Амрико:хуруч аз Афғонистон ва истиқрор дар Осиёи марказй


Дар шароите, ки Ғарб ба тадрич шароитро барои хуручи неруҳои низомии худ аз Афғонистон омода мекунад, кишварҳои Осиёи Марказй низ барои муқобила бо авзоъи эҳтимолии бархоста аз ин фароянд, омода мешаванд.Бар асоси барномаҳои эъломшуда тавассути мақомоти низомии ғарбй, қарор аст то соли 2014 низомиёни хоричй қаламрави Афғонистонро тарк кунанд.Пешбиниҳо дар мавриди авзоъи Афғонистон баъд аз хуручи низомиёни ғарбй мухталифанд ва назари ғолиб он аст, ки нооромиҳо идома ва ба кишварҳои ҳамсоя сироят хоҳанд кард.Аммо мақомоти амрикойи, ки набзи хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистонро дар даст доранд, бар ин боваранд, ки вогузории тадричии ихтиёрот ба сохторҳои қудратии афғон, ба барқарории субот дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард.Дар ҳамин росто Пентагон тарҳи музокира бо толибонро руи даст гирифт, то аз ин тариқ битавонад контрули худ бар авзоъи Афғонистонро баъд аз хуруч низ ҳифз кунад.Аммо баъд аз се даври музокирот, намояндаи Толибон ба таври ногаҳонй ғайб зад ва дигар дар музокирот ҳозир нашуд.Аксари соҳибназарон ин амрро баргирифтай аз ифшои музокирот медонанд, ки Толибон таъкиди вижае бар махфй нигоҳ доштани он мекард.То ин дам се даври музокирот миёни Толибон ва Амрико дар Олмон ва Қатар баргузор шуд, ки дар он мақомоти вазорати хорича ва созмони чосусии Амрико ва Тайёб Оқо, муншии аршади Мулло Умар ширкат карданд.Ҳамчунин Михаел Штайнер, намояндаи вижаи Олмон дар Афғонистон ва Покистон дар музокироти Амрико ва Толибон ҳузур дошт.

Чаро Афғонистон пайваста мавриди ҳамлаи ачнабиён қарор мегирад?

Тасаллут бар манобеъи табии Афғонистон аз аслитарин аҳдофи мутачовизини ин сарзамин будааст.Нахуст, дар поёни қарни 19 мелодй импературии Инглис бо ҳамин руъё ба Афғонистон лашкар кашид ва танҳо ҳосили 38 сол чанги номуваффақ, тавофуқ бо ҳокимони вақти Кобул дар бархе масоили сиёсй,
буд, ки дар асл шикасти Бритониё дар чанг муқобили Афғонисртон тавсиф мешавад.Ҳарчанд Шуравй муддаъйи буд, ки дар чиҳати кумак ба бунёди чомеъаи сотсиалистй, ба кумаки мардуми афғон омадааст, аммо тачовузи Маскав ҳамон рақобат миёни Шарқу Ғарб барои тасарруфи кишварҳо буд.Амрико низ бо шиори мубориза бо тероризм ва бунёди чомеъаи демократй ба Афғонистон ҳамла кард ва бо истифода аз бархе иштибоҳоти Шуравй дар ин замина, тавонист талафоти чонии камтареро мутаҳаммил шавад.Аз нуқоти муштараки ҳамлаи ду абарқудрат ба Афғонистон он аст, ки ҳарду ҳамлаи «барқосо» анчом доданд ва дар оғози ин амр сарбозон аз руҳияи чангандаи волое бархурдор буданд.Бо тасарруфи бахше аз сарзамини Афғонистон ҳам Маскав ва ҳам Вошингтон давлати дастнишондае руйи кор оварданд, ки дар ичрои вазоифи худ аз коройии лозим бархурдор набуд.Дар замони тачовузи Шуравй ҳудуди 400-500 ҳазор разманда муқобили давлати марказии Кобул(муқобили артиши Шуравй) мечангид, аммо ин рақам дар замони таҳочуми Амрико ҳудуди 110 ҳазор нафарро ташкил медод.Дар солҳои 90 қарни гузашта Амрико аз тариқи Покистон мучоҳидинро ҳамачониба пуштибонй мекард ва он чанг дар асл набард миёни Маскав ва Вашингтон буд, ки аз тарафи Амрико дар ростои чуброни шикасти Ветнам сурат мегирифт.Шуравй ба танҳойи тамомии масъулиятҳои ҳамла ба Афғонистонро ба душ гирифт ва ҳамаи харочот аз будчаи Иттиҳоди Шуравй пардохта мешуд, аммо Амрико муттаҳидони худ дар Аврупо ва НАТО-ро ба ин чанг ҳамроҳ кард, то ҳам харочот ва ҳам масъулиятҳоро тақсим карда бошад.Бо ин ҳол, на Маскав ба бунёди сотсиализм дар Афғонистон муваффақ шуд ва на Амрико тавонист Бин Лоданро дастгир ва Ал-қоидаро маҳв кунад.Танҳо муваффақияти Амрико дар муқоиса ба Шуравй теъдоди ками кушташудагони ғарбй дар ин чанги нангин ва ноодилонаи чаҳони имруз аст.Артиши Шуравй тайи даҳ соли тачовузи Афғонистон 15 ҳазор кушта, 53 ҳазор захмй ва 417 гумшуда бар чой гузошт;Дар муддати мушобеҳ неруҳои эътилоф дар чанги Афғонистон 6980 кушта ва 12700 захмй доштанд.Аз чумлаи сабабҳои тафовут дар теъдоди сарбозони кушта наҳваи чанг мебошад, дар ҳоле ки артиши Шуравй аз токтики таҳочумй кор мегирифт, низомиёни ғарбй умдатан дар мавзеъи дифоъи қарор доштаанд.

Фароҳамсозии заминаи хуруч аз Афғонистон

Дар пайи эъломи хабари марги Бин Лодан дар 2 майи соли чорй, Амрико ба муваффақияти зоҳирй даст ёфт, то муқаддамоти хуручи худ аз Афғонистонро тарроҳй кунад.Воқеъият он аст ки чанг бо терроризм ба ҳеч вачҳ дар чорчуби барномаҳои Амрико ва муттаҳидони ғарбиаш набуда, дар аксари ҳолатҳо контрули раванди таҳаввулот дар чабҳаҳои набард, ё дар ихтиёри тарафи муқобил буд ва ё тавассути рақибони пушти пардайии Кохи сафед идора мешуд.Инак, эъломи хабари кушта шудани Бин Лодан, беш аз ҳар замони дигаре шароит ва фурсатро барои хуручи Амрико аз Афғонистон фароҳам кардааст, то ҳадди ақал дар назди мардуми Амрико ниқобе бар руи хуручи шармандавор бошад.Ҳудуди чаҳор трилион доллар фақат харочоти молии се чанги ахири Амрико дар Афғонистон, Ироқ ва ҳамчунин дар Покистон аст, ки аз чайби андоздиҳандагони амрикойи даррафта, бар шиддати буҳрон дар иқтисоди бемори ин кишвар афзудааст.Барак Обама, раиси чумҳури Амрико ахиран эълом кард, ки дар навбати аввал 10 ҳазор низомии ин кишвар то тобистони соли 2012 ба ватан бармегарданд ва баъдан 23 ҳазор нафари дигар ба онон ҳамроҳ мешаванд.Ҳамзамон бо ин Инглис, Фаронса ва Олмон ба унвони бузургтарин муттаҳидони Амрико, низ аз хуручи низомиёни худ аз Афғонистон хабар доданд.Ин дар ҳолест, ки Вошингтон чанд давр музокироти мустақимро бо толибон анчом дод, ба ин умед ки хуруче мутафовут аз хуручи Шуравй дар даҳаи 80 қарни гузашта дошта бошад.

Тафовутҳо ва муштаракоти хуручи ду абарқудрат аз Афғонистон

Албатта хуручи Шуравй аз Афғонистон, шикасти қотеъ дар баробари мучоҳидон ва ҳамон Бин Лодане буд, ки амрикоиҳо барои муқобила бо комунизм тарроҳй карда буданд. Аммо хуручи Амрико дар қиёс бо он, ба масобаи як пирузй тавсиф мешавад, зеро акнун ҳеч қудрате нест, ки аз ин хуруч ба нафъи худ истифода кунад, ҳамон гуна ки аз хуручи Шуравй Амрико истифода карда буд.Бо ин ҳол хуручи ду абарқудрат аз Афғонистон аз бархе муштаракот бархурдор аст. Аз чумлаи ин умумиятҳо масири хуручи неруҳо аст, ба эҳтимоли зиёд Амрико низ хуручи неруҳои худ аз Афғонистонро аз тариқи “коридори шимол” анчом хоҳад дод, яъне тавассути шимоли Афғонистон неруҳои Амрикойи ба чумҳуриҳои Осиёи Марказй, умдатан ба Узбакистон ва Туркманистон ворид хоҳанд шуд.Дуввум, Амрико низ чун Шуравй хуручи низомиёни худро марҳала ба марҳала ичро хоҳад кард, бо ин тафовут ки ин мароҳил иборат аз чанд сол хоҳанд буд.Саввум,хуручи низомиёни Амрико нахуст аз манотиқи дурафтода оғоз хоҳад шуд, сипас монанди сенариёи хуручи низомиёни Шуравй, амрикоиҳо низ таваччуҳи вижае дар ҳифзи суботу оромиш дар маркази устонҳои Хуст, Пактиё, Нангарҳор, Қандаҳор, Зобул, Ҳелманд ва Ҳирот хоҳанд дошт.Аз дигар нукоти муштараки хуручи низомиёни Шуравй ва амрикойи аз Афғонистон, ҳифзи суботу амният дар Кобул мебошад, зеро то замоне ки дар пойтахт давлати марказй фаъол аст, ҳеч як аз гуруҳҳои мухолиф наметавонанд аз пирузй сухан ба миён биоваранд.Ва албатта Амрико низ баъд аз хуруч аз Афғонистон ҳамкориҳоро бо давлати марказй дар чиҳати ҳифзи қудрат идома хоҳад дод, то битавонад барномаҳои баъдии худро амалй кунанд.
Бо ин ҳол хуручи Амрико аз Афғонистон тафовутҳое бо хуручи Шуравй низ дорад, ки авзои сиёсии ҳоким бар ин фароянд аз он чумла аст.Дар соли 1989 мелодй, ки оғози гуфтугуҳо чиҳати хуруч аз Афғонистон буд, Иттиҳоди Шуравй аз ангезаҳои тавсаъаталабонаи худ сарфи назар намуда, ибтикори амалро дар арсаи байналмилал бар ақибони худ вогузор кард ва аҳдофи геополитикии худро канор гузошта, мавқеъи худ дар Аврупои шарқй ва дигар нуқоти чаҳонро аз даст дод.Акнун Шуравй қодир ба ичрои уҳдадориҳои худ дар нисбати давлати Кобул набуд ва давлати марказии Афғонистон тавони муқобила бо размандагони мухолифро надошт.Музокироте, ки Кобул ва Маскав бо мучоҳидин оғоз карда буданд, ҳаргиз аз мавқеи зур ва қудрат набуд.Аммо имруз мухолифини давлати Кобул сарфи назар аз фаъол будан дар манотиқи мухталиф, тавони ба даст гирифтани ҳокимиятро надоранд.Толибон дар муқоиса бо мучоҳидони даҳҳаи 80 қарни гузашта, имкони ҳамлаи густурда ба Кобулро надоранд ва фақат бо анчоми амалиёти харобкорона иктифо мекунанд.Амрико алорағми пайоьадҳои буҳрони молии чаҳонй, ҳамчунон муқтадир ва бархурдор аз субот аст ва дар чиҳати ҳифзи нуфуз ва чойгоҳи худ дар Афғонистон, Осиёи Марказй ва Осиёи чанубй, мусаммам аст. Ба эътиқоди ағлаби соҳибназарон дар марҳалаи кунунй, хуручи Амрико аз Афғонистон, дар асл чойивазкунии низомиёни ин кишвар дар минтақа мебошад, амре ки тасдиқе бар идомаи барномаҳои тавсаъаталабонаи Вошингтон дар ба истилоҳ Осиёи Марказии бузург мебошад.Ба баёни дигар, чунончй дар даҳаи 90 қарни гузашта, хуручй Шуравй аз Афғонистон мунчар ба хуручи тадричии Русия аз Осиёи Марказй шуд, аммо имруза Амрико дар шароите эъломи хуруч аз Афғонистон кардааст, ки дар асл тарҳи таҳкими чойгоҳи худ дар Осиёи Марказиро ба марҳалаи ичро гузошта аст.Аз суи дигар, бар хилофи тамомии талошҳои Маскав, ки мехоҳад Паймони амнияти чамъиро ба як ниҳоди муқтадири низомй табдил диҳад, интизор меравад, ки кишварҳои Осиёи Марказй дар ростои дифоъ аз суботу амният, ниҳоди низомии чадиде ба шумули Афғонистон ва таҳти раҳбарии Амрико таъсис диҳанд.Ин ниҳод агар шакл гирад, то ҳадде ичрокунандаи барномаҳои Амрико дар минтақа хоҳад буд, ки пешгирй аз нуфузи кишварҳое назири Русия, Чин ва Эрон аз аслитарин аҳдофи он хоҳад буд.
Ба ҳамин тартиб, Барак Абама дар шароите, ки ба даври дуввуми ширкат дар интихоботи раёсати чумҳурии Амрико омода мешавад, хуручи низомиёни кишвараш аз Афғонистонро низ тадорук мебинад.Ба эҳтимоли қавй ин фароянд шабеҳи хуруч аз Ироқ хоҳад буд, ба гунае ки низомиёни амрикойи зимни мушорикат накардан дар амалиёти мустақими низомй, аз тариқи мутахассисони худ ва зерсохтҳои низомй, кумакҳои худро ба давлати марказии Кобул ироъа хоҳанд кард.Аз ин тариқ амрикойиҳо саъй хоҳанд кард ба толибон имкон надиҳанд давлати марказиро таҳти фишори беш аз ҳад қарор диҳад ва ҳамзамон фишорҳои худ ба кишварҳои минтақа, аз чумла Чин, Покистон ва Эронро амалй кунанд.Ҳамон гуна ки қаблан ишора шуд, хуручи Амрико аз Афғонистон дар асл чойивазкунии неруҳои ин кишвар аз Афғонистон ба Осиёи марказй хоҳад буд.Дар ҳамин росто моҳи августи соли 2010 барномаҳои Амрико дар мавриди таъсис пойгоҳҳои низомй дар панч кишвари Осиёи Марказй ифшо шуд, ниҳоди мубориза бо маводи мухаддири фармондеҳии марказии Амрико эълом кард, ки барои таъсис маркази низомй-омузишй дар маркази устони Уш(Кирқизистон) ва Қаратоғ(Точикистон), пойгоҳи чархболҳо дар атрофи Олмотй(Қазоқистон), бозсозй ва тачҳизи гузаргоҳҳои марзй дар Узбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон 40 миллион доллар ихтисос додааст.Албатта ба мувозоти ин барномаҳо, Амрико кумакҳои молии мухталифе дар ихтиёри ин кишварҳо қарор додааст ва медиҳад, то бо ҳар роҳи мумкин онҳоро ба ҳамкориҳо бо худ мутамойил ва аз ин тариқ аз нуфузи руқабои худ, қабл аз ҳама Русия ва Чин бар ин кишварҳо, бикоҳад.

Минтақа дар пасманзари хуручи Амрико аз Афғонистон

Ба назар чунин мерасад, ки акнун Амрико дар раванди чойивазкунии неруҳои худ дар минтақа, Афғонистонро дар гирдоби бесарусомониҳо қарор хоҳад дод, то давлати Кобул нотавон аз идораи авзоъи кишвар, дубора аз Амрико дархости кумак кунад. Тайи даҳ соли ҳузур дар Афғонистон, амрикоиҳо тамоми токтикҳои чангии худро бо истифода аз тачҳизот ва силоҳҳои пешрафта мавриди озмоиш ва имтиҳон қарор доданд, то дар чангҳои мушобеҳе дар дигар кишварҳо, беҳтар амал кунанд.Нахустин дарс дар ин замина он аст ки Пентагон ба ин натича расида, ки дар чангҳои хорич аз қламрави худ, беҳтарин роҳ чанги ҳавойи ва бамборони аҳдоф аст ва имруза шоҳиди коргирй аз ин токтик дар Либй ҳастем.Ба эътиқоди бархе назарияпардозони низомй, эҳтимолан аз ин ба баъд Амрико чабҳаи мубориза дар Ховари миёнаро тақвият хоҳад кард. Дар нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки Амрико ба ҳеч як аз аҳдофи худ дар Афғонистон даст наёфт, аммо бо таваччуҳ ба авзои кунунии Афғонистон, ба хубй мушоҳида мешавад, ки бесарусомонй ва ташаннучи ҳоким дар Афғонистони кунунй, аслитарин ҳадафи Амрико дар ишғоли ин кишвар будааст.Музокира бо толибон чузъи стротегияи Амрико маҳсуб мешавд, ки аз ин тариқ ба осонй исломи мавриди назари худ, яъне исломи ифротй ва тундравро ба кишвари мавриди назар мунтақил хоҳад кард, то заминаи мудохила дар ин кишварҳо барояш фароҳам шавад.Дар ин росто қариб ҳамаи кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон ва рақиби Амрико — Чин, Эрон,Русия ва Ҳинд мадди назар ҳастанд, ки Осиёи Марказй дар авлавият қарор дорад.Чунончй баҳси истиқрори сипари дифоъи мушакии Амрико дар Аврупои шарқй ташдид шавад, Осиёи Марказй василае хоҳад шуд, ки Амрико аз тариқи он ба чанг бо Русия иқдом хоҳад кард.
Дар мачмуъ Амрико бо хуруч аз Афғонистон, мавқеъи худро дар минтақаи Осиёи Марказй тавсаъа хоҳад бахшид, зеро бо ҳамаи кишварҳо барномаҳоеро дар чиҳати мубориза бо терроризм ва ифротгаройи таҳия ва тасвиб карда, муваффақ ба таъсиси пойгоҳҳои низомии худ низ шудааст.Дар қиёс бо хуручи Шуравй аз Афғонистон, ки боиси танҳо мондани Маскавро дар арсаи байналмилал шуд, имруз Амрико танҳо нест ва муттаҳидонаш дар шарқу ғарб ҳануз бо барнома ва сиёсатҳои он ҳамсу ҳастанд.Дар чунин шароите ин давлатҳо минтақа ҳастанд, ки бо инсичом ва ҳамгаройи дар сатҳи минтақа ва расидагй ба мушкилоти шаҳрвандони худ дар дохили кишварҳо, метавонанд худро аз гирифторй дар ботлоқи сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Кохи сафед эмин доранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: