Тарафи саввум дар Осиёи Марказй


Чанде қабл Ален Делетро ноиб раиси бахши аврупойии гуруҳи байналмилали буҳроншиносй (International Crisis Group) дар мусоҳиба ба радиои Олмон иброз дошт, Афғонистон як домест,ки барои кишварҳои Осиёи Марказй роҳандозй шудааст.Вай гуфт аз он чо ки мофиёи маводи мухаддир ҳамвора қавитар аз қабл мешавад, фаъолият ва манофеъи ин мофиё дар ояндаи на чандон дур амният ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказй, назири Қирғизистон, Точикистон ва ҳатто Қазоқистонро ба чолиш хоҳад кашид.Ин мақоми аврупойи афзуд, масири тронзити маводи мухаддир аз Афғонистон ба Точикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва кишварҳои аврупойи боиси он хоҳад шуд, ки дар ин кишварҳо манотиқи чудогона аз контрули давлат хорич шаванд.

Ален Детро таъкид кард, ки дар айни ҳол дар манотиқи куҳистонии Точикистон ва Қирғизистон гуруҳҳои мусаллаҳи қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият мекунанд, ки ҳадафи аслии онҳо ноамн кардани ин кишварҳо ва умуман густариши ноамнй дар Осиёи Марказй ва пеш бурдани ҳадафҳои худ мебошад.

Ин мусоҳиба дар рузҳое анчом шуд, ки шарқи Точикистон саҳнаи даргириҳои пароканда миёни афроди мусаллаҳ ва неруҳои низомии давлати Душанбе буд.Дар ин руйдод корвони неруҳои вазорати дифоъи Точикистон мавриди ҳамлаи ғофилгирона қарор гирифт, ки ба асари он беш аз 26 нафар аз низомиёни точик кушта шуданд.Ин фочеъа 19 сентябрруй дод ва давлати Душанбе Абдулло Раҳимов, Мирзохуча Аҳмадов ва Аловаддин Давлатов — чангиёни мухолифони собиқро масъули ин ҳамла эълом кард. Аммо манбаъҳои боэътимод аз маҳалли ҳодиса бо зикри далелҳо эълом карданд, ки ҳамла ба корвони низомиёни вазорати дифоъ кори тарафи севвум буд. Албатта ин барои аввалин бор нест, ки даст доштани гуруҳи саввум дар чиноятҳои ҳавлноки Точикистон тазаккур мешавад.Дар замони баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни тарафҳои рақиби точик борҳо ҳамин тарафи саввум даст ба чиноятҳо зада, талош кардааст чангу хунрезиро дар сарзамини точикон идома бахшад.
Ҳамин мавзуъ, яъне даст доштани тарафи саввум дар раванди ҳаводис, дар руйдодҳои ахири Қирғизистон низ борҳо матраҳ шуд.Дар баҳори соли чории мелодй, вақте ки дар вилоятҳои Ош ва Боткен даргириҳои шадид миёни қирғизҳо ва узбакҳо ба вуқуъ пайваст ва мунчар ба кушта шудани даҳҳо узбактабори Қирғизистон ва фирори ҳазорон узбак ба кишварҳои ҳамсоя шуд, сохторҳои қудратии қирғиз аз даст доштани тарафи саввум дар ин хушунатҳо сухан ба миён оварданд.Дар он замон бархе сохторҳои вобаста ба хадамоти вижаи давлати Тошканд, талош карданд точиконро омили куштори узбактаборҳои Қирғизистон муаррифй кунанд, амре ки пешгирй нашудани он дараи Фарғонаро ба кушторгоҳи воқеъй табдил мекард.Баъдан дар чунин мавридҳое, замоне ки терорҳо то Бишкек, пойтахти Қирғизистон доман кашиданд низ борҳо дахл доштани тарафи саввум зикр шуд.
Мавзуъи даст доштани тарафи саввум дар раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй ҳарчанд ба тавре ки мебояд собит нашудааст, аммо тасдиқе ба ин дидгоҳ аст, ки гуруҳҳои манфиатдор даст ба амал шудаанд, то Осиёи Марказиро ноамн намуда, аҳдофи нопоки худро амалй кунанд.Дар ин миён ба назар мерасад бархе давлатҳо чунин вазъеро ба нафъи худ медонанд, то зимни даргир кардани ҳамсояҳо ба масъалаҳои ҳошияи, аҳдофи хешро пеш баранд.Аммо воқеият он аст, ки вуқуъи ҳар ноамнй дар ҳар як кишварҳои аз Осиёи Марказй, дигар кишварҳоро низ таҳти таъсир қарор хоҳад дод.
Дар чунин шароите коршиносони маркази таҳқиқотии ба номи Дуглас таъкид бар ин доранд, ки бояд Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои сиёсй — низомии худ бо давлатҳои Осиёи Мракзиро тавсаъа бахшад.Ба эътиқоди ин коршиносон дар марҳалаи кунунй Амрикоро зарур аст ҳамкориҳои иқтисодй ва сиёсй — низомии худро бо Точикистон, Узбакистон ва Туркманистон густариш диҳад. Коршиносони ин марказ бар онанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд ба Қирғизистон дар бахшҳои иқтисодй, низомй, қазойи, амниятй ва тақвияти сохторҳои давлатй кумакҳои фаврй ироа диҳад ва нагузорад, ки Русия пойгоҳи Манасро тасоҳуб шавад.Зеро ин пойгоҳ нақши калидй дар ичрои барномаҳои НАТО дар Афғонистон дорад ва пирузй дар чанги Афғонистон амре муҳим дар чорчуби манофеъи миллии Амрико маҳсуб мешавад. Ориел Коэн, як тан аз муҳаққиқони ин Марказ бо ишора ба сарнагунии Қурмонбек Боқиев, таъкид бар он дорад, ки Русия дар чиҳати таъмиқ ва тақвияти ҳокимияти худ дар Осиёи Марказй беш аз ҳар замони дигаре вориди амал шудааст, аз ин ру иқдомоти чавобии Амрико як амре ичтинобнопазир аст.
Бо чунин руйкарде, вучуди тарафи саввум дар таҳаввулоти кишварҳои Осиёи Марказй як амре табии ба назар мерасад. Зеро тачрибаи чаҳонй нишон медиҳад, ки ҳар вақт ин ё он минтақа аз чаҳон майдони рақобати қудратҳо шуда, набзи таҳаввулот ва контрули авзоъ на ҳамеша дар ихтиёри давлатҳо боқй мондааст.Яъне ҳар як аз қудратҳо дар ростои аҳдоф ва барномаҳои худ сенариёи мавриди назарашонро ба ичро гузоштаанд ва ҳамин амр боиси зуҳури ба истилоҳ тарафи саввум ва кушта шудани мардумони бумй ва суқути давлатҳо будаст. Бо ин ҳол нигоҳе ба раванди руйдодҳо дар Қирғизистон ва Точикистон баёнгар аз ин воқеъият ҳаст, ки дар ҳолатҳое давлатҳои ин кишварҳо худ заминаи ба истилоҳ дахолати тарафи саввум дар таҳаввулотро фароҳам мекунанд. Аз чумла дар Қирғизистон мубориза барои қудрат мучиботи ин амрро фароҳам кардааст ва дар Точикистон норизоятии мардум аз ичрои созишномаи сулҳ ва дар канори ин, иқдомоти мақомоти давлатй дар таҳқири заноне ки либоси миллиро риоят мекунанд, заминаи фаъолияти гуруҳҳои ифротиро, ки аз хорич пуштибонии молй ва ҳидоят мешаванд, муҳайё кардааст.
Аслитарин заминаи мудохилаи тарафи саввум дар таҳаввулоти кишварҳо, ин ҳузури кишварҳои бегона дар минтақа аст ва рақобат миёни ин қудратҳо сабаб мешавад, ки ҳар кадом барои расидан ба ҳадафҳои худ, дар нақши «тарафи саввум» вориди амал мешавад.Аз чумла ҳузури гуруҳи шуришии Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави Узбакистон боис он шудааст, ки давлати Тошканд ҳхар аз гоҳе ҳамсояи худ — Точикистонро мавриди фишор қкарор медиҳад ва бо фиристодани аъзои ин гуруҳ ба хоки Точикистон талош мекунад раванди таҳаввулотро дар дасти худ гирад.
Бо таваччуҳ ба он чи зикр шуд, аслитарин роҳи кутоҳ кардани дасти тарафи саввум дар таҳаввулоти кишварҳо он аст, ки давлатҳо дар расидагй ба мушкилоти чомеъаҳо бештар кушо бошанд ва муттакй ба мардум бошанд на қудратҳои фурсатталаб. Яъне кушиш кунанд байни давлат ва мардум, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсй фосила эчод нашавад.

