Узбакистон ва Туркманистон дар роҳи ҳамгаройи


Сойтҳои мухталиф дар Узбакистон ва Туркманистон аз сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Узбакистон дар баҳори имсол хабар доданд.Бар пояи ин гузоришҳо пешбинй мешавад, ки тайи ин сафар ва дидору гуфтугуҳои мақомоти олирутбаи ду кишвар, санадхои муҳим дар заминаи густариши равобит миёни Ишқобод — Тошканд ба имзо расад.Бо таваччуҳ ба ин, гуфта мешавад сафари Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ба Тошканд нуқтаи муҳиме дар раванди ҳамкориҳо миёни Туркманистон ва Узбакистон хоҳад буд.Албатта ин сафар чавоб ба сафари Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон аст, ки дар моҳи октябри соли 2010 анчом шуд. Дар чорчуби сафари Ислом Каримов чанд санади ҳамкорй миёни ду тараф ба имзо расид, ки тафоҳумномаи ҳамкорй дар бахшҳои фарҳангй — башардустона дар давраи солҳои 2011 — 2013 аз муҳимтарини ин аснод буд.Ҳамчунин дар рузҳои сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон дар шаҳри Дашогози Туркманистон чашнвораи дустии халқҳои узбак ва туркман баргузор гардид. Дар мачмуъ дар мавриди сафари рузҳои 18-20 октябри соли 2010 Ислом Каримов ба Ишқобод бояд гуфт, раиси чумҳури Узбакистон тайи даҳ моҳи ахир ду бор ба Туркманистонро сафар кард.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гази Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъҳои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро (Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб (Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Бо ин ҳол масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Пушиши хабарии ин сафар дар ду кишвар баёнгар аз он буд, ки ду раиси чумҳур бо ҳам дуст шуданд. Сафари ахири Ислом Каримов ба Ишқобод аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки бо ҳар роҳи мумкин худро ба Курбонгулй Брдимуҳаммадов наздик кунад.

Қобили зикр аст, ки равобити дипломатй миёни Тошканд ва Ишқобод аз 7 феврали соли 1993 барқарор шуд ва тайи муддати болиғ бар 17 сол Узбакистон ва Туркманистон ҳамкориҳои бидуни таниш бо ҳам доштанд.То ин дам миёни ду тараф беш аз 120 қарордод ва тафоҳумнома дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст, ки аз ин чумла 26 санад тайи чаҳор соли охир ба имзо расидааст.

Дар соли 2010 мубодилаи тичорй миёни ду кишвар 229 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл 42 дарсад афзоишро нишон медиҳад.Пешбинй мешавад, дар шашумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Туркманистон ва Узбакистон, ки қарор аст рузҳои 14-15 феврали соли чорй дар Тошканд баргузор шавад,роҳҳои тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳо миёни ду тараф баррасй шавад. Сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Тошканд дар шароите анчом мешавад, ки Осиёи Марказй ба таври камсобиқае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Давлати Тошканд, ки дар равобит бо ин қудратҳо пайваста мавозеи мутағаййиреро интихоб кардааст, дар идомаи ин раванд, ниёз ба бархе пуштибонй ва мусоидатҳои кишварҳои минтақа дорад.Ба вижа дар шароите ки Ғарб ба таври чиддй масъалаи пайдо кардани чойгузин барои гози Русияро дунбол мекунад, дар бархурд ба ин мавзуъ Тошканд ба ҳамоҳангиҳо бо Ишқобод ниёз дорад.Зеро Туркманистон дорои манобеи саршори гози табии аст ва мавозеъи он метавонад бар руи қимати содироту воридоти ин колои муҳими санъатй, таъсиргузор бошад. Аз суи дигар наздик шудан бо Ишқобод ин имконро барои Тошканд фароҳам хоҳад кард, ки дар мудирияти бархе масоили минтақайи аз Казоқистон ба унвони рақиби суннатии худ дар ичрои нақши раҳбарй дар Осиёи Марказй, пешй бигирад.Дар як нигоҳи ичмолй, сафари отии Қурбонгулй Бедимуҳаммадов ба Тошкандро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард.

Дар ҳошияи гузориши муҳаққиқони амрикойи

Маркази мутолеоти байналмилалй ва стротегии Вашингтон таҳти унвони «Аз дарраи Фарғона то Вазиристони чанубй» гузоришеро мунташир намуд, ки дар он дидгоҳи муҳаққиқони амрикойи дар мавриди дурнамои амният дар ин минтақа ироа шудааст.Бар пояи ин гузориш муҳаққиқони амрикойи муътақиданд, ки дар пайи фишори давлатҳои Осиёи Марказй, гуруҳҳои чиҳодии ин кишварҳо ба Афғонистон фирор намуда, фаъолиятҳои худро идома медиҳанд.Ҳамин гузориш меафзояд, ҳатто баъд аз суқути режими Толибон дар Афғонистон, ин гуруҳҳо ҳамчунон фаъол боқй мондаанд. Муҳаққиқони амрикойи дурнамои амният дар кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон, аз чумла Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистонро печида пешбинй мекунанд ва бар ин боваранд, ки бидуни кумаки Иёлоти муттаҳидаи Амрико ин кишварҳо нахоҳанд тавонист суботу амнияти пойдорро дар марзҳо ва дохили қаламрави худ таъмин кунанд.

Гузориши маркази мутелеоти истротежики Вашингтон пешниҳод мекунад, ки бояд сиёсати Амрико дар мавриди Афғонистону Покистон тавсеъа ёфта, давлатҳои дарраи Фарғонаро низ дар бар гирад. Зеро масири қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави се кишвари ин дарра гузар мекунад ва ин минтақа ба киштзорҳои хашхош дар Афғонистон наздик аст ва дар айни ҳол чангиён аз Покистон ба самти ин минтақаи стротегй дар ҳаракат мебошанд.Бино ба омори ироашуда дар гузориши мазкур, теъдоди чангиёни кишварҳои Осиёи Марказй, ки дар Покистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд, ҳудуди 1500 нафарро ташкил медиҳад.

Ин барои нахустин бор нест, ки қудратҳои ғарбй, ба вижа Амрико, аз тариқи марказҳои таҳқиқотй печида шудани авзоъ дар кишварҳои Осиёи Марказиро пешгуйи ва аз ин тариқ сояи таҳдидро бар давлатҳои ин минтақа ба навъе таҳмил мекунанд.Вижагии гузориши ахири маркази мутелеоти стротегии Вашингтон он аст, ки ин бор ба таври мушаххас аз водии Фарғона ба унвони маркази нооромиҳои оянда дар Осиёи Марказй ёд шудааст.Ҳамин мавзуъ ақидаро дар мавриди талош қудратҳои шарқу ғарб барои тавсаъа ва таҳкими нуфуз ва чойгоҳи худ дар ин минтақа беш аз ҳар замони дигаре тақвият кардааст.Ба иборати дигар, имруз водии Фарғона майдони аслии рақобат миёни қудратҳои Шарқ ва Ғарб маҳсуб мешавад.Ташдиди ин рақобат бо руйдодҳои Қирғизистон дар баҳори соли гузашта, вориди марҳалаи тозае шуда, акнун бо вуқуи нооромиҳои пароканда дар Точикистон , дар ҳоли табдил шудан ба як нуқтаи доғи чадид дар минтақа мебошад.

Дар ҳоле ки оғози нооромиҳо дар Точикистон, давлатмардони ин кишварро ба як буҳрони амниятй мувочеҳ кардааст ва дар афкори умумй як навъ беэътимодй ба давлати Душанберо доман задааст, муҳаққиқони амрикойи ҳадафи аслии чангиёни мустақар дар Афғонистон ва Покистонро, ки бахши умдаи онҳоро аъзои ҳаракати исломии Узбакистон ташкил медиҳад, давлати Ислом Каримов талақй мекунанд. Бо таваччуҳ ба тачрибаи чунин гузоришҳо ва ба занни мақомоти Кохи сафед, «нигаронии Вашингтон аз вуқуъи нооромиҳо дар Узбакистон», метавон натича гирифт, ки дар марҳалаи кунунй аҳдофи Вашингтон дар Осиёи Марказй, бештар марбут ба ҳузури ин кишвар дар қаламрави Узбакистон аст.Ба баёни дигар, дар айни замон Узбакистон меҳвари хадафхои дарозмуддати Амрико дар Осиёи Марказй маҳсуб мешавад, аз ин ру Кохи сафед бо ҳар роҳи мумкин талош дорад худро ба давлати Тошканд наздик кунад. Қарори маьлум, амният ва бақои қудрат аслитарин нигаронй ва ташвиши Каримов ва дигар ҳамтоёни вай маҳсуб мешавад ва қудратҳои аз ин нуқтаи заъф хеле устодона кор гирифтаанд.

Хамин фазосозиҳои Вашингтон буд, ки Ислом Каримов дар моҳи феврияи соли чорй карори раками 1258 — барномаи таҳкими ҳамкориҳои дучонибаи Узбакистон ва Амрикоро имзо кард. Ин барнома аз чумла дарбаргирандаи ҳамкориҳои низомй мебошад, ки бар асоси он Амрико дар амри тачҳизондани артиши Узбакистон бо таслиҳоти чадид ва омузиши афсарони узбак кумак хоҳад намуд .Ҳамкориҳои Тошканд — Вашингтон дар Афғонистон, аз бахшҳои аслии санади мазкур мебошад, ки дар чорчуби он ду тараф дар интиқоли тачҳизот ва коло барои неруҳои низомии кишварҳои ғарбии вокеъ дар манотиқи мухталифи Афғонистон, ҳамкорй мекунанд. Ин бахш аз ҳамкориҳои ду тараф дар ҳоле ки интиқоли коло ва тачҳизот аз тариқи қаламрави Покистон ба мушкил ру ба ру шуд, бештар аҳамият пайдо кард. Узбакистон бо истифода аз фурсат вориди бозиҳои сиёсии маъмулии худ шуд ва бо фосила гирифтан аз Маскав, равобит бо Вошингтанро тавсаъа дод. Бо ин кор Тошканд тавонист бо истифода аз пуштибониҳои Амрико ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодй дар қаламрави Афғонистонро бар уҳда бигирад. Сохтани роҳи оҳани Хайратон — Мазори Шариф ва интиқоли барқ ба Афғонистон аз ҳамин чумлаанд.Дар ин миён, ҳамон гуна ки бархе манобеъ гузориш доданд, Амрико ба Ислом Каримов ин ваъдаро додааст, ки бар асоси хостаи Тошканд, аз вогузор кардани макомҳои калидй ба намояндагони миллати точик дар Афғонистон, пешгирй хоҳад кард. Ба эътиқоди ағлаби соҳибназарон ин мавзуъ бархоста аз сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Ислом Каримов дар минтақа мебошад, зеро вай аз таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои форсизабон бим дорад ва намехоҳд, ки ин ҳамкориҳо мучиби раҳойии Точикистон аз вобастагиҳои энергетикй ва иртиботии Узбакистон шаванд. Бо ин руйкард, метавон гуфт, гузориши маркази мутолеоти стротегии Вашингтон, як навъ муаррифии барномаҳои ҳузури ояндаи Амрико дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй мебошад.

Иттиҳоди кишварҳои форсизабон

Дар пайи ҳушдори Чумҳурии Исломии Эрон, давлати Тошканд теъдоде аз вагонҳои Точикистонро ба истилоҳ аз ҳабс озод кард.Садҳо вагони дорои масолеҳи сохтмонй, маводи ғизойи, сузишворй ва тачҳизот барои неругоҳи «Сангтуда- 2» ба қаламрави Точикистон расиданд ва аз чумла фаъолиятҳо дар тарҳи муҳими неругоҳи «Сангтуда-2» аз сар гирифта шуд. Мақомоти эронй дар шарҳи ҳушдори худ ба Узбакистон гуфтанд, ки ин корро барои ҳимоят аз манофеи Точикистон анчом доданд.

Дар ҳушдори Теҳрон ба Тошканд гуфта мешуд, ки дар сурати идомаи монеътарошй дар убури вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон, Эрон тронзити мошинҳо ва вагонҳои Узбакистон ва қаламравашро маҳдуд хоҳад кард.Ин ҳушдор қасри ҳубобии худхоҳиҳои мақомоти узбакро ба ларза даровард ва ба онон ёдовар шуд, ки дар дунёи имруз ҳануз неруҳое ҳастанд, ки аз ҳақ ва адолат пуштибонй мекунанд ва дар баробари зулму қонуншиканиҳо қад алам мекунанд.
Бидуни иғроқ, ин иқдоми башардустона ва навъдустонаи Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар қудрат ва чойгоҳи Эронро ба унвони кишвари таъсиргузор дар муодилоти байналмилалй, ба намоиш гузошт. Аз суи дигар, бори дигар собит шуд, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон дар вазъияти кунунии минтақа ва чаҳон,як амре ичтинобнопазир аст.Зеро нигоҳе ба мавқеияти се кишвари форсизабони Афғонистон, Эрон ва Точикистон ба хубй нишон медиҳад, ки имруз ин кишварҳо дар баробари як чанги эъломнашуда ва табъизҳои золимона қарор гирифтаанд.Ишғоли Афғонистон тавассути неруҳои низомии кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико ба баҳонаи мубориза бо терроризм, таҳмил кардани фишорҳои бе ҳадду марз бар Эрон ба баҳонаи талош барои сохти силоҳи атомй ва муҳосираи иқтисодии Точикистон ба баҳонаи харобии роҳи оҳани Узбакистон, ҳама баёнгар аз он аст, ки неруҳои бадхоҳ сафарбар шудаанд, то бо ҳар роҳи мумкин форсизабононро аз равнақу пешрафт ва шукуфойи боздоранд.
Дар ин миён Чумҳурии Исломии Эрон бештар мавриди фишорҳои Ғарб қарор дошт.Бо барқарории низоми Чумҳурии Исломй дар сарзамини Эрон дар соли 1979, дунёи истикбор дар як чабҳаи воҳид дар муқобили ин низоми навпо сангар гирифт.Нахустин зарба ба манзури аз байн бурдани Чумҳурии Исломии Эрон, таҳмили як чанги 8 сола ба ин кишвар буд.Дар соли 1980 режими баъсии Ироқ таҳти сарварии Саддом Ҳусейн бо таҳрики Амрико ва дигар қудратҳои султачу ба Эрон ҳамла кард, аммо миллати эрон дар як чанги нобаробар, бар душмани қудратманди худ, ки мавриди ҳимоятҳои густурдаи қудратҳои Шарқу Ғарб буд, пируз шуд.Ин пирузии Чумҳурии Исломй фақат бар Ироқи баъсй набуд, балкй пирузии як низоми навпои исломй бар чаҳони истикбор буд.Гузашта аз ин тайи беш аз 30 сол баъд аз пирузии инқилоби исломй, Эрон мавриди таҳримҳои беадолатона қарор гирифт.Аммо бар хилофи интизороти душманони Эрон, ин кишвар на танҳо аз ин таҳримҳо осебе надид, балкй ин иқдом боис шуд миллати эрон дар бисёре аз бахшҳо ба худкафойи даст ёбад. Имруз Эрон дар бисёре аз бахшҳои санъатй, илмй, фановарй, кишоварзй, нонотекноложй, пизишкй ва … дар мақоми аввали Ховари Миёна қарор дорад.Ба иборати дигар, ҳамин таҳримҳо боис шуд, то Эрон бо такя ба зарфият, имконият, дониш ва тавонойиҳои худ, аз вобастагй ба кишварҳои хоричй раҳо шавад.Дар шароити кунунй ин тачрибаи Эрон метавонад намунаи ибрати муносиб барои Точикистон бошад.Дар ҳоле ки вобастагиҳои энержй ва иртиботй ба кишварҳои ҳамсоя, латмаи зиёде ба пешрафту тараққии Точикистон ворид мекунад, фаъол кардани зарфиятҳои дохилй ва чустани роҳҳои бурунрафт аз ин вазъ метавонад заминаи рушду пешрафти Точикистонро фароҳам кунад.Дар ин миён сохтани роҳҳои иртиботй ба хорич ва берун аз қаламрави Узбакистон дар авлавият қарор дорад, амре ки Чумҳурии Исломии Эрон барои амалй шудани он эъломи ҳамкорй намудааст. Бо чунин руйкарде метавон гуфт, таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон як заруратест, ки бархоста аз манофеи муштарки се кишвари Афғонистон, Эрон ва Точикистон мебошад.
Албатта дар ин замина то имруз иқдомҳои зиёде сурат гирифтаанд ва ҳануз дар даҳаи 90 милодй дар нишасти сечонибаи оқоён Рафсанчонй, Раббонй ва Раҳмонов дар шаҳри Душанбе, нахустин гуфтугуҳо дар ин замина сурат гирифтанд.Аммо, акнун шароити имрузи минтақа ва чаҳон эъчоб мекунад, ки се кишвари дорои забон, дин, фарҳанг ва таърихи муштарак дар ҳифзи арзишҳо ва манофеи муштараки худ бештар кушо бошанд.Барои ин се кишвар собит шуда, ки дар чиҳати ҳифзи манофеи худ ба умеди дигарон буданд чуз зиён ва гирифториҳои бештар, ҳосиле ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Ба вижа дар пайи хорич кардани Эрон аз довталабии узвият дар Созмони ҳамкории Шонгҳой, ҳимоятҳои ошкори Маскав аз манофеи Тошканд дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй ва иқдомоти Ғарб барои музокира бо гуруҳ Толибон дар Афғонистон, собит шуд, ки як Иттиҳоде барои се кишвари форсизабон зарурй аст.Албатта метавон бидуни ташкили созмон ё ниҳоде низ ҳадафҳои худро дунбол кард, аммо ташкили Иттиҳод масъулиятҳо ва вазифаҳоро мушаххастар бозгу мекунад. Бо таваччуҳ ба тавоноиҳои билқувваи Эрон дар бахши иқтисодй ва ниёзҳои мубрами Точикистон ва Афғонистон ба ҳамкорй ва кумакҳои иқтисодй таъсиси як ниҳоде дар ростои тавсаъаи ҳамкориҳои иқтисодй миёни Теҳрон-Кобул-Душанбе метавонад оғозе муносиб дар шаклгирии Иттиҳод бошад. Дар ин замина баҳори соли 2008 вазирони хоричаи се кишвари форсизабон дар Душанбе ба тавофуқҳои аввалия даст ёфтанд. Тачрибиёт ва пешрафтҳои Эрон дар бахши иқтисод ва манобеи саршори табиъии мавчуд дар Афғонистон ва Точикистон, ҳамчунин мавқеъияти чуғрофиёйии ин се кишвар, ояндаи дурахшоне аз ҳамкориҳои иқтисодиро замонат медиҳад. Дар ин миён набояд нодида гирифт, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон мухолифони сарсахти худро дар минтақа ва берун аз он дорад.Аз чумла, Русия ба унвони меросхури Шуравй, ба ҳеч вачҳ намехоҳад ҳар гуна иттиҳод ё созмоне бе мушорикати у дар ин қаламрав шакл гирад.Маскав чунин иқдомеро хилофи манофеи худ дар минтақа медонад, зеро аз густариши нуфузи Эрон дар минтақаи стротргии Осиёи Марказй бим дорад. Монеътарошй дар роҳи узвияти Чумҳурии Исломии Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки хорич аз иродаи Маскав набуда, дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Аз суи дигар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ мухолифи ташкили иттиҳоди се кишвари форсизабон аст, чунки Вашингтон мехоҳад бо ҳар роҳи мумкин Эронро дар инзиво қарор диҳад ва аз густариши нуфуз ва чойгоҳи Теҳрон дар минтақа ва чаҳон пешгирй кунад.Музокироти низомиёни амрикойии мустақар дар Афғонистон бо Толибон ва барномаҳои мушорикат додани онон дар идораи давлати Кобул, ҳамчунин афзоиши кумакҳои мухталифи Вошингтан ба Душанбе, аз ҳамин зовия қобили тааммул аст.
Аз суи дигар монеъаҳои дохилии мавчуд дар бархе аз ин кишварҳои форсизабонро низ набояд нодида гирифт.Аз чумла ҳануз бархе доираҳо дар Душанбе аз он ҳарос доранд, ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти исломгаройи дар чомеъа шавад.Чунин ақидаҳои воҳй аз чумлаи сабабҳоест,ки Точикистонро дар аз миён бардоштани раводид бо Эрон сардаргум кардааст.То ҳануз роҳандозй нашудани шабакаи телевизионии форсизабонон далели дигари вучуди бархе ихтилофи дидгоҳҳо мебошад, ки сарони се кишвар дар талошанд ҳарчй сареътар онҳоро рафъ кунанд. Сарфи назар аз ин ҳама, сарони се кишвари форсигу борҳо дар нишастҳои худ таъкид кардаанд, ки ҳамкориҳои онон ба ҳеч вачҳ алайҳи ҳеч кишваре нахоҳад буд ва дар ростои тавсаъа ва таҳкими ҳамгароиҳои ҳарчй бештар дар минтақа сурат мегирад. Амре ки кишварҳои минтақаро аз вобастагиҳо ба қудратҳои судчуи фароминтақайи раҳо хоҳад кард. Аз суи дигар дар дунёи имруз таъсиси иттиходияхо ба як амре маъмулй табдил шудааст ва кишвархо дар ростои бароварда намудани ниёзхои худ иттиходияхо таъсис мекунанд. Иттиходияи Аврупо, Иттиходияи араб, Иттиходи туркзабонхо ва.. аз хамин чумлаанд.

Зарурати инсичом ва хамгаройи миёни кишвархои форсизабон

Музокироти бе натичаи Тошканд ва ошкор шудани баҳонатаришиҳои Узбакистон
Бар хилофи интизорот ва пешгуиҳо, дар дидори Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ва Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар Тошканд тавофуқе дар чиҳати ҳалли масоили мавчуд миёни ду кишвари ҳамсоя, аз чумла тавакқуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ҳосил нашуд.Тарафи Узбакистон дар идомаи мухолифатҳои худ ба сохти неругоҳи Роғун, эълом кард вагонҳои дорои тачҳизот ва масолеҳи сохтмонй барои ин неругоҳ ҳамчунон ичозаи гузаштан ба Точикистонро нахоҳанд дошт. Бар асоси гузоришҳои мунташира дар бораи натичахои дидори Раҳмон ва Каримов, Узбакистон ба зудй ба вагонҳои Точикистон, ки нисбате ба неругоҳи Роғун надоранд, ичозаи ҳаракат хоҳад дод.
Ҳамин тавр Тошканд бо ин иқдоми худ нишон дод, ки мухолифатҳояш ба сохти неругоҳи Роғун чиддитар аз он чй ҳаст, ки дар Точикистон тасаввур мекунанд. Давлати Ислом Каримов бо истифодаи моҳирона аз шароити кунунии чаҳон ва минтақа, ки ниёзи қудратҳои Шарқу Ғарбро ба ҳамкориҳои Узбакистон беш аз ҳар замони дигаре афзоиш дода, мавқеияти чуғрофй ва вучуди манобеи нафту гоз, чойгоҳ ва аҳамияти ин кишварро дар ичрои барномаҳои қудратҳои хозир дар Осиёи Марказй,ба таври бесобиқае боло бурдааст,барномахои худро пайгирй мекунад.Чунин вазъияте қудратҳои мазкурро дар мавқеияти ниёзмандй қарор дода,ононро ночор ба чашмпушй дар қиболи тамоми амалкардҳои хилофи қавонин ва муқаррароти байналмилалии давлати Тошканд намудааст. Ва ин шароит Узбакистонро дар анчоми рафторҳои зиддибашарй нисбат ба Точикистон, густохтар кардааст.

Узбакистон дусти Точикистон аст?

Нигоҳе ба раванди равобити Узбакистон бо Точикистон баъд аз касби истиқлоли ин ду кишвар, байнгар аз он аст, ки Тошканд ҳамвора талош кардааст ҳамсояи худро дар вобастагй нигоҳ дорад, то битавонад хостаҳои худро таҳмил кунад.Чанги таҳмилии панчсола дар Точикистон ва таҳаввулоти марбут ба он ба вузуҳ нишон медиҳад, ки Узбакистон ҳаргиз дар мавзеи холисона ва бетарафона амал накарда, балки талош кардааст бо истифода аз фурсат барномаҳои худро дар Точикистон пеш барад. Дар шароите ки тамоми кишварҳои минтақа бо мизбонй аз мулоқоти тарафҳои он замон рақиби точик, саъй доштанд ба чанги шаҳрвандй дар Точикистон ҳарчй зудтар хотима диҳанд, Узбакистон ҳеч гоҳ ҳозир нашуд мизбони музокироти сулҳи точикон бошад. Ба илова дар музокироти сулҳи точикон давлати Тошканд ё ширкат надошт ва ё давлатмардони камсалоҳияти худро мефиристод. Сарфи назар аз ин Точикистон ҳамеша манфиатҳои Узбакистонро дар назар мегирифт. Ҳатто дар шароити барои худ душвор садди роҳи мухолифони мусаллаҳи давлати Каримов мешуд ва аз нуфузи онҳо ба қаламрави Узбакистон пешгирй мекард ва дар ин роҳ садҳо тан аз чавонони точикро қурбон кардааст.

Роғун ташаббуси Узбакистон ва барои Узбакистон аст

Бо чунин руйкарде метавон гуфт, ки неругоҳи Роғун фақат як баҳона барои Узбакистон аст, то барномаҳои худ дар ростои монеътарошй дар роҳи тараққию пешрафти Точикистонро амалй кунад. Нигоҳе гузаро ба таърихи тарҳи неругоҳи Роғун тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Сохтани ин тарҳ дар солҳои 70 қарни гузашта оғоз шуд, аммо дар пайи мухолифатҳои рушанфикрони точик корҳои сохтмонй ду бор мутаваққиф шуданд.Узбакистон ба унвони муаллиф ва ташаббускори аслии тарҳи Роғун, бар сохтани он исрор мекард, зеро мехост бо густариши заминҳои кишоварзй истеҳсоли пахтаро аз 5 миллион тон ба 9 миллион тон дар сол афзоиш диҳад. Бо дахолатҳои мустақими Узбакистон анчумани 24 ҳизби камунисти Иттиҳоди Шуравй, бо беэътинойи ба мухолифатҳои Точикистон, тарҳи сохтани неругоҳи Роғунро ба тасвиб расонд. Аз ин ру агар имруз тарҳи Роғун намебуд, Узбакистон бо ба миён кашидани фаъолияти корхонаи алюмини точик, ҳамин кореро мекард, ки бо баҳонаи сохтани неругоҳи Роғун мекунад.

