Терори устод Раббонй ва зарурати ҳамгаройии точикон

Террори устод Раббонй ҳамзамон бо ин ки қалбҳои миллионҳо инсони бедордил ва адолатхоҳ, ба вижа миллати точикро дар саросари чаҳон ғарқ дар мотам кард, раванди сулҳи Афғонистонро ба хатари чиддй мувочеҳ намуд. Толибон бо ин иқдоми дадманишонаи худ, ки дақиқан такрори сенариёи террори Аҳмадшоҳ Масъуд буд, нишон дод, ки ҳаргиз наомадааст сухан аз сулҳу ваҳдат бигуяд, балкй гуруҳест ба дур аз ҳама фарҳангу тамаддун ва ойину мазҳаб ва омадааст: аввалан Исломро бадном кунад; сониян нооромй ва нифоқро, ки хостаи хочагони ғарбиаш ҳаст, дар Афғонистон ва минтақа доман бизанад.Ҳамон гуна ки аз шеваи хуручи неруҳои ғарбй аз минтақа ва  дигар кишварҳои таҳти тасарруфашон бармеояд, доман задан ба хушунатҳои қавмй аслитарин шигардест, ки дар мустамликадории навин ҳамеша мавриди истифода будааст.Имруз ҳамон англо-саксҳое, ки то миёнаҳои қарни 20 кишварҳоро ишғол ва миллатҳоро қатлиом ва ғорат мекарданд, акнун ин корро ба усулҳои мудерн, аз тариқи созмону ниҳодҳои дастнишондаи худ ва бо баҳонаҳои «мубориза бо тероризн», «таъмини демократия», «ҳимоят аз ҳуқуқи башар» ва амсоли ин анчом медиҳанд.Як бор аз худ савол накардаед,:»Оё барои англис хеле муҳим аст, ки миллиардҳо доллар харч кунад ва аз он тарафи обҳо биёяд то амнияти афғонҳоро ё ироқиҳоро таъмин кунад?»Оё ақли солим ба ҳамчунин коре бовар мекунад?Дар тули таърих ҳамеша англо-саксонҳо ба дунболи сарват ва боигарии дигар миллатҳо будаанд.Дар Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин, ҳар кучо ки нишоне аз тилло буда, англо-саксонҳо ончо пайдо шуданд ва шуруъ ба ғорат кардаанд.Ҳамин ҳирси тилло ва сарват онҳоро ба Амрикои шимолй бурд ва бо қатлиоми мардуми бумй, ки онҳоро «сурхпустон» мегуфтанд, давлате бо номи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ташкил карданд ва имруз ин ду бародар — Амрико ва Инглис ба иттифоқи сионизми чаҳонй дар дунё ҳукумат ва кишварҳоро истисмор мекунанд.Террори устод Раббонй нишон дод, ки ишғолгарони Афғонистон ҳаргиз ба фикри сулҳу оромиш дар ин кишвар нестанд, зеро ба хубй медонанд, ки агар суботу оромиш дар минтақа барқарор шавад, дигар ниёзе ба ҳузури ин ишғолгарон намемонад.Аз ин ру бузургтарин чеҳраи сулҳофари Афғонистон — устод Раббониро ба шаҳодат расонданд, то бо доман задан ба низоъҳои қавмй, дар оби гилолуд моҳй сайд кунанд.

 Имруз онҳое ки мегуянд «марги Раббонй таъсире дар раванди сулҳи Афғонистон нахоҳад дошт», сахт иштибоҳ мекунанд, зеро дар асл устод Раббонй буд, ки ин равандро чон дамид ва шахсияти у сутунмуҳраи чараёни сулҳи Афғонистон буд.Акнун чои шаке нест, ки дубора сари мизи музокира овардани чиноҳҳои Афғонистон бо намояндагони толибон, коре сахт ва душвор хоҳад буд.Дар ҳақиқат раванди сулҳи Афғонистон, ки шабеҳи кучаи ҳаракати яктарафа буд, дар замони раёсати устод Раббонй дар Шурои миллии сулҳи Афғонистон, ба хиёбони сертараддуд барои ташхиси масирҳо табдил шуд.Инак терори устод Раббонй собит кард, ки на толибон ва на Ғарб, ки ҳарду дар асл як неру маҳсуб мешаванд, ҳеч гоҳ ба дунболи сулҳ дар Афғонистон набуданд ва нестанд.Ғарб бо харчи миллиардҳо доллар ба он хотир ба Афғонистон лашкар кашид, ки рақибони аслии худ дар арсаи чаҳон — Чин, Русия, Иронро аз наздик таҳти назорат дошта бошад ва заминаи заъиф кардани ин қудратҳои дар ҳоли зуҳурро муҳайё кунад.Аз ин ру идомаи чангу хунрезй дар минтақа беҳтарин фурсат барои ин ҳузур ва амалй кардани ин ҳадаф аст.Ҳамон гуна ки Чонон Мусозай, намояндаи вазорати хоричаи Афғонистон дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид кард, «ин нахустин ва охирин куштори мақомоти олирутба нест» ва ғарбиҳо аз тариқи дастнишондаҳои худ силсилаи терорҳоро идома хоҳанд дод, то адовати душманй миёни қавму миллатҳои муқими Афғонистон амиқтар шавад. Ин ҳодисаи асафбори таърихи муосири Афғонистон, об ба осиёби онҳое мерезад, ки мухолифи сарсахти раванди сулҳ ҳастанд.

 Бисёриҳо бар ин боваранд, ки марги устод Раббонй ба дигар раванди дохилии Афғонистон — иттиҳоду инсичоми точикони муқими ин сарзамин, ки беш аз 8 миллион нафарро ташкил медиҳанд, низ таъсири манфй хоҳад расонд.Ин дидгоҳ то ҳадди зиёде чон дорад, зеро устод Раббонй буд, ки ихтилофоти мавчуд миёни раҳбарони точикро дар Афғонистон ҳамеша саркуб кард ва тавонист нақши раҳбариро бо афзал шумурдани манфиатҳои миллй, ичро кунад.Ҳамчунин Эътилофи шимол бидуни устод Раббонй ба як сохтори бе руҳ табдил хоҳад шуд.Бисёриҳо дар Афғонистон бар ин боваранд, ки терори устоди Раббонй, идомаи силсила терорҳоест, ки дар ростои аз миён бардоштани пешвоёни миллати точик дар ин кишвар анчом мегирад.Ин дидгоҳро дар хорич аз Афғонистон низ тасдиқ мекунанд ва ин ҳақиқат аст! Бисёриҳо дар минтақа ҳамбастагию ҳамгаройи миёни Точикистон, Афғонистон ва Эронро бар хилофи манфиъатҳои худ мебинанд, аз ин ру бо ҳар роҳи мумкин талош мекунанд, пеши роҳи ин ҳамгаройиро бигиранд.

 Дар бораи фармоишгарон ва ичрокунадагони терори Устод Раббонй дидгоҳҳо ва тахмину гумонҳо зиёданд, аммо ин нукта ғайриқобили инкор аст, ки ҳар кй ҳастанд ва ҳар кучо ҳастанд нахуст душманони иттиҳоди мардуми Афғонистон ҳастанд, дуввуми бадхоҳони миллати точик мебошанд, ки давлати точикон ва вучуди ин миллатро устухоне дар гулуи худ таъбир мекунанд.

  Бо кушта шудани Устод Раббонй, акнун мавчи нооромиҳо ба қаламрави точикон ҳаракат хоҳад кард ва аз эҳтимол дур нест, ки Точикистон ба саҳнаи нооромиҳо табдил шавад.Акнун барои Ғарб беҳтарин фурсат фароҳам шудааст, то пойи касифи худро аз сарзамини Афғонистон берун кашад ва назорагари ҳамдигракушй дар ин кишвар бошад, зеро донаи кинаву нифоқ пошида шуд ва ташдиди низоъи қавмй амре ногузир дар ин марзу бум хоҳд буд.

 Дар ин чо дигар мавзуе ки чалби таваччуҳ мекунад, вучуди ихтилофи назар дар миёни шахсиятҳои точик дар Афғонистон аст.Дар ин фароянд масъулияти бисёр муҳиме ба души Точикстон — Ватани миллати точик аст.Дар солҳои чанги таҳмилии шаҳрвандй дар Точикистон раҳбарони точики Афғонистон, ба хусус шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва шаҳид устод Раббонй талоши зиёде барои ҳалли ихтилофи мавчуд дар миёни тарафҳои ба ҳам рақиби Точикистон ба харч доданд.Имруз фурсате пеш омадааст, ки Точикистон вориди амал шавад ва тамоми талоши худро барои иттиҳоду инсичом миёни точикони Афғонистон ба кор гирад. Чунин кореро ояндаи давлат ва миллати точик тақозо мекунад, зеро аз ин тариқ ҳамгаройи миёни миллати точик беш аз пеш густариш меёбад ва аз дигар су пеши роҳи нуфузи гуруҳҳои ифротй аз хорич ба Точикистон гирифта хоҳад шуд.Акнун фурсати он аст, ки Анчумани байналмилаллии точикон аз як ниҳоди ташрифотй ба як созмони фаъоли байналмилалй табдил шавад ва дар им амр бояд Точикистон ибтикори амал, яъне ташаббусро дар даст дошта бошад.

Иттиҳоди давлатҳои мустақил ё муштаракулманофеъ?

Рузи 21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алмато, пойтахти вақти Қазоқистон сарони 11 кишвари тозаистиқлол ёфта аз Шуравй(ба истиснои се чумҳурии назди Балтик ва Гурчистон), протоколи таъсиси ниҳоди чадид — Иттиҳоди давлатҳои мусстақилро имзо карданд.Ба ҳамин тартиб баъди 69 сол мавчудият, умри императории кумунистй ба поён расид ва абарқудрате ба номи Иттиҳоди чамоҳири шуравии сотсиалистй ба таърих пайваст.

Дар протоколи мазкур аз чумла тазаккур дода шудааст, ки ҳамаи аъзо аз ҳуқуқ ва салоҳиятҳои мусовй бархурдор ҳастанд.Дар банди 3 қарордоди ташкили Иттиҳоди давлатҳои мустақил таъкид шуда, ки аъзои Иттиҳод бо ворид кардани тағйир дар қонунҳои марбутаи худ, воҳидҳои артиши Шуравии воқеъ дар кишварҳояшонро ба артиши миллии худ пайваст кунанд ва ин артишҳо ба таври муштарак аз суботу амнияти қаламрави Иттиҳод ҳифозат хоҳанд кард.Ойинномаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил 22 январи соли 1993 тавсиб шуд, аммо то ҳануз Украина ин ойинномаро имзо накардааст ва узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди мазкур бар асоси санаде аст, ки миёни ин кишвар, Русия ва Белорус дар таърихи 8 декабри соли 1991 дар қароргоҳи ҳукумати чумҳурии Белорус, дар вилояти Брести ин кишвар, ба имзо расида буд. Дар соли 1993 Гурчистон низ ба ин Иттиҳод пайваст, аммо дар соли 2009 дар пайи даргирии мусаллаҳона бо Русия, ин иттиҳодро тарк кард ва дар айни ҳол Иттиҳоди давлатҳои мустақил 11 узв дорад.
Инак аз таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақил 19 сол сипарй мешавад ва тайи ин муддат ин ниҳод дастхуши мушкилоту масоили зиёде буд.Дар ибтидои зуҳури Иттиҳоди мазкур, интизороти аъзо аз фаъолиятҳо ва дар кулл фалсафаи вучуди он мутафовут буданд.Русия ба унвони ташаббускори аслй бар он буд, ки тасаллути Маскав бар чумҳуриҳои қаламрави императории собиқро тавассути ин ниҳод ҳифз кунад ва набзи фаъолиятҳо дар тамомии бахшҳо дар ин минтақаи бузургро дар ихтиёр дошта бошад.Кишварҳое мисли Украина ва Белорус, ки дар баробари Русия худро аз ҳеч чизе кам намедиданд, ин интизорро доштанд, дар қолаби ин иттиҳод истиқлоли амали бештаре касб ва битавонанд яккатозиҳои Маскав дар ин заминаро камранг кунанд.Ба илова, Киев ва Минск, ки дар замони Шуравй низ танҳо чумҳуриҳое буданд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид намоянда ва ҳаққи раъй доштанд, мехостанд чойгоҳи мустақили худ дар Аврупойи шарқиро касб ва сиёсатҳои мустақилтаре аз Маскавро дунбол кунанд ва ҳатто дар ростои расидан ба ҳадафҳои худ, ба унвони рақиби Русия дар саҳна ҳозир шаванд.Чумҳуриҳои Қафқоз саъй бар он доштанд, бо камранг кардани чойгоҳ ва нуфузи Русия дар қаламрави худ, сиёсате комилан мустақил дошта бошанд, ба баёни дигар сарнавишти худро худ таъйин кунанд. Чунин талошҳое дар Осиёи Марказй низ чой дошт ва кишварҳои ин минтақа истиқлоли воқеи аз Маскавро дар садри сиёсатҳои худ қарор дода буданд, аммо чунин руйкарде дар Қирғизистон, Туркманистон ва Точикистон хеле эҳтиёткорона шакл мегирифт.Албатта Туркманистон бо эъломи бетарафй, як сиёсати комилан мутафовутеро дунбол мекард.Бо ин ҳол натичаи 19 сол мавчудияти Иттиҳоди давлатҳои мустақил собит мекунад, ки ин Иттиҳод натавонист ба унвони як ниҳоди таъсиргузор дар муодилоти минтақайи ва чаҳонй, шакл гирад.Ҳарчанд Русия талошҳои зиёде барои коройи кардани Иттиҳоди мазкур ба харч дод, аммо ин талошҳо тақрибан бе натича будаанд. Маскав аз абзорҳои мухталифе барои тақвияти равобити дарунсозмонй ва таҳкими ҳамгаройи дар миёни аъзо кор гирифт, вале набудани тамойили кишварҳо, ин талошҳоро нақш бар об кардааст.Аз суе, ҳарчанд бо пайравй аз мустамараҳои собиқи Англис, ниҳоди ба вучудомада баъд аз фурупошии Шуравиро «Чомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ» ё «Ҳамсуд» меноманд, аммо аввал ин ки ин тарчумаи нодурусти СНГ — Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст ва дуввум, ин кишварҳо бе ҳеч вачҳ манофеи муштарак надоштанд ва нахоҳанд дошт.Дар ҳоле ки Озарбойчон ва Арманистон барои Қарабоғи куҳй мечанганд, оё метавон онҳоро муштаракулманофеъ гуфт? Ё кишварҳои Осиёи Марказй дар баҳси манобеи обии ин минтақа, манфиатҳои муштаракро дунбол мекунанд? Бо ин ҳол Русия бо таъсиси зермачмуъаҳое назири Иттиҳоди гумрукй, Паймони амнияти чамъй, созмони ҳамкории Шонгҳой, саъй кардааст ба унвони бародари бузург раҳбарии худро дар Иттиҳоди мазкур бар дигарон таҳмил кунад.Вале бо вуруди Ғарб ба қаламрави Шуравии собиқ, аз Қафқоз то Осиёи Марказй ва басту густариши ҳамкориҳои ду ва чандчониба миёни кишварҳои ғарбй ва чумҳуриҳои Шуравии собиқ, таъсиргузории Маскав дар таҳаввулоти қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил беш аз ҳар замони дигаре заъиф шудааст ва ин раванд ҳамчунон идома дорад.Нотавонии ин ниҳод дар расидагй ба мушкилоти мавчуд дар равобити аъзо, тамоили масъулони кишварҳо барои ширкат дар барномаҳои онро коҳиш додааст.Бо таваччуҳ ба ин, Русия баъд аз он ки натавонист бо аҳрамҳои иқтисодй нуфузи худро дар қаламрави Шуравии собиқ ба таври лозим ҳифз кунад, бар он шуд, ки аз абзорҳои амниятй кор гирад.Ташдиди фаъолиятҳои гуруҳҳои тундрав дар Афғонистон ва фазосозй дар мавриди таҳдиди ин гуруҳҳо ба амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, фурсате ба вучуд овард, ки Маскав зарурати чойгиркунии пойгоҳҳои низомии худ дар Осиёи Марказй ва тақвияти ҳамкориҳои амниятии аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро бар шарикони худ илқо ва таҳмил кунад.Дар ҳамин росто Паймони амнияти чамъй шакл гирифт, ки таъсиси неруҳои вокуниши сареъ дар чорчуби ҳамин паймон, тасдиқе бар чиддияти Русия дар ин замина буд.Дар шароити кунунй Маскав бо ташдиди иқдомоти расонайи дар мавриди фаъолшавии ифротгароёни исломй, дар Осиёи Марказй, ба вижа дар водии Фарғона, бар он аст, ки барномаҳои амниятии худро ба кишварҳои минтақа таҳмил кунад ва бо аҳрамҳои амниятй — низомй нуфузи худро дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳифз кунад ва тавсаъа бахшад.Албатта бахши энержй аз дигар нигарониҳои Маскав дар идора кардани умури қаламрави пасошуравй аст, ки низ ҳамроҳ бо дастаи азиме аз масоил ва вижагиҳост. Аз чумлаи омилҳое ки монеъ аз мувафаққияти Русия дар пешбурди барномаҳояш дар дохили Иттиҳоди давлатҳои мустақил шуда, ташдиди рақобат миёни қудратҳои Ғарб ва Шарқ дар ин қаламрав мебошад.Ҳамин мавзуъ ва дар канори он коҳиши эътимоди кишварҳои узв ба садоқати Маскав дар пойбандй ба уҳдадориҳояш, фарзияҳоро дар мавриди фурупошии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, беш аз ҳар замони дигаре ба воқеият наздик кардааст.Амре ки ба гумони ғолиб идомаи он, сарнавиште назири Иттиҳоди шуравиро барои Иттиҳоди давлатҳои мустақил рақам хоҳад зад.

Иттиҳоди кишварҳои форсизабон

Дар пайи ҳушдори Чумҳурии Исломии Эрон, давлати Тошканд теъдоде аз вагонҳои Точикистонро ба истилоҳ аз ҳабс озод кард.Садҳо вагони дорои масолеҳи сохтмонй, маводи ғизойи, сузишворй ва тачҳизот барои неругоҳи «Сангтуда- 2» ба қаламрави Точикистон расиданд ва аз чумла фаъолиятҳо дар тарҳи муҳими неругоҳи «Сангтуда-2» аз сар гирифта шуд. Мақомоти эронй дар шарҳи ҳушдори худ ба Узбакистон гуфтанд, ки ин корро барои ҳимоят аз манофеи Точикистон анчом доданд.

Дар ҳушдори Теҳрон ба Тошканд гуфта мешуд, ки дар сурати идомаи монеътарошй дар убури вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон, Эрон тронзити мошинҳо ва вагонҳои Узбакистон ва қаламравашро маҳдуд хоҳад кард.Ин ҳушдор қасри ҳубобии худхоҳиҳои мақомоти узбакро ба ларза даровард ва ба онон ёдовар шуд, ки дар дунёи имруз ҳануз неруҳое ҳастанд, ки аз ҳақ ва адолат пуштибонй мекунанд ва дар баробари зулму қонуншиканиҳо қад алам мекунанд.
Бидуни иғроқ, ин иқдоми башардустона ва навъдустонаи Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар қудрат ва чойгоҳи Эронро ба унвони кишвари таъсиргузор дар муодилоти байналмилалй, ба намоиш гузошт. Аз суи дигар, бори дигар собит шуд, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон дар вазъияти кунунии минтақа ва чаҳон,як амре ичтинобнопазир аст.Зеро нигоҳе ба мавқеияти се кишвари форсизабони Афғонистон, Эрон ва Точикистон ба хубй нишон медиҳад, ки имруз ин кишварҳо дар баробари як чанги эъломнашуда ва табъизҳои золимона қарор гирифтаанд.Ишғоли Афғонистон тавассути неруҳои низомии кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико ба баҳонаи мубориза бо терроризм, таҳмил кардани фишорҳои бе ҳадду марз бар Эрон ба баҳонаи талош барои сохти силоҳи атомй ва муҳосираи иқтисодии Точикистон ба баҳонаи харобии роҳи оҳани Узбакистон, ҳама баёнгар аз он аст, ки неруҳои бадхоҳ сафарбар шудаанд, то бо ҳар роҳи мумкин форсизабононро аз равнақу пешрафт ва шукуфойи боздоранд.
Дар ин миён Чумҳурии Исломии Эрон бештар мавриди фишорҳои Ғарб қарор дошт.Бо барқарории низоми Чумҳурии Исломй дар сарзамини Эрон дар соли 1979, дунёи истикбор дар як чабҳаи воҳид дар муқобили ин низоми навпо сангар гирифт.Нахустин зарба ба манзури аз байн бурдани Чумҳурии Исломии Эрон, таҳмили як чанги 8 сола ба ин кишвар буд.Дар соли 1980 режими баъсии Ироқ таҳти сарварии Саддом Ҳусейн бо таҳрики Амрико ва дигар қудратҳои султачу ба Эрон ҳамла кард, аммо миллати эрон дар як чанги нобаробар, бар душмани қудратманди худ, ки мавриди ҳимоятҳои густурдаи қудратҳои Шарқу Ғарб буд, пируз шуд.Ин пирузии Чумҳурии Исломй фақат бар Ироқи баъсй набуд, балкй пирузии як низоми навпои исломй бар чаҳони истикбор буд.Гузашта аз ин тайи беш аз 30 сол баъд аз пирузии инқилоби исломй, Эрон мавриди таҳримҳои беадолатона қарор гирифт.Аммо бар хилофи интизороти душманони Эрон, ин кишвар на танҳо аз ин таҳримҳо осебе надид, балкй ин иқдом боис шуд миллати эрон дар бисёре аз бахшҳо ба худкафойи даст ёбад. Имруз Эрон дар бисёре аз бахшҳои санъатй, илмй, фановарй, кишоварзй, нонотекноложй, пизишкй ва … дар мақоми аввали Ховари Миёна қарор дорад.Ба иборати дигар, ҳамин таҳримҳо боис шуд, то Эрон бо такя ба зарфият, имконият, дониш ва тавонойиҳои худ, аз вобастагй ба кишварҳои хоричй раҳо шавад.Дар шароити кунунй ин тачрибаи Эрон метавонад намунаи ибрати муносиб барои Точикистон бошад.Дар ҳоле ки вобастагиҳои энержй ва иртиботй ба кишварҳои ҳамсоя, латмаи зиёде ба пешрафту тараққии Точикистон ворид мекунад, фаъол кардани зарфиятҳои дохилй ва чустани роҳҳои бурунрафт аз ин вазъ метавонад заминаи рушду пешрафти Точикистонро фароҳам кунад.Дар ин миён сохтани роҳҳои иртиботй ба хорич ва берун аз қаламрави Узбакистон дар авлавият қарор дорад, амре ки Чумҳурии Исломии Эрон барои амалй шудани он эъломи ҳамкорй намудааст. Бо чунин руйкарде метавон гуфт, таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон як заруратест, ки бархоста аз манофеи муштарки се кишвари Афғонистон, Эрон ва Точикистон мебошад.
Албатта дар ин замина то имруз иқдомҳои зиёде сурат гирифтаанд ва ҳануз дар даҳаи 90 милодй дар нишасти сечонибаи оқоён Рафсанчонй, Раббонй ва Раҳмонов дар шаҳри Душанбе, нахустин гуфтугуҳо дар ин замина сурат гирифтанд.Аммо, акнун шароити имрузи минтақа ва чаҳон эъчоб мекунад, ки се кишвари дорои забон, дин, фарҳанг ва таърихи муштарак дар ҳифзи арзишҳо ва манофеи муштараки худ бештар кушо бошанд.Барои ин се кишвар собит шуда, ки дар чиҳати ҳифзи манофеи худ ба умеди дигарон буданд чуз зиён ва гирифториҳои бештар, ҳосиле ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Ба вижа дар пайи хорич кардани Эрон аз довталабии узвият дар Созмони ҳамкории Шонгҳой, ҳимоятҳои ошкори Маскав аз манофеи Тошканд дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй ва иқдомоти Ғарб барои музокира бо гуруҳ Толибон дар Афғонистон, собит шуд, ки як Иттиҳоде барои се кишвари форсизабон зарурй аст.Албатта метавон бидуни ташкили созмон ё ниҳоде низ ҳадафҳои худро дунбол кард, аммо ташкили Иттиҳод масъулиятҳо ва вазифаҳоро мушаххастар бозгу мекунад. Бо таваччуҳ ба тавоноиҳои билқувваи Эрон дар бахши иқтисодй ва ниёзҳои мубрами Точикистон ва Афғонистон ба ҳамкорй ва кумакҳои иқтисодй таъсиси як ниҳоде дар ростои тавсаъаи ҳамкориҳои иқтисодй миёни Теҳрон-Кобул-Душанбе метавонад оғозе муносиб дар шаклгирии Иттиҳод бошад. Дар ин замина баҳори соли 2008 вазирони хоричаи се кишвари форсизабон дар Душанбе ба тавофуқҳои аввалия даст ёфтанд. Тачрибиёт ва пешрафтҳои Эрон дар бахши иқтисод ва манобеи саршори табиъии мавчуд дар Афғонистон ва Точикистон, ҳамчунин мавқеъияти чуғрофиёйии ин се кишвар, ояндаи дурахшоне аз ҳамкориҳои иқтисодиро замонат медиҳад. Дар ин миён набояд нодида гирифт, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон мухолифони сарсахти худро дар минтақа ва берун аз он дорад.Аз чумла, Русия ба унвони меросхури Шуравй, ба ҳеч вачҳ намехоҳад ҳар гуна иттиҳод ё созмоне бе мушорикати у дар ин қаламрав шакл гирад.Маскав чунин иқдомеро хилофи манофеи худ дар минтақа медонад, зеро аз густариши нуфузи Эрон дар минтақаи стротргии Осиёи Марказй бим дорад. Монеътарошй дар роҳи узвияти Чумҳурии Исломии Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки хорич аз иродаи Маскав набуда, дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Аз суи дигар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ мухолифи ташкили иттиҳоди се кишвари форсизабон аст, чунки Вашингтон мехоҳад бо ҳар роҳи мумкин Эронро дар инзиво қарор диҳад ва аз густариши нуфуз ва чойгоҳи Теҳрон дар минтақа ва чаҳон пешгирй кунад.Музокироти низомиёни амрикойии мустақар дар Афғонистон бо Толибон ва барномаҳои мушорикат додани онон дар идораи давлати Кобул, ҳамчунин афзоиши кумакҳои мухталифи Вошингтан ба Душанбе, аз ҳамин зовия қобили тааммул аст.
Аз суи дигар монеъаҳои дохилии мавчуд дар бархе аз ин кишварҳои форсизабонро низ набояд нодида гирифт.Аз чумла ҳануз бархе доираҳо дар Душанбе аз он ҳарос доранд, ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти исломгаройи дар чомеъа шавад.Чунин ақидаҳои воҳй аз чумлаи сабабҳоест,ки Точикистонро дар аз миён бардоштани раводид бо Эрон сардаргум кардааст.То ҳануз роҳандозй нашудани шабакаи телевизионии форсизабонон далели дигари вучуди бархе ихтилофи дидгоҳҳо мебошад, ки сарони се кишвар дар талошанд ҳарчй сареътар онҳоро рафъ кунанд. Сарфи назар аз ин ҳама, сарони се кишвари форсигу борҳо дар нишастҳои худ таъкид кардаанд, ки ҳамкориҳои онон ба ҳеч вачҳ алайҳи ҳеч кишваре нахоҳад буд ва дар ростои тавсаъа ва таҳкими ҳамгароиҳои ҳарчй бештар дар минтақа сурат мегирад. Амре ки кишварҳои минтақаро аз вобастагиҳо ба қудратҳои судчуи фароминтақайи раҳо хоҳад кард. Аз суи дигар дар дунёи имруз таъсиси иттиходияхо ба як амре маъмулй табдил шудааст ва кишвархо дар ростои бароварда намудани ниёзхои худ иттиходияхо таъсис мекунанд. Иттиходияи Аврупо, Иттиходияи араб, Иттиходи туркзабонхо ва.. аз хамин чумлаанд.

Xатари вукуи чанг миёни қудратҳо дар водии Фарғона

Дар ҳоле ки авзои кишвари Қирғизистон руз ба руз печида мешавад, дар маҳофили коршиносй ва таҳлилй ин савол матраҳ аст, ки оё ин ҳама таҳаввул дар чорчуби талошҳои Маскав барои эҳёи нуфуз ва чойгоҳи худ дар Осиёи Марказй шакл мегирад? Албатта дар ибтидои тағйири қудрат дар Бишкек, Русия эълом кард, ки ҳеч дахолате дар корхои дохилии Кирғизистон надорад, аммо амалкарди мақомоти ин кишвар (тамоси телефонии Владимир Путин, нахуствазири Русия фардои тағйири қудрат дар Бишкек — 8 апрел — бо сарони давлати чадид ва ба расмият шинохтани давлати Роза Отунбоева тавассути Димитрий Медведев раиси чумҳури Русия, додани кумаки 20 миллион долларй ба давлати чадиди Қирғизистон), баёнгар аз ба навъе зери назари Кремл будни ин ҳама тағйиру таҳаввул аст.
Воқеият он аст, ки Димитрий Медведев раиси чумҳури Русия дар идомаи сиёсатҳои Владимир Путин,салафи худ, бар он шудааст, ки Маскавро ба он чое ки манотиқи суннатии нуфузи Русия таъбир мешавад, бозгардонад.

