил, ҳамзамон бо мушкилоти фаровони иқтисодию ичтимои ва фарҳангй, бо мушкилоти тозае дар равобити байниҳам низ мувочеҳ шудаанд. Ҳамаи ин кишварҳо байни ҳам ба навъе мушкилот ё ихтилоф назар доранд, ки то ин дам ба таври мустақил натавонистаанд онҳоро ҳаллу фасл кунанд. Масоили марзй, вучуди ақалиятҳои миллй, истифодаҳои абзорй аз манобеи энержй,ва сохти тарҳҳои азими гидроэнергетикии аз ин чумлаанд, ки ҳар аз гоҳе равобити ҳамсоягонро ба чолиш мекашанд.Ин мушкилот ба навъе дар замони Шуравй низ вучуд доштанд, аммо дастгоҳҳои ҳокимаи муқтадири он абарқудрат имкони бурузи ононро дар равобити чумҳуриҳои ба истилоҳи он замон «бародар» намедод. Акнун, баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй ва дар пайи нотавонии Русия дар чиҳати расидагй ба ин мушкилот, давлатҳои Осиёи Марказй чашми умед ба миёнчигарии дигар кишварҳо духтаанд.Чин ба унвони қввалин қудрат дар даврони пасошуравй, бо дарки ин муҳим вориди амал шуд ва талош кард дар ин замина ибтикори амалро аз Русия гирад. Дар ҳамин росто Созмони ҳамкории Шонгхой шакл гирифт ва дар чорчуби ин созмон, ки бо мудириятии муштараки Чин ва Русия мечархад, бархе аз масъалаҳои марзии мавчуд миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказй ҳаллу фасл шуд. Акнун Чин дар идомаи ҳамин талошҳо, зимни мушорикат додани кишварҳои Осиёи Марказй дар тарҳҳои муштарак, саъй дорад як навъ ҳамгароийии ин кишварҳоро дар чорчуби манфиатҳои худ шакл диҳад.Бо эҳдоси хати лулаи интиқоли гази Осиёи Марказй ба Чин, Пекин тавонист сарони ду кишвари ба ҳам рақиби Узбакистон ва Туркманистонро то ҳадди қобили мулоҳизае ба ҳам наздик кунад.Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ва Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон як душмании шадид бо ҳам доштанд ва дар ҳеч аз як масоили минтақайи иштироки назар надоштанд. Ҳамин амр боиси ба бунбаст мувочеҳ шудани бисёре аз тарҳҳои минтақайи мегардид.Бо марги Туркманбошй як навъ нармиш дар рафтори сарони Тошканд ва Ашқобод дар қиболи ҳамдигар ба вучуд омад.Натича он буд, ки Узбакистон аз тарҳи сохти хати интиқоли гази Туркманистон ба Чин чонибдорй кард ва ба он ҳамроҳ шуд. Қобили зикр аст, ки Узбакистон бо доро будани захоири фаровони газ, дар сиёсатҳои Осиёи миёнайии Чин аз чойгоҳи вижае бархурдор аст.Аз ин чост, ки Пекин дар ростои дифоъ аз мавзеи Тошканд дар мавриди истифода аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ичрои қарордоди сохти неругоҳ дар рудхонаи Зарафшон дар Точикистонро ба ҳолати таълиқ даровард.Баровардҳои коршиносй нишон медиҳад, ки Қазоқистон ва Узбакистон бо дар ихтиёр доштани захоири фаровони энержй ва манобеи иштиғол метавонанд дар бозорҳои байналмилалии энержй нақшофаринй намоянд, албатта машрут ба он ки қудратҳое назири Чин чунин ичозаеро ба онон бидиҳанд.