Иттиҳоди кишварҳои форсизабон

Дар пайи ҳушдори Чумҳурии Исломии Эрон, давлати Тошканд теъдоде аз вагонҳои Точикистонро ба истилоҳ аз ҳабс озод кард.Садҳо вагони дорои масолеҳи сохтмонй, маводи ғизойи, сузишворй ва тачҳизот барои неругоҳи «Сангтуда- 2» ба қаламрави Точикистон расиданд ва аз чумла фаъолиятҳо дар тарҳи муҳими неругоҳи «Сангтуда-2» аз сар гирифта шуд. Мақомоти эронй дар шарҳи ҳушдори худ ба Узбакистон гуфтанд, ки ин корро барои ҳимоят аз манофеи Точикистон анчом доданд.

Дар ҳушдори Теҳрон ба Тошканд гуфта мешуд, ки дар сурати идомаи монеътарошй дар убури вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон, Эрон тронзити мошинҳо ва вагонҳои Узбакистон ва қаламравашро маҳдуд хоҳад кард.Ин ҳушдор қасри ҳубобии худхоҳиҳои мақомоти узбакро ба ларза даровард ва ба онон ёдовар шуд, ки дар дунёи имруз ҳануз неруҳое ҳастанд, ки аз ҳақ ва адолат пуштибонй мекунанд ва дар баробари зулму қонуншиканиҳо қад алам мекунанд.
Бидуни иғроқ, ин иқдоми башардустона ва навъдустонаи Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар қудрат ва чойгоҳи Эронро ба унвони кишвари таъсиргузор дар муодилоти байналмилалй, ба намоиш гузошт. Аз суи дигар, бори дигар собит шуд, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон дар вазъияти кунунии минтақа ва чаҳон,як амре ичтинобнопазир аст.Зеро нигоҳе ба мавқеияти се кишвари форсизабони Афғонистон, Эрон ва Точикистон ба хубй нишон медиҳад, ки имруз ин кишварҳо дар баробари як чанги эъломнашуда ва табъизҳои золимона қарор гирифтаанд.Ишғоли Афғонистон тавассути неруҳои низомии кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико ба баҳонаи мубориза бо терроризм, таҳмил кардани фишорҳои бе ҳадду марз бар Эрон ба баҳонаи талош барои сохти силоҳи атомй ва муҳосираи иқтисодии Точикистон ба баҳонаи харобии роҳи оҳани Узбакистон, ҳама баёнгар аз он аст, ки неруҳои бадхоҳ сафарбар шудаанд, то бо ҳар роҳи мумкин форсизабононро аз равнақу пешрафт ва шукуфойи боздоранд.
Дар ин миён Чумҳурии Исломии Эрон бештар мавриди фишорҳои Ғарб қарор дошт.Бо барқарории низоми Чумҳурии Исломй дар сарзамини Эрон дар соли 1979, дунёи истикбор дар як чабҳаи воҳид дар муқобили ин низоми навпо сангар гирифт.Нахустин зарба ба манзури аз байн бурдани Чумҳурии Исломии Эрон, таҳмили як чанги 8 сола ба ин кишвар буд.Дар соли 1980 режими баъсии Ироқ таҳти сарварии Саддом Ҳусейн бо таҳрики Амрико ва дигар қудратҳои султачу ба Эрон ҳамла кард, аммо миллати эрон дар як чанги нобаробар, бар душмани қудратманди худ, ки мавриди ҳимоятҳои густурдаи қудратҳои Шарқу Ғарб буд, пируз шуд.Ин пирузии Чумҳурии Исломй фақат бар Ироқи баъсй набуд, балкй пирузии як низоми навпои исломй бар чаҳони истикбор буд.Гузашта аз ин тайи беш аз 30 сол баъд аз пирузии инқилоби исломй, Эрон мавриди таҳримҳои беадолатона қарор гирифт.Аммо бар хилофи интизороти душманони Эрон, ин кишвар на танҳо аз ин таҳримҳо осебе надид, балкй ин иқдом боис шуд миллати эрон дар бисёре аз бахшҳо ба худкафойи даст ёбад. Имруз Эрон дар бисёре аз бахшҳои санъатй, илмй, фановарй, кишоварзй, нонотекноложй, пизишкй ва … дар мақоми аввали Ховари Миёна қарор дорад.Ба иборати дигар, ҳамин таҳримҳо боис шуд, то Эрон бо такя ба зарфият, имконият, дониш ва тавонойиҳои худ, аз вобастагй ба кишварҳои хоричй раҳо шавад.Дар шароити кунунй ин тачрибаи Эрон метавонад намунаи ибрати муносиб барои Точикистон бошад.Дар ҳоле ки вобастагиҳои энержй ва иртиботй ба кишварҳои ҳамсоя, латмаи зиёде ба пешрафту тараққии Точикистон ворид мекунад, фаъол кардани зарфиятҳои дохилй ва чустани роҳҳои бурунрафт аз ин вазъ метавонад заминаи рушду пешрафти Точикистонро фароҳам кунад.Дар ин миён сохтани роҳҳои иртиботй ба хорич ва берун аз қаламрави Узбакистон дар авлавият қарор дорад, амре ки Чумҳурии Исломии Эрон барои амалй шудани он эъломи ҳамкорй намудааст. Бо чунин руйкарде метавон гуфт, таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон як заруратест, ки бархоста аз манофеи муштарки се кишвари Афғонистон, Эрон ва Точикистон мебошад.
Албатта дар ин замина то имруз иқдомҳои зиёде сурат гирифтаанд ва ҳануз дар даҳаи 90 милодй дар нишасти сечонибаи оқоён Рафсанчонй, Раббонй ва Раҳмонов дар шаҳри Душанбе, нахустин гуфтугуҳо дар ин замина сурат гирифтанд.Аммо, акнун шароити имрузи минтақа ва чаҳон эъчоб мекунад, ки се кишвари дорои забон, дин, фарҳанг ва таърихи муштарак дар ҳифзи арзишҳо ва манофеи муштараки худ бештар кушо бошанд.Барои ин се кишвар собит шуда, ки дар чиҳати ҳифзи манофеи худ ба умеди дигарон буданд чуз зиён ва гирифториҳои бештар, ҳосиле ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Ба вижа дар пайи хорич кардани Эрон аз довталабии узвият дар Созмони ҳамкории Шонгҳой, ҳимоятҳои ошкори Маскав аз манофеи Тошканд дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй ва иқдомоти Ғарб барои музокира бо гуруҳ Толибон дар Афғонистон, собит шуд, ки як Иттиҳоде барои се кишвари форсизабон зарурй аст.Албатта метавон бидуни ташкили созмон ё ниҳоде низ ҳадафҳои худро дунбол кард, аммо ташкили Иттиҳод масъулиятҳо ва вазифаҳоро мушаххастар бозгу мекунад. Бо таваччуҳ ба тавоноиҳои билқувваи Эрон дар бахши иқтисодй ва ниёзҳои мубрами Точикистон ва Афғонистон ба ҳамкорй ва кумакҳои иқтисодй таъсиси як ниҳоде дар ростои тавсаъаи ҳамкориҳои иқтисодй миёни Теҳрон-Кобул-Душанбе метавонад оғозе муносиб дар шаклгирии Иттиҳод бошад. Дар ин замина баҳори соли 2008 вазирони хоричаи се кишвари форсизабон дар Душанбе ба тавофуқҳои аввалия даст ёфтанд. Тачрибиёт ва пешрафтҳои Эрон дар бахши иқтисод ва манобеи саршори табиъии мавчуд дар Афғонистон ва Точикистон, ҳамчунин мавқеъияти чуғрофиёйии ин се кишвар, ояндаи дурахшоне аз ҳамкориҳои иқтисодиро замонат медиҳад. Дар ин миён набояд нодида гирифт, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон мухолифони сарсахти худро дар минтақа ва берун аз он дорад.Аз чумла, Русия ба унвони меросхури Шуравй, ба ҳеч вачҳ намехоҳад ҳар гуна иттиҳод ё созмоне бе мушорикати у дар ин қаламрав шакл гирад.Маскав чунин иқдомеро хилофи манофеи худ дар минтақа медонад, зеро аз густариши нуфузи Эрон дар минтақаи стротргии Осиёи Марказй бим дорад. Монеътарошй дар роҳи узвияти Чумҳурии Исломии Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки хорич аз иродаи Маскав набуда, дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Аз суи дигар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ мухолифи ташкили иттиҳоди се кишвари форсизабон аст, чунки Вашингтон мехоҳад бо ҳар роҳи мумкин Эронро дар инзиво қарор диҳад ва аз густариши нуфуз ва чойгоҳи Теҳрон дар минтақа ва чаҳон пешгирй кунад.Музокироти низомиёни амрикойии мустақар дар Афғонистон бо Толибон ва барномаҳои мушорикат додани онон дар идораи давлати Кобул, ҳамчунин афзоиши кумакҳои мухталифи Вошингтан ба Душанбе, аз ҳамин зовия қобили тааммул аст.
Аз суи дигар монеъаҳои дохилии мавчуд дар бархе аз ин кишварҳои форсизабонро низ набояд нодида гирифт.Аз чумла ҳануз бархе доираҳо дар Душанбе аз он ҳарос доранд, ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти исломгаройи дар чомеъа шавад.Чунин ақидаҳои воҳй аз чумлаи сабабҳоест,ки Точикистонро дар аз миён бардоштани раводид бо Эрон сардаргум кардааст.То ҳануз роҳандозй нашудани шабакаи телевизионии форсизабонон далели дигари вучуди бархе ихтилофи дидгоҳҳо мебошад, ки сарони се кишвар дар талошанд ҳарчй сареътар онҳоро рафъ кунанд. Сарфи назар аз ин ҳама, сарони се кишвари форсигу борҳо дар нишастҳои худ таъкид кардаанд, ки ҳамкориҳои онон ба ҳеч вачҳ алайҳи ҳеч кишваре нахоҳад буд ва дар ростои тавсаъа ва таҳкими ҳамгароиҳои ҳарчй бештар дар минтақа сурат мегирад. Амре ки кишварҳои минтақаро аз вобастагиҳо ба қудратҳои судчуи фароминтақайи раҳо хоҳад кард. Аз суи дигар дар дунёи имруз таъсиси иттиходияхо ба як амре маъмулй табдил шудааст ва кишвархо дар ростои бароварда намудани ниёзхои худ иттиходияхо таъсис мекунанд. Иттиходияи Аврупо, Иттиходияи араб, Иттиходи туркзабонхо ва.. аз хамин чумлаанд.

То кай миллати точикро таҳқир ва туҳмат мекунанд?

Таҳаввулоти рузҳои чории Қирғизистон баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки дар марҳалаи кунунй ин кишвари Осиёи Марказй ба унвони саҳнаи руёруйиҳои қудратҳои Шарқу Ғарб барои озмудан имконият ва тавони хеш дар ростои ба даст овардани раҳбарии минтақа ва чаҳон интихоб шудааст.

Бино ба навиштаи Дэниел Гринфилд, ки сайти интернетии centrasia.ru мунташир кардааст, тағйири қудрат дар Бишкек бо дахолати мустақими Маскав сурат гирифт ва акнун русҳо бо истифода аз ҳамон шеваи ҳамешагии худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои қавмй, дар пайи он ҳастанд, ки фурсатро фароҳам кунанд ва дар нақши ягона начотдиҳандаи мардуми мазлуми минтақа, тачовузи навбатии худ ба ин қаламравро шакл диҳанд.
Аз навиштаҳои ин муаллиф бармеояд, ки дар ин росто имрузҳо хадамоти вижаи Русия бо интишори матолиб дар расонаҳои таҳти нуфузи худ ва бо истифода аз хабарнигорони муздур, саъй бар он дорад, ки дар водии Фарғона чангро миёни узбакҳо, қирғизҳо ва точикҳо ба роҳ андозад.Нашри ахбори бе банду бор дар расона ва вебсойтҳои мухталиф дар бораи мушорикати шаҳрвандони Точикистон дар куштори аҳолии вилоятҳои Чалолобод ва Уш дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Нахустин хабар дар мавриди мушорикати точикҳо дар куштори мардум дар вилояти Уш тавассути Қувват Байболов, маовини аввали вазири амнияти миллии Қирғизистон мунташир шуд.Ин масъули қирғиз эълом намуд, ки хонаводаи Боқиев аз ҳисоби шаҳрвандони Точикистон гуруҳҳои вижа созмон додаанд ва ба манзури муташаннич кардани авзоъ мардуми бедифоъро мекушанд. Ҳарчанд Байболов иддао кардааст, ки ба истинод ба эътирофоти афроди боздоштшуда ин ҳарфҳоро мегуяд, аммо исме аз шаҳрвандони Точикистон, ки даст ба куштор задаанд, набурдааст.Албатта рузи 16 июн ин масъули қирғиз ин суханонро такзиб кард ва дар мусоҳиба бо радиои Озодй таъкид кард, ки бо хабаргузории ИТАР ТАСС дар ин маврид ҳеч гуна мусоҳибае анчом надодааст.
Сайти интернетии fergana.ru низ бидуни зикри исме, аз шаҳрвандони Точикистон ва ба истинод ба як тамоси телефонй, ки маълум нест пушти хат кй буда, иддао кардааст, точикон ба сифати тирандоз(снайпер) мардумро мекуштанд.Ин сойт навиштааст, бешаз 10 тан аз ин тирандозон кушта шуданд ва часадҳои онон дар бемористони Уш нигаҳдорй мешавад.Аммо на аксе ва на исме аз ин афрод чоп накардааст. Аркадий Дубнов, шореҳи рузномаи «Время новостей» низ дар суҳбат ба радиои «Эхо Москви» гуфт:» ман бо тамоми масъулият иброз медорам, дар ин бондҳо афроде ширкат доштанд, ки дар чанги шаҳрвандии Точикистон аз тарафи чабҳаи халқй ё мухолифони точик чангида буданд». Ин хабарнигор дар идома гуфтааст:»шаҳрвандони Точикистон аз Русия ба Қирғизистон фиристода шуданд ва сафорати Точикистон дар Маскав низ дар ин кор шарик аст».
Ин ҳама гузоришҳо баёнгар аз он аст, дар шароити кунунй неруҳое дар водии Фарғона вориди амал шудаанд, ки дар ин минтақаи ҳассос чанги қавмиро созмон диҳанд ва ба ҳадафҳои нопки худ даст ёбанд.Аммо бояд эътироф кард, ки ин низоъҳоро шояд битавон ба осонй роҳандозй кард, вале раванди он дигар дар ихтиёри созмондиҳандагон нахоҳад буд.
Дар миёни неруҳое, ки низоъи қавмиро дар Қирғизистон заминасозй мекунанд, Аркадий Дубнов бештар аз бақия фаъол аст.Аз навишатҳои ин хабарногор бармеояд, ки огоҳона ва бар асоси барномарезии дарозмуддат дар ростои афрухтани оташи чанг миёни миллатҳои ҳамсояи узбак ва точик, ҳамчунин узбак ва қирғиз фаъолият мекунад.Албатта барои ироаи омору рақамҳои дақиқ дар ин замина, бояд навиштаҳои уро мурур кард, аммо ниёзе ба ин нест, чунки мардуми минтақа ба шеваи нигариш ва нигориши Дубнов ва ҳамкешони у ошноанд. Бо ин вучуд фақат ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд, Дубнов навишта буд, ки Ислом Каримов бо раиси чумҳури Точикистон мулоқоти ру дар ру нахоҳад дошт ва фақат дар нишастҳои умумй бо Раҳмон дидор хоҳад кард.Вай ҳамон гуна, ки дар мавриди ҳузури точикон дар кушторҳои Қирғизистон гуфта буд: «ман бо тамоми масъулият иброз медорам»…, дар ин бора низ бо ҳамон ба истилоҳ масъулият хабарсозй ва агар дурустар бигуем, фазосозй карда буд.
Ҳадафи Дубнов он буд, ки қабл аз вуруди раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой, фазои сард дар равобити Тошканд — Душанберо сардтар чилва диҳад.Аммо ҳамон гуна ки сойтҳои расмии ҳам Узбакистон ва ҳам Точикистон хабар доданд, Ислом Каримов ва Эмомалй Раҳмон дар дидори як ба як бисёре аз масоили мавчуд дар равобити ду кишварро баррасй карданд ва ба тавофуқҳое низ даст ёфтанд.Ичозаи ҳаракати наздик ба ду ҳазор вагони Точикистон, аз чумлаи ҳосили ин дидор буд.
Ба назар мерасад роҳандозии таблиғоти зиддиточикй дар Қирғизистон бе робита ба тазоҳуроти точикони муқими ин кишвар дар баробари сафорати Узбакистон дар Бишкек набошад.Дар он тазоҳурот ки 27 майи соли чорй баргузор шуд, як гуруҳ аз точикони муқими Қирғизистон аз масъулони узбак талаб намуданд, ки ба муҳосираи иқтисодии Точикистон поён диҳад.
Мушохидахо нишон медиханд, ки хадафи хар гуна тахқир ва тухматхо қарор гирифтани точикон аз бехимоятии онон сарчашма мегирад.Харчанд ахиран вазорати корхои хоричии Точикистон дар баробари суханони тахкиромези Жириновский вокуниши сахт нишон дод, аммо чунин иқдомот кам анчом шуда, то охир пайгирй нашудаанд. Ин бор афроде мисли Дубнов хатарноктар аз хамеша даст ба кор шудаанд, то миллати точикро ба куштан диханд. Ин икдом метавонад хазорон точикро дар қаламрави шуравии собик ба куштан дихад ва бе муболига тахдиди чиддиест ба тамомияти арзии Точикистон. Аз ин ру сохторхои дахлдори Точикистон боястй чиддитар ва котеъонатар аз хамеша вокуниш нишон диханд ва ин фитнаангезихоро дар нутфа саркуб кунанд, то миллати точик битавонад масири сулху созандагиро бо эътимоду боварии бештар идома дихад.

Xатари вукуи чанг миёни қудратҳо дар водии Фарғона

Дар ҳоле ки авзои кишвари Қирғизистон руз ба руз печида мешавад, дар маҳофили коршиносй ва таҳлилй ин савол матраҳ аст, ки оё ин ҳама таҳаввул дар чорчуби талошҳои Маскав барои эҳёи нуфуз ва чойгоҳи худ дар Осиёи Марказй шакл мегирад? Албатта дар ибтидои тағйири қудрат дар Бишкек, Русия эълом кард, ки ҳеч дахолате дар корхои дохилии Кирғизистон надорад, аммо амалкарди мақомоти ин кишвар (тамоси телефонии Владимир Путин, нахуствазири Русия фардои тағйири қудрат дар Бишкек — 8 апрел — бо сарони давлати чадид ва ба расмият шинохтани давлати Роза Отунбоева тавассути Димитрий Медведев раиси чумҳури Русия, додани кумаки 20 миллион долларй ба давлати чадиди Қирғизистон), баёнгар аз ба навъе зери назари Кремл будни ин ҳама тағйиру таҳаввул аст.
Воқеият он аст, ки Димитрий Медведев раиси чумҳури Русия дар идомаи сиёсатҳои Владимир Путин,салафи худ, бар он шудааст, ки Маскавро ба он чое ки манотиқи суннатии нуфузи Русия таъбир мешавад, бозгардонад.