Дар чорчуби ҳамин сиёсат Русия қасд дорад, зимни бозгаштани қудратмандона ба Осиёи Марказй, давлатҳои камтаваччуҳ ба манфиатхои Маскавро аз сахна бардорад ва ба ҳар роҳи мумкин арсаро барои рақибони худ, маҳдуд кунад. Ин мавзуъ ба вижа дар шароите, ки дар пайи ишғоли Афғонистон тавассути Амрико, муттаҳидонаш ва НАТО, Осиёи Марказй аҳамияти бештаре дар сиёсатҳои қудратҳои ғарбии ҳозир дар Афғонистон касб кардааст,ба авлавияти сиёсатҳои хоричии Маскав табдил шудааст.Зеро акнун Русия дар чиҳати ҳифзи манофеи худ аз як су ногузир ба рақобат ба шарикони худ назири Чин, аз суи дигар руёруйии чиддй бо Иёлоти Муттаҳида Амрико аст.Мавзуи рақобат бо Амрико баъд аз он ки Пентагон эълом кард, дар панч чумҳурии Осиёи Марказй таъсисоти вижаи худро бино хоҳад кард, акнун ба таври чиддитаре дар сиёсатгузориҳои хоричии Маскав пайгирй мешавад. Қобили зикр аст, ки бар асоси ин тарҳ Пентагон — вазорати дифоъи Амрико тасмим гирифтааст дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказй таъсисоти стротегии дифоъй месозад.Дар ин миён тарҳи сохтани маркази омузишии амалиёти зиддитеррористй дар чануби Қирғизистон густурдатар аз бақия аст, ки дар вилояти Ош чойгир хоҳад шуд.Арзиши ин тарҳ аз 5 то 10 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.Барои сохтани таъсисот дар Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон низ ҳудуди 5 миллон долларй харч хоҳад шуд. Барои Точикистон ду тарҳ ба маблағҳои 5 миллион ва 10 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.Пентагон эълом кардааст, ки ин тарҳҳо дар чорчуби мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ичро мешаванд.
Нуктаи чолиб дар амалй шудани тарҳҳои Пентагон дар Осиёи Марказй он аст, ки барои пешгирй аз ҳассосиятҳои Маскав гуфта мешавад, таъсисоти мавриди назар дар ҳамкорй ва ҳамоҳангй бо давлатҳои Осиёи Марказй такмил хоҳанд шуд.Аз чумла Пентагон эълом кард:»Бо хоҳиши ҳукумати Қирғизистон мо 5,5 миллион доллар чиҳати бозсозии маркази омузишҳои низомй дар атрофи шаҳри Уш ихтисос додем. Ин марказ барои омузиши неруҳои мусаллаҳи қирғиз дар назар гирифта шудааст».Ин дар ҳолест, ки дар вазорати дифоъи Қирғизистон ҳеч иттилоъе дар бораи тарҳҳои Пентагон дар кишварашон надоранд. Бо ин ҳол нахустин иттилоот дар мавриди тарҳҳои Пентагон дар Осиёи Марказй рузи 7 июн дар сайти Federal Buziness Opportunities мунташир шуд, ки дар он гуфта мешуд дар минтақаи Қаратоғи Точикистон марказй миллии тамринҳои низомй сохта хоҳад шуд.
Дар соли 2009 Русия дар мавриди сохтани пойгоҳи низомй дар чануби Қирғизистон эъломи омодагй намуда буд, аммо дар пайи эъломи тарҳи Пенатгон дар мавриди таъсиси маркази омузишии зиддитерористй дар ин минтақа, аз ин барнома сарфи назар кард.Гузоришҳои мунташира рочеъ ба ин мавзуъ баёнгар аз он аст, ки ихтилофи назар миёни Маскав ва Бишкек дар мавриди маҳалли таъсиси пойгоҳи низомии Русия, иллати аслии амалй нашудани он буд.Маскав мехост ин пойгоҳ дар вилояти Уш эчод шавад, аммо Бишкек исрор дошт Боткен, дар наздикии марзи Узбакистон, маҳалли сохти пойгоҳи низомии Русия бошад.Ин мавзуъ мухолифатҳои шадиди Тошкандро низ ба ҳамроҳ дошт. Тарҳҳои Пентагон дар мавриди тақвияти ҳузури худ дар Осиёи Марказй дар шароите мунташир шуд, ки Маскав ошкору пинҳон аз суқути давлати Боқиев хушҳолй мекард. Акнун дар шароите, ки авзои Кирғизистон руз ба руз муташаннич мешавад, Русия ва дигар бозигарони минтақа, аз чумла Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар талошанд мусоидатҳои лозимро анчом диҳанд, то раванди таҳаввулот аз дасти Бишкек хорич нашавад.Зеро вучуди субот шарти аввали дар амал татбик шудани аҳдофи ҳар кадом аз даъвогарони ҳузур дар ин кишвар мебошад. Дар ин росто Маскав дар пайи фурсати муносиб чиҳати чойгиркунии неруҳои низомии бештар дар Кирғизистон аст.Ҳарчанд дар пайи густариши доманаи даргириҳо дар чануби Кирғизистон, ки ба кушта ва захмй шудани садҳо қирғиз ва узбак анчомид, Маскав дархости давлати муваққати Бишкек дар мавриди кумаки низомиро рад кард, аммо давлатмардони рус дар пайи фароҳам шудани шароите ҳастанд, то битавонанд ба унвони ягона начотдиханда вориди қаламрави Қирғизистон шаванд. Зеро ба хубй медонанд, ки вориди амал шудани низомиёни рус дар шароити кунунй, ононро бештар тачовузгар нишон хоҳад дод на неруҳои сулҳбон. Ин мавзуъ дар шароите, ки талошҳо аз ҳар тараф барои ба даргириҳои қавмй табдил додани нооромиҳои Кирғизистон сурат мегирад, бештар аҳамият дорад.Аз омори талафоти ин даргириҳо бармеояд, ки дар вилоятҳои Чалолобод ва Уш қирғизҳо ва узбакҳои маҳаллй ба чони ҳам афтодаанд.Аммо хабаргузориҳо ба нақл аз Кубат Байболов, муовини вазири амнияти Қирғизистон иттилоъ доданд, ки тарафдорони Боқиев бо муздур кардани шаҳрвандони бекори Точикистон ин хунрезиҳоро ба роҳ андохтанд, то аз оби гилолуд м0моҳй гиранд. Ба иборати дигар барномаҳое ба марҳалаи ичро гузошта шудаанд, ки дарраи Фарғона бори дигар ба саҳнаи чангҳои қавмй табдил шавад.Агар таҳаввулот ба ин самт пеш раванд, аз дасти ҳеч неруи сулҳбон коре сохта нахоҳад шуд, чун бидуни шакку шубха ин даргириҳо бо даргириҳо дар қаламрави Афғонистон гиреҳ хоҳанд хурд, ки оқибатхои онро намешавад ба соддагй пешбинй кард. Зеро дар чунин ҳолате чанг миёни қудратҳо дар водии Фаргона оғоз хоҳад шуд, чанге ки ғолиби комил нахоҳад дошт ва ин мардумони минтақаанд, ки миллёнхо нафар кушта, захмй ва овора хоҳанд шуд. Бо тачриба дар чанги Афғонистон, Русия ва Амрико, ҳамчунин дигар қудратҳои ғарбй ба хубй медонанд, ки чангҳои қавмй роҳи ҳалли низомй надоранд.Аз ин ру талош хоҳанд кард дар контрули авзоъ бо ҳар роҳи мумкин ба давлати муваққати Бишкек кумак кунанд. Аммо бо таваччуҳ ба ин ки қудратҳои ҳозир дар Қирғизистон аз гуруҳҳо ва неруҳои мухталиф дар ин кишвар пуштибонй мекунанд, ноил шудан ба ин ҳадаф ба мушкили чиддй ру ба ру хоҳад шуд.Ин мавзуъ сарнавишти ҳузури Русияро рақам хоҳад зад.Зеро яке аз ҳадафхои Русия дар Осиёи Марказй, табдил шудан (ё вонамуд кардани худ)ба неруи бетараф дар ҳалли мушкилоти байни кишварҳои ин минтақа мебошад.

Зарурати инсичом ва хамгаройи миёни кишвархои форсизабон

Музокироти бе натичаи Тошканд ва ошкор шудани баҳонатаришиҳои Узбакистон
Бар хилофи интизорот ва пешгуиҳо, дар дидори Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ва Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар Тошканд тавофуқе дар чиҳати ҳалли масоили мавчуд миёни ду кишвари ҳамсоя, аз чумла тавакқуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ҳосил нашуд.Тарафи Узбакистон дар идомаи мухолифатҳои худ ба сохти неругоҳи Роғун, эълом кард вагонҳои дорои тачҳизот ва масолеҳи сохтмонй барои ин неругоҳ ҳамчунон ичозаи гузаштан ба Точикистонро нахоҳанд дошт. Бар асоси гузоришҳои мунташира дар бораи натичахои дидори Раҳмон ва Каримов, Узбакистон ба зудй ба вагонҳои Точикистон, ки нисбате ба неругоҳи Роғун надоранд, ичозаи ҳаракат хоҳад дод.
Ҳамин тавр Тошканд бо ин иқдоми худ нишон дод, ки мухолифатҳояш ба сохти неругоҳи Роғун чиддитар аз он чй ҳаст, ки дар Точикистон тасаввур мекунанд. Давлати Ислом Каримов бо истифодаи моҳирона аз шароити кунунии чаҳон ва минтақа, ки ниёзи қудратҳои Шарқу Ғарбро ба ҳамкориҳои Узбакистон беш аз ҳар замони дигаре афзоиш дода, мавқеияти чуғрофй ва вучуди манобеи нафту гоз, чойгоҳ ва аҳамияти ин кишварро дар ичрои барномаҳои қудратҳои хозир дар Осиёи Марказй,ба таври бесобиқае боло бурдааст,барномахои худро пайгирй мекунад.Чунин вазъияте қудратҳои мазкурро дар мавқеияти ниёзмандй қарор дода,ононро ночор ба чашмпушй дар қиболи тамоми амалкардҳои хилофи қавонин ва муқаррароти байналмилалии давлати Тошканд намудааст. Ва ин шароит Узбакистонро дар анчоми рафторҳои зиддибашарй нисбат ба Точикистон, густохтар кардааст.

Узбакистон дусти Точикистон аст?

Нигоҳе ба раванди равобити Узбакистон бо Точикистон баъд аз касби истиқлоли ин ду кишвар, байнгар аз он аст, ки Тошканд ҳамвора талош кардааст ҳамсояи худро дар вобастагй нигоҳ дорад, то битавонад хостаҳои худро таҳмил кунад.Чанги таҳмилии панчсола дар Точикистон ва таҳаввулоти марбут ба он ба вузуҳ нишон медиҳад, ки Узбакистон ҳаргиз дар мавзеи холисона ва бетарафона амал накарда, балки талош кардааст бо истифода аз фурсат барномаҳои худро дар Точикистон пеш барад. Дар шароите ки тамоми кишварҳои минтақа бо мизбонй аз мулоқоти тарафҳои он замон рақиби точик, саъй доштанд ба чанги шаҳрвандй дар Точикистон ҳарчй зудтар хотима диҳанд, Узбакистон ҳеч гоҳ ҳозир нашуд мизбони музокироти сулҳи точикон бошад. Ба илова дар музокироти сулҳи точикон давлати Тошканд ё ширкат надошт ва ё давлатмардони камсалоҳияти худро мефиристод. Сарфи назар аз ин Точикистон ҳамеша манфиатҳои Узбакистонро дар назар мегирифт. Ҳатто дар шароити барои худ душвор садди роҳи мухолифони мусаллаҳи давлати Каримов мешуд ва аз нуфузи онҳо ба қаламрави Узбакистон пешгирй мекард ва дар ин роҳ садҳо тан аз чавонони точикро қурбон кардааст.

Роғун ташаббуси Узбакистон ва барои Узбакистон аст

Бо чунин руйкарде метавон гуфт, ки неругоҳи Роғун фақат як баҳона барои Узбакистон аст, то барномаҳои худ дар ростои монеътарошй дар роҳи тараққию пешрафти Точикистонро амалй кунад. Нигоҳе гузаро ба таърихи тарҳи неругоҳи Роғун тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Сохтани ин тарҳ дар солҳои 70 қарни гузашта оғоз шуд, аммо дар пайи мухолифатҳои рушанфикрони точик корҳои сохтмонй ду бор мутаваққиф шуданд.Узбакистон ба унвони муаллиф ва ташаббускори аслии тарҳи Роғун, бар сохтани он исрор мекард, зеро мехост бо густариши заминҳои кишоварзй истеҳсоли пахтаро аз 5 миллион тон ба 9 миллион тон дар сол афзоиш диҳад. Бо дахолатҳои мустақими Узбакистон анчумани 24 ҳизби камунисти Иттиҳоди Шуравй, бо беэътинойи ба мухолифатҳои Точикистон, тарҳи сохтани неругоҳи Роғунро ба тасвиб расонд. Аз ин ру агар имруз тарҳи Роғун намебуд, Узбакистон бо ба миён кашидани фаъолияти корхонаи алюмини точик, ҳамин кореро мекард, ки бо баҳонаи сохтани неругоҳи Роғун мекунад.

Муҳосираи иқтисодй ба фоидаи Точикистон аст

Таърихи башарият саршор аз руйдодҳоест, ки байнгар аз ба кор гирии муҳосираи иқтисодй дар равобити давлатҳо мебошад.Дар аксари ҳолатҳо ин иқдомҳои ба зоҳир танбеҳй, ба нафъи миллатҳои мазлум тамом шудаанд. Имруз низ шоҳиди он ҳастем, ки муҳосираи иқтисодй ва иртиботии Точикистон тавассути Узбакистон дар ҳоли кор кардан ба нафъи миллати точик мебошад.
Дар пайи амалкарди мақомоти узбак, барои масъулони точик имкон фароҳам омад, ки дустро аз душман фарқ кунанд. Аз чумла рушан шуд, ки Русия чун ҳама қудратҳои султаталаб ва судчу шарики стротегй надорад, балкй манофеи стротегй дорад ва бар асоси ҳамин манофеъ шарикони худро барои марҳалаҳои мушаххас интихоб ва иваз мекунад. Ҳамчунин ба баракати иқдомоти қонуншиканонаи давлати Тошканд, чеҳраи воқейии кишварҳои муддайии демократия ва ҳомиёни ҳуқуқи башар бармало шуд. Ба хотири манофеи худ, ҳеч як аз кишварҳои ғарбй, ки ҳадафи аслии ҳузури худ дар минтақаро барқарории демократия ва озодиҳои шаҳрвандй эълом карданд, ҳозир нашуданд ба шикоятҳои Точикистон дар қиболи беадолатиҳои Узбакистон, расидагй кунанд. Ниҳодҳои байналмилалии вобаста ба ин қудратҳо низ бо ба бозй гирифтани сарнавишти миллати точик, дар баробари иқдомоти зиддибашарии Узбакистон чашмпушй карданд.

Чумхурии Исломии Эрон дусти Точикистон

Ҳамзамон бо ин ҳама, Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар дуст ва бародари воқеъйии давлату миллати Точик будани худро ба намоиш гузошт.Фишорҳои Тошканд давлати Душанберо водор намуд, ки бо диди бозтар ба равобит бо Чумҳурии Исломии Эрон нигоҳ кунад. Ин воқеият ғайриқобили инкор аст, ки бо дахолатҳои мустақим ва ғайримустақими кишварҳои бадхоҳ, мақомоти точик то солҳои ахир алоқаи чандоне ба густариши равобит бо Теҳрон надоштанд. Онон ба андешаи он ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти неруҳои исломгаро хоҳад шуд, бо ҳар баҳонае аз Теҳрон фосила мегирифтанд ва фақат дар ҳолатҳои ичборй ба истиқболи Эрон мерафтанд. Аммо Чумҳурии Исломии Эрон собит намуд, ки ҳеч дахолате дар умури дохилии Точикистон надорад ва дар ин кишвар ҳадафе чуз кумак ба пешрафту таолии давлату миллати точик надорад. Акнун дар Душанбе беш аз ҳар замони дигаре зарурати иттиҳоди се кишвари форсизабонро дарк карданд. Тасвиби таҳримҳои ноодилона дар Созмони милали муттаҳид алайҳи барномаҳои сулҳомези атомии Чумҳурии Исломии Эрон ва иқдоми Амрико барои музокира бо гуруҳи ифротии толибон дар Афғонистон, ҳамчунин муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон собит намуд, ки имруз душманони фарҳангу тамаддуни форсизабонон дар саросари чаҳон сафарбар шудаанд, то монеъ аз ҳамгаройии ин се кишвар шаванд.

Зарурати бознигарй дар дипломатия

Тачрибаи беш аз сисолаи Чумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳад, ки миллати ғаюри Эрон чй гуна аз таҳримҳо ва муҳосираҳои иқтисодии душманон истифода кард ва бо фаъол кардани зарфияту имкониятҳои бумй, ба тадрич дар тамоми заминаҳои сиёсй, иқтисодй, ичтимой ва фарҳангй ба худкафойи даст ёфт.Аз ин ру ҳамон гуна ки бо кумаки Эрон тунели Истиқлол ба баҳрабардорй расид ва роҳи заминй миёни марказ ва шимоли Точикистон сохта шуд, он руз дер нест, ки се кишвари форсигу дар муқобила бо иқдомоти душманон, неругоҳҳои азим дар Точикистонро такмил ва роҳҳои оҳани худро низ пайваст хоҳанд кард.Бо таваччуҳ ба тавони фаннй ва муҳандисии мавчуд дар Эрони исломй, ичрои чунин барномаҳо кори душворе нахоҳад буд.
Дар шароити кунунии чаҳон ва минтақа ба умеди кумаки кишварҳое назири Русия ва ниҳодҳои байналмилалие ҳамчун Созмони милал, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкории Шангхай ва амсоли инҳо шудан, чуз талафи вақт ҳосили дигаре барои Точикистон нахоҳад дошт.Аз ин ру Точикистонро зарур аст бо тақвияти дастгоҳи дипломатии худ ва бознигарии чиддй дар равобити хоричй, зимни авлавият додан ба густариши ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо бо Чумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои дуст, тарҳҳои миллии худро масъулона пайгирй кунад.Акнун фурсати он расидааст, ки масъулони давлати Душанбе дар тамоми радаҳо манофеи миллй ва давлатиро дар авлавият қарор дода, ба фикри инсичом ва иттиҳоди миллй бошанд. Истифода аз тачрибиёти Чумҳурии Исломии Эрон беҳтарин роҳкор дар ин замина мебошад.

Хамкорихои кишвархои форсизабон дар Афгонистон

Баъд аз он ки дар пайи ҳодисахои табии ва вахомати авзои инсонй дар вилояти Хатлон, ҳаракати вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон аз сар гирифта шуд, дар Точикистон ин интизор доман зад, ки аз ин ба баъд ду кишвари ҳамсоя дар масири ҳамгароиҳои бештар кадам хоҳанд бардошт.

Умедро дар ин замина паёми Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Ислом Каримов, ҳамтои узбакаш тақвият кард.Раиси чумҳури Точикистон аз мақомоти Тошканд, ки бо таъмир ва бозсозии роҳи оҳан шароитро барои ҳаракати вагонҳои Точикисатон фароҳам карданд, кадрдонй кард.Аммо хурсандии точикистониҳо дер давом накард ва тарафи Узбакистон рузи 22 май аз нав ҳаракати вагонҳои дорои махсулоти мухталиф барои Точикистонро мутаваққиф кард. Ин бор низ мақомоти узбак нуксонхои техникй ё фанниро сабаби ин амр тавсиф карданд.Зафар Раҳимчонов,консули сафорати Узбакистон дар Душанбе дар мавриди сабабхои тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави кишвараш гуфт: ширкати роҳи оҳани Узбакистон аз имконноти кофй барои таъмири роҳи оҳан дар масири Термиз — Амузангро, ки вагонҳои Точикистон аз он гузар мекунанд, надорад. Чунин иддаои тарафи узбак дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ширкати роҳи оҳани Точикистон эъломи омодагй кардааст то ин қисмат аз роҳи оҳанро, ки 11 километро ташкил медиҳад, тармим кунад.Аммо роҳи оҳани Узбакистон ба ҳеч вачҳ ҳозир нашудааст чунин пешниҳоди ҳамтоёни точики худро қабул кунад.Натича он аст, ки аз моҳи март то кунун беш аз ду ҳазор вагони Точикистон дар қаламрави Узбакистон мутавакқиф шудаанд.
Узбакистон дар дигар иқдоми хилофи урфи байналмилал ва ухдадорихои худ, бо тағйири масири ҳаракати вагонҳо, пешниҳод кардааст, ки 600 вагон аз масири Кудуқлй ба Точикистон ворид шаванд.Вале, бино ба гуфтаи консули узбак дар Душанбе, тарафи Точикистон ба ин пешниҳоди Узбакистон посухе надодааст.Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегуянд, тағйири масири ҳаракати вагонҳо тавассути кишвари саввум, ки аз қаламраваш ба унвони рохи тронзитй истифода мешавад, хилофи меъёрхо ва муқаррароти байналмилалй аст. Точикистон дар чорчуби талошҳои дипломатй барои ҳалли мушкили тавакқуфи вагонҳо дар қаламрави Узбакистон, ба ниҳодҳои муътабари байналмилалй, аз чумла Созмони милали муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мурочиа кард.Аммо то ҳол ҳеч иқдоме аз тарафи ин созмонҳо сурат нагирифтааст.
Дар пайи идомаи тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ки иддае аз коршиносон онро муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон тавсиф мекунанд, дар доираҳои коршиносй ва ҳукуматии Точикистон ба тадрич ба ин натича расидаанд, ки ягона роҳи бурунрафт аз чунин вазъи ногувор поён додан ба вобастагиҳои иртиботй бо ҳамсояе назири Узбакистон аст. Яъне бояд ба таври чиддй ба фикри сохтани хати роҳи оҳани нав аз қаламрави кишвари дуст ва ҳамзабони Афғонистон буд. Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Точикистон дар як мусоҳибаи матбуотй иброз дошт, ки Точикистон аз зарфият ва имконоти лозим бархурдор аст, то аз тариқи қаламрави Афғонистон ба роҳи оҳани Туркманистон ва аз ин тариқ ба Кафқоз ва Русия пайваст шавад.Ин мавзуъ ба таври чиддй дар дидори Манучеҳри Мутаккй, вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон бо мақомоти олирутбаи точик дар шаҳри Душанбе баррасй ва тавофуқҳои аввалия ҳосил шуд. Дар марҳалаи аввал мутахассисони ду кишвари Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикситон минтақаи сохти роҳи оҳан тавассути Афғонистонро аз нигоҳи фаннй ва муаҳндисй мавриди баррасй ва таҳқиқ қарор хоҳанд дод. Манучеҳри Муттакй, вазири умури хоричаи Эрон гуфт, ки ин тарҳ дар оянда Эронро ба Қирғизистон, Афғонистон ва Чин пайваст ва дар густариши муносиботи Точикистон бо кишварҳои минтақа ва рушди иқтисодй мусоидат хоҳад кард. Муттакӣ афзуд: дар сурате, ки роҳи оҳани Точикистон — Афғонистон — Эрон сохта шавад, ин мушкили манъ кардани вагонҳои Точикистон аз байн хоҳад рафт. Вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки бояд ҳарчй зудтар ин мавзуъ дар нишасти сарони се кишвари форсизабон баррасй ва иқдомоти созанда андешида шавад.
Албатта сохтани роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон мавзуи чадиде нест ва дар ин кишвари чангзада барои аввалин бор дар миёнахои соли 2008 бо ташаббуси Эрон нахустин хати роҳи оҳан бо тули 60 километр сохта шуд.Узбакистон низ дар ин масъала мушорикати фаъол дорад ва бар он шудааст, ки хатхои иртиботй, аз чумла роҳи оҳан дар Афғонистонро ба инҳисори хеш дароварад. Дар ҳамин росто хати роҳи оҳан аз бандари Хайратон то Мазори Шариф ба тули 75 километр тавассути ширкати роҳи оҳани Узбакистон сохта шуд.Карор аст ин тарҳ то поёни соли 2010 такмил шавад.Дар моҳи ноябри соли 2008 дар Боку (пойтахти чумҳурии Озарбойчон)миёни Бонки рушди Осиё ва Узбакистон тафоҳумнома дар мавриди сохти роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф-Хирот ба имзо расид. Албатта қабл аз ин, 17-18 июни соли 2003 дар чорчуби сафари расмии Ислом Каримов ба Чумҳурии Исломии Эрон миёни се кишвари Эрон, Узбакистон ва Афғонистон тавофуқнома дар мавриди ташкили коридори тронзитии фароминтақайи ба имзо расида буд.Аммо ба тадрич Тошканд дар чорчуби хадафхои дарозмуддати худ дар Афғонистон, ҳамкориҳо бо Эронро камранг ва бо дигар бозигарони минтақа вориди муомила шуд.Дар ин росто пуштибонй ва кумакҳои Амрико ба Узбакистон, ки он замон шарики стротегии Вошингтон дар минтақа маҳсуб мешуд, нақши муҳим ва ҳалкунанда дошт. Манофеи Амрико тақозо мекард, ки Афғонистонро бо шабакаи пешрафтаи иртиботии Узбакистон пайваст кунад.Узбакистон низ талош дошт аз тариқи Мазорти Шариф, Шибирғон, Ҳирот ва Қандаҳор ба бандарҳои байналмилалии Эрон ва Покистон пайваст шавад. Дар он замон Узбакистон дар ҳамкорй бо ширкатҳои амрикои санадхои фаннй-иқтисодии ин тарҳро таҳия кард.Аммо баъд аз ҳодисахои Андичон (майи соли 2005)равобити Тошкан-Вашингтон сард шуд ва ин тарҳ ба ҳолати муаллақ даромад.Бо ин ҳол Узбакистон тамоили худ ба сохтани роҳи оҳан дар Афғонистонро ҳамчунон ҳифз кард ва тачҳизоти мавриди ниёзро бо эътибори(кредити) 156 миллион долларии бонки чопонй таҳия кард. Узбакистон бо амалй кардани тарҳои муҳими иқтисодй дар шимол ва дигар манотиқи Афғонистон қабл аз ҳама ҳадафхои сиёсии худро дунбол мекунад.Таъмини амният дар марзҳо бо Афғонистон аз чумлаи ин аҳдоф аст.Дар канори ин Узбакистон қасд дорад бо таҳти контрули худ гирифтани роҳҳои тронзитии Афғонистон, аз як су ин манбаи пурдаромадро дар ихтиёр дошта бошад, аз суи дигар фишанге барои овардани фишор ба дигар кишварҳои минтақаро дошта бошад.Муҳимтар аз ин ҳама давлати Тошканд бо густариши нуфузи иқтисодии худ дар Афғонистон қасд дорад шимоли ин кишварро, ки як пойгоҳи суннатй барои раҳбарони чиҳодии узбактабор будааст, дар маҳдудаи нуфузи хеш нигаҳ дорад.Аз ин чост, ки мехоҳад дар ичрои ҳар тарҳе дар Афғонистон, аз ду кишвари ҳамзабон бо Афғонистон, яъне Точикистон ва Эрон пешй гирад.Ин хамон хадафест, ки давлати Ислом Каримов дар ростои монеътарошй дар рохи вахдат ва хамгаройии се кишвари форсизабон дунбол мекунад. Дар ҳамин росто Тошканд фаъолияти чиддй дар сохтани чодаҳои автомобилй дар Афғонистон (Ҳирот — Қандаҳор) ва хатхои интиқоли барқ дорад. Аз чумла 9 майи соли 2009 хати интиқоли барқи Сурхон-Хайратон-Пули Хумрй-Кобул бо ташаббуси мутахассисони узбак мавриди баҳрабардорй қарор гирифт. Дар шароити кунунй, ҳарчанд Тошканд ва Вашингтон равобити чандон хубе надоранд, аммо Амрико аз иқдомоти Узбакистон дар чиҳати сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон пуштибонй мекунад.Зеро мушорикати Узбакистон дар ин тарҳҳо боиси харочоти кам хоҳад шуд ва ба Амрико имкон медиҳад, ки ба фикри дигар мушкилоти Афғонистон бошад.
Дар ҳамин ҳол Кобул аз наҳваи ҳаракати вагонҳояш тавассути қаламрави Узбакистон хушҳол нест, зеро Тошканд борҳо бо ҳар баҳонае ҳаракати вагонҳо ба самти Афғонистонро мутавакқиф кардааст.Аз ин ру раҳбарони давлати Кобул ба ин андешаанд, ки роҳҳои иртиботии худро ба Казоқистон васл кунанд. Дар ин миён дигар бозигарони минтақа, назири Чин,Чопон, Хинд ва Покистон низ барномаҳое дар мавриди Афғонистон доранд.Аз чумла Чопон эълом кард, ки як миллиард доллар барои сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон ихтисос хоҳад дод. Дар чунин шароите ташаббуси се кишвари форсизабони Точикистон, Эрон ва Афғонистон барои ҳалли мушкилоти иқтисодии ҳамдигар, бештар ба нафъи кишварҳо ва миллатхои минтақа аст. Зеро муштаракоти мавчуд дар ин се кишвар, назири забон, таърих, дин ва фарҳанг имкон фароҳам мекунад, ки Душанбе, Теҳрон ва Кобул бе дахолати кишварҳои судчу ва фурсатталаб ба мушкилоти худ расидагй кунанд.Аммо таъхир дар ичрои тарҳҳо метавонад ба осонй ин фурсатро аз ин се кишвар бигирад, ки то кунун дар бархе заминаҳо шоҳиди он ҳастем.