Зарурати инсичом ва хамгаройи миёни кишвархои форсизабон

Музокироти бе натичаи Тошканд ва ошкор шудани баҳонатаришиҳои Узбакистон
Бар хилофи интизорот ва пешгуиҳо, дар дидори Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ва Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар Тошканд тавофуқе дар чиҳати ҳалли масоили мавчуд миёни ду кишвари ҳамсоя, аз чумла тавакқуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ҳосил нашуд.Тарафи Узбакистон дар идомаи мухолифатҳои худ ба сохти неругоҳи Роғун, эълом кард вагонҳои дорои тачҳизот ва масолеҳи сохтмонй барои ин неругоҳ ҳамчунон ичозаи гузаштан ба Точикистонро нахоҳанд дошт. Бар асоси гузоришҳои мунташира дар бораи натичахои дидори Раҳмон ва Каримов, Узбакистон ба зудй ба вагонҳои Точикистон, ки нисбате ба неругоҳи Роғун надоранд, ичозаи ҳаракат хоҳад дод.
Ҳамин тавр Тошканд бо ин иқдоми худ нишон дод, ки мухолифатҳояш ба сохти неругоҳи Роғун чиддитар аз он чй ҳаст, ки дар Точикистон тасаввур мекунанд. Давлати Ислом Каримов бо истифодаи моҳирона аз шароити кунунии чаҳон ва минтақа, ки ниёзи қудратҳои Шарқу Ғарбро ба ҳамкориҳои Узбакистон беш аз ҳар замони дигаре афзоиш дода, мавқеияти чуғрофй ва вучуди манобеи нафту гоз, чойгоҳ ва аҳамияти ин кишварро дар ичрои барномаҳои қудратҳои хозир дар Осиёи Марказй,ба таври бесобиқае боло бурдааст,барномахои худро пайгирй мекунад.Чунин вазъияте қудратҳои мазкурро дар мавқеияти ниёзмандй қарор дода,ононро ночор ба чашмпушй дар қиболи тамоми амалкардҳои хилофи қавонин ва муқаррароти байналмилалии давлати Тошканд намудааст. Ва ин шароит Узбакистонро дар анчоми рафторҳои зиддибашарй нисбат ба Точикистон, густохтар кардааст.

Узбакистон дусти Точикистон аст?

Нигоҳе ба раванди равобити Узбакистон бо Точикистон баъд аз касби истиқлоли ин ду кишвар, байнгар аз он аст, ки Тошканд ҳамвора талош кардааст ҳамсояи худро дар вобастагй нигоҳ дорад, то битавонад хостаҳои худро таҳмил кунад.Чанги таҳмилии панчсола дар Точикистон ва таҳаввулоти марбут ба он ба вузуҳ нишон медиҳад, ки Узбакистон ҳаргиз дар мавзеи холисона ва бетарафона амал накарда, балки талош кардааст бо истифода аз фурсат барномаҳои худро дар Точикистон пеш барад. Дар шароите ки тамоми кишварҳои минтақа бо мизбонй аз мулоқоти тарафҳои он замон рақиби точик, саъй доштанд ба чанги шаҳрвандй дар Точикистон ҳарчй зудтар хотима диҳанд, Узбакистон ҳеч гоҳ ҳозир нашуд мизбони музокироти сулҳи точикон бошад. Ба илова дар музокироти сулҳи точикон давлати Тошканд ё ширкат надошт ва ё давлатмардони камсалоҳияти худро мефиристод. Сарфи назар аз ин Точикистон ҳамеша манфиатҳои Узбакистонро дар назар мегирифт. Ҳатто дар шароити барои худ душвор садди роҳи мухолифони мусаллаҳи давлати Каримов мешуд ва аз нуфузи онҳо ба қаламрави Узбакистон пешгирй мекард ва дар ин роҳ садҳо тан аз чавонони точикро қурбон кардааст.

Роғун ташаббуси Узбакистон ва барои Узбакистон аст

Бо чунин руйкарде метавон гуфт, ки неругоҳи Роғун фақат як баҳона барои Узбакистон аст, то барномаҳои худ дар ростои монеътарошй дар роҳи тараққию пешрафти Точикистонро амалй кунад. Нигоҳе гузаро ба таърихи тарҳи неругоҳи Роғун тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Сохтани ин тарҳ дар солҳои 70 қарни гузашта оғоз шуд, аммо дар пайи мухолифатҳои рушанфикрони точик корҳои сохтмонй ду бор мутаваққиф шуданд.Узбакистон ба унвони муаллиф ва ташаббускори аслии тарҳи Роғун, бар сохтани он исрор мекард, зеро мехост бо густариши заминҳои кишоварзй истеҳсоли пахтаро аз 5 миллион тон ба 9 миллион тон дар сол афзоиш диҳад. Бо дахолатҳои мустақими Узбакистон анчумани 24 ҳизби камунисти Иттиҳоди Шуравй, бо беэътинойи ба мухолифатҳои Точикистон, тарҳи сохтани неругоҳи Роғунро ба тасвиб расонд. Аз ин ру агар имруз тарҳи Роғун намебуд, Узбакистон бо ба миён кашидани фаъолияти корхонаи алюмини точик, ҳамин кореро мекард, ки бо баҳонаи сохтани неругоҳи Роғун мекунад.

Муҳосираи иқтисодй ба фоидаи Точикистон аст

Таърихи башарият саршор аз руйдодҳоест, ки байнгар аз ба кор гирии муҳосираи иқтисодй дар равобити давлатҳо мебошад.Дар аксари ҳолатҳо ин иқдомҳои ба зоҳир танбеҳй, ба нафъи миллатҳои мазлум тамом шудаанд. Имруз низ шоҳиди он ҳастем, ки муҳосираи иқтисодй ва иртиботии Точикистон тавассути Узбакистон дар ҳоли кор кардан ба нафъи миллати точик мебошад.
Дар пайи амалкарди мақомоти узбак, барои масъулони точик имкон фароҳам омад, ки дустро аз душман фарқ кунанд. Аз чумла рушан шуд, ки Русия чун ҳама қудратҳои султаталаб ва судчу шарики стротегй надорад, балкй манофеи стротегй дорад ва бар асоси ҳамин манофеъ шарикони худро барои марҳалаҳои мушаххас интихоб ва иваз мекунад. Ҳамчунин ба баракати иқдомоти қонуншиканонаи давлати Тошканд, чеҳраи воқейии кишварҳои муддайии демократия ва ҳомиёни ҳуқуқи башар бармало шуд. Ба хотири манофеи худ, ҳеч як аз кишварҳои ғарбй, ки ҳадафи аслии ҳузури худ дар минтақаро барқарории демократия ва озодиҳои шаҳрвандй эълом карданд, ҳозир нашуданд ба шикоятҳои Точикистон дар қиболи беадолатиҳои Узбакистон, расидагй кунанд. Ниҳодҳои байналмилалии вобаста ба ин қудратҳо низ бо ба бозй гирифтани сарнавишти миллати точик, дар баробари иқдомоти зиддибашарии Узбакистон чашмпушй карданд.

Чумхурии Исломии Эрон дусти Точикистон

Ҳамзамон бо ин ҳама, Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар дуст ва бародари воқеъйии давлату миллати Точик будани худро ба намоиш гузошт.Фишорҳои Тошканд давлати Душанберо водор намуд, ки бо диди бозтар ба равобит бо Чумҳурии Исломии Эрон нигоҳ кунад. Ин воқеият ғайриқобили инкор аст, ки бо дахолатҳои мустақим ва ғайримустақими кишварҳои бадхоҳ, мақомоти точик то солҳои ахир алоқаи чандоне ба густариши равобит бо Теҳрон надоштанд. Онон ба андешаи он ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти неруҳои исломгаро хоҳад шуд, бо ҳар баҳонае аз Теҳрон фосила мегирифтанд ва фақат дар ҳолатҳои ичборй ба истиқболи Эрон мерафтанд. Аммо Чумҳурии Исломии Эрон собит намуд, ки ҳеч дахолате дар умури дохилии Точикистон надорад ва дар ин кишвар ҳадафе чуз кумак ба пешрафту таолии давлату миллати точик надорад. Акнун дар Душанбе беш аз ҳар замони дигаре зарурати иттиҳоди се кишвари форсизабонро дарк карданд. Тасвиби таҳримҳои ноодилона дар Созмони милали муттаҳид алайҳи барномаҳои сулҳомези атомии Чумҳурии Исломии Эрон ва иқдоми Амрико барои музокира бо гуруҳи ифротии толибон дар Афғонистон, ҳамчунин муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон собит намуд, ки имруз душманони фарҳангу тамаддуни форсизабонон дар саросари чаҳон сафарбар шудаанд, то монеъ аз ҳамгаройии ин се кишвар шаванд.

Зарурати бознигарй дар дипломатия

Тачрибаи беш аз сисолаи Чумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳад, ки миллати ғаюри Эрон чй гуна аз таҳримҳо ва муҳосираҳои иқтисодии душманон истифода кард ва бо фаъол кардани зарфияту имкониятҳои бумй, ба тадрич дар тамоми заминаҳои сиёсй, иқтисодй, ичтимой ва фарҳангй ба худкафойи даст ёфт.Аз ин ру ҳамон гуна ки бо кумаки Эрон тунели Истиқлол ба баҳрабардорй расид ва роҳи заминй миёни марказ ва шимоли Точикистон сохта шуд, он руз дер нест, ки се кишвари форсигу дар муқобила бо иқдомоти душманон, неругоҳҳои азим дар Точикистонро такмил ва роҳҳои оҳани худро низ пайваст хоҳанд кард.Бо таваччуҳ ба тавони фаннй ва муҳандисии мавчуд дар Эрони исломй, ичрои чунин барномаҳо кори душворе нахоҳад буд.
Дар шароити кунунии чаҳон ва минтақа ба умеди кумаки кишварҳое назири Русия ва ниҳодҳои байналмилалие ҳамчун Созмони милал, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкории Шангхай ва амсоли инҳо шудан, чуз талафи вақт ҳосили дигаре барои Точикистон нахоҳад дошт.Аз ин ру Точикистонро зарур аст бо тақвияти дастгоҳи дипломатии худ ва бознигарии чиддй дар равобити хоричй, зимни авлавият додан ба густариши ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо бо Чумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои дуст, тарҳҳои миллии худро масъулона пайгирй кунад.Акнун фурсати он расидааст, ки масъулони давлати Душанбе дар тамоми радаҳо манофеи миллй ва давлатиро дар авлавият қарор дода, ба фикри инсичом ва иттиҳоди миллй бошанд. Истифода аз тачрибиёти Чумҳурии Исломии Эрон беҳтарин роҳкор дар ин замина мебошад.

Защищено: Сиёсатҳои Маскaв — Тошканд дар Қирғизистон

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Ташкили комиссияи экологй дар порлумони Точикистон

Ахиран порлумони Точикистон як кумиссиюни 15 нафара таҳти унвони кумиссиюни экологй таъсис намуд.Дафтари матбуотии порлумони Точикистон эълом кард, ки баррасии масъалахои марбут ба муҳити зист, аз вазифаи аслии ин кумиссиюн ба ҳисоб меравад.Харчанд макомоти расмии точик иброз доштанд, таъсиси кумиссиюни экологй ҳеч рабитае ба эътирозоти ахири аҳолии шаҳри Термизи Узбакистон дар нисбати хатароти зистмуҳитии корхонаи алюмини точик надорад, аммо воқеият он аст, ки руёруиҳои лафзй миёни ду кишвари ҳамсоя дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ба нафъи Тошканд дар ҳоли пешравй аст, аз ин ру давлати Душанбе тасмим гирифтааст сангари муборизаи дипломатиро дар ин замина тақвият кунад.

Нигоҳе ба раванди робитахо миёни ду кишвари ҳамсояи Узбакистон ва Точикистон баёнгар аз он аст ки масъалаи сохтани неругоҳҳо дар рудхонаҳои ба истилоҳ фаромарзй, аз чумла неругоҳи Роғун, мавзеъхои ду тарафро ба ҳаде аз ҳам дур кардааст, ки метавон ду кишварро рақибони сарсахти ҳамдигар тавсиф кард. Дар иртибот ба ин мавзуъ тарафи Точикистон муътақид аст, ки сохти неругоҳ бархоста аз ниёзҳои фазояндаи ин кишвар ба энержй аст ва ин амр ҳеч зарару зиёне ба кишварҳои минтақа ворид нахоҳад кард.Аммо тарафи Узбакистон иддао дорад, ки сохтани неругоҳ дар канори коҳиши мачрои об ба қаламрави Узбакистон, таъсироти вайронгаре ба муҳити зист ворид хоҳад кард.Тошканд чунин иддаоеро дар мавриди неругоҳи Камбарота, ки дар Кирғизистон дар ҳоли сохт аст, низ матраҳ намудааст. Аммо ҳам Точикистон ва ҳам Кирғизистон бо ироаи аснод ва далелхо собит кардаанд, ки сохтани неругоҳҳо на танҳо ҳеч пай омадҳои манфии зистмуҳитй надорад, балки дар танзими оби минтақа ва рушди бахши кишоварзй нақши муҳиме ичро хоҳад кард. Ин мавзуъ имруза аз чорчуби равобити дучониба фаротар рафта ба баҳси минтақайи, ҳатто фароминтақайи табдил шудааст. Узбакистон дар пайи беэътинойии ҳамсоягон ба дархостҳояш дар мавриди мутаваққиф кардани раванди сохти неругоҳҳо, масъаларо ба саҳнаи байналмилал кашид ва тавонист ниҳодҳои дахлдори байналмилалиро то ҳадди зиёде ба мавзеъхои худ ҳамсон кунад. Нахустин муваффақияти Тошканд дар ин замина он буд, ки Чинро аз ичрои қарордодаш бо Точикистон дар мавриди сохти неругоҳ дар рудхонаи Зарафшон мунсариф кунад. Ёдовар мешавем бар асоси қарордоди ба имзорасида миёни Чин ва Точикистон, тарафи чинй бояд аз моҳи майи соли 2009 сохти неругоҳ дар минтақаи Зарафшонро оғоз мекард, аммо бо дахолатҳои Тошканд, ширкати чинй ичрои ин қарордодро ба ҳолати муаллақ даровард. Дар идомаи ин иқдомҳо, давлати Ислом Каримов тавонист ширкати РусАл-ро низ аз мушорикат дар такмили тарҳи Роғун боздорад. Ҳатто бархе аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалй, ки қаблан барои мушорикат дар такмили неругоҳи Роғун эьломи омодагй карда буданд, дар пайи фазосозиҳои мақомоти узбак, дар тасмимоти худ чиҳати сармоягузорй дар тарҳи Роғун тачдиди назар ва таъкид карданд, ки то замони рафъи ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифода аз манобеи гидроэнергетикй, ҳеч сармоягузорие дар ин замина анчом нахоҳанд дод.
Узбакистон дар раванди мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳи Роғун то ҳадде пеш рафт, ки ин масъаларо ба Созмони милалаи муттаҳид — олитарин марчаъи байналмилалй кашид. Дар сафари даврайии Бан Ки Мун, дабири кулли ин созмон ба Осиёи Марказй, ки дар авоили моҳи апрел сурат гирифт, мақомоти Узбакистон Бан Ки Мунро ба минтақаи бахри Арал бурданд ва ба вай ин гуна илқо карданд, ки ҳама фочеаи марбут ба ин бахр бархоста аз сохтани беравияи неругоҳҳо дар минтақа аст.Ин илқоот то ҳадде корсоз буд, ки дабири кулли СММ дар сафар ба Точикистон аз боздиди минтақаи сохти неругоҳи Роғун, сарфи назар кард. Ин таҳаввул ба маънои шикасти дипломатияи точик дар баробари фазосозиҳои ҳамтоёни узбаки онҳо таъбир шуд.
Кабл аз ин Тошканд тавонист дар минтақа дидгоҳҳои Казоқистон ва то ҳадде Туркманистонро ба мавзеи худ дар масъалаи баҳрабардорй аз манбаъхои обии Осиёи Марказй ҳамсон кунад.Русия низ, ки ҳам бо Бишкек ва ҳам бо Душанбе дар мавриди сохтани неругоҳҳои барқи обй қарордодҳо имзо намуда буд,эълом кард, ки дар ин масъала аз мавозеи Тошканд чонибдорй мекунад.
Дар пайи чунин ранг гирифтани таҳаввулот, Точикистон тасмим гирифт неругоҳи Роғунро бо истифода аз манобеи дохилй такмил кунад.Ба ҳамин манзур аз ибтидои соли чории саҳмияҳои ин неругоҳ ба фуруш бароварда шуданд ва то имруз бар асоси оморҳои мунташира ба маблағи ҳудуди 900 миллион сомонй саҳмия ба фуруш рафтааст.
Ҳар иқдоми давлати Душанбе дар ростои такмили неругоҳи Роғун, ҳасосиятҳои Тошкандро барангехтааст, ба гунае ки ҳамакнун баҳси таъсироти манфии зистмуҳитии корхонаҳои Точикистон мавзуи эътирозҳо дар Узбакистон шудааст. Дар ҳамин чорчуб ахиран бо даъвати кумиссиюни экологии порлумони Узбакистон теъдоде аз аҳолии вилояти Сурхондарёи ин кишвар дар эътироз ба он чи таъсироти вайронгари зистмуҳитии корхонаи алюмини точик номиданд, гирдиҳамойи намуда, роҳи ҳаракати қатори Точикистонро ки аз қаламрави ин вилоят мегузарад, бастанд. Муътаризон иддао карданд, ки дуди ин корхона боиси густариши бемориҳое назири саратон дар миёни аҳолии ноҳияҳои ҳамчавор шудааст.Аз суи дигар ширкати роҳи оҳани Узбакистон бо баҳонаҳои таъмири роҳ беш аз 3 моҳ вагонҳои дорои маводи ғизои ва масолеҳи сохтмонии Точикистонро дар қаламрави хеш манъ кардаанд.Ин иқдом мучиби боло рафтани нархҳо, аз чумла нархи сузишворй дар бозорҳои Точикистон шуда, фаъолиятҳо дар тарҳҳои муҳим, назири неругоҳи Сангтуда-2ро фалач кардааст. Мақомоти Точикистон ин амалкарди кишвари ҳамсояро талош барои мунзавй кардани Точикистон тавсиф ва аз мачомеи байналилал хостанд дар рафъи ин мушкил ҳамкорй кунад. Хатто мутахасисони эронй, ки дар неругоҳи Сангтуда-2 фаъолият мекунанд, ибрози нигаронй карданд, агар тавқифи тачҳизоти фиристодашуда аз Эрон дар қаламрави Узбакистон идома кунад, муҳлати ба баҳрабардорй расидани ин неругоҳ ба таъхир хоҳад афтод.
Амалкарди Узбакистон дар мутавакиф кардани вагонҳои Точикистон чизе чуз талош барои муҳосираи иқтисодии Точикистон таъбир намешавад ва ба касе пушида нест, ки ин иқдом вокуниши Тошканд нисбат ба азми Точикистон дар мавриди такмили неругоҳи Роғун аст.Дар шароити кунунй ба назар мерасад, Точикистон ҳеч роҳе барои аксуламал дар муқобили амалкарди Тошканд надорад ва бояд зери бори фишорҳо равад. Аммо…
Ташкили кумиссиюни экологй дар порлумони Точикистон қабл аз ҳама дар ростои тақвияти чабҳаи талош барои ҳифозат аз манофеи Точикистон дар масоили зистмуҳитй таъбир мешавад. Давлати Душанбе ба тадрич ба дарки ин ҳақиқат рафтааст, ки вучуди афроди мутахасис дар порлумон, қабл аз ҳар чизи дигаре пояҳои ҳукуматро тақвият мекунад ва идомаи қавмгарои ва хешутаборпарастй дар интихоби кадрхо, дар дарозмуддат метавонад заволи ҳар давлатеро дар пай дошта бошад.Шикасти муборизоти дипломатй дар баробари фазосозиҳои Узбакистон ин дарсро ба раҳбарони точик дод, ки на ҳамаи вазирон ва масъулони ҳукумат сазовори мақом ва вазифаҳои худ ҳастанд.Идомаи ҳузури чунин афроди тасодуфй дар сохторҳои ҳукумат, дар дарозмуддат тазъифи манофеъ ва чойгохи Точикистон дар минтака ва ҳатто фурупошии давлатро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Аз ин ру манофеи кишвари соҳибистиқлоли Точикистон тақозо мекунад, ки раҳбарии ин кишвар дар сиёсатҳои кадрии худ ба таври чиддй тачдиди назар кунад.
Аз суи дигар,бо ташкили комиссиюни зистмуҳитй дар порлумони Точикистон ва узвияти афроде назири Шодй Шабдолов, Муҳиддин Кабирй ва амсоли инҳо, ба назар мерасад давлати Душанбе қасд дорад, дар канори дигар аҳдофе, ки дар ин кор дар назар гирифтааст, рақибони аслии худро ба масъалаҳои зистмуҳитй саргарм кунад. Аммо ин кумиссиюн то чи хад дар пешбурди вазифахои худ муваффак хохад шуд, саволест, ки посухи он ба амалкарди мантикии намояндагони порлумон дар расидаги ба масъалахо бармегардад. Бо ин хол ташкили кумиссиюни зистмухитй дар порлумони Точикистон баёнгар аз ин вокеият аст, ки минтака аз ин ба баъд сахнаи руёруихои порлумонй миёни Узбакистон аз як тараф ва Точикистону Киргизистон аз тарафи дигар хохад буд.
Акнун ин пурсиш дар зехнхо зухур кардааст, ки оё чунин руёруи мавзеъи кишвархоро ба хам наздик хохад кард ё ба сардии робитахо афзуда авзои Осиёи Марказиро ба самти печида шудан пеш хохад бурд?

Сафари Ҳолбрук ба Точикистон ва Узбакистон


Бар асоси гузоришоте, ки расонаҳои мухталиф мунташир намуданд, Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон, ҳафтаи оянда ба Душанбе ва Тошканд сафар хоҳад кард.Ин мақоми амрикойи қарор аст бо масъулони Точикистон ва Узбакистон масоили марбут ба равобити фимобайн ва авзои Афғонистонро мавриди баҳсу баррасй қарор диҳад.


Сафари фиристодаи вижаи Амрико ба ду кишвари Осиёи Марказй дар шароите анчом мешавад, ки як ҳайати олирутбаи мақомоти точик, ки дар садри он Ҳамрохон Зарифй, вазири корҳои хоричаи ин кишвар қарор дорад, дар Амрико ба сар мебарад ва то имруз дидору гуфтугуҳои зиёде миёни намояндагони ду кишвари Точикистон ва Амрико баргузор шудааст. Бино ба гуфтаи манобеи вазорати корҳои хоричаи Точикистон, дар ин дидорҳо дурнамои ҳамкориҳои стротегии ду тараф,аз чумла дар қиболи масоили Афғонистон дар меҳвар қарор доштааст.Аз он ру сафари Ҳолбрук ба Душанберо метавон дар ростои идомаи ҳамин ройзаниҳо арзёбй кард. Ин дар ҳолест, ки бархе расонаҳо қабл аз сафари ҳайати Точикистон ба Вашингтон авзои сиёсй — иқтисодии минтақа, ичрои тарҳҳои гидроэнергетикй ва ҳамлу нақлро аз аслитарин масъалаҳои мавриди баҳс дар музокироти мақомоти Душанбе — Вашигтон баршумурданд. Ҳамрохон Зарифй дар бораи барномаи сафари худ ба Амрико гуфта буд, қасд дорад тарҳи сохти хати роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон(Мазори шариф) — Точикистон ва хати лулаи газ дар ҳамин масир, ҳамчунин тезонидани равнди сохти хати интиқоли барқи Қирғизистон – Точикистон — Афғонистон — Покистон бо номи САSА-1000-ро ба тарафи амрикои пешниҳод кунад.Вай ҳамчунин иттилоъ дода буд, ки баҳрабардорй аз манобеи оби минтақа, сохтани неругоҳи Роғун, замонати ҳуқуқии фаъолияти ширкатҳо ва сармоягузориҳои Амрико дар Точикистон аз дигар масоиле ҳастанд, ки бо мақомоти амрикои баррасй хоҳанд шуд.
Аммо он чи ба сафари Ричард Ҳолбрук ба Узбакистон бармегардад, таваччуҳи вижаи Амрико ба ин кишвар ба унвони шарики аслй дар амалй шудани барномаҳои Ғарб дар Афғонистон мебошад. Ҳарчанд Узбакистон дар конфронси Лондон, ки ба баррасии масоили Афғонистон ихтисос дошт, ширкат накард, аммо фосила гирифтани ин кишвар аз Маскав ва наздикшавии он ба Амрико як ҳақиқатест, ки маҳофили мухталиф ба он ишора мекунанд. Чанде қабл, рузи 28 январ, ҳамзамон бо ифтитоҳи канфронси Лондон, Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон санадеро таҳти унвони «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» имзо кард. Имзои ин санад тасодуфй набуд, балкй ҳосили сафари моҳи октябри соли 2009 Роберт Блейк, ёвари вазири хоричаи Амрико ба Тошканд ва ройзаниҳои мақомоти ду тараф дар 17-18 декабри ҳамон сол дар Вашингтон буд. Ин санад иборат аз 40 маврид масоили аз чумла марбут ба бахши дифоъ ва амният мебошад ва боздиди ҳайати вижаи вазоратхонаҳои умури хорича ва дифоъи Амрико барои ташхиси ниёзҳои артиши Узбакистон ба силоҳ ва муҳиммот ва интиқоли ин тачҳизот ба Узбакистон дар чорчуби барномаи «Сармоягузории хоричии низомй»ро пешбинй мекунад.Омузиши кадрҳои низомй ва афсарони артиши Узбакистон дар муассисаҳои пешрафтаи Амрико аз дигар бахшҳои санади мазкур мебошад.Бахши аъзами санади «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» ба ҳамкориҳои ду тараф дар Афғонистон ихтисос дорад.Афзоиши тронзити коло ба Афғонистон тавассути қаламрави Узбакистон ва дар ин росто ичрои тарҳи роҳи оҳани Хайратон — Мазори шариф низ шомили ҳамин бахш мебошад.
Табиист, ки бо наздик шудан ба Вашингтон, Душанбе ва Тошканд ба фосилаи худ бо Маскав хоҳанд афзуд.Нуктаи муштарак дар ин иқдоми ду кишвари ҳамсоя он аст, талош доранд ҳар он чиро ки аз Маскав ба даст наоварданд, аз Вашингтон ба даст биоваранд.Дар ин миён Узбакистон интизороти бештаре аз наздикшавй бо Амрико дорад ва иқдомоти Маскавситезии он мавриди таваччуҳ ва истиқболи бештари Вашингтон қарор дорад. Қарори маълум Узбакистон танҳои кишвари узви Паймони амнияти чамъй аст, ки ба таъсиси неруҳои вокуниши сареъ таҳти фармондеҳии Русия, мухолифат кард. Ҳамчунин Тошканд иқдоми Маскав барои таъсиси пойгоҳи чадиди низомй дар Қирғизистонро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Аз суи дигар Узбакистон дар марз бо ҳамсоягони худ ҳамеша низоъҳои мухталифро саҳнасозй мекунад.Чунин иқдомоти Тошканд ба нафъи Вашингтон аст, ки дар садад аст нуфузи геополитикии худ дар минтақаро тавсаъа бахшад ва бадеҳист хилофи манофеи Русия аст. Бар асоси санади ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико пешбинй мешавад, ки артиши Узбакистон ба тадрич бо силоҳ ва муҳимоти амрикои мучаҳҳаз хоҳад шуд.Ин ба он маънист, ки дар ояндаи наздик Маскав бозори таслиҳоти худ дар Узбакистонро аз даст хоҳад дод.
Равобит ва ҳамкориҳо миёни Амрико ва Узбакистон дар соли 2005, баъд аз он ки давлати Чорч Буш иқдоми Тошканд дар саркуб ва қатлиоми тазоҳуркунандагон дар Андичонро мавриди интиқодҳои шадид қарор дод, ба сардй гароид.21 ноябри ҳамон сол бо дастури Тошканд пойгоҳи низомии Амрико дар Хонобод таътил шуд. Бо руи кор омадани Барак Обама Вашингтон ва Тошканд бар он шуданд, ки дар равобити худ бознигарй кунанд, амре ки авзои минтақа заминаҳои онро фароҳам намуд.
Ҳамакнун ба назар мерасад, ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд бар ин умеданд, ки Вашингтон дар масъалаи чанчолбарангези истифода аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи марказй аз манофеи онҳо дифоъ хоҳад кард. Дар ин замина Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба таври расмй эълом кард, ки аз манофеи Узбакистон дифоъ мекунад. Аммо имзои қарордод миёни Русия ва Қирғизистон дар мавриди сохтани неругоҳи Қамбарота, эътимоди Тошкандро ба садоқати Маскав ба таври камсобиқа коҳиш дод.Точикистон низ пас аз амалй нашудани ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларии Русия дар иқтисоди ин кишвар, дигар ба ваъдаҳои Маскав эътимоде надорад. Ба иборати дигар дар айни ҳол шароит ба нафъи Амрико пеш меравад. Аммо набояд нодида гирифт, ки Маскав ҳаргиз ҳозир нахоҳад шуд кишвари дигаре, ба вижа Амрико дар он чи ки минтақаи суннатии нуфузи худ медонад, чойи по пайдо кунад. Аз ин ру минтақаи Осиёи Марказй обистани иқдомоти чавобии Кремл аст, ки дар ояндаи на чандон дур шоҳиди натичаҳои он хоҳем буд.

Чойгоҳи расонаҳои мустақил дар Точикистон


Хабари дархости ғаромат аз панч нашрияи Точикистон ба иллати он чи ки риоят накардани қонуни матбуот ва нашри ахбори кизб таъбир шудааст, фазои иттилоотии ин кишварро таҳти таъсир қарор додааст.Бар пояи ин хабарҳо вазорати кишоварзй, муассисаи «Точикстандарт» ва чанд додрас аз ҳафтаномаҳои мустақили «Миллат», «Пайкон», «Фараж», «Озодагон» ва «Азия плюс» талаби пардохти ғаромат ба маблағи 7 миллион сомонй — муодили 1,5 миллион доллар намудаанд. Аз чумла дар шикояти вазорати кишоварзии Точикистон таъкид шудааст, ки ҳафтаномаи «Миллат» бояд ба ин вазоратхона барои интишори матолиби кизб як миллион сомонй ғаромат пардохт намояд. Дар ин замина сухангуи ин вазорат гуфт, ҳафтаномаи «Миллат» дар шумораи 49, 10 декабри слои 2009 таҳти унвони «Вазорати кишоварзй фасодзадатарин ниҳод аст» оморе мунташир намуд, ки дур аз воқеият мебошад.Ин дар ҳолест, ки масъулони нашрия мегуянд омору рақамхоро аз гузориши Сафаралй Гулов, раиси Кумитаи будчаи Мачлиси намояндагони Точикистон иқтибос кардаанд, ки дар як чаласаи парлумон гуфта буд. Аз суе ду қозии додгоҳи олй ва як додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҳафтаномаҳои «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» барои он чи ки таҳкир ба шаъну шараф ва ҳайсияти додрасҳо таъбир кардаанд,ба додгоҳ шикоят бурдаанд. Аммо масъулони ин нашрияҳо муътақиданд, ки ин иқдомот ҳосили як барномарезии аз қабл пешбинй шудаи гуруҳҳои фурсатталаб аст, ки дар чунин марҳалаи ҳасос саъй доранд фазои дохили кишварро ба бухрон бикашанд. Аҳли матбуот бар ин боваранд, дар шароите ки Точикистон ба интихоботи порлумонии 28 феврал омода мешавад ва мавзуи мушорикати мардум дар тарҳи азими неругоҳи Роғун дар меҳвари фаъолиятҳои расонаи қарор дорад, иддае бар он шудаанд сарнавишти давлат ва миллати Точикистонро қурбонии тамаъхои муғризонаи худ кунанд.

Таҳлилгарони точик низ бо ишора ба ҳамин мавзуъ мегуянд, вазоратхонаҳое ки дар пешбурди вазифахои худ муваффақ набудаанд, дар остонаи чаласи солонаи ҳукумат, ки тибқи маъмул бо чойивазкунии кадрй ҳамроҳ аст, талош доранд бо чунин чанчолофариниҳо афкори умумиро ба бероха баранд. Дар ҳамин ҳол Созмони гузоришгарони бидуни марз, ки қароргохи он дар Париж мебошад, бо интишори баёнияе аз мақомоти точик хостааст,аз афзоиши фишор ба матбуоти мустақил пешгирй кунанд.Дар ин баёния, ки ҳафтаи гузашта мунташир шуд, аз он ибрози нигаронй шудааст,ки бо иддаоҳои беасос ба додгоҳ кашидани фаъолиятҳои рузноманигорй дар Точикистон, дар ҳоли табдил шудан ба як анъана аст.
Нигоҳе ба амалкарди расонаҳои иттилоотии Точикистон тайи чанд соли охир, баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар муқоиса бо бархе кишварҳои ҳамсоя, рузноманигорони Точикистон дар вазъи беҳтаре аз нигоҳи истиқлоли амал бархурдоранд.Ба иборати дигар, меъёрҳои демократй ва озодии баён то ҳадди қобили мулоҳизае дар ин кишвар риоят мешаванд ва ин имкон додааст, ки рузноманигорон бо худбоварии бештаре анчоми вазифа кунанд.Қонуни матбуоти Точикистон, ки дар чанд навбат мавриди тағйиру ислоҳ қарор гирифт, сарфи назар аз бархе костиҳо, фазои нисбатан мусоидеро дар ихтиёри аҳли қалами ин кишвар қарор додааст.Албатта дар ин замина ҳануз масъалаҳои зиёде вучуд доранд, ки ҳалли онҳо ба эҳтимоми масъулон ва рафтори касбии ахли расона вобаста аст.
Дар моҳи майи соли 2009 гуруҳе аз рузноманигорони Точикистон бо имзои санаде бо номи «Ойинномаи ахлоқи журналист», иқдом ба таъсиси Шурои чамъиятии матбуот намуданд, то аз ин тариқ зимни тақвияти маҳоратҳои касбии хабарнигорон, фаъолияти ононро дар чорчуби қонунхо ва муқаррароти мавчуд тазмин кунанд. Аммо на ҳамаи дастандаркорони матбуоти точик аз ин иқдом истиқбол карданд ва иддае бо андешаи ин ки Шурои мазкур як ниҳоди чадиди назоратй ба фаъолиятҳои рузноманигорй дар Точикистон табдил хоҳад шуд, аз пайвастан ба он худдорй карданд. Гузоришҳои ниҳодҳои байналмилалй дар мавриди вазъи озодии баён дар Точикистон хикоят аз он дорад, ки дар соли 2009 ин кишвар бо 7 зина суқут аз мақоми 106 ба мақоми 113 нузул кардааст.Дар чунин гузориши соли 2007 Точикистон дар мақоми 115 қарор дошт.Харчанд дар гузориши мазкур вазъи озодии баён дар Точикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа ру ба беҳбуд арзёбй шудааст, аммо аз падидаи «худсонсур» дар миёни рузноманигорони точик ва фишори бархе сохторҳо ба матбуот ба унвони монеи чиддй дар масири ин раванд, ибрози нигаронй шудааст.
Бар асоси оморҳои расмй дар Точикистон 22 шабакаи мустақили радои ва телевизион фаъолият мекунанд.Хамчунин дар вазорати фарҳанги ин кишвар беш аз 360 ҳафтанома сабти ном шудаанд, ки теъдоде аз онҳо ба иллати мушкилоти молй аз фаъолият бозмондаанд.Точикистон аз чумлаи андак кишварҳо дар қаламрави Шуравии собиқ аст, ки ҳануз рузнома, яъне нашрияе, ки ҳар руз ба табъ расад, надорад.Бархе аз нашрияҳои давлатй руздармиён чоп мешаванд.
Гуфтан чоиз аст, ки зуҳури матбуоти мустақил дар фазои иттилоотии Точикистон, ки аз нахустин падидаҳои сиёсати бозсозии (перестройка)Горбачёвй буд, таҳаввуле чиддй дар фаъолиятҳои рузноманигорй дар ин кишвар эчод кард.Аввалин нашрияҳои мустақил, назири «Сухан», «Ҳафт ганч», «Чароғи руз»,«Адолат»,«Растохез» бо чопи матолиби миллию мазҳабй, инқилобе дар афкори чомеаи точик эчод карданд.Нахустин ҳосили талоши ин нашрияҳо мақоми давлатй касб кардани забони форсии точикй дар Точикистон дар соли 1989 буд.Ин матбуот бедории миллиро дар Точикистон ба гунае густариш доданд, ки ин кишвар ба маркази чунбишҳои миллй дар минтақа табдил шуд ва раванди бозгашт ба хештани хеш дар зехни фард-фарди мардум ба таври бесобиқае тақвият шуд.Дар сарорсари Точикистон масочид дарҳои худро ба руи намозгузорон боз карданд, омузиши алифбои ниёкон (хати форсй) дар мактабхо чорй ва Навруз ба унвони чашни миллй дар тақвим зикр шуд.Аммо оғози чанги таҳмилии шаҳрвандй дар соли 1992, ки то соли 1997 идома кард, камари ин наҳзатро шикаст.Дар оғози ҳазораи саввум, бо бозгашти суботу амният ба сарзамини точикон, матбуоти мустақил мучаддадан ҳузри худро дар саҳна пурранг кард, ҳарчанд ҳолу ҳавои даҳаи 90 қарни гузаштаро надошт.Бо ин ҳол тайи солҳои охир ин матбуот тавонист бо ҳимоят аз манофеи миллии Точикистон дар баробари бархе кишварҳо, чойгоҳи худро боло бибарад.Вокунишҳои шадид дар баробари озору азият ва куштори муҳочирони кории точик дар Русия ва тарғиби давлат ба иқдоми амалй дар ин замина, аз нахустин муваффақиятҳои ин расонаҳо дар давраи ба истилоҳ ҳаёти дубораашон дар чомеаи точик мебошанд.Химоят аз тарҳи азими неругоҳи Роғун ва руёруйи бо иддаҳои беасоси кишварҳои ҳамсоя, аз дигар амалкарди мусбати ин расонаҳо маҳсуб мешавад, ки истикболи густурдаи чомаеро ба хамрох дошт.Аз ин чост, ки раиси чумҳури Точикистон бо судури фармони 622 тамоми ниҳодҳои давлатиро вазифадор кард, ки ба танкидҳои расонаҳо посух гуянд ва масъулони ҳукуматй дар нишастҳои матбуотй ҳузур ёбанд. Бо ин ҳол имруз матбуоти Точикистон, аз чумла нашрияҳои мустақил бо бархе мушкилоте ру ба ру ҳастанд, ки бар фаъолиятҳои онон соя афкандааст. Аз чумлаи ин мушкилот нотавонии молй мебошад, ки ин нашрияҳоро дар ҳолатҳое ба мубаллиги сиёсатҳо ва хостаҳои афрод ё ниҳодҳои сармоягузор табдил кардааст. Аз муҳтавои чунин расонаҳо ба осонй эҳсос мешавад, ки ба ивази дарёфти маблағ, сиёсатҳо ва ҳадафхои дигаронро дунбол мекунанд.Ин падидаи номатлуб қабл аз ҳама фарҳанги чомеа ва арзишҳои миллию мазҳабии мардумро ҳадаф қарор додааст, ки идомаи ин раванд на танҳо суботу амният, балки мавчудияти Точикистонро ба унвони давлати мустақил таҳти савол қарор хоҳад дод.
Масъалаи риояти қонуни забон аз дигар мушкили расонаҳои Точикистон мебошад.Забони баёни бархе аз ин расонаҳо ба ҳадди солхои 60 асри гузашта омиёна ва бархе дигар ончунон печида ва дур аз меъёрҳои забони точикй менависанд, ки хонандаро ба бероҳа мебарад.Албатта ин мавзуи баҳси чудогона аст.
Аммо дар остонаи интихоботи порлумонй ба додгоҳ кашидани расонаҳои мустақил, ёдовари ҳамон иқдомҳоест, ки дар соли 2005 ва низ дар остонаи интихоботи порлумонй анчом шуда буд.Амре, ки ба манъи чопи нашрияҳои мустақили «Рузи нав», «Одаму олам» ва «Неруи сухан» анчомид.Албатта ҳар рузноманигоре вазифадор ба риояти меъёрҳои хабарнигорй аст ва ин сохторҳои дахлдор ҳастанд, ки дар мавриди шикоятҳо қазоват хоҳанд кард.Бо ин ҳол ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил ин бор таъкидҳои пай дар пайи мақомоти точик, ба вижа раиси чумҳур дар мавриди тазмини интихоботи шаффоф ва озодро то ҳадде таҳти сояи худ қарор додааст.