То кай миллати точикро таҳқир ва туҳмат мекунанд?

Таҳаввулоти рузҳои чории Қирғизистон баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки дар марҳалаи кунунй ин кишвари Осиёи Марказй ба унвони саҳнаи руёруйиҳои қудратҳои Шарқу Ғарб барои озмудан имконият ва тавони хеш дар ростои ба даст овардани раҳбарии минтақа ва чаҳон интихоб шудааст.

Бино ба навиштаи Дэниел Гринфилд, ки сайти интернетии centrasia.ru мунташир кардааст, тағйири қудрат дар Бишкек бо дахолати мустақими Маскав сурат гирифт ва акнун русҳо бо истифода аз ҳамон шеваи ҳамешагии худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои қавмй, дар пайи он ҳастанд, ки фурсатро фароҳам кунанд ва дар нақши ягона начотдиҳандаи мардуми мазлуми минтақа, тачовузи навбатии худ ба ин қаламравро шакл диҳанд.
Аз навиштаҳои ин муаллиф бармеояд, ки дар ин росто имрузҳо хадамоти вижаи Русия бо интишори матолиб дар расонаҳои таҳти нуфузи худ ва бо истифода аз хабарнигорони муздур, саъй бар он дорад, ки дар водии Фарғона чангро миёни узбакҳо, қирғизҳо ва точикҳо ба роҳ андозад.Нашри ахбори бе банду бор дар расона ва вебсойтҳои мухталиф дар бораи мушорикати шаҳрвандони Точикистон дар куштори аҳолии вилоятҳои Чалолобод ва Уш дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Нахустин хабар дар мавриди мушорикати точикҳо дар куштори мардум дар вилояти Уш тавассути Қувват Байболов, маовини аввали вазири амнияти миллии Қирғизистон мунташир шуд.Ин масъули қирғиз эълом намуд, ки хонаводаи Боқиев аз ҳисоби шаҳрвандони Точикистон гуруҳҳои вижа созмон додаанд ва ба манзури муташаннич кардани авзоъ мардуми бедифоъро мекушанд. Ҳарчанд Байболов иддао кардааст, ки ба истинод ба эътирофоти афроди боздоштшуда ин ҳарфҳоро мегуяд, аммо исме аз шаҳрвандони Точикистон, ки даст ба куштор задаанд, набурдааст.Албатта рузи 16 июн ин масъули қирғиз ин суханонро такзиб кард ва дар мусоҳиба бо радиои Озодй таъкид кард, ки бо хабаргузории ИТАР ТАСС дар ин маврид ҳеч гуна мусоҳибае анчом надодааст.
Сайти интернетии fergana.ru низ бидуни зикри исме, аз шаҳрвандони Точикистон ва ба истинод ба як тамоси телефонй, ки маълум нест пушти хат кй буда, иддао кардааст, точикон ба сифати тирандоз(снайпер) мардумро мекуштанд.Ин сойт навиштааст, бешаз 10 тан аз ин тирандозон кушта шуданд ва часадҳои онон дар бемористони Уш нигаҳдорй мешавад.Аммо на аксе ва на исме аз ин афрод чоп накардааст. Аркадий Дубнов, шореҳи рузномаи «Время новостей» низ дар суҳбат ба радиои «Эхо Москви» гуфт:» ман бо тамоми масъулият иброз медорам, дар ин бондҳо афроде ширкат доштанд, ки дар чанги шаҳрвандии Точикистон аз тарафи чабҳаи халқй ё мухолифони точик чангида буданд». Ин хабарнигор дар идома гуфтааст:»шаҳрвандони Точикистон аз Русия ба Қирғизистон фиристода шуданд ва сафорати Точикистон дар Маскав низ дар ин кор шарик аст».
Ин ҳама гузоришҳо баёнгар аз он аст, дар шароити кунунй неруҳое дар водии Фарғона вориди амал шудаанд, ки дар ин минтақаи ҳассос чанги қавмиро созмон диҳанд ва ба ҳадафҳои нопки худ даст ёбанд.Аммо бояд эътироф кард, ки ин низоъҳоро шояд битавон ба осонй роҳандозй кард, вале раванди он дигар дар ихтиёри созмондиҳандагон нахоҳад буд.
Дар миёни неруҳое, ки низоъи қавмиро дар Қирғизистон заминасозй мекунанд, Аркадий Дубнов бештар аз бақия фаъол аст.Аз навишатҳои ин хабарногор бармеояд, ки огоҳона ва бар асоси барномарезии дарозмуддат дар ростои афрухтани оташи чанг миёни миллатҳои ҳамсояи узбак ва точик, ҳамчунин узбак ва қирғиз фаъолият мекунад.Албатта барои ироаи омору рақамҳои дақиқ дар ин замина, бояд навиштаҳои уро мурур кард, аммо ниёзе ба ин нест, чунки мардуми минтақа ба шеваи нигариш ва нигориши Дубнов ва ҳамкешони у ошноанд. Бо ин вучуд фақат ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд, Дубнов навишта буд, ки Ислом Каримов бо раиси чумҳури Точикистон мулоқоти ру дар ру нахоҳад дошт ва фақат дар нишастҳои умумй бо Раҳмон дидор хоҳад кард.Вай ҳамон гуна, ки дар мавриди ҳузури точикон дар кушторҳои Қирғизистон гуфта буд: «ман бо тамоми масъулият иброз медорам»…, дар ин бора низ бо ҳамон ба истилоҳ масъулият хабарсозй ва агар дурустар бигуем, фазосозй карда буд.
Ҳадафи Дубнов он буд, ки қабл аз вуруди раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой, фазои сард дар равобити Тошканд — Душанберо сардтар чилва диҳад.Аммо ҳамон гуна ки сойтҳои расмии ҳам Узбакистон ва ҳам Точикистон хабар доданд, Ислом Каримов ва Эмомалй Раҳмон дар дидори як ба як бисёре аз масоили мавчуд дар равобити ду кишварро баррасй карданд ва ба тавофуқҳое низ даст ёфтанд.Ичозаи ҳаракати наздик ба ду ҳазор вагони Точикистон, аз чумлаи ҳосили ин дидор буд.
Ба назар мерасад роҳандозии таблиғоти зиддиточикй дар Қирғизистон бе робита ба тазоҳуроти точикони муқими ин кишвар дар баробари сафорати Узбакистон дар Бишкек набошад.Дар он тазоҳурот ки 27 майи соли чорй баргузор шуд, як гуруҳ аз точикони муқими Қирғизистон аз масъулони узбак талаб намуданд, ки ба муҳосираи иқтисодии Точикистон поён диҳад.
Мушохидахо нишон медиханд, ки хадафи хар гуна тахқир ва тухматхо қарор гирифтани точикон аз бехимоятии онон сарчашма мегирад.Харчанд ахиран вазорати корхои хоричии Точикистон дар баробари суханони тахкиромези Жириновский вокуниши сахт нишон дод, аммо чунин иқдомот кам анчом шуда, то охир пайгирй нашудаанд. Ин бор афроде мисли Дубнов хатарноктар аз хамеша даст ба кор шудаанд, то миллати точикро ба куштан диханд. Ин икдом метавонад хазорон точикро дар қаламрави шуравии собик ба куштан дихад ва бе муболига тахдиди чиддиест ба тамомияти арзии Точикистон. Аз ин ру сохторхои дахлдори Точикистон боястй чиддитар ва котеъонатар аз хамеша вокуниш нишон диханд ва ин фитнаангезихоро дар нутфа саркуб кунанд, то миллати точик битавонад масири сулху созандагиро бо эътимоду боварии бештар идома дихад.

