Бахси об дар Осиёи Марказй

Pузи 14 июн сойти сафорати Точикистон дар Русия таҳти унвони «Захоири обии Точикистон, омили ваҳдат дар Осиёи Марказй» матлаберо ба табъ расонд, ки дар он бо ишора ба вучуди захоири фаровони гидруэнержй дар Точикистон, таъкид шудааст, ки  баҳрабардорй аз ин захоир ба нафъи тамомии кишварҳои минтақа хоҳад буд. Ин матлаб меафзояд, Точикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа, манобеи гидруэнержии мавчуд дар минтақа ва зарфияти рудхонаҳои муштаракро омили муҳим дар чиҳати тавсаъа ва таҳкими ҳамгаройи ва ваҳдат дар минтақа медонад.Дар идомаи мақолаи мазкур, ки тавссути дафтари матбуотии сафорати Точикистон дар Русия мунташир шудааст, тазаккур шудааст, ки ҳеч як аз тарҳҳои гидруэнержии дар ҳоли ичро дар Точикистон, ба зиёни кишварҳои ҳамсоя набуда, дар ин тарҳҳо манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа дар назар гирифта шудааст. Дар мавриди мухолифати бархе кишварҳои минтақа ба тарҳҳои гидруэнержии Точикистон, дар ин мақола омадааст:»Бар хилофи дигар кишварҳои бародари минтақа, Чумҳурии Узбакистон бо бархе далелҳо аз ниятҳои нек ва хайрхоҳонаи Точикистон дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи обии худ, ки ба нафъи миллати бародари узбак ва тамоми минтақаи Осиёи Марказй хоҳад буд, мухолифат мекунад.Қобили зикр аст, ки хушкшавии дарёчаи Арал ба ҳеч вачҳ марбут ба фаъолияти кишварҳои «болооб» набуда, ҳосили истифодаи ғайриистондорд аз манобеии обй тавассути кишварҳои «поёноб», аз чумла Чумҳурии Узбакистон мебошад.Ҳамон гуна ки таҳқиқоти мутахассисон нишон медиҳад, зарфи 50 соли охир Узбакистон дар бахши обёрии заминҳои чадиди кишоварзй, зимни поймол кардани муқаррароти байналмиллалй, аз захираҳои обии минтақа, суиистифода кардааст, ба гунае ки 60 дар сад аз оби масрафшуда тавассути ин кишвар ба тури бебозгашт, ҳадар рафта аст.

Дар бахш дигаре аз ин матлаб омада:мавзеъи Точикистон дар мавриди тавсаъаи ҳамкориҳо дар баҳрабардории судманд аз манобеии обй, чонибдории густурдаи мачомеи байналмилалиро касб кардааст.Бо таваччуиҳ ба ин, такмили неругоҳи Роғун ва баҳрабардорй аз зарфиятҳои ин тарҳи муҳим, ба нафъи мардуми точик ва тамоми миллатҳои минтақаи Осиёи Марказй хоҳад буд.Аммо тамоми талошҳои давлат ва миллати Точикистон дар чиҳати рафъи буҳрони энержй, дар пайи мавозеи ғайридустонаи Узбакистон ҳосиле ба ҳамроҳ надоштаанд, ки чои таассуф аст. Дар шароити барои мардуми точик душвор, мақомоти кишвари ҳамсоя бо беэътинои ба дархостҳои Точикистон дар бораи ҳамкорй дар чиҳати рафъи мушкилоти муштарак, бар чанбаҳои мушкилот дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Точикистон афзудаанд

