Созмони Шанхай ва ташвишҳои нав

Рузи шанбеи 14 май дар шаҳри Алмато, пойтахти пешини Қазоқистон вазирони хоричаи Созмони ҳамкории Шанхай гирди ҳам чамъ омаданд ва дар бораи дурнамои фаъолиятҳои ин созмони минтақайи баҳсу табодули назар карданд.Аз чумлаи санадҳои муҳими ин нишаст «Тафоҳумнома дар бораи уҳдадории кишварҳои довталаби узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай» буд, ки барои имзои сарони ин созмон омода шуд.

Ҳамоҳангии барномаи нишасти даҳумин солгарди таъсиси Шанхай, ки як моҳи дигар дар Остона, пойтахти Қазоқистон доир хоҳад шуд, аз дигар натоичи муҳими нишасти Алмато буд.Дар кул, дар нишасти мазкур санадҳо вар мавриди нишасти сарон, лоиҳаи баёнияи Остона ба муносибати даҳумин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, тарҳи стротегии зиддитеррористии Созмон барои солҳои 2011-2016, ва стротегияи мубориза бо маводи мухаддир дар солҳои 2011-2016 ба имзо расид. Нишасти Шурои вазирони хоричаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шароите баргузор шуд, ки минтақаи ин созмон зимни он ки саҳнаи таҳаввулоти камсобиқае шуда, обистани руйдодҳои дигаре низ ҳаст. Эъломи хабари марги Бин Лодан тавассути Амрико ва бозтоби ин хабар дар саросари чаҳон, коршиносон, расонаҳои иттилоотй, сиёсатмадорон ва давлатмардонро вориди баҳсҳои мухталифе кардааст. Дар ин миён рақобати қудратҳо, ки эъломи марги Бин Лодан чудо аз ин мавзуъ нест, ҳолу ҳавои мутафовуте ба худ гирифтааст. Иёлоти Муттаҳида Амрико акнун бар он шудааст, ки бо муваффақиятомез чилва додани амалиёти ба истилоҳ зиддитеруристии худ дар Афғонистон, барои афкори умумии дохилй дар кишвари худ, ҳамчунин муттаҳидони аврупоиаш, ин гуна илқо кунад, ки пирузй бар тероризм наздик аст ва он ҳама харочоти Вашингтон дар ин росто, ҳадар нарафтааст.Бо ин кор аслитарин ҳадафи Барак Обама касби имтиёз барои даври дуввуми интихоботи раёсати чумҳур аст, зимни ин ки руҳия додан ба сарбозон ва афсарони ноумед ва хаста аз чангҳои тулонимуддат дар Афғонистон, Ироқ ва акнун дар Либиро низ метавон дар радифи аҳдофи Амрико аз эъломи хабари кушта шудани Бин Лодан, қарор дод.Оғози марҳалаи чадид дар тарҳи амрикойии мубориза бо терроризми байналмилалй, низ паёме аст, ки дар эъломи хабари кушта шудани Бин Лодан тавассути Амрико, ба рафиқон ва рақибони ин кишвар дода шуд. Ин паём қабл аз ҳар минтақаи дигаре, бештар барои қаламрави Шуравии собиқ аҳамият касб кард ва ба қудратҳои ҳозир дар ин маҳдудаи чуғрофиёи ин хабарро иблоғ кард, ки акнун Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш авлавияти фаъолиятҳои худро ба ин минтақа ихтисос хоҳанд дод.Албатта авзои шимоли Африқо ва Ховари Миёна бетаъсир дар тасмими Амрико дар мавриди эъломи хабари кушта шудани Бин Лодан дар марҳалаи кунунй набудааст. Аммо ҳамин мавзуъ боис шуда, ки таҳаррукоти бозигарони аслии саҳнаи Осиёи Марказй ба табри қобили мулоҳиза ташдид шавад.Сафари ҳарчанд аз қабл барномарезй шудаи Осаф Алии Зардорй, раиси чумҳури Покистон ба Маскав ва нишасти Шурои вазирони дифоъи Созмони ҳамкории Шанхай дар Алмато аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.Ҳам дар дидори Медведев ва Зардорй дар Маскав ва ҳам дар нишасти Шанхай дар Алмато, мавзуи пазириши аъзои чадид ба ин созмон матраҳ шуд, ки ҳокй аз вокуниши аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба иқдомоти анчомшуда ва дар ҳоли анчоми Ғарб дар қиболи ин минтақаи стротегй мебошад. Яъне дар ҳоле ки Ғарб сафоройиҳои чадид барои неруҳои худ дар нуқоти мухталифи чаҳонро тадорук мебинад, Русия ва Чин ба унвони рақибони Ғарб низ дар пайи созу корҳои чавобй дар ин росто ҳастанд.Бар асоси гузоришҳои мунташира дар айни ҳол масъалаи узвияти ду кишвари Покистон ва Ҳиндустон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва пазириш Афғонистон ба унвони узви нозир матраҳ аст.Албатта он чй ба Покистон бармегардад, ҳам Русия ва ҳам Чин тақрибан иттифоқи назар доранд, зеро дар айни ҳол Покистон, ки аз Амрико ба шиддат нороҳат аст, метавонад дар сиёсатҳои зиддиамрикойии Маскав ва Пекин нақшофаринй кунад ва пазириши ин кишвар ба Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳадди зиёде чабҳаи Амрико дар Осиёи Марказй ва Чанубиро заъиф хоҳад кард.Дар ин идомаи фароянд ва дар пайи хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон, ба таври ҳатмй бозиҳои дигаре дар ин минтақа шакл хоҳанд гирифт, ки Чин коргардони аслии онҳо хоҳад буд.Албатта, дар ин миён Русия бо тамоми тавон талош дорад аз нуфузи беш аз ҳади Чин пешгирй кунад, аммо воқеъият он аст, ки вақтҳои охир кишварҳои Осиёи Марказй аз сиёсатҳои Русия норозианд ва сарони ин кишварҳо тамоилоти Маскавситезии худро пинҳон намекунанд.Дар ҳамин росто узвияти Ҳиндустон дар Шанхай бештар ба нафъи Русия хоҳад буд, зеро ин ду кишвар ҳануз аз замони Шуравй равобити дустонае бо ҳам доранд. Аз суи дигар пазириши Покистон ба ин созмон ва дар ҳошия қарор додани Деҳлии нав, барои Ҳиндустон ба маънии пушт кардан ба ин кишвар хоҳад буд.Ин нуктаро ҳам дар Пекин ва ҳам дар Маскав ба хубй дарк мекунанд, аз ин ру пазириши ин ду ба Созмони ҳамкории Шанхай кори соддае нахоҳад буд. Ҳиндустон дархости худ барои узвият дар Созмони ҳамкории Шанхайро бо фосилаи андаке баъд аз чунин иқдоми рақиби суннатиаш — Покистон ироа кард.Ба гумони Деҳлии нав, бо дар канори қудратҳое назири Чин ва Русия қарор гирифтани Исломобод, ибтикори амал дар рақобатҳои дучониба аз дасти Ҳиндустон раҳо хоҳад шуд, аз ин ру тасмим ба пайвастан ба ин ниҳоди минтақайи кард.Ҳарчанд Чин ва Русия ба унвони бозигарони аслии Шанхай мухолифати ончунонй ба пайвастани Ҳинд надоранд, аммо мақомоти ин кишвар дар машваратҳо бо аъзои Созмнони мазкур дар пайи чалби ҳимояти онҳо шудаанд. Аз чумла дар дидори раиси чумҳури Узбакистон бо нахуствазири Ҳинд дар Деҳлй (18 майи соли чорй), ин мавзуъ матраҳ шуд. Албатта дигар кишварҳои Осиёй низ талош доранд ба Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шаванд, зеро ин созмон аз зарфиятҳое билқуввае бархурдор аст, ки ба унвони намуна метавон ба зарфиятҳо ва тавоноиҳои Чин дар арсаи илму фановарй, захоири фаровони Русия ва тачрибаҳои ин кишвар дар мудилоти Осиёи Марказй ва манобеи энержии фаровони Қазоқистон ишора кард.Вижагии ин созмон дар танаввуъи фаъолиятҳои он аст, ки ба ҳамаи масоил ва мушкилоти аъзо расидагй мекунад. Бо таваччуҳ ба ин ҳама нишасти Остона дар моҳи июн, ки ба даҳумин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ихтисос хоҳад ёфт, саҳифаҳои тозае дар фаъолиятҳои ин созмон боз хоҳад кард, аз ин ру ин руйдоди муҳим аз ҳоло дар маркази таваччуҳи доираҳои коршиносй ва расонайи қарор гирифтааст.

Иттиҳоди кишварҳои форсизабон

Дар пайи ҳушдори Чумҳурии Исломии Эрон, давлати Тошканд теъдоде аз вагонҳои Точикистонро ба истилоҳ аз ҳабс озод кард.Садҳо вагони дорои масолеҳи сохтмонй, маводи ғизойи, сузишворй ва тачҳизот барои неругоҳи «Сангтуда- 2» ба қаламрави Точикистон расиданд ва аз чумла фаъолиятҳо дар тарҳи муҳими неругоҳи «Сангтуда-2» аз сар гирифта шуд. Мақомоти эронй дар шарҳи ҳушдори худ ба Узбакистон гуфтанд, ки ин корро барои ҳимоят аз манофеи Точикистон анчом доданд.

Дар ҳушдори Теҳрон ба Тошканд гуфта мешуд, ки дар сурати идомаи монеътарошй дар убури вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон, Эрон тронзити мошинҳо ва вагонҳои Узбакистон ва қаламравашро маҳдуд хоҳад кард.Ин ҳушдор қасри ҳубобии худхоҳиҳои мақомоти узбакро ба ларза даровард ва ба онон ёдовар шуд, ки дар дунёи имруз ҳануз неруҳое ҳастанд, ки аз ҳақ ва адолат пуштибонй мекунанд ва дар баробари зулму қонуншиканиҳо қад алам мекунанд.
Бидуни иғроқ, ин иқдоми башардустона ва навъдустонаи Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар қудрат ва чойгоҳи Эронро ба унвони кишвари таъсиргузор дар муодилоти байналмилалй, ба намоиш гузошт. Аз суи дигар, бори дигар собит шуд, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон дар вазъияти кунунии минтақа ва чаҳон,як амре ичтинобнопазир аст.Зеро нигоҳе ба мавқеияти се кишвари форсизабони Афғонистон, Эрон ва Точикистон ба хубй нишон медиҳад, ки имруз ин кишварҳо дар баробари як чанги эъломнашуда ва табъизҳои золимона қарор гирифтаанд.Ишғоли Афғонистон тавассути неруҳои низомии кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико ба баҳонаи мубориза бо терроризм, таҳмил кардани фишорҳои бе ҳадду марз бар Эрон ба баҳонаи талош барои сохти силоҳи атомй ва муҳосираи иқтисодии Точикистон ба баҳонаи харобии роҳи оҳани Узбакистон, ҳама баёнгар аз он аст, ки неруҳои бадхоҳ сафарбар шудаанд, то бо ҳар роҳи мумкин форсизабононро аз равнақу пешрафт ва шукуфойи боздоранд.
Дар ин миён Чумҳурии Исломии Эрон бештар мавриди фишорҳои Ғарб қарор дошт.Бо барқарории низоми Чумҳурии Исломй дар сарзамини Эрон дар соли 1979, дунёи истикбор дар як чабҳаи воҳид дар муқобили ин низоми навпо сангар гирифт.Нахустин зарба ба манзури аз байн бурдани Чумҳурии Исломии Эрон, таҳмили як чанги 8 сола ба ин кишвар буд.Дар соли 1980 режими баъсии Ироқ таҳти сарварии Саддом Ҳусейн бо таҳрики Амрико ва дигар қудратҳои султачу ба Эрон ҳамла кард, аммо миллати эрон дар як чанги нобаробар, бар душмани қудратманди худ, ки мавриди ҳимоятҳои густурдаи қудратҳои Шарқу Ғарб буд, пируз шуд.Ин пирузии Чумҳурии Исломй фақат бар Ироқи баъсй набуд, балкй пирузии як низоми навпои исломй бар чаҳони истикбор буд.Гузашта аз ин тайи беш аз 30 сол баъд аз пирузии инқилоби исломй, Эрон мавриди таҳримҳои беадолатона қарор гирифт.Аммо бар хилофи интизороти душманони Эрон, ин кишвар на танҳо аз ин таҳримҳо осебе надид, балкй ин иқдом боис шуд миллати эрон дар бисёре аз бахшҳо ба худкафойи даст ёбад. Имруз Эрон дар бисёре аз бахшҳои санъатй, илмй, фановарй, кишоварзй, нонотекноложй, пизишкй ва … дар мақоми аввали Ховари Миёна қарор дорад.Ба иборати дигар, ҳамин таҳримҳо боис шуд, то Эрон бо такя ба зарфият, имконият, дониш ва тавонойиҳои худ, аз вобастагй ба кишварҳои хоричй раҳо шавад.Дар шароити кунунй ин тачрибаи Эрон метавонад намунаи ибрати муносиб барои Точикистон бошад.Дар ҳоле ки вобастагиҳои энержй ва иртиботй ба кишварҳои ҳамсоя, латмаи зиёде ба пешрафту тараққии Точикистон ворид мекунад, фаъол кардани зарфиятҳои дохилй ва чустани роҳҳои бурунрафт аз ин вазъ метавонад заминаи рушду пешрафти Точикистонро фароҳам кунад.Дар ин миён сохтани роҳҳои иртиботй ба хорич ва берун аз қаламрави Узбакистон дар авлавият қарор дорад, амре ки Чумҳурии Исломии Эрон барои амалй шудани он эъломи ҳамкорй намудааст. Бо чунин руйкарде метавон гуфт, таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон як заруратест, ки бархоста аз манофеи муштарки се кишвари Афғонистон, Эрон ва Точикистон мебошад.
Албатта дар ин замина то имруз иқдомҳои зиёде сурат гирифтаанд ва ҳануз дар даҳаи 90 милодй дар нишасти сечонибаи оқоён Рафсанчонй, Раббонй ва Раҳмонов дар шаҳри Душанбе, нахустин гуфтугуҳо дар ин замина сурат гирифтанд.Аммо, акнун шароити имрузи минтақа ва чаҳон эъчоб мекунад, ки се кишвари дорои забон, дин, фарҳанг ва таърихи муштарак дар ҳифзи арзишҳо ва манофеи муштараки худ бештар кушо бошанд.Барои ин се кишвар собит шуда, ки дар чиҳати ҳифзи манофеи худ ба умеди дигарон буданд чуз зиён ва гирифториҳои бештар, ҳосиле ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Ба вижа дар пайи хорич кардани Эрон аз довталабии узвият дар Созмони ҳамкории Шонгҳой, ҳимоятҳои ошкори Маскав аз манофеи Тошканд дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй ва иқдомоти Ғарб барои музокира бо гуруҳ Толибон дар Афғонистон, собит шуд, ки як Иттиҳоде барои се кишвари форсизабон зарурй аст.Албатта метавон бидуни ташкили созмон ё ниҳоде низ ҳадафҳои худро дунбол кард, аммо ташкили Иттиҳод масъулиятҳо ва вазифаҳоро мушаххастар бозгу мекунад. Бо таваччуҳ ба тавоноиҳои билқувваи Эрон дар бахши иқтисодй ва ниёзҳои мубрами Точикистон ва Афғонистон ба ҳамкорй ва кумакҳои иқтисодй таъсиси як ниҳоде дар ростои тавсаъаи ҳамкориҳои иқтисодй миёни Теҳрон-Кобул-Душанбе метавонад оғозе муносиб дар шаклгирии Иттиҳод бошад. Дар ин замина баҳори соли 2008 вазирони хоричаи се кишвари форсизабон дар Душанбе ба тавофуқҳои аввалия даст ёфтанд. Тачрибиёт ва пешрафтҳои Эрон дар бахши иқтисод ва манобеи саршори табиъии мавчуд дар Афғонистон ва Точикистон, ҳамчунин мавқеъияти чуғрофиёйии ин се кишвар, ояндаи дурахшоне аз ҳамкориҳои иқтисодиро замонат медиҳад. Дар ин миён набояд нодида гирифт, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон мухолифони сарсахти худро дар минтақа ва берун аз он дорад.Аз чумла, Русия ба унвони меросхури Шуравй, ба ҳеч вачҳ намехоҳад ҳар гуна иттиҳод ё созмоне бе мушорикати у дар ин қаламрав шакл гирад.Маскав чунин иқдомеро хилофи манофеи худ дар минтақа медонад, зеро аз густариши нуфузи Эрон дар минтақаи стротргии Осиёи Марказй бим дорад. Монеътарошй дар роҳи узвияти Чумҳурии Исломии Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки хорич аз иродаи Маскав набуда, дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Аз суи дигар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ мухолифи ташкили иттиҳоди се кишвари форсизабон аст, чунки Вашингтон мехоҳад бо ҳар роҳи мумкин Эронро дар инзиво қарор диҳад ва аз густариши нуфуз ва чойгоҳи Теҳрон дар минтақа ва чаҳон пешгирй кунад.Музокироти низомиёни амрикойии мустақар дар Афғонистон бо Толибон ва барномаҳои мушорикат додани онон дар идораи давлати Кобул, ҳамчунин афзоиши кумакҳои мухталифи Вошингтан ба Душанбе, аз ҳамин зовия қобили тааммул аст.
Аз суи дигар монеъаҳои дохилии мавчуд дар бархе аз ин кишварҳои форсизабонро низ набояд нодида гирифт.Аз чумла ҳануз бархе доираҳо дар Душанбе аз он ҳарос доранд, ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти исломгаройи дар чомеъа шавад.Чунин ақидаҳои воҳй аз чумлаи сабабҳоест,ки Точикистонро дар аз миён бардоштани раводид бо Эрон сардаргум кардааст.То ҳануз роҳандозй нашудани шабакаи телевизионии форсизабонон далели дигари вучуди бархе ихтилофи дидгоҳҳо мебошад, ки сарони се кишвар дар талошанд ҳарчй сареътар онҳоро рафъ кунанд. Сарфи назар аз ин ҳама, сарони се кишвари форсигу борҳо дар нишастҳои худ таъкид кардаанд, ки ҳамкориҳои онон ба ҳеч вачҳ алайҳи ҳеч кишваре нахоҳад буд ва дар ростои тавсаъа ва таҳкими ҳамгароиҳои ҳарчй бештар дар минтақа сурат мегирад. Амре ки кишварҳои минтақаро аз вобастагиҳо ба қудратҳои судчуи фароминтақайи раҳо хоҳад кард. Аз суи дигар дар дунёи имруз таъсиси иттиходияхо ба як амре маъмулй табдил шудааст ва кишвархо дар ростои бароварда намудани ниёзхои худ иттиходияхо таъсис мекунанд. Иттиходияи Аврупо, Иттиходияи араб, Иттиходи туркзабонхо ва.. аз хамин чумлаанд.

Xатари вукуи чанг миёни қудратҳо дар водии Фарғона

Дар ҳоле ки авзои кишвари Қирғизистон руз ба руз печида мешавад, дар маҳофили коршиносй ва таҳлилй ин савол матраҳ аст, ки оё ин ҳама таҳаввул дар чорчуби талошҳои Маскав барои эҳёи нуфуз ва чойгоҳи худ дар Осиёи Марказй шакл мегирад? Албатта дар ибтидои тағйири қудрат дар Бишкек, Русия эълом кард, ки ҳеч дахолате дар корхои дохилии Кирғизистон надорад, аммо амалкарди мақомоти ин кишвар (тамоси телефонии Владимир Путин, нахуствазири Русия фардои тағйири қудрат дар Бишкек — 8 апрел — бо сарони давлати чадид ва ба расмият шинохтани давлати Роза Отунбоева тавассути Димитрий Медведев раиси чумҳури Русия, додани кумаки 20 миллион долларй ба давлати чадиди Қирғизистон), баёнгар аз ба навъе зери назари Кремл будни ин ҳама тағйиру таҳаввул аст.
Воқеият он аст, ки Димитрий Медведев раиси чумҳури Русия дар идомаи сиёсатҳои Владимир Путин,салафи худ, бар он шудааст, ки Маскавро ба он чое ки манотиқи суннатии нуфузи Русия таъбир мешавад, бозгардонад.

Дар чорчуби ҳамин сиёсат Русия қасд дорад, зимни бозгаштани қудратмандона ба Осиёи Марказй, давлатҳои камтаваччуҳ ба манфиатхои Маскавро аз сахна бардорад ва ба ҳар роҳи мумкин арсаро барои рақибони худ, маҳдуд кунад. Ин мавзуъ ба вижа дар шароите, ки дар пайи ишғоли Афғонистон тавассути Амрико, муттаҳидонаш ва НАТО, Осиёи Марказй аҳамияти бештаре дар сиёсатҳои қудратҳои ғарбии ҳозир дар Афғонистон касб кардааст,ба авлавияти сиёсатҳои хоричии Маскав табдил шудааст.Зеро акнун Русия дар чиҳати ҳифзи манофеи худ аз як су ногузир ба рақобат ба шарикони худ назири Чин, аз суи дигар руёруйии чиддй бо Иёлоти Муттаҳида Амрико аст.Мавзуи рақобат бо Амрико баъд аз он ки Пентагон эълом кард, дар панч чумҳурии Осиёи Марказй таъсисоти вижаи худро бино хоҳад кард, акнун ба таври чиддитаре дар сиёсатгузориҳои хоричии Маскав пайгирй мешавад. Қобили зикр аст, ки бар асоси ин тарҳ Пентагон — вазорати дифоъи Амрико тасмим гирифтааст дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказй таъсисоти стротегии дифоъй месозад.Дар ин миён тарҳи сохтани маркази омузишии амалиёти зиддитеррористй дар чануби Қирғизистон густурдатар аз бақия аст, ки дар вилояти Ош чойгир хоҳад шуд.Арзиши ин тарҳ аз 5 то 10 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.Барои сохтани таъсисот дар Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон низ ҳудуди 5 миллон долларй харч хоҳад шуд. Барои Точикистон ду тарҳ ба маблағҳои 5 миллион ва 10 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.Пентагон эълом кардааст, ки ин тарҳҳо дар чорчуби мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ичро мешаванд.
Нуктаи чолиб дар амалй шудани тарҳҳои Пентагон дар Осиёи Марказй он аст, ки барои пешгирй аз ҳассосиятҳои Маскав гуфта мешавад, таъсисоти мавриди назар дар ҳамкорй ва ҳамоҳангй бо давлатҳои Осиёи Марказй такмил хоҳанд шуд.Аз чумла Пентагон эълом кард:»Бо хоҳиши ҳукумати Қирғизистон мо 5,5 миллион доллар чиҳати бозсозии маркази омузишҳои низомй дар атрофи шаҳри Уш ихтисос додем. Ин марказ барои омузиши неруҳои мусаллаҳи қирғиз дар назар гирифта шудааст».Ин дар ҳолест, ки дар вазорати дифоъи Қирғизистон ҳеч иттилоъе дар бораи тарҳҳои Пентагон дар кишварашон надоранд. Бо ин ҳол нахустин иттилоот дар мавриди тарҳҳои Пентагон дар Осиёи Марказй рузи 7 июн дар сайти Federal Buziness Opportunities мунташир шуд, ки дар он гуфта мешуд дар минтақаи Қаратоғи Точикистон марказй миллии тамринҳои низомй сохта хоҳад шуд.
Дар соли 2009 Русия дар мавриди сохтани пойгоҳи низомй дар чануби Қирғизистон эъломи омодагй намуда буд, аммо дар пайи эъломи тарҳи Пенатгон дар мавриди таъсиси маркази омузишии зиддитерористй дар ин минтақа, аз ин барнома сарфи назар кард.Гузоришҳои мунташира рочеъ ба ин мавзуъ баёнгар аз он аст, ки ихтилофи назар миёни Маскав ва Бишкек дар мавриди маҳалли таъсиси пойгоҳи низомии Русия, иллати аслии амалй нашудани он буд.Маскав мехост ин пойгоҳ дар вилояти Уш эчод шавад, аммо Бишкек исрор дошт Боткен, дар наздикии марзи Узбакистон, маҳалли сохти пойгоҳи низомии Русия бошад.Ин мавзуъ мухолифатҳои шадиди Тошкандро низ ба ҳамроҳ дошт. Тарҳҳои Пентагон дар мавриди тақвияти ҳузури худ дар Осиёи Марказй дар шароите мунташир шуд, ки Маскав ошкору пинҳон аз суқути давлати Боқиев хушҳолй мекард. Акнун дар шароите, ки авзои Кирғизистон руз ба руз муташаннич мешавад, Русия ва дигар бозигарони минтақа, аз чумла Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар талошанд мусоидатҳои лозимро анчом диҳанд, то раванди таҳаввулот аз дасти Бишкек хорич нашавад.Зеро вучуди субот шарти аввали дар амал татбик шудани аҳдофи ҳар кадом аз даъвогарони ҳузур дар ин кишвар мебошад. Дар ин росто Маскав дар пайи фурсати муносиб чиҳати чойгиркунии неруҳои низомии бештар дар Кирғизистон аст.Ҳарчанд дар пайи густариши доманаи даргириҳо дар чануби Кирғизистон, ки ба кушта ва захмй шудани садҳо қирғиз ва узбак анчомид, Маскав дархости давлати муваққати Бишкек дар мавриди кумаки низомиро рад кард, аммо давлатмардони рус дар пайи фароҳам шудани шароите ҳастанд, то битавонанд ба унвони ягона начотдиханда вориди қаламрави Қирғизистон шаванд. Зеро ба хубй медонанд, ки вориди амал шудани низомиёни рус дар шароити кунунй, ононро бештар тачовузгар нишон хоҳад дод на неруҳои сулҳбон. Ин мавзуъ дар шароите, ки талошҳо аз ҳар тараф барои ба даргириҳои қавмй табдил додани нооромиҳои Кирғизистон сурат мегирад, бештар аҳамият дорад.Аз омори талафоти ин даргириҳо бармеояд, ки дар вилоятҳои Чалолобод ва Уш қирғизҳо ва узбакҳои маҳаллй ба чони ҳам афтодаанд.Аммо хабаргузориҳо ба нақл аз Кубат Байболов, муовини вазири амнияти Қирғизистон иттилоъ доданд, ки тарафдорони Боқиев бо муздур кардани шаҳрвандони бекори Точикистон ин хунрезиҳоро ба роҳ андохтанд, то аз оби гилолуд м0моҳй гиранд. Ба иборати дигар барномаҳое ба марҳалаи ичро гузошта шудаанд, ки дарраи Фарғона бори дигар ба саҳнаи чангҳои қавмй табдил шавад.Агар таҳаввулот ба ин самт пеш раванд, аз дасти ҳеч неруи сулҳбон коре сохта нахоҳад шуд, чун бидуни шакку шубха ин даргириҳо бо даргириҳо дар қаламрави Афғонистон гиреҳ хоҳанд хурд, ки оқибатхои онро намешавад ба соддагй пешбинй кард. Зеро дар чунин ҳолате чанг миёни қудратҳо дар водии Фаргона оғоз хоҳад шуд, чанге ки ғолиби комил нахоҳад дошт ва ин мардумони минтақаанд, ки миллёнхо нафар кушта, захмй ва овора хоҳанд шуд. Бо тачриба дар чанги Афғонистон, Русия ва Амрико, ҳамчунин дигар қудратҳои ғарбй ба хубй медонанд, ки чангҳои қавмй роҳи ҳалли низомй надоранд.Аз ин ру талош хоҳанд кард дар контрули авзоъ бо ҳар роҳи мумкин ба давлати муваққати Бишкек кумак кунанд. Аммо бо таваччуҳ ба ин ки қудратҳои ҳозир дар Қирғизистон аз гуруҳҳо ва неруҳои мухталиф дар ин кишвар пуштибонй мекунанд, ноил шудан ба ин ҳадаф ба мушкили чиддй ру ба ру хоҳад шуд.Ин мавзуъ сарнавишти ҳузури Русияро рақам хоҳад зад.Зеро яке аз ҳадафхои Русия дар Осиёи Марказй, табдил шудан (ё вонамуд кардани худ)ба неруи бетараф дар ҳалли мушкилоти байни кишварҳои ин минтақа мебошад.

Зарурати инсичом ва хамгаройи миёни кишвархои форсизабон

Музокироти бе натичаи Тошканд ва ошкор шудани баҳонатаришиҳои Узбакистон
Бар хилофи интизорот ва пешгуиҳо, дар дидори Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ва Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар Тошканд тавофуқе дар чиҳати ҳалли масоили мавчуд миёни ду кишвари ҳамсоя, аз чумла тавакқуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ҳосил нашуд.Тарафи Узбакистон дар идомаи мухолифатҳои худ ба сохти неругоҳи Роғун, эълом кард вагонҳои дорои тачҳизот ва масолеҳи сохтмонй барои ин неругоҳ ҳамчунон ичозаи гузаштан ба Точикистонро нахоҳанд дошт. Бар асоси гузоришҳои мунташира дар бораи натичахои дидори Раҳмон ва Каримов, Узбакистон ба зудй ба вагонҳои Точикистон, ки нисбате ба неругоҳи Роғун надоранд, ичозаи ҳаракат хоҳад дод.
Ҳамин тавр Тошканд бо ин иқдоми худ нишон дод, ки мухолифатҳояш ба сохти неругоҳи Роғун чиддитар аз он чй ҳаст, ки дар Точикистон тасаввур мекунанд. Давлати Ислом Каримов бо истифодаи моҳирона аз шароити кунунии чаҳон ва минтақа, ки ниёзи қудратҳои Шарқу Ғарбро ба ҳамкориҳои Узбакистон беш аз ҳар замони дигаре афзоиш дода, мавқеияти чуғрофй ва вучуди манобеи нафту гоз, чойгоҳ ва аҳамияти ин кишварро дар ичрои барномаҳои қудратҳои хозир дар Осиёи Марказй,ба таври бесобиқае боло бурдааст,барномахои худро пайгирй мекунад.Чунин вазъияте қудратҳои мазкурро дар мавқеияти ниёзмандй қарор дода,ононро ночор ба чашмпушй дар қиболи тамоми амалкардҳои хилофи қавонин ва муқаррароти байналмилалии давлати Тошканд намудааст. Ва ин шароит Узбакистонро дар анчоми рафторҳои зиддибашарй нисбат ба Точикистон, густохтар кардааст.

Узбакистон дусти Точикистон аст?

Нигоҳе ба раванди равобити Узбакистон бо Точикистон баъд аз касби истиқлоли ин ду кишвар, байнгар аз он аст, ки Тошканд ҳамвора талош кардааст ҳамсояи худро дар вобастагй нигоҳ дорад, то битавонад хостаҳои худро таҳмил кунад.Чанги таҳмилии панчсола дар Точикистон ва таҳаввулоти марбут ба он ба вузуҳ нишон медиҳад, ки Узбакистон ҳаргиз дар мавзеи холисона ва бетарафона амал накарда, балки талош кардааст бо истифода аз фурсат барномаҳои худро дар Точикистон пеш барад. Дар шароите ки тамоми кишварҳои минтақа бо мизбонй аз мулоқоти тарафҳои он замон рақиби точик, саъй доштанд ба чанги шаҳрвандй дар Точикистон ҳарчй зудтар хотима диҳанд, Узбакистон ҳеч гоҳ ҳозир нашуд мизбони музокироти сулҳи точикон бошад. Ба илова дар музокироти сулҳи точикон давлати Тошканд ё ширкат надошт ва ё давлатмардони камсалоҳияти худро мефиристод. Сарфи назар аз ин Точикистон ҳамеша манфиатҳои Узбакистонро дар назар мегирифт. Ҳатто дар шароити барои худ душвор садди роҳи мухолифони мусаллаҳи давлати Каримов мешуд ва аз нуфузи онҳо ба қаламрави Узбакистон пешгирй мекард ва дар ин роҳ садҳо тан аз чавонони точикро қурбон кардааст.

Роғун ташаббуси Узбакистон ва барои Узбакистон аст

Бо чунин руйкарде метавон гуфт, ки неругоҳи Роғун фақат як баҳона барои Узбакистон аст, то барномаҳои худ дар ростои монеътарошй дар роҳи тараққию пешрафти Точикистонро амалй кунад. Нигоҳе гузаро ба таърихи тарҳи неругоҳи Роғун тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Сохтани ин тарҳ дар солҳои 70 қарни гузашта оғоз шуд, аммо дар пайи мухолифатҳои рушанфикрони точик корҳои сохтмонй ду бор мутаваққиф шуданд.Узбакистон ба унвони муаллиф ва ташаббускори аслии тарҳи Роғун, бар сохтани он исрор мекард, зеро мехост бо густариши заминҳои кишоварзй истеҳсоли пахтаро аз 5 миллион тон ба 9 миллион тон дар сол афзоиш диҳад. Бо дахолатҳои мустақими Узбакистон анчумани 24 ҳизби камунисти Иттиҳоди Шуравй, бо беэътинойи ба мухолифатҳои Точикистон, тарҳи сохтани неругоҳи Роғунро ба тасвиб расонд. Аз ин ру агар имруз тарҳи Роғун намебуд, Узбакистон бо ба миён кашидани фаъолияти корхонаи алюмини точик, ҳамин кореро мекард, ки бо баҳонаи сохтани неругоҳи Роғун мекунад.

Муҳосираи иқтисодй ба фоидаи Точикистон аст

Таърихи башарият саршор аз руйдодҳоест, ки байнгар аз ба кор гирии муҳосираи иқтисодй дар равобити давлатҳо мебошад.Дар аксари ҳолатҳо ин иқдомҳои ба зоҳир танбеҳй, ба нафъи миллатҳои мазлум тамом шудаанд. Имруз низ шоҳиди он ҳастем, ки муҳосираи иқтисодй ва иртиботии Точикистон тавассути Узбакистон дар ҳоли кор кардан ба нафъи миллати точик мебошад.
Дар пайи амалкарди мақомоти узбак, барои масъулони точик имкон фароҳам омад, ки дустро аз душман фарқ кунанд. Аз чумла рушан шуд, ки Русия чун ҳама қудратҳои султаталаб ва судчу шарики стротегй надорад, балкй манофеи стротегй дорад ва бар асоси ҳамин манофеъ шарикони худро барои марҳалаҳои мушаххас интихоб ва иваз мекунад. Ҳамчунин ба баракати иқдомоти қонуншиканонаи давлати Тошканд, чеҳраи воқейии кишварҳои муддайии демократия ва ҳомиёни ҳуқуқи башар бармало шуд. Ба хотири манофеи худ, ҳеч як аз кишварҳои ғарбй, ки ҳадафи аслии ҳузури худ дар минтақаро барқарории демократия ва озодиҳои шаҳрвандй эълом карданд, ҳозир нашуданд ба шикоятҳои Точикистон дар қиболи беадолатиҳои Узбакистон, расидагй кунанд. Ниҳодҳои байналмилалии вобаста ба ин қудратҳо низ бо ба бозй гирифтани сарнавишти миллати точик, дар баробари иқдомоти зиддибашарии Узбакистон чашмпушй карданд.

Чумхурии Исломии Эрон дусти Точикистон

Ҳамзамон бо ин ҳама, Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар дуст ва бародари воқеъйии давлату миллати Точик будани худро ба намоиш гузошт.Фишорҳои Тошканд давлати Душанберо водор намуд, ки бо диди бозтар ба равобит бо Чумҳурии Исломии Эрон нигоҳ кунад. Ин воқеият ғайриқобили инкор аст, ки бо дахолатҳои мустақим ва ғайримустақими кишварҳои бадхоҳ, мақомоти точик то солҳои ахир алоқаи чандоне ба густариши равобит бо Теҳрон надоштанд. Онон ба андешаи он ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти неруҳои исломгаро хоҳад шуд, бо ҳар баҳонае аз Теҳрон фосила мегирифтанд ва фақат дар ҳолатҳои ичборй ба истиқболи Эрон мерафтанд. Аммо Чумҳурии Исломии Эрон собит намуд, ки ҳеч дахолате дар умури дохилии Точикистон надорад ва дар ин кишвар ҳадафе чуз кумак ба пешрафту таолии давлату миллати точик надорад. Акнун дар Душанбе беш аз ҳар замони дигаре зарурати иттиҳоди се кишвари форсизабонро дарк карданд. Тасвиби таҳримҳои ноодилона дар Созмони милали муттаҳид алайҳи барномаҳои сулҳомези атомии Чумҳурии Исломии Эрон ва иқдоми Амрико барои музокира бо гуруҳи ифротии толибон дар Афғонистон, ҳамчунин муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон собит намуд, ки имруз душманони фарҳангу тамаддуни форсизабонон дар саросари чаҳон сафарбар шудаанд, то монеъ аз ҳамгаройии ин се кишвар шаванд.

Зарурати бознигарй дар дипломатия

Тачрибаи беш аз сисолаи Чумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳад, ки миллати ғаюри Эрон чй гуна аз таҳримҳо ва муҳосираҳои иқтисодии душманон истифода кард ва бо фаъол кардани зарфияту имкониятҳои бумй, ба тадрич дар тамоми заминаҳои сиёсй, иқтисодй, ичтимой ва фарҳангй ба худкафойи даст ёфт.Аз ин ру ҳамон гуна ки бо кумаки Эрон тунели Истиқлол ба баҳрабардорй расид ва роҳи заминй миёни марказ ва шимоли Точикистон сохта шуд, он руз дер нест, ки се кишвари форсигу дар муқобила бо иқдомоти душманон, неругоҳҳои азим дар Точикистонро такмил ва роҳҳои оҳани худро низ пайваст хоҳанд кард.Бо таваччуҳ ба тавони фаннй ва муҳандисии мавчуд дар Эрони исломй, ичрои чунин барномаҳо кори душворе нахоҳад буд.
Дар шароити кунунии чаҳон ва минтақа ба умеди кумаки кишварҳое назири Русия ва ниҳодҳои байналмилалие ҳамчун Созмони милал, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкории Шангхай ва амсоли инҳо шудан, чуз талафи вақт ҳосили дигаре барои Точикистон нахоҳад дошт.Аз ин ру Точикистонро зарур аст бо тақвияти дастгоҳи дипломатии худ ва бознигарии чиддй дар равобити хоричй, зимни авлавият додан ба густариши ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо бо Чумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои дуст, тарҳҳои миллии худро масъулона пайгирй кунад.Акнун фурсати он расидааст, ки масъулони давлати Душанбе дар тамоми радаҳо манофеи миллй ва давлатиро дар авлавият қарор дода, ба фикри инсичом ва иттиҳоди миллй бошанд. Истифода аз тачрибиёти Чумҳурии Исломии Эрон беҳтарин роҳкор дар ин замина мебошад.

Защищено: Сиёсатҳои Маскaв — Тошканд дар Қирғизистон

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Нигохе ба натичахои конфронси байналмилалии «Об барои хаёт»

Дар шаҳри Душанбе рузи 10 июн конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» бо тасвиби баёния ба кори худ поён дод.Ин конфронс дар чорчуби барномаи Созмони миллали муттаҳид таҳти унвони даҳсолаи оби солим, бо ибтикори муштараки Точикистон ва Созмони миллал ба муддати ду руз ва бо ширкати намояндагон аз 70 кишвари дунё, 20 ниҳоди марбут ба СММ ва 65 созмону муассисаи байналмилалй баргузор гардид. Баррасии фаъолиятҳои анчомшуда дар ростои ичрои барномаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015),арзёбии иқдомоти анчомшуда дар чиҳати ичрои ухдадорихо дар масъалахоимарбут ба об, аз чумлаи хадафхои аслии баргузории конфронси мазкур буд.
Дар санади ниҳойии конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» аз чумла таъкид шудааст, ки об яке аз воситахои истехсоли энержии барқ маҳсуб мешавад ва энержии барқ барои интиқоли об ба манотиқи зарурй истифода мешавад. Аз ин ру ин ду иртиботи чудоношуданй доранд. Ҳамчунин таъкид бар он шудааст, ки об неъмати бебаҳо аст ва истифодаи беравия аз он метавонад башариятро дар ояндаи на чандон дур ба мушкилоти фаровоне ру ба ру кунад.Аз ин ру шароити кунунии чаҳон тақозо мекунад, ки дар баҳрабардорй аз манобеи обй, аз беҳтарин ва пешрафтатарин фановариҳои руз кор гирифта шуда,ба ҳеч вачҳ набояд сабабгори исрофи об шуд.Расидагй ба масоили об ниёзманди роҳкорҳои бумй, минтақайи ва байналмилалй аст, то дар ин замина беҳтарин шеваҳои мумкин шиносой ва ироа шаванд.Об аз чойгоҳи вижае дар раванди дастёбй ба хадафхои ҳазораи рушд бархурдор аст. Санади мазкур ба 65 умин ичлосияи Мачмаи умумии Созмони милали муттаҳид ироа хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки соли 2003 бо пешниҳоди Точикистон соли байналмилалии оби солим ва солҳои 2005 — 2015 ба унвони даҳсолаи байналмилалии Об барои ҳаёт дар Мачмаи умумии Созмони милали муттаҳид ба тасвиб расид.
Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар суханони худ бо ишора ба вучуди манобеи фаровони об дар Осиёи Марказй гуфт, агар аз ин захоир оқилона ва одилона истифода нашавад, кишварҳои минтақа ба таври чиддй ба мушкили камбуди об гирифтор хоҳанд шуд.Вай бо ибрози таассуф афзуд, бархе кишварҳо далелхоро баръакс нишон медиҳанд ва хакикатро таҳриф мекунанд, ки ин боиси ташаннуч дар равобити байни кишварҳои минтақа шудааст. Суханони Раҳмон дар ҳоле баён шуданд, ки маҳз ҳамин мавзуъ, яъне баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа равобит миёни ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Узбакистонро ба буҳрони чиддй мувочеҳ кардааст.Ин буҳрон ба ҳадде печида шудааст, ки ҳатто Созмони миллали муттаҳид дар расидагй ба ин масъала очиз воқеъ шудааст.Бо баёни дигар, сохтани неругоҳи Роғун дар Точикистон мухолифатҳои шадиди Узбакистонро барангехтааст, ба гунае ки давлати Тошканд даст ба он чи ки муҳосираи иқтисодии Точикистон тавсиф мешавад, задааст. Дар чорчуби ҳамин иқдом Узбакистон беш аз ду ҳазор вагони дорои коло ва тачҳизоти мухталиф ба Точикистонро дар қаламрави худ мутавқиф кардааст.Ин амали хилофи меъёрҳо ва муқаррароти байналмилалй, ки аз се моҳи қабл оғоз шуд, ба иқтисоди Точикистон садҳо милён доллар зарару аиён ворид намуда, умури сохтмонй дар тарҳҳои муҳим, назири неругоҳи Сангтуда-2-ро ба мушкили чиддй мувочеҳ кардааст. Ҳамчунин, қимати маводи ғизойи ва сузишворй дар вилояти Хатлон ва дигар манотиқи Точикистон боло рафта, зиндагии мардум дастхуши масоили зиёде шудааст.Дархосту хоҳишҳои Душанбе барои аз саргирии ҳаракати вагонҳояш роҳ ба чое набурда, норизоятии мардуми Точикистонро аз амалкарди кишвари ҳамсоя доман зад.Тошканд гоҳе харобии роҳ ва гоҳе тарофики мавчуд дар трозинтро ба унвони баҳона пеш овардааст.Дар чунин шароите интизор мерафт конфронси Душанбе фурсати хубе барои ҳаллу фасли ин масъала бошад, аммо суханони Галина Саидова, маовини аввали вазири иқтисоди Узбакистон, ки такрори ҳамон мухолифатҳои Тошканд ба сохтани неругоҳи Роғун буд, умедҳо дар ин заминаро бар бод дод. Ин мақоми узбак бо матраҳ кардани иддаоҳои қаблии масъулони Тошканд, гуфт сохтани садд бо баландии 350 метр дар минтақаи зилзилахез ва бар асоси тарҳҳои замони Шуравй, фочеахои ғайриқобили пешбинй ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Вай бо ироаи иддаоҳои такрорй, талош кард ширкаткунандагони конфронсро ба дурустии дидгоххои Тошканд мутақоид кунад.Саидова дар суханони ба зоҳир дилсузона гуфт, мо салоҳи Точикистонро мехоҳем ва точику узбак як халк ҳастанд, ки бо ду забон гуфтугу мекунанд.
Дар посух ба иддаоҳои мақоми узбак Гул Шералй, вазири энержй ва саноати Точикистон иброз дошт, ки дар айни ҳол Точикистон дар ҳамкорй бо Бонки чаҳонй мавзуи баррасии тарҳи Роғун тавассути коршиносони байналмилалиро пайгирй мекунад ва мо дар такмили тарҳи Роғун манфиатхои кишварҳои ҳамсояро дар назар хохем гирифт. Коршиносон ва таҳлилгарон дар арзёбиҳои худ аз натоичи конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт», дидигоҳҳои гуногуне баён карданд. Иддае ба намоишй будани ин нишаст ишора кардаанд, ки дар чорчуби ҳамоишҳои ба ин монанди Созмони милали муттаҳид доир шуд ва санадхои он барои ҳеч кишвар ё ниҳоде лозим-ул-ичро нест. Гуруҳе дигар аз коршиносон нишасти Душанберо фурсате барои маҳак задани зарфият ва имкониятҳои гидроэнергетикии Точикистон тавсиф карданд, ки масъулони точик то ҳадде аз он истифода карданд.Ҳамзамон бо ин дидгоҳҳо ба назар мерасад, ки нишасти Душанбе бори дигар ба кишварҳои дахлдор ва ниҳодҳои марбутаи байналмилалй чиддй будани буҳрони об дар Осиёи Марказиро ба намоиш гузошт.Ин конфронс собит кард, ки масъала фақат ба сохтани неругоҳҳо хатм намешавад, балки амалкарди Узбакистон дар муҳосираи иқтисодии Точикистон ва афзоиши норизоятй дар чомеаи точик, дар ҳоли харакат додани минтақа ба самти як буҳрони чиддй аст. Ин конфронс собит намуд, ки аз ҳоло бояд буҳрони об ва пайомадҳои онро чиддй гирифт, то аз вукуи буҳронҳои чиддитаре дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй пешгирй ба амал ояд.

Мушкилоти хамгаройи дар Осиёи Марказй


Дар шароите, ки Осиёи Марказй ба далелҳои мухталиф ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст ва кишварҳои ин минтақа дар сари дуроҳаи интихоби шарикони хеш қарор гирифтаанд, гуруҳе аз коршиносон бо ишора ба собиқаи равобит миёни ин кишварҳо ва Русия, интихоби Русияро ба унвони шарики муътамад дар ҳамаи заминаҳо, ба нафъи тамоми мардумони Осиёи Марказй арзёбй мекунанд.Ин даста аз коршиносон бо истинод ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба унвони вориси Иттиҳоди Шуравй, муътақиданд, раванди рушди иқтисодй ва таҳкими истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказй бештар ба меъёрҳо ва муқаррароти Федератсияи Русия ҳамхонй дорад, то муделҳои нашинохтаи Ғарб. Зеро системаи иқтисодии ин кишварҳо сарфи назар аз талошҳои раҳбарон ва масъулон, ҳамчунон вобастагиҳое аз иқтисоди Русия дорад, ин ҳосили мавчудияти беш аз 200 солаи ин минтақа дар қаламрави геополитикии Маскав мебошад. Маркази пажуҳишҳои институи байналмилали таҳқиқоти стритегии « Veсtor » воқеъ дар Маскав, дар таҳқиқоти ахиран анчомдодаи худ ба ҳамин мавзуъ таъкид карда, зуҳури давлатҳои мустақил дар Осиёи Марказиро ҳосили сиёсатҳои дустонаи Русия дар қиболи ин кишварҳо тавсиф кардааст.

Фурупошии Иттиҳоди Шуравй дар даҳҳаи 90 қарни гузашта, ҳамзамон бо ташкили кишварҳои мустақил дар Осиёи Мрказй, масоил ва мушкилотеро низ барои мардумони ин минтақа ба армуғон овард.Аслитарини ин мушкилот гусастани занчири равобити иқтисодй буд, ки ҳамчунон чойгузини муносибе пайдо накардааст.Бо ин ҳол сиёсатҳои маскавситезии бархе аз раҳбарони Осиёи Марказй, ки бархоста аз руйкарди комунистии Кремл ба ин кишварҳо тайи даврони Шуравй, ҳамчунин бими сарони ин кишварҳо аз гирифтории мучаддад ба Маскав мебошад, монеи чиддй дар роҳи наздикии дубора ба Русия қаламдод мешавад. Таҳқиқоти маркази «Veсtor» дар шароите мунташир шудааст, ки давлатҳои Осиёи Марказй тайи наздик ба ду даҳа мавчудияти мустақил, ҳамзамон бо мушкилоти фаровони иқтисодию ичтимои ва фарҳангй, бо мушкилоти тозае дар равобити байниҳам низ мувочеҳ шудаанд. Ҳамаи ин кишварҳо байни ҳам ба навъе мушкилот ё ихтилоф назар доранд, ки то ин дам ба таври мустақил натавонистаанд онҳоро ҳаллу фасл кунанд. Масоили марзй, вучуди ақалиятҳои миллй, истифодаҳои абзорй аз манобеи энержй,ва сохти тарҳҳои азими гидроэнергетикии аз ин чумлаанд, ки ҳар аз гоҳе равобити ҳамсоягонро ба чолиш мекашанд.Ин мушкилот ба навъе дар замони Шуравй низ вучуд доштанд, аммо дастгоҳҳои ҳокимаи муқтадири он абарқудрат имкони бурузи ононро дар равобити чумҳуриҳои ба истилоҳи он замон «бародар» намедод. Акнун, баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй ва дар пайи нотавонии Русия дар чиҳати расидагй ба ин мушкилот, давлатҳои Осиёи Марказй чашми умед ба миёнчигарии дигар кишварҳо духтаанд.Чин ба унвони қввалин қудрат дар даврони пасошуравй, бо дарки ин муҳим вориди амал шуд ва талош кард дар ин замина ибтикори амалро аз Русия гирад. Дар ҳамин росто Созмони ҳамкории Шонгхой шакл гирифт ва дар чорчуби ин созмон, ки бо мудириятии муштараки Чин ва Русия мечархад, бархе аз масъалаҳои марзии мавчуд миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказй ҳаллу фасл шуд. Акнун Чин дар идомаи ҳамин талошҳо, зимни мушорикат додани кишварҳои Осиёи Марказй дар тарҳҳои муштарак, саъй дорад як навъ ҳамгароийии ин кишварҳоро дар чорчуби манфиатҳои худ шакл диҳад.Бо эҳдоси хати лулаи интиқоли гази Осиёи Марказй ба Чин, Пекин тавонист сарони ду кишвари ба ҳам рақиби Узбакистон ва Туркманистонро то ҳадди қобили мулоҳизае ба ҳам наздик кунад.Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ва Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон як душмании шадид бо ҳам доштанд ва дар ҳеч аз як масоили минтақайи иштироки назар надоштанд. Ҳамин амр боиси ба бунбаст мувочеҳ шудани бисёре аз тарҳҳои минтақайи мегардид.Бо марги Туркманбошй як навъ нармиш дар рафтори сарони Тошканд ва Ашқобод дар қиболи ҳамдигар ба вучуд омад.Натича он буд, ки Узбакистон аз тарҳи сохти хати интиқоли гази Туркманистон ба Чин чонибдорй кард ва ба он ҳамроҳ шуд. Қобили зикр аст, ки Узбакистон бо доро будани захоири фаровони газ, дар сиёсатҳои Осиёи миёнайии Чин аз чойгоҳи вижае бархурдор аст.Аз ин чост, ки Пекин дар ростои дифоъ аз мавзеи Тошканд дар мавриди истифода аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ичрои қарордоди сохти неругоҳ дар рудхонаи Зарафшон дар Точикистонро ба ҳолати таълиқ даровард.Баровардҳои коршиносй нишон медиҳад, ки Қазоқистон ва Узбакистон бо дар ихтиёр доштани захоири фаровони энержй ва манобеи иштиғол метавонанд дар бозорҳои байналмилалии энержй нақшофаринй намоянд, албатта машрут ба он ки қудратҳое назири Чин чунин ичозаеро ба онон бидиҳанд.Ин мавзуъ барои Пекин аз аҳамияти волое бархурдор аст ва давлатмардони Чин дурнамои ҳузури худ дар Осиёи Марказиро дар наздикии бештар бо ин ду кишвар мебинанд. Бо ин ҳол рақобат миёни Тошканд ва Ашқобод дар бозори энержии Осиёи Марказй мавзуест, ки Чин ва дигар қудратҳои муддайии нуфуз дар ин минтақа, наметавонанд онро нодида гиранд. Дар ин росто Қурбонгулй Бердимауҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон ба шарофати равобити хубе, ки бо Нурсултон Назарбоев дорад, раиси чумҳури Қазоқистон дорад,тавонистааст Остона ба муттаҳиди худ дар тарҳҳои интиқоли энержии минтақа ба бозорҳои Аврупо табдил диҳад. Амре ки ба ҳеч вачҳ қобили қабули Каримов набудааст. Ҳамзамон бо ин изҳороти раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди ин ки ҳозир аст барои об ба кишварҳои «болодаст» пул пардохт кунад, хашми Каримовро барангехт. Рақобат ва ё ихтилофи назар миёни сарони Осиёи Марказй фақат дар равобити Тошканд — Ашқобод хулоса намешавад, Ислом Каримов бо сарони Қирғизистон ва Точикистон низ ихтилофи назарҳои чиддие дорад, ки рафъи онҳо ниёз ба гузаштҳо аз ҳамаи тарафҳоро дорад. Иёлоти муттаҳидаи Амрико низ бо роҳҳои мутафовуте дар садад аст мавозеи кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳам наздик намуда, барномаҳои худро дунбол кунад.Вашингтон низ дар ин росто бо мушкили мавзеъгириҳои навасони Ислом Каримов мувочеҳ аст ва талош намудааст вонамуд кунад, ки дар муодилоти Осиёи Марказй аз манофеи Тошканд ҳимоят мекунад.Давлатмардони Кохи сафед ҳамин рафтори худро дар қиболи ҳар як аз кишварҳои ин минтақа анчом дода, бо истифода аз қаламрави онҳо, аҳдофи роҳбурдии худро дар Афғонистон пай мегиранд. Ҳамин нақшро Иттиҳодияи Аврупо низ дар Осиёи Марказй ичро мекунад. Ҳарчанд қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказй дар сухан бар ҳамгаройи миёни кишварҳои ин минтақа таъкид мекунанд, аммо ба ҳеч вачҳ намехоҳанд мушкилоти фимобайни ин кишварҳо комилан рафъ шавад, зеро вучуди ин мушкилот абзорест, ки ин қудратҳо аз он ба нафъи худ истифода мекунанд.Аз ин ру танҳо роҳи расидагй ба мушкилоти ҳар минтақа эҳтимоми кишварҳои ҳамон минтақа аст.Умед ба миёнчигарии кишварҳои фароминтақайи заминаи ҳокимияти бегонагонро фароҳам намуда, истиқлоли кишварҳоро таҳти савол қарор хоҳад дод.Таърихи башар саршор аз тачрибаҳои талхе дар ин замина мебошад.

Хамлаи иктисодии Чин ба Осиёи Марказй


Ҳукумати Қазоқистон дар ҳоли баррасии тарҳе мебошад, ки бар асоси он мехоҳад даҳҳо ҳектор заминро ба манзури анчоми фаъолиятҳои кишоварзй ба Чин вогузор кунад.Ин тарҳ пешбинй мекунад, ки кишоварзони чинй дар ин заминҳо зироатҳои лубиёиро ба манзури истеҳсоли руғани растанй парвариш кунанд.Аммо ин иқдоми Остона вокунишҳои шадидеро дар чомеаи ин кишвар доман зад ва мухолифони тарҳи мазкур ибрози нигаронй карданд, ки сарозер шудани шаҳрвандони чинй ба Қазоқистон дар дарозмуддат истиқлолияти ин кишварро таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Воқеият он аст, ки Чин баъд аз фурупошии Шуравй бар асоси як барномаи роҳбурдй ҳамкориҳои худ бо кишварҳои Осиёи Марказиро шакл дод ва тайи 10-15 соли ахир ба таври қобили мулоҳизае арсаро барои рақибони аслии худ дар ин минтақа танг намуд. Дар пайи он чи ки таҳлилгарони ғарбй тачовузи иқтисодии Чин тавсиф мекунанд, чойгоҳи ин кишвар дар ҳаёти иқтисодии чумҳуриҳои Осиёи Марказй ба таври бесобиқае тавсаъа ёфта, бозорҳои ин кишварҳо пур аз маҳсулоти чинй шудааст. Дар моҳи декабри соли 2009, дар пайи ифтитоҳи хати лулаи интиқоли гози Туркманистон — Узбакистон — Қазоқистон — Чин, пирузии Пекин бар рақибонаш дар бозори энержии Осиёи Марказй рақам хурд ва марҳалаи чадиди ҳамкориҳо миёни ин кишвар ва Осиёи Марказй оғоз шуд. Акнун Чин қасд дорад бо сохтани роҳи оҳани Қирғизистон — Узбакистон — Туркманистон — Чин, ки роҳи оҳани Чумҳурии халки Чинро бо роҳҳои релии Эрон ва Туркия пайваст ва вуруди маҳсулоти ин кишвар ба бозорҳои Аврупои ғарбиро осон хоҳад намуд, заминаи сарозер шудани сармояи худ ва маҳсулоти тавлидкунандагони чинй ба минтақаи стротегии Осиёи Марказиро фароҳам намояд. Дар тавчеҳи ин тарҳ ва чалби ҳимояти кишварҳои Осиёи Марказй дар такмили он, вазири роҳи оҳани Чин таъкид кард, ки тарҳи мазкур мучиби рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказй шуда, ҳамгарои миёни ин кишварҳоро тақвият ва дастрасии ононро ба кишварҳои аврупойи осон хоҳад кард. Дар ростои такмили ин тарҳ Чин дар пайи он аст, онро дар чорчуби Созмони ҳамкории Шангҳой дунбол кунад.
Дар моҳи январи соли чории мелодй дар пайи сафари як ҳайати аршади Қирғизистон ба Пекин, дар раванди ҳамкориҳо миёни ду кишвари Қирғизистон ва Чин таҳаввули чадиде рух дод ва ду тараф дар мавриди бисёре аз масоил ба тавофуқоти созанда даст ёфтанд.Аз чумла дар чорчуби ин сафар тарҳи пайваст намудани роҳҳои оҳани ду кишвар қатъй шуд. Ҳамчунин дар ҳамин рузҳо буд, ки барои аввалин бор хабари эъломи тамоили Туркия ва Эрон чиҳати пайвастан ба роҳи оҳани чадид мунташир шуд.Мушкили мавчуд дар ин замина ба арзи хати роҳи оҳан дар ин кишварҳо бармегардад.Дар ҳоле ки роҳҳои оҳани Чин, Туркия ва Эрон бар асоси стандартҳои Аврупо 1435 миллиметр арз доранд, ин рақам дар Қирғизистон 1520 милллиметрро ташкил медиҳад.Роҳи оҳани Қирғизистон чун ҳамаи кишварҳои Шуравии собиқ бо ин вижагй аз дигар кишварҳо фарқ мекунад. Албатта ба чуз тарҳи мавриди назари Чин, дар Осиёи Марказй тарҳҳои дигаре низ дар ҳоли пайгирй ҳастанд. Тарҳо бонки осиёии рушд мавсум ба САRЕС, ки тавсаъаи роҳҳои иртиботй бо манотиқи ғарбии Чин, Русия, Узбакистон, Точикистон, Қирғизистон, Озарбойчон, Афғонистон ва Муғулистонро пешбинй мекунад, аз ин чумла мебошад.
Аз суи дигар Иттиҳодияи Аврупо аз соли 1990 дар пайи ичрои тарҳи ТРАСЕКА — коридори Осиёи Марказй ба Аврупо аст ва саъй дорад бо давр задани қаламрави Русия Осиёи Марказиро ба Аврупо васл намояд.Тавофуқнома дар ин замина соли 1998 дар Боку ба имзо расид.Қазоқистон, Қирғизистон, Точикистон, Узбакистон, Туркманистон,Озарбойчон, Арманистон, Гурчистон, Украина, Муғулистон, Молдова, Булғористон, Румонй ва Туркия кишварҳои ҳозир дар ин тарҳ мебошанд, аммо мушкилоти чуғрофиёи ичрои онро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.Ҳамчунин, Русия ва Чин дар ҳамкорй бо Қазоқистон тарҳи интиқоли коло аз Чин ба Аврупо тавассути қаламрави Русияро дар ҳоли пайгирй мебошанд.Ба илова, тарҳи дигаре бо номи коридори «Шимол — Чануб», ки моҳи сентябри соли 2000 тавассути Русия, Эрон ва Ҳиндустон ба имзо расид ва баъдан Белорус, Қазоқистон, Точикистон, Озарбойчон, Арманистон, Қирғизистон, Украина, Булғористон, Туркия, Уммон ва Сурия ба он пайвастанд, дар ҳоли пайгирй мебошад.Бо ин ҳол Чин қасд дорад ба унвони алтернотиф ва дар ростои эҳёи чодаи Абрешим тарҳҳои мавриди назари худ дар Осиёи Марказиро амалй намояд.
Имруз Чин беш аз ҳар кишвари дигаре дар Осиёи Марказй дар Точикистон фаъол аст ва тарҳҳои азими иртиботй дар ин кишварро дар марҳалаи ичро гузошта аст. Ҳамчунин мубодилоти тичорй миёни ду кишвар дар ҳоли густариш аст, ба гунае ки Чин дар соли 2009 дар ин замина аз Русия пешй гирифт ва ба рақами рекордии 1,5 миллиард доллар расид. Сохтани роҳҳо ва неругоҳҳо, сармоягузориҳои калони иқтисодй ва додани қарзҳои азим, аз дигар мавориди ҳамкориҳои ру ба рушд миёни Точикистон ва Чин мебошанд.Ин ҳама дар ҳолест, ки ба эътиқоди соҳибназарони точик, идомаи ин раванд ва бетаваччуҳии давлати Душанбе ба пайомадҳои он, дар дарозмуддат истиқлолияти Точикистонро ба хатари чиддй мувочеҳ хоҳад кард.
Дар Узбакистон низ Чин барномаҳоеро дунбол мекунад ва сарфи назар аз он ки давлати Ислом Каримов бо Кореяи Чанубй ба унвони шарики аслии худ, бештар таваччуҳ дорад, аммо Пекин дар чорчуби Созмони ҳамкории Шонгҳой ва ҳамчунин дар ростои эҳёи чодаи абрешим, дар қиболи ин кишвар низ барномаҳоеро дар назар дорад.
Ин ҳама таҳаррукоти Чин дар Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки дар оянда фазои сиёсии ин минтақаи стротегй дастхуши таҳаввулоти азиме хоҳад шуд ва тағйирот дар сиёсатҳои хоричии давлатҳои Осиёи Марказй бо афзоиши раванди тамоилоти онҳо аз Русия ба самти Чин, аз ин чумла хоҳад буд.Бо таваччуҳ ба ин ки баъд аз Амрико Чин дар ҳоли табдил шудан ба дуввумин абарқудрати чаҳонй аст, муқобила дар қиболи барномаҳои он коре нест, ки аз дасти давлатҳои кучаки Осиёи Марказй сохта бошад. Аз ин ру чавомеи ин кишварҳо бо дарки чунин таҳдидоте аз ҳоло садои эътироз баланд кардаанд, то шояд битавонанд пеши роҳи он чиро ки тачовузи хазандаи Чин ба кишварашон меноманд, бигиранд.Эътирози мардуми қазоқ ба сиёсатҳои Чин дар кишварашон аз ҳамин зовия қобили арзёбй ва таамул мабошад.