Точикистон ва Кирғизистон: дар масири талошҳои муштарак


Дар нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Точикистон ва Қирғизистон, ки рузи 6 феврали соли чорй оғоз ба кор кард, масоли марбут ба таъйини хати марзй миёни ду кишвар мавриди баҳсу баррасй қарор хоҳад гирифт.Кабл аз ин нишаст мақомоти точик гуфта буданд, ки Точикистон ва Қирғизистон дар мавриди марзҳои муштарак мушкилоти чандоне бо ҳам надоранд.Аз чумла Низомиддин Зоҳидов, маовини вазири умури хоричаи Точикистон гуфт, то кунун 50 дарсади манотиқи марзии ду кишвар аломатгузорй шуда, дар мавриди манотиқи боқимонда низ тақрибан мавозеъи ду тараф ҳамсонанд.

 Точикистон ва Қирғизистон як ҳазор километр марзи муштарак доранд ва бар асоси асноди ба имзорасида миёни ду тараф, 471 километр аломатгузорй шуда, дар мавриди бархе манотиқи марзй ихтилофи назарҳое вучуд дорад.Аз чумла дар марзи миёни ду вилояти Ботканд(Қирғизистон) ва Суғд(Точикистон) манотиқи мавриди баҳс вучуд дорад, ки борҳо боиси низоъ миёни ду тараф шудааст.Аммо мақомоти ду тараф ҳамеша талош кардаанд, ки ин низоъҳоро дар нутфа хомуш кунанд, зеро имруз Бишкек ва Душанбе ба хубй медонанд, ки мушкилот ва масоили муштараке доранд, ки ҳаллу фасли онҳо фақат дар гарави талошҳо ва ҳамкориҳои дучониба аст.Хам Точикистон ва хам Қирғизистон дар мукоиса бо дигар кишварҳои минтақа иқтисоди заъифе доранд ва бахши аъзами будчаи ин кишварҳо ба қарз, эътибор ва сармоягузориҳои хоричй устувор аст Вучуди фасоди молй дар сохторҳои ҳукуматй, иқтисоди ҳар ду кишварро дар ботлоқи буҳронҳо қарор дода, кишварҳо ва ниҳодҳои сармоягузорро дилсард кардааст.Яке аз охирин маврид дар ин замина он аст, ки ду соли пеш 97 миллион доллар, ки Сандуқи байналмилалии пул барои мубориза бо фақр ба Точикистон дода буд, бе ному нишон нопадид шуд ва масъулони точик натавонистанд санаде дар мавриди харочоти ин маблағ ироа диҳанд.Дар Қирғизистон низ Курмонбек Боқиев ва аъзои хонаводааш бо дар даст гирифтани вазифаҳои калидй, сарвату дороиҳои ин кишваррро ғорат карда, дар бисёре аз маворид бахшҳое аз кумакҳои  хоричиро ба ҳисобҳои шахсии худ дар бонкҳои хоричй мерехтанд..

     Умумиятҳои мавчуд ду кишвари Точикистон ва Қирғизистонро бар он доштааст, ки дар рафъи мушкилоти мавчуд, зимни бакоргирии зарфият ва имкониятҳо, фаъолиятҳои худро низ ҳамоҳанг кунанд.Ба далели мавқеияти чуғрофиёйи ва ҳаммарзй бо Афғонистон, ҳамчунин авзои кунунии минтақа, ҳамкориҳои амниятии Бишкек — Душанбе бештар аҳамият касб кардааст.Моҳи сентябри соли 2011 миёни вазоратҳои дифоъи ду кишвар қарордоди ҳамкориҳои низомй барои соли 2012 ба имзо расид.Бар асоси ин қарордод сохторҳои амниятии Точикистон ва Қирғизистон бо баргузории тамриноти муштарак тавони дифоъйии худро дар муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолй, тақвият мекунанд ва то кунун дар ин росто чандинй тамриноти муштарак баргузор кардаанд.Бо ин ҳол аслитарин маврид дар муштаракоти давлатҳои Бишкек ва Душанбе вобастагии энержии онон бо Русия(ду кишвар 90 дарсади сухти худро аз Русия ворид мекунанд) ва вучуди мушкилоти фаровон дар масири ичрои тарҳҳои гидруэнержии ду тараф аст.Дар ин миён мухолифатҳои Узбакистон ба сохти неругоҳи «Камбарота» дар Кирғизистон ва «Роғун» дар Точикистон ин ду кишварро дар гири маосили зиёде дар бахшҳои мухталифи иқтисод кардааст.Ахиран мухолифатҳои Тошканд дар ин замина ба як абзори фишор ба ду кишвари ҳамсоя табдил шудааст ва осебҳои бештаре ба Точикистон ворид шудааст.Аз чумлаи ин осебҳо муҳосираи иқтисодии Точикистон аст, ки на танҳо мучиби афзоиши нархи маҳсулот дар бозорҳо шуда, балки ичрои тарҳҳои муҳими иқтисоди ин кишвар ва фаъолиятҳои корхонаҳои бузургро то ҳадди зиёде халалдор кардааст.Умед ва интизороти Бишкек ва Душанбе ба мусоидат ва миёнчигариҳои Маскав чиҳати ҳалли мушкилоти мавчуд дар равобит бо Тошканд бароварда нашуд, ҳатто дар ҳолатҳое Русия ошкоро аз мавозеи Узбакистон дифоъ кард.Ҳамин амр боис шуд, ки Қирғизистон ва Точикистон ба дунболи пуштибони дигаре бароянд ва ин раванд ононро ба ҳамкориҳои бештаре бо Амрико тарғиб кард.Вошингтан низ бо дарки мавқеияти ин ду кишвар ва камтаваччуҳии Кремл ба онҳо, ҳамкориҳо бо Бишкек ва Душанберо дар заминаҳои мухталиф густариш дод.Ин ҳамкориҳо замоне ки вориди бахшҳои ҳассосе назири ҳамкориҳои амниятй ва низомй шуд, давлатмардони русро ба вокуниш водошт.Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Паймони амнияти чамъй дар Маскав(декабри соли 2011) ва имзои асноди чадиди ин Паймон тавассути ҳамаи раисони чумҳури ҳозир дар ин нишаст, аз чумлаи ин вокунишҳо буд.Агарчй Русия  имзо гузоштани Ислом Каримов ба ин аснодро пирузии бузурге барои худ таъбир кард, аммо нигаронии худ аз иқдомоти отии Бишкек ва Душанбе мабнй ба идомаи ҳамкориҳои низомй бо Амрикоро пинҳон надошт.Давлати пешини Қирғизистон дар як иқдоми ба истилоҳ ғофилгирона, бо ивазкунии унвони пойгоҳи «Манас» ба марказй транзити байналмилай, тавонист ҳамкориҳои низомй бо Амрикоро идома диҳад, бе он ки ҳассосияти Маскавро барангехта бошад.Русия аз он бим дорад, ки Точикистон низ бо сиёсатҳои мушобеҳе фурудгоҳи «Айнй»ро дар ихтиёри ҳавопаймоҳои амрикойи қарор диҳад. Албатта Русия барои эъмоли фишор ба ду кишвари Точикистон ва Кирғизистон фишангҳое дар ихтиёр дорад, ки  коргарони муҳочир аз ин чумлаанд ва давлатмардони рус тобистони гузашта, замоне ки масъалаи халабонҳо миёни Маскав — Душанбе буруз кард, ин баргаро ба бозй дароварданд ва Точикистонро таҳти фишор қарор доданд.Албатта танҳо бакоргирии фишор наметавонад дар пешбурди сиёсатҳо корсоз бошад ва Маскав бархе имтиёзотро низ дар назар гирифтааст, то ин ду кишвари муҳими Осиёи Марказиро дар маҳдудаи нуфузи худ нигоҳ дорад.Ваъдаи пазируфтан ба Иттиҳоди гумрукй аз ин чумла аст, ки мақомоти Маскав ду кишвари Точикистон ва Кирғизистонро дар авлавият қарор додаанд.Аммо воқеият ин аст, ки дар муқоиса бо Кирғизистон, Точикистон камтар мавриди ба истилоҳ тараҳҳуми Маскав қарор гирифтааст.Дар шароите ки Русия ба изои ҳамкориҳои низомй, ба Кирғизистон маводи сухти бидуни андоз содир мекунад, аммо дар ин замина ҳеч гузаште барои Точикистон қоил нест. Тайи ду соли ахир дар қиёс бо Кирғизистон, Точикистон маводи сухтро бо кимати гаронтар аз Русия ворид мекунад ва музокироти тарафҳо дар ин замина натичаи матлубе барои Душанбе ба ҳамроҳ надоштааст.Аз ин ру Душанбе талош кардааст то вобастагиҳои энержй аз Русияро рафъ кунад, аммо дар соли 2011 миқдоре сузишворй аз дигар кишварҳо ворид кард ва фақат 10 дарсад аз мизони ин вобастагиҳоро коҳиш дод.Дар чорчуби талошҳо барои пойин овардани қимати маводи сухт, 25 январи соли чорй Гул Шералй, вазири энержии Точикистон ба Маскав сафар ва бо мақомоти рус музокира кард.Натичаи ин музокирот он буд, ки Русия ҳозир нашуд як миллион тон сузишворй бидуни молиёт ба Точикистон содир кунад ва фақат барои содироти 179 ҳазор тон ризоят дод.Аз раванди таҳаввулоти марбут ба ин масъала бармеояд, ки Русия дар сурате сузишвории мавриди ниёзи Точикистонро бидуни молиёт ва бо қимати муносиб таъмин мекунад, ки агар Душанбе дар мавриди бархе аз масоили сиёсй ва низомй, аз чумла бозгашти марзбонони рус ба марзи Точикистону Афғонистон, истифодаи ройгони Русия аз фурудгоҳи «Айнй» ва ба 49 сол тамдид кардани истиқрори пойгоҳи низомии Русия, эъломи ризоят кунад.

 Хам Точикистон ва ҳам Кирғизистон коҳиши вобастагии энержй аз Русияро ба таври чиддй дар дастури кор қарор додаанд.Кирғизистон бештар аз Точикистон пайомадҳои дардноки таҳрими сузишворй тавассути Русияро тачриба кардааст ва суқути давлати Курмонбек Боқиев тасдқи ин гуфтаҳо аст. Агарчи дар ду кишвар умури иктишофй идома дорад, аммо бино ба бароварди коршиносон истихрочи нафт ниёзманди сармоягузориҳои калон аст ва адами сармояи мавриди ниёз, суръати ин  равандро кунд кардааст.Бо вучуди ин, ду кишвари ҳамсоя мусаммам ба ҳамкориҳои муштарак дар чиҳати ҳаллу фасли масоили энержй ҳастанд, амре ки роҳи ҳалли он дар ҳамгаройиҳои минтақайи нуҳуфтааст.Ба баёни дигар агар Точикистон ва Кирғизистон, ки соҳибони манобеи фаровони об дар минтақа ҳастанд, бо Узбакистон, Казоқистон ва Туркманистон, ки аз манобеи саршори нафту газ бархурдоранд, канор оянд, аз вобастагии энержй ба Русия нишоне боқй нахоҳад монд.Аз ин ру дарк кардан душвор нест, ки идомаи ихтилоф миёни кишварҳои минтақа баргирифта аз манофеи Маскав аст ва бақо ё рафъи ин ихтилофот низ то ҳадди зиёде вобаста ба амалкарди Русия аст.

 Бо таваччуҳ ба мавозеи ҳамсони Душанбе Бишкек дар мавриди бисёре аз масоили минтақайи, интизор меравад, ки масъалаи марзй миёни ду кишвар дар ояндаҳои наздик ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: