Гарб ва Узбакистон


Таҳаввулоти ахири кишварҳои арабй ва мавзеъгирии давлатҳои ғарбй дар қиболи ин таҳаввулот, бори дигар чеҳраи воқеъйии Ғарбро барои чомеъаи чаҳонй бармало кард.Албатта дар мавриди авомили тахриккунандаи чунбишҳои мардумй дар шимоли Африқо дидгоҳҳо мухталифанд, аммо он чи бештар чалби таваччуҳ карда, куниш ва вокуниши давлатхои ғарбй дар қиболи ин чунбишҳо будааст.Дар ибтидои ин таҳаввулот, дар ҳоле ки давлатҳои ғарбй бо тамоми тавон талош карданд аз Ҳуснй Муборак, раиси чумҳури Миср дифоъ кунанд, ба ҳамон андоза ва ҳатто бештар аз он саъй доранд Муъаммар Қаззофй, раиси чумҳури Либиро сарнагун кунанд. Аз суи дигар, бо фиристодани неруҳои низомй ба Баҳрайн, бар он шудаанд аз ҳокимони худкомаи ин кишвар низ дифоъ кунанд. Оё чунин руйкарде аз кучо маншаъ мегирад? Чаро дар як кишвар чунбиши мардумй ба унвони инқилоб арзёбй мешавад ва ин инқилоб мавриди ҳимоятҳои ҳамачонибаи Ғарб қарор мегирад, дар кишвари дигар инқилобиюн тудаи чинояткору авбош муаррифй ва мавриди саркуби ҳамон ғарбиҳо воқеъ мешаванд? Посухи ин пурсишҳо кори душворе нест ва ин амр аз хуйи тавсаъаталабона ва судчуёнаи истеъмори чаҳонй маншаъ мегирад.Яъне бо таваччуҳ ба ин ки дар чаҳони имруз сиёсати истеъмории асримиёнагй роҳ ба чое намебарад, аз ин ру кишварҳои ғарбй истеъморро дар шаклхои дигаре идома бахшиданианд.Аз намунаҳои роичи ин истеъмор, руйи кор овардани афроди вобаста дар кишварҳои мавриди назар мебошад.Ҳар вақт эҳсос шуд, ки сарони ин ё он давлат аз истиқлоли амал кор мегиранд, ба истилоҳ ҳомиёни ҳуқуқи башар ва демократия вориди амал мешаванд ва заминаи инқилобҳои мардумй, ки дар асл ҳамон табаддулотҳои байналмилалй астро фароҳам мекунанд. Борҳо шоҳид будаем, дар чунин шароите давлатҳое ки на ба мардум, балкй ба қудратҳои ғарбй иттико мекарданд, чй гуна тавассути ҳамин ҳомиёни худ ба осонй сарнагун ва ҳатто катл шуданд.Сарнавиши талхи Саддом Ҳусейн фақат як мисоли кучаке дар ин замина аст. Чунин амалкарди Ғарб фақат дар шимоли Африқо хулоса намешавад, имруз мо ин сенариёро дар ақсо нуқоти чаҳон мушоҳида мекунем.Аз чумла дар Осиёи Марказй, дар шароите ки ҳамаруза бар рақобати қудратҳо чиҳати нуфуз ва тақвияти чойгоҳи худ меафзояд, ба вузуҳ дида мешавад ки давлатҳои ин минтақа таҳти ҳимоят, ё баръакс таҳти фишори давлатҳои Ғарб қарор гирифтаанд. Бархурди дугона ба масоиле назири ҳуқуқи башар ва демукратия, ки ғарбиҳо дар муносибат бо давлатҳои Осиёи Марказй аз он кор мегиранд, ин ҳақиқтро ба намоиш гузошта аст, ки истикбори чаҳонй ҳаргиз шарикони стротегй надошта, балки хадафхои стротегй дорад, ки бино бар такозои ин аҳдоф, шарикони худро интихоб ё тарк мекунад. Замзамаҳо дар бораи тағйири руйкарди давлатҳои ғарбй дар қиболи амалкарди Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон, тасдике бар ин гуфтаҳост.То ин дам Ғарб дар мавриди сиёсатҳои давлати Тошканд дар саркуби дигарандешон, мунтақидони давлат, фаъолони мазҳабй ва мухолифони сиёсй, ё хомушй ихтиёр кардааст ва ё бо додани тазаккурҳои шифоҳй иктифо намудааст.Аммо акнун дар маҳофили ғарбй ҳар аз гоҳе ибрози назарҳои интиқодй дар мавриди амалкарди Ислом Каримов,қотеъонатар аз ҳар замони дигаре шунида мешаванд.Ин мавзуъ тайи сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Бруссел дар ибтидои соли чорй бештар рушан шуд. Баъд аз ин сафар Каримов ба ин натича расид ки Ғарб ба Узбакистон ба унвони танҳо гузина дар чиҳати интиқоли коло ва тачҳизот ба Афғонистон, ҳоло ҳолоҳо ниёз дорад, аз ин ру бо қотеъият дастури қатъи фаъолияти созмони дидабони ҳуқуқи башар — Human Rights Watch-ро содир кард.Ин ниҳоди амрикойи нақши муҳиме дар таҳияи аснод ва хуччатхо дар мавриди амалкарди хилофи қонуни мақомоти узбак дар руйдодҳои Андичон(майи соли 2005)ичро кард ва Каримов дунболи фурсати муносиб мегашт, то фаъолияти онро дар кишвараш мутаваққиф кунад.Ба гумони раиси чумҳури Узбакистон дар айни ҳол чунин шароите фароҳам омадааст.Аммо раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй баёнгар аз фароянди чадиде дар ин минтақа аст, фароянде ки ҳаргиз ба нафъи Ислом Каримови по ба син гузошта, арзёбй намешавад.Аз ибрози назарҳои мақомоти ғарбй дар мавриди амалкарди Каримов дар нишастҳо ва маҳофили мухталиф бармеояд, ки Гарб аз мавзеъхои тагйирёбандаи раиси чумҳури Узбакистон ва бозиҳои сиёсии вай хаста шуда, дигар ҳеч эътимоде ба сарони Тошканд надорад. Афзоиши қимати тронзити коло ва тачҳизоти Ғарб ба Афғонистон, ки баъд аз сафари Каримов ба Аврупо чорй шуд, охирин ҳушдоре ба Ғарб буд, ки бояд дар пайи роҳҳои олтернотиф бошад. Аз ин чост ки тарҳи ба хам васл кардани роҳи оҳани Туркманистон ба Қазоқистон, ки хорич аз қаламрави Узбакистон ба Афғонистон пайваст хоҳад шуд, дар дастури кори ниҳодҳои ғарбй қарор гирифтааст. Бо такмили ин масир коридори шимол бо давр задани қаламрави Узбакистон ба Афғонистон пайванд хоҳад шуд ва ин амр боиси он хоҳад шуд, ки дигар Гарб дар масоили марбут ба Афғонистон, ниёзи ончунонй ба қаламрави Узбакистон надошта бошад. Яъне ин ба он маъност, ки дигар раиси чумҳури Узбакистон наметавонад мисли қабл, дар масъалаи тронзити коло ба Афғонистон, аз Ғарб бочгирй кунад.Албатта масъалаи рақобат миёни қудратҳо, ҳамчунон ба қуввати худ боқй хоҳад буд, ки дар ин миён Узбакистон низ истисно нест, фақат бо ин тафовут ки ин рақобат метавонад ба баҳои бақо ё суқути давлати Тошканд тамом шавад.Хамин мавзуъ, яъне камранг шудани нақши Узбакистон дар таҳаввулоти Афғонистон сабаб шудааст, ки мақомоти ғарбй бо истифода аз ҳар фурсате масъалаи бархурди чиддй бо сиёсатҳои зиддидемократии Ислом Каримовро матраҳ мекунанд. Ба вижа баъд аз он ки давлати Тошканд дар 23 моҳи март дастури қатъи фаъолияти дафтари Human Rights Watch-ро содир кард, дархостҳо дар мавриди бархурди чиддй бо сиёсатҳои зиддидемукросии Тошканд беш аз ҳар замони дигаре доман задаанд.
Аз раванди таҳаввулот бармеояд, ки барои қудратҳои ғарбй он гуна ки худи онҳо тавсиф мекунанд, таърихи истифодаи бархе ҳокимони Осиёи Марказй низ ба поён расидааст ва дар пайи барномарезй барои иваз кардани муҳраҳо дар ҳай ати ҳокимаи давлатҳои ин минтақа баромадаанд.Ба иборати дигар, ин интизор чой дорад, ки дар ояндае на чандон дур шоҳиди таҳаввулоте назири шимоли Африқо дар Осиёи Марказй низ бошем.

Узбакистон ва Туркманистон дар роҳи ҳамгаройи


Сойтҳои мухталиф дар Узбакистон ва Туркманистон аз сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Узбакистон дар баҳори имсол хабар доданд.Бар пояи ин гузоришҳо пешбинй мешавад, ки тайи ин сафар ва дидору гуфтугуҳои мақомоти олирутбаи ду кишвар, санадхои муҳим дар заминаи густариши равобит миёни Ишқобод — Тошканд ба имзо расад.Бо таваччуҳ ба ин, гуфта мешавад сафари Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ба Тошканд нуқтаи муҳиме дар раванди ҳамкориҳо миёни Туркманистон ва Узбакистон хоҳад буд.Албатта ин сафар чавоб ба сафари Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон аст, ки дар моҳи октябри соли 2010 анчом шуд. Дар чорчуби сафари Ислом Каримов чанд санади ҳамкорй миёни ду тараф ба имзо расид, ки тафоҳумномаи ҳамкорй дар бахшҳои фарҳангй — башардустона дар давраи солҳои 2011 — 2013 аз муҳимтарини ин аснод буд.Ҳамчунин дар рузҳои сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон дар шаҳри Дашогози Туркманистон чашнвораи дустии халқҳои узбак ва туркман баргузор гардид. Дар мачмуъ дар мавриди сафари рузҳои 18-20 октябри соли 2010 Ислом Каримов ба Ишқобод бояд гуфт, раиси чумҳури Узбакистон тайи даҳ моҳи ахир ду бор ба Туркманистонро сафар кард.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гази Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъҳои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро (Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб (Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Бо ин ҳол масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Пушиши хабарии ин сафар дар ду кишвар баёнгар аз он буд, ки ду раиси чумҳур бо ҳам дуст шуданд. Сафари ахири Ислом Каримов ба Ишқобод аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки бо ҳар роҳи мумкин худро ба Курбонгулй Брдимуҳаммадов наздик кунад.

Қобили зикр аст, ки равобити дипломатй миёни Тошканд ва Ишқобод аз 7 феврали соли 1993 барқарор шуд ва тайи муддати болиғ бар 17 сол Узбакистон ва Туркманистон ҳамкориҳои бидуни таниш бо ҳам доштанд.То ин дам миёни ду тараф беш аз 120 қарордод ва тафоҳумнома дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст, ки аз ин чумла 26 санад тайи чаҳор соли охир ба имзо расидааст.

Дар соли 2010 мубодилаи тичорй миёни ду кишвар 229 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл 42 дарсад афзоишро нишон медиҳад.Пешбинй мешавад, дар шашумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Туркманистон ва Узбакистон, ки қарор аст рузҳои 14-15 феврали соли чорй дар Тошканд баргузор шавад,роҳҳои тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳо миёни ду тараф баррасй шавад. Сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Тошканд дар шароите анчом мешавад, ки Осиёи Марказй ба таври камсобиқае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Давлати Тошканд, ки дар равобит бо ин қудратҳо пайваста мавозеи мутағаййиреро интихоб кардааст, дар идомаи ин раванд, ниёз ба бархе пуштибонй ва мусоидатҳои кишварҳои минтақа дорад.Ба вижа дар шароите ки Ғарб ба таври чиддй масъалаи пайдо кардани чойгузин барои гози Русияро дунбол мекунад, дар бархурд ба ин мавзуъ Тошканд ба ҳамоҳангиҳо бо Ишқобод ниёз дорад.Зеро Туркманистон дорои манобеи саршори гози табии аст ва мавозеъи он метавонад бар руи қимати содироту воридоти ин колои муҳими санъатй, таъсиргузор бошад. Аз суи дигар наздик шудан бо Ишқобод ин имконро барои Тошканд фароҳам хоҳад кард, ки дар мудирияти бархе масоили минтақайи аз Казоқистон ба унвони рақиби суннатии худ дар ичрои нақши раҳбарй дар Осиёи Марказй, пешй бигирад.Дар як нигоҳи ичмолй, сафари отии Қурбонгулй Бедимуҳаммадов ба Тошкандро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард.

Тарафи саввум дар Осиёи Марказй


Чанде қабл Ален Делетро ноиб раиси бахши аврупойии гуруҳи байналмилали буҳроншиносй (International Crisis Group) дар мусоҳиба ба радиои Олмон иброз дошт, Афғонистон як домест,ки барои кишварҳои Осиёи Марказй роҳандозй шудааст.Вай гуфт аз он чо ки мофиёи маводи мухаддир ҳамвора қавитар аз қабл мешавад, фаъолият ва манофеъи ин мофиё дар ояндаи на чандон дур амният ва тамомияти арзии кишварҳои Осиёи Марказй, назири Қирғизистон, Точикистон ва ҳатто Қазоқистонро ба чолиш хоҳад кашид.Ин мақоми аврупойи афзуд, масири тронзити маводи мухаддир аз Афғонистон ба Точикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва кишварҳои аврупойи боиси он хоҳад шуд, ки дар ин кишварҳо манотиқи чудогона аз контрули давлат хорич шаванд.

Ален Детро таъкид кард, ки дар айни ҳол дар манотиқи куҳистонии Точикистон ва Қирғизистон гуруҳҳои мусаллаҳи қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолият мекунанд, ки ҳадафи аслии онҳо ноамн кардани ин кишварҳо ва умуман густариши ноамнй дар Осиёи Марказй ва пеш бурдани ҳадафҳои худ мебошад.

Ин мусоҳиба дар рузҳое анчом шуд, ки шарқи Точикистон саҳнаи даргириҳои пароканда миёни афроди мусаллаҳ ва неруҳои низомии давлати Душанбе буд.Дар ин руйдод корвони неруҳои вазорати дифоъи Точикистон мавриди ҳамлаи ғофилгирона қарор гирифт, ки ба асари он беш аз 26 нафар аз низомиёни точик кушта шуданд.Ин фочеъа 19 сентябрруй дод ва давлати Душанбе Абдулло Раҳимов, Мирзохуча Аҳмадов ва Аловаддин Давлатов — чангиёни мухолифони собиқро масъули ин ҳамла эълом кард. Аммо манбаъҳои боэътимод аз маҳалли ҳодиса бо зикри далелҳо эълом карданд, ки ҳамла ба корвони низомиёни вазорати дифоъ кори тарафи севвум буд. Албатта ин барои аввалин бор нест, ки даст доштани гуруҳи саввум дар чиноятҳои ҳавлноки Точикистон тазаккур мешавад.Дар замони баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни тарафҳои рақиби точик борҳо ҳамин тарафи саввум даст ба чиноятҳо зада, талош кардааст чангу хунрезиро дар сарзамини точикон идома бахшад.
Ҳамин мавзуъ, яъне даст доштани тарафи саввум дар раванди ҳаводис, дар руйдодҳои ахири Қирғизистон низ борҳо матраҳ шуд.Дар баҳори соли чории мелодй, вақте ки дар вилоятҳои Ош ва Боткен даргириҳои шадид миёни қирғизҳо ва узбакҳо ба вуқуъ пайваст ва мунчар ба кушта шудани даҳҳо узбактабори Қирғизистон ва фирори ҳазорон узбак ба кишварҳои ҳамсоя шуд, сохторҳои қудратии қирғиз аз даст доштани тарафи саввум дар ин хушунатҳо сухан ба миён оварданд.Дар он замон бархе сохторҳои вобаста ба хадамоти вижаи давлати Тошканд, талош карданд точиконро омили куштори узбактаборҳои Қирғизистон муаррифй кунанд, амре ки пешгирй нашудани он дараи Фарғонаро ба кушторгоҳи воқеъй табдил мекард.Баъдан дар чунин мавридҳое, замоне ки терорҳо то Бишкек, пойтахти Қирғизистон доман кашиданд низ борҳо дахл доштани тарафи саввум зикр шуд.
Мавзуъи даст доштани тарафи саввум дар раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй ҳарчанд ба тавре ки мебояд собит нашудааст, аммо тасдиқе ба ин дидгоҳ аст, ки гуруҳҳои манфиатдор даст ба амал шудаанд, то Осиёи Марказиро ноамн намуда, аҳдофи нопоки худро амалй кунанд.Дар ин миён ба назар мерасад бархе давлатҳо чунин вазъеро ба нафъи худ медонанд, то зимни даргир кардани ҳамсояҳо ба масъалаҳои ҳошияи, аҳдофи хешро пеш баранд.Аммо воқеият он аст, ки вуқуъи ҳар ноамнй дар ҳар як кишварҳои аз Осиёи Марказй, дигар кишварҳоро низ таҳти таъсир қарор хоҳад дод.
Дар чунин шароите коршиносони маркази таҳқиқотии ба номи Дуглас таъкид бар ин доранд, ки бояд Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои сиёсй — низомии худ бо давлатҳои Осиёи Мракзиро тавсаъа бахшад.Ба эътиқоди ин коршиносон дар марҳалаи кунунй Амрикоро зарур аст ҳамкориҳои иқтисодй ва сиёсй — низомии худро бо Точикистон, Узбакистон ва Туркманистон густариш диҳад. Коршиносони ин марказ бар онанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бояд ба Қирғизистон дар бахшҳои иқтисодй, низомй, қазойи, амниятй ва тақвияти сохторҳои давлатй кумакҳои фаврй ироа диҳад ва нагузорад, ки Русия пойгоҳи Манасро тасоҳуб шавад.Зеро ин пойгоҳ нақши калидй дар ичрои барномаҳои НАТО дар Афғонистон дорад ва пирузй дар чанги Афғонистон амре муҳим дар чорчуби манофеъи миллии Амрико маҳсуб мешавад. Ориел Коэн, як тан аз муҳаққиқони ин Марказ бо ишора ба сарнагунии Қурмонбек Боқиев, таъкид бар он дорад, ки Русия дар чиҳати таъмиқ ва тақвияти ҳокимияти худ дар Осиёи Марказй беш аз ҳар замони дигаре вориди амал шудааст, аз ин ру иқдомоти чавобии Амрико як амре ичтинобнопазир аст.
Бо чунин руйкарде, вучуди тарафи саввум дар таҳаввулоти кишварҳои Осиёи Марказй як амре табии ба назар мерасад. Зеро тачрибаи чаҳонй нишон медиҳад, ки ҳар вақт ин ё он минтақа аз чаҳон майдони рақобати қудратҳо шуда, набзи таҳаввулот ва контрули авзоъ на ҳамеша дар ихтиёри давлатҳо боқй мондааст.Яъне ҳар як аз қудратҳо дар ростои аҳдоф ва барномаҳои худ сенариёи мавриди назарашонро ба ичро гузоштаанд ва ҳамин амр боиси зуҳури ба истилоҳ тарафи саввум ва кушта шудани мардумони бумй ва суқути давлатҳо будаст. Бо ин ҳол нигоҳе ба раванди руйдодҳо дар Қирғизистон ва Точикистон баёнгар аз ин воқеъият ҳаст, ки дар ҳолатҳое давлатҳои ин кишварҳо худ заминаи ба истилоҳ дахолати тарафи саввум дар таҳаввулотро фароҳам мекунанд. Аз чумла дар Қирғизистон мубориза барои қудрат мучиботи ин амрро фароҳам кардааст ва дар Точикистон норизоятии мардум аз ичрои созишномаи сулҳ ва дар канори ин, иқдомоти мақомоти давлатй дар таҳқири заноне ки либоси миллиро риоят мекунанд, заминаи фаъолияти гуруҳҳои ифротиро, ки аз хорич пуштибонии молй ва ҳидоят мешаванд, муҳайё кардааст.
Аслитарин заминаи мудохилаи тарафи саввум дар таҳаввулоти кишварҳо, ин ҳузури кишварҳои бегона дар минтақа аст ва рақобат миёни ин қудратҳо сабаб мешавад, ки ҳар кадом барои расидан ба ҳадафҳои худ, дар нақши «тарафи саввум» вориди амал мешавад.Аз чумла ҳузури гуруҳи шуришии Маҳмуд Худойбердиев дар қаламрави Узбакистон боис он шудааст, ки давлати Тошканд ҳхар аз гоҳе ҳамсояи худ — Точикистонро мавриди фишор қкарор медиҳад ва бо фиристодани аъзои ин гуруҳ ба хоки Точикистон талош мекунад раванди таҳаввулотро дар дасти худ гирад.
Бо таваччуҳ ба он чи зикр шуд, аслитарин роҳи кутоҳ кардани дасти тарафи саввум дар таҳаввулоти кишварҳо он аст, ки давлатҳо дар расидагй ба мушкилоти чомеъаҳо бештар кушо бошанд ва муттакй ба мардум бошанд на қудратҳои фурсатталаб. Яъне кушиш кунанд байни давлат ва мардум, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсй фосила эчод нашавад.

Осиёи Марказй ва шикасти сиёсатҳои Иттиҳодияи Аврупо


Дар нимаи дуввуми моҳи октябр дар шаҳри Бон, пойтахти Олмон коршиносон аз марказҳои мухталифи таҳқиқотии кишварҳои аврупойи даври ҳам чамъ омаданд ва авзоъ дар Осиёи Марказиро мавриди баҳсу баррасй қарор доданд.Дар ин нишаст масоили марбут ба таъмини амнияти энержй ва рушди демократия дар меҳвари баҳсҳо қарор дошт.Коршиносон бар ин нукта таъкид доштанд, ки тайи панч соли охир авзоъ дар ин минтақа ру ба вахомат ниҳода, амният осебпазиртар шудааст.
Ба эътиқоди коршиносони аврупойи соли 2010 дар Осиёи Марказй соли фишор буд, ки бо таваччуҳ ба авзоъ дар чануби Қирғизистон,ин раванд ҳамчунон идома дорад. Дар нишасти Бон таъкид шуд, ки дар бархе бахшҳо пешрафтҳои нисбй касб шуд, аммо дар масъалаи озодиҳои шаҳрвандй ва демократия авзоъ ру ба бадшавй аст ва фишори давлатҳо ба дигарандешон ва мухолифони сиёсй бештар шудааст. Ширкаткунандагон дар нишасти Бон аз сиёсатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар қиболи давлатҳои Осиёи Марказй интиқод ва аз он ибрози таассуф намуданд, ки стротегияи ин иттиҳодия барои Осиёи Марказй чавоб надод ва аъзои Иттиҳодияи Аврупо ба масъулиятҳои худ дар ин замина амал накарданд.Аз чумлаи ҳадафҳои стротегии Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказй пешгирй аз такрори руйдоде назири қатлиоми Андичон дар моҳи майи соли 2005 буд.Аммо таҳаввулоти Қирғизистон ва даргириҳои қавмй дар ин кишвар дар моҳи июни соли 2010 собит намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо ин бор низ дар ғафлат монд. Коршиносони аврупойи сабаби чунин шакл гирифтани таҳаввулотро ҳамоҳанг накардани барномаҳои Иттиҳодия бо дигар бозигарони Осиёи Марказй, аз чумла Русия буд.Ин амр боис шуд, ки нақш ва чойгоҳи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ин минтақа ба мизони бесобиқае заъиф шавад.
Хулосаи нишасти коршиносони кишварҳои аврупойи дар Олмон ин буд, ки талошҳои кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар чиҳати барқарории демократияи мавриди назари Ғарб дар кишварҳои Осиёи Марказй, таҳти шуъои судчуйии ғулҳои энержй қарор гирифтааст. Ба баёни дигар, аз ин арзёбй метавон натича гирифт, ки кишварҳои аврупойи бо шиори барқарории демократия дар Осиёи Марказй, вориди ин минтақа шуда, дар асл ғорати манобеи энержии ин кишварҳоро, ки хости маҳофили сармоядории Ғарб мебошад, дунбол мекунанд.Аз чумла баъд аз он ки буҳрони энержй миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Русия буруз кард, кишварҳои аврупойи дар пайи дастёбй ба манобеи энержии чойгузини гози Русия бар омаданд ва ин амр боис шуд, ки мавзуи демократия ва озодиҳои шаҳрвандй аз руйхати фаъолиятҳои Ғарб хорич ва чеҳраи воқеъии Ғарб барои чомеи Осиёи Марказй бармало шавад.
Нигоҳе ба вазъи демократия дар Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки мизони риояти меъёрҳои демократия дар кишварҳои ин минтақа вобаста ба мизони бархурдории онҳо аз манобеи энержй мебошад.Туркманистон, Қазоқистон ва Узбакистон, ки аз захоири фаровони нафту газ бархурдоранд, камтар мавриди танқидҳои Ғарб дар масъалаи риояти демократия воқеъ мешаванд.Дар саҳнаи сиёсии ин се чумҳурй ҳузур надоштани дигарандешон ва мухолифон ва саркуби бераҳмонаи ҳаргуна интиқодҳо аз амалкарди мақомоти давлатй, тасдиқе бар ин воқеъият аст, ки барои Ғарб энержй муҳим аст, на барқарории демократия ва риояти ҳуқуқи ақалиятҳо дар Узбакистон, ё Туркманистон.
Инак дар идомаи шикасти сиёсатҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказй, шоҳиди он ҳастем ки кишварҳои ин иттиҳодия дар Точикистон низ ноком шудаанд. Ҳарчанд дар пайи таътилии се нашрияи мустақил ва баста шудани дастрасй ба панч сойти интернетй дар ин кишвар, сафирони Олмон, Фаронса, Амрико, Инглис ва Иттиҳодияи Аврупо номае ба вазорати хоричаи Точикистон ирсол намуданд, аммо ин иқдом таъсире дар раванди таҳаввулот дар ин кишвар надоштааст. Дар ин нома аз давлати Душанбе даъват шудааст, ки ба вазифахои худ дар чорчуби муқаррароти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар мавриди таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандй амал кунад.Аммо дар Точикистон ба хубй медонанд, ки ин амал як жести сиёсие беш нест, ки фақат ба хотири зоҳири қазия анчом шудааст.Зеро чомеаи точик аз муддатҳо қабл ба ин воқеъият пай бурдааст, ки демократия ва озодии баён шиорҳоеанд, ки кишварҳои ғарбй дар чиҳати расидан ба хадафхои худ дар ақсо нуқоти чаҳон аз он кор мегиранд. Аз ин чост, ки рузноманигорони точик бар хилофи чунин мавридхое, ки барои кумак ба ниҳодҳои ғарбй ва кишварҳои ба истилоҳ ҳомии ҳуқуқи башар мурочиъат мекрданд, ин бор чунин коре накарданд, балкй дар муқобили вазорати мухобирот даст ба тазоҳурот заданд.
Дар як чамъбандии куллй метавон ба ин натича расид, ки Иттиҳодияи Аврупо то замоне, ки бархурди дугона ба масъалахо дорад, дар пешбурди сиёсатҳои худ дар Осиёи Марказй муваффақ нахоҳад шуд, зеро чудо аз аҳдофи пасипардагии кишварҳои ин Иттиҳодия, демократияи мавриди назари онҳо барои чомеаи мусалмони Осиёи Марказй қобили қабул нест.Тачриба нишон додааст, ки таҳмили демократия ва ё тазриқи он дар чомеаҳои мусалмон чуз нокомй ҳосиле барои тавсаъаталабони ғарбй надоштааст.Аммо воқеият он аст, ки дар марҳалаи кунунй ҳокимони худкомаи Осиёи Марказй бо истифода аз кумакҳои молй ва низомии қудратҳои ғарбй ва шарқй давлатҳои худро ба мардум таҳмил намуда, ҳукмравойи мекунанд.Идомаи ин сиёсатҳо суқути ин давлатҳои худкомаро, ки аз пуштибонии мардум бебаҳраанд, ба ҳамроҳ хоҳад дошт ва ба хуручи бегонагон аз минтқа мунчар хоҳад шуд. Афзоиши фишори давлат ба расонаҳои мустақил дар Точикистон, ҳокй аз шаклгирии як чараёни поксозии идеулужик дар ин кишвар мебошад.