Точикистон ва Русия : имтиҳоне дар гузари замон

Сарнавишти ду халабон, ки яке шаҳрванди Эстония ва дигаре шаҳрванди Русия ҳастанд, равобит миёни Русия ва Точикистонро ба таври бесобиқае ба чолиш кашидааст, ба гунае ки ин мавзуи комилан ҳуқуқй чанбаҳои сиёсй касб карда, аз толори муҳокима, ба вазорату идороти ду кишвар нуфуз кардааст.

Ибрози назарҳои мақомоти сатҳҳои мухталифи ду кишвар ва чанги иттилоотй миёни расонаҳои ду тараф, ки ҳамаруза бар густураи он меафзояд, баёнгар аз ин воқеият аст, ки ҳам Маскав ва ҳам Душанбе дар вазъияти чандон матлубе қарор надоранд.Ҳарчанд ахиран сухан аз талошҳо барои ҳалли мусолиматомези ин қазия ба миён меояд, аммо пайомадҳои он ҳамчунон нигаронкунанда арзёбй мешаванд.Дар ҳоле ки мақомоти точик ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа дар мавриди ду халабонро амре дар чорчуби меъёрҳои байналмилалй арзёбй мекунанд, дар Маскав таъкид бар ин доранд, ки ин ҳукм хорич аз меъёрҳои роич дар урфи байналмилал аст. Моҳи марти соли чорй ду ҳавопаймои русии мутаалиқ ба ширкати Rolkan, ки аз Афғонистон ба ҳарими ҳавойии Точикистон ворид шуда буданд, дар фурудгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба замин нишастанд ва халабонҳои онҳо шаҳрвандони Русия ва Эстония тавассути кормандони интизомии фурудгоҳ боздошт шуданд.Дар бораи ин руйдод ба чуз чанд хабари кутоҳ, гузоришоти дигаре мунташир нашуд ва расонаҳои иттилоотй ва маҳофили коршиносй камтар таваччуҳе ба он доштанд.Дар доираҳои сиёсии ду кишвар низ дар ин маврид изҳори назарҳои чиддй сурат нагирифта буд. Моҳи гузашта(охири моҳи октябр)додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа баррасии парвандаи марбут ба ду халабонро анчом дод ва бар асоси ҳукми суд онҳо ба ҳаштуним солй аз озодй маҳрум шуданд.Баъд аз эъломи ин ҳукм мочаро оғоз шуд ва дар як муддати кутоҳ чанбаҳои густурдае дар расонаҳои иттилоъотй ва маҳофили сиёсии Русия касб кард.Шахсиятҳои сиёсии русй ин ҳукмро золимона тавсиф ва бо забони таҳдид тақозо карданд, ки додгоҳи Точикистон дар иртибот ба ин мавзуъ тачдиди назар кунад.Вазорати умури хоричаи Русия бо пахши баёния таъкид кард, ки «ҳукми додгоҳи Точикистон ҳаргиз дар чорчуби равобити стротегии Русия ва Точикистон нест ва ин иқдом робитаҳои ду кишварро ба таври чиддй латмадор хоҳад кард».Вазорати умури хоричаи Русия иллати вокуниши дерҳангом ба ин қазияро баргирифта аз мулоҳизоти ҳуқуқй баён кард, ки ҳадаф аз он пайгирии мавзуъ аз тариқи қонунй буда, то ин ки вачҳаи ҳеч як аз тарафҳо осеб набинад.Бо ин ҳол манобеъи вазорати хоричаи Русия эътироф карданд, ки дар моҳи май, яьне бо гузашти ду моҳ аз асорати халабонҳо, аз ин қазия огоҳ шуданд. Аммо чудо аз замон ва наҳваи огоҳ шудан аз қазияи халабонҳо, ҳамаи мақомоти аршади Маскав дар қиболи ин мавзуъи сирф ҳуқуқй, мавзеъгирй карданд ва тамомии онон бидуни истисно аз лаҳни таҳқиру таҳдид кор гирифтанд.Сегей Лавров, вазири хоричаи ин кишвар дар тамоси телефонй бо Ҳамроҳхон Зарифй, ҳамтои точики худ гуфт, «ҳукми додгоҳи Точикистон кишварашро ошуфта кардааст.»Димитрий Рогозин, сафири Русия дар созмони Антлантики шимолй(НАТО) таъкид кард, ки чун дигар шаҳрвандони Русия аз ҳукми додгоҳи Точикистон ба хашм омадааст.Ин мақоми русй бештар аз дигарҳо аз таҳқир ва таҳдид кор гирифт ва тазаккур дод, чунин амале чунончй дар Амрико иттифоқ меафтод , қобили қабул буд, чун Амрико ҳам мисли Русия як қудрати чаҳонй аст.Аммо вақте кишваре чун Точикистон, ки дар тамоми заминаҳо вобаста ба Русия аст, даст ба чун амале мезанад, чойи таачуб аст.Рогозин таъкид кард, мо бояд дар ҳалли ин қазия ба нафъи ду халабон, бе ниҳоят сифту сахт бошем. Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия, рузи 14 ноябр дар охирин мавзеъгирии худ дар қиболи парвандаи халабонҳо, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ҳавзаи Осиё ва Уқёнусия дар Ҳонолулу сухан мегуфт, бори дигар таъкид кард, «агар паёми мо дар мавриди бознигарй ба ин парванда аз тарафи Точикистон шунида нашавад, ин мавзуъ бетаъсир бар равобити ду кишвар нахоҳад буд».Раиси чумҳури Русия таҳдид кард дар қиболи Точикистон иқдомоти ғайриқмутақорун дар пеш хоҳад шуд.Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе, бо раиси чумҳури Точикистон дидор кард ва хостори ҳаллу фасли ҳарчй зудтари қазияи ду халабон шуд.Владимир Жириновский, маовини раиси Думаи Русия бо ирсоли нома ба Анатолий Сердюков,вазири дифоъи ин кишвар, дархост кардааст, ки бо истифода аз неруҳои вижаи ин вазоратхона, халабонҳо аз асорат озод карда шаванд.Жириновский, ки як шаҳрванди яҳудитабори Русия аст, бо ишора ба амалкарди Исроил дар қиболи арабҳо, таъкид кард, бояд Русия Точикистонро ҳамон гуна ки Исроил Лубнонро «уту» кард, адаб кунад.Валентина Матвиенко, раиси шурои федератсиюни Русия иброз дошт, чунончй Русия ва Точикистон ба тафоҳум нарасанд, Маскав дар қиболи давлати Душанбе таҳримҳои шадидери ба кор хоҳад гирифт. Валерий Шянкин, узви Кумитаи равобити байналмилалии Шурои федератсияи Русия гуфт, кишвараш бояд аз тамоми иқдомоти сахтгирона алайҳи Точикистон кор бигирад, то ҳавонавардонро раҳо кунад. Вай пешниҳод кард, ки «бояд вуруди муҳочирони кории точик ба Русия маҳдуд карда шавад.» Михайил Капура, муовини раиси кумитаи ҳуқуқ ва додгоҳи Шурои федератсияи Русия низ аз давлати кишварашро хостааст, ба Точикистон «посухи сазоворе» диҳад, зеро ба гуфтаи у «Русия кишваре нест, ки кафши худро бо он пок кунед». Албатта матбуоти фурсатталаби русй беш аз ҳар замони дигаре матолиби зиддиточикй мунташир ва талош карданд аз ин фурсат дар ростои сиёҳ кардани вачҳаи точикон дар Русия кор гиранд.Миллигароёни русй низ бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Точикистон дар Маскав, бар зидди точикон ва Точикистон шиор доданд.Хадамоти муҳочирати Русия бидуни эълом иқдом ба ихрочи муҳочирони кории точик аз шаҳрҳои мухталифи ин кишвар кард ва дар як муддати кутоҳ садҳо муҳочири корй аз Русия ихроч шуданд, ки ин раванд ҳамчунон идома дорад.Албатта ин иқдоми зидди меъёрҳои байналмилалии Маскав вокунишҳои ниҳодҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башарро дар пай дошт ва ин ниҳодҳо бо маҳкум кардани озору тавҳини муҳочирони кории точик тавассути сохторҳои русй, дархост карданд ин амали хорич аз урфи байналмилал мутаваққиф шавад. Дар ин миён мавзуе ки бештар чалби таваччуҳ мекунад, суханони як мақоми вазорати хоричаи Русия аст, ки ошкоро аз дахолати эҳтимолии низомй дар ҳалли ин қазия сухан ба миён овард.Ин мақоми Русия ки аз зикри номаш худдорй кардааст, таҳдид кард, «ҳануз ки лашкари 201 вориди амал нашуда, Точикистон ба хостаҳои Русия тан дардиҳад». Аз суе Абдумачид Достиев, сафири Точикистон дар Маскав, ба вазорати хоричаи Русия фаро хонда шуда ва маротиби норизоятии Русия аз ҳукми додгоҳи ду халабон ба вай ироа шуд. Аз сафири Точикистон дархост шуд, ки зимни иблоғи ин паём ба Душанбе, расидагй ба ин мавзуъро суръат бахшад.Дар ҳамин ҳол идораи амнияти миллии вилояти Хатлон бо ироаи далелҳо ва санадҳои зарурй, аз полиси байналмилал — Интерпол тақозо кард, ки Сергей Полуянов, раиси ширкати » Rolkan Investmens Ltd «ро боздошт ва дар ихтиёри Точикистон қарор диҳад. Аммо Маскав эълом кард ки ба ҳеч вачҳ раиси ин ширкатро дар ихтиёри Точикистон қарор нахоҳад дод. Вокунишҳои Русия дар қиболи қазияи ду халабон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Маскав давлати Душанберо ҳамчун як давлати мустақил қабул надорад ва амалкарди додгоҳи Қурғонтеппаро ба унвон таҳқир нисбат ба худ таъбир кард.Қаблан Русия дар қиболи ҳаводиси ба ин монанд хомушй ихтиёр карда буд, аз чумла соли гузашта додгоҳи Узбакистон сарҳанги рус Юрий Корепановро бо чосусй муттаҳам ва зиндонӣ кард.Маскав кучактарин эътирозе накард.Чанде қабл Амрико Виктор Бут, шаҳрванди Русияро, ки мутаҳҳам ба қочоқи аслиҳа буд, дар Бонкук боздошт ва дар Амрико мучозот кард, Маскав боз ҳам хомуш буд.Акнун дар мавриди ин ки Русия дар Точикистон фақат дунболи манофеи худ мегардад, ҳеч шаке боқй намондааст.Ба назар мерасад Маскав бо баҳона қарор додани қазияи халабонҳо дар пайи он аст ки ба хостаҳои стротегии худ дар Точикистон даст ёбад. Ин мавзуъ, яъне амалкарди чанд рузи ахири Русия дар қиболи Точикистон зимни ин ки беэътимодй ба Маскавро дар Осиёи Марказй доман зад, тамомии барномаҳои Владимир Путин дар мавриди эчоди Иттиҳоди Авруосиёро низ зери савол бурд.

«Толибон»и Осиёи Марказй


Бар асоси гузоришҳое ки мақомоти амниятй ва интизомии кишварҳои Осиёи Марказй нооромиҳои як ду соли охири Осиёи Марказй мунташир кардаанд, ҳудуди 90 дар сади нооромиҳои ин минтака тавассути афроди вобаста ба ҳизби таҳрир ва ҳаракати исломии Узбакистон ба вуқуъ пайвастаанд.Сенориёи баррасии ин бесуботиҳо, ки куштаю захмй ва фирорй дар пай доштаанд, шабеҳи ҳаманд, ба гунае ки ҳам дар Қирғизистон ва ҳам дар Точикистон дар даргириҳои низомии ахир афроди ин ду чунбиши ифротй гунахкор муаррифй шудаанд.

Аммо на ҳамеша далелҳои боэътомод дар ин замина ироа шудаанд.Бо ин вучуд пай бурдан душвор нест, ки як барномарезии ҳамоҳангшуда миёни хадамоти вижаи бархе кишварҳо барои эчоди ба истилох толибони маҳаллй дар Осиёи Марказй, дар ҳоли ичро аст.Бо таваччуҳ ба ин ки ҳаракати исломии Узбакистон беш аз дигар гуруҳҳои мухолифи давлатҳои Осиёи Марказй афроди мусаллаҳ дар Покистон ва Афғонистон дар ихтиёр дорад, маҳз ҳамин ҳаракат ба унвони ҳаста ё мағзи гуруҳи «толибони маҳҳалй» дар Осиёи Марказй интихоб шудааст.Ин ҳаракат мушобеҳи дигар чунбишҳои мардумии замони гурбочёвй, дар авохири умри Шуравй, дар солҳои 90 қарни гузашта шакл гирифт ва дар дохили Узбакистон ҳаводорони зиёдеро ба худ чалб кард.Дар пайи фишорҳои беамони давлати Тошканд ва ҳабсу куштори аъзои ин ҳаракат, неруҳои исломгарои Узбакистон ба хорич аз кишвар, умдатан ба Афғонистон фирор карданд ва бо эчоди дастаҳои мусаллаҳ, эълом карданд, ки ҳадафашон сарнагунии режими Ислом Каримов аст.
Ҳаракати исломии Узбакистон дар замони раҳбарии Чумъаи Намангонй аз инсичом ва барномарезиҳои муназзам бархурдор буд ва теъдоде аз чангиёни он дар сафҳои неруҳои мухолифи давлати Душанбе дар солҳои 1992-1997, чангиданд.Аммо дар пайи кушта шудани сарони ин чунбиш (Чумъаи Намангонй ва Тоҳир Юлдош), ҳаракати исломии Узбакистон то ҳадди зиёде инсичоми дарунисозмониро аз даст дод ва ҳамин амр боис шуд, ки афроди тасодуфй, аз чумла гуруҳҳои чинойи, ҳатто бино ба гузоришоти бархе расонаҳои ғарбй, дастнишондаҳои хадамоти вижаи бархе кишварҳо, дар пушиши фирорй ва норозиёни режимҳои Осиёи Марказй, ба дохили ин ҳаракат роҳ ёфтанд.Ҳамин расонаҳои ғарбй ҳар аз гоҳе гузоришҳо дар мавриди нуфузи толибон ба Осиёи Марказй мунташир ва барои зуҳури толибони маҳаллй заминасозй мекунанд.Ба назар мерасад, ки омилони вобаста ба хадамоти амниятии бархе ниҳодҳо дар пушиши афроди ҳаракати исломии Узбакистон, дар пайи ноамн кардани Қирғизистон ва Точикистон бар омадаанд. Ба эътиқоди маҳофили коршиносй, ин амр дар ҳамоҳангй бо хадамоти вижаи бархе аз кишварҳо, эҳтимолан Амрико ва Русия, дар ҳоли анчом аст.Зеро Ғарб ба саркардагии Амрико, ки аз ҳоло замзамаи шикаст дар Афғонистон ба гушаш мерасад, барои кучонидани неруҳояш аз Афғонистон ба Осиёи Марказй, дунболи баҳона мегардад ва ҳеч баҳонае беҳтар аз ба вучуд овардани «толибони маҳаллй» нест!Овозаҳо дар мавриди омодагии ҳаракати исломии Узбакистон барои анчоми амалиёти терористй дар Аврупо низ дар ҳамин чорчуб аст.
Аз таҳлилҳои анчомшуда дар мавриди иқдомоти ахири афроди вобаста ба ҳаракати исломии Узбакистон дар Қирғизистон ва Точикистон бармеояд, ки бархе гуруҳҳо қасд доранд ин ду кмшварро даргири масъалаҳои амниятй намуда, дар раванди ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодии онҳо, хала эчод кунанд.Пушида нест, ки ҳамкориҳои Бишкек-Душанбе дар заминаи сохтани чодаҳо ва хатҳои роҳи оҳан хорич аз қаламрави Узбакистон, на барои ҳамаи давлатҳои минтақа қобили қабул аст.Албатта беш аз ҳад ноамн шудани минтақа ба нафъи ҳеч як аз коргардонҳо нест, зеро худ низ мутаҳаммили зарару зиён ва монеъа дар амалй шудани ҳадафҳояшон хоҳанд шуд.Аз ин ру талош мекунанд ноамниҳо ва даргириҳоро тарзе саҳнасозй кунанд, ки аз контрул хорич нашаванд, аммо ин шева чандон мавриди эътимод нест ва метавонад мавриди аксуламали дигар кишварҳо қарор гирад ва ин ноамниҳо бар зидди созмондиҳандагонашон истифода шаванд.Дар ин миён, бино ба гуфтаи манобеи амниятии Покистон,баъд аз терори Тоҳир Юлдош, раҳбари ин чунбиш дар 26 августи соли 2009, дастнишондахои хадамоти чосусии узбак саъй карданд бо ба шохаҳо чудо кардани ҳаракати исломии Узбакистон, афроди худро вориди ин ҳаракат кунанд ва аҳдофи худ дар Афғонистон ва Осиёи Марказиро тавассути онон дунбол кунанд.Афросиёб Хаттак, узви порлумони Покистон мегуяд, афроди ҳаракати исломии Узбакистон узбакҳо, чеченҳо ва мусалмонҳо аз нуқоти мухталифи Русия мебошанд, ки ҳуввияти аслии аксари онон мушаххас нест.
Афроди боздоштшуда баъд аз ҳаводиси ахири Хучанд (шимоли Точикистон) ва минтақаи Рашт(чануби шарқи ҳамин кишвар), ки шаҳрвандони дигар кишварҳо, аз чумла Русия буданд, ин фарзияро тақвият кардааст, ки ба зудй макони зуҳури ба истилоҳ толибони Осиёи Марказй, Точикистон(минтақаи Рашт ва шаҳристони Исфара) эълом хоҳад шуд.Ҳарчанд афроди ҳаракати исломии Узбакистон ва ҳизби таҳрир бештар дар шимоли Точикистон фаъоланд, аммо ба далели мавқеияти чуғрофиёйи — наздик будан ба пойтахт,- эҳтимол меравад, ки маркази ноамниҳо ба чануби ин кишвар мунтақил шавад, то (ба андешаи тарроҳони ин ноамниҳо)зарба задан ба тарҳҳои муҳими иқтисодии Точикистон, аз чумла неругоҳи Роғун, осонтар бошад.Дар чунин шароите иқдомоти зидди исломии бархе мақомоти точик, чараёни об ба осиёби тарроҳони ин барномаҳоро афзоиш додааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки дар ояндаи на чандон дур раҳбари толибони Осиёи Марказй, ки шояд вучуди хоричй надошта бошад, эълом ва баъд аз он сенариёе ки барои боздошти Бин Лодан ичро шуда буд, ба кор гирифта шавад:манотиқи мавриди назари кишварҳои тарроҳи ин барномаҳо, бамборон шавад, мавриди ҳамла қарор гирад ва…
Аз ин чо чунин бармеояд, ки ба майдон ворид кардани(!) «толибони маҳаллй» дар Осиёи Марказй, эҳтимолан бахше аз тарҳи «Осиёи Марказии бузург» бошад, ки Ғарб чанду чуни онро аз муддатҳо қабл матраҳ карда буд.

