Конфронси баррасии дурнамои амният дар Афғонистон

Ахиран дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалй бо ширкати коршиносон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Точикистон, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, Русия, Афғонистон ва Покистон баргузор гардид, ки дар он дурнамои амният дар Осиёи Марказй баъд аз хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Дар шароите ки замони хуручи неруҳои низомии ғарбй аз Афғонистон наздиктар мешавад, баҳсҳо дар мавриди дурнамои амният дар минтақа дар маҳофили мухталиф доғтар шудааст.

Дар ин миён нуктаи чолиб он аст, ки бозигарони саҳнаи сиёсй ҳар як талош доранд аз ин авзоъ дар чорчуби аҳдофи геостротегй ва геополитикии худ, баҳрабардорй кунанд.Ҳарчанд гуфта мешавад хуручи низомиёни кишварҳои ғарбй то соли 2014 идома хоҳад дошт, аммо бо таваччуҳ ба вижагии ин фароянд дар кишваре назири Афғонистон, ба эҳтимоли қавй то поёни соли 2012 бахши аъзами ин неруҳои хоки Афғонистонро тарк хоҳанд кард. Зеро раванди кунд мучиби афзоиши талафоти бештари ин низомиён ва харочоти бештар хоҳад шуд.Ин хуручи низомиёни бегона аз Афғонистон тайи наздик ба сад соли ахир, барои панчумин бор иттифоқ меафтад. Ҳар бор мутачовизин ба марзу буми Афғонистон бо шикасти мазбуҳона ин кишварро тарк кардаанд, ки шикасти ду императории инглис дар ибтидои қарни 20 ва Шуравй дар даҳҳаҳои поёнии қарни 20 бештар сарнавиштсоз будааст. Шикасти инглисҳо тавассути озодихоҳони афғон, мучиби ташдиди наҳзатҳои озодихоҳй дар мустамликаҳои императории Бритониёи Кабир шуд, ки ин фароянд фурупошии ин императориро сурът бахшид.Шикасти Шуравй дар Афғонистон низ урдугоҳи сусиолистиро аз дохил мунфачир намуд ва абарқудрате бо номи Иттиҳоди Шуравй аз нақшаи чаҳон бардошта шуд. Дар нишасти Душанбе дидгоҳҳо дар мавриди дурнамои амният дар минтақа ва хуручи низомиёни ғарбй, ба вижа амрикойи мутафовут буданд.Гуруҳе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Амрико ҳаргиз аз минтақаи истротежики Осиёи Марказй хорич нахоҳад шуд ва хуруч аз Афғонистон дар асл чойивазкунии низомиёни ин кишвар аз Афғонистон ба Осиёи Марказй хоҳад буд.Аз чумла «Виктор Дубовитский», коршиноси рус мегуяд, «бовар надорам, ки неруҳо Афғонистонро тарк кунанд.Шояд теъдоди ин неруҳо коҳиш ёбад ва фақат шарикони аврупойии Амрико неруҳои худро аз Афғонистон хорич кунанд.Амрико дар ин кишвар боқй хоҳад монд.Берузи Абдулванд, устоди донишгоҳи озоди Берлин ва ҳамоҳангсози маркази таҳқиқоти минтақаи Хазар мегуяд ҳануз аҳдофи аслии Амрико ва НАТО дар Афғонистон ичро нашудааст ва хуруче сурат нахоҳад гирифт. Вай мегуяд:»барномаи бузурги «ҳамкорй ба хотири сулҳ», ки дар соли 1994 НАТО бо кишварҳои Аврупои шарқй ва Шуравии собиқ руи даст гирифт, натавонист манофеъи баландмуддати Амрикоро таъмин кунад.Аз ин ру Амрико мачбур шуд, ки бо чанги алайҳи терор дар Афғонистон ҳузури низомй пайдо кунад».Воқеъият он аст ки имруз воқеъияти тамомии тарҳҳои Амрико дар мавриди мубориза бо терроизм, кумак ба барқарории демокротй ва таъмини озодиҳои шаҳрвандй дар кишварҳо, ифшо шудаанд ва акнун кам касоне ба иддаъоҳои Амрико бовар мекунанд.Бо ин вучуд Амрико аз тарҳҳои мухталиф, назири руи кор овардани давлатҳои дастнишонда, харидани афроди калидй дар дохили давлатҳо, таҳдидҳои низомй ва амсоли ин кор мегирад, то манофеъи худ дар ақсо нуқоти чаҳонро дунбол кунад. Бо гузашти 10 сол аз ҳамлаи низомй ба Афғонистон, Амрико ҳамчунон бо ҳамон мушкилоти ноамнй, беэътимодии мардум ба ваъдаҳояш, кушта шудани низомиён ва ғайра дасту панча нарм мекунад.Ҳарчанд Бин Лодан кушта шуд, Ал-қоида натавонист амалиёте дар қаламрави Амрико анчом диҳад, аммо толибон аз байн нарафтааст ва ба илова гуруҳе мавсум «шабакаи Ҳаққонй» вориди саҳнаҳои чанг шуда, ки низ бар мушкилоти Амрико афзудааст.Ало рағми ин ҳама Амрико дар ростои ҳифзи чойгоҳи худ ба унвони қудрати чаҳонй ногузир ба идомаи ҳузур дар Осиёи Марказй аст.Бархе аз коршиносони ҳозир дар ҳамоиши байналмилалии Душанбе, аз чумла Дитрих Накмайр, коршиноси олмонй дар ин робита гуфт, дар шароти кунунй чунончй Амрико ба таври комил аз минтақа хорич шавад, ба раванди нобудии худ оғоз хоҳад бахшид.Дар ҳамин иртибот Маркази амнияти чадиди Амрико моҳи июни соли чорй таҳлилеро мунташир кард, ки бар асоси он Амрико бояд аз манофеъи ҳаётии худ дар Осиёи Чанубй ва Марказй қотеъона дифоъ кунад.Таҳлилгарони ин марказ таъкид мекунанд, ки ҳукумат бар Осиёи Марказй ба маънии ҳукумат бар тамомии қораи Осиё аст. Таҳлилгарони ин марказ таъкид мекунанд, ки дар марҳалаи кунунй Амрико бояд стротегияи чадидеро бо таваччуҳ ба авзоъи чорй руйи даст гирад, то битавонад аз вокуниш ба буҳронҳо, ба амал дар ростои дифоъ аз манофеъи худ иқдом кунад.Ҳамин таҳлилгарон мегуянд ин мавзуъ аз он чиҳат муҳим аст, ки Амрико дар вазъи афсурдагй ба сар мебарад, аммо Чин ҳузури худ дар муъодилоти геополитикиро тавсаъа мебахшад. Дар ҳамоиши Душанбе таъкид шуд, ки бо хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон, дар ин кишвар чанги шаҳрвандй ва низоъҳои байниқавмй ба таври камсобиқае густариш хоҳанд ёфт, зеро имруз заминаи чунин таҳаввуле фароҳам шудааст.Амрико дар муомила бо толибон ва фармондеҳони маҳаллй манотиқи нуфузро ба гунае тақсим кардааст, ки бо кучактарин баҳона даргириҳо шуруъ хоҳанд шуд.Ин даргириҳо бе мушорикати низомиёни ғарбй ва миёни ақаллиятҳои маҳаллй сурат хоҳанд гирифт, ки дар ҳолатҳое низомиёни ғарбй(амрикойи) дар чорчуби манофеъи худ аз тарафҳои мавриди назарашон ҳимоятҳои лучистикй — иттилоъотй хоҳанд кард.Дар чунин вазъияте кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо мушкилоти чадиди амниятй мувочеҳ хоҳанд шуд ва ҳамзамон бо ин даҳҳо ҳазор паноҳанда ба ин кишварҳо сарозер мешаванд, ки расидагй ба мушкилоти онон бе дахолати ниҳодҳои минтақайи ва байналмилалй имконнопазир хоҳад буд.Бархе таҳлилгарон дар суханрониҳои худ, чунин сенориюро ба нафъи Амрико арзёбй карданд, ки ҳузури худ дар минтақаро собит хоҳад кард. Бар асоси баровардҳои коршиносон Амрико тайи даҳ соли ҳузур дар Афғонистон ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 20 миллиард доллар харч карда, давлатеро руйи кор овардааст, ки то ҳадди зиёде дар ростои манофеи Вашингтон амал кардааст.Акнун дар ростои ҳимоят аз ин давлат ва таъмини бақои он ба назар мерасад дар се минтақаи стротегй ва хорич аз контроли толибон — Багром, Мазори шариф ва Шинданд пойгоҳҳо эчод хоҳад кард.Албатта масъалаи хуручи Амрико аз Афғонистон ба натичаҳои интихоботи раёсати чумҳурии соли ояндаи ин кишвар низ бастагй дорад.Ин эҳтимол чой дорад, ки чумҳурихоҳон руйи кор оянд ва бо бознигарй дар сиёсатҳои хоричии Амрико, дастури хуруч аз Афғонистонро лағв кунанд.Дар чунин шароите аслитарин масъалае ки фикри давалтҳои минтақаро ба худ машғул доштааст, чигунагии ҳифзи суботу амният дар кишварҳояшон аст. Ҳамин нигаронй сабаб шудааст, ки бархе аз ин давлатҳо аз ҳоло бо қарор гирифтан таҳти таъсири таблиғоти ғарб, дар садади паноҳ бурдан ба зери чатри амниятии бархе қудратҳо, аз чумла Амрико бар омадаанд.Тачрибае ки гузаштаи он сарнавишти талхеро барои давлатҳо ва миллатҳо рақам задааст.

НАТО ва Осиёи Марказй

Амалкарди паймони НАТО дар Афғонистон, ки нахустин маъмурияти ба истилоҳ сулҳбонии ин паймони низомй аз замони таъсиси он дар соли 1945 мебошад, баёнгар аз ин воқеият аст, империализми байналмилал ба саркардагии Амрико дар пайи фурупошии низоми истеъмории асримиёнагй, бо таъсиси ниҳодҳое аз ин қабил, бар он шуд, ҳокимияти худ бар кишварҳо ва давлатҳоро ҳифз кунад.Таърихи ташкили паймони НАТО ва наҳваи пазириши аъзо ба он, ба хубй ин нуктаро ба исбот расондааст, ки Амрико дар чорчуби барномаҳои роҳбурдии худ, кишварҳои аврупоиро ба ин ниҳод чалб ва дар ростои амалй кардани барномаҳои худ ҳидоят кардааст. Руёруйии дарозмуддати чаҳони сармоя ба саркардагии Амрико алайҳи урдугоҳи сотсиалистй ба саркардагии Шуравии собиқ, баёнгар аз ин воқеият аст, ки Кохи сафед ба унвони иддаогари раҳбари чаҳон, кишварҳои ғарбиро ба ичбор дар чорчуби сиёсатҳои худ қарор додааст. Аввалин иқдом дар ин замина, таъсиси паймони НАТО буд ва бо эчоди пойгоҳҳои низомии Амрико дар ақсо нуқоти Аврупо ва ҳатто чаҳон, сиёсатҳои Вошингтан ба дигар давлатҳо таҳмил мешуд.Ҳарчанд давлатҳои аврупойи бо пайвастан ба НАТО ба истилоҳ таҳти чатри амниятии Амрико қарор гирифтанд, аммо аз дигар су мачбур буданд ҳамеша манофеи сардамдорони Кохи сафедро дар назар гиранд.Пайомадҳои манфии чунин сиёсате ба молиётдиҳандагони аврупойи таҳмил мешуд, ки ҳосили он вуқуъи нооромиҳо дар кишварҳои мухталифи аврупойи дар қарни гузашта буд.Дар чаҳони имруз Амрико шеваҳои дигареро барои тасаллут бар кишварҳо ва давлатҳо мавриди истифода қарор додаст ва роичтарини он таъсиси ниҳод ва созмонҳои мухталифи ба зоҳир байналмилалй аст.Дар ин радиф ҳатто созмонҳои бо нуфузе назири Созмони миллали муттаҳид, Бонки чаҳонй, Сандуқи байналмилалии пул ва даҳҳо ниҳодҳои тахассусй қарор доранд, ки ба унвони василаи пешбурди сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Амрико ва чанд давлати муттаҳид бо у, кор мекунанд. Узвият ба ин ниҳодҳо ва баҳрабардорй аз имтиёзҳои онҳо, вобаста ба мавзеи давлатҳо дар қиболи сиёсатҳои Амрико,Инглис ва сионизми байналмилал мебошад. Даҳҳо мисол ва далоил вучуд дорад, ки баёнгар аз бархурдҳои дугуна дар чорчуби ниҳодҳои ба истилоҳ байналмилалй ва хидматгузории ин ниҳодҳо ба хочагони аслиашон аст.
Бо ин ҳол он чй ба маъмурияти ба истилоҳ сулҳбонии НАТО дар Афғонистон бамегардад, он аст ки ахиран Барак Обама, раиси чумҳури Амрико эълом кард ки маъмурияти Амрико дар Афғонистон дар ҳоли итмом аст ва мо метавонем хуручи низомиён аз инкишварро оғоз кунем.Обама гуфт, аз он чое ки Бин Лодан аз миён бардошта ва Ал-қоида торумор шуда, толибон қодир ба эчоди халал дар суботи Афғонистон нест ва сохторҳои афғонй бояд бештар эҳсоси масъулият кунанд.Дар ин росто, яъне хуручи неруҳои низомии Ғарб аз Афғонистон, дидгоҳҳо мутафовутанд ва аксари таҳлилгарони мустақил ин иқдоми Амрикоро, на хуручи неруҳо аз Афғонистон, балки чоивазкунии онҳо тавсиф мекунанд. Ҳамин таҳлилгарон мегуянд Ғарб ба саркардагии Амрико дар чорчуби муқобила ба тавсаъаталабиҳои Русия ва Чин, ба унвони рақибони Ғарб дар минтақа, қасд дорад теъдоди қобили мулоҳизае аз низомиёнашро дар роҳи хуруч аз Афғонистон, дар кишварҳои Осиёи Марказй мустақар кунад.