Дар чорчуби ҳамин сиёсат Русия қасд дорад, зимни бозгаштани қудратмандона ба Осиёи Марказй, давлатҳои камтаваччуҳ ба манфиатхои Маскавро аз сахна бардорад ва ба ҳар роҳи мумкин арсаро барои рақибони худ, маҳдуд кунад. Ин мавзуъ ба вижа дар шароите, ки дар пайи ишғоли Афғонистон тавассути Амрико, муттаҳидонаш ва НАТО, Осиёи Марказй аҳамияти бештаре дар сиёсатҳои қудратҳои ғарбии ҳозир дар Афғонистон касб кардааст,ба авлавияти сиёсатҳои хоричии Маскав табдил шудааст.Зеро акнун Русия дар чиҳати ҳифзи манофеи худ аз як су ногузир ба рақобат ба шарикони худ назири Чин, аз суи дигар руёруйии чиддй бо Иёлоти Муттаҳида Амрико аст.Мавзуи рақобат бо Амрико баъд аз он ки Пентагон эълом кард, дар панч чумҳурии Осиёи Марказй таъсисоти вижаи худро бино хоҳад кард, акнун ба таври чиддитаре дар сиёсатгузориҳои хоричии Маскав пайгирй мешавад. Қобили зикр аст, ки бар асоси ин тарҳ Пентагон — вазорати дифоъи Амрико тасмим гирифтааст дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказй таъсисоти стротегии дифоъй месозад.Дар ин миён тарҳи сохтани маркази омузишии амалиёти зиддитеррористй дар чануби Қирғизистон густурдатар аз бақия аст, ки дар вилояти Ош чойгир хоҳад шуд.Арзиши ин тарҳ аз 5 то 10 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.Барои сохтани таъсисот дар Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон низ ҳудуди 5 миллон долларй харч хоҳад шуд. Барои Точикистон ду тарҳ ба маблағҳои 5 миллион ва 10 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.Пентагон эълом кардааст, ки ин тарҳҳо дар чорчуби мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ичро мешаванд.
Нуктаи чолиб дар амалй шудани тарҳҳои Пентагон дар Осиёи Марказй он аст, ки барои пешгирй аз ҳассосиятҳои Маскав гуфта мешавад, таъсисоти мавриди назар дар ҳамкорй ва ҳамоҳангй бо давлатҳои Осиёи Марказй такмил хоҳанд шуд.Аз чумла Пентагон эълом кард:»Бо хоҳиши ҳукумати Қирғизистон мо 5,5 миллион доллар чиҳати бозсозии маркази омузишҳои низомй дар атрофи шаҳри Уш ихтисос додем. Ин марказ барои омузиши неруҳои мусаллаҳи қирғиз дар назар гирифта шудааст».Ин дар ҳолест, ки дар вазорати дифоъи Қирғизистон ҳеч иттилоъе дар бораи тарҳҳои Пентагон дар кишварашон надоранд. Бо ин ҳол нахустин иттилоот дар мавриди тарҳҳои Пентагон дар Осиёи Марказй рузи 7 июн дар сайти Federal Buziness Opportunities мунташир шуд, ки дар он гуфта мешуд дар минтақаи Қаратоғи Точикистон марказй миллии тамринҳои низомй сохта хоҳад шуд.
Дар соли 2009 Русия дар мавриди сохтани пойгоҳи низомй дар чануби Қирғизистон эъломи омодагй намуда буд, аммо дар пайи эъломи тарҳи Пенатгон дар мавриди таъсиси маркази омузишии зиддитерористй дар ин минтақа, аз ин барнома сарфи назар кард.Гузоришҳои мунташира рочеъ ба ин мавзуъ баёнгар аз он аст, ки ихтилофи назар миёни Маскав ва Бишкек дар мавриди маҳалли таъсиси пойгоҳи низомии Русия, иллати аслии амалй нашудани он буд.Маскав мехост ин пойгоҳ дар вилояти Уш эчод шавад, аммо Бишкек исрор дошт Боткен, дар наздикии марзи Узбакистон, маҳалли сохти пойгоҳи низомии Русия бошад.Ин мавзуъ мухолифатҳои шадиди Тошкандро низ ба ҳамроҳ дошт. Тарҳҳои Пентагон дар мавриди тақвияти ҳузури худ дар Осиёи Марказй дар шароите мунташир шуд, ки Маскав ошкору пинҳон аз суқути давлати Боқиев хушҳолй мекард. Акнун дар шароите, ки авзои Кирғизистон руз ба руз муташаннич мешавад, Русия ва дигар бозигарони минтақа, аз чумла Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар талошанд мусоидатҳои лозимро анчом диҳанд, то раванди таҳаввулот аз дасти Бишкек хорич нашавад.Зеро вучуди субот шарти аввали дар амал татбик шудани аҳдофи ҳар кадом аз даъвогарони ҳузур дар ин кишвар мебошад. Дар ин росто Маскав дар пайи фурсати муносиб чиҳати чойгиркунии неруҳои низомии бештар дар Кирғизистон аст.Ҳарчанд дар пайи густариши доманаи даргириҳо дар чануби Кирғизистон, ки ба кушта ва захмй шудани садҳо қирғиз ва узбак анчомид, Маскав дархости давлати муваққати Бишкек дар мавриди кумаки низомиро рад кард, аммо давлатмардони рус дар пайи фароҳам шудани шароите ҳастанд, то битавонанд ба унвони ягона начотдиханда вориди қаламрави Қирғизистон шаванд. Зеро ба хубй медонанд, ки вориди амал шудани низомиёни рус дар шароити кунунй, ононро бештар тачовузгар нишон хоҳад дод на неруҳои сулҳбон. Ин мавзуъ дар шароите, ки талошҳо аз ҳар тараф барои ба даргириҳои қавмй табдил додани нооромиҳои Кирғизистон сурат мегирад, бештар аҳамият дорад.Аз омори талафоти ин даргириҳо бармеояд, ки дар вилоятҳои Чалолобод ва Уш қирғизҳо ва узбакҳои маҳаллй ба чони ҳам афтодаанд.Аммо хабаргузориҳо ба нақл аз Кубат Байболов, муовини вазири амнияти Қирғизистон иттилоъ доданд, ки тарафдорони Боқиев бо муздур кардани шаҳрвандони бекори Точикистон ин хунрезиҳоро ба роҳ андохтанд, то аз оби гилолуд м0моҳй гиранд. Ба иборати дигар барномаҳое ба марҳалаи ичро гузошта шудаанд, ки дарраи Фарғона бори дигар ба саҳнаи чангҳои қавмй табдил шавад.Агар таҳаввулот ба ин самт пеш раванд, аз дасти ҳеч неруи сулҳбон коре сохта нахоҳад шуд, чун бидуни шакку шубха ин даргириҳо бо даргириҳо дар қаламрави Афғонистон гиреҳ хоҳанд хурд, ки оқибатхои онро намешавад ба соддагй пешбинй кард. Зеро дар чунин ҳолате чанг миёни қудратҳо дар водии Фаргона оғоз хоҳад шуд, чанге ки ғолиби комил нахоҳад дошт ва ин мардумони минтақаанд, ки миллёнхо нафар кушта, захмй ва овора хоҳанд шуд. Бо тачриба дар чанги Афғонистон, Русия ва Амрико, ҳамчунин дигар қудратҳои ғарбй ба хубй медонанд, ки чангҳои қавмй роҳи ҳалли низомй надоранд.Аз ин ру талош хоҳанд кард дар контрули авзоъ бо ҳар роҳи мумкин ба давлати муваққати Бишкек кумак кунанд. Аммо бо таваччуҳ ба ин ки қудратҳои ҳозир дар Қирғизистон аз гуруҳҳо ва неруҳои мухталиф дар ин кишвар пуштибонй мекунанд, ноил шудан ба ин ҳадаф ба мушкили чиддй ру ба ру хоҳад шуд.Ин мавзуъ сарнавишти ҳузури Русияро рақам хоҳад зад.Зеро яке аз ҳадафхои Русия дар Осиёи Марказй, табдил шудан (ё вонамуд кардани худ)ба неруи бетараф дар ҳалли мушкилоти байни кишварҳои ин минтақа мебошад.

Чаро Аҳмадинажод ба Душанбе омад?

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси Чумҳури Исломии Эрон баъд аз ширкат ва суханронй дар «Конфаронси ҳамкорй ва таҳкими эътимод дар Осиё» дар Истонбули Туркия, бомдоди 9 июн ба Душанбе омад, то дар дигар нишасти байналмилалй ҳузур ёбад. Раиси чумҳури Эрон танҳо мақом дар чунин сатҳе буд, ки дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар шаҳри Душанбе ширкат намуд.

Суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин нишаст, ки бо ташаббуси Точикистон ва пуштибонии Созмони миллали муттаҳид дар чорчуби барномаи рушди ҳазора баргузор шуд, дорои паёме муҳим ба аҳли нишаст ва ҳамаи чаҳониён дар мавриди чиддй гирифтани масъалаи истифода аз об буд. Оқои Аҳмадинажод беадолатиҳо ва суиистифодаҳои қудратҳои султачу аз масоили муҳими дунёи имруз, аз чумла баҳрабардорй аз манобеии обиро зулм ба башарият унвон кард. Раиси чумҳури Эрон гуфт:

«Камбуди об ва оби муносиб, дар манотиқе аз чаҳон дар нуқтаи буҳрон аст ва бар асоси бархе пешбиниҳо дар оаянда об аз чолишҳои муҳими чаҳонй хохад буд… Мутаассифона давлатҳое, ки сирфан манофеи ширкатҳо ва ашхос ва аҳзоби хосро мадди назар доранд ва суд ва қудрати ҳаддиаксарй ҳадафи онон аст, ҳуқуқи соири миллатҳо ва ҳуқуқи умумии инсониро қурбонй мекунанд».

Суханони раиси чумҳури Эрон дар нишасти мазкур мавриди истиқболи густурда қарор гирифтанд. Аммо нуктаи чолиби таваччуҳ дар сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Душанбе, тарзи пушиши хабарии он дар расонаҳои минтақа ва хорич аз он буд. Нашрияҳои вобаста ба қудратҳои чаҳонй талош карданд ин гуна илқо кунанд, ки сафар ба Точикистон ҳосили дар инзивои байналмилалй қарор гирифтани Эрон буд. Ин нашрияҳо бо такрори иддаоҳои бе появу асос матлабхое бар зидди барномаҳои суломези ҳастайии Чумҳурии Исломии Эрон ба табъ расонда, тасвиби тарҳи таҳримҳои чадид алайҳи Теҳрон дар Созмони милали муттаҳидро як зарбае чиддй ба Эрон тавсиф карданд. Аммо раиси чумҳури Эрон ҳануз дар соатҳои аввалияи тасвиби ин таҳримҳо бо қотеият таъкид кард:

«Тасвиби қатъномаи чадид бар алайҳи миллати Эрон ғайри қонунй аст ва ҳеч арзишу эътиборе назди миллати Эрон нахоҳад дошт, чаро ки судури ин қатънома бар хилофи тавофуқоти байналмилалй дар заминаи табодули сухт аст”.

Маҳмуд Аҳмадинажод зимни суханрониаш дар Душанбе, иқдоми Созмони миллал дар тасвиби таҳримҳо алайҳи кишварашро дастмоли истифодашуда номида гуфт:

«Аз чапу рост алайҳи мо қатънома содир мекунанд, вале пашизе арзиш надоранд. Ин қатънома мисли дастмолест, ки истифода шудааст”.

