Осиёи Марказй ва баррасии дурнамои тарҳи CASA-1000 дар Башкек


 Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон намояндагони чор кишвари Афғонистон, Қирғизистон, Точикистон ва Покистон дар як ҳамоиши минтақайи роҳҳои амалй кардани тарҳи CASA-1000 ро баррасй карданд. Ин ҳамоиш, ки рузҳои 19-20 сентябри чорй баргузор шуд, идомаи ройзаниҳои ин кишварҳост, ки даври қаблии он рузи 3 сентябри ҳамин сол дар шаҳри Душанбе доир шуд.Омурбек Бобонов, маовини аввали нахуствазири Қирғизистон ибрози умедворй кард, ки тарҳи мазкур то поёни соли 2013 такмил хоҳад шуд.Вай афзуд, тарҳи CASA-1000 ба феҳристи барномаи рушди тарҳҳои миёнафаврии солҳои 2012-2014 шомил шуда, кишвараш ба ин манзур 196 милион доллар ихтисос додааст. Маовини аввали нахуствазири Қирғизистон ҳамчунин хабар дод, Бонки рушди Осиё аз идомаи мушорикат дар тарҳ худдорй карда, пешниҳод кардааст, ки тарҳи мазкур ба ду марҳала тақсим шавад. Бар асоси пешниҳоди Бонки мазкур ба марҳалаи дуввум Точикистон ва Қирғизистон шомил шаванд, зеро ин бахш аз тарҳ бо бархе мушкилот мувочеҳ аст.Омурбек Бобонов дар робита ба ин мавзуъ, зимни ибрози умед ба тағйири мавзеъи Бонки рушди Осиё гуфт, хуручи ин бонк моро водор мекунад, ки дар бораи дурнамои тарҳ дар сатҳи ҳукуматҳо бештар мршварат кунем.
Қобили зикр аст, ки тарҳи CASA-1000 бахше аз барномаи CASAREM — бозори байналмилалии тичорати барқи Осиёи Марказй ва Чанубй — мебошад, ки дар назар дорад барқи кишварҳои Осиёи Марказй(Точикистон ва Қирғизистон)ро ба Осиёи Чанубй(Афғонистон ва Покистон) интиқол диҳад.Бар пояи ин тарҳ дар ибтидо 1300 миговот(ба тадрич то 5000миговот) барқ аз Осиёи Марказй ба Покистон(1000миговот) ва Афғонистон(300миговот) интиқол меёбад ва саҳми Точикистон ва Қирғизистон дар содироти барқ ба таври мусовй 50 дарсадй дар назар гирифта шудааст.Дар ростои ҳамоҳангии барномаҳои кишварҳои ширкаткунанда дар тарҳи мазкур Шурои байниҳукуматй ва дабирхонаи вижа таъсис шудааст.Сармоягузорй дар тарҳи CASA-1000 90 дарсад тавассути ниҳодҳои молии байналмилалй(Бонки рушди Осиё,Бонки исломии тараққиёт, ва Бонки чаҳонй) ва 10 дарсад тавассути бахши хусусй анчом хоҳад шуд.Сохти се хати бузурги интиқоли барқ аз чумлаи бахшҳои аслии тарҳи мазкур аст, ки тибқи он хати интиқоли барқи Датко-Хучанд (477километр, миёни Точикистон ва Қирғизистон), Хучанд-Роғун- Сангтуда(350километр, дар дохили Точикистон) ва Сангтуда-Кундуз-Пули Хумрй-Кобул-Пешовар, миёни Точикистон, Афғонистон ва Покистон) сохта хоҳад шуд.Ҳамчунин истгоҳҳои кумакии интиқоли барқ дар Датко, Хучанд,Сангтуда, Кобул ва Пешовар сохта хоҳад шуд.
Тарҳи CASA-100 аз рузҳои нахусти таҳия, таваччуҳи бисёре аз ниҳодҳои байналмилалии молй ва кишварҳоро ба худ чалб кард, зеро мушорикат дар он зимни замонати суди фаровон, нақши ниҳод ва ҳар кишвари ширкаткунандаро дар муодилоти минтақайи боло хоҳад бурд.Ҳамин мавзуъ ҳамзамон бо имтиёзот, ҳасосиятҳоеро низ дар чиҳати ичрои тарҳи мазкур эчод кардааст.Аз чумлаи имтиёзоте ки барои Точикистон ва Қирғизистон аз тариқи мушорикат дар ин тарҳ таалуқ мегирад, чалби сармоя барои неругоҳҳои бузурги худ(Қамбарота дар Қирғизистон ва Роғун дар Точикистон) тавсиф мешавад. Бар асоси баровардҳои коршиносон такмили тарҳи мазкур фақат дар сурати сохти ду неругоҳи Қамбарота ва Роғун имконпазир хоҳад буд, аммо мухолифатҳои Узбакистон ичрои онро бо бархе мушкилот, аз чумла сармоягузории ниҳодҳои молии байналмилалй ва дигар кишварҳои зинафъ, мувочеҳ кардааст.Коршиносон худдории Бонки рушди Осиё аз идомаи мушорикат дар ин тарҳро дар ҳамин росто арзёбй мекунанд.Узбакистон муддаъи аст, ки ин тарҳи 6,5 миллиорддолларй «ноқизи қарордодҳои байналмилалй» аст.Соли гузаштаи мелодй дар ин замина Ориф Каримов, сафири Узбакистон дар Исломод мавзеъи кишвари худро ташреҳ кард.Вай иддаъо кард, ки Точикистон дар раванди сохти неругоҳи Роғун, гузорише дар мавриди асароти зистмуҳитии ин неругоҳ ба минтақа, ироа накардаанд.Талоши Узбакистон барои мутақоид кардани Покистон дар чиҳати мубҳам будани ояндаи тарҳи CASA-1000 авохири моҳи марти соли чорй дар дидори Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон бо Юсуф Ризо Гелонй, нахуствазири Покистон дар Тошканд, бори дигар сурат гирифт, ки бо муваффақияти чандоне ҳамроҳ набуд.Узбакистон иддаъо мекунад, ки Точикистон ва Қирғизистон аз имконот ва зарфиятҳои кофй барои таъмини Осиёи Чанубй бо энержии мавриди ниёз нестанд, дар ҳоле ки Узбакистон бо дар ихтиёр доштани захоири фаровони нафту газ, зимни афзудани тавони неругоҳҳои ҳароратй, метавонад барқи мавриди ниёзро дар ихтиёри Афғонистон ва Покистон қарор диҳад. Ба илова, Узбакистон эълом кард, ки омодааст дар сохти се неругоҳ дар рудхонаи Свот дар Покистон бо тавони тавлиди 1315 миговот неруи барқ, мушорикат кунад. Ҳамин пешниҳоди Узбакистон тамомии моҳияти мухолифатҳои ин кишварро алайҳи сохти ду неругоҳи Камбарота дар Қирғизистон ва Роғун дар Точикистон бармало кардааст. Ба иборати дигар аз ин чо ба хубй бар меояд ки ҳадафи аслии мухолифати Узбакистон ба сохти ин неругоҳҳо, маҳори рақибони худ дар бозори пурдаромади энержии Осиёи Чанубй мебошад.Давлати Тошканд дар ин росто дар як муомилаи пасипардаи бо Амрико саъй дорад, зимни мушорикати фаъол дар тарҳи амрикойии «коридори шимол», мувофиқати Амрикоро дар ҳузури бештари Тошканд дар тарҳои муҳими иқтисодии Афғонистон, касб кунад.Аммо ин ҳақиқат ғайриқобили инкор аст, ки дар бахши энержй Узбакистон ба ҳеч вачҳ тавони рақобат бо неруи барқи арзон ва аз назари экологй тамизи Точикистонро надорад.
Албатта Узбакистон то ҳадде дар талошҳои худ чиҳати эчоди мавонеъ дар масири сохти неругоҳҳои Қамбарота ва Роғун муваффақ будааст. Аслитарин ҳадафи Тошканд дар марҳалаи кунунй эчоди таъхир дар ин чиҳат мебошад, то Точикистон ва Қирғизистон зимни талафи вақт, дар фардои такмили неругоҳҳои худ, харидоре барои барқ надошта бошанд.Бо ин ҳол Тошканд натавонист Исломободро аз тарҳи CASA-1000 хорич кунад ва дар дидори Эмомалй Раҳмон ва Осафалии Зардорй, раисони чумҳури Точикистон ва Покистон, 16 июни соли 2011 дар Остона(пойтахти Қазоқистон) раиси чумҳури Покистон таъкид кард, ки кишвараш ин тарҳи муҳими минтақаъиро ба таври чиддй пайгирй мекунад.Қабл аз ин,18 августи соли 2010 дар нишасти чаҳорчониба(Афғонистон,Покистон, Русия ва Точикистон дар Сочии Русия), Дмитрий Медведев, раиси чумҳури Русия эълом кард, ки кишвараш алоқаманд аст дар тарҳи CASA-1000 ҳамачониба мушорикат кунад.Ҳарчанд Русия дар масоили гидроэнержии Осиёи Марказй аз мавозеъи Тошканд ҳимоят мекунад, аммо манофеъи миллии ин кишвар ва моҳияти ҳузури ҳар қудрате дар минтақа эчоб мекунад, ки Маскав ба фикри судчуйи аз бозори пурғановати энержии Осиёи Чанубй бошад, то ҳимоят аз манофеи шарикони худ.Дар ҳамин росто ахиран Бонки чаҳонй эълом кард, ки омодааст дар такмили тарҳи CASA-1000 мушорикат кунад. Ин матлабро рузи 16 сентябри соли чорй Теодор Алерс, мудири Бонки чаҳонй дар манотиқи Аврупо ва Осиёи Марказй дар дидори раиси чумҳури Точикистон, дар Душанбе иброз кард.Вай афзуд, дар айни ҳол Точикистон ва Қирғизистон дар фасли тобистон зарфиятҳои фаровоне барои содироти наеруи барқ ба Осиёи Чанубй доранд ва такмили неругоҳҳои чадид ин амалро барои тамомии фаслҳои сол имконпазир хоҳад кард. Воқеъият он аст, ки бозори пурдаромади энержии Осиёи Марказй ва Чанубй, имруза саҳнаи рақобати кишварҳои минтақа ва фароминтақаи шудаст ва ҳар як талош доранд сҳми бештареро ба худ ихтисос диҳанд.Ҳамон гуна нишасти Бишкек ва чанд нишасти охири мақомоти чаҳор кишвари Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Точикистон нишон медиҳад, тарафҳои ҳозир дар ин тарҳ мусаммам ба такмили он ҳастанд ва монеътарошии кишварҳое назири Узбакистон наметавонад монеъи чиддй дар ин росто эчод кунад.

Один ответ

  1. Хело актуали ва ба маврид.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: