Узбакистон ва Туркманистон дар роҳи ҳамгаройи


Сойтҳои мухталиф дар Узбакистон ва Туркманистон аз сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Узбакистон дар баҳори имсол хабар доданд.Бар пояи ин гузоришҳо пешбинй мешавад, ки тайи ин сафар ва дидору гуфтугуҳои мақомоти олирутбаи ду кишвар, санадхои муҳим дар заминаи густариши равобит миёни Ишқобод — Тошканд ба имзо расад.Бо таваччуҳ ба ин, гуфта мешавад сафари Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ба Тошканд нуқтаи муҳиме дар раванди ҳамкориҳо миёни Туркманистон ва Узбакистон хоҳад буд.Албатта ин сафар чавоб ба сафари Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон аст, ки дар моҳи октябри соли 2010 анчом шуд. Дар чорчуби сафари Ислом Каримов чанд санади ҳамкорй миёни ду тараф ба имзо расид, ки тафоҳумномаи ҳамкорй дар бахшҳои фарҳангй — башардустона дар давраи солҳои 2011 — 2013 аз муҳимтарини ин аснод буд.Ҳамчунин дар рузҳои сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон дар шаҳри Дашогози Туркманистон чашнвораи дустии халқҳои узбак ва туркман баргузор гардид. Дар мачмуъ дар мавриди сафари рузҳои 18-20 октябри соли 2010 Ислом Каримов ба Ишқобод бояд гуфт, раиси чумҳури Узбакистон тайи даҳ моҳи ахир ду бор ба Туркманистонро сафар кард.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гази Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъҳои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро (Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб (Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Бо ин ҳол масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Пушиши хабарии ин сафар дар ду кишвар баёнгар аз он буд, ки ду раиси чумҳур бо ҳам дуст шуданд. Сафари ахири Ислом Каримов ба Ишқобод аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки бо ҳар роҳи мумкин худро ба Курбонгулй Брдимуҳаммадов наздик кунад.

Қобили зикр аст, ки равобити дипломатй миёни Тошканд ва Ишқобод аз 7 феврали соли 1993 барқарор шуд ва тайи муддати болиғ бар 17 сол Узбакистон ва Туркманистон ҳамкориҳои бидуни таниш бо ҳам доштанд.То ин дам миёни ду тараф беш аз 120 қарордод ва тафоҳумнома дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст, ки аз ин чумла 26 санад тайи чаҳор соли охир ба имзо расидааст.

Дар соли 2010 мубодилаи тичорй миёни ду кишвар 229 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл 42 дарсад афзоишро нишон медиҳад.Пешбинй мешавад, дар шашумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Туркманистон ва Узбакистон, ки қарор аст рузҳои 14-15 феврали соли чорй дар Тошканд баргузор шавад,роҳҳои тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳо миёни ду тараф баррасй шавад. Сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Тошканд дар шароите анчом мешавад, ки Осиёи Марказй ба таври камсобиқае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Давлати Тошканд, ки дар равобит бо ин қудратҳо пайваста мавозеи мутағаййиреро интихоб кардааст, дар идомаи ин раванд, ниёз ба бархе пуштибонй ва мусоидатҳои кишварҳои минтақа дорад.Ба вижа дар шароите ки Ғарб ба таври чиддй масъалаи пайдо кардани чойгузин барои гози Русияро дунбол мекунад, дар бархурд ба ин мавзуъ Тошканд ба ҳамоҳангиҳо бо Ишқобод ниёз дорад.Зеро Туркманистон дорои манобеи саршори гози табии аст ва мавозеъи он метавонад бар руи қимати содироту воридоти ин колои муҳими санъатй, таъсиргузор бошад. Аз суи дигар наздик шудан бо Ишқобод ин имконро барои Тошканд фароҳам хоҳад кард, ки дар мудирияти бархе масоили минтақайи аз Казоқистон ба унвони рақиби суннатии худ дар ичрои нақши раҳбарй дар Осиёи Марказй, пешй бигирад.Дар як нигоҳи ичмолй, сафари отии Қурбонгулй Бедимуҳаммадов ба Тошкандро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард.

Мизони эътимоди Русия ба кишварҳои Осиёи Марказй


Рафту омадҳои беш аз маъмули мақомоти кишварҳои ғарбй ба Осиёи Марказй ва Чанубй аз як су ва баргузории нишастҳои мухталифи ниҳодҳои таҳти нуфузи Русияи фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ аз суи дигар, баёнгар аз ин воқеъият аст, ки ин минтақа дар чанбаъҳои густурдае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Фуру рафтани Ғарб дар ботлоқи Афғонистон, ки дар бархе ҳолатҳо ёдовари сарнавишти Шуравии собиқ аст, авзои минтақаро ба гунае печида намудааст, ки ҳар иқдоме тавассути бозигарони саҳна метавонад сарнавиштсоз воқеъ шавад.Бо таваччуҳ ба ин, ҳарчанд эълом нашудааст, аммо Ғарб ба фикри он чи ки «хуручи шарофатмандона аз минтақа» унвон мекунад, афтодааст.

