Hуфузи иттилоотии Узбакистон дар кишварҳои ҳамсоя

Гузоришҳои мунташира аз Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки Узбакистон дар чорчуби барномаҳои стротегии худ ба истилоҳ «таҳочуми иттилоотй» ба ҳамсоягонро густариш додааст. Бар асоси тахкикоти коршиносони киргиз, давлати Тошканд бо истифода аз адами пушиши иттилоотии манотиқи ҳаммарз тавассути шабакаҳои радио — телевизионии кишварҳои ҳамсоя, бо тақвияти фиристандаҳо амвочи телевизионии шабакаҳои саросарии Узбакистонро ба осонй дар ин манотиқ пахш ва сиёсатҳои худро ба гунае эхсос нашаванда тахмил мекунад.Ин фиристандаҳо ба ҳадде қавй ҳастанд, ки ҳатто пахши барномаҳои телевизионии Точикистон ва Қирғизистонро дар манотиқи марзии ин кишварҳо ба мушкил мувочеҳ кардаанд.Аз ин чост ки мардуми ноҳияҳои ҳаммарз бо Узбакистон новобаста аз майлу иродаи худ барномаҳои телевизионии Узбакистонро тамошо мекунанд.Ин дар ҳолест, ки ду кишвари Точикистон ва Қирғизистон ба далели надоштани имконот, тавони пахши барномаҳои телевизионии худ дар манотиқи дурафтодаро надоранд.Ва хамин мавзуъ боис шудааст, ки кишвари хамсоя вориди амал шавад.
Бар асоси оморҳои замони Шуравй дар Қирғизистон узбакҳо ҳудуди 14 дарсади чамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.Узбакҳои Қирғизистон умдатан дар чануби ин кишвар ва чудо аз дигар манотиқи маскунй зиндагй мекунанд.Риштакуҳҳои Тён Шон, ки ин манотиқро иҳота кардаанд, ба унвони садде дар баробари амвочи телевизионии шабакаҳои Қирғизистон маҳсуб мешаванд.Аз суе узбакҳои Қирғизистон ба далели каммуҳтавойии барномаҳои қирғизй, тамоили чандоне ба шунидан ва дидани барномаҳои радио — телевизионии Қирғизистон надоранд ва ҳамеша барноамҳои Узбакистонро афзалият медиҳанд.Чунин вазъ дар Точикистон низ ба мушоҳида мерасад, ба гунае ки дар бозорҳои шаҳри Хучанд, навору СД-ҳои овозхонони узбак таблиғ мешаванд ва таронаҳои узбакй баландтар аз таронаҳои точикй садо медиҳанд.


Бар асоси оморҳои расмии мунташира, дар Қирғизистон 69 рустои дурафтодаи ин кишвар аз дарёфти барномаҳои телевизионии Бишкек маҳруманд.Мақомоти Бишкек аз он бим доранд, ки Узбакистон бо нуфуз дар фазои иттилоотии навоҳии ҳаммарз, сиёсатҳои худро ба шаҳрвандони Қирғизистон таҳмил ва заминаи султаи худ дар қаламрави ҳамсоягонро фароҳам кунад. Ин масъала дар шароите, ки сохтани неругоҳҳои барқи обй дар рудхонаи Норин муносиботи Бишкек — Тошкандро таҳти шуъо ва ду кишвари ҳамсояро дар муқобили ҳам қарор додааст, бештар аҳамият касб намудааст.Ин эҳтимол тақвият шудааст, ки Узбакистон аз ақалияти узбактабори Қирғизистон дар ростои мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳи Қамбарота истифода кунад, амре ки метавонад водии Фарғонаро ба конуни низоъҳои қавмй дар минтақа табдил кунад.Бо дарки чунин хатаре дар порлумони Қирғизистон масъалаи тачовузи иттилоотии Узбакистон ба манотиқи ҳаммарзи ин кишвар чандин бор мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Дар Қирғизистон ин воқеиятро эътироф мекунанд, ки сифати барномаҳои телевизионии Тошканд беҳтар аз барномаҳои телевизиони Бишкек аст, аз ин ру масъулони қирғиз бар он шудаанд, ки ин нуқсонро рафъ кунанд.Аммо дар мархалаи кунунй давлати Бишкек аз имконот ва зарфиятҳои лозим барои муқобила бо он чи ки «тачовузи иттилоотии Узбакистон» унвон мешавад, бархурдор нест.
Баррасиҳо нишон медиҳанд, барномаҳои телевизиони Узбакистон то чое бар афкори умумии чавомеи манотиқи ҳамчавор таъсир кардаанд,ки имруз кудакони хонаводаҳои узбаки муқими Қирғизистон Исалом Каримовро ба унвони раиси чумҳури худ мешиносанд.Дар соли 2001 Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар гузорише «тачовузи иттилоотии Узбакистон»-ро таҳдиде чиддй ба амнияти миллии кишвар арзёбй ва давлатмардони Бишкекро даъват намуд дар баробари ин таҳдид чораҳои фаврй андешанд.Дар ин гузориш ишора шуда буд, ки надоштани дастрасии аҳолии манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон ба расонаҳои марказй, мардумро дар инзивои иттилоотй қарор додаст ва ин амр арсаро барои расонаҳои фурсатталаби кишвари ҳамсоя боз намудааст.
Тибқи оморҳои чанд соли қабл дар Точикистон ҳудуди як миллион нафар узбак зиндагй мекунад, ки бахши умдаи онҳо дар шимоли кишвар, дар устони Суғд, ҳамчунин дар навоҳии ҳамчавори чануб, назири Шаҳритус, Кубодиён ва Турсунзода мустақар ҳастанд.Баъд аз касби истиқлоли Точикистон ва оғози чанги таҳмилии шаҳрвандй, теъдоди қобили таваччуҳе аз узбактаборони Точикистон ба Узбакистон муҳочират карданд.Аммо аксари ин муҳочирон таҳти фишори мақомоти маҳаллии узбак ба Точикистон боз гаштанд.Бархе аз доираҳои коршиносии Гарб ин иқдоми Узбакистонро дар ростои аҳдофи стротегии давлати Тошканд дар минтақа арзёбй карданд, ки тавсаъаи нуфуз ва чойгоҳи забону фарҳанги узбакй аз он чумла аст.Хануз дар замони Шуравй заъфи барномаҳои радио — телевизионии Душанбе дар таҳти пушиш қарор додани манотиқи дурафтодаи кишвар машҳуд буд ва фақат 80 дарсади қаламрави Точикистон аз дарёфти амвочи радио ва ба вижа телевизиони марказй бархурдор буд.Имруз низ ин вазъ беҳбуди чандоне пайдо накардааст ва манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон умдатан барномаҳои телевизионии Тошкандро тамошо мекунанд.Агар аз як су тасвирҳои ношаффофи барномаҳои телевизиони марказ омили ин амр тавсиф шавад, аз суи дигар сифатии пойини барномаҳои телевизионҳои маҳаллй ва марказии точик шаҳрвандони узбак ва ҳатто ғайриузбаки ин кишварро ба тамошои барномаҳои телевизиони Тошканд ташвиқ кардааст.Назарсанчиҳои ичмолй баёнгар аз он аст, ки филмҳои дублашуда ва барномаҳои пурмуҳтавои телевизиони Узбакистон, ба вижа барои кудакон ва чавонон омилони аслии чалби таваччуҳи мардум ба ин шабакаҳо ҳастанд.
Нуктаи чолиб дар масъалаи тамошои барномаҳои телевизионй он аст, ки ҳам дар Қирғизистон ва ҳам Точикистон узбактаборони ин кишварҳо ба он гунае ки мебояд, худро шаҳрвандони ин кишварҳо эҳсос намекунанд ва як дилбастагии ниҳоние ба Узбакистон ба унвони ватани аслиашон доранд. Дар пойтахти Точикистон, дар аксари фурушгоҳҳое, ки соҳибонашон узбак ҳастанд ба таври ғайримустақим ва ғайри қобили эҳсос метавон ба ин вокеият пай бурд ва узбактаборони муқими Душанбе тамоили чандоне ба иттилорасонии васоити ахбори Точикистон надоранд, ниёзи худ дар ин заминаро тавассути моҳвора ва бо тамошои барномаҳои шабакаҳои туркй ва узбакй бароварда мекунанд.Чунин вазъе дар Қирғизистон низ ба мушоҳида мерасад.
Барномаҳои телевизиони Узбакистон дар шароите ба фазои иттилоотии Қирғизистон ва Точикистон соя афкандаанд, ки бино ба арзёбиҳои ниҳодҳои байналмилалй, васоити ахбори умум дар Узбакистон таҳти назорати шадиди давлат буда, кучактарин интиқод ва эътироз дар нутфа саркуб мешавад.Аз арзёбиҳои анчомшуда бармеояд, ки хадамоти махсуси давлати Тошканд дар як барномарезии дарозмуддат тасаллут бар фазои иттилоотии минтақаро дар дастури кор қарор додааст, то аз ин тариқ роҳаттар ба хостаҳои худ даст ёбад ва иттилорасониро ба гунае ки манфиатҳои Узбакистон тақозо мекунад, ба роҳ монад. Дар ҳамин робита як манбаи наздик ба сохторҳои амниятии Точикистон, ки аз зикри номаш худдорй кард, иброз дошт,теъдоди қобили мулоҳиза аз афроде, ки ба иттиҳоми узвият дар ҳаракати исломии Узбакистон дар Қирғизистон ва Точикистон боздошт шудаанд, бо сохторҳои амниятии Узбакистон хамкорй доранд.
Бо таваччуҳ бапай омадҳои ногувори нуфузи иттилоотии кишвари ҳамсоя давлати Бишкек аксуламалҳое нишон дода, барноами муқобила бо ин падидаро руи даст гирифтааст. Аммо дар Точикистон зоҳиран ба ин мавзуъ аҳамияти чандоне намедиҳанд.Албатта расонаҳои ин кишвар борҳо дар ин замина ҳушдорҳое додаанд, вале вокунишҳои ончуноние дар қиболи ин ҳушдорҳо ба амал наомадааст

Точикистон ва мушкилоти сохтани неругоҳи Роғун

Соли 2010 дар Точикистон тақрибан бо фуруши саҳмияҳои неругоҳи Роғун оғоз шуд. Рузи 6 январ дар саросари ин кишвар саҳмияҳои бузургтарин тарҳи гидроэнергетикй дар маърази фуруш қарор дода шуданд. Дар пайи нокомии давлати Душанбе чиҳати чалби сармоягузорони мавриди эътимод дар хорич аз кишвар, қарор бар ин шуд, ки «тарҳи сарнавиштсоз» бо пули мардум такмил шавад.Бар асоси гузоришҳои мунташира ба маблағи 6 миллиард сомонй, муодили 1,3 миллиард доллар саҳмия ба чоп расидааст, ки то кунун даҳҳо миллион доллар аз ин теъдод ба фуруш рафтааст.Мардуми Точикистон ба таври густурда аз даъвати мақомот истиқбол карданд ва дар саросари манотиқи ин кишвар фуруши саҳмияҳо дар ҳудуди 600 маркази фуруш ба роҳ монда шудааст. Нигоҳе ба таърихчаи неругоҳи Роғун ҳикоят аз он дорад, ки ин тарҳи азими гидроэнергетикй дар замони шуравй оғоз шуд ва дар ҳамон замон низ бархе аз мухолифони худро дошт, ки Гулрухсор Сафиева, шоираи точик ва узви порлумони Шуравии собиқ аз он чумла буд.Аммо сарфи назар аз ин эътирозҳое, ки бо таваччуҳ ба аҳамияти фароминтақайии ин тарҳ роҳ ба чое намебурданд, сохтмони Роғун шуруъ шуд.

Фурупошии Шуравй раванди корҳои сохтмониро дар ин пружа мутаваққиф кард ва фақат дар солҳои 90 қарни гузашта Точикистони соҳибистиқлол дар ростои таъмини ниёзҳои худ ба энержй, иқдом ба такмили неругоҳи Роғун кард.Дар идомаи ин раванд бо ширкати РусАл қарордод ба имзо расид, аммо баъдан дар соли 2007 ба далели коршиканиҳои тарафи русй, Точикистон қарордоди мазкурро бекор кард. Бо ин ҳол ҳануз ҳам дар Душанбе ба ин умед буданд, ки Маскав билохира вориди амал шуда, ин тарҳи муҳимро такмил хоҳад кард.Ҳатто дар соли 2008 масъулони точик қасд доштанд назорати такмили неругоҳи Роғунро ба Русия вогузор кунанд.Русия барои ичрои ин нақш барномаеро ироа кард, ки бар асоси он фақат 25 дарсади саҳмияҳои Роғун ба Точикистон таалуқ мегирифт.Ба тадрич дар Душанбе ин воқеиятро дарк карданд, ки Русия дар ростои мушорикат дар тарҳи Роғун, чуз талафи вақт ва ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мавриди назари хеш,ҳадафи дигаре надорад. Дар сафари моҳи октябри соли 2009 Эмомалй Раҳмон ба Маскав, Душанбе бар ин умед буд, ки битавонад давлатмардони Русияро мутақоид ба сармоягузорй ва бархурди чиддитаре бо тарҳи Роғун кунад.Аммо тайи ин сафар масъалаи Роғун хорич аз меҳвари баҳсҳо буд ва хилофи интизороти масъуломи точик, раиси чумҳури ин кишвар аз Маскав бо дастони тиҳй бозгашт.Баъд аз ин сафар буд, ки давлати Душанбе тасмим гирифт неругоҳи Роғунро бо истифода аз зарфият ва имконоти дохилй такмил намояд.Ба ин манзур дар соли 2009 122,5 миллион доллар ихтисос дода шуд.Имсол низ дар будчаи Точикистон тахсиси 150 миллион доллар барои Роғун дар назар гирифта шудааст. Қобили зикр аст, ки бар асоси тарҳ дар сурати такмил, неругоҳи Роғун қодир ба тавлиди солиёна 13,1 миллиард киловат-соат неруи барқ хоҳад буд. Ин ба маънои бароварда намудани тамоми иёзҳои дохилй ба энержй ва табдил шудани Точикистон ба бузургтарин содиркунандаи неруи барқи арзон дар минтақа хоҳад буд.Дар айни ҳол Точикистон солиёна ба ҳудуди 4 миллиард киловат-соат камбуди неруи барқ ру ба ру аст ва ин масъала дар фасли зимистон бештар аҳамият касб мекунад.Албатта тайи солҳои охир дар натичаи сохтани неругоҳҳои барқи обии кучак,ҳамчунин мавриди баҳрабардорй қарор гирифтани неругоҳи Сангтуда-1, камбуди неруи барқ ду баробар коҳиш ёфтааст. Ало рағми ин, дар поёни соли 2009, дар пайи хуручи Узбакистон аз системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй, масъалаи таъмини неруи барқ дар Точикистон бо мушкилоти чадиде ру ба ру шуд.Баъди ин иқдоми Узбакистон, Точикистон натавонист барқи харидорй шуда аз Туркманистонро ворид кунад.Чунин вазъе масъулони точикро мачбур ба замонбандии интиқоли неруи барқ дар кишвар намуд, ба гунае ки ҳатто дар бархе манотиқи вилояти Хатлон мардум дар шабонаруз фақат 4-5 соат бо неруи барқ таъмин мешуданд.Дар ин замина авзоъ ба ҳадде муташаннич шуд, ки дар давраи аз 30 октябр то 5 ноябри соли 2009 аксари рустоҳои ин вилоят ба таври комил аз неруи барқ маҳрум шуданд. Масъалаи сохтани неругоҳи Роғун ин рузҳо ба гунае дар Точикистон доғ шудааст, ки ҳатто ба мизони қобили таваччуҳе интихоботи порлумонии 28 февралро таҳти шуъо қарор додааст.Шабакаҳои радио-телевизиони ин кишвар бо пахши барномаҳои вижа, мардумро ба мушорикати фаъол дар хариду фуруши саҳмияҳои неругоҳи Роғун даъват мекунанд.Созмону идора,корхона ва ниҳодҳои мухталиф бо сармоягузорй дар ин тарҳ, талош доранд як навъ имтиёз касб кунанд.Аммо мавзуе ки боиси бархе нигарониҳо шудааст, сарнавишти саҳмияҳои неругоҳи Сангтуда аст, ки бо дар ихтиёри Русия қарор гирифтани тарҳи ин неругоҳ ва табдил шудан ба Сангтуда-1, ба фаромушй супурда шудааст.Бо ин вучуд давлати Душанбе дар шахси раиси чумҳур, ки ташаббускори аслии тарҳи мушорикат додани мардум дар сохтани неругоҳи Роғун аст, тамоми талоши худро ба харч додааст, то мардумро ба мушорикати фаъолтар дар ин тарҳ мутақоид намояд.Ҳатто дар ҳолатҳое дар лаҳни суханрониҳои раиси чумҳур оҳанги таҳдид шунида мешавад.Аз чумла Эмомалй Раҳмон ахиран дар дидор бо соҳибкорон ва точирони точик таъкид кард, ки дар сурати худдории точирон аз интиқоли сармояҳояшон ба Точикистон, доройиҳои онон мавриди бозрасй қарор хоҳад гирифт.Раиси чумҳури Точикистон ҳамчунин ба раисони бонкҳо ҳушдор дод, ки дар сурати камфаъолиятии онон, мучаввизи ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳои хоричй дар Точикистонро содир хоҳад кард ва дар чунин сурате бонкҳои дохилй тайи 3-4 моҳ варшикаст хоҳанд шуд. Дар робита ба фуруши саҳмияҳо ҳатто гузоришҳое дар бораи мачбур кардани донишомузон ба хариди саҳмияҳо тавассути устодон,мунташир шуд, аммо баъдан масъулон ин хабарҳоро такзиб карданд. Дар мачмуъ дар дохили Точикистон бо шуру шавқи хосе хариду фуруши саҳмияҳо идома дорад.Аммо дар хорич аз кишвар иқдомҳое дар ҳоли шаклгирианд, ки баёнгар аз ба мушкил мувочеҳ шудани раванди сохтани неругоҳи Роғун мебошанд. Қарори маълум Русия дар тарҳи неругоҳи Роғун нақш ва чойгоҳи вижае дорад ва мавзеъгириҳои ин кишвар метавонад бар раванди фаъолиятҳои марбут ба такмили Роғун таъсиргузор бошад.Точикистон дар пайи солҳо умедвор шудан ба ваъдаҳои Маскав дар мавриди сохтани ин тарҳ, ногузир ба гирифтани мавзеи кунунии худ шуд.Вақте ки моҳи январи соли 2009 Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия тайи сафари худ ба Тошканд эълом кард, дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй аз манофеи Узбакистон ҳимоят хоҳад кард,дар Душанбе ба ин натича расиданд, ки дигар наметавон ба ваъдаҳои Русия дил хуш кард. Бо ин вучуд Русия ҳаргиз ҳозир нест аз мушорикат дар тарҳи Роғун канорагирй кунад.Ба вижа дар пайи тасвиби тарҳи САSА-1000 дар порлумони Точикистон, ки интиқоли неруи барқи Осиёи Миёна ба Осиёи Чанубиро тазмин хоҳад кард, Русия ба унвони мудаъийи таҳти тасарруфи худ қарор додани манобеи энержии минтақа,талош хоҳад кард аз саҳми бештаре дар ин тарҳ бархурдор шавад.Аз ин ру ин интизор чой дорад, ки сарфи назар аз мавзеъгириҳои кунунии Маскав дар қиболи масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй, давлатмардони рус бар асоси суннати рафоқаташон,ки дар тули таърих ҳамеша манофеи худро аз манфиати шарикон бартар шумурдаанд, метавонанд ба Тошканд пушт гардонда, мучаддадан ру ба суи Душанбе оваранд.Аммо дар Точикистон ин дарси русҳоро хондаанд. Масъалаи дигари марбут ба сохтани неругоҳи Роғун, мухолифатҳои сарсахтонаи Узбакистон мебошад, ки ба эътиқоди соҳибназарони точик дар ростои қудратталабиҳои Ислом Каримов сурат мегирад. Бархе аз коршиносон пешбинй мекунанд, ки идомаи ихтилофҳо миёни ду кишвари ҳамсоя бар сари неругоҳи Роғун метавонад ба руёруиҳои чиддитаре табдил шавад. Ба вижа дар шароите, ки дар порлумони чадиди Узбакистон як фарксиюни 15 нафараи экологй таъсис шудааст, ин дидгоҳ тақвият шудааст, ки кишвари ҳамсоя масъалаи сохтани неругоҳи Роғунро ба таври чиддй пайгирй хоҳад кард.

Тасвиби тарxи СASA -1000 дар порлумони Точикистон


Ахиран порлумони Точикистон тавофуқнома миёни ин кишвар, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистонро дар мавриди сохти хати интиқоли барқ бо номи СASA -1000-ро тасвиб кард. Бар асоси ин тавофуқнома неруи барқи изофии Точикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон интиқол хоҳад ёфт.Бонки чаҳонй, бонки рушди Осиё ва ожонси рушди байналмилалии Амрико чиҳати сармоягузорй дар ин тарҳ эъломи омодагй кардаанд. Гуфтанй аст тарҳи СASA -1000 бо таваччуҳ ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон тадвин шуда, дар сурати такмил ниёзи ду кишвари Афғонистон ва Покистон ба энержиро бароварда хоҳад кард.Бар асоси баровардҳои коршиносй дар оянда ниёзи солиёнаи Покистон ба неруи барқ 8% афзоиш ёфта, бо истиқрори суботу амният дар Афғонистон, ин кишвар низ ба масрафкунандаи умдаи энержии Точикистон ва Қирғизистон табдил хоҳад шуд. Санадҳои марбут ба тарҳи CASA-1000 моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон ба имзои масъулони кишварҳои Точикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон расид.

Дар чорчуби ин тавофуқнома қарор аст миёни ин кишварҳо хати интиқоли неруи барқ сохта шавад.Тарҳи мазкур бахше аз барномаи минтақайии тичорати энержй миёни Осиёи Марказй ва Осиёи Чанубй(CASAREM) аст ва маблағи такмили он ҳудуди 680 миллион доллар баровард шудааст. Русия барои мушорикат дар ин тарҳ эъломи омодагй намудааст ва қасд дорад неруи барқи неругоҳи Сангтуда-1 ро ки дар Точикистон ба дасти мутахассисони русй ва сармоягузории ин кишвар сохта шудааст, ба хорич аз минтақа содир кунад.Маскав, ки мехоҳад тамоми манобеи энержии минтақаи Осиёи Марказиро таҳти тасарруфи хеш нигоҳ дорад, ба ҳеч вачҳ намехоҳад аз бозори пурдаромади неруи барқ бебаҳра монад, аз ин ру дар ин росто барномаҳоеро руи даст гирифтааст.Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбии тарафи қазия тамоили чандоне ба мушорикати Русия дар ин тарҳ надоранд,зеро аз он бим доранд, ки Маскав ба гунае ки дар Ғарб аз энержй ба унвони аҳрами фишор бар кишварҳои аврупойи истифода кард, коршиканиҳое дар Осиёи Марказй низ анчом диҳад.Аз суи дигар Амрико, ки аз чумлаи сармоягузорон дар ин тарҳ мебошад, талош дорад бо истифода аз фурсат, аз нуфузи Русия дар минтақа бикоҳад ва ҳамзамон чойгоҳи худ дар ин минтақаи муҳимро тасбит кунад.Амрико дар пайи он аст вонамуд кунад, ки барои рушди иқтисоди Афғонистон талош мекунад, аммо дар асл мехоҳад бо ворид шудан ба тарҳҳои энержии минтақа, арсаро барои Русия маҳдуд кунад.Ин намоди дигаре аз рақобати қудратҳост, ки дар айни ҳол чанбаҳои густардатаре касб намуда, бар аҳамияти кишварҳои минтақа афзудааст. Бояд гуфт Исломобод ҳануз дар солҳои 90 қарни гузаштаи милодй барои мушорикат дар тарҳи неругоҳи Роғун эъломи омодагй намуда буд. Аммо авзои нобасомони Точикистон, ки ҳосили чанги таҳмилии 5 сола буд, пеши роҳи амалй шудани ин ҳадафро гирифт.Аз суи дигар ба назар намерасад, ки мушорикати Исломобод дар тарҳи неругоҳи Роғун бидуни таваччуҳ ба дидгоҳи Маскав сурат гирад.Зеро Маскав ба унвони мубтакири аслии тарҳи Роғун ҳозир нест бо мушорикат додани дигар кишварҳо, саҳми худро дар бозори энержии Осиёи Марказй коҳиш диҳад ва ҳамзамон бо ин заминаи густариши нуфузи рақибони худро фароҳам намояд.Бо ин вучуд дар нишасти чаҳорчонибаи Точикистон, Русия, Афғонистон ва Покистон, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе доир гардид, бархе тавофуқоти аввалия дар заминаи мушорикати Покистон дар тарҳи Роғун ҳосил шуд, аммо ҳануз масъалаҳои чиддие дар ин робита вучуд дорад. Тарҳи CASA-1000 дар сурати такмил бештар ба нафъи Афғонистон ва Покистон, ки дар айни ҳол шарикони Амрико маҳсуб мешаванд, хоҳад буд.Аммо ҳамзамон бо ин, ҳассосиятҳоро аз тарафи Ҳиндустон ба вучуд хоҳад овард, зеро Покистон ба унвони рақиби суннатии Деҳлии нав бо дастёбй ба неруи барқи арзони Осиёи Миёна, заминаҳои бештареро дар чиҳати тавсаъаи иқтисодй фароҳам хоҳад кард.Дар ин миён Чин низ бетафовут нахоҳад буд.Яъне ичрои тарҳи CASA-1000 монеаҳои чиддие дар сари роҳ дорад ва дар ин миён адами суботу амният дар Афғонистон аз умдатарин мавонеъ маҳсуб мешавад. Тасвиби тарҳи CASA-1000 дар порлумони Точикистонро метавон иқдоме тозае дар ростои рафъи мавонеъ дар раванди такмили неругоҳи Роғун арзёбй кард.Ҳарчанд кишварҳое назири Узбакистон бо тамоми тавон барои пешгирй аз сохти неругоҳи Роғун талош мекунад,аммо танҳо роҳ барои Точикистон дар ростои таъмини истиқлолияти энержй, сохтани ин неругоҳ аст.Аз ин ру дар оянда шоҳиди вокунишҳо ва аксуламалҳои Тошканд дар ин робита хоҳем буд.

Ахмадинажод ба Душанбе меояд

Бар асоси иттилои сафорати Чумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси чумҳури Эрон рузҳои 6-7 январи соли 2010(16-17 даймоҳ) дар чорчуби як сафари расмй, аз Точикистон боздид хоҳад кард.Интизор меравад тайи ин сафар музокирот миёни мақомоти олирутбаи ду кишвар дар масоили иқтисодй, тичорй ва фарҳангию илмй анчом шуда, чанд санади ҳамкорй миёни тарафҳо ба имзо расад. Нигоҳе ба раванди муносибот миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикистон баёнгар аз он аст, ки муносиботи ду кишвар дар бахшҳои сиёсй, иқтисодй,фарҳангй ва тичорй бо пуштивонаи вучуди иштирокоти фаровони фарҳангй, таърихй, динй ва забонй аз замони истиқлоли Точикистон дар 18 соли пеш то кунун, ҳамвора масири пешрафтро паймудааст.
Зикри ин нукта дорои аҳамият аст, ки то ин дам баргузории ҳафт ичлоси кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодй, тичорй, илмй ва фарҳангии Эрон ва Точикистон, имзои беш аз 107 тавофуқнома ва тафоҳумнома сафарҳои мутақобили масъулони ду кишвар ва муҳимтар аз ҳама ҳузури бахши хусусии Эрон дар Точикистон заминаи робитаи барои ду тараф судмандро беш аз пеш тақвият кардааст. Эрон ва Точикистон то қабл аз фурупошии Шуравй равобити бисёр заъифе доштанд ва он ҳам аз тариқи коноли Маскав анчом мешуд.Ҳамин амр боис шуд, ки ду миллат тайи ҳафтоду анд соли режими коммунистй аз ҳам дур буданд.Албатта сиёсатҳои ғарбгароёнаи ражими Паҳлавй низ дигар омили дар ҳошияи сиёсатҳои Эрон қарор гирифтани Точикистон ба унвони танҳо кишвари форсизабон дар қаламрави Иттиҳоди Шуравй буд.Бо касби истиқлоли Точикистон дар соли 1991, Чумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кард.Баъд аз ин равобити мустақими ду кишвари ҳамзабон поягузорй шуд, ки имруз шоҳиди тавсаъа ва таҳкими рузафзуни он ҳастем. Аз вижагиҳои равобити миёни Теҳрон — Душанбе он аст, ки ин равобит бидуни фарозу нишеб ва масоили чонибй будаанд ва ин мар аз хосту иродаи раҳбарони олирутбаи ду тараф, ҳамчунин вучуди эътимоди мутақобил нашъат мегирад. Сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Душанбе дар шароите анчом мешавад, ки ахиран рафту омадҳои мақомоти ду кишвар то ҳадде коҳиш ёфтааст, ки далели он баргузории интихоботи раёсати чумҳурй дар Эрон ва омодагиҳо ба интихоботи порлумонй дар Точикистон будааст. Аз ин ру мавзуоти ниёзманд ба баррасиҳои бештари мақомоти олирутбаи ду тараф кам нестанд.Аз чумла, бо таваччуҳ ба мушкилоти таъмини неруи барқ дар Точикистон, интизор меравад, ки суръат додан ба раванди баҳрабардорй аз неругоҳи барқи обии «Сангтуда 2», ки тавассути мутахассисони эронй дар ҳоли сохт дар Точикистон аст, аз мавзуоти меҳварй дар музокироти Аҳмадинажод ва Раҳмон, раисони чумҳури Эрон ва Точикистон бршад. Албатта, он гуна ки зикр шуд, имзои чанд тарҳ ва санади муҳим, ки робитаҳои ду кишвари ҳамфарҳангро вориди марҳалаи чадиде хоҳанд кард, низ дар назар гирифта шудааст. Бо ин ҳол наметавон гуфт, ки равобит миёни ду кишвари Эрон ва Точикистон бидуни масоили ҳалталаб аст. Бе кор кардани раводид миёни ду кишвари ҳамзабон, ҳамфарҳанг, ҳамтаърих ва ҳамдин аз чумлаи маворидест, ки бояд масъулони ду тараф дар ичрои он чиддияти бештаре нишон диҳанд. Аз суҳбатҳо бо соҳибкорону точирони эронй бармеояд, ки бархе аз онҳо ба далели вучуди ришвахорй дар сохторҳои хукумати Точикистон, аз фаъолият дар ин кишвар дилсард шудаанд. Хамин амр боис шудааст, ки ҳамкориҳои иқтисодй ва тичории дучониба миёни Эрон ва Точикистон пойинтар аз ҳадди зарфият ва имкониятҳои мавчуд дар ду кишвар бошанд. Аз суи дигар мо шоҳиди он ҳастем, ки бозорҳои Точикистон ба тадрич таҳти тасаллути маҳсулоти Чинй қарор мегиранд ва ҳузури колоҳои эронй дар муқоиса ба 8-9 соли қабл дар ҳоли камранг шудан аст. Агар аз як тараф сабаби чунин саҳнае вучуде бархе мушкилот (сахтгириҳои бархе гумрукчиён, ришваситонй, набуди хати мустақими автомобилй ва релй миёни ду кишвар …)бошад, аммо аз суи дигар иллати аслии ин амр он аст, ки дар ибтидои вуруди точирон ва бозаргонони эронй ба Точикистон, бисёр точирони ғайрикасбй(омотур) ибтикори амалро дар даст доштанд. Ин афрод бидуни барномаҳои мушаххас ва фақат барои касби даромади «ҳарчи бештар ва ҳарчй зудтар» даст ба кор шуданд ва натича он буд ба аввалин рақобатҳо, ки хоси иқтисоди бозаргонй аст, тоб наоварданд ва на танҳо худ варшикаст шуданд, балки чойгоҳи маҳсулоти эрониро дар бозорҳои Точикистон тазъиф карданд. Дар бахши фарҳангй , ки зоҳиран муваффақтар аз дигар бахшҳо будааст,ҳануз ҳам чойи як нашрияи муштараки кишаврҳои форсизабон, ки дар се кишвари Эрон, Афғонистон ва Точикистон мунташир шавад, холист. Манофеи ду кишвари Эрон ва Точикистон, ҳамчунин авзои минтақа ва чаҳон эчоб мекунад, ки чиҳати баҳрабардорй аз имконият ва зарфиятҳои мавчуди ду кишвар ва рафъи мавонеи мавчуд дар масири ҳамгаройиҳои ҳарчй бештар, тайи ин сафари раиси Чумҳури Исломии Эрон ба Точикистон асноди стротегй, ки зомини таҳким ва тавсаъаи ҳарчй бештари ҳамкориҳои дучониба дар тамомии заминаҳо бошад, ба имзо бирасад. Барои ин амри начиб хост ва иродаи раҳбарон, масъулон ва миллатҳои ду кишвар дар мизони зарурй вучуд дорад.

Пирузии Чин ва дар бозори энержии Осиёи Марказй

Рузи душанбеи 14 декабр дар Туркманистон маросими пуршукухи ифтитохи хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин баргузор гардид. Бо хузури Ху Чин Тао, раиси чумхури Чин, Нурсултон Назарбоев, раиси чумхури Казокистон, Курбонгулй Бердимухаммадов, раиси чумхури Туркманистон ва Ислом Каримов, раиси чумхури Узбакистон хати лулаи гази Туркманистон — Чин ба фаъолият оғоз кард. Дар ин маросим сарони кишвархои мазкур ибрози итминон карданд, ки ин хати лула ба навъе чодаи кадимии арешимро эхё ва ба хамгаройии харчй бештари кишвархои минтака мусоидат хохад кард.Раисони чумхури Туркманистон ва Узбакистон дар суханони худ дар ин маросим бо эхсосот дар бораи «дурнамои дурахшони» тархи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин орзухои баландпарвозонае намуданд. Аз чумла раиси чумхури Узбакистон ангезахои Маскавгурезии худро пинхон надошт ва таъкид кард, ки ифтитохи тархи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин, накшаи геополитикии минтакаро тағйир дода, имкониятхои тозае барои содироти энержй фарохам хохад кард. Хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин аввалин хати лулаи интиколи энержй аз ин минтака мебошад, ки хорич аз каламрави Русия сурат мегирад. Бидуни шак ин руйдод ба маънии поёни инхисори(монополияи) Маскав бар манбаъхои энержии Осиёи Марказй аст.Аз ин чост ки макомоти минтака аз он ба унвони «муомилаи карн» ном бурданд. Харчанд дар бораи кимати гази содиротй ба Чин иттилои дакике ироа нашудааст, аммо барои Пекин ин нукта мухим аст, ки аз вобастагихои худ ба воридоти энержй тавассути роххои обй, ки хар ташаннуче метавонад боиси катъи онхо гардад, ба таври кобили мулохизае кохиш дихад.

Карордоди сохтани тархи интиколи газ дар масири Туркманистон — Узбакистон — Казокистон — Чин(ТУКЧ) мохи апрели соли 2006 миёни тарафайни дахлдор ба имзо расид.Дар ибтидои соли 2007 амалиёти сохти ин хати лула оғоз шуд ва дар камтар аз 3 сол ба поён расид.Тули ин хат то марзи Чин худуди 1800 километрро ташкил медихад ва дар назар аст тайи соли оянда тавассути он 13 миллиард метри мукааб газ интикол ёбад. Дар сурати такмил пешбинй мешавад, ки соли 2013 аз тарики хати лулаи ТУКЧ 40 миллиард метри мукааб газ аз Осиёи Марказй ба Чин содир шавад. Тарафи чинй муътакид аст, ки сохти хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин хеч таъсире бар манфиъатхои Русия дар ин минтакаи стротегй, надорад.Зеро гази мавриди истифодаи ин лула аз минтакаи «Сомонтепа», дар сохили рости рудхонаи Ому,ки карордоди он миёни тарафаи туркман ва ширкати чинй ба имзо расидааст, истихроч мешавад.Карори маълум, гази содиротии Туркманистон ба Русия аз манбаи «Давлатобод», дар вилояти Марв истихроч мешавад. Албатта ин андешахо баргирифта аз мулохизоти дипломатй ва бо таваччух ба хусни шарикй, ки Пекин ва Маскав дар киболи хам дар муодилоти минтака доранд, мебошанд.Вокеият он аст, ки Чин ба унвони ракиби чидди Русия дар дар бозори энержии Осиёи Марказй вориди амал шудааст ва акнун «Газпром»-и Русия наметавонад хостахои худро ба кишвархои ин минтака тахмил кунад. Русия дар ибтидои сохти хати лулаи гази Осиёи Марказй ба Чин ба андешаи ин ки ин тарх ба навъе коршиканй дар киболи тархи Nabucco хохад буд, ахамияти чандоне ба он надод. Зеро Маскав баъд аз он ки дар соли 2008 хозир шуд гази Осиёи Марказиро бо киматхои аврупои харидорй кунад, мутмаъин буд кишвархои Осиёи Марказй Русияро аз хар кишвари дигар авлотар хоханд шумурд. Аммо амалкарди Русия дар киболи шарикони худ дар Осиёи Марказй, беэътимодии сарони ин кишвархоро ба ваъдахо ва тарххои давлатмардони Кремл афзоиш додаст.Ба вижа, руйкарди Русия дар равобит бо Точикистон, ки содиктарин чумхурй ба Маскав дар Осиёи Марказй махсуб мешавад, сарони ин минтакаро дар нахваи равобит бо Русия беш аз хар замони дигаре эхтиёткор намудааст.Баъд аз фурупошии Шуравй Точикистон охирин кишваре дар махдудаи ин абаркудрат буд, ки аз каламрави «рубл», вохиди пули замони Шуравй, ки дар Русия мавриди истифода буд, хорич шуд.Ин амр миллионхо доллар ба корхонахо ва мардуми Точикистон зиён ворид кард, ки давлати Душанбе хануз кодир ба чуброни он нест.Вучуди пойгоххои низомии русии бидуни харочот барои Маскав дар каламрави Точикистон, аз дигар мавориди садокати Душанбе ба Маскав мебошад. Ба ивази ин хама, Русия на танхо ваъдаи 2 миллиард доллар сармоягузорй ба иктисоди Точикистонро ичро накард, балки бо талаф додани замон, зарару зиёнхои фаровоне ба ин кишвар ворид намуд.Чунин рафтори ба дур аз урфи шарикй ва хамкории Маскав, сарони Осиёи Марказиро ба ин натича расонд, ки ба суханон ё сахехтар бигуем, ба суханбозихои Русия беш аз хад дил хуш накунанд. Ин беэътимодй ба Маскав факат махсуси кишвархои Осиёи Марказй нест, дар мавриди энержй Чин низ «чуби» ваъдахои Русияро хурдааст. Дар соли 2006 миёни Русия ва Чин дар мавриди интиколи гази Русия ба Чин карордод ба имзо расид, аммо тарафи русй хеч тамоиле барои ичрои ин карордод нишон надод. Инак натича он аст, ки дигар Кремл наметавонад Осиёи Марказиро минтакаи суннатии худ тавсиф кунад. Дар мачмуъ ифтитохи хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин намоди дигаре аз нокомихои Русия дар амалй намудани барномахои иктисодии худ дар минтака мебошад.Аз ин ру интизор меравад Димитрий Медведев раиси чумхури Русия, дар сафари рузи 22 декабри худ ба Ишкобод талош хохад кард ин иштибохотро то хадди мумкин ислох кунад.

Япония ва Осиёи Марказй


Ахиран Қурбонқулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон дар чорчуби як сафари расмй ба Япония сафар кард.Ин нахустин сафари як раиси чумҳури Туркманистон ба Токио буд. Дар поёни ин сафар як баёния миёни ду кишвари Япония ва Туркманистон ба имзо расид. Ин санад, ки иборат аз шаш мода аст, густариши ҳамкориҳои Ашқобод ва Токиоро дар заминаҳои сиёсй, иқтисодй, тичорй, фарҳангй ва омузишй пешбинй мекунад. Ҳамчунин дар ин баёния ду тараф бар ҳамкории бештар дар мубориза бо тероризм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳҳои куштори чамъй ва дигар таҳдидҳои минтақаи ва чаҳонй таъкид карданд. Нахуствазири Япония дар дидор бо раиси чумҳури Туркманистон аз ифтитоҳи қарибулвуқуи сафорати кишвараш дар Ашқобод хабар дод ва таъкид кард, ки аз тамоили Туркманистон дар чиҳати густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои тичорй, иқтисодй, энержй ва ҳамлу нақл миёни ду тараф истиқбол мекунад.Юкиё Ҳотуёмо эълом кард, ки Япония дар бозсозии бандари «Туркманбошй» ва дигар тарҳҳои бузурги иқтисодии Туркманистон мушорикати фаъолона хоҳад кард.

Албатта муҳимтарин дастоварди сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Япония тавофуқи ду тараф дар заминаи энержй арзёбй мешавад. Нахустин сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Япония дар шароите сурат гирифт, ки таҳлилгарон аз муддатҳо қабл пешбинй мекарданд, дер ё зуд Япония ба унвони рақиби Русия ва Чин вориди муодилоти Осиёи Марказй хоҳад шуд.Қобили зикр аст, ки Япония ҳануз дар замони Шуравй таваччуҳи вижае ба Осиёи Марказй ба унвони бахши муҳими «Чодаи абрешим» дошт ва бо фурупошии Иттиҳоди Шуравй фаъолиятҳои пажуҳиширо дар ин шоҳроҳ тақвият кард.Акнун дар шароите, ки Чин ва Кореяи чанубй дар канори Русия нуфузи худро дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй ҳамвора густариш медиҳанд, Япония наметавонад назорагари ин раванд бошад. Зеро амнияти Япония ба таври мустақим ё ғайримустақим ба амалкарди ин се кишвар дар минтақа низ марбут аст ва манофеи Токио эчоб мекунад, ки ин кишвар вориди муодилот дар Осиёи Марказй шавад.Дар ин миён мавзуи манобеи фаровони энержии Осиёи Марказй аз аҳамияти вижае бархурдор аст, ки бидуни шаку шубҳа Япония ҳозир нахоҳад буд имкониятҳои хешро дар ин замина нодида гирад.Аз суе таҳлилгарони японй пешниҳод мекунанд, ки бояд Токио аз Созмони ҳамкории Шонгҳой истифода ва барои пайвастан ба ин ниҳоди минтақайи талош кунад.Бо таваччуҳ ба ин ки ду қудрати муҳими атомй — Русия ва Чин узви Созмони ҳамкории Шонгҳой мебошанд, аъзои нозир ё узви доим будани Япония имконияти манёври ин кишварро дар раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй бештар хоҳад кард. Имкониятҳои фаъол шудани дипломатия ва тақаррукоти Токио дар Осиёи Марказй аз чанбаҳои мухталифе имконпазир аст.Аввал ин ки Япония ба унвони шарики Амрико дар минтақа, метавонад дар ҳамсуи бо сиёсатҳои Вошингтон, рақобатеро бо Русия ва Чин дар ин минтақа шакл диҳад.Дар ин росто Токио метавонад дар ичрои барномаҳои хеш дар минтақа ба пуштибонии Амрико умед бандад.Дуввум, бо таваччуҳ ба ин ки кишварҳои Осиёи Марказй, ба вижа кишварҳое, ки аз манобеи саршори энержй бархурдоранд, барои иктишоф ва истихрочи нафту гази худ ба фановариҳои пешрафтаи Япония эҳтиёч доранд. Ҳамин амр тамоили ин кишварҳо ба ҳамкорй бо Япнияро афзоиш додааст, аз ин ру ба таври мустақил ворид шудани Токио ба муодилоти Осиёи Марказй низ аз эҳтимол дур нест.Саввум, дар шароити кунуни минтақа ва чаҳон, ки Осиёи Марказй дар конуни таваччуҳи қудратҳои Шарқу Ғарб қарор гирифтааст, Япония наметавонад аз ин раванд дар канор бимонад ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии ин кишвар эчоб мекунад, ки Токио ба таври фаъолонатаре вориди амал шавад.Ин сиёсатро ҳануз дар соли 2006 Асо Таро, нахуствазири вақти Япония таъйин карда буд.Вай тарҳеро бо номи «Осиёи Мраказй — коридори сулҳ ва субот» ироа карда буд.Бар асоси ин тарҳ сиёсатмадорони япон ба Осиёи Марказй ба унвони долоне ба Афғонистон нигоҳ мекунанд. Бо чунин руйкарде ин дидгоҳ бештар тақвият мешавад, ки Япония дар ҳамсуи бо тарҳи амрикойии «Осиёи Марказии бузург», ки соли 2005 тавассути Вошингтон ироа шуд, вориди муодилоти Осиёи Марказй хоҳад шуд. Албатта чунин раванде дар дарозмуддат ба нафъи Япония нахоҳад буд, аз ин ру ҳифзи манофеи Токио дар минтақа ниёзманди сиёсате мустақил аст, то битавонад эътимоди бештари кишварҳои Осиёи Марказиро чалб ва тамоили ҳарду даста аз кишварҳои мухолиф ва мувофиқи Амрико ва Русияро, ба ҳамкориҳо бо Токио, бештар кунад. Ҳамкориҳои Япония ва Қазоқистон дар тичорати уран, ки аз нимаи дуввуми даҳаи 90 шуруъ шуда,баёнгар аз азми чиддии Токио дар мушорикати фаъолона дар раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй аст. Дар айни ҳол Қазоқистон як чаҳоруми ниёзи Япония бо уранро таъмин мекунад.Ба иборати дигар Япония дар канори Амрико, Чин, ва Кореяи чанубй дар ҳоли табдил шудан ба муҳимтарин харидорони урани Қазоқистон аст.