Точикистон ва Русия : имтиҳоне дар гузари замон

Сарнавишти ду халабон, ки яке шаҳрванди Эстония ва дигаре шаҳрванди Русия ҳастанд, равобит миёни Русия ва Точикистонро ба таври бесобиқае ба чолиш кашидааст, ба гунае ки ин мавзуи комилан ҳуқуқй чанбаҳои сиёсй касб карда, аз толори муҳокима, ба вазорату идороти ду кишвар нуфуз кардааст.

Ибрози назарҳои мақомоти сатҳҳои мухталифи ду кишвар ва чанги иттилоотй миёни расонаҳои ду тараф, ки ҳамаруза бар густураи он меафзояд, баёнгар аз ин воқеият аст, ки ҳам Маскав ва ҳам Душанбе дар вазъияти чандон матлубе қарор надоранд.Ҳарчанд ахиран сухан аз талошҳо барои ҳалли мусолиматомези ин қазия ба миён меояд, аммо пайомадҳои он ҳамчунон нигаронкунанда арзёбй мешаванд.Дар ҳоле ки мақомоти точик ҳукми додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа дар мавриди ду халабонро амре дар чорчуби меъёрҳои байналмилалй арзёбй мекунанд, дар Маскав таъкид бар ин доранд, ки ин ҳукм хорич аз меъёрҳои роич дар урфи байналмилал аст. Моҳи марти соли чорй ду ҳавопаймои русии мутаалиқ ба ширкати Rolkan, ки аз Афғонистон ба ҳарими ҳавойии Точикистон ворид шуда буданд, дар фурудгоҳи шаҳри Қурғонтеппа ба замин нишастанд ва халабонҳои онҳо шаҳрвандони Русия ва Эстония тавассути кормандони интизомии фурудгоҳ боздошт шуданд.Дар бораи ин руйдод ба чуз чанд хабари кутоҳ, гузоришоти дигаре мунташир нашуд ва расонаҳои иттилоотй ва маҳофили коршиносй камтар таваччуҳе ба он доштанд.Дар доираҳои сиёсии ду кишвар низ дар ин маврид изҳори назарҳои чиддй сурат нагирифта буд. Моҳи гузашта(охири моҳи октябр)додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа баррасии парвандаи марбут ба ду халабонро анчом дод ва бар асоси ҳукми суд онҳо ба ҳаштуним солй аз озодй маҳрум шуданд.Баъд аз эъломи ин ҳукм мочаро оғоз шуд ва дар як муддати кутоҳ чанбаҳои густурдае дар расонаҳои иттилоъотй ва маҳофили сиёсии Русия касб кард.Шахсиятҳои сиёсии русй ин ҳукмро золимона тавсиф ва бо забони таҳдид тақозо карданд, ки додгоҳи Точикистон дар иртибот ба ин мавзуъ тачдиди назар кунад.Вазорати умури хоричаи Русия бо пахши баёния таъкид кард, ки «ҳукми додгоҳи Точикистон ҳаргиз дар чорчуби равобити стротегии Русия ва Точикистон нест ва ин иқдом робитаҳои ду кишварро ба таври чиддй латмадор хоҳад кард».Вазорати умури хоричаи Русия иллати вокуниши дерҳангом ба ин қазияро баргирифта аз мулоҳизоти ҳуқуқй баён кард, ки ҳадаф аз он пайгирии мавзуъ аз тариқи қонунй буда, то ин ки вачҳаи ҳеч як аз тарафҳо осеб набинад.Бо ин ҳол манобеъи вазорати хоричаи Русия эътироф карданд, ки дар моҳи май, яьне бо гузашти ду моҳ аз асорати халабонҳо, аз ин қазия огоҳ шуданд. Аммо чудо аз замон ва наҳваи огоҳ шудан аз қазияи халабонҳо, ҳамаи мақомоти аршади Маскав дар қиболи ин мавзуъи сирф ҳуқуқй, мавзеъгирй карданд ва тамомии онон бидуни истисно аз лаҳни таҳқиру таҳдид кор гирифтанд.Сегей Лавров, вазири хоричаи ин кишвар дар тамоси телефонй бо Ҳамроҳхон Зарифй, ҳамтои точики худ гуфт, «ҳукми додгоҳи Точикистон кишварашро ошуфта кардааст.»Димитрий Рогозин, сафири Русия дар созмони Антлантики шимолй(НАТО) таъкид кард, ки чун дигар шаҳрвандони Русия аз ҳукми додгоҳи Точикистон ба хашм омадааст.Ин мақоми русй бештар аз дигарҳо аз таҳқир ва таҳдид кор гирифт ва тазаккур дод, чунин амале чунончй дар Амрико иттифоқ меафтод , қобили қабул буд, чун Амрико ҳам мисли Русия як қудрати чаҳонй аст.