Сарфи назар аз фазосозиҳои расонаҳои фурсатталаб, сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Точикистон, дорои ин паём буд, ки Чумҳурии Исломии Эрон дар рузҳои сахту душвор ва мароҳили ҳассос дустони худ, ба вижа кишвари ҳамзабону ҳамдин ва ҳамфарҳангу ҳамтаърихи Точикистонро танҳо нахоҳад гузошт. Оқои Аҳмадинажод дар ин робита гуфт:

«Точикистон ва Эрон пайвандҳои амиқи таърихй ва фарҳангй доранд, ин пайвандҳо аз як ҳуввият ва аз як фарҳанг аст.Равобити мо бисёр хуб ва дар ҳоли густариш дар ҳамаи заминаҳо, дар ҳамаи самтҳо аст ва ҳеч маҳдудияте вучуд надорад. Ман ва оқои Раҳмон ду бародар ва ду дустe ҳастем, ки дар ҳамаи масъалаҳо машварат мекунем, тасмим мегирем.Дар ин чо ичлоси об буд, эшон аз ман даъват карданд, ба эҳтироми оқои Раҳмон, ба эҳтироми мардуми Точикистон мо ин сафарро анчом додем барои ин ки ҳам хаста набошед бигуем ба оқои раиси чумҳур ва ҳамкоронашон, ҳам ташаккур кунем ба хотири ин кори бузурге, ки анчом доданд, ичлоси байналмилалии обро баргузор карданд. Ва ҳам корҳои дучониба, минтақаи ва байналмилалиро бо ҳам пеш барем ва машварат кунем. Мо машваратҳои бисёр хубе доштем ва тасмимоти хубе гирифтем. Корҳое, ки буд бояд бо суръати бештаре пеш раванд. Корҳои чадидеро мучаддадан дар дастури муштарак карор додем.Равобит мумтоз аст, Алҳамдуллилоҳ ва ҳар руз беҳтар хоҳад шуд.»

Дидор бо фарҳангиёни точик аз чумлаи барномаҳои сафари раиси чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе буд. Дар ин мулоқот, ки дар фазои дустй ва самимият баргузор шуд, Маҳмуди Аҳмадинажод бо зикри чойгоҳи фарҳанг дар бақои миллатҳо аз чумла гуфт:»Ҳафтод сол талош карданд, ки вижагиҳои фарҳангии мардуми Точикистонро маҳв ва ё камранг кунанд, аммо муваффақ нашудаанд, зеро фарҳанг дар умқи чону руҳи мардуми ин диёр зинда аст”. Раиси чумҳури Эрон ба қудрати фарҳанг дар шаклгирии ҳуввияти миллатҳо ва ояндаи онҳо ишора кард ва иброз дошт:

«Миллати Эрон дар канори соири миллатҳои мустақил, бо андеша ва фарҳанги инсонй ва бо ҳамдилй ва ахлоқ импротуриҳои дуруғро соқит ва ба чои он адолат, сулҳ ва бародариро дар чаҳон ҳоким хоҳад кард”.

Ба баёни дигар, раиси чумҳури Эрон ба Точикистон омад, то ба точикон, танҳо мардуми форсигу дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй бори дигар тазаккур диҳад, ки Чумҳурии Исломии Эрон чуз хайру саодати Точикон ва рушду таолии Точикистон ва дигар кишварҳои минтақа, ҳадафи дигаре надорад. Вай дар ин робита аз корномаи дурахшони Эрон дар дарозои таърих ёдовар шуд ва гуфт:»2500 сол қабл импротурии азим, хашин ва зидди башарй ба номи Бобил бар бахши васее аз чаҳон ҳукумат мекард ва инсонҳоро ба асорат мегирифт, аммо марде аз Эрон ба номи Куруш бапо хост ва тавонист бо ёрии миллати Эрон ва бо андеша ва барнома ва мудирияти сиёсй ва албатта бидуни чангу хунрезй импротурии зидди башарии Бобилро соқит ва аз миён бардорад».
Маҳмуди Аҳмадинажод хадафхои Чумҳурии Исломии Эронро дар руёруйи бо истикбори чаҳонй ва барномаҳои моддигароёнаи он баршумурд ва зимни ёдоварии масъулияти Эрону Точикистон таъкид кард:»Дунёе, ки миллати Эрон ба думболи он аст, ба бомби атом ниёзе надорад. Касоне метавонанд дар ояндаи чаҳон нақшофаринй кунанд, ки дилу чони онҳо саршор аз андешаи инсонй ва илоҳй бошад.Пайравони андешаи моддй ва ғайри илоҳй, инсонро тахриб кардаанд ва имруз миллати Эрон ба думболи эҳёи мучаддади шахсият ва шаъни волои инсонй аст ва ду миллати Эрон ва Точикистон, масъулият доранд, ки фарҳанги мутаолии худро ба дунё дар ин замина собит кунанд».
Дар дидори як ба як ва ҳамроҳ бо ҳайатҳои Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалй Раҳмон, раисони чумхури Эрон ва Точикистон масъалаҳои муҳими марбут ва тавасъаи равобит миёни Теҳрон — Душанбе, аз чумла роҳҳои раҳойии ҳарчй зудтари Точикистон аз бунбасти иртиботй ва дастёбй ба истиқлолияти энержй мавриди баррасй қарор гирифт.Дар ин робита тавофуқ ҳосил шуд, ки бо ибтикори Чумҳурии Исломии Эрон тарҳи сохтани роҳи оҳан аз Точикистон то Эрон ба воситаи каламрави Афгонистон, дигар кишвари форсизабони минтака дар ояндаи наздик оғоз хоҳад шуд ва мушорикати Эрон дар тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон афзоиш хоҳад ёфт.Ҳамчунин ба манзури мусоидат ба заминасозии тавлиди тачҳизоти зарурй дар дохили кишвар, тасмим гирифта шуд, ки шуъбае аз дафтари фановариҳои раёсати чумҳурии Эрон дар Душанбе таъсис шавад.
Густариши ҳамкориҳо миёни Теҳрон — Душанбе ҳамвора бо ҳассосиятҳо ва ҳатто норизоятиҳои бозигарони минтақа ҳамроҳ будааст, аммо раиси чумҳури Эрон бо сафар ба Точикистон нишон дод, ки ин ҳассосияту норизоятиҳо барояш арзише надоранд ва муҳимтар аз ин ҳама он аст, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти кишвари дуст ва бародари худ саҳим бошад. Оқои Аҳмадинажод дар ин робита дар дидори фарҳангиёни точик гуфт:»Имруз ба фазли илоҳй бадхоҳону душманони миллати Эрон қодир нестанд зарба ва садамае ба кишварамон ворид кунанд». Аз суи дигар густариши ҳамкориҳо бо Точикистон, зимни ба намоиш гузоштани қудрат ва тавоноиҳои Эрон дар бахшҳои мухталиф, заминаи тавсаъаи равобит миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам хоҳад кард, амре ки ба суди ҳамаи миллатҳои минтақа таъбир мешавад. Зеро дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон собит шудааст, ки Эрон ба унвони қудрати чаҳонй, нақш ва чойгоҳи хосе дар муодилоти минтақайи ва байналмилалй дорад ва дар хамкорй бо кишварҳо ҳеч хадафи муғризонаеро дунбол намекунад.

Зарурати инсичом ва хамгаройи миёни кишвархои форсизабон

Музокироти бе натичаи Тошканд ва ошкор шудани баҳонатаришиҳои Узбакистон
Бар хилофи интизорот ва пешгуиҳо, дар дидори Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ва Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар Тошканд тавофуқе дар чиҳати ҳалли масоили мавчуд миёни ду кишвари ҳамсоя, аз чумла тавакқуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ҳосил нашуд.Тарафи Узбакистон дар идомаи мухолифатҳои худ ба сохти неругоҳи Роғун, эълом кард вагонҳои дорои тачҳизот ва масолеҳи сохтмонй барои ин неругоҳ ҳамчунон ичозаи гузаштан ба Точикистонро нахоҳанд дошт. Бар асоси гузоришҳои мунташира дар бораи натичахои дидори Раҳмон ва Каримов, Узбакистон ба зудй ба вагонҳои Точикистон, ки нисбате ба неругоҳи Роғун надоранд, ичозаи ҳаракат хоҳад дод.
Ҳамин тавр Тошканд бо ин иқдоми худ нишон дод, ки мухолифатҳояш ба сохти неругоҳи Роғун чиддитар аз он чй ҳаст, ки дар Точикистон тасаввур мекунанд. Давлати Ислом Каримов бо истифодаи моҳирона аз шароити кунунии чаҳон ва минтақа, ки ниёзи қудратҳои Шарқу Ғарбро ба ҳамкориҳои Узбакистон беш аз ҳар замони дигаре афзоиш дода, мавқеияти чуғрофй ва вучуди манобеи нафту гоз, чойгоҳ ва аҳамияти ин кишварро дар ичрои барномаҳои қудратҳои хозир дар Осиёи Марказй,ба таври бесобиқае боло бурдааст,барномахои худро пайгирй мекунад.Чунин вазъияте қудратҳои мазкурро дар мавқеияти ниёзмандй қарор дода,ононро ночор ба чашмпушй дар қиболи тамоми амалкардҳои хилофи қавонин ва муқаррароти байналмилалии давлати Тошканд намудааст. Ва ин шароит Узбакистонро дар анчоми рафторҳои зиддибашарй нисбат ба Точикистон, густохтар кардааст.

Узбакистон дусти Точикистон аст?

Нигоҳе ба раванди равобити Узбакистон бо Точикистон баъд аз касби истиқлоли ин ду кишвар, байнгар аз он аст, ки Тошканд ҳамвора талош кардааст ҳамсояи худро дар вобастагй нигоҳ дорад, то битавонад хостаҳои худро таҳмил кунад.Чанги таҳмилии панчсола дар Точикистон ва таҳаввулоти марбут ба он ба вузуҳ нишон медиҳад, ки Узбакистон ҳаргиз дар мавзеи холисона ва бетарафона амал накарда, балки талош кардааст бо истифода аз фурсат барномаҳои худро дар Точикистон пеш барад. Дар шароите ки тамоми кишварҳои минтақа бо мизбонй аз мулоқоти тарафҳои он замон рақиби точик, саъй доштанд ба чанги шаҳрвандй дар Точикистон ҳарчй зудтар хотима диҳанд, Узбакистон ҳеч гоҳ ҳозир нашуд мизбони музокироти сулҳи точикон бошад. Ба илова дар музокироти сулҳи точикон давлати Тошканд ё ширкат надошт ва ё давлатмардони камсалоҳияти худро мефиристод. Сарфи назар аз ин Точикистон ҳамеша манфиатҳои Узбакистонро дар назар мегирифт. Ҳатто дар шароити барои худ душвор садди роҳи мухолифони мусаллаҳи давлати Каримов мешуд ва аз нуфузи онҳо ба қаламрави Узбакистон пешгирй мекард ва дар ин роҳ садҳо тан аз чавонони точикро қурбон кардааст.

Роғун ташаббуси Узбакистон ва барои Узбакистон аст

Бо чунин руйкарде метавон гуфт, ки неругоҳи Роғун фақат як баҳона барои Узбакистон аст, то барномаҳои худ дар ростои монеътарошй дар роҳи тараққию пешрафти Точикистонро амалй кунад. Нигоҳе гузаро ба таърихи тарҳи неругоҳи Роғун тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Сохтани ин тарҳ дар солҳои 70 қарни гузашта оғоз шуд, аммо дар пайи мухолифатҳои рушанфикрони точик корҳои сохтмонй ду бор мутаваққиф шуданд.Узбакистон ба унвони муаллиф ва ташаббускори аслии тарҳи Роғун, бар сохтани он исрор мекард, зеро мехост бо густариши заминҳои кишоварзй истеҳсоли пахтаро аз 5 миллион тон ба 9 миллион тон дар сол афзоиш диҳад. Бо дахолатҳои мустақими Узбакистон анчумани 24 ҳизби камунисти Иттиҳоди Шуравй, бо беэътинойи ба мухолифатҳои Точикистон, тарҳи сохтани неругоҳи Роғунро ба тасвиб расонд. Аз ин ру агар имруз тарҳи Роғун намебуд, Узбакистон бо ба миён кашидани фаъолияти корхонаи алюмини точик, ҳамин кореро мекард, ки бо баҳонаи сохтани неругоҳи Роғун мекунад.

Муҳосираи иқтисодй ба фоидаи Точикистон аст

Таърихи башарият саршор аз руйдодҳоест, ки байнгар аз ба кор гирии муҳосираи иқтисодй дар равобити давлатҳо мебошад.Дар аксари ҳолатҳо ин иқдомҳои ба зоҳир танбеҳй, ба нафъи миллатҳои мазлум тамом шудаанд. Имруз низ шоҳиди он ҳастем, ки муҳосираи иқтисодй ва иртиботии Точикистон тавассути Узбакистон дар ҳоли кор кардан ба нафъи миллати точик мебошад.
Дар пайи амалкарди мақомоти узбак, барои масъулони точик имкон фароҳам омад, ки дустро аз душман фарқ кунанд. Аз чумла рушан шуд, ки Русия чун ҳама қудратҳои султаталаб ва судчу шарики стротегй надорад, балкй манофеи стротегй дорад ва бар асоси ҳамин манофеъ шарикони худро барои марҳалаҳои мушаххас интихоб ва иваз мекунад. Ҳамчунин ба баракати иқдомоти қонуншиканонаи давлати Тошканд, чеҳраи воқейии кишварҳои муддайии демократия ва ҳомиёни ҳуқуқи башар бармало шуд. Ба хотири манофеи худ, ҳеч як аз кишварҳои ғарбй, ки ҳадафи аслии ҳузури худ дар минтақаро барқарории демократия ва озодиҳои шаҳрвандй эълом карданд, ҳозир нашуданд ба шикоятҳои Точикистон дар қиболи беадолатиҳои Узбакистон, расидагй кунанд. Ниҳодҳои байналмилалии вобаста ба ин қудратҳо низ бо ба бозй гирифтани сарнавишти миллати точик, дар баробари иқдомоти зиддибашарии Узбакистон чашмпушй карданд.

Чумхурии Исломии Эрон дусти Точикистон

Ҳамзамон бо ин ҳама, Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар дуст ва бародари воқеъйии давлату миллати Точик будани худро ба намоиш гузошт.Фишорҳои Тошканд давлати Душанберо водор намуд, ки бо диди бозтар ба равобит бо Чумҳурии Исломии Эрон нигоҳ кунад. Ин воқеият ғайриқобили инкор аст, ки бо дахолатҳои мустақим ва ғайримустақими кишварҳои бадхоҳ, мақомоти точик то солҳои ахир алоқаи чандоне ба густариши равобит бо Теҳрон надоштанд. Онон ба андешаи он ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти неруҳои исломгаро хоҳад шуд, бо ҳар баҳонае аз Теҳрон фосила мегирифтанд ва фақат дар ҳолатҳои ичборй ба истиқболи Эрон мерафтанд. Аммо Чумҳурии Исломии Эрон собит намуд, ки ҳеч дахолате дар умури дохилии Точикистон надорад ва дар ин кишвар ҳадафе чуз кумак ба пешрафту таолии давлату миллати точик надорад. Акнун дар Душанбе беш аз ҳар замони дигаре зарурати иттиҳоди се кишвари форсизабонро дарк карданд. Тасвиби таҳримҳои ноодилона дар Созмони милали муттаҳид алайҳи барномаҳои сулҳомези атомии Чумҳурии Исломии Эрон ва иқдоми Амрико барои музокира бо гуруҳи ифротии толибон дар Афғонистон, ҳамчунин муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон собит намуд, ки имруз душманони фарҳангу тамаддуни форсизабонон дар саросари чаҳон сафарбар шудаанд, то монеъ аз ҳамгаройии ин се кишвар шаванд.

Зарурати бознигарй дар дипломатия

Тачрибаи беш аз сисолаи Чумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳад, ки миллати ғаюри Эрон чй гуна аз таҳримҳо ва муҳосираҳои иқтисодии душманон истифода кард ва бо фаъол кардани зарфияту имкониятҳои бумй, ба тадрич дар тамоми заминаҳои сиёсй, иқтисодй, ичтимой ва фарҳангй ба худкафойи даст ёфт.Аз ин ру ҳамон гуна ки бо кумаки Эрон тунели Истиқлол ба баҳрабардорй расид ва роҳи заминй миёни марказ ва шимоли Точикистон сохта шуд, он руз дер нест, ки се кишвари форсигу дар муқобила бо иқдомоти душманон, неругоҳҳои азим дар Точикистонро такмил ва роҳҳои оҳани худро низ пайваст хоҳанд кард.Бо таваччуҳ ба тавони фаннй ва муҳандисии мавчуд дар Эрони исломй, ичрои чунин барномаҳо кори душворе нахоҳад буд.
Дар шароити кунунии чаҳон ва минтақа ба умеди кумаки кишварҳое назири Русия ва ниҳодҳои байналмилалие ҳамчун Созмони милал, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкории Шангхай ва амсоли инҳо шудан, чуз талафи вақт ҳосили дигаре барои Точикистон нахоҳад дошт.Аз ин ру Точикистонро зарур аст бо тақвияти дастгоҳи дипломатии худ ва бознигарии чиддй дар равобити хоричй, зимни авлавият додан ба густариши ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо бо Чумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои дуст, тарҳҳои миллии худро масъулона пайгирй кунад.Акнун фурсати он расидааст, ки масъулони давлати Душанбе дар тамоми радаҳо манофеи миллй ва давлатиро дар авлавият қарор дода, ба фикри инсичом ва иттиҳоди миллй бошанд. Истифода аз тачрибиёти Чумҳурии Исломии Эрон беҳтарин роҳкор дар ин замина мебошад.

Хамкорихои кишвархои форсизабон дар Афгонистон

Баъд аз он ки дар пайи ҳодисахои табии ва вахомати авзои инсонй дар вилояти Хатлон, ҳаракати вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон аз сар гирифта шуд, дар Точикистон ин интизор доман зад, ки аз ин ба баъд ду кишвари ҳамсоя дар масири ҳамгароиҳои бештар кадам хоҳанд бардошт.

Умедро дар ин замина паёми Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Ислом Каримов, ҳамтои узбакаш тақвият кард.Раиси чумҳури Точикистон аз мақомоти Тошканд, ки бо таъмир ва бозсозии роҳи оҳан шароитро барои ҳаракати вагонҳои Точикисатон фароҳам карданд, кадрдонй кард.Аммо хурсандии точикистониҳо дер давом накард ва тарафи Узбакистон рузи 22 май аз нав ҳаракати вагонҳои дорои махсулоти мухталиф барои Точикистонро мутаваққиф кард. Ин бор низ мақомоти узбак нуксонхои техникй ё фанниро сабаби ин амр тавсиф карданд.Зафар Раҳимчонов,консули сафорати Узбакистон дар Душанбе дар мавриди сабабхои тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави кишвараш гуфт: ширкати роҳи оҳани Узбакистон аз имконноти кофй барои таъмири роҳи оҳан дар масири Термиз — Амузангро, ки вагонҳои Точикистон аз он гузар мекунанд, надорад. Чунин иддаои тарафи узбак дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ширкати роҳи оҳани Точикистон эъломи омодагй кардааст то ин қисмат аз роҳи оҳанро, ки 11 километро ташкил медиҳад, тармим кунад.Аммо роҳи оҳани Узбакистон ба ҳеч вачҳ ҳозир нашудааст чунин пешниҳоди ҳамтоёни точики худро қабул кунад.Натича он аст, ки аз моҳи март то кунун беш аз ду ҳазор вагони Точикистон дар қаламрави Узбакистон мутавакқиф шудаанд.
Узбакистон дар дигар иқдоми хилофи урфи байналмилал ва ухдадорихои худ, бо тағйири масири ҳаракати вагонҳо, пешниҳод кардааст, ки 600 вагон аз масири Кудуқлй ба Точикистон ворид шаванд.Вале, бино ба гуфтаи консули узбак дар Душанбе, тарафи Точикистон ба ин пешниҳоди Узбакистон посухе надодааст.Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегуянд, тағйири масири ҳаракати вагонҳо тавассути кишвари саввум, ки аз қаламраваш ба унвони рохи тронзитй истифода мешавад, хилофи меъёрхо ва муқаррароти байналмилалй аст. Точикистон дар чорчуби талошҳои дипломатй барои ҳалли мушкили тавакқуфи вагонҳо дар қаламрави Узбакистон, ба ниҳодҳои муътабари байналмилалй, аз чумла Созмони милали муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мурочиа кард.Аммо то ҳол ҳеч иқдоме аз тарафи ин созмонҳо сурат нагирифтааст.
Дар пайи идомаи тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ки иддае аз коршиносон онро муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон тавсиф мекунанд, дар доираҳои коршиносй ва ҳукуматии Точикистон ба тадрич ба ин натича расидаанд, ки ягона роҳи бурунрафт аз чунин вазъи ногувор поён додан ба вобастагиҳои иртиботй бо ҳамсояе назири Узбакистон аст. Яъне бояд ба таври чиддй ба фикри сохтани хати роҳи оҳани нав аз қаламрави кишвари дуст ва ҳамзабони Афғонистон буд. Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Точикистон дар як мусоҳибаи матбуотй иброз дошт, ки Точикистон аз зарфият ва имконоти лозим бархурдор аст, то аз тариқи қаламрави Афғонистон ба роҳи оҳани Туркманистон ва аз ин тариқ ба Кафқоз ва Русия пайваст шавад.Ин мавзуъ ба таври чиддй дар дидори Манучеҳри Мутаккй, вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон бо мақомоти олирутбаи точик дар шаҳри Душанбе баррасй ва тавофуқҳои аввалия ҳосил шуд. Дар марҳалаи аввал мутахассисони ду кишвари Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикситон минтақаи сохти роҳи оҳан тавассути Афғонистонро аз нигоҳи фаннй ва муаҳндисй мавриди баррасй ва таҳқиқ қарор хоҳанд дод. Манучеҳри Муттакй, вазири умури хоричаи Эрон гуфт, ки ин тарҳ дар оянда Эронро ба Қирғизистон, Афғонистон ва Чин пайваст ва дар густариши муносиботи Точикистон бо кишварҳои минтақа ва рушди иқтисодй мусоидат хоҳад кард. Муттакӣ афзуд: дар сурате, ки роҳи оҳани Точикистон — Афғонистон — Эрон сохта шавад, ин мушкили манъ кардани вагонҳои Точикистон аз байн хоҳад рафт. Вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки бояд ҳарчй зудтар ин мавзуъ дар нишасти сарони се кишвари форсизабон баррасй ва иқдомоти созанда андешида шавад.
Албатта сохтани роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон мавзуи чадиде нест ва дар ин кишвари чангзада барои аввалин бор дар миёнахои соли 2008 бо ташаббуси Эрон нахустин хати роҳи оҳан бо тули 60 километр сохта шуд.Узбакистон низ дар ин масъала мушорикати фаъол дорад ва бар он шудааст, ки хатхои иртиботй, аз чумла роҳи оҳан дар Афғонистонро ба инҳисори хеш дароварад. Дар ҳамин росто хати роҳи оҳан аз бандари Хайратон то Мазори Шариф ба тули 75 километр тавассути ширкати роҳи оҳани Узбакистон сохта шуд.Карор аст ин тарҳ то поёни соли 2010 такмил шавад.Дар моҳи ноябри соли 2008 дар Боку (пойтахти чумҳурии Озарбойчон)миёни Бонки рушди Осиё ва Узбакистон тафоҳумнома дар мавриди сохти роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф-Хирот ба имзо расид. Албатта қабл аз ин, 17-18 июни соли 2003 дар чорчуби сафари расмии Ислом Каримов ба Чумҳурии Исломии Эрон миёни се кишвари Эрон, Узбакистон ва Афғонистон тавофуқнома дар мавриди ташкили коридори тронзитии фароминтақайи ба имзо расида буд.Аммо ба тадрич Тошканд дар чорчуби хадафхои дарозмуддати худ дар Афғонистон, ҳамкориҳо бо Эронро камранг ва бо дигар бозигарони минтақа вориди муомила шуд.Дар ин росто пуштибонй ва кумакҳои Амрико ба Узбакистон, ки он замон шарики стротегии Вошингтон дар минтақа маҳсуб мешуд, нақши муҳим ва ҳалкунанда дошт. Манофеи Амрико тақозо мекард, ки Афғонистонро бо шабакаи пешрафтаи иртиботии Узбакистон пайваст кунад.Узбакистон низ талош дошт аз тариқи Мазорти Шариф, Шибирғон, Ҳирот ва Қандаҳор ба бандарҳои байналмилалии Эрон ва Покистон пайваст шавад. Дар он замон Узбакистон дар ҳамкорй бо ширкатҳои амрикои санадхои фаннй-иқтисодии ин тарҳро таҳия кард.Аммо баъд аз ҳодисахои Андичон (майи соли 2005)равобити Тошкан-Вашингтон сард шуд ва ин тарҳ ба ҳолати муаллақ даромад.Бо ин ҳол Узбакистон тамоили худ ба сохтани роҳи оҳан дар Афғонистонро ҳамчунон ҳифз кард ва тачҳизоти мавриди ниёзро бо эътибори(кредити) 156 миллион долларии бонки чопонй таҳия кард. Узбакистон бо амалй кардани тарҳои муҳими иқтисодй дар шимол ва дигар манотиқи Афғонистон қабл аз ҳама ҳадафхои сиёсии худро дунбол мекунад.Таъмини амният дар марзҳо бо Афғонистон аз чумлаи ин аҳдоф аст.Дар канори ин Узбакистон қасд дорад бо таҳти контрули худ гирифтани роҳҳои тронзитии Афғонистон, аз як су ин манбаи пурдаромадро дар ихтиёр дошта бошад, аз суи дигар фишанге барои овардани фишор ба дигар кишварҳои минтақаро дошта бошад.Муҳимтар аз ин ҳама давлати Тошканд бо густариши нуфузи иқтисодии худ дар Афғонистон қасд дорад шимоли ин кишварро, ки як пойгоҳи суннатй барои раҳбарони чиҳодии узбактабор будааст, дар маҳдудаи нуфузи хеш нигаҳ дорад.Аз ин чост, ки мехоҳад дар ичрои ҳар тарҳе дар Афғонистон, аз ду кишвари ҳамзабон бо Афғонистон, яъне Точикистон ва Эрон пешй гирад.Ин хамон хадафест, ки давлати Ислом Каримов дар ростои монеътарошй дар рохи вахдат ва хамгаройии се кишвари форсизабон дунбол мекунад. Дар ҳамин росто Тошканд фаъолияти чиддй дар сохтани чодаҳои автомобилй дар Афғонистон (Ҳирот — Қандаҳор) ва хатхои интиқоли барқ дорад. Аз чумла 9 майи соли 2009 хати интиқоли барқи Сурхон-Хайратон-Пули Хумрй-Кобул бо ташаббуси мутахассисони узбак мавриди баҳрабардорй қарор гирифт. Дар шароити кунунй, ҳарчанд Тошканд ва Вашингтон равобити чандон хубе надоранд, аммо Амрико аз иқдомоти Узбакистон дар чиҳати сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон пуштибонй мекунад.Зеро мушорикати Узбакистон дар ин тарҳҳо боиси харочоти кам хоҳад шуд ва ба Амрико имкон медиҳад, ки ба фикри дигар мушкилоти Афғонистон бошад.
Дар ҳамин ҳол Кобул аз наҳваи ҳаракати вагонҳояш тавассути қаламрави Узбакистон хушҳол нест, зеро Тошканд борҳо бо ҳар баҳонае ҳаракати вагонҳо ба самти Афғонистонро мутавакқиф кардааст.Аз ин ру раҳбарони давлати Кобул ба ин андешаанд, ки роҳҳои иртиботии худро ба Казоқистон васл кунанд. Дар ин миён дигар бозигарони минтақа, назири Чин,Чопон, Хинд ва Покистон низ барномаҳое дар мавриди Афғонистон доранд.Аз чумла Чопон эълом кард, ки як миллиард доллар барои сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон ихтисос хоҳад дод. Дар чунин шароите ташаббуси се кишвари форсизабони Точикистон, Эрон ва Афғонистон барои ҳалли мушкилоти иқтисодии ҳамдигар, бештар ба нафъи кишварҳо ва миллатхои минтақа аст. Зеро муштаракоти мавчуд дар ин се кишвар, назири забон, таърих, дин ва фарҳанг имкон фароҳам мекунад, ки Душанбе, Теҳрон ва Кобул бе дахолати кишварҳои судчу ва фурсатталаб ба мушкилоти худ расидагй кунанд.Аммо таъхир дар ичрои тарҳҳо метавонад ба осонй ин фурсатро аз ин се кишвар бигирад, ки то кунун дар бархе заминаҳо шоҳиди он ҳастем.

Душанбе мизбони Созмони конфронси исломй

Сиюҳафтумин нишасти Шурои вазирони умури хоричаи кишварҳои узви Созмони конфронси исломй(СКИ) дар шаҳри Душанбе бо суханронии Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ва раиси давраии созмони мазкур ифтитоҳ шуд.Тайи ин суханронй Эмомалй Раҳмон аз чумла гуфт:»Ичлосияи имруз, ки дар замони буҳрони молиявию иқтисодии чаҳонй ва зуҳуроти гуногуни хатару таҳдидҳои чаҳони муосир чараён мегирад, моро ба ваҳдату ҳамраъйии беш аз пеш водор месозад.

Нақши Созмони конфронси исломй метавонад чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрчониба дар миёни кишварҳои исломй, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор хеле муҳим ва муассир бошад.» Раиси чумҳури Точикистон ба нақш ва чойгоҳи кишвараш дар Созмони конфронси исломй ишора намуд ва масоили доғи чаҳони исломро чунин баршумурд:» Точикистон ҳамоно ба болоравии нақши Созмони конфронси исломйдар баррасй ва ҳаллу фасли масъалаҳои доғи рузи чаҳони ислом, густариши ҳамоҳангй ва ҳамкорй дар мубориза бо хатароти чаҳони муосир, аз чумла терроризм ва ифротгароӣ чонибдор буд ва хоҳад монд.Зимни ин раванд ибрози таваччуҳи бештар ва ҳадафманд ба «нуқтаҳои доғи” олами ислом аз чумлаи тақозоҳои руз аст.Ҳоло мардуми азияткашидаи Ироқ орзуманди ҳаёти орому осоишта ва истиқрори ҳарчи сареъи оромиш, яъне ниёзманди зиндагии одии инсонй аст, ки дар ин чода нақши Созмони мо метавонад фаъолтар ва муассиртар бошад. Мушкилоти тулонии мардуми Фаластин, ки беш аз ним қарн аз давлати худ маҳрум ва бахши аъзами аҳолиаш дар муҳосират ба сар мебарад, аз чониби ҳама гуна миёнаравҳо мавзўи баррасӣ мебошад, вале нақши Созмони конфронси исломйдар ҳалли чунин масъалаи ҳаётии ислом, сарфи назар аз нишастҳову ҳамоишҳои мухталиф, ҳануз қотеъ ва ҳалкунанда ба назар намерасад. Ба ҳамин монанд аз як силсила мушкилоти дигари даҳсолаҳо ҳалношудаи Уммат низ метавон ном бурд.Мо ба таҳкими сулҳу субот дар кишвари ҳамсояву дусту бародар – Афғонистон ҳамеша манфиатдорем. Кумакҳои зарурй ва ҳадафманд ба Афғонистон метавонад ба унвони яке аз руйкардҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои мухталифи ҳоким дар он кишвар, муассир воқеъ шавад.» Эмомалй Раҳмон дар идома ба густариши нуфуз ва чойгоҳи дини мубини Ислом дар дунёи имруз ва суиистифодаҳои қудратҳо аз Ислом ва тамаъчуйии бархе маҳофил дар кишварҳои исломй ишора кард ва афзуд: «Дар сиёсати муосири чаҳонй «омили исломй» ҳамвора мавқеи созанда касб мекунад. Мутаассифона, доираҳои муайяни сиёсй дар арсаи байналмилалй омили исломиро барои пиёда сохтани манфиатҳои худ истифода бурда, кушиш ба харч медиҳанд, ки назарияи «бархурди тамаддунҳоро» дар муҳақақ намоянд. Истифодаи ғаразнок аз номи поки ислом ва таҳрифу таҳқири арзишҳои волои дини мубини мо намунаи боризи чунин кушишҳост. Бояд таъкид кард, ки равандҳои нигаронкунандаи густариши аъмоли муқобили ҳамдигар қарор додани дину тамаддунҳо билохира метавонанд ба бесарусомонӣ ва фачоё на фақат дар минтақаҳои чудогона, аз чумла Осиёи Марказй ва ё Ховари Миёна, балки дар миқёси умумичаҳонй мунчар шавад.Аз ин рў, густариши исломситезй чун яке аз намудҳои нажодпарастй Точикистонро мисли кишварҳои дигари мусулмонй нигарон сохтааст. Дар чунин вазъият моро мебояд, ки ба таври муштарак талошҳои худро барои аз нигарониву ташвишҳои худ огоҳ намудани чомеаи чаҳонй дар сатҳҳои мухталиф идома дода, чиҳати пешгирии муассири ин гуна падидаҳои номатлуб иқдомоти мушаххас анчом диҳем». Қобили зикр аст ки дар нишасти Душанбе намояндагони радаҳои мухталиф аз 100 кишвари чаҳон ҳузур доштанд.Судури баёния дар мавриди истифода аз зарфиятҳои тронзитии кишварҳои узв ва баҳрабардории одилона ва оқилона аз манобеи обии чаҳони ислом дар сиюҳафтумин нишасти Шурои вазирони хорича дар пойтахти Точикистон, аз чумлаи дастовардҳои ин кишвар ба унвони мизбони ичлоси мазкур арзёбй мешавад. Ба иборати дигар, акнун дар маҳофили коршиносй бар ин умеданд, ки Созмони конфронси исломй битавонад дар рафъи суитафоҳумот миёни кишварҳои Осиёи Марказй, ки солҳои ахир дар мавриди истифода аз манобеи обии ин минтақа ба миён омада аст, нақши муассир ичро кунад.Суханони Акмалиддин Эҳсонуғлу, дабири кулли Созмони конфронси исломй, ки гуфт:Худованд табиати зебо ва боигариҳои фаровоне барои минтақаи Осиёи Марказй арзонй доштааст, ки боястй аз ин неъматҳои Илоҳй барои пешрафту тараққии ҳамаи кишварҳои ин минтақа истифода кард, умедҳо дар ин заминаро тақвият кардааст. Дар ҳамин ҳол гуруҳе аз таҳлилгарон муътақиданд, Созмони конфронси исломй наметавонад ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои Осиёи Марказй дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақаро ҳаллу фасл кунад.Аз нигоҳи ин даста аз таҳлилгарон Созмони конфронси исломй ҳануз ин мушкилро ба таври лозим дарк накардааст.Ба иборати дигар дар ин масъала заъфи иттилорасонии дастгоҳҳои дипломатии Точикистон бармало шудааст, мавзуе ки бо гузашти наздик ба 20 сол аз замони касби истиқлоли ин кишвар, ҳамчунон дар заминаҳои мухталиф матраҳ будааст. Ҳамин заъф боис шудааст, ки Точикистон дар бисёре аз масоили минтақайи ва байналмилалй имтиёзоти хеле арзишмандро аз даст диҳад. Заъфи дастгоҳи дипломатии давлати Душанбе, ки ёру ошнобозй дар таъйини сафирон аз чумлаи авомили он аст ва ин падидаи номатлуб боиси дар ҳошия қарор гирифтани бисёре аз кодрҳои варзида ва зубда шудааст,Точикистонро дар бисёре аз масъалаҳои муҳим ноком ва аз ҳаққи мусаллами хеш бенасиб мондааст. Дар сафари дабири кулли Созмони милали муттаҳид ба Осиёи Марказй ин масъала ба таври бесобиқа ошкор шуд.Душанбе натавонист Бон Ки Мунро мутақоид созад, ки неругоҳи Роғун на танҳо ба зарари ҳеч кишваре нест, балки манофеи фаровоне барои тамоми кишварҳои минтақа ба ҳамроҳ дорад, ҳатто ба ичрои тарҳҳои СММ дар Афғонистон суръати қобили мулоҳизае мебахшад. Албатта бетаваччуҳй ё камтаваччуҳии СММ ба мушкилоти Точикистон ба аҳамияти ин кишвар барои ин ниҳоди байналмилалй низ бармегардад ва дар марҳалаи кунунй палаи тарозу ба нафъи Узбакистон аст, яъне барои СММ беҳтар он аст,ки аз манофеи Тошканд ҳимоят кунад, то битавонад Узбакистонро дар тарҳҳои хеш дар минтақаи муҳим ва стротегии Осиёи Марказй ҳамсу кунад.Чунин руйкард чеҳраи воқеии СММро барои чомеи Точикистон ошкор кард. Аммо музокироти Манучеҳри Муттакй, вазири умури хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон бо намояндаи вазорати хоричаи Узбакистон дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони хоричаи Созмони конфронси исломй дар Душанбе ва таъкиди у дар мавриди ин ки таваққуфи вагонҳои тачҳизоти Эрон ба Точикистон хилофи муқаррароти байналмилал аст,ин интизорро доман задааст, ки Созмони конфронси исломй бо ибтикори кишварҳои дуст, назири Чумҳурии Исломии Эрон битавонад ҳусни тафоҳумро ба фазои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказй бозгардонад. Дар ҳошияи нишасти Душанбе мақомоти баландпояи Эрон ва Точикистон дар мавриди сохтани роҳи оҳан аз Эрон то Точикистон аз тариқи қаламрави Афғонистон ба тавофуқҳои аввалия даст ёфтанд. Ин иқдом яке дигар аз кумак ва мусоидатҳои Эрони исломй дар чиҳати рафъи мушкилоти Точикистон мебошад, ки мардуми точик онро аҳамияти зиёде қоиланд. Точикистон дар соли 1992 ба Созмони конфронси исломй пайваст шуд, аммо барои ҳамкорй бо кишварҳои исломй тамоили чандоне аз худ нишон намедод. Яке аз омилҳои ин амр он буд, ки давлати Душанбе бим дошт бо наздик шудан ба кишварҳои мусалмон, чойгоҳи ҳизби наҳзати исломй — аслитарин рақиби худро тақвият мекунад ва исломгарои дар кишвар густариш меёбад.Ҳамин бим боис шуд, давлати Душанбе бисёр фурсатҳои чалби сармояи кишварҳои арабй ба иқтисоди худро аз даст диҳад. Албатта тайи ин муддат Точикистон гули ваъдаҳои дуруғи Русия ва кишварҳои ғарбиро низ хурд ва ҳосили ин руйкард он аст, ки имруз Точикистон аз фақиртарин кишварҳои қаламрави Шуравии собиқ ба ҳисоб меравад ва болиғ бар 60 дарсади аҳолии қариб ҳашт милён нафарааш зери хати фақр зиндагй мекунад. Акнун Точикистон бо дарки воқеиятҳои мавчуд дар чаҳон, ба ин натича расидааст, ки фақат ба умеди як кишвар (Русия) шудан иштибоҳи маҳз аст, аз ин ру бо пеш гирифтани сиёсатҳои чандсамтй бар он шудааст, ки равобит ва ҳамкориҳоро дар тамоми заминаҳо бо кишварҳои мусалмон низ густариш диҳад. Акнун дар фазои баъд аз нишасти Шурои вазирони хоричаи кишварҳои узви Созмони конфронси исломй дар Душанбе, интизор меравад, ки руйкарди Точикистон ба тавсаъаи ҳамкориҳо бо кишварҳои узви ин созмон беш аз пеш афзоиш хоҳад ёфт.

Техрон ва Душанбе дар масири хамгаройихои бештар.

Дар пайи сафари муваффақи Ҳасани Қашқовй,маовини вазири умури хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе, ки аз чумла ба додани сабукй дар рафту омади шаҳрвандони ду кишвари ҳамзабон, ҳамтаърих ва ҳамдини Эрон ва Точикистон анчомид, Аҳмади Ваҳидй, вазири дифоъи Эрон аз Точикистон боздид намуд, то дар заминаҳои дифоъй низ ба раванди равобит суръат бахшад.Қарори маълум дар пайи сафари Ҳасани Қашқовй ба Точикистон ду кишвар дар ростои тадричан аз миён бардоштани раводид тасмим гирифтанд, ки дар марҳалаи аввал раводид барои донишчуён ва точирони ду кишвар бекор гардад.

Акнун донишчуёни эронй ва точик, ҳамчунин точирони ду кишвар метавонанд бидуни раводид рафту омад кунанд.Ин иқдом мавриди истиқболи густурда дар чомеъаи точик қарор гирифт ва ин умедро тақвият намуд, ки баъд аз ин ҳамгаройи миёни Чумҳурии Исломи Эрон ва Точикистон суръати бештаре касб хоҳад кард. Аҳмад Ваҳидй, вазири дифоъи Чумҳурии Исломии Эрон дар нахустин дидори худ бо мақомоти точик, бо Шералй Хайруллоев, вазири дифоъи Точикистон музокира ва роҳҳои тавсаъаи хамкорихои дифоъии дучонибаро баррасй кард. Аҳмади Ваҳидй дар поёни ин дидор дар чамъи хабарнигорон зимни мусбат ва созанда арзёбй кардани натоичи ҳосил шуда дар музокирот бо ҳамтои точики худ, иброз дошт, ки ҳамкориҳо миёни Эрон ва Точикистон ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст ва зарфиятҳои мавчуде, ки дар ин росто камтар истифода шудаанд, бояд бештар фаъол шаванд. Дар дидори вазири дифоъи Чумҳурии Исломии Эрон бо раиси чумҳури Точикистон, ки бидуни ҳузури хабарнигорон сурат гирифт, роҳҳои густариши ҳарчй бештари ҳамкориҳои дифоъй миёни ду кишвар, бо таваччуҳ ба авзои печидаи Афғонистон, мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт. Аҳмади Ваҳидй ҳамчунин бо Муҳаммадсаъид Убайдуллоев, раиси мачлиси миллй ва Шукурчон Зуҳуров, раиси мачлиси намояндагони порлумони Точикистон дидор ва гуфтугу кард. Вазири дифоъи Чумҳурии Исломии Эрон ба маҳалли сохти неругоҳи Сангтуда-2, ки тавассути мутахассисони эронй дар ҳоли сохт аст, рафт ва ба раванди корхо аз наздик ошно шуд. Нигоҳе гузаро ба собиқаи ҳамкориҳо миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикистон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Теҳрон дар сахттарин лаҳзаҳо ҳамвора ба кумаки мардуми точик ҳиммат гумордааст.Дар солҳои чанги таҳмилии шаҳрвандй дар Точикистон (солҳои 1992-1997) мақомоти эронй тамоми талошҳои худро ба кор гирифтанд, то тарафҳои ба хам ракиби точикро ба пойи мизи музокира бикашанд ва ҳарчй зудтар сулҳу суботро ба мардуми Точикистон ба армуғон биёваранд.Дар имзои тавофуқномаи сулҳи Точикистон дар соли 1997 бидуни муболиға Чумҳурии Исломии Эрон нақши калидиро ичро кард.Ин иқдоми башардустонаи Теҳрон ба унвони сахифаи заррин дар китоби таърихи муосири Точикистон сабт аст ва фард-фарди мардуми точик барои ин хидмати воло эҳтиром ва арзиши азиме қоиланд.Дар даврони баъд аз чанги таҳмилй низ Эрон ҳамвора дар канори бародарони ҳамзабони точики худ қарор гирифтааст. Маҳз бо кушиш ва талоши мутахассисони эронй ва бо сармоягузории Чумҳурии Исломии Эрон роҳи заминй миёни марказ ва шимоли Точикистон, ки аз орзуҳои деринаи мардуми ин сарзамин буд, сохта шуд. Мутахассисони эронй бо сохтани тунели беш аз 5 километрии Истиқлол, ҳаракати мошинҳо аз марказ ба шимоли Точикистон ва билъаксро барои тамоми фаслҳои сол таъмин карданд.Дар ростои таъмини истиқлолияти энержии Точикстон низ саҳми Теҳрон бузург аст ва сохтани неругоҳи Сангтуда-2 як намунае дар ин замина мебошад. Ҳамкорй дар бахшҳои низомй ва фаннй миёни Точикистон ва Эрон аз соли 1997 оғоз шуд.Чумҳурии Исломии Эрон дар тачҳизонидани артиши миллии навпои Точикистон кумакҳои фаровоне дар ихтиёри давлати Душанбе қарор додааст.Омузиши кодрҳои мутахассис барои воҳидҳои низомй, ирсоли тачҳизоти муҳандисй, ихтисоси кумакҳои молй, аз чумлаи иқдомотест, ки Теҳрон дар ростои тақвияти артиши миллии Точикистон анчом додааст. Ҳамкориҳои дифоъи миёни Теҳрон — Душанбе дар шароите, ки авзоъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон беш аз ҳар замони дигаре печида шудааст, бештар аҳамият пайдо намудааст.Зеро ҳам Эрон ва ҳам Точикистон аз густариши терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ранч мебаранд ва Афғонистон дар пайи тачовузи Ғарб ба саркардагии Амрико ба ин кишвар, ба манбаъи пайдоиш ва густариши ин падидаҳои номатлуб табдил шудааст.Ба илова, густариши ифротгаройии мазҳабй дар Точикистон, ки зуҳури фирқа ва равияҳое назири ваҳҳобй, салафия, ҳизби таҳрир,нуфузи мазҳабҳои ғайриисломй дар чомеаи точик, аз чумлаи намунахои он мебошанд,ин заруратро тақвият кардааст, ки кишварҳои минтақа дар ин замина ҳамкориҳои бештаре дошта бошанд. Ҳузури наздик ба даҳ соли кишварҳои ғарбй дар минтақа, ки бо шиори мубориза бо терроризм шакл гирифт, на танҳо терроризмро аз байн набурд, балки бар домана ва вусъати он афзуд ва минтқаро дар маърази таҳдидҳои чиддитаре қарор дод.Яке аз кучактарин мисолҳо дар тафсири нокомиҳои Ғарб ба саркардагии Амрико дар мубориза бо терроризм ва ифротгаройи он аст, ки нооромиҳо дар Покистон ба таври бесобиқае густариш ёфтанд ва Гарб дар ирсоли тачҳизот ва муҳиммот барои низомиёни худ дар Афғонистон ба бунбаст ру ба ру шуд ва акнун аз роҳҳои Осиёи Марказй истифода мекунад. Албатта густариши чуғрофиёи нооромиҳо аз як тараф нишони аз контрули ғарбиҳо хорич шудани иддае аз гуруҳҳои террористии созмондодаи худи онҳо бошад, аз суи дигар тарҳест, ки ғарбиҳо ба манзури ноором кардани минтақаи Осиёи Марказй дар назар гирифтаанд, то битавонанд Русия ва Чин — ду аслитарин рақиби худро дар ичрои барномаҳояшон дар ин минтақаи стротегй ба мушкил мувочеҳ кунанд. Аз суи дигар роҳандозии чангу низоъҳо дар манотиқи мавриди назар, ё эчоди таҳдидҳои калбакй, ба табиати империалистии кишварҳои ғарбй бармегардад, то заминаи равнақи санъати низомй, ки сарони аксари кишварҳои ғарбй бақои давлаташонро дар гарави ҳимоятҳои молии соҳибони корхонаҳои низомй медонанд, дар ин кишварҳо фароҳам шавад. Таърихи башарият дар тули садсолаҳо собит кардааст, ки ҳузури неруҳои низомии бегона ба ҳеч вачҳ ба манфиати миллатҳо ва давлатҳо набудааст ва ин мардумони минтақаҳо ҳастанд, ки худ метавонанд беҳтар аз ҳар қудрати бегона ба мушкилоти худ расидагй кунанд.Чумҳурии Исломии Эрон бо такя бар ҳамин асл ҳамкориҳои низомии дифоъии худро бо ҳамсоягон ва кишварҳои дуст шакл додааст ва дар кумак ба мушкилоти амниятии онон саҳми қобили мулоҳизае гирифтааст.Имруз барои қудратҳои Ғарбу Шарқ ин ҳақиқт ғайриқобили инкор аст, ки бидуни мушорикати Эрон буҳрони амниятй дар Ироқ, Афғонистон ва Ховари Миёна, ҳатто Осиёи Марказй қобили ҳал намебошад.Ба иборати дигар акнун Эрони Исломй ба як қудрати воқеъи табдил шудааст, ки метавонад дар муодилоти байналмилалй нақши ҳалкунанда ичро кунад.Аз ин нигоҳ тавони низомии Чумҳурии Исломии Эрон, ҳамон гуна ки мақомоти олирутбаи ин кишвар борхо таъкид кардаанд, фақат ва фақат чанбаи дифои ва боздорандагй дорад. Хамкориҳои низомии дифойии Эрон ва Точикистон, ки як ниёзи маъмулии ду кишвари дуст ва бародар мебошад, барои ду кишвар, ҳамчунин тамоми минтақа дорои аҳамият аст.Точикистон бо истифода аз тачрибаҳои ғании Чумҳурии Исломии Эрон дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва омилхои ноамнй метавонад суботу амниятро дар дохили кишвар тақвият намуда, дар ин амр ба кишварҳои ҳамсоя низ кумак кунад.Бо таваччуҳ ба марзҳои тулонии Эрону Точикистон бо Афғонистон ва вучуди муштаракоти фаровон миёни се кишвари Афғонистон, Эрон ва Точикистон ҳамкориҳои низомй миёни Теҳрон — Душанбе, ба нафъи Кобул низ хоҳад буд. Бо ин ҳол расонаҳои вобаста ба маҳофили ғарбии минтақа, дар рузҳои сафари вазири дифои Чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе бо интишори матолибе, талош карданд аз аҳамияти ин сафар бикоҳанд ва онро дар чорчуби мушкилоте, ки худ барои ин ду кишвари ҳамзабон тасаввур карданд,ба баррасй гирифтанд. Аммо чунин иқдомҳо роҳ ба чое нахоҳанд бурд, зеро мардуми точик кумакҳои Эрони Исломиро дар бахшҳои мухталифи зиндагии худ ҳамеша эҳсос мекунанд ва ин кумакҳо дар қиёс ба иқдомҳои мушобеҳи ниҳодҳо ва кишварҳои ғарбй, ки ҳамеша аҳдофи пасипардайи доранд, холисона ва навъдустона будаанд.