Хамлаи иктисодии Чин ба Осиёи Марказй


Ҳукумати Қазоқистон дар ҳоли баррасии тарҳе мебошад, ки бар асоси он мехоҳад даҳҳо ҳектор заминро ба манзури анчоми фаъолиятҳои кишоварзй ба Чин вогузор кунад.Ин тарҳ пешбинй мекунад, ки кишоварзони чинй дар ин заминҳо зироатҳои лубиёиро ба манзури истеҳсоли руғани растанй парвариш кунанд.Аммо ин иқдоми Остона вокунишҳои шадидеро дар чомеаи ин кишвар доман зад ва мухолифони тарҳи мазкур ибрози нигаронй карданд, ки сарозер шудани шаҳрвандони чинй ба Қазоқистон дар дарозмуддат истиқлолияти ин кишварро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Воқеият он аст, ки Чин баъд аз фурупошии Шуравй бар асоси як барномаи роҳбурдй ҳамкориҳои худ бо кишварҳои Осиёи Марказиро шакл дод ва тайи 10-15 соли ахир ба таври қобили мулоҳизае арсаро барои рақибони аслии худ дар ин минтақа танг намуд. Дар пайи он чи ки таҳлилгарони ғарбй тачовузи иқтисодии Чин тавсиф мекунанд, чойгоҳи ин кишвар дар ҳаёти иқтисодии чумҳуриҳои Осиёи Марказй ба таври бесобиқае тавсаъа ёфта, бозорҳои ин кишварҳо пур аз маҳсулоти чинй шудааст. Дар моҳи декабри соли 2009, дар пайи ифтитоҳи хати лулаи интиқоли гози Туркманистон — Узбакистон — Қазоқистон — Чин, пирузии Пекин бар рақибонаш дар бозори энержии Осиёи Марказй рақам хурд ва марҳалаи чадиди ҳамкориҳо миёни ин кишвар ва Осиёи Марказй оғоз шуд. Акнун Чин қасд дорад бо сохтани роҳи оҳани Қирғизистон — Узбакистон — Туркманистон — Чин, ки роҳи оҳани Чумҳурии халки Чинро бо роҳҳои релии Эрон ва Туркия пайваст ва вуруди маҳсулоти ин кишвар ба бозорҳои Аврупои ғарбиро осон хоҳад намуд, заминаи сарозер шудани сармояи худ ва маҳсулоти тавлидкунандагони чинй ба минтақаи стротегии Осиёи Марказиро фароҳам намояд. Дар тавчеҳи ин тарҳ ва чалби ҳимояти кишварҳои Осиёи Марказй дар такмили он, вазири роҳи оҳани Чин таъкид кард, ки тарҳи мазкур мучиби рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказй шуда, ҳамгарои миёни ин кишварҳоро тақвият ва дастрасии ононро ба кишварҳои аврупойи осон хоҳад кард. Дар ростои такмили ин тарҳ Чин дар пайи он аст, онро дар чорчуби Созмони ҳамкории Шангҳой дунбол кунад.
Дар моҳи январи соли чории мелодй дар пайи сафари як ҳайати аршади Қирғизистон ба Пекин, дар раванди ҳамкориҳо миёни ду кишвари Қирғизистон ва Чин таҳаввули чадиде рух дод ва ду тараф дар мавриди бисёре аз масоил ба тавофуқоти созанда даст ёфтанд.Аз чумла дар чорчуби ин сафар тарҳи пайваст намудани роҳҳои оҳани ду кишвар қатъй шуд. Ҳамчунин дар ҳамин рузҳо буд, ки барои аввалин бор хабари эъломи тамоили Туркия ва Эрон чиҳати пайвастан ба роҳи оҳани чадид мунташир шуд.Мушкили мавчуд дар ин замина ба арзи хати роҳи оҳан дар ин кишварҳо бармегардад.Дар ҳоле ки роҳҳои оҳани Чин, Туркия ва Эрон бар асоси стандартҳои Аврупо 1435 миллиметр арз доранд, ин рақам дар Қирғизистон 1520 милллиметрро ташкил медиҳад.Роҳи оҳани Қирғизистон чун ҳамаи кишварҳои Шуравии собиқ бо ин вижагй аз дигар кишварҳо фарқ мекунад. Албатта ба чуз тарҳи мавриди назари Чин, дар Осиёи Марказй тарҳҳои дигаре низ дар ҳоли пайгирй ҳастанд. Тарҳо бонки осиёии рушд мавсум ба САRЕС, ки тавсаъаи роҳҳои иртиботй бо манотиқи ғарбии Чин, Русия, Узбакистон, Точикистон, Қирғизистон, Озарбойчон, Афғонистон ва Муғулистонро пешбинй мекунад, аз ин чумла мебошад.
Аз суи дигар Иттиҳодияи Аврупо аз соли 1990 дар пайи ичрои тарҳи ТРАСЕКА — коридори Осиёи Марказй ба Аврупо аст ва саъй дорад бо давр задани қаламрави Русия Осиёи Марказиро ба Аврупо васл намояд.Тавофуқнома дар ин замина соли 1998 дар Боку ба имзо расид.Қазоқистон, Қирғизистон, Точикистон, Узбакистон, Туркманистон,Озарбойчон, Арманистон, Гурчистон, Украина, Муғулистон, Молдова, Булғористон, Румонй ва Туркия кишварҳои ҳозир дар ин тарҳ мебошанд, аммо мушкилоти чуғрофиёи ичрои онро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.Ҳамчунин, Русия ва Чин дар ҳамкорй бо Қазоқистон тарҳи интиқоли коло аз Чин ба Аврупо тавассути қаламрави Русияро дар ҳоли пайгирй мебошанд.Ба илова, тарҳи дигаре бо номи коридори «Шимол — Чануб», ки моҳи сентябри соли 2000 тавассути Русия, Эрон ва Ҳиндустон ба имзо расид ва баъдан Белорус, Қазоқистон, Точикистон, Озарбойчон, Арманистон, Қирғизистон, Украина, Булғористон, Туркия, Уммон ва Сурия ба он пайвастанд, дар ҳоли пайгирй мебошад.Бо ин ҳол Чин қасд дорад ба унвони алтернотиф ва дар ростои эҳёи чодаи Абрешим тарҳҳои мавриди назари худ дар Осиёи Марказиро амалй намояд.
Имруз Чин беш аз ҳар кишвари дигаре дар Осиёи Марказй дар Точикистон фаъол аст ва тарҳҳои азими иртиботй дар ин кишварро дар марҳалаи ичро гузошта аст. Ҳамчунин мубодилоти тичорй миёни ду кишвар дар ҳоли густариш аст, ба гунае ки Чин дар соли 2009 дар ин замина аз Русия пешй гирифт ва ба рақами рекордии 1,5 миллиард доллар расид. Сохтани роҳҳо ва неругоҳҳо, сармоягузориҳои калони иқтисодй ва додани қарзҳои азим, аз дигар мавориди ҳамкориҳои ру ба рушд миёни Точикистон ва Чин мебошанд.Ин ҳама дар ҳолест, ки ба эътиқоди соҳибназарони точик, идомаи ин раванд ва бетаваччуҳии давлати Душанбе ба пайомадҳои он, дар дарозмуддат истиқлолияти Точикистонро ба хатари чиддй мувочеҳ хоҳад кард.
Дар Узбакистон низ Чин барномаҳоеро дунбол мекунад ва сарфи назар аз он ки давлати Ислом Каримов бо Кореяи Чанубй ба унвони шарики аслии худ, бештар таваччуҳ дорад, аммо Пекин дар чорчуби Созмони ҳамкории Шонгҳой ва ҳамчунин дар ростои эҳёи чодаи абрешим, дар қиболи ин кишвар низ барномаҳоеро дар назар дорад.
Ин ҳама таҳаррукоти Чин дар Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки дар оянда фазои сиёсии ин минтақаи стротегй дастхуши таҳаввулоти азиме хоҳад шуд ва тағйирот дар сиёсатҳои хоричии давлатҳои Осиёи Марказй бо афзоиши раванди тамоилоти онҳо аз Русия ба самти Чин, аз ин чумла хоҳад буд.Бо таваччуҳ ба ин ки баъд аз Амрико Чин дар ҳоли табдил шудан ба дуввумин абарқудрати чаҳонй аст, муқобила дар қиболи барномаҳои он коре нест, ки аз дасти давлатҳои кучаки Осиёи Марказй сохта бошад. Аз ин ру чавомеи ин кишварҳо бо дарки чунин таҳдидоте аз ҳоло садои эътироз баланд кардаанд, то шояд битавонанд пеши роҳи он чиро ки тачовузи хазандаи Чин ба кишварашон меноманд, бигиранд.Эътирози мардуми қазоқ ба сиёсатҳои Чин дар кишварашон аз ҳамин зовия қобили арзёбй ва таамул мабошад.

