Дар интихоботи раёсати чумҳури Қирғизистон, ки рузи якшанбеи 30 октябр баргузор гардид, Алмосбек Отамбоев бо касби 64,54 дар сади овозҳо пируз шуд.Дар ин интихобот 16 номзад ба рақобат пардохтанд,ки ҳеч як аз онҳо натавонист рақобати ончунонй бо Отамбоев нишон диҳад ва Тошиев ба унвони нафари дуввум ва Мадумаров ба унвони нафари саввуми интихоботи мазкур тавонистанд каме бештар аз 14 дар сади раъйи интихобкунандагонро ба даст биоваранд.Бино ба гузориши кумиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон 51,72 дарсад аз онҳое ки ҳаққи ширкат дар интихобот доштанд, дар назди сандуқҳои раъйдиҳй ҳозир шуданд ва ба номзади мавриди назари худ раъй доданд
Дар остонаи интихобот тамомии талошҳо ба харч дода шуд, то аз ҳар гуна фазосозиҳо ва таблиғоти муғризона алайҳи номзадҳои ширкаткунанда дар интихоботи раёсати чумҳурй, пешгирй шавад, ҳамчунин дар ҳимоят аз ин ё он номзад зиёдаравй ба амал ояд.Дар ҳамин росто пахши барномаҳои шабакаҳои телевизиунии Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо дар қаламрави Қирғизистон қатъ шуд.Раис чумҳури Қирғизистон бо пахши баёнияе аз ҳама қишрҳои чомеъа даъват кард, ки дар ростои истиқрори чомеъаи демократй ва ҳифзи суботу амният дар кишвар, номзади шоистаро интихоб ва ба у раъй диҳанд. Роза Отунбоева дар баёнияи худ бо ишора ба руйдодҳои моҳи апрели соли 2010, аз мардум даъват кард, ки ба дур аз ҳама гароишоти қавмй ва гуруҳй ва дар ростои ояндаи кишвари демократй дар интихобот ширкат кунанд.
Аксари коршиносон дар таҳлилҳои худ дар бораи пай омадҳои пирузии ин ё он номзад дар интихоботи раёсати чумҳурии Қирғизистон, руйи ин нукта ишора мекарданд, ки бо таваччуҳ ба рақобати шадид миёни шимол ва чануб, пирузии ҳар як аз ин чабҳа, чабҳаи дигарро дар муқобили у қарор хоҳад дод.Бархе аз ин таҳлилгарон аз талошҳои нухбагони сиёсии чануб дар чиҳати бозгардондани Қурмонбек Боқиев ба қудрат, ба унвони аслитарин маврид дар интихобот ёд мекарданд.Ҳарчанд ҳимоятҳои ошкору ниҳони Роза Отунбоева, раиси чумҳури муваққати Қирғизистон аз Алмосбек Отамбоев, то ҳадди зиёде натоичи интихоботро аз қабл рақам зада буд, аммо пешбинй мешуд, ки интихобот ба даври дуввум кашида хоҳад шуд.
Ин воқеъият ғайри қобили инкор аст, ки руйдодҳои сиёсии чанд соли охири Кирғизистон дар меҳвари рақобати шимол ва чануби ин кишвар шакл мегиранд.Дар ин интихобот дар ҳоле ки шимол барои пирузии Алмосбек Отамбоев, ягона номзади худ сафарбар шуда буд, чануб бо муаррифии Адахон Мадумаров,мақоми ҳукуматй дар замони Боқиев ва Қамчибек Тошиев,раиси фраксиюни «Ота Журт» дар порлумон, талош кард нокомиҳои қаблиро чуброн кунад.Яке аз далоили пирузии Атамбоев, мушорикати фаъоли шимолиҳо дар интихобот буд ва ин амр дар пайи таблиғоти густурда дар мавриди ин ки чанубиҳо қасд доранд бо пирузй дар интихобот, Боқиевро дубора руйи кор оранд, муяссар гардид.Албатта дигар омил, ки низ ба нафъи шимолиҳо кор кард, тақсими раъйи чанубиҳо миёни ду номзад буд.Аз суи дигар суханони Роза Отунбоева, ки дар арафаи интихобот гуфта буд, ин интихобот охирин шонси Боқиевҳо барои бозгашт ба қудрат аст, неруҳои норозй аз давлати қаблиро ба суи Отамбоев чалб кард.Бо таваччуҳ ба ин нукта, метавон дарк кард, ки чомеъаи қирғиз то чй андоза аз ҳукумати худсаронаи хонаводаи Боқиевҳо норозй будааст.Раиси чумҳури амалкунадаи Қирғизистон баъд аз он ки ду номзади чануб — Тошиев ва Мадумаров ошкоро эълом карданд, ки дар сурати пирузй дар интихобот гунаҳкорони ҳаводиси моҳи апрели соли 2010ро муаррифй ва мучозот хоҳанд кард, дар пасманзари сарнавишти Юлия Тимошенко, ба таври чиддй ба ҳимоят аз Алмосбек Отамбоев пардохт.Зеро дар шароити кунунии Қирғизистон ҳар гуна иқдоми интиқомчуёна, на танҳо суботи кишварро барои як давраи тулонй ба ҳам хоҳад зад, балки тамомияти арзии Қирғизистонро ба унвони кишваре воҳид ва соҳибистиқлол таҳти савол қарор хоҳад дод.Роза Отунбоева дар ичрои ин вазифа ба унвони фарди қотеъ зуҳур кард.
Интихоботи раёсати чумҳури Қирғизистон аз вижагии ба худ хос дар Осиёи Марказй бархурдор аст, ҳузури наёфтани раиси чумҳури амалкунада дар ин интихобот, руйдодест, ки то кунун ҳеч як аз сарони Осиёи Марказй ҳозир ба ичрои он нашудааст.Аз суи дигар, мардум дар шароите раиси чумҳурро интихоб карданд, ки низоми сиёсии Қирғизистон порлумонй аст, ва порлумон нақши калидй дар идораи давлат дорад.Бо ин ҳол пешбинй мешавад, ки пирузии Отамбоев сиёсатҳои давлати Бишкекро ба самти тавсаъаи ҳамкориҳо бо русия пеш мебарад, зеро гуфта мешавад Алмосбек Отамбоев як сиёсатмадори русгаро ҳаст ва ҳамгаройи бо Маскавро авлавияти сиёсатҳои худ медонад.Аммо Қирғизистон тайи чанд соли охир собит кардааст, ки сиёсати чансамтиро дунбол мекунад ва қасд дорад бо ҳамаи кишварҳои шарқу ғарб дар ростои манофеи миллй ҳамкорй дошта бошад.Масъалаи муҳим ҳифзи суботу оромй дар кишвар аст, ки аслитарин нигаронии Отамбоев ва тими у дар моҳҳои аввали касби қудрат хоҳад буд.Ҳарчанд кумиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон дар аввалин гузоришҳои худ гуфт, эътирозҳои ончунонй аз суи довталабон ва интихобкунандагон матраҳ нашуда, аммо рақибони аслии Отамбоев- Адахон Мадумаров ва Қамчибек Тошиев эълом карданд, ки натоичи интихоботро нахоҳанд пазируфт.Дар посух ба ин эътирозот Алмосбек Отамбоев дар як нишасти хабарй дар Бишкек таъкид кард,»ман мехоҳам, ки аз ин баъд мо дар Қирғизистон, ҳамчун дар Аврупо, ба музокира одат кунем. Дар оянда бояд ҳама масъалаҳо аз тариқи сулҳ ва созиш ҳаллу фасл шаванд, то ки дигар дар кишвар мо инқилоб нашавад ва дар давлати мо сулҳу субот барқарор шавад». Аммо набояд нодида гирифт, ки дар чомеъаи қирғиз мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказй бархе заминаҳо барои вуқуъи хушунатҳо вучуд дорад. Аз ин чумла метвон ба фақр, фасоди молй, бекорй, бархе масоили ақалиятҳои қавмй ва масоили марзй бо ҳамсоягон ишора кард, ки метавонанд ба унвони баҳона дар ихтиёри фурсатталабон қарор гиранд. Дар идомаи ҳамин мавзуъ интихоботи раёсати чумҳурй заминаҳои наверо фароҳам овардааст, ки аслитарини он норизоятии Тошиев ва Мадумаров, ба унвони рақибони аслии Отамбоев ва бархе таҳаррукоти чонибдорони онҳо дар чануби кишвар, маҳсуб мешавад.Албатта нозрони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо вучуди бархе норасоиҳо, аз чумла феҳристи ноқис интихобкунандагонро тазаккур додаанд, аммо даъвати тарафи пируз ба музокира ин дидгоҳро тақвият кардааст, ки дар марҳалаи кунунй суботи Қирғизистон камтар таҳдид мешавад.Бо ин ҳол авомили хоричии фурсатталаб ва рақобати қудратҳо дар ин кишварро набояд нодида гирифт, ки метавонанд ихтилофҳоро ба мардуми қирғиз таҳмил кунанд.Акнун савол ин аст ки оё ин бор низ «чазираи демократия» намунаи ибрати чадид аз демократияро ба Осиёи Марказй пешниҳод хоҳад кард ё на?
Filed under: Ашқобод, Дипломатия, Душанбе, Интихобот, Осиё, Осиёи Маркази, Сиёсат, Ғарб, Қирғизистон |
Добавить комментарий