Дар ҳошияи гузориши муҳаққиқони амрикойи

Маркази мутолеоти байналмилалй ва стротегии Вашингтон таҳти унвони «Аз дарраи Фарғона то Вазиристони чанубй» гузоришеро мунташир намуд, ки дар он дидгоҳи муҳаққиқони амрикойи дар мавриди дурнамои амният дар ин минтақа ироа шудааст.Бар пояи ин гузориш муҳаққиқони амрикойи муътақиданд, ки дар пайи фишори давлатҳои Осиёи Марказй, гуруҳҳои чиҳодии ин кишварҳо ба Афғонистон фирор намуда, фаъолиятҳои худро идома медиҳанд.Ҳамин гузориш меафзояд, ҳатто баъд аз суқути режими Толибон дар Афғонистон, ин гуруҳҳо ҳамчунон фаъол боқй мондаанд. Муҳаққиқони амрикойи дурнамои амният дар кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон, аз чумла Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистонро печида пешбинй мекунанд ва бар ин боваранд, ки бидуни кумаки Иёлоти муттаҳидаи Амрико ин кишварҳо нахоҳанд тавонист суботу амнияти пойдорро дар марзҳо ва дохили қаламрави худ таъмин кунанд.

Гузориши маркази мутелеоти истротежики Вашингтон пешниҳод мекунад, ки бояд сиёсати Амрико дар мавриди Афғонистону Покистон тавсеъа ёфта, давлатҳои дарраи Фарғонаро низ дар бар гирад. Зеро масири қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави се кишвари ин дарра гузар мекунад ва ин минтақа ба киштзорҳои хашхош дар Афғонистон наздик аст ва дар айни ҳол чангиён аз Покистон ба самти ин минтақаи стротегй дар ҳаракат мебошанд.Бино ба омори ироашуда дар гузориши мазкур, теъдоди чангиёни кишварҳои Осиёи Марказй, ки дар Покистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд, ҳудуди 1500 нафарро ташкил медиҳад.

Ин барои нахустин бор нест, ки қудратҳои ғарбй, ба вижа Амрико, аз тариқи марказҳои таҳқиқотй печида шудани авзоъ дар кишварҳои Осиёи Марказиро пешгуйи ва аз ин тариқ сояи таҳдидро бар давлатҳои ин минтақа ба навъе таҳмил мекунанд.Вижагии гузориши ахири маркази мутелеоти стротегии Вашингтон он аст, ки ин бор ба таври мушаххас аз водии Фарғона ба унвони маркази нооромиҳои оянда дар Осиёи Марказй ёд шудааст.Ҳамин мавзуъ ақидаро дар мавриди талош қудратҳои шарқу ғарб барои тавсаъа ва таҳкими нуфуз ва чойгоҳи худ дар ин минтақа беш аз ҳар замони дигаре тақвият кардааст.Ба иборати дигар, имруз водии Фарғона майдони аслии рақобат миёни қудратҳои Шарқ ва Ғарб маҳсуб мешавад.Ташдиди ин рақобат бо руйдодҳои Қирғизистон дар баҳори соли гузашта, вориди марҳалаи тозае шуда, акнун бо вуқуи нооромиҳои пароканда дар Точикистон , дар ҳоли табдил шудан ба як нуқтаи доғи чадид дар минтақа мебошад.

Дар ҳоле ки оғози нооромиҳо дар Точикистон, давлатмардони ин кишварро ба як буҳрони амниятй мувочеҳ кардааст ва дар афкори умумй як навъ беэътимодй ба давлати Душанберо доман задааст, муҳаққиқони амрикойи ҳадафи аслии чангиёни мустақар дар Афғонистон ва Покистонро, ки бахши умдаи онҳоро аъзои ҳаракати исломии Узбакистон ташкил медиҳад, давлати Ислом Каримов талақй мекунанд. Бо таваччуҳ ба тачрибаи чунин гузоришҳо ва ба занни мақомоти Кохи сафед, «нигаронии Вашингтон аз вуқуъи нооромиҳо дар Узбакистон», метавон натича гирифт, ки дар марҳалаи кунунй аҳдофи Вашингтон дар Осиёи Марказй, бештар марбут ба ҳузури ин кишвар дар қаламрави Узбакистон аст.Ба баёни дигар, дар айни замон Узбакистон меҳвари хадафхои дарозмуддати Амрико дар Осиёи Марказй маҳсуб мешавад, аз ин ру Кохи сафед бо ҳар роҳи мумкин талош дорад худро ба давлати Тошканд наздик кунад. Қарори маьлум, амният ва бақои қудрат аслитарин нигаронй ва ташвиши Каримов ва дигар ҳамтоёни вай маҳсуб мешавад ва қудратҳои аз ин нуқтаи заъф хеле устодона кор гирифтаанд.

Хамин фазосозиҳои Вашингтон буд, ки Ислом Каримов дар моҳи феврияи соли чорй карори раками 1258 — барномаи таҳкими ҳамкориҳои дучонибаи Узбакистон ва Амрикоро имзо кард. Ин барнома аз чумла дарбаргирандаи ҳамкориҳои низомй мебошад, ки бар асоси он Амрико дар амри тачҳизондани артиши Узбакистон бо таслиҳоти чадид ва омузиши афсарони узбак кумак хоҳад намуд .Ҳамкориҳои Тошканд — Вашингтон дар Афғонистон, аз бахшҳои аслии санади мазкур мебошад, ки дар чорчуби он ду тараф дар интиқоли тачҳизот ва коло барои неруҳои низомии кишварҳои ғарбии вокеъ дар манотиқи мухталифи Афғонистон, ҳамкорй мекунанд. Ин бахш аз ҳамкориҳои ду тараф дар ҳоле ки интиқоли коло ва тачҳизот аз тариқи қаламрави Покистон ба мушкил ру ба ру шуд, бештар аҳамият пайдо кард. Узбакистон бо истифода аз фурсат вориди бозиҳои сиёсии маъмулии худ шуд ва бо фосила гирифтан аз Маскав, равобит бо Вошингтанро тавсаъа дод. Бо ин кор Тошканд тавонист бо истифода аз пуштибониҳои Амрико ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодй дар қаламрави Афғонистонро бар уҳда бигирад. Сохтани роҳи оҳани Хайратон — Мазори Шариф ва интиқоли барқ ба Афғонистон аз ҳамин чумлаанд.Дар ин миён, ҳамон гуна ки бархе манобеъ гузориш доданд, Амрико ба Ислом Каримов ин ваъдаро додааст, ки бар асоси хостаи Тошканд, аз вогузор кардани макомҳои калидй ба намояндагони миллати точик дар Афғонистон, пешгирй хоҳад кард. Ба эътиқоди ағлаби соҳибназарон ин мавзуъ бархоста аз сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Ислом Каримов дар минтақа мебошад, зеро вай аз таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои форсизабон бим дорад ва намехоҳд, ки ин ҳамкориҳо мучиби раҳойии Точикистон аз вобастагиҳои энергетикй ва иртиботии Узбакистон шаванд. Бо ин руйкард, метавон гуфт, гузориши маркази мутолеоти стротегии Вашингтон, як навъ муаррифии барномаҳои ҳузури ояндаи Амрико дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй мебошад.

Чосусони хоричй дар Точикистон


Рузномаи амрикойии «Нью Йорк таймз» аз фаъолиятҳои чосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Точикистон парда бардошт.Ба навишатаи ин нашрия хадамоти чосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бисёре аз кишварҳо, аз чумла дар Точикистон дар чорчуби тарҳи мубориза бо тероризм иқдомоти чосусии худро густариш додааст.»Нью Йорк таймз» тазаккур додааст, чосусй тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва неруҳои кучаки вижа анчом мешавад.

Бино ба навиштаи ин рузнома аз сентябри соли 2009 фаъолиоятҳои чосусии Амрико дар Точикистон тақвият шудаанд. Албатта густариши фаъолиятҳои чосусии кишварҳои мухталиф дар Точикистон ҳарфи чадиде нест, дар гузашта мақомоти точик борҳо аз боздошти чосусони хоричй дар ин кишвар иттилоияҳо мунташир намуда буданд.Дар давраи солҳои 2003 — 2009, замоне ки равобит миёни Тошканд ва Душанбе ба сардй гароид, дар ду кишвари Узбакистон ва Точикистон боздошт ва мучозоти чосусони якдигар ба як руйдоди маъмулй табдил шуд.Тайи ин муддат даҳҳо шаҳрвандони ду кишвар бо иттиҳоми чосусй боздошт ва равонаи зиндон шуданд.Аммо ҳеч гоҳ Тошканд ва Душанбе ҳозир нашуданд дар ин замина мавқеи расмии худро эълом кунанд.Дар ҳоле ки сохторҳои амниятии узбак умдатан точирон ва соҳибкорони точикро ба унвони чосус боздошт ва мучозот мекарданд,дар Точикистон аъзои чунбиши исломии Узбакистон ва бештар аъзои ҳизби таҳрир ба унвони чосус муаррифй мешуданд. Дар бораи боздошти чосусони хоричй дар Точикистон гузоришҳо камтар мунташир мешуд, аммо ахиран раиси чумҳури Точикистон дар ин маврид ошкоро сухан гуфт. Эмомалй Раҳмон дар поёни моҳи август тайи сафар ба устони Хатлон дар дидор бо мардум аз фаъолиятҳои чосусии кишварҳои хоричй дар Точикистон сухан ба миён овард ва гуфт «чосусони хоричй бо муллоҳо ва фарзандони мо кор мекунанд ва мо тамошобин ҳастем». Ин суханон дар шароите гуфта шуданд, ки фазои амниятй ва иттилоотии Точикистон таҳти таъсири фирори 25 зиндонй аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии ин кишвар қарор дошт.Бо гузашти 10 руз аз замони вуқуи ин ҳодиса,тамоми талошҳои марбут ба шиносии маҳалли буду боши фирориён ва боздошти онҳо бенатича буд. Ба илова, мавзеъгирии ачибу ғариби мақомоти амниятии точик ва ҳозир нашудани онҳо ба саволу чавоб бо хабарнигорон, чомеи ин кишварро дастхуши овоза ва тахмину гумонҳои мухталиф кардааст, ки ҳеч як дар чорчуби суботу амнияти ин кишвар набудаанд. Сенарияе, ки мақомоти точик аз фирори зиндониён ва барномарезони ин чиноят муаррифй карданд, зимни бармало кардани заъфи иттилорасонии ин мақомот, нотавонии онҳоро дар идора намудани ин ҳодиса нишон дод.Баъд аз ин ин ақида тақвият шуд, ки фирори зиндониён ҳаргиз бе кумак ва ҳамоҳангии масъулони зиндон сурат нагирифтааст. Ҳамин мавзуъ суханони раиси чумҳури Точикистонро дар мавриди густариши фаъолиятҳои чосусии кишварҳои хоричй тақвият кардааст.Аммо нуктаи чолиб дар мавзеъгириҳои ахири раиси чумҳури Точикистон он буд, ки Эмомалй Раҳмон ин суханонро баъд аз дидор ва гуфтугу бо Димитрий Медведев, ҳамтои руси худ дар Сочй баён кард.Қарори маълум, Точикистон хотироти хубе аз музокирот дар Сочй надорад, зеро дар ҳамин чо буд, ки соли 2004 Маскав дар мавриди ҳузури низомиёнаш дар Точикистон ва истифода аз пойгоҳҳои низомии ин кишвар, мавзеи худро ба Душанбе таҳмил кард.Ин бор низ чузъиёти чандоне аз гуфтугуҳои Раҳмон ва Медведев мунташир нашуд, аммо аз мавзеъгириҳои раиси чумҳури Точикистон бармеояд, ки ҳамкориҳои ру ба рушди Точикистон бо кишварҳои мухталиф, ба вижа кишварҳои исломй, аз чумлаи мавзуъҳои мавриди баррасй миёни тарафайн будааст. Точикистон ҳамчун кишвари мустақил ва дар ростои бароварда намудани ниёзҳои худ, бо пеш гирифтани сиёсати чандсамтй, ҳамкориҳо бо кишварҳои мухталиф , аз чумла кишварҳои исломиро тавсаъа дод.Ин амр дар ҳоле бештар густариш ёфт, ки Русия бо ҳимояти ошкор аз манофеи Узбакистон дар баҳси сохтани неругоҳҳо, Точикистонро ба ҳошияи сиёсатҳои осиёимиёнагии худ ронд.Аммо, бо ин вучуд ба назар мерасад, Маскав ҳозир нест ба роҳатй аз он чй ки «минтақаи суннатии нуфузи худ» меномад, даст бикашад.Бо таваччуҳ ба ин эҳтимол меравад раиси чумҳури Русия норизоятиҳои Маскав аз наздикшавии Душанбе бо кишварҳои исломй ва дигар рақибони Русияро ба давлати Душанбе гушзад карда бошад.
Ин дидгоҳ дар ҳоле тақвият мешавад, ки ахиран расонаҳои русй бо доман задани фаъолиятҳои таблиғотй, бо ҳар баҳонае аз ташдиди фаъолиятҳои гуруҳҳои мазҳабй дар Точикистон гузоришу таҳлилҳои мухталиф ба табъ расонданд. Он гуна илқо мекарданд, ки Точикистон дар остонаи табаддулоти мазҳабй қарор дорад. Ин як риволи шинохташуда дар сиёсатҳои Маскав аст, ки қабл аз ҳар иқдоме аз тариқи расонаҳо чавсозй мекунад ва дар чиҳати таҳмили дидгоҳи худ ба ин ё он чомеъа ниҳояти талошро ба харч медиҳад. Бо ин ҳол он чй ба ташдиди фаъолиятҳои чосусии маҳофил ва кишварҳои мухталиф дар Точикистон бармегардад, амре бархоста аз рақобати қудратҳо барои нуфуз дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй мебошад.Ҳатто бархе аз коршиносон фирори мармузи 25 зиндонй аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Точикистонро ба ҳамин мавзуъ нисбат медиҳанд, ки ба манзури бочгирй аз давлати Эмомалй Раҳмон сурат гирифтааст.
Аммо мавзуе ки дар ин фароянд руи он таъкид мешавад, шеваи амалкард ва мавзеъгирии раиси чумҳури Точикистон дар қиболи руҳониён ва фаъолиятҳои динии мусалмонони ин кишвар аст.Суханони исломситезонаи мақомоти олирутбаи точик дар ҳоле садо медиҳанд, ки имрузҳо аз тариқи шабакаҳои мухталифи телевизиони ин кишвар филми хуччатие аз даргириҳои панчсолаи ин кишвар ба намоиш гузошта шуда, дар он ҳамин қишри руҳонй омили аслии чанги шаҳрвандй муаррифй мешавад.Ин ҳамзамонй, ки дар доирахое таъсиргузории расонаҳои русй ва ҳосили фишорҳои Маскав таъбир мешавад, ин ақидаро тақвият мекунад, ки доираҳое дар дохил ва хоричи Точикистон даст ба кор шудаанд, то зимни ба ҳам задани суботи ин кишвар, хадафхои худро ба роҳатй дунбол кунанд.

То кай миллати точикро таҳқир ва туҳмат мекунанд?

Таҳаввулоти рузҳои чории Қирғизистон баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки дар марҳалаи кунунй ин кишвари Осиёи Марказй ба унвони саҳнаи руёруйиҳои қудратҳои Шарқу Ғарб барои озмудан имконият ва тавони хеш дар ростои ба даст овардани раҳбарии минтақа ва чаҳон интихоб шудааст.

Бино ба навиштаи Дэниел Гринфилд, ки сайти интернетии centrasia.ru мунташир кардааст, тағйири қудрат дар Бишкек бо дахолати мустақими Маскав сурат гирифт ва акнун русҳо бо истифода аз ҳамон шеваи ҳамешагии худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои қавмй, дар пайи он ҳастанд, ки фурсатро фароҳам кунанд ва дар нақши ягона начотдиҳандаи мардуми мазлуми минтақа, тачовузи навбатии худ ба ин қаламравро шакл диҳанд.
Аз навиштаҳои ин муаллиф бармеояд, ки дар ин росто имрузҳо хадамоти вижаи Русия бо интишори матолиб дар расонаҳои таҳти нуфузи худ ва бо истифода аз хабарнигорони муздур, саъй бар он дорад, ки дар водии Фарғона чангро миёни узбакҳо, қирғизҳо ва точикҳо ба роҳ андозад.Нашри ахбори бе банду бор дар расона ва вебсойтҳои мухталиф дар бораи мушорикати шаҳрвандони Точикистон дар куштори аҳолии вилоятҳои Чалолобод ва Уш дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст. Нахустин хабар дар мавриди мушорикати точикҳо дар куштори мардум дар вилояти Уш тавассути Қувват Байболов, маовини аввали вазири амнияти миллии Қирғизистон мунташир шуд.Ин масъули қирғиз эълом намуд, ки хонаводаи Боқиев аз ҳисоби шаҳрвандони Точикистон гуруҳҳои вижа созмон додаанд ва ба манзури муташаннич кардани авзоъ мардуми бедифоъро мекушанд. Ҳарчанд Байболов иддао кардааст, ки ба истинод ба эътирофоти афроди боздоштшуда ин ҳарфҳоро мегуяд, аммо исме аз шаҳрвандони Точикистон, ки даст ба куштор задаанд, набурдааст.Албатта рузи 16 июн ин масъули қирғиз ин суханонро такзиб кард ва дар мусоҳиба бо радиои Озодй таъкид кард, ки бо хабаргузории ИТАР ТАСС дар ин маврид ҳеч гуна мусоҳибае анчом надодааст.
Сайти интернетии fergana.ru низ бидуни зикри исме, аз шаҳрвандони Точикистон ва ба истинод ба як тамоси телефонй, ки маълум нест пушти хат кй буда, иддао кардааст, точикон ба сифати тирандоз(снайпер) мардумро мекуштанд.Ин сойт навиштааст, бешаз 10 тан аз ин тирандозон кушта шуданд ва часадҳои онон дар бемористони Уш нигаҳдорй мешавад.Аммо на аксе ва на исме аз ин афрод чоп накардааст. Аркадий Дубнов, шореҳи рузномаи «Время новостей» низ дар суҳбат ба радиои «Эхо Москви» гуфт:» ман бо тамоми масъулият иброз медорам, дар ин бондҳо афроде ширкат доштанд, ки дар чанги шаҳрвандии Точикистон аз тарафи чабҳаи халқй ё мухолифони точик чангида буданд». Ин хабарнигор дар идома гуфтааст:»шаҳрвандони Точикистон аз Русия ба Қирғизистон фиристода шуданд ва сафорати Точикистон дар Маскав низ дар ин кор шарик аст».
Ин ҳама гузоришҳо баёнгар аз он аст, дар шароити кунунй неруҳое дар водии Фарғона вориди амал шудаанд, ки дар ин минтақаи ҳассос чанги қавмиро созмон диҳанд ва ба ҳадафҳои нопки худ даст ёбанд.Аммо бояд эътироф кард, ки ин низоъҳоро шояд битавон ба осонй роҳандозй кард, вале раванди он дигар дар ихтиёри созмондиҳандагон нахоҳад буд.
Дар миёни неруҳое, ки низоъи қавмиро дар Қирғизистон заминасозй мекунанд, Аркадий Дубнов бештар аз бақия фаъол аст.Аз навишатҳои ин хабарногор бармеояд, ки огоҳона ва бар асоси барномарезии дарозмуддат дар ростои афрухтани оташи чанг миёни миллатҳои ҳамсояи узбак ва точик, ҳамчунин узбак ва қирғиз фаъолият мекунад.Албатта барои ироаи омору рақамҳои дақиқ дар ин замина, бояд навиштаҳои уро мурур кард, аммо ниёзе ба ин нест, чунки мардуми минтақа ба шеваи нигариш ва нигориши Дубнов ва ҳамкешони у ошноанд. Бо ин вучуд фақат ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд, Дубнов навишта буд, ки Ислом Каримов бо раиси чумҳури Точикистон мулоқоти ру дар ру нахоҳад дошт ва фақат дар нишастҳои умумй бо Раҳмон дидор хоҳад кард.Вай ҳамон гуна, ки дар мавриди ҳузури точикон дар кушторҳои Қирғизистон гуфта буд: «ман бо тамоми масъулият иброз медорам»…, дар ин бора низ бо ҳамон ба истилоҳ масъулият хабарсозй ва агар дурустар бигуем, фазосозй карда буд.
Ҳадафи Дубнов он буд, ки қабл аз вуруди раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой, фазои сард дар равобити Тошканд — Душанберо сардтар чилва диҳад.Аммо ҳамон гуна ки сойтҳои расмии ҳам Узбакистон ва ҳам Точикистон хабар доданд, Ислом Каримов ва Эмомалй Раҳмон дар дидори як ба як бисёре аз масоили мавчуд дар равобити ду кишварро баррасй карданд ва ба тавофуқҳое низ даст ёфтанд.Ичозаи ҳаракати наздик ба ду ҳазор вагони Точикистон, аз чумлаи ҳосили ин дидор буд.
Ба назар мерасад роҳандозии таблиғоти зиддиточикй дар Қирғизистон бе робита ба тазоҳуроти точикони муқими ин кишвар дар баробари сафорати Узбакистон дар Бишкек набошад.Дар он тазоҳурот ки 27 майи соли чорй баргузор шуд, як гуруҳ аз точикони муқими Қирғизистон аз масъулони узбак талаб намуданд, ки ба муҳосираи иқтисодии Точикистон поён диҳад.
Мушохидахо нишон медиханд, ки хадафи хар гуна тахқир ва тухматхо қарор гирифтани точикон аз бехимоятии онон сарчашма мегирад.Харчанд ахиран вазорати корхои хоричии Точикистон дар баробари суханони тахкиромези Жириновский вокуниши сахт нишон дод, аммо чунин иқдомот кам анчом шуда, то охир пайгирй нашудаанд. Ин бор афроде мисли Дубнов хатарноктар аз хамеша даст ба кор шудаанд, то миллати точикро ба куштан диханд. Ин икдом метавонад хазорон точикро дар қаламрави шуравии собик ба куштан дихад ва бе муболига тахдиди чиддиест ба тамомияти арзии Точикистон. Аз ин ру сохторхои дахлдори Точикистон боястй чиддитар ва котеъонатар аз хамеша вокуниш нишон диханд ва ин фитнаангезихоро дар нутфа саркуб кунанд, то миллати точик битавонад масири сулху созандагиро бо эътимоду боварии бештар идома дихад.

Хамкорихои кишвархои форсизабон дар Афгонистон

Баъд аз он ки дар пайи ҳодисахои табии ва вахомати авзои инсонй дар вилояти Хатлон, ҳаракати вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон аз сар гирифта шуд, дар Точикистон ин интизор доман зад, ки аз ин ба баъд ду кишвари ҳамсоя дар масири ҳамгароиҳои бештар кадам хоҳанд бардошт.

Умедро дар ин замина паёми Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Ислом Каримов, ҳамтои узбакаш тақвият кард.Раиси чумҳури Точикистон аз мақомоти Тошканд, ки бо таъмир ва бозсозии роҳи оҳан шароитро барои ҳаракати вагонҳои Точикисатон фароҳам карданд, кадрдонй кард.Аммо хурсандии точикистониҳо дер давом накард ва тарафи Узбакистон рузи 22 май аз нав ҳаракати вагонҳои дорои махсулоти мухталиф барои Точикистонро мутаваққиф кард. Ин бор низ мақомоти узбак нуксонхои техникй ё фанниро сабаби ин амр тавсиф карданд.Зафар Раҳимчонов,консули сафорати Узбакистон дар Душанбе дар мавриди сабабхои тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави кишвараш гуфт: ширкати роҳи оҳани Узбакистон аз имконноти кофй барои таъмири роҳи оҳан дар масири Термиз — Амузангро, ки вагонҳои Точикистон аз он гузар мекунанд, надорад. Чунин иддаои тарафи узбак дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ширкати роҳи оҳани Точикистон эъломи омодагй кардааст то ин қисмат аз роҳи оҳанро, ки 11 километро ташкил медиҳад, тармим кунад.Аммо роҳи оҳани Узбакистон ба ҳеч вачҳ ҳозир нашудааст чунин пешниҳоди ҳамтоёни точики худро қабул кунад.Натича он аст, ки аз моҳи март то кунун беш аз ду ҳазор вагони Точикистон дар қаламрави Узбакистон мутавакқиф шудаанд.
Узбакистон дар дигар иқдоми хилофи урфи байналмилал ва ухдадорихои худ, бо тағйири масири ҳаракати вагонҳо, пешниҳод кардааст, ки 600 вагон аз масири Кудуқлй ба Точикистон ворид шаванд.Вале, бино ба гуфтаи консули узбак дар Душанбе, тарафи Точикистон ба ин пешниҳоди Узбакистон посухе надодааст.Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегуянд, тағйири масири ҳаракати вагонҳо тавассути кишвари саввум, ки аз қаламраваш ба унвони рохи тронзитй истифода мешавад, хилофи меъёрхо ва муқаррароти байналмилалй аст. Точикистон дар чорчуби талошҳои дипломатй барои ҳалли мушкили тавакқуфи вагонҳо дар қаламрави Узбакистон, ба ниҳодҳои муътабари байналмилалй, аз чумла Созмони милали муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мурочиа кард.Аммо то ҳол ҳеч иқдоме аз тарафи ин созмонҳо сурат нагирифтааст.
Дар пайи идомаи тавақкуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон, ки иддае аз коршиносон онро муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон тавсиф мекунанд, дар доираҳои коршиносй ва ҳукуматии Точикистон ба тадрич ба ин натича расидаанд, ки ягона роҳи бурунрафт аз чунин вазъи ногувор поён додан ба вобастагиҳои иртиботй бо ҳамсояе назири Узбакистон аст. Яъне бояд ба таври чиддй ба фикри сохтани хати роҳи оҳани нав аз қаламрави кишвари дуст ва ҳамзабони Афғонистон буд. Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Точикистон дар як мусоҳибаи матбуотй иброз дошт, ки Точикистон аз зарфият ва имконоти лозим бархурдор аст, то аз тариқи қаламрави Афғонистон ба роҳи оҳани Туркманистон ва аз ин тариқ ба Кафқоз ва Русия пайваст шавад.Ин мавзуъ ба таври чиддй дар дидори Манучеҳри Мутаккй, вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон бо мақомоти олирутбаи точик дар шаҳри Душанбе баррасй ва тавофуқҳои аввалия ҳосил шуд. Дар марҳалаи аввал мутахассисони ду кишвари Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикситон минтақаи сохти роҳи оҳан тавассути Афғонистонро аз нигоҳи фаннй ва муаҳндисй мавриди баррасй ва таҳқиқ қарор хоҳанд дод. Манучеҳри Муттакй, вазири умури хоричаи Эрон гуфт, ки ин тарҳ дар оянда Эронро ба Қирғизистон, Афғонистон ва Чин пайваст ва дар густариши муносиботи Точикистон бо кишварҳои минтақа ва рушди иқтисодй мусоидат хоҳад кард. Муттакӣ афзуд: дар сурате, ки роҳи оҳани Точикистон — Афғонистон — Эрон сохта шавад, ин мушкили манъ кардани вагонҳои Точикистон аз байн хоҳад рафт. Вазири корхои хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки бояд ҳарчй зудтар ин мавзуъ дар нишасти сарони се кишвари форсизабон баррасй ва иқдомоти созанда андешида шавад.
Албатта сохтани роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон мавзуи чадиде нест ва дар ин кишвари чангзада барои аввалин бор дар миёнахои соли 2008 бо ташаббуси Эрон нахустин хати роҳи оҳан бо тули 60 километр сохта шуд.Узбакистон низ дар ин масъала мушорикати фаъол дорад ва бар он шудааст, ки хатхои иртиботй, аз чумла роҳи оҳан дар Афғонистонро ба инҳисори хеш дароварад. Дар ҳамин росто хати роҳи оҳан аз бандари Хайратон то Мазори Шариф ба тули 75 километр тавассути ширкати роҳи оҳани Узбакистон сохта шуд.Карор аст ин тарҳ то поёни соли 2010 такмил шавад.Дар моҳи ноябри соли 2008 дар Боку (пойтахти чумҳурии Озарбойчон)миёни Бонки рушди Осиё ва Узбакистон тафоҳумнома дар мавриди сохти роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф-Хирот ба имзо расид. Албатта қабл аз ин, 17-18 июни соли 2003 дар чорчуби сафари расмии Ислом Каримов ба Чумҳурии Исломии Эрон миёни се кишвари Эрон, Узбакистон ва Афғонистон тавофуқнома дар мавриди ташкили коридори тронзитии фароминтақайи ба имзо расида буд.Аммо ба тадрич Тошканд дар чорчуби хадафхои дарозмуддати худ дар Афғонистон, ҳамкориҳо бо Эронро камранг ва бо дигар бозигарони минтақа вориди муомила шуд.Дар ин росто пуштибонй ва кумакҳои Амрико ба Узбакистон, ки он замон шарики стротегии Вошингтон дар минтақа маҳсуб мешуд, нақши муҳим ва ҳалкунанда дошт. Манофеи Амрико тақозо мекард, ки Афғонистонро бо шабакаи пешрафтаи иртиботии Узбакистон пайваст кунад.Узбакистон низ талош дошт аз тариқи Мазорти Шариф, Шибирғон, Ҳирот ва Қандаҳор ба бандарҳои байналмилалии Эрон ва Покистон пайваст шавад. Дар он замон Узбакистон дар ҳамкорй бо ширкатҳои амрикои санадхои фаннй-иқтисодии ин тарҳро таҳия кард.Аммо баъд аз ҳодисахои Андичон (майи соли 2005)равобити Тошкан-Вашингтон сард шуд ва ин тарҳ ба ҳолати муаллақ даромад.Бо ин ҳол Узбакистон тамоили худ ба сохтани роҳи оҳан дар Афғонистонро ҳамчунон ҳифз кард ва тачҳизоти мавриди ниёзро бо эътибори(кредити) 156 миллион долларии бонки чопонй таҳия кард. Узбакистон бо амалй кардани тарҳои муҳими иқтисодй дар шимол ва дигар манотиқи Афғонистон қабл аз ҳама ҳадафхои сиёсии худро дунбол мекунад.Таъмини амният дар марзҳо бо Афғонистон аз чумлаи ин аҳдоф аст.Дар канори ин Узбакистон қасд дорад бо таҳти контрули худ гирифтани роҳҳои тронзитии Афғонистон, аз як су ин манбаи пурдаромадро дар ихтиёр дошта бошад, аз суи дигар фишанге барои овардани фишор ба дигар кишварҳои минтақаро дошта бошад.Муҳимтар аз ин ҳама давлати Тошканд бо густариши нуфузи иқтисодии худ дар Афғонистон қасд дорад шимоли ин кишварро, ки як пойгоҳи суннатй барои раҳбарони чиҳодии узбактабор будааст, дар маҳдудаи нуфузи хеш нигаҳ дорад.Аз ин чост, ки мехоҳад дар ичрои ҳар тарҳе дар Афғонистон, аз ду кишвари ҳамзабон бо Афғонистон, яъне Точикистон ва Эрон пешй гирад.Ин хамон хадафест, ки давлати Ислом Каримов дар ростои монеътарошй дар рохи вахдат ва хамгаройии се кишвари форсизабон дунбол мекунад. Дар ҳамин росто Тошканд фаъолияти чиддй дар сохтани чодаҳои автомобилй дар Афғонистон (Ҳирот — Қандаҳор) ва хатхои интиқоли барқ дорад. Аз чумла 9 майи соли 2009 хати интиқоли барқи Сурхон-Хайратон-Пули Хумрй-Кобул бо ташаббуси мутахассисони узбак мавриди баҳрабардорй қарор гирифт. Дар шароити кунунй, ҳарчанд Тошканд ва Вашингтон равобити чандон хубе надоранд, аммо Амрико аз иқдомоти Узбакистон дар чиҳати сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон пуштибонй мекунад.Зеро мушорикати Узбакистон дар ин тарҳҳо боиси харочоти кам хоҳад шуд ва ба Амрико имкон медиҳад, ки ба фикри дигар мушкилоти Афғонистон бошад.
Дар ҳамин ҳол Кобул аз наҳваи ҳаракати вагонҳояш тавассути қаламрави Узбакистон хушҳол нест, зеро Тошканд борҳо бо ҳар баҳонае ҳаракати вагонҳо ба самти Афғонистонро мутавакқиф кардааст.Аз ин ру раҳбарони давлати Кобул ба ин андешаанд, ки роҳҳои иртиботии худро ба Казоқистон васл кунанд. Дар ин миён дигар бозигарони минтақа, назири Чин,Чопон, Хинд ва Покистон низ барномаҳое дар мавриди Афғонистон доранд.Аз чумла Чопон эълом кард, ки як миллиард доллар барои сохтани роҳҳои оҳан дар Афғонистон ихтисос хоҳад дод. Дар чунин шароите ташаббуси се кишвари форсизабони Точикистон, Эрон ва Афғонистон барои ҳалли мушкилоти иқтисодии ҳамдигар, бештар ба нафъи кишварҳо ва миллатхои минтақа аст. Зеро муштаракоти мавчуд дар ин се кишвар, назири забон, таърих, дин ва фарҳанг имкон фароҳам мекунад, ки Душанбе, Теҳрон ва Кобул бе дахолати кишварҳои судчу ва фурсатталаб ба мушкилоти худ расидагй кунанд.Аммо таъхир дар ичрои тарҳҳо метавонад ба осонй ин фурсатро аз ин се кишвар бигирад, ки то кунун дар бархе заминаҳо шоҳиди он ҳастем.

Манфиатхои муштараки Русия ва Амрико дар Киргизистон.

Ахиран Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Федератсиони Русия тасмим гирифтанд дар масъалаи баркарории суботу амният дар Кирғизистон бо якдигар ҳамкорй кунанд. Ин мавзуъро маовинони вазирони хоричаи ду кишварЧорч Крол ва Григорий Карасин тайи дидоре дар Маскав баррасй ва дар ин замина тавофуқ карданд.

Дар ин дидор тарафайн бо ишора ба манфиатхои муштараки Маскав ва Вашингтон таъкид карданд, ки фақат баркарории сулҳу субот матавонад шароитро барои ичрои барноамҳои дарозмуддат дар Қирғизистон фароҳам кунад. Албатта ду кишвари Амрико ва Русия аз рузҳои нахусти суқути давлати Курмонбек Боқиев, авзо дар Кирғизистонро таҳти контрул доштанд ва талош мекарданд вонамуд кунанд, ки ҳеч дахолате дар корхои дохилии ин кишвар надоранд ва нахоҳанд дошт.Бо ин ҳол ҳам Маскав ва ҳам Вашингтон талош карданд бо ҳар роҳи мумкин худро ба давлати муваққати Бишкек наздик кунанд.Дар ин замина метавон ба баёнияи(хитоба) муштараки сафирони Русия ва Амрико дар Бишкек Валентин Власов ва Татиан Гфеллер ба мардуми қирғиз ба муносибати рузи пирузй бар Олмони фашистй ишора кард, ки дар дипломатияи муосир беназир аст.Кабл аз ин Маскав Роза Отунбоева раиси давлати муваққати Кирғизистонро барои ширкат дар маросими тачлил аз Рузи Галаба ба Маскав даъват карда буд.Ин иқдомот ба навъе ба расмият шинохтани давлати нави Бишкек ва кушодани боби ҳамкорй бо он буд. Дар ин чиҳат Русия ташаббусро дар даст дошт.Владимир Путин, нахуствазири Русия дар нахустин рузи ташкили давлати чадид дар Кирғизистон — субҳи 8 апрел дар тамоси телефонй бо Роза Отунбоева пуштибонии Маскавро аз давлати чадид эълом ва аз ин тариқ ба дигар давлатҳо дар минтақа ва чаҳон ин паёмро дод, ки Кремл дар канори давлати нави Бишкек хоҳад буд. Чунин пуштибонии Маскав барои Бишкек ба вижа дар шароите, ки ду кишвари ҳамсояи Казоқистон ва Узбакистон аз дақиқахои аввали суқути давлати Боқиев марзҳои худ бо Кирғизистонро бастанд ва дар ҳоле, ки Ислом Каримов аз ҳар гуна вокуниш дар баробари ходисахои кишвари ҳамсоя худдорй кард, Нурсултон Назарбоев амалкарди мухолифони Боқиевро роҳзанй тавсиф намуд,аз аҳамияи волое бархурдор буд. Бо чунин руйкарде барои Маскав муҳим буд, ки дар амри ба эътидол овардани авзои Кирғизистон ва ҳалли мушкилоти давлати чадиди он, кишварҳои ҳамсояро мушорикат диҳад.Дар ҳамин росто дар дидори сечонибаи Роза Отунбоева, раиси давлати муваққати Кирғизистон, Григорий Карасин, маовинин вазири хоричаи Русия ва Нуртой Обиқаев, маовини вазири хоричаи Казоқистон, ки 24 моҳи майи гузашта дар Бишкек доир гардид, бархе тавофуқҳо ҳосил шуд.Ҳарчанд ин дидор пушти дарҳои баста сурат гирифт, аммо гуфта шуд, ки масоили марбут ба раванди таҳаввулот ва роҳҳои кумак ба давлати чадиди Кирғизистон дар меҳвари музокирот қарор дошт. Маскав дар чорчуби ҳимоятҳои худ аз давлати чадиди Бишкек 20 миллион эътибор дар ихтиёри Кирғизистон қарор дод. Ба илова Владимир Рушайло, намояндаи вижаи раиси чумҳури Русия эълом кард, ки кишвараш як карзи 30 милионй бо имтиёзи вижа дар ихтиёри давлати муваққати Бишкек қарор хоҳад дод.
Дар чунин шароите Белорус бо додани як навъ паноҳгоҳ ба Курмонбек Боқиев, раиси чумҳури барканоршудаи Кирғизистон, худро дар муқобили талошҳои Кремл чиҳати пуштибонй аз давлати чадиди Бишкек қарор дод. Аммо Маскав ба таври зимнй ин паёмро ба Минск дод, ки дар ҳимоятҳои худ аз давлати муваққати Кирғизистон мусаммам аст. Инак эъломи омодагии Маскав ва Вашингтон барои ҳамкорй дар таъмини суботу амният дар Кирғизистон бори дигар азми чиддии Кремлро дар чиҳати ҳимояти ҳамчониба аз мухолифони Боқиев, ба намоиш гузоштааст.Албатта қабл аз ин нишаст ва дар замони интишори баёнияи муштараки Амрико ва Русия ба муносибати Рузи Ғалаба дар Бишкек, Маскав ва Вашингтон ин паёмро ба ҳамдигар доданд, ки ҳозиранд дар масоили Кирғизистон ҳамкорй намоянд. Ин таҳаввул дар навъи худ беназир аст, ки дар ҳеч мархала аз равобити ду кишвар, ҳатто дигар кишварҳои ба истилоҳ ба ҳам рақиб, ба мушоҳида нарасидааст. Баррасии авзои Кирғизистон дар дидори маовинони вазирони хоричаи Амрико ва Русия дар Маскав, як навъ тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки таҳаввулоти ахири ин кишвари Осиёи Марказй ба дахолати дастоне аз хорич набудааст. Аммо Чурч Крол, маовини вазири хоричаи Амрико дар як мусоҳиба чунин ақидаеро рад кард ва гуфт, ҳар вақт ки дар ягон минтақае аз чаҳон мушкиле ба миён меояд, талош мекунанд авомили хоричиро муқассир чилва диҳанд, дар ҳоле ки дар аксари чунин маворид омилхои дохилй нақши калидй бозй кардаанд.Вай афзуд, ба назари ман норизоятии мардум аз сиёсатҳои Боқиев ва хонаводаи вай сабаби аслии руйдодҳои ахири ин кишвар буд. Ин мақоми амрикойи гуфт, дар айни ҳол дар дохили давлати муваққат низ баъзе бозиҳо дар чараёнанд,аммо мардум ба ин умеданд, афроде руйи кор оянд, ки мушкилоти чомеаро ҳаллу фасл кунанд. Аз суе, эъломи омодагии Амрико ва Русия чиҳати ҳамкорй барои таъмини суботу амният дар Кирғизистон ба ин маъност, ки ҳеч як аз се тарафи аслии қазия — давлати муваққат, Русия ва Амрико ба танҳои наметавонанд ба мушкилоти мавчуд дар ин кишвари фақир рсидагй кунанд.Албатта, дар ин миён манофеи ҳар як аз ду қудрати Гарб ва Шарқро дар Кирғизистон ва куллан дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй набояд нодида гирифт. Баррасии авзои Кирғизистон ва роҳҳои таъмини суботу амният дар ин кишвар дар дидори маовинони вазирони хоричаи Амрико ва Русия бидуни мушорикати тарафи қирғиз, баёнгар аз ин воқеият аст, ки Вашингтон ва Маскав бештар дунболи амалй кардани хадафхои худ дар Кирғизистон ҳастанд, то кумак ба мардуми ин кишвар.
Имруз барои ин ду қудрат рушан аст, ки бе суботи пойдор дар Кирғизистон наметавонанд ба барномаҳои дарозмуддати худ дар ин кишвар ва минтақа даст ёбанд. Амрико зимни таъмини ҳузури низомии худ дар қаламрави Кирғизистон, метавонад осонтар барномаҳои худ дар Афғонистонро дунбол кунад. Чунин амре наметавонад бидуни ҳамоҳангй бо Русия ва чалби ризояти Маскав амалй шавад.Аз тарафи дигар, барқарории субот дар марзҳои Осиёи Марказй бо Афғонистон, ин имкониятро барои Маскав фароҳам мекунад, ки ба барномаҳои энержии худ дар минтақа даст ёбад ва дар ин росто Русия ниёз ба мусоидатҳои Амрико дорад. Бо чунин руйкарде метавон интизор дошт, ки давлати ояндаи Бишкек аз истиқлоли амали чандоне бархурдор нахоҳад буд ва метавон гуфт раиси чумҳури ояндаи ин кишварро аз ҳоло сарнавишти норушне дар интизор аст

Точикистон ва Узбакистон: аз руёруйи ба ҳамкорй


Дар пайи вуқуъи сел дар чандин ноҳия дар манотиқи чануб ва шимоли Точикистон, ҳукумати ин кишвар чаласи фавқулодда баргузор кард ва авзоъи буҳронии бархоста аз ин ҳодисаҳоро мавриди баррасй қарор дод.Имомалй Раҳмон, раиси чумҳур, ки аз суханронони аслй дар ин нишаст буд, бо баршумурдани мизони зиёнҳои ворида аз ҳодисаҳои ахир, сохторҳои марбутаро вазифадор кард, ки тамоми имконот ва зарфиятҳои худро барои бо хона таъмин кардани бозмондагони ин офатҳо ба кор гиранд.

Вай аз чумла таъкид кард, то рузи Қонуни асосй, ки дар моҳи ноябр тачлил мегардад, бояд ҳамаи афроде, ки ба асари чорй шудани сел хонаю кошонаи худро аз даст додаанд, бо манзил таъмин шаванд. Нуктаи чолиб дар суханронии Имомалй Раҳмон дар чаласаи изтирории ҳукумати ин кишвар қадрдонии вай аз ҳамтои узбакаш Ислом Каримов буд. Раиси чумҳури Точикистон аз чумла гуфт: мо аз иқдоми Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон, дар мавриди таъмири қитъаи роҳи оҳан, ки тавассути сохторҳои ин кишвар анчом ва боиси ҳаракати вагонҳо ба самти Точикистон шуд, тақдир мекунем.Имомалй Раҳмон дар ин суханронй аз Узбакистон ба унвони кишвари дуст ва бародар ном бурд ва вуруди вагонҳои дорои сузишворй, маводи ғизойи ва масолеҳи сохтмонй ба вилояти Хатлонро ҳосили ҳамсоядустии кишвари ҳамсоя тавсиф кард. Қарори маълум тайи рузҳои охир ҳудуди 67 вагон дорои орду гандум ва беш аз 100 вагон масолеҳи сохтмонй ва анвоъи равған аз Узбакистон вориди вилояти Хатлони Точикистон шуд.Бино ба гуфтаи Саидчон Ёдгорй, муовини раиси хадамоти боркашонии Роҳи оҳани Точикистон, аз 16 март то ин дам тарафи Узбакистон бидуни иттилорасонй вагонҳои Точикистонро дар қаламрави худ манъ кард. Ба гуфати ин манбаъ ҳануз 800 вагони дорои борхои мухталифи мутаалиқ ба ширкатҳои давлатй ва хусусии устони Хатлон дар қаламрави Узбакистон мутаваққиф шудаанд, ки аз ин теъдод 200 вагон равғанҳои гуногун, 210 вагон сузишворй ва 40 вагон симон ва дигар тачҳизоти мутаалиқ ба неругоҳи «Сангтуда-2» мебошад. Мақомоти точик мегуянд тавқифи вагонҳо тавассути ширкати роҳи оҳани Узбакистон ҳудуди 100 миллион доллар ба иқтисоди ин кишвар зарару зиён ворид кардааст.Вазъи иқтисодии бисёре аз ширкатҳо ва корхонаҳои вилояти Хатлон вазнин шуда, теъдоде аз онҳо дар остонаи варшикаст шудан қарор гирифтаанд.Албатта тарафи узбак низ мутаҳаммили зарару зиёнхои фаровоне шудааст, ба илова тибқи қонунҳои байналмилалй роҳи оҳани Узбакистон вазифадор аст барои таваққуфи вагонҳо чарима супорад.Аммо ҳануз ҳеч ниҳоди марбутаи байналмилалй дар ин чиҳат иқдоме анчом надодааст. Яке аз асароти манфии манъ кардани вагонҳои Точикистон дар роҳи оҳани Узбакистон тақрибан ба ҳолати нимафалач даромадани раванди корҳои сохтмонй дар неругоҳи «Сангтуда-2» мебошад. Камбуди симон ва маводи сухт мушкили чиддие дар пешбурди барномаҳои сохтмонй дар ин тарҳи муҳим, ки тавассути мутахассисони эронй дар ҳоли ичро аст, эчод кардааст. Бар асоси барномарезиҳои аз қабл анчом шуда, қарор аст то поёни соли чорй турбини аввали ин неругоҳ ба баҳрабардорй бирасад. Аммо камбуди масолеҳ ва тачҳизот ичрои ин барномаро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст ва ин зарбаи чиддие ба раванди амалй шудани тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон арзёбй мешавад. Ҳамчунин 16 корхонаи шаҳри Сарбанд, маҳалли сохтани неругоҳи «Сангтуда-2», ба далели камбуди сузишворй ва тачҳизоти зарурй, дар остонаи таътилй қарор гирифтаанд. Аз суи дигар, аксари точирон дар вилояти Хатлон, муътақиданд, ки идомаи таваққуфи вагонҳои Точикистон дар Узбакистон, ба вижа вагонҳои орд ва гандум, мучиби боло рафтани қимати нон дар бозорҳои ин ин вилоят ва дигар минтақаҳои Точикистон хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки аксари точирон дигар ҳозир нестанд аз Қазоқистон ба Точикистон орд ва гандум интиқол диҳанд, зеро манъи тулонимуддати вагонҳо дар қаламрави Узбакистон зиёнхои фаровоне ба онҳо ворид кардааст. Ҳамин амр боис шудааст, ки аз ҳоло дар бозорҳои устони Хатлон ва дигар бозорҳои чануби Точикистон афзоиши қимати орд ва маҳсулоти ордй ба мушоҳида мерасад. Буҳрони вагонҳо миёни ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Узбакистон замоне ба вучуд омад, ки миёнахои моҳи марти соли чорй роҳи оҳани Узбакистон ба сабаби он чи вайрон шудани роҳи оҳан дар минтақаи Тирмиз-Амузонги Узбакистон унвон кард, вуруди вагонҳо ба Точикистонро мутаваққиф намуд.Дар пайи идомаи ин амр ва таъсири манфии он ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Точикистон, мақомоти точик ба ҳамтоёни узбаки худ пешниҳод карданд, ки ҳозиранд минтақаи вайрон шудаи роҳро таъмир ва бозсозй кунанд, то ҳаракати вагонҳо аз сар гирифта шавад.Аммо мақомоти узбак ҳаргиз ин пешниҳодро напазируфтанд, ба илова матбуоти электронии вобаста ба давлати Тошканд иттилоъ дод, ки Узбакистон барои таъмини ҳаракати вагонҳои Точикистон, роҳи оҳани вайроншуда дар минтақаи Тирмиз-Амузонгро бо харочоти як миллион доллар аз ҳисоби будчаи худ таъмир ва бозсозй мекунад. Роҳи оҳани Узбакистон каме баъд аз ин сабаби манъ кардани вагонҳои Точикистонро камбуди локомотивҳо эълом кард, вале ҳозир нашуд барои ин кор аз локомотивҳои Точикистон истифода кунад. Баъд аз ин низ манъ кардани вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон идома дошт ва тайи ду моҳ теъдоди онҳо аз марзи ду ҳазор гузашт.Дар пайи бе чавоб мондани дархостҳои пай дар пайи ҳукумати Точикистон дар мавриди аз саргирии ҳаракати вагонҳо, сохторҳои марбутаи Точикистон масъаларо ба ниҳодҳои байналмилалй кашонданд. Аммо Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо,Бонки чаҳонй ва амсоли ин ҳеч иқдоми муассире дар чиҳати ҳалли буҳрони вагонҳо миёни ду кишвари ҳамсоя, анчом надоданд. Бисёре аз соҳибназарон ва таҳлилгарон дар арзёбиҳои худ аз авзои ба амаломада дар равобити ду кишвари Узбакистон ва Точикистон, танҳо роҳи бурунрафт аз ин буҳронро музокироти ру дар руи сарони ду кишвар унвон карданд.Сафари бе натичаи ҳайати ҳукумати Точикистон тахти сарварии Муродалй Алимардонов, муовини нахуствазир ба Тошканд, бори дигар дурустии ин дидгоҳро собит кард. Албатта тарафи Точикистон чиҳати рафъи монеъаҳои ба вучудомада дар равобити байниҳамдигарй бештар кушо будаст, бо ин ҳол чунончи Тошканд иқдомҳои мутақобил анчом надиҳад, ин кушишҳо роҳ ба чое нахоҳанд бурд. Воқеъият он аст, ки азми Точикистон барои сохтани неругоҳи Роғун равобити ду кишвари ҳамсояро таҳти таъсир қарор додааст.Узбакистон бо ироаи далелҳои мухталиф иддао мекунад, ки сохти ин неругоҳ мучиби осеб дидани муҳити зист ва муҳимтар аз ҳама коҳиши чараёни об ба Узбакистон хоҳад шуд, амре ки ба андешаи мақомоти узбак,бахши кишоварзии ин кишварро дар вартаи нобудй қарор хоҳад дод.Аммо давлати Душанбе ин иддаоҳоро баҳонае беш намедонад ва муътақид аст, ки Тошканд намехоҳад Точикистон истиқлолияти энержй касб кунад.Ин ҳама дар ҳолест, ки дар замони Шуравй Узбакистон ташаббускори аслии тарҳи сохтани неругоҳи Роғун буд. Музокироти ду кишвар чиҳати ҳалли ин мавзуъ роҳ ба чое набурд ва акнун бонки чаҳонй ба унвони миёнчй вориди амал шудааст.Аммо бо таваччуҳ ба амалкарди ниҳодҳои байналмилалй дар нуқоти мухталифи чаҳон, интизор намеравад, ки ин бонк масъаларо ба таври мунсифона ва одилона ҳаллу фасл намояд. Нишасти ахири Бонки тавсаъаи Осиё дар Тошканд ва чудо кардани як миллиарду 150 миллион доллар эътибори(кредити) ин бонк барои Узбакистон, бори дигар ин ҳақиқатро собит кард, ниҳодҳои байналмилалй, ки ҳосили сиёсатгузориҳои қудратҳои чаҳонй ҳастанд, ҳамеша манофеи молии худро дар авлавият қарор медиҳанд. Аз ин ру дар паси пардаи баррасии масъалаи Роғун низ мутмаъинан манфиатҳои бонки чаҳонй дар ду кишвари Узбакистон ва Точикистон дар назар гирифта хоҳад шуд.Аммо он чй дар ин миён насиби ду кишвари ҳамсоя хоҳад шуд, дар канори таҳти таъсири сиёсатҳои ин бонк қарор гирифтан, талафи вақт хоҳад буд. Ин амр барои ҳам Тошкан ва ҳам Душанбе зиёнҳои чуброннопазиреро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Сохта нашудан ва ё бо таъхири зиёд сохта шудани садди Роғун аввалин пайомадҳои манфии худро ба бахши кишоварзии Узбакистон ворид хоҳад кард.Зеро пешбиниҳои ҳавошиносй нишон медиҳанд, ки гармшавии ҳамасолаи кураи Замин ба тадрич мучиби аз байн рафтани пиряхҳо ва кам шудани оби рудхонаҳо хоҳад шуд. Дар натича дар пайи захира нашудани об, Узбакистон ҳатто ба камбуди оби ошомиданй ру ба ру хоҳад шуд.Точикистон низ бо аз даст додани замон, бозори энержиро дар Осиёи чанубй аз даст хоҳад дод, зеро дар Чин чандин неругоҳ дар ҳоли сохт аст, ки барқи онҳо барои содирот ба Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳои минтақа дар назар гирифта шудааст.Дар чунин шароите неругоҳи Роғун дар сурати такмил низ наметавонад он ҳама харочотро чуброн кунад ва ба як тарҳи зиёновар табдил хоҳад шуд.Албатта дар чунин шароите Русия, ки иддаои тасаллут бар бозори энержии Осиёи чанубиро дорад, низ хоҳад бохт. Дар чунин шароите аз саргирии ҳаракати вагонҳо аз Узбакистон ба Точикистон ва дар пайи он, паёми раиси чумҳури Точикистон ба ҳамтои узбаки худ, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият пайдо кардааст.Ин амр ба унвони равзанаи нуре дар тунели торики равобити ду кишвар тавсиф мешавад, ки боясти сарони ду кишвар дар ростои манофеи мардумони худ ва тамоми минтақаи Осиёи Маказй, бар тавони он афзоянд.

Защищено: Каримов дар Маскав

Это содержимое защищено паролем. Для его просмотра введите, пожалуйста, пароль:

Осиёи Марказй ва мушкилоти марзй миёни кишварҳо

Дар шароите, ки дар Афғонистон барномаҳои Ғарб ба саркардагии Амрико ба бунбаст ру ба ру шудаанд, Осиёи Марказй ба унвони минтақаи стротегй барои Ғарб беш аз ҳар замони дигаре аҳамият касб кардааст. Кишварҳои Осиёи Марказй, ки марзҳои тулонй бо Афғонистон доранд, бо мавзеъгириҳои худ, дар дурнамои барномаҳои Ғарб дар Афғонистон ба таври қобили мулоҳиза таъсиргузор шудаанд. Аз суи дигар, қудратҳои Ғарб ва Шарқ дар чорчуби рақобатҳои худ барои соҳиб шудан ба манобеи саршори энержии Осиёи Марказй, кишварҳои ин минтақаро дар чорроҳаи интихобҳои душвор қарор додаанд. Ба иборати дигар дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон, интихоби шарикон барои кишварҳои Осиёи Марказй кори соддае нест ва ин амр дар баробари фоидаҳои муваққатии худ, барои ҳар як аз ин кишварҳо зарару зиёнҳоеро дар пай хоҳад дошт. Воқеият ин аст,ки бо касби истиқлоли худ аз Иттиҳоди Шуравй дар аввалҳои солҳои 90 қарни гузашта, давлатҳои Осиёи Марказй дар сиёсатҳои хоричии худ аз истиқлоли амали чандоне бархурдор набудаанд ва дар ин замина ҳамеша манофеи ин ё он қудрати фароминтақайиро дар назар мегирифтанд.Таъсиргузорй дар сиёсатҳои давлатҳои Осиёи Марказй тавассути қудратҳои мухталиф ё аз тариқи додани кумакҳои молй ва ё ба коргирии фишор ва таҳдид будааст. Дар чунин шароите вучуди ихтилофот миёни кишварҳои Осиёи Марказй беҳтарин абзоре будааст, ки қудратҳои судчу бо истифода аз он, ҳалафҳои худро осонтар дунбол кардаанд. Аз чумлаи ин ихтилофот масъалаҳои марзй миёни ин кишварҳо аст.

Авзоъ дар равобити бйниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй дар солҳои 90 қарни гузаштаи милодй, дар пайи афзоиши тамоилоти қишрҳои камдаромади чомеа ба чунбишҳои тундрави исломй дар Узбакистон, ба таври бесобиқае мутташаннич шуд.Давлати Тошканд дар талош барои ҳифзи контрули авзоъ, фишор ва сиёсатҳои хафақон дар чомеаро ташдид кард.Натича он буд, ки мухолифони Узбакистон бо ҳар роҳи мумкин по ба фирор аз кишвар ниҳоданд ва дар қаламрави Афғонистон ба манзури руёруйи бо давлати Ислом Каримов, дастаҳои мусаллаҳ ташкил доданд. Дар соли 1999, дар пайи инфичорҳое ки қалби Узбакистон, шаҳри Тошкандро ларзонд ва талоши чангчуёни ҳаракати исломии Узбакистон барои нуфуз ба қаламрави ин кишвар аз тариқи хоки Қирғизистон, авзоъ дар водии Фарғона ва дар мачмуъ дар Осиёи Марказй буғранч ва печида шуд.Маҳз дар ҳамон марҳала буд, ки мушкили марз дар миёни кишварҳои Осиёи Марказй ба миён омад.Албатта заминаи ин мушкил ҳануз дар замони Шуравй ва дар пайи марзбандиҳои беадолатона, аммо огоҳонаи сарони вақти комунист, фароҳам шуда буд.Фақат кофист ёдовар шавем, ки дар қаламрави Қирғизистон се маҳдудаи узбакнишини марбут ба Узбакистон ва дар қаламрави Узбакистон ҳафт маҳдудаи қирғизнишин мавчуд аст.Дар ин замина авзоъ дар дарраи Фарғона беш аз ҳар мантақаи дигар осебпазир аст.
Мушкили марзй миёни Узбакистон ва Точикистон низ вучуд дорад.Дар вилояти Суғди Точикистон, дар рустои Равот, ноҳияи Конибодом чанд маҳдудаи узбакнишин мавчуд аст, ки ба унвони маншаъи ихтилофоти оянда арзёбй мешаванд. Ин масъала ахиран дар пайи он ки марзбонони узбак бо симхор ин русторо ба ду бахш тақсим ва кишоварзонро аз дастрасй ба киштзорҳояшон маҳрум карданд, печидатар шудааст. Мушкилоти марзй миёни Точикистон ва Қирғизистон дар рустои Ворух низ вучуд дорад.Бо ин ҳол мушкили чиддй дар масоили марзй миёни Узбакистон аз як тараф ва Қирғизистону Точикистон аз тарафи дигар мебошад.Ин мавзуъ ба вижа дар водии Фарғона, ки аз нигоҳи мавқеъияти чуғрофиёи ва манобеи табии барои ҳар кадом аз кишварҳои минтақа дорои аҳамият аст,печидатар мебошад. Дар ин миён Узбакистон дар ростои ҳалли масъалаҳои марзй ва ба манзури он чи таъмини амнияти марзҳои худ унвон кард, дар як иқдоми берун аз урфи дипломатй ва то чое таҳқиромез дар нисбати ҳамсоягони хеш,марзҳоро бе огаҳии пешакй минкорй намуд ва аз оғози соли 2000 ба таври якчониба барои шаҳрвандони Қирғизистон ва Точикистон режими раводид чорй кард. Мавчи аввали ихтилофот дар масоили марзй миёни чумҳуриҳои Осиёи Марказй дар соли 2000, замоне ки Узбакистон, ба манзури он чи тақвияти марзҳои хеш унвон кард, даст ба минкории марзҳо зад, оғоз шуд.Мавчи дуввум ва нисбатан шадиди ин ихтилофот дар солҳои 2005 — 2006, дар пайи саркуби эътирозоти мардумй дар Андичон (майи соли 2005), ки боиси фирори паноҳандагони узбак ба қаламрави Қирғизистон шуд, ба вуқуъ пайваст.Хамон замон буд, ки Тошканд иддао кард, Бишкек дар омузиши террористони узбак даст дорад. Чунин мавзеъгирй равобити ду кишвари ҳамсояро ба таври бесобиқае тираву тор намуд.Албатта, ихтилофоти марзй миёни Узбакистон ва Қазоқистон низ вучуд доштанд ва доранд.Аз чумла дар ноҳияи Мактаарали устони Қазоқистони чанубй ҳануз минтақаи мавриди баҳс миёни ду кишвар вучуд дорад.Аммо дар пайи сафари Нурсултон Назарбоев, раиси чумҳури Қазоқистон ба Тошканд (соли 2006), робитаҳои ду тараф ба ҳолати оддй дар омад.Дар ҳамин дидор буд, ки Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар чорчуби суханбозиҳои ҳамешагии худ, ҳамтои қазоқи худро дусти самимй хитоб кард.Аммо ин ҳақиқат барои касе пушида нест, ки Каримов дар роҳи табдил шудан ба раҳбари Осиёи Марказй, Нурсултон Назрбоевро монеи аслй медонад.
Дар мачмуъ масоили марбут ба марзҳо ба унвони як манбаъи низоъҳои эҳтимолй, ҳамчунон ояндаи робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказиро дар ҳолае аз ибҳом қарор дода, суботу амнияти шиканандаи ин митақаро беш аз ҳар замони дигаре осебпазир намудааст. Ҳамин масъала дар шароите, ки кишварҳои ғарбии ишғолгари Афғонистон дар ростои заъиф кардани чойгоҳи Русия, ба унвони рақиби аслии худ, талош доранд нооромиҳои Афғонистонро ба Осиёи Марказй мунтақил кунанд, бештар аҳамият пайдо кардааст.Ҳарчанд беҳтарин роҳи ҳалли мушкилоти байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй ба ибтикори амали худи ин кишварҳо вобаста аст, аммо сиёсатҳои қудратталабонаи Ислом Каримов аз як су ва рақобат миёни Каримов ва Назарбоев барои касби нақши раҳбарй дар минтақа , аз суи дигар чунин фурсатеро камранг намуда, заминаи дахолати бегонагон дар корҳои давлатҳои Осиёи Марказиро фароҳам кардаанд. Амре ки ҳеч пайомади мусбат на барои мардумони ин минтақа ва на барои давлатҳои он ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.