Аммо вақте кишваре чун Точикистон, ки дар тамоми заминаҳо вобаста ба Русия аст, даст ба чун амале мезанад, чойи таачуб аст.Рогозин таъкид кард, мо бояд дар ҳалли ин қазия ба нафъи ду халабон, бе ниҳоят сифту сахт бошем. Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия, рузи 14 ноябр дар охирин мавзеъгирии худ дар қиболи парвандаи халабонҳо, ки дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ҳавзаи Осиё ва Уқёнусия дар Ҳонолулу сухан мегуфт, бори дигар таъкид кард, «агар паёми мо дар мавриди бознигарй ба ин парванда аз тарафи Точикистон шунида нашавад, ин мавзуъ бетаъсир бар равобити ду кишвар нахоҳад буд».Раиси чумҳури Русия таҳдид кард дар қиболи Точикистон иқдомоти ғайриқмутақорун дар пеш хоҳад шуд.Юрий Попов, сафири Русия дар Душанбе, бо раиси чумҳури Точикистон дидор кард ва хостори ҳаллу фасли ҳарчй зудтари қазияи ду халабон шуд.Владимир Жириновский, маовини раиси Думаи Русия бо ирсоли нома ба Анатолий Сердюков,вазири дифоъи ин кишвар, дархост кардааст, ки бо истифода аз неруҳои вижаи ин вазоратхона, халабонҳо аз асорат озод карда шаванд.Жириновский, ки як шаҳрванди яҳудитабори Русия аст, бо ишора ба амалкарди Исроил дар қиболи арабҳо, таъкид кард, бояд Русия Точикистонро ҳамон гуна ки Исроил Лубнонро «уту» кард, адаб кунад.Валентина Матвиенко, раиси шурои федератсиюни Русия иброз дошт, чунончй Русия ва Точикистон ба тафоҳум нарасанд, Маскав дар қиболи давлати Душанбе таҳримҳои шадидери ба кор хоҳад гирифт. Валерий Шянкин, узви Кумитаи равобити байналмилалии Шурои федератсияи Русия гуфт, кишвараш бояд аз тамоми иқдомоти сахтгирона алайҳи Точикистон кор бигирад, то ҳавонавардонро раҳо кунад. Вай пешниҳод кард, ки «бояд вуруди муҳочирони кории точик ба Русия маҳдуд карда шавад.» Михайил Капура, муовини раиси кумитаи ҳуқуқ ва додгоҳи Шурои федератсияи Русия низ аз давлати кишварашро хостааст, ба Точикистон «посухи сазоворе» диҳад, зеро ба гуфтаи у «Русия кишваре нест, ки кафши худро бо он пок кунед». Албатта матбуоти фурсатталаби русй беш аз ҳар замони дигаре матолиби зиддиточикй мунташир ва талош карданд аз ин фурсат дар ростои сиёҳ кардани вачҳаи точикон дар Русия кор гиранд.Миллигароёни русй низ бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Точикистон дар Маскав, бар зидди точикон ва Точикистон шиор доданд.Хадамоти муҳочирати Русия бидуни эълом иқдом ба ихрочи муҳочирони кории точик аз шаҳрҳои мухталифи ин кишвар кард ва дар як муддати кутоҳ садҳо муҳочири корй аз Русия ихроч шуданд, ки ин раванд ҳамчунон идома дорад.Албатта ин иқдоми зидди меъёрҳои байналмилалии Маскав вокунишҳои ниҳодҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башарро дар пай дошт ва ин ниҳодҳо бо маҳкум кардани озору тавҳини муҳочирони кории точик тавассути сохторҳои русй, дархост карданд ин амали хорич аз урфи байналмилал мутаваққиф шавад. Дар ин миён мавзуе ки бештар чалби таваччуҳ мекунад, суханони як мақоми вазорати хоричаи Русия аст, ки ошкоро аз дахолати эҳтимолии низомй дар ҳалли ин қазия сухан ба миён овард.Ин мақоми Русия ки аз зикри номаш худдорй кардааст, таҳдид кард, «ҳануз ки лашкари 201 вориди амал нашуда, Точикистон ба хостаҳои Русия тан дардиҳад». Аз суе Абдумачид Достиев, сафири Точикистон дар Маскав, ба вазорати хоричаи Русия фаро хонда шуда ва маротиби норизоятии Русия аз ҳукми додгоҳи ду халабон ба вай ироа шуд. Аз сафири Точикистон дархост шуд, ки зимни иблоғи ин паём ба Душанбе, расидагй ба ин мавзуъро суръат бахшад.Дар ҳамин ҳол идораи амнияти миллии вилояти Хатлон бо ироаи далелҳо ва санадҳои зарурй, аз полиси байналмилал — Интерпол тақозо кард, ки Сергей Полуянов, раиси ширкати » Rolkan Investmens Ltd «ро боздошт ва дар ихтиёри Точикистон қарор диҳад. Аммо Маскав эълом кард ки ба ҳеч вачҳ раиси ин ширкатро дар ихтиёри Точикистон қарор нахоҳад дод. Вокунишҳои Русия дар қиболи қазияи ду халабон баёнгар аз ин воқеият аст, ки Маскав давлати Душанберо ҳамчун як давлати мустақил қабул надорад ва амалкарди додгоҳи Қурғонтеппаро ба унвон таҳқир нисбат ба худ таъбир кард.Қаблан Русия дар қиболи ҳаводиси ба ин монанд хомушй ихтиёр карда буд, аз чумла соли гузашта додгоҳи Узбакистон сарҳанги рус Юрий Корепановро бо чосусй муттаҳам ва зиндонӣ кард.Маскав кучактарин эътирозе накард.Чанде қабл Амрико Виктор Бут, шаҳрванди Русияро, ки мутаҳҳам ба қочоқи аслиҳа буд, дар Бонкук боздошт ва дар Амрико мучозот кард, Маскав боз ҳам хомуш буд.Акнун дар мавриди ин ки Русия дар Точикистон фақат дунболи манофеи худ мегардад, ҳеч шаке боқй намондааст.Ба назар мерасад Маскав бо баҳона қарор додани қазияи халабонҳо дар пайи он аст ки ба хостаҳои стротегии худ дар Точикистон даст ёбад. Ин мавзуъ, яъне амалкарди чанд рузи ахири Русия дар қиболи Точикистон зимни ин ки беэътимодй ба Маскавро дар Осиёи Марказй доман зад, тамомии барномаҳои Владимир Путин дар мавриди эчоди Иттиҳоди Авруосиёро низ зери савол бурд.

Каримов ва Медведев дар Ашкобод

Рузҳои 18-20 октябр Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дуввумин сафари худ тайи даҳ моҳи ахир ба Туркманистонро анчом дод.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт. Ва аз ин чо маълум буд, ки масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.

Ҳарчанд содироти гози Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъхои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, дар шароити кунунй барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро(Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб(Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Дар ин масъала агарчй Ашқобод ва Остона мавзеъхои чандон сахтгиронае дар қиболи барномаҳои гидроэнергетикии Кирғизистон ва Точикистон надоранд, аммо Тошканд ва шахси Ислом Каримов бо бузургнамойии ин мавзуъ дар пайи он аст, ки аз ҳар фурсате барои маҳкум кардани тарҳҳои сохтани неругоҳҳо дар Кирғизистон ва Точикистон, истифода кунад.Аммо масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи «Чануб»-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Ба баёни дигар Узбакистон дар ҳоле ба пуштибониҳои Маскав аз мавзеъхои кишварҳои поёноби рудхонаҳои Осиёи Марказй умед бастааст, ки дар масъалаи содироти гази Туркманистон, рақиби Маскав маҳсуб мешавад. Аз суе Тошканд бо сиёсатҳои дугонаи худ дар бисёре аз масоили минтақаи стротегии Осиёи Марказй, аз муддатҳо қабл эътимоди бозигарони ин минтақаро аз даст додааст.Аммо қудратҳои шарқу ғарб бо огоҳии комил аз бозиҳои сиёсии Узбакистон, ба вижа раиси чумҳури ин кишвар, талош доранд аз давлати Тошканд ба унвони аҳрам дар рохи расидан ба аҳдофи хеш, кор гиранд.
Ва аммо пушиши хабарии сафари ахири Ислом Каримов ба Туркманистон, ки тибқи маъмул дар расонаҳои расмии ду кишвар ҳамроҳ бо чумлабозиҳо ва умумигуйиҳо буд, баёнгар аз он аст, ки ду раиси чумҳур ба ҳам дуст шуданд.Ин руйдод аз он чҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки дар даҳ моҳи ахир барои дуввумин бор ба Туркманистон сафар кунад. Дар ҳамин ҳол, сафари раиси чумҳури Русия ба Туркманистон бо фосилаи чанд руз баъд аз сафари раиси чумҳури Узбакистон ба ин кишвар, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки дар мархалаи кунунй мавозеъ ва чойгоҳи Ишқобод дар муодилоти Осиёи Марказй аҳамияти бештаре касб кардааст.Дар соли 2009, баъд аз он ки хати лулаи интиқоли гази Туркманистон ба Русия дучори осебдидагй шуд ва ширкати «Газпром» хариди гази Туркманистонро қатъ кард, нуфузи Русия дар Туркманистон ба шиддат коҳиш ёфт.Дар канори ин, буҳрони иқтисодй мучиб шуд, ки гази туркман ба рақиби гази русй дар чиҳати вуруд ба бозорҳои Аврупо табдил шавад.Хамзамон бо ин, баъд аз он ки «Газпром» хариди гази туркманро аз 50 миллиард метри мукаъаб ба 12 миллиард метри мукааб коҳиш дод,Пекин вориди амал шуд ва бо ифтитоҳи хати лула, барои аввалин бор гази Туркманистонро вориди бозори Чин кард. Русия дар робита ба ин масъала вокунише нишон надод, зеро мутолиботи бозори Чин ба газро бештар аз инҳо арзёбй мекунад.
Аммо масъалае, ки мучиботи нигаронии Маскавро фароҳам кардааст, мушорикати Ашқобод дар тарҳи Набуко мебошад, тарҳе ки бар асоси он гази Осиёи Марказй бо давр задани қаламрави Русия, ба Аврупо интиқол дода хоҳад шуд.Ин тарҳ бе мушорикати тарафи туркман, муваффақияте ба ҳамроҳ хахоҳад дошт.Албатта ҳануз Ашқобод ба таври расмй ба ин тарҳ ҳамроҳ нашудааст, аммо музокирот ва ройзаниҳо чараён доранд.
Дар дидори ҳайатҳои русй ва туркман ҳамчунин масъалаи мушорикати Русия дар тарҳи ТАPI — сохти хати лулаи гози Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳинд, баррасй шуд. Ҳамзамон бо ин тарафи русй иттилоъ дод ки ширкати барқи Русия дар назар дорад хати интиқоли неруи барқ тавассути қаламрави Туркманистон ба Ирон, Афғонистон ва Покистон эҳдос намояд ва ҳозир аст Ашқободро дар ин тарҳ мушорикат диҳад. Бо нигоҳе ба натоичи сафари раисони чумҳури ду кишвари Узбакистон ва Русия ба Ашқобод, метавон ба ин натича расид, ки рақобати кишварҳои минтақа ва қудратҳои фароминтақайи барои нуфуз бар манобеи энержии Осиёи Марказй вориди марҳалаи чадиде шудааст.Дар чорчуби ин рақобат Қирғизистон ва Точикистон дар як чабҳаи муштарак дар муқобили Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон қарор гирифтаанд.Чунин вазъе боис шудааст то қудратҳои фароминтақаи барои истифодаи абзорй аз давлатҳои ин минтақаи стротегй барои дастёбй ба аҳдофи хеш, бар таҳаррукоти дипломатй биафзоянд.

Мизони эътимоди Русия ба кишварҳои Осиёи Марказй


Рафту омадҳои беш аз маъмули мақомоти кишварҳои ғарбй ба Осиёи Марказй ва Чанубй аз як су ва баргузории нишастҳои мухталифи ниҳодҳои таҳти нуфузи Русияи фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ аз суи дигар, баёнгар аз ин воқеъият аст, ки ин минтақа дар чанбаъҳои густурдае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Фуру рафтани Ғарб дар ботлоқи Афғонистон, ки дар бархе ҳолатҳо ёдовари сарнавишти Шуравии собиқ аст, авзои минтақаро ба гунае печида намудааст, ки ҳар иқдоме тавассути бозигарони саҳна метавонад сарнавиштсоз воқеъ шавад.Бо таваччуҳ ба ин, ҳарчанд эълом нашудааст, аммо Ғарб ба фикри он чи ки «хуручи шарофатмандона аз минтақа» унвон мекунад, афтодааст.

Дар ин росто кишварҳои ғарбй тамоми талоши худро ба кор гирифтаанд, то ақибнишиниашон аз Афғонистон на шикаст, балки вогузории идораи корҳо ба масъулон ва мардуми Афғонистон тавсиф шавад.
Дар ин миён Русия, ки аз шикасти Ғарб дар Афғонистон бим дорад, зеро ҳама буҳронҳои мавчуд дар Афғонистон ба марзҳои чанубии ин кишвар нуфуз хоҳанд кард, барномаеро руи даст гирифтааст, ки аз фурсати кунунй амалй кардани ҳадафҳои худ дар минтақа, кор гирад.
Таҳаррукоти Маскав дар баргузории нишастҳои чорчониба бо Афғонистон, Покистон ва Точикистон баёнгар аз он аст, ки Русия дар пайи тадвини системи чадиди равобит дар минтақа бар омадааст.Баргузории нишастҳои чорчонибаи сарони Русия, Покистон, Точикистон ва Афғонистон моҳи июли соли 2009 дар Душанбе ва августи соли 2010 дар Сочй, ки бо ибтикори Маскав сурат гирифт, собит намуд, кохи Кремл дар идомаи сиёсатҳои роҳбурдии худ, ки иваз кардани шарикон дар марҳалаҳои ҳассос аз чумлаи шигардҳои он аст, бар он шудааст муносиботи худ бо ҳар як аз ин кишварҳоро бар асоси иақозои манофеи худ шакл диҳад. Нуктаи чолиби таваччуҳ дар ин фароянд, руйкарди чадиди Маскав ба Исломобод аст.Тайи болиғ бар ним қарни гузашта, Ҳиндустон аслитарин шарик ва муттаҳиди Маскав дар муодилоти минтақа буд ва Кремл дар сиёсатҳои худ ҳамеша манфиатҳои Деҳлии навро дар назар мегирифт. Ба иборате, равобити Русия ва Покистон аз зовияи манофеи Ҳиндустон тарроҳй ва ичро мешуд. Аммо ҳамакнун дар пайи вориди чархаи сиёсатҳои Амрико шудани Ҳиндустон, ки дар замони Чорч Буш оғоз шуд, миёни Маскав ва Деҳлии нав фосила эчод шуд ва дар ҳолатҳое манофеи ду кишвар дар муқобили ҳам қарор гирифт.Аз ин ру Русия Покистонро ба худ чалб кард, то нақши фаъолтаре дар муодилоти минтақа дошта бошад.Вуқуъи сел дар Покистон ва ниёзи ин кишвар ба кумакҳои башардустона, беҳтарин шароит барои чомаи амал пушидани ҳадафҳои Русия буд ва Маскав ин фурсатро аз даст надод.Дар нишасти чаҳорчонибаи Сочй (августи 2010)ироаи кумакҳои фаврй ба селзадагони Покистон, дар меҳвари гуфтугуҳо қарор дошт.Аз суи дигар, ба бунбаст расидани барномаҳои Ғарб дар Афғонистон ва афзоиши ҳисси амрикоситезй дар миёни мардуми ин кишвар, фурсатеро эчод кард, ки Русия битавонад ба нақшофаринй дар раванди таҳаввулоти Афғонистон бипардозад. Ҳамин мавзуъ мақомоти точикро, ки ҳамвора мавзеи худро дар қиболи Русия ва Ғарб тағйир медиҳанд, то ҳадде мутақоид кард, ки ҳамчунон бозигари аслй дар минтақа Маскав аст.
Бо ин ҳол наметавон гуфт, ки Русия ин бор шарикони худро барои як муддати тулонитаре интихоб кардааст, зеро иқдоми Маскав дар таъсиси фармондеҳии фаврй — стротегй таҳти унвони «Марказ» дар Екатеринбург (чануб шарқи Русия)баёнгар аз он аст, ки Русия ҳамчунон аз марзҳои чанубии худ эҳсоси хатар мекунад.Фармондеҳии «Марказ», ки аз тобистони имсол ба таври расмй оғоз ба кор кард, аз чумла иборат аз 6 пойгоҳи ҳавойи, 6 гурдони мушакй мебошад, ки беш аз 160 ҳавопаймо, чет ва чархбол доранд.Тачҳизоти мутаалиқ ба фармондеҳии мазкур дар навъи худ охирин дастовардҳои фании муҳандисони низомии рус мебошанд.Ба эътиқоди низомиёни Русия фармондеҳии фаврй — стротегии «Марказ», кумак-захираи Паймони амнияти чамъй мебошад.Зеро дар Маскав бар ин боваранд, ки авзоъ дар Осиёи Марказй наметавонанд мавриди эътимод бошад ва суботу оромиши ин минтақа ҳамчунон шикананда боқй мондааст. Маҳофили низомии русй ба давлатҳои Бишкек ва Душанбе чандон эътимоде надоранд ва бар ин боваранд, ки Қирғизистон ва Точикистон давлатҳое мебошанд, ки ҳануз комил нашудаанд ва дар сиёсатҳои низомии Русия чойгоҳи ончунонй надоранд ва танҳо арзиши ин ду кишвар дар он аст, ки лашкари 201 дар Точикистон ва пойгоҳи ҳавойи дар «Кант» (Қирғизистон), ки низ мутаалиқ ба фармондеҳии фаврй — стротегиии «Марказ» мебошанд, мустақар аст.Дар ин росто Туркманистон низ хорич аз муҳосиботи Русия аст ва сиёсати бетарафии ин кишвар ҳаргиз дар чорчуби манофеи Маскав набудааст.
Қазоқистон ягона кишваре дар минтақа мебошад, ки бо Русия марзи муштарак дорад ва Маскав барои равобит бо ин кишвар аҳамияти вижае қоил аст.Аз нигоҳи низомй неруҳои низомии Қазоқистон пурзуртар аз неруҳои фармондеҳии фаврй — истротежики «Марказ» мебошанд ва аз омодагии волои низомй бархурдоранд. Дар Осиёи Марказй Қазоқистон танҳо кишвари мавриди эътимоди Маскав дар масоили сиёсй ва низомй мебошад. Аммо Узбакистон дар муодилоти сиёсй — низомии Русия тақрибан чойгоҳе надорад, зеро ҳозир нест дар тарҳҳои низомии Маскав дар минтақа мушорикат кунад. Аз суи дигар Тошканд ба масъалаи истиқрори теъдоди маҳдуди низомиёни русй дар чануби Қирғизистон, бархурди душманона дорад. Ва аммо аз нигоҳи низомиёни Русия он чй ба равобити байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй бармегардад, он аст, ки равобит миёни Қазоқистон ва Узбакистон сард аст. Қирғизистон ва Точикистон аз ҳамсояи ғарбии худ (Узбакистон) ба таври чиддй дар ҳаросанд.Узбакистон бо Туркманистон низ ихтилофҳое дорад. Дар як чамъбандии гузаро метавон гуфт, ки фармондеҳии фаврй — стротегии «Марказ» амре бархоста аз нигарониҳои Русия аз ниҳияи суботу амният дар Осиёи Марказй мебошад.Бар асоси баровардҳои коршиносони низомии Русия, адами муваффақияти Ғарб дар Афғонистон мучиб хоҳад шуд, ки ифротгароён ба Осиёи Марказй нуфуз хоҳанд кард.Ба бовари коршиносони низомии рус дар чунин ҳолат водии Фарғона бештар аз дигар манотиқ осебпазир аст ва сар задани кучактарин низои қавмй дар ин чо, Осиёи Марказиро ба чаҳаннам табдил хоҳад дод, ки нахустин пайомади он суқути давлатҳои Тошканд, Душнабе ва Бишкек хоҳад буд.
Бо чунин андешаҳое фармондеҳии «Марказ» таъсис шудааст, то дар мавриди зарурй битавонад аз марзҳои чанубии Русия дифоъ кунад.Таъсиси ин фармондеҳй ба он маъно аст ки аз ин ба баъд Русия дар равобит бо давлатҳои Осиёи Марказй иқдомҳои чиддитаре ичро хоҳад кард. Аммо набояд нодида гирифт, ки амалкарди дигар бозигарони минтақа метавонад дар сиёсатҳои осиёимарказии Кремл таъсиргузор бошад.

Талошхои тозаи Маскав дар Осиёи Марказй


Дар шаҳри Маскав раҳбарон ва масъулони аршади ниҳодҳои фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ гирди ҳам чамъ омаданд, то барномаҳои худ дар шароити чадиди минтақа ва чаҳонро тадвин кунанд.Ин дар навъи худ нахустин ҳамоише буд, ки дар он раҳбарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё, созмони ҳамкориҳои Шонҳой ва Паймони амнияти чамъи ба баҳсу баррасии масоили муҳим пардохтанд.Таҳкими суботу амният дар қаламрави ин ниҳодҳо дар меҳвари нишасти Маскав қарор дошт ва ин нахустин маврид аз силсила чаласоте буд, ки барои 2-3 моҳи оянда дар назар гирифта шудааст.Кремл аз ин тариқ бар он шудааст, ки зимни таҳкими ҳамгаройи дар маҳдудаи Шуравии собиқ, нуфузи худ бар аъзои ин ниҳодҳоро тавсаъа ва таҳким бахшад.
Ширкаткунандагон дар нишасти Маскав дар поёни музокироти хеш баёнияе пахш намуданд, ки дар он аз чумла бар тавсаъа ва таҳкими ҳамкориҳо дар ростои ҳифзи суботу амният ва боло бурдани чойгоҳи байналмилалии ниҳодҳои фаъол дар қаламравии Шуравии собиқ таъкид шудааст. Дар ин баёния гуфта мешавад, ба манзури мубодилаи иттилоот, ҳамкориҳои коршиносон ва мушорикат дар нишастҳои ҳар як аз ин чаҳор ниҳод, кумитаҳои вижа таъсис мешаванд, ки маовинони дабирони кул узви онҳо хоҳанд буд.
Дар баёнияи мазкур ҳамчунин таъкид шудааст, ки Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Паймони амнияти чамъи, Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё ва Созмони ҳамкориҳои Шонгхой дар чиҳати мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир барномаҳои худро ҳамоҳанг намуда, тамоми талоши худро барои аз байн бурдани ин падидаҳои шум ба харч хоҳанд дод.Албатта пушида нест, ки дар пайи руйдодҳои ахири Қирғизистон ва ташаннучи авзоъ дар шарқи Точикистон, мавзуи мубориза бо терроризм дар авлавияти фаъолиятҳои ниҳодҳои мазкур қарор гирифтааст. Николай Бордюжа, дабири кулли Паймони амнияти чамъи дар ин робита гуфт, бояд аз ҳамаи имконот ва зарфиятҳо чиҳати пешгирй аз густариши ноамниҳо дар Осиёи Марказй истифода кард.Анатолий Ноговитсин, маовини раиси ситоди муштараки Паймони амнияти чамъи бо ишора ба заминаҳои вуқуъи даргириҳои қавмй ва мазҳабй дар Осиёи Марказй, аз буҳрони амниятии Қирғизистон ба унвони ҳушдор ёд кард ва даъват намуд ин масъала бояд ба таври чиддй мавриди баррасй қарор гирад.
Баргузории тамринҳои низомии ягонҳои кишварҳои узви Паймони амнияти чамъй дар 25 октябр, ки аз чумлаи тавофуқоти нишасти Маскав буд, баргирифта аз ҳамин нигарониҳоест, ки масъулони ниҳодҳои мазкур аз ноҳияи амният эҳсос мекунанд.Дар назар аст дар ин размоиш низомиёни кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Точикистон ва Белорус ширкат кунанд, ки дар мачмуъ 1700 низомй ва 270 ҳавопаймо, болгард ва мошинҳои размиро дар бар хоҳанд гирифт.
Нишасти Маскав ҳамоише дар навъи худ мунҳасир ба фард буд, зеро то кунун масъулони аршади чаҳор ниҳоди фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ бо чунин чиддияте даври ҳам нанишаста буданд.Ҳарчанд гуфта мешавад ин нишаст бархоста аз авзои минтақа ва чаҳон, ба вижа таҳаввулоти ахир дар Осиёи Марказй буд, аммо ин нукта низ ғайри қобили инкор аст, ки бо фаъол шудани бозигарони Осиёи Марказй чиҳати таҳкими ва густариши нуфузи худ дар ин минтақаи стротегй, Русия бар он шудааст, ки дар баробари ин таҳаррукот қад алам кунад ва аз тариқи ниҳодҳои вобаста ба худ, сарони чумҳуриҳои Шуравии собиқро ба ҳамкориҳо бо худ мутамоил кунад.Дар ин миён масъалаи Узбакистон дар меҳвари сиёсатҳои Маскав қарор дорад, зеро Маскав ба ҳеч вачҳ аз наздикии беш аз ҳади Тошканд ва Вашингтон хушҳол нест. Ба вижа баъд аз он ки дар моҳи феврали соли чорй Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон мусаввабаи шумора 1258 ҳукумати Узбакистон дар мавриди тавсаъаи ҳамкориҳои дучониба бо Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро имзо кард, сарони Кремл бар он шуданд, ки дар мавриди амалкарди давлати Тошканд бештар эҳтиёткор бошанд.Бар асоси ин мусавваба, ки иборат аз 40 банд мебошад,аз чумла густариши ҳамкориҳои низомй дар назар гирифта шуда ва раҳойи аз вобастагиҳои низомй ба Русия, меҳвари ин ҳамкориҳо унвон шудааст. Бо таваччуҳ ба ин ҳама, Русия қасд дорад бо баргузории нишастҳо, гирдиҳамойиҳо ва тамринҳои мухталиф Тошкандро низ барои ҳузур дар ниҳодҳои вобаста ба худ, тарғиб кунад.Дар ин миён муваффақ шудан ба мушорикатҳои фаъоли Тошканд дар Паймони амнияти чамъи аз авлавияти сиёсатҳои Маскав дар марҳалаи кунунй мебошад.Зеро Русия бар ин бовар аст, ки аз ин тариқ метавонад аз тавсаъаи равобити низомй миёни Тошканд — Вошингтан осонтар ва ғайри қобили эҳсос пешгирй кунад.Аммо давлати феълии Тошканд ҳаргиз ҳозир нест дар ниҳодҳои вобаста ба Русия, умуман дар ҳар ниҳоди минтақайи мушорикати фаъол дошта бошад. Зеро табиати Узбакистон ин аст, ки намехоҳад дар баробари он чи ки «ҳамсояҳои заъиф» мегуяд, уҳдадорй ва масъулиятҳое дошта бошад.
Бо ин ҳол Русия талош хоҳад кард Узбакистонро аз наздикии беш аз ҳад бо кишварҳои ғарбй, ба вижа Амрико боздорад. Чунончй Ислом Каримов ба бозиҳои дусуяи худ бо Шарқу Ғарб идома диҳад, ин эҳтимол чой дорад, ки дар ояндаи на чандон дур шоҳиди таҳаррукоти чадиди мухолифони узбак бошем.Ин таҳаррукот метавонанд ҳатто низомй бошанд ва суботу амнияти Узбакистонро ҳадаф қарор диҳанд. Зеро қудратҳои Шарқу Ғарб ба хубй дарк кардаанд, ки субот ва бақои ҳокимият аслитарин ташвиши сарони худкомаи Осиёи Марказй мебошад ва дар ин миён Узбакистон мустасно нест

Защищено: Маскав ва Тошканд ва накшбозй дар Осиёи Марказй

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль: