Узбакистон ва Туркманистон дар роҳи ҳамгаройи


Сойтҳои мухталиф дар Узбакистон ва Туркманистон аз сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Узбакистон дар баҳори имсол хабар доданд.Бар пояи ин гузоришҳо пешбинй мешавад, ки тайи ин сафар ва дидору гуфтугуҳои мақомоти олирутбаи ду кишвар, санадхои муҳим дар заминаи густариши равобит миёни Ишқобод — Тошканд ба имзо расад.Бо таваччуҳ ба ин, гуфта мешавад сафари Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ба Тошканд нуқтаи муҳиме дар раванди ҳамкориҳо миёни Туркманистон ва Узбакистон хоҳад буд.Албатта ин сафар чавоб ба сафари Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон аст, ки дар моҳи октябри соли 2010 анчом шуд. Дар чорчуби сафари Ислом Каримов чанд санади ҳамкорй миёни ду тараф ба имзо расид, ки тафоҳумномаи ҳамкорй дар бахшҳои фарҳангй — башардустона дар давраи солҳои 2011 — 2013 аз муҳимтарини ин аснод буд.Ҳамчунин дар рузҳои сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон дар шаҳри Дашогози Туркманистон чашнвораи дустии халқҳои узбак ва туркман баргузор гардид. Дар мачмуъ дар мавриди сафари рузҳои 18-20 октябри соли 2010 Ислом Каримов ба Ишқобод бояд гуфт, раиси чумҳури Узбакистон тайи даҳ моҳи ахир ду бор ба Туркманистонро сафар кард.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гази Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъҳои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро (Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб (Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Бо ин ҳол масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Пушиши хабарии ин сафар дар ду кишвар баёнгар аз он буд, ки ду раиси чумҳур бо ҳам дуст шуданд. Сафари ахири Ислом Каримов ба Ишқобод аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки бо ҳар роҳи мумкин худро ба Курбонгулй Брдимуҳаммадов наздик кунад.

Қобили зикр аст, ки равобити дипломатй миёни Тошканд ва Ишқобод аз 7 феврали соли 1993 барқарор шуд ва тайи муддати болиғ бар 17 сол Узбакистон ва Туркманистон ҳамкориҳои бидуни таниш бо ҳам доштанд.То ин дам миёни ду тараф беш аз 120 қарордод ва тафоҳумнома дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст, ки аз ин чумла 26 санад тайи чаҳор соли охир ба имзо расидааст.

Дар соли 2010 мубодилаи тичорй миёни ду кишвар 229 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл 42 дарсад афзоишро нишон медиҳад.Пешбинй мешавад, дар шашумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Туркманистон ва Узбакистон, ки қарор аст рузҳои 14-15 феврали соли чорй дар Тошканд баргузор шавад,роҳҳои тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳо миёни ду тараф баррасй шавад. Сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Тошканд дар шароите анчом мешавад, ки Осиёи Марказй ба таври камсобиқае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Давлати Тошканд, ки дар равобит бо ин қудратҳо пайваста мавозеи мутағаййиреро интихоб кардааст, дар идомаи ин раванд, ниёз ба бархе пуштибонй ва мусоидатҳои кишварҳои минтақа дорад.Ба вижа дар шароите ки Ғарб ба таври чиддй масъалаи пайдо кардани чойгузин барои гози Русияро дунбол мекунад, дар бархурд ба ин мавзуъ Тошканд ба ҳамоҳангиҳо бо Ишқобод ниёз дорад.Зеро Туркманистон дорои манобеи саршори гози табии аст ва мавозеъи он метавонад бар руи қимати содироту воридоти ин колои муҳими санъатй, таъсиргузор бошад. Аз суи дигар наздик шудан бо Ишқобод ин имконро барои Тошканд фароҳам хоҳад кард, ки дар мудирияти бархе масоили минтақайи аз Казоқистон ба унвони рақиби суннатии худ дар ичрои нақши раҳбарй дар Осиёи Марказй, пешй бигирад.Дар як нигоҳи ичмолй, сафари отии Қурбонгулй Бедимуҳаммадов ба Тошкандро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард.

То кай миллати точикро таҳқир ва туҳмат мекунанд?

Таҳаввулоти рузҳои чории Қирғизистон баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки дар марҳалаи кунунй ин кишвари Осиёи Марказй ба унвони саҳнаи руёруйиҳои қудратҳои Шарқу Ғарб барои озмудан имконият ва тавони хеш дар ростои ба даст овардани раҳбарии минтақа ва чаҳон интихоб шудааст.

Бино ба навиштаи Дэниел Гринфилд, ки сайти интернетии centrasia.ru мунташир кардааст, тағйири қудрат дар Бишкек бо дахолати мустақими Маскав сурат гирифт ва акнун русҳо бо истифода аз ҳамон шеваи ҳамешагии худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои қавмй, дар пайи он ҳастанд, ки фурсатро фароҳам кунанд ва дар нақши ягона начотдиҳандаи мардуми мазлуми минтақа, тачовузи навбатии худ ба ин қаламравро шакл диҳанд.
Аз навиштаҳои ин муаллиф бармеояд, ки дар ин росто имрузҳо хадамоти вижаи Русия бо интишори матолиб дар расонаҳои таҳти нуфузи худ ва бо истифода аз хабарнигорони муздур, саъй бар он дорад, ки дар водии Фарғона чангро миёни узбакҳо, қирғизҳо ва точикҳо ба роҳ андозад.Нашри ахбори бе банду бор дар расона ва вебсойтҳои мухталиф дар бораи мушорикати шаҳрвандони Точикистон дар куштори аҳолии вилоятҳои Чалолобод ва Уш дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Нахустин хабар дар мавриди мушорикати точикҳо дар куштори мардум дар вилояти Уш тавассути Қувват Байболов, маовини аввали вазири амнияти миллии Қирғизистон мунташир шуд.Ин масъули қирғиз эълом намуд, ки хонаводаи Боқиев аз ҳисоби шаҳрвандони Точикистон гуруҳҳои вижа созмон додаанд ва ба манзури муташаннич кардани авзоъ мардуми бедифоъро мекушанд. Ҳарчанд Байболов иддао кардааст, ки ба истинод ба эътирофоти афроди боздоштшуда ин ҳарфҳоро мегуяд, аммо исме аз шаҳрвандони Точикистон, ки даст ба куштор задаанд, набурдааст.Албатта рузи 16 июн ин масъули қирғиз ин суханонро такзиб кард ва дар мусоҳиба бо радиои Озодй таъкид кард, ки бо хабаргузории ИТАР ТАСС дар ин маврид ҳеч гуна мусоҳибае анчом надодааст.
Сайти интернетии fergana.ru низ бидуни зикри исме, аз шаҳрвандони Точикистон ва ба истинод ба як тамоси телефонй, ки маълум нест пушти хат кй буда, иддао кардааст, точикон ба сифати тирандоз(снайпер) мардумро мекуштанд.Ин сойт навиштааст, бешаз 10 тан аз ин тирандозон кушта шуданд ва часадҳои онон дар бемористони Уш нигаҳдорй мешавад.Аммо на аксе ва на исме аз ин афрод чоп накардааст. Аркадий Дубнов, шореҳи рузномаи «Время новостей» низ дар суҳбат ба радиои «Эхо Москви» гуфт:» ман бо тамоми масъулият иброз медорам, дар ин бондҳо афроде ширкат доштанд, ки дар чанги шаҳрвандии Точикистон аз тарафи чабҳаи халқй ё мухолифони точик чангида буданд». Ин хабарнигор дар идома гуфтааст:»шаҳрвандони Точикистон аз Русия ба Қирғизистон фиристода шуданд ва сафорати Точикистон дар Маскав низ дар ин кор шарик аст».
Ин ҳама гузоришҳо баёнгар аз он аст, дар шароити кунунй неруҳое дар водии Фарғона вориди амал шудаанд, ки дар ин минтақаи ҳассос чанги қавмиро созмон диҳанд ва ба ҳадафҳои нопки худ даст ёбанд.Аммо бояд эътироф кард, ки ин низоъҳоро шояд битавон ба осонй роҳандозй кард, вале раванди он дигар дар ихтиёри созмондиҳандагон нахоҳад буд.
Дар миёни неруҳое, ки низоъи қавмиро дар Қирғизистон заминасозй мекунанд, Аркадий Дубнов бештар аз бақия фаъол аст.Аз навишатҳои ин хабарногор бармеояд, ки огоҳона ва бар асоси барномарезии дарозмуддат дар ростои афрухтани оташи чанг миёни миллатҳои ҳамсояи узбак ва точик, ҳамчунин узбак ва қирғиз фаъолият мекунад.Албатта барои ироаи омору рақамҳои дақиқ дар ин замина, бояд навиштаҳои уро мурур кард, аммо ниёзе ба ин нест, чунки мардуми минтақа ба шеваи нигариш ва нигориши Дубнов ва ҳамкешони у ошноанд. Бо ин вучуд фақат ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд, Дубнов навишта буд, ки Ислом Каримов бо раиси чумҳури Точикистон мулоқоти ру дар ру нахоҳад дошт ва фақат дар нишастҳои умумй бо Раҳмон дидор хоҳад кард.Вай ҳамон гуна, ки дар мавриди ҳузури точикон дар кушторҳои Қирғизистон гуфта буд: «ман бо тамоми масъулият иброз медорам»…, дар ин бора низ бо ҳамон ба истилоҳ масъулият хабарсозй ва агар дурустар бигуем, фазосозй карда буд.
Ҳадафи Дубнов он буд, ки қабл аз вуруди раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой, фазои сард дар равобити Тошканд — Душанберо сардтар чилва диҳад.Аммо ҳамон гуна ки сойтҳои расмии ҳам Узбакистон ва ҳам Точикистон хабар доданд, Ислом Каримов ва Эмомалй Раҳмон дар дидори як ба як бисёре аз масоили мавчуд дар равобити ду кишварро баррасй карданд ва ба тавофуқҳое низ даст ёфтанд.Ичозаи ҳаракати наздик ба ду ҳазор вагони Точикистон, аз чумлаи ҳосили ин дидор буд.
Ба назар мерасад роҳандозии таблиғоти зиддиточикй дар Қирғизистон бе робита ба тазоҳуроти точикони муқими ин кишвар дар баробари сафорати Узбакистон дар Бишкек набошад.Дар он тазоҳурот ки 27 майи соли чорй баргузор шуд, як гуруҳ аз точикони муқими Қирғизистон аз масъулони узбак талаб намуданд, ки ба муҳосираи иқтисодии Точикистон поён диҳад.
Мушохидахо нишон медиханд, ки хадафи хар гуна тахқир ва тухматхо қарор гирифтани точикон аз бехимоятии онон сарчашма мегирад.Харчанд ахиран вазорати корхои хоричии Точикистон дар баробари суханони тахкиромези Жириновский вокуниши сахт нишон дод, аммо чунин иқдомот кам анчом шуда, то охир пайгирй нашудаанд. Ин бор афроде мисли Дубнов хатарноктар аз хамеша даст ба кор шудаанд, то миллати точикро ба куштан диханд. Ин икдом метавонад хазорон точикро дар қаламрави шуравии собик ба куштан дихад ва бе муболига тахдиди чиддиест ба тамомияти арзии Точикистон. Аз ин ру сохторхои дахлдори Точикистон боястй чиддитар ва котеъонатар аз хамеша вокуниш нишон диханд ва ин фитнаангезихоро дар нутфа саркуб кунанд, то миллати точик битавонад масири сулху созандагиро бо эътимоду боварии бештар идома дихад.

Назарбоев пешвои миллат

Рузи 12 май порлумони Қазоқистон лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он ба Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури кунунй мақоми «пешвои миллат» дода шуд.Пешниҳод дар робита ба ин мабзуъ рузи 5 май аз тарафи гуруҳе аз намояндагони мачлиси намояндапон ироа гардида буд.

Бар асоси ин қонун Назарбоев ва хонаводаи вай дар тули умри худ аз дахлнопазирии ҳамешагй бархурдор буда, ба ҳеч вачҳ мавриди таъқиб, боздошт ва муҳокима қарор нахоҳанд гирифт.Албатта 20 июли соли 2000 бар асоси мусавабаи порлумон раиси чумҳури Қазоқистон аз чунин имтиёзоте бархурдор шуда буд, фақат ин бор намояндагони порлумон бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қавонини мавчуд, бар ихтиёрот ва имтиёзоти раиси чумҳур афзуданд.Акнун касе ичоза нахоҳад дошт, ки амалкарди раиси чумҳурро мавриди нақду баррасй қарор диҳад ва ба у, хонаводааш ва бастагонаш таҳқир кунад. Ҳар гуна суиқасд ба чони Назарбоев амали террористй тавсиф шуда, то 20 сол мучозоти зиндон хоҳад дошт.Тамоми амвол ва дороиҳои Назарбоев ва пайвандонаш таҳти ҳимояти ҳамешагии давлат қарор хоҳад гирифт. Қобили зикр аст, ки Нурсултон Назарбоев се духтар бо исмҳои Динора, Дориға ва Олиё дорад, ки бахшҳои пурдаромади тичорати Қазоқистонро таҳти контрул доранд ва набераҳои у низ алорағми чавон будан, дар бахши тичорат фаъоланд ва аз муваффақтарин точирони ин кишвар маҳсуб мешаванд. Албатта ибтикорот барои додани мақоми «пешвои миллат» ба Нурсултон Назарбоев, фақат марбут ба нишасти порлумон нест, балки дар соли гузашта сокинони вилояти Оқтеппа пешниҳод карданд, ки зимни бекор кардани ҳар гуна интихоботи раёсати чумхурй, Нурсултон Назарбоев раиси чумҳури модом-ул-умри Қазоқистон эълом шавад. Ин матлаб дар маросими ифтитоҳи гулгашти Ваҳдат ва ҳамдилй (10 сентябри соли 2009),ки бо ҳузури раиси чумҳури Қазоқистон баргузор шуд, тавассути профессор Байдасов ироа гардид.Оқои Байдасов пешниҳод кард, ки дар ин замина ба қонуни асосй тағйироти зарурй ворид карда шавад. Дар нисбати ин пешниҳод Нурсултон Назарбоев ба таври расмй вокунише аз худ нишон надод. Қобили зикр аст, ки Назарбоеви 69-сола (моҳи июл ба синни 70 мерасад)аз замони касби истиқлоли Қазоқистон дар соли 1991 то кунун дар ҳамаи интихоботи раёсати чумҳурй пируз омадааст.Вай барои охирин бор дар соли 2005 дар интихоботи раёсати чумҳурй баранда шуд ва замони раёсаташ дар соли 2012 ба поён мерасад.Аммо дар соли 2007 порлумони Қазоқистон бо тасвиби қонуне, ба Назарбоев ҳуқуқ дод, ки то поёни умр метавонад дар интихоботи раёсати чумҳурй ширкат кунад.Ин қарори порлумони Қазоқистон ва пешниҳоди мардуми Оқтеппа баёнгар аз ин воқеият аст, ки дар Қазоқистон чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй раиси чумҳур ҳозир ба вогузории маснади раёсати чумҳурй нест.Ба истиснои Қирғизистон, дар дигар кишварҳои Осиёи Марказй раисони чумҳури ба истилоҳ модом-ул-умр дар сари қудрат қарор доранд. Ҳарчанд модом -ул -умр ба таври расмй фақат ба сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури пешини Туркманистон эъто шуд,аммо сарони дигар кишварҳои Осиёи Марказй дар асл бидуни ҳеч эълом ва тасвиби санаде барои ҳамешагй ба курсии раёсати чумҳурй часпидаанд. Иқдоми тарафдорони Нурсултон Назарбоев дар чиҳати афзудани ихтиёрот ва имтиёзоти раиси чумҳур бе таъсир аз руйдодҳои ахири Қирғизистон нест.Суқути хеле роҳат ва осони Қурмонбек Боқиев, раиси чумҳури Қирғизистон таккони азмиме ба афкори чавомеь дар Осиёи Марказй дод.Ин ҳодиса собит намуд, ки ҳар қудрати чаълй дар баробари хост ва иродаи мардум нотавон ва маҳкум ба шикаст аст.Боқиев дар мақоми раёсати чумҳур талош кард бо додани вазифаҳои калидй ба аъзои хонаводаи худ ва бастагону дустонаш, худро аз ҳар осеби эҳтимолй эмин нигаҳ дорад.Вай бо нодида гирифтани интиқод ва пешниҳодоти рақибони худ чиҳати ислоҳи вазъ, давлати худро ба суи як диктотурии хонаводаи харакат дод.Дар зоҳир чунин ба назар мерасид, ки ҳар мухолифате дар баробари хост ва иродаи Боқиев ва хонаводаи у нотавон ва очиз аст.Аммо дар пайи эътирозоти мардумй, дар камтар аз ду руз давлати Боқиев суқут кард ва ҳукумати муваққати идораи корхоро дар ин кишвар, ки як замон ба чазираи демократия маъруф буд, ба даст гирифт. Дар Аврупо баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй бо таваччуҳ ба бархе аз вижагиҳои чомеаи қазоқ бар ин бовар буданд, ки Қазоқистон бар хилофи кишварҳои Осиёи Марказй барои наздик шудани ба арзишҳо ва меъёрҳои аврупойи гом хоҳад бардошт.Дар ибтидои раёсати чумҳурии Нурсултон Назарбоев ин интизорот то ҳадде бароварда шуд.Аз ин ру Ғарб бо додани раёсати даврайии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ба Остона, дар садад баромад аз он чи ки ғарбиҳо бархе ихтилоф ва качравихои Казоқистон аз меъёрҳои аврупойи таъбир мекарданд, пешгирй кунад.Аммо иқдоми ахири порлумони Казоқистон пучии чунин интизоротеро ба исбот бирасонд.Акнун Қазоқистон низ чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй, ки низоми давлатдориашон дар зоҳир чумҳуриявй, аммо дар асл низомҳои худкома доранд, ба истилоҳ ба асли худ бозмегардад. Акнун Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар барорбари амали анчом шуда қарор гирифтааст ва чуз созиш бо ин вазъ чораи дигаре надорад.Албатта таҳаввули ахири Қазоқистон хилофи арзишҳои ҳоким дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аст, аммо интизор намеравад, ки ин Созмон дар қиболи Остона вокуниши манфие аз худ нишон диҳад.Зеро кишварҳои аврупойи бештар ба манбаъҳои саршори нафту гози Қазоқистон ва мавқеияти мумтози чуғрофиёии ин кишвар ниёз доранд, то нигарони вазъи демократия дар он бошанд. Натичаи чунин руйкарде он хоҳад буд, ки чойгоҳ ва эътибори ин созмон дар кишвархои Осиёи Марказй бештар аз ҳар замони дигаре латмадор ва вайрон хоҳад шуд. Барои он ки тарҳи додани мақоми пешвои миллат ба Нурсултон Назарбоев асоси комили қонунй касб кунад, боястй дар сенати Қазоқистон низ тасвиб шуда, аз тарафи раиси чумҳур низ ба имзо бирасад. Бо таваччуҳ ба таъсирпазирии кишварҳои Осиёи Марказй аз таҳаввулоти ҳамдигар, оё дигар сарони ин минтақа аз иқдоми ҳамтои қазоқи худ пайравй хоҳанд кард? Дар посух ба ин пурсиш бояд таваччуҳ дошт, ки сарони Осиёи Марказй ҳар кадом ба шеваҳои хос ҳокимияти худро ба истилох танзим ва тазмин кардаанд ва ба гунае амал кардаанд, ки интизор намеравад чуз марг ё табаддулот руйдоди дигаре назири интихобот, битавонад онҳоро аз қудрат барканор кунад. Бо ин ҳол ба назар мерасад, аслитарин ангеза барои чунин тарҳе таҳкими қудрат будааст. Нурсултон Назарбоев, ки дар остонаи 70 солагй қарор дорад, сарфи назар аз набудани мухолифони чиддй дар дохили кишвар, аз он бим дорад, ки ба тадрич нуфуз ва чойгоҳи худ дар арсаи қудратро аз даст диҳад, аз ин ру бар он шудааст, аз ҳоло пояҳои ҳокимияти худро аз ҳар гуна осеби эҳтимоли бима кунад.Аммо сарнавишти Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон нишон дод, ки дар чомеъаҳои Осиёи Марказй нуфуз ва эътибори раҳбарон то замоне аҳамият дорад, ки онҳо дар сари қудрат бошанд. Бо марги Туркманбошй тамоми қонунҳои чорй намудаи у низ дар қабристони таърих дафн шуданд ва ҳамонҳое, ки мучассамаҳои тиллоии уро сохта буданд, ба осонй ин мучассамаҳоро аз саҳифаи рузгор барчиданд.Албатта сарнавишти сарони Шуравии собиқ низ тасдики ҳамин ҳақиқат аст. Аз ин ру чои шаке нест, ки бо аз қудрат рафтани Назарбоев мақоми пешвои миллат низ аз чомеаи қазоқ барчида хоҳад шуд.

Точикистон ва Узбакистон сари мизи музокира мешинанд.

Хабаргузориҳо ба нақл аз Абдулло Юлдошев, маовини аввали вазири корхои хоричаи Точикистон иттилоъ доданд, ки дар рузҳои наздик як ҳайат тахти сарпарастии Муродалй Алимардонов, муовини нахуствазири Точикистон чиҳати ширкат дар нишасти навбатии кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои Точикистон ва Узбакистон ба Тошканд хоҳад рафт.Ин кумиссиюн, ки солҳои охир корномаи чандон чолибе аз худ ироа накардааст, соли гузашта дар Душанбе доир гардида буд.

Рузи чоршанбеи 18 феврали соли 2009 дар пойтахти Точикистон гуруҳе аз мақомоти точик ва узбак даври ҳам чамъ омаданд то масъалаҳои мавчуд дар робитаҳои ду кишварро баррасй ва ҳаллу фасл намоянд. Ин нишаст дар қолаби комиссиюни байнидавлатй баргузор гардид, ки аз замони охирин нишасти он шаш сол гузаштааст. Хамин мавзуъ, яъне тайи 6 сол доир нашудани нишастҳои ин комиссиюн баёнгар аз вазъи робитаҳо миёни Тошканд – Душанбе аст. Албатта, дар ин солҳо мақомоти точик борҳо ба Узбакистон сафар карданд, аммо масъулони узбак тамоили чандоне ба сафар ба Точикистон аз худ нишон надоданд. Дар он айём бисёре аз коршиносон аз нишасти тарафҳои точик ва узбак ба унвони руйдоди таърихй ёд намуда, пешбинй мекараданд, ки баъд аз ин дидор шоҳиди боз шудани гиреҳ дар муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя хоҳем буд. Дар дидори Рустам Азимов, маовини аввали нахуствазири Узбакистон ва раиси ҳайати узбакистонй бо Эмомалй Раҳмон, раиси Чумҳури Точикистон низ ба ин нуктаи муҳим ишора шуд. Аммо фазои музокирот «чандон гарм» набуд. Ҳарчанд беш аз 10 масъала барои баҳсу баррасй пешниҳод шуда буд, вале дар поёни нишаст фақат ду протокол ба имзо расид: яке дар бораи ҳамкориҳои иқтисодй-тичорй, дигаре дар бораи масъалаҳои марзй. Интизор мерафт роҳи ҳалле барои истифода аз манбаъҳои обй ва интиқоли неруи барқ, ки беш аз ҳар масъалаи дигаре дар робитаҳо миёни ду кишвар соя афкандааст, пайдо шавад, аммо ҳаргиз ин тавр нашуд. Инак бо гузашти беш аз як сол аз замони дуввумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Точикистон ва Узбакистон, тарафҳо бар он шудаанд севумин нишасти ин кумиссиюнро доир кунанд, то шояд битавонанд робитаҳои байнихамдигарро вориди мачрои матлубтаре бинамоянд. Аммо бо таваччуҳ ба вазъи кунунии равобит миёни ду ҳамсоя, ки гузашти як сол масъала ва мушкилоти наве бар он афзудааст, аз эхтимол дур ба назар мерасад, ки тарафҳо битавонанд дар як нишасти гиреҳи ин масоилро ба осонй боз кунанд. Аз чумлаи ин мушкилот азми Точикистон ба такмили неругоҳи Роғун ба унвони зомини истиқлолияти энержии ин кишвар ва мухолифатҳои сарсахтонаи Узбакистон ба ин тарҳ мебошад. Давлати Тошакнд дар қолаби як стротегияи аз қабл танзим шуда, дар чандин нишасту ҳамоишҳои байналмилалй масъалаи сохтани ду неругоҳи Камбарота дар Кирғизистон ва Роғун дар Точикистонро ба унвони таҳдид ба муҳити зисти минтақа матраҳ ва то чое муваффақ ба фазосозй дар ин замина низ шуд. Бо вучуд ин, давлати Душанбе аз аввалхои соли чории мелодй неругоҳи Роғунро тарҳи миллй эълом кард ва саҳмияҳои онро ба фуруш баровард.Аввалин вокуниши Узбакистон ба ин иқдом тавақкуфи вагонҳои дорои сузишворй, масолеҳи сохтмонй ва тачҳизот барои неругоҳҳои Точикистон дар қаламрави худ буд.Бар асоси оморҳои мақомоти точик, беш аз ду моҳ аст, ки ҳудуди 2 ҳазор вагони Точикистон бидуни ҳеч далеле дар қаламрави Узбакистон мутавақиф шудаанд ва зиёнхои бархоста аз ин амалкарди кишвари ҳамсоя 10 миллион доллар ба будчаи Точикистон баровард шудааст. Дар ин маврид Амонуллоҳ Хукуматуллоҳ, раиси муассисаи роҳи оҳани Точикистон дар як нишасти хабарй иттилоъ дод. Вай гуфт Узбакистон вайроншавии роҳи оҳан дар бархе манотиқро иллати тавқифи вагонҳои Точикистон эълом кард, аммо ҳозир нашуд ба мо ичоза диҳад, ки ин минтақаҳои осебдидаро таъмир кунем. Ҳукуматуллоҳ афзуд: тавақуфи вагонҳои мо бештар ангезаҳои сиёсй доранд, зеро аз ҳамон масир ҳамаруза қаторҳои мусофирбарй аз Русия ва Қазоқистон ба Точикистон меоянд.