Қазоқистон аз тарҳҳои энержии Қирғизистон ва Точикистон ҳимоят кард

Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон эълом карданд, ки дар ояндаи наздик имкони муттаҳид кардани системи энержии худро мавриди баррасй қарор хоҳанд дод.Дар ин бора Абдулатиф Аҳмадов, сафири Қазоқистон дар Душанбе хабар дод.Сафири Қазоқистон ҳамчунин дар мавриди чанд тарҳи муштараки се кишвар гуфт, Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон дар пайи таъсиси низоми чадиди энержии муштарак ва роҳҳои иртиботии чадид аз Қазоқистон ба Точикистон тавассути Қирғизистон мебошанд. Вай афзуд, барои таъсиси низоми чадиди энержй бояд хати чадиди интиқоли барқ аз шаҳри Уш (Кирғизистон) то шаҳри Хучанд (Точикистон) сохта шавад.

Абдулатиф Аҳмадов ибрози умедворй кард, ки аз фаъолият бозмондаи системи воҳиди энержии Осиёи Мракзй як зуҳуротй муваққатй аст ва мо тамоми талоши худро ба харч хоҳем дод, то ин систем бо ҳузури кишварҳои манфиатдор мучаддадан фаъолияти худро аз сар гирад.
Қарори маълум аз аввали декабри соли 2009 ва дар пайи хуручи Узбакистон аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказй, фаъолияти ин систем халалдор шуд. Дар пайи ин руйдоди номатлуб, ба ҳар як аз кишварҳои минтақа ба мизони мухталиф зарару зиёнҳо ворид шуд, ки дар фаъолиятҳои иқтисодиашон бетаъсир набуд.
Системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй дар замони Шуравй таъсис шуд, ки ба унвони меконизми воҳид ва мутмаъин фаъолиятҳои энержии ҳамаи кишварҳои минтақаро таъмин менамуд. Ин систем имкон медод, ки мубодилоти энержй миёни кишварҳои минтақа танзим ва аз ҳар гуна мушкилй дар таъмини энержй пешгирй шавад.Ба илова аз тариқи ҳамин систем ба таври утумотй танзими тақсими об миёни кишварҳои Осиёи Марказй сурат мегирифт. Дар давраи Шуравй системи барқи кишварҳои Осиёи Марказй ба бисёре дигар аз чанбаҳои зиндагии мардуми ин минтақа таъсир дошт ва ниёзмандиҳои ҳар як аз чумҳуриҳои ин минтақа тавассути ҳамсоягони он бартараф мешуд. Аз он чо ки дар он давра ин чумҳуриҳо чузъи як кишвари воҳид маҳсуб мешуданд, ихтилофоти онҳо бо марказияти Маскав ҳаллу фасл мегардид ва имконе барои ташдид ва табдил ба буҳрон намеёфт.Ин вазъият пас аз фурупошии Шуравй ва тақсими мероси он ба кишварҳои мухталифи ин минтақа, тағйир кард ва талоши онҳо барои касби истиқлол дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа истифода аз манобеи энержии минтақа, сабаби бурузи ихтилофот дар равобити байни ин кишварҳо шуд. Дар ин миён баҳрамандии бархе кишварҳои ин минтақа аз манобеи нафту гоз, аз чумла Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ниёзи Точикистону Қирғизистон ба ин манобеъ ва дар муқобил, қарор гирифтани ин ду кишвар дар болооби рудхонаҳои чорй дар Осиёи Марказй ва ниёзи кишварҳои пойиноб ба ин манобеъ,сабаби печидатар шудани ҳарчй бештари мавзуи энержй дар ин минтақа шуд. Нигоҳе ба қобилиятҳои ин кишварҳо низ нишон медиҳад, ки тавони тавлиди барқ дар ин минтақа ба наҳви мутафовуте тақсим шудааст.Точикистон ва Қирғизистон ба унвони кишварҳои болодасти рудхонаҳои Осиёи Марказй, ки 80 дарсади манобеи обиро дар ихтиёр доранд, бо сохти таъсисоте дар масири ин обҳо, иқдом ба тавлиди барқ аз тариқи неругоҳҳои обй мекунанд. Кишварҳои пойиноб мухолифи чунин иқдоме ҳастанд.
Ва аммо он чи ба системи воҳиди энержии Осиёи Марказй бармегардад, бояд ба ин нукта ишора кард, ки ҳудуди 80 дарсади барқи ин минтақа аз тариқи ин систем таъмин мешуд ва хуручи ҳар як аз кишварҳо, ба вижа кишварҳои аслии таъминкунандаи барқ ва тронзити ин систем, аз чумла Узбакистон ва Қазоқистон ба маънии поёни ҳаёти ин систем буд, иттифоқе ки минтақа шоҳиди он аст.Акнун Қазоқистон, ки тамоилоти ҳамгаройии бештар дар минтақаро аз худ нишон додааст, саъй дорад занчирҳои аз ҳам гусастаи ин системро, ҳарчанд дар шакли номукаммал, мучаддадан пайваст кунад. Ин иқдоми Остона хилофи он талошҳоест, ки Тошканд дар минтақа анчом медиҳад.Яъне дар ҳоле ки Узбакистон бо қудратнамойи дар қиболи ду кишвари Қирғизистон ва Точикистон, ҳамвора саъй кардааст хостаҳои худ дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказиро ба ин ду кишвар таҳмил кунад, Қазоқистон талош кардааст, ки зимни рафъи суитафоҳумот, мавзеъҳои кишварҳои минтақаро ба ҳам наздик ва ҳамгароиро тавсаъа ва таҳким бахшад.Ин талошҳои Остона дар шароите, ки Қазоқистон раёсати даврайии Иттиҳодияи Аврупоро уҳдадор шудааст, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият доранд. Зеро Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказй аҳдофи худро дорад ва моил нест, ки авзоъ дар ин минтақа печида бошад.Аз суи дигар, Узбакистон тамоми фаъолиятҳои худ дар равобит ба кишварҳои ҳамчаворро дар ростои касби нақши кишвари бартар шакл додааст. Ба иборати дигар, Тошканд саъй дорад, ҳамон гуна ки дар замони Шуравй буд, ҳарфи аввалу охирро дар Осиёи Марказй бигуяд ва барои дигар кишварҳо, ба истилоҳ таъйини таклиф намояд. Аммо Остона мухолифи сарсахти ин худхоҳиҳои Тошканд аст ва ҳеч вачҳ намехоҳад аз дидгоҳҳои Узбакистон пайравй кунад.Баръакси он чи ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби худхоҳиҳои худ дунбол мекунад, Нурсултон Назрбоев, раиси чумҳури Қазоқистон талош дорад кишварҳои минтақа ҳамкориҳои бештаре бо ҳам дошта бошанд ва ҳар мушкилеро дар чорчуби ниҳодҳои минтақайи ҳаллу фасл кунанд.
Дар ҳоле ки баҳсҳо бар сари сохти неругоҳи Роғун дар Осиёи Марказй доғ шудаанд, Роберт О. Блейк, муовини вазорати умури хоричаи Амрико оид ба Осиёи Марказй ва Чанубй, гуфтааст, Амрико ба барномаҳои Точикистон дар мавриди таъмини амнияти энержй эҳтиром қоил аст ва талошҳои ҳукумати Точикистонро чиҳати таъмини аҳолй, корхонаҳо ва ниҳодҳо бо манбаъи собити энержй дастгирй мекунад.Ин мақоми амрикойи аз Точикистон даъват кардааст, ки ба ҳангоми сохтани тарҳҳои энержии обие чун Роғун, назари ҳамсоягонашро низ ба ҳисоб бигирад. Роберт Блейк гуфтааст, ҳамзамон бо такмили неругоҳи Роғун, Точикистон масъалаи сохти неругоҳҳои кучакро низ дар назар дошта бошад.
Ҳамчунин Александр Яковлев, намояндаи тичоратии Русия дар Точикистон иброз дошт, ширкатҳои азими кишвараш ҳузури худро дар тарҳҳои бузурги сармоягузории Точикистон, аз чумла ниругоҳи Роғун тавсеа медиҳанд. Дар иртибот ба ҳамин мавзуъ раҳбари Сандуқи байналмилалии пул дар Точикистон дар дидор бо Эмомалй Раҳмон, дар баробари изҳори эҳтиром ва пуштибонй аз мавқеи Душанбе чиҳати такмили неругоҳи Роғун таъкид кардааст, ки ҳукумати Точикистон бояд ба фикри тарбияи мутахассисони баландпояи касбй дар бахши энержй бошад. Ва аммо кушиши Остона барои ҳамгаройии бештар дар Осиёи Марказй идомаи ҳамон талошҳоест, ки Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон тайи солҳои ахир анчом медиҳад.Қарори маьлум, дар ҳамин росто дар оғози ҳазораи саввум Нурсултон Назрбоев пешниҳод кард, ки ниҳоди минтақайи бо номи Иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказй таъсис шавад, аммо ин пешниҳод дар пайи мухолифати шадиди Тошканд амалй нашуд. Амре ки ҳосили рақобатҳо миёни ду кишвари Узбакистон ва Қазоқистон барои касби нақши раҳбарй дар минтақа таъбир мешавад.Акнун ба назар мерасад Остона аз раҳгузари расидагй ба мушкилоти кишварҳои ҳамсоя, мехоҳад зимни маҳори монеътарошиҳои Тошканд, барномаҳои роҳбурдии худ дар Осиёи Марказиро дунбол кунад. Дар айни ҳол ин иқдоми Қазоқистон мавриди истиқболи аксари кишварҳои Осиёи Марказй воқеъ гардидааст.

Мухолифати Узбакистон алайхи тархи миллии Рогун

Нашрияи «Правда Востока» (Ҳақиқати Шарқ), ки марбут ба ҳукумати Узбакистон аст, рузи 3 феврал номаи Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон ба Оқил Оқилов, нахуствазири Точикистонро дар мавриди неругоҳи Роғун, ба табъ расонд.Дар ин нома аз чумла омадааст:Масъалаи сохти неругоҳи Роғун марбут ба ҳамаи кишварҳои минтақа аст, зеро дар ин тарҳ ба манфиатхои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказй таъсир хоҳад гузошт.Дар ин маврид Узбакистон борхо ба Точикистон, Русия ва мачомеи байналмилалй мурочиъа кардааст, то қабл аз ҳар иқдоми ниҳойи, баррасиҳои мустақили байналмилалй дар заминаи пайомадхои зистмуҳитй ва амниятии тарҳи Роғун анчом шавад. Дар номаи нахуствазири Узбакистон бо ишора ба зилзилахез будани минтақаи неругоҳи Роғун, таъкид шудааст, ки ин тарҳ бар асоси фановариҳои 35-40 соли қабл таҳия шуда ба меъёрҳои имруз чавобгу нест.Аз ин ру боястй коршиносон ва мутахассисони мустақили байналмилалй ин масъаларо аз нав баррасй намоянд.