Ин мавзуъ барои Пекин аз аҳамияти волое бархурдор аст ва давлатмардони Чин дурнамои ҳузури худ дар Осиёи Марказиро дар наздикии бештар бо ин ду кишвар мебинанд. Бо ин ҳол рақобат миёни Тошканд ва Ашқобод дар бозори энержии Осиёи Марказй мавзуест, ки Чин ва дигар қудратҳои муддайии нуфуз дар ин минтақа, наметавонанд онро нодида гиранд. Дар ин росто Қурбонгулй Бердимауҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон ба шарофати равобити хубе, ки бо Нурсултон Назарбоев дорад, раиси чумҳури Қазоқистон дорад,тавонистааст Остона ба муттаҳиди худ дар тарҳҳои интиқоли энержии минтақа ба бозорҳои Аврупо табдил диҳад. Амре ки ба ҳеч вачҳ қобили қабули Каримов набудааст. Ҳамзамон бо ин изҳороти раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди ин ки ҳозир аст барои об ба кишварҳои «болодаст» пул пардохт кунад, хашми Каримовро барангехт. Рақобат ва ё ихтилофи назар миёни сарони Осиёи Марказй фақат дар равобити Тошканд — Ашқобод хулоса намешавад, Ислом Каримов бо сарони Қирғизистон ва Точикистон низ ихтилофи назарҳои чиддие дорад, ки рафъи онҳо ниёз ба гузаштҳо аз ҳамаи тарафҳоро дорад. Иёлоти муттаҳидаи Амрико низ бо роҳҳои мутафовуте дар садад аст мавозеи кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳам наздик намуда, барномаҳои худро дунбол кунад.Вашингтон низ дар ин росто бо мушкили мавзеъгириҳои навасони Ислом Каримов мувочеҳ аст ва талош намудааст вонамуд кунад, ки дар муодилоти Осиёи Марказй аз манофеи Тошканд ҳимоят мекунад.Давлатмардони Кохи сафед ҳамин рафтори худро дар қиболи ҳар як аз кишварҳои ин минтақа анчом дода, бо истифода аз қаламрави онҳо, аҳдофи роҳбурдии худро дар Афғонистон пай мегиранд. Ҳамин нақшро Иттиҳодияи Аврупо низ дар Осиёи Марказй ичро мекунад. Ҳарчанд қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказй дар сухан бар ҳамгаройи миёни кишварҳои ин минтақа таъкид мекунанд, аммо ба ҳеч вачҳ намехоҳанд мушкилоти фимобайни ин кишварҳо комилан рафъ шавад, зеро вучуди ин мушкилот абзорест, ки ин қудратҳо аз он ба нафъи худ истифода мекунанд.Аз ин ру танҳо роҳи расидагй ба мушкилоти ҳар минтақа эҳтимоми кишварҳои ҳамон минтақа аст.Умед ба миёнчигарии кишварҳои фароминтақайи заминаи ҳокимияти бегонагонро фароҳам намуда, истиқлоли кишварҳоро таҳти савол қарор хоҳад дод.Таърихи башар саршор аз тачрибаҳои талхе дар ин замина мебошад.

Хизбхои фармоишй дар Туркманистон

Рузи 18 феврали соли чории милодй Қурбонгулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон дар нишасти ҳайати давлат тарҳи ташкили аҳзоби мухолиф дар ин кишварро ироа намуд.Раиси чумҳури Туркманистон иброз дошт, ки имруз дар саросари кишвар дар ростои пешрафти чомеа кору эчод ва ибтикор дар тамомии бахшҳо чараён дорад. Вай афзуд , аз чумла тайи се соли охир 677 тарҳи азим ба маблағи 6 миллиарду 500 миллион доллар мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, ки хатҳои интиқоли гази фаромиллии Туркманистон — Чин ва Туркманистон — Эрон, пул бар болои рудхонаи Амударё, корхонаҳои азими санъатй, минтақаи туристии «Аваз» ва кули Туркман аз ин чумлаанд.Қурбонгулй Бердимуҳаммадов таъкид кард,ин ҳама рушду тавсаъа баёнгар аз он аст, ки кишвари мо дорои иқтисоди муназзам буда дар бисёре аз бахшҳо ба худкафойи даст ёфтааст.

Раиси чумҳури Туркманистон дар идомаи суханони худ ба усули демократияи воқеи пардохта, ишора кард, ки дар шароити кунунй ташкили аҳзоби мухталиф, ҳатто мухолиф на нафъи чомае хоҳад буд.Вай гуфт, ҳар ҳизбе, ки дар чорчуби қонуни асосй дар заминаҳои мухталифи кишоварзй, санъатй ва амсоли ин ташкил шавад, метавонад озодона фаъолият намояд. Хамин тавр барои аввалин бор пас аз касби истиқлолият дар соли 1991, дар Туркманистон масъалаи ташкили аҳзоби мухолиф матраҳ шуд.То ин дам дар ин кишвар ҳизби ҳокими демократ, ки баромада аз батни ҳизби комунист буд,танҳо ҳизби фаъол маҳсуб мешуд. Албатта теъдоде созмону ташаккулҳои чонибдори давлат, ки узви чунбиши миллии «Қалқиниш» (Растохез)буданд, фаъолият мекарданд.Ин ниҳодҳо як навъ такмилкунанда ё шохаҳои ҳизби ҳоким ҳисоб мешуданд, ки вазифаи аслиашон тарғибу тарвичи сиёсатҳои Туркманбошй — Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон буд.Ба эътиқоди фаъолони ҳуқуқи башари туркман ин чунбиши ба истилоҳ миллй ва ниҳодҳои шомили он, ҳамчунин ҳизби ҳокими демократ бар хилофи муқаррароти қонуни асосии Туркманистон ташкил шуда, аз тарафи давлат сармоягузорй мешаванд.Фақат ҳизби ҳоким ва созмонҳои шомили чунбиши «Қалқиниш» ҳаққи ширкат дар интихоботро доштанд. Акнун раиси чумҳури Туркманистон бар он шудааст, ки бо мушорикат додани аҳзоби мухолиф дар ҳаёти сиёсии кишвар аз як су аз фазои хафақони даврони Туркманбошй бикоҳад, аз суи дигар бо чомеаи озод чилва додани Туркманистон, ҳар гуна таҳаррук ва вокунишро аз мухолифони табъидии худ аз байн барад ва интиқодҳои мачомеи байналмилалиро дар мавриди маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандй дар кишвараш, хунсо кунад.Албатта то ин дам раиси чумҳури Туркманистон дар ростои аз байн бардоштани осори даврони худкомагиҳои Туркманбошй иқдомҳое анчом дод ва дар идомаи ҳамин раванд ахиран бо дастури у бузургтарин мучассамаи Ниёзов дар пойтахт барчида шуд. Қобили зикр аст, ки Туркманистон дар даврони Сафармурод Ниёзов бо эъломи сиёсати бетарафй, худро зоҳиран аз таҳаввулоти чории минтақа ва чаҳон канор гирифт. Давлати Ашқобод ба мушорикат дар созмону ниҳодҳои минтақайи таваччуҳи чандоне намедод фақат ба хотири бархе аз барномаҳои иқтисодии худ, дар маъдуд нишастҳо ҳузур меёфт.Фазои сиёсии ин кишвар ҳамеша мавзуи интиқодоти созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар буд.Гуруҳи туркмании ҳуқуқи башар, ки қароргоҳи он дар Вена аст, ҳамеша бо интишори баёнияҳо поймолкунии ҳуқуқи башар ва усули демократй тавасути давлатмардони туркманро ба гуши ба истилоҳ ҳомиёни байналмилалии ҳуқуқи башар мерасонд. Аммо боре ҳам нашуда, ки ниҳодҳо ва ё кишварҳои муддайии дифоъ аз ҳуқуқи башар, иқдоме дар чиҳати беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистон анчом дошта бошанд. Зеро Туркманистон дорои бештарин захоири нафту газ дар Осиёи Марказй маҳсуб мешавад ва ҳеч як аз кишварҳои ғарбии мудаъйии дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳозир набуд бо сард кардани равобити худ бо давлати Ашқобод, худро аз ин захираҳо бенасиб кунад.Давлатмардони туркман низ аз чунин шароите ниҳояти истифодаро намуданд ва фазоро он гуна эчод карданд, ки бар муроди ҳокимияташон буд. Бо ин ҳол иқдоми раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди ташкили аҳзоби мухолиф, аз суи расонаҳои ин кишвар таҳаввуле муҳим дар ҳаёти сиёсй ва ичтимойи Туркманистон арзёбй шудааст.Ба эътиқоди дастандаркорони ин расонаҳо, ки нашъат гирифта аз тафаккури Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аст, вучуди ҳизбҳои рақиб дар шаклгирии фазои солими демократй муассир хоҳад буд, амре ки руйдодҳои сиёсй ва ичтимойии кишварро низ мазмуни тозае хоҳад бахшид. Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аз замони ба қудрат расидан дар соли 2006, ба тадрич иқдом ба ислоҳи вазъ дар бахшҳои мухталифи сиёсй, иқтисодй ва ичтимойиу фарҳангии Туркманистон ва аз байн бурдани мероси даврони тактозиҳои Туркманбошй намуд.Руйгардонй аз сиёсатҳои иқтидоргароёнаи Ниёзов, ки худро раиси чумҳури модомулумри Туркманистон эълом кард, аз вижагиҳои сиёсатҳои Бердимуҳаммадов будааст.Аммо ало рағми эъломи раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди эчоди фазои чандҳизбй дар арсаи сиёсии ин кишвар,ҳеч ояндаи рушане аз беҳбуди авзоъ дар ин замина ба чашм намерасад.Зеро чомеаи туркман хотироти хубе аз фарчоми фаъолиятҳои дигарандешон надорад ва сарнавишти талхи Абдураҳмон Абдураҳмонов, раиси гуруҳи чамъиятии «Илкинчилер», ки фақат ба хотири ироаи тарҳи алтернотифи ташкили иттиҳодияҳои кишоварзй ба 8 сол зиндон маҳкум шуд, ҳамчунон дар азҳони мардум боқист. Аз ин чо ба назар мерасад, ки пешниҳоди раиси чумҳури Туркманистон барои ташкили аҳзоби мухолифи фармоишй, талошест дар чиҳати ҳамсуйии зоҳирй бо дигар кишварҳои минтақа ва боло бурдани чойгоҳи худ ба унвони раиси чумҳури одил.Аммо аз он чо ки раиси чумҳури Туркманистон ва чомеаи ин кишвар дар мавриди аҳзоби мухолиф дидгоҳҳои мутафовуте доранд, ба назар намерасад, ки дар ояндаҳои наздик шоҳиди шаклгирии як ҳизби воқейии мухолиф дар ин кишвар бошем. Ба вижа он ки аз ҳоло доираҳои тамаъчу дар ҳайати ҳокимаи давлати Ашқобод саъй доранд бо додани унвонҳои баландпарвозона аз Бердимуҳаммадов як Туркманбошии дигар дуруст кунад. Дар ҳамин росто дар поёни чаласаи рузи 18 феврали ҳайати давлат Мурод Қориев, раиси кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Туркманистон пешниҳод кард, ки ба раиси чумҳур унвони «қаҳрамони Туркманистон» дода шавад. Ҳарчанд ин бор Бердимуҳаммадов ин пешниҳодро напазируфт, аммо ин нигаронй чой дорад, ки дар чорчуби «қудратталабии шарқй» ва «иқтидоргаройии» мероси Шуравй, раиси чумҳури кунунии Туркманистон ба тадрич аз масири салафи худ гом бардорад.