Дар поёни соли 2009, дар замони тасмими Обама дар мавриди фиристодани 30 ҳазор неруи кумакй ба Афғонистон, ба таври ғайри мустақим ба чомеи чаҳонй ин гуна илқо шуд, ки низомиёни Ғарб ҳоло ҳолоҳо дар ин минтақа ҳузур хоҳанд дошт.Аммо қабл аз ин, дар ҳамоиши Шурои ҳамкории НАТО тобистони ҳамон сол, ки барои аввалин бор дар қаламрави Шуравии собиқ(дар Қазоқистон) баргузор шуд, маълум гардиди ки ин созмони низомй қасди тавсаъа ба самти Шарқро ба таври чиддй дунбол мекунад.Дар ҳамон сол ва то кунун шоҳиди густариши равобит миёни кишварҳои Осиёи Марказй ва НАТО ҳастем.Ин равобит дар чорчуби барномаи НАТО бо номи «Мушорикат барои сулҳ» суръати бештаре ба худ гирифт.Ҳарчанд узвияти кишварҳои минтақа дар Паймони амнияти чамъй ба онон ичозаи беш аз ҳад тавсаъа бахшидани ҳамкориҳо бо дигар ниҳоди низомй, ба вижа НАТОро намедиҳад, аммо ин кишварҳо дар пушиши равобити чанд самтй, амалкарди худ дар қиболи НАТОро асоснок кардаанд.Аз суи дигар, ҳамчаворй бо Афғонистон ва вучуди ноамниҳо дар ин кишвар, давалатҳои Осиёи Марказиро ночор ба ҳамкориҳои бештар бо НАТО кардааст, албатта аз ин ҳамкориҳо суди иқтисодй низ бурдаанд.
Аз суи дигар давлатҳои Осиёи Марказй ин ҳақиқати талхро дарк кардаанд, ки дар чаҳони имруз бисёре аз иқдомоти байналмилалй марбут ба Амрико ва муттаҳидони аврупойии Кохи сафед дар НАТО аст. Ин воқеият сарони Осиёи Марказиро сарфи назар аз ҳассосиятҳои Маскав ба ин мавзуъ, ба самти равобити бештар бо Амрико ва НАТО тарғиб кардааст.Ба вижа дар маҳалаи кунунй,ки дар пайи «инқилобҳои арабй» мавзуи таъмини амният ва ҳифзи ҳокимият ба аслитарин нигаронии сарони модомулумри ин минтақа табдил шудааст, ҳамкориҳои низомй бо НАТО як зарурати ичтинобнопазир барои давлатҳои Осиёи Марказй маҳсуб мешавад.Баргузории тамринҳои низомии муштараки ин давлатҳо бо давлатҳои узви НАТО, аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.
Аз таҳаввулоте дар ин росто бармеояд, ки дар марҳалаи кунунй кишварҳои Осиёи Марказй ҳифзи амнияту субот дар минтақаро дар гарави ҳамкорй бо НАТО ва Амрико мебинанд.Русия дар ростои дастёбй ба аҳдофи кутоҳмуддати худ ва бо истифода аз ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои минтақа, машғули бочгирй аз давлатҳои ба гумони худ саркаш баромадааст.Ин мавзуъ дар равобити Маскав-Бишкек ва Маскав-Душанбе дида мешавад, амре ки боиси афзоиши ангезаҳои маскавситезй дар минтақа шудааст.Дар пасманзари ин сиёсат, Паймони амнияти чамъй ва Созмони ҳамкории Шонгҳой барои кишварҳои Осиёи Марказй коройии худро аз даст додаанд ва ин амр зимни камранг кардани тамоилоти ҳамгаройи дар минтақа, дар ҳолатҳое давлатҳоро дар муқобили ҳам қарор додааст.Амалкарди Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон моҳи декабри соли 2010 дар Маскав, ки муқобили мушорикати кишвараш дар барномаҳои сулҳбонии Паймони амнияти чамъй, раъй дод, тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Тасмими раҳбарии НАТО дар мавриди интиқоли ситоди ин созмон дар Осиёи Марказй аз Қазоқистон ба Қирғизистон, ки 19 майи соли чорй гирифта шуд ва дар порлумони Қирғизистон низ ба тасвиб расид, баёнгар аз он аст, ки НАТО барои водии Фарғона барномаи вижаеро тадорук дидааст.Қирғизистон интизор дорад, ки ҳамкорй бо НАТО ва истиқрори низомиёни ин созмон дар қаламраваш, аз ҳамлаҳои эҳтимолии Узбакистон ба манотиқи марзии ин кишвар пешгирй хоҳад кард.Аммо раҳбарии НАТО дар шарҳи иқдоми ахири худ дар мавриди ҳузури фаъолона дар ин кишварро баргирифта аз эҳтимоли вуқуъи низоъҳои қавмй дар ин минтақа медонанд.

Афзоиши харочоти низомй

Рузи 23 феврал дар Чумҳурии Точикистон 18-умин солгарди таъсиси артиши миллй тачлил гардид.23 феврали соли 1993 дар шароите ки ин кишвар дар гири як чанги таҳмилии шаҳрвандй буд, артиши миллй бе он ки меросе аз артиши абарқудрати Шуравии собиқ бурда бошад, таъсис шуд.Артиши миллии Точикистон дар ибтидои шаклгирии худ ба мушкилоти фаровоне ру ба ру шуд, ки аслитарини он камбуди кадрҳои мутахассис ва тачҳизоти низомй буд.Аз суе, ин артиш то чанде қабл тачҳизоти низомй — ҳавопаймо, чархбол, тонк, зиреҳпуш, туп… дар ҳадди лозим дар ихтиёр надошт. Албатта барои ислоҳи ин вазъ талошҳое анчом шудаанд ва барномаҳое низ дар марҳалаи ичро қарор доранд ва ҳамасола шоҳиди пешрафтҳое дар ин замина ҳастем.
Бо таваччуҳ ба ин ки Точикистон низ чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй дар маърази осебҳои зиёди амниятй қарор дорад, вучуди артише бархурдор аз тавонмандиҳои лозим, аз ниёзҳои мубрами ин кишвар маҳсуб мешавад. Вучуди манбаъи ноамниҳои минтақайи дар Афғонистон, ки марзи 1400 километрй бо Точикистон дорад, аҳамияти ин мавзуъро бештар кардааст.Аз ин ру давлати Душанбе дар ростои тақвияти артиши худ ру ба ҳамкориҳои низомй бо кишварҳои мухталиф, аз чумла Амрико, Чин, Русия ва Ҳиндустон овардааст. Дар натичаи ин ҳамкориҳо артиши Точикистон то ҳадде бо кадрҳои мутахассис ва тачҳизоти зарурй таъмин шудааст. Бо ин ҳол мавзуе ки мучиби ҳайратзадагии маҳофили чаҳонй шуда, ҳамвора афзудани харочоти низомии кишварҳои истиқлолёфта аз Шуравии собиқ, ба вижа дар Қафқоз ва Осиёи Марказй мебошад.Ба иборати дигар, дар ҳоле ки кишварҳое назири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Инглис, Фаронса, Олмон ва дигар аъзои НАТО дар соли 2011 харочоти низомии худро коҳиш додаанд, кишварҳои пасошуравй тайи панч соли охир харочоти низомии худро 23 дар сад афзоиш додаанд, ба гунаи ин маблағ бешаз 60 миллиард долларро ташкил медиҳад.Ин дар ҳолест ки иқтисоди ин кишварҳо рушди чандоне надошта, харочоти низомй шаш баробари тавлидоти нохолиси ин кишварҳоро ташкил медиҳад.Бар асоси таҳлилҳои анчомшуда, сабаби чунин вазъе дар кишварҳои қаламрави Шуравии собиқ, ҳамчунон хатароти вуқуъи низоъҳои низомй чй дар дохили кишвар ва чй дар хорич аз он, мебошад.Аз ин ру давлатҳои ин қаламрав бар он шудаанд, ки тавони дифоъии худро афзоиш диҳанд.Албатта дигар омиле ки низ боиси афзоиши харочоти низомй шуда, он аст, ки бархе аз ин давлатҳо иқдом ба таъвизи сохтор ва тачҳизоти низомии артиши худ кардаанд ва ин кор харочоти ба маротиб бештареро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
Қобили зикр аст, ки дар айни ҳол ба чуз кишварҳои назди Балтик, дигар чумҳуриҳои Шуравии собиқ артише ҳамонанди артиши шуравй доранд.Албатта ахиран Гурчистон бо кумаки НАТО ва Амрико тачҳизоти артиши худро иваз кард ва Озарбойчон низ барномаи вижаеро дар ин замина руи даст гирифта, ба ин манзур миллиордҳо дулор харч кардааст.Аз чумла барои соли 2011 ин кишвар 4,46 миллиард доллар барои бахши низомй ихтисос додааст.Дар Қафқоз Арманистон низ тайи солҳои охир харочоти низомиро афзоиш додааст, ҳарчанд ин маблағ даҳ баробар камтар аз маблағест ки Озарбойчон барои барномаҳои низомии худ ихтисос додааст.Ин амр баёнгар аз ин воқеият аст, ки минтақаи Қафқоз дар ояндаи на чандон дур саҳнаи чангҳои чадиде хоҳад буд.Дар ин миён коршиносони ғарбй ауқуи низоъҳои низомй дар Осиёи Марказиро низ пешбинй мекунанд ва мегуянд бо таваччуҳ ба чунин таҳдидот, давлати Бишкек 12,6 дарсади бучаи худ барои соли 2011-ро барои таҳкими тавони дифоъй ихтисос додааст. Ин дар ҳолест, ки бино ба бароварди мақомоти низомии қирғиз, харочоти солонаи воҳидҳои низомии ин кишвар 16 миллион долларро ташкил медиҳад, аммо дар будча ба ин манзур фақат 5 миллион доллар ихтисос дода шудааст.Ин ба он маъност, ки дар сурати бурузи низоъҳои низомй, давлати Бишкек барои дифоъ аз худ, ба кумак аз хорич ниёз хоҳад дошт.Чунин кумак барои Точикистон низ амре ногузир хоҳад буд, зеро алорағми афзоиши 25 дарсадии будчаи низомии ин кишвар, артиши миллии Точикистон ҳануз аз тачҳизот ва фановариҳои мудерн ба таври лозим бархурдор нест.Бо таваччуҳ ба ин ин эҳтимол вучуд дорад, ки Душанбе ва Бишкек аз Русия ва Паймони амнияти чамъи дархости кумаки низомй хоҳанд кард.Узбакистон ва Туркманистон кишварҳое мебошанд, ки нисбатан бо субот тавсиф мешаванд, албатта ин ду кишвар маблағҳои ҳангуфте сарфи барномаҳои низомй мекунанд.Аз чумла Узбакистон барои соли 2011 1,6 миллиард долларро барои мақосади низомй харч хоҳад кард, ки бахши аъзами он барои таъвизи тачҳизоти низомй артиши миллй дар назар гирифта шудааст. Дар Қазоқистон барои соли 2011 дар бахши низомй 1,3 миллиард доллар ҳазина хоҳад шуд.
Нуктае ки низ дар ин замина бояд ба у ишора кард, тақозои мучтамаи санъатй — низомии ҳоким бар сиёсати байналмилал мебошад.Ин мучтамаъ манофеи худро дар равнақи бозорҳои таслиҳотй дар ақсо нуқоти чаҳон мебошад ва ҳамеша талош мекунад бо эчоди нуқоти ноамн, кишварҳоро ба хариди ҳарчй бештари таслиҳот ва муҳимоти низомй ташвиқ мекунад. Дар шароите ки диктаторҳои араб яке пас аз дигаре дар ҳоли суқут ҳастанд, ҳокимони худкомаи қаламрави Шуравии собиқ, ба вижа Осиёи Марказй, ба ҳеч вачҳ эҳсоси амният намекунанд ва ин амр ба худии худ боиси афзоиши харочоти низомй мешавад.

Узбакистон ва Туркманистон дар роҳи ҳамгаройи


Сойтҳои мухталиф дар Узбакистон ва Туркманистон аз сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Узбакистон дар баҳори имсол хабар доданд.Бар пояи ин гузоришҳо пешбинй мешавад, ки тайи ин сафар ва дидору гуфтугуҳои мақомоти олирутбаи ду кишвар, санадхои муҳим дар заминаи густариши равобит миёни Ишқобод — Тошканд ба имзо расад.Бо таваччуҳ ба ин, гуфта мешавад сафари Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ба Тошканд нуқтаи муҳиме дар раванди ҳамкориҳо миёни Туркманистон ва Узбакистон хоҳад буд.Албатта ин сафар чавоб ба сафари Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон аст, ки дар моҳи октябри соли 2010 анчом шуд. Дар чорчуби сафари Ислом Каримов чанд санади ҳамкорй миёни ду тараф ба имзо расид, ки тафоҳумномаи ҳамкорй дар бахшҳои фарҳангй — башардустона дар давраи солҳои 2011 — 2013 аз муҳимтарини ин аснод буд.Ҳамчунин дар рузҳои сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон дар шаҳри Дашогози Туркманистон чашнвораи дустии халқҳои узбак ва туркман баргузор гардид. Дар мачмуъ дар мавриди сафари рузҳои 18-20 октябри соли 2010 Ислом Каримов ба Ишқобод бояд гуфт, раиси чумҳури Узбакистон тайи даҳ моҳи ахир ду бор ба Туркманистонро сафар кард.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гази Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъҳои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро (Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб (Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Бо ин ҳол масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Пушиши хабарии ин сафар дар ду кишвар баёнгар аз он буд, ки ду раиси чумҳур бо ҳам дуст шуданд. Сафари ахири Ислом Каримов ба Ишқобод аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки бо ҳар роҳи мумкин худро ба Курбонгулй Брдимуҳаммадов наздик кунад.

Қобили зикр аст, ки равобити дипломатй миёни Тошканд ва Ишқобод аз 7 феврали соли 1993 барқарор шуд ва тайи муддати болиғ бар 17 сол Узбакистон ва Туркманистон ҳамкориҳои бидуни таниш бо ҳам доштанд.То ин дам миёни ду тараф беш аз 120 қарордод ва тафоҳумнома дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст, ки аз ин чумла 26 санад тайи чаҳор соли охир ба имзо расидааст.