Бахши дигаре аз мақолаи сафорати Точикистон дар Маскав, ки низ бештар чалби таваччуҳ мекунад, дахолатҳои огоҳонаи Тошканд дар халъи силоҳи давлати Душанбе дар нахустин рузҳои касби истиқлоли ин кишвар аз Шуравии собиқ мебошад.Дар ин робита дар мақолаи мазкур омадааст:»Ин мавзуъ фаромуш нашуданй аст, замоне ки чумҳуриҳои Шуравии собиқ баъд аз фурупошии иттиҳод, тачҳизот ва таъсисоти низомии мавчуд дар қаламрави худро моликияти миллй эълом карданд, фақат Точикистон буд, ки ба «баракати» дустии «хирсонаи» Тошканд, натавонист ин корро анчом диҳад.Агар ин «ҳамсояи нек», манзури мо миллати бародари узбак нест, раванди милликунонии тачҳизот ва таъсисоти низомии боқимонда аз Шуравиро блока намекард, дар солҳои 90 асри гузашта як гуруҳи кучаки тундравҳо ба худ ичоза намедоданд, ки алайҳи давалти Точикистон вориди чанг бишаванд».

Сафорати Узбакистон, ба унвони нахустин мақоми расмии давлати Тошканд, вокуниши шадиде нисбат ба мақолаи ҳамтоёни точики худ нишон дод.Намояндагии Узбакистон дар Русия мақолаи дафтари матбуотии сафорати Точикистон дар Маскавро матлаби эҳсосотй арзёбй кард.Қобили зикр аст, барои нахустин бор аз замони имзои созишномаи сулҳ ва ризояти миллй миёни тарафҳои ба ҳам рақиби точик, дар Маскав, дар 14 соли қабл аст ки Душанбе ба таври ошкоро чунин иттиҳомотеро ба Узбакистон ворид мекунад.Рузи 18 июни соли чорй дар сомонаи интернетии сафорати Узбакистон дар Маскав матлабе дар посух ба мақолаи дафтари матбуотии сафорати Точикистон дар Русия, мунташир шуд.Дар ин матлаб тарафи Узбакистон бо эҳсосотй арзёбй кардани мақолаи сафорати Точикистон, онро бе появу асос хондааст ва таъкид кардааст ки фарофиканй ва чустучуи душмани хоричй, як сиёсати шикастхурда дар равобити байналмилал аст.Сафорати Узбакистон ҳамчунин он чиро ки талоши бархе мақомоти точик барои омили чанги шаҳрвандии ин кишвар муаррифй кардани Узбакистон гуфтааст, хилофи сиёсатҳои раиси чумҳури Точикистон, ки хостори густариши равобит миёни ҳамаи кишварҳои Созмони ҳамкории Шонгхой мебошад,арзёбй кард.

Дар мачмуъ дар посухи сафорати Узбакистон ба мақолаи сафорати Точикистон дар Маскав, тамомии далоили ироашуда дар мавриди нақши манфии Узбакистон дар равобити дучониба, рад шудаанд.Ин посух ки иборит аз ҳафт банд мебошад, ба хубй нишон медиҳад, ки Тошканд ба ҳеч вачҳ ҳозир нест ба таври одилона масоили мавчуд дар равобити ду тарафро баррасй кунад, балкй бар талошҳои худ дар чиҳати нодида гирифтани манофеи давлат ва миллати точик идома медиҳад.Аз чумла ин гуфтаи Тошканд, ки Душанбе ҳақ надорад дар бораи тарҳҳои гидруэнержии худ мустақилона иқдом кунад, хорич аз урфи байналмилал ва хилофи ойини ҳамсоягй аст.Ба илова, дар ҳоле Узбакистон аз пайомадҳои зистмуҳитии неругоҳи Роғун сару садо ба роҳ андохтааст, ки худ бо минакории манотиқи куҳистонй дар марзҳо бо Қирғизистон ва Точикистон, амре ки дар пайи он даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳи се кишвари Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистон кушта шуда, садҳо ҳайвони нодири ин манотиқ аз байн рафтааст.Ҳамчунин ҳар таркиш боиси вайрон шудани лояи хок ва осеб дидани гунаҳои гиёҳй шуда, муҳити зисти ин манотиқро дар маърази осебҳои калоне қарор додааст.

Коршиносон дар арзёбиҳои худ аз ин иқдоми сафоратҳои Точикистон ва Узбакистон дар Маскав, онро талоши ду тараф барои чалби ҳимоятҳои Маскав тавсиф карданд.Воқеият он аст, ки иқдоми сафорати Точикистон дар Маскав дар мавриди арзёбй аз амалкарди солҳои ахири Узбакистон, ҳаргиз иттифоқй набуда, балкй як амали ҳисобшуда аст.Ин мақола дар шароите мунташир шуд, ки дар шаҳри Душанбе музокироти тарафҳои рус ва точик дар бораи ҳамкориҳои марзй чараён дорад.Дар ин музокирот Маскав саъй дорад чун солҳои қабл бо додани ваъда ва имтиёзоти андак, манофеи худ дар Точикистонро ҳифз ва имтиёзоти зиёде аз давлати Душанбе дар масъалаи истифода аз пойгоҳҳо ва фурудгоҳҳои ин кишвар, касб кунад.Аммо акнун авзоъ тағйир кардааст ва Точикистон дар равобит бо Русия, худро фиребхурда эҳсос мекунад, ба илова ҳимоятҳои ошкори Маскав аз Тошканд дар масоили гидруэнержии Осиёи Марказй, як таҳқири сиёсй барои Точикистон буд.Акнун давлати Душанбе бо эъломи мавозе дар қиболи амалкарди солҳои ахири Узбакистон, ин паёмро ба Русия эълом кард, ки «ё бо мо бош, ё бо Тошканд».Аз суи дигар мақолаи сафорати Точикистон дорои паём барои мачомеи байналмилал низ мебошад, яъне Душанбе ба чомеъаи чаҳонй эълом кард, ки ба амалкард ва иддаъоҳои Узбакистон дар мавриди масоили гидруэнержии Осиёи Марказй, аз зовияи ин масоил бингаранд, то ба худии худ рушан шавад, ки иллати аслии мухолифатҳои Узбакистон ба сохти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон  чист.

Бо ин ҳол ин нукта ғайри қобили инкор аст, ки руёруиҳои матбуотии сафоратҳои Точикистон ва Узбакистон дар Маскав, идомаи чанги лафзй миёни ду кишвари ҳамсоя ҳаст, ки идомаи он ва вогузор кардани ҳаллу фасли он ба тарафҳои саввум ва ё чаҳорум, ба нафъи ҳеч як аз тарафҳо набуда, заминаи вобастагиҳои бештари онон ба қудратҳои бегонаро, фароҳам хоҳад кард.Аз ин ру музокираи ру дар руи мақомоти ду кишвари ҳамсоя, беҳтарин роҳест, ки зимни мусоидат ба ҳаллу фасли масоили фимобайн, раванди ҳамгаройи дар минтақаро тақвият ва суботу оромишро тазмин ва танзим хоҳад кард.

Осиёи Марказй ва бухрони об

Рузи 19 октябр дар Остона, пойтахти Қазоқистон нишасте дар мавзуи таъмини амнияти таъсисоти гидруэнергетикй дар Чумҳури Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин нишаст Бу Либерт, мушовири кумиссиюни аврупойии Созмони милали муттаҳид дар умури зистмуҳитй ва маскан иброз дошт, ки дар шароити кунунии чаҳон ва минтақа, боястй дар Осиёи Марказй қонун дар бораи амнияти таъсисоти гидруэнергетикй ба тасвиб расад.Вай таъкид кард, дар кишварҳои Осиёи Марказй қонунҳои марбут ба амнияти таъсисоти гидруэнергетикй ба таври лозим такмил нашудаанд ва ин мавзуъ мучиби нигаронй аст.

Мушовири Созмони милал ҳамчунин гуфт, дар Аврупои Ғарбй ва Русия чунин қонунҳо амал мекунанд, аммо дар Осиёи Марказй фақат дар Чумҳурии Узбакистон қонуни амнияти таъсисоти гидруэнергетикй ба тасвиб расидааст.
Бу Либерт бо ишора ба зарурати таъмини амнияти садҳо ва обанборҳо дар Осиёи Марказй, ёдовар шуд, ки муқаррароти вижае дар ҳоли тадвин аст, ки интизор меравад моҳи майи соли ояндаи мелодй такмил хоҳад шуд. Мушовири кумиссиюни аврупойии Созмони милал афзуд, ин санад метавонад мабнои қонунҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказй дар мавриди таъмини амнияти таъсисоти гидруэнергетикй бошад.Оқои Либерт тазаккур дод, ки баҳори соли 2011 дар шаҳри Алмато ичлоси минтақайи дар мавриди ҳамкорй чиҳати таъмини амияти таъсисоти гидруэнергетикй баргузор хоҳад шуд.
Нишасти амнияти таъсисоти гидруэнергетикй дар Қазоқистон дар шароите баргузор шудааст, ки масъалаи об шудани бо суръати пиряхҳо дар Осиёи Марказй хатари буҳрони об дар ин минтақаро беш аз ҳар замони дигаре афзоиш додааст.Ин масъала дар Қирғизистон беш аз дигар кишварҳо қобили мушоҳида аст ва таҳқиқоти анчомшуда дар ин кишвар нишон дод, ки сол ба сол ҳачми пиряхҳо, ки манбаъи аслии таъмини оби рудхонаҳои ин кишвар мебошанд, коҳиш меёбад. Бар асоси гузориши Институи масоили гидруэнергетикии фарҳангистони улуми Қирғизистон, дар давраи аз соли 1970 то соли 2000 ҳачми пиряхҳои ин кишвар 20 дар сад коҳиш ёфтааст.Ин гузориш меафзояд дар айни ҳол суръати об шудани гиряхҳо дар муқоиса ба соли 1950 се баробар афзоиш пайдо кардааст ва идомаи ин раванд мучиб хоҳад шуд, ки дар миёнаҳои қарни 21 бахши аъзами ин гиряхҳо аз байн хоҳад рафт. Бар пояи пешбиниҳои коршиносон, то поёни қарни 21 аз гиряхҳои мавчуд дар Қирғизистон фақат 10 дар сад аз онҳо боқй хоҳад монд ва бо таваччуҳ ба он ки асоси тавлиди барқ, неругоҳҳои обй ба ҳисоб меоянд, тавлиди неруи барқ низ ба ҳамин андоза коҳиш хоҳад ёфт. Бидуни муболиға чунин вазъе Осиёи Марказиро ба маркази буҳронҳо табдил хоҳад кард, зеро масъалаи об ва истифода аз рудхонаҳои муштарак, аз ҳам акнун дар равобити байни кишварҳои ин минтақа соя афканда, манофеи давлатҳоро дар муқобили ҳам қарор додааст.Ин ихтилоф беш аз дигар кишварҳо дар равобити Точикистон ва Узбакистон ба мушоҳида мерасад, ба гунае ки Тошканд дар чорчуби мухолифатҳои худ ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон, ба вижа неругоҳи Роғун, ҳаракати вагонҳои Точикистон аз қаламрави худро мутаваққиф кардааст.Бар асоси гузориши мақомоти роҳи оҳани Точикистон, аз баҳори имсол то кунун, болиғ бар як ҳазор вагони дорои маҳсулоти гуногун барои Точикистон, бо иддаоҳои бе асос, дар қаламрави Узбакистон мутаваққиф карда шудаанд. Узбакистон муддаъи аст, ки собтани неругоҳи Роғун дар Точикистон, мучиби коҳиши чараёни об ба Узбакистон ва ба миён омадани мушкилот дар бахши кишоварзии ин кишвар хоҳад шуд. Аммо тарафи Точикистон муътақид аст, ки анбор шудани об дар садди Роғун, ба рушди бахши кишоварзии Узбакистон, ба вижа амалй шудани барномаи ин кишвар дар мавриди густариши киштзорҳои пахта, мусоидат хоҳад кард ва ҳамаи иддаоҳои Тошканд дар мавриди пайомадҳои манфии соҳтани неругоҳҳо дар Точикистон,чанбаи сиёсй доранд.
Албатта, мухолифатҳои Узбакистон ба сохтани неругоҳҳо фақат ба неругоҳи Роғун дар Точикистон хулоса намешавад, балкй давлати Тошканд аз сохти неругоҳҳои Қамбарота — 1 ва Қамбарота — 2 дар Қирғизистон низ нохурсанд аст. Дар чунин шароите мутахассисони қирғиз мегуянд, сохтани ин ду неругоҳ наметавонад буҳрони энержй дар кишварро ҳал кунад, зеро бо коҳиши оби рудхонаҳо, ки ҳосили афзоиши гармо дар руи замин ва аз байн рафтани бахши аъзами пиряхҳо хоҳад буд, неругоҳҳои обй аз фаъолият боз хоҳанд монд.Ба эътиқоди мутахассисони Бишкек, давлати чадиди Қирғизистон боястй аз ҳоло ба фикри манобеи чадиди энержй бошад. Чунин масъалае ба Точикистон низ бармегардад, зеро ду кишвари Точикистон ва Қирғизистон манобеи аслии об дар Осиёи Марказиро дар ихтиёр доранд ва барномаи сохтани неругоҳҳо, ки Душанбе ва Бишкек руи даст гирифтаанд, боиси ташаннуч дар равобити онон бо кишварҳои поёноб, ба вижа Узбакистон шудааст.Зеро бо сохтани неругоҳҳо, кишварҳои болооб имкон пайдо хоҳанд кард чараёни обро контрул кунанд, амре ки онро Тошканд мухолиф бо манофеи худ тавсифй мекунад ва тамоми тавони худро ба кор гиирфтааст, то аз ичрои тарҳҳои гидруэнергетикии Точикистон ва Қирғизистон пешгирй кунад.
Бо таваччуҳ ба хатари буҳрони об дар минтақа, мутахассисони фарҳангистони улуми Қирғизистон пешниҳод мекунад, ки аз ҳоло бояд ба фикри манобеи алтернотифии энержй буд, то зимни пешгирй аз ҳар гуна таниш бо кишварҳои минтақа, заминаи рушди иқтисоди кишвар барои наслҳои оянда фароҳам шавад.Ин мавзуъ барои дигар кишварҳои Осиёи Марказй, аз чумла барои Точикистон низ дорои аҳамият аст. Аз ин ру шароит эчоб мекунад кишварҳои минтақа ба таври муштарак аз ҳоло ба фикри пешгирй аз ҳар гуна ихтилоф дар масъалаи истифода аз манобеи гидруэнергетикй бошанд, то зимни фароҳам намудани заминаҳои ҳамгаройи, дасти қудратҳои хоричиро аз дахолат дар умури минтақа кутоҳ кунанд. Дар ин миён на бояд ин нуктаро нодида гирифт, ки сохтани неругоҳҳо,аз чумла неругоҳи Роғун, ки бино ба бароварди мутахассисони Бонки чаҳонй, аз аҳамияти фароминтақайи бархурдор аст,як амре зарурй аст.Ин мавзуъ дар баробари таъмини мардуми кишварҳои минтақа бо неруи барқи арзон, хатари камобиро ба микдори хеле зиёд коҳиш хоҳад дод.Аз ин ру мухолифатҳои Узбакистон ба сохтани обанборҳо дар Точикистон ва Қирғизистон, иқдомест, ки зарару зиёни он ҳатто наслҳои ояндаро низ таҳдид мекунад.Бино бар ин, агар имруз пеши роҳи худсариҳои сарони бархе кишварҳо гирифта нашавад, фардо дер хоҳад шуд.