Терори устод Раббонй ва зарурати ҳамгаройии точикон

Террори устод Раббонй ҳамзамон бо ин ки қалбҳои миллионҳо инсони бедордил ва адолатхоҳ, ба вижа миллати точикро дар саросари чаҳон ғарқ дар мотам кард, раванди сулҳи Афғонистонро ба хатари чиддй мувочеҳ намуд. Толибон бо ин иқдоми дадманишонаи худ, ки дақиқан такрори сенариёи террори Аҳмадшоҳ Масъуд буд, нишон дод, ки ҳаргиз наомадааст сухан аз сулҳу ваҳдат бигуяд, балкй гуруҳест ба дур аз ҳама фарҳангу тамаддун ва ойину мазҳаб ва омадааст: аввалан Исломро бадном кунад; сониян нооромй ва нифоқро, ки хостаи хочагони ғарбиаш ҳаст, дар Афғонистон ва минтақа доман бизанад.Ҳамон гуна ки аз шеваи хуручи неруҳои ғарбй аз минтақа ва  дигар кишварҳои таҳти тасарруфашон бармеояд, доман задан ба хушунатҳои қавмй аслитарин шигардест, ки дар мустамликадории навин ҳамеша мавриди истифода будааст.Имруз ҳамон англо-саксҳое, ки то миёнаҳои қарни 20 кишварҳоро ишғол ва миллатҳоро қатлиом ва ғорат мекарданд, акнун ин корро ба усулҳои мудерн, аз тариқи созмону ниҳодҳои дастнишондаи худ ва бо баҳонаҳои «мубориза бо тероризн», «таъмини демократия», «ҳимоят аз ҳуқуқи башар» ва амсоли ин анчом медиҳанд.Як бор аз худ савол накардаед,:»Оё барои англис хеле муҳим аст, ки миллиардҳо доллар харч кунад ва аз он тарафи обҳо биёяд то амнияти афғонҳоро ё ироқиҳоро таъмин кунад?»Оё ақли солим ба ҳамчунин коре бовар мекунад?Дар тули таърих ҳамеша англо-саксонҳо ба дунболи сарват ва боигарии дигар миллатҳо будаанд.Дар Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин, ҳар кучо ки нишоне аз тилло буда, англо-саксонҳо ончо пайдо шуданд ва шуруъ ба ғорат кардаанд.Ҳамин ҳирси тилло ва сарват онҳоро ба Амрикои шимолй бурд ва бо қатлиоми мардуми бумй, ки онҳоро «сурхпустон» мегуфтанд, давлате бо номи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ташкил карданд ва имруз ин ду бародар — Амрико ва Инглис ба иттифоқи сионизми чаҳонй дар дунё ҳукумат ва кишварҳоро истисмор мекунанд.Террори устод Раббонй нишон дод, ки ишғолгарони Афғонистон ҳаргиз ба фикри сулҳу оромиш дар ин кишвар нестанд, зеро ба хубй медонанд, ки агар суботу оромиш дар минтақа барқарор шавад, дигар ниёзе ба ҳузури ин ишғолгарон намемонад.Аз ин ру бузургтарин чеҳраи сулҳофари Афғонистон — устод Раббониро ба шаҳодат расонданд, то бо доман задан ба низоъҳои қавмй, дар оби гилолуд моҳй сайд кунанд.

 Имруз онҳое ки мегуянд «марги Раббонй таъсире дар раванди сулҳи Афғонистон нахоҳад дошт», сахт иштибоҳ мекунанд, зеро дар асл устод Раббонй буд, ки ин равандро чон дамид ва шахсияти у сутунмуҳраи чараёни сулҳи Афғонистон буд.Акнун чои шаке нест, ки дубора сари мизи музокира овардани чиноҳҳои Афғонистон бо намояндагони толибон, коре сахт ва душвор хоҳад буд.Дар ҳақиқат раванди сулҳи Афғонистон, ки шабеҳи кучаи ҳаракати яктарафа буд, дар замони раёсати устод Раббонй дар Шурои миллии сулҳи Афғонистон, ба хиёбони сертараддуд барои ташхиси масирҳо табдил шуд.Инак терори устод Раббонй собит кард, ки на толибон ва на Ғарб, ки ҳарду дар асл як неру маҳсуб мешаванд, ҳеч гоҳ ба дунболи сулҳ дар Афғонистон набуданд ва нестанд.Ғарб бо харчи миллиардҳо доллар ба он хотир ба Афғонистон лашкар кашид, ки рақибони аслии худ дар арсаи чаҳон — Чин, Русия, Иронро аз наздик таҳти назорат дошта бошад ва заминаи заъиф кардани ин қудратҳои дар ҳоли зуҳурро муҳайё кунад.Аз ин ру идомаи чангу хунрезй дар минтақа беҳтарин фурсат барои ин ҳузур ва амалй кардани ин ҳадаф аст.Ҳамон гуна ки Чонон Мусозай, намояндаи вазорати хоричаи Афғонистон дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид кард, «ин нахустин ва охирин куштори мақомоти олирутба нест» ва ғарбиҳо аз тариқи дастнишондаҳои худ силсилаи терорҳоро идома хоҳанд дод, то адовати душманй миёни қавму миллатҳои муқими Афғонистон амиқтар шавад. Ин ҳодисаи асафбори таърихи муосири Афғонистон, об ба осиёби онҳое мерезад, ки мухолифи сарсахти раванди сулҳ ҳастанд.

 Бисёриҳо бар ин боваранд, ки марги устод Раббонй ба дигар раванди дохилии Афғонистон — иттиҳоду инсичоми точикони муқими ин сарзамин, ки беш аз 8 миллион нафарро ташкил медиҳанд, низ таъсири манфй хоҳад расонд.Ин дидгоҳ то ҳадди зиёде чон дорад, зеро устод Раббонй буд, ки ихтилофоти мавчуд миёни раҳбарони точикро дар Афғонистон ҳамеша саркуб кард ва тавонист нақши раҳбариро бо афзал шумурдани манфиатҳои миллй, ичро кунад.Ҳамчунин Эътилофи шимол бидуни устод Раббонй ба як сохтори бе руҳ табдил хоҳад шуд.Бисёриҳо дар Афғонистон бар ин боваранд, ки терори устоди Раббонй, идомаи силсила терорҳоест, ки дар ростои аз миён бардоштани пешвоёни миллати точик дар ин кишвар анчом мегирад.Ин дидгоҳро дар хорич аз Афғонистон низ тасдиқ мекунанд ва ин ҳақиқат аст! Бисёриҳо дар минтақа ҳамбастагию ҳамгаройи миёни Точикистон, Афғонистон ва Эронро бар хилофи манфиъатҳои худ мебинанд, аз ин ру бо ҳар роҳи мумкин талош мекунанд, пеши роҳи ин ҳамгаройиро бигиранд.

 Дар бораи фармоишгарон ва ичрокунадагони терори Устод Раббонй дидгоҳҳо ва тахмину гумонҳо зиёданд, аммо ин нукта ғайриқобили инкор аст, ки ҳар кй ҳастанд ва ҳар кучо ҳастанд нахуст душманони иттиҳоди мардуми Афғонистон ҳастанд, дуввуми бадхоҳони миллати точик мебошанд, ки давлати точикон ва вучуди ин миллатро устухоне дар гулуи худ таъбир мекунанд.

  Бо кушта шудани Устод Раббонй, акнун мавчи нооромиҳо ба қаламрави точикон ҳаракат хоҳад кард ва аз эҳтимол дур нест, ки Точикистон ба саҳнаи нооромиҳо табдил шавад.Акнун барои Ғарб беҳтарин фурсат фароҳам шудааст, то пойи касифи худро аз сарзамини Афғонистон берун кашад ва назорагари ҳамдигракушй дар ин кишвар бошад, зеро донаи кинаву нифоқ пошида шуд ва ташдиди низоъи қавмй амре ногузир дар ин марзу бум хоҳд буд.

 Дар ин чо дигар мавзуе ки чалби таваччуҳ мекунад, вучуди ихтилофи назар дар миёни шахсиятҳои точик дар Афғонистон аст.Дар ин фароянд масъулияти бисёр муҳиме ба души Точикстон — Ватани миллати точик аст.Дар солҳои чанги таҳмилии шаҳрвандй дар Точикистон раҳбарони точики Афғонистон, ба хусус шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва шаҳид устод Раббонй талоши зиёде барои ҳалли ихтилофи мавчуд дар миёни тарафҳои ба ҳам рақиби Точикистон ба харч доданд.Имруз фурсате пеш омадааст, ки Точикистон вориди амал шавад ва тамоми талоши худро барои иттиҳоду инсичом миёни точикони Афғонистон ба кор гирад. Чунин кореро ояндаи давлат ва миллати точик тақозо мекунад, зеро аз ин тариқ ҳамгаройи миёни миллати точик беш аз пеш густариш меёбад ва аз дигар су пеши роҳи нуфузи гуруҳҳои ифротй аз хорич ба Точикистон гирифта хоҳад шуд.Акнун фурсати он аст, ки Анчумани байналмилаллии точикон аз як ниҳоди ташрифотй ба як созмони фаъоли байналмилалй табдил шавад ва дар им амр бояд Точикистон ибтикори амал, яъне ташаббусро дар даст дошта бошад.

«Толибон»и Осиёи Марказй


Бар асоси гузоришҳое ки мақомоти амниятй ва интизомии кишварҳои Осиёи Марказй нооромиҳои як ду соли охири Осиёи Марказй мунташир кардаанд, ҳудуди 90 дар сади нооромиҳои ин минтака тавассути афроди вобаста ба ҳизби таҳрир ва ҳаракати исломии Узбакистон ба вуқуъ пайвастаанд.Сенориёи баррасии ин бесуботиҳо, ки куштаю захмй ва фирорй дар пай доштаанд, шабеҳи ҳаманд, ба гунае ки ҳам дар Қирғизистон ва ҳам дар Точикистон дар даргириҳои низомии ахир афроди ин ду чунбиши ифротй гунахкор муаррифй шудаанд.

Аммо на ҳамеша далелҳои боэътомод дар ин замина ироа шудаанд.Бо ин вучуд пай бурдан душвор нест, ки як барномарезии ҳамоҳангшуда миёни хадамоти вижаи бархе кишварҳо барои эчоди ба истилох толибони маҳаллй дар Осиёи Марказй, дар ҳоли ичро аст.Бо таваччуҳ ба ин ки ҳаракати исломии Узбакистон беш аз дигар гуруҳҳои мухолифи давлатҳои Осиёи Марказй афроди мусаллаҳ дар Покистон ва Афғонистон дар ихтиёр дорад, маҳз ҳамин ҳаракат ба унвони ҳаста ё мағзи гуруҳи «толибони маҳҳалй» дар Осиёи Марказй интихоб шудааст.Ин ҳаракат мушобеҳи дигар чунбишҳои мардумии замони гурбочёвй, дар авохири умри Шуравй, дар солҳои 90 қарни гузашта шакл гирифт ва дар дохили Узбакистон ҳаводорони зиёдеро ба худ чалб кард.Дар пайи фишорҳои беамони давлати Тошканд ва ҳабсу куштори аъзои ин ҳаракат, неруҳои исломгарои Узбакистон ба хорич аз кишвар, умдатан ба Афғонистон фирор карданд ва бо эчоди дастаҳои мусаллаҳ, эълом карданд, ки ҳадафашон сарнагунии режими Ислом Каримов аст.
Ҳаракати исломии Узбакистон дар замони раҳбарии Чумъаи Намангонй аз инсичом ва барномарезиҳои муназзам бархурдор буд ва теъдоде аз чангиёни он дар сафҳои неруҳои мухолифи давлати Душанбе дар солҳои 1992-1997, чангиданд.Аммо дар пайи кушта шудани сарони ин чунбиш (Чумъаи Намангонй ва Тоҳир Юлдош), ҳаракати исломии Узбакистон то ҳадди зиёде инсичоми дарунисозмониро аз даст дод ва ҳамин амр боис шуд, ки афроди тасодуфй, аз чумла гуруҳҳои чинойи, ҳатто бино ба гузоришоти бархе расонаҳои ғарбй, дастнишондаҳои хадамоти вижаи бархе кишварҳо, дар пушиши фирорй ва норозиёни режимҳои Осиёи Марказй, ба дохили ин ҳаракат роҳ ёфтанд.Ҳамин расонаҳои ғарбй ҳар аз гоҳе гузоришҳо дар мавриди нуфузи толибон ба Осиёи Марказй мунташир ва барои зуҳури толибони маҳаллй заминасозй мекунанд.Ба назар мерасад, ки омилони вобаста ба хадамоти амниятии бархе ниҳодҳо дар пушиши афроди ҳаракати исломии Узбакистон, дар пайи ноамн кардани Қирғизистон ва Точикистон бар омадаанд. Ба эътиқоди маҳофили коршиносй, ин амр дар ҳамоҳангй бо хадамоти вижаи бархе аз кишварҳо, эҳтимолан Амрико ва Русия, дар ҳоли анчом аст.Зеро Ғарб ба саркардагии Амрико, ки аз ҳоло замзамаи шикаст дар Афғонистон ба гушаш мерасад, барои кучонидани неруҳояш аз Афғонистон ба Осиёи Марказй, дунболи баҳона мегардад ва ҳеч баҳонае беҳтар аз ба вучуд овардани «толибони маҳаллй» нест!Овозаҳо дар мавриди омодагии ҳаракати исломии Узбакистон барои анчоми амалиёти терористй дар Аврупо низ дар ҳамин чорчуб аст.
Аз таҳлилҳои анчомшуда дар мавриди иқдомоти ахири афроди вобаста ба ҳаракати исломии Узбакистон дар Қирғизистон ва Точикистон бармеояд, ки бархе гуруҳҳо қасд доранд ин ду кмшварро даргири масъалаҳои амниятй намуда, дар раванди ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодии онҳо, хала эчод кунанд.Пушида нест, ки ҳамкориҳои Бишкек-Душанбе дар заминаи сохтани чодаҳо ва хатҳои роҳи оҳан хорич аз қаламрави Узбакистон, на барои ҳамаи давлатҳои минтақа қобили қабул аст.Албатта беш аз ҳад ноамн шудани минтақа ба нафъи ҳеч як аз коргардонҳо нест, зеро худ низ мутаҳаммили зарару зиён ва монеъа дар амалй шудани ҳадафҳояшон хоҳанд шуд.Аз ин ру талош мекунанд ноамниҳо ва даргириҳоро тарзе саҳнасозй кунанд, ки аз контрул хорич нашаванд, аммо ин шева чандон мавриди эътимод нест ва метавонад мавриди аксуламали дигар кишварҳо қарор гирад ва ин ноамниҳо бар зидди созмондиҳандагонашон истифода шаванд.Дар ин миён, бино ба гуфтаи манобеи амниятии Покистон,баъд аз терори Тоҳир Юлдош, раҳбари ин чунбиш дар 26 августи соли 2009, дастнишондахои хадамоти чосусии узбак саъй карданд бо ба шохаҳо чудо кардани ҳаракати исломии Узбакистон, афроди худро вориди ин ҳаракат кунанд ва аҳдофи худ дар Афғонистон ва Осиёи Марказиро тавассути онон дунбол кунанд.Афросиёб Хаттак, узви порлумони Покистон мегуяд, афроди ҳаракати исломии Узбакистон узбакҳо, чеченҳо ва мусалмонҳо аз нуқоти мухталифи Русия мебошанд, ки ҳуввияти аслии аксари онон мушаххас нест.
Афроди боздоштшуда баъд аз ҳаводиси ахири Хучанд (шимоли Точикистон) ва минтақаи Рашт(чануби шарқи ҳамин кишвар), ки шаҳрвандони дигар кишварҳо, аз чумла Русия буданд, ин фарзияро тақвият кардааст, ки ба зудй макони зуҳури ба истилоҳ толибони Осиёи Марказй, Точикистон(минтақаи Рашт ва шаҳристони Исфара) эълом хоҳад шуд.Ҳарчанд афроди ҳаракати исломии Узбакистон ва ҳизби таҳрир бештар дар шимоли Точикистон фаъоланд, аммо ба далели мавқеияти чуғрофиёйи — наздик будан ба пойтахт,- эҳтимол меравад, ки маркази ноамниҳо ба чануби ин кишвар мунтақил шавад, то (ба андешаи тарроҳони ин ноамниҳо)зарба задан ба тарҳҳои муҳими иқтисодии Точикистон, аз чумла неругоҳи Роғун, осонтар бошад.Дар чунин шароите иқдомоти зидди исломии бархе мақомоти точик, чараёни об ба осиёби тарроҳони ин барномаҳоро афзоиш додааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи на чандон дур раҳбари толибони Осиёи Марказй, ки шояд вучуди хоричй надошта бошад, эълом ва баъд аз он сенариёе ки барои боздошти Бин Лодан ичро шуда буд, ба кор гирифта шавад:манотиқи мавриди назари кишварҳои тарроҳи ин барномаҳо, бамборон шавад, мавриди ҳамла қарор гирад ва…
Аз ин чо чунин бармеояд, ки ба майдон ворид кардани(!) «толибони маҳаллй» дар Осиёи Марказй, эҳтимолан бахше аз тарҳи «Осиёи Марказии бузург» бошад, ки Ғарб чанду чуни онро аз муддатҳо қабл матраҳ карда буд.

Точикистон ва толибон


Баъд аз хуручи ба истилоҳ неруҳои эътилофи зидди террор аз Афғонистон, Точикистон ногузир ба афзоиши харочот барои ҳифзи марзҳои худ бо ин кишвар хоҳад шуд. Ин матлабро раиси чумҳури Точикистон дар ҳамоиши «Дурнамои рушди Точикистон», ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён кард.Эмомалй Раҳмон тазаккур дод, ки дар чунин сурате будчаи Точикистон бо мушкилоти тозае ру ба ру хоҳад шуд.
Ин суханони раиси чумҳури Точикистон бо фосилаи каме баъд аз тавофуқи ин кишвар бо Русия дар мавриди ҳузури дубораи марзбонони рус дар марзи миёни Точикистон бо Афғонистон, баён шудаанд.Ҳамин амр мучиб шудааст, ки фарзу гумоназаниҳо дар мавриди таҳаввулоти ахири Точикистон ва дар кул Осиёи Марказй дар доираҳои расонайи ва коршиносии Точикистон ва минтақа, доманаи густурдатаре касб кунад. Табии аст, дар сурате ки НАТО бо ин ҳама имконот ва тачҳизоти модерн ва пешрафтаи низомй, натавонист тайи наздик ба даҳ сол толибон ва дигар гуруҳҳои ифротй дар Афғонистонро аз баон бибарад, кишваре назири Точикистон бо артиши на он қадр қавй ва имконоти маҳдуд, гумон аст битавонад дар баробари ин сели вайронгар биистад.Албатта амнияти марзҳои Точикистон ба маънии амният дар марзҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказй, ҳатто берун аз он аст, аз ин чост, ки раиси чумҳури Точикистон таъкид кард, ҳифозат аз марзҳо дар баробари терористон ва ифротгароён ба иқдомоти муштараки ҳамаи кишварҳои минтақа ниёз дорад. Нигаронии Роза Отунбоева, раиси чумҳури Қирғизистон аз густариши ноамниҳо дар марзҳо миёни Афғонистон ва Точикистон ва Точикистону Қирғизистон, дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Раиси чумҳури Қирғизистон ин матлабро дар дидор бо Ҳилларй Клинтон, вазири хоричаи Амрико, ки рузи 2 декабр дар Бишкек анчом шуд, баён ва таъкид кард:»мо аз он нигаронем, ки майдони даргириҳои низомй ба шимоли Афғонистон, ба марзи Точикистон ва Афғонистон ва сипас ба марзи Точикистону Кирғизистон мунтақил хоҳад шуд».
Бар асоси тасмимоти сарони кишварҳои ғарбй, созмони атлинтики шимолй НАТО соли 2014 неруҳои худ аз Афғонистонро ва масъулияти таъмини суботу амният дар ин кишварро ба неруҳои бумй вогузор хоҳанд кард. Албатта ҳануз ба таври дақиқ мушаххас нест, ки ин хуруч шарофатмандона хоҳад буд, ҳамроҳ бо шикасте мазбуҳона.Бар пояи ағлаби пешбиниҳо, Ғарбро сарнавиште назири сарнавишти Шуравии собиқ дар Афғонистон дар интизор аст.Афзоиши талафоти неруҳои НАТО, густариши ноумедй ва афсурдагй дар миёни сарбозони ҳозир дар Афғонистон, манофеи ба ҳам зидди бозигарони саҳна дар ин кишвар, афзоиши эҳсосоти ғарбситезй дар миёни мардуми афғон, аз чумлаи авомиле ҳастанд, ки ин ақидаро тақвият мекунанд. Дар ин миён талоши кишварҳое назири Русия, Чин, Покистон, Ҳинд, гуруҳҳои мухталиф дар кишварҳои арабй, ки мехоҳанд Ғарб ба саркардагии Амрико бештарини хисорот ва талафотро мутаҳаммил шавад, аз дигар авомиле ҳастанд, ки роҳи неруҳои НАТО дар расидан ба муваффақият дар Афғонистонро бастаанд.Албатта Русия ба хубй огоҳ аст, ки бо хуручи НАТО аз Афғонистон, бо мушкилоти чадиде ру ба ру хоҳад шуд.Сирояти ноамниҳо ба Осиёи Марказй ва таҳти таҳдиди чиддй қарор гирифтани манофеи Маскав дар ин минтақа, ибтидоитарини ин мушкилот хоҳад буд, ҳарчанд Русия аз ҳоло барои аз оби гилолуди Осиёи Марказй моҳй гирифтан, омода мешавад. Кремл бо бузургнамойии таҳдиди толибон, дар пайи он аст, тавсаъаи пойгоҳҳои низомии худ дар Осиёи Марказиро барои сарони ин минтақа асоснок кунад.Аз ин чост, ки бархе маҳофили коршиносй муътақиданд, дар ноамниҳои ахири шарқи Точикистон, авомили русй даст доштанд. Нишасти ахири Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Остона, ибрози назарҳои мақомот дар ин нишаст, дидору гуфтугуҳое ки сарони кишварҳо ба таври дучониба анчом доданд ва сафари вазири хоричаи Амрико баъд аз ин нишаст ба бархе кишварҳои минтақа, баёнгар аз он аст, Осиёи Марказй обистани таҳаввулот ва ҳаводисест, ки вуқуъи бархе аз онҳо хорич аз майлу иродаи бозигарони саҳнаи ин минтақа аст.Музокироти вазири хоричаи Амрико бо раиси чумҳури Узбакистон, муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон ва бетаваччуҳии чомеаи чаҳонй ва ниҳодҳои марбутаи байналмилал ба ин фочеъа,муомилаҳои Амрико-Узбакистон дар мавриди Афғонистон аз як су, муомилаҳои Русия-Узбакистон дар мавриди масоили Осиёи Марказй аз суи дигар, вуқуи ноамниҳо дар шимоли Қирғизистон ва чануби Точикистон, дидори нахуствазири Покистон бо раиси чумҳури Афғонистон дар Кобул,эъломи вазири хоричаи Амрико дар мавриди омодагии Қазоқистон барои фиристодани неруҳояш ба Афғонистон, сафари вазири корҳои дохилаи Русия ба Точикистон ва …зарфи як ҳафтаи охир, ин дидгоҳро тақвият мекунанд, ки руйдодҳои ахири Осиёи Марказй ва таҳаввулоти ояндаи ин минтақа ҳаргиз тасодуфй набуда, бар асоси барномаҳои аз қабл то ҳадде ҳамоҳанг шуда, сурат гирифтаанд ва сурат хоҳанд гирифт. Албатта ин мавзуъ ба қуввати худ боқист, ки чараёни ин таҳаввулот на ҳамеша тибқи иродаи коргардонҳои пасипардайи хоҳад буд. Бархе аз коршиносон суханони раиси чумҳури Точикистон дар мавриди таҳдиди толибон ба амнияти ин кишварро, иқдоме барои касби имтиёз аз кишварҳои ғарбй тавсиф мекунанд.Аммо ҳамон гуна, ки Рашид Нургалиев, вазири корҳои дохилаи Русия дар дидор бо Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон(рузи 5 декабр дар Душанбе) таъкид кард, Точикистон наметавонад ба танҳои бо террористон мубориза барад, аз ин ру Русия омодааст ҳамкорй ва мусоидатҳои лозим дар ин заминаро анчом диҳад.
Бо чунин руйкарде метавон ба ин натича расид, ки овозаҳо дар мавриди нуфузи толибон ба Осиёи Марказй, бе дахолати кишварҳои ин минтақа ва қудратҳои фароминтақайи нест. Ва аммо таҳаррукоти дипломатии Русия дар Точикистон (тайи камтар аз ним моҳи ахир нахуствазир,вазири корҳои дохила ва масъули ширкати гози Русия ба Точикистон омаданд) баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки Маскав намехоҳад Душанбе мушкилоташро бидуни мушорикати Русия ҳаллу фасл кунад.Аз ин ру талош дорад вонамуд кунад, ки дар канори Душанбе аст ва барои Точикистон ҳамчунон шарики стротегй боқй мондааст.Бо ин ҳол интизор намеравад, ки аз ин ба баъд масъулони точик ба ваъдаҳои Маскав дил хуш кунанд.