Мирзиёев дар номаи худ ёдовар шудааст, ки созмонҳои бонуфузи байналмилалй ва муассисаҳои молй, назири Созмони миллали муттаҳид,Иттиҳодияи Аврупо,бонки чаҳонй, бонки Осиё ва бонки исломии рушд аз мавзеи Узбакистон ҳимоят намудаанд.Нахуствазири Узбакистон дар поёни нома таҳдид кардааст: Дар сурати нодида гирифтани мавзеи чумҳурии Узбакистон, мо ҳақи худ медонем, ки дар ин масъала ба мачомеи байналмилалй ва созмонҳои экологии чаҳонй, мурочиа намоем, то пеши роҳи фочеахои эҳтимолй, ки такмили ин тарҳ ба ҳамроҳ хоҳад дошт, гирифта шавад. Албатта ин барои аввалин бор нест, ки давлати Тошканд мухолифати худ ба сохтани неругоҳи Роғун дар чумҳурии Точикистонро баён медорад. Чунин эътирозоте дар мавриди сохтани неругоҳи Қамбарота дар чумҳурии Қирғизистон низ матраҳ шудаанд.Аммо ин бор дар пайи тасмими чиддии Душанбе дар мавриди такмили тарҳи неругоҳи Роғун тавассути имконоти бумй, бар қотеияти Тошканд дар пайгирии иқдомоти пешгиронааш афзудааст.Қарори маълум баъд аз он ки талошҳои Точикистон дар чиҳати чалби сармояи хоричй барои такмили тарҳи Роғун натоичи матлубе ба бор наовард, ин кишвар бо тарҳи миллй эълом кардани Роғун, саҳмияҳои онро ба фуруш баровард, то имкони мушорикати тамоми аҳлиро дар раванди сохтани он фароҳам намояд.Ин иқдом, ки тавасути раиси чумҳур ироа шуд, мавриди истиқболи густурдаи аҳолй қарор гирифт ва дар як моҳи нахусти шуруъи он, болиғ бар 170 миллион доллар саҳмия ба фуруш рафт.Яъне Точикистон аз ин тариқ ин паёмро ба мухолифон ва мувофиқони тарҳи Роғун дод, ки дар ростои манфиатҳои миллии худ ва касби истиқлолияти энержй, неругоҳи Роғунро хоҳад сохт, то вобастагиҳои энергетикии худ ба дигар кишварҳоро рафъ намояд. Чумҳурии Точикистон бо доро будани 60% аз захирахои оби Осиёи Марказй, аз зарфияти тавлиди солиёна 527 миллиард киловат-соат неруи барқ бархурдор аст, аммо дар айни ҳол фақат 5 % дар сад аз ин зарфиятҳо мавриди баҳрабардорй қарор гирифтааст.Имруза Точикистон барои рафъи мутолиботи дохилии худ ба 20 миллиард киловат-соат неруи барқ ниёз дорад. Неругоҳҳои мавчуд дар ин кишвар солона ҳудуди 15-16 миллиард киловат-соат неруи барқ тавлид мекунанд ва камбуди энержй 2 миллиард киловат-соатро ташкил медиҳад.Ин масъала ҳамасола дар фасли зимистон ба буҳрон табдил мешавад ва мақомоти точик дар ростои коҳиши шиддати ин буҳрон, замонбандии таксими энержй ба аҳолиро чорй мекунанд.Бар асоси барномаи стротегияи рушди бахши энержй, пешбинй мешавад, ки то соли 2015 тавлиди неруи барк ба 35 миллиард киловат-соат дар сол афзоиш ёбад.Бар асоси ин барнома дар солҳои оянда содироти энержй ба Афғонистон, Покистон, Эрон ва дигар кишварҳои Осиёи Чанубй дар назар гирифта шудааст. Узбакистон, ки иддаои раҳбарй дар Осиёи Марказиро дорад, пайваста талош кардааст, дар барномаҳои гидроэнергетикии Қирғизистон ва Точикистон монеъ эчод кунад.Дар пайи мудохилоти Тошканд буд, ки ширкати русии «РусАл» бо ироаи баҳонаҳои бе асос аз такмили тарҳи Роғун сар боз зад ва Чин низ ичрои қарордоди худ бо Точикистон дар маврид сохтани неругоҳ дар рудхонаи Зарафшонро ба таъвиқ андохт.Хуручи Узбакистон аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй (дар нимаи дуввуми соли гузаштаи милодй)бар мушкилоти Точикистон афзуд ва ин кишвар натавонист дар фасли тобистон энержии изофии худро содир кунад ва мачбур шуд оби сади Норакро дар ҳачми 2 миллиард киловат-соат энержии барқ, холй кунад. Ҳамчунин ин иқдоми кишвари ҳамсоя имкони воридоти барқи харидорй шуда аз Туркманистон ба Точикистонро аз байн бурд ва бар мушкилоти мардуми точик дар фасли зимистони афзуд. Мақомити давлати Душанбе дар нахустин вокуниши худ ба номаи нахуствазири Узбакистон, дарёфти чунин номаро таъйид карданд. Аз чумла Давлат Назриев, сухангуи вазорати умури хоричаи Точикистон иброз дошт, ки паёми нахуствазири Узбакистон дар айни ҳол мавриди омузиш қарор дорад.Аммо қабл аз ин иддаоҳои давлати Тошканд дар мавриди хатароти зистмуҳитии неругоҳи Роғун, аз тарафи масъулон ва мутахассисони Точикистон инкор шудаанд. Академик Собит Неъматуллоев, мутахасиси варзидаи бахши зилзилашиносй муътақид аст, ки минтақаи сохтани неругоҳи Роғун ба гунае, ки Узбакистон иддао мекунад, минтақаи зилзилахез нест ва чудо аз ин, фановариҳои имруз қодир ба сохти садҳои муқовим дар баробари зилзила ҳастанд. Воқеъият он аст, ки идомаи ихтилоф миёни Тошканд — Душанбе дар мавриди сохтани неругоҳи Роғун бар сардии равобит миёни ду кишвар афзуда, авзои минтақаро дастхуши буҳронҳои чадиде хоҳад кард, ки чуз фароҳам кардани заминаи мудохилоти қудратҳои фароминтақайи дар умури кишварҳо ва сарнавишти мардуми минтақа, пайомадҳои дигаре нахоҳад дошт. Аз ин ру салоҳи кор он аст, ки ду кишвари ҳамсоя гирди мизи ройзаниҳо нишинанд ва масоили мавчуд дар равобитро аз тариқи музокирот ҳаллу фасл намоянд.Аммо тазаккури нахуствазири Узбакистон рочеъ мурочиа ба созмонҳои байналмилалй чиҳати дифоъ аз мавзеъхои худ, ин паёмро ба ҳамроҳ дорад, ки Тошканд бо тамоми тавон дар роҳи такмили тарҳи Роғун монеътарошй хоҳад кард.Амре ки ояндаи равобити ду кишвари ҳамсоя ва субот дар Осиёи Марказиро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.

Точикистон ва мушкилоти сохтани неругоҳи Роғун

Соли 2010 дар Точикистон тақрибан бо фуруши саҳмияҳои неругоҳи Роғун оғоз шуд. Рузи 6 январ дар саросари ин кишвар саҳмияҳои бузургтарин тарҳи гидроэнергетикй дар маърази фуруш қарор дода шуданд. Дар пайи нокомии давлати Душанбе чиҳати чалби сармоягузорони мавриди эътимод дар хорич аз кишвар, қарор бар ин шуд, ки «тарҳи сарнавиштсоз» бо пули мардум такмил шавад.Бар асоси гузоришҳои мунташира ба маблағи 6 миллиард сомонй, муодили 1,3 миллиард доллар саҳмия ба чоп расидааст, ки то кунун даҳҳо миллион доллар аз ин теъдод ба фуруш рафтааст.Мардуми Точикистон ба таври густурда аз даъвати мақомот истиқбол карданд ва дар саросари манотиқи ин кишвар фуруши саҳмияҳо дар ҳудуди 600 маркази фуруш ба роҳ монда шудааст. Нигоҳе ба таърихчаи неругоҳи Роғун ҳикоят аз он дорад, ки ин тарҳи азими гидроэнергетикй дар замони шуравй оғоз шуд ва дар ҳамон замон низ бархе аз мухолифони худро дошт, ки Гулрухсор Сафиева, шоираи точик ва узви порлумони Шуравии собиқ аз он чумла буд.Аммо сарфи назар аз ин эътирозҳое, ки бо таваччуҳ ба аҳамияти фароминтақайии ин тарҳ роҳ ба чое намебурданд, сохтмони Роғун шуруъ шуд.

Фурупошии Шуравй раванди корҳои сохтмониро дар ин пружа мутаваққиф кард ва фақат дар солҳои 90 қарни гузашта Точикистони соҳибистиқлол дар ростои таъмини ниёзҳои худ ба энержй, иқдом ба такмили неругоҳи Роғун кард.Дар идомаи ин раванд бо ширкати РусАл қарордод ба имзо расид, аммо баъдан дар соли 2007 ба далели коршиканиҳои тарафи русй, Точикистон қарордоди мазкурро бекор кард. Бо ин ҳол ҳануз ҳам дар Душанбе ба ин умед буданд, ки Маскав билохира вориди амал шуда, ин тарҳи муҳимро такмил хоҳад кард.Ҳатто дар соли 2008 масъулони точик қасд доштанд назорати такмили неругоҳи Роғунро ба Русия вогузор кунанд.Русия барои ичрои ин нақш барномаеро ироа кард, ки бар асоси он фақат 25 дарсади саҳмияҳои Роғун ба Точикистон таалуқ мегирифт.Ба тадрич дар Душанбе ин воқеиятро дарк карданд, ки Русия дар ростои мушорикат дар тарҳи Роғун, чуз талафи вақт ва ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мавриди назари хеш,ҳадафи дигаре надорад. Дар сафари моҳи октябри соли 2009 Эмомалй Раҳмон ба Маскав, Душанбе бар ин умед буд, ки битавонад давлатмардони Русияро мутақоид ба сармоягузорй ва бархурди чиддитаре бо тарҳи Роғун кунад.Аммо тайи ин сафар масъалаи Роғун хорич аз меҳвари баҳсҳо буд ва хилофи интизороти масъуломи точик, раиси чумҳури ин кишвар аз Маскав бо дастони тиҳй бозгашт.Баъд аз ин сафар буд, ки давлати Душанбе тасмим гирифт неругоҳи Роғунро бо истифода аз зарфият ва имконоти дохилй такмил намояд.Ба ин манзур дар соли 2009 122,5 миллион доллар ихтисос дода шуд.Имсол низ дар будчаи Точикистон тахсиси 150 миллион доллар барои Роғун дар назар гирифта шудааст. Қобили зикр аст, ки бар асоси тарҳ дар сурати такмил, неругоҳи Роғун қодир ба тавлиди солиёна 13,1 миллиард киловат-соат неруи барқ хоҳад буд. Ин ба маънои бароварда намудани тамоми иёзҳои дохилй ба энержй ва табдил шудани Точикистон ба бузургтарин содиркунандаи неруи барқи арзон дар минтақа хоҳад буд.Дар айни ҳол Точикистон солиёна ба ҳудуди 4 миллиард киловат-соат камбуди неруи барқ ру ба ру аст ва ин масъала дар фасли зимистон бештар аҳамият касб мекунад.Албатта тайи солҳои охир дар натичаи сохтани неругоҳҳои барқи обии кучак,ҳамчунин мавриди баҳрабардорй қарор гирифтани неругоҳи Сангтуда-1, камбуди неруи барқ ду баробар коҳиш ёфтааст. Ало рағми ин, дар поёни соли 2009, дар пайи хуручи Узбакистон аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй, масъалаи таъмини неруи барқ дар Точикистон бо мушкилоти чадиде ру ба ру шуд.Баъди ин иқдоми Узбакистон, Точикистон натавонист барқи харидорй шуда аз Туркманистонро ворид кунад.Чунин вазъе масъулони точикро мачбур ба замонбандии интиқоли неруи барқ дар кишвар намуд, ба гунае ки ҳатто дар бархе манотиқи вилояти Хатлон мардум дар шабонаруз фақат 4-5 соат бо неруи барқ таъмин мешуданд.Дар ин замина авзоъ ба ҳадде муташаннич шуд, ки дар давраи аз 30 октябр то 5 ноябри соли 2009 аксари рустоҳои ин вилоят ба таври комил аз неруи барқ маҳрум шуданд. Масъалаи сохтани неругоҳи Роғун ин рузҳо ба гунае дар Точикистон доғ шудааст, ки ҳатто ба мизони қобили таваччуҳе интихоботи порлумонии 28 февралро таҳти шуъо қарор додааст.Шабакаҳои радио-телевизиони ин кишвар бо пахши барномаҳои вижа, мардумро ба мушорикати фаъол дар хариду фуруши саҳмияҳои неругоҳи Роғун даъват мекунанд.Созмону идора,корхона ва ниҳодҳои мухталиф бо сармоягузорй дар ин тарҳ, талош доранд як навъ имтиёз касб кунанд.Аммо мавзуе ки боиси бархе нигарониҳо шудааст, сарнавишти саҳмияҳои неругоҳи Сангтуда аст, ки бо дар ихтиёри Русия қарор гирифтани тарҳи ин неругоҳ ва табдил шудан ба Сангтуда-1, ба фаромушй супурда шудааст.Бо ин вучуд давлати Душанбе дар шахси раиси чумҳур, ки ташаббускори аслии тарҳи мушорикат додани мардум дар сохтани неругоҳи Роғун аст, тамоми талоши худро ба харч додааст, то мардумро ба мушорикати фаъолтар дар ин тарҳ мутақоид намояд.Ҳатто дар ҳолатҳое дар лаҳни суханрониҳои раиси чумҳур оҳанги таҳдид шунида мешавад.Аз чумла Эмомалй Раҳмон ахиран дар дидор бо соҳибкорон ва точирони точик таъкид кард, ки дар сурати худдории точирон аз интиқоли сармояҳояшон ба Точикистон, доройиҳои онон мавриди бозрасй қарор хоҳад гирифт.Раиси чумҳури Точикистон ҳамчунин ба раисони бонкҳо ҳушдор дод, ки дар сурати камфаъолиятии онон, мучаввизи ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳои хоричй дар Точикистонро содир хоҳад кард ва дар чунин сурате бонкҳои дохилй тайи 3-4 моҳ варшикаст хоҳанд шуд. Дар робита ба фуруши саҳмияҳо ҳатто гузоришҳое дар бораи мачбур кардани донишомузон ба хариди саҳмияҳо тавассути устодон,мунташир шуд, аммо баъдан масъулон ин хабарҳоро такзиб карданд. Дар мачмуъ дар дохили Точикистон бо шуру шавқи хосе хариду фуруши саҳмияҳо идома дорад.Аммо дар хорич аз кишвар иқдомҳое дар ҳоли шаклгирианд, ки баёнгар аз ба мушкил мувочеҳ шудани раванди сохтани неругоҳи Роғун мебошанд. Қарори маълум Русия дар тарҳи неругоҳи Роғун нақш ва чойгоҳи вижае дорад ва мавзеъгириҳои ин кишвар метавонад бар раванди фаъолиятҳои марбут ба такмили Роғун таъсиргузор бошад.Точикистон дар пайи солҳо умедвор шудан ба ваъдаҳои Маскав дар мавриди сохтани ин тарҳ, ногузир ба гирифтани мавзеи кунунии худ шуд.Вақте ки моҳи январи соли 2009 Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия тайи сафари худ ба Тошканд эълом кард, дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй аз манофеи Узбакистон ҳимоят хоҳад кард,дар Душанбе ба ин натича расиданд, ки дигар наметавон ба ваъдаҳои Русия дил хуш кард. Бо ин вучуд Русия ҳаргиз ҳозир нест аз мушорикат дар тарҳи Роғун канорагирй кунад.Ба вижа дар пайи тасвиби тарҳи САSА-1000 дар порлумони Точикистон, ки интиқоли неруи барқи Осиёи Миёна ба Осиёи Чанубиро тазмин хоҳад кард, Русия ба унвони мудаъийи таҳти тасарруфи худ қарор додани манобеи энержии минтақа,талош хоҳад кард аз саҳми бештаре дар ин тарҳ бархурдор шавад.Аз ин ру ин интизор чой дорад, ки сарфи назар аз мавзеъгириҳои кунунии Маскав дар қиболи масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй, давлатмардони рус бар асоси суннати рафоқаташон,ки дар тули таърих ҳамеша манофеи худро аз манфиати шарикон бартар шумурдаанд, метавонанд ба Тошканд пушт гардонда, мучаддадан ру ба суи Душанбе оваранд.Аммо дар Точикистон ин дарси русҳоро хондаанд. Масъалаи дигари марбут ба сохтани неругоҳи Роғун, мухолифатҳои сарсахтонаи Узбакистон мебошад, ки ба эътиқоди соҳибназарони точик дар ростои қудратталабиҳои Ислом Каримов сурат мегирад. Бархе аз коршиносон пешбинй мекунанд, ки идомаи ихтилофҳо миёни ду кишвари ҳамсоя бар сари неругоҳи Роғун метавонад ба руёруиҳои чиддитаре табдил шавад. Ба вижа дар шароите, ки дар порлумони чадиди Узбакистон як фарксиюни 15 нафараи экологй таъсис шудааст, ин дидгоҳ тақвият шудааст, ки кишвари ҳамсоя масъалаи сохтани неругоҳи Роғунро ба таври чиддй пайгирй хоҳад кард.

Тасвиби тарxи СASA -1000 дар порлумони Точикистон


Ахиран порлумони Точикистон тавофуқнома миёни ин кишвар, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистонро дар мавриди сохти хати интиқоли барқ бо номи СASA -1000-ро тасвиб кард. Бар асоси ин тавофуқнома неруи барқи изофии Точикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон интиқол хоҳад ёфт.Бонки чаҳонй, бонки рушди Осиё ва ожонси рушди байналмилалии Амрико чиҳати сармоягузорй дар ин тарҳ эъломи омодагй кардаанд. Гуфтанй аст тарҳи СASA -1000 бо таваччуҳ ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон тадвин шуда, дар сурати такмил ниёзи ду кишвари Афғонистон ва Покистон ба энержиро бароварда хоҳад кард.Бар асоси баровардҳои коршиносй дар оянда ниёзи солиёнаи Покистон ба неруи барқ 8% афзоиш ёфта, бо истиқрори суботу амният дар Афғонистон, ин кишвар низ ба масрафкунандаи умдаи энержии Точикистон ва Қирғизистон табдил хоҳад шуд. Санадҳои марбут ба тарҳи CASA-1000 моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон ба имзои масъулони кишварҳои Точикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон расид.

Дар чорчуби ин тавофуқнома қарор аст миёни ин кишварҳо хати интиқоли неруи барқ сохта шавад.Тарҳи мазкур бахше аз барномаи минтақайии тичорати энержй миёни Осиёи Марказй ва Осиёи Чанубй(CASAREM) аст ва маблағи такмили он ҳудуди 680 миллион доллар баровард шудааст. Русия барои мушорикат дар ин тарҳ эъломи омодагй намудааст ва қасд дорад неруи барқи неругоҳи Сангтуда-1 ро ки дар Точикистон ба дасти мутахассисони русй ва сармоягузории ин кишвар сохта шудааст, ба хорич аз минтақа содир кунад.Маскав, ки мехоҳад тамоми манобеи энержии минтақаи Осиёи Марказиро таҳти тасарруфи хеш нигоҳ дорад, ба ҳеч вачҳ намехоҳад аз бозори пурдаромади неруи барқ бебаҳра монад, аз ин ру дар ин росто барномаҳоеро руи даст гирифтааст.Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбии тарафи қазия тамоили чандоне ба мушорикати Русия дар ин тарҳ надоранд,зеро аз он бим доранд, ки Маскав ба гунае ки дар Ғарб аз энержй ба унвони аҳрами фишор бар кишварҳои аврупойи истифода кард, коршиканиҳое дар Осиёи Марказй низ анчом диҳад.Аз суи дигар Амрико, ки аз чумлаи сармоягузорон дар ин тарҳ мебошад, талош дорад бо истифода аз фурсат, аз нуфузи Русия дар минтақа бикоҳад ва ҳамзамон чойгоҳи худ дар ин минтақаи муҳимро тасбит кунад.Амрико дар пайи он аст вонамуд кунад, ки барои рушди иқтисоди Афғонистон талош мекунад, аммо дар асл мехоҳад бо ворид шудан ба тарҳҳои энержии минтақа, арсаро барои Русия маҳдуд кунад.Ин намоди дигаре аз рақобати қудратҳост, ки дар айни ҳол чанбаҳои густардатаре касб намуда, бар аҳамияти кишварҳои минтақа афзудааст. Бояд гуфт Исломобод ҳануз дар солҳои 90 қарни гузаштаи милодй барои мушорикат дар тарҳи неругоҳи Роғун эъломи омодагй намуда буд. Аммо авзои нобасомони Точикистон, ки ҳосили чанги таҳмилии 5 сола буд, пеши роҳи амалй шудани ин ҳадафро гирифт.Аз суи дигар ба назар намерасад, ки мушорикати Исломобод дар тарҳи неругоҳи Роғун бидуни таваччуҳ ба дидгоҳи Маскав сурат гирад.Зеро Маскав ба унвони мубтакири аслии тарҳи Роғун ҳозир нест бо мушорикат додани дигар кишварҳо, саҳми худро дар бозори энержии Осиёи Марказй коҳиш диҳад ва ҳамзамон бо ин заминаи густариши нуфузи рақибони худро фароҳам намояд.Бо ин вучуд дар нишасти чаҳорчонибаи Точикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе доир гардид, бархе тавофуқоти аввалия дар заминаи мушорикати Покистон дар тарҳи Роғун ҳосил шуд, аммо ҳануз масъалаҳои чиддие дар ин робита вучуд дорад. Тарҳи CASA-1000 дар сурати такмил бештар ба нафъи Афғонистон ва Покистон, ки дар айни ҳол шарикони Амрико маҳсуб мешаванд, хоҳад буд.Аммо ҳамзамон бо ин, ҳассосиятҳоро аз тарафи Ҳиндустон ба вучуд хоҳад овард, зеро Покистон ба унвони рақиби суннатии Деҳлии нав бо дастёбй ба неруи барқи арзони Осиёи Миёна, заминаҳои бештареро дар чиҳати тавсаъаи иқтисодй фароҳам хоҳад кард.Дар ин миён Чин низ бетафовут нахоҳад буд.Яъне ичрои тарҳи CASA-1000 монеаҳои чиддие дар сари роҳ дорад ва дар ин миён адами суботу амният дар Афғонистон аз умдатарин мавонеъ маҳсуб мешавад. Тасвиби тарҳи CASA-1000 дар порлумони Точикистонро метавон иқдоме тозае дар ростои рафъи мавонеъ дар раванди такмили неругоҳи Роғун арзёбй кард.Ҳарчанд кишварҳое назири Узбакистон бо тамоми тавон барои пешгирй аз сохти неругоҳи Роғун талош мекунад,аммо танҳо роҳ барои Точикистон дар ростои таъмини истиқлолияти энержй, сохтани ин неругоҳ аст.Аз ин ру дар оянда шоҳиди вокунишҳо ва аксуламалҳои Тошканд дар ин робита хоҳем буд.