Дар соли 2010 мубодилаи тичорй миёни ду кишвар 229 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл 42 дарсад афзоишро нишон медиҳад.Пешбинй мешавад, дар шашумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Туркманистон ва Узбакистон, ки қарор аст рузҳои 14-15 феврали соли чорй дар Тошканд баргузор шавад,роҳҳои тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳо миёни ду тараф баррасй шавад. Сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Тошканд дар шароите анчом мешавад, ки Осиёи Марказй ба таври камсобиқае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Давлати Тошканд, ки дар равобит бо ин қудратҳо пайваста мавозеи мутағаййиреро интихоб кардааст, дар идомаи ин раванд, ниёз ба бархе пуштибонй ва мусоидатҳои кишварҳои минтақа дорад.Ба вижа дар шароите ки Ғарб ба таври чиддй масъалаи пайдо кардани чойгузин барои гози Русияро дунбол мекунад, дар бархурд ба ин мавзуъ Тошканд ба ҳамоҳангиҳо бо Ишқобод ниёз дорад.Зеро Туркманистон дорои манобеи саршори гози табии аст ва мавозеъи он метавонад бар руи қимати содироту воридоти ин колои муҳими санъатй, таъсиргузор бошад. Аз суи дигар наздик шудан бо Ишқобод ин имконро барои Тошканд фароҳам хоҳад кард, ки дар мудирияти бархе масоили минтақайи аз Казоқистон ба унвони рақиби суннатии худ дар ичрои нақши раҳбарй дар Осиёи Марказй, пешй бигирад.Дар як нигоҳи ичмолй, сафари отии Қурбонгулй Бедимуҳаммадов ба Тошкандро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард.

Роххои охан ва рақобатхо

Талошҳо барои эҳёи роҳи абрешим, ин ақидаро тақвият кардааст, ки ин амр зимни тавсаъа ва таҳкими ҳамгаройи миёни кишварҳои минтақа, метавонад суботу амниятро барои мардуми Афғонистон ба армуғон биёварад. Ин тарҳ дар айни ҳол дар бисёре аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалй дар ҳоли пайгирй аст.Албатта ин чода дар шароити имруз фақат роҳи заминй набуда, иборат аз масирҳои обй ва роҳи оҳан низ мебошад.Бо таваччуҳ ба ин ки бахшҳои тақрибан калидии роҳи абрешим аз қаламрави Афғонистон мегузаранд, наметавон ба иллати нооромиҳои кунунй ин кишварро аз чорчуби тарҳи мазкур хорич кард.

Дар айни ҳол дар ин кишвар бар пояи тарҳҳои мухталифе сохти роҳҳои оҳан чараён дорад ва бахше аз ин тарҳҳо ба марҳалаи ичро расидаанд. Аз чумла чанде қабл роҳи оҳани Хайратон — Мазори шариф, ки бо мушорикати Узбакистон сохта шуд, ба баҳрабардорй расид.Ин роҳи релй бо тули 75 километр, бандари Хайратон дар марз бо Узбакистонро ба Мазори шариф,бузургтарин шаҳр дар шимоли Афғонистон васл кард.Акнун пешбинй мешавад, ки ин хати роҳи оҳан то шаҳри Ҳирот сохта шавад ва ба роҳи оҳани Машҳад — Ҳирот, ки тавассути Чумҳурии Исломии Эрон сохта шуд, пайваст шавад.
Албатта сохти роҳҳои оҳан дар қаламрави Афғонистон кори соддае нахоҳад буд, зеро аз як су нооромиҳои мавчуд дар ин кишвар мушкили чиддие дар ин замина аст, аз суи дигар рақобати кишварҳо барои соҳибии тарҳҳо ва аз ин тариқ касби даромадҳои бештар, дар бархе аз бахшҳо, ичрои барномаҳои умрониро ба таъхир андохтааст.Бо ин ҳол аз кишварҳои ҳамсоя, Узбакистон бештар аз дигарон дар тарҳои иқтисодии Афғонистон ҳузур дорад ва ба эътиқоди чамъи касире аз коршиносон, ин амр натичаи табонй ва муомила миёни Тошканд ва Вашингтон аст. Яъне Амрико ба ивази ҳамкории Узбакистон дар чиҳати тронзити коло барои неруҳои ба истилоҳ эътилоф дар Афғонистон ва дигар ҳамкориҳои низомй миёни ду тараф, бархе имтиёзҳои иқтисодиро дар Афғонистон дар ихтиёри давлати Тошканд қарор додааст.Акнун Узбакистон дар назар дорад тавассути қламрави Афғонистон ба Бандари Аббос(Эрон) ва Аврупо роҳи чадиди содиротй эчод кунад.Қаламрави Узбакистон дар айни ҳол ягона масири қаторҳо аз Русия ва Қазоқистон ба самти Эрон ва Афғонистон аст.Туркманистон бо роҳи оҳани Эрон пайваст аст, аммо роҳи оҳани ин кишвар ҳануз ба роҳи оҳани Қазоқистон пайваст нашудааст.Бо таваччуҳ ба ин Узбакистон талош дорад аз ин шароит дар чиҳати такмили тарҳҳои марбут ба сохти хатҳои роҳи оҳан кор гирад ва имтиёзоти бештаре касб кунад.Аммо ба зудй ин инҳисори Тошканд шикаста хоҳад шуд, зеро Қазоқистон ва Туркманистон тарҳи муштараки сохти роҳи оҳанро дар дасти ичро доранд, ки Қазоқистонро ба Эрон васл хоҳад кард. Аз ин ру Узбакистон бо тамоми тавон талош дорад, ки дар ин росто ибтикори амалро дар даст дошта бошад.Дар ҳамин росто рузи 9 ноябри соли 2010 дар дидори чаҳорчонибаи Эрон, Уммон, Туркманистон ва Узбакистон дар Теҳрон, Узбакистон алоқамандии худро барои тавсаъаи ҳамкориҳои релй иброз кард ва баъди ин нишаст раиси чумҳури ин кишвар ба Қатар рафт ва тавофуқҳои тозае бо мақомоти Уммон ба даст овард.Ҳамаи ин талошҳои Тошканд барои онанд, ки тарҳҳои мушобеҳ дар ин замина, аз чумлаи тарҳи муштараки Эрон — Точикистонро, ки тавассути қаламрави Афғонистон дар ҳоли ичрост, таҳти контрул дарорад. Яъне ҳаққи назорат ба боркашонй дар ин масир дар ихтиёри ширкати роҳи оҳани Узбакистон қарор дошта бошад. Албатта ин тарҳи Узбакистон тарҳи русии Шимол — Чанубро, ки ҳамлу нақли коло тавассути баҳри Каспий ба халичи Форсро пешбинй мекунад, хунсо хоҳад кард ва набояд вокунишҳои Маскавро дар робита ба ин мавзуъ нодида гирифт.
Точикистон дар пайи мутаваққиф кардани вогунҳояш дар қаламрави Узбакистон, ки ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодии ин кишварро бо мушкили чиддй мувочеҳ кард, ба таври чиддй тарҳи сохти роҳи оҳан аз тариқи қаламрави Афғонистонро дунбол мекунад.Дар ин замина Чумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои танготанге бо ин кишвар ва Афғонистон дорад.Ахиран Арабистони Саудй низ чиҳати мушорикат дар ин тарҳ эъломи омодагй кард ва дар миёнаҳои соли 2010 дар ин замина бо Эрон музокирот анчом дод. Бо таваччуҳ ба гузари ин хати роҳи оҳан аз манотиқи саршор аз манобеи зеризаминй, баровардҳои коршиносй судманд будани онро таъйид кардаанд.
Дар айни замон чанд пул, ки бар руи рудхонаи Ому сохта шудаанд, роҳҳои автомобилии ду кишвари Точикистон ва Афғонистонро ба ҳам васл мекунанд ва ин амр боиси афзоиши бесобиқаи мубодилоти тичорй миёни ду кишвар шудааст.Афғонистон аз мавқеъияти мумтози чуғрофиёи бархурдор аст, ба илова манобеи саршори табии, ки ағлаб дастнахурда боқй мондаанд, дурнамои рушане аз ҳамкориҳои ин кишвар бо чаҳони хоричро бозгу мекунанд. Ҳарчанд имруза Афғонистон аз суботу амнияти лозим чиҳати ичрои тарҳҳои умронй бархурдор нест, аммо такмили чодаи абрешимро бидуни мушорикати ин кишвар наметавон тасаввур кард.Ҳамин амр кишварҳои минтақа ва қудратҳои ҳозир дар Осиёи Марказиро ташвиқ кардааст, ки дар чиҳати барқарории суботу амният дар Афғонистон бештар талош кунанд.Бо ин ҳол  Узбакистон ҳамон вақт дар Афғонистон ва ҳамин тавр дар Осиёи чанубй муваффақ хоҳад шуд, ки дар робитаҳои худ бо ҳамсоягон, ба вижа Точикистон ва Қирғизистон тачдиди назар кунад.Дар акси ҳол, ҳамон гуна ки пажуҳишҳои ниҳодҳои ғарбй нишон медиҳанд, барномаҳои давлати Тошканд дар минтақа ба мушкили чиддй мувочеҳ хоҳанд шуд.

Точикистон ва толибон


Баъд аз хуручи ба истилоҳ неруҳои эътилофи зидди террор аз Афғонистон, Точикистон ногузир ба афзоиши харочот барои ҳифзи марзҳои худ бо ин кишвар хоҳад шуд. Ин матлабро раиси чумҳури Точикистон дар ҳамоиши «Дурнамои рушди Точикистон», ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён кард.Эмомалй Раҳмон тазаккур дод, ки дар чунин сурате будчаи Точикистон бо мушкилоти тозае ру ба ру хоҳад шуд.
Ин суханони раиси чумҳури Точикистон бо фосилаи каме баъд аз тавофуқи ин кишвар бо Русия дар мавриди ҳузури дубораи марзбонони рус дар марзи миёни Точикистон бо Афғонистон, баён шудаанд.Ҳамин амр мучиб шудааст, ки фарзу гумоназаниҳо дар мавриди таҳаввулоти ахири Точикистон ва дар кул Осиёи Марказй дар доираҳои расонайи ва коршиносии Точикистон ва минтақа, доманаи густурдатаре касб кунад. Табии аст, дар сурате ки НАТО бо ин ҳама имконот ва тачҳизоти модерн ва пешрафтаи низомй, натавонист тайи наздик ба даҳ сол толибон ва дигар гуруҳҳои ифротй дар Афғонистонро аз баон бибарад, кишваре назири Точикистон бо артиши на он қадр қавй ва имконоти маҳдуд, гумон аст битавонад дар баробари ин сели вайронгар биистад.Албатта амнияти марзҳои Точикистон ба маънии амният дар марзҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказй, ҳатто берун аз он аст, аз ин чост, ки раиси чумҳури Точикистон таъкид кард, ҳифозат аз марзҳо дар баробари терористон ва ифротгароён ба иқдомоти муштараки ҳамаи кишварҳои минтақа ниёз дорад. Нигаронии Роза Отунбоева, раиси чумҳури Қирғизистон аз густариши ноамниҳо дар марзҳо миёни Афғонистон ва Точикистон ва Точикистону Қирғизистон, дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Раиси чумҳури Қирғизистон ин матлабро дар дидор бо Ҳилларй Клинтон, вазири хоричаи Амрико, ки рузи 2 декабр дар Бишкек анчом шуд, баён ва таъкид кард:»мо аз он нигаронем, ки майдони даргириҳои низомй ба шимоли Афғонистон, ба марзи Точикистон ва Афғонистон ва сипас ба марзи Точикистону Кирғизистон мунтақил хоҳад шуд».
Бар асоси тасмимоти сарони кишварҳои ғарбй, созмони атлинтики шимолй НАТО соли 2014 неруҳои худ аз Афғонистонро ва масъулияти таъмини суботу амният дар ин кишварро ба неруҳои бумй вогузор хоҳанд кард. Албатта ҳануз ба таври дақиқ мушаххас нест, ки ин хуруч шарофатмандона хоҳад буд, ҳамроҳ бо шикасте мазбуҳона.Бар пояи ағлаби пешбиниҳо, Ғарбро сарнавиште назири сарнавишти Шуравии собиқ дар Афғонистон дар интизор аст.Афзоиши талафоти неруҳои НАТО, густариши ноумедй ва афсурдагй дар миёни сарбозони ҳозир дар Афғонистон, манофеи ба ҳам зидди бозигарони саҳна дар ин кишвар, афзоиши эҳсосоти ғарбситезй дар миёни мардуми афғон, аз чумлаи авомиле ҳастанд, ки ин ақидаро тақвият мекунанд. Дар ин миён талоши кишварҳое назири Русия, Чин, Покистон, Ҳинд, гуруҳҳои мухталиф дар кишварҳои арабй, ки мехоҳанд Ғарб ба саркардагии Амрико бештарини хисорот ва талафотро мутаҳаммил шавад, аз дигар авомиле ҳастанд, ки роҳи неруҳои НАТО дар расидан ба муваффақият дар Афғонистонро бастаанд.Албатта Русия ба хубй огоҳ аст, ки бо хуручи НАТО аз Афғонистон, бо мушкилоти чадиде ру ба ру хоҳад шуд.Сирояти ноамниҳо ба Осиёи Марказй ва таҳти таҳдиди чиддй қарор гирифтани манофеи Маскав дар ин минтақа, ибтидоитарини ин мушкилот хоҳад буд, ҳарчанд Русия аз ҳоло барои аз оби гилолуди Осиёи Марказй моҳй гирифтан, омода мешавад. Кремл бо бузургнамойии таҳдиди толибон, дар пайи он аст, тавсаъаи пойгоҳҳои низомии худ дар Осиёи Марказиро барои сарони ин минтақа асоснок кунад.Аз ин чост, ки бархе маҳофили коршиносй муътақиданд, дар ноамниҳои ахири шарқи Точикистон, авомили русй даст доштанд. Нишасти ахири Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Остона, ибрози назарҳои мақомот дар ин нишаст, дидору гуфтугуҳое ки сарони кишварҳо ба таври дучониба анчом доданд ва сафари вазири хоричаи Амрико баъд аз ин нишаст ба бархе кишварҳои минтақа, баёнгар аз он аст, Осиёи Марказй обистани таҳаввулот ва ҳаводисест, ки вуқуъи бархе аз онҳо хорич аз майлу иродаи бозигарони саҳнаи ин минтақа аст.Музокироти вазири хоричаи Амрико бо раиси чумҳури Узбакистон, муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон ва бетаваччуҳии чомеаи чаҳонй ва ниҳодҳои марбутаи байналмилал ба ин фочеъа,муомилаҳои Амрико-Узбакистон дар мавриди Афғонистон аз як су, муомилаҳои Русия-Узбакистон дар мавриди масоили Осиёи Марказй аз суи дигар, вуқуи ноамниҳо дар шимоли Қирғизистон ва чануби Точикистон, дидори нахуствазири Покистон бо раиси чумҳури Афғонистон дар Кобул,эъломи вазири хоричаи Амрико дар мавриди омодагии Қазоқистон барои фиристодани неруҳояш ба Афғонистон, сафари вазири корҳои дохилаи Русия ба Точикистон ва …зарфи як ҳафтаи охир, ин дидгоҳро тақвият мекунанд, ки руйдодҳои ахири Осиёи Марказй ва таҳаввулоти ояндаи ин минтақа ҳаргиз тасодуфй набуда, бар асоси барномаҳои аз қабл то ҳадде ҳамоҳанг шуда, сурат гирифтаанд ва сурат хоҳанд гирифт. Албатта ин мавзуъ ба қуввати худ боқист, ки чараёни ин таҳаввулот на ҳамеша тибқи иродаи коргардонҳои пасипардайи хоҳад буд. Бархе аз коршиносон суханони раиси чумҳури Точикистон дар мавриди таҳдиди толибон ба амнияти ин кишварро, иқдоме барои касби имтиёз аз кишварҳои ғарбй тавсиф мекунанд.Аммо ҳамон гуна, ки Рашид Нургалиев, вазири корҳои дохилаи Русия дар дидор бо Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон(рузи 5 декабр дар Душанбе) таъкид кард, Точикистон наметавонад ба танҳои бо террористон мубориза барад, аз ин ру Русия омодааст ҳамкорй ва мусоидатҳои лозим дар ин заминаро анчом диҳад.
Бо чунин руйкарде метавон ба ин натича расид, ки овозаҳо дар мавриди нуфузи толибон ба Осиёи Марказй, бе дахолати кишварҳои ин минтақа ва қудратҳои фароминтақайи нест. Ва аммо таҳаррукоти дипломатии Русия дар Точикистон (тайи камтар аз ним моҳи ахир нахуствазир,вазири корҳои дохила ва масъули ширкати гози Русия ба Точикистон омаданд) баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки Маскав намехоҳад Душанбе мушкилоташро бидуни мушорикати Русия ҳаллу фасл кунад.Аз ин ру талош дорад вонамуд кунад, ки дар канори Душанбе аст ва барои Точикистон ҳамчунон шарики стротегй боқй мондааст.Бо ин ҳол интизор намеравад, ки аз ин ба баъд масъулони точик ба ваъдаҳои Маскав дил хуш кунанд.

Защищено: Точикистон дар муҳосираи иқтисодй

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Защищено: Сафари генерали амрикойи ба Осиёи Марказй

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль: