Точикистон ва Русия : имтиҳоне дар гузари замон

Сарнавишти ду халабон, ки яке шаҳрванди Эстония ва дигаре шаҳрванди Русия ҳастанд, равобит миёни Русия ва Точикистонро ба таври бесобиқае ба чолиш кашидааст, ба гунае ки ин мавзуи комилан ҳуқуқй чанбаҳои сиёсй касб карда, аз толори муҳокима, ба вазорату идороти ду кишвар нуфуз кардааст.

Ибрози назарҳои мақомоти сатҳҳои мухталифи ду кишвар ва чанги иттилоотй миёни расонаҳои ду тараф, ки ҳамаруза бар густураи он меафзояд, баёнгар аз ин воқеият аст, ки ҳам Маскав ва ҳам Душанбе дар вазъияти чандон матлубе қарор надоранд.Ҳарчанд ахиран сухан аз талошҳо барои ҳалли мусолиматомези ин қазия ба миён меояд, аммо пайомадҳои он ҳамчунон нигаронкунанда арзёбй мешаванд.Дар ҳоле ки мақомоти точик ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа дар мавриди ду халабонро амре дар чорчуби меъёрҳои байналмилалй арзёбй мекунанд, дар Маскав таъкид бар ин доранд, ки ин ҳукм хорич аз меъёрҳои роич дар урфи байналмилал аст. Моҳи марти соли чорй ду ҳавопаймои русии мутаалиқ ба ширкати Rolkan, ки аз Афғонистон ба ҳарими ҳавойии Точикистон ворид шуда буданд, дар фурудгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба замин нишастанд ва халабонҳои онҳо шаҳрвандони Русия ва Эстония тавассути кормандони интизомии фурудгоҳ боздошт шуданд.Дар бораи ин руйдод ба чуз чанд хабари кутоҳ, гузоришоти дигаре мунташир нашуд ва расонаҳои иттилоотй ва маҳофили коршиносй камтар таваччуҳе ба он доштанд.Дар доираҳои сиёсии ду кишвар низ дар ин маврид изҳори назарҳои чиддй сурат нагирифта буд. Моҳи гузашта(охири моҳи октябр)додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа баррасии парвандаи марбут ба ду халабонро анчом дод ва бар асоси ҳукми суд онҳо ба ҳаштуним солй аз озодй маҳрум шуданд.Баъд аз эъломи ин ҳукм мочаро оғоз шуд ва дар як муддати кутоҳ чанбаҳои густурдае дар расонаҳои иттилоъотй ва маҳофили сиёсии Русия касб кард.Шахсиятҳои сиёсии русй ин ҳукмро золимона тавсиф ва бо забони таҳдид тақозо карданд, ки додгоҳи Точикистон дар иртибот ба ин мавзуъ тачдиди назар кунад.Вазорати умури хоричаи Русия бо пахши баёния таъкид кард, ки «ҳукми додгоҳи Точикистон ҳаргиз дар чорчуби равобити стротегии Русия ва Точикистон нест ва ин иқдом робитаҳои ду кишварро ба таври чиддй латмадор хоҳад кард».Вазорати умури хоричаи Русия иллати вокуниши дерҳангом ба ин қазияро баргирифта аз мулоҳизоти ҳуқуқй баён кард, ки ҳадаф аз он пайгирии мавзуъ аз тариқи қонунй буда, то ин ки вачҳаи ҳеч як аз тарафҳо осеб набинад.Бо ин ҳол манобеъи вазорати хоричаи Русия эътироф карданд, ки дар моҳи май, яьне бо гузашти ду моҳ аз асорати халабонҳо, аз ин қазия огоҳ шуданд. Аммо чудо аз замон ва наҳваи огоҳ шудан аз қазияи халабонҳо, ҳамаи мақомоти аршади Маскав дар қиболи ин мавзуъи сирф ҳуқуқй, мавзеъгирй карданд ва тамомии онон бидуни истисно аз лаҳни таҳқиру таҳдид кор гирифтанд.Сегей Лавров, вазири хоричаи ин кишвар дар тамоси телефонй бо Ҳамроҳхон Зарифй, ҳамтои точики худ гуфт, «ҳукми додгоҳи Точикистон кишварашро ошуфта кардааст.»Димитрий Рогозин, сафири Русия дар созмони Антлантики шимолй(НАТО) таъкид кард, ки чун дигар шаҳрвандони Русия аз ҳукми додгоҳи Точикистон ба хашм омадааст.Ин мақоми русй бештар аз дигарҳо аз таҳқир ва таҳдид кор гирифт ва тазаккур дод, чунин амале чунончй дар Амрико иттифоқ меафтод , қобили қабул буд, чун Амрико ҳам мисли Русия як қудрати чаҳонй аст.Аммо вақте кишваре чун Точикистон, ки дар тамоми заминаҳо вобаста ба Русия аст, даст ба чун амале мезанад, чойи таачуб аст.Рогозин таъкид кард, мо бояд дар ҳалли ин қазия ба нафъи ду халабон, бе ниҳоят сифту сахт бошем. Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия, рузи 14 ноябр дар охирин мавзеъгирии худ дар қиболи парвандаи халабонҳо, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ҳавзаи Осиё ва Уқёнусия дар Ҳонолулу сухан мегуфт, бори дигар таъкид кард, «агар паёми мо дар мавриди бознигарй ба ин парванда аз тарафи Точикистон шунида нашавад, ин мавзуъ бетаъсир бар равобити ду кишвар нахоҳад буд».Раиси чумҳури Русия таҳдид кард дар қиболи Точикистон иқдомоти ғайриқмутақорун дар пеш хоҳад шуд.Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе, бо раиси чумҳури Точикистон дидор кард ва хостори ҳаллу фасли ҳарчй зудтари қазияи ду халабон шуд.Владимир Жириновский, маовини раиси Думаи Русия бо ирсоли нома ба Анатолий Сердюков,вазири дифоъи ин кишвар, дархост кардааст, ки бо истифода аз неруҳои вижаи ин вазоратхона, халабонҳо аз асорат озод карда шаванд.Жириновский, ки як шаҳрванди яҳудитабори Русия аст, бо ишора ба амалкарди Исроил дар қиболи арабҳо, таъкид кард, бояд Русия Точикистонро ҳамон гуна ки Исроил Лубнонро «уту» кард, адаб кунад.Валентина Матвиенко, раиси шурои федератсиюни Русия иброз дошт, чунончй Русия ва Точикистон ба тафоҳум нарасанд, Маскав дар қиболи давлати Душанбе таҳримҳои шадидери ба кор хоҳад гирифт. Валерий Шянкин, узви Кумитаи равобити байналмилалии Шурои федератсияи Русия гуфт, кишвараш бояд аз тамоми иқдомоти сахтгирона алайҳи Точикистон кор бигирад, то ҳавонавардонро раҳо кунад. Вай пешниҳод кард, ки «бояд вуруди муҳочирони кории точик ба Русия маҳдуд карда шавад.» Михайил Капура, муовини раиси кумитаи ҳуқуқ ва додгоҳи Шурои федератсияи Русия низ аз давлати кишварашро хостааст, ба Точикистон «посухи сазоворе» диҳад, зеро ба гуфтаи у «Русия кишваре нест, ки кафши худро бо он пок кунед». Албатта матбуоти фурсатталаби русй беш аз ҳар замони дигаре матолиби зиддиточикй мунташир ва талош карданд аз ин фурсат дар ростои сиёҳ кардани вачҳаи точикон дар Русия кор гиранд.Миллигароёни русй низ бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Точикистон дар Маскав, бар зидди точикон ва Точикистон шиор доданд.Хадамоти муҳочирати Русия бидуни эълом иқдом ба ихрочи муҳочирони кории точик аз шаҳрҳои мухталифи ин кишвар кард ва дар як муддати кутоҳ садҳо муҳочири корй аз Русия ихроч шуданд, ки ин раванд ҳамчунон идома дорад.Албатта ин иқдоми зидди меъёрҳои байналмилалии Маскав вокунишҳои ниҳодҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башарро дар пай дошт ва ин ниҳодҳо бо маҳкум кардани озору тавҳини муҳочирони кории точик тавассути сохторҳои русй, дархост карданд ин амали хорич аз урфи байналмилал мутаваққиф шавад. Дар ин миён мавзуе ки бештар чалби таваччуҳ мекунад, суханони як мақоми вазорати хоричаи Русия аст, ки ошкоро аз дахолати эҳтимолии низомй дар ҳалли ин қазия сухан ба миён овард.Ин мақоми Русия ки аз зикри номаш худдорй кардааст, таҳдид кард, «ҳануз ки лашкари 201 вориди амал нашуда, Точикистон ба хостаҳои Русия тан дардиҳад». Аз суе Абдумачид Достиев, сафири Точикистон дар Маскав, ба вазорати хоричаи Русия фаро хонда шуда ва маротиби норизоятии Русия аз ҳукми додгоҳи ду халабон ба вай ироа шуд. Аз сафири Точикистон дархост шуд, ки зимни иблоғи ин паём ба Душанбе, расидагй ба ин мавзуъро суръат бахшад.Дар ҳамин ҳол идораи амнияти миллии вилояти Хатлон бо ироаи далелҳо ва санадҳои зарурй, аз полиси байналмилал — Интерпол тақозо кард, ки Сергей Полуянов, раиси ширкати » Rolkan Investmens Ltd «ро боздошт ва дар ихтиёри Точикистон қарор диҳад. Аммо Маскав эълом кард ки ба ҳеч вачҳ раиси ин ширкатро дар ихтиёри Точикистон қарор нахоҳад дод. Вокунишҳои Русия дар қиболи қазияи ду халабон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Маскав давлати Душанберо ҳамчун як давлати мустақил қабул надорад ва амалкарди додгоҳи Қурғонтеппаро ба унвон таҳқир нисбат ба худ таъбир кард.Қаблан Русия дар қиболи ҳаводиси ба ин монанд хомушй ихтиёр карда буд, аз чумла соли гузашта додгоҳи Узбакистон сарҳанги рус Юрий Корепановро бо чосусй муттаҳам ва зиндонӣ кард.Маскав кучактарин эътирозе накард.Чанде қабл Амрико Виктор Бут, шаҳрванди Русияро, ки мутаҳҳам ба қочоқи аслиҳа буд, дар Бонкук боздошт ва дар Амрико мучозот кард, Маскав боз ҳам хомуш буд.Акнун дар мавриди ин ки Русия дар Точикистон фақат дунболи манофеи худ мегардад, ҳеч шаке боқй намондааст.Ба назар мерасад Маскав бо баҳона қарор додани қазияи халабонҳо дар пайи он аст ки ба хостаҳои стротегии худ дар Точикистон даст ёбад. Ин мавзуъ, яъне амалкарди чанд рузи ахири Русия дар қиболи Точикистон зимни ин ки беэътимодй ба Маскавро дар Осиёи Марказй доман зад, тамомии барномаҳои Владимир Путин дар мавриди эчоди Иттиҳоди Авруосиёро низ зери савол бурд.

Интихобот барои Назарбоев

Дар рузҳои поёнии моҳи январи соли чории мелодй, раиси чумҳури Қазоқистон тайи як суханронии телевизиюни хитоб ба мардуми худ, пешниҳод кард, ки ба манзури рафъи бархе суитафоҳумот дар чомеъа, интихоботи зудҳангоми раёсати чумҳурй баргузор шавад.Нурсултон Назарбоев аз чумла таъкид кард, ки дар шароити кунунии чомеъа баргузории ҳамапурсй, ё референдум имкон дорад боиси шикоф дар чомеъа гардад, аз ин ру пешниҳод мекунам интихоботи зудҳангоми раёсати чумҳурй баргузор шавад.Раиси чумҳури Қазоқистон гуфт:сарфи назар аз он ки ду сол аз замони раёсати ман боқй мондааст, дар чаҳорчуби қонун ба порлумон пешниҳод мекунам, ки интихоботи зудҳангом барои мақоми раёсати чумҳурй, доир гардад.

Албатта, қаблан бархе аз ниҳодҳо ва шахсиятҳои наздик ба доираҳои ҳукуматй дар Остона, тарҳи баргузории ҳамапурсй ба манзури тамдиди замони раёсати Нурсултон Назарбоевро ироа карда буданд.Раиси чумҳури Қазоқистон ба манзури маҳак задани вокуниши чомеъа ба ин пешниҳод,як муддат мунтазир бимонд.Аммо фазои ҳоким дар чомеаи Қазоқистон аз як су бетафовут ба чунин иқдоме буд ва аз суи дигар мухолифони давлати Остона ки фаъолияти чандон муассире дар ин кишвар надоштаанд, даст ба амал шуданд ва вокунишҳои эҳтиёткоронае нишон доданд.Аҳзоби мухолифи қазоқ, ки фармоишй ва ба истилоҳ дар пайи «дастур аз боло» таъсис шуданд, чойгоҳи чандоне дар чомеъа надоранд ва натавонистанд дар қиболи пешниҳоди тарҳи баргузории рефрендум мавозеи таъсиргузор интихоб намоянд.Бо ин ҳол, Шурои қонуни асосии Қазоқистон баъд аз баррасии масъалаи баргузории ҳамапурсии тамдиди раёсати чумҳурй, эълом кард ки баргузории ҳамапурсй мухолиф бо муқаррароти қонуни асосй мебошад.Табиист, ки Назарбоев дар чунин шароите наметавонист бар хилофи чараён ҳаракат кунад ва мисли бархе ҳамтоёни худ дар қаламрави Шуравии собиқ, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун, хостаи худро барои мардум таҳмил кунад.Зеро раёсати яксола бар созмони амният ва ҳамкории Аврупо то ҳадде чеҳраи мутафовут аз дигар сарони Осиёи Марказй, аз Нурсултон Назарбоев ироа намуда буд, ҳамчунин амалкарди наздик ба ду даҳаи вай дар мақоми раёсати чумҳурй нишон дода, ки сарфи назар аз ангезаҳои қавмгаройи, бештар қонунманд будааст.

Аммо воқеият он аст, ки ин раҳбари Осиёимарказй чун дигар сарони худкомаи ин минтақа, дар ботини худ ҳаргиз ҳозир нест қудратро ба каси дигар вогузор кунад, аз ин ру тарафдорони худро вориди амал кард, то заминаи раёсати модомулумрии уро фароҳам кунанд.Дар ҳамин росто бо ба поён расидани раёсати даврайии Назарбоев дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, дар моҳи декабри соли 2010 як гуруҳи корй ба манзури тамдиди замони раёсати Назарбоев то соли 2020 таъсис шуд ва то 11 январи соли 2011 имзои 5 миллион нафар мувофиқони ин тарҳҳро гирдоварй намуд. Аммо дар дохил ва хоричи кишвар, ин иқдом мавриди интиқодҳои шадид қарор гирифт ва тасмими Шурои қонуни асосии Қазоқистон фақат дар ростои ҳифзи обруи Нурсултон Назарбоев, гирифта шуд.Зеро талоши раиси чумҳури Қазоқистон чиҳати касби унвони раиси чумҳури модомулумр дар миёни нухбагони сиёсии ин кишвар, ҳатто маҳофили ҳамсу бо Назарбоев, мавриди истиқбол қарор нагирифт. Инак раиси чумҳури 70 солаи қазоқ, ки 22 сол боз зимоми қудрат дар бузургтарин кишвари Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад, тасмим гирифт моҳи апрели соли чорй интихоботи зудҳангоми раёсати чумҳурй баргузор кунад.Ин амр баргирифта аз авзоъи ҳоким дар чаҳон, минтақа ва дохили ин кишвар аст.Аввал ин ки Нурсултон Назарбоев, ки дар соли гузаштаи мелодй унвони «падари миллат»-ро касб кард, дар шароити кунунй чойгузини сазовор надорад ва рақибони сиёсиаш низ аз тавон ва зарфияти лозим барои руёруйии сиёсй бо у, бархурдор нестанд.Ин амр аз аслитарин мушаввиқҳои дохилии Назарбоев ва гкркҳи ҳомии вай барои баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати чумҳур будааст.Аз суи дигар авзои печида дар Осиёи Марказй ва вучуди заминаҳои зиёди буҳронҳои эҳтимолй, давлатмардони қазоқро ногузир ба анчоми иқдомҳое дар тасбити ҳокимият дар ин кишвар кардааст. Дар канори ин, вуқуъи инқилобҳо дар кишварҳои арабй ва суқути бархе диктаторҳо, ки як амри ғайриқобили пешбинй буд, пояҳои давлати Назарбоевро низ то ҳадде мутазалзил ва водор ба он кард, ки бо роҳҳои қонунй ҳокимияти худро бори дигар тасбит кунад.

Албатта дар шароити кунунии Қазоқистон мухолифони давлати Остона ҳеч шансе барои пирузй дар интихоботи ояндаи раёсати чумҳурй надоранд ва ба эҳтимоли қавй Назарбоев пирузии қотеъ касб хоҳад кард.Бо таваччуҳ ба ин, мавзуи аслй он аст, ки дар коридорҳои қудрати Остона, масъалаи вориси Нурсултон Нзарбоев ҳануз ҳалли худро пайдо накардааст ва нухбагони сиёсии ин кишвар, ки бақои ҳокимияти Назарбоев зомини манофеъашон ҳаст, ба ин натича расиданд, бо баргузории як интихоботи фармоишй, мавзуи вориси Нрсултон Нзарбоевро барои як муддати тулонй аз руйхати масоили сиёсй пок кунанд.

Дар шароите, ки дар дохили Қазоқистон мусаввабаи порлумони ин кишвар дар мавриди ворид намудани тағйирот ба қонуни асосй чиҳати баргузории интихоботи зудҳангоми раёсати чумҳурй, бо интиқодҳое ҳамроҳ буд, дар хорич аз ин кишвар вокунишҳо муҳтотона буданд. Ҳарчанд Ғарб амалкарди раиси собиқи даврайи созмони амният ва ҳамкории Аврупоро мухолиф бо муқаррароти байналмилалй ва қавонини мавчуд дар Қазоқистон мебинад, аммо таҳти шиори «раҳбари муқтадир — кишвари муқтадир», ризояти худ аз ин иқдомро пинҳон накардааст.Зеро барои қудратҳо суботи кишварҳо дар ҳар шароите ки бошад, муҳим аст, на амали қонунҳои демократй.

Роххои охан ва рақобатхо

Талошҳо барои эҳёи роҳи абрешим, ин ақидаро тақвият кардааст, ки ин амр зимни тавсаъа ва таҳкими ҳамгаройи миёни кишварҳои минтақа, метавонад суботу амниятро барои мардуми Афғонистон ба армуғон биёварад. Ин тарҳ дар айни ҳол дар бисёре аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалй дар ҳоли пайгирй аст.Албатта ин чода дар шароити имруз фақат роҳи заминй набуда, иборат аз масирҳои обй ва роҳи оҳан низ мебошад.Бо таваччуҳ ба ин ки бахшҳои тақрибан калидии роҳи абрешим аз қаламрави Афғонистон мегузаранд, наметавон ба иллати нооромиҳои кунунй ин кишварро аз чорчуби тарҳи мазкур хорич кард.

Дар айни ҳол дар ин кишвар бар пояи тарҳҳои мухталифе сохти роҳҳои оҳан чараён дорад ва бахше аз ин тарҳҳо ба марҳалаи ичро расидаанд. Аз чумла чанде қабл роҳи оҳани Хайратон — Мазори шариф, ки бо мушорикати Узбакистон сохта шуд, ба баҳрабардорй расид.Ин роҳи релй бо тули 75 километр, бандари Хайратон дар марз бо Узбакистонро ба Мазори шариф,бузургтарин шаҳр дар шимоли Афғонистон васл кард.Акнун пешбинй мешавад, ки ин хати роҳи оҳан то шаҳри Ҳирот сохта шавад ва ба роҳи оҳани Машҳад — Ҳирот, ки тавассути Чумҳурии Исломии Эрон сохта шуд, пайваст шавад.
Албатта сохти роҳҳои оҳан дар қаламрави Афғонистон кори соддае нахоҳад буд, зеро аз як су нооромиҳои мавчуд дар ин кишвар мушкили чиддие дар ин замина аст, аз суи дигар рақобати кишварҳо барои соҳибии тарҳҳо ва аз ин тариқ касби даромадҳои бештар, дар бархе аз бахшҳо, ичрои барномаҳои умрониро ба таъхир андохтааст.Бо ин ҳол аз кишварҳои ҳамсоя, Узбакистон бештар аз дигарон дар тарҳои иқтисодии Афғонистон ҳузур дорад ва ба эътиқоди чамъи касире аз коршиносон, ин амр натичаи табонй ва муомила миёни Тошканд ва Вашингтон аст. Яъне Амрико ба ивази ҳамкории Узбакистон дар чиҳати тронзити коло барои неруҳои ба истилоҳ эътилоф дар Афғонистон ва дигар ҳамкориҳои низомй миёни ду тараф, бархе имтиёзҳои иқтисодиро дар Афғонистон дар ихтиёри давлати Тошканд қарор додааст.Акнун Узбакистон дар назар дорад тавассути қламрави Афғонистон ба Бандари Аббос(Эрон) ва Аврупо роҳи чадиди содиротй эчод кунад.Қаламрави Узбакистон дар айни ҳол ягона масири қаторҳо аз Русия ва Қазоқистон ба самти Эрон ва Афғонистон аст.Туркманистон бо роҳи оҳани Эрон пайваст аст, аммо роҳи оҳани ин кишвар ҳануз ба роҳи оҳани Қазоқистон пайваст нашудааст.Бо таваччуҳ ба ин Узбакистон талош дорад аз ин шароит дар чиҳати такмили тарҳҳои марбут ба сохти хатҳои роҳи оҳан кор гирад ва имтиёзоти бештаре касб кунад.Аммо ба зудй ин инҳисори Тошканд шикаста хоҳад шуд, зеро Қазоқистон ва Туркманистон тарҳи муштараки сохти роҳи оҳанро дар дасти ичро доранд, ки Қазоқистонро ба Эрон васл хоҳад кард. Аз ин ру Узбакистон бо тамоми тавон талош дорад, ки дар ин росто ибтикори амалро дар даст дошта бошад.Дар ҳамин росто рузи 9 ноябри соли 2010 дар дидори чаҳорчонибаи Эрон, Уммон, Туркманистон ва Узбакистон дар Теҳрон, Узбакистон алоқамандии худро барои тавсаъаи ҳамкориҳои релй иброз кард ва баъди ин нишаст раиси чумҳури ин кишвар ба Қатар рафт ва тавофуқҳои тозае бо мақомоти Уммон ба даст овард.Ҳамаи ин талошҳои Тошканд барои онанд, ки тарҳҳои мушобеҳ дар ин замина, аз чумлаи тарҳи муштараки Эрон — Точикистонро, ки тавассути қаламрави Афғонистон дар ҳоли ичрост, таҳти контрул дарорад. Яъне ҳаққи назорат ба боркашонй дар ин масир дар ихтиёри ширкати роҳи оҳани Узбакистон қарор дошта бошад. Албатта ин тарҳи Узбакистон тарҳи русии Шимол — Чанубро, ки ҳамлу нақли коло тавассути баҳри Каспий ба халичи Форсро пешбинй мекунад, хунсо хоҳад кард ва набояд вокунишҳои Маскавро дар робита ба ин мавзуъ нодида гирифт.
Точикистон дар пайи мутаваққиф кардани вогунҳояш дар қаламрави Узбакистон, ки ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодии ин кишварро бо мушкили чиддй мувочеҳ кард, ба таври чиддй тарҳи сохти роҳи оҳан аз тариқи қаламрави Афғонистонро дунбол мекунад.Дар ин замина Чумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои танготанге бо ин кишвар ва Афғонистон дорад.Ахиран Арабистони Саудй низ чиҳати мушорикат дар ин тарҳ эъломи омодагй кард ва дар миёнаҳои соли 2010 дар ин замина бо Эрон музокирот анчом дод. Бо таваччуҳ ба гузари ин хати роҳи оҳан аз манотиқи саршор аз манобеи зеризаминй, баровардҳои коршиносй судманд будани онро таъйид кардаанд.
Дар айни замон чанд пул, ки бар руи рудхонаи Ому сохта шудаанд, роҳҳои автомобилии ду кишвари Точикистон ва Афғонистонро ба ҳам васл мекунанд ва ин амр боиси афзоиши бесобиқаи мубодилоти тичорй миёни ду кишвар шудааст.Афғонистон аз мавқеъияти мумтози чуғрофиёи бархурдор аст, ба илова манобеи саршори табии, ки ағлаб дастнахурда боқй мондаанд, дурнамои рушане аз ҳамкориҳои ин кишвар бо чаҳони хоричро бозгу мекунанд. Ҳарчанд имруза Афғонистон аз суботу амнияти лозим чиҳати ичрои тарҳҳои умронй бархурдор нест, аммо такмили чодаи абрешимро бидуни мушорикати ин кишвар наметавон тасаввур кард.Ҳамин амр кишварҳои минтақа ва қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказиро ташвиқ кардааст, ки дар чиҳати барқарории суботу амният дар Афғонистон бештар талош кунанд.Бо ин ҳол  Узбакистон ҳамон вақт дар Афғонистон ва ҳамин тавр дар Осиёи чанубй муваффақ хоҳад шуд, ки дар робитаҳои худ бо ҳамсоягон, ба вижа Точикистон ва Қирғизистон тачдиди назар кунад.Дар акси ҳол, ҳамон гуна ки пажуҳишҳои ниҳодҳои ғарбй нишон медиҳанд, барномаҳои давлати Тошканд дар минтақа ба мушкили чиддй мувочеҳ хоҳанд шуд.

«Толибон»и Осиёи Марказй


Бар асоси гузоришҳое ки мақомоти амниятй ва интизомии кишварҳои Осиёи Марказй нооромиҳои як ду соли охири Осиёи Марказй мунташир кардаанд, ҳудуди 90 дар сади нооромиҳои ин минтака тавассути афроди вобаста ба ҳизби таҳрир ва ҳаракати исломии Узбакистон ба вуқуъ пайвастаанд.Сенориёи баррасии ин бесуботиҳо, ки куштаю захмй ва фирорй дар пай доштаанд, шабеҳи ҳаманд, ба гунае ки ҳам дар Қирғизистон ва ҳам дар Точикистон дар даргириҳои низомии ахир афроди ин ду чунбиши ифротй гунахкор муаррифй шудаанд.

Аммо на ҳамеша далелҳои боэътомод дар ин замина ироа шудаанд.Бо ин вучуд пай бурдан душвор нест, ки як барномарезии ҳамоҳангшуда миёни хадамоти вижаи бархе кишварҳо барои эчоди ба истилох толибони маҳаллй дар Осиёи Марказй, дар ҳоли ичро аст.Бо таваччуҳ ба ин ки ҳаракати исломии Узбакистон беш аз дигар гуруҳҳои мухолифи давлатҳои Осиёи Марказй афроди мусаллаҳ дар Покистон ва Афғонистон дар ихтиёр дорад, маҳз ҳамин ҳаракат ба унвони ҳаста ё мағзи гуруҳи «толибони маҳҳалй» дар Осиёи Марказй интихоб шудааст.Ин ҳаракат мушобеҳи дигар чунбишҳои мардумии замони гурбочёвй, дар авохири умри Шуравй, дар солҳои 90 қарни гузашта шакл гирифт ва дар дохили Узбакистон ҳаводорони зиёдеро ба худ чалб кард.Дар пайи фишорҳои беамони давлати Тошканд ва ҳабсу куштори аъзои ин ҳаракат, неруҳои исломгарои Узбакистон ба хорич аз кишвар, умдатан ба Афғонистон фирор карданд ва бо эчоди дастаҳои мусаллаҳ, эълом карданд, ки ҳадафашон сарнагунии режими Ислом Каримов аст.
Ҳаракати исломии Узбакистон дар замони раҳбарии Чумъаи Намангонй аз инсичом ва барномарезиҳои муназзам бархурдор буд ва теъдоде аз чангиёни он дар сафҳои неруҳои мухолифи давлати Душанбе дар солҳои 1992-1997, чангиданд.Аммо дар пайи кушта шудани сарони ин чунбиш (Чумъаи Намангонй ва Тоҳир Юлдош), ҳаракати исломии Узбакистон то ҳадди зиёде инсичоми дарунисозмониро аз даст дод ва ҳамин амр боис шуд, ки афроди тасодуфй, аз чумла гуруҳҳои чинойи, ҳатто бино ба гузоришоти бархе расонаҳои ғарбй, дастнишондаҳои хадамоти вижаи бархе кишварҳо, дар пушиши фирорй ва норозиёни режимҳои Осиёи Марказй, ба дохили ин ҳаракат роҳ ёфтанд.Ҳамин расонаҳои ғарбй ҳар аз гоҳе гузоришҳо дар мавриди нуфузи толибон ба Осиёи Марказй мунташир ва барои зуҳури толибони маҳаллй заминасозй мекунанд.Ба назар мерасад, ки омилони вобаста ба хадамоти амниятии бархе ниҳодҳо дар пушиши афроди ҳаракати исломии Узбакистон, дар пайи ноамн кардани Қирғизистон ва Точикистон бар омадаанд. Ба эътиқоди маҳофили коршиносй, ин амр дар ҳамоҳангй бо хадамоти вижаи бархе аз кишварҳо, эҳтимолан Амрико ва Русия, дар ҳоли анчом аст.Зеро Ғарб ба саркардагии Амрико, ки аз ҳоло замзамаи шикаст дар Афғонистон ба гушаш мерасад, барои кучонидани неруҳояш аз Афғонистон ба Осиёи Марказй, дунболи баҳона мегардад ва ҳеч баҳонае беҳтар аз ба вучуд овардани «толибони маҳаллй» нест!Овозаҳо дар мавриди омодагии ҳаракати исломии Узбакистон барои анчоми амалиёти терористй дар Аврупо низ дар ҳамин чорчуб аст.
Аз таҳлилҳои анчомшуда дар мавриди иқдомоти ахири афроди вобаста ба ҳаракати исломии Узбакистон дар Қирғизистон ва Точикистон бармеояд, ки бархе гуруҳҳо қасд доранд ин ду кмшварро даргири масъалаҳои амниятй намуда, дар раванди ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодии онҳо, хала эчод кунанд.Пушида нест, ки ҳамкориҳои Бишкек-Душанбе дар заминаи сохтани чодаҳо ва хатҳои роҳи оҳан хорич аз қаламрави Узбакистон, на барои ҳамаи давлатҳои минтақа қобили қабул аст.Албатта беш аз ҳад ноамн шудани минтақа ба нафъи ҳеч як аз коргардонҳо нест, зеро худ низ мутаҳаммили зарару зиён ва монеъа дар амалй шудани ҳадафҳояшон хоҳанд шуд.Аз ин ру талош мекунанд ноамниҳо ва даргириҳоро тарзе саҳнасозй кунанд, ки аз контрул хорич нашаванд, аммо ин шева чандон мавриди эътимод нест ва метавонад мавриди аксуламали дигар кишварҳо қарор гирад ва ин ноамниҳо бар зидди созмондиҳандагонашон истифода шаванд.Дар ин миён, бино ба гуфтаи манобеи амниятии Покистон,баъд аз терори Тоҳир Юлдош, раҳбари ин чунбиш дар 26 августи соли 2009, дастнишондахои хадамоти чосусии узбак саъй карданд бо ба шохаҳо чудо кардани ҳаракати исломии Узбакистон, афроди худро вориди ин ҳаракат кунанд ва аҳдофи худ дар Афғонистон ва Осиёи Марказиро тавассути онон дунбол кунанд.Афросиёб Хаттак, узви порлумони Покистон мегуяд, афроди ҳаракати исломии Узбакистон узбакҳо, чеченҳо ва мусалмонҳо аз нуқоти мухталифи Русия мебошанд, ки ҳуввияти аслии аксари онон мушаххас нест.
Афроди боздоштшуда баъд аз ҳаводиси ахири Хучанд (шимоли Точикистон) ва минтақаи Рашт(чануби шарқи ҳамин кишвар), ки шаҳрвандони дигар кишварҳо, аз чумла Русия буданд, ин фарзияро тақвият кардааст, ки ба зудй макони зуҳури ба истилоҳ толибони Осиёи Марказй, Точикистон(минтақаи Рашт ва шаҳристони Исфара) эълом хоҳад шуд.Ҳарчанд афроди ҳаракати исломии Узбакистон ва ҳизби таҳрир бештар дар шимоли Точикистон фаъоланд, аммо ба далели мавқеияти чуғрофиёйи — наздик будан ба пойтахт,- эҳтимол меравад, ки маркази ноамниҳо ба чануби ин кишвар мунтақил шавад, то (ба андешаи тарроҳони ин ноамниҳо)зарба задан ба тарҳҳои муҳими иқтисодии Точикистон, аз чумла неругоҳи Роғун, осонтар бошад.Дар чунин шароите иқдомоти зидди исломии бархе мақомоти точик, чараёни об ба осиёби тарроҳони ин барномаҳоро афзоиш додааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи на чандон дур раҳбари толибони Осиёи Марказй, ки шояд вучуди хоричй надошта бошад, эълом ва баъд аз он сенариёе ки барои боздошти Бин Лодан ичро шуда буд, ба кор гирифта шавад:манотиқи мавриди назари кишварҳои тарроҳи ин барномаҳо, бамборон шавад, мавриди ҳамла қарор гирад ва…
Аз ин чо чунин бармеояд, ки ба майдон ворид кардани(!) «толибони маҳаллй» дар Осиёи Марказй, эҳтимолан бахше аз тарҳи «Осиёи Марказии бузург» бошад, ки Ғарб чанду чуни онро аз муддатҳо қабл матраҳ карда буд.

Нахуствазирони Шонгхой дар Душанбе

Рузи 25 ноябр дар шаҳри Душанбе Шурои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад.Дар ин нишаст нахуствазирон аз Русия, Чин, Казоқистон ва Точикистон ширкат хоҳанд кард.Қирғизистонро Роза Отунбоева, раиси чумҳур ва Узбакистонро маовини нахуствазир намояндагй хоҳад кард.Масъулони точик эълом карданд, ки чиҳати баргузории муваффақиятомези Шурои нахуствазирон, тамомии тадобири зарурй андешида шуда, пойтахти Точикистон мунтазири меҳмонон аст.

Бар асоси гузоришҳои расонаҳои хабарй, дар нишасти Душанбе масоили муҳими марбут ба тавсаъаи ҳамкориҳои дарунсозмонй, аз чумла будчаи ин ниҳод барои соли 2011 баррасй ва тасвиб хоҳад шуд.Нахуствазирони ширкаткунанда дар нишасти мазкур, чиҳати баррасии масоили марбут ба равобити ду ва чандчониба дидорҳое низ бо ҳам хоҳанд дошт.Аз чумла пешбинй мешавад, ки нахуствазири Точикистон бо ҳамтоёни рус, чин ва қазоқи худ дидор ва гуфтугуҳое хоҳад дошт.Дар ин миён дидори Оқил Оқилов ва Владимир Путин, нахуствазирони Точикистон ва Русия бештар аз дигар таҳаввулоти марбут ба Шурои нахуствазирони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой чалби тавччуҳ кардааст.Зеро дар шароити кунунй равобити Маскав — Душанбе ба сардй гароида, ҳимоятҳои ошкори Русия аз мавозеи Узбакистон дар баҳсҳои гидроэнергетикй Осиёи Марказй, боиси фосила гирифтани Точикистон аз Русия шудааст. Бо таваччуҳ ба ин, интизор меравад, ки дар дидори Владимир Путин ва Эмомалй Раҳмон бисёре аз масоили марбут ба ин мавзуъ баррасй ва эҳтимолан ҳаллу фасл низ шаванд.Дар ин миён буҳрон дар равобити Точикистон ва Узбакистон мустасно нест.
Тайи як ду соли охир дар сиёсатҳои осиёимарказии Русия бархе тағйирот ба мушоҳида мерасад. Аз чумла таҳаррукоти Маскав дар чиҳати тасаллут бар тамомии манобеи энержии ин минтақа, беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфта, Русия дар бахшҳои нафту гоз ва неруи барқ тарҳҳои калонеро барои Осиёи Марказй ва Осиёи Чанубй дар назар гирифтааст. Амалй шудани ин тарҳҳо ба ҳамкориҳои ҳар як аз кишварҳои Осиёи Марказй бастагй дорад, аз ин ру коршикании яке аз ин кишварҳо кофист, то раванди тарҳои энержии Русия дар минтақа халалдор шавад.Амалкарди Узбакистон дар чиҳати инзивои иртиботй ва энержии Точикистон тасдиқи ин гуфтаҳо мебошад.Ҳамин амр боис шуд, ки бахши энержии Русия мутаҳаммили 20 миллион доллар хисорот шавад.Яъне инзивои энержии Точикистон тавассути Узбакистон имкон надод, ки барқи изофии неругоҳи «Сангтуда-1» содир шавад. Бар асоси барномаҳои аз қабл тарроҳишуда, бояд барқи неругоҳи мазкур, ки 75 дарсади саҳоми он дар ихтиёри Русия мебошад, ба Қазоқистон содир мешуд, аммо коршиканиҳои Узбакистон монеъи ичрои ин барнома шуд.Аз суи дигар дар пайи инзивои иртиботии Точикистон, ки таваққуфи вагонҳо ва мошинҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон бахше аз он аст, мубодилоти тичорй миёни Русия ва Точикистон дар муқоиса ба соли 2008 се баробар коҳиш ёфт.
Русия дар канори мушорикати фаъол дар истихроч ва содироти нафту гози Осиёи Марказй, талош дорад бозори неруи барқи ин минтақаро низ дар ихтиёр дошта бошад. Аз ин ру Маскав бо талош дар чиҳати ичрои тарҳи «САSА – 1000», бар он аст, ки неруи барқро дар марҳалаи аввал то Кобул, сипас то Исломобод ва Деҳлии нав содир кунад. Дар ин росто аслитарин манобеи таъмини неруи барқ, неругоҳҳои Точикистон хоҳанд буд ва аз ин чост, ки Русия мушорикати фаъол дар сохти неругоҳҳо дар Точикистонро дорад. Ҳарчанд дар марҳалаи кунунй дар ин раванд фаъолияти чандон шаффофе аз худ нишон намедиҳад, ки бархоста аз ҳифзи равобит бо Узбакистон аст, аммо ногузир хоҳад буд даст ба ичрои ин тарҳҳо бизанад. Ин мавзуъ дар ҳоле ки гуфта мешавад Чин бо сохтани чанд неругоҳ бар он шудааст, ки бозори неруи барқи Осиёи Чанубиро соҳиб шавад, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият пайдо кардааст.Таъхир дар ичрои тарҳҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй, метавонад хисороти чуброннопазиреро барои бахши энержии Русия дар пай дошта бошад. Дар Маскав ба ин воқеъият пай бурдаанд ва эъломи омодагии Русия барои сохти неругоҳи дигаре назири неругоҳи «Сангтуда-1» , ки дар поёни ёздаҳумин нишасти кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Точикистон зикр шуд, аз ҳамин манзар қобили арзёбй аст.
Дигар мавзуъе, ки ба ҳамкориҳои иқтисодии Точикистон ва Русия бармегардад, барномаҳои ширкати «Газпром» дар заминаи кашфу истихрочи нафт дар Точикистон мебошад. Густариши фаъолиятҳои ширкатҳои амрикойи ва конодойи ҳаргиз барои Русия қобили қбул нест ва Путин дар дидор бо Раҳмон саъй хоҳад кард имтиёзҳои бештаре барои «Газпром» касб кунад. Дар робита ба ин мавзуъ бояд тазаккур дод, ки «Газпром» дар Точикистон фақат 4 мучаввиз дорад, дар ҳоле ки дигар ширкатҳои хоричй 70 мучаввиз барои фаъолият дар манобеи энержии Точикистон дар ихтиёр доранд. Барги барандаи Русия дар ин замина он аст, ки тақрибан ҳамаи иттилооти марбут ба захоири энержии Точикистон ба забони русианд ва баргардони онҳо бо дигар забонҳо харочоти зиёдеро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Дар робита бо миёнчигарии Маскав дар ҳалли масъалаҳои мавчуд дар муносибатҳои Душанбе — Тошканд, интизор намеравад, ки тавассути Путин иқдомҳои чиддие сурат гирад.Албатта ин мавзуъ бештар ба дипломатияи Душанбе дар шарҳу баёни масъала бастагй дорад. Агар Русия мутақоид шавад, ки амалкарди Тошканд тарҳҳои стротегии Маскав дар Осиёи Марказй, ҳатто Осиёи Чанубиро ба хатари чиддй ру ба ру хоҳанд кард, Русия дар мавзеъи худ нисбат ба истифода аз манбаъҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй, бознигарй хоҳад кард

Осиёи Марказй ва ҳамкориҳои тронзитй

Дар поёни моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе намояндагони вазоратхонаҳои ҳамлу нақли панч кишвари Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Точикистон ва Чин даври ҳам чамъ омаданд ва тарҳи сохти роҳи оҳани Эрон ба Чин аз тариқи Афғонистон — Точикистон — Қирғизистонро баррасй намуданд.Албатта қарор буд, ки ин масъала дар сатҳи вазирон баҳсу баррасй шавад, аммо ба далелҳои номаълум нишасти вазирони кишварҳои мазкур баргузор нашуд ва намояндагони сохторҳои марбута дар нишасти Душанбе ҳузур ёфтанд.


Арзёбиҳо аз натичахои нишасти Душанбе мухталиф буданд ва ағлаби коршиносон дар мавриди ояндаи тарҳи мазкур чандон хушбин набуданд.Аммо бо таваччуҳ ба дурнамои таҳаввулоти иқтисодии минтақаи стротегии Осиёи Марказй, амалй шудани тарҳи мазкур дур аз интизор нест. Зеро имруз ниҳодҳо ва муассисоти мухталифи байналмилалй дар чиҳати ба хам васл намудани роҳҳои иртиботии кишварҳои Осиёи Марказй ба бозорҳои Шарқ ва Ғарб барномаҳои мухталиферо дунбол мекунанд. Аз чумлаи ин мавридхо, барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй мебошад. Ин барнома иборат аз ҳашт кишвари Афғонистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Точикистон, Узбакистон ва Озарбойчон, ҳамчунин шаш муассисаи муҳими молии байналмилалй — Бонки рушди Осиё,Бонки аврупойии тачдид ва бозсосзй, Сандуқи байналмилалии пул, Бонки исломии рушд, барномаҳои рушди Созмони милали муттаҳид ва Бонки чаҳонй, мебошад, ки дар соли 1997 таъсис шуд.Албатта, ахиран дар нуҳумин нишасти ин ниҳод эълом шуд, ки Туркманистон ва Покистон низ ба узвият пазируфта шуданд.
Дар шароити кунунй ин барнома беш аз ҳар кишвари дигаре барои Қирғизистон ва Точикистон аҳамият дорад, зеро такмили тарҳҳои ин ниҳод, ин имконро фароҳам хоҳад кард, ки ин ду кишвари ҳамсоя аз бунбасти иртиботй раҳойи ёбанд ва хорич аз қаламрави Узбакистон бо кишварҳои фароминтақайи иртибот барқарор кунанд. Қарори маълум Узбакистон бо Қирғизистон ва Точикистон дар заминаи роҳу боркашонй ҳамкориҳои чандон хубе надоштааст ва ҳар аз гоҳе бо ироаи баҳонаҳои мухталиф, аз ҳаракати мошинҳо ва қаторҳои Қирғизистон ва Точикистон, пешгирй кардааст.Ҳамин амр борҳо сабаби норизоятй ва эътирозҳои Бишкек ва Душанбе шудааст, аммо шикоятҳои сохторҳои қирғиз ва точик то кунун роҳ ба чое набурдаанд. Бо ин ҳол ҳам Қирғизистон ва ҳам Точикистон тарҳҳоеро руи даст гирифтаанд, ки то битавонанд ҳарчй зудтар аз вобастагй ба роҳҳои Узбакистон озод шаванд. Дар ҳамин росто чанде қабл дар чануби Қирғизистон чодаи Уш — Гулча мавриди баҳрабардорй қарор гирифт. Ҳарчанд дар зоҳир ин чода, ки 77 килуметр тул дорад, тафовуте бо дигар тарҳҳои мушобеҳ надорад, аммо барои тамоми минтақаи Осиёи Марказй, ҳатто хорич аз он, аз аҳамияти фаровоне бархурдор аст.Зеро ин чода таҳаввули азиме дар робитаҳои Қирғизистон ва Чин аз як су ва Қирғизистону Узбакистон аз суи дигар, эчод хоҳад кард.Нахустин самараи ин чода он аст, ки ба раванди муомилоти тичорй ба таври қобили мулоҳизае суръат хоҳад бахшид.Аз тарафи дигар, чун чодаи Уш — Гулча дар чорчуби тарҳҳои барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй қарор дорад, суръат дар ичрои дигар бахшҳои барномаи мазкур эчод хоҳад кард. Баровардҳои коршиносони қирғиз баёнгар аз он аст, ки ичрои тарҳҳо дар чорчуби барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй (ҳимом)таҳаввули азиме дар иқтисоди Қирғизистон эчод ва тавонмандиҳои чуғрофиёйии кишварро муаррифй хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки ин ниҳоди минтақайи то кунун дар чиҳати ичрои тарҳҳои мухталиф 13 миллиард доллар сармоягузорй намудааст. Аз чумла дар Осиёи Марказй болиғ бар 2600 километр роҳҳои мошингард ва 2000 километр роҳи оҳан таъмиру бозсозй шуданд.
Ҳафтаи гузашта(аз 31 октябр то 2 ноябр) дар шаҳри Себу(Филиппин) нуҳумин нишасти вазирони кишварҳои узви барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй баргузор шуд. Дар ин нишасти серуза зимни натичагирй аз фаъолиятҳои анчомшуда дар заминаи таҳкими ҳамкориҳои тронзитй ва энержй миёни кишварҳои узв, дар мавриди барномаҳои оянда баҳсу табодули назар сурат гирифт.Бо таваччуҳ ба ин ки дар соли оянда даҳумин солгарди конфронси вазирони ин ниҳод тачлил хоҳад шуд, дар нишасти Себу барномаҳои вижае дар ростои ин руйдоди муҳим ба тасвиб расид.
Дар нишасти Себу раиси Бонки рушди Осиё бо ишора аҳамияти ҳамкориҳои иқтисодй дар таҳкими ҳамгаройии кишварҳо, таъкид кард, ки боястй дар ичрои тарҳхои марбут ба ҳамкориҳо дар бахшҳои тичорат, ҳамлу нақл ва энержй талошҳои бештаре ба харч дода шавад. Ин нукта дар ҳоле таъкид мешавад, ки бар асоси натоичи конфронси «Эчоди пулҳои иртиботй миёни манотиқи Осиёи Марказй ва Аврупои Марказй ва Ғарбй», ки рузи 2 ноябр дар Олмотй баргузор шуд, ахиран шоҳиди он ҳастем ки аҳамияти чойгоҳи Осиёи Марказй дар муодилоти байналмилалй дар ҳоли коҳиш аст.Дар ин конфронс зикр шуд, амалкарди Узбакистон тайи 2-3 соли охир, ки мучиби фосила гирифтани ин кишвар аз Русия ва наздикии бештар ба Ғарб шуда, раванди ҳамгаройи дар Осиёи Марказиро халалдор намудааст. Ширкаткунандагон дар конфронси Олмотй дар мавриди Точикистон гуфтанд, ки ин кишвар дар пайи бо мушкилот ру ба ру шудани тарҳҳои азими гидроэнергетикии худ, тамоилоти бештаре ба кишварҳои ғарбй пайдо намудааст.Туркманистон низ ба гаравгони сиёсатҳои газии Русия табдил шуда, талош дорад содироти газро ба самти Чин афзоиш диҳад. Қирғизистон ҳамчунон даргири буҳрони сиёсй аст. Дар чунин шароите барномаҳое назири барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй ин дидгоҳро тақвият мекунад, ки кишварҳои минтақа худ беҳтар аз дигарон метавонанд ба мушкилоташон расидагй кунанд.Дар нуҳумин нишасти вазирони барномаи ҳамкории иқтисодии минтақайии Осиёи Марказй Точикистонро мушовири раиси чумҳур дар умури иқтисодй, намояндагй кард. Ин кишвар ва Қирғизистон дар марҳалаи кунунй бар ин умеданд, ки аз тариқи ин ниҳоди минтақайи битавонанд бахше аз мушкилоти иқтисоди худ, аз чумла дар бахши тронзит ва боркашониро ҳал кунанд. Аммо набояд нодида гирифт, ки тарҳҳои гидроэнергетикии ин ду кишвар ҳамчунон бар равобиташон бо дигар кишварҳои Осиёи Марказй соя афкандаанд.Дар ин миён давлати Душанбе бо тавсаъаи равобит бо Теҳрон ва Кобул бар он шудааст, ки ҳарчй зудтар аз бунбастй иртиботй раҳойи ёбад. Аммо ҳамзамон бо ин порлумони ин кишвар ахиран тасмим гирифт, ки дар мавриди тавакқуфи вагонҳояш тавассути роҳи оҳани Узбакистон, ба додгоҳҳои байналмилалй шикоят кунад, то шояд битавонад ғаромате аз давлати Тошканд бистонад.

Каримов ва Медведев дар Ашкобод

Рузҳои 18-20 октябр Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дуввумин сафари худ тайи даҳ моҳи ахир ба Туркманистонро анчом дод.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт. Ва аз ин чо маълум буд, ки масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.

Ҳарчанд содироти гози Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъхои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, дар шароити кунунй барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро(Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб(Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Дар ин масъала агарчй Ашқобод ва Остона мавзеъхои чандон сахтгиронае дар қиболи барномаҳои гидроэнергетикии Кирғизистон ва Точикистон надоранд, аммо Тошканд ва шахси Ислом Каримов бо бузургнамойии ин мавзуъ дар пайи он аст, ки аз ҳар фурсате барои маҳкум кардани тарҳҳои сохтани неругоҳҳо дар Кирғизистон ва Точикистон, истифода кунад.Аммо масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Ба баёни дигар Узбакистон дар ҳоле ба пуштибониҳои Маскав аз мавзеъхои кишварҳои поёноби рудхонаҳои Осиёи Марказй умед бастааст, ки дар масъалаи содироти гази Туркманистон, рақиби Маскав маҳсуб мешавад. Аз суе Тошканд бо сиёсатҳои дугонаи худ дар бисёре аз масоили минтақаи стротегии Осиёи Марказй, аз муддатҳо қабл эътимоди бозигарони ин минтақаро аз даст додааст.Аммо қудратҳои шарқу ғарб бо огоҳии комил аз бозиҳои сиёсии Узбакистон, ба вижа раиси чумҳури ин кишвар, талош доранд аз давлати Тошканд ба унвони аҳрам дар рохи расидан ба аҳдофи хеш, кор гиранд.
Ва аммо пушиши хабарии сафари ахири Ислом Каримов ба Туркманистон, ки тибқи маъмул дар расонаҳои расмии ду кишвар ҳамроҳ бо чумлабозиҳо ва умумигуйиҳо буд, баёнгар аз он аст, ки ду раиси чумҳур ба ҳам дуст шуданд.Ин руйдод аз он чҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки дар даҳ моҳи ахир барои дуввумин бор ба Туркманистон сафар кунад. Дар ҳамин ҳол, сафари раиси чумҳури Русия ба Туркманистон бо фосилаи чанд руз баъд аз сафари раиси чумҳури Узбакистон ба ин кишвар, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки дар мархалаи кунунй мавозеъ ва чойгоҳи Ишқобод дар муодилоти Осиёи Марказй аҳамияти бештаре касб кардааст.Дар соли 2009, баъд аз он ки хати лулаи интиқоли гази Туркманистон ба Русия дучори осебдидагй шуд ва ширкати «Газпром» хариди гази Туркманистонро қатъ кард, нуфузи Русия дар Туркманистон ба шиддат коҳиш ёфт.Дар канори ин, буҳрони иқтисодй мучиб шуд, ки гази туркман ба рақиби гази русй дар чиҳати вуруд ба бозорҳои Аврупо табдил шавад.Хамзамон бо ин, баъд аз он ки «Газпром» хариди гази туркманро аз 50 миллиард метри мукаъаб ба 12 миллиард метри мукааб коҳиш дод,Пекин вориди амал шуд ва бо ифтитоҳи хати лула, барои аввалин бор гази Туркманистонро вориди бозори Чин кард. Русия дар робита ба ин масъала вокунише нишон надод, зеро мутолиботи бозори Чин ба газро бештар аз инҳо арзёбй мекунад.
Аммо масъалае, ки мучиботи нигаронии Маскавро фароҳам кардааст, мушорикати Ашқобод дар тарҳи Набуко мебошад, тарҳе ки бар асоси он гази Осиёи Марказй бо давр задани қаламрави Русия, ба Аврупо интиқол дода хоҳад шуд.Ин тарҳ бе мушорикати тарафи туркман, муваффақияте ба ҳамроҳ хахоҳад дошт.Албатта ҳануз Ашқобод ба таври расмй ба ин тарҳ ҳамроҳ нашудааст, аммо музокирот ва ройзаниҳо чараён доранд.
Дар дидори ҳайатҳои русй ва туркман ҳамчунин масъалаи мушорикати Русия дар тарҳи ТАPI — сохти хати лулаи гози Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳинд, баррасй шуд. Ҳамзамон бо ин тарафи русй иттилоъ дод ки ширкати барқи Русия дар назар дорад хати интиқоли неруи барқ тавассути қаламрави Туркманистон ба Ирон, Афғонистон ва Покистон эҳдос намояд ва ҳозир аст Ашқободро дар ин тарҳ мушорикат диҳад. Бо нигоҳе ба натоичи сафари раисони чумҳури ду кишвари Узбакистон ва Русия ба Ашқобод, метавон ба ин натича расид, ки рақобати кишварҳои минтақа ва қудратҳои фароминтақайи барои нуфуз бар манобеи энержии Осиёи Марказй вориди марҳалаи чадиде шудааст.Дар чорчуби ин рақобат Қирғизистон ва Точикистон дар як чабҳаи муштарак дар муқобили Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон қарор гирифтаанд.Чунин вазъе боис шудааст то қудратҳои фароминтақаи барои истифодаи абзорй аз давлатҳои ин минтақаи стротегй барои дастёбй ба аҳдофи хеш, бар таҳаррукоти дипломатй биафзоянд.

Дар ҳошияи гузориши муҳаққиқони амрикойи

Маркази мутолеоти байналмилалй ва стротегии Вашингтон таҳти унвони «Аз дарраи Фарғона то Вазиристони чанубй» гузоришеро мунташир намуд, ки дар он дидгоҳи муҳаққиқони амрикойи дар мавриди дурнамои амният дар ин минтақа ироа шудааст.Бар пояи ин гузориш муҳаққиқони амрикойи муътақиданд, ки дар пайи фишори давлатҳои Осиёи Марказй, гуруҳҳои чиҳодии ин кишварҳо ба Афғонистон фирор намуда, фаъолиятҳои худро идома медиҳанд.Ҳамин гузориш меафзояд, ҳатто баъд аз суқути режими Толибон дар Афғонистон, ин гуруҳҳо ҳамчунон фаъол боқй мондаанд. Муҳаққиқони амрикойи дурнамои амният дар кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон, аз чумла Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистонро печида пешбинй мекунанд ва бар ин боваранд, ки бидуни кумаки Иёлоти муттаҳидаи Амрико ин кишварҳо нахоҳанд тавонист суботу амнияти пойдорро дар марзҳо ва дохили қаламрави худ таъмин кунанд.

Гузориши маркази мутелеоти истротежики Вашингтон пешниҳод мекунад, ки бояд сиёсати Амрико дар мавриди Афғонистону Покистон тавсеъа ёфта, давлатҳои дарраи Фарғонаро низ дар бар гирад. Зеро масири қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави се кишвари ин дарра гузар мекунад ва ин минтақа ба киштзорҳои хашхош дар Афғонистон наздик аст ва дар айни ҳол чангиён аз Покистон ба самти ин минтақаи стротегй дар ҳаракат мебошанд.Бино ба омори ироашуда дар гузориши мазкур, теъдоди чангиёни кишварҳои Осиёи Марказй, ки дар Покистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд, ҳудуди 1500 нафарро ташкил медиҳад.

Ин барои нахустин бор нест, ки қудратҳои ғарбй, ба вижа Амрико, аз тариқи марказҳои таҳқиқотй печида шудани авзоъ дар кишварҳои Осиёи Марказиро пешгуйи ва аз ин тариқ сояи таҳдидро бар давлатҳои ин минтақа ба навъе таҳмил мекунанд.Вижагии гузориши ахири маркази мутелеоти стротегии Вашингтон он аст, ки ин бор ба таври мушаххас аз водии Фарғона ба унвони маркази нооромиҳои оянда дар Осиёи Марказй ёд шудааст.Ҳамин мавзуъ ақидаро дар мавриди талош қудратҳои шарқу ғарб барои тавсаъа ва таҳкими нуфуз ва чойгоҳи худ дар ин минтақа беш аз ҳар замони дигаре тақвият кардааст.Ба иборати дигар, имруз водии Фарғона майдони аслии рақобат миёни қудратҳои Шарқ ва Ғарб маҳсуб мешавад.Ташдиди ин рақобат бо руйдодҳои Қирғизистон дар баҳори соли гузашта, вориди марҳалаи тозае шуда, акнун бо вуқуи нооромиҳои пароканда дар Точикистон , дар ҳоли табдил шудан ба як нуқтаи доғи чадид дар минтақа мебошад.

Дар ҳоле ки оғози нооромиҳо дар Точикистон, давлатмардони ин кишварро ба як буҳрони амниятй мувочеҳ кардааст ва дар афкори умумй як навъ беэътимодй ба давлати Душанберо доман задааст, муҳаққиқони амрикойи ҳадафи аслии чангиёни мустақар дар Афғонистон ва Покистонро, ки бахши умдаи онҳоро аъзои ҳаракати исломии Узбакистон ташкил медиҳад, давлати Ислом Каримов талақй мекунанд. Бо таваччуҳ ба тачрибаи чунин гузоришҳо ва ба занни мақомоти Кохи сафед, «нигаронии Вашингтон аз вуқуъи нооромиҳо дар Узбакистон», метавон натича гирифт, ки дар марҳалаи кунунй аҳдофи Вашингтон дар Осиёи Марказй, бештар марбут ба ҳузури ин кишвар дар қаламрави Узбакистон аст.Ба баёни дигар, дар айни замон Узбакистон меҳвари хадафхои дарозмуддати Амрико дар Осиёи Марказй маҳсуб мешавад, аз ин ру Кохи сафед бо ҳар роҳи мумкин талош дорад худро ба давлати Тошканд наздик кунад. Қарори маьлум, амният ва бақои қудрат аслитарин нигаронй ва ташвиши Каримов ва дигар ҳамтоёни вай маҳсуб мешавад ва қудратҳои аз ин нуқтаи заъф хеле устодона кор гирифтаанд.

Хамин фазосозиҳои Вашингтон буд, ки Ислом Каримов дар моҳи феврияи соли чорй карори раками 1258 — барномаи таҳкими ҳамкориҳои дучонибаи Узбакистон ва Амрикоро имзо кард. Ин барнома аз чумла дарбаргирандаи ҳамкориҳои низомй мебошад, ки бар асоси он Амрико дар амри тачҳизондани артиши Узбакистон бо таслиҳоти чадид ва омузиши афсарони узбак кумак хоҳад намуд .Ҳамкориҳои Тошканд — Вашингтон дар Афғонистон, аз бахшҳои аслии санади мазкур мебошад, ки дар чорчуби он ду тараф дар интиқоли тачҳизот ва коло барои неруҳои низомии кишварҳои ғарбии вокеъ дар манотиқи мухталифи Афғонистон, ҳамкорй мекунанд. Ин бахш аз ҳамкориҳои ду тараф дар ҳоле ки интиқоли коло ва тачҳизот аз тариқи қаламрави Покистон ба мушкил ру ба ру шуд, бештар аҳамият пайдо кард. Узбакистон бо истифода аз фурсат вориди бозиҳои сиёсии маъмулии худ шуд ва бо фосила гирифтан аз Маскав, равобит бо Вошингтанро тавсаъа дод. Бо ин кор Тошканд тавонист бо истифода аз пуштибониҳои Амрико ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодй дар қаламрави Афғонистонро бар уҳда бигирад. Сохтани роҳи оҳани Хайратон — Мазори Шариф ва интиқоли барқ ба Афғонистон аз ҳамин чумлаанд.Дар ин миён, ҳамон гуна ки бархе манобеъ гузориш доданд, Амрико ба Ислом Каримов ин ваъдаро додааст, ки бар асоси хостаи Тошканд, аз вогузор кардани макомҳои калидй ба намояндагони миллати точик дар Афғонистон, пешгирй хоҳад кард. Ба эътиқоди ағлаби соҳибназарон ин мавзуъ бархоста аз сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Ислом Каримов дар минтақа мебошад, зеро вай аз таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои форсизабон бим дорад ва намехоҳд, ки ин ҳамкориҳо мучиби раҳойии Точикистон аз вобастагиҳои энергетикй ва иртиботии Узбакистон шаванд. Бо ин руйкард, метавон гуфт, гузориши маркази мутолеоти стротегии Вашингтон, як навъ муаррифии барномаҳои ҳузури ояндаи Амрико дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй мебошад.