Узбакистон ва Туркманистон дар роҳи ҳамгаройи


Сойтҳои мухталиф дар Узбакистон ва Туркманистон аз сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Узбакистон дар баҳори имсол хабар доданд.Бар пояи ин гузоришҳо пешбинй мешавад, ки тайи ин сафар ва дидору гуфтугуҳои мақомоти олирутбаи ду кишвар, санадхои муҳим дар заминаи густариши равобит миёни Ишқобод — Тошканд ба имзо расад.Бо таваччуҳ ба ин, гуфта мешавад сафари Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ба Тошканд нуқтаи муҳиме дар раванди ҳамкориҳо миёни Туркманистон ва Узбакистон хоҳад буд.Албатта ин сафар чавоб ба сафари Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон аст, ки дар моҳи октябри соли 2010 анчом шуд. Дар чорчуби сафари Ислом Каримов чанд санади ҳамкорй миёни ду тараф ба имзо расид, ки тафоҳумномаи ҳамкорй дар бахшҳои фарҳангй — башардустона дар давраи солҳои 2011 — 2013 аз муҳимтарини ин аснод буд.Ҳамчунин дар рузҳои сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон дар шаҳри Дашогози Туркманистон чашнвораи дустии халқҳои узбак ва туркман баргузор гардид. Дар мачмуъ дар мавриди сафари рузҳои 18-20 октябри соли 2010 Ислом Каримов ба Ишқобод бояд гуфт, раиси чумҳури Узбакистон тайи даҳ моҳи ахир ду бор ба Туркманистонро сафар кард.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гази Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъҳои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро (Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб (Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Бо ин ҳол масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Пушиши хабарии ин сафар дар ду кишвар баёнгар аз он буд, ки ду раиси чумҳур бо ҳам дуст шуданд. Сафари ахири Ислом Каримов ба Ишқобод аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки бо ҳар роҳи мумкин худро ба Курбонгулй Брдимуҳаммадов наздик кунад.

Қобили зикр аст, ки равобити дипломатй миёни Тошканд ва Ишқобод аз 7 феврали соли 1993 барқарор шуд ва тайи муддати болиғ бар 17 сол Узбакистон ва Туркманистон ҳамкориҳои бидуни таниш бо ҳам доштанд.То ин дам миёни ду тараф беш аз 120 қарордод ва тафоҳумнома дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст, ки аз ин чумла 26 санад тайи чаҳор соли охир ба имзо расидааст.

Дар соли 2010 мубодилаи тичорй миёни ду кишвар 229 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл 42 дарсад афзоишро нишон медиҳад.Пешбинй мешавад, дар шашумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Туркманистон ва Узбакистон, ки қарор аст рузҳои 14-15 феврали соли чорй дар Тошканд баргузор шавад,роҳҳои тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳо миёни ду тараф баррасй шавад. Сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Тошканд дар шароите анчом мешавад, ки Осиёи Марказй ба таври камсобиқае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Давлати Тошканд, ки дар равобит бо ин қудратҳо пайваста мавозеи мутағаййиреро интихоб кардааст, дар идомаи ин раванд, ниёз ба бархе пуштибонй ва мусоидатҳои кишварҳои минтақа дорад.Ба вижа дар шароите ки Ғарб ба таври чиддй масъалаи пайдо кардани чойгузин барои гози Русияро дунбол мекунад, дар бархурд ба ин мавзуъ Тошканд ба ҳамоҳангиҳо бо Ишқобод ниёз дорад.Зеро Туркманистон дорои манобеи саршори гози табии аст ва мавозеъи он метавонад бар руи қимати содироту воридоти ин колои муҳими санъатй, таъсиргузор бошад. Аз суи дигар наздик шудан бо Ишқобод ин имконро барои Тошканд фароҳам хоҳад кард, ки дар мудирияти бархе масоили минтақайи аз Казоқистон ба унвони рақиби суннатии худ дар ичрои нақши раҳбарй дар Осиёи Марказй, пешй бигирад.Дар як нигоҳи ичмолй, сафари отии Қурбонгулй Бедимуҳаммадов ба Тошкандро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард.

Иттиҳоди давлатҳои мустақил ё муштаракулманофеъ?

Рузи 21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алмато, пойтахти вақти Қазоқистон сарони 11 кишвари тозаистиқлол ёфта аз Шуравй(ба истиснои се чумҳурии назди Балтик ва Гурчистон), протоколи таъсиси ниҳоди чадид — Иттиҳоди давлатҳои мусстақилро имзо карданд.Ба ҳамин тартиб баъди 69 сол мавчудият, умри императории кумунистй ба поён расид ва абарқудрате ба номи Иттиҳоди чамоҳири шуравии сотсиалистй ба таърих пайваст.

Дар протоколи мазкур аз чумла тазаккур дода шудааст, ки ҳамаи аъзо аз ҳуқуқ ва салоҳиятҳои мусовй бархурдор ҳастанд.Дар банди 3 қарордоди ташкили Иттиҳоди давлатҳои мустақил таъкид шуда, ки аъзои Иттиҳод бо ворид кардани тағйир дар қонунҳои марбутаи худ, воҳидҳои артиши Шуравии воқеъ дар кишварҳояшонро ба артиши миллии худ пайваст кунанд ва ин артишҳо ба таври муштарак аз суботу амнияти қаламрави Иттиҳод ҳифозат хоҳанд кард.Ойинномаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил 22 январи соли 1993 тавсиб шуд, аммо то ҳануз Украина ин ойинномаро имзо накардааст ва узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди мазкур бар асоси санаде аст, ки миёни ин кишвар, Русия ва Белорус дар таърихи 8 декабри соли 1991 дар қароргоҳи ҳукумати чумҳурии Белорус, дар вилояти Брести ин кишвар, ба имзо расида буд. Дар соли 1993 Гурчистон низ ба ин Иттиҳод пайваст, аммо дар соли 2009 дар пайи даргирии мусаллаҳона бо Русия, ин иттиҳодро тарк кард ва дар айни ҳол Иттиҳоди давлатҳои мустақил 11 узв дорад.
Инак аз таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақил 19 сол сипарй мешавад ва тайи ин муддат ин ниҳод дастхуши мушкилоту масоили зиёде буд.Дар ибтидои зуҳури Иттиҳоди мазкур, интизороти аъзо аз фаъолиятҳо ва дар кулл фалсафаи вучуди он мутафовут буданд.Русия ба унвони ташаббускори аслй бар он буд, ки тасаллути Маскав бар чумҳуриҳои қаламрави императории собиқро тавассути ин ниҳод ҳифз кунад ва набзи фаъолиятҳо дар тамомии бахшҳо дар ин минтақаи бузургро дар ихтиёр дошта бошад.Кишварҳое мисли Украина ва Белорус, ки дар баробари Русия худро аз ҳеч чизе кам намедиданд, ин интизорро доштанд, дар қолаби ин иттиҳод истиқлоли амали бештаре касб ва битавонанд яккатозиҳои Маскав дар ин заминаро камранг кунанд.Ба илова, Киев ва Минск, ки дар замони Шуравй низ танҳо чумҳуриҳое буданд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид намоянда ва ҳаққи раъй доштанд, мехостанд чойгоҳи мустақили худ дар Аврупойи шарқиро касб ва сиёсатҳои мустақилтаре аз Маскавро дунбол кунанд ва ҳатто дар ростои расидан ба ҳадафҳои худ, ба унвони рақиби Русия дар саҳна ҳозир шаванд.Чумҳуриҳои Қафқоз саъй бар он доштанд, бо камранг кардани чойгоҳ ва нуфузи Русия дар қаламрави худ, сиёсате комилан мустақил дошта бошанд, ба баёни дигар сарнавишти худро худ таъйин кунанд. Чунин талошҳое дар Осиёи Марказй низ чой дошт ва кишварҳои ин минтақа истиқлоли воқеи аз Маскавро дар садри сиёсатҳои худ қарор дода буданд, аммо чунин руйкарде дар Қирғизистон, Туркманистон ва Точикистон хеле эҳтиёткорона шакл мегирифт.Албатта Туркманистон бо эъломи бетарафй, як сиёсати комилан мутафовутеро дунбол мекард.Бо ин ҳол натичаи 19 сол мавчудияти Иттиҳоди давлатҳои мустақил собит мекунад, ки ин Иттиҳод натавонист ба унвони як ниҳоди таъсиргузор дар муодилоти минтақайи ва чаҳонй, шакл гирад.Ҳарчанд Русия талошҳои зиёде барои коройи кардани Иттиҳоди мазкур ба харч дод, аммо ин талошҳо тақрибан бе натича будаанд. Маскав аз абзорҳои мухталифе барои тақвияти равобити дарунсозмонй ва таҳкими ҳамгаройи дар миёни аъзо кор гирифт, вале набудани тамойили кишварҳо, ин талошҳоро нақш бар об кардааст.Аз суе, ҳарчанд бо пайравй аз мустамараҳои собиқи Англис, ниҳоди ба вучудомада баъд аз фурупошии Шуравиро «Чомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ» ё «Ҳамсуд» меноманд, аммо аввал ин ки ин тарчумаи нодурусти СНГ — Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст ва дуввум, ин кишварҳо бе ҳеч вачҳ манофеи муштарак надоштанд ва нахоҳанд дошт.Дар ҳоле ки Озарбойчон ва Арманистон барои Қарабоғи куҳй мечанганд, оё метавон онҳоро муштаракулманофеъ гуфт? Ё кишварҳои Осиёи Марказй дар баҳси манобеи обии ин минтақа, манфиатҳои муштаракро дунбол мекунанд? Бо ин ҳол Русия бо таъсиси зермачмуъаҳое назири Иттиҳоди гумрукй, Паймони амнияти чамъй, созмони ҳамкории Шонгҳой, саъй кардааст ба унвони бародари бузург раҳбарии худро дар Иттиҳоди мазкур бар дигарон таҳмил кунад.Вале бо вуруди Ғарб ба қаламрави Шуравии собиқ, аз Қафқоз то Осиёи Марказй ва басту густариши ҳамкориҳои ду ва чандчониба миёни кишварҳои ғарбй ва чумҳуриҳои Шуравии собиқ, таъсиргузории Маскав дар таҳаввулоти қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил беш аз ҳар замони дигаре заъиф шудааст ва ин раванд ҳамчунон идома дорад.Нотавонии ин ниҳод дар расидагй ба мушкилоти мавчуд дар равобити аъзо, тамоили масъулони кишварҳо барои ширкат дар барномаҳои онро коҳиш додааст.Бо таваччуҳ ба ин, Русия баъд аз он ки натавонист бо аҳрамҳои иқтисодй нуфузи худро дар қаламрави Шуравии собиқ ба таври лозим ҳифз кунад, бар он шуд, ки аз абзорҳои амниятй кор гирад.Ташдиди фаъолиятҳои гуруҳҳои тундрав дар Афғонистон ва фазосозй дар мавриди таҳдиди ин гуруҳҳо ба амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, фурсате ба вучуд овард, ки Маскав зарурати чойгиркунии пойгоҳҳои низомии худ дар Осиёи Марказй ва тақвияти ҳамкориҳои амниятии аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро бар шарикони худ илқо ва таҳмил кунад.Дар ҳамин росто Паймони амнияти чамъй шакл гирифт, ки таъсиси неруҳои вокуниши сареъ дар чорчуби ҳамин паймон, тасдиқе бар чиддияти Русия дар ин замина буд.Дар шароити кунунй Маскав бо ташдиди иқдомоти расонайи дар мавриди фаъолшавии ифротгароёни исломй, дар Осиёи Марказй, ба вижа дар водии Фарғона, бар он аст, ки барномаҳои амниятии худро ба кишварҳои минтақа таҳмил кунад ва бо аҳрамҳои амниятй — низомй нуфузи худро дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳифз кунад ва тавсаъа бахшад.Албатта бахши энержй аз дигар нигарониҳои Маскав дар идора кардани умури қаламрави пасошуравй аст, ки низ ҳамроҳ бо дастаи азиме аз масоил ва вижагиҳост. Аз чумлаи омилҳое ки монеъ аз мувафаққияти Русия дар пешбурди барномаҳояш дар дохили Иттиҳоди давлатҳои мустақил шуда, ташдиди рақобат миёни қудратҳои Ғарб ва Шарқ дар ин қаламрав мебошад.Ҳамин мавзуъ ва дар канори он коҳиши эътимоди кишварҳои узв ба садоқати Маскав дар пойбандй ба уҳдадориҳояш, фарзияҳоро дар мавриди фурупошии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, беш аз ҳар замони дигаре ба воқеият наздик кардааст.Амре ки ба гумони ғолиб идомаи он, сарнавиште назири Иттиҳоди шуравиро барои Иттиҳоди давлатҳои мустақил рақам хоҳад зад.