Муҳосираи иқтисодй ба фоидаи Точикистон аст

Таърихи башарият саршор аз руйдодҳоест, ки байнгар аз ба кор гирии муҳосираи иқтисодй дар равобити давлатҳо мебошад.Дар аксари ҳолатҳо ин иқдомҳои ба зоҳир танбеҳй, ба нафъи миллатҳои мазлум тамом шудаанд. Имруз низ шоҳиди он ҳастем, ки муҳосираи иқтисодй ва иртиботии Точикистон тавассути Узбакистон дар ҳоли кор кардан ба нафъи миллати точик мебошад.
Дар пайи амалкарди мақомоти узбак, барои масъулони точик имкон фароҳам омад, ки дустро аз душман фарқ кунанд. Аз чумла рушан шуд, ки Русия чун ҳама қудратҳои султаталаб ва судчу шарики стротегй надорад, балкй манофеи стротегй дорад ва бар асоси ҳамин манофеъ шарикони худро барои марҳалаҳои мушаххас интихоб ва иваз мекунад. Ҳамчунин ба баракати иқдомоти қонуншиканонаи давлати Тошканд, чеҳраи воқейии кишварҳои муддайии демократия ва ҳомиёни ҳуқуқи башар бармало шуд. Ба хотири манофеи худ, ҳеч як аз кишварҳои ғарбй, ки ҳадафи аслии ҳузури худ дар минтақаро барқарории демократия ва озодиҳои шаҳрвандй эълом карданд, ҳозир нашуданд ба шикоятҳои Точикистон дар қиболи беадолатиҳои Узбакистон, расидагй кунанд. Ниҳодҳои байналмилалии вобаста ба ин қудратҳо низ бо ба бозй гирифтани сарнавишти миллати точик, дар баробари иқдомоти зиддибашарии Узбакистон чашмпушй карданд.

Чумхурии Исломии Эрон дусти Точикистон

Ҳамзамон бо ин ҳама, Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар дуст ва бародари воқеъйии давлату миллати Точик будани худро ба намоиш гузошт.Фишорҳои Тошканд давлати Душанберо водор намуд, ки бо диди бозтар ба равобит бо Чумҳурии Исломии Эрон нигоҳ кунад. Ин воқеият ғайриқобили инкор аст, ки бо дахолатҳои мустақим ва ғайримустақими кишварҳои бадхоҳ, мақомоти точик то солҳои ахир алоқаи чандоне ба густариши равобит бо Теҳрон надоштанд. Онон ба андешаи он ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти неруҳои исломгаро хоҳад шуд, бо ҳар баҳонае аз Теҳрон фосила мегирифтанд ва фақат дар ҳолатҳои ичборй ба истиқболи Эрон мерафтанд. Аммо Чумҳурии Исломии Эрон собит намуд, ки ҳеч дахолате дар умури дохилии Точикистон надорад ва дар ин кишвар ҳадафе чуз кумак ба пешрафту таолии давлату миллати точик надорад. Акнун дар Душанбе беш аз ҳар замони дигаре зарурати иттиҳоди се кишвари форсизабонро дарк карданд. Тасвиби таҳримҳои ноодилона дар Созмони милали муттаҳид алайҳи барномаҳои сулҳомези атомии Чумҳурии Исломии Эрон ва иқдоми Амрико барои музокира бо гуруҳи ифротии толибон дар Афғонистон, ҳамчунин муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон собит намуд, ки имруз душманони фарҳангу тамаддуни форсизабонон дар саросари чаҳон сафарбар шудаанд, то монеъ аз ҳамгаройии ин се кишвар шаванд.

Зарурати бознигарй дар дипломатия

Тачрибаи беш аз сисолаи Чумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳад, ки миллати ғаюри Эрон чй гуна аз таҳримҳо ва муҳосираҳои иқтисодии душманон истифода кард ва бо фаъол кардани зарфияту имкониятҳои бумй, ба тадрич дар тамоми заминаҳои сиёсй, иқтисодй, ичтимой ва фарҳангй ба худкафойи даст ёфт.Аз ин ру ҳамон гуна ки бо кумаки Эрон тунели Истиқлол ба баҳрабардорй расид ва роҳи заминй миёни марказ ва шимоли Точикистон сохта шуд, он руз дер нест, ки се кишвари форсигу дар муқобила бо иқдомоти душманон, неругоҳҳои азим дар Точикистонро такмил ва роҳҳои оҳани худро низ пайваст хоҳанд кард.Бо таваччуҳ ба тавони фаннй ва муҳандисии мавчуд дар Эрони исломй, ичрои чунин барномаҳо кори душворе нахоҳад буд.
Дар шароити кунунии чаҳон ва минтақа ба умеди кумаки кишварҳое назири Русия ва ниҳодҳои байналмилалие ҳамчун Созмони милал, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкории Шангхай ва амсоли инҳо шудан, чуз талафи вақт ҳосили дигаре барои Точикистон нахоҳад дошт.Аз ин ру Точикистонро зарур аст бо тақвияти дастгоҳи дипломатии худ ва бознигарии чиддй дар равобити хоричй, зимни авлавият додан ба густариши ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳо бо Чумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои дуст, тарҳҳои миллии худро масъулона пайгирй кунад.Акнун фурсати он расидааст, ки масъулони давлати Душанбе дар тамоми радаҳо манофеи миллй ва давлатиро дар авлавият қарор дода, ба фикри инсичом ва иттиҳоди миллй бошанд. Истифода аз тачрибиёти Чумҳурии Исломии Эрон беҳтарин роҳкор дар ин замина мебошад.

Хамкорихои кишвархои форсизабон дар Афгонистон

Баъд аз он ки дар пайи ҳодисахои табии ва вахомати авзои инсонй дар вилояти Хатлон, ҳаракати вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон аз сар гирифта шуд, дар Точикистон ин интизор доман зад, ки аз ин ба баъд ду кишвари ҳамсоя дар масири ҳамгароиҳои бештар кадам хоҳанд бардошт.

Умедро дар ин замина паёми Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Ислом Каримов, ҳамтои узбакаш тақвият кард.Раиси чумҳури Точикистон аз мақомоти Тошканд, ки бо таъмир ва бозсозии роҳи оҳан шароитро барои ҳаракати вагонҳои Точикисатон фароҳам карданд, кадрдонй кард.Аммо хурсандии точикистониҳо дер давом накард ва тарафи Узбакистон рузи 22 май аз нав ҳаракати вагонҳои дорои махсулоти мухталиф барои Точикистонро мутаваққиф кард. Ин бор низ мақомоти узбак нуксонхои техникй ё фанниро сабаби ин амр тавсиф карданд.Зафар Раҳимчонов,консули сафорати Узбакистон дар Душанбе дар мавриди сабабхои тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави кишвараш гуфт: ширкати роҳи оҳани Узбакистон аз имконноти кофй барои таъмири роҳи оҳан дар масири Термиз — Амузангро, ки вагонҳои Точикистон аз он гузар мекунанд, надорад. Чунин иддаои тарафи узбак дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ширкати роҳи оҳани Точикистон эъломи омодагй кардааст то ин қисмат аз роҳи оҳанро, ки 11 километро ташкил медиҳад, тармим кунад.Аммо роҳи оҳани Узбакистон ба ҳеч вачҳ ҳозир нашудааст чунин пешниҳоди ҳамтоёни точики худро қабул кунад.Натича он аст, ки аз моҳи март то кунун беш аз ду ҳазор вагони Точикистон дар қаламрави Узбакистон мутавакқиф шудаанд.
Узбакистон дар дигар иқдоми хилофи урфи байналмилал ва ухдадорихои худ, бо тағйири масири ҳаракати вагонҳо, пешниҳод кардааст, ки 600 вагон аз масири Кудуқлй ба Точикистон ворид шаванд.Вале, бино ба гуфтаи консули узбак дар Душанбе, тарафи Точикистон ба ин пешниҳоди Узбакистон посухе надодааст.Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегуянд, тағйири масири ҳаракати вагонҳо тавассути кишвари саввум, ки аз қаламраваш ба унвони рохи тронзитй истифода мешавад, хилофи меъёрхо ва муқаррароти байналмилалй аст. Точикистон дар чорчуби талошҳои дипломатй барои ҳалли мушкили тавакқуфи вагонҳо дар қаламрави Узбакистон, ба ниҳодҳои муътабари байналмилалй, аз чумла Созмони милали муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мурочиа кард.Аммо то ҳол ҳеч иқдоме аз тарафи ин созмонҳо сурат нагирифтааст.
Дар пайи идомаи тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ки иддае аз коршиносон онро муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон тавсиф мекунанд, дар доираҳои коршиносй ва ҳукуматии Точикистон ба тадрич ба ин натича расидаанд, ки ягона роҳи бурунрафт аз чунин вазъи ногувор поён додан ба вобастагиҳои иртиботй бо ҳамсояе назири Узбакистон аст. Яъне бояд ба таври чиддй ба фикри сохтани хати роҳи оҳани нав аз қаламрави кишвари дуст ва ҳамзабони Афғонистон буд. Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Точикистон дар як мусоҳибаи матбуотй иброз дошт, ки Точикистон аз зарфият ва имконоти лозим бархурдор аст, то аз тариқи қаламрави Афғонистон ба роҳи оҳани Туркманистон ва аз ин тариқ ба Кафқоз ва Русия пайваст шавад.Ин мавзуъ ба таври чиддй дар дидори Манучеҳри Мутаккй, вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон бо мақомоти олирутбаи точик дар шаҳри Душанбе баррасй ва тавофуқҳои аввалия ҳосил шуд. Дар марҳалаи аввал мутахассисони ду кишвари Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикситон минтақаи сохти роҳи оҳан тавассути Афғонистонро аз нигоҳи фаннй ва муаҳндисй мавриди баррасй ва таҳқиқ қарор хоҳанд дод. Манучеҳри Муттакй, вазири умури хоричаи Эрон гуфт, ки ин тарҳ дар оянда Эронро ба Қирғизистон, Афғонистон ва Чин пайваст ва дар густариши муносиботи Точикистон бо кишварҳои минтақа ва рушди иқтисодй мусоидат хоҳад кард. Муттакӣ афзуд: дар сурате, ки роҳи оҳани Точикистон — Афғонистон — Эрон сохта шавад, ин мушкили манъ кардани вагонҳои Точикистон аз байн хоҳад рафт. Вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки бояд ҳарчй зудтар ин мавзуъ дар нишасти сарони се кишвари форсизабон баррасй ва иқдомоти созанда андешида шавад.
Албатта сохтани роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон мавзуи чадиде нест ва дар ин кишвари чангзада барои аввалин бор дар миёнахои соли 2008 бо ташаббуси Эрон нахустин хати роҳи оҳан бо тули 60 километр сохта шуд.Узбакистон низ дар ин масъала мушорикати фаъол дорад ва бар он шудааст, ки хатхои иртиботй, аз чумла роҳи оҳан дар Афғонистонро ба инҳисори хеш дароварад. Дар ҳамин росто хати роҳи оҳан аз бандари Хайратон то Мазори Шариф ба тули 75 километр тавассути ширкати роҳи оҳани Узбакистон сохта шуд.Карор аст ин тарҳ то поёни соли 2010 такмил шавад.Дар моҳи ноябри соли 2008 дар Боку (пойтахти чумҳурии Озарбойчон)миёни Бонки рушди Осиё ва Узбакистон тафоҳумнома дар мавриди сохти роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф-Хирот ба имзо расид. Албатта қабл аз ин, 17-18 июни соли 2003 дар чорчуби сафари расмии Ислом Каримов ба Чумҳурии Исломии Эрон миёни се кишвари Эрон, Узбакистон ва Афғонистон тавофуқнома дар мавриди ташкили коридори тронзитии фароминтақайи ба имзо расида буд.Аммо ба тадрич Тошканд дар чорчуби хадафхои дарозмуддати худ дар Афғонистон, ҳамкориҳо бо Эронро камранг ва бо дигар бозигарони минтақа вориди муомила шуд.Дар ин росто пуштибонй ва кумакҳои Амрико ба Узбакистон, ки он замон шарики стротегии Вошингтон дар минтақа маҳсуб мешуд, нақши муҳим ва ҳалкунанда дошт. Манофеи Амрико тақозо мекард, ки Афғонистонро бо шабакаи пешрафтаи иртиботии Узбакистон пайваст кунад.Узбакистон низ талош дошт аз тариқи Мазорти Шариф, Шибирғон, Ҳирот ва Қандаҳор ба бандарҳои байналмилалии Эрон ва Покистон пайваст шавад. Дар он замон Узбакистон дар ҳамкорй бо ширкатҳои амрикои санадхои фаннй-иқтисодии ин тарҳро таҳия кард.Аммо баъд аз ҳодисахои Андичон (майи соли 2005)равобити Тошкан-Вашингтон сард шуд ва ин тарҳ ба ҳолати муаллақ даромад.Бо ин ҳол Узбакистон тамоили худ ба сохтани роҳи оҳан дар Афғонистонро ҳамчунон ҳифз кард ва тачҳизоти мавриди ниёзро бо эътибори(кредити) 156 миллион долларии бонки чопонй таҳия кард. Узбакистон бо амалй кардани тарҳои муҳими иқтисодй дар шимол ва дигар манотиқи Афғонистон қабл аз ҳама ҳадафхои сиёсии худро дунбол мекунад.Таъмини амният дар марзҳо бо Афғонистон аз чумлаи ин аҳдоф аст.Дар канори ин Узбакистон қасд дорад бо таҳти контрули худ гирифтани роҳҳои тронзитии Афғонистон, аз як су ин манбаи пурдаромадро дар ихтиёр дошта бошад, аз суи дигар фишанге барои овардани фишор ба дигар кишварҳои минтақаро дошта бошад.Муҳимтар аз ин ҳама давлати Тошканд бо густариши нуфузи иқтисодии худ дар Афғонистон қасд дорад шимоли ин кишварро, ки як пойгоҳи суннатй барои раҳбарони чиҳодии узбактабор будааст, дар маҳдудаи нуфузи хеш нигаҳ дорад.Аз ин чост, ки мехоҳад дар ичрои ҳар тарҳе дар Афғонистон, аз ду кишвари ҳамзабон бо Афғонистон, яъне Точикистон ва Эрон пешй гирад.Ин хамон хадафест, ки давлати Ислом Каримов дар ростои монеътарошй дар рохи вахдат ва хамгаройии се кишвари форсизабон дунбол мекунад. Дар ҳамин росто Тошканд фаъолияти чиддй дар сохтани чодаҳои автомобилй дар Афғонистон (Ҳирот — Қандаҳор) ва хатхои интиқоли барқ дорад. Аз чумла 9 майи соли 2009 хати интиқоли барқи Сурхон-Хайратон-Пули Хумрй-Кобул бо ташаббуси мутахассисони узбак мавриди баҳрабардорй қарор гирифт. Дар шароити кунунй, ҳарчанд Тошканд ва Вашингтон равобити чандон хубе надоранд, аммо Амрико аз иқдомоти Узбакистон дар чиҳати сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон пуштибонй мекунад.Зеро мушорикати Узбакистон дар ин тарҳҳо боиси харочоти кам хоҳад шуд ва ба Амрико имкон медиҳад, ки ба фикри дигар мушкилоти Афғонистон бошад.
Дар ҳамин ҳол Кобул аз наҳваи ҳаракати вагонҳояш тавассути қаламрави Узбакистон хушҳол нест, зеро Тошканд борҳо бо ҳар баҳонае ҳаракати вагонҳо ба самти Афғонистонро мутавакқиф кардааст.Аз ин ру раҳбарони давлати Кобул ба ин андешаанд, ки роҳҳои иртиботии худро ба Казоқистон васл кунанд. Дар ин миён дигар бозигарони минтақа, назири Чин,Чопон, Хинд ва Покистон низ барномаҳое дар мавриди Афғонистон доранд.Аз чумла Чопон эълом кард, ки як миллиард доллар барои сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон ихтисос хоҳад дод. Дар чунин шароите ташаббуси се кишвари форсизабони Точикистон, Эрон ва Афғонистон барои ҳалли мушкилоти иқтисодии ҳамдигар, бештар ба нафъи кишварҳо ва миллатхои минтақа аст. Зеро муштаракоти мавчуд дар ин се кишвар, назири забон, таърих, дин ва фарҳанг имкон фароҳам мекунад, ки Душанбе, Теҳрон ва Кобул бе дахолати кишварҳои судчу ва фурсатталаб ба мушкилоти худ расидагй кунанд.Аммо таъхир дар ичрои тарҳҳо метавонад ба осонй ин фурсатро аз ин се кишвар бигирад, ки то кунун дар бархе заминаҳо шоҳиди он ҳастем.

Душанбе мизбони Созмони конфронси исломй

Сиюҳафтумин нишасти Шурои вазирони умури хоричаи кишварҳои узви Созмони конфронси исломй(СКИ) дар шаҳри Душанбе бо суханронии Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ва раиси давраии созмони мазкур ифтитоҳ шуд.Тайи ин суханронй Эмомалй Раҳмон аз чумла гуфт:»Ичлосияи имруз, ки дар замони буҳрони молиявию иқтисодии чаҳонй ва зуҳуроти гуногуни хатару таҳдидҳои чаҳони муосир чараён мегирад, моро ба ваҳдату ҳамраъйии беш аз пеш водор месозад.

Нақши Созмони конфронси исломй метавонад чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрчониба дар миёни кишварҳои исломй, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор хеле муҳим ва муассир бошад.» Раиси чумҳури Точикистон ба нақш ва чойгоҳи кишвараш дар Созмони конфронси исломй ишора намуд ва масоили доғи чаҳони исломро чунин баршумурд:» Точикистон ҳамоно ба болоравии нақши Созмони конфронси исломйдар баррасй ва ҳаллу фасли масъалаҳои доғи рузи чаҳони ислом, густариши ҳамоҳангй ва ҳамкорй дар мубориза бо хатароти чаҳони муосир, аз чумла терроризм ва ифротгароӣ чонибдор буд ва хоҳад монд.Зимни ин раванд ибрози таваччуҳи бештар ва ҳадафманд ба «нуқтаҳои доғи” олами ислом аз чумлаи тақозоҳои руз аст.Ҳоло мардуми азияткашидаи Ироқ орзуманди ҳаёти орому осоишта ва истиқрори ҳарчи сареъи оромиш, яъне ниёзманди зиндагии одии инсонй аст, ки дар ин чода нақши Созмони мо метавонад фаъолтар ва муассиртар бошад. Мушкилоти тулонии мардуми Фаластин, ки беш аз ним қарн аз давлати худ маҳрум ва бахши аъзами аҳолиаш дар муҳосират ба сар мебарад, аз чониби ҳама гуна миёнаравҳо мавзўи баррасӣ мебошад, вале нақши Созмони конфронси исломйдар ҳалли чунин масъалаи ҳаётии ислом, сарфи назар аз нишастҳову ҳамоишҳои мухталиф, ҳануз қотеъ ва ҳалкунанда ба назар намерасад. Ба ҳамин монанд аз як силсила мушкилоти дигари даҳсолаҳо ҳалношудаи Уммат низ метавон ном бурд.Мо ба таҳкими сулҳу субот дар кишвари ҳамсояву дусту бародар – Афғонистон ҳамеша манфиатдорем. Кумакҳои зарурй ва ҳадафманд ба Афғонистон метавонад ба унвони яке аз руйкардҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои мухталифи ҳоким дар он кишвар, муассир воқеъ шавад.» Эмомалй Раҳмон дар идома ба густариши нуфуз ва чойгоҳи дини мубини Ислом дар дунёи имруз ва суиистифодаҳои қудратҳо аз Ислом ва тамаъчуйии бархе маҳофил дар кишварҳои исломй ишора кард ва афзуд: «Дар сиёсати муосири чаҳонй «омили исломй» ҳамвора мавқеи созанда касб мекунад. Мутаассифона, доираҳои муайяни сиёсй дар арсаи байналмилалй омили исломиро барои пиёда сохтани манфиатҳои худ истифода бурда, кушиш ба харч медиҳанд, ки назарияи «бархурди тамаддунҳоро» дар муҳақақ намоянд. Истифодаи ғаразнок аз номи поки ислом ва таҳрифу таҳқири арзишҳои волои дини мубини мо намунаи боризи чунин кушишҳост. Бояд таъкид кард, ки равандҳои нигаронкунандаи густариши аъмоли муқобили ҳамдигар қарор додани дину тамаддунҳо билохира метавонанд ба бесарусомонӣ ва фачоё на фақат дар минтақаҳои чудогона, аз чумла Осиёи Марказй ва ё Ховари Миёна, балки дар миқёси умумичаҳонй мунчар шавад.Аз ин рў, густариши исломситезй чун яке аз намудҳои нажодпарастй Точикистонро мисли кишварҳои дигари мусулмонй нигарон сохтааст. Дар чунин вазъият моро мебояд, ки ба таври муштарак талошҳои худро барои аз нигарониву ташвишҳои худ огоҳ намудани чомеаи чаҳонй дар сатҳҳои мухталиф идома дода, чиҳати пешгирии муассири ин гуна падидаҳои номатлуб иқдомоти мушаххас анчом диҳем». Қобили зикр аст ки дар нишасти Душанбе намояндагони радаҳои мухталиф аз 100 кишвари чаҳон ҳузур доштанд.Судури баёния дар мавриди истифода аз зарфиятҳои тронзитии кишварҳои узв ва баҳрабардории одилона ва оқилона аз манобеи обии чаҳони ислом дар сиюҳафтумин нишасти Шурои вазирони хорича дар пойтахти Точикистон, аз чумлаи дастовардҳои ин кишвар ба унвони мизбони ичлоси мазкур арзёбй мешавад. Ба иборати дигар, акнун дар маҳофили коршиносй бар ин умеданд, ки Созмони конфронси исломй битавонад дар рафъи суитафоҳумот миёни кишварҳои Осиёи Марказй, ки солҳои ахир дар мавриди истифода аз манобеи обии ин минтақа ба миён омада аст, нақши муассир ичро кунад.Суханони Акмалиддин Эҳсонуғлу, дабири кулли Созмони конфронси исломй, ки гуфт:Худованд табиати зебо ва боигариҳои фаровоне барои минтақаи Осиёи Марказй арзонй доштааст, ки боястй аз ин неъматҳои Илоҳй барои пешрафту тараққии ҳамаи кишварҳои ин минтақа истифода кард, умедҳо дар ин заминаро тақвият кардааст. Дар ҳамин ҳол гуруҳе аз таҳлилгарон муътақиданд, Созмони конфронси исломй наметавонад ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои Осиёи Марказй дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақаро ҳаллу фасл кунад.Аз нигоҳи ин даста аз таҳлилгарон Созмони конфронси исломй ҳануз ин мушкилро ба таври лозим дарк накардааст.Ба иборати дигар дар ин масъала заъфи иттилорасонии дастгоҳҳои дипломатии Точикистон бармало шудааст, мавзуе ки бо гузашти наздик ба 20 сол аз замони касби истиқлоли ин кишвар, ҳамчунон дар заминаҳои мухталиф матраҳ будааст. Ҳамин заъф боис шудааст, ки Точикистон дар бисёре аз масоили минтақайи ва байналмилалй имтиёзоти хеле арзишмандро аз даст диҳад. Заъфи дастгоҳи дипломатии давлати Душанбе, ки ёру ошнобозй дар таъйини сафирон аз чумлаи авомили он аст ва ин падидаи номатлуб боиси дар ҳошия қарор гирифтани бисёре аз кодрҳои варзида ва зубда шудааст,Точикистонро дар бисёре аз масъалаҳои муҳим ноком ва аз ҳаққи мусаллами хеш бенасиб мондааст. Дар сафари дабири кулли Созмони милали муттаҳид ба Осиёи Марказй ин масъала ба таври бесобиқа ошкор шуд.Душанбе натавонист Бон Ки Мунро мутақоид созад, ки неругоҳи Роғун на танҳо ба зарари ҳеч кишваре нест, балки манофеи фаровоне барои тамоми кишварҳои минтақа ба ҳамроҳ дорад, ҳатто ба ичрои тарҳҳои СММ дар Афғонистон суръати қобили мулоҳизае мебахшад. Албатта бетаваччуҳй ё камтаваччуҳии СММ ба мушкилоти Точикистон ба аҳамияти ин кишвар барои ин ниҳоди байналмилалй низ бармегардад ва дар марҳалаи кунунй палаи тарозу ба нафъи Узбакистон аст, яъне барои СММ беҳтар он аст,ки аз манофеи Тошканд ҳимоят кунад, то битавонад Узбакистонро дар тарҳҳои хеш дар минтақаи муҳим ва стротегии Осиёи Марказй ҳамсу кунад.Чунин руйкард чеҳраи воқеии СММро барои чомеи Точикистон ошкор кард. Аммо музокироти Манучеҳри Муттакй, вазири умури хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон бо намояндаи вазорати хоричаи Узбакистон дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони хоричаи Созмони конфронси исломй дар Душанбе ва таъкиди у дар мавриди ин ки таваққуфи вагонҳои тачҳизоти Эрон ба Точикистон хилофи муқаррароти байналмилал аст,ин интизорро доман задааст, ки Созмони конфронси исломй бо ибтикори кишварҳои дуст, назири Чумҳурии Исломии Эрон битавонад ҳусни тафоҳумро ба фазои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказй бозгардонад. Дар ҳошияи нишасти Душанбе мақомоти баландпояи Эрон ва Точикистон дар мавриди сохтани роҳи оҳан аз Эрон то Точикистон аз тариқи қаламрави Афғонистон ба тавофуқҳои аввалия даст ёфтанд. Ин иқдом яке дигар аз кумак ва мусоидатҳои Эрони исломй дар чиҳати рафъи мушкилоти Точикистон мебошад, ки мардуми точик онро аҳамияти зиёде қоиланд. Точикистон дар соли 1992 ба Созмони конфронси исломй пайваст шуд, аммо барои ҳамкорй бо кишварҳои исломй тамоили чандоне аз худ нишон намедод. Яке аз омилҳои ин амр он буд, ки давлати Душанбе бим дошт бо наздик шудан ба кишварҳои мусалмон, чойгоҳи ҳизби наҳзати исломй — аслитарин рақиби худро тақвият мекунад ва исломгарои дар кишвар густариш меёбад.Ҳамин бим боис шуд, давлати Душанбе бисёр фурсатҳои чалби сармояи кишварҳои арабй ба иқтисоди худро аз даст диҳад. Албатта тайи ин муддат Точикистон гули ваъдаҳои дуруғи Русия ва кишварҳои ғарбиро низ хурд ва ҳосили ин руйкард он аст, ки имруз Точикистон аз фақиртарин кишварҳои қаламрави Шуравии собиқ ба ҳисоб меравад ва болиғ бар 60 дарсади аҳолии қариб ҳашт милён нафарааш зери хати фақр зиндагй мекунад. Акнун Точикистон бо дарки воқеиятҳои мавчуд дар чаҳон, ба ин натича расидааст, ки фақат ба умеди як кишвар (Русия) шудан иштибоҳи маҳз аст, аз ин ру бо пеш гирифтани сиёсатҳои чандсамтй бар он шудааст, ки равобит ва ҳамкориҳоро дар тамоми заминаҳо бо кишварҳои мусалмон низ густариш диҳад. Акнун дар фазои баъд аз нишасти Шурои вазирони хоричаи кишварҳои узви Созмони конфронси исломй дар Душанбе, интизор меравад, ки руйкарди Точикистон ба тавсаъаи ҳамкориҳо бо кишварҳои узви ин созмон беш аз пеш афзоиш хоҳад ёфт.

Хизбхои фармоишй дар Туркманистон

Рузи 18 феврали соли чории милодй Қурбонгулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон дар нишасти ҳайати давлат тарҳи ташкили аҳзоби мухолиф дар ин кишварро ироа намуд.Раиси чумҳури Туркманистон иброз дошт, ки имруз дар саросари кишвар дар ростои пешрафти чомеа кору эчод ва ибтикор дар тамомии бахшҳо чараён дорад. Вай афзуд , аз чумла тайи се соли охир 677 тарҳи азим ба маблағи 6 миллиарду 500 миллион доллар мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, ки хатҳои интиқоли гази фаромиллии Туркманистон — Чин ва Туркманистон — Эрон, пул бар болои рудхонаи Амударё, корхонаҳои азими санъатй, минтақаи туристии «Аваз» ва кули Туркман аз ин чумлаанд.Қурбонгулй Бердимуҳаммадов таъкид кард,ин ҳама рушду тавсаъа баёнгар аз он аст, ки кишвари мо дорои иқтисоди муназзам буда дар бисёре аз бахшҳо ба худкафойи даст ёфтааст.

Раиси чумҳури Туркманистон дар идомаи суханони худ ба усули демократияи воқеи пардохта, ишора кард, ки дар шароити кунунй ташкили аҳзоби мухталиф, ҳатто мухолиф на нафъи чомае хоҳад буд.Вай гуфт, ҳар ҳизбе, ки дар чорчуби қонуни асосй дар заминаҳои мухталифи кишоварзй, санъатй ва амсоли ин ташкил шавад, метавонад озодона фаъолият намояд. Хамин тавр барои аввалин бор пас аз касби истиқлолият дар соли 1991, дар Туркманистон масъалаи ташкили аҳзоби мухолиф матраҳ шуд.То ин дам дар ин кишвар ҳизби ҳокими демократ, ки баромада аз батни ҳизби комунист буд,танҳо ҳизби фаъол маҳсуб мешуд. Албатта теъдоде созмону ташаккулҳои чонибдори давлат, ки узви чунбиши миллии «Қалқиниш» (Растохез)буданд, фаъолият мекарданд.Ин ниҳодҳо як навъ такмилкунанда ё шохаҳои ҳизби ҳоким ҳисоб мешуданд, ки вазифаи аслиашон тарғибу тарвичи сиёсатҳои Туркманбошй — Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон буд.Ба эътиқоди фаъолони ҳуқуқи башари туркман ин чунбиши ба истилоҳ миллй ва ниҳодҳои шомили он, ҳамчунин ҳизби ҳокими демократ бар хилофи муқаррароти қонуни асосии Туркманистон ташкил шуда, аз тарафи давлат сармоягузорй мешаванд.Фақат ҳизби ҳоким ва созмонҳои шомили чунбиши «Қалқиниш» ҳаққи ширкат дар интихоботро доштанд. Акнун раиси чумҳури Туркманистон бар он шудааст, ки бо мушорикат додани аҳзоби мухолиф дар ҳаёти сиёсии кишвар аз як су аз фазои хафақони даврони Туркманбошй бикоҳад, аз суи дигар бо чомеаи озод чилва додани Туркманистон, ҳар гуна таҳаррук ва вокунишро аз мухолифони табъидии худ аз байн барад ва интиқодҳои мачомеи байналмилалиро дар мавриди маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандй дар кишвараш, хунсо кунад.Албатта то ин дам раиси чумҳури Туркманистон дар ростои аз байн бардоштани осори даврони худкомагиҳои Туркманбошй иқдомҳое анчом дод ва дар идомаи ҳамин раванд ахиран бо дастури у бузургтарин мучассамаи Ниёзов дар пойтахт барчида шуд. Қобили зикр аст, ки Туркманистон дар даврони Сафармурод Ниёзов бо эъломи сиёсати бетарафй, худро зоҳиран аз таҳаввулоти чории минтақа ва чаҳон канор гирифт. Давлати Ашқобод ба мушорикат дар созмону ниҳодҳои минтақайи таваччуҳи чандоне намедод фақат ба хотири бархе аз барномаҳои иқтисодии худ, дар маъдуд нишастҳо ҳузур меёфт.Фазои сиёсии ин кишвар ҳамеша мавзуи интиқодоти созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар буд.Гуруҳи туркмании ҳуқуқи башар, ки қароргоҳи он дар Вена аст, ҳамеша бо интишори баёнияҳо поймолкунии ҳуқуқи башар ва усули демократй тавасути давлатмардони туркманро ба гуши ба истилоҳ ҳомиёни байналмилалии ҳуқуқи башар мерасонд. Аммо боре ҳам нашуда, ки ниҳодҳо ва ё кишварҳои муддайии дифоъ аз ҳуқуқи башар, иқдоме дар чиҳати беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Туркманистон анчом дошта бошанд. Зеро Туркманистон дорои бештарин захоири нафту газ дар Осиёи Марказй маҳсуб мешавад ва ҳеч як аз кишварҳои ғарбии мудаъйии дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳозир набуд бо сард кардани равобити худ бо давлати Ашқобод, худро аз ин захираҳо бенасиб кунад.Давлатмардони туркман низ аз чунин шароите ниҳояти истифодаро намуданд ва фазоро он гуна эчод карданд, ки бар муроди ҳокимияташон буд. Бо ин ҳол иқдоми раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди ташкили аҳзоби мухолиф, аз суи расонаҳои ин кишвар таҳаввуле муҳим дар ҳаёти сиёсй ва ичтимойи Туркманистон арзёбй шудааст.Ба эътиқоди дастандаркорони ин расонаҳо, ки нашъат гирифта аз тафаккури Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аст, вучуди ҳизбҳои рақиб дар шаклгирии фазои солими демократй муассир хоҳад буд, амре ки руйдодҳои сиёсй ва ичтимойии кишварро низ мазмуни тозае хоҳад бахшид. Қурбонгулй Бердимуҳаммадов аз замони ба қудрат расидан дар соли 2006, ба тадрич иқдом ба ислоҳи вазъ дар бахшҳои мухталифи сиёсй, иқтисодй ва ичтимойиу фарҳангии Туркманистон ва аз байн бурдани мероси даврони тактозиҳои Туркманбошй намуд.Руйгардонй аз сиёсатҳои иқтидоргароёнаи Ниёзов, ки худро раиси чумҳури модомулумри Туркманистон эълом кард, аз вижагиҳои сиёсатҳои Бердимуҳаммадов будааст.Аммо ало рағми эъломи раиси чумҳури Туркманистон дар мавриди эчоди фазои чандҳизбй дар арсаи сиёсии ин кишвар,ҳеч ояндаи рушане аз беҳбуди авзоъ дар ин замина ба чашм намерасад.Зеро чомеаи туркман хотироти хубе аз фарчоми фаъолиятҳои дигарандешон надорад ва сарнавишти талхи Абдураҳмон Абдураҳмонов, раиси гуруҳи чамъиятии «Илкинчилер», ки фақат ба хотири ироаи тарҳи алтернотифи ташкили иттиҳодияҳои кишоварзй ба 8 сол зиндон маҳкум шуд, ҳамчунон дар азҳони мардум боқист. Аз ин чо ба назар мерасад, ки пешниҳоди раиси чумҳури Туркманистон барои ташкили аҳзоби мухолифи фармоишй, талошест дар чиҳати ҳамсуйии зоҳирй бо дигар кишварҳои минтақа ва боло бурдани чойгоҳи худ ба унвони раиси чумҳури одил.Аммо аз он чо ки раиси чумҳури Туркманистон ва чомеаи ин кишвар дар мавриди аҳзоби мухолиф дидгоҳҳои мутафовуте доранд, ба назар намерасад, ки дар ояндаҳои наздик шоҳиди шаклгирии як ҳизби воқейии мухолиф дар ин кишвар бошем. Ба вижа он ки аз ҳоло доираҳои тамаъчу дар ҳайати ҳокимаи давлати Ашқобод саъй доранд бо додани унвонҳои баландпарвозона аз Бердимуҳаммадов як Туркманбошии дигар дуруст кунад. Дар ҳамин росто дар поёни чаласаи рузи 18 феврали ҳайати давлат Мурод Қориев, раиси кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Туркманистон пешниҳод кард, ки ба раиси чумҳур унвони «қаҳрамони Туркманистон» дода шавад. Ҳарчанд ин бор Бердимуҳаммадов ин пешниҳодро напазируфт, аммо ин нигаронй чой дорад, ки дар чорчуби «қудратталабии шарқй» ва «иқтидоргаройии» мероси Шуравй, раиси чумҳури кунунии Туркманистон ба тадрич аз масири салафи худ гом бардорад.

Сафари Ҳолбрук ба Точикистон ва Узбакистон


Бар асоси гузоришоте, ки расонаҳои мухталиф мунташир намуданд, Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон, ҳафтаи оянда ба Душанбе ва Тошканд сафар хоҳад кард.Ин мақоми амрикойи қарор аст бо масъулони Точикистон ва Узбакистон масоили марбут ба равобити фимобайн ва авзои Афғонистонро мавриди баҳсу баррасй қарор диҳад.


Сафари фиристодаи вижаи Амрико ба ду кишвари Осиёи Марказй дар шароите анчом мешавад, ки як ҳайати олирутбаи мақомоти точик, ки дар садри он Ҳамрохон Зарифй, вазири корҳои хоричаи ин кишвар қарор дорад, дар Амрико ба сар мебарад ва то имруз дидору гуфтугуҳои зиёде миёни намояндагони ду кишвари Точикистон ва Амрико баргузор шудааст. Бино ба гуфтаи манобеи вазорати корҳои хоричаи Точикистон, дар ин дидорҳо дурнамои ҳамкориҳои стротегии ду тараф,аз чумла дар қиболи масоили Афғонистон дар меҳвар қарор доштааст.Аз он ру сафари Ҳолбрук ба Душанберо метавон дар ростои идомаи ҳамин ройзаниҳо арзёбй кард. Ин дар ҳолест, ки бархе расонаҳо қабл аз сафари ҳайати Точикистон ба Вашингтон авзои сиёсй — иқтисодии минтақа, ичрои тарҳҳои гидроэнергетикй ва ҳамлу нақлро аз аслитарин масъалаҳои мавриди баҳс дар музокироти мақомоти Душанбе — Вашигтон баршумурданд. Ҳамрохон Зарифй дар бораи барномаи сафари худ ба Амрико гуфта буд, қасд дорад тарҳи сохти хати роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон(Мазори шариф) — Точикистон ва хати лулаи газ дар ҳамин масир, ҳамчунин тезонидани равнди сохти хати интиқоли барқи Қирғизистон – Точикистон — Афғонистон — Покистон бо номи САSА-1000-ро ба тарафи амрикои пешниҳод кунад.Вай ҳамчунин иттилоъ дода буд, ки баҳрабардорй аз манобеи оби минтақа, сохтани неругоҳи Роғун, замонати ҳуқуқии фаъолияти ширкатҳо ва сармоягузориҳои Амрико дар Точикистон аз дигар масоиле ҳастанд, ки бо мақомоти амрикои баррасй хоҳанд шуд.
Аммо он чи ба сафари Ричард Ҳолбрук ба Узбакистон бармегардад, таваччуҳи вижаи Амрико ба ин кишвар ба унвони шарики аслй дар амалй шудани барномаҳои Ғарб дар Афғонистон мебошад. Ҳарчанд Узбакистон дар конфронси Лондон, ки ба баррасии масоили Афғонистон ихтисос дошт, ширкат накард, аммо фосила гирифтани ин кишвар аз Маскав ва наздикшавии он ба Амрико як ҳақиқатест, ки маҳофили мухталиф ба он ишора мекунанд. Чанде қабл, рузи 28 январ, ҳамзамон бо ифтитоҳи канфронси Лондон, Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон санадеро таҳти унвони «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» имзо кард. Имзои ин санад тасодуфй набуд, балкй ҳосили сафари моҳи октябри соли 2009 Роберт Блейк, ёвари вазири хоричаи Амрико ба Тошканд ва ройзаниҳои мақомоти ду тараф дар 17-18 декабри ҳамон сол дар Вашингтон буд. Ин санад иборат аз 40 маврид масоили аз чумла марбут ба бахши дифоъ ва амният мебошад ва боздиди ҳайати вижаи вазоратхонаҳои умури хорича ва дифоъи Амрико барои ташхиси ниёзҳои артиши Узбакистон ба силоҳ ва муҳиммот ва интиқоли ин тачҳизот ба Узбакистон дар чорчуби барномаи «Сармоягузории хоричии низомй»ро пешбинй мекунад.Омузиши кадрҳои низомй ва афсарони артиши Узбакистон дар муассисаҳои пешрафтаи Амрико аз дигар бахшҳои санади мазкур мебошад.Бахши аъзами санади «Тадбирҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико дар соли 2010» ба ҳамкориҳои ду тараф дар Афғонистон ихтисос дорад.Афзоиши тронзити коло ба Афғонистон тавассути қаламрави Узбакистон ва дар ин росто ичрои тарҳи роҳи оҳани Хайратон — Мазори шариф низ шомили ҳамин бахш мебошад.
Табиист, ки бо наздик шудан ба Вашингтон, Душанбе ва Тошканд ба фосилаи худ бо Маскав хоҳанд афзуд.Нуктаи муштарак дар ин иқдоми ду кишвари ҳамсоя он аст, талош доранд ҳар он чиро ки аз Маскав ба даст наоварданд, аз Вашингтон ба даст биоваранд.Дар ин миён Узбакистон интизороти бештаре аз наздикшавй бо Амрико дорад ва иқдомоти Маскавситезии он мавриди таваччуҳ ва истиқболи бештари Вашингтон қарор дорад. Қарори маълум Узбакистон танҳои кишвари узви Паймони амнияти чамъй аст, ки ба таъсиси неруҳои вокуниши сареъ таҳти фармондеҳии Русия, мухолифат кард. Ҳамчунин Тошканд иқдоми Маскав барои таъсиси пойгоҳи чадиди низомй дар Қирғизистонро мавриди интиқоди шадид қарор дод. Аз суи дигар Узбакистон дар марз бо ҳамсоягони худ ҳамеша низоъҳои мухталифро саҳнасозй мекунад.Чунин иқдомоти Тошканд ба нафъи Вашингтон аст, ки дар садад аст нуфузи геополитикии худ дар минтақаро тавсаъа бахшад ва бадеҳист хилофи манофеи Русия аст. Бар асоси санади ҳамкориҳои дучониба миёни Узбакистон ва Амрико пешбинй мешавад, ки артиши Узбакистон ба тадрич бо силоҳ ва муҳимоти амрикои мучаҳҳаз хоҳад шуд.Ин ба он маънист, ки дар ояндаи наздик Маскав бозори таслиҳоти худ дар Узбакистонро аз даст хоҳад дод.
Равобит ва ҳамкориҳо миёни Амрико ва Узбакистон дар соли 2005, баъд аз он ки давлати Чорч Буш иқдоми Тошканд дар саркуб ва қатлиоми тазоҳуркунандагон дар Андичонро мавриди интиқодҳои шадид қарор дод, ба сардй гароид.21 ноябри ҳамон сол бо дастури Тошканд пойгоҳи низомии Амрико дар Хонобод таътил шуд. Бо руи кор омадани Барак Обама Вашингтон ва Тошканд бар он шуданд, ки дар равобити худ бознигарй кунанд, амре ки авзои минтақа заминаҳои онро фароҳам намуд.
Ҳамакнун ба назар мерасад, ҳам Душанбе ва ҳам Тошканд бар ин умеданд, ки Вашингтон дар масъалаи чанчолбарангези истифода аз манобеи гидроэнергетикии Осиёи марказй аз манофеи онҳо дифоъ хоҳад кард. Дар ин замина Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба таври расмй эълом кард, ки аз манофеи Узбакистон дифоъ мекунад. Аммо имзои қарордод миёни Русия ва Қирғизистон дар мавриди сохтани неругоҳи Қамбарота, эътимоди Тошкандро ба садоқати Маскав ба таври камсобиқа коҳиш дод.Точикистон низ пас аз амалй нашудани ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларии Русия дар иқтисоди ин кишвар, дигар ба ваъдаҳои Маскав эътимоде надорад. Ба иборати дигар дар айни ҳол шароит ба нафъи Амрико пеш меравад. Аммо набояд нодида гирифт, ки Маскав ҳаргиз ҳозир нахоҳад шуд кишвари дигаре, ба вижа Амрико дар он чи ки минтақаи суннатии нуфузи худ медонад, чойи по пайдо кунад. Аз ин ру минтақаи Осиёи Марказй обистани иқдомоти чавобии Кремл аст, ки дар ояндаи на чандон дур шоҳиди натичаҳои он хоҳем буд.