Точикистон ва Покистон дар тархи CASA-1000

 Рузи 7 март Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар садри як ҳайат аз аъзои ҳукумат, намояндагони порлумон ва точирони Точикистон барои анчоми як сафари расмии чорруза вориди Исломобод пойтахти Покистон шуд.Дар музокироти тарафҳои Покистонй ва Точикистонй тавсаъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодй, тичорй,беҳдошт ва энержй мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Дар поёни ин гуфтугуҳо миёни ду кишвар чаҳор санад ба имзо расид.Эъломияи муштарак, тавофуқномаҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзй, беҳдоштй ва тарбияти баданй санадҳое буданд, ки ба имзои мақомоти Исломобод ва Душанбе расид.Дар дидори Эмомалй Раҳмон ва Осафалии Зардорй раисони чумҳури Точикистон ва Покистон зимни ибрози ризоят аз раванди ру ба рушди ҳамкориҳои дучониба, таъкид шуд, ки ин ҳамкориҳо дур аз интизороти тарафайн ва зарфиятҳои мавчуд дар ду кишвар мебошанд.Бар асоси оморҳои расмй, мубодилоти тичорй миёни Покистон ва Точикистон дар соли 2010 21,6 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл се баробар зиёд аст.Бо ин ҳол масъулони ду кишвар таъкид карданд, ки дар чорчуби ҳадафҳои дучониба боястй сатҳи ин мубодилот беш аз пеш боло бурда шавад.
 Сафари раиси чумҳури Точикистон ба Покистон дар шароите анчом шуд, ки даври дуввуми музокироти мақомоти марзбонии Русия ва Точикистон низ чун даври аввал, бидуни натича ба поён расид.Ин музокирот талошҳои чадиди Маскав дар чиҳати бозгардондани марзбонони худ ба Точикистон арзёбй мешавад ва Русия аз муддатҳо қабл бо фазосозй дар мавриди вахомати авзои амниятй дар марзҳои миёни Точикистон ва Афғонистон, ки ҳосили сарозер шудани шудани гуруҳҳои ифротй аз марзи миёни Покистон ва Афғонистон ба марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказй, ба вижа Точикистон хоҳад буд, ин гуна илқо мекунад, ки бозгашти марзбонони рус як амре ногузир дар ростои таъмини амнияти минтақа аст.
 Ин дар ҳолест, ки мақомоти русй дар сатҳҳои мухталиф ҳар гуна овозаҳо дар мавриди бозгашти марзбонони худ ба Точикистонро инкор кардаанд.Ҳарчанд гуфта мешавад дар музокироти тарафҳои Точикистон ва Покистон масоили марбут ба ҳамкориҳои энержй дар меҳвар қарор дошт, аммо баҳсҳои амниятй низ матраҳ буд. Пушида нест, ки теъдоди қобили мулоҳизае аз мухолифони мусаллаҳи давлатҳои Осиёи Марказй дар манотиқи қабоилии Покистон ба сар мебаранд ва ҳарчанд ин манотиқ ба он гунае ки мебояд, таҳти назорати давлати Исломобод қарор надоранд, аммо равобити сарони қабоил ва фармондеҳони маҳаллй бетаъсир дар фаъолиятҳои чангчуёни кишварҳои Осиёи Маркзй нест. Имруз ин чангчуён умдатан афроди вобаста ба ҳаракати исломии Узбакистон мебошанд ва баъд аз он ки ҳизби наҳзати исломии Точикистон ба ҳукумати Душанбе оштй кард, нақши раҳбарии исломгароёни Осиёи Марказй дар Покистону Афғонистонро фармондеҳони вобаста ба ҳаракати исломии Узбакистон ба уҳда гирифтанд. Аз он муддат теъдоди андаке аз чангчуёни мухолифи давлати Точикистон дар Покистон боқй монданд ва нақши ончуноние дар фаъолиятҳои ба истилоҳ чиҳодй надоштанд. Ба ҳар сурат вучуди ин афрод ва таҳти таъсири фармондеҳони узбак қарор гирифтанашон, сояи ноамниро бар фазои Точикистон мегустаронад, ба вижа дар шароите ки гуфта мешавад бархе фармондеҳони ба истилоҳ чиҳодии узбак афроди хадамоти вижа Тошканд мебошанд, ки ба корҳои чосусй машғуланд, ин мавзуъ бештар чалби таваччуҳ кардааст. Раиси чумҳури Точикистон дар дидори Ашфақ Парвиз Қаянй, раиси ситоди воҳидҳои пиёданизоми артиши Покистон, Аҳмад Шучоъ Пошо, раиси хадамоти иттилоотй ва Раҳмон Малик, вазири кишвари Покистон таъкид кард, ки мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ба иқдомоти муштараки кишварҳои минтақа ниёз дорад ва Точикистон омодааст дар ин замина тамоми ҳамкориҳоро бо сохторҳои марбутаи Покистон ба роҳ монад.Дар ин гуфтугуҳо Эмомалй Раҳмон аз мақомоти Покистон тақозо кард, ки иттилооти заруриро дар мавриди шаҳрвандони Точикистон, ки бо ҳар далеле дар манотиқи мухталифи Покистон ба сар мебаранд, дар ихтиёри ҳамтоёни точики худ қарор диҳанд.Аз ин чо бармеояд, ки давлати Душанбе дар пайи талоши Маскав барои бочгирй аз он чи ки вахомати авзоъ дар оянда таъбир мекунад, ба Покистон сафар кардааст, то дар ҳамкориҳои амниятй бо кишварҳои минтақа илочи воқеъаро қабл аз вуқуъ тадорук бинад. Ин иқдомро метавон як жести сиёсии Душанбе дар қиболи Маскав низ таъбир кард. 
  Ҳамкориҳои энержй ва мушорикати Покистон дар тарҳҳои гидроэнержии Точикистон аслитарин мавзуи музокирот миёни мақомоти аршади Исломобод ва Душанбе буд.Дар ин робита манофеи ду кишвар ба ҳам гиреҳ хурдааст: ниёзи мубрами иқтисоди Покистон ба неруи барқи арзони Точикистон ва эҳтиёчи Точикистон ба сармоягузории хоричй барои такмили тарҳҳои худ, ду кишварро дар масири тавсаъаи равобит қарор додааст.Қобили зикр аст, ки ҳануз дар авоили даҳаи 90 қарни гузашта Исломобод барои сармоягузории 500 миллион долларй дар тарҳи Роғун эъломи омодагй карда буд, аммо вуқуи чанги дохилй дар Точикистон Исломободро аз ичрои ин амр мунсариф намуд.Бо имзои тарҳи «САSA-1000» дар соли 2006 барои Покистон фурсати тозае дар чиҳати мушорикат дар тарҳҳои гидроэнержии Точикистон фароҳам омад.Бар асоси ин неруи барқи Осиёи Марказй(Точикистон ва Қирғизистон) ба Осиёи Чанубй интиқол дода хоҳад шуд.Бино ба муҳосиботи ширкати конодойии «Лимбверер» харочоти ин тарҳ 700 миллион долларро ташкил медиҳад.
  Тарҳи «САSA-1000» дар шароите ки гуфта мешавад Иттиҳодияи Аврупо барномаи стротегии бозсозии Афғонистонро таҳия карда ва интизор меравад бо оғози хуручи НАТО аз Афғонистон, марҳалаи ичрои он шуруъ шавад, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият касб кардааст.Эъломи омодагии Русия барои сармоягузории 500 миллиондолларй дар ин тарҳ, баёнгар аз ташдиди рақобат миёни довталабони ҳузур дар бозори энержии Осиёи Марказй мебошад.Тавофуқоти ба даст омада миёни Душанбе ва Исломобод дар мавриди Тарҳи «САSA-1000» дар ҳоле ки хабарҳои мухталиф аз талошҳои ошкору пинҳони Тошканд барои аз бозори энержии Осиёи Чанубй маҳрум кардани Точикистон мунташир мешавад,гуёи он аст ки Душанбе ба таври чиддй имконият ва зарфиятҳои худро ру намудааст, то аз манофеи минтақайи ва байналмилалии хеш дифоъ кунад.Кишварҳои аврупойи низ дар ниҳоят дарк карданд, ки фақат бо иқдомоти низомй наметавонанд ба аҳдоф худ дар Афғонистон даст ёбанд, аз ин ру иқдом ба авлавиятбандии тарҳҳои иқтисодй кардаанд ва бидуни мушорикати фаъоли Бишкек ва Душанбе ичрои ин тарҳҳо имконнопазир хоҳад буд.Ба вижа чунончй ду неругоҳи Қамбарота ва Роғун сохта нашаванд ва неруи барқи арзон дар ихтиёри Афғонистону Покистон қарор дода нашавад, шикасти Ғарб ва НАТО дар Афғонистон дар ҳамаи заминаҳо, ичтинобнопазир хоҳад буд. Сафари Эмомалй Раҳмон ба Покистон нишон медиҳад, давлати Душанбе аз ваъдаҳои сармоягузории кишварҳои арабй, ки се соли қабл дода буданд, ноумед шуд ва барои чалби сармоя суроғи кишваре рафт, ки манфиатҳои зиёде дар минтақа, аз чумла дар Точикистон дорад

То кай миллати точикро таҳқир ва туҳмат мекунанд?

Таҳаввулоти рузҳои чории Қирғизистон баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки дар марҳалаи кунунй ин кишвари Осиёи Марказй ба унвони саҳнаи руёруйиҳои қудратҳои Шарқу Ғарб барои озмудан имконият ва тавони хеш дар ростои ба даст овардани раҳбарии минтақа ва чаҳон интихоб шудааст.

Бино ба навиштаи Дэниел Гринфилд, ки сайти интернетии centrasia.ru мунташир кардааст, тағйири қудрат дар Бишкек бо дахолати мустақими Маскав сурат гирифт ва акнун русҳо бо истифода аз ҳамон шеваи ҳамешагии худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои қавмй, дар пайи он ҳастанд, ки фурсатро фароҳам кунанд ва дар нақши ягона начотдиҳандаи мардуми мазлуми минтақа, тачовузи навбатии худ ба ин қаламравро шакл диҳанд.
Аз навиштаҳои ин муаллиф бармеояд, ки дар ин росто имрузҳо хадамоти вижаи Русия бо интишори матолиб дар расонаҳои таҳти нуфузи худ ва бо истифода аз хабарнигорони муздур, саъй бар он дорад, ки дар водии Фарғона чангро миёни узбакҳо, қирғизҳо ва точикҳо ба роҳ андозад.Нашри ахбори бе банду бор дар расона ва вебсойтҳои мухталиф дар бораи мушорикати шаҳрвандони Точикистон дар куштори аҳолии вилоятҳои Чалолобод ва Уш дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Нахустин хабар дар мавриди мушорикати точикҳо дар куштори мардум дар вилояти Уш тавассути Қувват Байболов, маовини аввали вазири амнияти миллии Қирғизистон мунташир шуд.Ин масъули қирғиз эълом намуд, ки хонаводаи Боқиев аз ҳисоби шаҳрвандони Точикистон гуруҳҳои вижа созмон додаанд ва ба манзури муташаннич кардани авзоъ мардуми бедифоъро мекушанд. Ҳарчанд Байболов иддао кардааст, ки ба истинод ба эътирофоти афроди боздоштшуда ин ҳарфҳоро мегуяд, аммо исме аз шаҳрвандони Точикистон, ки даст ба куштор задаанд, набурдааст.Албатта рузи 16 июн ин масъули қирғиз ин суханонро такзиб кард ва дар мусоҳиба бо радиои Озодй таъкид кард, ки бо хабаргузории ИТАР ТАСС дар ин маврид ҳеч гуна мусоҳибае анчом надодааст.
Сайти интернетии fergana.ru низ бидуни зикри исме, аз шаҳрвандони Точикистон ва ба истинод ба як тамоси телефонй, ки маълум нест пушти хат кй буда, иддао кардааст, точикон ба сифати тирандоз(снайпер) мардумро мекуштанд.Ин сойт навиштааст, бешаз 10 тан аз ин тирандозон кушта шуданд ва часадҳои онон дар бемористони Уш нигаҳдорй мешавад.Аммо на аксе ва на исме аз ин афрод чоп накардааст. Аркадий Дубнов, шореҳи рузномаи «Время новостей» низ дар суҳбат ба радиои «Эхо Москви» гуфт:» ман бо тамоми масъулият иброз медорам, дар ин бондҳо афроде ширкат доштанд, ки дар чанги шаҳрвандии Точикистон аз тарафи чабҳаи халқй ё мухолифони точик чангида буданд». Ин хабарнигор дар идома гуфтааст:»шаҳрвандони Точикистон аз Русия ба Қирғизистон фиристода шуданд ва сафорати Точикистон дар Маскав низ дар ин кор шарик аст».
Ин ҳама гузоришҳо баёнгар аз он аст, дар шароити кунунй неруҳое дар водии Фарғона вориди амал шудаанд, ки дар ин минтақаи ҳассос чанги қавмиро созмон диҳанд ва ба ҳадафҳои нопки худ даст ёбанд.Аммо бояд эътироф кард, ки ин низоъҳоро шояд битавон ба осонй роҳандозй кард, вале раванди он дигар дар ихтиёри созмондиҳандагон нахоҳад буд.
Дар миёни неруҳое, ки низоъи қавмиро дар Қирғизистон заминасозй мекунанд, Аркадий Дубнов бештар аз бақия фаъол аст.Аз навишатҳои ин хабарногор бармеояд, ки огоҳона ва бар асоси барномарезии дарозмуддат дар ростои афрухтани оташи чанг миёни миллатҳои ҳамсояи узбак ва точик, ҳамчунин узбак ва қирғиз фаъолият мекунад.Албатта барои ироаи омору рақамҳои дақиқ дар ин замина, бояд навиштаҳои уро мурур кард, аммо ниёзе ба ин нест, чунки мардуми минтақа ба шеваи нигариш ва нигориши Дубнов ва ҳамкешони у ошноанд. Бо ин вучуд фақат ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд, Дубнов навишта буд, ки Ислом Каримов бо раиси чумҳури Точикистон мулоқоти ру дар ру нахоҳад дошт ва фақат дар нишастҳои умумй бо Раҳмон дидор хоҳад кард.Вай ҳамон гуна, ки дар мавриди ҳузури точикон дар кушторҳои Қирғизистон гуфта буд: «ман бо тамоми масъулият иброз медорам»…, дар ин бора низ бо ҳамон ба истилоҳ масъулият хабарсозй ва агар дурустар бигуем, фазосозй карда буд.
Ҳадафи Дубнов он буд, ки қабл аз вуруди раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой, фазои сард дар равобити Тошканд — Душанберо сардтар чилва диҳад.Аммо ҳамон гуна ки сойтҳои расмии ҳам Узбакистон ва ҳам Точикистон хабар доданд, Ислом Каримов ва Эмомалй Раҳмон дар дидори як ба як бисёре аз масоили мавчуд дар равобити ду кишварро баррасй карданд ва ба тавофуқҳое низ даст ёфтанд.Ичозаи ҳаракати наздик ба ду ҳазор вагони Точикистон, аз чумлаи ҳосили ин дидор буд.
Ба назар мерасад роҳандозии таблиғоти зиддиточикй дар Қирғизистон бе робита ба тазоҳуроти точикони муқими ин кишвар дар баробари сафорати Узбакистон дар Бишкек набошад.Дар он тазоҳурот ки 27 майи соли чорй баргузор шуд, як гуруҳ аз точикони муқими Қирғизистон аз масъулони узбак талаб намуданд, ки ба муҳосираи иқтисодии Точикистон поён диҳад.
Мушохидахо нишон медиханд, ки хадафи хар гуна тахқир ва тухматхо қарор гирифтани точикон аз бехимоятии онон сарчашма мегирад.Харчанд ахиран вазорати корхои хоричии Точикистон дар баробари суханони тахкиромези Жириновский вокуниши сахт нишон дод, аммо чунин иқдомот кам анчом шуда, то охир пайгирй нашудаанд. Ин бор афроде мисли Дубнов хатарноктар аз хамеша даст ба кор шудаанд, то миллати точикро ба куштан диханд. Ин икдом метавонад хазорон точикро дар қаламрави шуравии собик ба куштан дихад ва бе муболига тахдиди чиддиест ба тамомияти арзии Точикистон. Аз ин ру сохторхои дахлдори Точикистон боястй чиддитар ва котеъонатар аз хамеша вокуниш нишон диханд ва ин фитнаангезихоро дар нутфа саркуб кунанд, то миллати точик битавонад масири сулху созандагиро бо эътимоду боварии бештар идома дихад.

Чаро Аҳмадинажод ба Душанбе омад?

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси Чумҳури Исломии Эрон баъд аз ширкат ва суханронй дар «Конфаронси ҳамкорй ва таҳкими эътимод дар Осиё» дар Истонбули Туркия, бомдоди 9 июн ба Душанбе омад, то дар дигар нишасти байналмилалй ҳузур ёбад. Раиси чумҳури Эрон танҳо мақом дар чунин сатҳе буд, ки дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар шаҳри Душанбе ширкат намуд.

Суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин нишаст, ки бо ташаббуси Точикистон ва пуштибонии Созмони миллали муттаҳид дар чорчуби барномаи рушди ҳазора баргузор шуд, дорои паёме муҳим ба аҳли нишаст ва ҳамаи чаҳониён дар мавриди чиддй гирифтани масъалаи истифода аз об буд. Оқои Аҳмадинажод беадолатиҳо ва суиистифодаҳои қудратҳои султачу аз масоили муҳими дунёи имруз, аз чумла баҳрабардорй аз манобеии обиро зулм ба башарият унвон кард. Раиси чумҳури Эрон гуфт:

«Камбуди об ва оби муносиб, дар манотиқе аз чаҳон дар нуқтаи буҳрон аст ва бар асоси бархе пешбиниҳо дар оаянда об аз чолишҳои муҳими чаҳонй хохад буд… Мутаассифона давлатҳое, ки сирфан манофеи ширкатҳо ва ашхос ва аҳзоби хосро мадди назар доранд ва суд ва қудрати ҳаддиаксарй ҳадафи онон аст, ҳуқуқи соири миллатҳо ва ҳуқуқи умумии инсониро қурбонй мекунанд».

Суханони раиси чумҳури Эрон дар нишасти мазкур мавриди истиқболи густурда қарор гирифтанд. Аммо нуктаи чолиби таваччуҳ дар сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Душанбе, тарзи пушиши хабарии он дар расонаҳои минтақа ва хорич аз он буд. Нашрияҳои вобаста ба қудратҳои чаҳонй талош карданд ин гуна илқо кунанд, ки сафар ба Точикистон ҳосили дар инзивои байналмилалй қарор гирифтани Эрон буд. Ин нашрияҳо бо такрори иддаоҳои бе появу асос матлабхое бар зидди барномаҳои суломези ҳастайии Чумҳурии Исломии Эрон ба табъ расонда, тасвиби тарҳи таҳримҳои чадид алайҳи Теҳрон дар Созмони милали муттаҳидро як зарбае чиддй ба Эрон тавсиф карданд. Аммо раиси чумҳури Эрон ҳануз дар соатҳои аввалияи тасвиби ин таҳримҳо бо қотеият таъкид кард:

«Тасвиби қатъномаи чадид бар алайҳи миллати Эрон ғайри қонунй аст ва ҳеч арзишу эътиборе назди миллати Эрон нахоҳад дошт, чаро ки судури ин қатънома бар хилофи тавофуқоти байналмилалй дар заминаи табодули сухт аст”.

Маҳмуд Аҳмадинажод зимни суханрониаш дар Душанбе, иқдоми Созмони миллал дар тасвиби таҳримҳо алайҳи кишварашро дастмоли истифодашуда номида гуфт:

«Аз чапу рост алайҳи мо қатънома содир мекунанд, вале пашизе арзиш надоранд. Ин қатънома мисли дастмолест, ки истифода шудааст”.

Сарфи назар аз фазосозиҳои расонаҳои фурсатталаб, сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Точикистон, дорои ин паём буд, ки Чумҳурии Исломии Эрон дар рузҳои сахту душвор ва мароҳили ҳассос дустони худ, ба вижа кишвари ҳамзабону ҳамдин ва ҳамфарҳангу ҳамтаърихи Точикистонро танҳо нахоҳад гузошт. Оқои Аҳмадинажод дар ин робита гуфт:

«Точикистон ва Эрон пайвандҳои амиқи таърихй ва фарҳангй доранд, ин пайвандҳо аз як ҳуввият ва аз як фарҳанг аст.Равобити мо бисёр хуб ва дар ҳоли густариш дар ҳамаи заминаҳо, дар ҳамаи самтҳо аст ва ҳеч маҳдудияте вучуд надорад. Ман ва оқои Раҳмон ду бародар ва ду дустe ҳастем, ки дар ҳамаи масъалаҳо машварат мекунем, тасмим мегирем.Дар ин чо ичлоси об буд, эшон аз ман даъват карданд, ба эҳтироми оқои Раҳмон, ба эҳтироми мардуми Точикистон мо ин сафарро анчом додем барои ин ки ҳам хаста набошед бигуем ба оқои раиси чумҳур ва ҳамкоронашон, ҳам ташаккур кунем ба хотири ин кори бузурге, ки анчом доданд, ичлоси байналмилалии обро баргузор карданд. Ва ҳам корҳои дучониба, минтақаи ва байналмилалиро бо ҳам пеш барем ва машварат кунем. Мо машваратҳои бисёр хубе доштем ва тасмимоти хубе гирифтем. Корҳое, ки буд бояд бо суръати бештаре пеш раванд. Корҳои чадидеро мучаддадан дар дастури муштарак карор додем.Равобит мумтоз аст, Алҳамдуллилоҳ ва ҳар руз беҳтар хоҳад шуд.»

Дидор бо фарҳангиёни точик аз чумлаи барномаҳои сафари раиси чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе буд. Дар ин мулоқот, ки дар фазои дустй ва самимият баргузор шуд, Маҳмуди Аҳмадинажод бо зикри чойгоҳи фарҳанг дар бақои миллатҳо аз чумла гуфт:»Ҳафтод сол талош карданд, ки вижагиҳои фарҳангии мардуми Точикистонро маҳв ва ё камранг кунанд, аммо муваффақ нашудаанд, зеро фарҳанг дар умқи чону руҳи мардуми ин диёр зинда аст”. Раиси чумҳури Эрон ба қудрати фарҳанг дар шаклгирии ҳуввияти миллатҳо ва ояндаи онҳо ишора кард ва иброз дошт:

«Миллати Эрон дар канори соири миллатҳои мустақил, бо андеша ва фарҳанги инсонй ва бо ҳамдилй ва ахлоқ импротуриҳои дуруғро соқит ва ба чои он адолат, сулҳ ва бародариро дар чаҳон ҳоким хоҳад кард”.

Ба баёни дигар, раиси чумҳури Эрон ба Точикистон омад, то ба точикон, танҳо мардуми форсигу дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй бори дигар тазаккур диҳад, ки Чумҳурии Исломии Эрон чуз хайру саодати Точикон ва рушду таолии Точикистон ва дигар кишварҳои минтақа, ҳадафи дигаре надорад. Вай дар ин робита аз корномаи дурахшони Эрон дар дарозои таърих ёдовар шуд ва гуфт:»2500 сол қабл импротурии азим, хашин ва зидди башарй ба номи Бобил бар бахши васее аз чаҳон ҳукумат мекард ва инсонҳоро ба асорат мегирифт, аммо марде аз Эрон ба номи Куруш бапо хост ва тавонист бо ёрии миллати Эрон ва бо андеша ва барнома ва мудирияти сиёсй ва албатта бидуни чангу хунрезй импротурии зидди башарии Бобилро соқит ва аз миён бардорад».
Маҳмуди Аҳмадинажод хадафхои Чумҳурии Исломии Эронро дар руёруйи бо истикбори чаҳонй ва барномаҳои моддигароёнаи он баршумурд ва зимни ёдоварии масъулияти Эрону Точикистон таъкид кард:»Дунёе, ки миллати Эрон ба думболи он аст, ба бомби атом ниёзе надорад. Касоне метавонанд дар ояндаи чаҳон нақшофаринй кунанд, ки дилу чони онҳо саршор аз андешаи инсонй ва илоҳй бошад.Пайравони андешаи моддй ва ғайри илоҳй, инсонро тахриб кардаанд ва имруз миллати Эрон ба думболи эҳёи мучаддади шахсият ва шаъни волои инсонй аст ва ду миллати Эрон ва Точикистон, масъулият доранд, ки фарҳанги мутаолии худро ба дунё дар ин замина собит кунанд».
Дар дидори як ба як ва ҳамроҳ бо ҳайатҳои Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалй Раҳмон, раисони чумхури Эрон ва Точикистон масъалаҳои муҳими марбут ва тавасъаи равобит миёни Теҳрон — Душанбе, аз чумла роҳҳои раҳойии ҳарчй зудтари Точикистон аз бунбасти иртиботй ва дастёбй ба истиқлолияти энержй мавриди баррасй қарор гирифт.Дар ин робита тавофуқ ҳосил шуд, ки бо ибтикори Чумҳурии Исломии Эрон тарҳи сохтани роҳи оҳан аз Точикистон то Эрон ба воситаи каламрави Афгонистон, дигар кишвари форсизабони минтака дар ояндаи наздик оғоз хоҳад шуд ва мушорикати Эрон дар тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон афзоиш хоҳад ёфт.Ҳамчунин ба манзури мусоидат ба заминасозии тавлиди тачҳизоти зарурй дар дохили кишвар, тасмим гирифта шуд, ки шуъбае аз дафтари фановариҳои раёсати чумҳурии Эрон дар Душанбе таъсис шавад.
Густариши ҳамкориҳо миёни Теҳрон — Душанбе ҳамвора бо ҳассосиятҳо ва ҳатто норизоятиҳои бозигарони минтақа ҳамроҳ будааст, аммо раиси чумҳури Эрон бо сафар ба Точикистон нишон дод, ки ин ҳассосияту норизоятиҳо барояш арзише надоранд ва муҳимтар аз ин ҳама он аст, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти кишвари дуст ва бародари худ саҳим бошад. Оқои Аҳмадинажод дар ин робита дар дидори фарҳангиёни точик гуфт:»Имруз ба фазли илоҳй бадхоҳону душманони миллати Эрон қодир нестанд зарба ва садамае ба кишварамон ворид кунанд». Аз суи дигар густариши ҳамкориҳо бо Точикистон, зимни ба намоиш гузоштани қудрат ва тавоноиҳои Эрон дар бахшҳои мухталиф, заминаи тавсаъаи равобит миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам хоҳад кард, амре ки ба суди ҳамаи миллатҳои минтақа таъбир мешавад. Зеро дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон собит шудааст, ки Эрон ба унвони қудрати чаҳонй, нақш ва чойгоҳи хосе дар муодилоти минтақайи ва байналмилалй дорад ва дар хамкорй бо кишварҳо ҳеч хадафи муғризонаеро дунбол намекунад.

Зарурати инсичом ва хамгаройи миёни кишвархои форсизабон

Музокироти бе натичаи Тошканд ва ошкор шудани баҳонатаришиҳои Узбакистон
Бар хилофи интизорот ва пешгуиҳо, дар дидори Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ва Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар Тошканд тавофуқе дар чиҳати ҳалли масоили мавчуд миёни ду кишвари ҳамсоя, аз чумла тавакқуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ҳосил нашуд.Тарафи Узбакистон дар идомаи мухолифатҳои худ ба сохти неругоҳи Роғун, эълом кард вагонҳои дорои тачҳизот ва масолеҳи сохтмонй барои ин неругоҳ ҳамчунон ичозаи гузаштан ба Точикистонро нахоҳанд дошт. Бар асоси гузоришҳои мунташира дар бораи натичахои дидори Раҳмон ва Каримов, Узбакистон ба зудй ба вагонҳои Точикистон, ки нисбате ба неругоҳи Роғун надоранд, ичозаи ҳаракат хоҳад дод.
Ҳамин тавр Тошканд бо ин иқдоми худ нишон дод, ки мухолифатҳояш ба сохти неругоҳи Роғун чиддитар аз он чй ҳаст, ки дар Точикистон тасаввур мекунанд. Давлати Ислом Каримов бо истифодаи моҳирона аз шароити кунунии чаҳон ва минтақа, ки ниёзи қудратҳои Шарқу Ғарбро ба ҳамкориҳои Узбакистон беш аз ҳар замони дигаре афзоиш дода, мавқеияти чуғрофй ва вучуди манобеи нафту гоз, чойгоҳ ва аҳамияти ин кишварро дар ичрои барномаҳои қудратҳои хозир дар Осиёи Марказй,ба таври бесобиқае боло бурдааст,барномахои худро пайгирй мекунад.Чунин вазъияте қудратҳои мазкурро дар мавқеияти ниёзмандй қарор дода,ононро ночор ба чашмпушй дар қиболи тамоми амалкардҳои хилофи қавонин ва муқаррароти байналмилалии давлати Тошканд намудааст. Ва ин шароит Узбакистонро дар анчоми рафторҳои зиддибашарй нисбат ба Точикистон, густохтар кардааст.

Узбакистон дусти Точикистон аст?

Нигоҳе ба раванди равобити Узбакистон бо Точикистон баъд аз касби истиқлоли ин ду кишвар, байнгар аз он аст, ки Тошканд ҳамвора талош кардааст ҳамсояи худро дар вобастагй нигоҳ дорад, то битавонад хостаҳои худро таҳмил кунад.Чанги таҳмилии панчсола дар Точикистон ва таҳаввулоти марбут ба он ба вузуҳ нишон медиҳад, ки Узбакистон ҳаргиз дар мавзеи холисона ва бетарафона амал накарда, балки талош кардааст бо истифода аз фурсат барномаҳои худро дар Точикистон пеш барад. Дар шароите ки тамоми кишварҳои минтақа бо мизбонй аз мулоқоти тарафҳои он замон рақиби точик, саъй доштанд ба чанги шаҳрвандй дар Точикистон ҳарчй зудтар хотима диҳанд, Узбакистон ҳеч гоҳ ҳозир нашуд мизбони музокироти сулҳи точикон бошад. Ба илова дар музокироти сулҳи точикон давлати Тошканд ё ширкат надошт ва ё давлатмардони камсалоҳияти худро мефиристод. Сарфи назар аз ин Точикистон ҳамеша манфиатҳои Узбакистонро дар назар мегирифт. Ҳатто дар шароити барои худ душвор садди роҳи мухолифони мусаллаҳи давлати Каримов мешуд ва аз нуфузи онҳо ба қаламрави Узбакистон пешгирй мекард ва дар ин роҳ садҳо тан аз чавонони точикро қурбон кардааст.

Роғун ташаббуси Узбакистон ва барои Узбакистон аст

Бо чунин руйкарде метавон гуфт, ки неругоҳи Роғун фақат як баҳона барои Узбакистон аст, то барномаҳои худ дар ростои монеътарошй дар роҳи тараққию пешрафти Точикистонро амалй кунад. Нигоҳе гузаро ба таърихи тарҳи неругоҳи Роғун тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Сохтани ин тарҳ дар солҳои 70 қарни гузашта оғоз шуд, аммо дар пайи мухолифатҳои рушанфикрони точик корҳои сохтмонй ду бор мутаваққиф шуданд.Узбакистон ба унвони муаллиф ва ташаббускори аслии тарҳи Роғун, бар сохтани он исрор мекард, зеро мехост бо густариши заминҳои кишоварзй истеҳсоли пахтаро аз 5 миллион тон ба 9 миллион тон дар сол афзоиш диҳад. Бо дахолатҳои мустақими Узбакистон анчумани 24 ҳизби камунисти Иттиҳоди Шуравй, бо беэътинойи ба мухолифатҳои Точикистон, тарҳи сохтани неругоҳи Роғунро ба тасвиб расонд. Аз ин ру агар имруз тарҳи Роғун намебуд, Узбакистон бо ба миён кашидани фаъолияти корхонаи алюмини точик, ҳамин кореро мекард, ки бо баҳонаи сохтани неругоҳи Роғун мекунад.

Муҳосираи иқтисодй ба фоидаи Точикистон аст

Таърихи башарият саршор аз руйдодҳоест, ки байнгар аз ба кор гирии муҳосираи иқтисодй дар равобити давлатҳо мебошад.Дар аксари ҳолатҳо ин иқдомҳои ба зоҳир танбеҳй, ба нафъи миллатҳои мазлум тамом шудаанд. Имруз низ шоҳиди он ҳастем, ки муҳосираи иқтисодй ва иртиботии Точикистон тавассути Узбакистон дар ҳоли кор кардан ба нафъи миллати точик мебошад.
Дар пайи амалкарди мақомоти узбак, барои масъулони точик имкон фароҳам омад, ки дустро аз душман фарқ кунанд. Аз чумла рушан шуд, ки Русия чун ҳама қудратҳои султаталаб ва судчу шарики стротегй надорад, балкй манофеи стротегй дорад ва бар асоси ҳамин манофеъ шарикони худро барои марҳалаҳои мушаххас интихоб ва иваз мекунад. Ҳамчунин ба баракати иқдомоти қонуншиканонаи давлати Тошканд, чеҳраи воқейии кишварҳои муддайии демократия ва ҳомиёни ҳуқуқи башар бармало шуд. Ба хотири манофеи худ, ҳеч як аз кишварҳои ғарбй, ки ҳадафи аслии ҳузури худ дар минтақаро барқарории демократия ва озодиҳои шаҳрвандй эълом карданд, ҳозир нашуданд ба шикоятҳои Точикистон дар қиболи беадолатиҳои Узбакистон, расидагй кунанд. Ниҳодҳои байналмилалии вобаста ба ин қудратҳо низ бо ба бозй гирифтани сарнавишти миллати точик, дар баробари иқдомоти зиддибашарии Узбакистон чашмпушй карданд.

Чумхурии Исломии Эрон дусти Точикистон

Ҳамзамон бо ин ҳама, Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар дуст ва бародари воқеъйии давлату миллати Точик будани худро ба намоиш гузошт.Фишорҳои Тошканд давлати Душанберо водор намуд, ки бо диди бозтар ба равобит бо Чумҳурии Исломии Эрон нигоҳ кунад. Ин воқеият ғайриқобили инкор аст, ки бо дахолатҳои мустақим ва ғайримустақими кишварҳои бадхоҳ, мақомоти точик то солҳои ахир алоқаи чандоне ба густариши равобит бо Теҳрон надоштанд. Онон ба андешаи он ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти неруҳои исломгаро хоҳад шуд, бо ҳар баҳонае аз Теҳрон фосила мегирифтанд ва фақат дар ҳолатҳои ичборй ба истиқболи Эрон мерафтанд. Аммо Чумҳурии Исломии Эрон собит намуд, ки ҳеч дахолате дар умури дохилии Точикистон надорад ва дар ин кишвар ҳадафе чуз кумак ба пешрафту таолии давлату миллати точик надорад. Акнун дар Душанбе беш аз ҳар замони дигаре зарурати иттиҳоди се кишвари форсизабонро дарк карданд. Тасвиби таҳримҳои ноодилона дар Созмони милали муттаҳид алайҳи барномаҳои сулҳомези атомии Чумҳурии Исломии Эрон ва иқдоми Амрико барои музокира бо гуруҳи ифротии толибон дар Афғонистон, ҳамчунин муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон собит намуд, ки имруз душманони фарҳангу тамаддуни форсизабонон дар саросари чаҳон сафарбар шудаанд, то монеъ аз ҳамгаройии ин се кишвар шаванд.

Зарурати бознигарй дар дипломатия

Тачрибаи беш аз сисолаи Чумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳад, ки миллати ғаюри Эрон чй гуна аз таҳримҳо ва муҳосираҳои иқтисодии душманон истифода кард ва бо фаъол кардани зарфияту имкониятҳои бумй, ба тадрич дар тамоми заминаҳои сиёсй, иқтисодй, ичтимой ва фарҳангй ба худкафойи даст ёфт.Аз ин ру ҳамон гуна ки бо кумаки Эрон тунели Истиқлол ба баҳрабардорй расид ва роҳи заминй миёни марказ ва шимоли Точикистон сохта шуд, он руз дер нест, ки се кишвари форсигу дар муқобила бо иқдомоти душманон, неругоҳҳои азим дар Точикистонро такмил ва роҳҳои оҳани худро низ пайваст хоҳанд кард.Бо таваччуҳ ба тавони фаннй ва муҳандисии мавчуд дар Эрони исломй, ичрои чунин барномаҳо кори душворе нахоҳад буд.
Дар шароити кунунии чаҳон ва минтақа ба умеди кумаки кишварҳое назири Русия ва ниҳодҳои байналмилалие ҳамчун Созмони милал, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкории Шангхай ва амсоли инҳо шудан, чуз талафи вақт ҳосили дигаре барои Точикистон нахоҳад дошт.Аз ин ру Точикистонро зарур аст бо тақвияти дастгоҳи дипломатии худ ва бознигарии чиддй дар равобити хоричй, зимни авлавият додан ба густариши ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо бо Чумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои дуст, тарҳҳои миллии худро масъулона пайгирй кунад.Акнун фурсати он расидааст, ки масъулони давлати Душанбе дар тамоми радаҳо манофеи миллй ва давлатиро дар авлавият қарор дода, ба фикри инсичом ва иттиҳоди миллй бошанд. Истифода аз тачрибиёти Чумҳурии Исломии Эрон беҳтарин роҳкор дар ин замина мебошад.

Защищено: Сиёсатҳои Маскaв — Тошканд дар Қирғизистон

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Истифодаи Узбакистон аз сармояхои Бонки рушди Осиё

Бонки рушди Осиё барои аввалин бор дар таърихи 43 солаи мавчудият, чаласаи Шурои мудирони худро дар як кишвари Осиёи Марказй баргузор кард.Дар шаҳри Тошканд рузҳои 1-4 май доир шудани ин нишаст ба он маънй буд, ки бонки мазкур ва саҳҳомдорони он аз сиёсатҳои давлати Ислом Каримов дар саркуби дигарандешон ва маҳдудсозии озодиҳои шаҳрвандй, чонибдорй мекунанд.

Анчумани дифоъ аз ҳуқуқи башар аз иқдоми масъулони Бонки рушди Осиё дар баргузории нишасти Тошканд шадидан танқид кард ва ин амалро як навъ қонуният бахшидан ба сиёсатҳои саркубгаронаи давлати Тошканд арзёбй кард. Қарори маълум дар поёни нишасти Шурои мудирони бонки рушди Осиё дар Тошканд, миёни ин ниҳоди молй ва Узбакистон чор қарордод ба маблағи 1миллиарду 150 миллион доллар эътибор(кредит) ба имзо расид.Қобили зикр аст, ки ҳамин бонк дар соли 1996 барои Узбакистон як эътибори калон ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион доллар чудо карда буд. Бонки рушди Осиё дар соли 1966 таъсис шуд.67 кишвари чаҳон, аз чумла 48 кишвари ҳавзаи Осиё – Уқёнуси Ором, ҳамчунин кишварҳои саноатии Аврупо, Канада ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аъзои он мебошанд.Бонки мазкур тарҳҳои рушди иқтисод ва ҳамкориҳои минтақаиро сармоягузорй мекунад.Барои дарёфти маблағҳои ин бонк ҳам кишварҳо ва ҳам афроди ҳуқуқй метавонанд тақозо кунанд.Бонки рушди Осиё афзун бар ин, ба кишварҳои узв қарз, кумакҳои фаннй ва эътиборҳо ихтисос медиҳад.Узбакистон дар соли 1995 ба узвияти Бонки рушди Осиё пазируфта шуд.Бонки рушди Осиё дар айни ҳол аслитарин (ва тақрибан ягона)кумакрасон ба иқтисоди Узбакистон мебошад.Ин бонк мисли дигар муассисоти байналмилалии молй,барои кишварҳои дархосткунанда шартҳои вижаеро қоил аст, ки аслитарини он ба сиёсатҳои дохилй ва хоричии кишварҳо бармегардад. Аз чумла бо дархости ин бонк Узбакистон ба системи бонкдории худ ва фаъолиятҳои иқтисодаш дар зоҳир таҳаррукоти вижае дод. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давлати Тошканд дар ростои чалби эътимоди Бонки рушди Осиё аз тамоми имконият ва зарфиятҳои мавчуд дар дипломатияи худ кор гирифтааст.Аз чумлаи шигардҳо ё равишҳои маъмулй дар сиёсатҳои Узбакистон дар ин замина, таҳрифи воқеъиятҳо будааст.Ин нукта ин бор низ дар сухаронии Ислом Каримов, раиси чумҳури ин кишвар дар маросими ифтитоҳияи нишасти Тошканд, бармало буд.Вай аз чумла гуфт: «дар соли 2009 тавлиди нохолис 8,1 дарсад,тавлиди саноатй 9 дарсад,ҳачми сармоягузорй дар иқтисод 26 дарсад ва сармоягузории мустақими хоричй 1,8 баробар афзоиш ёфт». Ин омор дар ҳоле ироа шуд, ки аксари кулли нозирони байналмилалй бар дурустии онҳо ба дидаи шаку шубҳа менигаранд. Ислом Каримов дар ин суханронии худ, ки як баёноти баландпарвозонае буд, иброз дошт, мудели ислоҳоти иқтисодие, ки Узбакистон аз соли 1992 оғоз кард, ҳаққонияти худро собит намуд ва ин метавонад намунаи ибрати муносибе барои дигар кишварҳо бошад. Сарфи назар аз воқеи будан ё набудани суханони раиси чумҳури Узбакистон, барои у ва давлаташ муҳим он аст, ки аз ин тариқ тавонистааст наздик ба 14 сол аз сармояҳо ва зарфиятҳои Бонки рушди Осиё дар чиҳати пешбурди сиёсатҳояш ва бақои давлаташ баҳрабардорй намояд. Бо чунин руйкарде ин савол матраҳ мешавад, ки магар коршиносон ва дастандаркорони Бонки рушди Осиё то ин ҳад соддалавҳанд, ки ба суханони Ислом Каримов дар мавриди «бартарии иқтисод бар сиёсат», «дар авлавият қарор доштани қонун барои ҳама», «сиёсатҳои шоистаи рифоҳй-ичтимойи» ва амсоли инҳо бовар мекунанд? Ва ин ҳам дар шароитест, ки дар остонаи нишасти Шурои мудирони бонки мазкур дар Тошканд, хабаргузориҳои мухталиф аз воқеиятҳои вазъи иқтисодиву ичтимойии Узбакистон матолиби фаровоне мунташир намуда, таҳрифи ин воқеиятҳо тавассути масъулони узбакро як амри оддй дар режими давлатдории ин кишвар тавсиф карданд. Дар посух ба чунин пурсишҳо ҳаминро мебояд гуфт, ки ниҳодҳои молии байналмилалй назири Бонки рушди Осиё, дар ҳар як аз минтақа манофеъ ва аҳдофи худро доранд ва барояшон муҳим он аст, ки ба ҳар қимати мумкин ба ҳамон аҳдоф ва манофеъ даст ёбанд.Ҳамин мавзуъ воқеияти фаъолияти ин ниҳодҳоро ошкор мекунад.Дар марҳалаи кунунй барои дастандаркорони Бонки рушди Осиё муҳим он аст, ки суботу амният ва бақои режими Тошканд танзим ва тазмин бошад, зеро амалй шудани тарҳҳои ин бонк бе мушорикати Узбакистон ба мушкили чиддй ру ба ру хоҳанд шуд. Бонки рушди Осиё бар ин бовар аст, ки фақат бо вучуди суботу оромиш дар Узбакистон метавонад тарҳҳоеро назири сохтани хати интиқоли неруи барқи Сурхон-Наибобод-Кобул, роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф,тарҳи сохтани «коридори фароафғонй» чиҳати тронзити борҳо аз Осиёи Марказй ба уқёнуси Ҳинд, сохтани маркази байналмилалии лочистикй дар фурудгоҳи Навойи такмил ва ичрои кунад. Аз ин ру ин ҳадафи аслй эчоб мекунад, ки дастандаркорони Бонки рушди Осиё чун дигар ниҳодҳои мушобеҳи байналмилалй, барномаҳои зоҳирй ва шиоргунаи худ дар мавриди кумак ба рушди чомеъаҳои шаҳрвандй ва иқтисоди озод дар кишварҳоро канор бигзоранд ва дунболи касби суд ва манфиатҳои бештар аз ҳисоби ғорати манобеи манотиқи мухталиф аз чаҳон бошанд. Руйи ҳам рафта, ин нукта қобили зикр аст, ки натичаҳои нишасти Тошканд ба беҳбуди шароити зиндагии мардумони оддй дар Узбакистон таъсири чандоне нахоҳанд дошт.Ин руйдод фақат ба давлати Тошканд кумак кард дар дохили кишвар афкори мардумро то ҳадде чалби қудрати худ кунад.Аммо бори дигар барои чомеаи Узбакистон ва дигар кишварҳои минтақа собит шуд, ки умед бастан ба кумак ва мусоидатҳои ниҳодҳои байналмилалй дар чиҳати эчоди чомеаҳои демократй ва коҳиши фишори давлатҳои худкома ба мардумонашон, як хаёли хоме беш нест.

Ташкили комиссияи экологй дар порлумони Точикистон

Ахиран порлумони Точикистон як кумиссиюни 15 нафара таҳти унвони кумиссиюни экологй таъсис намуд.Дафтари матбуотии порлумони Точикистон эълом кард, ки баррасии масъалахои марбут ба муҳити зист, аз вазифаи аслии ин кумиссиюн ба ҳисоб меравад.Харчанд макомоти расмии точик иброз доштанд, таъсиси кумиссиюни экологй ҳеч рабитае ба эътирозоти ахири аҳолии шаҳри Термизи Узбакистон дар нисбати хатароти зистмуҳитии корхонаи алюмини точик надорад, аммо воқеият он аст, ки руёруиҳои лафзй миёни ду кишвари ҳамсоя дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи Марказй, ба нафъи Тошканд дар ҳоли пешравй аст, аз ин ру давлати Душанбе тасмим гирифтааст сангари муборизаи дипломатиро дар ин замина тақвият кунад.

Нигоҳе ба раванди робитахо миёни ду кишвари ҳамсояи Узбакистон ва Точикистон баёнгар аз он аст ки масъалаи сохтани неругоҳҳо дар рудхонаҳои ба истилоҳ фаромарзй, аз чумла неругоҳи Роғун, мавзеъхои ду тарафро ба ҳаде аз ҳам дур кардааст, ки метавон ду кишварро рақибони сарсахти ҳамдигар тавсиф кард. Дар иртибот ба ин мавзуъ тарафи Точикистон муътақид аст, ки сохти неругоҳ бархоста аз ниёзҳои фазояндаи ин кишвар ба энержй аст ва ин амр ҳеч зарару зиёне ба кишварҳои минтақа ворид нахоҳад кард.Аммо тарафи Узбакистон иддао дорад, ки сохтани неругоҳ дар канори коҳиши мачрои об ба қаламрави Узбакистон, таъсироти вайронгаре ба муҳити зист ворид хоҳад кард.Тошканд чунин иддаоеро дар мавриди неругоҳи Камбарота, ки дар Кирғизистон дар ҳоли сохт аст, низ матраҳ намудааст. Аммо ҳам Точикистон ва ҳам Кирғизистон бо ироаи аснод ва далелхо собит кардаанд, ки сохтани неругоҳҳо на танҳо ҳеч пай омадҳои манфии зистмуҳитй надорад, балки дар танзими оби минтақа ва рушди бахши кишоварзй нақши муҳиме ичро хоҳад кард. Ин мавзуъ имруза аз чорчуби равобити дучониба фаротар рафта ба баҳси минтақайи, ҳатто фароминтақайи табдил шудааст. Узбакистон дар пайи беэътинойии ҳамсоягон ба дархостҳояш дар мавриди мутаваққиф кардани раванди сохти неругоҳҳо, масъаларо ба саҳнаи байналмилал кашид ва тавонист ниҳодҳои дахлдори байналмилалиро то ҳадди зиёде ба мавзеъхои худ ҳамсон кунад. Нахустин муваффақияти Тошканд дар ин замина он буд, ки Чинро аз ичрои қарордодаш бо Точикистон дар мавриди сохти неругоҳ дар рудхонаи Зарафшон мунсариф кунад. Ёдовар мешавем бар асоси қарордоди ба имзорасида миёни Чин ва Точикистон, тарафи чинй бояд аз моҳи майи соли 2009 сохти неругоҳ дар минтақаи Зарафшонро оғоз мекард, аммо бо дахолатҳои Тошканд, ширкати чинй ичрои ин қарордодро ба ҳолати муаллақ даровард. Дар идомаи ин иқдомҳо, давлати Ислом Каримов тавонист ширкати РусАл-ро низ аз мушорикат дар такмили тарҳи Роғун боздорад. Ҳатто бархе аз кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалй, ки қаблан барои мушорикат дар такмили неругоҳи Роғун эьломи омодагй карда буданд, дар пайи фазосозиҳои мақомоти узбак, дар тасмимоти худ чиҳати сармоягузорй дар тарҳи Роғун тачдиди назар ва таъкид карданд, ки то замони рафъи ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифода аз манобеи гидроэнергетикй, ҳеч сармоягузорие дар ин замина анчом нахоҳанд дод.
Узбакистон дар раванди мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳи Роғун то ҳадде пеш рафт, ки ин масъаларо ба Созмони милалаи муттаҳид — олитарин марчаъи байналмилалй кашид. Дар сафари даврайии Бан Ки Мун, дабири кулли ин созмон ба Осиёи Марказй, ки дар авоили моҳи апрел сурат гирифт, мақомоти Узбакистон Бан Ки Мунро ба минтақаи бахри Арал бурданд ва ба вай ин гуна илқо карданд, ки ҳама фочеаи марбут ба ин бахр бархоста аз сохтани беравияи неругоҳҳо дар минтақа аст.Ин илқоот то ҳадде корсоз буд, ки дабири кулли СММ дар сафар ба Точикистон аз боздиди минтақаи сохти неругоҳи Роғун, сарфи назар кард. Ин таҳаввул ба маънои шикасти дипломатияи точик дар баробари фазосозиҳои ҳамтоёни узбаки онҳо таъбир шуд.
Кабл аз ин Тошканд тавонист дар минтақа дидгоҳҳои Казоқистон ва то ҳадде Туркманистонро ба мавзеи худ дар масъалаи баҳрабардорй аз манбаъхои обии Осиёи Марказй ҳамсон кунад.Русия низ, ки ҳам бо Бишкек ва ҳам бо Душанбе дар мавриди сохтани неругоҳҳои барқи обй қарордодҳо имзо намуда буд,эълом кард, ки дар ин масъала аз мавозеи Тошканд чонибдорй мекунад.
Дар пайи чунин ранг гирифтани таҳаввулот, Точикистон тасмим гирифт неругоҳи Роғунро бо истифода аз манобеи дохилй такмил кунад.Ба ҳамин манзур аз ибтидои соли чории саҳмияҳои ин неругоҳ ба фуруш бароварда шуданд ва то имруз бар асоси оморҳои мунташира ба маблағи ҳудуди 900 миллион сомонй саҳмия ба фуруш рафтааст.
Ҳар иқдоми давлати Душанбе дар ростои такмили неругоҳи Роғун, ҳасосиятҳои Тошкандро барангехтааст, ба гунае ки ҳамакнун баҳси таъсироти манфии зистмуҳитии корхонаҳои Точикистон мавзуи эътирозҳо дар Узбакистон шудааст. Дар ҳамин чорчуб ахиран бо даъвати кумиссиюни экологии порлумони Узбакистон теъдоде аз аҳолии вилояти Сурхондарёи ин кишвар дар эътироз ба он чи таъсироти вайронгари зистмуҳитии корхонаи алюмини точик номиданд, гирдиҳамойи намуда, роҳи ҳаракати қатори Точикистонро ки аз қаламрави ин вилоят мегузарад, бастанд. Муътаризон иддао карданд, ки дуди ин корхона боиси густариши бемориҳое назири саратон дар миёни аҳолии ноҳияҳои ҳамчавор шудааст.Аз суи дигар ширкати роҳи оҳани Узбакистон бо баҳонаҳои таъмири роҳ беш аз 3 моҳ вагонҳои дорои маводи ғизои ва масолеҳи сохтмонии Точикистонро дар қаламрави хеш манъ кардаанд.Ин иқдом мучиби боло рафтани нархҳо, аз чумла нархи сузишворй дар бозорҳои Точикистон шуда, фаъолиятҳо дар тарҳҳои муҳим, назири неругоҳи Сангтуда-2ро фалач кардааст. Мақомоти Точикистон ин амалкарди кишвари ҳамсояро талош барои мунзавй кардани Точикистон тавсиф ва аз мачомеи байналилал хостанд дар рафъи ин мушкил ҳамкорй кунад. Хатто мутахасисони эронй, ки дар неругоҳи Сангтуда-2 фаъолият мекунанд, ибрози нигаронй карданд, агар тавқифи тачҳизоти фиристодашуда аз Эрон дар қаламрави Узбакистон идома кунад, муҳлати ба баҳрабардорй расидани ин неругоҳ ба таъхир хоҳад афтод.
Амалкарди Узбакистон дар мутавакиф кардани вагонҳои Точикистон чизе чуз талош барои муҳосираи иқтисодии Точикистон таъбир намешавад ва ба касе пушида нест, ки ин иқдом вокуниши Тошканд нисбат ба азми Точикистон дар мавриди такмили неругоҳи Роғун аст.Дар шароити кунунй ба назар мерасад, Точикистон ҳеч роҳе барои аксуламал дар муқобили амалкарди Тошканд надорад ва бояд зери бори фишорҳо равад. Аммо…
Ташкили кумиссиюни экологй дар порлумони Точикистон қабл аз ҳама дар ростои тақвияти чабҳаи талош барои ҳифозат аз манофеи Точикистон дар масоили зистмуҳитй таъбир мешавад. Давлати Душанбе ба тадрич ба дарки ин ҳақиқат рафтааст, ки вучуди афроди мутахасис дар порлумон, қабл аз ҳар чизи дигаре пояҳои ҳукуматро тақвият мекунад ва идомаи қавмгарои ва хешутаборпарастй дар интихоби кадрхо, дар дарозмуддат метавонад заволи ҳар давлатеро дар пай дошта бошад.Шикасти муборизоти дипломатй дар баробари фазосозиҳои Узбакистон ин дарсро ба раҳбарони точик дод, ки на ҳамаи вазирон ва масъулони ҳукумат сазовори мақом ва вазифаҳои худ ҳастанд.Идомаи ҳузури чунин афроди тасодуфй дар сохторҳои ҳукумат, дар дарозмуддат тазъифи манофеъ ва чойгохи Точикистон дар минтака ва ҳатто фурупошии давлатро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Аз ин ру манофеи кишвари соҳибистиқлоли Точикистон тақозо мекунад, ки раҳбарии ин кишвар дар сиёсатҳои кадрии худ ба таври чиддй тачдиди назар кунад.
Аз суи дигар,бо ташкили комиссиюни зистмуҳитй дар порлумони Точикистон ва узвияти афроде назири Шодй Шабдолов, Муҳиддин Кабирй ва амсоли инҳо, ба назар мерасад давлати Душанбе қасд дорад, дар канори дигар аҳдофе, ки дар ин кор дар назар гирифтааст, рақибони аслии худро ба масъалаҳои зистмуҳитй саргарм кунад. Аммо ин кумиссиюн то чи хад дар пешбурди вазифахои худ муваффак хохад шуд, саволест, ки посухи он ба амалкарди мантикии намояндагони порлумон дар расидаги ба масъалахо бармегардад. Бо ин хол ташкили кумиссиюни зистмухитй дар порлумони Точикистон баёнгар аз ин вокеият аст, ки минтака аз ин ба баъд сахнаи руёруихои порлумонй миёни Узбакистон аз як тараф ва Точикистону Киргизистон аз тарафи дигар хохад буд.
Акнун ин пурсиш дар зехнхо зухур кардааст, ки оё чунин руёруи мавзеъи кишвархоро ба хам наздик хохад кард ё ба сардии робитахо афзуда авзои Осиёи Марказиро ба самти печида шудан пеш хохад бурд?

Афгонистон ва талоши Аврупо барои хуруч аз ин кишвар


Давлати Барак Обама дар ҳоле тасмим ба афзоиши теъдоди неруҳои низомии худ дар Афғонистон гирифт, ки муттаҳидони аврупойии Кохи сафед дар пайи фишорҳои афкори умумй, бар он шудаанд, ки низомиёни худро аз ин кишвари чангзада ихроч кунанд.Дар ин маврид ахиран давлати Голландия эълом кард, ки то поёни соли 2010 низомиёни мустақар дар Афғонистонро ба ватан боз хоҳад гардонд.Албатта ин тасмими нахуствазири Голландия вокунишҳои шадидеро дар дохили ҳукумати ин кишвар ба ҳамроҳ дошт, бо ин ҳол хуручи низомиёни ҳоландй аз Афғонистон амре ичтинобнопазир аст.Гуфтанй аст аз ибтидои соли 2006 то поёни соли 2009 21 сарбози ҳоландй дар устони Урузгони Афғонистон кушта ва 56 нафари дигар захмй шуданд.Дар соли 2009 теъдоди низомиёни Голландия дар Афғонистон 2 ҳазор нафарро ташкил медод, аммо дар моҳҳои аввали соли 2010 ин теъдод ба 1850 нафар коҳиш ёфт.

Бидуни шак хуручи низомиёни Голландия аз Афғонистон зарбаи сангине ба барноамҳои Амрико ворид хоҳад кард, зеро Голландия аз чумлаи муттаҳидони содиқи Вашингтан маҳсуб мешавад. Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо бознигарй дар сиёсатҳои осиёимиёнайии худ, ҳачми кумакҳо ба кишварҳои ин минтақаро то ҳадде коҳиш додааст.Аз чумла дар ин маврид гуфта мешавад, ки дар соли ояндаи милодй ҳачми кумакҳо ба Осиёи Марказй тақрибан бидуни тағйир боқй хоҳад монд, аммо Точикистон ва Қирғизистон дар муқоиса ба солҳои қабл кумакҳои камтаре дарёфт хоҳанд намуд.Аз чумла дар соли 2011 Қирғизистон 40,3 миллион доллар кумак дарёфт хоҳад кард, ки ин рақам ҳудуди 6 миллион доллар камтар аз соли қабл аст.Хачми кумакҳо ба Точикистон низ дар соли 2011 аз 42,5 миллион доллар ба 41,5 миллион доллар коҳиш хоҳанд ёфт. Мақомоти амрикойи тайи солҳо ҳузури худ дар Осиёи Марказй ба хубй дарёфтанд, ки давлатҳои тозаистиқлоли ин минтақа дар руёруйи бо бисёре аз чолишҳо, аз чумла ифротгаройи, тероризм, қочоқи маводи мухаддир ва инсон, ҳамчунин фасоди молй ва ришвахорй, аз тавонийиҳои лозим бархурдор нестанд.Аз ин ру Кохи сафед, ки ичрои барнома ва аҳдофи худ дар Афғонистонро дар гарави субот дар Осиёи Марказй ва равобити хуб бо кишварҳои он мебинад, талош кардааст бо ҳар як аз давлатҳои ин минтақаи стротегй равобити хуб ва дустона дошта бошад.Тамоми кумакҳо ва ҳамкориҳои Вошингтон ва давлатҳои Осиёи Марказй дар ҳамин росто сурат гирифтаанд ва хоҳанд гирифт. Бо таваччуҳ ба ин, кумакҳои Амрико ба Точикистон ва Қирғизистон дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳкими амният, мубориза бо ноамниҳо дар марзҳо ва … истифода хоҳад шуд.Албатта барои пушиши аҳдофи аслии Амрико дар ироаи кумакҳо ба кишварҳои Осиёи Марказй, Кохи сафед таъкид кардааст, ки барои ислоҳи вазъ дар бахшҳои таъмини амнияти ғизои, беҳдошт, омузишу парвариш, истифода аз манобеи об ва домдорй барои Точикистонва Қирғизистон кумакҳоеро дар назар гирифтааст. Дар барномаи кумакҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказй, ҳачми ин кумакҳо ба Узбакистон ва Қазоқистон бидуни тағйир боқй мондааст, аммо дар мавриди Туркманистом ҳачми ин кумакҳо аз 12,5 миллиондоллар ба 10 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Бар асоси ин барномаи Амрико, ироаи кумакҳо ба кишварҳои Қафқоз низ идома хоҳад ёфт, ба гунае ки ҳачми ин кумакҳо ба Арманистон ва Озарбойчон бетағйир боқй монда, аммо барои Гурчистон( ба иловаи кумакҳои миллиард долларй, ки Вашингтон баъд аз чанги Русия — Гурчистон дар соли 2008 ба Тифлис дар назар гирифт) бо 10 миллион афзоиш, ҳачми кумакҳо дар соли ояндаи мелодй ба 68,7 миллион доллар хоҳад расид. Аз асноди мунташира рочеъ ба ироаи кумакҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказй бармеояд, ки дар муқоиса ба давлати Чорч Буш, ки давлатҳои Осиёи Марказиро «давлатҳои дар ҳоли гузар ба демократия» таъбир мекард, давлати Обама ин давлатҳоро «давлатҳои нокоромад» медонад ва дар ироаи кумак ба онҳо вижагиҳоеро мадди назар хоҳад дошт. Муруре ба амалкарди Вашингтон дар қиболи давлатҳои Осиёи Марказй ин ақидаро тақвият мекунад, ки давлати Барак Обама барномаҳои дақиқе дар қиболи ин минтақа надорад ва сиёсатҳояш дар аксари маворид марҳалай будаанд.Тағйири мавозеи Вошингтан дар мавриди пойгоҳҳои низомиаш дар Қирғизистон ва Узбакистон, тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Қарори маълум, Кохи сафед ахиран эълом кард, ки дар пайи ифтитоҳи пойгоҳи дуввуми низомй дар Қирғизистон мебошад. Бар асоси гузоришҳои мунташира, қарор аст ин пойгоҳ дар устони Боткан, дар чануби Қирғизистон эчод шавад.Сафорати Амрико дар Бишкек эълом кард ин пружа ба зудй оғоз ба кор хоҳад кард. Ин иқдом баёнгар аз талоши Амрико барои густариши ҳузури низомии худ дар кишварҳои Осиёи Марказй аст, то битавонад фаъолиятҳои амниятиро дар ин минтақаи ҳассос таҳти контрол дошта бошад. Аз суе беэътимодии Амрико ба давлати Узбакистон, Вашингтонро бар он водоштааст, ки аз таъсиси пойгоҳи низомй дар ин кишвар сарфи назар намуда, ин барномаро дар қаламрави Қирғизистон дунбол кунад.Бидуни тардид, ин иқдоми Амрико хилофи майлу иродаи Тошканд аст ва метавонад дар робитаҳои Вашингтон — Тошканд асар гузорад. Вашингтон дар расидан ба аҳдофи худ дар Афғон чандон муваффақ набудааст. Ҳарчанд лашкаркашй ба Афғонистон таҳти шиори мубориза бо терроизм сурат гирифт, аммо бо гузашти наздик ба 10 сол аз замони тачовузи Ғарб ба саркардагии Амрико ба Афғонистон, на Бен Лодан дастгир шуд ва на аз шиддати ҳамалоти Ал-Қоида ва Толибон коста шуд. Тайи ин муддат ҳазорон нафар аз ғайринизомиёни афғон дар пайи ҳамалоти ноҳамоҳанги неруҳои ба истилоҳ посдори сулҳ кушта ва даҳҳо шаҳру русто ба харобазор табдил шуданд.Ба вижа ҳамалоти ҳавойии НАТО қурбониёни зиёде дар миёни ғайринизомиён доштаанд, амре ки эътирозоти мақомот ва мардуми Афғонистонро ба ҳамроҳ доштааст. Аммо ин эътирозот ҳеч гоҳ роҳ ба чое набурдаанд. Аз суе тайи ин муддат, яъне аз соли 2001 то моҳи феврали соли 2010 як ҳазор неруи низомии амрикойи, 264 англисй ва 140 конодойи дар Афғонистон чони худро аз даст додаанд. Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ муваффақияте ба ҳамроҳ надоштааст. Бар асоси гузоришоти Созмони миллали муттаҳид тайи солҳои ахир тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ба ин сурат будаст:соли 2001 — 185 тон, соли 2002 — 3400 тон,соли 2003 — 3600 тон, соли 2004 — 4200 тон, соли 2005 — 4100 тон, соли 2007 — 8200 тон ва соли 2008 — 7700 тон.Оморҳо нишон медиҳад, ки баъд аз суқути ҳукумати Толибон дар Афғонистон, тавлиди маводи мухаддир аз 185 тон ба 7700 тон дар замони ишғоли ин кишвар твасути Ғарб, афзоиш ёфт. Дар мачмуъ ояндаи Афғонистон дар ҳолае аз ибҳом қарор гирифтааст ва эъломи Ҳолланд дар мавриди хуручи неруҳояш аз Афғонистон таъйиди ин ақида аст, ки Амрико ва Ғарбро сарнавиште мушобеҳи сарнавишти Иттиҳоди Шуравй дар Афғонистон пеши ру қарор дорад.Кишварҳои аврупойи бо мушорикат дар ишғоли Афғонистон , чойгоҳи худ дар чаҳони исломро аз даст доданд ва акнун дар пайи онанд ки бо фарохонии неруҳои худ аз ин кишвари чангзада, ин вазъро то ҳадди имкон ислоҳ намоянд.