НАТО ва Осиёи Марказй

Амалкарди паймони НАТО дар Афғонистон, ки нахустин маъмурияти ба истилоҳ сулҳбонии ин паймони низомй аз замони таъсиси он дар соли 1945 мебошад, баёнгар аз ин воқеият аст, империализми байналмилал ба саркардагии Амрико дар пайи фурупошии низоми истеъмории асримиёнагй, бо таъсиси ниҳодҳое аз ин қабил, бар он шуд, ҳокимияти худ бар кишварҳо ва давлатҳоро ҳифз кунад.Таърихи ташкили паймони НАТО ва наҳваи пазириши аъзо ба он, ба хубй ин нуктаро ба исбот расондааст, ки Амрико дар чорчуби барномаҳои роҳбурдии худ, кишварҳои аврупоиро ба ин ниҳод чалб ва дар ростои амалй кардани барномаҳои худ ҳидоят кардааст. Руёруйии дарозмуддати чаҳони сармоя ба саркардагии Амрико алайҳи урдугоҳи сотсиалистй ба саркардагии Шуравии собиқ, баёнгар аз ин воқеият аст, ки Кохи сафед ба унвони иддаогари раҳбари чаҳон, кишварҳои ғарбиро ба ичбор дар чорчуби сиёсатҳои худ қарор додааст. Аввалин иқдом дар ин замина, таъсиси паймони НАТО буд ва бо эчоди пойгоҳҳои низомии Амрико дар ақсо нуқоти Аврупо ва ҳатто чаҳон, сиёсатҳои Вошингтан ба дигар давлатҳо таҳмил мешуд.Ҳарчанд давлатҳои аврупойи бо пайвастан ба НАТО ба истилоҳ таҳти чатри амниятии Амрико қарор гирифтанд, аммо аз дигар су мачбур буданд ҳамеша манофеи сардамдорони Кохи сафедро дар назар гиранд.Пайомадҳои манфии чунин сиёсате ба молиётдиҳандагони аврупойи таҳмил мешуд, ки ҳосили он вуқуъи нооромиҳо дар кишварҳои мухталифи аврупойи дар қарни гузашта буд.Дар чаҳони имруз Амрико шеваҳои дигареро барои тасаллут бар кишварҳо ва давлатҳо мавриди истифода қарор додаст ва роичтарини он таъсиси ниҳод ва созмонҳои мухталифи ба зоҳир байналмилалй аст.Дар ин радиф ҳатто созмонҳои бо нуфузе назири Созмони миллали муттаҳид, Бонки чаҳонй, Сандуқи байналмилалии пул ва даҳҳо ниҳодҳои тахассусй қарор доранд, ки ба унвони василаи пешбурди сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Амрико ва чанд давлати муттаҳид бо у, кор мекунанд. Узвият ба ин ниҳодҳо ва баҳрабардорй аз имтиёзҳои онҳо, вобаста ба мавзеи давлатҳо дар қиболи сиёсатҳои Амрико,Инглис ва сионизми байналмилал мебошад. Даҳҳо мисол ва далоил вучуд дорад, ки баёнгар аз бархурдҳои дугуна дар чорчуби ниҳодҳои ба истилоҳ байналмилалй ва хидматгузории ин ниҳодҳо ба хочагони аслиашон аст.
Бо ин ҳол он чй ба маъмурияти ба истилоҳ сулҳбонии НАТО дар Афғонистон бамегардад, он аст ки ахиран Барак Обама, раиси чумҳури Амрико эълом кард ки маъмурияти Амрико дар Афғонистон дар ҳоли итмом аст ва мо метавонем хуручи низомиён аз инкишварро оғоз кунем.Обама гуфт, аз он чое ки Бин Лодан аз миён бардошта ва Ал-қоида торумор шуда, толибон қодир ба эчоди халал дар суботи Афғонистон нест ва сохторҳои афғонй бояд бештар эҳсоси масъулият кунанд.Дар ин росто, яъне хуручи неруҳои низомии Ғарб аз Афғонистон, дидгоҳҳо мутафовутанд ва аксари таҳлилгарони мустақил ин иқдоми Амрикоро, на хуручи неруҳо аз Афғонистон, балки чоивазкунии онҳо тавсиф мекунанд. Ҳамин таҳлилгарон мегуянд Ғарб ба саркардагии Амрико дар чорчуби муқобила ба тавсаъаталабиҳои Русия ва Чин, ба унвони рақибони Ғарб дар минтақа, қасд дорад теъдоди қобили мулоҳизае аз низомиёнашро дар роҳи хуруч аз Афғонистон, дар кишварҳои Осиёи Марказй мустақар кунад.
Дар поёни соли 2009, дар замони тасмими Обама дар мавриди фиристодани 30 ҳазор неруи кумакй ба Афғонистон, ба таври ғайри мустақим ба чомеи чаҳонй ин гуна илқо шуд, ки низомиёни Ғарб ҳоло ҳолоҳо дар ин минтақа ҳузур хоҳанд дошт.Аммо қабл аз ин, дар ҳамоиши Шурои ҳамкории НАТО тобистони ҳамон сол, ки барои аввалин бор дар қаламрави Шуравии собиқ(дар Қазоқистон) баргузор шуд, маълум гардиди ки ин созмони низомй қасди тавсаъа ба самти Шарқро ба таври чиддй дунбол мекунад.Дар ҳамон сол ва то кунун шоҳиди густариши равобит миёни кишварҳои Осиёи Марказй ва НАТО ҳастем.Ин равобит дар чорчуби барномаи НАТО бо номи «Мушорикат барои сулҳ» суръати бештаре ба худ гирифт.Ҳарчанд узвияти кишварҳои минтақа дар Паймони амнияти чамъй ба онон ичозаи беш аз ҳад тавсаъа бахшидани ҳамкориҳо бо дигар ниҳоди низомй, ба вижа НАТОро намедиҳад, аммо ин кишварҳо дар пушиши равобити чанд самтй, амалкарди худ дар қиболи НАТОро асоснок кардаанд.Аз суи дигар, ҳамчаворй бо Афғонистон ва вучуди ноамниҳо дар ин кишвар, давалатҳои Осиёи Марказиро ночор ба ҳамкориҳои бештар бо НАТО кардааст, албатта аз ин ҳамкориҳо суди иқтисодй низ бурдаанд.
Аз суи дигар давлатҳои Осиёи Марказй ин ҳақиқати талхро дарк кардаанд, ки дар чаҳони имруз бисёре аз иқдомоти байналмилалй марбут ба Амрико ва муттаҳидони аврупойии Кохи сафед дар НАТО аст. Ин воқеият сарони Осиёи Марказиро сарфи назар аз ҳассосиятҳои Маскав ба ин мавзуъ, ба самти равобити бештар бо Амрико ва НАТО тарғиб кардааст.Ба вижа дар маҳалаи кунунй,ки дар пайи «инқилобҳои арабй» мавзуи таъмини амният ва ҳифзи ҳокимият ба аслитарин нигаронии сарони модомулумри ин минтақа табдил шудааст, ҳамкориҳои низомй бо НАТО як зарурати ичтинобнопазир барои давлатҳои Осиёи Марказй маҳсуб мешавад.Баргузории тамринҳои низомии муштараки ин давлатҳо бо давлатҳои узви НАТО, аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.
Аз таҳаввулоте дар ин росто бармеояд, ки дар марҳалаи кунунй кишварҳои Осиёи Марказй ҳифзи амнияту субот дар минтақаро дар гарави ҳамкорй бо НАТО ва Амрико мебинанд.Русия дар ростои дастёбй ба аҳдофи кутоҳмуддати худ ва бо истифода аз ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои минтақа, машғули бочгирй аз давлатҳои ба гумони худ саркаш баромадааст.Ин мавзуъ дар равобити Маскав-Бишкек ва Маскав-Душанбе дида мешавад, амре ки боиси афзоиши ангезаҳои маскавситезй дар минтақа шудааст.Дар пасманзари ин сиёсат, Паймони амнияти чамъй ва Созмони ҳамкории Шонгҳой барои кишварҳои Осиёи Марказй коройии худро аз даст додаанд ва ин амр зимни камранг кардани тамоилоти ҳамгаройи дар минтақа, дар ҳолатҳое давлатҳоро дар муқобили ҳам қарор додааст.Амалкарди Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон моҳи декабри соли 2010 дар Маскав, ки муқобили мушорикати кишвараш дар барномаҳои сулҳбонии Паймони амнияти чамъй, раъй дод, тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Тасмими раҳбарии НАТО дар мавриди интиқоли ситоди ин созмон дар Осиёи Марказй аз Қазоқистон ба Қирғизистон, ки 19 майи соли чорй гирифта шуд ва дар порлумони Қирғизистон низ ба тасвиб расид, баёнгар аз он аст, ки НАТО барои водии Фарғона барномаи вижаеро тадорук дидааст.Қирғизистон интизор дорад, ки ҳамкорй бо НАТО ва истиқрори низомиёни ин созмон дар қаламраваш, аз ҳамлаҳои эҳтимолии Узбакистон ба манотиқи марзии ин кишвар пешгирй хоҳад кард.Аммо раҳбарии НАТО дар шарҳи иқдоми ахири худ дар мавриди ҳузури фаъолона дар ин кишварро баргирифта аз эҳтимоли вуқуъи низоъҳои қавмй дар ин минтақа медонанд.

Нооромихои идорашаванда барои Осиёи Марказй

Як мутахассиси аршад дар умури кишварҳои Авруосиё дар охирин таҳлили худ дар мавриди ояндаи суботу амният дар Осиё Марказй, таъкид кард, тавассути кишварҳои ғарбй раванди «афғонй» кардани авзоъ дар ин минтақа дар тамомии чанбаҳо чараён дорад. «Юрий Шевцов», раиси маракзи масоили ҳамгаройии Авруосиё(Минск), бо ишора ба вуқуъи ҳамзамони нооромиҳо дар Қирғизистон ва Точикистон дар соли 2010, гуфт ин руйдодҳо тасдиқи қотеъона бар ин мавзуъ аст, ки суботу амнияти ин минтақа ҳаргиз пойдор нест ва шикананда аст.Вай афзуд, тавассути неруҳо ва гуруҳҳои вижа барномаи ба Осиёи Марказй мунтақил намудани нооромиҳои Афғонистон дар ҳоли пайгирй аст ва дар ин замина тамриноте низ сурат гирифтааст.Чанде қабл дар робита ба ин мавзуъ Ҳайдар Чамол, раиси кумитаи исломии Русия, дар мусоҳиба бо сайти «Правда.ру» иброз дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барномаи вижаеро барои муташаннич кардани авзои Осиёи Марказй руйи даст гирифтааст.Ҳайдар Чамол баъд аз ҳушдори Амрико ба шаҳрвандонаш дар мавриди худдорй аз сафар ба Узбакистон, дар моҳи марти соли чорй, гуфта буд:»ин ҳушдор тасдиқе дигаре бар он аст ки Амрико таҳаввулоти вижаеро барои Осиёи Марказй барномарезй кардааст.Ба баёни дигар, интизор меравад дар авоили пойиз «хиёбонҳои арабй» ба манотиқи аз нигоҳи Амрико муҳими ҳамчавор бо Русия, Эрон, Чин ва Афғонистону Покистон, интиқол дода шаванд. Дар ин фароянд нафт, газ ва уран чандон муҳим нест, ҳадафи Амрико ба роҳ андохтани «нооромиҳои ҳидоятшаванда» аст.

Дигар коршиносон низ дар таҳлилҳои худ, авзоъ дар Осиёи Маркзиро печида арзёбй мекунанд ва бар ин боваранд, ки ояндаи суботу амнияти ин минтақа бештар ба аҳдоф ва барномарезии бозигарони фароминтақайи вобаста аст, то ба сиёсат ва амалкарди давлатҳои минтақа. Яъне дар айни ҳол кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон, назири Узбакистон, Точикистон ва Қирғизистон талош доранд аз вуруди ҳар гуна гуруҳҳои тундрав ва чангиёни ифротй ба қаламравашон пешгирй кунанд ва дар ин кор неруҳои НАТО ва Амрико низ ба онон кумак мекунанд.Аммо бо расидани фурсатҳои дар назар гирифта шуда, кумакҳои Ғарб дар ин замина қатъ мешаванд ва ин гуруҳҳо бо ҳидояти ниҳодҳои махсуси ғарбй даст ба иқдом хоҳанд шуд.Аз суи дигар вучуди ихтилоф миёни кишварҳои Осиёи Марказй, аз чумла дар масоили марзй ва баҳрабардорй аз манобеи гидруэнержй, ба унвони муҳаррик, метавонад ин кишварҳоро ба истифодаи абзорй аз гуруҳҳои тундрав, ташвиқ кунад.Ин эҳтимол чой дорад, ки кишварҳои минтақа дар ростои дастёбй ба ҳадафҳои худ, гуруҳҳои тундрави мустақар дар имтидоди марзҳои Афғонистонро алайҳи кишвари дигар, ки бо он ихтилоф доранд, таҳрик кунанд.

Нигоҳе ба авзои чаҳон, идомаи буҳрони молии чаҳонй, ташдиди мавчи тазоҳурот дар кишварҳои шимоли Африқо ва Ховари Миёна, авзоъи печида дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ин дидгоҳро тақвият мекунад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба тадрич он чиро ки нақши раҳбарии чаҳон таъбир мекунад, дар ҳоли аз даст додан аст. Бо таваччуҳ ба ин, коршиносон пешбинй мекунанд, ки Вашингтон ниёз ба нооромиҳои ҳидоятшаванда дорад, то бо роҳандозии чангу хунрезиҳо, худро ба унвони начотдиҳандаи давлатҳо вориди амал кунад.Эъломи хабари марги Бин Лодан ва дар пайи он интишори хабари кушта шудани Мулло Умар ва дар ниҳоят ба таври шубҳанок кушта шудани маршал Муҳаммаддовуди Довуд, аз пайравону ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд, ба худии худ расонандаи ин паём аст, ки минтақа обистани таҳаввулоти мутафовуте аст. Таҳаррукоти қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказй баёнгар аз он аст и таҳаввулоти ояндаи минтақа бе таъсир аз рақобати дар ҳоли ташдиди ин қудратҳо нест. Ба баёни дигар Амрико, кишварҳои аврупойи ва Русия, ки аҳдофи баландмуддатеро дар ин чо дунбол мекунанд, дар ростои монеътарошй дар масири барномаҳои ҳамдигар, кишварҳои минтақаро ба суи таҳаввулоти нохоста тела медиҳанд.Агарчй дар зоҳир ҳар як аз ин қудратҳо дастёбй ба ҳадафҳои худ дар Осиёи Марказиро вобаста ба вучуди суботу амнияти пойдор тавсиф мекунанд, аммо вуқуи нооромй ва даргир кардани давлатҳо ба масоили амниятй, аҳраме будааст, ки тасаллути қудратҳо бар давлатҳоро осонтар шакл додааст.

Таърхи нуфузи Амрико бар манотиқ ва кишварҳо баёнгар аз ин воқеъият аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар дарозои таърих аз чангу нооромиҳо ҳадафмандона баҳрабардорй кардааст. Аз чумла, чангҳои чаҳонии аввал ва дуввум дар ҳоле ки дигар давлатҳоро заъифу нотавон карданд, рушду пешрафти Амрикоро фароҳам оварданд.Мучтамаи низомй-санъатии ҳоким дар Амрико ҳамеша аз чангҳо суди калон бурдааст, зеро ин амр боиси равнақи бозори фуруши аслиҳа шуда, миллиардҳо доллар ба хазинаи Вошингтан сарозер кардааст.Ин сиёсат дар дунёи имруз низ тавассути сарони Кохи сафед дунбол мешавад.Дар шароити имруз Амрико қасд дорад бо созмондиҳии нооромиҳо дар Осиёи Марказй, зимни фалач намудани тарҳҳои иқтисодии ду рақиби аслии худ, яъне Чин ва Русия, заминаи ҳузури дарозмуддати худро фароҳам кунад.Дар ҳамин росто дар нооромиҳои ахири Қирғизистон ва Точикистон, бар асоси гузоришоти бархе манобеъ, низомиёни амрикойи ба таври мустақим ва ғайри мустақим ҳузур доштанд ва дар хунсо намудани гуруҳҳои тундрав, ба ин кишварҳо кумак карданд.Алабатта созмондиҳии бесуботиҳои идорашаванда шояд барои як давраи кутоҳмуддат корсоз бошад, аммо тачриба, аз чумла дар кишварҳои арабй, нишон медиҳад, ки ба дарозо кашидани ин раванд, авзоъро аз дасти созмондиҳандагон хорич хоҳад кард. Аз ин ру ба назар чунин мерасад, ки Ғарб аз ин тариқ талош хоҳад кард, зимни даргир кардани Русия ба масоили амниятй, ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказиро поярезй кунад ва раванди хуручи низомиёнаш аз Афғонистонро ба кучонидани ин неруҳо аз ин кишвар ба Осиёи Марказй, табдил диҳад.Дар шароите, ки равобити Русия бо кишварҳои Осиёи Марказй гармй ва самимияти қаблии худро то ҳадди зиёде аз даст додааст,Амрико дар пайи наздик шудани ҳарчй бештар бо ин кишварҳо баромадааст.Таҳаррукоти тозаи мухолифони давлатҳои Осиёи Марказй ва дубора дар маркази таваччуҳи ниҳодҳо ва кишварҳои ғарбй қарор гирифтани фаъолияти ин мухолифон, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки сарони Осиёи Марказй дар остонаи бочгириҳои тоза аз суи Ғарб қарор доранд.Нуктаи чолиби таваччуҳ дар ин росто он аст, ки Ғарб дар садад аст бо истифода аз ихтилофоти мавчуд дар миёни кишварҳои минтақа, онҳоро дар муқобили ҳам қарор диҳад.Ин мавзуъ бештар ба се кишвари Қирғизистон, Точикистон ва Узбакистон бармегардад, ки масъалаи баҳрабардорй аз манобеи гидруэнержй дар равобити онон соя афкандааст. Дар ҳамин росто кишварҳои ғарбй бо баргузории тамриноти низомй ба таври чудогона бо ин кишварҳо, мизони тавонойии неруҳои низомии ононро дар хунсо кардани нооромиҳои эҳтимолй маҳак задаанд.

Узбакистон ва Туркманистон дар роҳи ҳамгаройи


Сойтҳои мухталиф дар Узбакистон ва Туркманистон аз сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Узбакистон дар баҳори имсол хабар доданд.Бар пояи ин гузоришҳо пешбинй мешавад, ки тайи ин сафар ва дидору гуфтугуҳои мақомоти олирутбаи ду кишвар, санадхои муҳим дар заминаи густариши равобит миёни Ишқобод — Тошканд ба имзо расад.Бо таваччуҳ ба ин, гуфта мешавад сафари Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ба Тошканд нуқтаи муҳиме дар раванди ҳамкориҳо миёни Туркманистон ва Узбакистон хоҳад буд.Албатта ин сафар чавоб ба сафари Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон аст, ки дар моҳи октябри соли 2010 анчом шуд. Дар чорчуби сафари Ислом Каримов чанд санади ҳамкорй миёни ду тараф ба имзо расид, ки тафоҳумномаи ҳамкорй дар бахшҳои фарҳангй — башардустона дар давраи солҳои 2011 — 2013 аз муҳимтарини ин аснод буд.Ҳамчунин дар рузҳои сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон дар шаҳри Дашогози Туркманистон чашнвораи дустии халқҳои узбак ва туркман баргузор гардид. Дар мачмуъ дар мавриди сафари рузҳои 18-20 октябри соли 2010 Ислом Каримов ба Ишқобод бояд гуфт, раиси чумҳури Узбакистон тайи даҳ моҳи ахир ду бор ба Туркманистонро сафар кард.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гази Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъҳои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро (Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб (Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Бо ин ҳол масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Пушиши хабарии ин сафар дар ду кишвар баёнгар аз он буд, ки ду раиси чумҳур бо ҳам дуст шуданд. Сафари ахири Ислом Каримов ба Ишқобод аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки бо ҳар роҳи мумкин худро ба Курбонгулй Брдимуҳаммадов наздик кунад.

Қобили зикр аст, ки равобити дипломатй миёни Тошканд ва Ишқобод аз 7 феврали соли 1993 барқарор шуд ва тайи муддати болиғ бар 17 сол Узбакистон ва Туркманистон ҳамкориҳои бидуни таниш бо ҳам доштанд.То ин дам миёни ду тараф беш аз 120 қарордод ва тафоҳумнома дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст, ки аз ин чумла 26 санад тайи чаҳор соли охир ба имзо расидааст.

Дар соли 2010 мубодилаи тичорй миёни ду кишвар 229 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл 42 дарсад афзоишро нишон медиҳад.Пешбинй мешавад, дар шашумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Туркманистон ва Узбакистон, ки қарор аст рузҳои 14-15 феврали соли чорй дар Тошканд баргузор шавад,роҳҳои тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳо миёни ду тараф баррасй шавад. Сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Тошканд дар шароите анчом мешавад, ки Осиёи Марказй ба таври камсобиқае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Давлати Тошканд, ки дар равобит бо ин қудратҳо пайваста мавозеи мутағаййиреро интихоб кардааст, дар идомаи ин раванд, ниёз ба бархе пуштибонй ва мусоидатҳои кишварҳои минтақа дорад.Ба вижа дар шароите ки Ғарб ба таври чиддй масъалаи пайдо кардани чойгузин барои гози Русияро дунбол мекунад, дар бархурд ба ин мавзуъ Тошканд ба ҳамоҳангиҳо бо Ишқобод ниёз дорад.Зеро Туркманистон дорои манобеи саршори гози табии аст ва мавозеъи он метавонад бар руи қимати содироту воридоти ин колои муҳими санъатй, таъсиргузор бошад. Аз суи дигар наздик шудан бо Ишқобод ин имконро барои Тошканд фароҳам хоҳад кард, ки дар мудирияти бархе масоили минтақайи аз Казоқистон ба унвони рақиби суннатии худ дар ичрои нақши раҳбарй дар Осиёи Марказй, пешй бигирад.Дар як нигоҳи ичмолй, сафари отии Қурбонгулй Бедимуҳаммадов ба Тошкандро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард.

Дар ҳошияи гузориши муҳаққиқони амрикойи

Маркази мутолеоти байналмилалй ва стротегии Вашингтон таҳти унвони «Аз дарраи Фарғона то Вазиристони чанубй» гузоришеро мунташир намуд, ки дар он дидгоҳи муҳаққиқони амрикойи дар мавриди дурнамои амният дар ин минтақа ироа шудааст.Бар пояи ин гузориш муҳаққиқони амрикойи муътақиданд, ки дар пайи фишори давлатҳои Осиёи Марказй, гуруҳҳои чиҳодии ин кишварҳо ба Афғонистон фирор намуда, фаъолиятҳои худро идома медиҳанд.Ҳамин гузориш меафзояд, ҳатто баъд аз суқути режими Толибон дар Афғонистон, ин гуруҳҳо ҳамчунон фаъол боқй мондаанд. Муҳаққиқони амрикойи дурнамои амният дар кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон, аз чумла Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистонро печида пешбинй мекунанд ва бар ин боваранд, ки бидуни кумаки Иёлоти муттаҳидаи Амрико ин кишварҳо нахоҳанд тавонист суботу амнияти пойдорро дар марзҳо ва дохили қаламрави худ таъмин кунанд.

Гузориши маркази мутелеоти истротежики Вашингтон пешниҳод мекунад, ки бояд сиёсати Амрико дар мавриди Афғонистону Покистон тавсеъа ёфта, давлатҳои дарраи Фарғонаро низ дар бар гирад. Зеро масири қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави се кишвари ин дарра гузар мекунад ва ин минтақа ба киштзорҳои хашхош дар Афғонистон наздик аст ва дар айни ҳол чангиён аз Покистон ба самти ин минтақаи стротегй дар ҳаракат мебошанд.Бино ба омори ироашуда дар гузориши мазкур, теъдоди чангиёни кишварҳои Осиёи Марказй, ки дар Покистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд, ҳудуди 1500 нафарро ташкил медиҳад.

Ин барои нахустин бор нест, ки қудратҳои ғарбй, ба вижа Амрико, аз тариқи марказҳои таҳқиқотй печида шудани авзоъ дар кишварҳои Осиёи Марказиро пешгуйи ва аз ин тариқ сояи таҳдидро бар давлатҳои ин минтақа ба навъе таҳмил мекунанд.Вижагии гузориши ахири маркази мутелеоти стротегии Вашингтон он аст, ки ин бор ба таври мушаххас аз водии Фарғона ба унвони маркази нооромиҳои оянда дар Осиёи Марказй ёд шудааст.Ҳамин мавзуъ ақидаро дар мавриди талош қудратҳои шарқу ғарб барои тавсаъа ва таҳкими нуфуз ва чойгоҳи худ дар ин минтақа беш аз ҳар замони дигаре тақвият кардааст.Ба иборати дигар, имруз водии Фарғона майдони аслии рақобат миёни қудратҳои Шарқ ва Ғарб маҳсуб мешавад.Ташдиди ин рақобат бо руйдодҳои Қирғизистон дар баҳори соли гузашта, вориди марҳалаи тозае шуда, акнун бо вуқуи нооромиҳои пароканда дар Точикистон , дар ҳоли табдил шудан ба як нуқтаи доғи чадид дар минтақа мебошад.

Дар ҳоле ки оғози нооромиҳо дар Точикистон, давлатмардони ин кишварро ба як буҳрони амниятй мувочеҳ кардааст ва дар афкори умумй як навъ беэътимодй ба давлати Душанберо доман задааст, муҳаққиқони амрикойи ҳадафи аслии чангиёни мустақар дар Афғонистон ва Покистонро, ки бахши умдаи онҳоро аъзои ҳаракати исломии Узбакистон ташкил медиҳад, давлати Ислом Каримов талақй мекунанд. Бо таваччуҳ ба тачрибаи чунин гузоришҳо ва ба занни мақомоти Кохи сафед, «нигаронии Вашингтон аз вуқуъи нооромиҳо дар Узбакистон», метавон натича гирифт, ки дар марҳалаи кунунй аҳдофи Вашингтон дар Осиёи Марказй, бештар марбут ба ҳузури ин кишвар дар қаламрави Узбакистон аст.Ба баёни дигар, дар айни замон Узбакистон меҳвари хадафхои дарозмуддати Амрико дар Осиёи Марказй маҳсуб мешавад, аз ин ру Кохи сафед бо ҳар роҳи мумкин талош дорад худро ба давлати Тошканд наздик кунад. Қарори маьлум, амният ва бақои қудрат аслитарин нигаронй ва ташвиши Каримов ва дигар ҳамтоёни вай маҳсуб мешавад ва қудратҳои аз ин нуқтаи заъф хеле устодона кор гирифтаанд.

Хамин фазосозиҳои Вашингтон буд, ки Ислом Каримов дар моҳи феврияи соли чорй карори раками 1258 — барномаи таҳкими ҳамкориҳои дучонибаи Узбакистон ва Амрикоро имзо кард. Ин барнома аз чумла дарбаргирандаи ҳамкориҳои низомй мебошад, ки бар асоси он Амрико дар амри тачҳизондани артиши Узбакистон бо таслиҳоти чадид ва омузиши афсарони узбак кумак хоҳад намуд .Ҳамкориҳои Тошканд — Вашингтон дар Афғонистон, аз бахшҳои аслии санади мазкур мебошад, ки дар чорчуби он ду тараф дар интиқоли тачҳизот ва коло барои неруҳои низомии кишварҳои ғарбии вокеъ дар манотиқи мухталифи Афғонистон, ҳамкорй мекунанд. Ин бахш аз ҳамкориҳои ду тараф дар ҳоле ки интиқоли коло ва тачҳизот аз тариқи қаламрави Покистон ба мушкил ру ба ру шуд, бештар аҳамият пайдо кард. Узбакистон бо истифода аз фурсат вориди бозиҳои сиёсии маъмулии худ шуд ва бо фосила гирифтан аз Маскав, равобит бо Вошингтанро тавсаъа дод. Бо ин кор Тошканд тавонист бо истифода аз пуштибониҳои Амрико ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодй дар қаламрави Афғонистонро бар уҳда бигирад. Сохтани роҳи оҳани Хайратон — Мазори Шариф ва интиқоли барқ ба Афғонистон аз ҳамин чумлаанд.Дар ин миён, ҳамон гуна ки бархе манобеъ гузориш доданд, Амрико ба Ислом Каримов ин ваъдаро додааст, ки бар асоси хостаи Тошканд, аз вогузор кардани макомҳои калидй ба намояндагони миллати точик дар Афғонистон, пешгирй хоҳад кард. Ба эътиқоди ағлаби соҳибназарон ин мавзуъ бархоста аз сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Ислом Каримов дар минтақа мебошад, зеро вай аз таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои форсизабон бим дорад ва намехоҳд, ки ин ҳамкориҳо мучиби раҳойии Точикистон аз вобастагиҳои энергетикй ва иртиботии Узбакистон шаванд. Бо ин руйкард, метавон гуфт, гузориши маркази мутолеоти стротегии Вашингтон, як навъ муаррифии барномаҳои ҳузури ояндаи Амрико дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй мебошад.

Чосусони хоричй дар Точикистон


Рузномаи амрикойии «Нью Йорк таймз» аз фаъолиятҳои чосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Точикистон парда бардошт.Ба навишатаи ин нашрия хадамоти чосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бисёре аз кишварҳо, аз чумла дар Точикистон дар чорчуби тарҳи мубориза бо тероризм иқдомоти чосусии худро густариш додааст.»Нью Йорк таймз» тазаккур додааст, чосусй тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва неруҳои кучаки вижа анчом мешавад.

Бино ба навиштаи ин рузнома аз сентябри соли 2009 фаъолиоятҳои чосусии Амрико дар Точикистон тақвият шудаанд. Албатта густариши фаъолиятҳои чосусии кишварҳои мухталиф дар Точикистон ҳарфи чадиде нест, дар гузашта мақомоти точик борҳо аз боздошти чосусони хоричй дар ин кишвар иттилоияҳо мунташир намуда буданд.Дар давраи солҳои 2003 — 2009, замоне ки равобит миёни Тошканд ва Душанбе ба сардй гароид, дар ду кишвари Узбакистон ва Точикистон боздошт ва мучозоти чосусони якдигар ба як руйдоди маъмулй табдил шуд.Тайи ин муддат даҳҳо шаҳрвандони ду кишвар бо иттиҳоми чосусй боздошт ва равонаи зиндон шуданд.Аммо ҳеч гоҳ Тошканд ва Душанбе ҳозир нашуданд дар ин замина мавқеи расмии худро эълом кунанд.Дар ҳоле ки сохторҳои амниятии узбак умдатан точирон ва соҳибкорони точикро ба унвони чосус боздошт ва мучозот мекарданд,дар Точикистон аъзои чунбиши исломии Узбакистон ва бештар аъзои ҳизби таҳрир ба унвони чосус муаррифй мешуданд. Дар бораи боздошти чосусони хоричй дар Точикистон гузоришҳо камтар мунташир мешуд, аммо ахиран раиси чумҳури Точикистон дар ин маврид ошкоро сухан гуфт. Эмомалй Раҳмон дар поёни моҳи август тайи сафар ба устони Хатлон дар дидор бо мардум аз фаъолиятҳои чосусии кишварҳои хоричй дар Точикистон сухан ба миён овард ва гуфт «чосусони хоричй бо муллоҳо ва фарзандони мо кор мекунанд ва мо тамошобин ҳастем». Ин суханон дар шароите гуфта шуданд, ки фазои амниятй ва иттилоотии Точикистон таҳти таъсири фирори 25 зиндонй аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии ин кишвар қарор дошт.Бо гузашти 10 руз аз замони вуқуи ин ҳодиса,тамоми талошҳои марбут ба шиносии маҳалли буду боши фирориён ва боздошти онҳо бенатича буд. Ба илова, мавзеъгирии ачибу ғариби мақомоти амниятии точик ва ҳозир нашудани онҳо ба саволу чавоб бо хабарнигорон, чомеи ин кишварро дастхуши овоза ва тахмину гумонҳои мухталиф кардааст, ки ҳеч як дар чорчуби суботу амнияти ин кишвар набудаанд. Сенарияе, ки мақомоти точик аз фирори зиндониён ва барномарезони ин чиноят муаррифй карданд, зимни бармало кардани заъфи иттилорасонии ин мақомот, нотавонии онҳоро дар идора намудани ин ҳодиса нишон дод.Баъд аз ин ин ақида тақвият шуд, ки фирори зиндониён ҳаргиз бе кумак ва ҳамоҳангии масъулони зиндон сурат нагирифтааст. Ҳамин мавзуъ суханони раиси чумҳури Точикистонро дар мавриди густариши фаъолиятҳои чосусии кишварҳои хоричй тақвият кардааст.Аммо нуктаи чолиб дар мавзеъгириҳои ахири раиси чумҳури Точикистон он буд, ки Эмомалй Раҳмон ин суханонро баъд аз дидор ва гуфтугу бо Димитрий Медведев, ҳамтои руси худ дар Сочй баён кард.Қарори маълум, Точикистон хотироти хубе аз музокирот дар Сочй надорад, зеро дар ҳамин чо буд, ки соли 2004 Маскав дар мавриди ҳузури низомиёнаш дар Точикистон ва истифода аз пойгоҳҳои низомии ин кишвар, мавзеи худро ба Душанбе таҳмил кард.Ин бор низ чузъиёти чандоне аз гуфтугуҳои Раҳмон ва Медведев мунташир нашуд, аммо аз мавзеъгириҳои раиси чумҳури Точикистон бармеояд, ки ҳамкориҳои ру ба рушди Точикистон бо кишварҳои мухталиф, ба вижа кишварҳои исломй, аз чумлаи мавзуъҳои мавриди баррасй миёни тарафайн будааст. Точикистон ҳамчун кишвари мустақил ва дар ростои бароварда намудани ниёзҳои худ, бо пеш гирифтани сиёсати чандсамтй, ҳамкориҳо бо кишварҳои мухталиф , аз чумла кишварҳои исломиро тавсаъа дод.Ин амр дар ҳоле бештар густариш ёфт, ки Русия бо ҳимояти ошкор аз манофеи Узбакистон дар баҳси сохтани неругоҳҳо, Точикистонро ба ҳошияи сиёсатҳои осиёимиёнагии худ ронд.Аммо, бо ин вучуд ба назар мерасад, Маскав ҳозир нест ба роҳатй аз он чй ки «минтақаи суннатии нуфузи худ» меномад, даст бикашад.Бо таваччуҳ ба ин эҳтимол меравад раиси чумҳури Русия норизоятиҳои Маскав аз наздикшавии Душанбе бо кишварҳои исломй ва дигар рақибони Русияро ба давлати Душанбе гушзад карда бошад.
Ин дидгоҳ дар ҳоле тақвият мешавад, ки ахиран расонаҳои русй бо доман задани фаъолиятҳои таблиғотй, бо ҳар баҳонае аз ташдиди фаъолиятҳои гуруҳҳои мазҳабй дар Точикистон гузоришу таҳлилҳои мухталиф ба табъ расонданд. Он гуна илқо мекарданд, ки Точикистон дар остонаи табаддулоти мазҳабй қарор дорад. Ин як риволи шинохташуда дар сиёсатҳои Маскав аст, ки қабл аз ҳар иқдоме аз тариқи расонаҳо чавсозй мекунад ва дар чиҳати таҳмили дидгоҳи худ ба ин ё он чомеъа ниҳояти талошро ба харч медиҳад. Бо ин ҳол он чй ба ташдиди фаъолиятҳои чосусии маҳофил ва кишварҳои мухталиф дар Точикистон бармегардад, амре бархоста аз рақобати қудратҳо барои нуфуз дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй мебошад.Ҳатто бархе аз коршиносон фирори мармузи 25 зиндонй аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Точикистонро ба ҳамин мавзуъ нисбат медиҳанд, ки ба манзури бочгирй аз давлати Эмомалй Раҳмон сурат гирифтааст.
Аммо мавзуе ки дар ин фароянд руи он таъкид мешавад, шеваи амалкард ва мавзеъгирии раиси чумҳури Точикистон дар қиболи руҳониён ва фаъолиятҳои динии мусалмонони ин кишвар аст.Суханони исломситезонаи мақомоти олирутбаи точик дар ҳоле садо медиҳанд, ки имрузҳо аз тариқи шабакаҳои мухталифи телевизиони ин кишвар филми хуччатие аз даргириҳои панчсолаи ин кишвар ба намоиш гузошта шуда, дар он ҳамин қишри руҳонй омили аслии чанги шаҳрвандй муаррифй мешавад.Ин ҳамзамонй, ки дар доирахое таъсиргузории расонаҳои русй ва ҳосили фишорҳои Маскав таъбир мешавад, ин ақидаро тақвият мекунад, ки доираҳое дар дохил ва хоричи Точикистон даст ба кор шудаанд, то зимни ба ҳам задани суботи ин кишвар, хадафхои худро ба роҳатй дунбол кунанд.