Ин мақоми точик иброз дошт, ки дигар баҳонаи Узбакистон дар манъ кардани вагонҳои Точикистон камбуди локомотив буд, аммо роҳи оҳани Узбакистон пешниҳоди моро дар мавриди истифода аз лукумотивҳои Точикистон напазируфт. Албатта вокунишҳои Тошканд ба иқдоми Точикистон дар мавриди такмили неругоҳи Роғун фақат дар манъ кардани вагонҳо хулоса нашуда, то барпойии тазоҳурот бар зидди фаъолияти корхонаи алюмини точик-аслитарин корхонаи саноатии Точикистон пеш рафт. Аҳолии навоҳии вилояти Сурхондарёи Узбакистон авохири моҳи март ва аввалхои моҳи апрел бо даъвати чунбиши экологии Узбакистон тазоҳурот барпо ва иддао намуданд, ки гарду ғубори корхонаи алюмини точик омили афзоиши бемориҳои мухталиф дар ин устон шудааст.Тазоҳуркунандагони узбак ҳатто барои мудати тулонй масири ҳаракати қатори Душанбе — Конибодом(аз марказ ба шимоли Точикистон)ро бастанд. Албатта давлати Душанбе низ барои руёруйи ба мухолифатҳои Тошканд дар мавриди сохтани неругоҳи Рогун, иқдомҳое анчом дод.Аз чумла дар порлумони Точикистон кумиссиюни экологй таъсис шуд, ки вазифаи аслии он ҳифозат аз иддаоҳои зистмуҳитии кишварҳои ҳамсоя алайҳи тарҳҳои иқтисодии Точикистон унвон шудааст. Дар ин миён вуруди коршиносони Бонки чаҳонй ба маҳалли сохтани неругоҳи Рогун чиҳати фароҳам кардани шароити бозрасии ин тарҳ, ба навъе бартарии Тошкандро дар муборизоти дипломатй алайҳи тарҳҳои энергетикии Точикистон нишон медихад. Зеро Душанбе чунин амреро ба шарти бозрасии тарзи истифодаи об дар Узбакистон карда буд, аммо коршиносони байналмилалй иқдомро аз Точикистон шуруъ кардаанд, ки ин амр баёнгар аз пирузии дипломатияи узбак мебошад. Хамин тавр саввумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Точикистон ва Узбакистон дар шароити начандон матлубе барои ду кишвари ҳамсоя, баргузор мешавад.Бисёре аз коршиносон дар таҳлилҳои худ аз шакли робитаҳо миёни Точикистон ва Узбакистон, сардии ба вучудомадаро бархоста аз талошҳои Ислом Каримов барои табдил шудан ба «раҳбари минтақа» медонанд. Ҳамин коршиносон мегуянд, Тошканд дар ростои таҳмили хостаҳои худ ба ҳамсоягон, дар бисёре аз мавридҳо манфиатҳои Точикистонро нодида гирифтааст. Давлати Душанбе, ки дар солҳои чанги дохилй ногузир ба пазириши бархе аз дидгоҳҳои Тошканд буд, бо бозгашти суботу амният ба Точикистон, ба тадрич бар он шуд, ки сиёсатҳои мустақил ва дар чорчуби манфиатҳои миллй ва давлатиро дунбол кунад. Ҳарчанд ин сиёсатҳо дар ҳеч марҳалае алайҳи Тошканд набудаанд, аммо доираҳое дар Узбакистон аз он бим доштан (ва доранд), ки коҳиш ва дар ниҳоят рафъи вобастагиҳои Точикистон аз Узбакистон, метавонад ба ҳадафҳои стротегии Тошканд дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй латма ворид кунад. Чонибдорони ин дидигоҳ таъкид мекунанд, ки талоши Узбакистон барои дар вобастагй нигоҳ доштани Точикистон ва Қирғизистон баргирифта аз стротегияи давлатмардони ин кишвар дар ростои таҳмили сиёсатҳо ва хостаҳои худ ба ҳамсоягон аст. Бо вучуди ин ҳама мушклот, азми Душанбе ва Тошканд чиҳати баргузории саввумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматй, баёнгар аз ин аст, ду ҳамсоя ба тадрич ба дарки ин воқеият мерасанд, ки худ метавонанд беҳтар аз ҳар миёнчии дигаре ба мушкилот дар равобит расидагй ва роҳи ҳалҳое барои он пайдо кунанд.Ин амри начиб аз як су дасти қудратҳои фурсатталабро чиҳати мудохила дар умури минтақа кутоҳ ва аз суи дигар заминаҳои ҳамгароиҳои бештарро дар миёни кишвархои минтака фароҳам хоҳад кард.

Осиёи Марказй ва мушкилоти марзй миёни кишварҳо

Дар шароите, ки дар Афғонистон барномаҳои Ғарб ба саркардагии Амрико ба бунбаст ру ба ру шудаанд, Осиёи Марказй ба унвони минтақаи стротегй барои Ғарб беш аз ҳар замони дигаре аҳамият касб кардааст. Кишварҳои Осиёи Марказй, ки марзҳои тулонй бо Афғонистон доранд, бо мавзеъгириҳои худ, дар дурнамои барномаҳои Ғарб дар Афғонистон ба таври қобили мулоҳиза таъсиргузор шудаанд. Аз суи дигар, қудратҳои Ғарб ва Шарқ дар чорчуби рақобатҳои худ барои соҳиб шудан ба манобеи саршори энержии Осиёи Марказй, кишварҳои ин минтақаро дар чорроҳаи интихобҳои душвор қарор додаанд. Ба иборати дигар дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон, интихоби шарикон барои кишварҳои Осиёи Марказй кори соддае нест ва ин амр дар баробари фоидаҳои муваққатии худ, барои ҳар як аз ин кишварҳо зарару зиёнҳоеро дар пай хоҳад дошт. Воқеият ин аст,ки бо касби истиқлоли худ аз Иттиҳоди Шуравй дар аввалҳои солҳои 90 қарни гузашта, давлатҳои Осиёи Марказй дар сиёсатҳои хоричии худ аз истиқлоли амали чандоне бархурдор набудаанд ва дар ин замина ҳамеша манофеи ин ё он қудрати фароминтақайиро дар назар мегирифтанд.Таъсиргузорй дар сиёсатҳои давлатҳои Осиёи Марказй тавассути қудратҳои мухталиф ё аз тариқи додани кумакҳои молй ва ё ба коргирии фишор ва таҳдид будааст. Дар чунин шароите вучуди ихтилофот миёни кишварҳои Осиёи Марказй беҳтарин абзоре будааст, ки қудратҳои судчу бо истифода аз он, ҳалафҳои худро осонтар дунбол кардаанд. Аз чумлаи ин ихтилофот масъалаҳои марзй миёни ин кишварҳо аст.

Авзоъ дар равобити бйниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй дар солҳои 90 қарни гузаштаи милодй, дар пайи афзоиши тамоилоти қишрҳои камдаромади чомеа ба чунбишҳои тундрави исломй дар Узбакистон, ба таври бесобиқае мутташаннич шуд.Давлати Тошканд дар талош барои ҳифзи контрули авзоъ, фишор ва сиёсатҳои хафақон дар чомеаро ташдид кард.Натича он буд, ки мухолифони Узбакистон бо ҳар роҳи мумкин по ба фирор аз кишвар ниҳоданд ва дар қаламрави Афғонистон ба манзури руёруйи бо давлати Ислом Каримов, дастаҳои мусаллаҳ ташкил доданд. Дар соли 1999, дар пайи инфичорҳое ки қалби Узбакистон, шаҳри Тошкандро ларзонд ва талоши чангчуёни ҳаракати исломии Узбакистон барои нуфуз ба қаламрави ин кишвар аз тариқи хоки Қирғизистон, авзоъ дар водии Фарғона ва дар мачмуъ дар Осиёи Марказй буғранч ва печида шуд.Маҳз дар ҳамон марҳала буд, ки мушкили марз дар миёни кишварҳои Осиёи Марказй ба миён омад.Албатта заминаи ин мушкил ҳануз дар замони Шуравй ва дар пайи марзбандиҳои беадолатона, аммо огоҳонаи сарони вақти комунист, фароҳам шуда буд.Фақат кофист ёдовар шавем, ки дар қаламрави Қирғизистон се маҳдудаи узбакнишини марбут ба Узбакистон ва дар қаламрави Узбакистон ҳафт маҳдудаи қирғизнишин мавчуд аст.Дар ин замина авзоъ дар дарраи Фарғона беш аз ҳар мантақаи дигар осебпазир аст.
Мушкили марзй миёни Узбакистон ва Точикистон низ вучуд дорад.Дар вилояти Суғди Точикистон, дар рустои Равот, ноҳияи Конибодом чанд маҳдудаи узбакнишин мавчуд аст, ки ба унвони маншаъи ихтилофоти оянда арзёбй мешаванд. Ин масъала ахиран дар пайи он ки марзбонони узбак бо симхор ин русторо ба ду бахш тақсим ва кишоварзонро аз дастрасй ба киштзорҳояшон маҳрум карданд, печидатар шудааст. Мушкилоти марзй миёни Точикистон ва Қирғизистон дар рустои Ворух низ вучуд дорад.Бо ин ҳол мушкили чиддй дар масоили марзй миёни Узбакистон аз як тараф ва Қирғизистону Точикистон аз тарафи дигар мебошад.Ин мавзуъ ба вижа дар водии Фарғона, ки аз нигоҳи мавқеъияти чуғрофиёи ва манобеи табии барои ҳар кадом аз кишварҳои минтақа дорои аҳамият аст,печидатар мебошад. Дар ин миён Узбакистон дар ростои ҳалли масъалаҳои марзй ва ба манзури он чи таъмини амнияти марзҳои худ унвон кард, дар як иқдоми берун аз урфи дипломатй ва то чое таҳқиромез дар нисбати ҳамсоягони хеш,марзҳоро бе огаҳии пешакй минкорй намуд ва аз оғози соли 2000 ба таври якчониба барои шаҳрвандони Қирғизистон ва Точикистон режими раводид чорй кард. Мавчи аввали ихтилофот дар масоили марзй миёни чумҳуриҳои Осиёи Марказй дар соли 2000, замоне ки Узбакистон, ба манзури он чи тақвияти марзҳои хеш унвон кард, даст ба минкории марзҳо зад, оғоз шуд.Мавчи дуввум ва нисбатан шадиди ин ихтилофот дар солҳои 2005 — 2006, дар пайи саркуби эътирозоти мардумй дар Андичон (майи соли 2005), ки боиси фирори паноҳандагони узбак ба қаламрави Қирғизистон шуд, ба вуқуъ пайваст.Хамон замон буд, ки Тошканд иддао кард, Бишкек дар омузиши террористони узбак даст дорад. Чунин мавзеъгирй равобити ду кишвари ҳамсояро ба таври бесобиқае тираву тор намуд.Албатта, ихтилофоти марзй миёни Узбакистон ва Қазоқистон низ вучуд доштанд ва доранд.Аз чумла дар ноҳияи Мактаарали устони Қазоқистони чанубй ҳануз минтақаи мавриди баҳс миёни ду кишвар вучуд дорад.Аммо дар пайи сафари Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон ба Тошканд (соли 2006), робитаҳои ду тараф ба ҳолати оддй дар омад.Дар ҳамин дидор буд, ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби суханбозиҳои ҳамешагии худ, ҳамтои қазоқи худро дусти самимй хитоб кард.Аммо ин ҳақиқат барои касе пушида нест, ки Каримов дар роҳи табдил шудан ба раҳбари Осиёи Марказй, Нурсултон Назрбоевро монеи аслй медонад.
Дар мачмуъ масоили марбут ба марзҳо ба унвони як манбаъи низоъҳои эҳтимолй, ҳамчунон ояндаи робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳолае аз ибҳом қарор дода, суботу амнияти шиканандаи ин митақаро беш аз ҳар замони дигаре осебпазир намудааст. Ҳамин масъала дар шароите, ки кишварҳои ғарбии ишғолгари Афғонистон дар ростои заъиф кардани чойгоҳи Русия, ба унвони рақиби аслии худ, талош доранд нооромиҳои Афғонистонро ба Осиёи Марказй мунтақил кунанд, бештар аҳамият пайдо кардааст.Ҳарчанд беҳтарин роҳи ҳалли мушкилоти байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй ба ибтикори амали худи ин кишварҳо вобаста аст, аммо сиёсатҳои қудратталабонаи Ислом Каримов аз як су ва рақобат миёни Каримов ва Назарбоев барои касби нақши раҳбарй дар минтақа , аз суи дигар чунин фурсатеро камранг намуда, заминаи дахолати бегонагон дар корҳои давлатҳои Осиёи Марказиро фароҳам кардаанд. Амре ки ҳеч пайомади мусбат на барои мардумони ин минтақа ва на барои давлатҳои он ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.

Қазоқистон аз тарҳҳои энержии Қирғизистон ва Точикистон ҳимоят кард

Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон эълом карданд, ки дар ояндаи наздик имкони муттаҳид кардани системи энержии худро мавриди баррасй қарор хоҳанд дод.Дар ин бора Абдулатиф Аҳмадов, сафири Қазоқистон дар Душанбе хабар дод.Сафири Қазоқистон ҳамчунин дар мавриди чанд тарҳи муштараки се кишвар гуфт, Қазоқистон, Қирғизистон ва Точикистон дар пайи таъсиси низоми чадиди энержии муштарак ва роҳҳои иртиботии чадид аз Қазоқистон ба Точикистон тавассути Қирғизистон мебошанд. Вай афзуд, барои таъсиси низоми чадиди энержй бояд хати чадиди интиқоли барқ аз шаҳри Уш (Кирғизистон) то шаҳри Хучанд (Точикистон) сохта шавад.

Абдулатиф Аҳмадов ибрози умедворй кард, ки аз фаъолият бозмондаи системи воҳиди энержии Осиёи Мракзй як зуҳуротй муваққатй аст ва мо тамоми талоши худро ба харч хоҳем дод, то ин систем бо ҳузури кишварҳои манфиатдор мучаддадан фаъолияти худро аз сар гирад.
Қарори маълум аз аввали декабри соли 2009 ва дар пайи хуручи Узбакистон аз системи воҳиди энержии Осиёи Марказй, фаъолияти ин систем халалдор шуд. Дар пайи ин руйдоди номатлуб, ба ҳар як аз кишварҳои минтақа ба мизони мухталиф зарару зиёнҳо ворид шуд, ки дар фаъолиятҳои иқтисодиашон бетаъсир набуд.
Системаи воҳиди энержии Осиёи Марказй дар замони Шуравй таъсис шуд, ки ба унвони меконизми воҳид ва мутмаъин фаъолиятҳои энержии ҳамаи кишварҳои минтақаро таъмин менамуд. Ин систем имкон медод, ки мубодилоти энержй миёни кишварҳои минтақа танзим ва аз ҳар гуна мушкилй дар таъмини энержй пешгирй шавад.Ба илова аз тариқи ҳамин систем ба таври утумотй танзими тақсими об миёни кишварҳои Осиёи Марказй сурат мегирифт. Дар давраи Шуравй системи барқи кишварҳои Осиёи Марказй ба бисёре дигар аз чанбаҳои зиндагии мардуми ин минтақа таъсир дошт ва ниёзмандиҳои ҳар як аз чумҳуриҳои ин минтақа тавассути ҳамсоягони он бартараф мешуд. Аз он чо ки дар он давра ин чумҳуриҳо чузъи як кишвари воҳид маҳсуб мешуданд, ихтилофоти онҳо бо марказияти Маскав ҳаллу фасл мегардид ва имконе барои ташдид ва табдил ба буҳрон намеёфт.Ин вазъият пас аз фурупошии Шуравй ва тақсими мероси он ба кишварҳои мухталифи ин минтақа, тағйир кард ва талоши онҳо барои касби истиқлол дар ҳавзаҳои мухталиф, ба вижа истифода аз манобеи энержии минтақа, сабаби бурузи ихтилофот дар равобити байни ин кишварҳо шуд. Дар ин миён баҳрамандии бархе кишварҳои ин минтақа аз манобеи нафту гоз, аз чумла Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ниёзи Точикистону Қирғизистон ба ин манобеъ ва дар муқобил, қарор гирифтани ин ду кишвар дар болооби рудхонаҳои чорй дар Осиёи Марказй ва ниёзи кишварҳои пойиноб ба ин манобеъ,сабаби печидатар шудани ҳарчй бештари мавзуи энержй дар ин минтақа шуд. Нигоҳе ба қобилиятҳои ин кишварҳо низ нишон медиҳад, ки тавони тавлиди барқ дар ин минтақа ба наҳви мутафовуте тақсим шудааст.Точикистон ва Қирғизистон ба унвони кишварҳои болодасти рудхонаҳои Осиёи Марказй, ки 80 дарсади манобеи обиро дар ихтиёр доранд, бо сохти таъсисоте дар масири ин обҳо, иқдом ба тавлиди барқ аз тариқи неругоҳҳои обй мекунанд. Кишварҳои пойиноб мухолифи чунин иқдоме ҳастанд.
Ва аммо он чи ба системи воҳиди энержии Осиёи Марказй бармегардад, бояд ба ин нукта ишора кард, ки ҳудуди 80 дарсади барқи ин минтақа аз тариқи ин систем таъмин мешуд ва хуручи ҳар як аз кишварҳо, ба вижа кишварҳои аслии таъминкунандаи барқ ва тронзити ин систем, аз чумла Узбакистон ва Қазоқистон ба маънии поёни ҳаёти ин систем буд, иттифоқе ки минтақа шоҳиди он аст.Акнун Қазоқистон, ки тамоилоти ҳамгаройии бештар дар минтақаро аз худ нишон додааст, саъй дорад занчирҳои аз ҳам гусастаи ин системро, ҳарчанд дар шакли номукаммал, мучаддадан пайваст кунад. Ин иқдоми Остона хилофи он талошҳоест, ки Тошканд дар минтақа анчом медиҳад.Яъне дар ҳоле ки Узбакистон бо қудратнамойи дар қиболи ду кишвари Қирғизистон ва Точикистон, ҳамвора саъй кардааст хостаҳои худ дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказиро ба ин ду кишвар таҳмил кунад, Қазоқистон талош кардааст, ки зимни рафъи суитафоҳумот, мавзеъҳои кишварҳои минтақаро ба ҳам наздик ва ҳамгароиро тавсаъа ва таҳким бахшад.Ин талошҳои Остона дар шароите, ки Қазоқистон раёсати даврайии Иттиҳодияи Аврупоро уҳдадор шудааст, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият доранд. Зеро Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказй аҳдофи худро дорад ва моил нест, ки авзоъ дар ин минтақа печида бошад.Аз суи дигар, Узбакистон тамоми фаъолиятҳои худ дар равобит ба кишварҳои ҳамчаворро дар ростои касби нақши кишвари бартар шакл додааст. Ба иборати дигар, Тошканд саъй дорад, ҳамон гуна ки дар замони Шуравй буд, ҳарфи аввалу охирро дар Осиёи Марказй бигуяд ва барои дигар кишварҳо, ба истилоҳ таъйини таклиф намояд. Аммо Остона мухолифи сарсахти ин худхоҳиҳои Тошканд аст ва ҳеч вачҳ намехоҳад аз дидгоҳҳои Узбакистон пайравй кунад.Баръакси он чи ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби худхоҳиҳои худ дунбол мекунад, Нурсултон Назрбоев, раиси чумҳури Қазоқистон талош дорад кишварҳои минтақа ҳамкориҳои бештаре бо ҳам дошта бошанд ва ҳар мушкилеро дар чорчуби ниҳодҳои минтақайи ҳаллу фасл кунанд.
Дар ҳоле ки баҳсҳо бар сари сохти неругоҳи Роғун дар Осиёи Марказй доғ шудаанд, Роберт О. Блейк, муовини вазорати умури хоричаи Амрико оид ба Осиёи Марказй ва Чанубй, гуфтааст, Амрико ба барномаҳои Точикистон дар мавриди таъмини амнияти энержй эҳтиром қоил аст ва талошҳои ҳукумати Точикистонро чиҳати таъмини аҳолй, корхонаҳо ва ниҳодҳо бо манбаъи собити энержй дастгирй мекунад.Ин мақоми амрикойи аз Точикистон даъват кардааст, ки ба ҳангоми сохтани тарҳҳои энержии обие чун Роғун, назари ҳамсоягонашро низ ба ҳисоб бигирад. Роберт Блейк гуфтааст, ҳамзамон бо такмили неругоҳи Роғун, Точикистон масъалаи сохти неругоҳҳои кучакро низ дар назар дошта бошад.
Ҳамчунин Александр Яковлев, намояндаи тичоратии Русия дар Точикистон иброз дошт, ширкатҳои азими кишвараш ҳузури худро дар тарҳҳои бузурги сармоягузории Точикистон, аз чумла ниругоҳи Роғун тавсеа медиҳанд. Дар иртибот ба ҳамин мавзуъ раҳбари Сандуқи байналмилалии пул дар Точикистон дар дидор бо Эмомалй Раҳмон, дар баробари изҳори эҳтиром ва пуштибонй аз мавқеи Душанбе чиҳати такмили неругоҳи Роғун таъкид кардааст, ки ҳукумати Точикистон бояд ба фикри тарбияи мутахассисони баландпояи касбй дар бахши энержй бошад. Ва аммо кушиши Остона барои ҳамгаройии бештар дар Осиёи Марказй идомаи ҳамон талошҳоест, ки Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон тайи солҳои ахир анчом медиҳад.Қарори маьлум, дар ҳамин росто дар оғози ҳазораи саввум Нурсултон Назрбоев пешниҳод кард, ки ниҳоди минтақайи бо номи Иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказй таъсис шавад, аммо ин пешниҳод дар пайи мухолифати шадиди Тошканд амалй нашуд. Амре ки ҳосили рақобатҳо миёни ду кишвари Узбакистон ва Қазоқистон барои касби нақши раҳбарй дар минтақа таъбир мешавад.Акнун ба назар мерасад Остона аз раҳгузари расидагй ба мушкилоти кишварҳои ҳамсоя, мехоҳад зимни маҳори монеътарошиҳои Тошканд, барномаҳои роҳбурдии худ дар Осиёи Марказиро дунбол кунад. Дар айни ҳол ин иқдоми Қазоқистон мавриди истиқболи аксари кишварҳои Осиёи Марказй воқеъ гардидааст.