То кай миллати точикро таҳқир ва туҳмат мекунанд?

Таҳаввулоти рузҳои чории Қирғизистон баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки дар марҳалаи кунунй ин кишвари Осиёи Марказй ба унвони саҳнаи руёруйиҳои қудратҳои Шарқу Ғарб барои озмудан имконият ва тавони хеш дар ростои ба даст овардани раҳбарии минтақа ва чаҳон интихоб шудааст.

Бино ба навиштаи Дэниел Гринфилд, ки сайти интернетии centrasia.ru мунташир кардааст, тағйири қудрат дар Бишкек бо дахолати мустақими Маскав сурат гирифт ва акнун русҳо бо истифода аз ҳамон шеваи ҳамешагии худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои қавмй, дар пайи он ҳастанд, ки фурсатро фароҳам кунанд ва дар нақши ягона начотдиҳандаи мардуми мазлуми минтақа, тачовузи навбатии худ ба ин қаламравро шакл диҳанд.
Аз навиштаҳои ин муаллиф бармеояд, ки дар ин росто имрузҳо хадамоти вижаи Русия бо интишори матолиб дар расонаҳои таҳти нуфузи худ ва бо истифода аз хабарнигорони муздур, саъй бар он дорад, ки дар водии Фарғона чангро миёни узбакҳо, қирғизҳо ва точикҳо ба роҳ андозад.Нашри ахбори бе банду бор дар расона ва вебсойтҳои мухталиф дар бораи мушорикати шаҳрвандони Точикистон дар куштори аҳолии вилоятҳои Чалолобод ва Уш дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Нахустин хабар дар мавриди мушорикати точикҳо дар куштори мардум дар вилояти Уш тавассути Қувват Байболов, маовини аввали вазири амнияти миллии Қирғизистон мунташир шуд.Ин масъули қирғиз эълом намуд, ки хонаводаи Боқиев аз ҳисоби шаҳрвандони Точикистон гуруҳҳои вижа созмон додаанд ва ба манзури муташаннич кардани авзоъ мардуми бедифоъро мекушанд. Ҳарчанд Байболов иддао кардааст, ки ба истинод ба эътирофоти афроди боздоштшуда ин ҳарфҳоро мегуяд, аммо исме аз шаҳрвандони Точикистон, ки даст ба куштор задаанд, набурдааст.Албатта рузи 16 июн ин масъули қирғиз ин суханонро такзиб кард ва дар мусоҳиба бо радиои Озодй таъкид кард, ки бо хабаргузории ИТАР ТАСС дар ин маврид ҳеч гуна мусоҳибае анчом надодааст.
Сайти интернетии fergana.ru низ бидуни зикри исме, аз шаҳрвандони Точикистон ва ба истинод ба як тамоси телефонй, ки маълум нест пушти хат кй буда, иддао кардааст, точикон ба сифати тирандоз(снайпер) мардумро мекуштанд.Ин сойт навиштааст, бешаз 10 тан аз ин тирандозон кушта шуданд ва часадҳои онон дар бемористони Уш нигаҳдорй мешавад.Аммо на аксе ва на исме аз ин афрод чоп накардааст. Аркадий Дубнов, шореҳи рузномаи «Время новостей» низ дар суҳбат ба радиои «Эхо Москви» гуфт:» ман бо тамоми масъулият иброз медорам, дар ин бондҳо афроде ширкат доштанд, ки дар чанги шаҳрвандии Точикистон аз тарафи чабҳаи халқй ё мухолифони точик чангида буданд». Ин хабарнигор дар идома гуфтааст:»шаҳрвандони Точикистон аз Русия ба Қирғизистон фиристода шуданд ва сафорати Точикистон дар Маскав низ дар ин кор шарик аст».
Ин ҳама гузоришҳо баёнгар аз он аст, дар шароити кунунй неруҳое дар водии Фарғона вориди амал шудаанд, ки дар ин минтақаи ҳассос чанги қавмиро созмон диҳанд ва ба ҳадафҳои нопки худ даст ёбанд.Аммо бояд эътироф кард, ки ин низоъҳоро шояд битавон ба осонй роҳандозй кард, вале раванди он дигар дар ихтиёри созмондиҳандагон нахоҳад буд.
Дар миёни неруҳое, ки низоъи қавмиро дар Қирғизистон заминасозй мекунанд, Аркадий Дубнов бештар аз бақия фаъол аст.Аз навишатҳои ин хабарногор бармеояд, ки огоҳона ва бар асоси барномарезии дарозмуддат дар ростои афрухтани оташи чанг миёни миллатҳои ҳамсояи узбак ва точик, ҳамчунин узбак ва қирғиз фаъолият мекунад.Албатта барои ироаи омору рақамҳои дақиқ дар ин замина, бояд навиштаҳои уро мурур кард, аммо ниёзе ба ин нест, чунки мардуми минтақа ба шеваи нигариш ва нигориши Дубнов ва ҳамкешони у ошноанд. Бо ин вучуд фақат ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд, Дубнов навишта буд, ки Ислом Каримов бо раиси чумҳури Точикистон мулоқоти ру дар ру нахоҳад дошт ва фақат дар нишастҳои умумй бо Раҳмон дидор хоҳад кард.Вай ҳамон гуна, ки дар мавриди ҳузури точикон дар кушторҳои Қирғизистон гуфта буд: «ман бо тамоми масъулият иброз медорам»…, дар ин бора низ бо ҳамон ба истилоҳ масъулият хабарсозй ва агар дурустар бигуем, фазосозй карда буд.
Ҳадафи Дубнов он буд, ки қабл аз вуруди раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой, фазои сард дар равобити Тошканд — Душанберо сардтар чилва диҳад.Аммо ҳамон гуна ки сойтҳои расмии ҳам Узбакистон ва ҳам Точикистон хабар доданд, Ислом Каримов ва Эмомалй Раҳмон дар дидори як ба як бисёре аз масоили мавчуд дар равобити ду кишварро баррасй карданд ва ба тавофуқҳое низ даст ёфтанд.Ичозаи ҳаракати наздик ба ду ҳазор вагони Точикистон, аз чумлаи ҳосили ин дидор буд.
Ба назар мерасад роҳандозии таблиғоти зиддиточикй дар Қирғизистон бе робита ба тазоҳуроти точикони муқими ин кишвар дар баробари сафорати Узбакистон дар Бишкек набошад.Дар он тазоҳурот ки 27 майи соли чорй баргузор шуд, як гуруҳ аз точикони муқими Қирғизистон аз масъулони узбак талаб намуданд, ки ба муҳосираи иқтисодии Точикистон поён диҳад.
Мушохидахо нишон медиханд, ки хадафи хар гуна тахқир ва тухматхо қарор гирифтани точикон аз бехимоятии онон сарчашма мегирад.Харчанд ахиран вазорати корхои хоричии Точикистон дар баробари суханони тахкиромези Жириновский вокуниши сахт нишон дод, аммо чунин иқдомот кам анчом шуда, то охир пайгирй нашудаанд. Ин бор афроде мисли Дубнов хатарноктар аз хамеша даст ба кор шудаанд, то миллати точикро ба куштан диханд. Ин икдом метавонад хазорон точикро дар қаламрави шуравии собик ба куштан дихад ва бе муболига тахдиди чиддиест ба тамомияти арзии Точикистон. Аз ин ру сохторхои дахлдори Точикистон боястй чиддитар ва котеъонатар аз хамеша вокуниш нишон диханд ва ин фитнаангезихоро дар нутфа саркуб кунанд, то миллати точик битавонад масири сулху созандагиро бо эътимоду боварии бештар идома дихад.

Осиёи Марказй ва мушкилоти марзй миёни кишварҳо

Дар шароите, ки дар Афғонистон барномаҳои Ғарб ба саркардагии Амрико ба бунбаст ру ба ру шудаанд, Осиёи Марказй ба унвони минтақаи стротегй барои Ғарб беш аз ҳар замони дигаре аҳамият касб кардааст. Кишварҳои Осиёи Марказй, ки марзҳои тулонй бо Афғонистон доранд, бо мавзеъгириҳои худ, дар дурнамои барномаҳои Ғарб дар Афғонистон ба таври қобили мулоҳиза таъсиргузор шудаанд. Аз суи дигар, қудратҳои Ғарб ва Шарқ дар чорчуби рақобатҳои худ барои соҳиб шудан ба манобеи саршори энержии Осиёи Марказй, кишварҳои ин минтақаро дар чорроҳаи интихобҳои душвор қарор додаанд. Ба иборати дигар дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон, интихоби шарикон барои кишварҳои Осиёи Марказй кори соддае нест ва ин амр дар баробари фоидаҳои муваққатии худ, барои ҳар як аз ин кишварҳо зарару зиёнҳоеро дар пай хоҳад дошт. Воқеият ин аст,ки бо касби истиқлоли худ аз Иттиҳоди Шуравй дар аввалҳои солҳои 90 қарни гузашта, давлатҳои Осиёи Марказй дар сиёсатҳои хоричии худ аз истиқлоли амали чандоне бархурдор набудаанд ва дар ин замина ҳамеша манофеи ин ё он қудрати фароминтақайиро дар назар мегирифтанд.Таъсиргузорй дар сиёсатҳои давлатҳои Осиёи Марказй тавассути қудратҳои мухталиф ё аз тариқи додани кумакҳои молй ва ё ба коргирии фишор ва таҳдид будааст. Дар чунин шароите вучуди ихтилофот миёни кишварҳои Осиёи Марказй беҳтарин абзоре будааст, ки қудратҳои судчу бо истифода аз он, ҳалафҳои худро осонтар дунбол кардаанд. Аз чумлаи ин ихтилофот масъалаҳои марзй миёни ин кишварҳо аст.

Авзоъ дар равобити бйниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй дар солҳои 90 қарни гузаштаи милодй, дар пайи афзоиши тамоилоти қишрҳои камдаромади чомеа ба чунбишҳои тундрави исломй дар Узбакистон, ба таври бесобиқае мутташаннич шуд.Давлати Тошканд дар талош барои ҳифзи контрули авзоъ, фишор ва сиёсатҳои хафақон дар чомеаро ташдид кард.Натича он буд, ки мухолифони Узбакистон бо ҳар роҳи мумкин по ба фирор аз кишвар ниҳоданд ва дар қаламрави Афғонистон ба манзури руёруйи бо давлати Ислом Каримов, дастаҳои мусаллаҳ ташкил доданд. Дар соли 1999, дар пайи инфичорҳое ки қалби Узбакистон, шаҳри Тошкандро ларзонд ва талоши чангчуёни ҳаракати исломии Узбакистон барои нуфуз ба қаламрави ин кишвар аз тариқи хоки Қирғизистон, авзоъ дар водии Фарғона ва дар мачмуъ дар Осиёи Марказй буғранч ва печида шуд.Маҳз дар ҳамон марҳала буд, ки мушкили марз дар миёни кишварҳои Осиёи Марказй ба миён омад.Албатта заминаи ин мушкил ҳануз дар замони Шуравй ва дар пайи марзбандиҳои беадолатона, аммо огоҳонаи сарони вақти комунист, фароҳам шуда буд.Фақат кофист ёдовар шавем, ки дар қаламрави Қирғизистон се маҳдудаи узбакнишини марбут ба Узбакистон ва дар қаламрави Узбакистон ҳафт маҳдудаи қирғизнишин мавчуд аст.Дар ин замина авзоъ дар дарраи Фарғона беш аз ҳар мантақаи дигар осебпазир аст.
Мушкили марзй миёни Узбакистон ва Точикистон низ вучуд дорад.Дар вилояти Суғди Точикистон, дар рустои Равот, ноҳияи Конибодом чанд маҳдудаи узбакнишин мавчуд аст, ки ба унвони маншаъи ихтилофоти оянда арзёбй мешаванд. Ин масъала ахиран дар пайи он ки марзбонони узбак бо симхор ин русторо ба ду бахш тақсим ва кишоварзонро аз дастрасй ба киштзорҳояшон маҳрум карданд, печидатар шудааст. Мушкилоти марзй миёни Точикистон ва Қирғизистон дар рустои Ворух низ вучуд дорад.Бо ин ҳол мушкили чиддй дар масоили марзй миёни Узбакистон аз як тараф ва Қирғизистону Точикистон аз тарафи дигар мебошад.Ин мавзуъ ба вижа дар водии Фарғона, ки аз нигоҳи мавқеъияти чуғрофиёи ва манобеи табии барои ҳар кадом аз кишварҳои минтақа дорои аҳамият аст,печидатар мебошад. Дар ин миён Узбакистон дар ростои ҳалли масъалаҳои марзй ва ба манзури он чи таъмини амнияти марзҳои худ унвон кард, дар як иқдоми берун аз урфи дипломатй ва то чое таҳқиромез дар нисбати ҳамсоягони хеш,марзҳоро бе огаҳии пешакй минкорй намуд ва аз оғози соли 2000 ба таври якчониба барои шаҳрвандони Қирғизистон ва Точикистон режими раводид чорй кард. Мавчи аввали ихтилофот дар масоили марзй миёни чумҳуриҳои Осиёи Марказй дар соли 2000, замоне ки Узбакистон, ба манзури он чи тақвияти марзҳои хеш унвон кард, даст ба минкории марзҳо зад, оғоз шуд.Мавчи дуввум ва нисбатан шадиди ин ихтилофот дар солҳои 2005 — 2006, дар пайи саркуби эътирозоти мардумй дар Андичон (майи соли 2005), ки боиси фирори паноҳандагони узбак ба қаламрави Қирғизистон шуд, ба вуқуъ пайваст.Хамон замон буд, ки Тошканд иддао кард, Бишкек дар омузиши террористони узбак даст дорад. Чунин мавзеъгирй равобити ду кишвари ҳамсояро ба таври бесобиқае тираву тор намуд.Албатта, ихтилофоти марзй миёни Узбакистон ва Қазоқистон низ вучуд доштанд ва доранд.Аз чумла дар ноҳияи Мактаарали устони Қазоқистони чанубй ҳануз минтақаи мавриди баҳс миёни ду кишвар вучуд дорад.Аммо дар пайи сафари Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон ба Тошканд (соли 2006), робитаҳои ду тараф ба ҳолати оддй дар омад.Дар ҳамин дидор буд, ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби суханбозиҳои ҳамешагии худ, ҳамтои қазоқи худро дусти самимй хитоб кард.Аммо ин ҳақиқат барои касе пушида нест, ки Каримов дар роҳи табдил шудан ба раҳбари Осиёи Марказй, Нурсултон Назрбоевро монеи аслй медонад.
Дар мачмуъ масоили марбут ба марзҳо ба унвони як манбаъи низоъҳои эҳтимолй, ҳамчунон ояндаи робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳолае аз ибҳом қарор дода, суботу амнияти шиканандаи ин митақаро беш аз ҳар замони дигаре осебпазир намудааст. Ҳамин масъала дар шароите, ки кишварҳои ғарбии ишғолгари Афғонистон дар ростои заъиф кардани чойгоҳи Русия, ба унвони рақиби аслии худ, талош доранд нооромиҳои Афғонистонро ба Осиёи Марказй мунтақил кунанд, бештар аҳамият пайдо кардааст.Ҳарчанд беҳтарин роҳи ҳалли мушкилоти байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй ба ибтикори амали худи ин кишварҳо вобаста аст, аммо сиёсатҳои қудратталабонаи Ислом Каримов аз як су ва рақобат миёни Каримов ва Назарбоев барои касби нақши раҳбарй дар минтақа , аз суи дигар чунин фурсатеро камранг намуда, заминаи дахолати бегонагон дар корҳои давлатҳои Осиёи Марказиро фароҳам кардаанд. Амре ки ҳеч пайомади мусбат на барои мардумони ин минтақа ва на барои давлатҳои он ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.

Хизбхои фармоишй дар Туркманистон

Рузи 18 феврали соли чории милодй Қурбонгулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон дар нишасти ҳайати давлат тарҳи ташкили аҳзоби мухолиф дар ин кишварро ироа намуд.Раиси чумҳури Туркманистон иброз дошт, ки имруз дар саросари кишвар дар ростои пешрафти чомеа кору эчод ва ибтикор дар тамомии бахшҳо чараён дорад. Вай афзуд , аз чумла тайи се соли охир 677 тарҳи азим ба маблағи 6 миллиарду 500 миллион доллар мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, ки хатҳои интиқоли гази фаромиллии Туркманистон — Чин ва Туркманистон — Эрон, пул бар болои рудхонаи Амударё, корхонаҳои азими санъатй, минтақаи туристии «Аваз» ва кули Туркман аз ин чумлаанд.Қурбонгулй Бердимуҳаммадов таъкид кард,ин ҳама рушду тавсаъа баёнгар аз он аст, ки кишвари мо дорои иқтисоди муназзам буда дар бисёре аз бахшҳо ба худкафойи даст ёфтааст.

Раиси чумҳури Туркманистон дар идомаи суханони худ ба усули демократияи воқеи пардохта, ишора кард, ки дар шароити кунунй ташкили аҳзоби мухталиф, ҳатто мухолиф на нафъи чомае хоҳад буд.Вай гуфт, ҳар ҳизбе, ки дар чорчуби қонуни асосй дар заминаҳои мухталифи кишоварзй, санъатй ва амсоли ин ташкил шавад, метавонад озодона фаъолият намояд. Хамин тавр барои аввалин бор пас аз касби истиқлолият дар соли 1991, дар Туркманистон масъалаи ташкили аҳзоби мухолиф матраҳ шуд.То ин дам дар ин кишвар ҳизби ҳокими демократ, ки баромада аз батни ҳизби комунист буд,танҳо ҳизби фаъол маҳсуб мешуд. Албатта теъдоде созмону ташаккулҳои чонибдори давлат, ки узви чунбиши миллии «Қалқиниш» (Растохез)буданд, фаъолият мекарданд.Ин ниҳодҳо як навъ такмилкунанда ё шохаҳои ҳизби ҳоким ҳисоб мешуданд, ки вазифаи аслиашон тарғибу тарвичи сиёсатҳои Туркманбошй — Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон буд.Ба эътиқоди фаъолони ҳуқуқи башари туркман ин чунбиши ба истилоҳ миллй ва ниҳодҳои шомили он, ҳамчунин ҳизби ҳокими демократ бар хилофи муқаррароти қонуни асосии Туркманистон ташкил шуда, аз тарафи давлат сармоягузорй мешаванд.Фақат ҳизби ҳоким ва созмонҳои шомили чунбиши «Қалқиниш» ҳаққи ширкат дар интихоботро доштанд. Акнун раиси чумҳури Туркманистон бар он шудааст, ки бо мушорикат додани аҳзоби мухолиф дар ҳаёти сиёсии кишвар аз як су аз фазои хафақони даврони Туркманбошй бикоҳад, аз суи дигар бо чомеаи озод чилва додани Туркманистон, ҳар гуна таҳаррук ва вокунишро аз мухолифони табъидии худ аз байн барад ва интиқодҳои мачомеи байналмилалиро дар мавриди маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандй дар кишвараш, хунсо кунад.Албатта то ин дам раиси чумҳури Туркманистон дар ростои аз байн бардоштани осори даврони худкомагиҳои Туркманбошй иқдомҳое анчом дод ва дар идомаи ҳамин раванд ахиран бо дастури у бузургтарин мучассамаи Ниёзов дар пойтахт барчида шуд. Қобили зикр аст, ки Туркманистон дар даврони Сафармурод Ниёзов бо эъломи сиёсати бетарафй, худро зоҳиран аз таҳаввулоти чории минтақа ва чаҳон канор гирифт. Давлати Ашқобод ба мушорикат дар созмону ниҳодҳои минтақайи таваччуҳи чандоне намедод фақат ба хотири бархе аз барномаҳои иқтисодии худ, дар маъдуд нишастҳо ҳузур меёфт.Фазои сиёсии ин кишвар ҳамеша мавзуи интиқодоти созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар буд.Гуруҳи туркмании ҳуқуқи башар, ки қароргоҳи он дар Вена аст, ҳамеша бо интишори баёнияҳо поймолкунии ҳуқуқи башар ва усули демократй тавасути давлатмардони туркманро ба гуши ба истилоҳ ҳомиёни байналмилалии ҳуқуқи башар мерасонд. Аммо боре ҳам нашуда, ки ниҳодҳо ва ё кишварҳои муддайии дифоъ аз ҳуқуқи башар, иқдоме дар чиҳати беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистон анчом дошта бошанд. Зеро Туркманистон дорои бештарин захоири нафту газ дар Осиёи Марказй маҳсуб мешавад ва ҳеч як аз кишварҳои ғарбии мудаъйии дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳозир набуд бо сард кардани равобити худ бо давлати Ашқобод, худро аз ин захираҳо бенасиб кунад.Давлатмардони туркман низ аз чунин шароите ниҳояти истифодаро намуданд ва фазоро он гуна эчод карданд, ки бар муроди ҳокимияташон буд. Бо ин ҳол иқдоми раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди ташкили аҳзоби мухолиф, аз суи расонаҳои ин кишвар таҳаввуле муҳим дар ҳаёти сиёсй ва ичтимойи Туркманистон арзёбй шудааст.Ба эътиқоди дастандаркорони ин расонаҳо, ки нашъат гирифта аз тафаккури Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аст, вучуди ҳизбҳои рақиб дар шаклгирии фазои солими демократй муассир хоҳад буд, амре ки руйдодҳои сиёсй ва ичтимойии кишварро низ мазмуни тозае хоҳад бахшид. Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аз замони ба қудрат расидан дар соли 2006, ба тадрич иқдом ба ислоҳи вазъ дар бахшҳои мухталифи сиёсй, иқтисодй ва ичтимойиу фарҳангии Туркманистон ва аз байн бурдани мероси даврони тактозиҳои Туркманбошй намуд.Руйгардонй аз сиёсатҳои иқтидоргароёнаи Ниёзов, ки худро раиси чумҳури модомулумри Туркманистон эълом кард, аз вижагиҳои сиёсатҳои Бердимуҳаммадов будааст.Аммо ало рағми эъломи раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди эчоди фазои чандҳизбй дар арсаи сиёсии ин кишвар,ҳеч ояндаи рушане аз беҳбуди авзоъ дар ин замина ба чашм намерасад.Зеро чомеаи туркман хотироти хубе аз фарчоми фаъолиятҳои дигарандешон надорад ва сарнавишти талхи Абдураҳмон Абдураҳмонов, раиси гуруҳи чамъиятии «Илкинчилер», ки фақат ба хотири ироаи тарҳи алтернотифи ташкили иттиҳодияҳои кишоварзй ба 8 сол зиндон маҳкум шуд, ҳамчунон дар азҳони мардум боқист. Аз ин чо ба назар мерасад, ки пешниҳоди раиси чумҳури Туркманистон барои ташкили аҳзоби мухолифи фармоишй, талошест дар чиҳати ҳамсуйии зоҳирй бо дигар кишварҳои минтақа ва боло бурдани чойгоҳи худ ба унвони раиси чумҳури одил.Аммо аз он чо ки раиси чумҳури Туркманистон ва чомеаи ин кишвар дар мавриди аҳзоби мухолиф дидгоҳҳои мутафовуте доранд, ба назар намерасад, ки дар ояндаҳои наздик шоҳиди шаклгирии як ҳизби воқейии мухолиф дар ин кишвар бошем. Ба вижа он ки аз ҳоло доираҳои тамаъчу дар ҳайати ҳокимаи давлати Ашқобод саъй доранд бо додани унвонҳои баландпарвозона аз Бердимуҳаммадов як Туркманбошии дигар дуруст кунад. Дар ҳамин росто дар поёни чаласаи рузи 18 феврали ҳайати давлат Мурод Қориев, раиси кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Туркманистон пешниҳод кард, ки ба раиси чумҳур унвони «қаҳрамони Туркманистон» дода шавад. Ҳарчанд ин бор Бердимуҳаммадов ин пешниҳодро напазируфт, аммо ин нигаронй чой дорад, ки дар чорчуби «қудратталабии шарқй» ва «иқтидоргаройии» мероси Шуравй, раиси чумҳури кунунии Туркманистон ба тадрич аз масири салафи худ гом бардорад.