Каримов ва Медведев дар Ашкобод

Рузҳои 18-20 октябр Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дуввумин сафари худ тайи даҳ моҳи ахир ба Туркманистонро анчом дод.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт. Ва аз ин чо маълум буд, ки масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.

Ҳарчанд содироти гози Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъхои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, дар шароити кунунй барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро(Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб(Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Дар ин масъала агарчй Ашқобод ва Остона мавзеъхои чандон сахтгиронае дар қиболи барномаҳои гидроэнергетикии Кирғизистон ва Точикистон надоранд, аммо Тошканд ва шахси Ислом Каримов бо бузургнамойии ин мавзуъ дар пайи он аст, ки аз ҳар фурсате барои маҳкум кардани тарҳҳои сохтани неругоҳҳо дар Кирғизистон ва Точикистон, истифода кунад.Аммо масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Ба баёни дигар Узбакистон дар ҳоле ба пуштибониҳои Маскав аз мавзеъхои кишварҳои поёноби рудхонаҳои Осиёи Марказй умед бастааст, ки дар масъалаи содироти гази Туркманистон, рақиби Маскав маҳсуб мешавад. Аз суе Тошканд бо сиёсатҳои дугонаи худ дар бисёре аз масоили минтақаи стротегии Осиёи Марказй, аз муддатҳо қабл эътимоди бозигарони ин минтақаро аз даст додааст.Аммо қудратҳои шарқу ғарб бо огоҳии комил аз бозиҳои сиёсии Узбакистон, ба вижа раиси чумҳури ин кишвар, талош доранд аз давлати Тошканд ба унвони аҳрам дар рохи расидан ба аҳдофи хеш, кор гиранд.
Ва аммо пушиши хабарии сафари ахири Ислом Каримов ба Туркманистон, ки тибқи маъмул дар расонаҳои расмии ду кишвар ҳамроҳ бо чумлабозиҳо ва умумигуйиҳо буд, баёнгар аз он аст, ки ду раиси чумҳур ба ҳам дуст шуданд.Ин руйдод аз он чҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки дар даҳ моҳи ахир барои дуввумин бор ба Туркманистон сафар кунад. Дар ҳамин ҳол, сафари раиси чумҳури Русия ба Туркманистон бо фосилаи чанд руз баъд аз сафари раиси чумҳури Узбакистон ба ин кишвар, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки дар мархалаи кунунй мавозеъ ва чойгоҳи Ишқобод дар муодилоти Осиёи Марказй аҳамияти бештаре касб кардааст.Дар соли 2009, баъд аз он ки хати лулаи интиқоли гази Туркманистон ба Русия дучори осебдидагй шуд ва ширкати «Газпром» хариди гази Туркманистонро қатъ кард, нуфузи Русия дар Туркманистон ба шиддат коҳиш ёфт.Дар канори ин, буҳрони иқтисодй мучиб шуд, ки гази туркман ба рақиби гази русй дар чиҳати вуруд ба бозорҳои Аврупо табдил шавад.Хамзамон бо ин, баъд аз он ки «Газпром» хариди гази туркманро аз 50 миллиард метри мукаъаб ба 12 миллиард метри мукааб коҳиш дод,Пекин вориди амал шуд ва бо ифтитоҳи хати лула, барои аввалин бор гази Туркманистонро вориди бозори Чин кард. Русия дар робита ба ин масъала вокунише нишон надод, зеро мутолиботи бозори Чин ба газро бештар аз инҳо арзёбй мекунад.
Аммо масъалае, ки мучиботи нигаронии Маскавро фароҳам кардааст, мушорикати Ашқобод дар тарҳи Набуко мебошад, тарҳе ки бар асоси он гази Осиёи Марказй бо давр задани қаламрави Русия, ба Аврупо интиқол дода хоҳад шуд.Ин тарҳ бе мушорикати тарафи туркман, муваффақияте ба ҳамроҳ хахоҳад дошт.Албатта ҳануз Ашқобод ба таври расмй ба ин тарҳ ҳамроҳ нашудааст, аммо музокирот ва ройзаниҳо чараён доранд.
Дар дидори ҳайатҳои русй ва туркман ҳамчунин масъалаи мушорикати Русия дар тарҳи ТАPI — сохти хати лулаи гози Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳинд, баррасй шуд. Ҳамзамон бо ин тарафи русй иттилоъ дод ки ширкати барқи Русия дар назар дорад хати интиқоли неруи барқ тавассути қаламрави Туркманистон ба Ирон, Афғонистон ва Покистон эҳдос намояд ва ҳозир аст Ашқободро дар ин тарҳ мушорикат диҳад. Бо нигоҳе ба натоичи сафари раисони чумҳури ду кишвари Узбакистон ва Русия ба Ашқобод, метавон ба ин натича расид, ки рақобати кишварҳои минтақа ва қудратҳои фароминтақайи барои нуфуз бар манобеи энержии Осиёи Марказй вориди марҳалаи чадиде шудааст.Дар чорчуби ин рақобат Қирғизистон ва Точикистон дар як чабҳаи муштарак дар муқобили Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон қарор гирифтаанд.Чунин вазъе боис шудааст то қудратҳои фароминтақаи барои истифодаи абзорй аз давлатҳои ин минтақаи стротегй барои дастёбй ба аҳдофи хеш, бар таҳаррукоти дипломатй биафзоянд.

То кай миллати точикро таҳқир ва туҳмат мекунанд?

Таҳаввулоти рузҳои чории Қирғизистон баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки дар марҳалаи кунунй ин кишвари Осиёи Марказй ба унвони саҳнаи руёруйиҳои қудратҳои Шарқу Ғарб барои озмудан имконият ва тавони хеш дар ростои ба даст овардани раҳбарии минтақа ва чаҳон интихоб шудааст.

Бино ба навиштаи Дэниел Гринфилд, ки сайти интернетии centrasia.ru мунташир кардааст, тағйири қудрат дар Бишкек бо дахолати мустақими Маскав сурат гирифт ва акнун русҳо бо истифода аз ҳамон шеваи ҳамешагии худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои қавмй, дар пайи он ҳастанд, ки фурсатро фароҳам кунанд ва дар нақши ягона начотдиҳандаи мардуми мазлуми минтақа, тачовузи навбатии худ ба ин қаламравро шакл диҳанд.
Аз навиштаҳои ин муаллиф бармеояд, ки дар ин росто имрузҳо хадамоти вижаи Русия бо интишори матолиб дар расонаҳои таҳти нуфузи худ ва бо истифода аз хабарнигорони муздур, саъй бар он дорад, ки дар водии Фарғона чангро миёни узбакҳо, қирғизҳо ва точикҳо ба роҳ андозад.Нашри ахбори бе банду бор дар расона ва вебсойтҳои мухталиф дар бораи мушорикати шаҳрвандони Точикистон дар куштори аҳолии вилоятҳои Чалолобод ва Уш дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Нахустин хабар дар мавриди мушорикати точикҳо дар куштори мардум дар вилояти Уш тавассути Қувват Байболов, маовини аввали вазири амнияти миллии Қирғизистон мунташир шуд.Ин масъули қирғиз эълом намуд, ки хонаводаи Боқиев аз ҳисоби шаҳрвандони Точикистон гуруҳҳои вижа созмон додаанд ва ба манзури муташаннич кардани авзоъ мардуми бедифоъро мекушанд. Ҳарчанд Байболов иддао кардааст, ки ба истинод ба эътирофоти афроди боздоштшуда ин ҳарфҳоро мегуяд, аммо исме аз шаҳрвандони Точикистон, ки даст ба куштор задаанд, набурдааст.Албатта рузи 16 июн ин масъули қирғиз ин суханонро такзиб кард ва дар мусоҳиба бо радиои Озодй таъкид кард, ки бо хабаргузории ИТАР ТАСС дар ин маврид ҳеч гуна мусоҳибае анчом надодааст.
Сайти интернетии fergana.ru низ бидуни зикри исме, аз шаҳрвандони Точикистон ва ба истинод ба як тамоси телефонй, ки маълум нест пушти хат кй буда, иддао кардааст, точикон ба сифати тирандоз(снайпер) мардумро мекуштанд.Ин сойт навиштааст, бешаз 10 тан аз ин тирандозон кушта шуданд ва часадҳои онон дар бемористони Уш нигаҳдорй мешавад.Аммо на аксе ва на исме аз ин афрод чоп накардааст. Аркадий Дубнов, шореҳи рузномаи «Время новостей» низ дар суҳбат ба радиои «Эхо Москви» гуфт:» ман бо тамоми масъулият иброз медорам, дар ин бондҳо афроде ширкат доштанд, ки дар чанги шаҳрвандии Точикистон аз тарафи чабҳаи халқй ё мухолифони точик чангида буданд». Ин хабарнигор дар идома гуфтааст:»шаҳрвандони Точикистон аз Русия ба Қирғизистон фиристода шуданд ва сафорати Точикистон дар Маскав низ дар ин кор шарик аст».
Ин ҳама гузоришҳо баёнгар аз он аст, дар шароити кунунй неруҳое дар водии Фарғона вориди амал шудаанд, ки дар ин минтақаи ҳассос чанги қавмиро созмон диҳанд ва ба ҳадафҳои нопки худ даст ёбанд.Аммо бояд эътироф кард, ки ин низоъҳоро шояд битавон ба осонй роҳандозй кард, вале раванди он дигар дар ихтиёри созмондиҳандагон нахоҳад буд.
Дар миёни неруҳое, ки низоъи қавмиро дар Қирғизистон заминасозй мекунанд, Аркадий Дубнов бештар аз бақия фаъол аст.Аз навишатҳои ин хабарногор бармеояд, ки огоҳона ва бар асоси барномарезии дарозмуддат дар ростои афрухтани оташи чанг миёни миллатҳои ҳамсояи узбак ва точик, ҳамчунин узбак ва қирғиз фаъолият мекунад.Албатта барои ироаи омору рақамҳои дақиқ дар ин замина, бояд навиштаҳои уро мурур кард, аммо ниёзе ба ин нест, чунки мардуми минтақа ба шеваи нигариш ва нигориши Дубнов ва ҳамкешони у ошноанд. Бо ин вучуд фақат ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд, Дубнов навишта буд, ки Ислом Каримов бо раиси чумҳури Точикистон мулоқоти ру дар ру нахоҳад дошт ва фақат дар нишастҳои умумй бо Раҳмон дидор хоҳад кард.Вай ҳамон гуна, ки дар мавриди ҳузури точикон дар кушторҳои Қирғизистон гуфта буд: «ман бо тамоми масъулият иброз медорам»…, дар ин бора низ бо ҳамон ба истилоҳ масъулият хабарсозй ва агар дурустар бигуем, фазосозй карда буд.
Ҳадафи Дубнов он буд, ки қабл аз вуруди раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой, фазои сард дар равобити Тошканд — Душанберо сардтар чилва диҳад.Аммо ҳамон гуна ки сойтҳои расмии ҳам Узбакистон ва ҳам Точикистон хабар доданд, Ислом Каримов ва Эмомалй Раҳмон дар дидори як ба як бисёре аз масоили мавчуд дар равобити ду кишварро баррасй карданд ва ба тавофуқҳое низ даст ёфтанд.Ичозаи ҳаракати наздик ба ду ҳазор вагони Точикистон, аз чумлаи ҳосили ин дидор буд.
Ба назар мерасад роҳандозии таблиғоти зиддиточикй дар Қирғизистон бе робита ба тазоҳуроти точикони муқими ин кишвар дар баробари сафорати Узбакистон дар Бишкек набошад.Дар он тазоҳурот ки 27 майи соли чорй баргузор шуд, як гуруҳ аз точикони муқими Қирғизистон аз масъулони узбак талаб намуданд, ки ба муҳосираи иқтисодии Точикистон поён диҳад.
Мушохидахо нишон медиханд, ки хадафи хар гуна тахқир ва тухматхо қарор гирифтани точикон аз бехимоятии онон сарчашма мегирад.Харчанд ахиран вазорати корхои хоричии Точикистон дар баробари суханони тахкиромези Жириновский вокуниши сахт нишон дод, аммо чунин иқдомот кам анчом шуда, то охир пайгирй нашудаанд. Ин бор афроде мисли Дубнов хатарноктар аз хамеша даст ба кор шудаанд, то миллати точикро ба куштан диханд. Ин икдом метавонад хазорон точикро дар қаламрави шуравии собик ба куштан дихад ва бе муболига тахдиди чиддиест ба тамомияти арзии Точикистон. Аз ин ру сохторхои дахлдори Точикистон боястй чиддитар ва котеъонатар аз хамеша вокуниш нишон диханд ва ин фитнаангезихоро дар нутфа саркуб кунанд, то миллати точик битавонад масири сулху созандагиро бо эътимоду боварии бештар идома дихад.

Xатари вукуи чанг миёни қудратҳо дар водии Фарғона

Дар ҳоле ки авзои кишвари Қирғизистон руз ба руз печида мешавад, дар маҳофили коршиносй ва таҳлилй ин савол матраҳ аст, ки оё ин ҳама таҳаввул дар чорчуби талошҳои Маскав барои эҳёи нуфуз ва чойгоҳи худ дар Осиёи Марказй шакл мегирад? Албатта дар ибтидои тағйири қудрат дар Бишкек, Русия эълом кард, ки ҳеч дахолате дар корхои дохилии Кирғизистон надорад, аммо амалкарди мақомоти ин кишвар (тамоси телефонии Владимир Путин, нахуствазири Русия фардои тағйири қудрат дар Бишкек — 8 апрел — бо сарони давлати чадид ва ба расмият шинохтани давлати Роза Отунбоева тавассути Димитрий Медведев раиси чумҳури Русия, додани кумаки 20 миллион долларй ба давлати чадиди Қирғизистон), баёнгар аз ба навъе зери назари Кремл будни ин ҳама тағйиру таҳаввул аст.
Воқеият он аст, ки Димитрий Медведев раиси чумҳури Русия дар идомаи сиёсатҳои Владимир Путин,салафи худ, бар он шудааст, ки Маскавро ба он чое ки манотиқи суннатии нуфузи Русия таъбир мешавад, бозгардонад.

Дар чорчуби ҳамин сиёсат Русия қасд дорад, зимни бозгаштани қудратмандона ба Осиёи Марказй, давлатҳои камтаваччуҳ ба манфиатхои Маскавро аз сахна бардорад ва ба ҳар роҳи мумкин арсаро барои рақибони худ, маҳдуд кунад. Ин мавзуъ ба вижа дар шароите, ки дар пайи ишғоли Афғонистон тавассути Амрико, муттаҳидонаш ва НАТО, Осиёи Марказй аҳамияти бештаре дар сиёсатҳои қудратҳои ғарбии ҳозир дар Афғонистон касб кардааст,ба авлавияти сиёсатҳои хоричии Маскав табдил шудааст.Зеро акнун Русия дар чиҳати ҳифзи манофеи худ аз як су ногузир ба рақобат ба шарикони худ назири Чин, аз суи дигар руёруйии чиддй бо Иёлоти Муттаҳида Амрико аст.Мавзуи рақобат бо Амрико баъд аз он ки Пентагон эълом кард, дар панч чумҳурии Осиёи Марказй таъсисоти вижаи худро бино хоҳад кард, акнун ба таври чиддитаре дар сиёсатгузориҳои хоричии Маскав пайгирй мешавад. Қобили зикр аст, ки бар асоси ин тарҳ Пентагон — вазорати дифоъи Амрико тасмим гирифтааст дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказй таъсисоти стротегии дифоъй месозад.Дар ин миён тарҳи сохтани маркази омузишии амалиёти зиддитеррористй дар чануби Қирғизистон густурдатар аз бақия аст, ки дар вилояти Ош чойгир хоҳад шуд.Арзиши ин тарҳ аз 5 то 10 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.Барои сохтани таъсисот дар Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон низ ҳудуди 5 миллон долларй харч хоҳад шуд. Барои Точикистон ду тарҳ ба маблағҳои 5 миллион ва 10 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.Пентагон эълом кардааст, ки ин тарҳҳо дар чорчуби мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ичро мешаванд.
Нуктаи чолиб дар амалй шудани тарҳҳои Пентагон дар Осиёи Марказй он аст, ки барои пешгирй аз ҳассосиятҳои Маскав гуфта мешавад, таъсисоти мавриди назар дар ҳамкорй ва ҳамоҳангй бо давлатҳои Осиёи Марказй такмил хоҳанд шуд.Аз чумла Пентагон эълом кард:»Бо хоҳиши ҳукумати Қирғизистон мо 5,5 миллион доллар чиҳати бозсозии маркази омузишҳои низомй дар атрофи шаҳри Уш ихтисос додем. Ин марказ барои омузиши неруҳои мусаллаҳи қирғиз дар назар гирифта шудааст».Ин дар ҳолест, ки дар вазорати дифоъи Қирғизистон ҳеч иттилоъе дар бораи тарҳҳои Пентагон дар кишварашон надоранд. Бо ин ҳол нахустин иттилоот дар мавриди тарҳҳои Пентагон дар Осиёи Марказй рузи 7 июн дар сайти Federal Buziness Opportunities мунташир шуд, ки дар он гуфта мешуд дар минтақаи Қаратоғи Точикистон марказй миллии тамринҳои низомй сохта хоҳад шуд.
Дар соли 2009 Русия дар мавриди сохтани пойгоҳи низомй дар чануби Қирғизистон эъломи омодагй намуда буд, аммо дар пайи эъломи тарҳи Пенатгон дар мавриди таъсиси маркази омузишии зиддитерористй дар ин минтақа, аз ин барнома сарфи назар кард.Гузоришҳои мунташира рочеъ ба ин мавзуъ баёнгар аз он аст, ки ихтилофи назар миёни Маскав ва Бишкек дар мавриди маҳалли таъсиси пойгоҳи низомии Русия, иллати аслии амалй нашудани он буд.Маскав мехост ин пойгоҳ дар вилояти Уш эчод шавад, аммо Бишкек исрор дошт Боткен, дар наздикии марзи Узбакистон, маҳалли сохти пойгоҳи низомии Русия бошад.Ин мавзуъ мухолифатҳои шадиди Тошкандро низ ба ҳамроҳ дошт. Тарҳҳои Пентагон дар мавриди тақвияти ҳузури худ дар Осиёи Марказй дар шароите мунташир шуд, ки Маскав ошкору пинҳон аз суқути давлати Боқиев хушҳолй мекард. Акнун дар шароите, ки авзои Кирғизистон руз ба руз муташаннич мешавад, Русия ва дигар бозигарони минтақа, аз чумла Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар талошанд мусоидатҳои лозимро анчом диҳанд, то раванди таҳаввулот аз дасти Бишкек хорич нашавад.Зеро вучуди субот шарти аввали дар амал татбик шудани аҳдофи ҳар кадом аз даъвогарони ҳузур дар ин кишвар мебошад. Дар ин росто Маскав дар пайи фурсати муносиб чиҳати чойгиркунии неруҳои низомии бештар дар Кирғизистон аст.Ҳарчанд дар пайи густариши доманаи даргириҳо дар чануби Кирғизистон, ки ба кушта ва захмй шудани садҳо қирғиз ва узбак анчомид, Маскав дархости давлати муваққати Бишкек дар мавриди кумаки низомиро рад кард, аммо давлатмардони рус дар пайи фароҳам шудани шароите ҳастанд, то битавонанд ба унвони ягона начотдиханда вориди қаламрави Қирғизистон шаванд. Зеро ба хубй медонанд, ки вориди амал шудани низомиёни рус дар шароити кунунй, ононро бештар тачовузгар нишон хоҳад дод на неруҳои сулҳбон. Ин мавзуъ дар шароите, ки талошҳо аз ҳар тараф барои ба даргириҳои қавмй табдил додани нооромиҳои Кирғизистон сурат мегирад, бештар аҳамият дорад.Аз омори талафоти ин даргириҳо бармеояд, ки дар вилоятҳои Чалолобод ва Уш қирғизҳо ва узбакҳои маҳаллй ба чони ҳам афтодаанд.Аммо хабаргузориҳо ба нақл аз Кубат Байболов, муовини вазири амнияти Қирғизистон иттилоъ доданд, ки тарафдорони Боқиев бо муздур кардани шаҳрвандони бекори Точикистон ин хунрезиҳоро ба роҳ андохтанд, то аз оби гилолуд м0моҳй гиранд. Ба иборати дигар барномаҳое ба марҳалаи ичро гузошта шудаанд, ки дарраи Фарғона бори дигар ба саҳнаи чангҳои қавмй табдил шавад.Агар таҳаввулот ба ин самт пеш раванд, аз дасти ҳеч неруи сулҳбон коре сохта нахоҳад шуд, чун бидуни шакку шубха ин даргириҳо бо даргириҳо дар қаламрави Афғонистон гиреҳ хоҳанд хурд, ки оқибатхои онро намешавад ба соддагй пешбинй кард. Зеро дар чунин ҳолате чанг миёни қудратҳо дар водии Фаргона оғоз хоҳад шуд, чанге ки ғолиби комил нахоҳад дошт ва ин мардумони минтақаанд, ки миллёнхо нафар кушта, захмй ва овора хоҳанд шуд. Бо тачриба дар чанги Афғонистон, Русия ва Амрико, ҳамчунин дигар қудратҳои ғарбй ба хубй медонанд, ки чангҳои қавмй роҳи ҳалли низомй надоранд.Аз ин ру талош хоҳанд кард дар контрули авзоъ бо ҳар роҳи мумкин ба давлати муваққати Бишкек кумак кунанд. Аммо бо таваччуҳ ба ин ки қудратҳои ҳозир дар Қирғизистон аз гуруҳҳо ва неруҳои мухталиф дар ин кишвар пуштибонй мекунанд, ноил шудан ба ин ҳадаф ба мушкили чиддй ру ба ру хоҳад шуд.Ин мавзуъ сарнавишти ҳузури Русияро рақам хоҳад зад.Зеро яке аз ҳадафхои Русия дар Осиёи Марказй, табдил шудан (ё вонамуд кардани худ)ба неруи бетараф дар ҳалли мушкилоти байни кишварҳои ин минтақа мебошад.

Чаро Аҳмадинажод ба Душанбе омад?

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси Чумҳури Исломии Эрон баъд аз ширкат ва суханронй дар «Конфаронси ҳамкорй ва таҳкими эътимод дар Осиё» дар Истонбули Туркия, бомдоди 9 июн ба Душанбе омад, то дар дигар нишасти байналмилалй ҳузур ёбад. Раиси чумҳури Эрон танҳо мақом дар чунин сатҳе буд, ки дар конфронси байналмилалии «Об барои ҳаёт» дар шаҳри Душанбе ширкат намуд.

Суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин нишаст, ки бо ташаббуси Точикистон ва пуштибонии Созмони миллали муттаҳид дар чорчуби барномаи рушди ҳазора баргузор шуд, дорои паёме муҳим ба аҳли нишаст ва ҳамаи чаҳониён дар мавриди чиддй гирифтани масъалаи истифода аз об буд. Оқои Аҳмадинажод беадолатиҳо ва суиистифодаҳои қудратҳои султачу аз масоили муҳими дунёи имруз, аз чумла баҳрабардорй аз манобеии обиро зулм ба башарият унвон кард. Раиси чумҳури Эрон гуфт:

«Камбуди об ва оби муносиб, дар манотиқе аз чаҳон дар нуқтаи буҳрон аст ва бар асоси бархе пешбиниҳо дар оаянда об аз чолишҳои муҳими чаҳонй хохад буд… Мутаассифона давлатҳое, ки сирфан манофеи ширкатҳо ва ашхос ва аҳзоби хосро мадди назар доранд ва суд ва қудрати ҳаддиаксарй ҳадафи онон аст, ҳуқуқи соири миллатҳо ва ҳуқуқи умумии инсониро қурбонй мекунанд».

Суханони раиси чумҳури Эрон дар нишасти мазкур мавриди истиқболи густурда қарор гирифтанд. Аммо нуктаи чолиби таваччуҳ дар сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Душанбе, тарзи пушиши хабарии он дар расонаҳои минтақа ва хорич аз он буд. Нашрияҳои вобаста ба қудратҳои чаҳонй талош карданд ин гуна илқо кунанд, ки сафар ба Точикистон ҳосили дар инзивои байналмилалй қарор гирифтани Эрон буд. Ин нашрияҳо бо такрори иддаоҳои бе появу асос матлабхое бар зидди барномаҳои суломези ҳастайии Чумҳурии Исломии Эрон ба табъ расонда, тасвиби тарҳи таҳримҳои чадид алайҳи Теҳрон дар Созмони милали муттаҳидро як зарбае чиддй ба Эрон тавсиф карданд. Аммо раиси чумҳури Эрон ҳануз дар соатҳои аввалияи тасвиби ин таҳримҳо бо қотеият таъкид кард:

«Тасвиби қатъномаи чадид бар алайҳи миллати Эрон ғайри қонунй аст ва ҳеч арзишу эътиборе назди миллати Эрон нахоҳад дошт, чаро ки судури ин қатънома бар хилофи тавофуқоти байналмилалй дар заминаи табодули сухт аст”.

Маҳмуд Аҳмадинажод зимни суханрониаш дар Душанбе, иқдоми Созмони миллал дар тасвиби таҳримҳо алайҳи кишварашро дастмоли истифодашуда номида гуфт:

«Аз чапу рост алайҳи мо қатънома содир мекунанд, вале пашизе арзиш надоранд. Ин қатънома мисли дастмолест, ки истифода шудааст”.

Сарфи назар аз фазосозиҳои расонаҳои фурсатталаб, сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Точикистон, дорои ин паём буд, ки Чумҳурии Исломии Эрон дар рузҳои сахту душвор ва мароҳили ҳассос дустони худ, ба вижа кишвари ҳамзабону ҳамдин ва ҳамфарҳангу ҳамтаърихи Точикистонро танҳо нахоҳад гузошт. Оқои Аҳмадинажод дар ин робита гуфт:

«Точикистон ва Эрон пайвандҳои амиқи таърихй ва фарҳангй доранд, ин пайвандҳо аз як ҳуввият ва аз як фарҳанг аст.Равобити мо бисёр хуб ва дар ҳоли густариш дар ҳамаи заминаҳо, дар ҳамаи самтҳо аст ва ҳеч маҳдудияте вучуд надорад. Ман ва оқои Раҳмон ду бародар ва ду дустe ҳастем, ки дар ҳамаи масъалаҳо машварат мекунем, тасмим мегирем.Дар ин чо ичлоси об буд, эшон аз ман даъват карданд, ба эҳтироми оқои Раҳмон, ба эҳтироми мардуми Точикистон мо ин сафарро анчом додем барои ин ки ҳам хаста набошед бигуем ба оқои раиси чумҳур ва ҳамкоронашон, ҳам ташаккур кунем ба хотири ин кори бузурге, ки анчом доданд, ичлоси байналмилалии обро баргузор карданд. Ва ҳам корҳои дучониба, минтақаи ва байналмилалиро бо ҳам пеш барем ва машварат кунем. Мо машваратҳои бисёр хубе доштем ва тасмимоти хубе гирифтем. Корҳое, ки буд бояд бо суръати бештаре пеш раванд. Корҳои чадидеро мучаддадан дар дастури муштарак карор додем.Равобит мумтоз аст, Алҳамдуллилоҳ ва ҳар руз беҳтар хоҳад шуд.»

Дидор бо фарҳангиёни точик аз чумлаи барномаҳои сафари раиси чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе буд. Дар ин мулоқот, ки дар фазои дустй ва самимият баргузор шуд, Маҳмуди Аҳмадинажод бо зикри чойгоҳи фарҳанг дар бақои миллатҳо аз чумла гуфт:»Ҳафтод сол талош карданд, ки вижагиҳои фарҳангии мардуми Точикистонро маҳв ва ё камранг кунанд, аммо муваффақ нашудаанд, зеро фарҳанг дар умқи чону руҳи мардуми ин диёр зинда аст”. Раиси чумҳури Эрон ба қудрати фарҳанг дар шаклгирии ҳуввияти миллатҳо ва ояндаи онҳо ишора кард ва иброз дошт:

«Миллати Эрон дар канори соири миллатҳои мустақил, бо андеша ва фарҳанги инсонй ва бо ҳамдилй ва ахлоқ импротуриҳои дуруғро соқит ва ба чои он адолат, сулҳ ва бародариро дар чаҳон ҳоким хоҳад кард”.

Ба баёни дигар, раиси чумҳури Эрон ба Точикистон омад, то ба точикон, танҳо мардуми форсигу дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй бори дигар тазаккур диҳад, ки Чумҳурии Исломии Эрон чуз хайру саодати Точикон ва рушду таолии Точикистон ва дигар кишварҳои минтақа, ҳадафи дигаре надорад. Вай дар ин робита аз корномаи дурахшони Эрон дар дарозои таърих ёдовар шуд ва гуфт:»2500 сол қабл импротурии азим, хашин ва зидди башарй ба номи Бобил бар бахши васее аз чаҳон ҳукумат мекард ва инсонҳоро ба асорат мегирифт, аммо марде аз Эрон ба номи Куруш бапо хост ва тавонист бо ёрии миллати Эрон ва бо андеша ва барнома ва мудирияти сиёсй ва албатта бидуни чангу хунрезй импротурии зидди башарии Бобилро соқит ва аз миён бардорад».
Маҳмуди Аҳмадинажод хадафхои Чумҳурии Исломии Эронро дар руёруйи бо истикбори чаҳонй ва барномаҳои моддигароёнаи он баршумурд ва зимни ёдоварии масъулияти Эрону Точикистон таъкид кард:»Дунёе, ки миллати Эрон ба думболи он аст, ба бомби атом ниёзе надорад. Касоне метавонанд дар ояндаи чаҳон нақшофаринй кунанд, ки дилу чони онҳо саршор аз андешаи инсонй ва илоҳй бошад.Пайравони андешаи моддй ва ғайри илоҳй, инсонро тахриб кардаанд ва имруз миллати Эрон ба думболи эҳёи мучаддади шахсият ва шаъни волои инсонй аст ва ду миллати Эрон ва Точикистон, масъулият доранд, ки фарҳанги мутаолии худро ба дунё дар ин замина собит кунанд».
Дар дидори як ба як ва ҳамроҳ бо ҳайатҳои Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалй Раҳмон, раисони чумхури Эрон ва Точикистон масъалаҳои муҳими марбут ва тавасъаи равобит миёни Теҳрон — Душанбе, аз чумла роҳҳои раҳойии ҳарчй зудтари Точикистон аз бунбасти иртиботй ва дастёбй ба истиқлолияти энержй мавриди баррасй қарор гирифт.Дар ин робита тавофуқ ҳосил шуд, ки бо ибтикори Чумҳурии Исломии Эрон тарҳи сохтани роҳи оҳан аз Точикистон то Эрон ба воситаи каламрави Афгонистон, дигар кишвари форсизабони минтака дар ояндаи наздик оғоз хоҳад шуд ва мушорикати Эрон дар тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон афзоиш хоҳад ёфт.Ҳамчунин ба манзури мусоидат ба заминасозии тавлиди тачҳизоти зарурй дар дохили кишвар, тасмим гирифта шуд, ки шуъбае аз дафтари фановариҳои раёсати чумҳурии Эрон дар Душанбе таъсис шавад.
Густариши ҳамкориҳо миёни Теҳрон — Душанбе ҳамвора бо ҳассосиятҳо ва ҳатто норизоятиҳои бозигарони минтақа ҳамроҳ будааст, аммо раиси чумҳури Эрон бо сафар ба Точикистон нишон дод, ки ин ҳассосияту норизоятиҳо барояш арзише надоранд ва муҳимтар аз ин ҳама он аст, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти кишвари дуст ва бародари худ саҳим бошад. Оқои Аҳмадинажод дар ин робита дар дидори фарҳангиёни точик гуфт:»Имруз ба фазли илоҳй бадхоҳону душманони миллати Эрон қодир нестанд зарба ва садамае ба кишварамон ворид кунанд». Аз суи дигар густариши ҳамкориҳо бо Точикистон, зимни ба намоиш гузоштани қудрат ва тавоноиҳои Эрон дар бахшҳои мухталиф, заминаи тавсаъаи равобит миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам хоҳад кард, амре ки ба суди ҳамаи миллатҳои минтақа таъбир мешавад. Зеро дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон собит шудааст, ки Эрон ба унвони қудрати чаҳонй, нақш ва чойгоҳи хосе дар муодилоти минтақайи ва байналмилалй дорад ва дар хамкорй бо кишварҳо ҳеч хадафи муғризонаеро дунбол намекунад.

Защищено: Сиёсатҳои Маскaв — Тошканд дар Қирғизистон

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Осиёи Марказй ва хатароти низоъхои кавмй

Нигоҳе ба раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки ин минтақаи стротегй ба тадрич вориди як бозии хатарноке мешавад.Ба иборати дигар, бархе давлатҳои ин минтақа бо ба миёни мардум кашидани масъалаҳои ҳассос, дар ростои афрухтани низоъи қавмй, заминасозй мекунанд.

Ин давлатҳо ба андешаи худ, бо ин кор қасд доранд мардумро дар расидагй ба масоил муҳим мушорикат диҳанд ва аз ин тариқ осонтар ба аҳдофи худ даст ёбанд.Аммо воқеият он аст,ки бо ин кор Осиёи Марказй ба тадрич ба суи чангҳои қавмй харакат дода мешавад.Чунин вазъияте дар равобити Узбакистону Қирғизистон ва Узбакистону Точикистон бештар аз дигар кишварҳо ба мушоҳида мерасад. Баъд аз он ки дар Точикистон тарҳи сохтани неругоҳи Роғун тарҳй миллй эълом ва саҳмияҳои он ба фуруш бароварда шуданд, Узбакистон бо истифода аз абзорҳо ва каналҳои мухталиф мухолифатҳои худро бо ин иқдоми кишвари ҳамсоя пуршиддат кард.Ин кор ибтидо аз баёнияҳои шифоҳй(даҳонй) оғоз шуд, сипас мақомоти узбак аз минбарҳои байналмилалй кор гирифтанд ва дар идома бо ирсоли баёния ба мақомоти точик, чабҳаи мухолифатҳои худро густариш доданд. Дар ин миён Тошканд муваффақ шуд ширкати русии «Газпром» ро аз мушорикат дар тарҳи Роғун барҳазар кунад ва Чинро мутақоид намояд, ки сохтани неругоҳ дар рудхонаи Зарафшонро, ки қарордоди он миёни Пекин — Душанбе ба имзо расида буд, ба ҳолати муаллақ дароварад. Аммо Точикистон бо беэътинои ба ин коршиканиҳои кишвари ҳамсоя, барномаи такмили неругоҳи Роғунро дунбол мекард. Дар як муддати кутоҳ ба маблағи 200 миллион доллар саҳмияҳои неругоҳи Роғун фурухта шуд ва корҳои сохтмонй дар ин тарҳи муҳим равнақи бештар мегирифт. Дар чунин вазъияте мақомоти узбак аввал иқдом ба мутаваққиф кардани вагонҳои дорои маводи сохтмонй ва ғизойи, ҳамчунин сузишворй ба Точикистон карданд.Ҳарчанд гуфта мешавад, ин кор аз баҳори соли 2010 оғоз шуд, аммо далелҳо бангар аз он аст, ки Узбакистон аз муддатҳо қабл бо ҳар баҳонае вагонҳои мутаалиқ ба Точикистонро дар қаламрави худ мутавққиф кардааст.Вале ин бор беш аз 2000 вагони борҳор мухталиф барои ширкатҳои хусусй ва давлатии Точикистон, аз тарафи роҳи оҳани Узбакистон мутаваққиф шуданд, ки ин кор таъсири манфй ба иқтисоди Точикистон ва зиндагии рузмарраи мардум, ба вижа дар вилояти Хатлон, ворид кард.Ҳамзамон бо ин дар бархе манотиқи Узбакистон гирдиҳамойиҳои эътирозй бар зидди фаъолияти корхонаҳои муҳими Точикистон, аз чумла корхонаи алюмин созмондоҳй шуд.Дар идомаи ин мухолифатҳо, муътаризони узбак бо ҳидояти сохторҳои амниятии ин кишвар,борҳо пеши роҳи ҳаракати қатори мусофирбарии Душанбе — Хучандро, ки аз қаламрави Узбакистон гузар мекунад, гирифтанд. Дар ин эътирозҳо шиорҳои зидди неругоҳи Роғун, ҳатто зидди мардуми точик сар дода шуд. Раҳбарии чумҳурии мухтори Қароқалпоқистон низ бо ирсоли нома ба давлати Точикистон, зимни мухолифати шадид ба сохтани неругоҳи Роғун, тақозо кард, ки такмили ин тарҳ ба таври фаврй мутаваққиф шавад.Дар зимн, гуфтан ба маврид аст, ки солҳои охир доираҳое дар ин чумҳурй иддеяи чудо шудан аз Узбакистонро замзама мекунанд.Ин доираҳо мегуянд давлати Ислом Каримов бо миллати қароқалпоқ бархурди табъизомез дорад ва дар пайи нобудии одобу русум ва забони онҳо баромадааст. Ба эътиқоди коршиносони ғарбй, акнун ба назар мерасад Тошканд бо вориди масъалаи Роғун намудани ин чумҳурии чудоиталаб, касд дорад аз як су чабҳаи мухолифат ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистонро тақвият кунад ва аз суи дигар наҳзатҳои худшиносй ва бедории миллй дар ин чумҳуриро аз ҳадафҳои худ дур намояд. Мухолифатҳои Узбакистон ба сохти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон баъд аз он ки Русия эълом кард дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй аз манофеи Тошканд ҳимоят мекунад, чанбаҳои густурдатаре гирифт.Дар чунин вазъияте, баъд аз тағйири давлат дар Қирғизистон (апрели соли чорй), Точикистон дар дифоъ аз тарҳҳои энержии худ дар минтақа, танҳо монд ва фишорҳои Тошканд ба ин кишвар бештар шуд.Аммо оҳиста — оҳиста шаҳрвандони Точикистон низ вориди амал шуданд ва дар пайи эътирозҳои инфиродй, точикони муқими Қирғизистон бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Узбакистон дар ин кишвар, норизоятии худро аз тавқифи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон иброз ва аз мақомоти узбак хостанд дар ростои одоби ҳамсоядорй, даст аз ин иқдоми зиддибашарй бардоранд. Дар идомаи ҳамин раванд, рузи 4 июн занҳои саршиноси Точикистон бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Узбакистон дар шаҳри Душанбе, аз раҳбарони Узбакистон даъват карданд ба муҳосираи иқтисодии Точикистон хотима диҳад. Дар хамин руз точикони муқими Амрико низ дар муқобили сафорати Узбакистон дар Вошингтан гирдиҳамойии эътирозй барпо намуданд. Аммо хатари чиддии вуқуъи низоъҳои қавмй, дар Қирғизистон ва дар рузҳои нооромиҳои ин кишвар шакл гирифт. Рузи 19 май дар Чалолобод дар пайи руёруйии қирғизҳо ва узбакҳои муқими ин вилоят, нахустин қурбониёни низоъҳои қавмй ба сабт расиданд.Дар ин руз ҳудуди панч ҳазор қирғиз дар маркази Чалолобод, ки бахши аъзами аҳолиашро узбакҳо ташкил медиҳанд, тачаммуъ карданд.Ин гирдиҳамойи дар ҳоле сурат мегирифт, ки 20 соли қабл, дар соли 1990 дар ин чо задухурди хунине миёни қирғизҳо ва узбакҳо ба вуқуъ пайваст, ки 150 кушта ва садҳо захмй аз ҳарду тараф бар чой гузошт. Дар пайи ташаннучи авзоъ дар Чалолобод,ки вайрон кардани роҳҳо ва ба оташ кашидани мошинҳо аз чумлаи паёмадҳои он буд, Узбакистон худсарона ва бидуни дар чараён қарор додани ҳукумати мувақатии Бишкек, ба қаламрави ин кишвар дар минтақаи Сух низомиён ва тачҳизоти низомии худро ворид кард. Ба манзури пешгирй аз густариши нооромиҳо, рузи 1 июн мақомоти амниятй ва низомии ду кишвар ба таври изтирорй дар вилояти Фарғонаи Узбакистон мулоқот карданд ва дар заминаи контрули авзоъ тавофуқнома имзо карданд. Сохтани девори амниятй дар минтақаҳои марзии мавриди баҳс, хуручи фаврии тачҳизоти низомй ва сарбозони узбак аз қаламрави Қирғизистон, аз чумлаи ин тавофуқҳо буд. Бо таваччуҳ ба амалкарди Узбакистон дар мутавққиф кардани тулонимуддати вагонҳо ва паёмадҳои манфии он ба иқтисоди кишварҳои ҳамсоя, ин эҳтимол чой дорад, ки дар моҳҳои оянда доманаи эътирозҳои зидди сиёсатҳои давлати Ислом Каримов ба дигар кишварҳо, аз чумла Қазоқистон ва Афғонистон кашида шавад.Зеро гуруҳе аз точирони қазоқ аз он норозианд, ки Узбакистон монеъи интиқоли борҳои онҳо ба ҳамкорон ва муштариёнашон дар Точикистон шуда, зарару зийнҳои фаровоне ба онҳо ворид кардааст.Ин даста аз точирони қазоқ дар пайи ирсоли номаи эътирозй ба масъулони узбак ҳастанд. Аз суи дигар рузи 3 июн Ғуломмуҳаммад Элакй, вазири тичорат ва саноеъи Афғонистон бо лаҳни эътирозомез баён кард, ки тавқифи 3,5 ҳазор систернаи маводи сухт дар қаламрави Узбакистон, боиси камбуд ва афзоиши қимати маводи сухт дар Афғонистон шудааст. Вазири тичорат ва саноеъи Афғонистон аз амалкарди Тошканд дар мутавқиф кардани вагонҳои ин кишвар бо лаҳни шадид интиқод кард ва акнун баъд аз Точикистон буд, ки Афғонистон низ аз амалкарди Узбакистон дар мутаваққиф кардани вагонҳо ва паёмадҳои он, садои эътироз баланд кард. Бидуни шак эътирозҳо дар муқобили он чи ки амалкарди зиддибашарии Узбакистон дар муҳосираи иқтисоди ҳамсоягон тавсиф мешавад, оқибатҳои асфборе барои давлати Тошакнд ба ҳамроҳ хоҳанд дошт.Агар ин эътирозҳои мусолиматомез роҳ ба чое набарнд ва давлати Тошканд дар паси ҳимоятҳои Русия ва дигар қудратҳои султаталаб ва манфиатчу, ба сиёсатҳои зидди меъёрҳои байналмилалии худ идома диҳад, аз эҳтимол дур нест ки мухолифони сиёсатҳои Тошканд даст ба иқдомҳои дигаре зананд.Чунин таҳаввуле беш аз ҳар кишвари дигаре дар Афғонистон имкони рух додан дорад ва тарҳҳои дар ҳоли ичрои Узбакистон дар ин кишвар дар маърази хатароти чиддй қарор хоҳанд гирифт.Ба иборати дигар, ба таври тақрибан ғайриқобили эҳсос Осиёи Марказй ба суи нооромиҳои қавмй дар ҳоли ҳаракат аст, таҳаввуле ки беш аз ҳар чизи дигаре сиёсатҳои давлати Ислом Каримов омили аслии он хоҳад буд. Аз ин ру ҳануз ки дер нашуда, бояд сарони ин минтақа дар чиҳати ҳалли ин буҳрон бидуни дахолати бегонагон худ даст ба иқдом шаванд.