Дар ин росто кишварҳои ғарбй тамоми талоши худро ба кор гирифтаанд, то ақибнишиниашон аз Афғонистон на шикаст, балки вогузории идораи корҳо ба масъулон ва мардуми Афғонистон тавсиф шавад.
Дар ин миён Русия, ки аз шикасти Ғарб дар Афғонистон бим дорад, зеро ҳама буҳронҳои мавчуд дар Афғонистон ба марзҳои чанубии ин кишвар нуфуз хоҳанд кард, барномаеро руи даст гирифтааст, ки аз фурсати кунунй амалй кардани ҳадафҳои худ дар минтақа, кор гирад.
Таҳаррукоти Маскав дар баргузории нишастҳои чорчониба бо Афғонистон, Покистон ва Точикистон баёнгар аз он аст, ки Русия дар пайи тадвини системи чадиди равобит дар минтақа бар омадааст.Баргузории нишастҳои чорчонибаи сарони Русия, Покистон, Точикистон ва Афғонистон моҳи июли соли 2009 дар Душанбе ва августи соли 2010 дар Сочй, ки бо ибтикори Маскав сурат гирифт, собит намуд, кохи Кремл дар идомаи сиёсатҳои роҳбурдии худ, ки иваз кардани шарикон дар марҳалаҳои ҳассос аз чумлаи шигардҳои он аст, бар он шудааст муносиботи худ бо ҳар як аз ин кишварҳоро бар асоси иақозои манофеи худ шакл диҳад. Нуктаи чолиби таваччуҳ дар ин фароянд, руйкарди чадиди Маскав ба Исломобод аст.Тайи болиғ бар ним қарни гузашта, Ҳиндустон аслитарин шарик ва муттаҳиди Маскав дар муодилоти минтақа буд ва Кремл дар сиёсатҳои худ ҳамеша манфиатҳои Деҳлии навро дар назар мегирифт. Ба иборате, равобити Русия ва Покистон аз зовияи манофеи Ҳиндустон тарроҳй ва ичро мешуд. Аммо ҳамакнун дар пайи вориди чархаи сиёсатҳои Амрико шудани Ҳиндустон, ки дар замони Чорч Буш оғоз шуд, миёни Маскав ва Деҳлии нав фосила эчод шуд ва дар ҳолатҳое манофеи ду кишвар дар муқобили ҳам қарор гирифт.Аз ин ру Русия Покистонро ба худ чалб кард, то нақши фаъолтаре дар муодилоти минтақа дошта бошад.Вуқуъи сел дар Покистон ва ниёзи ин кишвар ба кумакҳои башардустона, беҳтарин шароит барои чомаи амал пушидани ҳадафҳои Русия буд ва Маскав ин фурсатро аз даст надод.Дар нишасти чаҳорчонибаи Сочй (августи 2010)ироаи кумакҳои фаврй ба селзадагони Покистон, дар меҳвари гуфтугуҳо қарор дошт.Аз суи дигар, ба бунбаст расидани барномаҳои Ғарб дар Афғонистон ва афзоиши ҳисси амрикоситезй дар миёни мардуми ин кишвар, фурсатеро эчод кард, ки Русия битавонад ба нақшофаринй дар раванди таҳаввулоти Афғонистон бипардозад. Ҳамин мавзуъ мақомоти точикро, ки ҳамвора мавзеи худро дар қиболи Русия ва Ғарб тағйир медиҳанд, то ҳадде мутақоид кард, ки ҳамчунон бозигари аслй дар минтақа Маскав аст.
Бо ин ҳол наметавон гуфт, ки Русия ин бор шарикони худро барои як муддати тулонитаре интихоб кардааст, зеро иқдоми Маскав дар таъсиси фармондеҳии фаврй — стротегй таҳти унвони «Марказ» дар Екатеринбург (чануб шарқи Русия)баёнгар аз он аст, ки Русия ҳамчунон аз марзҳои чанубии худ эҳсоси хатар мекунад.Фармондеҳии «Марказ», ки аз тобистони имсол ба таври расмй оғоз ба кор кард, аз чумла иборат аз 6 пойгоҳи ҳавойи, 6 гурдони мушакй мебошад, ки беш аз 160 ҳавопаймо, чет ва чархбол доранд.Тачҳизоти мутаалиқ ба фармондеҳии мазкур дар навъи худ охирин дастовардҳои фании муҳандисони низомии рус мебошанд.Ба эътиқоди низомиёни Русия фармондеҳии фаврй — стротегии «Марказ», кумак-захираи Паймони амнияти чамъй мебошад.Зеро дар Маскав бар ин боваранд, ки авзоъ дар Осиёи Марказй наметавонанд мавриди эътимод бошад ва суботу оромиши ин минтақа ҳамчунон шикананда боқй мондааст. Маҳофили низомии русй ба давлатҳои Бишкек ва Душанбе чандон эътимоде надоранд ва бар ин боваранд, ки Қирғизистон ва Точикистон давлатҳое мебошанд, ки ҳануз комил нашудаанд ва дар сиёсатҳои низомии Русия чойгоҳи ончунонй надоранд ва танҳо арзиши ин ду кишвар дар он аст, ки лашкари 201 дар Точикистон ва пойгоҳи ҳавойи дар «Кант» (Қирғизистон), ки низ мутаалиқ ба фармондеҳии фаврй — стротегиии «Марказ» мебошанд, мустақар аст.Дар ин росто Туркманистон низ хорич аз муҳосиботи Русия аст ва сиёсати бетарафии ин кишвар ҳаргиз дар чорчуби манофеи Маскав набудааст.
Қазоқистон ягона кишваре дар минтақа мебошад, ки бо Русия марзи муштарак дорад ва Маскав барои равобит бо ин кишвар аҳамияти вижае қоил аст.Аз нигоҳи низомй неруҳои низомии Қазоқистон пурзуртар аз неруҳои фармондеҳии фаврй — истротежики «Марказ» мебошанд ва аз омодагии волои низомй бархурдоранд. Дар Осиёи Марказй Қазоқистон танҳо кишвари мавриди эътимоди Маскав дар масоили сиёсй ва низомй мебошад. Аммо Узбакистон дар муодилоти сиёсй — низомии Русия тақрибан чойгоҳе надорад, зеро ҳозир нест дар тарҳҳои низомии Маскав дар минтақа мушорикат кунад. Аз суи дигар Тошканд ба масъалаи истиқрори теъдоди маҳдуди низомиёни русй дар чануби Қирғизистон, бархурди душманона дорад. Ва аммо аз нигоҳи низомиёни Русия он чй ба равобити байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй бармегардад, он аст, ки равобит миёни Қазоқистон ва Узбакистон сард аст. Қирғизистон ва Точикистон аз ҳамсояи ғарбии худ (Узбакистон) ба таври чиддй дар ҳаросанд.Узбакистон бо Туркманистон низ ихтилофҳое дорад. Дар як чамъбандии гузаро метавон гуфт, ки фармондеҳии фаврй — стротегии «Марказ» амре бархоста аз нигарониҳои Русия аз ниҳияи суботу амният дар Осиёи Марказй мебошад.Бар асоси баровардҳои коршиносони низомии Русия, адами муваффақияти Ғарб дар Афғонистон мучиб хоҳад шуд, ки ифротгароён ба Осиёи Марказй нуфуз хоҳанд кард.Ба бовари коршиносони низомии рус дар чунин ҳолат водии Фарғона бештар аз дигар манотиқ осебпазир аст ва сар задани кучактарин низои қавмй дар ин чо, Осиёи Марказиро ба чаҳаннам табдил хоҳад дод, ки нахустин пайомади он суқути давлатҳои Тошканд, Душнабе ва Бишкек хоҳад буд.
Бо чунин андешаҳое фармондеҳии «Марказ» таъсис шудааст, то дар мавриди зарурй битавонад аз марзҳои чанубии Русия дифоъ кунад.Таъсиси ин фармондеҳй ба он маъно аст ки аз ин ба баъд Русия дар равобит бо давлатҳои Осиёи Марказй иқдомҳои чиддитаре ичро хоҳад кард. Аммо набояд нодида гирифт, ки амалкарди дигар бозигарони минтақа метавонад дар сиёсатҳои осиёимарказии Кремл таъсиргузор бошад.

Осиёи Марказй ва мушкилоти марзй миёни кишварҳо

Дар шароите, ки дар Афғонистон барномаҳои Ғарб ба саркардагии Амрико ба бунбаст ру ба ру шудаанд, Осиёи Марказй ба унвони минтақаи стротегй барои Ғарб беш аз ҳар замони дигаре аҳамият касб кардааст. Кишварҳои Осиёи Марказй, ки марзҳои тулонй бо Афғонистон доранд, бо мавзеъгириҳои худ, дар дурнамои барномаҳои Ғарб дар Афғонистон ба таври қобили мулоҳиза таъсиргузор шудаанд. Аз суи дигар, қудратҳои Ғарб ва Шарқ дар чорчуби рақобатҳои худ барои соҳиб шудан ба манобеи саршори энержии Осиёи Марказй, кишварҳои ин минтақаро дар чорроҳаи интихобҳои душвор қарор додаанд. Ба иборати дигар дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон, интихоби шарикон барои кишварҳои Осиёи Марказй кори соддае нест ва ин амр дар баробари фоидаҳои муваққатии худ, барои ҳар як аз ин кишварҳо зарару зиёнҳоеро дар пай хоҳад дошт. Воқеият ин аст,ки бо касби истиқлоли худ аз Иттиҳоди Шуравй дар аввалҳои солҳои 90 қарни гузашта, давлатҳои Осиёи Марказй дар сиёсатҳои хоричии худ аз истиқлоли амали чандоне бархурдор набудаанд ва дар ин замина ҳамеша манофеи ин ё он қудрати фароминтақайиро дар назар мегирифтанд.Таъсиргузорй дар сиёсатҳои давлатҳои Осиёи Марказй тавассути қудратҳои мухталиф ё аз тариқи додани кумакҳои молй ва ё ба коргирии фишор ва таҳдид будааст. Дар чунин шароите вучуди ихтилофот миёни кишварҳои Осиёи Марказй беҳтарин абзоре будааст, ки қудратҳои судчу бо истифода аз он, ҳалафҳои худро осонтар дунбол кардаанд. Аз чумлаи ин ихтилофот масъалаҳои марзй миёни ин кишварҳо аст.

Авзоъ дар равобити бйниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй дар солҳои 90 қарни гузаштаи милодй, дар пайи афзоиши тамоилоти қишрҳои камдаромади чомеа ба чунбишҳои тундрави исломй дар Узбакистон, ба таври бесобиқае мутташаннич шуд.Давлати Тошканд дар талош барои ҳифзи контрули авзоъ, фишор ва сиёсатҳои хафақон дар чомеаро ташдид кард.Натича он буд, ки мухолифони Узбакистон бо ҳар роҳи мумкин по ба фирор аз кишвар ниҳоданд ва дар қаламрави Афғонистон ба манзури руёруйи бо давлати Ислом Каримов, дастаҳои мусаллаҳ ташкил доданд. Дар соли 1999, дар пайи инфичорҳое ки қалби Узбакистон, шаҳри Тошкандро ларзонд ва талоши чангчуёни ҳаракати исломии Узбакистон барои нуфуз ба қаламрави ин кишвар аз тариқи хоки Қирғизистон, авзоъ дар водии Фарғона ва дар мачмуъ дар Осиёи Марказй буғранч ва печида шуд.Маҳз дар ҳамон марҳала буд, ки мушкили марз дар миёни кишварҳои Осиёи Марказй ба миён омад.Албатта заминаи ин мушкил ҳануз дар замони Шуравй ва дар пайи марзбандиҳои беадолатона, аммо огоҳонаи сарони вақти комунист, фароҳам шуда буд.Фақат кофист ёдовар шавем, ки дар қаламрави Қирғизистон се маҳдудаи узбакнишини марбут ба Узбакистон ва дар қаламрави Узбакистон ҳафт маҳдудаи қирғизнишин мавчуд аст.Дар ин замина авзоъ дар дарраи Фарғона беш аз ҳар мантақаи дигар осебпазир аст.
Мушкили марзй миёни Узбакистон ва Точикистон низ вучуд дорад.Дар вилояти Суғди Точикистон, дар рустои Равот, ноҳияи Конибодом чанд маҳдудаи узбакнишин мавчуд аст, ки ба унвони маншаъи ихтилофоти оянда арзёбй мешаванд. Ин масъала ахиран дар пайи он ки марзбонони узбак бо симхор ин русторо ба ду бахш тақсим ва кишоварзонро аз дастрасй ба киштзорҳояшон маҳрум карданд, печидатар шудааст. Мушкилоти марзй миёни Точикистон ва Қирғизистон дар рустои Ворух низ вучуд дорад.Бо ин ҳол мушкили чиддй дар масоили марзй миёни Узбакистон аз як тараф ва Қирғизистону Точикистон аз тарафи дигар мебошад.Ин мавзуъ ба вижа дар водии Фарғона, ки аз нигоҳи мавқеъияти чуғрофиёи ва манобеи табии барои ҳар кадом аз кишварҳои минтақа дорои аҳамият аст,печидатар мебошад. Дар ин миён Узбакистон дар ростои ҳалли масъалаҳои марзй ва ба манзури он чи таъмини амнияти марзҳои худ унвон кард, дар як иқдоми берун аз урфи дипломатй ва то чое таҳқиромез дар нисбати ҳамсоягони хеш,марзҳоро бе огаҳии пешакй минкорй намуд ва аз оғози соли 2000 ба таври якчониба барои шаҳрвандони Қирғизистон ва Точикистон режими раводид чорй кард. Мавчи аввали ихтилофот дар масоили марзй миёни чумҳуриҳои Осиёи Марказй дар соли 2000, замоне ки Узбакистон, ба манзури он чи тақвияти марзҳои хеш унвон кард, даст ба минкории марзҳо зад, оғоз шуд.Мавчи дуввум ва нисбатан шадиди ин ихтилофот дар солҳои 2005 — 2006, дар пайи саркуби эътирозоти мардумй дар Андичон (майи соли 2005), ки боиси фирори паноҳандагони узбак ба қаламрави Қирғизистон шуд, ба вуқуъ пайваст.Хамон замон буд, ки Тошканд иддао кард, Бишкек дар омузиши террористони узбак даст дорад. Чунин мавзеъгирй равобити ду кишвари ҳамсояро ба таври бесобиқае тираву тор намуд.Албатта, ихтилофоти марзй миёни Узбакистон ва Қазоқистон низ вучуд доштанд ва доранд.Аз чумла дар ноҳияи Мактаарали устони Қазоқистони чанубй ҳануз минтақаи мавриди баҳс миёни ду кишвар вучуд дорад.Аммо дар пайи сафари Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон ба Тошканд (соли 2006), робитаҳои ду тараф ба ҳолати оддй дар омад.Дар ҳамин дидор буд, ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби суханбозиҳои ҳамешагии худ, ҳамтои қазоқи худро дусти самимй хитоб кард.Аммо ин ҳақиқат барои касе пушида нест, ки Каримов дар роҳи табдил шудан ба раҳбари Осиёи Марказй, Нурсултон Назрбоевро монеи аслй медонад.
Дар мачмуъ масоили марбут ба марзҳо ба унвони як манбаъи низоъҳои эҳтимолй, ҳамчунон ояндаи робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳолае аз ибҳом қарор дода, суботу амнияти шиканандаи ин митақаро беш аз ҳар замони дигаре осебпазир намудааст. Ҳамин масъала дар шароите, ки кишварҳои ғарбии ишғолгари Афғонистон дар ростои заъиф кардани чойгоҳи Русия, ба унвони рақиби аслии худ, талош доранд нооромиҳои Афғонистонро ба Осиёи Марказй мунтақил кунанд, бештар аҳамият пайдо кардааст.Ҳарчанд беҳтарин роҳи ҳалли мушкилоти байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй ба ибтикори амали худи ин кишварҳо вобаста аст, аммо сиёсатҳои қудратталабонаи Ислом Каримов аз як су ва рақобат миёни Каримов ва Назарбоев барои касби нақши раҳбарй дар минтақа , аз суи дигар чунин фурсатеро камранг намуда, заминаи дахолати бегонагон дар корҳои давлатҳои Осиёи Марказиро фароҳам кардаанд. Амре ки ҳеч пайомади мусбат на барои мардумони ин минтақа ва на барои давлатҳои он ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.

Идомаи бахсхо миёни Точикистон ва Узбакистон


Нигоҳе ба раванди таҳаввулот дар Осиёи Марказй, ба вижа шебу фароз дар равобити ду ҳамсоя — Точикистон ва Узбакистон, баёнгар аз он аст, ки ин минтақаи стротегй ба таври бесобиқае ба конуни буҳронҳо табдил шудааст.Ихтилофи назар ва мавзеъҳои мухталифи кишварҳои Осиёи Маракзй дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи обй, ононро ба самти табдил шудан ба рақибони сарсахт ҳаракат медиҳад.Дар пайи номаи эътирозй ва таҳдидҳои нахуствазири Узбакистон ба Оқил Оқилов — ҳамтои точикаш, акнун теъдоде аз донишчуёни узбак вориди амал шудаанд, то дар баробари ҳамсояи худ қудратнамои кунанд.Бар асоси гузоришҳои манобеи узбак, ҳудуди як ҳазор нафар донишчуён дар донишгоҳи Тирмиз, шаҳри ҳаммарз бо Точикистон тачаммуъ намуда, алайҳи корхонаи алюмини точик эътироз карданд.Ин афрод муддаъй шуданд, ки корхонаи алюмини точик ба муҳити зист таъсири ногувор гузошта, боиси паҳншавии бемориҳои мухталиф дар миёни аҳолии навоҳии Сариосиё, Узун ва Деҳнав дар вилояти Сурхондарё, Узбакистон шудааст.Эътирозкунандагон тасмим гирифтанд дар ин маврид ба созмонҳои марбутаи байналмилалй шикоят хоҳанд кард.

Ин эътироз дар рузе сурат гирифт, ки корхонаи алюмини точик 35-умин солгарди таъсиси худро тачлил мекард ва чунбиши экологии Узбакистон иқдоми худро барномарезишуда анчом дод, то битавонад чалби тавччуҳ ва ҳимояти ниҳодҳои байналмилалиро касб кунад.Иқдоми зиддиточикистонй дар кишвари ҳамсоя дар ҳоле шакл гирифт, ки аз муддатҳо қабл беш аз як ҳазор вагон колоҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон тавқиф шудаанд.Мақомоти узбак иллати ин тавқифро ҳачми беш аз андозаи ҳамлу нақл аз тариқи роҳи оҳани ин кишвар унвон кардаанд.Бино ба гуфтаи ин мақомот интиқоли коло ва тачҳизоти кишварҳои аврупойи ба Афғонистон боис шудааст, ки убури вагонҳои Точикистон ба кундй сурат мегирад.Аммо мақомоти Душанбе ин иддаоҳоро рад карда амалкарди масъулони узбакро иқдоми сиёсй унвон карданд, ки дар ростои дар инзиво қарор додани Точикистон анчом мешавад.Дар ин маврид вазорати умури хоричаи Точикистон бо фарохонии сафири Узбакистон маротиби эътирози худро ба у баён намуд.Аз суи дигар, Оқил Оқилов, нахуствазири Точикистон, ки чиҳати суханронй дар Созмони миллали муттаҳид ба Ню Йорк рафта буд, дар нишасти хабарй,аз амалкарди Тошканд интиқод кард.Нахуствазири Точикистон иброз дошт, ки тайи ду моҳи ахир Узбакистон бо ҳар баҳонае аз ҳаракати вагонҳо ба самти Точикистон пешгирй мекунад ва ин амр масъалаи таъмини аҳолй, корхона ва ҳатто ҳавопаймоҳо бо энержй ва сухтро ба мушкили чиддй мувочеҳ кардааст. Оқил Оқилов таъкид кард, ки беш аз 70 дарсади чамъияти Точикистон дар манотиқи рустои ба сар мебаранд ва камбуди сузишворй қабл аз ҳама ба онон осебҳои чиддй ворид мекунад.Вай ёдовар шуд, ки қаблан мақомоти узбак сабаби тавқифи вагонҳои Точикистонро осеб дидани роҳи оҳани ин кишвар дар пайи боронҳо унвон карданд, аммо баррасиҳои мо нишон дод, ки ҳеч осебе ба роҳи оҳани ин кишвар нарасида буд.Нахуствазири Точикистон иқдомҳои берун аз урфи дипломатии Тошкандро вокуниши Узбакистон дар қиболи барномаҳои гидроэнергетикии Душанбе, ба вижа такмили неругоҳи Роғун тавсиф кард.
Нахуствазири Точикистон дар нишасти хабарии худ дар Амрико бо ишора ба ин ки 60 дарсад аз манобеи обии Осиёи Марказй дар қаламрави Точикистон шакл мегирад,сохтани неругоҳҳои барқи обиро танҳо роҳи ҳаллу фасли масъалаи энержй дар ин кишвар унвон кард, ки ҳатто Афғонистонро аз буҳрони энержй раҳо хоҳад кард.Оқил Оқилов афзуд, Тошканд баҳона пеш меорад, ки сохти неругоҳи Роғун танзими об дар минтақаро ба ҳам зада, Узбакистонро ба камбуди об дар бахши кишоварзй мувочеҳ мекунад, аммо чунин иддао ҳеч асоси мантиқй ва илмй надорад.
Нахуствазири Точикистон дар посух ба ин пурсиш, ки оё СММ метавонад масоили об дар Осиёи Марказиро ҳаллу фасл кунад, гуфт,албатта чунин коре имконпазир аст ва СММ бо истифода аз чойгоҳи худ метавонад ин мавзуъро баррасй ва одилона ҳаллу фасл намояд.
Ҳамин тавр иахтилофи назар миёни ду кишвари Узбакистон ва Точикистон дар холе ташдид шудааст, ки ҳарду тараф ба пуштибонии кишварҳои ғарбй ва ниҳодҳои байналмилалй аз мавозеи худ, умед бастаанд.Ба эътиқоди бархе коршиносон, дар ин замина шонси Узбакистон бештар аст, зеро ин кишвар дар айни ҳол ба далели бархурдорй аз манобеи нафту газ ва ҳамкории густурда бо кишварҳои ғарбй дар масоили Афғонистон, мавриди ҳимояти бештари қудратҳои ғарбй қарор дорад. Ҳимояти сафири Олмон дар Душанбе аз мавзеи Тошканд дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии Осиёи Марказй тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост.Карори маълум Олмон дар шаҳр Термизи Узбакистон неруҳои худро мустақар кардааст ва метавонад аз фурудгоҳи ин шаҳр барои ичрои барномаҳои худ дар Афғонистон истифода кунад.Тачрибаи Амрико, ки дар пайи интиқод аз амалкарди мақомоти узбак дар саркуби тазоҳуркунандагони Андичон дар соли 2005, мачбур ба ихрочи низомиёнаш аз пойгоҳи Хонобод шуд, ин дарсро барои тамоми кишварҳои ғарбй дод, ки ҳузури неруҳояшон дар Узбакистон машрут ба тарафдории бечуну чаро аз сиёсатҳои давлати Тошканд ва ё ҳадди ақал дахолат накардан дар умури дохилии ин кишвар, ба вижа дар масоиле назири демократия ва озодиҳои шаҳрвандй мебошад.Мавзеъгириии сафири Олмон дар қиболи масъалаҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй низ аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.
Аз суи дигар Сергей Иванов, маовини нахуствазири Русия, ки ахиран ба Тошканд сафар карда буд, иброз дошт, ки кишвараш дар масъалаҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказй аз мавзеи Узбакистон ҳимоят мекунад.Вай гуфт, эҳдоси неругоҳҳо дар ин минтақа бояд бо ризояти тамоми кишварҳо сурат гирад.Кабл аз ин, дар моҳи январи соли 2009 Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия тайи сафари худ ба Узбакистон, таъкид кард, ки бе ризояти ҳамаи кишварҳо, набояд ҳеч неругоҳе дар кишварҳои минтақа эҳдос шавад.Сергей Лавров, вазири хоричаи Русия низ моҳи декабри соли 2009 дар сафаре, ки ба Узбакистон дошт, аз мавзеи ин кишвар дар эҳдоси неругоҳҳои обй дар Осиёи Марказй ҳимоят кард.Аммо Игор Шувалов, маовини аввали нахуствазири Русия, ки моҳи марти соли 2010 ба Душанбе сафар карда буд, мавзеи нисбатан муътадилтаре дошт ва гуфт ниёзҳои Точикистон ва Қирғизистон ба неруи барқ бояд таьмин карда шавад.Бо ин ҳол ин мақоми русй низ мавзеи Русияро,ки лиҳози манофеи ҳамаи кишварҳо дар баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикии минтақа унвон кард, тазаккур дод.
Кишварҳои Осиёи Марказй,ки мардумонашон аз муштаракоти фаровоне бархурдоранд, дар пайи сафоройиҳои чадиди давлатҳои ин минтақа, дар ҳолатҳое дар муқобили ҳам қарор гирифтаанд.Дар шароити кунунй ин мавзуъ беш аз ҳар кишвари дигаре дар робитаҳои Узбакистон ва Точикистон ба мушоҳида мерасад.Номаи таҳдидомези нахуствазири узбак ба ҳамтои точики худ,тазоҳуроти донишчуён дар Термиз алайҳи корхонаи алюмини точик ва интиқоди намояндагони порлумони Узбакистон аз сиёсатҳои зистмуҳитии Точикистон ҳокй аз он аст, ки ду ҳамсоя дар масири табдил шудан ба ду рақиби сарсахт пеш мераванд.Чунин шароите фурсати муносибе барои кишварҳои фароминтақайи фароҳам кардааст, то роҳаттар дар умури дохилии кишварҳои минтақа дахолат кунанд ва аҳдофи хешро, ки ба ҳеч вачҳ ба манфиати мардумони Осиёи Марказй нест, дунбол кунанд.

Сафари Ҳолбрук ба Точикистон ва Узбакистон


Бар асоси гузоришоте, ки расонаҳои мухталиф мунташир намуданд, Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон, ҳафтаи оянда ба Душанбе ва Тошканд сафар хоҳад кард.Ин мақоми амрикойи қарор аст бо масъулони Точикистон ва Узбакистон масоили марбут ба равобити фимобайн ва авзои Афғонистонро мавриди баҳсу баррасй қарор диҳад.


Сафари фиристодаи вижаи Амрико ба ду кишвари Осиёи Марказй дар шароите анчом мешавад, ки як ҳайати олирутбаи мақомоти точик, ки дар садри он Ҳамрохон Зарифй, вазири корҳои хоричаи ин кишвар қарор дорад, дар Амрико ба сар мебарад ва то имруз дидору гуфтугуҳои зиёде миёни намояндагони ду кишвари Точикистон ва Амрико баргузор шудааст. Бино ба гуфтаи манобеи вазорати корҳои хоричаи Точикистон, дар ин дидорҳо дурнамои ҳамкориҳои стротегии ду тараф,аз чумла дар қиболи масоили Афғонистон дар меҳвар қарор доштааст.Аз он ру сафари Ҳолбрук ба Душанберо метавон дар ростои идомаи ҳамин ройзаниҳо арзёбй кард. Ин дар ҳолест, ки бархе расонаҳо қабл аз сафари ҳайати Точикистон ба Вашингтон авзои сиёсй — иқтисодии минтақа, ичрои тарҳҳои гидроэнергетикй ва ҳамлу нақлро аз аслитарин масъалаҳои мавриди баҳс дар музокироти мақомоти Душанбе — Вашигтон баршумурданд. Ҳамрохон Зарифй дар бораи барномаи сафари худ ба Амрико гуфта буд, қасд дорад тарҳи сохти хати роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон(Мазори шариф) — Точикистон ва хати лулаи газ дар ҳамин масир, ҳамчунин тезонидани равнди сохти хати интиқоли барқи Қирғизистон – Точикистон — Афғонистон — Покистон бо номи САSА-1000-ро ба тарафи амрикои пешниҳод кунад.Вай ҳамчунин иттилоъ дода буд, ки баҳрабардорй аз манобеи оби минтақа, сохтани неругоҳи Роғун, замонати ҳуқуқии фаъолияти ширкатҳо ва сармоягузориҳои Амрико дар Точикистон аз дигар масоиле ҳастанд, ки бо мақомоти амрикои баррасй хоҳанд шуд.
Аммо он чи ба сафари Ричард Ҳолбрук ба Узбакистон бармегардад, таваччуҳи вижаи Амрико ба ин кишвар ба унвони шарики аслй дар амалй шудани барномаҳои Ғарб дар Афғонистон мебошад. Ҳарчанд Узбакистон дар конфронси Лондон, ки ба баррасии масоили Афғонистон ихтисос дошт, ширкат накард, аммо фосила гирифтани ин кишвар аз Маскав ва наздикшавии он ба Амрико як ҳақиқатест, ки маҳофили мухталиф ба он ишора мекунанд. Чанде қабл, рузи 28 январ, ҳамзамон бо ифтитоҳи канфронси Лондон, Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон санадеро таҳти унвони «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» имзо кард. Имзои ин санад тасодуфй набуд, балкй ҳосили сафари моҳи октябри соли 2009 Роберт Блейк, ёвари вазири хоричаи Амрико ба Тошканд ва ройзаниҳои мақомоти ду тараф дар 17-18 декабри ҳамон сол дар Вашингтон буд. Ин санад иборат аз 40 маврид масоили аз чумла марбут ба бахши дифоъ ва амният мебошад ва боздиди ҳайати вижаи вазоратхонаҳои умури хорича ва дифоъи Амрико барои ташхиси ниёзҳои артиши Узбакистон ба силоҳ ва муҳиммот ва интиқоли ин тачҳизот ба Узбакистон дар чорчуби барномаи «Сармоягузории хоричии низомй»ро пешбинй мекунад.Омузиши кадрҳои низомй ва афсарони артиши Узбакистон дар муассисаҳои пешрафтаи Амрико аз дигар бахшҳои санади мазкур мебошад.Бахши аъзами санади «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» ба ҳамкориҳои ду тараф дар Афғонистон ихтисос дорад.Афзоиши тронзити коло ба Афғонистон тавассути қаламрави Узбакистон ва дар ин росто ичрои тарҳи роҳи оҳани Хайратон — Мазори шариф низ шомили ҳамин бахш мебошад.
Табиист, ки бо наздик шудан ба Вашингтон, Душанбе ва Тошканд ба фосилаи худ бо Маскав хоҳанд афзуд.Нуктаи муштарак дар ин иқдоми ду кишвари ҳамсоя он аст, талош доранд ҳар он чиро ки аз Маскав ба даст наоварданд, аз Вашингтон ба даст биоваранд.Дар ин миён Узбакистон интизороти бештаре аз наздикшавй бо Амрико дорад ва иқдомоти Маскавситезии он мавриди таваччуҳ ва истиқболи бештари Вашингтон қарор дорад. Қарори маълум Узбакистон танҳои кишвари узви Паймони амнияти чамъй аст, ки ба таъсиси неруҳои вокуниши сареъ таҳти фармондеҳии Русия, мухолифат кард. Ҳамчунин Тошканд иқдоми Маскав барои таъсиси пойгоҳи чадиди низомй дар Қирғизистонро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Аз суи дигар Узбакистон дар марз бо ҳамсоягони худ ҳамеша низоъҳои мухталифро саҳнасозй мекунад.Чунин иқдомоти Тошканд ба нафъи Вашингтон аст, ки дар садад аст нуфузи геополитикии худ дар минтақаро тавсаъа бахшад ва бадеҳист хилофи манофеи Русия аст. Бар асоси санади ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико пешбинй мешавад, ки артиши Узбакистон ба тадрич бо силоҳ ва муҳимоти амрикои мучаҳҳаз хоҳад шуд.Ин ба он маънист, ки дар ояндаи наздик Маскав бозори таслиҳоти худ дар Узбакистонро аз даст хоҳад дод.
Равобит ва ҳамкориҳо миёни Амрико ва Узбакистон дар соли 2005, баъд аз он ки давлати Чорч Буш иқдоми Тошканд дар саркуб ва қатлиоми тазоҳуркунандагон дар Андичонро мавриди интиқодҳои шадид қарор дод, ба сардй гароид.21 ноябри ҳамон сол бо дастури Тошканд пойгоҳи низомии Амрико дар Хонобод таътил шуд. Бо руи кор омадани Барак Обама Вашингтон ва Тошканд бар он шуданд, ки дар равобити худ бознигарй кунанд, амре ки авзои минтақа заминаҳои онро фароҳам намуд.
Ҳамакнун ба назар мерасад, ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд бар ин умеданд, ки Вашингтон дар масъалаи чанчолбарангези истифода аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи марказй аз манофеи онҳо дифоъ хоҳад кард. Дар ин замина Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба таври расмй эълом кард, ки аз манофеи Узбакистон дифоъ мекунад. Аммо имзои қарордод миёни Русия ва Қирғизистон дар мавриди сохтани неругоҳи Қамбарота, эътимоди Тошкандро ба садоқати Маскав ба таври камсобиқа коҳиш дод.Точикистон низ пас аз амалй нашудани ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларии Русия дар иқтисоди ин кишвар, дигар ба ваъдаҳои Маскав эътимоде надорад. Ба иборати дигар дар айни ҳол шароит ба нафъи Амрико пеш меравад. Аммо набояд нодида гирифт, ки Маскав ҳаргиз ҳозир нахоҳад шуд кишвари дигаре, ба вижа Амрико дар он чи ки минтақаи суннатии нуфузи худ медонад, чойи по пайдо кунад. Аз ин ру минтақаи Осиёи Марказй обистани иқдомоти чавобии Кремл аст, ки дар ояндаи на чандон дур шоҳиди натичаҳои он хоҳем буд.

Hуфузи иттилоотии Узбакистон дар кишварҳои ҳамсоя

Гузоришҳои мунташира аз Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки Узбакистон дар чорчуби барномаҳои стротегии худ ба истилоҳ «таҳочуми иттилоотй» ба ҳамсоягонро густариш додааст. Бар асоси тахкикоти коршиносони киргиз, давлати Тошканд бо истифода аз адами пушиши иттилоотии манотиқи ҳаммарз тавассути шабакаҳои радио — телевизионии кишварҳои ҳамсоя, бо тақвияти фиристандаҳо амвочи телевизионии шабакаҳои саросарии Узбакистонро ба осонй дар ин манотиқ пахш ва сиёсатҳои худро ба гунае эхсос нашаванда тахмил мекунад.Ин фиристандаҳо ба ҳадде қавй ҳастанд, ки ҳатто пахши барномаҳои телевизионии Точикистон ва Қирғизистонро дар манотиқи марзии ин кишварҳо ба мушкил мувочеҳ кардаанд.Аз ин чост ки мардуми ноҳияҳои ҳаммарз бо Узбакистон новобаста аз майлу иродаи худ барномаҳои телевизионии Узбакистонро тамошо мекунанд.Ин дар ҳолест, ки ду кишвари Точикистон ва Қирғизистон ба далели надоштани имконот, тавони пахши барномаҳои телевизионии худ дар манотиқи дурафтодаро надоранд.Ва хамин мавзуъ боис шудааст, ки кишвари хамсоя вориди амал шавад.
Бар асоси оморҳои замони Шуравй дар Қирғизистон узбакҳо ҳудуди 14 дарсади чамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.Узбакҳои Қирғизистон умдатан дар чануби ин кишвар ва чудо аз дигар манотиқи маскунй зиндагй мекунанд.Риштакуҳҳои Тён Шон, ки ин манотиқро иҳота кардаанд, ба унвони садде дар баробари амвочи телевизионии шабакаҳои Қирғизистон маҳсуб мешаванд.Аз суе узбакҳои Қирғизистон ба далели каммуҳтавойии барномаҳои қирғизй, тамоили чандоне ба шунидан ва дидани барномаҳои радио — телевизионии Қирғизистон надоранд ва ҳамеша барноамҳои Узбакистонро афзалият медиҳанд.Чунин вазъ дар Точикистон низ ба мушоҳида мерасад, ба гунае ки дар бозорҳои шаҳри Хучанд, навору СД-ҳои овозхонони узбак таблиғ мешаванд ва таронаҳои узбакй баландтар аз таронаҳои точикй садо медиҳанд.


Бар асоси оморҳои расмии мунташира, дар Қирғизистон 69 рустои дурафтодаи ин кишвар аз дарёфти барномаҳои телевизионии Бишкек маҳруманд.Мақомоти Бишкек аз он бим доранд, ки Узбакистон бо нуфуз дар фазои иттилоотии навоҳии ҳаммарз, сиёсатҳои худро ба шаҳрвандони Қирғизистон таҳмил ва заминаи султаи худ дар қаламрави ҳамсоягонро фароҳам кунад. Ин масъала дар шароите, ки сохтани неругоҳҳои барқи обй дар рудхонаи Норин муносиботи Бишкек — Тошкандро таҳти шуъо ва ду кишвари ҳамсояро дар муқобили ҳам қарор додааст, бештар аҳамият касб намудааст.Ин эҳтимол тақвият шудааст, ки Узбакистон аз ақалияти узбактабори Қирғизистон дар ростои мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳи Қамбарота истифода кунад, амре ки метавонад водии Фарғонаро ба конуни низоъҳои қавмй дар минтақа табдил кунад.Бо дарки чунин хатаре дар порлумони Қирғизистон масъалаи тачовузи иттилоотии Узбакистон ба манотиқи ҳаммарзи ин кишвар чандин бор мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Дар Қирғизистон ин воқеиятро эътироф мекунанд, ки сифати барномаҳои телевизионии Тошканд беҳтар аз барномаҳои телевизиони Бишкек аст, аз ин ру масъулони қирғиз бар он шудаанд, ки ин нуқсонро рафъ кунанд.Аммо дар мархалаи кунунй давлати Бишкек аз имконот ва зарфиятҳои лозим барои муқобила бо он чи ки «тачовузи иттилоотии Узбакистон» унвон мешавад, бархурдор нест.
Баррасиҳо нишон медиҳанд, барномаҳои телевизиони Узбакистон то чое бар афкори умумии чавомеи манотиқи ҳамчавор таъсир кардаанд,ки имруз кудакони хонаводаҳои узбаки муқими Қирғизистон Исалом Каримовро ба унвони раиси чумҳури худ мешиносанд.Дар соли 2001 Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар гузорише «тачовузи иттилоотии Узбакистон»-ро таҳдиде чиддй ба амнияти миллии кишвар арзёбй ва давлатмардони Бишкекро даъват намуд дар баробари ин таҳдид чораҳои фаврй андешанд.Дар ин гузориш ишора шуда буд, ки надоштани дастрасии аҳолии манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон ба расонаҳои марказй, мардумро дар инзивои иттилоотй қарор додаст ва ин амр арсаро барои расонаҳои фурсатталаби кишвари ҳамсоя боз намудааст.
Тибқи оморҳои чанд соли қабл дар Точикистон ҳудуди як миллион нафар узбак зиндагй мекунад, ки бахши умдаи онҳо дар шимоли кишвар, дар устони Суғд, ҳамчунин дар навоҳии ҳамчавори чануб, назири Шаҳритус, Кубодиён ва Турсунзода мустақар ҳастанд.Баъд аз касби истиқлоли Точикистон ва оғози чанги таҳмилии шаҳрвандй, теъдоди қобили таваччуҳе аз узбактаборони Точикистон ба Узбакистон муҳочират карданд.Аммо аксари ин муҳочирон таҳти фишори мақомоти маҳаллии узбак ба Точикистон боз гаштанд.Бархе аз доираҳои коршиносии Гарб ин иқдоми Узбакистонро дар ростои аҳдофи стротегии давлати Тошканд дар минтақа арзёбй карданд, ки тавсаъаи нуфуз ва чойгоҳи забону фарҳанги узбакй аз он чумла аст.Хануз дар замони Шуравй заъфи барномаҳои радио — телевизионии Душанбе дар таҳти пушиш қарор додани манотиқи дурафтодаи кишвар машҳуд буд ва фақат 80 дарсади қаламрави Точикистон аз дарёфти амвочи радио ва ба вижа телевизиони марказй бархурдор буд.Имруз низ ин вазъ беҳбуди чандоне пайдо накардааст ва манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон умдатан барномаҳои телевизионии Тошкандро тамошо мекунанд.Агар аз як су тасвирҳои ношаффофи барномаҳои телевизиони марказ омили ин амр тавсиф шавад, аз суи дигар сифатии пойини барномаҳои телевизионҳои маҳаллй ва марказии точик шаҳрвандони узбак ва ҳатто ғайриузбаки ин кишварро ба тамошои барномаҳои телевизиони Тошканд ташвиқ кардааст.Назарсанчиҳои ичмолй баёнгар аз он аст, ки филмҳои дублашуда ва барномаҳои пурмуҳтавои телевизиони Узбакистон, ба вижа барои кудакон ва чавонон омилони аслии чалби таваччуҳи мардум ба ин шабакаҳо ҳастанд.
Нуктаи чолиб дар масъалаи тамошои барномаҳои телевизионй он аст, ки ҳам дар Қирғизистон ва ҳам Точикистон узбактаборони ин кишварҳо ба он гунае ки мебояд, худро шаҳрвандони ин кишварҳо эҳсос намекунанд ва як дилбастагии ниҳоние ба Узбакистон ба унвони ватани аслиашон доранд. Дар пойтахти Точикистон, дар аксари фурушгоҳҳое, ки соҳибонашон узбак ҳастанд ба таври ғайримустақим ва ғайри қобили эҳсос метавон ба ин вокеият пай бурд ва узбактаборони муқими Душанбе тамоили чандоне ба иттилорасонии васоити ахбори Точикистон надоранд, ниёзи худ дар ин заминаро тавассути моҳвора ва бо тамошои барномаҳои шабакаҳои туркй ва узбакй бароварда мекунанд.Чунин вазъе дар Қирғизистон низ ба мушоҳида мерасад.
Барномаҳои телевизиони Узбакистон дар шароите ба фазои иттилоотии Қирғизистон ва Точикистон соя афкандаанд, ки бино ба арзёбиҳои ниҳодҳои байналмилалй, васоити ахбори умум дар Узбакистон таҳти назорати шадиди давлат буда, кучактарин интиқод ва эътироз дар нутфа саркуб мешавад.Аз арзёбиҳои анчомшуда бармеояд, ки хадамоти махсуси давлати Тошканд дар як барномарезии дарозмуддат тасаллут бар фазои иттилоотии минтақаро дар дастури кор қарор додааст, то аз ин тариқ роҳаттар ба хостаҳои худ даст ёбад ва иттилорасониро ба гунае ки манфиатҳои Узбакистон тақозо мекунад, ба роҳ монад. Дар ҳамин робита як манбаи наздик ба сохторҳои амниятии Точикистон, ки аз зикри номаш худдорй кард, иброз дошт,теъдоди қобили мулоҳиза аз афроде, ки ба иттиҳоми узвият дар ҳаракати исломии Узбакистон дар Қирғизистон ва Точикистон боздошт шудаанд, бо сохторҳои амниятии Узбакистон хамкорй доранд.
Бо таваччуҳ бапай омадҳои ногувори нуфузи иттилоотии кишвари ҳамсоя давлати Бишкек аксуламалҳое нишон дода, барноами муқобила бо ин падидаро руи даст гирифтааст. Аммо дар Точикистон зоҳиран ба ин мавзуъ аҳамияти чандоне намедиҳанд.Албатта расонаҳои ин кишвар борҳо дар ин замина ҳушдорҳое додаанд, вале вокунишҳои ончуноние дар қиболи ин ҳушдорҳо ба амал наомадааст