Амрико ва нигохе ба Точикистон


Рузи 12 апрел дар шаҳри Душанбе даври саввуми машваратҳои байниҳукуматии Точикистон ва Амрико баргузор гардид, ки дар он ҳайати амрикои тахти сарпарастии Роберт Блейк, ёвари вазири умури хоричаи ин кишвар ҳузур дошт.Машваратҳои сиёсй бо кишварҳои Осиёи Марказй, барномаест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайи солҳои охир дар чорчуби стротегияи ҳузури худ дар минтақа таҳия ва тадвин кардааст.

Моҳи феврали соли 2010 нахустин даври ин ройзаниҳо бо Точикистон, дар Вашингтон баргузор гардид ва дар тирамохи гузашта Роберт Блейк ба манзури баррасии натоичи даври аввал, ба Душанбе омад ва бо мақомоти точик дидору гуфтугуҳо анчом дод. Ин бор низ ин мақоми баландпояи амрикойи дар чорчуби ҳузур дар нишасти дучонибаи Точикистон — Амрико, бо масъулони давлати Душанбе дидор ва гуфтугуҳо анчом дод.Вай баъд аз музокира бо Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар суҳбат бо хабарнигорон, раванди ҳамкориҳо миёни Душанбе — Вашингтонро мусбат арзёбй кард ва тазаккур дод, ки сармоягузорони кишвараш омодаанд дар бахшҳои муҳими иқтисодии Точикистон, аз чумла дар тарҳҳои гидруэнергетикии ин кишвар сармоягузорй кунанд.
Албатта зимни баррасии ин мавзуъ бо раиси чумҳури Точикистон, Роберт Блейк таъкид кард, ки мушорикати сармоягузорони амрикойи дар тарҳҳои иқтисодии Точикистон, ниёзманди рафъи мушкилот дар бахши андоз аст. Мақоми амрикойи яке аз далоили камранг будани ҳузури сармоягузорони кишвараш дар Точикистонро вучуди бархе ноҳамоҳангиҳо дар хадамоти молиётй ва набудани замонатҳои лозим дар чиҳати фаъолияти бахши хусусии кишвараш баршумурд. Бо ин ҳол, эъломи омодагии Амрико барои сармоягузорй дар тарҳҳои муҳими иқтисоди Точикистон, ки тарҳҳои гидроэнергетикй дар авлавияти он қарор доранд, баёнгар аз тағйири руйкарди Вашингтон дар хамкорй бо Точикистон аст. Албатта зимни баррасии ин мавзуъ бо раиси чумҳури Точикистон, Роберт Блейк таъкид кард, ки вучуди бархе монеъахо дар қавонини молиётии Точикистон ва набудани замонатҳои лозим дар чиҳати сармоягузорй дар иқтисоди ин кишвар, бахши хусусии Амрикоро аз фаъолият дар Точикистон дур нигоҳ доштааст.Вай афзуд, чунончй ислоҳот дар бахши иқтисоди Точикистон амалй шавад, сармоягузорони амрикойи ҳузури пурранге хоҳанд дошт. Бо ин ҳол тасмими Амрико дар чиҳати ҳузури фаъолтар дар тарҳҳои иқтисодии Точикистон аз чанд зовия қобили арзёбй аст.Аввал ин ки талоши Амрико барои ҳузури бештар дар арсаҳои мухталифи ҳаёти кишвари Точикистон, чудо аз рақобати Вашингтон бо Маскав дар чҳати нуфуз дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй нест, зеро ин мавзуъ дар пайи то ҳадде ниҳойи шудани масъалаи хуручи низомиёни Гарб аз Афғонистон, бештар аҳамият касб кардааст.Акнун Амрико бар он шудааст бо ворид шудани аз роҳҳои иқтисодй ва кумак ба ҳалли мушкилоти иқтисодии Точикистон, ҳадафхои худро дар маинтақа дунбол кунад. Баррасии тарҳи «Каса-1000» дар дидори Блейк ва Раҳмон дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Дуввум, Амрико дар пайи нокомй дар тарҳи роҳандозии инқилобҳои рангй дар қаламрави Шуравии собиқ, бо тағйир дар сиёсатҳои худ, зимни чашмпушй аз амалкарди масъулони Точикистон дар риоят накардани ҳуқуқи башар ва меъёрҳои демократй, акнун ин мавзуъҳоро фақат барои зоҳири қазия матраҳ мекунад, то аз як су мухолифон ва мунтақидони давлати Душанберо беш аз ҳад аз худ дур накунад ва аз суи дигар аҳраме барои фишор ба Душанбе дар ихтиёр дошта бошад.Аз ин чост, ки дар остонаи сафари Роберт Блейк ба Точикистон вазорати хоричаи Амрико гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар чаҳонро мунташир намуд, ки 27 сафҳаи ин санад ба Точикистон ихтисос дошт.Дар ин гузориш аз чумла гуфта шудааст, ки Раҳмон ва тарафдоронаш, ки ҳама намояндагони як минтақа аз Точикистон мебошанд, ҳаёти сиёсии кишварро таҳти назорат доранд.Тазаккур шудааст, ки ҳарчанд бар асоси қонуни асосй бисёрҳизбй амал мекунад, аммо дар интихоботи гузаштаи порлумон ҳизби раиси чумҳур яккатозй кард.Дар гузориши мазкур ҳамчунин аз густариши фасоди молй, маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандй ва фаъолиятҳои мазҳабй интиқод шудааст. Аммо ҳамон гуна ки ишора шуд, ин маворид бештар чанбаи ташрифотй доранд.
Алорағми ин ҳама, нигоҳе ба ҳайати амрикойии ширкаткунанда дар нишасти Душанбе, ки муташаккил аз намояндагони аршади вазоратҳои хорича ва дифоъ ва ожонси рушди байналмилали Иёлоти муттаҳидаи Амрико буд, дарки ин мавзуъ душвор нест, ки дар чорчуби ҳамкориҳои чадиди Амрико — Точикистон масоили низомй дар авлавият қарор доранд. Зеро Амрико бо дарс гирифтан аз шикасти Шуравии собиқ дар Афғонистон, тасмим гирифтааст ҳузури дарозмуддате дар Осиёи Марказй дошта бошад.Ин ҳузур бо чанд ҳадаф дар ҳоли тарроҳй ва ичро аст:таъсиргузорй бар таҳаввулоти Афғонистон ва Покистон ва дар ихтиёр доштани имконоти тоза барои назорат бар таҳаррукоти Чин дар минтақа.Генеролҳои амрикойи бар ин боваранд, ки барои дастёбй ба ин аҳдоф қаламрави Точикистон аз беҳтарин имконот ва зарфиятҳо бархурдор аст, ба вижа дар шароите ки фурудгоҳи низомии «Айнй» ҳануз ба истилоҳ молики худро пайдо накардааст ва Амрико ҳар аз гоҳе масъалаи истифода аз ин фурудгоҳҳро матраҳ мекунад, аҳамияти ин мавзуъ беш аз ҳар замони дигаре бар мало шудааст.
Карори маълум баъд аз он ки Амрико дар талош барои пуштибонй аз неруҳои демократии Узбакистон ноком шуд ва фурсатҳои зиёдеро дар ин кишвар аз даст дод, тасмим гирифт дар Осиёи Марказй ба дунболи баркарории меъёрҳои демократй набошад.Дар ҳамин росто буд, ки бо Курмонбек Боқиев, раиси чумҳури вақти Кирғизистон бар сари истифода аз пойгоҳи низомй вориди муомила шуд.Бар асоси ин муомила Амрико ҳозир шуд бобати истифода аз пойгоҳи низомй дар Кирғизистон солона ба чои 17 миллион доллар, 160 миллион доллар пардохт намояд.Хамчунин масъалаи ифтитоҳи пойгоҳи дуввум дар Кирғизистон бо сарони Бишкек ҳал шуд. Аммо табаддулоти давлатй дар апрели соли 2010 авзоъро ба нафъи Русия тағйир дод.Акнун дар шароите ки Точикистон ба тадрич ба муттаҳиди Амрико табдил шудааст, Амрико бар он шудааст аз қаламрави ин кишвар дар чиҳати барномаҳои тронзитии худ ба Афғонистон, ниҳояти истифодаро намояд. Дар ҳамин чорчуб бо кумаки молии Амрико чандин пули кучаку бузург бар руи рудхонаи Панч миёни Точикистон ва Афғонистон сохта шуд. Аз суи дигар дар тарҳи будчаи Амрико барои соли 2012 Точикистон дар феҳристи кишварҳои созгор барои сармоягузориҳои калон зикр шудааст ва ин тсдике дигар бар ин дидгоҳ аст, ки Вошингтан ҳисоби вижае барои ҳамкориҳо бо Точикистон боз кардааст.Бино ба гуфтаи Роберт Блейк, Амрико то имруз дар ҳачми як миллиард доллар дар Точикистон сармоягузорй кардааст.Чои шакку шубха нест, ки ин ҳама сармоягузориҳо ҳарчанд дар бахшҳои иқтисод, вале аҳдофи сиёсй доранд, аҳдофе ки рақобати қудратҳо таъсири мустақим бар раванди амалй шавии онҳо дорад.Аз ин ру барои давлати Душанбе фурсати дигаре пеш омадааст, ки мизони садоқати ҳар як аз кишварҳои муддаъйии кумак ба пешрафт ва рушди Точикистонро, маҳак занад.

Амрико дар Осиёи Марказй


Иёлоти Муттаҳида Амрико бо тағйир дар нигариш ва сиёсатҳои худ дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказй тасмим гирифтааст аз ин ба баъд таваччуҳи бештаре ба ин минтақаи стротежй хоҳад дошт.Албатта ин қабл аз ҳама ба ташдиди рақобатҳо миёни қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказй бармегардад, аммо аз суи дигар ба назар мерасад Ғарб дар садади он аст, нооромиҳои Афғонистонро ба тадрич ба ин минтақа мунтақил кунад, то битавонад аз ин тариқ аз ҳузури кишварҳое ки монеи ичрои аҳдофи ғарбиҳо мешаванд, бикоҳад. Дар ҳамин росто изҳороти вазири дифои собиқи Амрико қобили таамул аст. Доналд Ромсфелд ахиран дар китоби худ таҳти унвони «Ошкор ва пинҳон» навишт, «аз чумлаи иштибоҳоти дардовари мо дар сиёсати хоричй, андохтани Узбакистон ба оғуши Русия буд».Вазири дифоъи вақти Амрико дар ин китоби худ тазаккур медиҳад, ки мавзеъгирй дар қиболи амалкарди давлати Тошканд дар бархуд бо тазоҳуркунандагони андичонй, иштибоҳ буд ва ин амр мучиби фосила гирифтани Узбакистон аз Амрико ва бозгашти мучаддади у ба оғуши Русия шуд.Қарори маълум дар моҳи майи соли 2005 дар шаҳри Андичон мардуми тазоҳуркунанада, ки аз сиёсатҳои Каримов норозй буданд, тавассути неруҳои амниятй ва интизомии узбак қатлиом шуданд.Мақомоти узбак дар асосноккунии амалкарди худ, иддао карданд, ки тазоҳуркунандагон ифротиюни исломй буданд, аммо воқеият чизи дигар буд.
Вазири собиқи дифои Амрико дар китоби худ тазаккур медиҳад, ки мавзеъгирии мо дар қиболи амалкарди зидди ҳуқуқи башари Тошканд боиси он шуд, ки Амрико аз минтақаи стротегии Осиёи Маркзй ронда шавед.Аз суи дигар дар моҳи ноябри соли 2005, баьд аз интиқодҳои Амрико аз саркуби мухолифон дар Андичон, Тошканд қарордоди ҳамкориҳои стротегй бо Маскав имзо кард. Ин амр боиси тақвияти дубораи Русия дар Узбакистон ва ихрочи Амрико аз ин кишвар шуд.Ромсфелд ёдовар мешавад, ки исрори мо ба риояти ҳуқуқи башар боис шуд, ки манофеи стротегии ва амнияти миллии Амрико латмадор шавад.Бо таваччуҳ ба ин, вазири дифоъи собиқи Амрико тавсия мекунад, ки дар мақтаи кунунй Иёлоти муттаҳидаи Амрико бояд сиёсати худро бештар руи манофеъи роҳбурдии худ мутамарказ кунад, то дифоъ аз ҳуқуқи башар ва риояти меъёрҳои демократй. Инак ба назар мерасад Амрико дар пайи тармими сиёсатҳои худ дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказй бар омадааст.Сафари ахири Роберт Блейк,ёвари вазири хоричаи Амрико дар умури Осиёи Марказй ва Чанубй ба Осиёи Марказй, тасдиқе ба ҳамин дидгоҳ аст. Ин мақоми амрикойи бо қаноатмандй иброз дошт, ки тайи солҳои ахир ҳамкориҳо бо кишварҳои ин минтақа, ба вижа дар масоили марбут ба Афғонистон, натоичи хубе ба ҳамроҳ дошт.Блейк ки дар остонаи сафар ба Осиёи Марказй суҳбат мекард, иброз дошт, ки ҳамкориҳои мо бо ҳар як аз кишварҳои ин минтақа аз аҳамияти волое бархурдор аст ва сарони кишварҳо низ ин муҳимро дарк кардаанд. Рафту омадҳои мақомоти амрикойи ба кишварҳои Осиёи Марказй ва ҳамзамон бо ин густариши ҳамкориҳои ин кишварҳо дар бахшҳои мухталиф бо Амрико, дигар тасдиқе ба оғози руйкарди чадиди Вошингтан ба ин минтақаи стротегй аст.Дар ҳамин росто дигар мавзуе ки чалби таваччуҳ мекунад, талошҳои Амрико барои чалби бештари донишчуён аз кишварҳои Осиёи Марказй ба Амрико аст.Ахиран дар ин робита Эни Фалиомаваега, намояндаи ҳизби демократ дар конгресси Амрико иброз дошт, ки мо бояд чавонони бештареро аз Осиёи Марказй ба донишгоҳҳои Амрико чалб кунем, то аз наздик ба чомеаи мо ошно шаванд.Ин суханон дар шароите гуфта шуданд, ки бар асоси иттилооти мақомоти амрикойи, дар айни ҳол дар донишгоҳҳои Амрико аз Казоқистон — 1936, аз Қирғизистон — 274, аз Точикистон — 288, аз Туркманистон — 195, аз Узбакистон — 513 нафар донишчу дар Амрико таҳсил мекунанд.Ба баёни дигар,намояндагони конгресси Амрико аз он ибрози таачуб карданд, дар ҳоле ки теъдоди донишчуён аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказй ҳудуди 3,5 ҳазор нафар мебошад,Чин 124 ҳазор нафар ва Ҳинд 100 ҳазор нафар аз чавонони худро барои касби дониш ва тахассус ба Амрико эъзом кардаанд. Фалиомаваега таъкид кард, ки дар чалби доншчу, бояд кишварҳои Осиёи Марказй дар авлавият қарор дошта бошанд.Вай афзуд густариши ҳамкорй дар бахши омузишу парвариш, ба кишварҳои Осиёи Марказй имкон хоҳад дод то роҳи рушду таолии худро беҳтар мушаххас кунанд.Ин узви конгресси Амрико афзуд, таҳсил дар Амрико ба чавонони кишварҳои Осиёи Марказй имкон хоҳад дод бо донишҳо ва чаҳонбиниҳои воқеи мучаҳҳаз шаванд. Аз ин таҳаррукоти мақомоти Амрикойи дар Осиёи Марказй ва ибрози назарҳои онон бамеояд ки дар пайи оғози суқути диктотурҳои кишварҳои арабй, қудратҳои Шарқу Ғарб дар ростои дифоъ аз манофеи худ, барномаҳои вижаеро дар назар гирифтаанд.
Ба эҳтимоли қавй ин барномаҳо ҳаргиз дар чорчуби манофеи давлатҳо ва мардумони минтақа нахоҳанд буд. Аз ин ру шаке нест, ки аз баҳори имсол шоҳиди руйдодҳое мутафовут дар кишварҳои Осиёи Марказй хоҳем буд.Оғози музокироти пинҳону ошкори мақомоти Душанбе ва Маскав дар мавриди бозгашти марзбонони русй ба марзи Точикистону Афғонистон, бахше аз ҳамин руйдодҳо аст, ки ба тадрич ба сафороиҳои тоза дар Осиёи Марказй мунчар хоҳад шуд.Чои шубҳа нест ки таҳаррукоти чадиди Амрико дар Осиёи Марказй Маскавро бар он водошта ки масъалаи бозгашт ба марзи Афғонистонро ба таври чиддй пайгирй кунад.

Узбакистон ва Туркманистон дар роҳи ҳамгаройи


Сойтҳои мухталиф дар Узбакистон ва Туркманистон аз сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Узбакистон дар баҳори имсол хабар доданд.Бар пояи ин гузоришҳо пешбинй мешавад, ки тайи ин сафар ва дидору гуфтугуҳои мақомоти олирутбаи ду кишвар, санадхои муҳим дар заминаи густариши равобит миёни Ишқобод — Тошканд ба имзо расад.Бо таваччуҳ ба ин, гуфта мешавад сафари Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ба Тошканд нуқтаи муҳиме дар раванди ҳамкориҳо миёни Туркманистон ва Узбакистон хоҳад буд.Албатта ин сафар чавоб ба сафари Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон аст, ки дар моҳи октябри соли 2010 анчом шуд. Дар чорчуби сафари Ислом Каримов чанд санади ҳамкорй миёни ду тараф ба имзо расид, ки тафоҳумномаи ҳамкорй дар бахшҳои фарҳангй — башардустона дар давраи солҳои 2011 — 2013 аз муҳимтарини ин аснод буд.Ҳамчунин дар рузҳои сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон дар шаҳри Дашогози Туркманистон чашнвораи дустии халқҳои узбак ва туркман баргузор гардид. Дар мачмуъ дар мавриди сафари рузҳои 18-20 октябри соли 2010 Ислом Каримов ба Ишқобод бояд гуфт, раиси чумҳури Узбакистон тайи даҳ моҳи ахир ду бор ба Туркманистонро сафар кард.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гази Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъҳои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро (Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб (Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Бо ин ҳол масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Пушиши хабарии ин сафар дар ду кишвар баёнгар аз он буд, ки ду раиси чумҳур бо ҳам дуст шуданд. Сафари ахири Ислом Каримов ба Ишқобод аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки бо ҳар роҳи мумкин худро ба Курбонгулй Брдимуҳаммадов наздик кунад.

Қобили зикр аст, ки равобити дипломатй миёни Тошканд ва Ишқобод аз 7 феврали соли 1993 барқарор шуд ва тайи муддати болиғ бар 17 сол Узбакистон ва Туркманистон ҳамкориҳои бидуни таниш бо ҳам доштанд.То ин дам миёни ду тараф беш аз 120 қарордод ва тафоҳумнома дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст, ки аз ин чумла 26 санад тайи чаҳор соли охир ба имзо расидааст.

Дар соли 2010 мубодилаи тичорй миёни ду кишвар 229 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл 42 дарсад афзоишро нишон медиҳад.Пешбинй мешавад, дар шашумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Туркманистон ва Узбакистон, ки қарор аст рузҳои 14-15 феврали соли чорй дар Тошканд баргузор шавад,роҳҳои тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳо миёни ду тараф баррасй шавад. Сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Тошканд дар шароите анчом мешавад, ки Осиёи Марказй ба таври камсобиқае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Давлати Тошканд, ки дар равобит бо ин қудратҳо пайваста мавозеи мутағаййиреро интихоб кардааст, дар идомаи ин раванд, ниёз ба бархе пуштибонй ва мусоидатҳои кишварҳои минтақа дорад.Ба вижа дар шароите ки Ғарб ба таври чиддй масъалаи пайдо кардани чойгузин барои гози Русияро дунбол мекунад, дар бархурд ба ин мавзуъ Тошканд ба ҳамоҳангиҳо бо Ишқобод ниёз дорад.Зеро Туркманистон дорои манобеи саршори гози табии аст ва мавозеъи он метавонад бар руи қимати содироту воридоти ин колои муҳими санъатй, таъсиргузор бошад. Аз суи дигар наздик шудан бо Ишқобод ин имконро барои Тошканд фароҳам хоҳад кард, ки дар мудирияти бархе масоили минтақайи аз Казоқистон ба унвони рақиби суннатии худ дар ичрои нақши раҳбарй дар Осиёи Марказй, пешй бигирад.Дар як нигоҳи ичмолй, сафари отии Қурбонгулй Бедимуҳаммадов ба Тошкандро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард.

Роххои охан ва рақобатхо

Талошҳо барои эҳёи роҳи абрешим, ин ақидаро тақвият кардааст, ки ин амр зимни тавсаъа ва таҳкими ҳамгаройи миёни кишварҳои минтақа, метавонад суботу амниятро барои мардуми Афғонистон ба армуғон биёварад. Ин тарҳ дар айни ҳол дар бисёре аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалй дар ҳоли пайгирй аст.Албатта ин чода дар шароити имруз фақат роҳи заминй набуда, иборат аз масирҳои обй ва роҳи оҳан низ мебошад.Бо таваччуҳ ба ин ки бахшҳои тақрибан калидии роҳи абрешим аз қаламрави Афғонистон мегузаранд, наметавон ба иллати нооромиҳои кунунй ин кишварро аз чорчуби тарҳи мазкур хорич кард.

Дар айни ҳол дар ин кишвар бар пояи тарҳҳои мухталифе сохти роҳҳои оҳан чараён дорад ва бахше аз ин тарҳҳо ба марҳалаи ичро расидаанд. Аз чумла чанде қабл роҳи оҳани Хайратон — Мазори шариф, ки бо мушорикати Узбакистон сохта шуд, ба баҳрабардорй расид.Ин роҳи релй бо тули 75 километр, бандари Хайратон дар марз бо Узбакистонро ба Мазори шариф,бузургтарин шаҳр дар шимоли Афғонистон васл кард.Акнун пешбинй мешавад, ки ин хати роҳи оҳан то шаҳри Ҳирот сохта шавад ва ба роҳи оҳани Машҳад — Ҳирот, ки тавассути Чумҳурии Исломии Эрон сохта шуд, пайваст шавад.
Албатта сохти роҳҳои оҳан дар қаламрави Афғонистон кори соддае нахоҳад буд, зеро аз як су нооромиҳои мавчуд дар ин кишвар мушкили чиддие дар ин замина аст, аз суи дигар рақобати кишварҳо барои соҳибии тарҳҳо ва аз ин тариқ касби даромадҳои бештар, дар бархе аз бахшҳо, ичрои барномаҳои умрониро ба таъхир андохтааст.Бо ин ҳол аз кишварҳои ҳамсоя, Узбакистон бештар аз дигарон дар тарҳои иқтисодии Афғонистон ҳузур дорад ва ба эътиқоди чамъи касире аз коршиносон, ин амр натичаи табонй ва муомила миёни Тошканд ва Вашингтон аст. Яъне Амрико ба ивази ҳамкории Узбакистон дар чиҳати тронзити коло барои неруҳои ба истилоҳ эътилоф дар Афғонистон ва дигар ҳамкориҳои низомй миёни ду тараф, бархе имтиёзҳои иқтисодиро дар Афғонистон дар ихтиёри давлати Тошканд қарор додааст.Акнун Узбакистон дар назар дорад тавассути қламрави Афғонистон ба Бандари Аббос(Эрон) ва Аврупо роҳи чадиди содиротй эчод кунад.Қаламрави Узбакистон дар айни ҳол ягона масири қаторҳо аз Русия ва Қазоқистон ба самти Эрон ва Афғонистон аст.Туркманистон бо роҳи оҳани Эрон пайваст аст, аммо роҳи оҳани ин кишвар ҳануз ба роҳи оҳани Қазоқистон пайваст нашудааст.Бо таваччуҳ ба ин Узбакистон талош дорад аз ин шароит дар чиҳати такмили тарҳҳои марбут ба сохти хатҳои роҳи оҳан кор гирад ва имтиёзоти бештаре касб кунад.Аммо ба зудй ин инҳисори Тошканд шикаста хоҳад шуд, зеро Қазоқистон ва Туркманистон тарҳи муштараки сохти роҳи оҳанро дар дасти ичро доранд, ки Қазоқистонро ба Эрон васл хоҳад кард. Аз ин ру Узбакистон бо тамоми тавон талош дорад, ки дар ин росто ибтикори амалро дар даст дошта бошад.Дар ҳамин росто рузи 9 ноябри соли 2010 дар дидори чаҳорчонибаи Эрон, Уммон, Туркманистон ва Узбакистон дар Теҳрон, Узбакистон алоқамандии худро барои тавсаъаи ҳамкориҳои релй иброз кард ва баъди ин нишаст раиси чумҳури ин кишвар ба Қатар рафт ва тавофуқҳои тозае бо мақомоти Уммон ба даст овард.Ҳамаи ин талошҳои Тошканд барои онанд, ки тарҳҳои мушобеҳ дар ин замина, аз чумлаи тарҳи муштараки Эрон — Точикистонро, ки тавассути қаламрави Афғонистон дар ҳоли ичрост, таҳти контрул дарорад. Яъне ҳаққи назорат ба боркашонй дар ин масир дар ихтиёри ширкати роҳи оҳани Узбакистон қарор дошта бошад. Албатта ин тарҳи Узбакистон тарҳи русии Шимол — Чанубро, ки ҳамлу нақли коло тавассути баҳри Каспий ба халичи Форсро пешбинй мекунад, хунсо хоҳад кард ва набояд вокунишҳои Маскавро дар робита ба ин мавзуъ нодида гирифт.
Точикистон дар пайи мутаваққиф кардани вогунҳояш дар қаламрави Узбакистон, ки ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодии ин кишварро бо мушкили чиддй мувочеҳ кард, ба таври чиддй тарҳи сохти роҳи оҳан аз тариқи қаламрави Афғонистонро дунбол мекунад.Дар ин замина Чумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои танготанге бо ин кишвар ва Афғонистон дорад.Ахиран Арабистони Саудй низ чиҳати мушорикат дар ин тарҳ эъломи омодагй кард ва дар миёнаҳои соли 2010 дар ин замина бо Эрон музокирот анчом дод. Бо таваччуҳ ба гузари ин хати роҳи оҳан аз манотиқи саршор аз манобеи зеризаминй, баровардҳои коршиносй судманд будани онро таъйид кардаанд.
Дар айни замон чанд пул, ки бар руи рудхонаи Ому сохта шудаанд, роҳҳои автомобилии ду кишвари Точикистон ва Афғонистонро ба ҳам васл мекунанд ва ин амр боиси афзоиши бесобиқаи мубодилоти тичорй миёни ду кишвар шудааст.Афғонистон аз мавқеъияти мумтози чуғрофиёи бархурдор аст, ба илова манобеи саршори табии, ки ағлаб дастнахурда боқй мондаанд, дурнамои рушане аз ҳамкориҳои ин кишвар бо чаҳони хоричро бозгу мекунанд. Ҳарчанд имруза Афғонистон аз суботу амнияти лозим чиҳати ичрои тарҳҳои умронй бархурдор нест, аммо такмили чодаи абрешимро бидуни мушорикати ин кишвар наметавон тасаввур кард.Ҳамин амр кишварҳои минтақа ва қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказиро ташвиқ кардааст, ки дар чиҳати барқарории суботу амният дар Афғонистон бештар талош кунанд.Бо ин ҳол  Узбакистон ҳамон вақт дар Афғонистон ва ҳамин тавр дар Осиёи чанубй муваффақ хоҳад шуд, ки дар робитаҳои худ бо ҳамсоягон, ба вижа Точикистон ва Қирғизистон тачдиди назар кунад.Дар акси ҳол, ҳамон гуна ки пажуҳишҳои ниҳодҳои ғарбй нишон медиҳанд, барномаҳои давлати Тошканд дар минтақа ба мушкили чиддй мувочеҳ хоҳанд шуд.

Иттиҳоди давлатҳои мустақил ё муштаракулманофеъ?

Рузи 21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алмато, пойтахти вақти Қазоқистон сарони 11 кишвари тозаистиқлол ёфта аз Шуравй(ба истиснои се чумҳурии назди Балтик ва Гурчистон), протоколи таъсиси ниҳоди чадид — Иттиҳоди давлатҳои мусстақилро имзо карданд.Ба ҳамин тартиб баъди 69 сол мавчудият, умри императории кумунистй ба поён расид ва абарқудрате ба номи Иттиҳоди чамоҳири шуравии сотсиалистй ба таърих пайваст.

Дар протоколи мазкур аз чумла тазаккур дода шудааст, ки ҳамаи аъзо аз ҳуқуқ ва салоҳиятҳои мусовй бархурдор ҳастанд.Дар банди 3 қарордоди ташкили Иттиҳоди давлатҳои мустақил таъкид шуда, ки аъзои Иттиҳод бо ворид кардани тағйир дар қонунҳои марбутаи худ, воҳидҳои артиши Шуравии воқеъ дар кишварҳояшонро ба артиши миллии худ пайваст кунанд ва ин артишҳо ба таври муштарак аз суботу амнияти қаламрави Иттиҳод ҳифозат хоҳанд кард.Ойинномаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил 22 январи соли 1993 тавсиб шуд, аммо то ҳануз Украина ин ойинномаро имзо накардааст ва узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди мазкур бар асоси санаде аст, ки миёни ин кишвар, Русия ва Белорус дар таърихи 8 декабри соли 1991 дар қароргоҳи ҳукумати чумҳурии Белорус, дар вилояти Брести ин кишвар, ба имзо расида буд. Дар соли 1993 Гурчистон низ ба ин Иттиҳод пайваст, аммо дар соли 2009 дар пайи даргирии мусаллаҳона бо Русия, ин иттиҳодро тарк кард ва дар айни ҳол Иттиҳоди давлатҳои мустақил 11 узв дорад.
Инак аз таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақил 19 сол сипарй мешавад ва тайи ин муддат ин ниҳод дастхуши мушкилоту масоили зиёде буд.Дар ибтидои зуҳури Иттиҳоди мазкур, интизороти аъзо аз фаъолиятҳо ва дар кулл фалсафаи вучуди он мутафовут буданд.Русия ба унвони ташаббускори аслй бар он буд, ки тасаллути Маскав бар чумҳуриҳои қаламрави императории собиқро тавассути ин ниҳод ҳифз кунад ва набзи фаъолиятҳо дар тамомии бахшҳо дар ин минтақаи бузургро дар ихтиёр дошта бошад.Кишварҳое мисли Украина ва Белорус, ки дар баробари Русия худро аз ҳеч чизе кам намедиданд, ин интизорро доштанд, дар қолаби ин иттиҳод истиқлоли амали бештаре касб ва битавонанд яккатозиҳои Маскав дар ин заминаро камранг кунанд.Ба илова, Киев ва Минск, ки дар замони Шуравй низ танҳо чумҳуриҳое буданд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид намоянда ва ҳаққи раъй доштанд, мехостанд чойгоҳи мустақили худ дар Аврупойи шарқиро касб ва сиёсатҳои мустақилтаре аз Маскавро дунбол кунанд ва ҳатто дар ростои расидан ба ҳадафҳои худ, ба унвони рақиби Русия дар саҳна ҳозир шаванд.Чумҳуриҳои Қафқоз саъй бар он доштанд, бо камранг кардани чойгоҳ ва нуфузи Русия дар қаламрави худ, сиёсате комилан мустақил дошта бошанд, ба баёни дигар сарнавишти худро худ таъйин кунанд. Чунин талошҳое дар Осиёи Марказй низ чой дошт ва кишварҳои ин минтақа истиқлоли воқеи аз Маскавро дар садри сиёсатҳои худ қарор дода буданд, аммо чунин руйкарде дар Қирғизистон, Туркманистон ва Точикистон хеле эҳтиёткорона шакл мегирифт.Албатта Туркманистон бо эъломи бетарафй, як сиёсати комилан мутафовутеро дунбол мекард.Бо ин ҳол натичаи 19 сол мавчудияти Иттиҳоди давлатҳои мустақил собит мекунад, ки ин Иттиҳод натавонист ба унвони як ниҳоди таъсиргузор дар муодилоти минтақайи ва чаҳонй, шакл гирад.Ҳарчанд Русия талошҳои зиёде барои коройи кардани Иттиҳоди мазкур ба харч дод, аммо ин талошҳо тақрибан бе натича будаанд. Маскав аз абзорҳои мухталифе барои тақвияти равобити дарунсозмонй ва таҳкими ҳамгаройи дар миёни аъзо кор гирифт, вале набудани тамойили кишварҳо, ин талошҳоро нақш бар об кардааст.Аз суе, ҳарчанд бо пайравй аз мустамараҳои собиқи Англис, ниҳоди ба вучудомада баъд аз фурупошии Шуравиро «Чомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ» ё «Ҳамсуд» меноманд, аммо аввал ин ки ин тарчумаи нодурусти СНГ — Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст ва дуввум, ин кишварҳо бе ҳеч вачҳ манофеи муштарак надоштанд ва нахоҳанд дошт.Дар ҳоле ки Озарбойчон ва Арманистон барои Қарабоғи куҳй мечанганд, оё метавон онҳоро муштаракулманофеъ гуфт? Ё кишварҳои Осиёи Марказй дар баҳси манобеи обии ин минтақа, манфиатҳои муштаракро дунбол мекунанд? Бо ин ҳол Русия бо таъсиси зермачмуъаҳое назири Иттиҳоди гумрукй, Паймони амнияти чамъй, созмони ҳамкории Шонгҳой, саъй кардааст ба унвони бародари бузург раҳбарии худро дар Иттиҳоди мазкур бар дигарон таҳмил кунад.Вале бо вуруди Ғарб ба қаламрави Шуравии собиқ, аз Қафқоз то Осиёи Марказй ва басту густариши ҳамкориҳои ду ва чандчониба миёни кишварҳои ғарбй ва чумҳуриҳои Шуравии собиқ, таъсиргузории Маскав дар таҳаввулоти қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил беш аз ҳар замони дигаре заъиф шудааст ва ин раванд ҳамчунон идома дорад.Нотавонии ин ниҳод дар расидагй ба мушкилоти мавчуд дар равобити аъзо, тамоили масъулони кишварҳо барои ширкат дар барномаҳои онро коҳиш додааст.Бо таваччуҳ ба ин, Русия баъд аз он ки натавонист бо аҳрамҳои иқтисодй нуфузи худро дар қаламрави Шуравии собиқ ба таври лозим ҳифз кунад, бар он шуд, ки аз абзорҳои амниятй кор гирад.Ташдиди фаъолиятҳои гуруҳҳои тундрав дар Афғонистон ва фазосозй дар мавриди таҳдиди ин гуруҳҳо ба амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, фурсате ба вучуд овард, ки Маскав зарурати чойгиркунии пойгоҳҳои низомии худ дар Осиёи Марказй ва тақвияти ҳамкориҳои амниятии аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро бар шарикони худ илқо ва таҳмил кунад.Дар ҳамин росто Паймони амнияти чамъй шакл гирифт, ки таъсиси неруҳои вокуниши сареъ дар чорчуби ҳамин паймон, тасдиқе бар чиддияти Русия дар ин замина буд.Дар шароити кунунй Маскав бо ташдиди иқдомоти расонайи дар мавриди фаъолшавии ифротгароёни исломй, дар Осиёи Марказй, ба вижа дар водии Фарғона, бар он аст, ки барномаҳои амниятии худро ба кишварҳои минтақа таҳмил кунад ва бо аҳрамҳои амниятй — низомй нуфузи худро дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳифз кунад ва тавсаъа бахшад.Албатта бахши энержй аз дигар нигарониҳои Маскав дар идора кардани умури қаламрави пасошуравй аст, ки низ ҳамроҳ бо дастаи азиме аз масоил ва вижагиҳост. Аз чумлаи омилҳое ки монеъ аз мувафаққияти Русия дар пешбурди барномаҳояш дар дохили Иттиҳоди давлатҳои мустақил шуда, ташдиди рақобат миёни қудратҳои Ғарб ва Шарқ дар ин қаламрав мебошад.Ҳамин мавзуъ ва дар канори он коҳиши эътимоди кишварҳои узв ба садоқати Маскав дар пойбандй ба уҳдадориҳояш, фарзияҳоро дар мавриди фурупошии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, беш аз ҳар замони дигаре ба воқеият наздик кардааст.Амре ки ба гумони ғолиб идомаи он, сарнавиште назири Иттиҳоди шуравиро барои Иттиҳоди давлатҳои мустақил рақам хоҳад зад.

«Толибон»и Осиёи Марказй


Бар асоси гузоришҳое ки мақомоти амниятй ва интизомии кишварҳои Осиёи Марказй нооромиҳои як ду соли охири Осиёи Марказй мунташир кардаанд, ҳудуди 90 дар сади нооромиҳои ин минтака тавассути афроди вобаста ба ҳизби таҳрир ва ҳаракати исломии Узбакистон ба вуқуъ пайвастаанд.Сенориёи баррасии ин бесуботиҳо, ки куштаю захмй ва фирорй дар пай доштаанд, шабеҳи ҳаманд, ба гунае ки ҳам дар Қирғизистон ва ҳам дар Точикистон дар даргириҳои низомии ахир афроди ин ду чунбиши ифротй гунахкор муаррифй шудаанд.

Аммо на ҳамеша далелҳои боэътомод дар ин замина ироа шудаанд.Бо ин вучуд пай бурдан душвор нест, ки як барномарезии ҳамоҳангшуда миёни хадамоти вижаи бархе кишварҳо барои эчоди ба истилох толибони маҳаллй дар Осиёи Марказй, дар ҳоли ичро аст.Бо таваччуҳ ба ин ки ҳаракати исломии Узбакистон беш аз дигар гуруҳҳои мухолифи давлатҳои Осиёи Марказй афроди мусаллаҳ дар Покистон ва Афғонистон дар ихтиёр дорад, маҳз ҳамин ҳаракат ба унвони ҳаста ё мағзи гуруҳи «толибони маҳҳалй» дар Осиёи Марказй интихоб шудааст.Ин ҳаракат мушобеҳи дигар чунбишҳои мардумии замони гурбочёвй, дар авохири умри Шуравй, дар солҳои 90 қарни гузашта шакл гирифт ва дар дохили Узбакистон ҳаводорони зиёдеро ба худ чалб кард.Дар пайи фишорҳои беамони давлати Тошканд ва ҳабсу куштори аъзои ин ҳаракат, неруҳои исломгарои Узбакистон ба хорич аз кишвар, умдатан ба Афғонистон фирор карданд ва бо эчоди дастаҳои мусаллаҳ, эълом карданд, ки ҳадафашон сарнагунии режими Ислом Каримов аст.
Ҳаракати исломии Узбакистон дар замони раҳбарии Чумъаи Намангонй аз инсичом ва барномарезиҳои муназзам бархурдор буд ва теъдоде аз чангиёни он дар сафҳои неруҳои мухолифи давлати Душанбе дар солҳои 1992-1997, чангиданд.Аммо дар пайи кушта шудани сарони ин чунбиш (Чумъаи Намангонй ва Тоҳир Юлдош), ҳаракати исломии Узбакистон то ҳадди зиёде инсичоми дарунисозмониро аз даст дод ва ҳамин амр боис шуд, ки афроди тасодуфй, аз чумла гуруҳҳои чинойи, ҳатто бино ба гузоришоти бархе расонаҳои ғарбй, дастнишондаҳои хадамоти вижаи бархе кишварҳо, дар пушиши фирорй ва норозиёни режимҳои Осиёи Марказй, ба дохили ин ҳаракат роҳ ёфтанд.Ҳамин расонаҳои ғарбй ҳар аз гоҳе гузоришҳо дар мавриди нуфузи толибон ба Осиёи Марказй мунташир ва барои зуҳури толибони маҳаллй заминасозй мекунанд.Ба назар мерасад, ки омилони вобаста ба хадамоти амниятии бархе ниҳодҳо дар пушиши афроди ҳаракати исломии Узбакистон, дар пайи ноамн кардани Қирғизистон ва Точикистон бар омадаанд. Ба эътиқоди маҳофили коршиносй, ин амр дар ҳамоҳангй бо хадамоти вижаи бархе аз кишварҳо, эҳтимолан Амрико ва Русия, дар ҳоли анчом аст.Зеро Ғарб ба саркардагии Амрико, ки аз ҳоло замзамаи шикаст дар Афғонистон ба гушаш мерасад, барои кучонидани неруҳояш аз Афғонистон ба Осиёи Марказй, дунболи баҳона мегардад ва ҳеч баҳонае беҳтар аз ба вучуд овардани «толибони маҳаллй» нест!Овозаҳо дар мавриди омодагии ҳаракати исломии Узбакистон барои анчоми амалиёти терористй дар Аврупо низ дар ҳамин чорчуб аст.
Аз таҳлилҳои анчомшуда дар мавриди иқдомоти ахири афроди вобаста ба ҳаракати исломии Узбакистон дар Қирғизистон ва Точикистон бармеояд, ки бархе гуруҳҳо қасд доранд ин ду кмшварро даргири масъалаҳои амниятй намуда, дар раванди ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодии онҳо, хала эчод кунанд.Пушида нест, ки ҳамкориҳои Бишкек-Душанбе дар заминаи сохтани чодаҳо ва хатҳои роҳи оҳан хорич аз қаламрави Узбакистон, на барои ҳамаи давлатҳои минтақа қобили қабул аст.Албатта беш аз ҳад ноамн шудани минтақа ба нафъи ҳеч як аз коргардонҳо нест, зеро худ низ мутаҳаммили зарару зиён ва монеъа дар амалй шудани ҳадафҳояшон хоҳанд шуд.Аз ин ру талош мекунанд ноамниҳо ва даргириҳоро тарзе саҳнасозй кунанд, ки аз контрул хорич нашаванд, аммо ин шева чандон мавриди эътимод нест ва метавонад мавриди аксуламали дигар кишварҳо қарор гирад ва ин ноамниҳо бар зидди созмондиҳандагонашон истифода шаванд.Дар ин миён, бино ба гуфтаи манобеи амниятии Покистон,баъд аз терори Тоҳир Юлдош, раҳбари ин чунбиш дар 26 августи соли 2009, дастнишондахои хадамоти чосусии узбак саъй карданд бо ба шохаҳо чудо кардани ҳаракати исломии Узбакистон, афроди худро вориди ин ҳаракат кунанд ва аҳдофи худ дар Афғонистон ва Осиёи Марказиро тавассути онон дунбол кунанд.Афросиёб Хаттак, узви порлумони Покистон мегуяд, афроди ҳаракати исломии Узбакистон узбакҳо, чеченҳо ва мусалмонҳо аз нуқоти мухталифи Русия мебошанд, ки ҳуввияти аслии аксари онон мушаххас нест.
Афроди боздоштшуда баъд аз ҳаводиси ахири Хучанд (шимоли Точикистон) ва минтақаи Рашт(чануби шарқи ҳамин кишвар), ки шаҳрвандони дигар кишварҳо, аз чумла Русия буданд, ин фарзияро тақвият кардааст, ки ба зудй макони зуҳури ба истилоҳ толибони Осиёи Марказй, Точикистон(минтақаи Рашт ва шаҳристони Исфара) эълом хоҳад шуд.Ҳарчанд афроди ҳаракати исломии Узбакистон ва ҳизби таҳрир бештар дар шимоли Точикистон фаъоланд, аммо ба далели мавқеияти чуғрофиёйи — наздик будан ба пойтахт,- эҳтимол меравад, ки маркази ноамниҳо ба чануби ин кишвар мунтақил шавад, то (ба андешаи тарроҳони ин ноамниҳо)зарба задан ба тарҳҳои муҳими иқтисодии Точикистон, аз чумла неругоҳи Роғун, осонтар бошад.Дар чунин шароите иқдомоти зидди исломии бархе мақомоти точик, чараёни об ба осиёби тарроҳони ин барномаҳоро афзоиш додааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи на чандон дур раҳбари толибони Осиёи Марказй, ки шояд вучуди хоричй надошта бошад, эълом ва баъд аз он сенариёе ки барои боздошти Бин Лодан ичро шуда буд, ба кор гирифта шавад:манотиқи мавриди назари кишварҳои тарроҳи ин барномаҳо, бамборон шавад, мавриди ҳамла қарор гирад ва…
Аз ин чо чунин бармеояд, ки ба майдон ворид кардани(!) «толибони маҳаллй» дар Осиёи Марказй, эҳтимолан бахше аз тарҳи «Осиёи Марказии бузург» бошад, ки Ғарб чанду чуни онро аз муддатҳо қабл матраҳ карда буд.

Точикистон ва толибон


Баъд аз хуручи ба истилоҳ неруҳои эътилофи зидди террор аз Афғонистон, Точикистон ногузир ба афзоиши харочот барои ҳифзи марзҳои худ бо ин кишвар хоҳад шуд. Ин матлабро раиси чумҳури Точикистон дар ҳамоиши «Дурнамои рушди Точикистон», ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён кард.Эмомалй Раҳмон тазаккур дод, ки дар чунин сурате будчаи Точикистон бо мушкилоти тозае ру ба ру хоҳад шуд.
Ин суханони раиси чумҳури Точикистон бо фосилаи каме баъд аз тавофуқи ин кишвар бо Русия дар мавриди ҳузури дубораи марзбонони рус дар марзи миёни Точикистон бо Афғонистон, баён шудаанд.Ҳамин амр мучиб шудааст, ки фарзу гумоназаниҳо дар мавриди таҳаввулоти ахири Точикистон ва дар кул Осиёи Марказй дар доираҳои расонайи ва коршиносии Точикистон ва минтақа, доманаи густурдатаре касб кунад. Табии аст, дар сурате ки НАТО бо ин ҳама имконот ва тачҳизоти модерн ва пешрафтаи низомй, натавонист тайи наздик ба даҳ сол толибон ва дигар гуруҳҳои ифротй дар Афғонистонро аз баон бибарад, кишваре назири Точикистон бо артиши на он қадр қавй ва имконоти маҳдуд, гумон аст битавонад дар баробари ин сели вайронгар биистад.Албатта амнияти марзҳои Точикистон ба маънии амният дар марзҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказй, ҳатто берун аз он аст, аз ин чост, ки раиси чумҳури Точикистон таъкид кард, ҳифозат аз марзҳо дар баробари терористон ва ифротгароён ба иқдомоти муштараки ҳамаи кишварҳои минтақа ниёз дорад. Нигаронии Роза Отунбоева, раиси чумҳури Қирғизистон аз густариши ноамниҳо дар марзҳо миёни Афғонистон ва Точикистон ва Точикистону Қирғизистон, дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Раиси чумҳури Қирғизистон ин матлабро дар дидор бо Ҳилларй Клинтон, вазири хоричаи Амрико, ки рузи 2 декабр дар Бишкек анчом шуд, баён ва таъкид кард:»мо аз он нигаронем, ки майдони даргириҳои низомй ба шимоли Афғонистон, ба марзи Точикистон ва Афғонистон ва сипас ба марзи Точикистону Кирғизистон мунтақил хоҳад шуд».
Бар асоси тасмимоти сарони кишварҳои ғарбй, созмони атлинтики шимолй НАТО соли 2014 неруҳои худ аз Афғонистонро ва масъулияти таъмини суботу амният дар ин кишварро ба неруҳои бумй вогузор хоҳанд кард. Албатта ҳануз ба таври дақиқ мушаххас нест, ки ин хуруч шарофатмандона хоҳад буд, ҳамроҳ бо шикасте мазбуҳона.Бар пояи ағлаби пешбиниҳо, Ғарбро сарнавиште назири сарнавишти Шуравии собиқ дар Афғонистон дар интизор аст.Афзоиши талафоти неруҳои НАТО, густариши ноумедй ва афсурдагй дар миёни сарбозони ҳозир дар Афғонистон, манофеи ба ҳам зидди бозигарони саҳна дар ин кишвар, афзоиши эҳсосоти ғарбситезй дар миёни мардуми афғон, аз чумлаи авомиле ҳастанд, ки ин ақидаро тақвият мекунанд. Дар ин миён талоши кишварҳое назири Русия, Чин, Покистон, Ҳинд, гуруҳҳои мухталиф дар кишварҳои арабй, ки мехоҳанд Ғарб ба саркардагии Амрико бештарини хисорот ва талафотро мутаҳаммил шавад, аз дигар авомиле ҳастанд, ки роҳи неруҳои НАТО дар расидан ба муваффақият дар Афғонистонро бастаанд.Албатта Русия ба хубй огоҳ аст, ки бо хуручи НАТО аз Афғонистон, бо мушкилоти чадиде ру ба ру хоҳад шуд.Сирояти ноамниҳо ба Осиёи Марказй ва таҳти таҳдиди чиддй қарор гирифтани манофеи Маскав дар ин минтақа, ибтидоитарини ин мушкилот хоҳад буд, ҳарчанд Русия аз ҳоло барои аз оби гилолуди Осиёи Марказй моҳй гирифтан, омода мешавад. Кремл бо бузургнамойии таҳдиди толибон, дар пайи он аст, тавсаъаи пойгоҳҳои низомии худ дар Осиёи Марказиро барои сарони ин минтақа асоснок кунад.Аз ин чост, ки бархе маҳофили коршиносй муътақиданд, дар ноамниҳои ахири шарқи Точикистон, авомили русй даст доштанд. Нишасти ахири Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Остона, ибрози назарҳои мақомот дар ин нишаст, дидору гуфтугуҳое ки сарони кишварҳо ба таври дучониба анчом доданд ва сафари вазири хоричаи Амрико баъд аз ин нишаст ба бархе кишварҳои минтақа, баёнгар аз он аст, Осиёи Марказй обистани таҳаввулот ва ҳаводисест, ки вуқуъи бархе аз онҳо хорич аз майлу иродаи бозигарони саҳнаи ин минтақа аст.Музокироти вазири хоричаи Амрико бо раиси чумҳури Узбакистон, муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон ва бетаваччуҳии чомеаи чаҳонй ва ниҳодҳои марбутаи байналмилал ба ин фочеъа,муомилаҳои Амрико-Узбакистон дар мавриди Афғонистон аз як су, муомилаҳои Русия-Узбакистон дар мавриди масоили Осиёи Марказй аз суи дигар, вуқуи ноамниҳо дар шимоли Қирғизистон ва чануби Точикистон, дидори нахуствазири Покистон бо раиси чумҳури Афғонистон дар Кобул,эъломи вазири хоричаи Амрико дар мавриди омодагии Қазоқистон барои фиристодани неруҳояш ба Афғонистон, сафари вазири корҳои дохилаи Русия ба Точикистон ва …зарфи як ҳафтаи охир, ин дидгоҳро тақвият мекунанд, ки руйдодҳои ахири Осиёи Марказй ва таҳаввулоти ояндаи ин минтақа ҳаргиз тасодуфй набуда, бар асоси барномаҳои аз қабл то ҳадде ҳамоҳанг шуда, сурат гирифтаанд ва сурат хоҳанд гирифт. Албатта ин мавзуъ ба қуввати худ боқист, ки чараёни ин таҳаввулот на ҳамеша тибқи иродаи коргардонҳои пасипардайи хоҳад буд. Бархе аз коршиносон суханони раиси чумҳури Точикистон дар мавриди таҳдиди толибон ба амнияти ин кишварро, иқдоме барои касби имтиёз аз кишварҳои ғарбй тавсиф мекунанд.Аммо ҳамон гуна, ки Рашид Нургалиев, вазири корҳои дохилаи Русия дар дидор бо Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон(рузи 5 декабр дар Душанбе) таъкид кард, Точикистон наметавонад ба танҳои бо террористон мубориза барад, аз ин ру Русия омодааст ҳамкорй ва мусоидатҳои лозим дар ин заминаро анчом диҳад.
Бо чунин руйкарде метавон ба ин натича расид, ки овозаҳо дар мавриди нуфузи толибон ба Осиёи Марказй, бе дахолати кишварҳои ин минтақа ва қудратҳои фароминтақайи нест. Ва аммо таҳаррукоти дипломатии Русия дар Точикистон (тайи камтар аз ним моҳи ахир нахуствазир,вазири корҳои дохила ва масъули ширкати гози Русия ба Точикистон омаданд) баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки Маскав намехоҳад Душанбе мушкилоташро бидуни мушорикати Русия ҳаллу фасл кунад.Аз ин ру талош дорад вонамуд кунад, ки дар канори Душанбе аст ва барои Точикистон ҳамчунон шарики стротегй боқй мондааст.Бо ин ҳол интизор намеравад, ки аз ин ба баъд масъулони точик ба ваъдаҳои Маскав дил хуш кунанд.

Защищено: Точикистон дар муҳосираи иқтисодй

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль: